МАРОМИ ПОЙТАХТ

Масоили таъмини амнияти миллӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки кишвари азизи мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту нуҳ сол муқаддам – 9 сентябри соли 1991 ба он ноил гашт. Соҳибистиқлолӣ барои мо имконияти воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона интихоб намоем. Мутаассифона, дар баробари ба даст овардани чунин неъмати бузург, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, ки иқтисодиёт ва рушди минбаъдаи кишвари моро боз дошт. Маҳз ин ҳодисаву воқеаҳои пурошӯб водор намуданд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии моро ташкил медиҳанд.
Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардиданд. Маҳз бо иродаи қавии Пешвои миллат, мо тавонистем, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлатии худро таҳти назорати доимӣ гирифта, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшем. Дар ин давра, сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти милливу минтақавӣ ва байналмилалӣ бомаром рушд карда, маҳз бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати пешсаф дар самти мубориза бо экстремизму терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа шинохта шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд, яъне вокуниш ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм ва ифротгароӣ, ҷонибдори нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои дахлдори он мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир ташаббускори баргузории як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ, ки ба масъалаи таъмини амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ равона гардидаанд, аз ҷумла Конфронсҳои сатҳи баланд дар мавзӯъҳои “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (4 майи соли 2018), “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” (17 майи соли 2019), ки дар доираи коршиносони байналмилалӣ ҳамчун “Раванди Душанбе” маъмул аст ва инчунин Раисии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро барои солҳои 2018-2020 бар уҳда дорад. Ҳамаи ин аз нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт гувоҳӣ медиҳад. Чунончи Пешвои миллат дар суханронии худ дар Конфронси сатҳи баланд “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” қайд намуда буданд: “Дар иртибот ба ин, таъкид карданиам, ки Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад.” 
Бояд зикр намуд, ки маҳз аз мавҷудияти амнияти милливу минтақавӣ рушди минбаъдаи тамоми кишварҳо вобастагии калон дорад. Дар ин бобат, Пешвои миллат дар Конфронси сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” хеле бамаврид қайд намудаанд: “Албатта, таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдор яке аз омилҳои калидӣ ва шарти муҳими эҷоди раванди созандаи рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.” 
Ҳамин тавр, бояд қайд намуд, ки маҳз сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кишвари мо имконият фароҳам овард, ки ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Мутаассифона, тайи чанд соли охир душманони миллати тоҷик аз хориҷ истода, кӯшиш доранд, ки дигарбора сулҳу субот ва оромии кишвари моро халалдор созанд. Аз ин рӯ, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро зарур аст, ки шукргузорӣ аз истиқлоли давлатӣ намуда, зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд ва баҳри таъмини амнияти кишвар ва минтақа кӯшиш намоянд.

Абубакр Маҳмадсаидзода, узви ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Стратег"




Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс