МАРОМИ ПОЙТАХТ

Даст агар аз тан биафтад, ҷанг бо дандон кунем!

Воқеан, дар замони муосир, вақте ки «терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст», ҳар як шахси худогоҳ ва ватандўстро лозим аст, ки бо тамоми масъулият дастаҷамъона барои амнияти ватан бар зидди ин вабо мубориза барад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин «вабои аср» дар чанд вохўриҳояшон таъкид карда аз масъулин ва аҳли ҷомеа талаб карданд, ки «Бетарафӣ накарда, муборизаро бар зидди зуҳуроти пурхатари ифротгароию терроризм ҷоннок намоед».

Ҳақиқатан, ҳодисаҳои охири баамаломадаи ҷаҳон, хосатан дар Шарқи Наздик, Африқои шимолӣ ва ҳатто Аврупо (Франсия, Белгия, Германия) вазъи бе ин ҳам печидаи ҷаҳони имрўзро печидатар гардонидааст. Бо ҷангҳои динию мазҳабӣ, ки ҳамагӣ таҳмил аз тарафи кишварҳои абарқудрат мебошанд, иддае аз кишварҳои мусулмонӣ, аз ҷумла Либия, Миср, Алҷазоир, Яман, Сурия, Ироқ, Афѓонистон ва ҳатто Туркияву давлатҳои Аврупоро низ ба гирдоби фалокатҳои тасаввурнопазир рў ба рў сохт. Табаддулоти кишварҳои арабӣ асосан посухгўйи талаботи манфиатҳои шаҳрвандон набуда, он бо дасти давлатҳои абарқудрат, гурўҳу созмонҳо ва аҳзоби дохилӣ иртибот дорад. Дар натиҷа хунрезиҳои ба амаломада ба шикасту сарнагун шудани низомҳои мавҷуда, қурбонӣ ва саргардонии мардуми бегуноҳ оварда расонд. Он комёбиҳову пешравиҳое, ки дар бахши иқтисоду саноат ва маорифу тиб, хосатан сулҳу суббот ва амнияти кишвар доштанд, аз байн рафт. Ҳама имрўз шоҳидем, ки мардуми Сурия, Яман, Ироқ, Либия ва Афѓонистон дар чӣ ҳоланд. Гурезаҳои ин давлатҳо сарсону саргардон бо хорию зорӣ дур аз ватанашон мемиранд. Падару модар хонаву дару фарзандони худро партофта мегурезанд. Мардуми бечораи кишварҳои мазкур бо умеди «демократия» сарсону саргардонанд. Аз ВАО – и кишварҳои арабӣ мушоҳида мешавад, ки мардум аз карда пушаймон ва дар ҳасрати тинҷиву оромии давраи ҳукмронии Садом Ҳусейн ва Муаммар Қаззофианд.

Дар пайи ин ҷангҳову набардҳои дохилии кишварҳои исломӣ омилҳои зиёди хатарзо барои амнияти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла барои кишвари азизамон – Тоҷикистон низ зуҳур карданд. Аз маълумот ва мушоҳидаҳо маълум мешавад, ки омили асосӣ ва пешбарандаю таҳриксози ҷангҳои дохилии фоҷиабори кишварҳои мазкур ҷавонон ба шумор мераванд. Яке аз ин хатарҳо афзоиши шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарову террористӣ аст.

Пешвои миллат аз фирефта шудани ҷавонони кишвар ва гаравидани онҳо ба ҳизбу созмонҳои ифротию террористӣ, зиёд шудани шумораи ҷавонони гумроҳшудаи тоҷик дар миёни ҷангиёни террорист дар Сурияву Ироқ борҳо изҳори нигаронӣ кардаанд.

Аз фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва экстремистии бо ном «исломӣ», маълум мешавад, ки ягон кору кирдор ва рафтори онҳо ба дини мубини ислом мувофиқ нест. Ҳарчанд ки созмону ҳаракат ва аҳзоби номбурда гўё тибқи дастуру ҳидоят ва пешниҳодоти аркони шариати ислом фаъолияти хешро ба роҳ мондаанд, тамоми амалиёти мусаллаҳонае, ки эшон дар қаламрави мамлакатҳои хеш анҷом медиҳанд, хилофи ислом ва шариат мебошанд. Ин ҷавонони гумроҳ ва ѓафлатзадаву нодон аз номи дини ислом баромад намудаву бо овози такбир (Оллоҳу акбар) ҳазорон мардуми бегуноҳи боз ҳам мусулмонро сар мебуранд, ки ба ягон қонуну қоидаҳои шариати исломӣ рост намеояд. Ин созмонҳо (қувваҳои ҷудоихоҳи дохилию хориҷӣ) дар лаҳзаҳои ҳалкунандаи ҳассос бо шиорҳои назарфиребона аз насли ҷавонон ба манфиати хеш истифода мебаранд ва аз бесуботию ноамнӣ ба таври худ, манофеи зишти саркардагону пешвоёни худро амалӣ карданӣ мешаванд.

Фикр мекунам, яке аз сабабҳои ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротиву террористӣ аз асли Қуръон дур будани ҷавонон ва ба воситаи шабакаҳои интернетӣ, махсусан шарҳу тафсири нодурусти оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои пайѓамбар мебошад. Айни ҳол дар шабакаҳои интернетӣ сомонаҳои зиёди ифротӣ фаъолият доранд, ки мақсадашон тафриқа ва ҷангу ҷидол байни мусулмонон аст. Ин сомонаҳо бо забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо забони тоҷикӣ низ дар натиҷаи ҳамлаҳои (ахбор) доимии иттилоотӣ (ҷанги иттилоотӣ) ба тафаккур ва ҷаҳонбинии ҷавонон таъсир мерасонанд. Аз ин рў, фаъолияти агентиҳои иттилоотии кишварамон бояд фаъол бошанд ва барои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористӣ мусоидат намоянд.

Гумрохӣ, ҷоҳилию бемаърифатӣ ва кўшишҳои барҳам задани ҳукуматҳои қонунӣ ва бар ивази он эҳё намудани давлатдории бепояи худ, ки ҳадафаш таҳкими сохтори сиёсии асрҳои замони феодалӣ мебошад, шиору мароми ин созмону аҳзоб ва гурўҳҳо ба шумор меравад.

Мо танҳо тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳамбастагӣ бо мактабу маориф, гузаронидани вохўрию мулоқотҳо, аз як гиребон сар баровардани тамоми қишру табақаҳои ҷомеа, ба хусус зиёиён ва рўҳониён садди роҳи ин вабои аср шуда метавонем.

Ба назари банда, ҳолати омодабошии доимии ниҳодҳои қудратӣ ва интизомии кишварамон, аз даст надодани ҳушёрию зиракии сиёсӣ метавонад амнияти марзу буми моро аз фитнаҳои гурўҳу созмонҳои он сўйи дарё поку беолоиш ҳифз намояд. Дар ин ҷо ҳар яки мо вазифадорем, ки ҳамчун сарбози Ватан барои амният, субот ва тақвияти қудрати мудофиавии ватанамон қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии худро ҷавонмардона иҷро намоем.

Фикр мекунам, ки дар ин замони пуртазод ва муташанниҷи имрўза аз ҳар яки мо талаб карда мешавад, ки барои сулҳу субот ва амнияти кишвар «Даст агар аз тан биафтад, ҷанг бо дандон кунем» - ро шиори худ созем, зеро бузурге фармудааст:

Ватан андар бадан хунест ҷўшон,

Агар аз мо равад, бо ў равад ҷон!

 

Вализода М.




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс