МАРОМИ ПОЙТАХТ

РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ ВА МУАММОҲОИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ

Дигаргуниҳои куллӣ дар сохтори геополитикии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тағйироти системаи иҷтимоӣ - сиёсӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷаҳони муосир тадриҷан ба давраи сифатан нави тараққиёт ворид мегардад. Падидаи возеҳи муосири ҷаҳонишавӣ ба ақидаи баъзе олимон «натиҷаи револютсияи иттилоотӣ – телекоммуникатсионӣ», ба вуҷуд омадани «тамаддуни нави умумиҷаҳонӣ» ба ҷои «ҷаҳони аврупоитабор» маҳсуб меёбад. Зери мафҳуми глобализатсия васеъшавӣ ва ҷарфтаршавии муносибатҳои иҷтимоӣ ва ниҳодҳо, дар фазо ва вақт фаҳмида мешавад. ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки аксари муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва сиёсӣ характери умумиҷаҳонӣ касб намояд.
Ҷаҳонишавӣ дар худ имкониятҳои бузурги пешрафт ва дар айни замон таҳдидҳои ҷиддиро ба ҳаёти башарият омезиш додааст. Љаҳонишавӣ - дар баробари манфиат ба воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистони муосир тадриҷан таъсири амиқи манфӣ мерасонад ва ба амнияти фазои иттилоотии кишвар таҳдид ба амал меоварад. Чунин таъсири манфӣ ва таҳдиди раванди ҷаҳонишавӣ ба шуур ва маънавиёти ҷомеа тавассути васоити ахбори оммавӣ, ки дорои нерўи бузурги таъсиррасонанда аст, эҳсос мегардад. Дар замони муосир барои ҳар як мамлакат таъмини бехатарии иттилоотӣ муаммои муҳиме гаштааст. Тоҷикистон, чун Русия ва мамолики дигар дар соҳаи амнияти иттилоотӣ сиёсати хешро дорад.
Дар ҳифзи рушди фазои ягонаи информатсионӣ ва фарҳангӣ, ки омили асосии амнияти иттилоотист, васоити ахбори умум нақши бузург мебозанд. Ин бешубҳа, омили мусбати суботи сиёсии Тоҷикистон низ мебошад. Зикр кардан бамаврид аст, ки солҳои охир зидди Тоҷикистон ҷанги информатсионӣ вусъат гирифтааст. Бархе аз расонаҳои хабарии баъзе давлатҳо ҷумҳурии моро ба таври сохта чун «минтақаи муташанниҷ» ва чун кишвари таъминкунандаи маводи мухаддир нишон медиҳанд. Бояд гуфт, ки нисбат ба амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиди хафви дохилӣ низ имконияти пайдо шудан дорад. Нерўҳое, ки зидди сиёсати пешгирифтаи ҳукумати Тоҷикистон ҳастанд, дар кишвари мо мавҷуданд. Онҳо аз фазои холии иттилоотии мамлакат моҳирона истифода намуда, маълумоти харобсозу бардурўғро паҳн менамоянд. ВАО-и электронии ҳамсоядавлатҳо дар минтақа босуръат ва пурмаҳсул рушд менамояд ва фазои холии иттилоотии Тоҷикистонро фаро мегирад. Проблемаи экспансияи ВАО-и хориҷӣ, хусусан дар ноҳияҳои сарҳадии ҷумҳурӣ ба вуҷуд омадааст. Бархе аз олимон ақида доранд, ки вазъи ҳосилшуда ва афзоиши таъсири ВАО-и хориҷӣ ба афкори умум дар аксар маврид ба амнияти иттилоотии мамлакат метавонад таҳдид ба бор оварад. Тибқи мафҳуми амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати ҳифзшавандагии манфиатҳои миллӣ дар соҳаи иттилоот бо назардошти манфиатҳои баробари шахс, ҷомеа ва давлат фаҳмида мешавад.
Раванди ҷаҳонишавӣ ба забони тоҷикӣ низ таъсир мерасонад. Бинобар ин поку беолоиш нигоҳ доштани забон ва шевоии онро ҳифз кардан, вазифаи аввалиндараҷаи ВАО маҳсуб меёбад. Бо назардошти раванди ҷаҳонишавии иттилоот бояд чораҳо андешид, ки рўзноманигории тоҷик бо забонҳои русӣ ва ҳам англисӣ низ вусъат ёбад ва рақобатпазир бошад.
Мутахассиси бахши таҳлилӣ ва омодасозии мутахассисон – Оишамоҳ Раҳимова




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс