МАРОМИ ПОЙТАХТ

ТАБРИКОТИ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

Мардуми шарафманду сарбаланди кишвар, 26-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу суботи сартосарӣ ва бо рўҳияи идона ҷашн мегиранд. Маҳз бо дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неруҳои ҳифозатии мо феълан ба як артиши тавонову муқтадири замонавӣ табдил ёфтааст.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ буда, аз рўзҳои аввали таъсисёбии худ, ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳифзи амнияти давлату ҷомеаро яке аз вазифаҳои муҳиму муқаддаси худ медонанд.

Воқеан ҳам, ғайрату матонат, далериву шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан, имрўзҳо боиси ифтихору шарафмандии ҳар як сокини сарбаланди диёр мебошад.

Дар заминаи чунин эътимоду фараҳмандӣ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, кулли сокинони шарафманди пойтахти азизамон шаҳри Душанберо ба ифтихори 26-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, бароятон пеш аз ҳама осоиши рӯзгору фараҳмандӣ, сулҳу суботи устувор ва дар иҷрои вазифаҳои хидматиатон, муваффақияту комёбиҳои навинро орзў менамояд.

 

 

 




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс