МАРОМИ ПОЙТАХТ

ҶОВИДОН БОД ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Забоншинос”  Конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони "Ҷовидон бод Пешвои миллат" бахшида ба 27 –умин солгарди   Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумуҳурии Тоҷикистон ва “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” миёни ҷавонон  доир гардид.

     Дар кори он    Нуров М.А. – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Салимзода К. – намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Мардихудо – роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” – и назди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоев М. – муовини Ректор оид ба таълими Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Бобоалиева З. - муовини Ректор оид ба тарбияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Киромиддинов З. – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкада, олимони ҷавон ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.       

          Баромадкунандагон зимни баромади хеш ќайд карданд, ки беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард. Дар пеш вазифаҳои гуногунро гузошта буданд, ки яке аз онҳо такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт. Иҷлосияи 16-ум дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Точикистон ворид шуд.

 




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс