МАРОМИ ПОЙТАХТ

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ “ДОНИШ” БАРГУЗОР ГАШТ

      Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш”  бо иштироки муовини раис, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Изатуллои Ҳабибзод ва Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон професор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт маҷлиси ҳизбӣ доир гардид.

 

      Нахуст якчанд нафар аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Дониш" бинобар сабаби ба дигар вазифаҳо берун аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Дониш" гузаштан аз аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Дониш" бозхонд карда шуданд. Сипас аз ҳисоби аъзои фаъоли ҳизб аъзои нави Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Дониш" интихоб карда шуд.
 Њамчунин
бинобар сабаби ба кори дигар гузаштани раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Дониш" академик Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Дониш" номзадии Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт-Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешбарӣ гардид. Аз ҷониби аъзои ҳизб номзадии Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дастгирӣ ёфта, якдилона бо овоздиҳӣ раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Дониш” интихоб карда шуд.
Дар идомаи суханронии худ муовини раис-ро
ҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Изатуллои Ҳабибзод қайд кард, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Дониш” ҳамвора дар татбиқи сиёсати созандаву бобарори Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бориз дорад. Бахусус дар маъракаи муҳими сиёсии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ саҳми назарраси худро гузоштанд.
Дар ма
ҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Дониш” Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба сухан баромада, афзуд, ки фаъолияти пурмаҳсули устод Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалиро сармашқи фаъолият намуда, баҳри вусъати корҳои сиёсӣ фаъолона кӯшиш хоҳем кард.

 

      Инчунин, ба як қатор кормандону устодони Донишгоҳи миллӣ, ки иродаи сиёсии худро муайян карда, аъзои ҲХДТ шуданд,   шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Ҳамзамон як чанд нафар аъзоёни фаъол бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.

  




Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс