МАРОМИ ПОЙТАХТ

АЛҲАЗАР АЗ ВАҲШОНИЯТ!

Дар таърихи инсоният ҳамон миллат бурд кардааст, ки тақдир бар вай шахсиятҳои бузургро ҳадя намудааст, то чун оҳанрабо халқашро дар атрофи худ муттаҳид кунад ва дар сарзаминаш бо созандагӣ машғул бошад, сарҳадашро аз ҳуҷуми душман эмин дорад. Солҳои 90 - уми асри ХХ кишвари моро нооромӣ, парокандагӣ ва ноумедӣ фаро гирифта буд. Мардуми тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, бо азми устувори ватанхоҳӣ аз вартаи нобудӣ ва парешонӣ баромада, ба шоҳроҳи рушду тараққӣ қадам ниҳад. Хушбахтона, Эмомалӣ Раҳмон бо азми комилу хиради фарогир дар муддати начандон тӯлонӣ миллати парешоншударо сарҷамъ ва сулҳу ваҳдати миллиро барқарор намуд.

Маҳз, ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ халқи тоҷик имкон пайдо намуд, ки ба омӯзиши таъриху фарҳанг ва забону адабиёт таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар эҳёи расму оинҳои аҷдодии хеш, аз ҷумла муқаддасоти миллӣ саҳмгузор бошад. Гузашта аз ин, кишвари соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи махсуси худро ишғол намуда, диққати ҷаҳониёнро бо хираду фарҳанги азалӣ ва табиати биҳиштосою сарватҳои табиии нотакрораш тавонист ҷалб созад. Ин ҳама пешрафту муваффақиятҳо натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ, иродаи қавӣ ва хислати ватандӯстии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд. Имрӯзҳо, тавре ба мушоҳида мерасад, бархе аз нохалафон ин ҳама пешравиҳоро нодида гирифта, дар ноором сохтани вазъи ҷамъиятию сиёсии кишвар аз тамоми воситаҳо кор мегиранд. Мо инро дар мисоли бетартибии дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон баамаломада, дида метавонем.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 19-уми майи соли 2019, соати 21:30-дақиқа, дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия аз тарафи маҳбусоне, ки бо моддаи 401¹ Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шуда буданд, бо мақсади номураттаб сохтани низоми муассиса ва фирор аз он бетартибӣ ба амал омад. Ташкилкунандагони бетартибӣ аъзои созмони террористиву экстремистии дар Тоҷикистон «Давлати исломӣ» буда, роҳбарони бевоситаи он Беҳрӯзи Гулмурод – писари собиқ полковники хоин Гулмурод Ҳалимов, ки дар Сурия кушта шудааст ва Гулов Фахриддин, Шарипов Маҳмадулло ва Ҳасанов Рӯҳулло буданд. Гурӯҳи номбаршуда аввал се корманди муассисаи ислоҳӣ – майор Муродов Бурҳониддин, майор Ҳалимов Абдуҷаббор ва лейтенанти калон Асоев Маҳмуд Ҳамидовро бо корд ваҳшиёна ба қатл расонида, аз тавқифгоҳи ҷаримавии муассиса 8 нафар маҳбусони дигарро, ки онҳо низ аъзои созмони террористиву экстремистии «Давлати исломӣ» буданд, озод карданд ва сипас 5 нафар маҳбусон, аз ҷумла Саид Қиёмиддин Ғозӣ, Каримов Саттор Самадович (Махсуми Саттор) ва Сатторов Саидаҳмад (Шайх Темур)-ро дар назди дигар маҳбусон бо мақсади тарсонидани онҳо бо корд ваҳшиёна ба қатл расониданд ва даҳҳо нафар маҳбусони дигарро лату кӯб ва захмӣ карданд. Сипас аъзои ин гурӯҳ қисми тиббии муассисаро оташ зада, якчанд нафар маҳбусонро гаравгон гирифтанд ва бо мақсади фирор аз муассиса ба кормандони он ҳуҷум карданд.

Бар пояи маълумоти сомонаи вазорат, дар натиҷаи амалиёти ҷавобӣ, ки тибқи талаботи қонун сурат гирифт, 24 нафар аъзои гурӯҳи зикршуда безарар гардонида, 35 нафар дастгир карда шуд. Шахсони ба гаравгон гирифташуда озод карда шуданд. Оид ба ҳодисаи ба амал омада аз тарафи Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Ин ҳодисаи нангин, ки дар сархати расонҳои хабарӣ ҷой гирифтааст, боиси ташвишу изтироби аҳли ҷомеа гардидааст. Ин бетартибии аз ҷониби аъзои созмони террористиву экстремистии дар Тоҷикистон тибқи қонун манъшудаи «Давлати исломӣ» ҳар кадоми моро ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ даъват менамояд. Мо бояд дар хона, кӯча, бозор, муассисаҳои таълимӣ, хулоса дар фаъолияти ҳаррӯзаамон ба масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Бо ҳамин васила ин кишвари ободу шукуфоро аз ҳар гуна таҳдиду хатар эмин нигаҳ дорем.

С. ЗУБАЙДУЛЛОЕВ, Б.РАҲИМОВ-Аъзои фаъоли ҲХДТ




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс