МАРОМИ ПОЙТАХТ



Навидҳо

ҶАВОНОН БАР ЗИДДИ ВНМО

 Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри  Душанбе аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бахшида ба “Рӯзи мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам” Аксия таҳти унвони Ҷавонон-бар зидди ВНМО дар бозори “Сафариён”  доир гардид.

Дар Аксияи мазкур фаъолони ТҶҶ “Созандагони Ватан”   варақаҳои иттилоотӣ - таблиғотӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ махсусан ВНМО ба сокинон тақдим карданд.

    Ҳамзамон, дар аксияи мазкур нақлиёти Сайёри Муассисаи давлатии Маркази мубориза ва пешгирӣ бар зидди ВНМО – и шаҳри Дешанбе   сокинони пойтахтро ба таври ройгон аз қайд гузаронданд.


2019-11-29 15:36:20    42    Муфассал...


БОНУВОНИ ФАЪОЛ АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ ДИДАН НАМУДАНД

     

      Бо ташаббуси  Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ курси навбатӣ таҳти унвони «Сарвариро меомўзем» миёни занони фаъол дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бостоншинос» доир гардид.
      Дар  он  мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Душанбе-Зуҳурова Заррина,  иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷрояии ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ-Шарипова Лайло иштирок ва суханронӣ намуданд.

       Нахуст, Мавлоназарова Шаҳло - мутахассиси шуъбаи табиати Осорхонаи миллӣ сайри меҳмононро аз харитаи «Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон» оғоз намуда, бо тамошои дигар толорҳои намоишӣ аз қабили «Сосониён», «Сомониён», «Ҳулбук», «Сиккаҳо», «Табиати бойтарини Тоҷикистон» ба анҷом расонида, нисбати онҳо таассуроти хешро баён намуд. Сипас, сайри ин осорхонаро Фариддун Кенҷаев сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллӣ бо бонувон давом дод.  Дар ин миён намоиши «Истиқлолият», «Хушнависӣ дар замонҳои пешин», «Тўҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба анҷом расонида, бо бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихӣ шуруъ аз асри санг то замони муосир ва дастовардҳои замони истиқлолият, фарҳанг ва ҳунарҳои мардуми халқи тоҷик шинос гардида, бонувон аз таърихи бой ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик бештар огоҳӣ пайдо намуданд.
       Бонувони фаъоли ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аз боздиди толорҳои намоиши Осорхонаи миллии Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда, дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон андеша ва минатдории худро баён намуданд.

 


2019-11-29 11:54:35    22    Муфассал...


КУРСИ ОМӮЗИШӢ ТАҲТИ УНВОНИ "САРВАРИРО МЕОМУЗЕМ"

       Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Сино дар  Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон   курси омӯзишӣ таҳти унвони “Сарвариро меомӯзем” бо ҷалби бонувони соҳибтаҷриба ва лаёқатмандони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи  Сино  доир гардид.      

      Дар  он  Зуҳурова Заррина – мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Юнусова Рухшона - мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Казакова Умринисо - Раиси шўрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  иштирок намуданд. Юнусова Рухшона сухани ифтитоҳӣ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.   Сипас,   баромадкунандагон  зимни баромади худ қайд намуданд, ки ҳадаф аз баргузории курси омӯзишии мазкур таҷрибаи бонувони фаъол, тарбия ва ба камол расонидани ҷавондухтарон дар руҳияи ватандўстӣ, илму ҳунаромӯзӣ, огоҳ намудани онҳо аз санадҳои меъёри ҳуқуқии марбут ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ба ин восита омода намудани онҳо барои вазифаҳои роҳбарӣ мебошад.  Ҳамзамон қайд намуданд, ки имрӯз занон дар масъалаҳои пуртазоди ҷомеаи ҷаҳонӣ, зиракии ҳамешагӣ, фаъоливу дурандешагӣ, меҳанпарасту ҳифзи арзишҳои миллӣ ва идеологияи ягонаи миллӣ ҷойи махсусро зам намудаанд.   


2019-11-29 11:49:42    14    Муфассал...





ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс