
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) бо роҳбарии Раиси муаззами ҳизб – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи барномаи худ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» ҷиҳати рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол, таъмини суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар мамлакат ва баланд бардоштани нуфузи эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ пайваста сайъю кӯшиш менамояд ва тадбирҳои судмандро роҳандозӣ мекунад.
Боиси қайд аст, ки ҲХДТ тасмим гирифтааст, ки бо мақсади ноил шудан ба ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ саҳми босазо гузорад. Тибқи Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 аъзои ҳизб ҳамчунин ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушди кишвар – таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул тамоми қудрату нерӯи худро равона месозад.
Имрӯз, ки мо дар арафаи таҷлили Ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, бо ифтихору қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки нақш ва мавқеи ҲХДТ дар амалӣ намудани ислоҳоти иқтисодӣ дар ин давра басо назаррас аст.
Маҳз бо татбиқи сиёсати хирадмандонаи Раиси ҲХДТ – Пешвои муаззами миллат дар ин раванд, гузариш ба низоми иқтисоди бозорӣ, таҷдиди сохтори иқтисод вобаста ба истифодаи самараноки захираву имкониятҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ, мукаммал гардонидани низоми молия ва бонкдорӣ, ҷорӣ намудани пули миллӣ, рушди фаъолияти соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва тараққиёти соҳаҳои иҷтимоӣ таъмин карда шуд.
Тадбирҳои зикршуда имкон доданд, ки дар ин давра суръати рушди иқтисоди миллӣ ҳамасола дар сатҳи баланд таъмин ва ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2020 ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардад.
Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар беш аз 1600 корхонаи саноатӣ, 2200 километр роҳи мошингарди сатҳи байналмилалӣ таҷдиду бунёд ва 220 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуданд. Даромади пулии аҳолӣ 125 баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 83 фоизи соли 1999 то 26,3 фоиз дар соли 2020 паст гардид ва дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол дар соли 1991 то 75 сол боло рафт.
ҲХДТ минбаъд низ ба масъалаҳои таъмини суботи макроиқтисодӣ, рушди афзалиятноки соҳаҳои истеҳсолӣ, тавсеаи сармоягузории дохиливу хориҷӣ, таъмини шуғли пурмаҳсул ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин, идомаи ислоҳоти сохторӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт афзалият медиҳад.
Барои ноил шудан ба мақсаду афзалиятҳои зикргардидаи сиёсати иқтисодӣ, ҲХДТ дар асоси барномаи худ то солҳои 2020-2025 иҷрои тадбирҳои басо муассирро ба нақша гирифта шудааст, ки муҳимтарини онҳоро ба таври муфассал манзур менамоем:
1. Баланд бардоштани самаранокӣ ва рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ тавассути такмили муназзами сохтори иқтисодиёт ҷиҳати таъмини суръати баланди рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, фароҳам овардани шароит барои гузариш аз модели аграрӣ-саноатӣ ба модели саноатӣ-аграрии рушди иқтисодиёт, таҳкими раванди ҷорӣ ва истифодабарии васеи технологияҳои муосир, ҷалби бештари сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ фароҳам овардани заминаи иқтисоди рақамӣ ва савдои электронӣ.
2. Ҳавасманд гардонидани фаъолияти соҳибкориву истеҳсолӣ бо роҳи идомаи ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, тақвияти механизми дастгирии давлатии соҳибкорию рушди сармоягузорӣ ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда, таҳкими заминаи институтсионалию молиявии рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ; рушди босуръати минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва минтақаҳои саноатӣ.
3. Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат тибқи идомаи ислоҳот дар самти кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои комплекси агросаноатии кишвар, андешидани чораҳои зарурӣ дар соҳаи истифодабарии самараноки заминҳои корам ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав ва бекорхобида, зиёд намудани истеҳсоли меваҷот тавассути бунёди боғҳои интенсивӣ ва дигар усулҳои муосири боғу токпарварӣ.
4. Татбиқи сиёсати энергетикии кишвар тавассути ноил гардидан ба истиқлолияти пурраи энергетикии кишвар бо роҳи анҷом додани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар неругоҳҳо, мусоидат ба истифодабарии самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва татбиқи рукнҳои «иқтисоди сабз».
5. Ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи идома додани татбиқи лоиҳаҳои таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва сохтмони хатҳои нави роҳи оҳан, дастгирии ҳамаҷонибаи идомаи сохтмони пулҳо ва иншооти зиддитармавӣ дар роҳҳои оҳан ва автомобилгарди кишвар, мусоидат ба афзоиши теъдоди хатсайрҳои ҳавоӣ ва ҳаҷми мусофирбариву боркашонии байналмилалии кишварҳои ҷаҳон, дастгирии давлатии рушду инкишофи хизматрасонӣ ва имкониятҳои транзитӣ дар асоси истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ.
6. Такмили низоми молиявии кишвар ва таъмини самаранокии фаъолияти бозори хизматрасониҳои молиявӣ: татбиқи пурраи низоми буҷетикунонии барномавӣ, назорати истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои буҷавӣ; таъмини пардохтпазирӣ ва барқарор кардани сатҳи баланди эътимоднокии бонкҳо, беҳдошти дастрасии мизоҷон ба захираҳои молиявӣ, аз ҷумла қарзҳо, инчунин, васеъ ҷорӣ намудани шаклҳои муосири хизматрасониҳои бонкӣ, васеъ намудани миқёси истифодабарии пардохтҳои ғайринақдӣ, бахусус, дар савдои чакана ва хизматрасониҳо тавассути технологияҳои муосири иттилоотӣ.
7. Рушди туризм ва инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ тавассути ташаккули асосҳои институтсионалии рушди соҳаи сайёҳӣ ва дар амал татбиқ намудани меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ, ташаккули инфрасохтори муосири соҳаи сайёҳӣ, рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт, тақвияти иқтидорҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили тарғиби ҳаматарафаи он, тақвияти неруи инсонӣ, таъминоти кадрӣ ва шуғли пурмаҳсул дар соҳаи сайёҳӣ, ташкили омӯзиши таҷрибаи хориҷӣ, такмили ихтисос ва омода кардани кадрҳо дар хориҷи кишвар.
8. Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ бо роҳи татбиқи консепсия ва стратегияи “иқтисодиёти рақамӣ” дар кишвар, дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорону сармоягузорон ба хизматрасониҳои босифати давлатӣ тавассути тавсеаи “Ҳукумати электронӣ” аз рӯи принсипҳо ва стандартҳои байналмилалӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар ин самт таъмини пайвасти шабакаҳои иттилоотии кишвар ба шабакаи ҷаҳонии Интернет бо суръати баланд.
Боварӣ дорем, ки аъзои ҲХДТ зери ҳидояту роҳбарии Раиси ҳизб – Пешвои муаззами миллат ва дастгирии мардуми шарифи кишвар метавонанд дар амалӣ намудани тадбирҳои зикршуда ба хотири таъмини рушди устувори иқтисодии ватани азизамон саҳми беандозаи худро хоҳанд гузошт.
ҚУРБОНЗОДА МАҲМАДАЛӢ РАҲМАТ – АЪЗОИ ГУРӮҲИ ВАКИЛИИ ҲИЗБИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ