МАРОМИ ПОЙТАХТ

Мизи мудаввар дар мавзўи «Сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он дар ҷомеа»

Имрўз бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили Рўзи оила дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзўи «Сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он дар ҷомеа» доир гардид.

       Дар кори он Раҳмонзода Зоир Файзалӣ - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Наимов Маҳмадулло - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Қурбонзода  Ҳилолбӣ Ҷумъахон-Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, Сироҷзода Саодатбибӣ - сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бақозода Сайрам -муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азимова Маҳбуба Абдураҳмоновна – мудири шуъбаи ташкилии  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода Малоҳат – судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур, Алиева Зулфия - муовини сардухтури Маҷмааи тандурустии Истиқлол, Раҷабзода Эраҷ - мудири бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе, намояндагони  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе, раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳрии ҳизб  ва дигар кормандони сохторҳои ҳизбии пойтахт иштирок намуданд.

      Нахуст, Раҳмонзода Зоир Файзалӣ иштирокчиёнро бо Рўзи байналмилалии оила ва Рўзи ҷавонони Тоҷикистон табрику шодбош намуд. Сипас, қайд намуд, ки оила мактаби аввалинест, ки инсон дар он тарбият мегирад, донишу малакаи рўзгордориро аз худ мекунад, ҳамзистӣ бо атрофиёнро меомўзад, ҳамчунин фарзандон ҳамарўза аз ин дабистон таълим мегиранд. Зикр гардид, ки дар ҷомеаи мо оила ҳамчун асоси ҷомеа маҳсуб ёфта, аз тарафи давлат ҳимоя ва дастгирӣ меёбад. Таҳти ҳимояи давлат қарор доштани оила чунин маъно дорад, ки давлат ба масъалаҳои ҳуқуқиву иҷтимоии марбут ба солимӣ ва пойдории оила таваҷҷуҳ зоҳир карда, ғамхорӣ ба модару кӯдак, таъмини шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи фарзандон, кафолати иҷтимоӣ




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс