МАРОМИ ПОЙТАХТ

АМНУ СУБОТИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ ТОҶИКИСТОНРО ҲЕЧ ЯК ҚУВВАИ БЕРУНӢ ХАЛАДОР КАРДА НАМЕТАВОНАД

Бо ташаббус ва иродаи устувори халқи ватандӯсти тоҷик ва азму талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи ин шахсият дар кишвар сулҳу суботи комил ҳукмфармо аст. Ин амну субот аз ваҳдату ҳамбастагии мардум сарчашма мегирад, ки ҳамаи ин самараи Истиқлолияти давлатӣ аст.

Хушбахтона, имрӯз Тоҷикистон яке аз кишварҳои амнтарин дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Бар пояи иттилои сомонаи АМИТ «Ховар», «Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои амнтарини сайёра шомил шуд. Раддабандиро маҷаллаи байналмилалии молиявии англисзабон «Global Finance» таҳия намудааст. Нишондиҳандаҳои асосӣ барои таҳияи раддабандӣ эҳтимоли пайдо шудани низоъҳои ҳарбӣ, сатҳи таҳдидҳо ба амнияти шаҳрвандон, сатҳи рушди иқтисодӣ, ҳамчунин эҳтимоли рух додани офатҳои табиӣ интихоб шудаанд». Дар воқеъ, сулҳу суботи кишвари мо ва дар рифоҳу осудагӣ умр ба сар бурдани сокинони ин мамлакати офтобӣ монанди рӯзи равшан аён аст. Тайи солиёни Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиндагии шоистаи сокинони кишвар, махсусан ҷавонон шароити мусоид фароҳам овардааст. Аммо, мутаассифона, бархе аз душманони миллат ба ҷомеаи навини мо, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ғамхориҳои рӯзафзуни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои дар рӯҳияи сулҳу субот зистан рӯйи кор омадааст, назари нек надоранд.

Дар шабакаҳои интернетӣ хабаре паҳн шудааст, ки неруҳои исломӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон қарор доранд ва эҳтимол дорад, ки ин неруҳои ҷангҳоҳ марзро убур карда, ба Тоҷикистон ворид шаванд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар Афғонистон чандин сол аст, ки авзоъ ноором аст ва сокинони бегуноҳаш ба хоку хун оғуштаву дар орзуи сулҳу субот мебошанд. Аммо ин хабар дар мавриди Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоман иштибоҳ аст. Ҳамчунин, бадхоҳони кишвари мо навиштаанд, ки толибон нияти ба Тоҷикистон ҳуҷум карданро доранд. Ин матлаби ҳангомаҷӯ ва беасос танҳо барои оромию суботи ҷомеаро барҳам задан иншо шудааст. Зеро толибон ҳеч гоҳ нияти ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷум карданро надоранд ва мақсади асосии онҳо аз Афғонистон берун кардани неруҳои хориҷӣ аст. Аз ҷониби дигар, мардуми шарифи Тоҷикистон, ки тамъи талхи ҷанги таҳмилии

шаҳрвандиро як бор чашиданду оворагиву сарсониро пушти сар намудаанд, ба ин иғвоҳои беасосу бардурӯғ ҳеч гоҳ бовар намекунанд ва ҳақ ҳам доранд. Мардуми тоҷик пуштибони сиёсати сулхоҳонаву бунёдкоронаи пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат мебошанд. Бинобар ин, ба ахбори бардурӯғи душманони миллат, махсусан ба бархе аз тақводорони сатҳӣ ва тарафдоронашон аз хориҷ ва дохил, ки зери ниқоби ислом баромад карда, баҳри амалӣ кардани ниятҳои нопоки худ мафкураи бархе аз ҷавонони камсаводу гумроҳро заҳролуд менамоянд, бовар надоранд. Солҳои охир амалҳои таҳлукаангези террористӣ ва фаъолияти экстремистӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам боиси ба ҳам задани низомҳои сиёсӣ, амнияту суботи мардум, куштори аҳолии осоишта гардидааст. Аз ин истифода бурда, бархе аз хабарнигорони ҳангомаҷӯи хориҷӣ бо тарафдорӣ аз ин гурӯҳҳои ифротӣ мехоҳанд камбудиҳои ҷузъии ҷомеаро ошкор намуда, ба ҳамин васила вазъи ороми кишварро халалдор созанд.

Лозим ба таъкид аст, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои амнтарин маҳсуб меёбад. Сулҳу суботи комил дар кишвар боис шудааст, ки солҳои охир сафи сайёҳон ба маротиб афзун гардад. Бо итминон метавон гуфт, ки амну суботи ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистонро ҳеҷ як қувваи берунӣ халадор карда наметавонад.

Муллоаҳмадшоҳ ЧУРҒОСИЕВ- аъзои фаъоли ҲХДТ




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс