МАРОМИ ПОЙТАХТ

Озмуни “Забон донӣ - ҷаҳон донӣ”

Озмуни “Забон донӣ - ҷаҳон донӣ” миёни донишҷӯёни донишгоҳу донишкада ва коллеҷу литсейҳои ҳудуди шаҳри Душанбе бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода озмуни беҳтарин забондони хориҷиро таҳти унвони «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» миёни донишҷўёни донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва коллеҷу литсейҳои ҳудуди шаҳри Душанбе доир менамояд.

Даври аввали озмун дар миёни донишҷўёни ин муассисаҳои зинаи таҳсилот аз 01 то 16 - уми апрел, даври дуюм аз 20 апрел то 6 май аз тарафи кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои пойтахт миёни ғолибони даври аввал доир мегардад. Даври сеюми он бошад аз 7 то 17 майи соли 2019 аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе миёни ғолибони даври дуюм гузаронида мешавад.

Довталабони озмун бояд: таҳсилкунандаи бахшҳои 1, 2 ва 3 - и муассисаҳои таълимӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе бошанд, ба ғайр аз забони модарӣ (тоҷикӣ) на камтар аз як забони хориҷиро дар сатҳи баланд донанд (озодона суҳбат карда тавонанд), довталаби озмун бояд аз ҷониби муассисаи таълимӣ расмӣ пешниҳод гардад. Иштирокчиён аз рӯи ду шакл-шифоҳӣ ва хаттӣ санҷида мешаванд.

Мутобиқи Низомномаи озмун: Ғолиби ҷойи якум – як нафар, ҷойи дуюм- ду нафар ва ҷойи сеюм се нафар муайян карда мешавад.

Ба ғолибони ҷойи якум 250 (дусаду панҷоҳ сомонӣ) ҷойи дуюм 200 (дусад сомонӣ) ва ҷойи сеюм 150 (як саду панҷоҳ сомонӣ) бо идрорпулии (стипендияи) Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе то 6 моҳ (шурўъ аз моҳи сентябри соли 2019) дода мешавад. Инчунин ғолибони озмун дар арафаи Рўзи ҷавонони Тоҷикистон бо Ифтихорномаю Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб сарфароз гардонида мешаванд.

Мақсад аз баргузории озмуни мазкур ин дарёфти чеҳраҳои забондон, тарғиби омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ҳавасмандгардонии донишҷӯён барои рушду малакаи забондонӣ дар заминаи дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд, мебошад

 

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар шаҳри Душанбе




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс