МАРОМИ ПОЙТАХТ

ПАЁМИ ПЕШВО - РАҲНАМО БА ОЛАМИ ФАРДО

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати таҳлилию стратегиест, ки дар он дастовардҳои асосии миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор ёфтаанд.

Мавриди зикр аст, ки ба кор даромадани ду агрегати НБО-и Роғун дар замони соҳибистиқлолӣ дастоварди бузурге дар роҳи саноатикунонии мамлакат ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон таҷдиди неругоҳҳои барқии обии «Норак», «Қайроққум», «Сарбанд», оғози бунёди НБО «Себзор»- ҳамаи ин аз ҷониби Ҳукумати мамлакат сармоягузорӣ карда мешавад. Дар баробари ин, иқдому ташаббусҳои зиёди созандагию бунёдкории шаҳрвандони давлатамон ба хотири пешрафти минбаъдаи ҷумҳуриамон қобили таҳсину дастгирӣ мебошанд, ки Пешвои миллат ба онҳо аҳсану офарин хонда, миннатдорӣ баён намуданд.

Муқоисаи рақамҳои оморие, ки дар Паёми навбатӣ оварда шудаанд, суръати рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва талошҳои Ҳукумати мамлакатро дар панҷ соли охир ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим нишон медиҳад, ки бо татбиқи онҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият шурӯъ намудаанд. Ин навгониҳо дар замири ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳисси баланди ифтихору масъулиятро ҷой медиҳанд.

Президенти мамлакат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳуриро ба роҳҳои истифодаи самараноку сарфакорона доштан нисбат ба захираҳои обии мамлакат ва паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосир ҷалб намуда, ба олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ супоришҳои мушаххас доданд. Махсусан пешниҳодҳои Президенти мамлакат барои ҳамкорӣ бо олимони кишварҳои дигар дар масъалаи таҳқиқоти илмӣ, оид ба тағйирёбии иқлим, шарҳу баёни аҳамияти ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, ҳолати кунунии пиряхҳо саривақтӣ ва қобили дастгирӣ мебошанд.

Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат барои пешрафти илму маориф зарурати баланд бардоштани сифати таълим, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон, оила, рушди варзиш ва дигар самтҳои ҳаёти мамлакатро таъкид намуда, ҳидояту дастурҳои муфиде пешниҳод намуданд.

Проблемаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, вазъи маънавиёт ва робита бо ҷомеа ҳамеша дар мадди назари давлату Ҳукумат, махсусан Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Сарвари давлат дар ҳар як баромад ва суханронӣ доир ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, оид ба сари вақт бартараф кардани онҳо изҳори назар менамоянд ва дар ин самт ба роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ дастур медиҳанд, ки ҷиҳати рафъ сохтани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои мушахассро роҳандозӣ намоянд. Дар асоси дастури Сарвари давлат инчунин як қатор барнома, консепсия ва стратегияҳои давлатӣ қабул гардидаанд, ки дар онҳо соҳаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ дастгирӣ ёфта, ҳиссаҷудокунӣ дар ин самт ба маротиб боло рафтааст. Баробари ин Пешвои миллат робита бо ҷомеаи шаҳрвандиро омили муҳими рушди демократия дониста, бо аксари ниҳодҳои ҷамъиятӣ ҳамкорӣ менамоянд, ки ин бесабаб нест.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ, махсусан боло бурдани сатҳи маънавиёт, рушди забони давлатӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни бостонии миллат, дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ тарбияи кардани насли наврасу ҷавон, проблемаҳои ҳалталаби соҳаи илму маориф, тандурустӣ, шуғли аҳоливу муҳоҷират, муборизаи беамон бар зидди зуҳуроти хатарзо ба монанди терроризму ифротгароӣ, мушкилоти ҳалталаби ҷаҳони глобалӣ, аз ҷумла истифодаи оқилонаи об, татбиқи чор ҳадафи стратегии мамлакат ва дар умум то соли 2021, яъне то давраи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба як кишвари пешрафтаву маданӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, дар назди масъулин ҳамеша дастуру супоришҳои мушаххас мегузоранд.

Дар маҷмӯъ, андешаву пешниҳодоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ҳамчун Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон ва дурнамои мақсаднок барои некўаҳволии миллату давлат аст. Зарурати амалисозии он барои рушду нумўи мамлакат ва ҳувиятсозӣ талаботи давру замон буда, дар муносибат нисбат ба давлат ва сохторҳои мавҷудаи он садоқати шаҳрвандонро афзуда, барои беҳбуд бахшидан ба манфиатҳои ҳаётан муҳими мамлакат ва афзалиятнокии рушди илму маориф равона карда шудаанд.

 

Мароми пойтахт




Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс