МАРОМИ ПОЙТАХТ



Навидҳо

ГАЗВОДА: ТАШНАШИКАН Ё ЗАРАРОВАР?

Ба ҳисоби миёна беш аз 65% - бадани инсон аз об ташкил ёфтааст. Об ба таркиби бофтаҳо дохил мешавад ва бе он кори муътадили организм, амалигардонии кори мубодила, нигаҳдории мувозинати гармӣ, мубодилаи мод­даҳо дар организм ва ғайра имкон надоранд. Набудани об дар муддати як шабонарўз ба ҳолати ҷисмониву маънавии инсон таъсири манфӣ расонида, иқтидори муқовиматӣ ва иродаи ўро поин бурда, хасташавии зудро ба бор меорад. Вақте одамро ташнагӣ азият медиҳад, ў қудрати оқилона фикр карданро аз даст медиҳад.

Аз даст додани миқдори зи­ёди об дар организм барои зин­дагии инсон хатарнок аст. Дар навоҳии иқлимашон гарм бе об инсон баъди 5-7 рўз метавонад ҳалок шавад. Ҳатто дар мано­тиқи сардиқлим барои таъмини фаъолияти муътадил ба одам дар як шабонарўз қариб 1,5 - 2,5 литр об лозим аст.

Ҳангоме ки шахс 1-5% таш­на мемонад, дар организми ў суст гардидани ҳаракат, хоболу­дӣ, сурхшавии баъзе қисматҳои пўст, баланд гардидани ҳаро­рат, дилбеҳузурӣ, дарунравӣ, дар мавриди 6 - 10% нафастан­гӣ, дарди сар, сихзании пойҳо ва дастон, набудани оби даҳон, аз даст додани қобилияти ҳа­ракат ва халал дар мантиқи сухан гуфтан ва 11 - 20% бо­шад, ҳазён, варам кардани за­бон, кам шудани қувваи биноӣ ва шунавоӣ, хунук гардидани бадан ба мушоҳида мерасад. Баъди ташнагии тўлонӣ инсон набояд яку якбора обро нўшад, раванди вуруди об ба организ­ми инсон бояд давра ба давра сурат гирад. Зеро яку якбора нўшидани об низ ба организме, ки давраи зиёд бе об мондааст, зарар дорад.

Чун беобгардӣ мубодилаи гармии организмро халалдор мекунад, дар бештари маврид оқибати он дар инсон зарбати гарморо ба вуқўъ меорад. Дар баробари ин, ҳолати арақкунии шадид ба миён меояд, организм миқдори зиёди моеъро аз даст медиҳад, хун ғафс гардида, му­возинати намакҳо дар бадан ха­лалдор мегардад. Дар инсон но­расоии оксигенӣ дар бофтаҳо, аз ҷумла дар бофтаҳои мағзи сар ба назар мерасад.

«Агар зарбаи гармоӣ ба вуқўъ пайваст, пеш аз ҳама, бояд ором шуд ва дар ҷойи соя ё утоқи хубҳавододашуда дароз кашид ва гиребону миёнбанди либосро суст намуд. Ба сар, қисматҳои рагҳои бузург, зери бағал, гардан ва қисмати қад­кашак метавонед ях ё грелка бо оби хунук гузоред. Ҳар ашё, ки ҳарораташ аз ҳарорати бадани шумо поин бошад, ба дардатон мехўрад. Истеъмоли чойи гар­ми начандон талх мувозинати обӣ-намакии баданро барқарор месозад,- гуфт Манзура Исмои­лова-директори Маркази сало­матии шаҳрии №5.

Дар баъзе ҳолатҳо, вақте ки инсон зиёд бе об мемонад, ни­шонаҳои зарбаи гармоӣ ба мис­ли хастагӣ, ланҷӣ, сардардӣ, дилбеҳузурӣ ва сарчархзанӣ дар ў пайдо мешавад. Дар на­тиҷа, ҳарорати бадани инсон метавонад то 38-40 дараҷа боло равад, қайкунӣ пайдо ша­вад ва ҳолати беҳушӣ ба ў даст диҳад. Барои худ ва наздикона­тонро бехатар гардонидан шумо бояд ҳамеша мутобиқи обу ҳаво либос пўшида, дар ҳавои гарм аз истеъмоли нўшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед ва дар вақти зарурӣ шарбат истеъмол кунед. Дар ҳолати аз беобӣ ба зарбаи офтобӣ гирифтор гар­дидани наздикон аз тавсияҳои Манзура Исмоилова истифода намоед, ки чунин мегўяд: «Агар шумо мебинед, ки дар натиҷаи беобгардии бадан касе ба ҳола­ти беҳушӣ гирифтор шуд, бояд ҳатман мошини ёрии таъҷили­ро даъват карда, то омадани табибон, худ кўшиш кунед ба бемор ёрӣ расонед. Ёрӣ ба чу­нин беморон аз ин иборат аст: Беморро бояд тавре хобонед, ки сараш поин бошад, либосҳои тангро суст намуда, ҳавои то­заро таъмин кунед. Агар ҷабр­дида дар дохили бино қарор дорад, бояд фавран тирезаҳою дарҳоро кушод. Ба рўй ва қа­фаси сина бояд сачоқи дар оби хунук таркардашударо гузоред. Ба бинии ҷабрдида ҷавҳари навшодир наздик кардан низ аз аҳамият холӣ намебошад. Пойҳоро мебояд бо ягон чизи сахт молиш дод. Баъд аз он ки ҷабрдида ба худ омад, ба ў бояд ҳатман об дод».

Имрўзҳо ба ҳамагон маълум аст, ҳарорати ҳавои тобистони имсола нисбат ба солҳои ди­гар хеле гарм омада талаботи инсонҳо ба об бениҳоят афзуд. Дар ин мавридҳо мардум обҳои гуногун, ба монанди газнок, бе­газ ва бо дигар намуд иловаҳои ғизоиро истеъмол менамоянд . Яке аз маъмултарин навъи нушокӣ оби газнок бо истилоҳи русӣ «газвода с сиропом» мебо­шад, ки фурўши онҳо имрўзҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе хело зиёд ба чашм мерасад.

Қобили қайди махсус аст, ки обҳои газнок (ё ба истилоҳ газвода) дар баробари рафъи ташнагӣ ба организми инсон зарар низ дорад. Зеро дар тар­киби оби газнок оксиди гази кар­бон, ки тибқи меъёрҳои муқар­раргардида бояд аз 0,2 % -04 % зиёд набошад, илова карда мешавад. Ҳамзамон, бояд дар таркиби оби газнок иловаҳои ғи­зоии хушбўйкунанда ва ширин (сироп) тибқи шартҳои техникӣ ба миқдори муайян иҷозат дода шудааст. Пас ин ҷо суоле ба миён меояд, ки имрўз омма аз чӣ гуна обҳо нўшанду чӣ гуна обҳо барои саломатиашон ха­тарнок аст? Ба ин суол сарму­тахассиси шуъбаи гигиенаи ком­муналӣ ва гигиенаи кўдакону наврасони сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемио­логӣ Холмурод Алиҷонов чунин посух гуфт: «Боиси қайди мах­сус аст, ки имрўзҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо баланд шудани ҳарорати гармии ҳаво дуконҳои фурўши обҳои газнок ва дастгоҳҳои фурўши оби газ­нок дар роҳрав, бозор ва хиё­бонҳо зиёд гардидаанд. Қисми зиёди онҳо бе мувофиқа бо сохторҳои назоратии дахлдор, алалхусус марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемио­логии шаҳру ноҳияҳо, насб гар­дидаанд. Бояд қайд намуд, ки истеъмоли зиёди обҳои газнок ба одамоне, ки гирифтори бе­мориҳои шадиди рўдаю меъда ё ин ки бемории шакли музмини меъдаю рўдаро доранд, зараро­вар буда ва истеъмоли ин гуна обҳо ба онҳо тавсия дода наме­шавад. Инчунин, ба одамоне, ки мубталои бемориҳои рагу дил, бемории диабети қанд, панкре­атит ва дигар узвҳои ҳозима ме­бошанд, нўшидани обҳои газнок тавсия дода намешавад. Ба ин гуна шахсон нўшидани обҳои бегази шаффоф бе иловаҳои дар боло зикршуда тавсия дода мешавад. Қобили зикр аст, ки истеъмоли зиёди обҳои ширини газнок ба вайроншавӣ ва рехта­ни дандонҳо оварда мерасонад. Тавсия медиҳам, ки ба кўдакони синну солашон аз 3-сола хурд обҳои газнок дода нашавад».

Ба хотире, ки баъзан ҳаро­рат аз 450С боло меравад ва ҳарорати гармии ҳаво хеле ба­ланд аст, омма ба нўшидани об хеле зиёд эҳтиёҷ пайдо меку­над. Гармии зиёд инсонро беқа­рор менамояд ва дар он лаҳза шахс танҳо дар фикри шикастани ташнагии хеш мешаваду аз таъсири оби нўшидааш ба саломатии хеш андеша наме­кунад. Аз он обҳо ё ба истилоҳ «газводаҳо»-и сарироҳӣ фаро­вон истифода менамоянд, ки аз ин хавфи ба бемориҳои гуногун гирифтор шудан хело зиёд аст. Шахсони масъули соҳаҳои мар­бутаро мебояд дар ин самт чо­раандешӣ намоянд.

- Бояд тазаккур дод, ки аз тарафи сарраёсати назорати давлатии санитарию эпиде­миологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор таҳти №9 аз 10-уми майи соли 2018 «Дар бораи манъ намудани фурўши маҳсулотҳои хўроквории те­звайроншаванда, яхмос ва нў­шокиҳои ташнашикан дар ҷой­ҳои ғайримуқаррарӣ» ба тасвиб расида, барои иҷро ба ҳама марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ирсол гардид, вале як қатор соҳибко­рону фурўшандаҳои дукон ва дастгоҳҳои обҳои газнок бар хилофи талаботҳои санитарию гигиенӣ ва қарори номбурда рафтор намуда, обҳои газнокро бе риоя намудани талабот ва дар ҷойҳои номуқаррар ме­фурўшанд, - гуфт Холмурод Алиҷонов.

Бояд гуфт, ки дар баъзан ҳолатҳо соҳибкорон ё фурў­шандаҳои бархе аз дуконҳои обфурушӣ ва дастгоҳҳои обҳои газнок дар ҳудуди пойтахт одди­тарин талаботи санитарию гиге­ниро риоя намекунанд. Обҳое­ро, ки дар қуттиҳои полиэтиленӣ ҳастанду дар болояшон ҳам бо забони тоҷикӣ ва ҳам бо забони русӣ ва боз бо забонҳои дигар одӣ карда навишта шудааст: «хунук карда нўшед», бар хи­лофи он рафтор намуда, хело гарм ба муштариён пешниҳод менамоянд. Дар мавриди эъ­тирози харидор, ки об гарм аст, баъзан ҷавоби дағал ҳам медиҳанд.

- Аз тарафи мутахассисони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиолгии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба масъалаи мазкур санҷишҳо гузаронида шуда, камбудиҳои зиёд ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, қисми бештари ду­конҳо ва дастгоҳҳои оби газнок бе иҷозатнома фаъолият до­ранд, ҷараёни технологӣ риоя нагардидааст, яъне бе насби филтрҳои сеқабата мебошанд, обҳои газнок дар зарфҳои пластикӣ гирифта шуда ба мизоҷон пешкаш мешаванд. Инчунин, стаканҳои яккарата надоранд ва тартиби шустушў, безарар­гардонии онҳо мутобиқи та­лаботи санитарию гигиенӣ ба роҳ монда нашудааст. Вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт аз тарафи марказҳои назорати давлатии санитарию эпидимологии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нисбати соҳибкорон ва шахсони мутасаддӣ чораҳои маъмурӣ андешида шудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ин самт бояд на танҳо кор­мандони соҳаи санитарӣ, балки кормандони ҳифзи ҳуқуқ, алал­хусус нозирони минтақавӣ, саҳ­ми бевоситаи худро гузоранд, зеро ба фурўши обҳои газдор шахсони тасодуфӣ ва кўдакони ноболиғ ҷалб карда мешаванд, - иброз намуд дар охири суҳбат Х. Алиҷонов.

Дар охир бароятон якчанд тавсия барои рафъ намудани ташнагӣ пешниҳод менамоем. Дар ҳолате ки дастрасӣ ба об надоред ва то он роҳи дарозе дар пеш аст ва шуморо ташна­гӣ азият медиҳад, ба даҳонатон сангчаи хурд ё тугмаеро гузо­ред. Ғелонидани ашёи хурдакак дар дохили даҳон оби даҳонро меафзояд ва шуморо аз хуш­кии даҳон халос менамояд ва фикратонро низ банд мекунад. Чизи дигарро фаромўш набояд кард, ки кафили саломатии ҳар шахс худи ўст, ба ҳамин хотир доир ба мушкилиҳои гигенӣ ё санитарии ҷойдошта дар мағо­за, дўкон ва дигар ҷойҳои маҳ­сулоти ниёзи аввалия ҳатман ба мақомоти марбута муроҷиат намоед, зеро бетарафии шумо танҳо ба зиёни худи шумо ва наздиконатон аст.

Ҳангома ДАВЛАТОВА,

«Мароми пойтахт»


2019-07-04 16:09:13    356    Муфассал...


ХУДШИНОСӢ ВА ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ

Истиқлолияти давлатӣ яке аз бузургтарин неъмат барои миллату халқиятҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Маҳз истиқлолият, суботу оромӣ, озодӣ, хушбахтӣ, саодати миллиро ба миён оварда, осудагии инсониятро таъмин месозад. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар роҳ мекушояд.

Мо тоҷикон баъди давлатдории Сомониён дубора дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта баъди суқути давлати Шӯравӣ соҳиби давлати миллӣ гаштем. Ин неъмати гаронарзиш бо ивази қурбониҳои зиёд, хисороти моливу ҷонӣ ба даст омад. Хушбахтона 28 сол аст, ки мо дар фазои истиқлолият кору зиндагӣ дорем. Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ, дору мадорҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ ва баланд бурдани худшиносии миллӣ қарзи имонӣ ва виҷдони ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Барои аҳли маърифат ва қишрҳои дигари ҷомеа ҳимоят аз истиқлол, худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ қарзи ҷонӣ аст. Барои муҳаққиқони соҳаи илмҳои ҷамъиятии мо зарур аст, ки раванди худшиносии миллӣ ва соҳибистиқлол шудани моро аз нигоҳи таърихӣ, фалсафӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба риштаи таҳқиқ кашанд. Муҳимият ва арзишмандии ин масъала ҷиҳат ва тарафҳои гуногун дорад.

Аввал ин, ки таърихи тӯлонии миллатро дар раванди воқеияти замон рушан мегардонад ва дар боло бурдани масъулияти ҳимоят, ҳифз ва муқаддас доштани истиқлолияти мо наслҳои ояндаро масъул менамояд.

Дуюмин, дастоварду музаффариятҳо, шикасту нобаробариҳои миллатро ҳамчун сабақи таърих, маҳаки андешаи миллӣ ва тафаккури созандагию бунёдкорӣ бароямон қарор медиҳад.

Ҷабҳаи сеюм бозтобии рушан ва мунсифона дар инъикоси воқеаву ҳодисаҳои раванди истиқлол барои худшиносӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносии насли ҷавон кумаки амалӣ месозад.

Раванди худшиносӣ, худсозӣ ё технологияи худӣ аз якчанд унсур ё хусусиятҳо иборат аст, ки дар ин раванд бо ҳам сахт бофтаанд. Аввалин унсуре, ки раванди ташаккулёбии шахсият, худогоҳии шахс, раванди сохтмони худӣ аз ин оғоз мешавад, мавзӯи бунёдии фалсафа аст. Ин ҷо инсон роҳҳои шинохти воқеияти худ, худии худ ва дунёро ҳамчун ғайри худ ёд мегирад ва ба гуфти баъзе аз мутафаккирон «ба бозии ҳақиқатҷӯйӣ ва адолатҷӯйӣ» дохил мешавад. Унсури дуюм озодӣ аст, ки бо дигар унсурҳо якҷоя рушд меёбад ва ин ҷо баъзе тарафҳои дигари сохтмони инсон, мисли ирода, ақл, ҳиссиёт ва хаёлот зери фишор, тағйирёбӣ ва тарбия қарор меёбанд. Унсур ё хусусияти сеюм ин аст, ки худӣ дар як раванди таҳаввулёбанда ва динамикӣ қарор дорад ва вобаста ба тағйирёбии таҷриба ва донишҳои шахс аз як зина ба зинаи дигар мегузарад. Хусусият ё унсури чоруми раванди ташаккули худӣ иртиботу муносибат бо дигарон аст. Хусусияти дигари ин раванд бо воқеияти худ рӯ ба рӯ шудан, мардонагии ақлӣ доштан ва тавонии дидану гуфтани ҳақиқат аст. Ин таҷриба ва дониш имрӯз ҳам сахт омӯзанда аст ва танҳо онҳое, ки аз ин раванд гузаштаанд, метавонанд ба истилоҳи мутафаккирони тоҷик «озодмард», «зиндадил», «марди тамом» бошанд.

Ғафорова Маҳбуба – узви фаъоли                                                                                   ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


2019-07-04 09:12:09    487    Муфассал...


ТАССАЛИЯТ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бинобар сабаби реҳлати нобаҳангоми 
ҲАМСАРАШ
ҳамдардии амиқ баён намуда, аз даргоҳи Худованди муттаол ба пайвандону наздикони марҳума сабри ҷамил хоҳон аст.


2019-07-03 15:07:02    294    Муфассал...





ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс