МАРОМИ ПОЙТАХТ

ЁРИИ ОЗУҚАВОРӢ БА ШИФОХОНАИ ПАРАСТОРИИ ШАҲРӢ

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 18 – уми майи соли равон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳамкорӣ бо раиси ташкилоти ибтидоии “Саховат” Сабзаев Сайвалӣ ба Муассисаи давлатии Шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқат ёрии озуқаворӣ, аз қабили орд, равған, шакар, шири хушк, биринҷ, макарон, собун ва дигар маводҳои шустушӯҳ ба маблағи 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ расонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки бошандагони муассисаи мазкур бештар шахсони ниёзманду бепарастор, маъюбу бемор буда, таҳти ғамхориву таваҷҷуҳи махсуси давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд.




Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс