МАРОМИ ПОЙТАХТ

НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ДАР ТАРБИЯИ АХЛОҚИВУ ИЛМӢ ВА СИЁСИИИ ҶАВОНОН

      Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - Пешвои миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба василаи афкори маорифпарваронаи хеш дар назди мо аҳли ҷавонони илмдӯсту донишварз вазифа мегузорад, ки бо роҳи густариш додани арзишҳои неки ҷомеаи суннатии худ, раванди ташаккули ҷомеаи фарҳангӣ ва пешрафтаро тақвият бахшем ва кўдакону наврасони кишварамонро ҳамчун инсонҳои андешаманду огоҳ ва соҳибмаърифату бофарҳанг ба камол расонем, барои худ ва наслҳои оянда зиндагии шоистаеро таъмин намоем.

Қайд кардан ба маврид аст, ки   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ҳамарўзаи пурсамари худ ба нафъи халқу Ватан ва ояндаи неки Тоҷикистон талош варзида истодааст ва мардуми шарафманди тоҷикро беш аз пеш ба  ватанпарастию миллатдўстӣ, ба қадршиносии сулҳу ваҳдати миллӣ, истиқлолият ва давлатдории миллӣ расидан ҳидоят менамояд.

Ба ҳамин монанд дар Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Анъана, суннатҳои воло, арзишҳои миллии халқи тоҷик, ки дар давоми қарнҳо ба тарзи ҳаёти мо ворид шудаанд, менталитет ё  маҷмўи сифатҳои онро ташкил медиҳанд. Ҷавҳар, хосият ё маҷмўи сифатҳои тоҷикон аз илму донишомўзӣ, заҳматписандию таҳаммулпазирӣ, оштию сулҳпазирӣ, тадбирҷўӣ, худшиносӣ, талоши фарҳангӣ, шикастанафсӣ, касбу ҳунаромузӣ, хушбинӣ (оптимистӣ), дўстию рафоқат, иззату эҳтироми падару модар ва шахсони калонсол, некӣ ва накўкорӣ, адлу адолатҷўйӣ, дастгирии ятимону муҳтоҷон, канораҷўӣ аз ҳирсу ҳасад, кибру ѓурур, кинаю адоват, хиёнат ва аҳдшиканӣ ва ѓайра иборатанд»

Мақсади асосии тарбия барҳам задани хислатҳои манфии инсоният ба ҳисоб меравад. Мақсаду мароми ҳидоят ва даъватҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат дар мавриди тарбия ин тақвият бахшидан барои бартараф кардани нуқсу заифиҳои инсоният, ки аз табиати худи ў, аз арзишҳои ақлонӣ, зеҳнӣ, ба хотири рушди ирода, маънавиёт, ҷаҳонбинӣ ва худшиносии шахсият бар меоянд, нигаронида шудааст.

Ба таъкид ва андешаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти кишвар «Зиёиён бояд пешсафи ҷомеа бошанд, зеро тарбияи ватандўстонаи мардум, аз ҷумла, ҷавонон ва насли наврас қисми муҳимтарини рисолати таърихии онҳо мебошад. Халқи мо хеле хуб дарк намудааст, ки истиқлолияти комил ва воқеиро танҳо бо меҳнати ҳалолу созанда, тафаккури баланди сиёсию фарҳангӣ ва ҳисси масъулият дар назди наслҳои имрўзаю ояндаи Ватан ба даст овардан мумкин аст.  Бинобар ин, рисолати зиёиён аз ҳидояти ҷавонон барои омўзиши таърих, фарҳангу забони модарӣ, дастовардҳои илм ва технологияи пешрафтаи муосир иборат аст.

Аз ин рў, рўҳияи мардум вобаста ба хавфу таҳдидҳои дорои хусусияти дохилӣ бояд дар асоси принсипҳои устувор, ки истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, амният ва эътимод ба ояндаи некро дар бар мегирад, дастгирӣ ва таҳким ёбад.      

Ба таъкиду андешаҳои    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, «Афрўхтани шуълаи ифтихори миллӣ, парвариши эҳсоси худшиносиву ватандўстӣ ва дигар фазилатҳои неки инсонӣ аз синни кўдакӣ дар оила ва таҳсил дар мактаб оѓоз меёбад. Таъсис додани шабакаи махсуси телевизиони давлатӣ барои кўдакону наврасон бо номи "Баҳористон" иқдоми навбатии давлат дар ҳаққи насли оянда мебошад. Акнун хурдсолону хонандагони мактабҳои мо соҳиби майдону минбар шуданд ва умед аст, ки ин шабака ба тарбияи маънавию ахлоқии кўдакону наврасон, кашфи истеъдодҳо ва сайқали маҳорати онҳо ҳамаҷониба мусоидат мекунад»

Дар ин самт роҳнамоӣ, ҳамкорӣ ва мадади аҳли зиё бо шабакаҳои телевизионӣ бояд ба воситаи муҳими таълиму тарбияи наврасону ҷавонон табдил дода шавад.   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат истеъдодҳоро боигарии миллат медонад. Ба андешаи ў онҳо мисли ганҷ дар ҳар як гўшаи Тоҷикистон вуҷуд доранд. Кашф ва ба арсаи илму маориф ва фарҳанг раҳнамоӣ кардани ҷавонони соҳибистеъдод ва ҳунарманд, тарбияву дастгирии онҳояк рукни муҳими фаъолияти вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва иттифоқҳои эҷодӣ дар амалӣ гардонидани Консепсияи миллии тарбия мебошад. Намояндагони машҳури миллат аз замонҳои қадим мактаби хосси эҷодии худро доштанд ва ҳамеша дар баробари равнақи эҷодиёти худ ба ёфтану тарбия кардани ҷавонони болаёқат ѓамхорӣ зоҳир мекарданд. Онҳо ба ин восита ҳам суннати эҷодии худро нигоҳ медоштанд, ҳам дигар номбардорони сабку равияи хоссаи ҳунарнамоиро ба майдон меоварданд.

Имрӯз таълиму тарбияи  наврасон ва ҷавонон дар рўҳияи арзишҳои суннатии башарӣ ба рисолати зиёиён вогузор карда шудааст. Зиёиён ҳамчун парчамбардорони илму маърифат ва тарзи зиндагии солим нисбат ба тақдири ояндаи наврасону ҷавонон андеша кунанд. Зеро онҳо ояндаи мо буда, бояд дар рўҳияи ватандўстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ ба воя расанд.

Баргузори гардидани мулоқотҳои ҳарсолаи, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат бо зиёиён, гузаронидани маъракаҳои фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе - пойтахти кишвар ва минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон низ идомаи амалӣ гардонидани Консепсияи миллии тарбия мебошад.

 Доир  намудани ин гуна маъракаҳо ва вохўриҳо аз тарафи зиёиён раванди таҳкими ваҳдати миллӣ, болоравии эҳсоси худшиносиву ватандўстӣ, пойдории сулҳу суботро дар ниҳоди насли наврас ва ҷавонон ба вуҷуд меорад. Зеро ѓояҳои ватандўстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, эҳтироми суннатҳои фарҳанги миллӣ, эҳтиром гузоштан ва ҳифз кардани анъанаҳои таърихӣ ва тамаддуни ниёгон, ҳама дар маҷмўъ қисми таркибии Консепсияи миллии тарбия мебошанд [2].

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти кишвар,  масъалаи илму маорифро аз самтҳои хеле муҳими сиёсати давлатӣ донистааст, зеро пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон ба рушди маорифи миллӣ ва беҳдошти заминаи тарбияи миллӣ вобаста мебошад. Маҳз зиёиён бо рисолати бузурги хеш тарбияи миллии насли наврас ва ҷавононро баланд бардошта, онҳоро ба илмомузӣ ва худшиносиву ҷаҳоншиносӣ раҳнамоӣ карда метавонанд.

Яке аз заминаҳои сиёсию ҳуқуқӣ дар амалӣ гаштани Консепсияи миллии тарбия ин тавсеа бахшидани мақоми забони миллӣ мебошад. «Ба тавассути забон, - таъкид месозад.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар,  ҳувияти миллӣ ҳифз мегардад, он воситаи муқтадири сарҷамъ намудани миллат, таъмини якпорчагии сарзамини кишвар дар ҳама давру замон мебошад. Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад. Ба ибораи дигар, фанои забон фанои миллат аст» .

Маҳз, андешаҳои воло ва осори гаронбаҳои абармардони миллати мо буд, ки фарҳанг ва забони тоҷикӣ дар тўли таърих бо вуҷуди ҳама фишорҳои сиёсиву мафкуравии бегонагон мақом ва мартабаи худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ нигоҳ доштааст. Эҳтироми забони миллӣ ва арҷ гузоштан ба он маҳаки асосии тарбияи миллӣ ва хештаншиносию худогоҳиро дар Консепсияи миллии тарбия ташкил мекунад. Ҳамин маҳаки асосии унсурҳои таркибии тарбияи миллиро ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар мулоқот бо зиёиён атрофи ин рукни худшиносии миллӣ масъалагузорӣ намудааст. Забону фарҳангӣ мо, ба таъкиди  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат: «Оинаест, ки роҳи бисёр тўлонии дар масири таърих паймудаи тоҷиконро бо ҳама саҳифаҳои гоҳо дурахшон ва гоҳе парешон, бо ҳама нишебу фарозҳои таърих дар худ инъикос кардааст. Аз ин оина пайдост, ки барои аҷдоди бонангу номуси мо мафҳумҳои Модар, Ватан, Истиқол, Забон ва Фарҳанг ҳамеша ҳаммаъно будаанд. Зеро фарҳанг ва забон дар ҳама давру замон таҷассумгари ҳувияти ҳар як миллат мебошад. Маҳз фарҳанг, забон ва анъанаҳои бунёди асолати миллиро пойдору устувор нигоҳ медоранд»

Бояд ҳамаи  зиёӣ бояд талош варзад, ки забон ва фарҳанги миллиро ҳифз карда, густариш диҳад, онро ба насли наврас ва ҷавонон ба таври арзанда муаррифӣ намояд ва ҳамчун сарвати бебаҳои миллӣ барои наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузорад.

Масъалаи худшиносии миллӣ дар манзари асосии мулоқотҳои, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти кишвар бо зиёиён дар ҳамешагӣ қарор дорад. «Худшиносии миллӣ ва ифтихори миллӣ,- таъкид менамояд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат - ҳаргиз маънои онро надорад, ки мо худро ба дигар халқҳо муқобил гузорем, зеро ҳар халқ дар таърих мақому манзалати хос дорад, мувофиқи шароити ҷуѓрофию таърихии хеш дар тамаддуни башарӣ саҳм гирифтааст».

Олимону эҷодкорон бояд дар ин росто асарҳое ба нашр расонанд, ки рисолати таърихии миллатро рўшан намоянд, нерўи зеҳниро бедор кунанд, насли наврас ва ҷавонро ба донишандўзию ҷаҳоншиносӣ бихонанд, оташи муҳаббатро ба Ватан, обу хоки поки он, рамзҳои муқаддаси миллӣ дар дили онҳо барафрўзанд. Онҳоро ба андешидан водор созанд, ки кистанд, аз куҷоянд ва дар пайи чистанд.

Чунончӣ, дар мулоқот бо зиёиён ,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти кишвар таъкид карда буд: «Ман бори дигар таъкид мекунам, ки барои чун инсони комилу бомаърифат ба воя расидани наврасон маҳз мутолиаи пайвастаи китобҳои бадеӣ, азхуд кардани донишҳои муосир, технологияҳои замонавӣ, шиносоӣ бо дастовардҳои фарҳангӣ муосидат мекунанд. Мо бояд ба он муваффақ гардем, ки насли наврас дар рўҳияи замони муосир, дар рўҳияи масъулиятшиносӣ барои имрўзу фардои Ватан ва миллат ба воя расад.

Зиёиёни имрўзаи кишвари мо бояд зарурати пешбурди ҳаёти иҷтимоиву иқдисодӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва фарҳангии Ватанамонро амалан дарк намоянд. Онҳо бояд бо тамоми масъулият эҳсос кунанд, ки ояндаи Тоҷикистони азизамон аз шакл ва усулҳои таълим, ба даст овардани дониши мукаммал, истифода аз дастовардҳои илми муосир, дар истеҳсолот ҷорӣ сохтани техникаву технологияҳои навин ва муҳимтар аз ҳама, тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгў вобаста мебошад»  

Эътибор ва мақоми маориф дар рушди ҷомеа дар ҳама давру замонҳо муассир аст. Чунки бе рушди соҳаи маориф пешрафти ҷомеаро тасаввур кардан аз имкон берун аст. Бо таъкиди Президенти кишвар,   - Пешвои миллат: «Вазифаи зиёиён ин аст, ки наврасону ҷавононро бо дастовардҳои тозаи илму фарҳанги ҷаҳонӣ пайваста ошно намоянд, онҳоро ба омўзиши илм ва технологияи муосир ҳавасманд гардонанд. Ба хотири шиносоии бештари насли ҷавони кишвар ва ба нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба тамаддуни умумибашарӣ олимону адибон ва устодони муассисаҳои таълимӣ бояд ба масъалаҳои омўзиши забонҳои дигар миллатҳо ва тарҷумаву пешкаши умум гардонидани осори илмиву адабӣ ва фарҳангии халқҳои ҷаҳон таваҷҷуҳи бештар дошта бошанд» 

Аз ин рў, барои баланд бардоштани обрўй ва мақоми омўзгор дар ҷомеа, татбиқи сиёсати маорифпарваронаи   Пешвои миллат,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  ҳар як зиёиро лозим аст, ки бо дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон бо як масъулияти ватандорӣ саҳми хешро гузоранд. 

   Имрўз тамоми мактабҳову донишгоҳҳо бо техникаву технологияи замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва ҳар сол чандин мактабу омўзишгоҳҳо кушода ба истифода дода мешаванд ва аз якуми сентябр соли 2018, 15 фоиз стипендияи донишҷўён баланд бардошта шуд, ки ин ҳама барои хуб таҳсил кардани кулли донишҷӯёни  донишгоҳҳо имконият фароҳам меорад, ки хонанд ва аз илмҳои ҷаҳонӣ огаҳ гарданд ва ҳамқадами замон бошанду  дар роҳи гулгулшукуфоӣ ва муаррифӣ кардани давлатамон дар ҷаҳони муосир  саҳми созанда  гузоранд.

             Мо ҷавонон набояд фаромўш кунем, ояндаи ҷомеа ва вориси аслии Тоҷикистону тоҷикони соҳибтамаддуну куҳанбунёд, давлатдор ва соҳиби арзишҳои баланди маънавӣ дар ҷаҳон ҳастем.

             Киромиддинов Зиёрат -  узви фаъоли ҲХДТ

 




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс