МАРОМИ ПОЙТАХТ

Ҳамоиши ҷавонону занони ҳунарманд зери шиори «Ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз»

Нимаи аввали имрўз бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби аҳолӣ бахусус ҷавонону занон ба омўзиши касбу ҳунар ва таблиғу ташвиқи онҳо миёни аҳолӣ, Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар асоси нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар доираи эълон гардидани Солҳои 2019 - 2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҳамоиши ҷавонону занони ҳунармандро таҳти унвони «Ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз» дар Муассисаи давлатии Душанбе-Плаза доир намуд.

Дар кори он Раҳмонзода Зоир Файзалӣ-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Расулзода Насимҷон-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Назарзода Р.Ш. – муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадова Тоҷиниссо-директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, Салимзода Амонулло Файзулло-ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Абдуғафорзода Нуъмон Абдуғафор - Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони сохтори ҳизбии пойтахт иштирок намуданд.

Пеш аз оғози ҳамоиш, намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо дастовардҳои ҷавонону занони ҳунарманди ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба марази иштирокчиён гузошта шуд.

Нахуст, Расулзода Насимҷон ҳамоишро ҳусни оғоз бахшида, мақсади баргузории ҳамоиши имрўзаро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Сипас, Раҳмонзода Зоир Файзалӣ зимни сухани ифтитоҳӣ қайд кард, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон оид ба омўзиши касбу ҳанаромўзӣ таъкид намуданд: “Ба раванди созандагии Ватан ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд саҳмгузор бошад ва ҳар фарди ҷомеа бояд касбу ҳунаре дошта бошад, ки бо истифода аз он зиндагии худро пеш барад. Мо барои ҳар шахсе, ки мехоҳад касбу ҳунар, нияту нақша ва қобилияту истеъдоди худро амалӣ гардонад, яъне ҷиҳати худтатбиқкунии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам меорем”.

Ҳар фарди ҷомеа, махсусан, занону ҷавононро зарур аст, ки ҷавобан ба чунин ғамхориҳои бесобиқаи давлат ва Ҳукумати кишвар тамоми саъю талоши хешро ба интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

Воқеан ҳам, доир гардидани чунин ҳамоишу чорабинхои дастаҷамъӣ метавонад дар рушду инкишоф додани ҳунарҳои мардумӣ, фаро гирифтани аҳолӣ бахусус занону ҷавонон ба касбомўзиву ҳунаромўзӣ, муаррифии бештари таърихи пурғановати миллат, эҳёи суннатҳои асил, тарғиби либоси миллӣ миёни занон ва тараққӣ додани санъати ҳунарманд мусоидати фаъол менамояд.

Дар музокира олимон ва коршиносони соҳавӣ ва дигар шахсони расмӣ фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд.




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс