МАРОМИ ПОЙТАХТ

ТЕРРОРИЗМ - ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонида, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст. Дар ибтидои қарни XXI инсоният бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ мебошад. Албатта, онҳое ки мегӯянд терроризм падидае аст, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда, омадааст беасос нест. Решаҳои терроризм хеле чуқур буда, ба базаи иҷтимоии он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ - фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додааст. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатафганӣ мехостанд мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд. Дар ин давраҳо ҳам амалҳои террористӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони бегуноҳ мегардид. Дар охири қарни XIX ва ибтидои карни XX амалҳои террористӣ бештар характери сиёсӣ ба худ гирифта, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардид. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд меоянд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд. Махсусан амалиёти террористӣ, ки 11 - сентябри соли 2001 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико анҷом дода шуд, бо бераҳмӣ, густохӣ ва теъдоди зиёди одамони қурбоншуда бесобиқа мебошад. Ҳанӯз як сол нагузашта, террористон 23 - 26 октябри соли 2002 дар Маскав кӯшиши гузаронидани чунин амалиётро бо гаравгон гирифтани зиёда аз ҳазор тан аз мардуми бегуноҳ намуданд, ки дар натиҷаи амалиёти зидди террористӣ даҳҳо нафар аз шаҳрвандони бегуноҳро ба ҳалокат расиданд.

Терроризм дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Мо ба он нафарҳое, ки дар амалҳои ноҷавонмардона кӯшишҳои табаддулоти давлатӣ карданӣ мешаванд, лаънат мехонем. Дар мисоли раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ (Хизби мамнуъи террористӣ), ки ҳоло ҳамчун гуреза дар хориҷа умр ба сар бурда, худро раиси Паймони милли Тоҷикистон эълон намудааст. Қайд кардан ҷоиз аст, ки терроризм асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти миллии тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Имрӯз тамоми чомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки ба муқобили ин вабои аср мубориза баранд. Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори сулҳ ва пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳанг­шудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст.

Ба андешаи мо, барои гирифтани пеши роҳи гаравидани наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, пеш аз ҳама, бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҷиҳати рафъи мушкилот аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода барем. Ба китобдорон лозим аст, ки барои тарғиби зидди терроризм нақшаи корӣ тартиб диҳанд ва пас аз он дар байни хонандагону аҳолии мамлакат чорабиниҳо баргузор намоянд. Китобдорон бояд дар китобхона дар байни хонандагон бо тариқи гузаронидани суҳбат, конфронси хонандагон ва созмондиҳии намоиши китобӣ тарғибот баранд. Аз ин лиҳоз, мо чунин шаклҳои корҳои оммавиро пешкаш менамоем: Аз ҷумла, тавассути воситаҳои ахбори омма, бавижа барномаҳои телевизионӣ ва шабакаҳои интернетӣ оид ба оқибатҳои ҳалокатбори пайвастшавӣ ба ин гурӯҳҳо, бо овардани далелҳои мушаххас, матолиби таҳлилӣ нашр ва пахш намоем.

Барои ҳалли ин масъала якҷо бо ниҳодҳои қудратӣ дар корхонаю муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии кмшвар мулоқоту вохӯриҳои судманд доир намуда, ба наврасону ҷавонон маслиҳатҳои муфид додан, ба мақсад мувофиқ аст. Фаромӯш набояд кард, ки мо - ҷавонон аз осмони софу беғубори ин Ватан нафас мегирему бароямон Ҳукумати мамлакат ва Пешвои муаззами он шароити мусоиди таҳсил ва фаъолиятро фароҳам овардааст. Пас месазад, ки ин Ватанро дӯст дорем, онро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем.Хушбахтона, имрӯз кам нестанд нафароне, ки барои ободию осудагии Ватан, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ҷони худро нисор намудаанд. Хушо бар ҳоли мардони далеру шуҷоъи ин миллати куҳанбунёд. Бешак, номи неки онҳо дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин дарҷ мегарданд.

Холов Бозорбой, Зафари Шариф-аъзоёни фаъоли ҲХДТ ноҳияи Сино

 




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс