МАРОМИ ПОЙТАХТ

ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАИ КИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ НАТИҶАГИРӢ ГАРДИД

Имрӯз Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки Хонзода Абдураҳмон Умар – Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Мирзозода Иброҳим -Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб баргузор гардид.

Дар Маҷлиси Кумита масъалаҳои зерин: гузориши Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе “Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар нимсолаи аввали соли 2021 ва вазифаҳои минбаъда барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ”, гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур оид ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия вобаста ба амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқи фармоиши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба ташкили маъракаи обуна ба ҳафтаномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт” барои соли 2022, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе барои нимсолаи дуюми соли равон ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор гирифт.

Маҷлиси Кумитаро Мирзозода Иброҳим - Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуда, тибқи масъалаи якуми рӯзнома оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар нимсолаи аввали соли 2021 ва вазифаҳои минбаъда барои нимсолаи дуюми соли 2021 гузориш дода, қайд намуд, ки сохторҳои ҳизбии пойтахт таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» ҷиҳати таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, аз ҷумла муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ 1838 мулоқоту вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, қонунҳои миллӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ, сарфаи қувваи барқ ва пардохти маблағи он, 2520 маротиба соати сиёсӣ, маҷлиси Кумита ва Раёсат, 168 маротиба кумак ба 2474 нафар аз оилаҳои ниёзманд ва маъюб, 153 маротиба аксияи иттилоотӣ ва ободониву созандагӣ, 232 адад мақола ва 18325 вокуниш ба маводҳои муғризона, дар маҷмӯъ 4911 чорабинӣ, ташкил намуданд.

Ҳамзамон, зимни суханронии Абдураҳмон Хонзода - Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қайд карда шуд, ки мо дар марҳалае кору фаъолият дорем, ки ҷаҳонро бо пайдоиши бемории сироятии Ковид-19 буҳрони амиқи молиявию иқтисодӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ фаро гирифтааст. Дар гӯшаҳои мухталифи сайёра ва кишварҳои гуногуни олам воқеаву таҳаввулоте ба амал омада истодаанд, ки ба раванди тараққиёти ҷомеаи мо низ бетаъсир намемонанд.

Дар робита ба ин, моро лозим аст, ки ин тағйироту дигаргуниҳоро ҳамаҷониба мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода, ба онҳо баҳои воқеӣ диҳем ва дар заминаи онҳо фаъолияти минбаъдаи худро мушаххасу муайян гардонем.

Давоми нимсолаи дуюми соли 2021 ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, аз мо тақозо менамояд, ки бо ташаббусҳои созандаи худ саҳмгузорӣ намуда, дар сатҳи баланд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баргузор намоем.




Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс