МАРОМИ ПОЙТАХТ



Навидҳо

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ “ЗАБОН ДОНӢ - ҶАҲОН ДОНӢ”

Дар асоси Низомномаи тасдиқгардида Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, имрўз дар Муассисаи давлатии “Душанбе - Плаза” даври сеюми озмуни шаҳрии беҳтарин донандаи забонҳои хориҷиро, таҳти унвони “Забон донӣ - ҷаҳон донӣ” миёни донишҷўёни донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷу литсейҳои ҳудуди шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб – Раҳмонзода З.Ф. ва ҳайати ҳакамони озмун ҷамъбаст намуданд. 
Нахуст Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ҳозиринро ба фарорасии Рўзи ҷавонони Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, ба иштирокчиёни озмун муваффақияту бурдбориҳо таманно намуд. 
Мақсад аз баргузории озмун, ин дарёфти чеҳраҳои забондон, тарғиби омўзиши забонҳои хориҷӣ, ҳавасмандгардонии донишҷўён барои рушду малакаи забондонӣ дар заминаи дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, мебошад. 
Хотирасон менамоем, ки даври аввали озмун миёни донишҷўёни муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи касбӣ доир гардид. Ғолибони даври аввали озмун, ки ба даври дуюми озмуни ноҳиявӣ пешниҳод шуда буданд, аз тарафи кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои пойтахт ҷамъбаст гардид. Дар натиҷа ғолибони даври дуюми озмун барои иштирок кардан ба даври сеюми озмуни шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. 
Бояд қайд намуд, ки ғолибони даври сеюми озмуни шаҳрӣ аз моҳи сентябри соли ҷорӣ то шаш моҳ бо идрорпулии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардида, иштирокчиёни фаъоли озмун дар арафаи Рўзи ҷавонони Тоҷикистон бо Ифтихорномаю Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб сарфароз гардонида мешаванд.


2019-05-18 14:02:22    3    Муфассал...


СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ЗИМЧУРУД”

      Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар ташкилоти ибтидоии «Зимчуруд» доир ба амалишавии Қонуни Ҷумуҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон   соати сиёсї доир гардид.

      Масъулин  зимни баромади хеш қайд карданд,ки мақсад аз қабули қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон мебошад. Ҳамзамон,  доир ба тарғибу ташвиқи одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе ибрози назар намуданд.

  


2019-05-16 10:24:45    1    Муфассал...


КИТОБ-ХИРАДУ ҲИКМАТИ БАШАРИЯТ

Мутобиқи нақшаи ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Фирдавсӣ   як гурӯҳи калони донишҷӯёну ҳунаромӯзони коллеҷу литсейҳои ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати ҷалб намудан  ба китобу китобхонӣ ба Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ сафарбар гардиданд. Нахуст, бо онҳо Обид Одилов - муовини директори муассисаи мазкур суҳбат намуда, дар мавриди нақши китоб дар ҳайёти инсон, қадру манзалати ин гуҳар ва дӯсти беминнат ибрози назар намуд. Мавсуф таъкид кард, ки хираду ҳикмати башарият маҳз дар китоб нуҳуфтааст. Ҳар касе донишу ҳикмат, маслиҳати судманд мехоҳад бояд аз ин кони ганҷ бархӯрдору баҳравар гардад.

     Исматулло Расулов - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия дар мавриди дастгириҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва махсусан Пешвои миллат, муҳтарам


2019-05-16 10:15:12    12    Муфассал...





ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс