МАРОМИ ПОЙТАХТ



Навидҳо

То наояд дигар аз ҳар луқмаи нон бўи хун

Ҷаҳони муосир дар гирдоби сиёсатҳои нопоку пурмоҷаро пурмуаммо ғута мезанад. Давлатҳои манфиатдор аз омилҳои номатлуб-чун терроризму экстремизм барои манфиатҳои хеш ба хубӣ истифода менамоянд. Ҳазорҳо ҷавонони мафкураашон хому ташаккулноёфта имрӯзҳо ба таъсири идеологияи бофтаву бемаънии онҳо дода шуда, ба ҷараёну гурӯҳҳои хафноку зиёновар ҳамроҳ мешаванд. Беш аз 3 ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар ин гурӯҳҳо ширкат намуда, беш аз 700 нафарашон ба ҳалокат расиданд. Даҳҳои дигар сарсони мулки бегонаву валангор шудаанд. Чаро миллати мо ки тамаддуну фарҳанги кӯҳану бузург дорад, натавонист аз пайвастан ба омили хафноку даҳшатбор ҷавонони хешро пешгирӣ намояд. Магар тарбияи ҷавонон ҳоло чандон дуруст ба роҳ монда нашудааст. Ва ё магар онҳо пурра бо таълиму тарбия фаро гирифта намешаванд: Дар ин маврид мехоҳам шеъри шоири шодравон Ғоиб Сафарзодаро, ки “Нидои Модар“ ном дорад ва гӯё барои имрӯз эҷод гардидааст, мехоҳам ин ҷо ёдовар шавам.

“Чанде пеш модари америкоӣ фарзандашро, ки лётчик буду ба ҷанги Ветнам мерафт, пеш аз сафар бо дасти худ мекушад. Вақте аз ў сабаб мепурсанд, ҷавоб медиҳад, ман медонистам, ки фарзандам мерафту бар намегашт. бисёр бегуноҳонро мекушт ва худаш ҳам ҳалок мешуд. Акнун осудаам, ки ўро бо дасти худ ба хок месупорам”.

Пайкари болои хок афтодаи фарзандро

Мўканону рўканон,

Мекунад оғўш модар.

Мегузорад cap ба рўи сардгашта синааш,

Зор мегиряд вай аз банди ҷигар.

В-ин суханхҳо мекунад такрор бо чашмони тар:

 

«-Ё Худовандо, чӣ рўзи сахт омад бар сарам?

Қотили фарзанди худ гаштам,

Магар ман модарам?

Ин чӣ пастию чӣ бераҳмӣ, ки аз модар гузашт,

Тири ман фарзандро якбора аз пайкар гузашт?

Ин чӣ рўзи шум, ки модар бехабар афтодааст,

Ташнаи хуни писар афтодааст».

 

Баъд модар муштҳояшро гиреҳ андохта,

Бо рухи хуншору бо мўйи пареш,

Мекунад фарёди гардунрас зи қалби реш-реш;-

 

Оҳ, дунёи ситамгору ситамкаш,

Оҳ, дунёе, ки модар инчунинат кард саркаш,

Модаронро ин қадар аз баҳри чӣ ғам медиҳӣ?

Доғи як ғам тоза ногашта, ғами нав мениҳӣ?

Аз чӣ фарзандони онҳоро ба ҳам ангехта,

Хуни ноҳақ рехта,

Зиндагиро мекунӣ бо бўи хун омехта?

Ии ҷиноят нест оё?!

Ин разолат нест оё?!

Ин қабоҳат нест, эй дунёи дун?!

Баҳри мол андўхтан сармоядорон ин қадар,

Хуни кас аз нокасӣ резонда дар мулки дигар.

Рангу бўи зиндагиро аз диёраш мебаранд,

Бахти ўро ошкоро аз канораш мебаранд.

Дида ин рўзи сиёҳу ҷўйи хун,

Аз чӣ иарво нестат, дунёи дун?

Модарон, эй модарони дардманд,

Ин чӣ хомушӣ?

Кашед аз сина фарёде баланд!

Гар ки дунё нест бе мо,

Ин чӣ бедодист бар мо?

Гар тавоноем, баҳри чӣ тавоно нестем?

Ҷони дунёем, аз чӣ шоҳи дунё нестем?

То наояд дигар аз ҳар луқмаи нон бўи хун,

Нагзарад дигар зи рўи сабзаи тар ҷўйи хун,

Ханда бошад, ҳусн бошад, ишқ бошад дар ҷаҳон.

Зиндагию оламу одам бимонад дар амон,

Бас хамўшӣ, бас!

Кашед аз хашм фарёде баланд,

Модарон, эй модарон,

Эй модарони дардманд!

Ин нидои модари амрикоист. Воқеан модар намехоҳад фарзандаш сабабгори бадбахтии чандин оилаҳо ва ҷотили чандин нафарон бошад. Ҷавонмардии ин модар, қурбонии ӯ баҳри ҳифзи амнияти мардуми мулки дигар интиҳо надорад. Кош ҳама модарони дунё чунин нидо сар медоданд, то ҷаҳон осудаву ором ва хуни ноҳақрезӣ хотима меёфт. Имрӯз ҷаҳони муосир пеш аз ҳама аз волидайн ҳушёрии сиёсиро мехоҳад. Зеро фарзандони онҳо имрӯз бо ҷаҳон гуфтугӯ доранд. Фазои иттилооти пур аз хабару маълумотҳои даркору нодаркор аст. Ин фазоро худи мо бояд ба даст гирем фарзандонро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ тарбия намоем, то ки Ватани мо, мардуми мо, амнияти бисёр гаронбаҳои мо аз ҳама ин ҷараёну равандҳои зарарнонку хафнок эмин бимонад.

Фариза Ҳотамова-аъзои фаъоли ҲХДТ

 

 


2019-05-07 15:07:48    5    Муфассал...


ИФРОТГАРОӢ-ОМИЛИ ТАШВИШОВАР ДАР ҶОМЕА

Раванди ҷаҳонишавӣ рӯз ба рӯз шиддат мегирад ва фазои ҷаҳони муосирро мураккаб мегардонад. Баҳсу талошҳои идеологӣ низ вусъат ёфта истода, бештар ҷанги иттилоотиро бар бор меоранд. Аз ин рӯ, ҳар як миллату давлат нисбати ҳифзи манфиатҳои миллии худ талош меварзад. Қарни XXI, ки асри пешрафти технология ба шумор меравад,ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар ба технологияи навин майл дорад. Махсусан, паҳншавии иттилоот тавассути шабакаҳои интернетӣ рӯз ба рӯз зиёд мегардад. Ба ибораи дигар мардум аз ин силоҳ (иттилоот), гоҳо бамулоҳиза ва гоҳо бемулоҳиза истифода мебаранд. Аз ин ҳарзагӯиҳо ҳар лаҳза метавонад низоъҳои шадид ба бор орад, ки натиҷааш ба нооромии на танҳо як ё ду кишвар, балки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ба вежа, кишварҳое ҳастанд, ки бо сиёсати духурагии худ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд, ва дар ташкили гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ нақши асосӣ дорад. Тибқи манбаъҳо дар сар задни ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон низ кулли давлатњо даст доштаанд ва аъзои ҲНИ -ро маблағгузорӣ мекардаанд. Ин дар ҳолест, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳони кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки террористон ва экстремистонро саркӯб намояд.

Мусаллам аст, ки мавзӯи меҳвариии дини мубини ислом ахлоқи шоиста ва муносиботи хуби байни инсонҳо буда, онҳоро дар рӯҳияи ваҳдату сулҳу суботи комил тарбия менамояд. Мутаассифона, шахсони ноогоҳу бадхоҳ ва хурофотпарасти ҷомеа ин динро ҳамчун васила барои ба ғаразҳои нопоки худ расидан мавриди истифода қарор дода, ҳатто кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз Қуръону ҳадисҳои пайғамбар ва дигар китобҳои динӣ далелҳои иғвоангез оварда, афкори нолоиқу беарзиши худро ба субут расонанд. Таҳлилҳои ҷомеашиносон ва сиёсатшиносон нишон медиҳад, ки ақидаҳои фитнаангези ин тоифаи мутаассиб ба оромиву суботи комили ҷомеаи мо халали ҷиддӣ ворид карда, ҳамчунин ба тадриҷ мафкураи мардумро махлут месозад. Махсусан, аз рӯйи баррасиҳо ва таҳлилҳои равшанфикрони тоҷик дар саддаи охир бармеояд, ки ҳузури ҲНИ, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи Эрон дар арсаи сиёсат ворид гардид, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле хавфнок буд ва паёмадҳои нохуб овард. Зеро ин ҳизб дар тӯли фаъолияташ ба сари сокинони кишвар бадбахтиҳо ва мушкилиҳои печ дар печи зиёде овард. Дар ин бора роҳбарони иттиҳодияҳои динии кишвар ва ҳатто имомхатибони масҷидҳои ҷамоаи панҷвақта низ ибрози ақида карда, аз дахолати ҲНИ ба ҳаргуна корҳои нолозим изҳори нигаронӣ кардаанд. Вақт нишон дод, ки фаъолияти ҳизби мазкур муқобили ќонуну қоидаҳои байналмилалӣ буда, бештар террористон ва экстремистонро тарбия менамояд. Барҳамхӯрии ин ҳизб дилбастагӣ ва умедвории мардуми тоҷикро ба зиндагӣ бештар гардонид. Дар воқеъ ифротгароёни динӣ - аслан аз бесаводию бемаърифатӣ ва нашинохтани асли худ ба ин гурӯҳҳо гаравида, барои маблағи ночиз хуни шахсони бегуноҳро мерезанд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, ин гурӯҳҳои даҳшатафкану ифротгаро дар бисёр кишварҳо даст ба амалҳои террористӣ ва қатлу ғорат зада, талош доранд, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ таблиғоти дурӯғину бепояи худро васеъ ба роҳ монда, ба ҳамин васила сафҳояшонро аз ҳисоби ҷавонони гумроҳгашта афзун гардонанд. Мутаассифона кишварњои маблаѓгузор бо чунин нақшаҳои нопок мусоидат намуда, мехоҳанд ҳаёти орому осудаи ҷомеаро халалдор созад.

Худ қазоват кунед, ки имрӯз бар асари чунин амалҳои нангини гурӯҳои террористию ифротӣ дар бисёр кишварҳо нисбат ба ҷомеаи мусулмонӣ нафрату бадбинӣ пайдо шуда истодаасту ба мусулмонон бо назари шубҳа менигаранд. Дар симои онҳо ифротгарою тундгароро мебинанд. Хушбахтона, солҳои охир теъдоди ҳамватанони мо, ки ба ин гурӯҳҳо майли пайвастан доранд, коҳиш ёфта истодааст. Ин ҳам бошад, натиҷаи сиёсати дурусти пешгирифтаи роҳбариятии олии кишвар ва ба неруи созандаи ҷавонон такя намудани Ҳукумати мамлакат мебошад. Маҳз тавассути ин сиёсати хирадмандона пеши роҳи амалҳои нопоки гурӯҳҳои ҷиноятпеша гирифта мешавад ва амнияти шаҳрвандон таъмин мегардад.

Ба андешаи мо, барои гирифтани пеши роҳи гаравидани наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, пеш аз ҳама, бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ба ҳарзагӯиҳо бовар накунем. Ҷиҳати рафъи мушкилот аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода барем. Аз ҷумла, тавассути воситаҳои ахбори омма, бавижа барномаҳои телевизионӣ ва шабакаҳои интернетӣ оид ба оқибатҳои ҳалокатбори пайвастшавӣ ба ин гурӯҳҳо, бо овардани далелҳои мушаххас, матолиби таҳлилӣ нашр ва пахш намоем.

 

Зафари ШАРИФ– узви фаъоли ҲХДТ


2019-05-06 16:18:24    8    Муфассал...


БА КАДОМ МАНБАЪҲОИ ИТТИЛООТӢ ЭЪТИМОД БОЯД КАРД

Солҳои охир таҳлили коршиносон ва натиҷаҳои пурсишҳои афкори омма исбот намуданд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ба мафкураи одамон таъсири манфии худро расонида истодааст, зеро дар пахши ақидаҳои ифротгароӣ нақши интернет хеле фаъол буда, назорат намудани муҳтавои маводи он душвор гаштааст. Аксарияти ҷавонони гумроҳгашта низ маҳз тавассути ин гуна сомонаҳо ба доми гурўҳҳои ифротӣ афтидаанд.

Роҳи чора чист?

Оё мешавад, ки аз сомонаҳои иҷтимоӣ худро барои ҳамеша дур гирифт?

Чунин суолҳоро пайваста ба худ дода, мегўям, ки роҳи чора ҳаст, аммо аз интернет дур шудан ғайриимкон аст. Бояд ҷавонон қабл аз ҳама ҳушёр бошанду зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ҳамчунин, бештар барои мутолиа намудани иттилооти рўзмарра аз сомонаҳои давлатӣ ба монанди АМИТ «Ховар» истифода намоянд, чунки истифодаи чунин сомонаҳо ба манфиат буда, онҳоро ба сўйи худшиносиву меҳанпарастӣ ҳидоят мекунад. Имрўзҳо мо шоҳиди он ҳастем, ки барои гирифтани маълумотҳои ғаразнок нақши воситаи иттилоотӣ ташвишовар гардидааст, чунки дар сомонаҳои интернетӣ на ҳамеша маълумоти холисона ва аз манбаву сарчашмаҳои муътамад пешниҳод мешавад. Аз ин ҷост, ки чанд соли охир таъсири расонаҳо ва технологияҳои иттилоотӣ ба мафкураи одамон хеле калон гардидааст. Ба андешаи ман баъзе аз сомонаҳои иҷтимоӣ ба монанди akhbor.com ҷуз «шустани мағзҳо» фоидаи дигаре ба ҷомеа дошта наметавонад, зеро маҳз ин гуна сомонаҳо дидгоҳи иддае аз ҷавононро тағйир медиҳад. Боиси таассуф аст, ки қисме аз ҷавонони мо фарҳанги истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоиро наомўхта, соатҳо дар интернет нишаста, маводҳоеро мутолиа мекунанд, ки ҷуз зиён фоидаи дигаре надорад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки ба қадри бузургии вақт расида, сомонаҳои расмиро, аз ҷумла, АМИТ «Ховар» истифода барем, то бароямон ғизои маънавӣ диҳанд.

Иттилоъ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ба силоҳи муборизаҳо табдил ёфта, он бидуни мақсад пахш намегардад. Ҳоло тавассути технологияҳои иттилоотӣ дар камтарин фурсат дилхоҳ хабар дар олам паҳн мешавад. Мисол, тавассути шабакаи иҷтимоӣ гоҳо иттилоъ меёбем, ки роҳбарони ТТЭ ҲНИ худро сафед карда, гўё аз «адолату ҳақиқат» ҳарф мезананд. Аммо хуб медонем, ки ташкилоти террористии ҲНИ дигар бо номи “ислом” мардумро гумроҳ сохта наметавонанд. Мо навиштаҳои беасоси ин душманони миллатро қотеона маҳкум намуда, бовар дорем, ки дигар ҳеҷ гоҳ мардуми азиятдида, хусусан, ҷавонони меҳнатдўст фирефтаи найрангҳои пайравони ин ташкилоти террористӣ - экстремистӣ нашуда, барои ояндагон симои манфур, дилу нияти бадхоҳонаи онҳоро воқеъбинона, объективона нишон дода, баҳри якпорчагӣ ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистони ба ҷон баробар саъю кўшиш мекунем.

Ҷомеаи ҷаҳон бар он назар аст, ки вақтгузаронии аз ҳад зиёд дар шабакаҳои интернетӣ, бахусус сомонаҳои иҷтимоӣ ба рушди равонӣ ва ҷисмонии одамон зарари бузург расонида, онҳоро аз мутолиаи китоб, омўхтани забонҳои хориҷӣ ва даҳҳои корҳои дигар дур месозад. Тасаввур кунед, аксари ҷавонони мо ба ҷои рўй овардан ба китоб ба шабакаҳои иҷтимоӣ рў овардаанд. Ба андешаи ман шабакаҳои ба мисли Facebook, Instagram, Watchat, Viber, Odnoklassniki, VK аз фоидааш дида, зиёнаш зиёдтар аст. Баъзе равоншиносон ба ин ақидаанд, ки чунин шабакаҳои иҷтимоӣ ба як воситаи муошират табдил ёфта, одамҳоро аз ҳаёти воқеӣ дур кардааст. Мисол ҷавононе, ки дар як рўз тақрибан 15 соат вақти худро дар ин шабакаҳо мегузаронанд, ниҳоят хотира ва қобилияти эҷодиашонро аз даст медиҳанд. Бинобар ин, моро лозим аст, ки ҳамеша бо як реҷаи муайян чунин сомонаҳоро истифода кунем.

Сафарова Ф, Муҳаммадиев Ш,

Маҳмудзода М. аъзоёни фаъоли ҲХДТ

 


2019-05-06 16:07:55    6    Муфассал...





ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс