МАРОМИ ПОЙТАХТ

ВОХӮРӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Мутобиқи ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 вохӯрии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ аз ҳавзаи интихоботии №22 Юсуфӣ Муҳаммадраҳим бо интихобкунандагон доир гардид.

Зариф Сафаров-раиси Комиссияи интихоботии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ роҷеъ ба муҳимияти маъракаи сиёсии интихобот ҳарф зада, таъкид намуд, ки шаҳрвандон бояд аз ҳуқуқҳои конститутсионии хеш истифода намуда, дар ин маърака иштироки фаъолона намоянд. Зеро овози шумо барои номзади арзанда дар ободию рушди маҳал, ҳалли мушкилоти сокинон аҳамияти муҳим дорад.

Сироҷиддин Мирзомуддинов шахси боэътимоди номзад бо шарҳи ҳол ва барномаи пешазинтихоботии номзад ҳозиринро шинос намуд.

Сипас, Муҳаммадраҳим Юсуфӣ-иљрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсӣ роҷеъ ба хусусиятҳои хоси ноҳияи Фирдавсӣ, қонунҳои амалкунанда дар бораи пойтахт, ободиву хуррамгардонӣ, тозагии ҳифзи муҳит, бунёди нуктаҳои муосири хизматрасонӣ, истифодаи иқтидори зеҳнӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрнишинӣ, муоширату муносибат, риояи маромномаи сокини пойтахт, рушди ҳунарҳои мардумӣ, беҳтар намудани симои ноҳия ва ғайра ибрози андеша намуд. Мавсуф ҳамзамон оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат андешаҳояшро баён дошт.

Азизхӯҷа Азизов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар бораи фаъолияти и.в.раиси ноҳия таъкид намуд, ки тағйироту дигаргуниҳо аллакай дар симои ноҳия ба вуқуъ пайвастаанд, ки ин худ аз он шаҳодат медиҳад, ки номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия шахси меҳандӯст буда, ба мақоми вакили ноҳия арзандаву шоиста мебошанд. Номзади худпешбар Сафарова Зулхумор низ дар бораи шарҳи ҳол ва барномаи хеш ба ҳозирин иттилоъ дод. Дар фарҷом З. Сафаров изҳор дошт, ки интихобот ҷашну тантана ва як рукни соҳибистиқлолии Ватан буда, аз ҳар шаҳрванд тақозо менамояд, ки дар ин тантанаи соҳибватанӣ масъулият эҳсос намоянд ва фаъол бошанд.

 




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс