МАРОМИ ПОЙТАХТ

АМАЛИ НОҶАВОНМАРДОНАИ ХОИНОН

ВОКУНИШ. Имрўзҳо Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар фазои озоду умедбахши сиёсӣ дар рушду нумўъ қарор дорад. Ин ҳам бошад аз заҳмат ва кўшишҳои  ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

 Мутаассифона, ҳодисаи нангинеро, ки  рўзи 06-ноябри соли ҷорӣ аз тарафи гурўҳи 20 нафараи силоҳбадаст ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ба вуқўъ омад, ҳамчун амали хиёнаткоронаи афродони хатарнок ба ҷомеи шаҳрвандӣ арзёбӣ менамоем. Ин  гуна кирдор мувофиқи Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун амали террористӣ ва экстремистӣ ба дараҷаҳои ҷиноятҳои махсусан вазнин эътироф карда шудааст. Тамоми мардуми ҷаҳон бояд эътироф намоянд, ки терроризм ва экстремизм ҳолати ташкилшуда ва муҳайёшудаи қувваҳои ғайриқонунӣ маҳсуб меёбанд. Дар ин замина бояд дарк кунем, ки хоинон дар ягон давра, бахусус террористон ва экстремистон ҳеҷ гоҳ бахшида намешаванд.

         Ин амали ноҷавонмардонаи террористонро мо маҳкум намуда, ба онҳо нафрату лаънат мехонем. Ҳамзамон, ба аҳли хонадони он ду нафар ҷавонмарди содиқи миллати тоҷик, ки барои оромии марзу буми кишвар  ҷони худро аз даст додаанд, изҳори тасаллият намуда, ба хешу табор ва наздиконашон сабри ҷамил хоҳонем.

 Курбонова Қ.-узви фаъоли ҲХДТ

 




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс