МАРОМИ ПОЙТАХТ

Сохторҳои ноҳиявӣ

Расулзода Насимҷон

аз 09 феврали соли 2017 то хол дар вазифаи Раиси КИ ҲХДТ дар

ноҳияи Исмоили Сомонӣ кормекунад

Соли таваллуд 24 марти соли 1977 ҷоитаваллуд ноҳияи Тоҷикобод

Миллат тоҷик Маълумот олӣ соли 2001 Донишгоҳи Технологии Тоҷикистонро хатмкардааст Ихтисос муҳандис – механик аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Ифтихорномаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонидашудааст.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд

 

 

Файзуллозода Заррина Файзулло

21 феврали соли 1977 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2012 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1994 ба ҳайси ҳисобчии ширкати дузандагии «Гулистон»-и шаҳри Душанбе оѓоз карда, баъдан солҳои 1995–2008 дар вазифаҳои муҳосиби корхонаи сохтмонии «Меъмор», муҳосиб–иқтисодчии ширкати хурди «Обод»-и шаҳри Душанбе иҷрои вазифа намудааст. Солҳои 2008–2009 дар вазифаҳои муҳосиб–иқтисодчии Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, муҳосиби Корхонаи махсуси (Қазони) давлатии ҷумҳриявии «Тиллои тоҷик», муҳосиби Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи «Гулистон» фаъолият намудааст. Солҳои 2012 – 2014 дар вазифаи мутахассиси шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор намуда, баъдан соли 2014 мудири бахши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва аз соли 2016 то соли 2017 дар вазифаи муовини мудири шӯъбаи умумӣ, назорат ва корҳои махсуси Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти кориашро давом додааст.

Ҳамзамон аз соли 2009 то имрӯз вазифаи Раиси Шӯрои маҳаллаи «Яккачинор»-и шаҳри Душанберо иҷро намуда истодааст.

Солҳои 2010–2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд.

Аз моҳи феврали соли 2017 то имрӯз вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанберо бар уҳда дорад.

Аз соли 2009 узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, ҳамзамон, аз соли 2014 аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Соҳиби 2 фарзанд.

 

 

Азизов Азизхуҷа Орипович

Аз 07 феврали соли 2017 дар вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ кор мекунад.

Соли таввалуд: 03.02.1961 Xои тавваллуд: ш.Душанбе

Миллат: тоҷик Маълумот : Олӣ

Соли 1984 -Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе

Ихтисос: математик –физик

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: рӯсӣ, англисӣ (бо луuат)

Вакили халr ҳаст ё не не

Ҳизбият, аз кадом сол 1999 азъои ҲХДТ

Бо мукофотҳои давлати сарфароз гардонида шудааст : не

Кор ва фаъолияти собика:

Солҳои 1979-1984 Донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба

номи С.Айнии ш.Душанбе.

Солҳои 1984-1987 Омӯзгори мактаби миёнаи №156 ноҳияи Варзоб

Солҳои 1987-1995 ҷонишини директори мактаби №31 ноҳияи Варзоб

Солҳои 1995-2001 Сармутахассиси шӯъбаи ташкили ва кор бо

кадрҳои дастгоҳои раиси ноҳияи Синои ш.Душанбе.

Солҳои 2001-2006 Мудири шӯъбаи умумии дасгоҳи раиси ноҳияи

Синои ш.Душанбе.

Солҳои 2006-2007 Сармутахассиси шӯъбаи хоҷагии манзилию

коммуналии дастгоҳи раиси ноҳияи Синои

ш.Душанбе.

Солҳои 2007-2008 Мудири шӯъбаи таблигот ва иттилооти Кумитаи

иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои ш.Душанбе.

Солҳои 2008-2010 Мудири шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои

ш.Душанбе.

Солҳои 2010-2014 Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

Синои ш.Душанбе.

Солҳои 2014 -2017 Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Аз 07 феврали соли 2017 Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе то имрeз

.

ГУЛАҲМАДЗОДА ЗУЛФИҚОР АҲМАД

6 - уми апрели соли 1988 дар деҳаи Паркамчии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Солҳои 2004-2005 Литсейи техникии аграрии ноҳияи Данғараро бо ихтисоси «Оператори компютер» хатм намуда, дар баробари ин, давоми солҳои 2004-2005 ба ҳайси роҳбалад дар Осорхонаи фарҳангии ноҳияи Данғара кор ва фаъолият намудааст.

Солҳои 2005-2010 Донишкадаи иқтисод ва молия (собиқ Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ) Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Ташкилотчии кори бонк» хатм намудааст.

Солҳои 2010-2012 ба ҳайси мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, ҳамзамон роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” кор кардааст. Солҳои 2012-2013 хизмати ҳарбиро дар қисми низомии 3502 РКД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон адо намудааст. Солҳои 2013-2014 мудири бахши омор ва баҳисобгирии шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур фаъолият намуда, солҳои 2014-2016 дар вазифаи муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТдар ноҳияи Шоҳмансур кор кардааст.

Аз 23-юми августи соли 2016 иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур адои вазифа намудааст

Аз 8-уми феврали соли 2017 то инҷониб дар вазифаи Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур кор ва фаъолият намуда истодааст. Ҳамзамон магистранти соли аввали факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс