МАРОМИ ПОЙТАХТ

Навидҳо

ВАҲДАТ АЗАМАТИ РЎҲИ МИЛЛАТИ МОСТ

Ваҳдат сарчашмаи саодат аст, ки ба мо ҳаёт ва сарзиндагӣ ҳадя мекунад. Ин ҷонмояи ҳастӣ дар ҳилоли таърих ҳамеша ба қудрати безаволи адолат такя намуда, сулҳ, растагорӣ, дўстӣ,садоқат, ҳамдилӣ ва тавҳид ҷонмояи он мебошанд. Ваҳдати миллӣ қавитарин рукни давлатдорӣ буда, низоми густурдаи кишвар танҳо аз мавҷудияти он тақвият меёбад. Аз сарчашмаҳои нақлӣ ва ақлӣ барои мо маълум аст,ки мардуми тоҷик дар гузори асрҳову наслҳо ҳамеша хостори сулҳу оромиш будаанд ва зиндагиро қобили парастиш ва даме аз онро ѓанимат дониста, ягона ормони алмосии онҳо ин танҳо осоишта зистан дар қаламрави қарини оромиш будаасту халос. Таърих чун шаҳодатдиҳандаи барҳақ аз ин ормони миллии халқи тоҷик ҳамеша гувоҳӣ медиҳад.

Вале зиндагӣ чун раванди давомдор ҳамеша ҳукми хешро дорад. Дар баробари дигар фоҷиаҳои хунбори таърих яке аз маҳзунтарин ва андуҳноктарин саҳифаи китоби миллати мо ин ҷанги бародаркушӣ дар Тоҷикистон буд. Дар ҳаракати сиёсии даҳаи навад, неруҳои пасипардагӣ, наҳзатиҳои ҳангоматалаб ва ситезаҷў мехостанд давлати воҳиди моро барҳам зананд.

 Даҳшати ҷанг, пеш аз ҳама, аз он иборат буд, ки дар он халқи тоҷик ибтикор ва халоқиятро аз даст дод. Зулмати бешуурӣ, ранг бохтани отифа, мурдани ахлоқ, маҳдудияти мафкураи миллӣ, ноумедиву беҳуввиятӣ ва бефарҳангӣ, нодориву ночорӣ пойгоҳи хасму хушунатро зиёд намуд. Ин ҷанг чун сиёҳтарин сатри авроқи зиндагии мо солҳои тулонӣ дар зеҳну ҳуши мо аз худ дарак медиҳад. Зеро дар он даврони саъбу сангин, зи бераҳмиву бемеҳрии ноҷавонмардони дастомўзи аҳриман як насли ташнаи зиндагӣ, орзуву ормонашро абадият бо худ ба хок бурд.

 Дар он давроне, ки рўзгори ҳар як тоҷик фоҷианок буд, халқ ва миллат ба шахсияти комилиродае ниёз доштанд. Зеро зуҳуроти ноумедӣ, бардоштҳои нодуруст аз падидаҳои номатлуби зиндагӣ, афсурдагии рўҳӣ, гумроҳиҳои сиёсии давлатмардони он даврон, каҷравиҳои эътиқодӣ мардумро ба дунболи ноумедӣ бурд. Хушбахтона, дар он рўзҳои сахту мотамзо ба мададу наҷоти халқу миллат, ҷавонмарди асил бо номи мубораки Эмомалӣ Раҳмон аз миёни хуну хокистар бархост.

 Дар он рўзгоре, ки ҳазорон нафар дар як рўз ба хоку хун ѓалтиданд, яке аз қаҳрамониҳои фавқулодаи Пешвои миллат аз он иборат буд, ки халқ ва миллатро, пеш аз ҳама, бо иродаи чун кўҳ устувор ва азму идроки рафеъ, рўҳан қувват бахшиданд ва дар шароити бисёр сахту сангини ҷанг аз даруни мусибатҳо ва фоҷиа бо суханони шуълабори хеш, ки дар он ваъдаи сулҳу оромӣ буд, ба халқи худ аносири умед ва хушбиниро берун кашиданд.

Халқ ба умеду хушбинӣ ба зиндагӣ чун волотарин қудрати рўҳонии инсоният,ки ҷанбаи некбинонаи ормони миллиамонро ифода менамояд, ҳамеша ниёз дорад.

Каломи сулҳофари Пешвои миллат чун саршор аз гармӣ, меҳр, лутф, хирад, садоқат,ҷозиба ва, пеш аз ҳама, самимияти миллӣ буд, тавонист, ки башариятро ба дунболи ваҳдат кашонад.

Роҳбари тозаинтихоб хуб дарк намуданд, ки боэътибортарин санади фарҳанги Сулҳ ин бахшидани гуноҳи рақиб аст.Бинобар ин, бо истифода аз чунин суннати азалии ниёкон, кишвари бемарому бенизомро ба амнтарин давлати минтақа табдил доданд.

Пешвои миллат рисолат ва нақши таърихии худро оид ба устувор гардидани пояи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ бо ду тамоюли фитрӣ, шуҷоат ва ҷавонмардӣ шарофатмандона иҷро намуд.

Пешвои миллат ба тамоми пиру барнои кишвар бо сухани фаросатзой ва амали ибратбахш исбот намуданд, ки ватандорӣ як раванди давомдор дар сар то сари зиндагии инсоният аст. Имон доштан ба рукнҳои муҳимтарин давлату давлатдорӣ ва эҳтиром гузоштан ба муқаддасоту асолати миллӣ чун як раванди пешравандаи ҳаёт, барои ҳар як тоҷики закӣ ҳам қарз асту ҳам фарз.

Ҳар як сухани Пешвои миллат дар он рўзҳо дар тафаккури мардум як модели назариявии табдил ва такомулро эҷод намуда, дар баробар самт бахшидан ба зиндагӣ, инчунин рўҳияи онҳоро ба ояндаи хубу равшанзо баланд намуд.

Ҷаҳониён имрўз Пешвои миллати моро ба унвони таблиѓгари фарҳанги волои ваҳдатофарӣ, сафири равшанрой ва ҳумоюнқадам, пайвандгари аслҳову наслҳо шинохта, адолат, садоқат ва ҷавонмардиро, ки хоси дарси тавъам бо кишвардории ўст, як ҷузъи андеша ва дастури давлатдории хеш ҳисоб намудаанд.

Бо дарки мафҳуми қавии баробариву бародарӣ, имрўз мардуми тоҷик аз шарофати ваҳдат ба ҳазорон таҳаввулоти шигарфӣ сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуд, ки дар таърих мондагору бесобиқа аст. Ва мардуми посдори сулҳ 23-юмин солгарди онро дар партави дўстиву саодат истиқбол мегиранд.

 Дар раванди бошитоб, ҷаҳони модигароӣ имрўз дучори таҳаввулоти дунявӣ аст. Дар баробари дигар падидаҳои нохушоянди ҷаҳонишавӣ яке аз падидаи хело хатарзо, ки ба пояи салтанату давлатдорӣ ва оромишу иттиҳод, сахттарин зарба мезанад, ин таассуб аст­ ­(маѓзҳои заҳролудшуда). Аз таърихи башарият ба мо маълум аст, ки аз сапедадами таърих ду неруи ба ҳам муқобилу оштинопазир ба ҳам рақобат доштаанд.

Яке маърифат, ки сарчашмаи тамоми илмҳои башарият аст ва дигаре ҷаҳолат, яъне ифрот, хиёнат, фисқу фуҷур, ваҳшоният,ҷаҳл ва торикии донишу имон.

 Аз ҳама амали зишт ва ботил хиёнат ба халқу ­Ватан­ аст. Имрўз гурўҳҳои муѓриз ва тамаъҷўй , ифротиёни наҳзатӣ, барои хароб кардани пояҳои давлатдорӣ ва халал расонидан ба оромиши кишвари мо иттилоотро ягона василаи муборизаи худ қарор дошта, бо амвоҷи сиёҳолуди тарѓибу ташвиқи кўтоҳандешонаи хеш маѓзҳои ҷавононро шустушў мекунанд. Мардумро ба хунрезӣ, парокандагӣ, яъне ҷиҳоди саѓир , даъват мекунанд. Равоншиносон бар он ваҳдати назар доранд,ки дар радифи иллатҳои равонии инсонӣ, манфуртарин беморӣ ин бахилӣ, иѓвоандозӣ, туҳмат ва бадбинӣ мебошад.Мо амалҳои зишти ин гурўҳеро, ки аз лиҳози равонӣ беморанд, сахт маҳкум мекунем. Ин ифротиёни дастомўзи аҳриманӣ бо суханҳои бе чуну чаро, қудратҳои дурўѓин ва ақидаҳои бебунёди хеш ҳеҷ гоҳ ба ҳадаф намерасанд ва чун ҳарвақта ба шикасти шармандавор рў ба рў мешаванд.

Мо бояд бо зиракии сиёсӣ, дониши васеъ, ҷаҳонбинии дақиқ, имконот, таҷриба, шуури дунёдаркӣ ва бидъати равшанбинона нагузорем, ки ҳар ҳаракат ва бедорӣ, ки нияти нопок доранд, ҳадафҳои худ­ро дар кишвар амалӣ созад.

Мо бояд бо фару фарҳанги азалии хеш мабдаъ ва маоди ваҳдати асливу азалиро дар зеҳни насли имрўзу фардо беш аз пеш бедор намоем.

Мо бояд дар ҳама ҳолатҳо масири илму донишро дунбол кунем.Маърифат аз ҳар куҷое, ки пайдо шавад, онро ҷустуҷў намоем. Рўҳи ваҳдати аслиро тавассути омўзиши таъриху фарҳанг дарк намуда, тақвият бахшем. Дар ҳамовозӣ бо паёмҳои ваҳдатбахши Пешвои миллат рисолати худро ҷойгиртару муассиртар анҷом бахшида,Тоҷикистони азизи худро аз ин беш ба авҷи пешрафту ифтихор бирасонем.Ба ормонҳои баланди милливу майҳанӣ содиқ бошем, миллатро бо неруи қудрати ақлонӣ мусаллаҳ намоем ва ҳамеша онро рўҳан қувват бахшем

Ватандориро чун зеботарин ибодат пазироӣ намоем.Бо ҷиддияту ҳавсалаи тамом барои пешрафту созандагии он бикўшем.Ба усули инсонӣ ва маънавият такя дошта бошем.Танҳо бо ин васила метавонем аз душвориҳо ва мазоиқи ҷаҳонишавӣ сарбаландона бигзарем.

Мунодии асили ваҳдат, Пешвои миллат, қобилэҳтиром Эмомалӣ Раҳмон умрҳо хунобаи дил хурда, ин давлату миллатро барои мо бо ашки гарму оҳи сард сохтанд.Мо бояд бо рушди такомули маънавият, иттиҳод, садоқат ва дилбастагӣ ваҳдати миллиро чун рўҳ ва азамати ҷовидона ба ояндагон ба саломат бирасонем.

Рудобаи МУКАРРАМ,

шоир

2020-06-26 20:31:25    32    Муфассал...

ҶАШНИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ

   Кулли воқеаҳо ва рўйдодҳое, ки дар таърихи ин ё он миллату давлат саҳифаи сифатан нав ворид месозанд, аз истиқлолияти комили давлат, сулҳу ваҳдату ризоият маншаъ мегиранд ва дар рушди ҷомеа нақши муассир ва абадӣ доранд. Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо - тоҷикон, барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлолияти комили давлат, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.

  Воқеан, дар сарнавишти ҳар як миллату давлат санаҳои тақдирсозе ҳастанд, ки бо маънии томаш ҳамчун оғози созандагиҳои бузург ва даврони саодатофарин маҳсуб мешаванд. Барои мо – мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол 27 – уми июни соли 1997 аз шумори ҳамин санаҳои тиллоии тақдир мебошад ва дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории миллати куҳанбунёди дорои фарҳанги ғаниву маърифати баланд бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст ва ҳеҷ гоҳ зудуда намегардад. Дар ин рўзи мубораку саид пас аз талошу қаҳрамонониҳо ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

  Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои тоҷикон иттиҳод, ягонагӣ, якпорчагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, амнияту осоиштагӣ, ифтихори миллӣ, ҳамзистии осоишта, ҷараёни бомароми созандагию ободониро дар кулли соҳаҳо ҳадя овард. Воқеияти таърихиву ҳуқуқии тақдирсози миллати мо – Ваҳдати миллӣ дар инкишофи минбаъдаи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, ислоҳоти рукнҳои давлатдорӣ аз рўйи принсипҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Тоҷикистон нақши мондагор дорад ва аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ барои муттаҳиду сарҷамъ сохтани миллат, хотима бахшидан ба низоъҳои дохилӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти мардум иқдомҳои шоистаро рўйи кор овард. Имрўз кишвари мо аз файзу баракати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанони мо торафт таҳкиму густариш меёбад.

   Мутаассифона, дар оғози ҳазорсолаи сеюм дар нуқоти гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳои мазҳабиву геосиёсӣ дучор шудаанд. Терроризм ва ифротгароӣ, ки беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтаст, ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла ба Тоҷикистон таҳдид намуда истодааст. Ҳадафҳои сиёсии ашхоси алоҳида ва гурўҳҳои онҳо — таҳдиду зўроварӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйир додани сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият, барангехтани низоҳои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Терроризм ва найрангу ҳангомаҳои ифротгароӣ ба дину мазҳаб ва миллати ҷудогона мансуб нестанд ва аз бархўрди тамаддунҳои ғарбию шарқӣ низ сарчашма намегиранд, балки сатҳи пасти маърифат, бесаводию ноогоҳӣ, канор мондан аз маданияту фарҳанг, разолат, ноҷавонмардӣ, кўрдилӣ, миллатбадбинӣ ва ватанфурўшӣ худ сарчашмаи асосии пайдоиши ин зуҳуроти номатлуби замони муосир мебошанд.

   Аз оғози пайдоиш ва паҳншавии бемории коронавирус ташкилоти террористӣ-экстремис­тии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ ва як гурўҳ ашхоси дурўяи фурўхташуда, ки худ душманони давлату миллат, нафарони заиф, кундпеша, кинаҷўву адоватхоҳ мебошанд, барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз бадбахтии ба сари халқи ҷаҳон омада истифода бурда, барои ба таҳлука андохтани мардуми кишварамон, паҳн намудани овозаҳои беасосу бепоя, дурўғ ва сиёҳ намудани давлату Ҳукумати кишвар кўшиш намуда истодаанд.

    Аксарияти давлатҳои дунё, ки имрўз мубталои бемории сироятӣ гардидаанд, дар дохили кишвар ва ё берун аз он мухолифони худро доранд, лекин дар ин айёми душвору сангин ҳеҷ кадоми онҳо ба монанди аъзои бадхоҳ ва бадбини ТТЭ ҲНИ бо афкору ақидаи фитнаангези худ ба сари давлату миллат ва сарзамини аҷдодии худ теғи душманӣ кашида, туҳмату надомат намуда, дар расонаҳо хабару ҳангомаҳои бардурўғ наангехтанд, чӣ тавре ки сиёсатбозон ва мухолифини давлати Тоҷикистон кўшиш намуда истодаанд, ки суботу оромии мардуми кишвари моро халалдор намоянд. Имрўз мусибати ба сари мардуми мо омада барои онҳо мояи хурсандӣ гардидааст. Амалҳои ғайриинсонии ин тоифа аз он шаҳодат медиҳанд, ки онҳо мухолифони давлати Тоҷикис­тон нестанд, балки душманони ашаддии миллату давлати тоҷик ҳастанд. Барои онҳо арзишҳои миллӣ, ифтихори ватандорӣ, ватандўстӣ, хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ кайҳо дарки вуҷуд надоранд, чунки виҷдону имону муҳаббату садоқату вафои хешро нисбат ба Ватану миллати худ кайҳо қурбони хоҷаҳои зархариди хориҷӣ кардаанд.

Аз ҳама пасттарин аз ин тоифа бо дуруғу фитнаангезӣ ва ваҳмафканӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ машғул мебошанд, яъне фурсатро барои ҳадафҳои нопоки худ истифода бурда, фазои ободу озод, муҳити орому осудаи кишварамонро нодида мегиранд. Бо истифода аз иғвову дасиса ва нотавонбинии худ дар зеҳну шуури мардуми осудаҳол мехоҳанд ақидаҳои бадбиниро бунёд созанд. Аз дасисабозиҳои онҳо бармеояд, ки гўё Ҳукумати кишвар барои паҳншавии бемории сироятии короновирус гунаҳкор аст ва танҳо мардуми тоҷик гирифтори он гардида бошанд. Дар ҳоле, ки шумораи гирифторшудагони ин беморӣ бар миқёси ҷаҳон беш аз 7 миллион нафар гардидааст ва ҳатто кишварҳои абарқудрати олам натавонистанд пеши роҳи гирифторшавии шаҳрвандони хешро аз ин сироят бигиранд. Ҳар боре ашхоси гурезаи ватангумкарда дар паноҳи хоҷагони хориҷиашон истода, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба гумонашон «аз дарду доғҳои аҳли ҷомеа сухан мегўянд», бинобар беасосию бебунёдии даъвоҳояшон худро дар назди мардуми Тоҷикистон расвотар месозанд.

   Дар асл ин суханрониҳо, ки гоҳо бо оятҳои каломи раббониву ҳадисҳои набавӣ, гуфтаҳои бузургон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар иқтибосҳо оро дода мешаванд, аз беасосию бебунёдӣ, фиреби маҳзу туҳмати хушку холӣ будани матни чунин суханрониҳо шаҳодат медиҳад ва қадру қимати онҳоро ба хоки сиёҳ баробар намекунад. Ин тоифа роҳгумкардагон ва бадхоҳони давлату миллат тавре амал менамоянд, ки хис­лату рафторашон собитгари «Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон, Бошад андар ҷустани айби касон» аст.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин тоифа доир ба ҳама мавзўъ изҳори андеша мекунанд. Аз мадди назари онҳо на танҳо масоили рўзгори сокинони мамлакат, балки зиндагию фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии дар дигар давлатҳо қарордошта ҳам берун намемонад. Доир ба вазъи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ – маориф ва илм, тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ, варзишу сайёҳӣ, саноату кишоварзӣ, нақлиёту алоқа ва ғайра сухан ронда истода, гуфтори онҳо ҳамеша бо сиёҳ кардани роҳбарони болоии ҳокимият хулоса мешавад. Бо ибораи дигар, мақсади асосии ин қавми хоину ватанфурўш бо кадом роҳу восита ва тариқе набошад, нодида гирифтани пешравию дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, бадном сохтани давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, резонидани обрўю эътибори халқи тоҷик ва Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

    Барои танҳо дар фикри худ будан ва рўйсиёҳии онҳоро исбот намудан танҳо додани ҳамин як саволи кўтоҳ басанда аст: «Шумо ҳангоми дар Ватан қарор доштану дар сари кор будан барои халқу Ватани худ чӣ хизмат кардаед?». Агар аҳли ҷомеа аз ин гурўҳи сиёҳтинату сиёҳкор хайру хубӣ медид, ҳаргиз аз онҳо рўй намегардонд. Бо назардошти паҳншавии бемории коронавирус ва дар пеш истодани маъракаи муҳими сиёсӣ, имрўзҳо ин тоифаи рўйсиёҳ бозори дурўғу фитнаро боз намуда, мехоҳанд бо ҳар роҳу усул аҳли ҷомеаро ба кўйи гумроҳӣ баранд. Шукрона, ҳоло солҳои 90-уми асри гузашта нест ва хурду бузурги Тоҷикистон қадру манзалати сулҳу ваҳдати миллиро хуб дарк намудаанд. Мардуми мо, ҳеҷ гоҳ, дигар хатову иштибоҳоти гузаштаро такрор намекунад. Кўшишу ғайрат ва талошу заҳмати дастҷамъонаамон ҳатман моро комёб, ояндаи дурахшонамонро таъмин намуда, Тоҷикистонро ба кишвари пешрафтаю обод табдил медиҳад. Аммо хоинону ватанфурўшони гуреза рўсиёҳи абад буданду мемонанд, киштии умеду орзуҳои ботилу нопоки онҳо ҳатман дар гирдоби ҳодиса ғарқ мешавад ва роҳи бад онҳоро ба вартаи ҳалокату гумномӣ хоҳад бурд.

Миллати сарбаланди мо ҳамчун миллати фарҳангсолору соҳибтамаддун гўши панду андарзшунав дорад, фармудаву гуфтаҳои қобили қабулро хуш мепазирад ва дар ҳалли муаммову мушкилот машварату маслиҳатро муҳим меҳисобад. Барои исботи ин гуфтаҳо метавон садҳо мисол овард. Дур намеравем ва ҳамин паҳншавии бемории коронавирусро пеши назар меорем. Дар бисёр давлатҳои мутараққиву пешрафтаи дунё ҳукуматдорон ҳатто бо расман эълон намудани карантин, ҷорӣ кардани қоидаҳои сахту ҷаримабандӣ натавонистанд тамоми шаҳрвандонро дар ҳолати хонанишинӣ нигоҳ доранд. Вале сокинони кишвари мо бе эълони карантину андешидани чораҳои иловагии интизомӣ, бо дарки мас­ъулияти баланд дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии мамлакат ва табибонро қабул намуда, хонашинӣ ва ҳифзи саломатии худ ва атрофиёнро авло донистанд.

Ваҳдати миллии мо ба хотири рафъи таҳдидҳои муосир ва таъмини сулҳу суботи пойдор равона гардидааст ва мо ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки мушкилоту хатарҳои муосир амнияту оромию осоиштагии Ватани азизамонро парешон намояд. Мо итминони комил дорем, ки пирўзиҳои мардуми шарифу сарбаланду ваҳдатофари тоҷик бо талошҳои Роҳбари сулҳофарину мардумсолору адолатпешаи мо дар масири рушди устувор ва мавқеи қотеонаи он дар арсаи мубориза бо ин падидаи номатлуб абадӣ ва ҷовидона мебошанд.

Дар ростои таҷлили ҷашни бузурги миллатамон Рўзи ваҳдати миллӣ гуфтанӣ ҳастем, ки тоҷику тоҷикистонӣ будан, ба миллати соҳибтамаддуну қадимаи тоҷик тааллуқ доштан мояи ифтихор аст ва ҳамзамон аз ҳар як фарди ҷомеа масъулияти бузургро талаб дорад. Бинобар ин, бо арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таърихиву фарҳангии хеш ва ифтихори баланди ватандорӣ мо бояд на танҳо худ бо шинохти масъулият бошем, балки ин ҳақиқати равшанро ба насли ҷавон низ биомўзонем, инчунин, мо бо бояд тамоми донишу таҷриба, инчунин нерўи зеҳнӣ ва маънавӣ, ҳамаи захираву имкониятҳоро баҳри ободии Ватани маҳбуб, сарзамини аҷдодӣ, таъмини зиндагии шоиста сафарбар намоем, чунки паёми сулҳу ваҳдату дўстии Пешвои миллатамон ба ниҳоди поки дилҳо ва ҷонҳои мардуми тоҷик макон дорад, ки саршори сафои сулҳу дўстӣ ва бародариву хайрхоҳӣ мебошад ва баҳри рушду нумуи Тоҷикистони азиз равона гардидааст.

Бахтовар Сафарзода,

Гулбаҳор Назирӣ,

аъзои Фраксияи ҲХДТ

дар МН МОҶТ

2020-06-26 20:19:37    29    Муфассал...

2020-06-26 20:19:37    26    Муфассал...

Суботи сартосарӣ - самараи неки ваҳдату якдилӣ

Вақте аз кӯчаҳои пойтахти маҳбубамон - Душанбе гузар мекунӣ, дил лабрези фараҳу шодӣ ва ифтихору ғурури ватандорӣ мегардад. Душанбе - қалби Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ аз як шаҳри кӯчаку муқаррарӣ ба як шаҳри зебову муҳташаму дилфиребу назаррабо табдил ёфт.

Албатта, ин дигаргунӣ худ аз худ не, балки бо саъю талошҳои пайваставу шабонарӯзии шаҳрдорӣ ба ин гуна шаҳри муосир мубаддал гардид. Ҳар субҳ ҳангоми убури роҳ аз хона то ба кор ин манзараҳои дилфиреб, роҳҳои ободу фаррох, биноҳои зебову муҳташам ва сохтмонҳои ҷориро дида, аҳсан ба шаҳрдорону шаҳрсозон мехонӣ. Воқеан ҳам, имрӯз Раиси шаҳр, муҳтарам Рустами Эмомалӣ тамоми неруи ҷавонии хешро баҳри ободии пойтахт, беҳтару хубтар сохтани симову сурати Душанбе нигаронидааст.

Дар доираи Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудаанд, деҳоти Тоҷикистон имрӯзҳо бештари ноҳияҳо ба шаҳрҳои азиму муосиру муҳташам табдил мегарданд. Чанде қабл аз бунёди мактаби муосир, бунгоҳи тиббии муҷаҳҳазагардонидашуда, хонаи фарҳанг ва дигар биноҳои маъмуриву фарҳангӣ дар деҳоти дурдастарини мамлакат берун аз тасаввур буд. Имрӯз ин симову чеҳраи деҳот касеро ба ҳайрат намеорад, зеро мардум ба ин одат кардааст. Лекин одати ҳар шаҳрванд бояд фаромӯшӣ набошад, фаромӯшӣ аз гузашта, аз будаҳо ва имрӯз аз дастовардҳо. Сохтмони ҳазорҳо киломметр роҳҳо, садҳо мактаб, бунгоҳ, дигар марказҳои маъмурӣ ҳама маблағу заҳмату фурсат талаб мекунад. Ин ҳама бо саъю талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар як фурсати хеле кӯтоҳи таърихӣ, танҳо дар муддати 18-20 соли охир, ба даст омад.

Даврони соҳибистиқлолӣ, ки марҳилаи ҳассоси таърихӣ баҳри пойдории сулҳу суботи сиёсӣ, ваҳдату якдилӣ, созандагиву бунёдкорӣ маҳсуб меёбад, барои таҳкими истиқлолият ва баланд гардидани обрую нуфузи Тоҷикистону тоҷикон, тамаддуну фарҳанги кӯҳанбунёди он нақши муҳим ва ҳалкунанда гузошт.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз тариқи тамоми шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон филми мустанади “Тоҷикистон ва Истиқлолияти давлатӣ” намоиш дода шуда истодааст, ки иқдоми наҷиб ва муҳим аст. Имрӯз ин наворҳои таърихӣ, ки аз талош, заҳмат, ҷоннисориву корнамои­ҳои Сарвари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аст, хеле муҳиму арзишманд аст. Ин наворҳои таърихӣ бозгӯи тақдири душвори тоҷику Тоҷикистон, фоҷиаи миллат, лаҳзаҳои ҳалкунандаву тақдирсози миллат аст. Ин наворҳои таърихӣ ҳушдор медиҳад, ки мо - тоҷикон як бор ҷанги таҳмилии ба сари тоҷик боршударо аз сар гузарондем. Як бор бо заҳмату талошҳои зиёд аз вартаи ҳалокату нестӣ раҳоӣ ёфтем ва бо чӣ қадар заҳмату кӯшишҳо ба соҳил ва кӯйи мурод расидем. Кунун ин ҳама ободӣ, дастовард ва муҳим аз ҳама, истиқлолияти деринтизорро бо тамоми ҳастӣ ҳифз мебояд.

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ мо бояд аз пештара бештар муттаҳиду якдилу якмарому сарҷамъ бошем, то ягон неруву қувва ба ин иттиҳод ва ба ин мамлакати ободу осуда ва сарзамини ниёгони мо, ки баъди ҳазор сол соҳибис­тиқлол гардид, халале ё зиёне нарасонад. Имрӯз дар арафаи ҷашни бузурги таърихӣ - Ваҳдати миллӣ тамоми ҳамватанонро табрик гуфта, барояшон хушрӯзиву хушбахтиҳоро таманно дорам. Бигзор сулҳу суботу амният дар Тоҷикис­тони маҳбуб пойдору ҷовидон ва обруву нуфузи он аз пештара бештару афзунтар бошад.

Д. НАЗИРМАДЗОДА, раиси ТИ “Адолат”,

З. САФАРЗОДА, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ

2020-06-26 20:13:11    29    Муфассал...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс