МАРОМИ ПОЙТАХТ

Ояндаи дурахшони Тоҷикистон – бо Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаҳои охир вазъи сиёсии ҷаҳони муосир мураккабу печидатар гардида, роҳу усулҳои муборизаҳои геополитикии бозингарони сиёсӣ куллан тағйир ёфта, бархурди манфиатҳо дар шакли наву дигаргуна сурат гирифта истодаанд. Имрўз бозингарони сиёсӣ таъмини манфиатҳои миллии худро асосан дар заминаи сиёсати хориҷии худ тарҳрезӣ намуда, бо истифода аз имкониятҳои табиию иқтисодӣ ва захираҳои инсонии кишварҳои дигар, махсусан кишварҳои рў ба тараққӣ онҳоро таъмин месозанд. Ин раванд яке аз самтҳои калидии сиёсати хориҷии бозингарони сиёсиро ташкил менамояд. Онҳо аз нуқтаҳо заиф ва осебпазири ҷомеаҳои рў ба тараққӣ бисёр нозукона ва маккорона истифода менамоянд. Суиистифода аз эътиқоди баланди динӣ ва дониши пасти динию дунявӣ, тафаккури хурофотпарастӣ ва сатҳи пасти донишҳои илмӣ ва ҷаҳонбинии илмию дунявӣ аз нуқтаҳои заифе маҳсуб меёбанд, ки бештар мавриди ҳадаф қарор доранд. Ҳамзамон онҳо дар ниқоби «демократия», «озодӣ», «зиндагии шоиста», «волоияти қонун», «ғамхорӣ», «башардўстӣ» ва даҳҳо арзишҳои дигар амал намуда, ҳадафҳои ғаразноку пасипардагии худро амалӣ менамоянд. Онҳо бо ин усули фаъолияти худ дар чандин кишварҳои дунё муваффақ низ гардидаанд, ки имрўз чунин кишварҳо ба майдони ҷангу низоъ ва шаҳрвандонашон ба гурезагони иҷборӣ ё қурбонӣ гирифтор шудаанд.

Нуқтаи муҳиме, ки ҳар як сокини ба ору номуси Тоҷикистон бояд абадан дар хотир дошта бошад он аст, ки акторҳои сиёсӣ ва давлатҳою гурўҳҳои махсуси манфиатдор тамоми ҳадафҳои ғаразноки худро дар аксари мавридҳо бо дасти шаҳрвандони худи давлатҳои зери ҳадаф қароргирифта амалӣ месозанд. Гурўҳҳои мухолиф ва хоинони тамоми давлатҳои дунёро дар дохили худ паноҳгоҳи сиёсӣ дода, ба онҳо шароитҳои мусоидро ҷиҳати пешбурди муборизаҳои ғаразноки сиёсӣ фароҳам меоранд. Онҳо шаҳрвандони хоини тамоми миллату давлатҳои зери ҳадаф қарор доштаро ҳамчун восита ва силоҳи пуриқтидортарини идеологӣ истифода бурда, бо дасти ин хоинон кишварҳои онҳоро ноором сохта, ба майдони ҷангу низоъ табдил медиҳанд.

Имрўз хоинони миллату давлати мо низ дар кишварҳои алоҳидаи дунё соҳиби шаҳрвандӣ ва паноҳгоҳи сиёсӣ мебошанд, ки дар пайи амалӣ намудани дастуру супоришҳои хоҷагони худ қарор доранд. Онҳо мехоҳанд, ки бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳо вазъи сиёсии Тоҷикистонро ноором созанд ва дубора кишварро ба майдони ҷангу низоъ табдил диҳанд.

Аммо имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб медонанд, ки ҷонфидои миллат, наҷотбахши миллат, ваҳдатсолор ва сулҳофари миллат, ватандўсти асил, ватансози муваффақ, эҳёгари миллат, созандаву бунёкор ва роҳбари мардумсолор кист. Ўро барҳақ Пешвои миллат медонанд ва гиромию азизаш медоранд. Мардуми шарифи Тоҷикистон сарчашмаи асосии тамоми хушбахтиҳои худ шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мактаби давлатдории ўро медонанд. Бояд дар назар дошт, ки дар арафаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаҳои сиёсӣ аз ҷониби хоиноне, ки дар боло зикрашон рафт, хеле шадид мегардад ва онҳо аз ҳар ҷиҳат мехоҳанд дар раванди баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ халал ворид созанд. Онҳо бо пуштибонӣ ва дастгирии хоҷагони хориҷии худ, пеш аз ҳама, кўшиш менамоянд, ки роҳи давлатдорию давлатозии моро, ки мардумро аз вартаи ҷангу низоъ ва давлатро аз хатари нестшавӣ наҷот дод тағйир диҳанд ва ба ин восита ҳадафҳои худро татбиқ созанд.

Ин ҳолат тақозо менамояд, ки мо беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак бошем, роҳи ҳаёти худ ва роҳи миллати худро хуб донем ва роҳи боэтимодтарини давлатдориро, ки меъмораш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ҳифз созем ва онро шарафмандона идома диҳем. Ин роҳ – роҳи хушбахтӣ ва зиндагии шоистаи миллати мо аст. Ин роҳест, ки моро ба сўи нур мебарад ва ояндааш дурахшон аст.

Имрўз вақти таваккал кардан нест. Мо бояд роҳи боэтимоди давлатдорие, ки дорем онро бо ифтихори бузурги ватандорӣ идома диҳем. Дар шароити муосир интихоби роҳи давлатсозӣ ва интихоби роҳбари давлат ба ҳеҷ ваҷҳ таваккалро намепазирад. Таваккал кардан дар ин ҷода хатар аст. Хатари нестшавӣ.

Аз ин рў, мо роҳи боэтимоди давлатдории худ ва роҳбари боэтимоди худро дорем, онро Пешвои худ медонем ва интихоби ҳамешагии мо Эмомалӣ Раҳмон аст. 

Роҳи давлатдорию давлатсозӣ ва ватандорӣ роҳи беохир буда, шахси ватандору ватандўсти асил то охирин лаҳзаи ҳаёт рисолати ватандориро бар дӯш гирифта, бо шарафи бузург ва ифтихори бепоён масъулияти фарзандии худро дар назди миллат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ иҷро менамояд. Ҳеҷ як ватандори асил дар роҳи давлатдорию давлатсозӣ миллату кишвари худро дар нимароҳ намемонад. Балки бо ҷасорату ҷавонмардӣ ва таҳаммулпазирӣ шарафи бузурги ватандориро бар дўш гирифта, миллату давлати худро соҳибӣ намуда, мушкилотҳои ҷомеаро бартараф сохата, зиндагии шоистаи мардумро таъмин намуда, миллати худро ба шоистагӣ мерасонад. Намунаи олии чунин ватандорӣ ва чунин шахсият Эмомалӣ Раҳмон ва Мактаби давлатдории Ў мебошад. Эмомалӣ Раҳмон шахсият ва Пешвои хастанопазир дар роҳи ватандорӣ ва давлатсозӣ мебошад.

Мо ба қудрату тавонмандии давлатсозии Эмомалӣ Раҳмон эътимоди комил ва шоиста дорем ва ўро то абад арзандаи Сарварии тоҷикону Тоҷикистон медонем.

Қувватзода Сайдулло Зувайд, узви ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сарвар”




Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс