МАРОМИ ПОЙТАХТ

АЗ СУЛҲ ТО САОДАТУ ПЕШРАФТ

      Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки 27 сол муқаддам бо кӯшиши вакилон - мардони бофарҳангу сарсупурда, ходимони сиёсӣ ва арбобони давлату миллат дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Қадамҳои аввалини сулҳу субот дар ҳамин иҷлосия гузошта шуданд.
        Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи оғози ҳамин иҷлосияи тақдирсози миллат ибтидо мегирад. 15 апрели соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту иловаҳо ворид гардиданд. Мувофиқи ин тағйирот ҳамасола 16 ноябр - ин рӯзи таърихӣ ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Қонуни мазкур бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва саҳми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, таъмини сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ, баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва рушду нумӯи самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа қабул гардидааст.
        Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронеанд, ки қадам ба қадам бо мардум инкишоф ёфтаанд ва аз ғаму шодии миллати худ огоҳанд. Ҳамон гуна, ки аҳли як хонадон фарзандони худро, ки дар пеши чашмашон аз як навҷавони навқад ба як марди рашид табдил шудааст, дуруст мешиносанд ва бо тамоми сифоту сиришти ӯ ошноӣ доранд, Эмомалӣ Раҳмон низ дар оғӯши Ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии халқ сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтаанд. Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраи табиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошанд. Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон як мансаб ё як унвон нест, балки он як ҷойгоҳ аст, як нақш ва як рисолати таърихиест, ки ӯ дар пешгоҳи Ватану миллат ва дар шоҳидии тамоми мардум ба он сазовор гардидаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992 иброз дошта буданд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».  Воқеан ҳам, Сарвари давлати мо ба ҳар яке аз гуфтаҳои хеш амал намуд. Давлатро аз вартаи ҳалокат берун овард. Тамоми ғайрату неруи хешро баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистон истифода намуд. Дар бораи корнамоиҳои бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр навиштаанду боз ҳам менависанд. Муҳимтар аз ҳама Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо сулҳ оварданд, давлатро ба сӯйи пешрафту тараққиёт роҳнамо гардиданд ва ба савганди хеш, ки гуфта буданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам…» устувору содиқ монданд. Имрӯз мо шукрона аз он менамоем, ки дар фазои ободу осудаи кишвари азизамон – Тоҷикистон озодона фаъолият менамоем. Яке аз хидматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ ба шумор меравад. Президент худ имрӯз пушту паноҳи забони давлатӣ аст, онро чун рукни асосии бинои ҳастии миллат ва давлат, чун муқаддасот ва нигаҳбони ҳувияти миллӣ арҷгузорӣ, ғамхорӣ ва парасторӣ менамояд. Бузургдошти забони модарӣ, сарнавишти таърихӣ ва мақоми он дар бақои давлатдории миллӣ дар назариёти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти бисёр муҳим дорад. Сарвари давлат ҳамеша таъкид медоранд, ки забон дар баробари таъриху фарҳанг ва маънавиёт яке аз омилҳои бунёдиест, ки ҳувияти миллиро ташаккул медиҳад, симои миллатро муайян мекунад, мақоми онро дар таърих ва дар тамоми ҷаҳон муайян менамояд. Хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ободию пешрафти сарзамини аҷдодӣ ва маҳбубияту маъруфияти Тоҷикистон ва тоҷикон басо бузургу бебаҳоянд. Давлат ва миллати тоҷик имрӯз бо номи ин абармарди дунёи сиёсат ифтихорманд аст ва сари болою рӯйи сурхи мардум натиҷаи талошу заҳматҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пойбарҷойии Тоҷикистон мебошад. Поянда бод Рӯзи Президент ва заҳматҳои бунёдкорию созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Мо - ҷавонони кишвар пайрави ин марди бузург, шахсияти шинохта ва роҳнамои миллат ҳастем. Рӯзи Президент ба ҳама тоҷикони дунё муборак!

Рухсора ТАҒОЕВА, аъзои ҲХДТ

 




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс