МАРОМИ ПОЙТАХТ

Бо ифротгароӣ муборизаи беамон бояд бурд

Дар замони муосир, ки онро марҳилаи ҷаҳонишавӣ ном мебаранд, ҷомеаи ҷаҳонро зуҳуроти нав, яъне терроризм ва ифротгароӣ таҳдид мекунад. Ҳарчанд ин падида нав нест, вале дар шароити феълӣ реша давонидани он таҳдид ба ҷони ҳар як сокини сайёра мебошад.

Терроризм калимаи лотинӣ буда, маънояш дар луғатҳо тарс, даҳшат, сиёсати тарсонидан ва фурӯ нишондани душмани сиёсӣ бо роҳи зӯрӣ, террористӣ, ҳатто бо ҷазоҳои ҷисмонӣ, куштор ва ғайра шаҳр дода шудааст. Терроризм се хел мешавад: сиёсӣ, миллӣ ва динӣ. Терроризми динӣ аз ҳама фоҷианок ва муҳимтарин шакли зуҳури терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, мулоқот бо роҳбарони сарони давлатҳо, зиёиён, ҷавонону занон пайваста дар бораи торафт реша давонидани терроризм ва ифротгароӣ хушдор дода, онҳоро ҳамчун таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра маҳкум менамоянд. «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Бо мақсади пешгирои ин вабои аср аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёде анҷом ёфтаву идома доранд. Аз ҷумла, бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст дар ҷаҳони Ислом соли бузургдошти 1310 – солагии Имоми Аъзам Абӯҳанифа дар сатҳи баланд таҷлил гардид, ки баҳри шинохти асли мазҳаби худ ба мардуми кишвар мусоидати комил намуд. Бояд зикр намуд, ки ба хотири он ки бештари мардуми кишварамон пайрави мазҳаби Имоми Аъзам Абӯҳанифа мебошанд, тадбири мазкур баҳри дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ тарбия намудани насли ҷавони кишвар, ки яке аз таълимоти асосии Имоми Аъзам ба шумор меравад, мусоидати фаъол намуд. Ҳамчунин бо иқдоми хайрхоҳонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби муқаддаси Қуръон бо забони тоҷикӣ ва ҳуруфоти кириллӣ ба чоп расид, ки беҳтарин иқдом баҳри шинохти ҷавҳари асоси дини мубини Ислом ба шумор меравад. Бо вуҷуди татбирҳои андешидашуда, баъзе аз ҷавонони донишҳои динӣ ва дунявӣ надошта, ба сафи гурӯҳҳои террористию ифротӣ пайвастаанд, ки бо ин амали ғайриинсонии худ ба номи миллат иснод меоранд.

Миллати тоҷик нафаронеро медонад, ки бо обу намаки ин Ватани биҳиштосо ба воя расидаанд ва ба воситаи хоҷагони хориҷиашон мехостанд дар кишвар табаддулоти давлатӣ анҷом диҳанд. Ин миллат дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ ба доми фиреби онҳо афтода, чӣ қадар хориро аз сар гузаронид. Оқибатҳои зарари ба сари миллат овардаи онҳо ҳанӯз бартараф нашудаанд (манзур зарарҳои иқтисодию иҷтимоӣ, рӯҳию ҷисмонӣ ва ҷонӣ). Албатта, зарарҳои иқтисодӣ бо андешидан ва роҳандозӣ намудани як қатор барномаҳо барқарор карда шуданд, вале захми дили модаронро чӣ гуна метавон малҳам шуд? Падидаи ҷаҳонишавӣ марҳилаест, ки зуҳуроти мусбату манфиро дар худ дорад. Яке аз онҳо раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба шумор меравад. Зеро муҳоҷират имрӯз равандест, ки дар баробари оқибатҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ доштанаш, яке аз роҳҳои ҷалби шаҳрвандон ба гурӯҳу равияҳои террористӣ мебошад. Мувофиқи маълумоти сохторҳои қудратӣ аксарияти он ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шудаанд, дар муҳоҷират қарор доштаанд.

Тибқи маълумот, аксари ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатибуда дониши касбию ҳуқукӣ ва таҷрибаи кофии рӯзгор надошта, донишҳои динӣ ва дунявиашон сатҳӣ ҳастанд. Табиист, ки чунин шахсон луқмаи осон ва муфти гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ мешаванд. Дар ибтидо таблиғгарони гурӯҳҳои мазкур бо ваъдаи маблағҳои зиёд ҷавононро ба доми худ меафтонанд ва ҳангоми ба мақсади нопоки худ расидан ваъдаҳои дар ибтидо додаашро ба ҳеҷ ваҷ иҷро намекунанд. Роҳи дигаре, ки гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавононро ҷалб мекунанд, ин сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ мебошанд. Гурӯҳҳои мазкур дар сомонаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна маводи таблиғотӣ, наворҳои гуногун ва даъватҳои дарёфти маблағи муфтро ҷой мекунанд. Сипас баъди дарёфти ба истилоҳ луқма ӯро ба доми худ мекашанд. Дар ин ҷо таъкид бояд кард, ки ҷавононро лозим аст ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ҳушёр бошанд. Набояд фаромӯш кард, ки гузоштани мақбул- «лайк ё нравится» ва пайваст шудан- «поделиться» маънои ҷонибдорӣ аз маводи ба нашр расида мебошад.

Роҳи дигари ҷалби ҷавонон ба ташкилотҳои террористӣ боистифода аз эътиқоди динӣ сурат мегирад. Терроризми динӣ аз ҳама фоҷианок ва муҳимтарин шакли зуҳури терроризм мебошад. Терроризм ва экстремизмро ба дини мубини Ислом рабт додан нодуруст аст, зеро Ислом ҳеҷ робитае ба қатлу куштор надорад. Паҳншавии терроризми динӣ дар байни ҷавонон дар кишвар яке аз масъалаҳои мубрам ва доғи рӯз гардидааст. Аз ин рӯ бо ин зуҳурот дастаҷамъона бояд мубориза бурд. Бояд зикр кард, ки гурӯҳҳои террористӣ аз нокифоягии саводи ҷавонон истифода бурда, бо дасти худи мусалмон бародари дигари мусалмонро ваҳшиёна дар назди омма ба қатл мерасонад. Усули рафтор ва кирдорҳои террористон шаҳодат аз он медиҳад, ки худи онҳо аз одитарин таълимоти дини мубини Ислом огоҳ нестанд ва ҷавононро бо ваъдаҳои дурӯғ ба сӯи биҳишт (шаҳид) тавассути қатл ва ҷиҳод даъват мекунанд. Ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дар доираи барномаҳои тарҳрезӣ намудаи абарқудратҳо фаъолият намуда, самти фаъолияташон чунин аст: зӯран тағйир додани асосҳои сахти конститутсионӣ, суиқасди инфиродӣ ва оммавӣ, барангехтани адовати динӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, адовати иҷтимоӣ, таркиш, қатлу куштор, интиқолу инфиҷор дар марказҳои маъмурӣ, беморхонаҳо, раҳгузарҳои зеризаминӣ, фурудгоҳҳои байналмилалӣ, майдонҳои варзишӣ, марказҳои дилхушӣ, рабудани одамон ва ба гаравгон гирифтан, таҳдиди куштан ва нобуд кардан ва ғайраҳо.

Айни ҳол дар ҷаҳон ташкилотҳои террористию экстремистӣ, аз ҷумла, ҲНИТ, ДИИШ, Алқоида, Толибон, Ансоруллоҳ, Иттиҳодияи экстремистии салафия, Ҳизбу –т- таҳрир, Қаҳрамони муҷоҳиди Ироқу Шом ва даҳҳои дигар фаъолияти ғайриқонунӣ мебаранд, ки самти фаъолияташон қатлу куштор ва барҳам задани сохти конститутсионии ин ё он кишвар мебошад.

Набояд фаромӯш кард, ки кишвари азизи мо дар минтақаи носуботи ҳамсоя бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қарор дорад. Аз ҷониби дигар, ташкилоти террористии ДИИШ нуфуз ва ҷойгоҳи худро дар Ироқу Сурия аз даст дода, дастандаркорони ин гурӯҳ аллакай дар хоки Афғонистон ҷой намудани ташкилоташонро ба нақша гирифтаанд. Аз ин нуқтаи назар моро лозим аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба ҳеҷ ваҷҳ ба Ватан-Модар хиёнат накунем, онро азизу муқаддас ва марзу бумашро аз нотавонбинону хоинон ҳифз намоем. Ба таъкиди Асосугузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Бо назардошти вазъи минтақа ва муноқишаҳои атрофи он халқи тоҷик ва вакилони мардумӣ, алалхусус сиёсатмадорон, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аҳли калам ва кормандони воситаҳои ахбор, инчунин ҷавононро лозим аст, ки фарҳанги воло, маърифати сиёсӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, гирифтори бегонапарастӣ, тарғиботи ифротгароёнаи динию ғояҳои экстремистӣ, терроризму зӯроварӣ ва идеологияи таҳмилёфтаи доираҳои ғаразноки кишварҳои дигар нашаванд».

Бо мақсади таъмини суботу оромӣ, мустаҳкам кардани пояҳои истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, роҳ надодан ба хурофотпарастию зиёдаравӣ ва инкишофи озодона ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ бирасем ва нагузорем, ки ҳеҷ як нотавонбин амнияти комили моро халалдор кунад. Зеро дар шароити имрӯзаи зиндагӣ ҳар як лаҳза метавонад падидаеро рӯйи кор оварад. Дар ин росто мо бояд аз ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ бештар байни мардум таблиғи дуруст барем. Албатта, дуруст аст, ки «ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллату давлат ҳастанд», вале набояд фаромӯш кард, ки ҷавонони даврони сиҳибистиқлолӣ солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро надидаанд, ба онҳо фаҳмонидани он рӯзҳои сахту сангин, дар ниҳоди онҳо бедор намудани ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва таҳаммулгароӣ вазифаи волидайн, мактаб ва ҷомеа мебошад.

Тавре Президенти кишвар зикр кардаанд: «Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем. Танҳо дар ин сурат ҷомеа аз ифротгароӣ ва терроризм дар ҳама ҷанбаҳояш раҳоӣ хоҳад ёфт».

Хулоса, набояд фаромӯш кард, ки миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ба сари касе ё миллате дар раванди пурпечутоби таърих лашкар накашидааст. Ин миллат ҳамеша таҳаммулпазир буд, ҳаст ва боқӣ хоҳад монд. Кӯшиш кунем, ки ҳар фарди Тоҷикистон бо муҳаббат ба Ватан фаъолият намояд ва насли наврасу ҷавон бо муҳаббат ба Ватан ба воя расад.

Изатуллои ҲАБИБЗОД,

муовини раис, роҳбари Дастгоҳи

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Шоҳмансур




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс