МАРОМИ ПОЙТАХТ

ТАБАҚИ СУМАНАК-РАМЗИ БЕНАЗИРИ НАВРЎЗ

      Ҳар бинанда ва сокини шаҳри Душанбе шоҳид аст, ки пойтахти азизамон ҳамеша мизбони бисёр чорабиниҳои сатҳи баланди дохиливу байналмилалӣ мебошад, зеро табиати дилфиреби диёр ва иншооти инфрасохторашон гуногун дар ин шаҳр, мисли маҷмааи Кохи Наврўз, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, МД "Душанбе – плаза" ва дигар иншоот барои гузаронидани чунин ҷамъомадҳо бо шароити зарурӣ муҳайё шудаанд. Дигар сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ барои дар сатҳи баланд доир намудани ҳама гуна чорабиниҳо талош намуда, дар ин рўзҳо пойтахтро ба як макони садранг мубаддал мегардонанд, ки ҳар меҳмони пойтахтро мафтун мекунад. Аз ҷумла, зимни баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки моҳи июни соли 2019 бо иштироки намояндагони беш аз 27 давлати дунё дар шаҳри Душанбе доир гашт, тамоми кўчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе бо гулдаставу гулсабадҳо ва "дарахтони гул" ороста шуда буданду меҳмонон ба рафти корҳои омодагӣ баҳои баланд доданд. 

 

     Ё бо омад – омади баҳор ва ҷашни миллии мо – Наврўзи байналмилалӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар паҳлуи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ калонтарин табақи суманак, ки 16 метр паҳноӣ дорад ва баландтарин суманак, ки 30 метр аст, қомат афрохт. Дар рў ба рўйи ин суманак, наз­ди бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, рамзи дарахтони шукуфону гулҳои баҳорӣ насб шудаанд, ки аз Наврўзи фархундапай муждагонӣ медиҳанд. Масъули бунёди чунин рамзҳои наврўзӣ Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороишӣ»-и шаҳри Душанбе мебошад ва бино ба иттилои муассиса дар идомаи корҳои ороишӣ навиштаҷоти «НАВРЎЗ-2020» дар даромадгоҳи шарқии Боғи ба номи Устод Рўдакӣ насб мешаваду ба он ва дигар мавзеъҳои мувофиқ чароғҳои светоидӣ васл мегарданд, то шомгоҳони ин ҷоро мунаввару зебо гардонанд.

 

      Чунин рамзи суманак дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳам насб шудааст, ки баландии он беш аз 10 метр буда, навиштаҷоти "НАВРЎЗ 2020" ва дарахтони чароғони атроф онро зебо кардаанд.

 

      Илова бар ин, ба истиқболи ҷашни Наврўз дар даромадгоҳи асосии боғи Устод Рўдакӣ ғурфаҳо барои баргузории ярмаркаҳои фурўши туҳфаҳову ашёи наврўзӣ, ки маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик мебошанд ва нуқтаҳои тезтайёр барои ҳар тамошобин таъсис дода шудааст, ки то 20-уми апрел бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимия­ти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати «Рахш такси» дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии «Иттифоқи ҳунармандон» идома меёбад. Гуфта мешавад, ки «Ярмаркаи наврўзӣ. Душанбе-2020» ҳамарўза аз соати 10:00 то 23:00-и шаб идома меёбад.

 

      Бояд гуфт, ки калонтарин табақи суманак дар шаҳри Душанбе рамзӣ буда, аз ҳафт қабат иборат аст ва он бар асоси рамзи Соли нави миллӣ, ки дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, бунёд ёфт.

 

      Вобаста ба тасдиқи Рамзи ҷашни байналмилалии Наврўз Хадамоти матбуоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки рамзи арчамонанд аз ҳафт табақи давра иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамояд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдўзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврўзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст. Дар асоси хулосаҳои донишмандон, коршиносону фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврўз аз миёни рамзҳои наврўзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгўш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва паррандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврўзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврўзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад - омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид.Минбаъд суманак ва гули наврўзӣ ҳамчун рамзи миллӣ барои ҷашнгирии Соли нави миллӣ ва Наврўзи байналмилалӣ истифода хоҳад гашт.

 

     Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки баргузории чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ имсол низ дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудаанд ва набояд фаромўш кард, ки шаҳри Душанбе соли 2021 Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) интихоб мешавад.

 

Рамзи табақи суманак дар маркази шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Наврўз бунёд ёфта, на танҳо дар Тоҷикистон, балки миёни давлатҳои ҷашнгирандаи Наврўзи байналмилалӣ ҳам собиқа надорад ва ин аввалин иқдомро метавон “рекорд” номиду барои сабти он дар китоби рекордҳои Гиннес пешниҳод намуд, то бо ин васила бори дигар Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда шавад.

 

Неъмат САЛИМЗОДА,

 

"Мароми пойтахт"

  




Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс