МАРОМИ ПОЙТАХТ

Семинари сайёҳии солимгардонӣ дар минтақаи Варзоб

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар заминаи эълон гаштани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, дар минтақаи лижаронии “Сафед-Дара”–и ноҳияи Варзоб семинари сайёҳии солимгардонӣ зери унвони “Дар рушди сайёҳии кишвар ва ҳунарҳои мардумӣ саҳм мегузорем» доир карда шуд.
Бояд қайд кард, ки дар семинар Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода–муовини Раиси ҲХДТ, Раҳмонзода Зоир Файзалӣ–раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Қурбонова Руқия Атоевна–раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ, Шарифӣ Фируза-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобобекова Меҳринисо-узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон, шоираи халқии Тоҷикистон, Казакова Умринисо–раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои пойтахт ва ноҳияи Варзоб, кормандони масъули кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ва муовинони раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуданд.

Ҳамчунин, барои муаррифӣ намудани Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ шаҳрвандоне, ки дар донишгоҳҳои бонуфӯзи кишварамон аз ҷумҳуриҳои Узбекистон, Афғонистон, Корея, Покистон, Турманистон, Казоқистон ва ҷумҳурии Хитой таҳсил мекунанд ба ин семинар фаро гирифта шудаанд.
Меҳмононро Шерализода Маҳмадулло-раиси ноҳияи Варзоб бо барномаи махсуси омодакардашуда пешвоз гирифта, аз маҳсули дастони ҳунармандони ин минтақа шинос намуд. Сипас баъд аз ба Маҷмааи лижаронии “Сафед-Дара” рафтан ҳайати гурўҳ бо тартиби хизматрасониҳои ин минтақаи сайёҳӣ: лижаронӣ, аспсаворӣ, конкитозӣ дар майдони яхи сунъӣ, нишаст дар Фуникулёр 2 км бозиҳои шавқовари варзишӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд. Дар нимаи дуюми рўз семинари сайёҳии солимгардонӣ таҳти унвони “Дар рушди сайёҳии кишвар ва ҳунарҳои мардумӣ саҳм мегузорем» огоз гардид. Дар семинар Бобоҷониён Раънохон–муовини Раиси ҲХДТ, Қурбонова Руқия Атоевна–раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ, Бобобекова Меҳринисо- узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон, шоираи халқии Тоҷикистон доир ба иқдоми саривақтии пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эълон намудани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баромад карданд. Дар музокира донишҷўёни хориҷии Донишгоҳҳои давлатии Тоҷикистон таасуроти худро аз семинари сайёҳии солимгардонӣ байён намуда, барои ташкилкунандагони ин чорабинӣ минатдорӣ намуданд. Дар фарҷом чорабинии фарҳангӣ дар саҳни асосии Маҷмааи лижаронии «Сафед-дара» баргузор карда шуд.




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс