МАРОМИ ПОЙТАХТ

ВОХӮРИИ ҲАЙАТИ ЭҶОДИИ “МП” БО РӮЗНОМАНИГОРОНИ ҶАВОН

15-уми феврали соли равон дар доираи нақша - чорабиниҳои факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳайати эҷодии нашрияи “Мароми пойтахт”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо донишҷӯёну устодони ин факултет вохӯрӣ доир намуданд.

Нахуст, декани факултети журналистикаи ДМТ Саъди Маҳдӣ ба ҳозирин гурӯҳи эҷодии нашрияи “Мароми пойтахт” – ро муаррифӣ карда, қайд намуд, ки саҳми ин нашрия дар беҳдошти фазои иттилоотии миллӣ ва тарғибу ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамзамон ободиву пешравиҳои пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе назаррас аст.

Баъдан, сармуҳаррири ин нашрия Ҳақназар Каримзода аз ҳадафу барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар ин замина аз фаъолияти пурсамари нашрияи “Мароми пойтахт”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба донишҷӯён маълумот дода, афзуд, ки нашрияи “Мароми пойтахт” давоми фаъолияти худ тавонист, ҳамчун нашрияи ҳизбӣ фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии пойтахт ва паҳлуҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаро мавриди инъикосу баррасии бештар қарор диҳад.

- Боиси хушнудист, ки нашрияи “Мароми пойтахт” имрӯзҳо фазои иттилоотии пойтахт ва фаротар аз онро дарбар гирифта, таҳти сарварии раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Раҳмонзода Зоир Файзалӣ фаъолияташро рӯз аз рӯз хубтару босифаттар намудааст. Ин аст, ки аз ҷониби коршиносону роҳбарон фаъолияти нашрияи мо пайваста назаррас арзёбӣ мегардад, - илова намуд сармуҳаррири нашрияи “Мароми пойтахт” Ҳақназар Каримзода.

Дар охир миёни донишҷӯёну меҳмонон ва ҳозирин саволу ҷавоб доир гашта, барои ҳамкориҳои минбаъда таклифу пешниҳоди судманд манзур карда шуд.

 

Неъмат САЛИМЗОДА




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс