МАРОМИ ПОЙТАХТ



Навидҳо

АЗ СУЛҲ ТО САОДАТУ ПЕШРАФТ

      Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки 27 сол муқаддам бо кӯшиши вакилон - мардони бофарҳангу сарсупурда, ходимони сиёсӣ ва арбобони давлату миллат дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Қадамҳои аввалини сулҳу субот дар ҳамин иҷлосия гузошта шуданд.
        Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи оғози ҳамин иҷлосияи тақдирсози миллат ибтидо мегирад. 15 апрели соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту иловаҳо ворид гардиданд. Мувофиқи ин тағйирот ҳамасола 16 ноябр - ин рӯзи таърихӣ ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Қонуни мазкур бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва саҳми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, таъмини сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ, баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва рушду нумӯи самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа қабул гардидааст.
        Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронеанд, ки қадам ба қадам бо мардум инкишоф ёфтаанд ва аз ғаму шодии миллати худ огоҳанд. Ҳамон гуна, ки аҳли як хонадон фарзандони худро, ки дар пеши чашмашон аз як навҷавони навқад ба як марди рашид табдил шудааст, дуруст мешиносанд ва бо тамоми сифоту сиришти ӯ ошноӣ доранд, Эмомалӣ Раҳмон низ дар оғӯши Ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии халқ сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтаанд. Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраи табиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошанд. Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон як мансаб ё як унвон нест, балки он як ҷойгоҳ аст, як нақш ва як рисолати таърихиест, ки ӯ дар пешгоҳи Ватану миллат ва дар шоҳидии тамоми мардум ба он сазовор гардидаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992 иброз дошта буданд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».  Воқеан ҳам, Сарвари давлати мо ба ҳар яке аз гуфтаҳои хеш амал намуд. Давлатро аз вартаи ҳалокат берун овард. Тамоми ғайрату неруи хешро баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистон истифода намуд. Дар бораи корнамоиҳои бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр навиштаанду боз ҳам менависанд. Муҳимтар аз ҳама Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо сулҳ оварданд, давлатро ба сӯйи пешрафту тараққиёт роҳнамо гардиданд ва ба савганди хеш, ки гуфта буданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам…» устувору содиқ монданд. Имрӯз мо шукрона аз он менамоем, ки дар фазои ободу осудаи кишвари азизамон – Тоҷикистон озодона фаъолият менамоем. Яке аз хидматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ ба шумор меравад. Президент худ имрӯз пушту паноҳи забони давлатӣ аст, онро чун рукни асосии бинои ҳастии миллат ва давлат, чун муқаддасот ва нигаҳбони ҳувияти миллӣ арҷгузорӣ, ғамхорӣ ва парасторӣ менамояд. Бузургдошти забони модарӣ, сарнавишти таърихӣ ва мақоми он дар бақои давлатдории миллӣ дар назариёти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти бисёр муҳим дорад. Сарвари давлат ҳамеша таъкид медоранд, ки забон дар баробари таъриху фарҳанг ва маънавиёт яке аз омилҳои бунёдиест, ки ҳувияти миллиро ташаккул медиҳад, симои миллатро муайян мекунад, мақоми онро дар таърих ва дар тамоми ҷаҳон муайян менамояд. Хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ободию пешрафти сарзамини аҷдодӣ ва маҳбубияту маъруфияти Тоҷикистон ва тоҷикон басо бузургу бебаҳоянд. Давлат ва миллати тоҷик имрӯз бо номи ин абармарди дунёи сиёсат ифтихорманд аст ва сари болою рӯйи сурхи мардум натиҷаи талошу заҳматҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пойбарҷойии Тоҷикистон мебошад. Поянда бод Рӯзи Президент ва заҳматҳои бунёдкорию созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Мо - ҷавонони кишвар пайрави ин марди бузург, шахсияти шинохта ва роҳнамои миллат ҳастем. Рӯзи Президент ба ҳама тоҷикони дунё муборак!

Рухсора ТАҒОЕВА, аъзои ҲХДТ

 


2019-11-15 11:52:19    16    Муфассал...


ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲОМИИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

       Дар ҷодаи тарҳрезӣ ва муайянсозии сиёсати ҳуқуқии кишвари соҳибихтиёрамон Конститутсия мавқеи намоён ва нақши барҷаста дорад, зеро он аз як ҷониб дар муқаррароти хеш азму ирода, орзуву ормон ва ғояву маромномаи ҳамватанони моро ифодагар ва таҷассумкунанда бошад, аз ҷониби дигар заминасоз ва ҳидоятгари тараққиёту такомули ҷомеаи шукуфон ба шумор меравад, ки тӯли 25 сол ин рисолати ҳаётӣ ва таъйиноти пуршарафро ба унвони санади муқаддас ва арзиши сарнавиштсозу неъмати гаронбаҳо басо пурсамару натиҷабахш ба иҷро расонда истодааст.
Ҳарфи инъикоскунандаи ҳақиқати таърихӣ ва сухани бозгӯи воқеияти ҳол ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори асосӣ ва иқдомгари аслии таҳия ва қабули нахустин Конститутсияи давлати озоду соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошанд, ки ин рӯйдод падидаи беназири таърихи давлатдорӣ, ҳастӣ ва мавҷудияти миллати сарбаланди тоҷик мебошад. Аз он нигоҳ, ки маҳз қатъият, истодагарӣ, ҷасорати фардӣ ва сарвариву роҳнамоии оянданигаронаи Пешвои муаззами миллат буд, ки бо вуҷуди сангинии вазъияти он замон Конститутсияи мамлакатамон таҳия шуда, ба таври фарогир мавриди муҳокимаи омма қарор гирифт ва ниҳоят тариқи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Президенти кишвари мустақиламон масъулияти ҳомии хирадсолори Конститутсия, кафили Истиқлолияти давлатӣ ва пойдориву бардавомии миллат буданро ба таври шоиста анҷом дода истодаанд, ки аз шарофати чунин дарки масъулияти баланд комёбӣ пайи комёбӣ насиби мо – соҳибватанон гардида, музаффариятҳои зиёди даврони озодиву соҳибихтиёриамон торафт афзуда истодааст.
Шинохт ва эътирофи моҳияти демократии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи муътабари байналмилалӣ шаҳодатгари он аст, ки миллати тоҷик давлатсозии мустақилро озодонаву огоҳона бо такя ба ҳарфу ҳиҷои қонун ва меъёрҳои пазируфташудаи низоми ҳуқуқии ҷаҳонӣ амалӣ намуда, саодату бақо ва татбиқи ҳадафҳои созандаашро пойбанди меъёру арзишҳои бахтномаи миллӣ, муҳимтарин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ ва санади волои ормонҳои хеш медонад.
Эҳтиром гузоштан ба арзиши Конститутсия аз фазилати баланди инсонӣ дарак дода, нишонаи равшани садоқатмандӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ҳисси баланди соҳибдавлативу ифтихори ватандорӣ ба шумор рафта, фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии фард дар он зоҳир мегардад.

      Бо муҳим шумурдани ин нукта Пешвои миллат ба кулли мо - ҳамватанон чунин таъкид менамоянд: «Вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мост, ки ин дастоварди бебаҳои таърихиро тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони ватанамонро бо заҳмати содиқонаву софдилона таъмин намуда, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайвастанд, арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем». Муқаддасоти миллӣ, мақому ҷойгоҳ ёфтани Конститутсия, соҳиби Конститутсияи давлати озоду мустақил будан танҳо боиси сарфарозӣ набуда, ҳисси сарбаландиест, ки дар пай масъулият низ дорад. Соҳибдавлативу соҳибватании мо аз файзи истиқлол ва асосноксозии ҳуқуқии Конститутсия сарчашма гирифта, ба шарофати мактаби сарварии сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такомул пайдо намуда, роҳи тараққиёти устувор ва тавсеаи доманадор ба самти ободкориҳои бештар танҳо бо қувват бахшидани тамоюлҳои муттаҳидиву ҳамбастагӣ миллати моро боз ҳам пирӯзманду комёб нигоҳ хоҳад дошт.

Суҳроб РУШАНЗОДА

 

 

 

 

 

 

 

 


2019-11-15 11:46:02    12    Муфассал...


ҶОВИДОН БОД ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Забоншинос”  Конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони "Ҷовидон бод Пешвои миллат" бахшида ба 27 –умин солгарди   Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумуҳурии Тоҷикистон ва “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” миёни ҷавонон  доир гардид.

     Дар кори он    Нуров М.А. – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Салимзода К. – намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Мардихудо – роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” – и назди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоев М. – муовини Ректор оид ба таълими Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Бобоалиева З. - муовини Ректор оид ба тарбияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Киромиддинов З. – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкада, олимони ҷавон ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.       

          Баромадкунандагон зимни баромади хеш ќайд карданд, ки беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард. Дар пеш вазифаҳои гуногунро гузошта буданд, ки яке аз онҳо такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт. Иҷлосияи 16-ум дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Точикистон ворид шуд.

 


2019-11-15 11:31:03    44    Муфассал...





ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс