МАРОМИ ПОЙТАХТ

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Дар вохӯрӣ бо интихобкунандагон дар маҳаллаи “Бӯстон-1” ва “Бустон-2”, ки дар толори муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №79 доир гардид, аъзои Ситоди марказии пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Муинӣ Мавсума, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии Шоҳмансур №3  Обидов Фозил Саидович, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии 9   Раҳимӣ Фарҳод, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур аз ҳавзаи интихоботии №20  Боев Боймурод Убайдуллоевич, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур аз ҳавзаи интихоботии 22   Халикова Зарина Абдимаҷидовна, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур аз ҳавзаи интихоботии №26  Манучеҳри Хурсандзод ва шахсони боэътимоди номзадҳо иштирок   намуданд. 

      Шахсони боэътимод зимни муаррифии номзадҳо қайд карданд, ки барномаи пешазинтихоботии номзадҳои ҲХДТ аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 маншаъ гирифта, дастгирии сиёсати ҳамаҷонибаи созандаву бунёдкоронаи Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
         Раҳмонзода Зоир Файзалӣ дар баромади худ қайд кард, ки дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт. Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд. Инчунин, ҳамасола шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ низ кам гашта истодааст.     Теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин давра қариб 60 фоиз кам шудааст, ки ин натиҷаи рушди иқтисодиёт ва ташкили ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар мебошад.   

 Муинӣ Мавсума ба сухан баромада, оид ба дастгирии сиёсати созандаву бунёдкорони давлату Ҳукумати мамлакат, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, худшиносиву худогоҳи миллӣ, ифтихор аз ватандорӣ, омодагӣ ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли ин мавзӯҳо  суханронӣ кард.
           

  




Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс