МАРОМИ ПОЙТАХТ

Терроризм дину мазҳаб надорад

        Паёми имсолаи Пешвои миллат низ, чун солҳои пешин, хело пурмуҳтаво, саривақтӣ ва раҳнамунсозу мушкилкушои ҳамаи қишрҳои ҷомеа мебошад. Бештар аз ҳама  барои ман ҳамин нуқтаҳои муҳиму огоҳкунанда мавриди истиқбол қарор гирифт,ки Роҳбари давлат аз ҳама бештар ба таълиму тарбияи ҷавонон,пешгирии онон аз гаравидан ба сиёсату ҳаракатҳои номатлуб ва носолим,таҳдиди “зуҳуроти харобиовар” терроризм, ки ба унвони даҳшатафканӣ ва ё ҳаросафканӣ аст ба ҳар гуна амал ё таҳдид барои тарсонидан, осеб расонидан ба шаҳрвандон, гурӯҳҳо ва шахсиятҳои сиёсӣ ёд мешавад. Имрӯз терроризм хусусияти глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман густурдааст. “Терроризм беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст”- таъкид карда буд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

     Дар бештари таҳқиқот оид ба терроризм ҳамеша таъкид мешавад, ки ин падида табиати  бисёр ҷанба дорад ва ин коркарди таърифи мафҳуми ягонаи терроризмро дар сатҳи байналмилалӣ мушкил месозад. Яке онро ҷанги муқаддас, дигаре боло гузоштани ғурури халқу миллати хеш, сеюуми афзалтар донистани нажоди худ аз болои дигар нажодҳо иборат медонад.   Аммо ҳақиқати ҳол тамоман дигар аст. Ба ин гурӯҳҳо бештар киҳо шомил мешаванд? Аввал, гурӯҳе, ки мақсадаш ба даст овардани сарват ва ҳокимият аст. Дуюм, гурӯҳи одамоне, ки дар зери парчами душмани ғоявӣ, мисли динӣ, мазҳабӣ гирд омадаанд. Ҳадафи гурӯҳи сеюм нажодпарастӣ мебошад. Гурӯҳи чорумро масоили сиёсӣ ба ҳам гирд овардааст”.

           Воқеан, терроризм имрӯз яке аз таҳдидҳои асосӣ ба амнияти кишварҳо ва мардуми сайёра гаштааст. Дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ Тоҷикистон низ аз таҳдиду хатари ин вабои аср истисно нест. Ба андешаи коршиносон дар кишварҳои Ғарб ба масъалаи терроризм каме дигаргунтар баҳогузорӣ мешавад. Яъне, онҳо гӯё кишварҳои Осиёи Миёна афзоши сатҳи террористиро як навъ аз будаш зиёд нишон медиҳанд. Ба ақидаи онҳо, ба хотири мусбат нишон додани сиёсати ин кишварҳо, ки ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рақибони сиёсиашон ҳаргуна фишорҳоро раво мебинанд, масъаларо аз будаш зиёд ҷилва медиҳанд. Ин кишварҳо аз ин мавзуъ барои худ имиҷ месозанд, то дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ худро ҳимоятгари ҷомеаи демократӣ нишон бидиҳанд. Ба ақидаи онҳо, дар Осиёи Миёна таҳдиди террористӣ ба ҳадде нест, ки имрӯз давлатдорони ин кишварҳо нишон медиҳанд, онҷо фарқе миёни исломишавии ҷомеа ва террористӣ намегузоранд.

           Тибқи маълумоти коршиносони муътамад дар ҷаҳон тақрибан 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунанд. ИМА ҳар сол барои мубориза бо терроризм аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоӣ сарф мекардааст. Ба гуфтаи таҳлилгарони амрикоӣ солҳои охир ҳамлаҳои даҳшатноки террористӣ дар Аврупо, Амрико, Ховари Миёна, Африқо, кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ бештар шудааст. Чунончи, Пажуҳишгоҳи иқтисодиёт ва сулҳ (Institute for Economics & Peace, IEP)  дар бораи хатари умумиҷаҳонии террористӣ ҳисобот ба табъ расонда,  терроризмро “чун хатари истифодабарии амалии қувваи ҷисмонӣ ва яроқи сарди пинҳонӣ ба воситаи ашхоси ғайридавлатӣ, бобати муваффақ шудан ба мақсадҳои сиёсӣ, иқтисодию динӣ ва иҷтимоӣ”маънидод кардааст.

        Таҳқиқоти IEP 99,6 фоизи аҳолии оламро дар 162 кишвар фаро гирифтааст. Он дар асоси таҳқиқи амалҳои террористӣ ва омилҳои иҷтимоӣ сурат гирифта, панҷ кишвари дунёро ном бурдааст, ки дар онҳо терроризм ва амалҳои террористӣ бештар будаанд. “Дар натиҷаҳои ҳамлаҳои террористии соли 2018 наздики  ҳазорҳо нафар фавтидаанд, ки зиёди онҳо шаҳрвандони давлатҳои Ироқ, Афғонистон, Покистон, Нигерия ва Сурия мебошад, – омадааст дар пажуҳиши Институти иқтисодиёт ва сулҳ. Бештар ҳамлаҳои террористӣ , дар давлати Ироқ ба вукӯъ пайвастаанд.  Дар маҷмӯъ , дар кишварҳои Ироқ, Афғонистон, Покистон, Нигерия ва Сурия наздики  ҳазорҳо нафар одамон аз ҳамлаи террористӣ ҳалок шудаанд.  Аксарияти ҳамлаҳои террористӣ аз тарафи чор гурӯҳи террористӣ: “Толибон”, “Боко ҳарам”, ДИИШ ва Алқоида сурат гирифтаанд. Онҳо бештари ҳамлаҳои террористии худро тариқи моддаҳои тарканда, аз қабили мина, граната ва ғаёра анҷом дода, риштаи умри инсонҳои зиёдеро бо шумули пиронсолон ва занону кӯдакон баркандаанд.

        Дар назарсанҷӣ се омили асосии хуҷумҳои террористӣ ёдрас карда шудаанд: 1) Адовату бадбинии гурӯҳи этникӣ, динӣ ва забонии аҳолӣ нисбати ҳамдигар, ҳамкории мутақобилаи нокифояи ин гурӯҳҳо миёни ҳамдигар, шумораи зиёди задухурду муноқишаҳои байнигуруҳӣ; 2) Аз ҷониби давлатҳое, ки онҳоро сармоягузорӣ мекунанд, зоҳир гардидани таҳдиду зуроварӣ, аз ҷумла ҷазоҳои бемурофиа, террорҳои сиёсӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиддӣ; 3) Сатҳи баланди истифода аз навъҳои дигари зуроварӣ, аз қабили марг дар натиҷаи бархурди муташаккилона; эҳтимоли тазоҳуроти ба зуроварӣ мусоидаткунанда; ҷиноят бо истифодаи зуроварӣ, ҳамчунин сатҳи баланди ҷинояткорӣ.

            Ба ақидаи  Бахтиёр Қудбиддинов,  дотсенти кафедраи журналистикаи  байналхалқии Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон яке аз сабабҳои пайдоиш ва ташаккули терроризми байналхалқӣ таҷовузи қудратҳо ба давлатҳои мустақил мебошад. “Чунин таҷовузро бо он асоснок карданӣ мешаванд, ки гӯё дар кишвари мавриди таҷовуз тартиботи худкома ё томраво амал мекунад, ҳуқуқи инсон поймол карда мешавад, роҳбарони ин гуна кишварҳо аз маслиҳати абарқудратҳо саркашӣ мекунанд. Дуруст аст, ки дар ҷаҳон давлатҳои тартиботи худкома ва томраво хеле зиёданд, ҳуқуқи инсон дар ҳамаи онҳо кам ё зиёд вайрон карда мешаванд, вале, ҳатто давлатҳои мустлақияти том, ки хоси талаботи замони муосир нестанд, аммо чунин давлатҳо вуҷуд доранд, азбаски бо маслиҳати абарқудрати тавоно амал мекунанд, дар бораи вайрон кардани ҳукуқи инсон дар онҳо касе чизе намегӯяд. Лекин давлатҳои тартиботи худкомаи дигар, ки сиёсати мустақил гузарониданӣ мешаванд, маслиҳати абарқудратҳоро намегиранд, бо ҳар баҳона мавриди таҷовуз қарор мегиранд ва ба харобот табдил дода мешаванд. Ироқ, Либия ва ҳоло Сирия аз ҳамин қабил давлатҳо ба шумор мераванд, ки ба харобазор табдил ёфтаанд, мардумашон бехонумон, фирорӣ, тифлон, занону пиронсолон дар шароити тоқатфарсо умр ба сар мебаранд. Вайрон шудани Ироқу Либия ба он оварда расонидааст, ки аскарону афсарони тартиботи сиёсии пешинаи онҳо ба Давлати исломӣ пайваста, қувваи меҳварии ин созмони террористии байналмилалиро ташкил кардаанд”,- таъкид мекунад номбурда.

        Гуфта мешавад, ки СММ ҷиҳати мубориза бо терроризм беш аз 10 Конвенсияи байналхалқӣ қабул кардааст, вале онҳо берангу камтаъсиранд. Иллати самаранок набудани муборизаҳо низ аз тафовут дар манфиатҳо иборат аст, вагарна на танҳо нест кардани терроризм, балки заминаи ба вуҷуд омадани он низ ба куллӣ нест шуданаш мумкин аст. Бояд гуфт, ки ҳама гуна ҳаракат ва созмонҳои террористӣ ва махсусан, терроризми байналмиллаӣ аз тазод ва набарди байниҳамдигарии иштирокчиёни абарқудрати муносибатҳои байналхалқӣ истифода мекунад ва бо аслиҳаи муосир муҷаҳаз мешаванд. Абарқудратҳо барои амалӣ намудани манфиатҳои худ аз ҳаракатҳову созмонҳои террористӣ истифода мебаранд. Онҳоро ба таври пинҳонӣ сарпарастӣ мекунанд, то тавонанд фишорро алайҳи рақибонашон ба пурзӯр кунанд ва дар чашми шаҳрвандони худашон тарсро ба вуҷуд биёранд. Чаро ки ҷомеаи пайваста дар ҳолати тарсу ваҳомат қарор доштаро осон идора кардан мумкин аст.

          Агар он садҳо миллиард доллари амрикоӣ, ки барои ҷангидан дар Афғонистон, Ироқ, Сирия ва дигар манотиқи дигари олам сарф шудаву мешаванд, ба амали мубориза бар зидди терроризм сарф карда шаванд, дар рӯйи замин аз терроризм осоре ҳам намемонад. Вале ҳайҳот мубориза бо ин вабои аср аслан рӯякӣ ва начандон пурзӯр сурат мегирад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонон ҳам ба шумули қурбониҳои аслии терроризм ворид шуда истодаанд. Онҳоро бо ҳар роҳу васила ба қаъри   ин ботлоқ мекашанд. Аз нерӯяшон истифода мебаранд ва дар сурати ба дардашон нахурдан мисли чизи нолозиме мепартоянд. Яъне қатл мекунанд. Ҷавонҳо низ аксаран вақте ба дарки ин макру найранг мерасананд, ки аллакай кор аз кор гузаштааст.

           Ба гуфтаи Сарвари давлат, бо назардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масоили тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди неруҳои созандаи кишвар, ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва хурофотпарастӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Дар сурати иҷрои ин ҳидояти Президенти мамлакат ва якдилу яктан будани сокинони мамлакат пеши роҳи ҳар гуна хатар гирифта мешавад ва Тоҷикистони ободу зебои мо шукуфотар мегардад.

       Аз ин ҷониби дигар ҷавонон бояд бидонанд,  ки дар ҷомеа ҳисса, манфиат ва хостаҳои онҳо ҳимоя карда мешавад.  Ҳимояи манфиатҳои ҷавонон тӯли чанд сол аст,  ки пайгирона аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳадафмандона татбиқ карда мешавад. Ба таъкиди Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони мо бояд ҳамаҷониба дастгирӣ ёбанду барояшон шароитҳои бозҳам хубтар муҳайё сохт. Ин ташаббусҳо гувоҳи он аст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  нерӯи ободгар,  фидокор  ва ватандӯстонаи ҷавононро эътироф  карда, барои онҳо шароиту фурсати муносиберо барои нишон додани қобилият  ва тавонмандиҳояшон омода сохтааст. Бояд зикр намуд, ки шахсони “фиребхӯрда” ё “моҷароҷӯ” аслан ҳиссиёти ватандустиву ватанпарварӣ надоранд.  Вале мо ҷавонони ватандӯст ва худшиносии миллӣ огоҳона барои давлату миллат  хизмат намоему зиракиву ҳушёриро ҳеҷгоҳ аз даст нахоҳем дод.

Зиёрат Киромзода – узви фаъоли ҲХДТ  




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс