МАРОМИ ПОЙТАХТ

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 

       Дар асоси ҷадвали вохӯриҳои номзадҳо ба вакилии Маҷлиси  вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 50 вохӯрии номзадҳои пешбаригардида аз ҲХДТ ва шахсони боэътимоди онҳо аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо интихобкунандагон доир гардид.

 

       Дар вохӯрӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе - Раҳмонзода З.Ф., аъзои Ситоди Марказии пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - Ҳамидиён Илҳомљон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - Файзуллозода З.Ф., номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии 54 Ҳукуматов Т.М., номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе   Аҳрорӣ С.Ҳ.   Бухоризода Қ.М. иштирок намуданд.

 

      Номзадҳоро шахсони боэътимоди онҳо муаррифӣ намуда, интихобкунандагонро бо барномаи пешазинтихоботии онҳо, ки аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 таҳия шудааст, шинос намуданд.

 

       Раҳмонзода Зоир зимни баромади худ қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тољикистон бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ва таҳти сарварии хирадмандонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тољикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ин ҳадафҳои барномавӣ ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тољикистонро ба сўи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!», аз љумла рушду таҳаввули иқтисодиёт, татбиқи чор ҳадафи тақдирсози стратегии давлат – истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонӣ, ки ниҳояти он  расидан ба  зиндагии шоиста мебошад, раҳнамоӣ мекунад.

  




Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс