МАРОМИ ПОЙТАХТ

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲАЛЛИ ҶАҲОНИИ МАСОИЛИ МАРБУТ БА ОБ

Ҳифзи захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқлими хушки Осиёи Миёна яке аз мушкилиҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Самаранок ва оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ, хусусан об дар айни ҳол яке аз мушкилиҳои имрӯза буда, аҳли сайёраро водор месозад, ки сари ин масъала фикр намуда, баҳри оқибатҳои номатлуби он чораҳо андешанд.

Эмомалӣ РАҲМОН

Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили вобаста ба об ва ҳифзи захираҳои оби ошомиданӣ дар арсаи байналмилалӣ хеле калон аст. Сарвари давлат 1-уми октябри соли 1999 дар Иҷлосияи 54 - уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуда буданд, ки соли 2003 Соли оби тоза эълон гардад. Дар асоси ин ташаббус 20–уми сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. Дар доираи ин сол аз 29-уми август то 1-уми сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии оби тоза баргузор шуд, ки дар он аз 54 кишвари ҷаҳон ходимони давлатӣ, олимон ва дигар намояндагони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ширкат варзиданд.

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-юми декабри соли 2003 Маҷмаи умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатънома қабул карда, солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон намуд. Ин пешниҳод аз ҷониби 148 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфт ва дар ин хусус Ассамблеяи генералии СММ қарори дахлдор қабул кард. Дар натиҷа мушкилоти захираҳои об ба қатори се мавзӯе ворид гардид, ки ҳамчун масъалаҳои асоси барои баррасӣ дар бахши якуми корҳои Комиссияи СММ оид ба рушди устувор дар солҳои 2004-2005-ум пазируфта шуд. Бо талошу дасгириҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ даҳҳо иншоот барои захираву софкории об ва хатҳои интиқоли оби ошомиданӣ дар шаҳру деҳоти кишвар сохтаву мавриди истифода қарор гирифтанд.

Тибқи маълумоти оморӣ имрӯз тақрибан 1,7 млрд.нафар, яъне сеяки сокинони сайёра ё бештар аз 80 кишвар аз норасоии об мушкилӣ мекашанд. Аз рўйи ҳисоби Созмони Милали Муттаҳид то соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии дунё аз норасоии об ранҷ хоҳад кашид. Ва ҳамасола аз нарасидани об 5 млн. нафар ҷони худро аз даст медиҳанд. Аз 8-ум то 10-уми июни соли 2010 дар пойтахти ҷумҳурӣ доир гардидани Конфронси байналмилалӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» доир гашт ва аз 192 давлати ҷаҳон, 60 созмони давлатӣ ва ғайридавлатии бонуфзи байналмилалӣ ва коршиносон иштирок доштанд, ки ин аз дастгирї ва ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии мамлакат шаҳодат медиҳад. Зимни суханрониҳои хеш Сарвари давлат борҳо ёдовар гардидаанд, ки қадру

қимати об аз қадру қимати нафт, газ, ангишт ва намудҳои дигари сӯзишвори ва манбаҳои энергетикӣ кам нест. Бинобар ин, ба ин мӯъҷизаи бебаҳои табиат эҳтиёткор буда, онро самаранок, сарфакорона ва бо мақсад истифода бояд бурд.

19 майи соли 2013 дар Тайланд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Форуми дувуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мавзӯи «Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут бо об»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, масъалаи ноил гаштан ба ҳадафҳо дар соҳаи обро яке аз роҳҳои асосии расидан ба дигар ҳадафҳои рушд ниҳоят муҳим арзёбӣ карданд ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкории созанда дар ин самт даъват намуданд. Бо гарм шудани иқлими сайёра солҳои охир суръати обшавии пиряхҳо рў ба афзоиш овардааст. Дар ин раванд пиряхҳои кишвари мо низ, ки аз онҳо шаст дарсади оби Осиёи Марказӣ ҳосил мешавад, бо сабаби тағйирёбии иқлим ва баланд шудани ҳарорат дар сӣ соли охир беш аз 1000 пирях аз байн рафтааст.

Саидҷон Зубайдуллоев-омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносии

ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода

 




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс