МАРОМИ ПОЙТАХТ

ҲИФЗИ ҶОН ВОҶИБ АСТУ ҲИФЗИ ВАТАН АЗ ОН ВОҶИБТАР

(Изҳороти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар робита ба ҳамлаи мусаллаҳонаи гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ”)

Мо, ҷамъи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шабехуни гурӯҳи мусаллаҳи 20-нафараи террористии ба ном “Давлати исломӣ”-ро, ки шаби 6-уми ноябри соли 2019 ба дидбонгоҳи сарҳадии 4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод»  сурат гирифт ва дар натиҷа  як сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ ва  як корманди Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҳалок шуд, шадидан маҳкум менамоем.

Ин ҳамлаи  разилона ва хоинона дар арафаи ҷашнгирии 25-умин солгарди қабули Конститутсияи кишвар ва татбиқи авфи тиллоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ханҷар ба дили душманони миллат зад.

Бояд гуфт, ки халқи Тоҷикистон аз санҷиши иғвоҳои вазнин гузашта, ба имрӯзи фирӯз расидааст ва ягон амал ва қувва мавқеи устувори сулҳҷӯёна, ваҳдатпазирона ва инсонпарваронаи давлату ҳамватанони моро дигар карда наметавонад, зеро мо ба ояндаи неку   ормонҳои олии миллиамон бовар дорем ва барои он талош хоҳем кард.

  Онҳое, ки ин амали зиштро содир намуданд, аз ҷазои боадолатона гурехта наметавонанд. Зеро мардуми кишвар ҳамеша ба садоқати кормандони сохторҳои низомӣ беш аз пештара боварии бештар доранд. Аз ин рӯ, мо низ ба кордонию пухтакории сохторҳои дахлдор эътимод ва боварии комил дорем.

 Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе тамоми фаъолонро даъват мекунад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос мавқеи оштинопазиронаи худро нисбат ба ҳама гуна падидаҳои зиддиҷамъиятии шадидан характери экстремистию террористидошта намоиш диҳанд ва ба ҳама гуна буҳтону иғво зарбаи марговар зада, аз ҳар вақтаи дигар бештар дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ояндаи дурахшони халқамон муттаҳид шаванд, зеро ҷавоби саривақтӣ додан ба ин гуна гурӯҳҳои разилона қарзи ватандории ҳар як соҳибватан ва ҳар як фарди бедордил аст! Ё ба гуфтаи бузурге “Ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи ватан аз он воҷибтар”.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

 




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс