МАРОМИ ПОЙТАХТ

Навидҳо

МАРОМИ МО – СОЗАНДАГИВУ ОБОДОНӢ!


Имрӯз  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино, Фирдавсӣ ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳраку маҳалла, назди хонаҳои баландошёна, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кўдакон ҷиҳати таҷлили сазовори Ҷашни умумимиллии 29 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари дастаҷамъонаро  доир намуданд. 
Дар ҳашар, кормандони сохторҳои ҳизбии пойтахт аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ба таври самаранок истифода карда, атрофи  хонаву кўчаҳо, роҳраву майдончаҳои варзиширо тозаю озода  намуданд. 
Зикр гардид, ки ба иҷро расонидани чунин иқдомҳои ободонӣ агар аз як ҷониб барои беҳбуд бахшидани муҳити атроф мусоидат намояд, аз сӯи дигар ба таври табии ҳифзу бегазанд нигоҳ доштани чунин маконҳои фароғатӣ бояд пеш аз ҳама  рисолати ҳар як сокини сарбаланди пойтахти азизамон бошад. 
Ҳамин аст, ки симои пойтахти кишварамон рӯз аз рӯз дигаргун шуда, ҳар лаҳзаву ҳар соат ҳусну таровати тозаеро дар худ пайдо менамояд. 
Ёдовар мешавем, ки чунин ҳашарҳои дастаҷамъӣ дар доираи таҷлили Ҷашни  29 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ идома дода мешавад. 

 


2020-07-25 12:16:08    39    Муфассал...


ИДОМАИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТИИ COVID-19

24.07.2020 Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси  шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятии Covid-19 дар  маҳаллаи Зафари ноҳияи Шоҳмансур   корҳои фаҳмондадиҳӣ  доир намуд.

     Зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ ба ронандагон ва меҳмононе, ки бениқоби муҳофизатӣ вориди шаҳри Душанбе  мешуданд, ниқобҳои  муҳофизатии ройгон тақсим карда,   риояи  гигиенаи   ҳаррўзаи шахсӣ  ва оммафаҳм намудани нишонаҳои пайдоиш, пешгирӣ, худҳифзнамоӣ аз ҷониби масъулин  ба онҳо расонида шуд.


2020-07-24 13:37:50    45    Муфассал...


ТАВСИЯҲОИ СУДМАНД ВОБАСТА БА БЕМОРИИ СИРОЯТИИ COVID-19

23.07.2020 Дар доираи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ, пешгирӣ аз пайдоиш ва густариши бемориҳои сироятӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе мулоқоту вохўриҳои рӯ ба рӯро дар маркази савдои Саодати  ноҳияи Сино доир намуданд.

Ҳангоми баргузории мулоқоту вохӯриҳои мазкур гурӯҳҳои таблиғотӣ асосан оид ба ҳолатҳои пешгирӣ аз бемории сироятии Covid-19 фаҳмонида, қайд намуданд, ки роҳи ягонаи пешгирии паҳншавии ин бемории сироятӣ пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, риояи фосилаи байниҳамдигар ва қоидаҳои беҳдоштӣ мебошад.

Дар ин радиф, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя карда, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, шустани дастон бо собуни моеъгӣ ва дигар қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ҷиддӣ муносибат намоянд.

Дар рафти вохўриҳо, ба сокиноне, ки бениқоби муҳофизатӣ гашту гузор мекарданд, ниқобҳои муҳофизатии ройгон тақсим карда шуд.


2020-07-24 08:18:59    42    Муфассал...


ИДОМАИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТИИ COVID-19

23.07.2020 Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятии Covid-19 дар маҳалаҳои Равшангарони ноҳияи Фирдавсӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуд.
Зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ ба ронандагон ва меҳмононе, ки бениқоби муҳофизатӣ вориди шаҳри Душанбе мешуданд, ниқобҳои муҳофизатии ройгон тақсим карда, риояи гигиенаи ҳаррўзаи шахсӣ ва оммафаҳм намудани нишонаҳои пайдоиш, пешгирӣ, худҳифзнамоӣ аз ҷониби масъулин ба онҳо расонида шуд


2020-07-23 14:54:44    53    Муфассал...





Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс