МАРОМИ ПОЙТАХТ

ВАҲДАТ АЗАМАТИ РЎҲИ МИЛЛАТИ МОСТ

Ваҳдат сарчашмаи саодат аст, ки ба мо ҳаёт ва сарзиндагӣ ҳадя мекунад. Ин ҷонмояи ҳастӣ дар ҳилоли таърих ҳамеша ба қудрати безаволи адолат такя намуда, сулҳ, растагорӣ, дўстӣ,садоқат, ҳамдилӣ ва тавҳид ҷонмояи он мебошанд. Ваҳдати миллӣ қавитарин рукни давлатдорӣ буда, низоми густурдаи кишвар танҳо аз мавҷудияти он тақвият меёбад. Аз сарчашмаҳои нақлӣ ва ақлӣ барои мо маълум аст,ки мардуми тоҷик дар гузори асрҳову наслҳо ҳамеша хостори сулҳу оромиш будаанд ва зиндагиро қобили парастиш ва даме аз онро ѓанимат дониста, ягона ормони алмосии онҳо ин танҳо осоишта зистан дар қаламрави қарини оромиш будаасту халос. Таърих чун шаҳодатдиҳандаи барҳақ аз ин ормони миллии халқи тоҷик ҳамеша гувоҳӣ медиҳад.

 

Вале зиндагӣ чун раванди давомдор ҳамеша ҳукми хешро дорад. Дар баробари дигар фоҷиаҳои хунбори таърих яке аз маҳзунтарин ва андуҳноктарин саҳифаи китоби миллати мо ин ҷанги бародаркушӣ дар Тоҷикистон буд. Дар ҳаракати сиёсии даҳаи навад, неруҳои пасипардагӣ, наҳзатиҳои ҳангоматалаб ва ситезаҷў мехостанд давлати воҳиди моро барҳам зананд.

 

 Даҳшати ҷанг, пеш аз ҳама, аз он иборат буд, ки дар он халқи тоҷик ибтикор ва халоқиятро аз даст дод. Зулмати бешуурӣ, ранг бохтани отифа, мурдани ахлоқ, маҳдудияти мафкураи миллӣ, ноумедиву беҳуввиятӣ ва бефарҳангӣ, нодориву ночорӣ пойгоҳи хасму хушунатро зиёд намуд. Ин ҷанг чун сиёҳтарин сатри авроқи зиндагии мо солҳои тулонӣ дар зеҳну ҳуши мо аз худ дарак медиҳад. Зеро дар он даврони саъбу сангин, зи бераҳмиву бемеҳрии ноҷавонмардони дастомўзи аҳриман як насли ташнаи зиндагӣ, орзуву ормонашро абадият бо худ ба хок бурд.

 

 Дар он давроне, ки рўзгори ҳар як тоҷик фоҷианок буд, халқ ва миллат ба шахсияти комилиродае ниёз доштанд. Зеро зуҳуроти ноумедӣ, бардоштҳои нодуруст аз падидаҳои номатлуби зиндагӣ, афсурдагии рўҳӣ, гумроҳиҳои сиёсии давлатмардони он даврон, каҷравиҳои эътиқодӣ мардумро ба дунболи ноумедӣ бурд. Хушбахтона, дар он рўзҳои сахту мотамзо ба мададу наҷоти халқу миллат, ҷавонмарди асил бо номи мубораки Эмомалӣ Раҳмон аз миёни хуну хокистар бархост.

 

 Дар он рўзгоре, ки ҳазорон нафар дар як рўз ба хоку хун ѓалтиданд, яке аз қаҳрамониҳои фавқулодаи Пешвои миллат аз он иборат буд, ки халқ ва миллатро, пеш аз ҳама, бо иродаи чун кўҳ устувор ва азму идроки рафеъ, рўҳан қувват бахшиданд ва дар шароити бисёр сахту сангини ҷанг аз даруни мусибатҳо ва фоҷиа бо суханони шуълабори хеш, ки дар он ваъдаи сулҳу оромӣ буд, ба халқи худ аносири умед ва хушбиниро берун кашиданд.

 

Халқ ба умеду хушбинӣ ба зиндагӣ чун волотарин қудрати рўҳонии инсоният,ки ҷанбаи некбинонаи ормони миллиамонро ифода менамояд, ҳамеша ниёз дорад.

 

Каломи сулҳофари Пешвои миллат чун саршор аз гармӣ, меҳр, лутф, хирад, садоқат,ҷозиба ва, пеш аз ҳама, самимияти миллӣ буд, тавонист, ки башариятро ба дунболи ваҳдат кашонад.

 

Роҳбари тозаинтихоб хуб дарк намуданд, ки боэътибортарин санади фарҳанги Сулҳ ин бахшидани гуноҳи рақиб аст.Бинобар ин, бо истифода аз чунин суннати азалии ниёкон, кишвари бемарому бенизомро ба амнтарин давлати минтақа табдил доданд.

 

Пешвои миллат рисолат ва нақши таърихии худро оид ба устувор гардидани пояи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ бо ду тамоюли фитрӣ, шуҷоат ва ҷавонмардӣ шарофатмандона иҷро намуд.

 

Пешвои миллат ба тамоми пиру барнои кишвар бо сухани фаросатзой ва амали ибратбахш исбот намуданд, ки ватандорӣ як раванди давомдор дар сар то сари зиндагии инсоният аст. Имон доштан ба рукнҳои муҳимтарин давлату давлатдорӣ ва эҳтиром гузоштан ба муқаддасоту асолати миллӣ чун як раванди пешравандаи ҳаёт, барои ҳар як тоҷики закӣ ҳам қарз асту ҳам фарз.

 

Ҳар як сухани Пешвои миллат дар он рўзҳо дар тафаккури мардум як модели назариявии табдил ва такомулро эҷод намуда, дар баробар самт бахшидан ба зиндагӣ, инчунин рўҳияи онҳоро ба ояндаи хубу равшанзо баланд намуд.

 

Ҷаҳониён имрўз Пешвои миллати моро ба унвони таблиѓгари фарҳанги волои ваҳдатофарӣ, сафири равшанрой ва ҳумоюнқадам, пайвандгари аслҳову наслҳо шинохта, адолат, садоқат ва ҷавонмардиро, ки хоси дарси тавъам бо кишвардории ўст, як ҷузъи андеша ва дастури давлатдории хеш ҳисоб намудаанд.

 

Бо дарки мафҳуми қавии баробариву бародарӣ, имрўз мардуми тоҷик аз шарофати ваҳдат ба ҳазорон таҳаввулоти шигарфӣ сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуд, ки дар таърих мондагору бесобиқа аст. Ва мардуми посдори сулҳ 23-юмин солгарди онро дар партави дўстиву саодат истиқбол мегиранд.

 

 Дар раванди бошитоб, ҷаҳони модигароӣ имрўз дучори таҳаввулоти дунявӣ аст. Дар баробари дигар падидаҳои нохушоянди ҷаҳонишавӣ яке аз падидаи хело хатарзо, ки ба пояи салтанату давлатдорӣ ва оромишу иттиҳод, сахттарин зарба мезанад, ин таассуб аст­ ­(маѓзҳои заҳролудшуда). Аз таърихи башарият ба мо маълум аст, ки аз сапедадами таърих ду неруи ба ҳам муқобилу оштинопазир ба ҳам рақобат доштаанд.

 

Яке маърифат, ки сарчашмаи тамоми илмҳои башарият аст ва дигаре ҷаҳолат, яъне ифрот, хиёнат, фисқу фуҷур, ваҳшоният,ҷаҳл ва торикии донишу имон.

 

 Аз ҳама амали зишт ва ботил хиёнат ба халқу ­Ватан­ аст. Имрўз гурўҳҳои муѓриз ва тамаъҷўй , ифротиёни наҳзатӣ, барои хароб кардани пояҳои давлатдорӣ ва халал расонидан ба оромиши кишвари мо иттилоотро ягона василаи муборизаи худ қарор дошта, бо амвоҷи сиёҳолуди тарѓибу ташвиқи кўтоҳандешонаи хеш маѓзҳои ҷавононро шустушў мекунанд. Мардумро ба хунрезӣ, парокандагӣ, яъне ҷиҳоди саѓир , даъват мекунанд. Равоншиносон бар он ваҳдати назар доранд,ки дар радифи иллатҳои равонии инсонӣ, манфуртарин беморӣ ин бахилӣ, иѓвоандозӣ, туҳмат ва бадбинӣ мебошад.Мо амалҳои зишти ин гурўҳеро, ки аз лиҳози равонӣ беморанд, сахт маҳкум мекунем. Ин ифротиёни дастомўзи аҳриманӣ бо суханҳои бе чуну чаро, қудратҳои дурўѓин ва ақидаҳои бебунёди хеш ҳеҷ гоҳ ба ҳадаф намерасанд ва чун ҳарвақта ба шикасти шармандавор рў ба рў мешаванд.

 

Мо бояд бо зиракии сиёсӣ, дониши васеъ, ҷаҳонбинии дақиқ, имконот, таҷриба, шуури дунёдаркӣ ва бидъати равшанбинона нагузорем, ки ҳар ҳаракат ва бедорӣ, ки нияти нопок доранд, ҳадафҳои худ­ро дар кишвар амалӣ созад.

 

Мо бояд бо фару фарҳанги азалии хеш мабдаъ ва маоди ваҳдати асливу азалиро дар зеҳни насли имрўзу фардо беш аз пеш бедор намоем.

 

Мо бояд дар ҳама ҳолатҳо масири илму донишро дунбол кунем.Маърифат аз ҳар куҷое, ки пайдо шавад, онро ҷустуҷў намоем. Рўҳи ваҳдати аслиро тавассути омўзиши таъриху фарҳанг дарк намуда, тақвият бахшем. Дар ҳамовозӣ бо паёмҳои ваҳдатбахши Пешвои миллат рисолати худро ҷойгиртару муассиртар анҷом бахшида,Тоҷикистони азизи худро аз ин беш ба авҷи пешрафту ифтихор бирасонем.Ба ормонҳои баланди милливу майҳанӣ содиқ бошем, миллатро бо неруи қудрати ақлонӣ мусаллаҳ намоем ва ҳамеша онро рўҳан қувват бахшем

 

Ватандориро чун зеботарин ибодат пазироӣ намоем.Бо ҷиддияту ҳавсалаи тамом барои пешрафту созандагии он бикўшем.Ба усули инсонӣ ва маънавият такя дошта бошем.Танҳо бо ин васила метавонем аз душвориҳо ва мазоиқи ҷаҳонишавӣ сарбаландона бигзарем.

 

Мунодии асили ваҳдат, Пешвои миллат, қобилэҳтиром Эмомалӣ Раҳмон умрҳо хунобаи дил хурда, ин давлату миллатро барои мо бо ашки гарму оҳи сард сохтанд.Мо бояд бо рушди такомули маънавият, иттиҳод, садоқат ва дилбастагӣ ваҳдати миллиро чун рўҳ ва азамати ҷовидона ба ояндагон ба саломат бирасонем.

 

 

 

Рудобаи МУКАРРАМ,

 

шоир

  




Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс