МАРОМИ ПОЙТАХТ

ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ МУБОРАК!

Наврӯзи оламафрӯз ҳамасола бо қабои сабзи худ чун мунодии сулҳу оромӣ ва пиндору гуфтори нек моро ба сӯйи рӯзгори орому осуда, сулҳу субот ва ободии Ватаи азизамон раҳнамун месозад.

 

Наврӯз, чун ҷашни миллӣ падидаи нодири таърихӣ дар сарнавишти мардуми Шарқ, аз ҷумла мо - тоҷикон маҳсуб ёфта, муқаддастарин оини ниёгон аст, ки аз фарорасӣ ва омадани фасли зебои баҳор дарак медиҳад.

 

Наврӯз муждаи зиндашавии табиат, рамзи сарсабзӣ, пирӯзии рушноӣ бар торикӣ ва некӣ алайҳи бадӣ мебошад.

 

Наврӯзи имсола дар саҳифаи таърихи кишвар замоне ворид мегардад, ки Тоҷикистони азиз дар арафаи таҷлили 29-солагии истиқлоли давлатӣ ва дигар ҷашну чорабиниҳо қарор дорад.

 

Ҳаммаслакони гиромӣ!

 

Бо таваҷҷуҳ ба амалисозии чунин иқдомҳои созанда Наврӯзи хуҷастапайро  ба ҳамаи Шумо ва ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон муборакбод намуда, фаровонии дастархон, бахту саодат, ободии рӯзгор ва тансиҳатию хонаободии Шуморо хоҳонем.

 

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

 

 

  




Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс