МАРОМИ ПОЙТАХТ

ПАЁМ: АЗ ИСТИҚЛОЛИЯТУ ОЗОДӢ ВА СОҲИБВАТАНИВУ СОҲИБДАВЛАТӢ ШУКРОНА КУНЕМ

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар асоси мактуби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша –чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Беҳдошт” мизи мудаввар доир гардид.

Дар он таъкид гардид, ки Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву давлатдорӣ дар ҳайёти кишвар, рушду пешрафти самтҳои афзалиятнок, фарҳангу арзишҳои миллӣ нақши арзишманд мегузорад.

Ҳар сол аз Паём то Паём дар мамлакат дигаргуниҳои куллӣ, дастовардҳои азим ба вуқуъ мепайвандад, ки Тоҷикистонро қадам ба қадам, марҳила ба марҳила ба пеш, ба амалишавии ҳадафҳову ниятҳои оливу наҷиб мебарад. Имсол низ Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муждаву паёмҳои зиёди наҷибу созанда дошт. Аз ҷумла ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат эълон гардид. Ин ҳадафест, ки заминаҳои муайян ва бузургро мехоҳад, ки ба он Тоҷикистон муваффақ гардидааст. Яъне ҳадафҳои стратегӣ-ба истиқлолияти энергетикӣ расидан ва аз бумбасти коммуникатсионӣ баромадани мамлакат заминаҳои мусоидест барои саноатикунонии мамлакат.

Ҳамзамон, дар бораи коркарди ашёи хом дар ҳудуди кишвар, афзоиши аҳолӣ ва буҷет, нақши занону бонувон дар ҷомеа, алалхусус дар ҳифзи фарҳанг, анъанаҳои неки миллӣ, забони давлатӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ватандӯстӣ ва дигар паҳлӯҳои Паём ибрози назар гардид.




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс