МАРОМИ ПОЙТАХТ

Навидҳо

Таъмини амнияти иттилоотӣ дастоварди замони муоссир

Сулҳу субот ва амнияти иттилоотӣ дар давлатдории навин нақши калидӣ дошта, тамоми муваффақиту музаффарияти ҳар як давлат маҳс аз амнияту осиштагӣ вобастагӣ дорад. Имрӯзҳо ҳар як давлате, ки соҳиби амнияту осоиштагӣ мебошад, дар он давлат ҳама соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию маърифатӣ рушд мекунад ва созмонҳои байналхалқию ҷаҳонӣ онҳоро эътироф намуда, шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба тавсиб мерасонанд.

Таъмини амнияту осоиштагӣ ба маънии том, яъне таъмини амният – бехатарӣ дар ҳама самтҳо, алалхусус амнияти иттилоотӣ ба шумор меравад.

Танзими бозори иттилоот дар замони муоссир маънои танзими инсониятро ба худ касб намудааст, ки тамоми инсонҳои барои расидан ба мақсадҳои худ аз ин восита истифода менамоянд.

Дар замони муоссир ҷомеаи ҷаҳонӣ пешрафти ҳар як давлату миллатро асосан дар рушди техникаву технология ва истифодаи самараноки онҳо мебинад ва ҳар як инсон зиндагии худро бе истифодаи технологияи муоссир ғайриимкон меҳисобат. Аз ин лиҳоз ифротиён ва иғвоангезон низ шабакаҳои интернетиро ҳамчун фарогири кирдорҳои худ ва ҷалби ҳамсафон ихтиёр намудаанд. Чунки пеш аз ҳама дар шабакаҳои иҷтимоӣ бенизомӣ ва озодии танзимнашаванда мавҷуд мебошад, аз ин фурсат истифода намуда, гурӯҳҳои махсуси худро омода мекунанд, пасон тибқи сенарияҳои таҳиянамудаи худ фаъолият мекунанд. Мисол дар аввал ҳар як гурӯҳи иғвоангез худро ватандӯст ва фидоии ин давлату миллат муаррифӣ менамояд, сипас баъди расидан ба ҳадди зарурӣ, аз лиҳози аъзо ва тарафдорони ақидаи худ мақсади фаъолияти гурӯҳро иваз намуда, ба ҳар гуна иғвоангезӣ равона мешаванд.

Бояд қайд намоем, ки сабабҳои пайдо шудани гурӯҳои бадхоҳу хиёнаткор ва ифротгару эктремизм ҳукмфармо шудани қонуният ва сиҳибистиқлолии давлат мебошад, чунки давлати соҳибистиқлол ва ҳуқуқбунёд намегузорад, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандон поймол шаваду соҳибистиқлоли зери шудҳа қарор гирад. Давлат бо ин хусусиятҳои адолатонаи худ барои ҳамаи шаҳрвандони худ хуб буда наметавонад, мисол агар шаҳрванд муваффақ шавад аз худаш миннатдор мешавад ва ҳангоми номуваффақӣ давлатро гунаҳгор мекунад. Кам инсонҳое ҳасатанд, ки худ ва нафси худро идора карда метавонад, манфиати давлату миллатро аз манфиати худ боло медонанд. Аз ин лиҳоз бисёри одамон барои қонеъ кардани нафси худ чӣ дар роҳи мансаб, чӣ дар роҳи моли давлат ё мардум, чӣ дар роҳи сиёсат ва чӣ дар роҳи мартаба талош меварзанд. Новобаста аз роҳи қонунӣ ё ғайриқонунӣ буданаш. Ин ҳамон гурӯҳи хиётнаткор ва ифротгаро ҳастанд, ки худ ва навси худро идора карда наметавонанд, ҳамеша паси нафси худ мегарданд. Онҳо на давладорӣ карда метавонанд на ба қадри  халқ мерасанд. Онҳо танҳо афсанаи худро бо роҳи фиребу найранг навиштаанд, ки гуё инсонҳои дорои донишу малакаҳои баланд бошанд. Дар асл ягон нафари онҳо ҳато мактаби миёнаро то ба охир хатм накардаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаю расонаҳои интернетӣ инсонҳое ёфт мешаванд, ки бо маълумотҳои бардуруғ ва иғвоангезона мардумро атрофи худ ҷалб намуда, миёни онҳо ҳангома месозанд.

Дар асл ин гурӯҳҳои бадхоҳи миллат дар хориҷа истода ҷавонони моро шомили мақсадҳои нопоки худ мегардонанд, вале мо бояд донем, ки дар ин гурӯҳҳо танҳо инсонҳое шомил шуда метавонанд, ки дар қишри осебпазир дохил мешаванд. Яъне камбизоат, муҳоҷирон, маъюбон, маҳбусон, бепарасторон – ятимони кулл, оилаҳои бекоршудаи зери таҳқиру зуроварӣ дучор буда ва ҷавонони аз таълим дурмонда. Чунин ашхосро гурӯҳҳои ифротӣ ҳамчун яроқи асосии худ истифода намуда, худро ҳамчун муҳофизатгари онҳо муаррифӣ менамояд. Вале ягон нафари ташкилкунандаи ин гурӯҳҳо дар дохили Тоҷикистон нест ва ягон манфиат ба давлату миллат, алхусус ба қишри осебпазири давлат то имрӯз нарасонидааст.

Чунин мушкилоти замони муоссир тамоми дунёро иҳота кардааст ва бисёртар ҷавононро ба коми худ мекашад, қишри калонсолон бошад, хеле кам ҷалб гардида, ба инкишоф ва мафкураи онҳо зарар расонида наметавонанд. Вале месазад, ки қишри калонсоли мо- роҳнамои ҷавонон ва ҳидоятгару дурандеш ҳастанд, ба наврасону ҷавонон, пеш аз ҳама ба фарзандону наздикони худ тарбиятгар бошанд,

Дар давлате, ки ҳар як ҷавон тибқи қонунгузории кишвар, алахусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ҳуқуқи иштирок дар чорабинии ҷамъиятию сиёсиро доранд, бояд донанд, ки дар баробари ин ҳуқуқҳо аввал бояд ба таҳсил фаро гирифта шаванд, баъдан ба хизмати ҳарбӣ ҷалб гарданд, пасон худро ҳамчун ҷавони комилҳуқуқ аз ҳуқуқҳои сиёсии худ истифода намояд. Дар ҳолате, ки на ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва на хизмати ҳарбиро адо намудаанд, чӣ тавр дар бораи давлатдорӣ ва давлатсозӣ сухан мегуянд ё мардумро роҳнамоӣ намоянд. Аз ин лиҳоз мебояд, ки ҷавонон ҳуқуқҳои худро аз аввал соҳиб шаванд, яъне вазифаи асосияшон хондану касб аз худ карданаст, пасон ба корҳои сиёсӣ ворид шаванд.

Ҳамзамон, посух гардонидан ба маълумотҳои иғоангезу ҳангомаҷӯй аз як тараф ба манфиат ҳаст, ки дар вокуниш ҳақиқатро менависанд, вале аз тарафи дигар ин барои боз ҳам муаррифтар шудани маълумот ва муаллифи маълумот дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегардад, ҳар маълумоте, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёдтар мардумро фаро мегирдад, ҳамон қадар зиёдтар дар сафи пеши хабарҳо ҷой мегирад, новобаста аз маълумоти саҳеҳ ё носаҳ доштанаш. Бисёри аз блогерон аз ин фурсат истифода намуда, аз фарогирии ин маълумот маблағи муфт ба даст меоранд.

Барои решакан намудани чунин инсонҳои иғвогару ҳангомаҷӯй роҳи хубтару осон ин арзу шикоят (пожаловаться) кардан ва ба гурӯҳи спам ворид намудани сомона ва саҳифаи он мебошад. Дар ин ҳолат ҳар як саҳифа ва сомона аз ҷониби шаркаҳо махкам карда мешаванд.

Вазифаи асосии давлат таъмини амнияти иттилоотӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайраҳо мебошад, ки мардум зиндагии арзандаро дар вазъияти тинҷу ором ба сар барад. Барои ин давлат аз ҳамаи имкониятҳои худ самаранок истифода мебарад.

Аз ҷумла дар ин росто кишвари мо якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул намудааст, ки иттилоотро дар кишвар ба танзим медарорад: қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иттилоот”,  “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ”, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳо оид ба шартҳои ҳифзи иттилоот дар воситаҳои техникии коркарди иттилоот”, “Дар бораи тасдиқи Низомнома оид ба талабот, шартҳо ва қоидаҳои ҳифзи иттилоот аз разведкаи техникии хориҷӣ”, “Дар бораи Дастурамали тартиби ягонаи гузаронидани экспертиза, тасдиқ, маблағгузорӣ ва назорати лоиҳаҳо оид ба бунёд ва рушди объектҳои иттилоотонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияи иттилоотию комуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020”, “Дар бораи тасдиқи Низомномаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ, аттестатсияи объетҳои иттилоотонӣ, тартиби бақайдгирии давлатии онҳо”, “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттиллоот”, “Дар бораи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет” ва дигар қарору фармонҳои ҳукумати кишвар

Ба танзим даровардани интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ дар асоси қонунҳои махсуси соҳавӣ бисёр мураккабу боқӣ мемонад, чунки асосан интернетро инсонҳо барои бемаҳдудиятӣ ва озодии мутлақи танзимнашаванда истифода мебаранд ва дар доираи ин озодиҳо ҳар як давлат дар самти истифодаи маълумотҳои электронӣ ё истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ механизмҳои манфиатдори худро ҷорӣ менамоянд. Як механизми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҳама давлат ва миллат манфиатовар шуда наметавонад.

Барои пешгирӣ аз ин хатари глобалӣ мо метавонем пеш аз ҳама миёни мардум мафкурасонӣ намоем, яъне мардумро барои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ омода намоем, маърифати ахлоқии мардумро ҳаматарафа баланд бардорем. Аслан мардум дар ҳолати бекорӣ дар интернет сайр мекунад, мо бояд мардумро ба кор, аз ҷумла корҳои саҳроӣ ҷалб намоем.

Механизми истифодаи интернетро низ тағйир диҳем, яъне барои баъзе қишҳои ҷомеа нархи интернет зиёд карда мешуд. Мисол барои шахсони воқеӣ – шаҳрвандони кишвар. Интернети арзон танҳо барои хориҷиён ва шахсони ҳуқуқӣ, дар ин ҳолат шаҳрвандон интернетро танҳо дар интернеткафе (марказҳои хизматрасонии интернетӣ) истифода менамоянд, ки дар ин ҳолат ҳар як истифодабаранда зери назорат қарор мегирад. Аслан мардуми мо дар ҷойи ҷамъиятӣ ба кирдорҳои номатлуби иҷтимоӣ даст намезанад ва маблағи калонро барои сарфи интернет сарф намекунанд.

Ба ҷойи навиштани вокунишҳои зиёд ба маълумотҳои муғризонаи хиёнаткорон зарур аст ба саҳифа ё сомонаи онҳо арзу шикоят кунем ва онҳоро ҳамчун спам эътироф намуда, дар гурӯҳҳои спами ворид намоем.

Дар ҳолати навиштани вокуниш аз таҳлилҳои шахсони мансабдор ё олимону муҳаққиқон истифода намуда, бо маълумоти дақиқу саҳеҳ ва марбут ба ҳамон масъала таҳия ва пешниҳод гардад.

 Дар ин ҳолатҳо ин худ оҳиста-оҳиста ҳамаи мушкилотҳои иттилоотӣ нест мешавад.

Моро зарур ва саривақти мебошад, корҳои таблиғотиву ташвиқотиро на дар муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои шаҳру ноҳия баргузор намоем, балки миёни ҳамаи қишри ҷомеа, алалхусус қишри осебпазир зиёдтар ташкилу баргузор намоем.

 

 

 

Раҷабзода Э. - мудири шуъбаи балиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе


Вакти нашр: 2021-06-01 08:12:03    Хонданд: 110    Муфассал...

Чорабинии идона таҳти унвони “ҲХДТ – пуштибони кӯдакон”

Дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон ва 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ширхоргоҳ-кӯдакистони №64-и ноҳияи Шоҳмансур миёни таълимгирандагони кӯдакистон чорабинии идона, аз ҷумла озмунҳои расомӣ, шашкаю шоҳмот ва чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “ҲХДТ – пуштибони кӯдакон” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки ҳамасола ин сана дар миёни мардуми мо бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Ин ид тақрибан дар тамоми мамлакатҳои дунё ҳамчун рамзи дӯстдорӣ ва ғамгорӣ нисбати кӯдакон ҷашн гирифта мешавад ва моро водор менамояд, ки барои саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар оила ва мактаб, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда кӯшиш намоем. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поку беолоиши онҳо ҷой диҳем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки «...кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад».

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон аз ҷониби сохторҳои ҳизбии пойтахт дар дигар муассисаҳо идома доранд.


Вакти нашр: 2021-06-01 08:46:52    Хонданд: 73    Муфассал...

“ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ - ИФТИХОРИ МАН!” - ИДОМАИ АМАЛИЁТИ ҲИЗБӢ ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

         Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2021 амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”-ро дар кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ноҳияҳои пойтахт баргузор намуда истодааст.
         Дар ҳамин росто гурӯҳи назоратии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Садоқат”- и ноҳия дидан намуда, оид ба корҳои ҳизбӣ, аз ҷумла ҳаракати аъзои ҳизб, иҷроиши Барнома ва Оинномаи ҲХДТ маслиҳатҳои муфид дода шуд.
         Қобил ба ёдоварист, ки кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ячейкаи асосии ҲХДТ ба шумор рафта, ҷиҳати ноил гардидан ба муваффақияту музаффариятҳо саҳми арзанда мегузоранд ва дар амалигардонии Барнома ва Оинномаи ҲХДТ нақши калидӣ доранд.
Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани нуфузу мартабаи ҲХДТ дар дигар кумитаю ташкилотҳо идома дорад.


Вакти нашр: 2021-06-01 10:34:13    Хонданд: 79    Муфассал...

РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУҲОФИЗАТИ КӮДАКОН

 Кӯдакон зарраҳои хурди хушбахтии бузурганд ва муъҷизае мебошанд, ки ҳаёти ҳар як калонсолро бо шодмонӣ ва хушҳолӣ пур мекунанд. Кӯдакон аз ин рӯ ба муҳаббат ва ғамхорӣю меҳри волидайн ниёз доранд ва онҳо ҳамеша орзӯ доранд, ки дили ҳар як кӯдак аз чунин хушбахтӣ маҳрум нашаванд. Бигзор табассуми кӯдакон сайёраи моро равшан кунад ва ҳар як сокини кӯчаки рӯи замин солим ва хушбахт бошад. Кӯдакон ояндаи дурахшони миллатанд  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20%-и аҳолиро кӯдакон ташкил медиҳанд ва онҳо пайваста зери таваҷҷуҳ ва ғамхории давлвту Ҳукумат қарор доранд. Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ таъмини  бехатарии кӯдакону наврасон таъмин намуда, инкишофи ҳамаҷонибаи онҳоро яке азафзалиятҳо миҳими сиёсати давлат эътироф намудааст.  Ташаккули комили шахсияти кӯдак тарбияи дурусти ӯ танҳо дар оилаи солим ва дар фазои меҳру муҳаббат имконпазир аст. Аз ин рӯ давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя намуда, модару кӯдакро таҳти ҳимоя ва ғамхории махсус қарор медиҳад.

Ба туфайли ғамхориҳои ҳамарӯзаи Ҳукумати кишвар пайваста амалӣ гардидани тадбирҳои зарурӣ ҳамасола садҳо адад муассисаҳои таълимӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуда, даҳҳо мактаби замонавии муҷаҳҳаз бо воситаҳои муосири таълимӣ бунёд ёфта, зербинои моддию таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯз то рӯз мустаҳкамтар гардида, таъминоти онҳо бо мизу курсӣ, асбобу ашёи таълимӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони техникӣ ҳалли худро ёфта истода, баҳри беҳдошти вазъи таълиму тарбия заминаҳои хуб фароҳам оварда шуда истодаанд.

Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид намудаанд: “Мо бояд тамоми саъю талоши худро ба он равона созем, ки дар вуҷуди ҳар як фарди Ватан ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ, эҳтиром ва риояи бечунучарои қонун, азми қавии созандагӣ ва ободонии Ватан, кӯшиши илму донишомӯзӣ ва маърифатпарварӣ ба манфиати пешрафту тараққиёти кишварамон амиқ ҷой дошта бошад”.

Тарбияи фарзандони солеҳ, баодобу соҳибмаърифат ва таблиғи илму дониш аз ҷумлаи корҳои шоистаи ҳар як инсони солимфикр мебошад. Ҳоло барои наврасону ҷавонон ҷиҳати мутолиаи асарҳои мондагор, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, кумак ба волидон дар пешбурди корҳои саҳроӣ ва суҳбату ҳамнишиниҳои дилпазир бо аҳли хонавода фурсати муносиб фароҳам омадааст.

Боварӣ дорам, ки фарзандони мо, насли навраси имрӯза тамоми кӯшиши худро барои мусаллаҳ шудан бо донишҳои муосир, андӯхтани маърифату фарҳанги баланд равона намуда, дар таҳкими истиқлолияти комили кишвар, рушду пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони азиз нақши арзанда мегузоранд.

 

Гулафруз Музаффарова - корманди КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

 

 


Вакти нашр: 2021-06-01 10:46:03    Хонданд: 176    Муфассал...

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо камоли самимияту меҳрубонии хосса кӯдакону наврасони кишвари азизамонро ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон табрику шодбош намуда, ба ҳар яки онҳо саломатию саодатмандӣ, хурсандию хушҳолӣ, муваффақияту музаффарият ва меҳрубонии беандоза таманно менамояд.

Боиси сарфарозист, ки имрӯз кӯдакону наврасони мо зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиму тарбия гирифта, дар осмони софу беғубор ва сулҳу субот ба камол мерасанд.

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ ба кӯдакон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишоф ва соҳиби илму маърифат гаштани онҳо мебошад.

Маҳз натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат аст, ки дар ҷумҳуриамон ҳуқуқи кӯдак зери ҳимояи давлат буда, барои риояи ҳатмӣ ва саривақтии «Эъломияи ҳуқуқи кӯдак» дар мамлакат пайваста тадбирҳо амалӣ мегарданд. Меъёрҳои ин ҳуҷҷат ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи сохторҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ қарор дошта, ҳамасола дар доираи санади мазкур 1-уми июн дар миёни мардуми мо бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Ин сана тақрибан дар тамоми мамлакатҳои дунё ҳамчун рамзи дӯстдорӣ ва ғамхорӣ нисбати кӯдакон ҷашн гирифта мешавад ва моро водор менамояд, ки барои саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар оила ва мактаб, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда кӯшиш намоем. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поку беолоиши онҳо ҷой диҳем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки «...кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад».

Эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ» иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллат барои дастгирии наврасон ва ҷавонон аст, зеро дар доираи он ҳар як наврас ва ҷавони илмдӯст метавонад рӯ ба омӯзиши ҷиддии ин илмҳои ҳаётан муҳим оварад ва дар рушди минбаъдаи кишвар ҳиссаи босазои худро гузорад, зеро ояндаи Тоҷикистон ба амиқ аз худ кардани ин илмҳо сахт алоқаманд мебошад.

Аз ин рӯ, ба фарзандон бояд фаҳмонем, ки аз натиҷаҳои ғамхории доимии давлату Ҳукумати Тоҷикистон, мактабу синфхонаҳои муосиру муҷаҳҳаз, дигар иншооти замонавии барояшон муҳайёгардида, муҳимтар аз ҳама, аз донишу таҷрибаи устодони худ самаранок баҳравар гарданд ва ба хотири омӯзиши илму дониш, бахусус илмҳои табииву риёзӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ, ахлоқи ҳамидаву рафтори нек доим саъю талош намуда, дар оянда барои миллати соҳибтамаддуни худ ҳамчун кадрҳои баландихтисос хизмати арзандаро анҷом диҳанд.

Албатта, дар баробари чораандешии давлату Ҳукумати кишвар доир ба рушди соҳаи маориф таҳкими робитаи оила бо мактаб, таълиму тарбияи фарзандони солиму боодоб ва соҳибмаърифату донишманд, инчунин дар шуури насли наврас густариш додани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, рӯҳияи ифтихор аз таъриху фарҳанги волои миллӣ, худогоҳӣ ва худшиносӣ, омӯзиш ва таблиғи анъанаву суннатҳои беҳтарини миллӣ ва эҳтироми арзишҳои неки умумибашарӣ вазифаи муқаддаси волидайн ва аҳли ҷомеа маҳсуб меёбад.

Маҳз бо ҳамин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул карда шуд ва волидайн бояд ба хотири тарбияи насли ояндасози ҷомеа, фарзандоне, ки номбардори падару модари худ ва миллату давлати соҳибистиқлоли хеш шуда тавонанд, ҳамаи имкониятҳои худро сарф намоянд. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ғамхорӣ ба насли имрӯз ва фароҳам овардани шароит барои таълиму тарбияи он – ғамхорӣ барои ояндаи ободи давлат, миллат ва ҷомеа мебошад.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар аз фурсати муносиб истифода намуда, Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдаконро ба аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб самимона шодбош гуфта, ба ҳамаи кӯдакону наврасони диёр саломатӣ, шукуфоӣ, рӯзгори босаодатро орзумандем.


Вакти нашр: 2021-06-01 12:45:12    Хонданд: 64    Муфассал...

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо камоли самимияту меҳрубонии хосса кӯдакону наврасони кишвари азизамонро ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон табрику шодбош намуда, ба ҳар яки онҳо саломатию саодатмандӣ, хурсандию хушҳолӣ, муваффақияту музаффарият ва меҳрубонии беандоза таманно менамояд.

Боиси сарфарозист, ки имрӯз кӯдакону наврасони мо зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиму тарбия гирифта, дар осмони софу беғубор ва сулҳу субот ба камол мерасанд.

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ ба кӯдакон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишоф ва соҳиби илму маърифат гаштани онҳо мебошад.

Маҳз натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат аст, ки дар ҷумҳуриамон ҳуқуқи кӯдак зери ҳимояи давлат буда, барои риояи ҳатмӣ ва саривақтии «Эъломияи ҳуқуқи кӯдак» дар мамлакат пайваста тадбирҳо амалӣ мегарданд. Меъёрҳои ин ҳуҷҷат ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи сохторҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ қарор дошта, ҳамасола дар доираи санади мазкур 1-уми июн дар миёни мардуми мо бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Ин сана тақрибан дар тамоми мамлакатҳои дунё ҳамчун рамзи дӯстдорӣ ва ғамхорӣ нисбати кӯдакон ҷашн гирифта мешавад ва моро водор менамояд, ки барои саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар оила ва мактаб, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда кӯшиш намоем. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поку беолоиши онҳо ҷой диҳем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки «...кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад».

Эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ» иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллат барои дастгирии наврасон ва ҷавонон аст, зеро дар доираи он ҳар як наврас ва ҷавони илмдӯст метавонад рӯ ба омӯзиши ҷиддии ин илмҳои ҳаётан муҳим оварад ва дар рушди минбаъдаи кишвар ҳиссаи босазои худро гузорад, зеро ояндаи Тоҷикистон ба амиқ аз худ кардани ин илмҳо сахт алоқаманд мебошад.

Аз ин рӯ, ба фарзандон бояд фаҳмонем, ки аз натиҷаҳои ғамхории доимии давлату Ҳукумати Тоҷикистон, мактабу синфхонаҳои муосиру муҷаҳҳаз, дигар иншооти замонавии барояшон муҳайёгардида, муҳимтар аз ҳама, аз донишу таҷрибаи устодони худ самаранок баҳравар гарданд ва ба хотири омӯзиши илму дониш, бахусус илмҳои табииву риёзӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ, ахлоқи ҳамидаву рафтори нек доим саъю талош намуда, дар оянда барои миллати соҳибтамаддуни худ ҳамчун кадрҳои баландихтисос хизмати арзандаро анҷом диҳанд.

Албатта, дар баробари чораандешии давлату Ҳукумати кишвар доир ба рушди соҳаи маориф таҳкими робитаи оила бо мактаб, таълиму тарбияи фарзандони солиму боодоб ва соҳибмаърифату донишманд, инчунин дар шуури насли наврас густариш додани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, рӯҳияи ифтихор аз таъриху фарҳанги волои миллӣ, худогоҳӣ ва худшиносӣ, омӯзиш ва таблиғи анъанаву суннатҳои беҳтарини миллӣ ва эҳтироми арзишҳои неки умумибашарӣ вазифаи муқаддаси волидайн ва аҳли ҷомеа маҳсуб меёбад.

Маҳз бо ҳамин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул карда шуд ва волидайн бояд ба хотири тарбияи насли ояндасози ҷомеа, фарзандоне, ки номбардори падару модари худ ва миллату давлати соҳибистиқлоли хеш шуда тавонанд, ҳамаи имкониятҳои худро сарф намоянд. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ғамхорӣ ба насли имрӯз ва фароҳам овардани шароит барои таълиму тарбияи он – ғамхорӣ барои ояндаи ободи давлат, миллат ва ҷомеа мебошад.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар аз фурсати муносиб истифода намуда, Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдаконро ба аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб самимона шодбош гуфта, ба ҳамаи кӯдакону наврасони диёр саломатӣ, шукуфоӣ, рӯзгори босаодатро орзумандем.


Вакти нашр: 2021-06-01 12:45:12    Хонданд: 29    Муфассал...

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

31 май таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, таҳти рақами 260 “Дар бораи Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021” ҳисоботи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Мақсади асосии Барнома рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дастрасии он барои аҳолӣ, оммавигардонии варзиш, таъмини самаранокии машғулиятҳои ҷисмонии аҳолӣ ва ба ин васила пайдо намудани наврасону ҷавонони болаёқат барои расидан ба натиҷаҳои баланди варзишӣ дар сатҳи мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳо амалисозии Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021-ро таъмин намоянд.

Дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии сейсмикӣ” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амнияти нақлиётӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аъзои Ҳукумати мамлакат масъалаҳо Дар бораи Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Дар бораи Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Барномаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор барои солҳои 2021-2025 ва Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021-2025, инчунин Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро муҳокима карданд.

Дар охири кори маҷлис Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо вобаста ба иҷрои ҳатмии супоришҳои қаблии Ҳукумати мамлакат ва маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили парвардаи заҳматкашон, аз қабили ғалладонагиҳо, мевагӣ, сабзавот ва полезиҳо, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат ва суръатбахшии кишти такрорӣ, супоришҳо доданд.


Вакти нашр: 2021-06-01 13:11:12    Хонданд: 44    Муфассал...

ИДОМАИ АМАЛИЁТИ ҲИЗБИИ “ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН!” ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2021 амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”-ро дар кумитаи ташкилотҳои ибтидоии ноҳияҳои пойтахт баргузор намуда истодааст.

Дар ҳамин росто аз ҷониби гурӯҳи назоратии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Бостоншинос” ва “Суѓуртаи Душанбе”-и ноҳия дидан намуда, оид ба корҳои ҳизбӣ, аз ҷумла ҳаракати аъзои ҳизб, иҷроиши Барнома ва Оинномаи ҲХДТ маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ячейкаи асосии ҲХДТ ба шумор рафта, барои ноил шудан ба муваффақияту музаффариятҳо саҳми арзанда мегузоранд ва дар амалигардонии Барнома ва Оинномаи ҲХДТ нақши калидӣ доранд.

Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани нуфузу мартабаи ҲХДТ дар дигар кумитаю ташкилотҳо идома дорад.

 

 


Вакти нашр: 2021-06-01 15:31:23    Хонданд: 65    Муфассал...

АКСИЯИ ҲИЗБӢ: КӮДАКОНЕ ДАР ВАТАНИ ОФТОБРӮЯ

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон” аксияи таблиғотиро унвонии “Кӯдаконе дар ватани офтобрӯя” гузарониданд.

Аксияи мазкур дар хиёбони Рӯдакӣ ва гулгашти маҷмааи тиҷоратии “Садбарг” ташкил гардида, ба кӯдакони хушбахти Ватан анвои шириниҳо, кулчақандҳо ва бозичаҳои хушҳолкунанда тақдим намуданд.

Воқеан ҳам хушбатии ҳар як оила кӯдакон буда, муваффақияти оила камолоти фарзанд бо таълуму тарбияи дуруст ва касбу ҳунари муосир мебошад.

Аз ин лиҳоз мебояд, ки мо кӯдакону наврасон, алалхусус фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, рӯҳияи ифтихор аз таъриху фарҳанги волои миллӣ, худогоҳӣ ва худшиносӣ, омӯзиш ва таблиғи анъанаву суннатҳои беҳтарини миллӣ ва эҳтироми арзишҳои неки умумибашарӣ тарбият ва ба камол расонем.


Вакти нашр: 2021-06-02 08:05:44    Хонданд: 55    Муфассал...

АКСИЯИ ҲИЗБӢ: КӮДАКОНЕ ДАР ВАТАНИ ОФТОБРӮЯ

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон” аксияи таблиғотиро унвонии “Кӯдаконе дар ватани офтобрӯя” гузарониданд.

Аксияи мазкур дар хиёбони Рӯдакӣ ва гулгашти маҷмааи тиҷоратии “Садбарг” ташкил гардида, ба кӯдакони хушбахти Ватан анвои шириниҳо, кулчақандҳо ва бозичаҳои хушҳолкунанда тақдим намуданд.

Воқеан ҳам хушбатии ҳар як оила кӯдакон буда, муваффақияти оила камолоти фарзанд бо таълуму тарбияи дуруст ва касбу ҳунари муосир мебошад.

Аз ин лиҳоз мебояд, ки мо кӯдакону наврасон, алалхусус фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, рӯҳияи ифтихор аз таъриху фарҳанги волои миллӣ, худогоҳӣ ва худшиносӣ, омӯзиш ва таблиғи анъанаву суннатҳои беҳтарини миллӣ ва эҳтироми арзишҳои неки умумибашарӣ тарбият ва ба камол расонем.


Вакти нашр: 2021-06-02 08:05:44    Хонданд: 21    Муфассал...

МО БО ШУМОЕМ

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи фармоиши муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои осебпазири ҷомеа, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва ғамхорӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд ва маъюбон, яъне ин гурӯҳи барои ҷомеаи мо азиз дар доираи чорабиниҳои ҷашнии бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ноҳиявии озмуни “Мо бо шумоем”-ро баргузор намуд.

Дар оғоз нахуст Исҳоқӣ Ҳусния-муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо сухани табрикотӣ баромад намуда, иброз доштанд, ки баргузории озмуни “Мо бо шумоем” бори нахуст дар саросари кишвар миёни ин гурӯҳи алоҳидаи ҷомеа баргузор карда мешавад. Воқеан ин озмун возеҳ менамояд, ки давлату Ҳукумат нисбат ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус дорад ва онҳоро ҳамеша дастгирӣ менамояд.

Дар “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” баргузории чунин озмун аз манфиат холӣ набуда, ба хотири риоя, эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст.

Лозим ба тазаккур аст, ки озмуни мазкур дар ноҳия дар сатҳи мактабҳо ва маҳаллаҳо баргузор гардид, ки дар даври ноҳиявии он 16-нафар наврасону кӯдакони маъюб ва имконияташон маҳдуд иштирок намуданд. Дар озмуни “Мо бо шумоем” наврасони аз 6 то 18 сола аз рӯйи наминатсияҳои маҳорати суханварӣ ва қироати шеър, сурудхонӣ ва навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ ҳунарнамоӣ намуда, аҳли нишастро ба олами андеша ва дунёи рангоранги ҳунару сухан сайр доданд.

Ҳамаи иштирокчиёни фаъол бо диплом, ифтихорнома, туҳфаҳои хотирравӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, туҳфаҳо аз тарафи Ректори Консерваторияи милии Тоҷикистон ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Ҳайъати комиссияи тадорукотии озмун барои ҳавасмандии иштирокчиён як ҷойи 1-ум, ду ҷойи 2-юм ва се ҷойи 3-юм пешниҳод намуданд.

Комиссияи озмуни мазкур ҳунарнамоии ҳар иштирокчиро аз рӯйи наминатсияи баромадкардааш аз лиҳози мазмуну муҳтаво, завқу салиқаи иштирокчиён ва маҳорати эҷодии онҳо аз 6 (шаш) то 10 (даҳ) хол баҳогузорӣ намуданд. Аз руйи санҷиш ва пешниҳоди аъзои комиссияи тадорукортии озмуни “Мо бо шумоем” довталабони зерин сазовори чунин ҷойҳо гардиданд:

Ҷойи якум насиби Абдуалиева Заҳро аз Гимназияи №2, синфи 1,

Ҷойи дуюм насиби Давлатов Шаҳром аз Гимназияи №2, синфи 2,

Ҷойи дуюм насиби Темуров Эмомаҳдӣ аз МТМУ № 107, синфи 5,

Ҷойи сеюм насиби Фаридунзода Амина аз МТМУ № 71, синфи 4,

Ҷойи сеюм насиби Самиров Амрихудо аз МТМУ № 48, синфи 3,

Ҷойи сеюм насиби Ахмедова Фотима аз МТМУ № 29, синфи 7.

Ба ҳамаи ғолибон диплом, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳо аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон тақдим гардид.

Инчунин, донишҷӯёни имконияташон маҳдуд ва маъюб дар чорабинии ғайриконкурсӣ баромад намуданд ва бо ифтихорномаву туҳфаҳои пулию хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ба масъулин, устодон ва мураббиёни ғолибони даври ноҳиявӣ таъкид карда шуд, ки беш аз пеш омодагӣ дида, бо тайёрии мукаммал дар даври ниҳоии озмуни “Мо бо шумоем” фаъолона иштирок намоянд.


Вакти нашр: 2021-06-02 08:48:57    Хонданд: 88    Муфассал...

ВОХӮРӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МАКТАБИ МУСИҚӢ"

Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии "Мактаби мусиқӣ"-и мактаб- интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З.Шоҳидӣ бо аъзоёни фаъоли ҲХДТ ва кормандони он, бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ - Абдураҳим Шоҳиён вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Абдураҳим Шоҳиён вобаста ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, пешбинӣ ва таҳлили равандҳои гуногуни глобализатсия дар шароити мураккаб гаштани авзои сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, вусъат бахшидан ба бунёдкориҳо ва саҳм гузоштан ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвият бахшидани фаъолияти дохилиҳизбӣ дар амалигардонии ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ суханронӣ намуданд.


Вакти нашр: 2021-06-02 09:00:09    Хонданд: 76    Муфассал...

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар карданд.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони нақлиёт, фарҳанг, маориф ва илм, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»


Вакти нашр: 2021-06-02 09:51:21    Хонданд: 74    Муфассал...

Сафари расмии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон оғоз шуд

2 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Исломобод — пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари мизбон бо самимияти олӣ истиқбол гирифтанд.

Барои пазироии меҳмони олимақом фурудгоҳ бо аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Покистон, парчамҳои ҳарду давлат ва шиору овезаҳо, оро ёфта, горди фахрӣ саф ороста буд.

Тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ ба ифтихори Меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик сар дода шуд.

Оғози сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон 02.06.2021


Вакти нашр: 2021-06-02 13:16:28    Хонданд: 69    Муфассал...

ИДОМАИ АМАЛИЁТИ ҲИЗБИИ “ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН!” ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2021 амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”-ро дар кумитаи ташкилотҳои ибтидоии ноҳияҳои пойтахт баргузор намуда истодааст.

Дар ҳамин росто аз ҷониби гурӯҳи назоратии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Шаҳодатномаи ҳизби ифтихори ман” “Шавқат”-и ноҳия дидан намуда, оид ба корҳои ҳизбӣ, аз ҷумла ҳаракати аъзои ҳизб, иҷроиши Барнома ва Оинномаи ҲХДТ маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ячейкаи асосии ҲХДТ ба шумор рафта, барои ноил шудан ба муваффақияту музаффариятҳо саҳми арзанда мегузоранд ва дар амалигардонии Барнома ва Оинномаи ҲХДТ нақши калидӣ доранд.

Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани нуфузу мартабаи ҲХДТ дар дигар кумитаю ташкилотҳо идома дорад.

 

 


Вакти нашр: 2021-06-02 15:49:53    Хонданд: 86    Муфассал...

ИДОМАИ АМАЛИЁТИ ҲИЗБИИ “ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН!” ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2021 амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”-ро дар кумитаи ташкилотҳои ибтидоии ноҳияҳои пойтахт баргузор намуда истодааст.

Дар ҳамин росто аз ҷониби гурӯҳи назоратии ноҳияи Шоҳмансур аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Давобахш” “Зиддиинҳисорї”-и ноҳия дидан намуда, оид ба корҳои ҳизбӣ, аз ҷумла ҳаракати аъзои ҳизб, иҷроиши Барнома ва Оинномаи ҲХДТ маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ячейкаи асосии ҲХДТ ба шумор рафта, барои ноил шудан ба муваффақияту музаффариятҳо саҳми арзанда мегузоранд ва дар амалигардонии Барнома ва Оинномаи ҲХДТ нақши калидӣ доранд.

Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани нуфузу мартабаи ҲХДТ дар дигар кумитаю ташкилотҳо идома дорад.

 

 


Вакти нашр: 2021-06-02 16:16:20    Хонданд: 77    Муфассал...

ТОҶИКИСТОН & ПОКИСТОН. Ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми гардиши молро то 500 млн доллар бирасонанд

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмии дурӯза  ба  Ҷумҳурии Исломии Покистон рафтанд. Сарвари давлати мо бо даъвати Сарвазири Покистон Имрон Хон ба он кишвар ташриф оварданд.

Тавре Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ҷонибҳо ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун, ба шумули иқтисодиёт, тиҷорат, сиёсат, сармоягузорӣ, амният, мудофиа, фарҳанг, маориф ва робитаҳои минтақавӣ баррасӣ мекунанд.

Интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон инчунин бо Президенти Покистон Ориф Алавӣ мулоқотҳои дуҷониба  анҷом медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 1994  инҷониб Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳафт маротиба ба  Покистон ташриф  овардааст. Бори охир моҳи марти соли 2017 он кас  дар нишасти Созмони ҳамкории Шанхай  иштирок намуда буданд.

Ба ғайр аз ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Покистон Имрон Хон дар доираи Форуми дуввуми «Як камарбанд, як роҳ», ки дар Пекин сурат гирифта буд, мулоқот карданд (ДАР АКС). 10 ноябри соли 2020 Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон дар мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ, ки аз ҷониби раёсаткунанда дар ин Созмон — Россия дар шакли видеоконфронс ташкил шуда буд, иштирок карданд.

«Покистон ва Тоҷикистон муносиботи наздики бародаронаро бар бунёди эътиқодот ва таърихи муштарак, қаробати фарҳангӣ нигоҳ медоранд. Ду кишвар дар масъалаҳои калидии минтақавӣ ва байналмилалӣ нуқтаи назари муштарак доранд ва дар форумҳои гуногуни бисёрҷониба ба таври зич ҳамкорӣ мекунанд», — зикр гардидааст  дар иттилоияи Вазорати корҳои хориҷии Покистон.

Тоҷикистонро аз Покистон долони Вахон — қитъаи борики замин дар ҳудуди Афғонистон, ки то Чин домон густурдааст, ҷудо мекунад. Ин долон, ки дар байни кӯҳҳои Помир дар шимол ва силсилакӯҳи Қароқурум дар ҷануб ҷойгир аст, тақрибан 350 км дарозӣ дорад.

Ёдовар мешавем, ки муносиботи дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Покистон 6 июни соли 1992 барқарор шуда буданд.

Аз моҳи феврали соли 2019 Исматулло Насриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад ва аз моҳи июни соли 2019 ҷаноби Имрон Ҳайдар ҳамчун Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Соли 1993 Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе сафорати худро ифтитоҳ намуд ва аз аввали соли 1994 он ба фаъолият шурӯъ кард.

Соли 1997 Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 23 феврали соли 2005 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Исломобод ба кор шурӯъ карданд.

Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Покистон ба шарофати кӯшишҳои фаъоли ҳарду ҷониб босуръат рушд  меёбанд.

Дар тӯли 27 соли муносиботи ду кишвар, сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон (солҳои 1994, 1996, 1997, 2004, 2011, 2015 ва 2017) сурат гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон бо сафари расмӣ ва корӣ 2-3 июни соли 2002, 28-30 июли соли 2009, 1-2 сентябри соли 2011, 24-26 марти соли 2012 ва 19-22 июни соли 2018 ба Тоҷикистон ташриф овардааст.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 1998, 29-31 сентябри соли 2004, 20-21 ноябри соли 2014 ва 8-9 декабри соли 2015 бо сафари расмӣ ва корӣ аз Ҷумҳурии Исломии Покистон боздид кардааст.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон моҳи апрели соли 2002, 1-2 сентябри соли 2011 ва 11-12 октябри соли 2018 бо сафари расмӣ ва корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст.

Дар Душанбе ва Исломобод чор даври машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор шудааст.

Асоси ҳуқуқии муносиботи дуҷонибаи байни ду давлат тақрибан аз 60 созишнома ва ёддоштҳои тафоҳуми байниҳукуматӣ ва соҳавӣ иборат аст.

Байни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ — иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ фаъолият мекунад, ки механизми калидии рушди ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ маҳсуб мешавад. Комиссия то ин замон шаш ҷаласа баргузор кардааст. Ҷаласаи шашуми Комиссияи байниҳукуматӣ 2 июли соли 2019 дар Душанбе баргузор шуда буд.

18-20 июли соли 2010, 8-9 марти соли 2011 ва 24-26 майи соли 2017 дар шаҳрҳои Душанбе ва Исломобод Форумҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон баргузор шуда буданд.

Дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон (11-13 ноябри соли 2015) Шӯрои муштараки тиҷоратии Тоҷикистон ва Покистон таъсис ёфт ва ҷаласаи якуми он дар Исломобод доир шуд.

Дар соли 2019 гардиши мол байни ду кишвар 56 миллиону 290,1 ҳазор доллар, аз ҷумла, содирот 10 миллиону 395,5 ҳазор доллар ва воридот 45 миллиону 894,6 ҳазор долларро ташкил намуд. Ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми гардиши молро ба 500 миллион доллар бирасонанд.

Мавриди зикр аст, ки  айни замон ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар Покистон қарор дорад ва дар конфронси дуюми Ассамблеяи Парлумонии Созмони ҳамкории иқтисодӣ аз 29 май то 4 июн иштирок мекунад.

АКС аз  Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»


Вакти нашр: 2021-06-02 17:24:57    Хонданд: 80    Муфассал...

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон

2 июн сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Покистон бо баргузории маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар қароргоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон оғоз ёфт.

Мавриди зикр аст, ки ба истиқболи меҳмони олиқадр фурудгоҳи байналмилалӣ ва кӯчаву хиёбонҳои марказии шаҳри Исломобод бо парчамҳои ду кишвар, аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазир ва Президенти Покистон Имрон Хон ва Ориф Алвӣ, инчунин шиору овезаҳои ифодакунандаи дӯстии мардумони ду давлат оро ёфтааст.

Ба ифтихори сафари расмӣ ва пазироии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Покистон қароргоҳи Сарвазири ин кишвар низ бо шукӯҳи хоса омода гардидааст.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири кишвари мизбон муҳтарам Имрон Хон гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват кард.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ оғоз ёфта, бо садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти меҳмони олимақом  аз назди сафи горди фахрӣ, арзи салом ба сарбозон ва эҳтиром ба Парчами давлатии кишвари мизбон ҷараён гирифт.

Дар поёни маросими истиқболи расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон бо аъзои ҳайатҳои расмии ду ҷониб шинос шуданд.

Баъди шиносоӣ бо ҳайатҳои расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ниҳоли дӯстӣ шинонданд.

Ҷойи таъкид аст, ки ҷараёни маросими истиқболи расмӣ тавассути бисёр шабакаҳои телевизионии Покистон ба таври мустақим намоиш дода шуд.

Ҳамчунин хотиррасон бояд намуд, ки рафти омодагӣ ба ин сафар ва ҷараёни он дар воситаҳои ахбори оммаи Покистон хеле васеъ инъикос меёбад.

Маросими истиқболи расмӣ дар қароргоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон 02.06.2021


Вакти нашр: 2021-06-02 17:29:00    Хонданд: 85    Муфассал...

Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон

Баррасии масоили вобаста ба рушди минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон оғоз ёфта, зимни музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.

Дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои кишварҳо, инчунин, масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироӣ ва меҳмоннавозии гарму самимии ҷониби Покистон изҳори сипосу хушнудӣ карда, доир ба аҳамияти муносиботи ду кишвар чунин гуфт: “мо ҷойгоҳи геостратегии Покистон ва нуфузи онро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом муҳим мешуморем. Мо омодаем тамоми имкониятҳоро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳо ва ҳамкории кишварҳоямон ҳадафмандона истифода барем”.

Зимни музокироти расмӣ доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, илму маориф, фарҳанг, амният ва дигар самтҳои робитаҳои барои ҳар ду давлат судманд, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки бо дарназардошти воқеияти имрӯза, аз ҷумла вобаста ба пандемияи КОВИД-19 рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, нақлиёт, алоқа, кишоварзӣ, саноат ва ҷалби сармоя, бояд яке самтҳои асосии талошҳои муштараки ҷонибҳо бошад.

Зарур шумурда шуд, ки ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми тиҷорати дуҷониба ва тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ, фаъолияти самарабахши Комиссияи муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ идома бахшида шуда, ҳамзамон кори Шӯрои муштараки соҳибкорон ва Гурӯҳи кории муштарак оид ба энергетика ва инфрасохтор фаъол гардонида шавад.

Татбиқи муштараки лоиҳаи САSA-1000 дар соҳаи энергетика намунаи олии ҳамкории ду кишвар мебошад ва яке аз масъалаҳои муҳим дар доираи лоиҳаи САSA-1000 саривақт анҷом додани корҳои сохтмонию васлкунӣ ба шумор меравад.

Соҳаи нақлиёт яке аз самтҳои афзалиятноки робитаҳои ду кишвар буда, Тоҷикистон омодаи тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар ин соҳа, алалхусус, доир ба пайвастани Тоҷикистон бо бандарҳои баҳрии Покистон — Қарочӣ ва Гвадар аз тариқи ташаккул додани долонҳои транзитиву нақлиётӣ мебошад.

Ба роҳ мондани парвозҳои боркашонии (карго) байни ду кишвар омили афзоиши табодули молу маҳсулот маънидод гардид.

Бояд гуфт, ки ба мақсади тавсеаи ҳамкориҳо дар самти ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматии сеҷониба оид ба ҳамлу нақли транзитӣ ва тиҷорат байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон таҳия гардидааст ва дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад.

Вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи саноат пешниҳод гардид, ки ҳамкории ҷонибҳо дар бахши саноати сабук ва коркарди маҳсулот, инчунин дорусозӣ, таъсис додани корхонаҳои муштараки саноатии истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон бо иштирок ва сармоягузории ширкатҳои покистонӣ ба роҳ монда шавад.

Дар соҳаи кишоварзӣ ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои чорводорӣ, растанипарварӣ, мубодилаи таҷриба дар самти селексияи тухмии зироатҳои ғалладонагӣ, лубиёгӣ, равғандиҳанда ва бозомӯзии мутахассисони тарафҳо, ҳавасмандии худро иброз доштанд.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ, бахусус таъмини амнияти минтақа, Тоҷикистон ва Покистон дар масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ — терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, шарики табиӣ номида шуд.

Дар робита ба вазъи мураккаби сиёсии кишвари ҳамсояи Афғонистон таъкид шуд, ки Тоҷикистон хоҳони ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу субот дар он мебошад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки робитаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар оянда низ тавсеа ёфта, ба манфиати ду мардуми дӯст хизмат хоҳанд кард.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии ҳукумат ва мардуми Покистон изҳори сипоси беандоза карда, аз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон ҷиҳати анҷом додани сафари ҷавобии расмӣ ба Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон 02.06.2021


Вакти нашр: 2021-06-02 17:32:33    Хонданд: 63    Муфассал...

Маҳмадтоир Зокирзода : «Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар минтақа ҳамчун таҳрикбахшандаи равандҳои ҳамгироӣ нақши муҳим мебозад»

Имрӯз Конфронси дуюми  Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Асад Қайсар кори худро идома дод, ки дар он сарони ҳайатҳои расмии парлумонҳои кишварҳои аъзои Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов аз шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар Конфронси мазкур вобаста ба масъалаи рӯзномаи нишаст «Пешбурди шарикии парлумонӣ барои ҳамгироии минтақавӣ» суханронӣ намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон М. Зокирзода изҳор дошт, ки ин ҳамоиш дар тақвияти саҳми Ассамблеяи парламентии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ дар минтақа ҳамчун таҳрикбахшандаи равандҳои ҳамгироӣ нақши муҳим бозида, барои рушди минбаъдаи  муносибатҳои самараноки тиҷоратӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ заминаи боэътимод мегузорад.

Зикр шуд, ки тақвият бахшидани равандҳои ҳамгироӣ ва густариши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ дар доираи Ассамблеяи парламентии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ барои рушди кооператсияи саноатӣ дар байни кишварҳои минтақа шароит фароҳам оварда, дар ин замина ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва дар ниҳояти кор ба ноилшавӣ ба ҳадафҳои ниҳоии сиёсати давлатҳо – коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва таъмини некўаҳволии мардумон мусоидат менамояд.

“Дар ин радиф нақши созандаи Парлумонҳои кишварҳои аъзои Ассамблеяи парламентии Созмони Ҳамкории Иқтисодиро ҳамчун ниҳоди ҳуқуқэҷодкунӣ ва механизми таҳияи стандартҳои ягонаи ҳуқуқии кишварҳоямон махсусан таъкид карданӣ ҳастам. Айни замон кишварҳои аъзои Ассамблеяи парламентии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас доранд”, — тазаккур дод М. Зокирзода.

Ӯ илова намуд, ки дар сохтори содироти ҷумҳурӣ ба кишварҳои минтақа асосан нерўи барқ, алюминий ва нахи пахта бартарият доранд. Воридот аз кишварҳои минтақа бошад, сўзишворию  равғанҳои молиданӣ, нерўи барқ, гази табиӣ, ғалладона ва маводи ғизоиро дар бар мегирад.

Дар баробари ин, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ дар дохили минтақа феълан танҳо бо амалиётҳои содиротиву воридотӣ маҳдуд мебошанд.

Дигар шаклу усулҳои ҳамкории мутақобилан судманд, аз қабили татбиқи лоиҳаҳои муштарак, таъсиси корхонаҳои муштарак, ба роҳ мондани кооператсияи илмиву истеҳсолӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав  ва имкониятҳои дигари густариши тиҷорати байниҳамдигарӣ ҳанўз ҳам беҳбудиро тақозо менамоянд.

Дар ин радиф аз Парлумонҳои кишварҳои аъзо тақозо мегардад, ки барои иҷрои созишномаҳои қабулгардида мусоидат намоянд.

“Мавриди зикри хос аст, ки санадҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ассамблеяи парламентии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ баимзорасида ва батасвибрасида, аз ҷумла Созишнома дар бораи тиҷорати транзитӣ, Созишнома дар бораи боркашонии транзитӣ дар минтақа ва Созишномаи тиҷоратии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ барои рушди тиҷорат, ҳамчун унсури асосии ҳамкориҳои минтақавӣ дар кишвари мо ниҳоят муҳим арзёбӣ мегарданд, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон М. Зокирзода ва илова намуд — дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷҳои содиротии гумрукӣ бекор карда шуда, ягон хел маҳдудиятҳои нави миқдорӣ барои содирот ва ё тадбирҳои ба онҳо баробар ҷорӣ карда нашудаанд, ки онҳо ба талаботи қонунгузории Ассамблеяи парламентии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ мутобиқат менамоянд”.

Дар идома зикр шуд, комилан равшан аст, ки дар ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ягон давлате мустақилона ба ҳалли масоили глобалии ҷойдошта, бахусус дар шароити рақобати шадид дар бозорҳои молии ҷаҳонӣ, қодир нест.

Ва танҳо дар асоси ташкили ҳудуди ягонаи иқтисодӣ ва ҳамгироии зичи дохилиминтақавӣ мо метавонем рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем.

“Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад, ки дар оянда низ дар фаъолияти Ассамблеяи парламентии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ пурсамар иштирок намуда, сатҳу сифати ҳамкориҳои бисёрҷонибаи худро баланд бардорад. Тоҷикистон мудом ҷонибдори тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратии минтақавӣ дар доираи  Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ба манфиати шукуфоии мардумони кишварҳои аъзои Созмон буду мебошад.

Тоҷикистон ба сифати самтҳои муҳимтарини ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи Созмон масъалаҳои ташкили низоми мукаммали транзитию нақлиётӣ, соддагардонии расмиёти тиҷорат, рушди савдои наздисарҳадӣ, истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои обиву энергетикӣ, ташаккули системаи ягонаи энергетикӣ ва гардишу мубодилоти озоди молҳо ва қувваи кориро пешниҳод намуда, дар амалӣ намудани ин ҳадафҳо нақши Парлумонҳои кишварҳои аъзоро муҳим арзёбӣ менамояд.

Ба назари мо, яке аз роҳҳои қобили қабули амалӣ намудани барномаҳои самараноки иқтисодӣ ин ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад. Минтақаҳои мазкур чун омили таҳрикбахши рушд ба тавсиаи фаъолияти иқтисодӣ, тақвият ёфтани тиҷорати минтақавӣ ва транзити молҳо мусоидат хоҳанд кард”, — иброз дошт М. Зокирзода.

Раиси Маҷлиси намояндагон тазаккур дод, ки аксари кишварҳои Ассамблеяи парламентии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ дар ин самт таҷрибаи ғанӣ  доранд. Намунаи мисол, феълан дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чор минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шуда, дар онҳо барои фаъолияти шарикони имконпазири хориҷӣ шароитҳои мусоиди ҳуқуқию сармоягузорӣ фароҳам оварда шудаанд.

“Бояд таъкид намоям, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои барқароршаванда, хеле арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи гидроэнергетикӣ мебошад. Ҳоло дар Тоҷикистон ҳамагӣ 3,2 фоизи иқтидори гидроэнергетикии ҷумҳурӣ истифода бурда мешаваду халос.

Захираҳои солонаи гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 млрд. квт.соатро ташкил медиҳанд, ки ин аз талаботи хозираи кишварҳои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ  се баробар зиёд аст.

Ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ба раванди ҳамгироии минтақавӣ таъсиргузор мебошад. Умедворам, ки ниҳодҳои минтақавию байналмилалӣ фаъолияти худро минбаъд низ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи энергетикии CASA-1000 фаъолтар намуда дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳо ва таъмини суботи минтақавӣ нақши калидӣ хоҳанд гузошт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он манфиатдор аст, ки Ассамблеяи парламентии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар татбиқи лоиҳаҳои тиҷорати минтақавии нерўи барқ байни Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Эрон устуворӣ зоҳир намуда, дар масъалаҳои дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории татбиқи ин лоиҳаҳо мусоидат намояд. Зеро ин тадбир ба беҳдошти сатҳу сифати зиндагии миллионҳо нафар мардуми минтақа оварда мерасонад.

Тоҷикистон ҷонибори дастгирии ҳаматарафаи кўшишҳо вобаста ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Созмон мебошад. Айни замон фаъолият Созмон  бояд ба он нигаронида шавад, ки ҳамкориҳои мутақобила дар доираи Ассамблеяи парламентии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ боздеҳи калон дошта бошанд, нақши ҳамоҳангсозандагии Ассамблеяи парламентии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ тақвият ёбад ва мутобиқшавии ин созмон ба вазъи имрўза ва  тағйиротҳои минбаъдаи иқтисоди ҷаҳон таъмин карда шавад.

Мутмаинам, ки татбиқи муштараки барнома ва консепсияҳои дар доираи Ассамблеяи Парламентии Созмони ҳамкории иқтисодӣ қабулгардида ба ҳавасмандгардонӣ ва рушди истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва барои расидан ба ҳадафҳои рушд таккони ҷиддӣ мебахшад”, — изҳор дошт М. Зокирзода.

Сипас, аз рўи масъалаи баррасишуда миёни сарони парлумонҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва дигар иштирокдорони Конфронс баромадҳо ва муҳокимарониҳои судманд сурат гирифт.

Дар хотимаи кори Конфронс вобаста ба масъалаҳои муҳокимашуда қарори дахлдор қабул карда шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар доираи сафараш ба Ҷумҳурии Исломии Покистон бо Раиси Ассамблеяи миллии  Ҷумҳурии Исломии Покистон Асад Қайсар ва бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Мустафо Сентоп мулоқот намуд.

 


Вакти нашр: 2021-06-02 17:39:19    Хонданд: 73    Муфассал...

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Покистон ва нишасти матбуотии сарони давлатҳо

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Имрон Хон маросими имзои 12 санади нави ҳамкорӣ баргузор гардид.

Зери “Эъломияи муштарак дар бораи иқдомҳои баъдӣ ҷиҳати сохтани шарокати стратегӣ барои ҳамбастагии минтақавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон имзо гузоштанд.

Сипас, дар ҳузури сарони давлатҳо санадҳои зерин имзо карда шуд:

— Созишномаи ҳамкории академӣ миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Индуси Покистон;

— Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Кветтаи Балуҷистони Ҷумҳурии Исломии Покистон;

— Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Сиалкоти Ҷумҳурии Исломии Покистон;

— Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Лоҳури Ҷумҳурии Исломии Покистон;

— Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафгари миллии ҳисоби Ҷумҳурии Исломии Покистон;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва санъат;

— Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии забонҳои муосири Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон;

— Тафоҳумнома оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва таҳсилотӣ миёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии СОМSАТS-и Ҷумҳурии Исломии Покистон;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ;

— Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон.

Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохуриро неку назаррас арзёбӣ карданд.


Вакти нашр: 2021-06-02 17:54:32    Хонданд: 95    Муфассал...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Қабл аз ҳама, мехоҳам бори дигар ба муҳтарам Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷаноби Олӣ Имрон Хон, Ҳукумат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Исломии Покистон барои даъват ба кишвари зебоманзари Покистон ва пазироии гарму самимӣ сипоси амиқи хешро иброз намоям.

Мулоқоти имрӯзаи мо бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон чун анъана дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳуми комил сурат гирифтанд.

Ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаҳои музокироти имрӯзаи сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ менамояд.

Зимни суҳбати хосса ва музокироти созанда бо иштироки ҳайатҳо мо ҷанбаҳои умдаи муносибатҳои Тоҷикистону Покистонро дар самтҳои мухталиф баррасӣ карда, яксон будани мавқеи ҷонибҳоро доир ба аксари  масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба таъкид намудем.

Мо ба густаришу тавсеаи ҳамкориҳои мутаносибан судманди байни ду кишвари дӯст, ки дар ҳолати рушди бомаром қарор доранд, таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем.

Омодаем, ки ҷиҳати пешбурди минбаъдаи онҳо тамоми воситаҳои заруриро бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳарду кишвар истифода барем.

Тоҷикистон кишвари дӯсти Покистонро шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонад.

Мо аз раванди тамосҳои сиёсии доимии Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ ва савияи кунунии эътимоди комил байни ду давлат изҳори қаноатмандӣ менамоем.

Бастаи нави санадҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф, ки имрӯз ба имзо расиданд, асосҳои шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишварро боз ҳам таҳким бахшида, ҷиҳати пешбурди онҳо заминаи мусоиди ҳуқуқиро фароҳам меоваранд.

Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ яке аз ҳадафҳои муҳимму муштараки ҷонибҳост.

Нақши фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ дар ин раванд муҳим арзёбӣ гардид.

Дар ин росто, мо аҳаммияти беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақимро ба бахшҳои мухталифи иқтисодиёт таъкид кардем.

Ҳамзамон бо ин, нисбат ба солҳои қаблӣ афзоиш додани ҳаҷми табодули молу маҳсулот миёни ду кишвар таъкид гардид.

Ҷонибҳо дар зарфи се соли охир ташкил гардидани чор намоиши молу маҳсулоти Покистонро дар Тоҷикистон ва мунтазам барпо намудани намоиши “Истеҳсоли Покистон” дар Душанберо бо қаноатмандӣ зикр карданд.

Мо ба мувофиқа расидем, ки механизмҳои доимамалкунандаи ҳамкориҳои судманди ду кишвар, аз ҷумла Шӯрои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, инчунин  Гурӯҳи кории муштарак оид ба энергетика ва инфрасохторро баъди коҳиш ёфтани таъсири пайомадҳои ҳамагирии КОВИД-19 аз нав фаъол гардонем.

Дар соҳаи энергетика ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии хешро ҷиҳати идома додани ҳамкориҳои судманди миёни ду кишвар дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, бахусус дар доираи лоиҳаи КАСА-1000 изҳор намуд.

Мо омодагии худро ҷиҳати тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт, хоссатан ҷиҳати баромадани Тоҷикистон ба бандарҳои баҳрии Покистон — Қарочӣ ва Гвадар изҳор намудем.

Инчунин, масъалаи ба роҳ мондани парвозҳои боркашонӣ (карго) байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин ҷода Тоҷикистон алоқаманди пайвастан ба долонҳо ва лоиҳаҳои нақлиётии минтақавӣ мебошад.

Тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи саноат муҳим арзёбӣ гардид.

Ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро ба фаъолияти ширкатҳои покистонӣ дар соҳаи саноати сабуки кишвари худ зикр намуд.

Бо дарназардошти таҷрибаи ғании кишвари дӯст дар ин самт, мо пешниҳод намудем, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвари мо барои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ширкатҳои муштарак таъсис дода шаванд.

Мо ҷониби Покистонро бо фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон шинос кардем.

Ҷонибҳо аз тақвияти пайвастаи ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ ва тиб изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Тоҷикистон тавсеаи ҳамкориҳоро дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дар самти таҷдиди сохтори муассисаҳои тандурустӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маводи доруворӣ дар Тоҷикистон бо ҷалби сармояи покистонӣ, ҳамчунин ташкил ва расонидани кумаки тиббию санитариро дар рафъи ҳолатҳои фавқулода таъкид намуд.

Ҳамзамон бо ин, таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаи кишоварзӣ заминаву имкониятҳои хуби ҷуғрофӣ дошта, метавонанд дар самти ҳифзи амнияти озуқавории худ ва таъмини минтақа бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ ҳамкориҳояшонро тавсеа бахшанд.

Ҳозирини гиромӣ,

Вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир бо хатару таҳдидҳои худ моро водор месозад, ки барои раҳоӣ ёфтан аз мушкилиҳои печидаи он дар ҳамбастагӣ амал намоем.

Мо дастгирии худро аз талошҳои пайвастаи Покистон ба хотири таъмини сулҳу субот дар минтақа ва мубориза бо терроризми байналмилалӣ таъкид намудем.

Мо ба мувофиқа расидем, ки шарикии худро дар масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ — терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ идома мебахшем.

Зимни баррасии вазъи имрӯзаи минтақа қазияи Афғонистон дар маркази диққати мо қарор дошт.

Ҷонибҳо ба ҳамкориҳои муштарак дар эҳёи иқтисоди миллии Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Мо, ҳамсоякишварҳои Афғонистон ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвари азиятдида беш аз ҳама манфиатдорем.

Аз ин лиҳоз, ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон ҳамчун кишвари пайвандгари шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ, хоссатан барои кишварҳои ҳамсоя муҳим арзёбӣ мегардад.

Тоҷикистон аз роҳандозии ҳамагуна тарҳҳо, ки барои рушди ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва таъмини амнияти Афғонистон зарур аст, истиқбол менамояд.

Дӯстони азиз,

Мо аз ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ тақвияти ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмонои ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ намудем.

Мавриди зикр аст, ки имсол Тоҷикистон раёсати Созмони Ҳамкории Шанхайро ба ӯҳда дорад ва моҳи сентябри соли равон дар пойтахти кишвари мо ҷаласаи ҷашнии ин Созмон доир мегардад.

Дар ин росто мо даъвати худро аз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ Имрон Хон ҷиҳати боздид аз Тоҷикистон дар ин давра ва иштирок дар ин нишасти  Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмон таъкид кардем.

Дар баробари ин, мо аз Ҷаноби Олӣ барои анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар вақти барояшон муносиб даъват ба амал овардем.

Ба ҳамаи ҳозирини гиромӣ тансиҳативу муваффақиятҳо ва ба мардуми дӯсти Покистон сулҳу субот ва шукуфоӣ орзумандам.

Ташаккур.


Вакти нашр: 2021-06-02 17:57:59    Хонданд: 83    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ мулоқот намуданд

 2 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ мулоқот карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз даъвати ҷониби Покистон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ва имкони вохӯрӣ барои баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба изҳори сипосу қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкории гуногунҷанба ва таҳкими равобити ҳасана бо Ҷумҳурии Исломии Покистон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.

Ҷонибҳо оид ба афзоиши боз ҳам бештари додугирифт ва интиқоли молу маҳсулот изҳори ҳавасмандӣ карда, барои расидан ба ин ҳадаф таквияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии дуҷониба оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникиро зарур шумурданд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи саноат, кишоварзӣ, энергетика, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва нақлиёт, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Татбиқи лоиҳаи САSA-1000 дар самти рушди ҳамкории энергетикӣ ва ташаккули долонҳои транзитиву нақлиётӣ аз Тоҷикистон то бандарҳои баҳрии Покистон-Карочӣ ва Гвадар ҷиҳати тавсеа бахшидани муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт, ҳамчун омилҳои муҳими таҳкими робитаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд арзёбӣ гардид.

Таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ яке аз пояҳои устувори рушди муносибатҳо байни кишварҳо маънидод карда шуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо барои таъмини амният дар минтақа оид ба муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои глобалӣ — терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ табодули андеша карданд. Вобаста ба ҳалли қазияи Афғонистон таъкид гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз роҳандозии ҳама гуна тарҳҳо, ки барои эҳёи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини амнияти Афғонистон заруранд, истиқбол мекунад.

Дар охири сӯҳбати самимӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Ориф Алвӣ ҷиҳати боздид аз Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  


Вакти нашр: 2021-06-03 08:19:52    Хонданд: 51    Муфассал...

Анҷоми сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон

Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 2 то 3 июн дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷараён дошт, бо натиҷаҳои неку бобарор барои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Покистон, ба анҷом расид.

Ёдовар мешавем, ки зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазир ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ва дигар намояндагони воломақоми ин кишвар мулоқоту вохӯриҳои созанда анҷом доданд, ки аз руи натиҷаи онҳо 12 санади нави танзимкунандаи робитаҳо дар бахшҳои савдову саноат, нақлиёт, илму маориф, фарҳангу санъат ва ғайра ба имзо расид.

Дар фурудгоҳи шаҳри Исломобод меҳмони олиқадр - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари дӯсти Покистон ба таври шоиста ва самимӣ гусел карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Исломобод ба Ватан баргаштанд.


Вакти нашр: 2021-06-03 15:12:25    Хонданд: 94    Муфассал...

Дар Исломобод дурнамои робитаҳои Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шуд

2 июн дар чорчӯби сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои ду кишвар ва масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо ба аҳамияти тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ, фарҳангиву гардишгарӣ, ҳамкории байнипарлумонӣ таъкид карданд.

Тарафҳо сафари кунунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Покистонро самаранок арзёбӣ карда, изҳори итминон намуданд, ки санадҳои нави дар ҳузури роҳбарони ду кишвар имзогардида ба густариши бештари робитаҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун мусоидат хоҳанд кард.

Дар мулоқот инчунин масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


Вакти нашр: 2021-06-03 15:18:36    Хонданд: 60    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Содиқ Санҷронӣ мулоқот намуданд

3 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Содиқ Санҷронӣ мулоқот карданд.

Зимни мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонии кишварҳо баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи кунунии муносибатҳо байни ду давлат ва сатҳи тамосҳои сиёсии Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо барои боз ҳам фаъол гардонидани робитаҳои байнипарлумонӣ зарур шумурданд, ки тамосҳои ду кишвар тавассути гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ва умуман мақомоти қонунбарори ду кишвар идома дода шавад.

Таъкид гардид, ки барои пешбурди муносибатҳо ва ҷиҳати амалӣ сохтани талошҳои ду кишвар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо, иттилоот, фарҳангу маориф, тандурустӣ, алоқаи ҳавоӣ, мудофиа ва амният, мақомоти парлумонии ду кишвар метавонанд нақши муҳим дошта бошанд.

Дар охири мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки робитаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баробар бо манфиатҳои миллии ду ҷониб боз ҳам тавсеа ёфта, рушд хоҳанд кард.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии гарму самимӣ ва меҳмоннавозии давлат ва мардуми Покистон изҳори сипос карда, аз Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Содиқ Санҷронӣ ҷиҳати анҷом додани боздид аз сарзамини Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

Мулоқот бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Содиқ Санҷронӣ 03.06.2021


Вакти нашр: 2021-06-03 15:25:13    Хонданд: 75    Муфассал...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ мулоқот намуданд

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла робитаҳои ду кишвар дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 


Вакти нашр: 2021-06-03 15:36:21    Хонданд: 56    Муфассал...

Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон Покистонро шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонад»

Тоҷикистон кишвари дӯсти Покистонро шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонад. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дирӯз дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон изҳор доштанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки: «Мо аз раванди тамосҳои сиёсии доимии Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ ва савияи кунунии эътимоди комил байни ду давлат изҳори қаноатмандӣ менамоем».

Маврид ба зикр аст, ки бастаи нави санадҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф, ки дирӯз дар ҷараёни сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон ба имзо расиданд, асосҳои шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишварро боз ҳам таҳким бахшида, ҷиҳати пешбурди онҳо заминаи мусоиди ҳуқуқиро фароҳам меоваранд.

Тавре дирӯз АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Имрон Хон маросими имзои 12 санади нави ҳамкорӣ баргузор гардид.

Зери «Эъломияи муштарак дар бораи иқдомҳои баъдӣ ҷиҳати сохтани шарокати стратегӣ барои ҳамбастагии минтақавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон имзо гузоштанд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 6 июни 1992 барқарор шуд.

Бино ба маълумо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон (11.06.2020), сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон солҳои 1994, 1996, 1997, 2004, 2011, 2015 ва 2017 сурат гирифтаанд.

Пояи қарордодӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро наздики 60 адад созишномаю ёддоштҳои тафоҳуми байниҳукуматӣ ва соҳавӣ ташкил медиҳанд.

АКСаз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ


Вакти нашр: 2021-06-03 15:48:39    Хонданд: 65    Муфассал...

ИДОМАИ АМАЛИЁТИ ҲИЗБИИ “ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН!” ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2021 амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”-ро дар кумитаи ташкилотҳои ибтидоии ноҳияҳои пойтахт баргузор намуда истодааст.

Дар ҳамин росто аз ҷониби гурӯҳи назоратии ноҳияи Шоҳмансур аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Навсоз” ва  “Саҳм”-и ноҳия дидан намуда, оид ба корҳои ҳизбӣ, аз ҷумла ҳаракати аъзои ҳизб, иҷроиши Барнома ва Оинномаи ҲХДТ маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ячейкаи асосии ҲХДТ ба шумор рафта, барои ноил шудан ба муваффақияту музаффариятҳо саҳми арзанда мегузоранд ва дар амалигардонии Барнома ва Оинномаи ҲХДТ нақши калидӣ доранд.

Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани нуфузу мартабаи ҲХДТ дар дигар кумитаю ташкилотҳо идома дорад.

 

 


Вакти нашр: 2021-06-03 16:54:44    Хонданд: 69    Муфассал...

ИДОМАИ АМАЛИЁТИ ҲИЗБИИ “ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН!” ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2021 амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”-ро дар кумитаи ташкилотҳои ибтидоии ноҳияҳои пойтахт баргузор намуда истодааст.

Дар ҳамин росто аз ҷониби гурӯҳи назоратии ноҳияи Шоҳмансур аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Навсоз” ва  “Саҳм”-и ноҳия дидан намуда, оид ба корҳои ҳизбӣ, аз ҷумла ҳаракати аъзои ҳизб, иҷроиши Барнома ва Оинномаи ҲХДТ маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ячейкаи асосии ҲХДТ ба шумор рафта, барои ноил шудан ба муваффақияту музаффариятҳо саҳми арзанда мегузоранд ва дар амалигардонии Барнома ва Оинномаи ҲХДТ нақши калидӣ доранд.

Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани нуфузу мартабаи ҲХДТ дар дигар кумитаю ташкилотҳо идома дорад.

 

 


Вакти нашр: 2021-06-03 16:54:44    Хонданд: 27    Муфассал...

Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии "Исломшиносӣ"

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баҳри амалӣ намудани қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 30 апрели соли 2021, №7 дар бораи баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботии кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҲХДТ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шуруъ аз 1 июни соли 2021 ҷадвали баргузории маҷлисҳоро ба роҳ мондааст.

Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Исломшиносӣ” Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ бо иштироки Обидзода Фозил Саид- Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холиқзода Абдураҳим- Директори Маркази Исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷасур Раҳмонов - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва аъзоёни ҳизб иштирок намуданд.

Маҷлис аз руй се масъала:

1.Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, 2. Интихоби раиси ташкилот ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба сазовор тачлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Исломшиносӣ” шунида шуд.

Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома мутобиқи банди 3.2 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Давлатзода Муродулло бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Исломшиносӣ” озод карда ба ҷои ӯ Холиқзода Абдураҳим- Директори Маркази Исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷонибдории аксарият интихоб карда шуд.

Обидзода Фозил Саид- Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд намуд, ки миллати тоҷик ба шарофати ин дастовард, яъне расидан ба соҳибистиқлолӣ, дар зарфи 30 сол таҳти сарварии Пешвои миллат ба комёбиҳои назаррас ноил гардид, ки дар таърихи халқи мо назири худро надоранд.

Дар идома, Холиқзода Абдураҳим- директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми муносиб ва фаъолияти пурсамару натиҷабахш бо Сипосномаи ҲХДТ қадрдонӣ карда шуд.


Вакти нашр: 2021-06-03 17:24:21    Хонданд: 100    Муфассал...

ИДОМАИ АМАЛИЁТИ ҲИЗБИИ “ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН!” ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2021 амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”-ро дар кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ноҳияҳои пойтахт баргузор намуда истодааст.

Дар ҳамин росто имрӯз гурӯҳи кории тасдиқгардида дар ҳайати  мудири шуъбаи занони Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ – Бобоева Г., мутахассиси пешбари  шуъбаи умумӣ, назорат ва корҳои махсуси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ – Ахунова М., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Раҷабзода Э.,  мудири шуъбаи занони Кумитаи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ – Сафарова П. ва мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ Ҳаётзода А. аз  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Душанбе-шаҳрсоз” ва “Шаҳрсозӣ”-и ноҳияи Фирдавсӣ дидан намуда, оид ба корҳои ҳизбӣ, аз ҷумла ҳаракати аъзои ҳизб, иҷроиши Барнома ва Оинномаи ҲХДТ маслиҳатҳои муфид ба масъулини ташкилотҳо доданд.

Бояд қайд намуд, ки кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ячейкаи асосии ҲХДТ ба шумор рафта, барои ноил шудан ба муваффақияту музаффариятҳо саҳми арзанда мегузоранд ва дар амалигардонии Барнома ва Оинномаи ҲХДТ нақши калидӣ доранд.

Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани нуфузу мартабаи ҲХДТ дар дигар кумитаю ташкилотҳо идома дорад.

 


Вакти нашр: 2021-06-03 18:14:13    Хонданд: 86    Муфассал...

АМАЛИЁТИ ҲИЗБИИ “ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН!” ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ТЕКСТИЛ”

Имрӯз гурӯҳи корӣ дар ҳайати мудири шуъбаи занони Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ – Бобоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Раҷабзода Э. ва мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ Ҳаётзода А. баҳри амалигардонии дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 30 апрели соли 2021 амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”-ро дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Текстил”-и ноҳияи Фирдавсӣ баргузор намуда, оид ба корҳои ҳизбӣ, аз ҷумла ҳаракати аъзои ҳизб, иҷроиши Барнома ва Оинномаи ҲХДТ маслиҳатҳои муфид ба масъулини ташкилотҳо доданд.

Бояд қайд намуд, ки кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ячейкаи асосии ҲХДТ ба шумор рафта, барои ноил шудан ба муваффақияту музаффариятҳо саҳми арзанда мегузоранд ва дар амалигардонии Барнома ва Оинномаи ҲХДТ нақши калидӣ доранд.

Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани нуфузу мартабаи ҲХДТ дар дигар кумитаю ташкилотҳо идома дорад.

 


Вакти нашр: 2021-06-04 18:01:41    Хонданд: 68    Муфассал...

ИДОМАИ АМАЛИЁТИ ҲИЗБИИ “ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН!” ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

Имрӯз гурӯҳи кории ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баҳри амалигардонии дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 30 апрели соли 2021 амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”-ро дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Асрори Шифо”, “ЭҲЁ”, “Вавилон-М”, “Бозори Мергон” ва “Сарват-М”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор намуда, оид ба корҳои ҳизбӣ, аз ҷумла ҳаракати аъзои ҳизб, иҷроиши Барнома ва Оинномаи ҲХДТ маслиҳатҳои муфид ба масъулини ташкилотҳо доданд.

Бояд қайд намуд, ки кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ячейкаи асосии ҲХДТ ба шумор рафта, барои ноил шудан ба муваффақияту музаффариятҳо саҳми арзанда мегузоранд ва дар амалигардонии Барнома ва Оинномаи ҲХДТ нақши калидӣ доранд.

Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани нуфузу мартабаи ҲХДТ дар дигар кумитаю ташкилотҳо идома дорад.

 


Вакти нашр: 2021-06-04 18:15:34    Хонданд: 85    Муфассал...

ИДОМАИ АМАЛИЁТИ ҲИЗБИИ “ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН!” ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Имрӯз гурӯҳи кории ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баҳри амалигардонии дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 30 апрели соли 2021 амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”-ро дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Методист” ва “Ориёно” баргузор намуда, оид ба корҳои ҳизбӣ, аз ҷумла ҳаракати аъзои ҳизб, иҷроиши Барнома ва Оинномаи ҲХДТ маслиҳатҳои муфид ба масъулини ташкилотҳо доданд.

Бояд қайд намуд, ки кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ячейкаи асосии ҲХДТ ба шумор рафта, барои ноил шудан ба муваффақияту музаффариятҳо саҳми арзанда мегузоранд ва дар амалигардонии Барнома ва Оинномаи ҲХДТ нақши калидӣ доранд.

Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани нуфузу мартабаи ҲХДТ дар дигар кумитаю ташкилотҳо идома дорад.

 


Вакти нашр: 2021-06-04 18:44:22    Хонданд: 64    Муфассал...

СӢ ДАСТОВАРДИ МУҲИММИ ТОҶИКИСТОН ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Мутахассисони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро зикр кардаанд

Миллати тоҷик ба шарофати Истиқлоли давлатӣ дар зарфи 30 сол таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои назаррас ноил гардид, ки дар таърихи халқи мо назир надоранд. Мутахассисони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи омори то имрӯз дастрасбуда ва таҳлилҳо 30 дастоварди арзишмандро зикр кардаанд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатиро «арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик» дар замони муосир шумурдаанд. Дар ҳақиқат ҳам, дастёбӣ ба ин неъмати волотарин, ки барои ҳар як халқу миллат азизу муътабар аст, як сарчашмаи бебаҳоест, ки тамоми равандҳои дигари ҳаёти давлату миллатҳоро муайян месозад. Аз ҷумла, миллати тоҷик ба шарофати ин дастовард, яъне расидан ба соҳибистиқлолӣ, дар зарфи 30 сол таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат ба комёбиҳои назаррасе ноил гардид, ки дар таърихи халқи мо назири худро надоранд.

«Дастовардҳои зикршуда хеле зиёданд, вале аз байни онҳо мутахассисони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-тои онро тибқи омори то имрӯз дастрасбуда, ки дар арафаи ҷашни соҳибистиқлолӣ боз дақиқ карда мешавад, ҷудо намуданд. Аз нуқтаи назари мо, бояд дар мадди аввал чунин дастовардҳои муҳимми Тоҷикистон дар сӣ соли Истиқлоли давлатӣ номбар карда шаванд:

Аввалан, дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани он ва баромади нахустини Роҳбари давлати тоҷикон – Пешвои миллат аз минбари ин созмон.

Дуюм, ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати ин хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини фазои сулҳу оромӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар ва ба намунаи таҷрибаи нодир барои ҷаҳониён табдил ёфтани сулҳи тоҷикон.

Сеюм, оғози бунёди давлати миллӣ дар даврони муосир ва ташаккул ёфтани мактаби давлатдории миллии Пешвои миллат дар самти эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ, ки дар якҷоягӣ ҳамаи он ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар нигаронида шудаанд.

Чорум, муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва ноил гардидан ба унсурҳои асосии ин ҳадафҳо.

Панҷум, эҳёи расму оин ва фарҳанги миллии тоҷикон, ба ҳайси забони давлатӣ эътибори воқеӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии ҳалқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти доимии чеҳраҳои мондагор ва фарзандони баруманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ.

Шашум, ба Феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид намудани Саразм (соли 2010), Боғи миллии Тоҷикистон (соли 2013), ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани «Шашмақом» (соли 2008), Наврӯз (соли 2010), “Оши палав” (2016) ва “Чакан” (соли 2018), бо қарорҳои ЮНЕСКО арҷгузорӣ намудани як қатор шахсиятҳои фарҳангии тоҷикон ва рӯйдодҳои таърихии миллат.

Ҳафтум, ба тамоми оилаҳои кишвар дастрас намудани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Қуръон” бо тарҷума ба забони тоҷикӣ, гиромидошти Имоми Аъзам ва ҳанафия ба ҳайси мазҳаби суннатии миллат, ки садди роҳи гароиши мардум ба мазҳабҳои бегона гардид.

Ҳаштум, сохтмони нақб, пул ва роҳҳои бузурги автомобилгарду роҳи оҳан дар саросари кишвар ва ба як давлати пешрафта дар ҷаҳон ва миёни собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ табдил ёфтани Тоҷикистон аз ҷиҳати сифати роҳҳои автомобилгард».

Хуршед Зиёӣ илова намуд, ки мутахассисони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин 15 дастоварди кишвари моро дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо овардани рақамҳои мушаххас номбар намуданд, ки чунинанд:

  1. Бунёди неругоҳҳои барқии хурду бузург дар кишвар, аз ҷумла «Роғун» ва даҳҳо неругоҳҳои барқии дигар.
  2. Дар тӯли сӣ соли охир 50 маротиба зиёд гардидани Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  3. Тахминан 97 маротиба афзудани даромадҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 96 маротиба афзудани хароҷоти он дар солҳои соҳибистиқлолӣ.
  4. Нисбат ба соли 1991 тақрибан 35 маротиба афзоиш ёфтани гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ, ки бо арзи хориҷӣ ҳисоб шудааст.
  5. Аз 358 корхонаи саноатӣ дар соли 1991 тахминан ба 2500 адад расонида шудани теъдоди онҳо то имрӯз.
  6. Рушди бахши хусусӣ дар кишвар, ки ҳоло зиёда аз 70 фоизи Маҷмуӣ маҳсулоти дохилӣ ва қариб 80 дарсади пардохтҳои андозии буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамин бахш ташакул ёфта, қариб 70 фоизи аҳолии аз лиҳози иқтисоди фаъол низ дар ин бахш машғули фаъолияти меҳнатӣ мебошанд.
  7. Таҷдид гардидани сохтори 728 хоҷагии кишоварзии мавҷуда ва 31 адад хоҷагии инфродӣ ва дар заминаи онҳо таъсис додани қариб 6 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ ё фермерӣ ва қариб 162 ҳазор хоҷагӣ ҳамчун соҳибкори инфродӣ, ки беш аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро таъмин мекунанд.
  8. Ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудани майдони боғу токзори кишвар, ки нисбат ба соли 1991 қариб 2,5 маротиба зиёд мебошад.
  9. Ҷудо гардидани 75 ҳазор гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон тибқи ду фармони Президенти кишвар, ки дар таъмини амнияти озуқавории сокинон ва давлат нақши арзанда дорад.
  10. Дар зарфи се соли омодагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидани зиёда аз 25 ҳазор иншооти хурду бузурги иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маишиву фарҳангӣ дар мамлакат аз ҷониби давлат ва шаҳрвандони саховатманду меҳанпараст.
  11. Дастгирии илм, маориф ва фарҳанг ҳамчун сармояи рушди давлат, бунёди зиёда аз 3 ҳазор иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 645 ҳазор ҷойи нишаст, аз 13 адади соли 1991 бо шумораи умумии 70 ҳазор нафар донишҷӯ ба 40 адад бо фарогирии қариб 230 ҳазор нафар донишҷӯ расонида шудани теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.
  12. Баланд бурдани мақоми занон ва ҷавонон дар ҷомеа, ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ, афзудани миқдори онҳо дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар корхонаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ, соҳибкории инфиродӣ.
  13. Қариб то 500 адад афзудани теъдоди муассисаҳои тандурустии давлатӣ, ки соли 1991 ҳамагӣ ба 374 адад мерасид ва то қариб 1750 адад расонидани бунгоҳҳои саломатӣ аз 1510 адади даврони ибтидоии соҳибистиқлолӣ.
  14. 1,8 баробар кам кардани нишондиҳандаи фавти модарон ва 2,7 баробар кам кардани фавти кӯдакон.
  15. Ба зиёда аз 10 ҳазор адад расонида шудани теъдоди иншооти варзишӣ дар мамлакат, ки нисбат ба соли 1991 беш аз 9 баробар зиёд мебошад.

Дар соҳаҳои дигари ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон аз дастовардҳои муҳимми сӣ соли Истиқлоли давлатӣ мутахассисони Маркази тадқиқоти стратегӣ чунин далелҳоро (7 нукта) зикр кардаанд:

— таъмини амнияти озуқаворӣ ва тахминан се маротиба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар;

— ташкили Артиши миллии Тоҷикистон аз сифр ва комилан ба дӯши худ гирифтани ҳифзи оромию суботи давлат ва кулли сарҳадҳои он;

— ташаккул ва рушди қонунгузории миллӣ, аз ҷумла қабули қонунҳои миллие, ки дар собиқаи ҳуқуқии ҷаҳонӣ шабеҳи худро надоранд;

— ба як кишвари амнтарини ҷаҳон табдил ёфтани Тоҷикистон ва ба сегонаи аввалин давлатҳои амни ҷаҳон дар раддабандиҳои байналмилалӣ ворид гаштани он;

— роҳандозии усули “дарҳои боз” дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон, эътирофи байналмилалӣ пайдо кардани ҷумҳурӣ аз ҷониби қариб 200 кишвар ва теъдоди зиёди созмонҳои байналмилалӣ, барқарор намудани ҳамкориҳои дипломатӣ бо 179 кишвари ҷаҳон, ифтитоҳи қариб 50 намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дар назди созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ифтитоҳи беш аз 30 намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар Тоҷикистон;

— раисии бевоситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ табдил ёфтани пойтахти кишвар ва ҳамчун бренди миллии Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ эътирофи ҷаҳонӣ касб намудани “Раванди Душанбе”;

— амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои амният, об, экология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ташаккули дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари нодири пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ғайра.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ изҳор дошт, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар сӣ соли Истиқлоли давлатӣ хеле зиёд буда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дахл доранд. Вале номбар кардани шумораи маҳдуди онҳо ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки дар муҳлати хеле кӯтоҳ кишвари соҳибистиқлоли мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат он роҳеро паймуд, ки ниёгони мо аз аҳли Оли Сомон онро тӯли мавҷудияти давлати Сомониён тай намуда, забон, фарҳанг ва ҷавҳари миллии халқи тоҷикро барои садсолаҳо ҳифз карданд. Аз ин рӯ, эътимоди комил дорем, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар сӣ соли Истиқлоли давлатӣ низ дар саҳифаҳои китоби бузурги миллати тоҷик чун таърихи аҳди Сомониён бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, барои абадӣ сохтани фарҳангу тамаддун, забон ва дигар арзишҳою муқаддасоти миллӣ хидмат хоҳанд кард.


Вакти нашр: 2021-06-04 18:51:58    Хонданд: 79    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ "САНЪАТКОРОНИ ҶАВОН" ВА "ДАСТОНИ ГӮЁ"

Имрӯз дар толори мактаби бачагонаи мусиқии №6 ба номи Ш.Соҳибов бо аъзоёни фаъол ва кормандони ин мақом маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис Абдураҳим Шоҳиён - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Абдураҳимова Зарина - раиси ташкилоти ибтидоии "Санъаткорони ҷавон" ва Назифов Исфандиёр - раиси ташкилоти ибтидоии "Дастони гӯё" иштирок ва суханронӣ намуданд.

Баромадкунандагон оид ба дастовардҳои 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ", пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, интизоми намунавии ҳизбӣ, ҳадафҳои стратегии кишвар ва саҳм гузоштан ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.


Вакти нашр: 2021-06-04 19:07:07    Хонданд: 57    Муфассал...

Изҳороти муштараки Комиссияҳои давлатӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон

5 июни соли 2021 дар минтақаи Сарҳади давлатӣ (нуқтаи сарҳадии №12/9, минтақаи «Қарамиқ») вохӯрии кории Комиссияҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ баргузор шуд. Тарафҳо изҳор менамоянд, ки вазъи мураккаби дар минтақаи мазкури Сарҳади давлатӣ бавуҷудомада, бо роҳи сулҳомез ҳал гардид.

Ҷонибҳо дар доираи масъалаҳои зерин протокол ба имзо расониданд:

• Постгоҳҳои сарҳадӣ аз ҳарду ҷониб ба масофаи 3 километр ба дохили қаламрави Тарафҳо кӯчонида шаванд.
• Неруҳои низомӣ, таҷҳизоти ҳарбӣ ба макони қарордошти доимӣ баргардонида шуда, танҳо нарядҳои доимии сарҳадӣ боқӣ монанд.
• Дар хусуси истифодаи чарогоҳҳо дар ин минтақа қарор қабул гардид.
• Ҳар як амал дар Сарҳади давлатӣ бояд қаблан бо Раисони Комиссияи Тарафҳо ҳамоҳанг карда шавад.
• Нарядҳои сарҳадӣ тартиби муқарраргардидаи рафтори худро риоя намоянд.
• Дар воситаҳои ахбори омма танҳо иттилооти байни Тарафҳо ҳамоҳангшуда ва тибқи протоколҳои қаблан имзошуда паҳн гардад.
• Ба роҳбарони гурӯҳҳои кории топографии Тарафҳо супориш дода шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин нишонагузории қисмати Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро аз нуқтаи сарҳадии №12/2 то нуқтаи сарҳадии №12/9 ба итмом расонанд.
• Тарафҳо дар байни сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.
• Тарафҳо дар хусуси риояи қатъии бандҳои протоколи мазкур ба мувофиқа расиданд.

Роҳбари Комиссияи давлатии                            Роҳбари Комиссияи давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба                              Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба
делимитатсия ва демаркатсияи                         делимитатсия ва демаркатсияи
Сарҳади давлатӣ                                                 Сарҳади давлатӣ
Ятимов С.С.                                                         Ташиев К.К.


Вакти нашр: 2021-06-07 07:45:45    Хонданд: 21    Муфассал...

Дар ноҳияи Синои пойтахт «Маркази тавонбахшии маъюбон» ба фаъолият оғоз кард

Дар ҳошияи тадбирҳои  андешидаи  роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт  «Маркази тавонбахшии маъюбон» дар   назди Маркази миллии тиббии «Шифобахш»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар  маросими ба  истифода қарор додани ин  иншооти ҷашнӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино иштирок доштанд.

«Маркази тавонбахшии маъюбон» дар назди Маркази миллии тиббии «Шифобахш» аз ҷумлаи  иншооти муосири соҳаи тандурустӣ буда, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он, фарогирии маъюбон ба хизматрасониҳои тиббӣ беҳтар хоҳадгардид.

Тавре дар ҷараёни шиносоӣ аз шароити фароҳамгардида дар ин маркази тиббӣ иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонию муҷаҳҳазгардонии «Маркази тавонбахшии маъюбон» дар ҳошияи ҳамкории байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия бо маблағгузории Сарраёсати Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA) амалӣ гардидааст.

Марказ дорои шароити зарурии хизматрасонӣ ба беморон буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар марказ барои табобати ҳам хурдсолон ва ҳам калонсолон шароити зарурӣ фароҳам  оварда шудааст.

Масъулини  «Маркази тавонбахшии маъюбон» иброз доштанд, ки инҷо се ҳуҷраи табиатшифоҳӣ ва маҳс, ҳамзамон се ҳуҷраи тавонбахшӣ мавҷуд буда, имкон аст, ки дар як вақт то 15-20 нафар беморон ба табобат фаро гирифта шаванд.

  


Вакти нашр: 2021-06-07 08:00:59    Хонданд: 21    Муфассал...

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Нуробод

7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғози корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти нав ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар шаҳраки Дарбанд —  маркази ноҳияи Нуробод роҳбарият, фаъолон ва намояндагони ҷавонону аҳли фарҳанг бо самимияти беандоза ва руҳияи болида истиқбол намуданд.

Сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод 07.06.2021


Вакти нашр: 2021-06-07 10:18:32    Хонданд: 74    Муфассал...

Оғози корҳои сохтмонӣ дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии ноҳияи Нуробод

7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод ба корҳои сохтмонии Боғи фарҳангӣ - фароғатии ноҳия оғоз бахшиданд.

Боғи фарҳангӣ - фароғатии ноҳияи Нуробод дар асоси дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати 12,6 гектар замин бунёд карда мешавад.

Дар асоси лоиҳа корҳои сохтмонӣ дар иншооти муосири фарҳангӣ - фароғатӣ дар ноҳияи Нуробод дар ду марҳила амалӣ гардида, марҳилаи аввали он то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад.

Лоиҳаи иншооти хуштарҳу замонавӣ аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Шаҳрофар” таҳия гардида, бо харҷи 37,8 миллион сомонӣ бунёд карда мешавад.

Дар марҳилаи якуми татбиқи лоиҳаи Боғи фарҳангӣ - фароғатии ноҳияи Нуробод дар ҳудуди иншоот бунёди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо баландии 10 метр, Нишони давлатӣ бо баландии 28 ва Парчами давлатӣ бо баландии 48 метр ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар марҳилаи якуми корҳо, сохтмони 12 фаввора, ҳавзи обгирӣ, гузаронидани хатҳои муҳандисии оби нӯшокӣ, корезӣ, интиқоли барқ ба истифода дода мешавад ва як қатор тадбирҳои дигари созандагӣ низ амалӣ мегардад.

Аснои шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи иншооти бунёдшаванда дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ - фароғатии ноҳияи Нуробод иттилоъ дода шуд, ки барои бунёди Парчам ва Нишони давлатӣ масолеҳи зарурии сохтмонӣ дар базаи моддӣ - техникии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рамзи Ваҳдат” аллакай пурра дастрас гардида, барои омода намудани муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳайкалтарошон ва мутахассисони варзида ҷалб шудаанд.

Бунёду ба истифода додани Парчаму Нишони давлатӣ ва муҷассамаи нахустин асосгузори давлати тоҷикон дар маркази ноҳияи Нуробод дар роҳи тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва бедор сохтани ифтихори миллӣ дар замири онҳо такони тоза мебахшад.

Бо мақсади риояи технологияи иҷрои корҳои бетонӣ ва дастрас намудани тамғаи зарурии бетони истеҳсолшаванда дар рафти корҳои сохтмонии Боғи фарҳангӣ - фароғатии ноҳияи Нуробод заводи хӯрди истеҳсоли бетон бо иқтидори 250 метри мукааб дар як шабонарӯз пурра ба кор дароварда шудааст.

Барои ҷавобгӯ будан ба талаботи меъёрҳо ва қоидаҳои амалкунандаи сохтмонӣ Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқии обии Роғун” бо озмоишгоҳи “Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи сохтмон”-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи дахлдор ба имзо расонида, масолеҳи сохтмонии зарурӣ, танҳо баъд аз ба даст овардани хулосаи мусбӣ барои истифода дар бунёди иншоот иҷозат дода мешавад.

Дар ҷараёни корҳои паймонкорию васлгарӣ 30 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб фаро гирифта шуда, зиёда аз 10 адад техникаи махсуси пуриқтидор ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо сохтмончиёну масъулони лоиҳа ҷиҳати истифодаи пурра аз имконоту шароити мавҷуда барои бо сатҳу сифати баланд ва дар муҳлати муайянгардида ба истифода додани ин иншооти муҳим барои сокинону меҳмонони ноҳияи Нуробод дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Дар ноҳияи Нуробод ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду ба истифода додани наздики 250 иншоот дар соҳаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай қисми бештари онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Ба истифода дода шудани марҳилаи аввали лоиҳаи Боғи фарҳангӣ - фароғатӣ дар шаҳраки Дарбанд боз як тӯҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз ин ҷашни бузурги миллӣ ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои сокинону меҳмонони ноҳияи Нуробод хоҳад буд.


Вакти нашр: 2021-06-07 15:55:21    Хонданд: 66    Муфассал...

Оғози бунёди марҳилаҳои 1, 2 ва 3-и лоиҳаи роҳи мошингарди Роғун - Обигарм – Нуробод

7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод нахуст бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Роғун- Обигарм-Нуробод шинос гардиданд.

Татбиқи ин лоиҳаи муҳим дар идомаи иқдомоти давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст.

Лоиҳа ба 3 марҳила ҷудо карда шуда, марҳилаи якуми он роҳи асосии Обигарм-Тагикамар масофаи 30,2 километрро дар бар мегирад.

Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки дар ин марҳила сохтмони нақбҳои “Қандак” бо дарозии 1,6 километр ва “Қарағоч” бо 1,7 километр, бунёди 5 пули нав, таҷдиди 1 пул, 28 истгоҳ, пиёдароҳ бо масоҳати 14 ҳазору 860 метри мураббаъ ва гузоштани аломатҳои роҳ бо дарозии 102,5 километр пешбинӣ шудааст.

Маблағгузории марҳилаи якум 178,1 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 110 миллион гранти Бонки осиёгии рушд, 40 миллион қарзи фонди Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) ва 28,1 миллион доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Марҳилаи дуюми лоиҳа аз 44,1 километр роҳи асосии Тагикамар-Нуробод ва аз 45 километр роҳи байнидеҳавӣ иборат буда, ба роҳи нави асосӣ пайваст мешавад.

Дар доираи ин марҳила низ сохтмони нақби “Тагикамар” бо дарозии 2,6 километр, 6 пули нав, таъмир ва таҷдиди 1 пули мавҷуда, 1 пули минтақавӣ, 54 истгоҳ, пиёдароҳ бо масоҳати 27 ҳазору 312 метри мураббаъ ва нишонагузории 107,2 километр роҳ дар назар дошта шудааст.

Инчунин, дар доираи лоиҳа 70 километр роҳҳои маҳаллии ноҳияҳои зикргардида низ бунёду азнавсозӣ карда мешаванд.

Сарчашмаи маблағгузории марҳилаи дуюм аз ҳисоби қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд буда, 150 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Марҳилаи сеюми лоиҳаи мазкур сохтмони пули бузург буда, бо дарозии 760 метр бунёд карда мешавад.

Маблағгузории пули бузург аз ҷониби Бонки Осиёии сармоягузориҳои зерсохторӣ амалӣ мегардад, ки ҳаҷми он 50 миллион доллари амрикоӣ мебошад.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки барои тайёр кардани лоиҳаи муфассал ва асосноккунии техникӣ - иқтисодии пули мазкур созишнома байни Вазорати молия ва Бонки Осиёии сармоягузориҳои зерсохторӣ ба маблағи 3,2 миллион доллар ҳамчун кӯмаки техникӣ ба имзо расонида шудааст.

Ҳамчунин тамоми воситаҳои техникии роҳсозӣ, ки иборат аз мошинолоти пешрафта мебошанд, ба маҳали сохтмони асосӣ дастрас гардидааст.

Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 4,3 миллиард сомонӣ (беш аз 381 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад, ки маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзноки шарикони рушдро дар бар мегирад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо ҷараёни татбиқи лоиҳа дар ҳамин ҷо бо бардоштани парда аз болои санги рамзӣ ба корҳои сохтмонии роҳи мошингарди Роғун - Обигарм - Нуробод расман оғоз бахшиданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати оғози бунёди боз як иншооти барои кишварамон бузург дар назди сокинон ва меҳмонони ноҳияи Нуробод суханронӣ карданд.

Сарвари давлат нахуст кулли сокинони водии Рашт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамаи ҳозиринро ба муносибати оғози корҳои сохтмонӣ дар ин роҳ, ки боз як иқдоми нек дар раванди бунёдкориву созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, табрик карданд.

Таъкид гардид, ки ҳадафи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунёди зерсохтори нақлиётӣ дар минтақаи Рашт аз он иборат аст, ки рушди соҳаҳои мухталифи ноҳияҳои водӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз тариқи роҳи алтернативӣ таъмин ва дар ин замина даҳҳо ҳазор ҷойи кории нав таъсис ва сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта шавад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханронии худ таъкид доштанд, ки бунёди роҳи мошингарди Ваҳдат - Роғун - Нуробод - Рашт - Лахш бо дастгирии шарикони рушд ҳанӯз соли 2005 оғоз гардида, дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ беш аз 310 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва 138 километр роҳҳои маҳаллӣ ба маблағи умумии 1,9 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд Айтен Рустамова ва сокинони ноҳияи Нуробод баромад кардаанд.


Вакти нашр: 2021-06-07 16:08:13    Хонданд: 63    Муфассал...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони водии Рашт

Ҳозирини гиромӣ!

Мо тасмим гирифтем, ки баъди оғози корҳои бунёди яке аз роҳҳои барои кишварамон, аз ҷумла барои ноҳияҳои водии Рашт бисёр муҳим – роҳи Роғун – Обигарм – Нуробод бо шумо – роҳбарону фаъолони ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор доир ба вазъи корҳо дар ин ноҳияҳо мулоқот доир намоем.

Боиси хушнудист, ки сокинони заҳматқарини ноҳияҳои водии Рашт, аз ҷумла ноҳияи Нуробод дар соли барои Тоҷикистони маҳбубамон воқеан таърихӣ, яъне сиюмин солгарди истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида истодаанд.

Бовар дорам, ки дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи мардум дар ояндаи наздиктарин ноҳияҳо ва деҳоти онҳо хеле ободу зебо ва шароити зиндагии ҳар як оила боз ҳам беҳтар мегардад.

Тибқи нақшаи корҳои бунёдкориву ободонӣ дар ҳамаи ноҳияҳои водии Рашт, яъне ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор, дар маҷмӯъ, сохтмони беш аз 1100 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба маблағи умумии зиёда аз 240 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз корҳо дар 760 иншоот ба анҷом расидаанд.

Ин нишондиҳанда 69 фоизи нақшаро ташкил медиҳад, ки боиси нигаронист.

Бо дарназардошти он, ки то ҷашн муҳлат тамоман кам мондааст, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақа, инчунин, соҳибкорон ва аҳолӣ бояд ҷиҳати иҷрои пурраи нақшаи тасдиқшуда тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳукумати мамлакат тайи даврони соҳибистиқлолӣ барои ободонии ноҳияҳои водии Рашт тамоми имкониятҳоро сафарбар карда, ин равандро то имрӯз идома дода истодааст. Дар натиҷаи чунин дастгириву ғамхориҳо симои ноҳияҳои водӣ ҳоло ба куллӣ дигаргун шудааст.

Масалан, маркази ноҳияи Нуробод, ки бунёди он дар ҷойи тамоман холӣ оғоз гардида буд, имрӯз ба як шаҳри замонавӣ табдил ёфтааст.

Умуман, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои минтақа беш аз 5,7 миллиард сомонӣ, аз ҷумла ба ноҳияи Нуробод 2,2 миллиард сомонӣ, Рашт 1,4 миллиард сомонӣ, Сангвор 914 миллион сомонӣ, Лахш 624 миллион сомонӣ ва Тоҷикобод 528 миллион сомонӣ равона шудааст.

Ҳамчунин, дар ин давра дар ноҳияҳои минтақаи мазкур беш аз 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардида, дар доираи онҳо беш аз 500 миллион сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст.

Аз ҷумла дар ноҳияи Сангвор 6 лоиҳа ба маблағи 2 миллион сомонӣ, ноҳияи Тоҷикобод – 11 лоиҳа ба маблағи 35 миллион сомонӣ, ноҳияи Лахш – 22 лоиҳа ба маблағи 67 миллион сомонӣ, ноҳияи Нуробод – 12 лоиҳа ба маблағи 339 миллион сомонӣ ва ноҳияи Рашт 19 лоиҳа ба маблағи 57 миллион сомонӣ амалӣ шудааст.

Ҳоло дар ҳудуди ин ноҳияҳо татбиқи боз 21 лоиҳаи дигар идома дошта, дар доираи онҳо то имрӯз 184 миллион сомонӣ аз худ гардидааст.

Бо мақсади таъмин намудани тараққиёти ноҳияҳои водии Рашт ва ҳалли масъалаву мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ дар доираи барномаҳои рушди ноҳияҳои мазкур садҳо лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 200 миллион сомонӣ амалӣ шудааст. Вале бояд гуфт, ки иҷрои ин барномаҳо бо сабабҳои гуногун, дар маҷмӯъ, дар ҳаҷми камтар аз 50 фоиз таъмин гардидааст.

Барномаи ноҳияи Нуробод 65 лоиҳа ба маблағи умумии 95 миллион сомонӣ, ноҳияи Тоҷикобод 53 лоиҳа ба маблағи 27 миллион сомонӣ, ноҳияи Лахш 84 лоиҳа ба маблағи 18 миллион сомонӣ, Рашт 39 лоиҳа ба маблаги 57 миллион сомонӣ татбиқ гардидааст. Ноҳияи Сангвор то соли 2020 умуман чунин барнома таҳия ва татбиқ накардааст.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаи Раштро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, инчунин, дар ҳамкорӣ сармоягузорони ватаниву хориҷӣ татбиқи сифатнок ва саривақтии барномаҳо ва лоиҳаҳои пешбинишударо таъмин намоянд.

Дар чор моҳи соли 2021 дар ноҳияҳои водии Рашт, ба истиснои ноҳияи Лахш (93,7 фоиз) нақшаи даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ иҷро шудааст.

Дар ин давра аз ҷониби низоми бонкӣ ба соҳибкорон ва аҳолии ноҳияҳои водии Рашт беш аз 20 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,2 миллион сомонӣ ё 26 фоиз зиёд мебошад. Қариб ҳамаи қарзҳои додашуда (99,9 фоиз) ҳамчун қарзҳои хурд пешниҳод шудаанд.

Бо вуҷуди ин, нишондиҳандаҳои зикршуда бо дарназардошти имконоти ноҳияҳои водӣ дар самти рушди соҳибкорӣ, хусусан, соҳибкории истеҳсолӣ қонеъкунанда нест.

Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки барои зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти ноҳияҳои минтақаи Рашт, алалхусус, ба бахши истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Бо вуҷуди мавҷудияти захираву имкониятҳои зиёд, аз ҷумла дар самти истеҳсоли маҳсулоти гуногун рушди соҳаи саноат дар ноҳияҳои минтақа қонеъкунанда нест.

Дар ноҳияҳои мазкур дар маҷмӯъ ҳамагӣ 24 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Рашт 14 корхона, ноҳияи Нуробод 4, ноҳияи Сангвор 4, ноҳияи Тоҷикобод 1 корхона ва Лахш 1 корхона фаъолият дошта, дар ин ноҳияҳо дар соли 2020 ҳамагӣ 4 корхонаи нави саноатӣ — дар ноҳияи Рашт 2 ва ноҳияи Сангвор 2 корхона бунёд гардидааст, вале дар чор моҳи аввали соли 2021 ягон корхонаи нави саноатӣ таъсис дода нашудааст.

Ҳамзамон бо ин, дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Лахш 30 фоиз ва ноҳияи Рашт беш аз 3 фоиз коҳиш ёфтааст.

Бунёди корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ва ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми маҳаллӣ яке аз роҳҳои асосии бо маводи ғизоӣ ва ҷойи кори доимӣ таъмин намудани мардум мебошад.

Гарчанде минтақаи Рашт дорои имкониятҳои фарохи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, вале дар ноҳияҳои он ҳамагӣ 5 корхонаи саноати хӯрокворӣ фаъолият менамояд, ки ба талабот ҷавобгӯ нест.

Дар ноҳияҳои водӣ коркарди саноатии меваю сабзавот ва истеҳсоли маҳсулоти макаронӣ умуман ба қайд гирифта нашудааст.

Инчунин, вазъи истеҳсоли либоси мактабӣ дар ноҳияҳои минтақа ғайриқаноатбахш буда, соли 2020 дар ноҳияҳои Нуробод ва Лахш истеҳсоли ин намуди маҳсулот ба роҳ монда нашуда, дар ноҳияи Рашт ҳамагӣ 20 ҳазор ҷуфт, ки ҳамагӣ 13 фоизи талаботро ба ин намуди маҳсулоти истеҳсоли худӣ таъмин мекунад, ноҳияи Сангвор 2,7 фоиз ва ноҳияи Тоҷикобод 1,1 фоиз истеҳсол гардидааст.

Дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ дар ин ноҳияҳо либоси мактабӣ умуман истеҳсол нашудааст.

Чунин вазъият дар ҳолест, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои водии Рашт беш аз 75 ҳазор нафар хонандагон таҳсил мекунанд ва ин шумора танҳо дар соли хониши 2020-2021 зиёда аз 2 ҳазор нафар афзудааст.

Ҳол он ки мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон кардаем ва тамоми захираву имкониятҳоро барои расидан ба ин ҳадаф равона карда истодаем.

Бинобар ин, роҳбарону масъулини ноҳияҳои минтақаро зарур аст, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва бо ҷалби соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, дар асоси технологияҳои муосир фаъол гардонидани иқтидорҳои мавҷуда ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои мушаххас ва ҷиддӣ андешанд.

Инчунин, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақа зарур аст, ки фаъолияти Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкориро дар водии Рашт ҷоннок намуда, ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои бунёди иқтидорҳои истеҳсолӣ ва иншооти инфрасохторӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Тибқи маълумот дар чор моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияҳои водии Рашт нибат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардида, дар ноҳияи Сангвор ба маблағи 7,2 миллион сомонӣ бо суръати афзоиш 112 фоиз, ноҳияи Тоҷикобод – 16,5 миллион сомонӣ бо суръати афзоиш 101,4 фоиз, ноҳияи Лахш – 15,1 миллион сомонӣ бо суръати афзоиш 100,4 фоиз, ноҳияи Нуробод – 38 миллион сомонӣ бо суръати афзоиш 110 фоиз ва ноҳияи Рашт – 31,1 миллион сомонӣ бо суръати афзоиш 106,7 фоиз таъмин гардидааст.

Вале ин нишондиҳандаҳо дар муқоиса бо имкониятҳои истифоданашудаи минтақа дар самти мазкур ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нестанд. Зеро дар баъзе ноҳияҳои минтақа заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда то ба ҳол майдони назаррасро ташкил медиҳанд.

Аз ҷумла соли 2020 дар ноҳияи Нуробод 348 гектар ва ноҳияи Рашт 47 гектар заминҳои корами обӣ бо сабабҳои гуногун аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.

Дар баробари ин, ба ҳолати 28 майи соли 2021 дар ҳамаи ноҳияҳои водии Рашт иҷрои нишондиҳандаҳои дурнамои кишти картошка таъмин нагардидааст, ки ташвишовар мебошад.

Аз ҷумла дар ноҳияи Нуробод 640 гектар ё 71 фоиз кам аз дурнамо, ноҳияи Лахш 600 гектар ё 19 фоиз кам, ноҳияи Рашт 216 гектар ё 15 фоиз кам, ноҳияи Тоҷикобод 180 гектар ё 19 фоиз кам ва ноҳияи Сангвор 166 гектар ё 23 фоиз кам аз дурнамо картошка кишт шудааст.

Дар ноҳияҳои водии Рашт дар самти зиёд намудани майдони дарахтони мевадиҳанда, дар гармхонаҳо ба роҳ мондани истеҳсоли сабзавот, рушди парандапарварӣ ва моҳипарварӣ ҳанӯз имкониятҳои васеи истифоданашуда мавҷуд мебошанд, ки ба кор андохтани онҳо вазифаи бевоситаи роҳбарият ва масъулини ноҳияҳо ба ҳисоб меравад.

Махсус таъкид месозам, ки ноҳияҳои водӣ барои парвариши гулмоҳӣ ва истеҳсоли чунин навъи маҳсулоти парҳезӣ, инчунин, содироти он шароити беҳтарин доранд.

Танҳо дар ноҳияи Рашт як гармхона бо масоҳати 0,20 гектар мавҷуд буда, дар дигар ноҳияҳои минтақа гармхонаҳо ташкил карда нашудаанд. Вобаста ба ин, хотирнишон менамоям, ки дар ноҳияҳои Рӯшон ва Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар заминҳои сангзор гармхонаҳо бунёд карда, барои мардум парвариши сабзавотро ба роҳ мондаанд.

Дар ноҳияҳои водӣ, ба истиснои як корхонаи навтаъсис дар ноҳияи Нуробод, ки дар арафаи ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ ба фаъолият оғоз менамояд, корхонаҳои парандапарварӣ вуҷуд надоранд. Дар минтақаи мазкур ҳамагӣ се хоҷагии моҳипарварӣ, аз ҷумла ду хоҷагӣ дар ноҳияи Нуробод ва як хоҷагӣ дар ноҳияи Рашт фаъолият дораду халос. Хотиррасон месозам, ки дар ноҳияҳои водии Рашт барои хучпарварӣ низ шароит ва имкониятҳои зиёд мавҷуданд.

Илова бар ин, таъкид месозам, ки вайронкунии қонунгузорӣ оид ба замин дар ноҳияҳои минтақа ҳоло ҳам нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ дар ноҳияи Рашт 61 ҳолат, ноҳияи Лахш 27 ҳолат, Нуробод 21 ҳолат, Тоҷикобод 15 ҳолат ва ноҳияи Сангвор 12 ҳолати вайронкунии қонунгузорӣ оид ба замина ошкор гардидааст.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки роҳбарону масъулини ноҳияҳо доир ба рафъи камбудиҳои зикршуда чораҳои қатъӣ андешида, ба масъалаи истифодаи самараноки ҳамаи имконияту захираҳо, пеш аз ҳама, дар самти баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, истифодаи тухмиҳои хушсифат, беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳо, афзоиш додани истеҳсоли картошка, зиёд намудани майдони боғҳо, алалхусус, боғҳои интенсивӣ, бунёди инфрасохтори нигоҳдорӣ, бастубанд ва содироти меваю сабзавот ва ба ҳамин васила муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо дарназардошти он, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар ноҳияҳои водии Рашт 292 бинои нав ва синфхонаҳои иловагӣ барои 54 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Танҳо дар соли 2021 дар ин ноҳияҳо сохтмони 13 бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 7000 хонанда ба нақша гирифта шудааст.

Ҷиҳати омода намудани кадрҳои соҳибихтисос барои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ тибқи квотаи Президентӣ танҳо дар соли таҳсили 2021 – 2022 ба ноҳияҳои водии Рашт 118 ҷой ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла барои ноҳияи Тоҷикобод 26, ноҳияи Лахш 25, ноҳияи Рашт 23, ноҳияи Нуробод 22 ва ноҳияи Сангвор 22 ҷой ҷудо гардидааст, ки нишонаи таваҷҷуҳ ва ғамхории Ҳукумати мамлакат ба масъалаи тарбияи кадрҳо барои ноҳияҳои водии Рашт мебошад.

Бо вуҷуди корҳои дар соҳаи маориф амалигардида зарур аст, ки доир ба татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» як силсила камбудиву мушкилоти дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳо, аз ҷумла норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд.

Инчунин, бояд гуфт, ки шумораи умумии кӯдакони синни то 6 – сола дар водии Рашт қариб 54000 нафар буда, танҳо 2800 нафари онҳо ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдакон фаро гирифта шудаанд, ки ҳамагӣ 5,2 фоизи шумораи умумии кӯдаконро ташкил медиҳад ва барои ислоҳи чунин вазъ бояд чораҳои фаврӣ андешида шаванд.

Фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Тоҷикобод ҳамагӣ 2,9 фоиз, ноҳияи Нуробод 3,6 фоиз, ноҳияи Рашт 4,9 фоиз, ноҳияи Лахш 7,4 фоиз ва ноҳияи Сангвор 14,2 фоизро ташкил медиҳад.

Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ҳифзи саломатии омма яке аз масъалаҳое мебошад, ки хусусан дар шароити имрӯза ниҳоят муҳим ба ҳисоб меравад.

Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббии ноҳияҳои водии Рашт пайваста чораҷӯӣ менамояд.

Бо ин мақсад танҳо дар соли 2020 ва панҷ моҳи соли ҷорӣ ба ноҳияҳои водӣ ба маблағи беш аз 26 миллион сомонӣ таҷҳизот ва маводи доруворӣ дастрас карда шудааст.

Илова бар ин, ба истиқболи 30 – солагии истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша дар ноҳияҳои минтақа ба маблағи 4,6 миллион сомонӣ 25 иншооти нави соҳа сохта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, дар 75 иншооти мавҷудаи соҳа корҳои таҷдиду азнавсозӣ ба анҷом расидаанд.

Бо вуҷуди ин, дар ноҳияҳои мазкур норасоии муттахассисони баландихтисоси тиббӣ мушоҳида мегардад, ки ҳалли ҳарчи зудтари ин масъала вазифаи роҳбарони ноҳияҳо ва Вазорати тундурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад. Бо истифода аз ширкати роҳбарону фаъолони ҳамаи ноҳияҳои водии Рашт, зарур мешуморам, ки боз як масъалаи муҳимро таъкид намоям.

Тибқи маълумоти мақомоти дахлдори давлатӣ то ба ҳол ҳолатҳои шомилшавии баъзе сокинони ноҳияҳои водии Рашт ба ташкилоту гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, корҳои таблиғотӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон барои содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ ба қайд гирифта мешаванд.

Илова бар ин, то ҳанӯз дар ноҳияҳои водӣ ба таълимоти ғайриқонунии динӣ, яъне ба мактабҳои хусусии динӣ фаро гирифтани кӯдакону наврасон идома дорад. Соли 2020 ва панҷ моҳи соли ҷорӣ қариб 70 ҳолати ғайриқонунӣ таълим додани зиёда аз 280 нафар кӯдакону наврасон ошкор карда шудааст. Бар замми ин, ҳолатҳои қасдан монеи таҳсили кӯдакон шудани падару модарон дар мактабҳо ҷой доранд.

Оқибати чунин амалҳоро ҳар як шахси солимфикр метавонад ба осонӣ дарк намояд.

Болотар ман зикр кардам, ки дар замони соҳибистиқлолӣ, хусусан, солҳое, ки вазъи молиявии кишвар бисёр вазнин буд, Ҳукумати мамлакат дар ноҳияҳои водӣ қариб 300 мактаб ва биноҳои иловагӣ дар назди мактабҳоро бунёд карда, ҳамаи онҳоро бо таҷҳизот ва шароити беҳтарин таъмин намуд ва ба хизмати мардум гузошт.

Ҳадафи мо аз муҳайё кардани шароити замонавӣ барои таълиму тарбияи кӯдакон ва наврасону ҷавонон босавод кардани фарзандони мардум, яъне наслҳои ояндасоз ва тарбия кардани кадрҳои арзандаву баландихтисос барои ояндаи Ватан ва давлат мебошад.

Бинобар ин, такроран таъкид месозам, ки ба роҳи рост ҳидоят кардани наврасону ҷавонон, пешгирӣ кардани нуфузи ҳар гуна равияҳои хатарнок, ба мардум фаҳмонидани оқибати рафтору кирдори ғайриқонунӣ, аҳаммияти сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва саъю талош барои таҳкими пояҳои давлатдории миллии тоҷикон вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар яки шумо – роҳбарону фаъолон мебошад.

Ҳамдиёрони азиз!

Ман андешаҳои худро вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир ва мушкилоте, ки ҷомеаи башарӣ бо онҳо дучор омадааст, аз ҷумла норасоии маводи ғизоӣ ва болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ қариб дар тамоми суханрониву вохӯриҳоям дар як соли охир изҳор доштам.

Бори дигар таъкид месозам, ки соли ҷорӣ аз ҳама лиҳоз яке аз солҳои вазнинтарин омада истодааст.

Дар чунин шароит мо вазифадорем, ки аз тамоми захираву имкониятҳое, ки дорем, пеш аз ҳама, обу замин, хусусан, заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ оқилонаву самаранок истифода бурда, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем, то ки мардумамон дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода танқисиву азият накашанд.

Яъне кишоварзон ва умуман ҳамаи онҳое, ки бо замин сару кор доранд, бояд ба хотири ҳарчи беҳтар таъмин кардани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ саъю талош намоянд. Махсус таъкид месозам, ки ноҳияҳои водии Рашт, хусусан, барои парвариши картошка имкониятҳои васеъ ва таҷрибаи бой доранд.

Умуман, бояд гуфт, ки дар бисёр мамолики дунё, аз ҷумла дар кишвари мо низ картошка нони дуюм ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки бо дарназардошти шароити ҷаҳони имрӯза мо ин намуди маҳсулотро ҳарчи бештар истеҳсол ва захира кунем.

Дар ин раванд, ҳар як оила бояд дар фикри истеҳсоли маҳсулот ва захираи маводи ғизоӣ барои тирамоҳу зимистон бошад.

Инчунин, аз ҳоло вусъат додани омодагии ҳамаҷониба барои таъмин намудани фаъолияти мунтазам ва самарабахши ҳамаи соҳаҳо дар давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода яке аз вазифаҳои муҳимтарини роҳбарону мутахассисон ва фаъолон мебошад.

Дар ин самт корро тавре бояд ташкил кард, ки дар заминаи истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин захираи маводи асосии ғизоӣ ва хӯроки чорво, инчунин, ҳаҷми зарурии сӯзишворӣ таъмин гардида, иншооти иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустиву фарҳанг, шабакаҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ, иншооти энергетикӣ ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ ба зимистон пурра омода бошанд.

Ҳамчунин, роҳбарону масъулон ва фаъолон мардумро ба корҳои ободониву ҳар як хонаву кошона, маҳалли зист, кӯчаву хиёбон ва шаҳраку деҳот, инчунин, сарфаю сариштакорӣ ҳидоят ва сафарбар намоянд.

Хотиррасон месозам, ки барои истиқболи сазовори ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ – сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон бояд ҳар як сокини кишвар саҳми худро гузорад. Зеро сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистон ҷашни ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ва ҳар як шахси ватандӯсту ватандор мебошад.

Итминони комил дорам, ки мардуми ватандӯст ва созандаву бунёдкори ноҳияҳои водии Рашт барои боз ҳам ободу зебо гардонидани диёри худ, сарзамини аҷдодӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли хеш саъю талоши бештар хоҳанд кард.

Дар ниҳояти сухан бори дигар ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба муносибати оғози бунёди боз як иншооти барои кишварамон муҳим, яъне роҳи Роғун – Обигарм – Нуробод табрик гуфта, ба ҳамаатон рӯзгори хушу босаодат орзу менамоям.

Доим тансиҳату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!


Вакти нашр: 2021-06-07 16:10:10    Хонданд: 89    Муфассал...

Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари ҳалокату захмӣ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвар бар асари бархурди садамавии қатораҳо дар музофоти Синди Ҷумҳурии Исломии Покистон боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба мардуми дӯсти Покистон аз Ҷаноби Олй хоҳишмандам, ки ҳамдардии моро ба наздикони фавтидагон бирасонанд. Ба пайвандони онҳо аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил ва ба маҷрӯҳшудагон шифои комил хоҳонам».


Вакти нашр: 2021-06-08 07:50:29    Хонданд: 63    Муфассал...

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Кобул Муҳаммад Довуд Султонзуй мулоқот намуданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Кобул Муҳаммад Довуд Султонзуй мулоқот намуданд.

Дар ин бора сардори шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов ба АМИТ «Ховар» хабар  дод.

Тибқи иттилои манбаъ, Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳбарияти шаҳри Кобулро ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе   хайрамақдам гуфтанд.

Дар мулоқот зикр  гардид, ки ба шарофати иродаи сиёсии сарони ҳар ду кишвари ҳамсояву дӯсти дорои таъриху фарҳанги муштарак  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҳамкории гуногунҷанба миёни ҳарду кишвар рушду густариш меёбанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз раванди вусъатёбандаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд миёни Тоҷикистону Афғонистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ  масоили мушаххаси тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманди байни пойтахтҳои ҳарду давлат-шаҳрҳои Душанбе ва Кобул мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ба роҳ мондани тамосу муколамаи мунтазам ҷиҳати табодули таҷриба дар соҳаи шаҳрдорӣ ва рушди инфрасохтор‚ татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ  ва барномаҳои равобити фарҳангию гуманитарӣ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, тиҷорат ва сайёҳӣ зоҳир карда шуд.

  Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 


Вакти нашр: 2021-06-08 07:52:58    Хонданд: 70    Муфассал...

ҲИЗБИ МО ТАРҒИБГАРИ ҒОЯҲОИ СОЗАНДАИ ИСТИҚЛОЛ АСТ

Мусоҳиба бо Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор - муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

- М у ҳ т а р а м Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор мо дар арафаи ҷашни бузурги умумимиллӣ- 30 – солагии Истиқлоли кишвар қарор дорем ва ҳар рўзу ҳар лаҳза моро ба ин сана наздиктар менамояд. Аввалан, мехостам аз Шумо ҳамчун сиёсатмадори сатҳи баланд суол намоям, ки мафҳуми истиқлол чӣ арзише дорад ва оё имрўз мардуми мо ба маъно ва моҳияти воқеии он сарфаҳм рафтаанд, ки истиқлол то кадом андоза арзиши волост?

-Дар бораи арзиши истиқлол сухан гуфта пеш аз ҳама дар бораи моҳияти он гуфтан мумкин аст, ки он дар тасмимгирӣ ва дар сарнавишти худ ба маънои озод будан аст. Ба маънои сиёсиаш, давлат дар муайян намудани сиёсат ва сарнавишти худ мустақилона тасмим мегирад. Ба қавли Пешвои миллат, Истиқлол ҳамон вақт маъно ва моҳияти воқеӣ пайдо мекунад, ки ҷомеа, махсусан, ҷавонон ба қадри он бирасанд, онро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намоянд, асоси хушбахтии худ ва наслҳои минбаъда донанд. Агар таърихи тамоми миллатҳое, ки дар ҷаҳони имрўз давлат доранду онро ҳифз намудаанд омўзем ба ягон халқу миллати дунё истиқлолу соҳибдавлатӣ саҳлу сода ба даст наомада ва тўҳфа нагардидааст. Ҳамаи онҳо барои ин неъмати бузург муборизаҳои тўлониву сахту сангинро паси сар намудаанд. Миллати соҳибтамаддуни тоҷик яке аз миллатҳоест, ки ҳанўз аз қадим соҳиби давлат ва девону дафтар буд. Бо мурури вақт ва дар марҳилаҳои таърих чандин маротиба марзу ҳудуди он тағйир ёфт. Вале, рўҳияи истиқлолхоҳиву соҳибихтиёрӣ зеҳни равшанфикрони миллатро ҳеҷ гоҳ тарк накарда буд. Дар ҳама давру замон арзишҳои бузурги маънавию фарҳангии худро ҳифз кард. Ҳамин рўҳия омили асосии дубора эҳё гардидан ва ба Истиқлол расидани ў гардид. Чун ҷомеа, бахусус ҷомеаи демократӣ, гуногунрангу гуногунандеша аст, ҳар як аъзои он истиқлол ва моҳияти онро ба тарзи худ ва дар сатҳи тафаккури худ дарку эҳсос менамояд. Дар умум, агар ҳама андеша ва дидгоҳҳоро ҷамъбаст намоем, мардуми кишвар аз истиқлол ифтихорманду хушҳоланд ва аз имконияту имтиёзҳои он баҳравар мебошанд. Истиқлол ба мардуми мо, пеш аз ҳама, неъмати бузургтарини ҳаёт озодиро эҳдо намуд. Маҳз истиқлол имконият фароҳам овард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ миллати моро шиносад. Моро водор намуд, ки барои имрўзу ояндаи худ тасмим гирифта, масъулият эҳсос намоем. Аз ҳама муҳим, истиқлол чашми мардумро боз кард ва имкониятҳои бузургро барои миллат кушод.

-Мо дар замони истиқлолият ба дастовардҳои бузург дар ҳама самту соҳаҳо ноил гардидем, ки шарҳи мукаммали онҳо дар як суҳбат ғайриимкон аст. Мехостам дар бораи дастовардҳои сиёсӣ мухтасаран андешаи худро баён менамудед?

-Дастовардҳои Тоҷикистон дар ҳама самту соҳаҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ назаррас мебошанд, ки ҳамаи онҳо аз ташаккули мактаб ва мудирияти сиёсӣ дар замони истиқлолият ба даст омадаанд. Вақте, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд, ноамниву бесуботӣ ба миён омад. Дар баробари ин, рўҳияи яъсу ноумедӣ ҷомеаро фаро гирифта буд. Дар ҳамон вақт ба кишвари мо тамоми ҷаҳониён мутаваҷҷеҳ гардида буданд, ки тақдири ин миллати нав ба истиқлолрасида ба чӣ анҷом меёфта бошад. Дар ҳамон лаҳзаҳои ниҳоят ҳассоси таърихӣ Тоҷикистон ба лидери сиёсие эҳтиёҷ дошт, ки пеши роҳи ҷанги пурфоҷеа ва даҳшатбори шаҳрвандиро бигирад, миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз фаношавӣ эмин нигоҳ дорад. Хушбахтона, ақли солим боло гирифт ва вакилони ҳамонвақтаи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16 - ум Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раис интихоб намуданд, ки аз ҳамон лаҳза дигаргунии куллӣ ва таҳаввули ҷиддӣ дар кишвар ба миён омад. Ин аввалин дастоварди сиёсии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ буд. Соли 1997, ки созишномаи истиқрори сулҳ ба имзо расид, барои рушди ҳамаҷониба Тоҷикистон заминаҳои боэътимоди пешрафту шукуфоӣ фароҳам омад. Ин руйдодҳои фараҳбахши сиёсӣ ҳамаро ҳушдор медиҳад ва водор ба он андеша менамояд, ки ба даст овардани истиқлол ин як масъала бошад, ҳифзу нигаҳдошт ва таҳкиму тавсеа бахшидани он масъалаи муҳимтар аст. Лозим ба ёдоварист, ки дар ҳудуди се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама мактаби мукаммали сиёсӣ ва давлатдории муосири миллии тоҷикон шакл гирифтааст. Ин мактаб дар шароити пуртазоди таърихию сиёсӣ зина ба зина такомул ёфта, имрўз ба шакли комил инкишоф ёфтааст. Аз он, ки дар ин марҳилаи таърихӣ мудирияту муҳандисии ин раванди тақдирсозро маҳз Пешвои миллат мустақиман ба дўш доштааст, ин мактабро метавон мактаби давлатдории Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон номид. Агар дастовардҳои сиёсиро ҷамъбаст намоем, яке аз муҳимтарин, ҳамчун давлат ва миллат, маҳз ҳамин ташаккули давлатдории муосири миллӣ мебошад. Агар ин дастовардҳоро ба таври мушаххас арзёбӣ намоем, дар ин марҳалаи ҳассоси таърихӣ давлатдории мо аз вартаи ҳалокат наҷот ёфт, тамомияти арзии кишвар ҳифз карда шуд, аркон ва сохтори давлатдорӣ барқарор гашт, сулҳу амният ва ваҳдати миллӣ таъмин, раванди эҳёи миллӣ самту суръат ёфт, буҳрони шадиди иқтисодӣ бартараф шуд ва мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафт. Дар тўли 30 сол мо робитаву ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои гуногуни олам ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба роҳ монда, густариш додем. Кишвари мо имрўз узви фаъоли беш аз 80 созмони бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ буда, бо зиёда аз 150 мамлакати дунё робитаҳои дипломатӣ, ҳамкориҳои судманди тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ дорад. Пешрафту шукуфоии Тоҷикистонро имрўз тамоми кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносони хориҷӣ ва институтҳои илмию тадқиқотии олам эътироф менамоянд. Ин падидаҳо аз ояндаи дурахшони Тоҷикистон дарак медиҳанд. Чанде қабл Дабири кулли Созмони Милали муттаҳид Антониу Гутерриш дар нишасте дар шаҳри Ню- Йорк, роҳбари давлати Тоҷикистонро ситоиш кардааст, ки тавонист дар муддати кутоҳи таърихӣ ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар хомўш карда, фақру камбизоатӣ миёни аҳолиро ба таври чашмгир коҳиш диҳад ва барои пешрафт заминаҳои мусоид фароҳам оварад. Имрўз Тоҷикистон ҳамчун давлат ба зинаи нави таърихи такомули худ, яъне ба марҳилаи рушди устувор ворид мегардад, ки он хусусиятҳо ва вазифаҳои комилан хоси худро дорад.

-Ҷаҳони имрўза пур аз гирудорҳо ва мушкилоту муаммоҳост, ки аз таъсираш кишвари мо низ аз ин бархўрдҳо барканор буда наметавонад. Мегуфтед, ки имруз кадом мушкилоте вуҷуд доранд, ки ба истиқлоли мо таҳдид менамоянд?

- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чӣ ҳолати ҳассосе қарор дорад ва Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ ва рушду инкишофи худ бо чи гуна таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ рў ба рў аст. Бе шубҳа, ин таҳдидҳо ба Истиқлоли давлатӣ ва миллии кишвар, инчунин дастовардҳои он хатарҳои ҷиддӣ ворид месозанд. Дар иртибот ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра ва минтақаи Осиёи Марказӣ, афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, кибертерроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, хурофоту чахолат ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа, аз он тақозо менамояд, ки истиқлолияти миллӣ, ҳимояи манфиатҳои халқ ва давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дучори хатару таҳдидҳои ҷиддии хориҷӣ ва дохилӣ гарданд. Ин амалҳо тавассути қувваҳои мухталифи радикалӣ ва террористӣ дар Осиёи Марказӣ идора мешаванд. Ҳоло дар ин минтақа беш аз 20 ташкилоти байналмилалии террористии ба ном исломӣ, аз ҷумла Салафия, Ваҳҳобия, Ҳаракатии исломии Ўзбекистон, «Ҳизб -ут-таҳрир ал-исломӣ» , «Ихвон - ул-муслимин, Ҷамоатал-ислоҳ ал-иҷтимоъ, «Акрамия» - дар водии Фарғона, «Адолат уюшмаси» - дар вилояти Намангон (Ҷумҳурии Ўзбекистон), «Ислом лашкарлари» – Ўзбекистон, «Тавба» – Қирғизистон, «Ҷунбиши Туркистони Шарқӣ» - (дар Синзтяни Чин) , «Ҷабҳаи миллӣ-инқилобии Туркистони Шарқӣ» - (мақсади он дар Осиёи Марказӣ таъсис додани давлати уйғурҳо мебошад), «Ташкилоти наҷоти Туркистон», «Ҳизби исломии Туркистони Шарқӣ», Ҳизби террористии наҳзат ва ғайра вуҷуд доранд, ки ба суботу амнияти минтақа таҳдидҳои рўзмарра ворид мекунанд. Инқилобҳое, ки дар давоми чанд соли охир дар кишварҳои Шарқи Наздик таҳти унвони «Баҳори арабӣ» ба вуқуъ пайвастанд, бо сароҳат нишон доданд, ки дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ абарқудратҳо ба мақсади ба даст овардани манфиатҳои хеш ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии худ бо ин кишварҳо чӣ тавр муносибат менамоянд. Натиҷаҳои ҷанги беш аз 40-солаи хонумонсўз дар Афғонистон, тазоҳурот ва ҷангҳо дар Ироқ, Миср, Либия, Сурия ва дигар кишварҳои арабу Африқои Шимолӣ нишон доданд, ки абарқудратҳо барои тарҳи нави «Ховари Миёнаи Бузург» аз чӣ гуна найрангҳои сиёсиву иқтисодӣ ва бозиҳои бунёдан тарҳрезишуда истифода мекунанд. Бархўрди абарқудратҳо бо мақсади тақсим кардани Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ дар асоси арзишҳо ва маҳдудиятҳои қавмӣ, комилан мувофиқи нақшаи яке аз поягузорони лоиҳаи «Азнавсозии харитаи сиёсии Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ» - и Бернард Люис - таърихнигор ва шарқшиноси британӣ ва амрикоӣ сурат гирифта истодааст, ки он, мутаассифона сабаби буҳрони давомдори иқтисодии минтақа ва ҷаҳон хоҳад гардид. Дар асоси «Харитаи сиёсӣ» - и подполковник Бернард Люис кишварҳои Ховари Миёна, Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ на аз рўи қавму миллат ва талаботҳои сиёсӣ дар чаҳорчўбаи таъриф ва мақоми миллат, балки дар асоси мазҳабу фирқаҳои динӣ тақсим карда мешаванд. Мисоли равшани ин Ироқ аст, ки баъд аз тақсимоти нав ба «Ироқи шиа» ва «Ироқи суннӣ» ҷудо шудааст. Илова бар ин, Афғонистон бояд дар асоси тарҳи Толибон ба «Амороти Афғонистон» ҷудо шавад, ки ин ҳамон усули «тафриқа андоз ва ҳукмронӣ намо» мебошад, ки дар либоси нав зуҳур кардааст. Дигар падидае, ки ба мақсади ҷомаи амал пўшондани ҳадафҳои худ хеле моҳирона истифода мекунанд, ин маводи мухаддир аст, ки ҳам ба субот ва ҳам ба амнияти Истиқлолияти миллии мо таъсири амиқ мегузорад, зеро барои ҳеҷ кас пўшида нест, ки фаъолиятҳои террористӣ ва радикалӣ бо фурўши байналмилалии маводи мухаддир алоқамандии зич доранд. Мутобиқи иттилои Созмони Милали Муттаҳид, дар соли 2020 Афғонистон беш аз 80 дарсади маводи мухаддири ҷаҳониро истеҳсол карда буд. Мутобиқ ба сарчашмаҳои ғайрирасмӣ, фоидаи софи пурра ба манфиати табақаҳои ҷинояткори трансмиллӣ мебошад. Ба ҳамин тариқ, ба баъзе паҳлуҳои таҳдидҳо ба дастовардҳои Истиқлолияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар карда, ба хулосае меоем, ки дар шароити ҳозира кишвари мо бояд ҳамкориҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва сиёсии худро бо шарикони пешини кишварҳои минтақа ва Ғарб пеш барад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи сиёсати хориҷии худ, зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун узви Созмони Милали Муттаҳид, ки инъикосдиҳандаи сиёсати дохилии давлат аст, ба хотири дифоъ аз манфиатҳои миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар «сиёсати нарм»-ро пеш гирифтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар он кишвари солҳои 90-ум нест, ки либералони давр нақши давлатро поин оварда, Ватанро ба хоку хун кашанд. Президенти кишвар дар муқобили либерализми заиф ҳокимияти амудиро ба вуҷуд оварда, мошини қудратманди давлатро ба кор даровард. Қудрати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар ва ҷаҳону минтақа мавқеи мустаҳкам ва ҳалкунанда дорад, аз ин рў, мо низ ба хотири дифоъ аз манфиатҳои миллии худ бояд бо бозингарон дар «тахтаи шоҳмот»-и худашон пешниҳодсохта, бозӣ намоем, зеро масъалаҳои сиёсиро дигар силоҳ ва қудрати низомӣ наметавонанд дар маҷмўъ ҳал кунанд. Сиёсати ҷаҳонии имрўза ниҳоят мураккаб буда, кишварҳои абарқудрат аз стандартҳои дугона кор мегиранд ва мавқеи онҳо дар ин равандҳо номуайян мемонад. Тасаввур кунед, вақте Ҳизби террористии наҳзат, ки бо далелҳои тасдиқшуда дар кишвар фаъолияташ мамнўъ гардид, имрўз дар кишварҳои муайян барои фаъолияти у имкониятҳо фароҳам овардаанд. Ин ҳолатҳо ҳар инсонеро, ки аз сиёсат бархўрдор аст ба андеша намудан водор месозад. Имрўз ҷумҳурии мо ҳамчун як кишвари таъсиргузор дар минтақаи стратегии Осиёи Марказӣ дар доираи геополитикӣ аз ҷониби кишварҳои қудратманди ҷаҳонӣ, аз он ҷумла ИМА, Русия ва Чин мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифтааст. Ин бесабаб нест, чун Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди 1206 километр бо Афғонистон, 1161 километр бо Ўзбекистон, 870 километр бо Қирғизистон ва 414 километр бо Чин ҳамсарҳад буда, дорои марзҳои муштарак мебошад. Мавҷудияти беш аз 1206 километр марзи муштарак бо Афғонистон, ки асоси нооромиҳо дар минтақа аст, нигарониҳо барои авҷи ифротгароии исломӣ, аслиҳа, қочоқи инсон ва маводи мухаддир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз тариқи он ба Русия ва Чин вуҷуд дорад. Ҳамаи ин моро водор ба он менамояд, ки дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол ҳамеша омода бошем. Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи дастовардҳои он кори аз он ҳам мушкилтар аст.

- Таҳким бахшидани истиқлолият вазифаи муҳими имрузаи мост. Бигўед, ки кадом омилҳоро барои тақкими истиқлоли Ватан муҳим мешуморед?

-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз чанд сол муқаддам ҳадафҳо ва самтҳои асосии марҳилаи имрўзаи рушди давлатдории миллӣ мушаххас намудаанд, ки бо камоли қатъият ва дар амал татбиқ намудани онҳо омили муҳимтарини таҳкими истиқлоли Ватан ба ҳисоб меравад. Таҳкими аркону пояҳои давлатдорӣ дар шароити пуртазод ва мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархўрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад. Вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромўш насозем. Муҳимтарин омили таҳкими истиқлоли кишвар густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандўстиву ватандории мардум мебошад. Ҳамчунин зарур аст, ки ба маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрванди кишвар ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. Мо ҷомеаи ҳуқуқбунёд бунёд карданӣ ҳастем дар ин раванд баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ амри зарурист. Мардуми мо бояд аз қонунҳои амалкунандаи кишвари худ огаҳии комил дошта бошанд ва дар доираи онҳо амал намудан ва фаъолият карданро омўзанд. Як бахши фаъолияти ҳизби мо, бахусус аъзои фраксияи мо дар парлумон, пайваста шарҳу тавзеҳи қонунҳои амалкунандаи ва қабулшуда ба ҳисоб меравад, ки ин иқдом дар боло рафтани маърифати ҳуқуқии мардум аз манфиат холӣ нест. Солҳои охир мо шоҳиди ҳодисаҳое м е г а р д е м, к и б а ъ з е д о и р а ҳ о и байналмилалӣ тавассути расонаҳои иттилоотӣ ва бо истифодаи моҳирона аз ноогоҳиву бехабарии мардум, махсусан гурўҳҳои алоҳидаи ҷавонон, равандҳои сиёсиву иҷтимоии чандин кишварҳоро ба чӣ роҳи харобиовар расониданд. Мардум бояд моҳияти равандҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ, мақсади нерўҳои ғаразноки берунӣ ва ҳадафи нақшаву барномаҳои давлати худро мустақилона ва ба таври дуруст дарку қабул карда тавонанд. Барои ин, ба маърифати сиёсии мардум бояд таваҷҷуҳ намуда шавад. Ин як рисолати ҳизбҳои сиёсии кишвар аст. Зеро Аҳзоби сиёсӣ дар ҳама давру замон ва дар ҳама кишварҳои олам мактаби ташаккули афкори сиёсӣ буд ва ҳаст. Ҳамин лаҳза сухани хирадмандонаи вазири донишманд ва сиёсатмадори нуктасанҷи аҳди Сомониён Абулфазли Балъами ёд омад, ки ҳануз дар замони худ гуфта буд, “Ваҳдату ҳамдастӣ ва муттафиқию ҳамсилкии аҳли ҷомеа ва вафопешагии онҳо бар меҳани хеш пояи боэътимоди истиқлол, тавоноӣ ва шикастнопазирии давлатро ташкил медиҳад”. Ҳамин масъаларо мо ба инобат гирифта, дар асоси дастуру тавсияҳои Роҳбари муаззами ҳизбамон чорабиниҳоро баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа роҳандозӣ намудаем. Тасмим гирифтем, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ андешаи сулҳу ваҳдатро ба фарҳанги умумӣ табдил дода, ҳар як шаҳрванди кишвар онро дар сатҳи як зарурати ҷамъиятӣ ва фардии худ фаҳмад. Ҳар як шаҳрванд бояд эҳсос намояд, ки ҳам пешрафти кишвар ва ҳам амалишавии орзую манфиатҳои шахсии ў танҳо ва танҳо дар сурати оромиву субот, сулҳу ваҳдат имконпазир мебошад. Ҳамин пайванди ваҳдат бо манфиати шахсии ҳар шаҳрванд як пояи устувории он хоҳад буд. Ин ҳам як омили таҳкимбахшандаи истиқлол аст.

-Маърифату фарҳанги сиёсиро як фактори муҳими таҳкимбахшандаи истиқлоли Ватан арзёбӣ намудед. Бо кадом роҳҳо метавон маърифати сиёсии мурдумро баланд бардошт, то онҳо аз нақшаҳо ва тарҳҳое, ки дар дастгоҳҳои махсуси кишварҳои абарқудрат тарҳрезӣ мешаванд, огоҳ бошанд? -Тақвияти фарҳангу маърифати сиёсӣ аз масъалаҳои асосии давлатдории муосири тоҷикон буда, ояндаи мо аз он вобастагии амиқ дорад. Доро будан ба фарҳанги сиёси имкон медиҳад, ба ҳар руйдоду воқеа, ки дар кишвар, минтақа ва ё гўшаҳои мухталифи сайёра ба вуқуъ пайваста, ба кишвари мо низ таъсири бевосита мерасонад, баҳои объективона диҳем ва дар ин росто аз манфиатҳои миллат ва давлати худ ҳимоя карда тавонем. Нокифоягии маърифати сиёсӣ раванди ташаккули миллатро кунд мекунад, амният ва сарнавишти миллатро зери хатари ҷиддӣ карор медихад. Баргузории чорабиниҳои оммавӣ – сиёсӣ ва таъмини иштироки мардум дар онҳо як василаи тақвияти маърифати сиёсии мардум аст. Пўшида нест, ки яке аз сабабҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, нокифоягии маърифати сиёсӣ буд. Бояд аз он ҳодисаҳои пурфоҷиаву пурзарар, ки мардумро дар гирдоби ҳалокатбор қарор дод, сабақ гирем, хулосаҳои зарурӣ барорем ва дар оянда бо маърифати баланди сиёсӣ ба чунин иштибоҳҳои ҷиддӣ роҳ надиҳем. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар системаи таълими мактабҳои олӣ омўзиши фанҳои сиёсиро ба монанди сиёсатшиносӣ, фалсафа, таърих, сотсиология, фарҳангшиносӣ ба роҳ мондааст, ки ин тадбири муҳимтарини ташаккули маърифати сиёсии насли ҷавони кишвар ба ҳисоб меравад. Зарур аст, ки ба таълими ин фанҳо аҳамияти аввалиндараҷа диҳем. Зеро, рушди маърифати сиёсии ҷавонон дар асоси таълими оқилона ва мақсадноки ин фанҳо ба даст меояд. Маърифати сиёсӣ ин маҷмўи андешаву ақидаҳо доир ба паҳлўҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иҷтимоӣ буда, решаҳои амиқи таърихӣ ва равонӣ дорад. Адабиёти пурғановати миллати тоҷик низ ба ин масъала, яъне сиёсат ва ҳаёти сиёсӣ дахл намудааст. Барои мисол, номгўи зиёди адабиёте метавон, ба монанди «Сиёсатнома»-и Низомулмулк», «Гулистон» ва «Бўстон»-и Саъдӣ, «Футуватномаи Султонӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, ва «Пандномаи» Сабуктегинро номбар кард, ки андешаҳои сиёсии мутафакирони гузоштаи халқи тоҷик дар онҳо хеле муассир баён гардидаанд. Ин асарҳо дар шароити имрўзаи инкишоф ҳам арзишҳои баланди илмиву бадеии худро аз даст надодаанд. Омўзиши онҳо низ ҷиҳати тақвияти маърифати сиёсӣ аз манфиат холӣ нест. Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳама ҷаласаҳои ҳизбӣ таъкид менамоянд, ки ба роҳ мондани чорабиниҳо барои ташаккули фарҳангу маърифати сиёсии аъзоёи ҳизб ба фаъолияти доимии ташкилотҳои ҳизбӣ бояд табдил дода шавад. Сохторҳои ҳизбии мо ва ташкилотҳои ибтидоӣ, ки хонишҳои сиёсиро роҳандозӣ намудаанд, ин ҳам саҳми боризе дар ташаккули маърифати сиёсати шаҳрвандон хоҳад гардид. Умед аст, ки масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ дар ин маҳфил миёни аъзои ҳизб дар оянда матраҳ мегарданд. Як роҳи дигари муассири ташаккули маърифати сиёсӣ истифодаи ВАО мебошад. Таҳияи барномаҳои сиёсӣ тавассути телевизион ва радио ҳамчунин нашри маводу мақолаҳо дар матбуот низ бисёр муҳим ва таъсирбахш аст. Вобаста ба ин, тасмимҳои ҷиддӣ андешида, сомонаҳо ва саҳифаҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ такмилу тақвият бахшида истодаем. Онҳоро ба талаботи рўз мувофиқ намуда, аз ҷиҳати дизайн, ороишу ҷобаҷогузории мавод ва муҳтаво ғанӣ менамоем. Дар шароити имрўза аз имконоти фазои маҷозӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифодаи пурсамар намудан лозим аст. Зеро, аксари мардум иттилоотро аз фазои маҷозӣ дастрас менамоянд. Мо дар охирин ҷаласаи ҳизбӣ – Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус намуда, масъулин ва сохторҳои худро муваззаф намудем, ки чандрасонаиро дар фаъолияти иттилоотӣ рушд дода, дар баробари гузоштани матн дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет, ҷойгир намудани видео ва овозро, ки таъсиррасониро бештар мекунад, ба роҳ монда, дар ин бахш аз имконоти каналҳои видеоӣ, аз ҷумла YOU TUBE васеъ истифода намоянд ва дар самти омода намудани роҳбарони зинаҳои гуногуни ҳизбӣ барои баромад дар воситаҳои ахбори оммаи давлатию ғайридавлатӣ ва фазои маҷозӣ машғулиятҳои омўзишӣ доир намоянд.

-Оё метавонем ҲХДТ – ро ҳомию пуштибони истиқлоли миллӣ бидонем? -Вақт аз он, ки мо дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ҳарф мезанем, бешак дар ҳамаи ин комёбиҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ нақши муассир ва саҳми муносиб дорад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон худ зодаи даврони истиқлол ва ҳадафи асосии он, тавре ки Оинномааш муқаррар намудааст, таҳкими соҳибихтиёрии давлат буда, кўшишу ғайрат ва донишу идроки аъзояшро баҳри мустаҳкам намудани истиқлоли сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд. Боиси ифтихору сарбаландии мост, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сарвари онро кулли сокинони кишварамон бо эътимод «халқӣ» унвон мекунанду дар асоси иродаю боварии қавӣ атрофи онҳо муттаҳид мешаванд. Чунин истиқболу эҳтироми беолоиш, пеш аз ҳама, дар асоси дарку амалисозии талаботу манфиатҳои мардум аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омадааст, ки самараи онро мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаи илму фарҳанги мамлакат, равшан мушоҳида менамоем. Ҳизби мо мақоми пешсафию роҳбарикунандаро дар ҷомеа тавассути фаъолияти пурсамар, талоши ҳифзу татбиқи манфиатҳои бунёдии мардуми ин сарзамин ба даст овардааст. ҲХДТ ҳамеша дар лаҳзаҳои мушкилу печидаи ҳаёти ҷамъиятӣ иродаи матини пешниҳоди аз чунин вазъиятҳо баромаданро бо ҳисси масъулияти баланд ба зиммаи худ гирифта, маҳбубияташро миёни мардуми ин сарзамин афзудааст. Агар тасвири ин лаҳзаҳоро хаёлан пеши назар орем, ба хубӣ мебинем, ки онҳо лаҳзаҳое буданд, ки дар бисёр мавридҳо ҳисси ноумедию ҳаросро дар кунҷи дили бештари мардум ҷой медоданд, вале боз ҳам ҳамон иродаи масъулиятшиносию ташаббускории ҳизб онҳоро ба умеду бовар нисбати имрўзу ояндаи давлатамон ҳидоят мекарданд. Мисолҳо дар ин маврид хеле зиёданд ва яке аз намунаҳои муассири он посухи муносиби ҷомеаи мо ба таҳдиди вусъатталабонаи вабои ҳамагири КОВИД-19, ки соле қабл мардумро нигарон намуда буд, ба шумор меравад. Дар ин маврид ҳам, бо такя аз таҷрибаи андухтаи ҷомеасозии амалгароёна, ҲХДТ тавонист мардумро боз ҳам дар атрофи худ муттаҳид созад ва тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намояд. Дар баробари тадбирҳои андешидашуда, инчунин, далерона ҳузур пайдо кардани Пешвои миллат миёни мардум дар арафаи авҷи ин вабои ҳамагир дар байни мардум шабаҳи тарсу ноумедии ҷойдоштаро аз байн бурд. Зуҳури ин падида бори дигар нишон дод, ки кишвари мо метавонад низоми амниятии худро алайҳи чунин хатарҳо ҳамеша устувортар нигоҳ дорад. Бо ифтихор бояд гуфт, ки ғояҳои умумимиллие, ки ҲХДТ ташаккул додаасту маҳаки барномаҳои онро ташкил медиҳанд, имрўз танҳо дар қолаби шиору назарияпардозиҳо маҳдуд намешаванд ва онҳо аллакай дар сохтмони иншоотҳои азими аср, ба монанди сохтмони НБО Роғун, роҳу пулҳои дорои сатҳи сифати байналмилалӣ, корхонаҳо, биноҳои муассисаҳои иҷтимоӣ, таъмини сатҳи муносиби зиндагӣ ва ғайра татбиқи худро меёбанд. Яъне имрўз дар заминаи ин ғояҳо муҳити куллан пешрафтаи ҳаётие ташаккул ёфта истодааст, ки сокинони ин сарзаминро бе эҳсоси ташвишу нигаронӣ ба ояндаи дурахшон умедвор месозанд. Тавонмандии нишон додани муҳтаво ва натиҷаи ифодаёбии ғояҳои умумимиллӣ дар ҳадафҳои барномавии ҲХДТ мартабаи ҳизби моро ҳамчун таҳрикбахшандаи Тоҷикистон ба уфуқҳои нави рушд, пеши назари аҳли ҷомеа боз ҳам болотар хоҳад бурд. Мо ин рисолати худро имрўз сарбаландона анҷом дода истодаем. Бо ифтихормандӣ метавонам иброз намоям, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тарғибгари ғояҳои созандаи Истиқлол аст. -Аз ин бармеояд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҷашни 30 – солагии Истиқлол омодагии ҷиддӣ мегирад? -Имрўз Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва тамоми сохторҳои ҳизби мо дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба ташвиқи дастовардҳои Истиқлол камар бастаанд. Дар баробари ин, корҳои созандагиву бунёдкориро роҳандозӣ намуда истодаанд, ки ҳадаф аз онҳо ободу зебо намудани ҳар як гўшаи Ватан мебошад. Таҷлили иди бузурги 30 – солагии истиқлол барои халқи мо аҳамияти бузурги таърихӣ ва сиёсӣ дорад. Он метавонад дар шуури шаҳрвандон, махсусан насли наврас, эҳсоси умумияти таърихӣ, ватандустӣ, меҳри заҳмати ҳалол ва гиромидошти ёду хотираи аҷдоди зафарманди хешро тақвият бахшад, ба густариши худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, боз ҳам мустаҳкам шудани ваҳдату якдигарфаҳӣ муосидат намояд. Фазои тантанаву шодӣ ба тафаккури шахсият таъсири мўъҷизаосо дорад. Зеро, ҳамагон дар атрофи рўйдоде гирди ҳам меоянд, ки ба ҳар кас ва ба ҳама баробар тааллуқ дорад.

Б а р о и м и л л а т и т о ҷ и к в а тоҷикистониён Иди Истиқлол ҷашни муҳим ба шумор мераванд ва бори дигар моро водор ба он месозад, ки дар зери Парчами миллат бо ҳам оему баҳри он бикўшем, ки дар Тоҷикистони азизи мо пешравиҳои аз ин ҳам бештари иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ ба миён ояд.

Мусоҳиб Фараҳноз УМАРЗОДА


Вакти нашр: 2021-06-08 07:59:16    Хонданд: 88    Муфассал...

НАМОИШИ ЭҶОДИЁТИ ХАЛҚ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ТАҲТИ УНВОНИ “ДУШАНБЕ-ШАҲРИ ҲУНАРМАНДОН”

Дирӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии Боғи “Куруши Кабир” намоиши эҷодиёти халқ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Душанбе таҳти унвони “Душанбе-шаҳри ҳунармандон” баргузор гардид.

Нахуст меҳмонону иштирокчиён аз намоишгоҳи ҳунарҳои дастии ҳунармандону косибони чор ноҳияи пойтахт, ки дар даромадгоҳи Боғи “Куруши Кабир” ба маъраз гузошта шуда буд, дидан намуда, ба заҳмату офаридаҳои ҳунармандон баҳои баланд доданд.

Дар оғози чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, мақсади баргузории чорабинии мазкурро эҳёи анъанаҳои аҷдодии миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ, ватандӯстӣ, муаррифии беҳтарин маҳсулоти ҳунармандии маҳаллӣ унвон намуданд. Зикр гардид, ки номоиши “Душанбе - шаҳри ҳунармандон” дар доираи эълон гардидани “Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” роҳандозӣ карда шудааст.

Қайд бояд кард, ки дар партави иқдоми созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 ба раванди эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар суръати тоза бахшид, ки намунаи он намоиши имрӯза таҳти унвони “Душанбе шаҳри ҳунармандон” мебошад.

Барои саҳми арзанда гузоштан дар эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва муаррифии фарҳангу ҳунарҳои мардумии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба иштирокчиёни фаъол, ҳунармандону косибони чирадаст диплому сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамаи ин дастоварду муваффақиятҳои соҳа самараи дастгириву ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю талоши шабонарӯзии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошанд.

Дар идомаи чорабинӣ, баҳри болидарӯҳии меҳмонону иштирокчиён, барномаи фарҳангӣ иборат аз суруду тарона ва мусиқиҳои дилнишин бо иштироки ҳунармандони варзидаи кишвар пешниҳод гардид.


Вакти нашр: 2021-06-08 08:15:18    Хонданд: 84    Муфассал...

МАРОСИМИ КУШОДАШАВИИ ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ОИД БА УНИФАЙТ.

Раёсати кор  бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбк – Мирзозода Иброҳим дар доираи нақша - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6 июни соли ҷорӣ дар толори варзишии муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиши оид ба намудҳои таеквондо" бо ҷалби федерасияи унифайти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалигардонии вазифаҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани сокинони пойтахт ба машғулиятҳои мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш чемпионати кушоди шаҳри Душанбе оид ба УНИФАЙТ баргузор гардид.


Вакти нашр: 2021-06-08 08:29:08    Хонданд: 84    Муфассал...

ИДОМАИ АМАЛИЁТИ ҲИЗБИИ “ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН!” ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ

Имрӯз гурӯҳи корӣ дар ҳайати мудири шуъбаи занони Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ – Бобоева Г., мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ, назорат ва корҳои махсуси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ – Ахунова М., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Раҷабзода Э. ва мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ Ҳаётзода А. баҳри амалигардонии дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 30 апрели соли 2021 амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”-ро дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Соҳибкорӣ”, “Парҳез” ва “Об манбаи ҳаёт”-и ноҳияи Фирдавсӣ баргузор намуда, оид ба корҳои ҳизбӣ, аз ҷумла ҳаракати аъзои ҳизб, иҷроиши Барнома ва Оинномаи ҲХДТ маслиҳатҳои муфид ба масъулини ташкилотҳо доданд.

Бояд қайд намуд, ки кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ячейкаи асосии ҲХДТ ба шумор рафта, барои ноил шудан ба муваффақияту музаффариятҳо саҳми арзанда мегузоранд ва дар амалигардонии Барнома ва Оинномаи ҲХДТ нақши калидӣ доранд.

Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани нуфузу мартабаи ҲХДТ дар дигар кумитаю ташкилотҳо идома дорад.


Вакти нашр: 2021-06-08 16:09:26    Хонданд: 46    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "САХОВАТ"

Имрӯз дар толори ташкилоти ибтидоии "Саховат" маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки  Абдураҳим Шоҳиён Маҳмадулло - Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, раиси ташкилоти ибтидоии "Саховат" - Сабзаев Сайвали Файзалиевич ва аъзоёну кормандони он баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур аввалан гузориши солонаи раиси ташкилоти ибтидоӣ аз июни соли 2020 то июни соли ҷорӣ дар бораи ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ва вазифаҳои минбаъда шунида шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби аъзоёни ҳизб қарори дахлдор дар бораи аз нав интихоб намуданӣ раис, муовини раис ва котиби ташкилоти ибтидоӣ ва дар бораи таҳлили фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар самти корҳои таблиғотию иттилоотӣ қабул намуданд.

Сипас Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии мазкурро шунида, қаноатбахш арзёбӣ намуд. Қайд кард, ки такшилоти ибтидоӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, тарзи дуруст ба роҳ мондани ҳаракати аъзои ҳизб, танзими ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ, сари вақт пардохт кардани ҳаққи узвият, чиҳати зиёд намуданӣ аъзои ҳизб ва дар амал татбиқ намуданӣ Оиннома ва Барномаи ҲХДТ саҳми арзанда дорад.


Вакти нашр: 2021-06-08 17:17:28    Хонданд: 90    Муфассал...

Даври дуюми озмуни “Мо бо шумоем” дар шаҳри Душанбе

Санаи 9-уми июни соли ҷорї Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар асоси фармоши Кумитаи Иҷроияи Марказии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2021, №24  бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни шаҳрии “Мо бо шумоем”-ро дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим  баргузор гардид.

  Мақсад аз баргузории озмуни мазкур пеш аз ҳама татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои осепазири ҷомеъа, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ  ва баланд бардоштани завқи бадеии кӯдакону наврасони маъюб, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, ташвиқу таблиғи ғояҳои созандаи ҳизб ва сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлоли давлатии Чумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бояд қайд намуд, ки даври якуми озмуни мазкур дар сатҳи ноҳияҳои пойтахт ташкил ва баргузор гардида, беҳтаринҳо дар даври дуюми шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.

Дар озмун 26 нафар довталабон аз рўйи номинатсияи маҳорати суханварӣ ва қироати шеър, номинатсияи маҳорати ва номинатсияи маҳорати навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ рақобат намуданд. Аз миёни онҳо дар номинатсияи  суханварӣ ва қироати шеър ҷойи сеюм Давлатов Шаҳром хонандаи гимназияи №2, ҷойи дуюм Самиров Амрихудо хонандаи МТМУ №48, ҷойи якум Абдуалиева Заҳро хонандаи гимназияи №2, дар номинатсияи сурудхонӣ ҷойи сеюм Ҷовидони Баҳриддин хонандаи МДТИШМ барои кӯдакони нобино ва сустбин, ҷойи дуюм Каримов Мубориз хонандаи МДТИШМ барои кӯдакони нобино ва сустбин ва ҷойи якум Муслимова Хатича сокини ноҳияи Фирдавсӣ, дар номинатсияи навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ ҷойи дуюм Эҳсони Абдулҳай хонандаи мактаб-интернати гунгу карҳо ва ҷойи якум Нуралиев Абубакр хонандаи мактаб-интернати №2 ишғол намуданд.

Ғолибони озмун бо диплом  ва туҳфаҳои  таъсиснамудаи Кумитаи тадорукот ќадрдонӣ карда мешаванд.


Вакти нашр: 2021-06-09 15:53:24    Хонданд: 93    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "НАФТУ ГАЗ"

Дар маҷлисгоҳи ҶСК “Нафту газ” маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ оид ба фаъолияти ташкилот аз моҳи июни соли 2020 то моҳи июни соли 2021 доир гардид, ки дар он Абдураҳим Шоҳиён - Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Бурихон Исматов - раиси ташкилоти ибтидоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аввалан ҳисоботи ташкилоти ибтидоӣ шунида шуда, қайд гардид, ки аъзоёни ташкилот дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ иштироки фаъолона дошта, дар иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаҳои ҳизбии шаҳрию ноҳиявӣ нақши худро гузошта истодаанд.

Ҳамзамон, аз ҷониби аъзоёни ҳизб аз нав пешниҳод намудани раис, муовини раис ва котиби ташкилоти ибтидоӣ баррасӣ гардида, аз ҷониби аъзоён ва кормандони ин ташкилот якдилона раис, муовини раис ва котиб интихоб гардид.

Дар интиҳо Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии мазкурро шунида, қаноатбахш баҳогузорӣ намуд.

Мавриди зикр аст, ки такшилоти ибтидоӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, саҳм гузоштан ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёд намудани аъзои ҳизб аз ҳисоби захираҳои кадрӣ ва дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ саҳми наҷиб дорад.


Вакти нашр: 2021-06-09 16:39:28    Хонданд: 25    Муфассал...

ИДОМАИ АМАЛИЁТИ ҲИЗБИИ “ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН!” ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Имрӯз гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баҳри амалигардонии дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 30 апрели соли 2021 амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”-ро дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Адл ва инсоф” ва “Саҳм”-и ноҳияи Шоҳмансур баргузор намуда, оид ба корҳои ҳизбӣ, аз ҷумла ҳаракати аъзои ҳизб, иҷроиши Барнома ва Оинномаи ҲХДТ маслиҳатҳои муфид ба масъулини ташкилотҳо доданд.

Бояд қайд намуд, ки кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ячейкаи асосии ҲХДТ ба шумор рафта, барои ноил шудан ба муваффақияту музаффариятҳо саҳми арзанда мегузоранд ва дар амалигардонии Барнома ва Оинномаи ҲХДТ нақши калидӣ доранд.

Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани нуфузу мартабаи ҲХДТ дар дигар кумитаю ташкилотҳо идома дорад.


Вакти нашр: 2021-06-09 17:26:55    Хонданд: 65    Муфассал...

ИДОМАИ АМАЛИЁТИ ҲИЗБИИ “ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН!” ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ

Имрӯз гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баҳри амалигардонии дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 30 апрели соли 2021 амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”-ро дар кумитаи ибтидоии “Тоҷири аҷам” ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Стоматология”-и ноҳияи Шоҳмансур баргузор намуда, оид ба корҳои ҳизбӣ, аз ҷумла ҳаракати аъзои ҳизб, иҷроиши Барнома ва Оинномаи ҲХДТ маслиҳатҳои муфид ба масъулини ташкилотҳо доданд.

Бояд қайд намуд, ки кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ячейкаи асосии ҲХДТ ба шумор рафта, барои ноил шудан ба муваффақияту музаффариятҳо саҳми арзанда мегузоранд ва дар амалигардонии Барнома ва Оинномаи ҲХДТ нақши калидӣ доранд.

Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани нуфузу мартабаи ҲХДТ дар дигар кумитаю ташкилотҳо идома дорад.


Вакти нашр: 2021-06-09 17:38:28    Хонданд: 80    Муфассал...

ИДОМАИ АМАЛИЁТИ ҲИЗБИИ “ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН!” ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

Имрӯз гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баҳри амалигардонии дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 30 апрели соли 2021 амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”-ро дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Хонаи меҳр” ва “Ангишти тоҷик”-и ноҳия баргузор намуда, оид ба корҳои ҳизбӣ, аз ҷумла ҳаракати аъзои ҳизб, иҷроиши Барнома ва Оинномаи ҲХДТ маслиҳатҳои муфид ба масъулини ташкилотҳо доданд.

Бояд қайд намуд, ки кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ячейкаи асосии ҲХДТ ба шумор рафта, барои ноил шудан ба муваффақияту музаффариятҳо саҳми арзанда мегузоранд ва дар амалигардонии Барнома ва Оинномаи ҲХДТ нақши калидӣ доранд.

Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани нуфузу мартабаи ҲХДТ дар дигар кумитаю ташкилотҳо идома дорад.


Вакти нашр: 2021-06-09 17:48:13    Хонданд: 114    Муфассал...

«ҲАМАИ ВАКСИНАҲОЕ, КИ ТАЪЙИД ЁФТААНД, МАНФИАТОВАРАНД». Доктор Ораш Алоӣ шаҳри Душанберо дар сегонаи пойтахтҳои аз ҷиҳати паҳншавии коронавирус ва эҳтимоли гирифторшавӣ ба он бехатар ном бурд

Бемории ҳамарогири COVID-19 ва бо ваксинаҳои зидди ин беморӣ фаро гирифтани аҳли ҷомеа имрӯз яке аз масъалаҳои мубрам дар арсаи ҷаҳон маҳсуб меёбад. Дар робита ба мавзӯъ  Хабарнигори АМИТ «Ховар» атрофи самаранокии ваксинаҳо, аз ҷумла ваксинаҳои «AstraZenecа» ва «Sinovac», оризаҳо, ҳатмияти ваксина гирифтан, зукоми паррандаи H1ON3 ва дигар масъалаҳо бо табиби маъруфи эронитабори Амрико, сарвари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню-Йорк (ИМА) Ораш АЛОӢ суҳбат анҷом дод.

АМИТ «Ховар»: Ман, барои мисол, ваксинаи «AstraZenecа» гирифтам. Рӯзи аввал худро каме бе ҳол ҳис кардам, табъам баланд шуд, рӯзи дигар сабукӣ ҳис кардам ва дар рӯзи сеюм ҳамааш пушти сар шуд. Ҳоло худро хуб ҳис мекунам. Бигӯед, шумо дар бораи ин ваксинна чӣ назар доред? Умуман, ба фикри Шумо, аз ҳамаи ваксинаҳое, ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт иҷозаи истифода додааст, кадомаш беҳтар ва фоидаовартар аст?

Ораш Алоӣ: Бубинед, ваксинаҳое, ки аз тарафи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, аз ҷумла ваксинаи «AstraZenecа», «Sinopharm», «Sinovac», «Pfizer», «Johnson & Johnson», «Moderna» таъйид шудаанд ва ваксинаи «Спутник», ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ қобили қабул гардидааст, оризаҳои бисёр маҳдуд ва кам доранд. Оризаҳои онҳо монанди ҳар оризаи дигар дар бадани инсон мебошанд. Ин оризаҳо монанди дард дар маҳалли тазриқи ваксина, дар баъзеҳо метавонад беҳолӣ ё баландшавии ҳарорат ва дар баъзеҳо нишонаҳои аллергияи ҳассосият бошанд, вале ин оризаҳои ваксинаҳо ҷои нигаронӣ надоранд. Дар ҳоли ҳозир мо намедонем кадом ваксина беҳтар аз дигар аст, чунки маълумоти мо оид ба ваксинҳо ҳанӯз ба як сол нарасидааст. Ниёз ба 2-3 сол таҳқиқот дорад, то бифаҳмем кадом ваксина таъсираш баландмуддат,  беҳтар аст ва давом дорад. Вале он чи ки мусаллам аст, ҳамаи ваксинаҳое, ки дар ҳоли ҳозир дастрас ҳастанд ва мавриди таъйид буданд, дар коҳиши фавт ва пешгирӣ аз бемории COVID-19 бисёр самаранок буданд ва бояд истифода шаванд.

АМИТ «Ховар»: Бисёриҳо аз ваксина задан худдорӣ мекунанд. Шумо ба онҳо чӣ маслиҳат медиҳед? Оё ваксина гирифтан барои ҳама зарур аст? Чӣ касоне метавонанд ваксина нагиранд?

Ораш Алоӣ: Онҳое, ки ин суҳбатро мехонанд, ба илм гуш диҳанд, на ба ҳарфҳое, ки афроди ғайриилмӣ мезананд. Илм собит кардааст, ки тамоми ваксинаҳо, аз ҷумла ваксинаи COVID-19 муфиданд ва оризаҳояшон бисёр кам ҳастанд. Ба ин хотир тавсияи ҳатмӣ медиҳам, ки ҳамаи ваксинаҳое, ки дастрас ҳастанд, истифода кунед ва ҳеҷ кас манъияте надорад, ки аз ваксина задан манъ шавад, магар касоне, ки дар ҳоли ҳозир худашон бемор бошанд. Пас агар шахсе, ки ҳатто дар гузашта бемориро гузаронидааст, ӯ низ метавонад ваксина занад. Суоле, қи ҳамеша аз ман мепурсанд ин аст, ки касоне бемориҳои, дил, диабет, раг ва ё гурда доранд метавонанд ваксина зананд? Онҳо иттифоқан бояд ваксина гиранд. Чунки онҳо бемориҳои музмин доранд ва ҳатман бояд дар марҳилаи аввал ваксина зананд.

АМИТ «Ховар»: Баъзе коршиносони байналмилалӣ ба онанд, ки ваксина наметавонад пеши роҳи гирифторшавӣ бо коронавирусро бигирад. Оё ин дуруст аст?

Ораш Алоӣ: Бемории COVID-19 ҳолатҳои мухталиф дорад. Дар баъзе афрод ин бемори нишона надорад, дар баъзеи дигар миёна ва дар бархе шадид аст ва ба фавт оварда мерасонад. Ваксинаҳо то қариби 100% дар пешгирӣ аз фавт ва шадид шудани беморӣ самаранок буданд. Дар гурӯҳе, ки бемориро бе нишона ё миёна мегузаронанд, бастагӣ ба намуди ваксина аз 75 то 94 % фарқ дорад. Барои ҳамин бояд ҳама ваксина гиранд, то фавт ва шадидшавии беморӣ пешгирӣ гардад.

Вале тавсия медиҳам, ки то замоне 80 % аҳолӣ ваксина нагиранд, бояд ҳатман ниқоб андохта шавад ва қоидаҳои беҳдоштӣ риоя гарданд. Ваксинаҳо самараноканд ва пешгирӣ мекунанд, вале ин пешгирӣ аз фавт ва шадидшавӣ аст.

АМИТ «Ховар»: Ба кӯдакон низ ваксина задан шарт аст?

Ораш Алоӣ: Ваксинаи COVID-19 дар кӯдакон то ҳол таҳқиқ нашудааст. Дар ИМА ба тозагӣ афроди аз 15 ё 18-сола болоро ваксина, аз қабили «Pfizer», «Johnson & Johnson» ва «Moderna» мезананд. Вале ҳанӯз барои аз 18 ё 15-сола поён барои аксари ваксинаҳо таҳқиқоти лозима анҷом дода нашудааст. Дар ин самт бояд таҳқиқот анҷом дода шавад ва вақте, ки таҳқиқот комил шуд, он гоҳ мушаххас мешавад.

АМИТ «Ховар»: Чанде пеш Созмони ҷаҳонии беҳдошт ваксинаи чиноии «Sinovac»-ро барои истифодаи фаврӣ иҷозат дод. Чин ваъда кардааст, ки ба Тоҷикистон аз ин воксина ба миқдори 300ҳазор  воя  ройгон кумак мекунад. Дар бораи ин ваксина чӣ гуфта метавонед?

Ораш Алоӣ: Таъйид шудани ваксинаи «Sinovac» ва додани 300 ҳазор воя аз ин ваксина ба Тоҷикистон хабари бисёр хуш аст. Ваксинаи «Sinovac»  хуб аст ва тавсия мешавад, ки дар сурати ба таври кофӣ будани воя афроди аз 30 то 50-сола аз ин ваксина гиранд.

АМИТ «Ховар»: Агар аз шумо хоҳиш кунанд, ки 10 пойтахти ҷаҳонро номбар кунед, ки аз ҷиҳати паҳншавии коронавирус ва эҳтимоли гирифторшавӣ ба он бехатаранд, Душанберо дар ҷои чандум қарор медодед?

Ораш Алоӣ: Сиёсатгузории калон дар замони COVID-19 аз ҷониби Ҳукумат дуруст анҷом дода шуд ва мардум низ ба сиёсатгузорӣ посухи муносиб доданд. Ин боис шуд, ки Тоҷикистон бисёр муваффақ амал кунад ва ва бемориро назорат намояд.

Шаҳри Душанберо дар сегонаи пойтахтҳое, ки аз ҷиҳати паҳншавии коронавирус ва эҳтимоли гирифторшавӣ ба он бехатаранд, ҷой медиҳам. Вале бояд гуфт, ки ҳеҷ кишваре ё шаҳре наметавонад худро аз соири дигар кишварҳову шаҳрҳо ҷудо кунад. Бубинед, ки алъон вирусҳои нав аз Ҳиндустон, Африқо, Англия ва Бразилия бисёр паҳн мешаванд ва ин вирусҳоро контрол кардан намешавад. Ба ин хотир бояд мардум тавре соле қабл кӯшиш карданд, худро эҳтиёт кунанд, ниқоб андозанд, дастҳоро тез-тез шӯянд ва дигар чораҳои пешгириро риоя намоянд. Мо медонем, ки ин вирусҳо дар ҳама ҷо ҳастанд. Муҳим он аст, ки афроди ҷомеа бо риояи пешгирӣ боиси он шаванд, ки ин вирус дар вуҷуди онҳо беморӣ эҷод накунад.

АМИТ «Ховар»: Дар посух ба суол фармудед, ки Душанберо дар қатори се шаҳри бехатар аз ҷиҳати паҳншавии COVID-19 қарор медиҳед. Метавонед гуфт, ки ду шаҳри дигари ин сегона кадом шаҳрҳо ҳастанд?

Ораш Алоӣ: Ду шаҳри дигаре, ки аз ҷиҳати паҳншавии COVID-19 бехатаранд, яке Тхимпху – пойтахти Шоҳигарии Бутан ва дигаре Дакар – пойтахти Сенагал мебошанд.

АМИТ «Ховар»: Чанде пеш хабар расид, ки дар музофоти Тзянсуи Чин ҳолати грифторшавии одам ба зукоми паррандаи H1ON3 ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Кумитаи давлатии Чин оид беҳдошт иттилоъ додааст. Оё ба фикри Шумо хатари ба Осиёи Марказӣ паҳн шудани ин вирус мавҷуд аст?

Ораш Алоӣ: Вирусҳои зукоми паррандагон… ин вирусҳо ҳамеша бо башар буданд, ҳастанд ва хоҳанд буд. Ба ин хотир мо фақат пешгирӣ, аз қабили шустани дастон ва риояи фосилаи иҷтимоиро тавсия медиҳем. Мо набояд нигарон бошем, чун медонем ин беморӣ ва роҳи пешгирии он чист. Вале ҳамзамон бояд эҳтиётро риоят кунем. Пешгирӣ барои саломатист.

Агар эҳтиёт накунем, бисёр бояд нигарон бошем. Ман мушоҳида мекунам, ки дар Душанбе мардум дигар эҳтиётҳои пешгириро намекунанд. Дар чунин ҳолат ҷои нигаронӣ ҳаст. Ҷое, ки эҳтиёт анҷом нашавад ва ниқоб зада нашавад, он гоҳ нигарон бояд буд.

                         

ДАР АКС: Ораш Алоӣ. Акс аз АМИТ «Ховар»


Вакти нашр: 2021-06-14 07:33:27    Хонданд: 50    Муфассал...

Барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсуху

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсуху барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо беҳтарин таманниёт Шуморо ба муносибати пирӯз гардиданатон дар интихоботи Президенти Муғулистон табрик менамоям.

Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманди густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои судманд бо Муғулистон мебошад.

Мо ба ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳоямон назари нек дорем ва омодаем, ки ҷиҳати рушду тавсеаи онҳо дар ҳамаи сатҳҳо пайгирона талош варзем.

Изҳори умед менамоям, ки дар давраи фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ мо бо саъйю кӯшишҳои муштарак муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории миёни ду давлати ба ҳам дӯсти моро минбаъд ҳам пеш бурда, бо мӯҳтавои нав ғанӣ хоҳем гардонид.

Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комилу саодат ва дар иҷрои вазифаи пурмасъулияти Президенти кишвар комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Муғулистон пешрафту шукуфоии бемайлон орзумандам».


Вакти нашр: 2021-06-14 07:38:33    Хонданд: 44    Муфассал...

ИДОМАИ АМАЛИЁТИ ҲИЗБИИ ЗЕРИ УНВОНИ “ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН!” ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ

Имрӯз гурӯҳи корӣ дар ҳайати мудири шуъбаи занони Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ – Бобоева Г., мутахассиси шуъбаи таблиғоту ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ – Шоев А., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Раҷабзода Э. ва мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ - Ҳаётзода А. баҳри амалигардонии дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 30 апрели соли 2021 амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”-ро дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Хизматрасон”  ва “Парастор”-и ноҳияи Фирдавсӣ баргузор намуда, оид ба корҳои ҳизбӣ, аз ҷумла ҳаракати аъзои ҳизб, иҷроиши Барнома ва Оинномаи ҲХДТ маслиҳатҳои муфид ба масъулини ташкилотҳо доданд.

Бояд қайд намуд, ки кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ячейкаи асосии ҲХДТ ба шумор рафта, барои ноил шудан ба муваффақияту музаффариятҳо саҳми арзанда мегузоранд ва дар амалигардонии Барнома ва Оинномаи ҲХДТ нақши калидӣ доранд.

Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани нуфузу мартабаи ҲХДТ дар дигар кумитаю ташкилотҳо идома дорад.


Вакти нашр: 2021-06-14 14:04:46    Хонданд: 43    Муфассал...

Роҳбари СУТ: пандемияро тавассути эмгузаронии 70 фоизи аҳолии кураи Замин бартараф кардан мумкин аст

Пандемияи COVID-19 танҳо дар он сурат бартараф карда мешавад, ки ҳадди ақал 70 фоизи аҳолии кураи Замин эм карда шаванд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ хабар медиҳад, дар ин бора директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Гебреесус 12 июн дар нишасти G7 изҳор доштааст.

«Барои пурра бартараф кардани пандемия, мо бояд ҳадди ақал 70 фоизи аҳолии кураи Заминро эм кунем ва ин кор бояд то замони мулоқоти навбатии шумо дар соли оянда дар Германия  анҷом дода шавад. Ин корро бо дастгирии муштараки  «ҳафтгонаи бузург» ва «бистгонаи бузург» анҷом додан мумкин аст. Барои ин ба мо 11 миллиард доза ваксина лозим аст»,-гуфт роҳбари СУТ.

Дар  муддати кутоҳ, ба гуфтаи ӯ, то моҳи сентябри соли равон бояд на камтар аз 10 фоизи аҳолии ҳар як кишвар ва то охири сол 40 фоиз эм карда шавад. Барои ин дар ҳоли ҳозир 100 миллион доза ваксина – барои ин моҳ ва моҳи оянда  ва 250 миллиони дигар то моҳи сентябр зарур аст.

«Мо аз ваъдаҳои саховатмандонаи шумо барои ваксина истиқбол мекунем. Сипос. Аммо ба мо бештар лозим аст ва онҳо барои мо ҳарчи зудтар лозиманд», — иброз дошт Тедрос. Ӯ афзуд, ки ваксинаҳо бояд тавассути ташаббуси COVAX тақсим карда шаванд.

Роҳбари СУТ даъват кард, ки барои аз пандемияҳои оянда наҷот додани ҷаҳон аз буҳрони кунунӣ сабақ гирифта шавад. Вай гуфт, ки ҳоло чизи асосӣ ноил шудан ба ҳамбастагӣ ва ба роҳ мондани мубодилаи маълумот, иттилоот, захираҳо, технологияҳо ва ҳама воситаҳоест, ки ҳар як кишвар барои таъмини амнияти мардумаш ниёз дорад.

Роҳбари СУТ пешниҳод кард, ки «созишномаи байналмилалӣ — шартнома ё конвенсия» дар бораи баланд бардоштани омодагӣ ба ин гуна пандемия ва тақвияти ҳамкорӣ дар самти муайян кардани манбаъҳои пайдоиши микробҳои нав ба тасвиб расонида шавад

ДАР АКС: Директори генералии СУТ Тедрос Гебрейесус. Акс аз СММ /Э.Шнейдер

  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  


Вакти нашр: 2021-06-14 14:19:14    Хонданд: 12    Муфассал...

ИДОМАИ АМАЛИЁТИ ҲИЗБИИ ЗЕРИ УНВОНИ “ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН!” ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

Имрӯз гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати Абдураҳимова Дилбар – мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва корҳои махсуси Дасгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Амробекова Руқия – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Ҷурахонзода Ҷумахон – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баҳри амалигардонии дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 30 апрели соли 2021 амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”-ро дар кумитаи ибтидоии “Ориёнфар” ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор”-и ноҳия баргузор намуда, оид ба корҳои ҳизбӣ, аз ҷумла ҳаракати аъзои ҳизб, иҷроиши Барнома ва Оинномаи ҲХДТ маслиҳатҳои муфид ба масъулини ташкилотҳо доданд.

Бояд қайд намуд, ки кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ячейкаи асосии ҲХДТ ба шумор рафта, барои ноил шудан ба муваффақияту музаффариятҳо саҳми арзанда мегузоранд ва дар амалигардонии Барнома ва Оинномаи ҲХДТ нақши калидӣ доранд.

Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани нуфузу мартабаи ҲХДТ дар дигар кумитаю ташкилотҳо идома дорад.


Вакти нашр: 2021-06-15 07:38:06    Хонданд: 8    Муфассал...

Аъзоёни ҲХДТ пайравони асили Пешвои миллат

Чанде пеш дар пайравӣ ба ташаббусҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи аъзоёни кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино”, ки дар муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ” фаъолият менамоянд ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти “Обшорон”-и шаҳри Кӯлоб бунгоҳи саломатии “Обшорон” бо тамоми таҷҳизоти замони муосир сохта ба истифода дода шуд.  

Дар ифтитоҳи бунгоҳи мазкур 13 нафар духтурони ҷарроҳ, 4 нафар ҳамшираҳои тиббии ҷарроҳӣ ва 1 нафар эҳёгар иштирок намуда, ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакон ба зиёда аз 58 нафар кӯдакон, баъд аз гирифтани озмоиши тестӣ барои гепатити “В” ва ВНМО амалиёти хатна ба таври ройгон гузаронида шуд. Инчунин, 120 нафар осебдидагон аз офати табиӣ бо хӯроки гарм таъмин карда шуданд.

Масъулин ҳадафи ин эҳсонкориҳои худро аз пайравӣ ба иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ маънидод намуда, иброз доштанд, ки чунин иқдомҳо дар оянда низ ба инобат гирифта шудааст.


Вакти нашр: 2021-06-15 09:22:52    Хонданд: 30    Муфассал...

Боздид аз ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва шиносоӣ бо шароити зисти сокинони зарардида дар деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида, ба истифода додани иншооти гуногун, шиносоӣ бо рафти амалишавии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар деҳаи Навободи деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва шароити зисти сокинони аз офати табиӣ зарардида шинос шуда, бо онҳо суҳбат намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар мавзеъи нав, ки барои бунёди хонаҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида ҷудо гардидааст, айни замон корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад. Дар ин ҷо барои 20 оила хонаи истиқоматӣ, бо дарназардошти тамоми шароит бунёд ёфта истодааст ва то ба имрӯз аллакай қисми бештари он болопӯш карда шуда, сохтмончиён ба рангу бор ва ороиши дохилӣ ҳуҷраҳо машғуланд.

Ба ҳар як оила барои бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ 10 садяк замин ҷудо гардида, ҳамчунин барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 10 тоннагӣ семент, 100 дона бомпӯш, 10 куб тахта, 2 тонна арматур ва дигар масолеҳи зарурии сохтмонӣ дастрас карда шуд. Ҳамзамон бо дастури Пешвои муаззами миллат ба пуррагӣ таъмиру тармими дохили хонаҳои истиқоматӣ сурат гирифта, оилаҳои зарардида бо тамоми ҷиҳози зарурии рӯзгор таъмин хоҳанд гашт.

Дар мавзеъи навбунёд ҳамчунин бунёди дигар инфрасохтори зарурӣ барои зисту зиндагонӣ дар назар дошта шуда, то ба имрӯз хатти алоҳидаи барқ кашонида шудааст. Расонидани оби нӯшокӣ, бунёди бунгоҳи тиббӣ, сохтмону мумфаршкунии роҳҳои нақлиётиву пиёдагард бомаром идома дошта, дар кӯтоҳтарин фурсат дар ин ҷо барои сокинон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Зимни боздид ва суҳбатҳои самимӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолу аҳволӣ зарардидагон пурсон шуда, иброз доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро ҷиҳати фароҳам сохтани шароити мусоиди зиндагонӣ, пурра барқарор намудани хисороти расонидашуда ва бунёди хонаҳои замонавӣ бо тамоми ҷиҳоз амалӣ хоҳад кард.

Сокинон дар навбати худ ба Пешвои миллат барои расонидани кӯмаки саривақтӣ, фароҳам сохтани шароити мусоид дар шаҳраки муваққатии истиқоматӣ, таъмин намудан бо хурду хӯрок ва дигар ҷиҳози зарурӣ изҳори миннатдории бепоён намуданд ва иброз доштанд, ки аз рӯзҳои аввали сар задани офати табиӣ онҳо хуб эҳсос намуданд, ки танҳо нестанд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки инчунин 15 оилаи дигар аз гирду атрофи мавзеъи зарардида, ки мувофиқи омӯзиши гузаронидашуда зери хавф қарор доштанд, кӯчонида шуда, барои онҳо низ қитъаи замин ҷудо гардид ва ба пуррагӣ ин оилаҳо бо масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ таъмин карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи боришоти зиёди борон, болоравии сатҳи обҳои зеризаминиву рӯизаминӣ ва аз меъёр зиёд шудани сатҳи оби сойи селпарто дар рӯзҳои 6 ва 7-уми майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ офати табиӣ ба амал омад, ки дар натиҷаи он 20 манзили истиқоматии сокинони деҳоти Ифтихор ба пуррагӣ хароб гардид. Бо амалӣ намудани тадбирҳои саривақтии наҷотдиҳӣ хушбахтона дар ин офат ягон талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд. Хисороти молие, ки дар ин ҳодиса ба аҳолӣ расидааст, бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан барқарор карда мешавад. Аз рӯзҳои аввал рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, таъмини аҳолии зарардида бо хаймаҳои муваққатии истиқоматӣ, маводи рӯзгор ва озуқаворӣ зери назорати шахсии Роҳбари давлат қарор дошта, барои расонидани кӯмаки саривақтӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи зарардидагон ба роҳбарияти вилояту ноҳия зимни суҳбатҳои телефонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастурҳои қатъӣ дода буданд.

Ҳамчунин дар натиҷаи офати табиии рухдода дигар иншооти ёрирасон, роҳу купрукҳои мошингард, хаттҳои барқу обрасонӣ ва заминҳои корам низ осеб дид.

Бо оғоз гардидани корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 тонна семент, 300 метри кубӣ тахта, 3000 дона бомпӯш ва 60 тонна арматур ба мавзеъи бунёдсозии хонаҳои истиқоматӣ расонида шуд. Ин кӯмаки саривақтии роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ба он боис гардид, ки сохтмони манзилҳои истиқоматӣ саривақт оғоз гардида, бо сифати баланд ва аз рӯи стандартҳои муосири меъморӣ ҷараён ёбад.

Аз ин ҷост, ки аллакай корҳои асосии сохтмонӣ дар хонаҳои истиқоматӣ анҷом ёфта, барои фароҳам сохтани шароити мусоиду муносиб рангу бори дохиливу берунӣ дар қисмати бештари иншоот идома дорад.

Ҳамчунин хоҷагиҳое, ки дар натиҷаи офати табиӣ заминҳои корамро аз даст доданд, бо қитъаи замини барои кишт таъмин хоҳанд гашт.

Дар ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди нахустин хонаҳои омодагардидаро ба соҳибонашон супорида, аз дохили ҳуҷраҳо дидан намуданд.

Манзилҳои нави истиқоматӣ бо санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, бо истифода аз масолеҳи сохтмонӣ дохили онҳо оро ёфтааст. Ҳамчунин оилаҳое, ки дар ин рӯз сохтмони хонаҳои истиқоматиашон анҷом ёфтааст, бо тамоми ҷиҳоз аз қабили яхдон, телевизор, мизу курсӣ, қолин, чангкашак, ҷевон, курпаву курпача, то ба хурдтарин ҷиҳози рӯзгор таъмин гардиданд. Тамоми шароити зарурӣ барои зисту зиндагонӣ дар манзилҳои нави истиқоматӣ фароҳам оварда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмуъ сохтмон ва таъмиру муҷаҳҳазсозии 4 хонаи истиқоматӣ ба пуррагӣ анҷом ёфта, дар боқимондаи он қисми бештари корҳо ба охир расонида шуданд ва дар кутоҳтарин фурсат бо анҷоми корҳои боқимонда калиди хонаҳои дигар ба дасти соҳибонашон супорида мешавад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомали Раҳмон ба масъулин ва сохторҳои дахлдор дастурҳои қатъӣ доданд, то ҳарчи зудтар сохтмони манзилҳои боқимондаи истиқоматиро бо сифати баланд анҷом дода, барои аҳолии зарардида тамоми шароиту имкониятро баҳри зиндагӣ фароҳам оранд. То анҷоми кор дар хаймаҳои муваққатӣ онҳоро бо тамоми имконоти зарурӣ аз қабили рахти хобу сару либос ва хурду хӯрок ба пуррагӣ таъмин созанд ва аз ҳолу аҳволи онҳо пайваста бохабар бошанд.


Вакти нашр: 2021-06-15 09:33:40    Хонданд: 29    Муфассал...

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқот намуданд

Пас аз шиносоӣ бо рафти сохтмони манзилҳои истиқоматӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мавзеъ бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқоти самимию судманд баргузор намуданд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали сар задани офати табиӣ дар канори осебдидагон буд ва бо расонидани кӯмакҳои саривақтӣ имконият даст дод, ки сохтмони манзилҳои нав ҳарчӣ зудтар оғоз ёбад. Хушбахтона то ба имрӯз аллакай қисми бештари корҳои сохтмонии хонаҳое, ки ба сокинони зарардида пешбинӣ гардидааст, сомон ёфтааст.

Зикр шуд, ки зарари расонидаи офати табиӣ ба пуррагӣ барқарор гардида, барои зисту зиндагонии сокинон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад ва хонаҳои истиқоматӣ бо тамоми ашёи зарурии рӯзгор таъмин хоҳанд гашт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот таъкид доштанд, ки дар баробари сохтмони 20 манзили истиқоматӣ дар мавзеъи навбунёд, ҳамчунин дигар имконоту инфрасохтор ба пуррагӣ бунёд хоҳад гашт. Аз ҷумла, хатти барқу об, роҳи нақлиётгарду пиёдараҳ ва бунгоҳи тиббӣ бо назардошти талаботи муосир сохта ба истифода дода мешавад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва бунёди манзилҳои истиқоматӣ дар мавзеъи нав зери назорати бевосита ва доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тамоми чораҳо андешида мешавад, то ҳарчӣ зудтар боқимондаи оилаҳо ба хонаҳои нави худ дароянд.

Роҳбари давлат ба масъулини сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки  ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, тамоми шароитро барои зиндагонии осебдидагон дар манзилҳои нав фароҳам созанд. Ҳамчунин корҳои сохтмонии манзилҳои 15 оилаи дигарро, ки дар минтақаи хавфнок қарор доранд, тезонида, онҳоро низ ба мавзъеи нав кӯчонанд.

Зимни баромади худ сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои ташриф ба ин мавзеъ ва шахсан бохабар гардиданашон аз ҳолу аҳволи зарардидагон, дастгирии моддию маънавии мардум изҳори миннатдорӣ карданд.

Таъкид доштанд, ки аз рӯзҳои аввали ҳодиса онҳо зери ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, бо расонидани кӯмакҳои пай дар пай, бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимот таъмин гаштанд.

Сокинон ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳу ғамхории падаронаи миннатдории бепоёни худро иброз доштанд ва ваъда доданд, ки бо меҳнати худ оянда ин мавзеъи навбунёдро ба яке аз маконҳои сарсабзу хуррам табдил хоҳанд дод.

Мулоқот бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 15.06.2021


Вакти нашр: 2021-06-15 09:37:04    Хонданд: 43    Муфассал...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматии зарардидагон дар ноҳияи Вахш боздид намуданд

15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ба ноҳияи Вахш ташриф оварданд.

Ҳадафи сафари Сарвари давлат ба ноҳияи Вахш шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ дар минтақаҳои зарардидаи ноҳия мебошад.

Боздиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои осебдидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти “20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон” оғоз шуд. Сарвари давлат аз рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва ҷараёни корҳои сохтмонии хонаҳои истиқоматии оилаҳои зарардида шинос шуда, бо сокинон суҳбату мулоқоти озоду самимӣ анҷом доданд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 11 майи соли 2021 бар асари боридани боронҳои бошиддати пай дар пай ва омадани сел, ба хоҷагиҳои ноҳияи Вахш, аз ҷумла деҳоти “Машъал”, “20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон” ва “Ваҳдат” хисороти калони иқтисодӣ расида, дар натиҷа 41 манзили истиқоматӣ пурра, 33 хона қисман, 130 иншооти ёрирасони хоҷагиҳо, 8 адад пул, 10 километр роҳҳои автомобилгард ва майдони 1933 гектар зироатҳои кишоварзӣ хароб гардид. Мутаассифона ин ҳодиса боиси як талафоти ҷонӣ шуд. Маҷмӯан, зарари умумии расонидаи офати табиӣ 22 миллиону 711 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Зимни мулоқоту суҳбат бо мардуми зарардида Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳолӣ даъват намуданд, ки ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода набошанд ва онҳоро бовар кунонданд, ки то моҳи сентябри соли равон тамоми хонаҳои вайроншуда пурра барқарор карда мешаванд. Ҳамчунин вазорату идораҳо ва сохторҳои марбута, ки дар барқарорсозии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони осебдида ва бартараф намудани офати табиӣ масъул шудаанд, муваззаф гардиданд, ки ҷараёни корҳои сохтмониро зери назорати қатъӣ қарор дода, ҳар ҳафта ба Роҳбари давлат аз натиҷаи он ҳисобот пешниҳод намоянд.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва азнавсозии хонаҳои истиқоматӣ, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ғамхориҳо зоҳир гардида, ҷараёни корҳои бунёдкориву ободонӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат қарор доранд.

Аз ин амалҳои башардӯстонаи роҳбарияти олии кишвар, мардуми зарардидаи деҳоти “20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон”, “Ваҳдат” ва “Машъал”-и ноҳияи Вахш изҳори хушнудӣ намуда, ҷиҳати дастгирӣ ва расонидани кӯмакҳои инсондӯстона ба Пешвои миллат изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Боздид аз ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматии зарардидиагон дар ноҳияи Вахш 15.06.2021


Вакти нашр: 2021-06-15 13:42:53    Хонданд: 42    Муфассал...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мактаб-интернати кӯдакони ятим ва бепарасторони ноҳияи Вахш санги асос гузоштанд

15 июн дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти “20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон” ба бунёди ду мактаби нави таълимӣ — мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва мактаб-интернати кӯдакони ятим ва бепарастори ба номи Мирзо Сатторов санги асос гузоштанд.

Зимни муаррифии лоиҳаи бинои нави таълимии ҳамагонӣ иттилоъ дода шуд, ки мактаб бо риояи талаботи замони муосир бунёд мегардад ва аз як ошёна, аз ҷумла утоқҳои фаннию лабораторӣ, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки бо бунёди мактаби мазкур мушкилоти бошандагони атрофи деҳоти “20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон” ҳал гардида, дар рушди соҳаи маорифи ноҳия замина мегузорад.

Ба иттилои масъулон баъди ба истифода додани бинои нави таълимӣ, мушкилоти набудани мактаб ва ё дур будани он аз назди хонаҳои шаҳрвандон ба пуррагӣ ҳал гардида, ба ин васила сатҳу сифати таълиму тарбия низ хубтару беҳтар хоҳад гардид.

Дар муаррифии бинои мактаб-интернати кӯдакони ятим ва бепарасторон бошад, ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки мактаб-интернат бо дарназартошти талаботи ҷаҳонӣ бунёд шуда, дорои як хобгоҳ барои 480 нафар, маркази саломатӣ бо 6 ҳуҷра, ошхона барои 480 кас ва меҳмонхона барои пайвандону наздикони хонандагон мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиёну масъулин дастур доданд, ки ҷараёни корҳои сохтмониро ҷиддӣ назорат карда, корҳои бунёдӣ бо сифат ва бо риояи талаботи меъморӣ бунёд гардад.

Иншооти мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии хайриявии “Эҳёи Сомониён” бунёд гардида, то соли 2023 пурра сохта ба истифода дода хоҳад шуд. Иқдоми сохтмони мактаби таълимӣ ва мактаб — интернати бепарасторон дар деҳоти ноҳияи Вахш бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити хуби таълим роҳандозӣ гардидааст. Ҳамин аст, ки дар ноҳия давоми се соли охир якчанд мактабу синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуд, ки ба ин васила шароиту имконоти таълим низ беҳтару хубтар гардид.

Аз ин ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат маорифчиёни ноҳияи Вахш рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ваъда доданд, ки сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлатро сармашқи кори худ карда, дар тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон саҳми муносиб мегузоранд.

Гузоштани санги асоси мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мактаб - интернати кӯдакони ятим ва бепарасторони ноҳияи Вахш 15.06.2021


Вакти нашр: 2021-06-15 13:44:47    Хонданд: 48    Муфассал...

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони зарардидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон»-и ноҳияи Вахш мулоқот намуданд

15 июн Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматии зарардидагон ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиии рӯзи 11 май ба вуқӯъомада, дар деҳаи Иттифоқи деҳоти “20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон” бо сокинони зарардидаи деҳаҳои ноҳияи Вахш мулоқоти озоду самимӣ доир карданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба осебдидагони ин фоҷеаи табиӣ, таъкид намуданд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои ин фалокат ҳамеша даст ба кор буда, пайваста аз ҳолу аҳволи оилаҳои зарардида огоҳ аст ва рафти корҳои ободонию созандагӣ ва барқароркунии хонаҳои истиқоматии сокинон зери назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини вазорату идораҳои дахлдор ва сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявию вилоятӣ дастур доданд, ки барои ҳарчӣ зудтар барқарор намудани манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо, ҷуйҳо, сарбандҳои рахнашуда ва дигар иншооти ифрасохторӣ тамоми қувва ва техникаю таҷҳизоти мавҷударо сафарбар намоянд ва дар муҳлати муқарраргардида, корҳои сохтмонии боқимондаро ба итмом расонанд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат ба як қатор сокинони деҳаи Иттифоқ, ки манзилҳои истиқоматиашон пурра омада гардидааст, калиди хонаҳоро тақдим намуданд.

Хонаҳои бунёдгардида, 3 ва 4 ҳуҷрагӣ буда, бо тамоми шароити буду боши зиндагӣ таъмин мебошанд.

Дар навбати худ сокинони зарардидаи деҳаҳои ноҳияи Вахш аз ғамхорӣ ва кӯмаку дастгириҳои хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, бо шукргузорӣ иброз доштанд, ки имрӯз дар чунин давлати орому соҳибихтиёр зиндагӣ мекунанд ва пайваста зери таваҷҷуҳи роҳбарияти олии сиёсии кишвар қарор доранд.

Бо дарназардошти ин бошандагони деҳоти “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон” дар назди Сарвари давлат ваъда доданд, ки аз як гиребон сар бароварда, дар ободӣ ва пойдории сулҳу суботи кишвар саҳми муносиби худро мегузоранд.

Таъкид бояд кард, ки рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ таҳти назорат ва роҳбарии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт комиссияи махсуси давлатӣ фаъолият мебарад.

Баъди мулоқоти самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Вахш дидан карда, бо фаъолият ва дастовардҳои имрӯзаи кишоварзони ноҳия шинос шуданд.

Зимни боздид аз ин гӯша ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки новобаста аз зиёни ба боровардаи офати табиии рӯзи 11 май, заҳамткашони ноҳияи Вахш бо масъулияти баланд ва иродаи қавӣ нисбат ба замину заминдорӣ камари ҳиммат баста, дар майдони 16 ҳазору 740 гектар, аз ҷумла 930 гектар сабзавот, аз ҷумла 286 гектар картошка, 1000 гектар полезӣ ва 950 гектар пахта кишт намуданд. Аллакай дар қисме ҳосили якум бардошта шуда, дар майдони 1800 гектар кишти такрорӣ, аз ҷумла 100 гектар кишти такрории пахта гузаронида шудааст, ки ҳоло нашъунамои хуб дорад.

Кишоварзони ноҳияи Вахш ҳамасола бо ба даст овардани ҳосили хуби маҳсулоти ватании кишоварзӣ дар таъмини бозори дохилӣ нақши арзанда доранд. Имсол хоҷагидорон аз гузашта дида, майдони кишти зироатҳоро васеъ намуда, меваю сабзавотро дар баробари таъмини бозори дохилӣ ба хориҷи кишвар низ содирот кардаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи ба даст овардаи заҳматкашони ноҳия ва дастгирии муроҷиати Президенти мамлакат доир ба истифодаи оқилонаи замин изҳори сипос намуда, ба хоҷагидорон ҷиҳати боз ҳам васеъ намудани майдони зироатҳо ва барқарор намудани боғу токзор аз ҳисоби боғоти кӯҳна дастуру ҳидоятҳо доданд.

Дар навбати худ аҳли заҳмати ноҳияи Вахш ваъда доданд, ки ҳидоятҳои Президенти кишварро сармашқи кори худ карда, бо кӯшишу талош ва меҳнати софдилона дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиби худро мегузоранд.

Мулоқот бо сокинони зарардидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти “20 - солагии Истиқлоли Тоҷикистон”-и ноҳияи Вахш 15.06.2021


Вакти нашр: 2021-06-15 13:46:46    Хонданд: 39    Муфассал...

ИДОМАИ АМАЛИЁТИ ҲИЗБИИ ЗЕРИ УНВОНИ “ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН!” ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Имрӯз гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ҳайати Изатуллои Ҳабибзод– мудири шуъбаи ҷавонони Дасгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Холиқзода Гулҷаҳон – ёрдамчии Муовини Раиси ҲХДТ, Сайвализода Салим –мутахассиси пешбари Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Исҳоқӣ Ҳусния ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур - Гулаҳмадзода Зулфиқор баҳри амалигардонии дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 30 апрели соли 2021 амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”-ро дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Шоҳмансур”, “Хуршеди Тоҷикистон”, “Коршинос”, “Иҷозатномадиҳии шаҳрсозӣ”, “Шаҳрофар”, “Молиячӣ”, “Сохтмон ва меъморӣ” ва “Гулгашт”-и ноҳия баргузор намуда, оид ба корҳои ҳизбӣ, аз ҷумла ҳаракати аъзои ҳизб, иҷроиши Барнома ва Оинномаи ҲХДТ маслиҳатҳои муфид ба масъулини ташкилотҳо доданд.

Бояд қайд намуд, ки кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ячейкаи асосии ҲХДТ ба шумор рафта, барои ноил шудан ба муваффақияту музаффариятҳо саҳми арзанда мегузоранд ва дар амалигардонии Барнома ва Оинномаи ҲХДТ нақши калидӣ доранд.

Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани нуфузу мартабаи ҲХДТ дар дигар кумитаю ташкилотҳо идома дорад.


Вакти нашр: 2021-06-15 15:38:21    Хонданд: 60    Муфассал...

ИДОМАИ АМАЛИЁТИ ҲИЗБИИ ЗЕРИ УНВОНИ “ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН!” ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ

Имрӯз гурӯҳи корӣ дар ҳайати мудири шуъбаи занони Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ – Бобоева Г., мутахассиси шуъбаи таблиғоту ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ – Шоев А., мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ, назорат ва корҳои махсуси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ – Ахунова М., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Раҷабзода Э. ва мудири шуъбаи омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ – Пирхонов Б. баҳри амалигардонии дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 30 апрели соли 2021 амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”-ро дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Хизматрасон” ва “Парастор”-и ноҳияи Фирдавсӣ баргузор намуда, оид ба корҳои ҳизбӣ, аз ҷумла ҳаракати аъзои ҳизб, иҷроиши Барнома ва Оинномаи ҲХДТ маслиҳатҳои муфид ба масъулини ташкилотҳо доданд.

Бояд қайд намуд, ки кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ячейкаи асосии ҲХДТ ба шумор рафта, барои ноил шудан ба муваффақияту музаффариятҳо саҳми арзанда мегузоранд ва дар амалигардонии Барнома ва Оинномаи ҲХДТ нақши калидӣ доранд.

Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани нуфузу мартабаи ҲХДТ дар дигар кумитаю ташкилотҳо идома дорад.

 


Вакти нашр: 2021-06-15 15:52:24    Хонданд: 12    Муфассал...

20 СОЛИ СҲШ: ҲАМКОРӢ БАҲРИ СУБОТ ВА ШУКУФОӢ. Мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон

Тавре қаблан хабар додем, имрӯз  ба таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай расо 20 сол пур шуд. Маҳз дар ҳамин рӯз15 июни соли 2001 дар мулоқоти сарони давлатҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баёния дар бораи таъсиси СҲШ имзо карда шуд.

Имсол СҲШ 20-сола шуд. Дар ин соли ҷашнӣ раёсатро дар ин Созмони бонуфуз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад. 16-17 сентябр дар Душанбе саммити навбатии СҲШ баргузор мегардад.

Ба ин муносибат мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  пешниҳоди хонандагон менамоем. 

 

20 СОЛИ СҲШ: ҲАМКОРӢ БАҲРИ СУБОТ ВА ШУКУФОӢ

                                               Эмомалӣ РАҲМОН,
                                                          Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
                                                       Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои
                                              Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2021

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо иттико бар усулҳои сиёсати «дарҳои боз», сулҳҷӯӣ ва беғаразӣ, муносиботи дӯстонаи ҳамкории баробарҳуқуқ ва мутақобилан судмандро бо аксарияти кишварҳои ҷаҳон ва бо як қатор аз онҳо — муносибатҳои шарикии стратегиро барқарор ва минбаъд онҳоро амиқтар намуд. Дар стратегияи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҳамсоягии нек ва ҳамкории ҳамаҷониба бо давлатҳои Осиёи Марказӣ мавқеъи афзалиятнок дорад. Эҷоди фазои эътимод ва амният дар атрофи марзҳои кишвар яке аз ҳадафҳои асосии ин сиёсат аст.

Дар қатори ин, сиёсати хориҷии давлати мо ба таъмини иштироки васеъ ва муассири кишвар дар созмонҳои дахлдори байналмилалӣ ва минтақавӣ нигаронида шудааст. Аз тариқи татбиқи чунин сиёсат, Тоҷикистон дар таъмини амният ва сулҳ, ҳамкориҳои созандаи байналмилалӣ ва муколамаи созанда саҳми муносиби худро мегузорад ва инчунин имконоти ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавиро ба манфиати таъмини рушди устувори кишвар ва таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ истифода мебарад.

Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегирад. Дар ин муддати аз рӯи меъёрҳои таърихӣ кӯтоҳ, ҷумҳурии мо бо 179 кишвари ҷаҳон муносиботи комили дипломатӣ барқарор кард ва узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид.

Муносиботи шарикиро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ танзим намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо СММ ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи он, СҲШ, СААД, САҲА, ЭКО ва СҲИ, инчунин бо шарикони рушд, муассисаҳои молиявии байналмилалӣ ва минтақавӣ густариш бахшид.

Маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи бисёрҷониба ба рушди робитаҳои судманд дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай (минбаъд — СҲШ / Созмон) таваҷҷуҳи махсус медиҳад. Бесабаб нест, ки дар Консепсияи ҳоло амалкунандаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  чунин зикр шудааст: «Иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ ба таҳкими муносиботи неки ҳамсоягӣ, робитаҳои боэътимод ва дӯстона байни давлатҳои аъзо ва нозирон дар Созмон, инчунин таъмини амният, субот ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа нигаронида шудааст».

Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки фаъолияти худро дар доираи Созмони мазкур на танҳо дар соҳаи амният ва ҳамкории мутақобилаи иқтисодӣ, балки дар рушду таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ низ мебинад.

Тоҷикистон инчунин ҷонибдори ҷалби давлатҳои нозир дар кори  мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои замони муосир дар доираи СҲШ мебошад.

Бояд қайд кард, ки СҲШ, ки бистсолагии онро мо имсол ҷашн мегирем, аз рӯзи нахустини фаъолияти худ тасдиқ кард, ки он Созмони фаъол ва ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ на танҳо дар минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ аст.

Дар тӯли таърихи бистсолаи худ СҲШ ба яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалии намунаи нав, ба сохтори нодири минтақавӣ мубаддал гашт, ки борҳо хусусияти умумибашарии худро дар ҳаллу фасли масоили мубрами ҷаҳонӣ исбот кардааст. Раванди ҳодисот дар давраи ҷаҳонишавӣ ба таври возеҳ нишон дод, ки ягон давлат дар танҳогӣ қодир нест, ки бо чолишҳо ва таҳдидҳои муосир муборизаи самаранок барад. Дар чунин шароит, танҳо иқдомоти мувофиқашуда ва кӯшишҳои муштараки ҳамаи давлатҳо метавонанд муассир бошанд.

Дар зарбулмасали халқӣ омадааст, ки дӯстон дар рӯзҳои душвор шинохта мешаванд. Кишварҳои узви СҲШ дар шароити душвортарини паҳншавии пандемияи COVID-19 ҳамбастагии худро нишон доданд, дар бисёр масъалаҳои мушкил якдигарро дастгирӣ карданд. Ҷаҳон бори дигар итминон ҳосил кард, ки кишварҳои узви Созмон ба арзишҳо ва усулҳои «Рӯҳи Шанхай» содиқанд.

СҲШ барои расидан ба марҳилаи кунунии рушд ва табдил ёфтан ба созмони неруманди байналмилалӣ раванди тӯлонии ташаккулро тай кардааст.

Барои ташкили чунин Созмон, мебоист аз давраи ҳамкории пурсамар ва гуногунҷабҳа убур намуд.

Бо дарназардошти рушди вазъи байналмилалӣ ва афзоиши босуръати таҳдидҳои амниятӣ дар минтақа дар охирҳои солҳои навадуми асри гузашта, дар назди кишварҳои узви Шанхай зарурияти қабули қарори масъулиятнок пеш омад. Бояд дар бораи таъсиси созмони нави такмилёфта ба сифати яке аз афзорҳои муҳими муқовимат бо таҳдидҳо ва чолишҳои нави афзоишёбанда муфофиқа ҳосил мешуд.

Бо дарназардошти вазъи воқеии корҳо, сарварони давлатҳо тасмим гирифтанд, ки ба ташкили таҳдоби дар заминаи “Панҷгонаи Шанхай” таъсис додани  сохтори мукаммалтарро, ки битавонад Чин, Россия ва тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро дар созмони воҳиди минтақавӣ муттаҳид кунад, шурӯъ кунанд.

Бо дарназардошти вазифаҳои гузошташуда, комиссияи муштараки байниҳукуматӣ таъсис ёфт ва он кори азими машваратиро анҷом дод.

25 августи соли 1999 дар шаҳри Бишкек ҳамоиши чаҳорумини «Панҷгонаи Шанхай» баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш тасмим гирифта шуд, ки ибтикори доир намудани нишасти панҷумини сарварони давлатҳо ба Тоҷикистон вогузор шавад.

Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Панҷгонаи Шанхай» аз моҳи сентябри соли 1999 то июли соли 2000 идома ёфт.

Дар давраи раёсати худ мо корҳои зиёди омодагиро ҷиҳати  баргузор намудани саммити дахлдори «Панҷгонаи Шанхай» анҷом додем ва роҳбарияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба он даъват шуда буд.

Мулоқоти сарварони давлатҳои “Панҷгони Шанхай”, ки 5 июли соли 2000 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, рӯйдоди таърихии дорои аҳамияти хос гардид. Дар Душанбе ба «Панҷгонаи Шанхай» номи «Форуми Шанхай» -ро доданд. Маҳз   ҳамин қарори дар Душанбе қабулшуда асоси таъсисёбии  СҲШ  гардид.

Ба ҳамин тартиб, пешниҳод дар бораи табдили “Пнҷгонаи Шанхай” ба созмони байналмилалии минтақавӣ, ки ҳоло бо номи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай маъруф аст, дар Тоҷикистон ба миён гузошта шуд. Дар  Эъломияи Душанбе аз соли 2000 -ум ғояҳои бунёдии ҳадафҳо, вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти созмони ояндаи бонуфузи минтақавӣ — СҲШ, ки имрӯз дар воқеияти сиёсии ҷаҳонӣ сазовори ҷойгоҳи арзишманд шудааст, гузошта шуда буданд.

Минбаъд, 15 июни соли 2001 дар шаҳри Шанхай мулоқоти сарварони давлатҳо баргузор гардид ва дар он Эъломияи муштарак дар бораи пайвастани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба “Панҷгонаи Шанхай” қабул карда шуд ва дар асоси таҷрибаи андӯхта дар доираи “Панҷгонаи Шанхай”, Эъломия дар бораи таъсиси СҲШ ба имзо расид.

Баробари ворид шудани башарият ба асри нав  ҷаҳон шоҳиди зуҳури сохтори нави муқтадири байналмилалӣ гардид.

Яке аз иқдомҳои муҳим дар ташаккул ва рушди СҲШ ҷаласаи Шӯрои саррони давлатҳо дар соли 2005 гардид: дар он қарори усулӣ дар бораи додани мақоми нозир дар Созмон ба се давлати бузурги Осиё — Ҳиндустон, Эрон ва Покистон қабул шуд. Пештар аз ин, дар соли 2004, чунин мақом ба Муғулистон дода шуда буд. Тавсеаи ҷуғрофии Созмон сурат гирифт ва ин имкон дод, ки нуфузи байналмилалии он ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёбад.

Баъдтар, дар соли 2007, байни кишварҳои СҲШ Созишнома дар бораи ҳамсоягии дарозмуддат, дӯстӣ ва ҳамкорӣ имзо карда шуд.

Дар соли 2009 дар бораи ба Шри-Ланка ва Белорус додани мақоми шарики муколама қарор қабул карда шуд.

Дар соли 2012 пешвоёни кишварҳои СҲШ Эъломия дар бораи бунёди минтақаи сулҳи дарозмуддат ва шукуфоии якҷояро қабул карданд. Худи ҳамон сол Афғонистон дар СҲШ мақоми нозирро дарёфт кард ва Туркия шарики муколама гардид.

Соли 2014 Ҳиндустон ва Покистон расман дархостҳои худро барои дарёфти узвияти СҲШ пешниҳод намуданд. Ин ба давраи раёсати Тоҷикистон дар СҲШ дар солҳои 2013-2014 рост омад. Маҳз ҳамин давра ба расмияти баррасии масъалаи додани мақоми давлати узви СҲШ такони нав бахшид. Ҳамоиши сарони кишварҳои узв дар шаҳри Душанбе барои таҳияи заминаи ҳуқуқии тартиби додани мақоми давлати узви СҲШ заминаи ҷиддӣ гузошт. Ин тартиб дар ҳамоиши баъдии сарварони давлатҳои аъзо муҳокима ва ба таври ниҳоӣ тасдиқ карда шуд.

Дар соли 2015 роҳбарони кишварҳои СҲШ қарори оғози расмияти ба узвият дар Созмон пазируфтани Ҳиндустон ва Покистонро тасдиқ карданд, инчунин қарорҳо дар бораи додани мақоми нозир ба Белорус дар СҲШ, додани мақоми шарики муколама ба Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа ва Непал ба имзо расиданд. Ба ҳамин тартиб, СҲШ ба зудӣ аз созмони минтақавии стандартӣ ба созмони бузурги байналмилалӣ табдил ёфт. Чунин тавсеаи босуръати Созмон дар тӯли ду даҳсола, ҳам аз ҷиҳати сохтор ва ҳам аз ҷиҳати самтҳои фаъолият, дақиқии муайян кардани ҳадафҳо ва ниятҳои неки СҲШ-ро нишон медиҳад.

Дар нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай дар Остона дар моҳи июни соли 2017 ин раванд натиҷаҳои аввалини худро ба бор овард. Ду кишвари бузургтарини минтақа — Ҳиндустон ва Покистон, мақоми узвияти  Созмонро дарёфт намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки ба ақидаи одилонаи аксари коршиносон, чунин созмонҳо дар ҷаҳони муосир ташкилотчиёни асосии муоширати байнидавлатӣ  ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти байналмилалӣ мебошанд. Аз ҳамон оғози таъсиси СҲШ сохторҳое ташкил шуданд, ки тақозои воқеияти замони муосир буданд. Масалан, бо мувофиқаи тарафайн Котиботи СҲШ ва Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ (ММЗТ), ки аз моҳи январи соли 2004 фаъолият мекунанд, ҳамчун мақомот ё сохторҳои доимоамалкунанда муайян карда шуданд. Қароргоҳи  Котиботи СҲШ шаҳри Пекин ва Кумитаи иҷроияи СҲШ — шаҳри Тошканд воқеъ мебошанд.

Дар маҷмӯъ, шароити умумии таъсиси СҲШ ва тамоми марҳилаҳои рушди онро таҳлил ва қайд бояд кард, ки барои зуҳури Созмон дар фазои сиёсии Авруосиё омилҳои зиёди сиёсӣ, таърихӣ ва иқтисодӣ боис гардиданд, ки муҳимтарин онҳо инҳо мебошанд:

— тахриб шудани системаи дуқутба дар муносиботи байналмилалӣ;

— ташаккул ёфтани тартиботи нави ҷаҳонӣ бар асари фурӯпошии собиқ ИҶШС;

— афзоиши чолишҳо ва таҳдидҳои нав, ки дар ҷумлаи онҳо терроризм, экстремизм ва сепаратизм падидаҳои хатарноктарин буданд;

— татбиқи усулҳои тартиботи одилонаи ҷаҳонӣ, ки дар он кӯшиши рушди муштарак бо дарназардошти таҷрибаи муносиботи мутақобила, ки байни кишварҳои минтақа дар доираи «Панҷгонаи Шанхай» ба вуҷуд омадаанд, бартарӣ доранд;

— ҷустуҷӯи муштараки механизмҳои нави самарабахш, ки битавонанд ҳамгироии минтақавии кишварҳоро тақвият бахшанд;

— ташаккули услуби нави ҳамкорӣ дар минтақа, ки дар он самтҳои афзалиятнок таъмини амният, ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳо мебошанд.

Дар ҳақиқат, дар солҳое, ки СҲШ таъсис гардид, дар ҷаҳон тағйироти назаррас сурат гирифтанд, ки комилан мундариҷа ва самтҳои сиёсати ҷаҳонро дигаргун сохтанд. Бо ҳамин  сабаб, кишварҳои ташаббускори таъсиси ин созмон водор шуданд, ки онро ба воқеиятҳои нави ҷаҳонӣ, ба шароити зуд тағйирёбанда мутобиқ гардонанд ва ҷойгоҳи сазоворро барои он дар арсаи сиёсии ҷаҳонӣ пайдо намоянд. Шароити нав аз созмони байналмилалии минтақавии навтаъсис — СҲШ тақозо кард, ки ба тарзи дигар кор кунанд, дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами минтақавӣ фаъолтар саҳм гузорад.

Масала чунин ба миён гузошта шуд: Созмон бояд қудрат ва қобилият дошта бошад, ки ҷавобгӯи манфиатҳои кишварҳои узв бошад, ҳамгироӣҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангию гуманитариро дар шароити душвори байналмилалӣ роҳандозӣ кунад.

Фаъолияти минбаъдаи СҲШ нишон дод, ки Созмон на танҳо тавонист ба ҳаллу фасли ин масъалаҳо бомуваффақият шурӯъ кунад, балки ба сохторе табдил ёфт, ки дар фазои сиёсии байналмилалӣ мавқеи мустаҳкам дорад.

Фаъолияти СҲШ на танҳо ба масъалаҳои сиёсӣ, балки ба робитаҳои иқтисодӣ — ин хеле муҳим аст — мутамарказ шудааст. Дар доираи Созмон нақшаҳои ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ байни давлатҳои аъзо қабул карда шуданд, ки ҳадафи онҳо мусоидат ба гардиши озоди молҳо, хидматҳо ва технологияҳо байни ҳамаи давлатҳои узв мебошад. Ҳамкории мутақобилаи кишварҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ, дар соҳаҳои фарҳанг ва маориф, илм ва технологияҳои инноватсионӣ, инчунин дар чунин соҳаҳо, аз қабили тандурустӣ, маҷмааи агросаноатӣ пурзӯртар мешавад.

Фаъолияти бистсолаи СҲШ тасдиқ мекунад, ки ин созмон платформаи арзанда ва бонуфуз барои муҳокима ва ҳаллу фасли мушкилоти мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад.

Бинобар ин, Тоҷикистон дар фаъолияти он, аз ҷумла дар Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратӣ ва  иқтисодии давлатҳои аъзои СҲШ хеле фаъолона ширкат меварзад, дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун ва дар соҳаҳои дигар ҳамкорӣ мекунад.

Дар тӯли бист соли фаъолияти ҳуд дар соҳаи сиёсати байналмилалӣ СҲШ ҳамчун созмони муассир эътироф шуд ва дар ҷаҳони босуръат рушдкунанда эътибори бузург ба даст овард. Эътироф шудани он ба ҳайси нозир дар Ассамблеяи Генералии СММ, ҳамкории самарабахш бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва АСЕАН аз афзоиши нуфузи Созмон дар сиёсати ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳанд.

Аз тарафи дигар, рушд ва тавсеаи минбаъдаи СҲШ ба бисёр омилҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ вобаста аст. Инҳо, пеш аз ҳама вазъи геополитикӣ дар ҷаҳон, ҳамкорӣ дар масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва рушди тиҷоратӣ ва иқтисодӣ мебошад.

Ҷоизи таъкид аст, ки нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун яке аз муассисони СҲШ, дар раванди ташаккул ва рушди Созмон қобили мулоҳиза аст.

Тоҷикистон солҳои 2008 ва 2014 раёсати Шӯрои сарварони давлатҳо ва солҳои 2006, 2010 ва 2018 раёсати Шӯрои сарварони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ -ро ба ӯҳда дошт.

Мо фаъолияти худро дар доираи Созмон густариш ва равобити худро бо аъзои он тақвият хоҳем бахшид, фаъолияти муштараки худро дар доираи СҲШ дар самти мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои муосир, алахусус терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноии созмонёфтаи фаромиллӣ идома хоҳем дод.

Тоҷикистон чунин мешуморад, ки кишварҳои узви СҲШ бояд на танҳо анъанаҳои ҳамсоягии некро ҳифз кунанд, балки роҳҳои нави муносиби ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда ва ё ба миёнояндаи дорои хусусиёти иҷтимоӣ ва иқтисодиро пайдо кунанд.

То имрӯз кишварҳои мо дар ҳамаи соҳаҳои зикршуда натиҷаҳои мусбӣ ба даст овардаанд, аммо дар ҷаҳони зуд тағйирёбанда мо набояд бо ин иктифо кунем, балки пеш равем ва мушкилоти мубрами дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро ҳал кунем. Ҳама якҷоя бояд барои таъмини амният дар минтақа ва ҳамзистии осоиштаи ҳамаи кишварҳои ҷаҳон кӯшиш кунанд.

Дар соли 2020 раёсати Созмон аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол ёфт. Мутаносибан, ҳамоиши ҷашнии сарварони давлатҳои СҲШ 16-17 сентябри соли 2021 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд. Ин басо рамзӣ аст, чунки нахустин қарор дар бораи таъсиси СҲШ маҳз дар пойтахти кишварамон қабул шуда буд.

Мо итминон дорем, ки СҲШ пас аз таҷлили солгарди ҷашнии худ ҳамчун сохтори фаъол, платформаи муассир ҷиҳати мубодилаи афкор, ташаккули мавқеъҳои умумӣ ва мувофиқаи нуқтаи назари гуногун боқӣ хоҳад монд ва инчунин сиёсати худро мутобиқи талаботи замон такмил хоҳад бахшид.

Фаъолияти СҲШ ба принсипҳои асосии стратегияи сиёсати хориҷии давлати мо комилан мувофиқат мекунад. Мо ба таҳкими минбаъдаи нақши он дар ҳаллу фасли вазифаҳои асосии таҳкими сулҳ ва амният, тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ — иқтисодӣ ва фарҳангӣ — гуманитарӣ манфиатдорем.

Дар фарҷом, мехоҳам қайд намоям, ки СҲШ аз оғози таъсиси худ ҷиҳати барқарор намудани муносиботи одилонаи байналмилалӣ кӯшиш мекунад. Бист соли фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхай, ки ба як давраи хеле мураккаби муносибатҳои байналмилалӣ рост омад, нишон дод, ки Созмон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ба як неруи воқеӣ табдил ёфтааст.

Кишварҳои узви СҲШ дар ҳаллу фасли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ ба сатҳи баланди ҳамкорӣ ва эътимод ноил гаштанд. Мулоқотҳои ҳарсола дар сатҳҳои гуногун имкон медиҳанд, ки на танҳо мушкилоти рӯзмарра ҳал карда шаванд, балки дар ҷаҳони зуд тағйирёбанда низ чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Ин ҳама нишон медиҳад, ки Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар саргаҳи таъсиси он давлати мо низ ҳузур дошт, дар ҳақиқат сохтори хеле ояндадори ҳам миқёси минтақавӣ ва ҳам ҷаҳонӣ мебошад.


Вакти нашр: 2021-06-15 17:46:04    Хонданд: 43    Муфассал...

МУСОҲИБАИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ба муносибати 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай

ирӯз ба таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай расо 20 сол пур шуд. Соли 2021 дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Ҷумҳурии Тоҷикистон раисӣ мекунад. Раёсати ҳозира – аз рӯи ҳисобҳо — сеюмин раёсати давлати мост, ки ба 20-умин солгарди таъсисёбии ин Созмон рост меояд ва таҳти шиори «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ» баргузор мешавад.

 

Ба ин муносибат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саволҳои Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон «Ховар» посух доданд.

 

 

АМИТ «ХОВАР»: — Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, солгард фурсатест, ки аз гузашта ёдовар шавем, имрӯзро арзёбӣ намоем ва ба оянда назар андозем. Шумо дар сароғози таъсиси СҲШ қарор доштед. Ин созмони минтақавӣ чӣ гуна ба вуҷуд омад?

 

ПРЕЗИДЕНТ: — Ҳамааш, гуфтан мумкин, расо чаҳоряк аср муқаддам — аз муколамаи фаъоли сарони давлатҳо оғоз пазируфт. Соли 1996 дар шаҳри Шанхайи Чин нахустин мулоқоти сарони панҷ давлат — Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Чин баргузор шуд, ки зимни он Созишнома дар бораи таҳкими эътимод дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи марзӣ ба имзо расид. Маҳз дар асоси Созишномаи мазкур механизми минтақавии ҳамкорӣ бо номи «Панҷгонаи Шанхай» ба вуҷуд омад. Пас аз як сол, соли 1997, дар Москва мо Созишнома дар бораи коҳиши мутақобилаи неруҳои мусаллаҳ дар минтақаи марзиро имзо кардем.

 

4-5 июли соли 2000 дар Душанбе мулоқоти панҷум ва охирини сарони давлатҳои “Панҷгони Шанхай” баргузор гардид ва дар эъломияи ниҳоии он муқаррароте дарҷ шуда буд, ки ба сохтори минтақавии ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаҳои гуногун табдил додани “Панҷгонаи Шанхай”-ро пешбинӣ мекард.

 

Баъдан, 14-15 июни соли 2001 дар Шанхай дар саммити сарони Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсиси аллакай як сохтори бисёрҷонибаи шаш давлат — Созмони ҳамкории Шанхай эълон карда шуд.

 

Ҳамин тавр, метавон хулоса кард, ки маҳз мулоқоти сарони давлатҳои “Панҷгонаи Шанхай” дар Душанбе ба таъсиси СҲШ заминаи мафҳумӣ гузошт.

 

АМИТ «ХОВАР»: — Моҳи июни соли 2002 дар шаҳри Санкт-Петербург Хартияи СҲШ ба имзо расид, ки он санади асосии Созмон маҳсуб меёбад. Тибқи ин санад ҳадаф ва вазифаҳои асосии СҲШ аз чӣ иборатанд?

 

ПРЕЗИДЕНТ: — Воқеан, Хартияи СҲШ санади таърихиест, ки барои Созмон аҳамияти муайянкунанда дорад. Он ҳадафҳо ва самтҳои асосии ҳамкориро муайян карда, барои фаъолияти Созмон заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт. Дар Хартия се самти асосии фаъолият, ки пешрафти рӯзафзуни моро дар доираи иттиҳод таъмин мекунанд, муайян шудаанд. Инҳо — ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат ва амният, дар соҳаи иқтисод ва дар соҳаи ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ мебошанд.

 

Тибқи Хартия ҳадафҳо ва вазифаҳои асосии СҲШ аз таҳкими эътимоди тарафайн, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек, ҳифз ва таҳкими сулҳ, амният ва субот дар минтақа, муқовимати муштарак бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм дар ҳама гуна зуҳуроти онҳо, мусоидати ҳамаҷониба ва мутавозин ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар минтақа, дастгирӣ ва рушди муносибатҳо бо дигар давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ иборат мебошанд.

 

Бояд тазаккур дод, ки имрӯз давлатҳои аъзои СҲШ дастурамали муқарраркардаи сарварони давлатҳо — бунёдгузорони созмонро мунтазам татбиқ менамоянд.

 

АМИТ «ХОВАР»: — Минбаъд СҲШ чӣ гуна рушд кард? Кадом рӯйдодҳои минбаъдаро дар ҳаёти ташкилот метавон муҳим арзёбӣ намуд?

 

ПРЕЗИДЕНТ: — Қабл аз ҳама, мехоҳам зикр намоям, ки соли 2007 кишварҳои СҲШ Созишнома дар бораи ҳамсоягии неки дарозмуддат, дӯстӣ ва ҳамкориро ба имзо имзо расониданд. Ин хеле муҳим аст.

 

Қадами дигари муҳим дар самти рушди СҲШ ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар соли 2005 буд, ки дар он якбора ба ду давлати абарқудрати Осиё — Ҳиндустон ва Покистон мақоми нозир дода шуд ва пас аз дувоздаҳ сол онҳо узви комилҳуқуқи ин Созмон шуданд. Бо мурури замон Муғулистон, Беларус, Афғонистон ва Эрон низ мақоми нозир, Арманистон, Озарбойҷон, Туркия, Камбоҷа, Непал ва Шри-Ланка мақоми шарики муколамаро гирифтанд. Инчунин беш аз даҳ давлат барои ширкат дар СҲШ ба ҳайси нозир муроҷиат кардаанд, ки дар байни онҳо Украина, Арабистони Саудӣ, Қатар, Исроил ва дигар давлатҳо ҳастанд.

 

Яъне, СҲШ аз ҷиҳати ҷуғрофӣ тавсеа ёфт ва ин имкон дод, ки нуфузи ин Созмон дар арсаи ҷаҳонӣ боло равад.

 

АМИТ «ХОВАР»: — Ҷаноби Олӣ, лутфан бигӯед, ки дар ҳоли ҳозир Созмон чӣ гуна имкониятҳоро дорост ва он имрӯз дар харитаи геополитикии ҷаҳон ба чӣ сурат намоён мешавад?

 

ПРЕЗИДЕНТ: — Худатон мулоҳиза кунед: қаламрави СҲШ, бо шумули давлатҳои нозир, аз Уқёнуси Атлантика то Уқёнуси Ором ва аз Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ то Уқёнуси Ҳиндро, ки беш аз 60 фоизи қитъаи Авруосиёро дарбар мегирад ва дар ин қаламрав, ки беш аз 34 миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад, зиёда аз 3 миллиард нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Ин тақрибан нисфи аҳолии кураи Замин аст.

 

Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки бист сол барои таърих муддати начандон тӯлонист, вале дар ин муддати кӯтоҳ СҲШ тавонист эътирофи байналмилалиро ба даст оварад ва ба платформаи муваффақи ҳамкории бисёрсоҳавӣ табдил ёбад. Дар тӯли ин солҳо заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии Созмон ташаккул ва мунтазам такмил ёфта, заминаҳои мустаҳками институтсионалии он ба вуҷуд оварда шуданд.

 

Имрӯз СҲШ — иштирокчии бонуфуз ва масъули низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ мебошад, ки дар таъмини сулҳ ва амният, ҳалли низоъҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ танҳо бо роҳҳои сиёсию дипломатӣ дар асоси принсипҳои баробарӣ, эҳтироми соҳибистиқлолӣ, тамомияти арзӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии давлатҳо, даст кашидан аз истифодаи неру ё таҳдиди истифодаи он саҳми худро мегузорад.

 

Хуллас, Созмон дар тӯли як муддати аз рӯи меъёрҳои таърихӣ нисбатан кӯтоҳ ба омили муҳим дар сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил ёфт.

 

АМИТ «ХОВАР»: — Тавре медонем, Стратегияи рушди СҲШ то соли 2025, ки аз рӯи натиҷаҳои саммити Уфа дар моҳи июли соли 2015 қабул шуд, самтҳо ва уфуқҳои таҳаввулоти минбаъдаи Созмонро муайян мекунад. Ба назари Шумо, дар ин санад чӣ чиз калидӣ аст?

 

ПРЕЗИДЕНТ: — Дар Стратегия зикр шудааст, ки кишварҳои СҲШ ба ҳуқуқи интихоби роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо дарназардошти таҷрибаи таърихӣ ва хусусиятҳои миллии ҳар як давлат, мусоидат ба муколамаи байни тамаддунҳо, сулҳ, пешрафт ва ҳамоҳангии умум эҳтиром мегузоранд, принсипҳои дахолат накардан ба корҳои дохилӣ, эҳтироми соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии кишварҳои узви СҲШ-ро ба роҳбарӣ мегиранд ва истифодаи чораҳои фишори якҷонибаро бе тасдиқи Шӯрои Амнияти СММ дастгирӣ намекунанд. Ин яке аз бандҳои муҳими ҳуҷҷати мазкур мебошад.

 

Дар баробари ин, фаъолияти СҲШ минбаъд низ ба муқобили кишварҳои сеюм ва иттиҳодҳои онҳо равона карда намешавад. Давлатҳои аъзо аз рӯи принсипи роҳ надодан ба ҳама гуна амалҳои ғайриқонунии бар зидди манфиатҳои СҲШ равонашуда, ки дар Хартияи СҲШ сабт шудаанд, амал менамоянд.

 

Инчунин, кишварҳои СҲШ тасмим гирифтаанд, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ барои аҳамияти баробар додан ба «ҳама намуди ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба рушд» кумак кунанд.

 

Тавре дар Стратегия гуфта шудааст, ба ҳамкорӣ дар мубориза бо фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии террористӣ, ки ба ҷалби шаҳрвандони кишварҳои узви СҲШ ба гурӯҳҳои террористӣ, сепаратистӣ ва экстремистӣ равона карда мешаванд, диққати махсус дода мешавад.

 

Кишварҳои СҲШ ба паҳншавии ғояҳои ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ, пеш аз ҳама дар байни ҷавонон, муқовимат намуда, ҷиҳати пешгирии ифротгароии динӣ, миллатгароии хашин, таҳаммулнопазирии қавмӣ ва нажодӣ тадбирҳо меандешанд.

 

Дар соҳаи таъмини амният ва суботи минтақавӣ, илова бар мубориза бо терроризм, инчунин мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ, маводи ҳастаӣ, ҷинояткории фаромарзӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва хариду фурӯши одамон зикр шудаанд.

 

АМИТ «ХОВАР»: — Ин соли ҷашнӣ барои СҲШ замони ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти он мебошад. Ин иттиҳод чӣ самар дошт, оё вазифаҳое, ки Созмон дар назди худ гузоштааст, амалӣ гардиданд?

 

ПРЕЗИДЕНТ: — Бешубҳа, барои Тоҷикистон, чун дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ, бо пайдоиши СҲШ шароит барои рушди босубот ва устувор беҳбуд ёфта, ба ҳамкории бисёрҷонибаи иқтисодӣ такони ҷиддӣ бахшида шуд. Ин хизмати ҳамаи мост ва мо метавонем аз дастовардҳои муштараки худ ифтихор кунем.

 

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки ҳоло шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳз кишварҳои узви СҲШ мебошанд: Россия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Покистон, Ҳиндустон.

 

Инчунин Сохтори минтақавии зиддитеррористии /СМЗТ/ СҲШ таъсис дода шуд, ки дар амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ саҳми воқеӣ гузошта, кӯшишҳои кишварҳои аъзоро дар мубориза бо ба ном «се неруи бадӣ» ва дигар намудҳои ҷиноятҳои фаромарзӣ ҳамоҳанг сохт.

 

Дар тӯли солҳои мавҷудияти СҲШ Гурӯҳи тамоси СҲШ-Афғонистон таъсис дода шуд, ки дар доираи он «харитаи роҳ» барои амалҳои минбаъдаи Созмони мо дар самти Афғонистон таҳия ва қабул карда шуданд. Ҳамаи ин барои кӯмак расонидан ба Афғонистон, ҳамсояи ҷанубии мо, дар ташаккули давлати устувор ва амн, орӣ аз терроризму ҷинояткории марбут ба маводи мухаддир ва зистан дар фазои сулҳ бо ҳамсоягонаш, равона шудаанд.

 

Ва дар ниҳоят, ҳайати СҲШ, бо шомил шудани Ҳиндустон ва Покистон ба ҳайати давлатҳои аъзо, то ҳашт кишвар густариш ёфт.

 

Дар мавриди иҷрои вазифаҳои гузошташуда, метавонам бигӯям, арзёбии он ки дар тӯли 20 соли гузашта амалӣ шудани онҳо даст дод ё надод, аз ҷониби сарони кишварҳои аъзои СҲШ рӯзҳои 16-17 сентябри соли равон дар саммити ҷашнии Душанбе баҳо дода хоҳад шуд.

 

АМИТ «ХОВАР»: — Муҳтарам Ҷаноби Президент, ҳамчун Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, Шумо кадом вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти Созмонро дар соли 2021 зикр карданӣ ҳастед?

 

ПРЕЗИДЕНТ: — Ман чунин меҳисобам, ки вазифаи асосӣ ин таҳкими иқтидор ва мавқеи байналмилалии Созмони мо мебошад.

 

Назари худро дар бораи самтҳои асосии кори муштарак дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ дар саммити қаблӣ моҳи ноябри соли гузашта мухтасар баён дошта будам.

 

Такрор мекунам, ки дар пасманзари пандемияи коронавирус имрӯз мо ба мушкилоти нави иҷтимоию иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардидаем. Иқтисоди миллии кишварҳои аъзо, аз ҷумла Тоҷикистон зарари ҷиддӣ мебинад. Пандемия ба динамикаи рушди иқтисоди ҷаҳонӣ тағйироти муайян ворид кард. Он омили афзоиши якбораи бекорӣ, монеаи воридшавии сармоягузорӣ ва рушди савдо гардид. Кишварҳои гуногун метавонанд бо таҳдидҳои амнияти озуқаворӣ рӯ ба рӯ шаванд. Тибқи арзёбии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, таъсири манфии оқибатҳои пандемия ба иқтисоди ҷаҳонӣ хусусияти дарозмуддат дорад.

 

Мусаллам аст, ки ин чолишҳо моро ба андешидани чораҳои зарурии таъхирнопазир ҷиҳати вокуниши муносиби муштарак ба онҳо водор месозад. Мутаносибан, дар фазои СҲШ ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ниҳоят муҳим мебошад.

 

Дар ин замина, кӯмаки ҳамаҷониба ба интиқоли бемамонияти молҳои таъйиноти иҷтимоӣ, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ ва доруворӣ дар фазои СҲШ аҳамияти калон пайдо мекунад.

 

Мо самти афзалиятноки раёсати худро дар таҳкими минбаъдаи муттаҳидсозии дохилии Созмони худ, бо истифода аз тамоми имконот ва захираҳои мавҷуда барои дастгирии мутақобила, мебинем.

 

Мутаносибан, масъалаҳои истифодаи васеи имкониятҳои транзитии фазои СҲШ дар мадди таваҷҷуҳ қарор дода мешаванд.

 

Фикр мекунам, ҳоло зарурати густариши ҳамкорӣ дар бахши истеҳсолоти саноатӣ ва энергетикӣ, бахусус дар соҳаҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла гидроэнергетика ба миён омадааст. Дар ин замина, моҳҳои июл ва августи соли ҷорӣ дар Душанбе баргузории нахустин мулоқоти вазирони саноат ва вазирони энержии кишварҳои аъзои СҲШ ба нақша гирифта шудааст. Умедворем, ки баргузории ин чорабиниҳо барои эҷоди механизмҳои мукаммали ҳамкорӣ дар ин самтҳо дар доираи СҲШ замина мегузоранд. Умедворам, дар ҷараёни саммити СҲШ дар Душанбе мо ба қабули қарорҳои дахлдор муваффақ мегардем.

 

Мо ба пешбурди ҳамаҷонибаи маҷмӯи масъалаҳои марбут ба амнияти озуқаворӣ умед дорем.

 

Дар заминаи ҳамкории башардӯстона, Тоҷикистон ба ҳайси раисикунанда, ҳамаи пешниҳодҳоро барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва илм, фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ, инчунин кор бо ҷавонон дастгирӣ мекунад.

 

Дар шароити кунунӣ рушди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла масъалаҳои тағирёбии иқлим аҳамияти махсус дорад. Дар қаламрави Тоҷикистон 13 000 пирях ва тақрибан 1000 дарё мавҷуданд, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд. Мавҷудияти ин захираҳо барои рушди “иқтисоди сабз” замина фароҳам меорад.

 

Истифодаи муштараки иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки сатҳи таъминоти неруи барқ дар кишварҳои минтақа боло бардошта, арзиши истеҳсоли он кам карда шавад, инчунин хатар ба муҳити зист ва ҳаҷми партоби гази карбон ба атмосфера коҳиш дода шавад.

 

Аз ин рӯ, мо ба дастгирии минбаъдаи шарикон дар татбиқи ташаббусҳои мо дар рӯзномаи ҷаҳонии об, аз ҷумла пешниҳоди таъсиси Фонди байналмилалии пиряхҳо, умед дорем.

 

Ва, албатта, зарур мешуморам, ки фаъолияти муштараки мақсаднок дар мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ ва чолишҳои амниятӣ идома дода шаванд.

 

Масъалаҳои ҷинояти киберӣ ва мубориза бо паҳншавии ақидаҳои гуногуни ифротгароӣ, хусусан дар байни ҷавонон, диққати махсусро талаб мекунанд.

 

Ҳамаи ин соҳаҳо Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ дар солҳои 2020-2021 ва инчунин Нақшаи чорабиниҳои асосиро, ки мутобиқи ин Консепсия таҳия шудааст, фаро мегиранд. Аксарияти чорабиниҳое, ки ба нақшаи мазкур дохил карда шудаанд, дар Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Ин чорабиниҳо иборат аз мулоқотҳои роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ, вазоратҳои мудофиа, адлия, молия, тандурустӣ, нақлиёт, котибони шӯроҳои амният, роҳбарони мақомоти мубориза бо маводи мухаддир, туризм, инчунин консерти бошукӯҳ, фестивалҳо ва форумҳо бо иштироки намояндагони кишварҳои аъзои СҲШ мебошанд.

 

АМИТ «ХОВАР»: — Воқеан, дар Нақшаи чорабиниҳои асосии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ, ки аз ҷониби Шумо тасдиқ шудааст, баргузории Форуми роҳбарони воситаҳои ахбори оммаи СҲШ дар оғози моҳи августи соли равон дар Душанбе низ пешбинӣ гардидааст. Лутфан бигӯед, нақши ВАО дар рушди ҳамкории байни давлатҳои аъзои Созмон чӣ гуна аст?

 

ПРЕЗИДЕНТ: — Бо назардошти он, ки мо дар замони рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ зиндагӣ дорем, воситаҳои ахбори омма нақши муҳим мебозанд. Ман на як бору ду бор изҳор доштаам, ки асри мо асри иттилоотонии глобалӣ мебошад.

 

Тавре маълум аст, мо ҳанӯз соли 2003 Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул карда будем.

 

Имрӯз иттилоот ба яке аз воситаҳои муҳимтарини ташаккули ояндаи инсоният табдил меёбад. Фардо чи гуна арзи ҳастӣ кардани ҷаҳон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки ВАО воқеаҳои имрӯзаро чи гуна инъикос мекунанд. Муҳит дар дохили кишвар ва ҳам дар муносибатҳои байни давлатҳо аз мавқеи рӯзноманигорон, блогерҳо, нависандагон ва дигар нафарони эҷодкор вобаста аст.

 

АМИТ «ХОВАР»: — Ташаккур, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, барои чунин баҳогузорӣ ба фаъолияти ҳамкасбони мо, ки он ба зиммаи мо масъулияти калон низ мегузорад. Воқеан, СҲШ хоҳони ниятҳои нек нисбат ба кулли халқҳои дунёст. Шумо иқтидор ва дурнамои Созмонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

 

ПРЕЗИДЕНТ: — Мехоҳам як ҳақиқати оддиро такрор кунам: дар ҷаҳон кори намешуданӣ нест, агар завқу хоҳиш бошад. Раҳбарони СҲШ бисёр мехоҳанд, ки зиндагиро дар минтақа ба куллӣ беҳтар созанд.

 

Мазмуни асосии принсипҳои фаъолияти Созмон шаффофият, эътимод, баробарӣ, ҳамсоягии нек, манфиати мутақобила, машваратҳои тарафайн, эҳтиром ба гуногунии фарҳангҳо ва тамаддунҳо, талош барои эҷод ва рушди муштарак мебошад. Ин принсипҳо дар ҳақиқат дар ташаккули ҳамкории байни кишварҳои аъзои СҲШ ҳамчун модели нави ҳамкории минтақавӣ — бо ҳадафи ниҳоии расидан ба ҳамоҳангӣ ва шукуфоии умумӣ, муҳим ҳисобида мешаванд.

 

Зимнан, бояд тазаккур диҳам, ки осори як зумра ашхоси бузург ва мутафаккирони Шарқ — аҷдоди шарафманди халқҳои маскуни кишварҳои аъзои СҲШ моломоли ғояҳои дӯстӣ, иродаи қавӣ, боварии тарафайн, ҳамсоягии нек ва дастгирии ҳамдигар мебошанд.

 

Ин мерос, ки аз насл ба насл, аз як даврон да даврони дигар мегузарад, маҷмӯи арзишҳои мондагорест, ки берун аз замон ва фазо боқӣ хоҳад монд.

 

Чунин мешуморам, ки мо бояд ин мероси пурғановатро ҳифз ва афзун намуда, дар ҳаёт ва фаъолияти рӯзмарраи худ ба манфиати халқҳо ва кишварҳоямон истифода намоем.

 

Дар ин росто, итминон дорам, қарорҳое, ки дар ҷараёни саммити ҷашнии Созмон дар Душанбе қабул карда мешаванд, ба таҳкими минбаъдаи амният ва суботи минтақавӣ, роҳандозии ҳамкорӣ дар доираи он дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн хидмат хоҳанд кард.

 

АМИТ «ХОВАР»: — Ташаккур, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, барои ба мо вақт ҷудо намуданатон! Ба Шумо саломатии бардавом орзу намуда, дар ҳамаи корҳоятон, аз ҷумла бо муваффақият сипарӣ кардани давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай барор мехоҳем!

 


Вакти нашр: 2021-06-16 07:46:56    Хонданд: 22    Муфассал...

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб ва зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ бо корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва боздид аз ҷараёни барқарорсозии хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.

Сарвари давлат бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон нахуст оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид баҳри суботу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол, осудагии мардуми кишвар ва пешрафту шукуфоии Ватан дуову фотеҳаи нек карданд.

Оғози сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб ва зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 15.06.2021


Вакти нашр: 2021-06-16 07:49:24    Хонданд: 28    Муфассал...

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз роҳи мошингарди зарардидаи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 боздид намуда, бо корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар канали Девонасой ва маҳаллаи Хатти Роҳи шаҳри Кӯлоб шинос шуданд

15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб аз мавзеъҳои бар асари сел зарардида боздид намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз роҳи автомобилгарди зарардидаи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 боздид ба амал оварда, бо корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар канали Девонасой шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки оби каналҳои Шӯраксой бо дарозии 6251 метр, Девонасой бо дарозии 6700 метр ва Тебалай бо дарозии 18 700 метр аз ҳудуди ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Мӯъминобод ва қисми болоии шаҳри Кӯлоб ҷорӣ гардида, ба пуррагӣ аз дохили маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳр мегузарад. Оби каналҳои зикргардида ба дарёчаи Кӯлоб ворид шуда, дар ноҳияи Восеъ бо дарёи Ёхсу якҷоя мешавад. Манбаи асосии оби каналҳои зикршуда барф ва боронҳои мавсимии пуршиддати баҳорон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 11 майи соли равон бинобар боридани зиёди борону жола сел ба вуҷуд омад ва дар натиҷаи офати табиӣ дар кӯча, маҳалла ва деҳоти шаҳр, ҳамагӣ ба 145 хона, аз ин шумора 43 хона пурра, 102 хона қисман ва 606 иншооти ёрирасон хисороти ҷиддӣ расид. Инчунин, 10 адад пул, 4 адад муассисаи таълимӣ ва томактабӣ, 6 километр роҳҳои автомобилгарди кӯчаву маҳаллаҳо, хатҳои интиқоли барқ, 7 зеристгоҳи барқӣ, зиёда аз 13 километр хатҳои обёрии каналҳо, 5 агрегати барқӣ, 128 садяк замини кишти зироат, 128 сар ҳайвони калону майдаи шохдор зарар дид. Маблағи умумии хисороти расида 45,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

То ба имрӯз бо ҷалби техникаҳои зарурӣ дар маҳаллаҳои Хатти роҳ, Даминзода ва маҳаллаи Нонбойи Поён, ки аз офатҳои табиӣ бештар зарар дида буд, корҳои барқарорсозӣ, тоза кардани селобаҳо ва дар умум ба миқдори 5 ҳазор метри мукааб гилу селобаҳо бароварда шуд.

Дар маҳаллаи Фирдавсӣ як адад қубур бо дарозии 14 метр барқарор шуда, дар 182 километрии роҳи Душанбе — Кӯлоб корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Айни ҳол дар маҳалли якҷояшавии каналҳои Девонасой ва Шураксой бо дарозии 1350 метр корҳои заминӣ, оҳану бетонӣ ва барқарорсозии иншооти пасткунандаи суръати об ҷараён дорад.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рафти корҳои сохтмонӣ ба коргарон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Боздид аз роҳи мошингарди зарардидаи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 ва шиносоӣ бо корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар канали Девонасой ва маҳаллаи Хатти Роҳи шаҳри Кӯлоб 15.06.2021


Вакти нашр: 2021-06-16 07:56:34    Хонданд: 33    Муфассал...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои барқарорсозии хонаҳои истиқоматии сокинони шаҳри Кӯлоб боздид намуданд

15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои барқарорсозии хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, воқеъ дар маҳаллаи Даминзодаи шаҳри Кӯлоб боздид ба амал оварданд.

Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел рӯзи 11 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 43 хона пурра ва 102 хона қисман, 606 иншооти ёрирасон, 4 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 6 километр роҳ, 10 пул, қариб 25 километр хатҳои интиқоли барқ, 65 пояи оҳану бетонӣ, 7 трансформатор, 13,5 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 500 метр қубурҳои обгузар ва дигар иншооту таҷҳизоти инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ ва коммуналӣ зарар дид.

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ идома дошта, то ба имрӯз 7 хона сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сардорони ду оилаи зарардида Назаров Исмоил ва Азизова Малика калиди хонаҳои истиқоматии навбунёдро, ки аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сатҳу сифати баланд ва тамоми шароити зарурӣ сохта шудааст, тӯҳфа намуданд.

Биноҳои истиқоматӣ дар майдони 104 метри муррабаъ ҷойгир буда, аз се ҳуҷраи истиқоматӣ: ошхона, ҳамом ва пешдолон иборат мебошад.

Сокинон аз кӯмакҳои пайваста ва ғамхориҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки оилаҳои зарардида дар кутоҳтарин муҳлат бо тамоми шароиту имкониятҳои зист таъмин мегарданд.

Корҳои бартарафсозии оқибати офати табиӣ ва корҳои сохтмонии дигар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандони аз офати табиӣ харобгардида идома дорад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз ба 1725 хоҷагии зарардида кӯмаки яквақтаинаи маводҳои хӯрока, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, пиёз, картошка ва дигар маводи рӯзғор расонида шуда, барои барқарорсозии хонаҳои зарардидаашон ҳамчунин дигар намуди масолеҳи сохтмонӣ ба монанди семент, арматура ва тахта дастрас карда шудаст.


Вакти нашр: 2021-06-16 07:59:26    Хонданд: 24    Муфассал...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони оилаҳои зарардидаи шаҳри Кӯлоб мулоқот карданд

15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони оилаҳои зарардидаи шаҳри Кӯлоб мулоқот карданд.

Ҳадафи асосии сафар ба шаҳри Кӯлоб боздид аз ҷараёни корҳои барқарорсозии иншооту манзилҳои бар асари офатҳои табиии моҳи майи соли ҷорӣ зарардида ва шиносоӣ бо вазъи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мебошад.

Таъкид гардид, ки табиати имсола мардум ва кишвари моро бо офатҳои зиёд рӯ ба рӯ сохт, ки ҳамаи онҳо боиси хисороти зиёди молӣ ва мутаассифона, талафоти ҷонӣ низ гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел рӯзи 11 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 43 хона пурра ва 102 хона қисман, 606 иншооти ёрирасон, 4 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 6 километр роҳ, 10 пул, қариб 25 километр хатҳои интиқоли барқ, 65 пояи оҳану бетонӣ, 7 трансформатор, 13,5 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 500 метр қубурҳои обгузар ва дигар иншооту таҷҳизоти инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ ва коммуналӣ зарар диданд. Инчунин, дар хоҷагиҳои ҳудуди шаҳр ҳазорҳо сар чорво талаф ёфта, қариб 136 гектар майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, ғалладона, сабзавот ва картошка хароб гардид. Маблағи умумии зарари офати табиӣ 46 миллион сомониро ташкил кард.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аз рӯзҳои аввали рух додани ин ҳодиса Ҳукумати мамлакат аҳолии зарардидаи шаҳри Кӯлобро бо ёриву ғамхорӣ фаро гирифта, доир ба рафъи оқибатҳои он андешидани чораҳои заруриро оғоз кард. Аз ҷумла, ба ҳамаи оилаҳои осебдида —  1725 хоҷагӣ ба таври фаврӣ кумакҳои моддӣ, аз қабили маводи хӯрокворӣ, ҷиҳози хона, сару либос, масолеҳи сохтмон ва сӯзишворӣ дастрас карда шуд.

Сохтмони 43 хонаи истиқоматии бар асари офати табиӣ пурра зарардидаи шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин, бо саҳми ташкилоту муассисаҳо оғоз гардид, ки то 20-уми августи соли ҷорӣ ба анҷом расонида шуда, бо ашёву лавозимоти зарурии рӯзгор таъмин гардида, ба аҳолии осебдида супорида мешавад. Имрӯз ҳашт хонаи навбунёд ба оилаҳои зарардида супорида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи имрӯза ба вазорату идораҳо, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб супориш доданд, ки хонаҳои навро барои оилаҳои пурра зарардида дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд ба истифода супорида, минбаъд корҳоро дар самти пешгирӣ кардани оқибати офатҳои табиӣ, аз ҷумла омода намудани инфрасохтори дахлдор, сари вақт огоҳ кардани аҳолӣ ва дигар чорабиниҳои заруриро ба таври васеъ ба роҳ монанд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти саҳми бисёр арзишманди сокинони шаҳри Кӯлоб дар рушди кишвар, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва махсусан, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои иҷтимоии онҳо ҳамеша эътибори аввалиндараҷа медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки мардуми шарифи шаҳри Кӯлоб, дар баробари корҳои барқарорсозии иншооти бар асари офати табиӣ зарардида, дар қатори тамоми сокинони мамлакат ба хотири сазовор ҷашн гирифтани 30 — солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву бунёдкориро вусъат бахшида истодаанд.

Ба ҳолати 1 июни соли ҷорӣ аз 873 иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ пешбинигардида 800 иншоот сохта, ба истифода супорида шудааст, ки 92 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат бо итминон изҳор доштанд, ки дар муҳлати то ҷашн боқимонда роҳбарону масъулон, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон ва ҳар як сокини шаҳр корҳои бунёдкориву ободониро вусъат бахшида, ҳамаи иншооти ба нақша гирифташударо бо сифати баланд ба истифода месупоранд.

Ҳукумати мамлакат ба масъалаи пешрафту ободии шаҳри Кӯлоб ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони он ҳамеша эътибори хосса зоҳир карда, дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмин кардани рушди иҷтимоиву иқтисодии он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 3,5 миллиард сомонӣ равона намудааст. Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Кӯлоб ва беҳтар гардонидни сатҳи зиндагии мардуми он Ҳукумати мамлакат Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Кӯлобро барои солҳои 2020 — 2025 қабул намудааст, ки дар доираи он амалисозии 221 лоиҳа ба маблағи қариб 7 миллиард сомонӣ пешбинӣ ва татбиқ шуда истодааст.

Дар ин робита, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати сари вақт ва босифат амалӣ кардани барнома ва бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта ҳамкориро бо вазорату идораҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша густариш бахшида, иҷрои ҳадафу вазифаҳои дар барнома пешбинишударо дар муҳлатҳои муайянгардида таъмин намоянд.

Роҳбарони шаҳр, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва масъулони соҳа аз Президенти мамлакат супориш гирифтанд, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, хусусан, заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ ва гирифтани 2 — 3 ҳосил, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва маҳсулнокии чорво ва дар маҷмӯъ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва захира намудану боз ҳам беҳтар таъмин кардани талаботи бозори истеъмолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди комил иброз доштанд, ки дар ин раванд мардуми сарбаланд ва далеру ғаюри шаҳри бостонии Кӯлоб мисли ҳарвақта саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.

Дар мулоқоти имрӯза оид ба рафти иҷрои корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, бунёди манзилҳои истиқоматии сокинони аз офат зарардида, таъмини маводи озуқа ва масолеҳи сохтмонӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ Нурмаҳмад Аҳмадзода ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода ҳисобот доданд.

Супоришҳо ба роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб оид ба бунёду таҷдиди роҳҳо, чароғонкунии хиёбонҳо, корҳои ободонию созандагӣ ва вусъати корҳои кишоварзӣ дода шуд.

Дар охири мулоқот баъди суханронии Президенти мамлакат як гуруҳ сокинони шукргузори шаҳри Кӯлоб баромад карда, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи таваҷҷуҳу ғамхориҳо ва талошҳову ташаббусҳои созанда баҳри беҳдошти шароити зисти мардум изҳори сипос намуданд. Онҳо Сарвари давлатро бовар кунонданд, ки минбаъд низ дар рушду пешрафт ва ободию шукуфоии сарзамини аҷдодӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат, саъйю талош хоҳанд кард.


Вакти нашр: 2021-06-16 08:02:25    Хонданд: 30    Муфассал...

МАКТУБИ СИПОС ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 Ба унвони АМИТ «Ховар» аз номи як гурӯҳ зиёиёни вилояти Суғд мактуби сипос ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудааст. Дар он омадааст:

«Чанд рӯз аст, ки мо  зери таъсири  нишотбахши воқеаҳои рӯзҳои охир  қарор дорем, ки онро бо забону қалам тасвир кардан душвор аст. Суханҳои самимиву пурмеҳри  Шумо — муҳтарам Пешвои муаззами миллат ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Миромонович дар мавриди мустаҳкам намудани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек дар  барномаи пуршукӯҳи “Шоми дӯстӣ”, ки дар пойтахти зебои кишварамон шаҳри Душанбе баргузор гардид,   ҳам ба дӯстони тоҷикзабони мо ва ҳам ба ҳазорҳо ӯзбеконе, ки дар ҳудуди Тоҷикистон зиндагӣ доранд, нерӯи баланд ва кайфияти тоза бахшид.  Ҳангоме ки  Шумо олитарин  мукофотои  ҷумҳурӣ – ордени  “Зарринтоҷ”-ро  ба Президенти Ӯзбекистон   месупоридед, фикр мекардем, ки ба ин дӯстиву рафоқат, қадрдонии ду Роҳбарони донишманду сиёсатдон, дӯсту бародар, Пешвоёне, ки барои бахту саодат ва манфиати халқҳои худ – тоҷику ӯзбек ҳамаи  мушкилиҳоро паси сар карда, риштаи дӯстӣ бастанд, тамоми мардуми  дунё, сарварону вазирони  мамлакатҳоро дар ҳайрат гузошт.  Имрӯз мардуми олам ба дӯстии мо ҳавас мекунанд.

Суханронии Шумо ва Президенти Ӯзбекистон, ки  дар қасри таърихии “Арбоб”  дар мулоқот бо мо – зиёиён ва фаъолони вилоят доштед, на танҳо моро, балки тамоми одамоне, ки ба воситаи оинаи нилгун рафти мулоқотро тамошо мекарданд, хеле муассир сохту шод гардонид.  Бо ҳар кӣ суҳбат мекардем, мавзӯи суҳбат аз таҳсину таҳлили саъйу ҳаракатҳои Шумо Пешвои гиромӣ ва Шавкат Миромонович  дар роҳи устувор сохтани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, ба зинаҳои баланд бардоштани муносибатҳои ҳамсоягӣ, заҳматҳои  пайвастаи Шумоён дар ҷодаи беҳтар намудани зиндагии халқҳои ҳар ду кишвар иборат буд. Аз пирони рӯзгор сар карда то ҷавонон даст бар дуо бардошта, эҳсоси шодии худро пинҳон надошта, ҳатто ашки шодӣ дар чашм дар ҳаққи  ҳар дуи Шумо суханҳои хушу  таманниёти нек изҳор мекарданд.

Дар натиҷаи иродаи бузурги сиёсӣ ва ташаббуси  оқилонаи Шумоён – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Миромонович ва дастгирии ҳаматарафаи якдигар сардиҳои муносибатҳои солҳои охир аз байн бардошта шуданд, дарвозаҳои оҳанин боз гардиданд. Барои шаҳрвандони ҳар ду мамлакат имконияти  рафту омади бе ягон визаю мамоният  фароҳам оварда шуд. Пас аз солҳои тӯлонӣ парвози ҳавопаймоҳо аз сӯи Душанбе ба Тошканд, аз Тошканд ба  Душанбе оғоз гардид, ҳаракати автобусҳои байнидавлатӣ ба роҳ монда шуд.  Тибқи маълумотҳои статистикӣ, то давраи пандемия  ба Тоҷикистон аз ҳама зиёд аз Ӯзбекистон меҳмон омадааст, албатта,  ин маънои онро дорад, ки хешовандон дар вақти дилхоҳашон имконияти ба дидори ҳам расиданро соҳиб шудаанд.

Байни мардум панди “Ҳамсояи наздик беҳ аз хеши дур” мавҷуд аст, ки дар ин ҳолат бисёр бамаврид аст.  Дӯстиву қаробати Тоҷикистону Ӯзбекистон дар давраи пандемия бештар эҳсос гардид. Кӯмаки Ӯзбекистон дар шакли доруву дармон, таҷҳизоти тиббӣ, госпитали сайёр, мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ”, табибони вирусолог ва ғайра   аввалинҳо шуда ба Тоҷикистон расид.

Ҳамчунин, ҳангоми рух додани офати табиӣ дар Сардобаи Ӯзбекистон Ҳукумати Тоҷикистон бо дасти кӯмак барои ҳолпурсиву дастгирӣ шитофт.

Ин ҳолат як намуна аз меҳру самимият ва дастгириҳои  ду халқи дӯсту бародар  аз якдигар буд.

Мусаллам аст, ки аз азал дар ҳудуди Ӯзбекистон тоҷикони бисёр  ва дар Тоҷикистон мардуми зиёди ӯзбекзабон зиндагӣ доранд.   Қаҳрамонҳои Иттифоқи Советӣ  Тӯйчӣ  Эрйигитов, Ӯринбек Ёқубов, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Абдуғафур Самадов, Қаҳрамонҳои Меҳнати Сотсиалистӣ Аскаралӣ Мирзаев, Имомназар Хӯжаназаров, раққосаи машҳури  балет,   шоир, Ходими фарҳангии хизматнишондодаи Тоҷикистон Ӯлмас Ҷамол, арбоби давлатӣ  Бегалӣ Аҳмадалиев, Ҷӯра Шокиров,  доктори фанҳои таърих Абдуҳамид Гадоев, олимони навоишинос докторони илмҳои филологӣ, профессорон Эргашалӣ Шодиев, Абдусалом Абдуқодиров, доктори илмҳои фалсафа, профессор Ҳомид Пӯлатов барин кадрҳои баландихтисоси  ӯзбек дар Тоҷикистон камол ёфтанд ва бо меҳнатои пурсамари худ ба Ватани азизи худ Тоҷикистон хидмат намуданду ҳамеша онро бузург доштаанд.

Имрӯз ҳам дар вилоятамон олимон, адибон, санъаткорон ва соҳибкорони ӯзбек бо фаъолияти пурсамари худ барои рушди фарҳангиву илмӣ ва маънавию моддии кишвар саҳми босазои худро мегузоранд.

Ба муносибати ташрифи Шавкат Миромонович ва хайрхоҳиву дастгирии Шумо ба имзо расидани зиёда аз сӣ адад шартномаҳои муҳим вобаста ба манфиати ҳамаҷонибаи аҳолии ду кишвар дар дили  тамоми мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон умедро ба фардои нек  бедор кард ва эшон маҳз ба туфайли дӯстиву рафоқат ба беҳбудӣ рӯ овардани ҳаёташон хушнуд ҳастанд.  Дар натиҷаи ин вохӯриҳои судманд  сохта шудани ду НБО дар дарёи Зарафшон на танҳо хонаҳоро мунаввар месозад, балки ба дилҳои мардум низ рӯшноӣ мебахшад.  Корхонаҳои нави саноатӣ сохта мешавад ва ҳазорҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.  Масалан,   дар ҳамкорӣ сохта шудани заводи автомобилии “Uz Avto Motors”  ҳам ба садҳо оилаҳо ризқу рӯзӣ мерасонад.

Ҳамчунин ҷоннок гардидани ҳамкориҳои илмиву  фарҳангӣ дар солҳои охир моро хеле шод гардонид.  Дар се соли охир мо бо олимони ӯзбекистонӣ ҳамкориҳои зич барпо намудем.  Мусассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров”  бо бист макотиби олии  Ӯзбекистон робитаҳои дуҷонибаро ба роҳ мондааст. Олимони донишгоҳи мазкур дар конференсияҳои байналмилалии дар шаҳрҳои Тошканд, Бухоро, Фарғона, Тирмиз баргузоргардида бо гузоришҳои пурмуҳтаво иштирок менамоянд.

Баргузор гардидани Рӯзҳои  фарҳанги Узбекистон дар Тоҷикистон, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар  Узбекистон имконияти хуби шиносоӣ бо дастовардҳои ходимони соҳаро дар давраи Истиқлол фароҳам овард. Дар Тошканд бахшида ба мероси адабии Қаҳрамони  Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон   Мирзо Турсунзода чорабиниҳо баргузор гардиданд. Якчанд чорабиниҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бахшида ба 580-солагии Алишер Навоӣ дар Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуданд.  Ба як истгоҳи метрои Тошканд номи яке аз шоирони бузурги тоҷик Мирзо Турсунзода  гузошта шуд. Дар Душанбе бошад, бахшида ба Қаҳрамони Ӯзбекистон, Шоири халқии Тоҷикистон Эркин Воҳидов маҳфили хубе баргузор гардид.

Пас аз  чанд муддати таваққуф  тарҷумаи асарҳои адибони ӯзбек ба забони тоҷикӣ, тарҷумаи осори эҷодкорони тоҷик ба забони ӯзбекӣ бо нафаси тоза оғоз гардид. Хушбахтона, алоқаҳои адабӣ аз нав ҷоннок гардида истодаанд.

Ҳамкориҳо дар соҳаҳои театр ва кино торафт ривоҷ ёфта истодаанд. Баъд аз танаффуси чандинсола  ҳайати эҷодии Театри дарамаи мусиқӣ ва  мазҳакаи ба номи Муқимии шаҳри Тошканд ба Хуҷанд ташриф оварда, спектакл ва консертҳои худро ба намоиш гузоштанд. Мухлисони хуҷандии театр  санъаткорони Театри ба номи Алишери Навоии шаҳри Намангонро низ бо хушӣ пешвоз гирифтанд.  Ҳамчунин Театри ба номи Шукур Бурҳони Тоҷикистон дар давоми панҷ рӯз ба Наманган сафари эҷодӣ намуд.

Ба қарибӣ дар Душанбе Рӯзҳои кинои ӯзбек шуда гузаштанд. Филми  “Илҳақ” дар шабакаҳои телевизионии  Тоҷикистон  ҳам намоиш дода шуд. Ҳамчунин зикр кардан  ба маврид аст, ки дар якчанд  филмҳои  ӯзбекӣ Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева даҳҳо образҳоро, ба монанди Нодирабегим, Майсара офарида ва аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои хидматҳои шоёнаш бо ҷоизаи “Олтин ҳумо”  (Ҳумои тиллоӣ) қадрдонӣ гардидааст.

Дар маҷмӯъ, суханҳои Шумо дар мулоқот бо зиёиёни вилояти Суғд дар Қасри Арбоб воқеан созандаву руҳбахш буданд. Муносибати бародаронаи  Шумо Муҳтарам Президенти кишвар, Пешвои гиромӣ Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Миромонович  барои мардуми тоҷику ӯзбек намунаи ибрат буда, шаҳрвандони ҳар ду давлат аз ин ин иқдому корҳои шоистаи Шумоён бағоят шоду розӣ ҳастанд. Аз номи аҳли илму адаби вилояти Суғд, аз номи мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ба Сарварони оқилу донишманди худ сипоси самимии худро расонида, барои Шумо умри дарозу бофароғат ва муваффақиятҳои бештар дар ҷодаи пурмашаққати роҳбариву  давлатдорӣ  таманно менамоем.

Ба бахти як халқи дузабона, ки чеҳраву урфу одат, ҳатто орзуву нияти ба ҳам монанд доранду ҳамхуну ҳамдил ҳастанд, ҳамеша  саломат бошед ва дар амалӣ гаштани корҳои неки оғоз кардаатон Худованд мададгор бошад!»

Бо эҳтиром:
Ҷӯрабек Набиев,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон,
Абдували Бердиалиев,
Аслиддин Пӯлотов,
Қамариддин Тӯхлиев,
                                профессорони Донишгоҳи давалатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров
Тӯрақул Ризоқулов,
профессор, ноиби  ректори Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Мунаввара Ойматова,
 номзади илмҳои филологӣ,
дотсенти Донишгоҳи давалатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров
Турдимурод Аҳлиллоев,
Абдуворис Мингбоев,
номзади илмҳои психологӣ,
дотсенти Донишгоҳи давалатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров
Фарҳод Ҷӯраев,
                                 Раиси Ҷамъияти ӯзбекони вилояти Суғд,
Сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Суғд ҳақиқати”
Фирӯза Қаюмова,
  номзади илмҳои филологӣ,
дотсенти Донишгоҳи давалатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров
                                                                              Хайрулло Абдуқодиров,
                                                                             доктори илмҳои иқтисодӣ
аз Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Ӯринбой Усмон,
адиб, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

 

ДАР АКС: иштирокчиёни мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Э. Раҳмон ва Ш. Мирзиёев бо зиёиёни вилояти Суғд дар «Қасри Арбоб»-и ш. Хуҷанд. 11.06.2021. Акс: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»


Вакти нашр: 2021-06-16 09:27:41    Хонданд: 24    Муфассал...

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ва ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 дар деҳоти Корез

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.

Ҳадафи ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз бахшидан ба фаъолияти як зумра иншооти нав, шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии ҳосилу гузаронидани кишти такрорӣ ва мулоқот бо фаъолон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара нахуст бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59-ро ифтитоҳ намуданд.

Бинои нави муассисаи таълимӣ аз ду қисм ва 4 ошёна иборат буда, масоҳати умумии қитъаи замини он наздики 2 гектарро дар бар мегирад.

Дар маҷмуъ бинои нави муассисаи таълимӣ барои 1240 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Муассисаи нави таълимӣ дорои утоқҳои фаннии физика, кимиё, биология ва компютерӣ мебошад, ки онҳо бо 25 адад компютер, 24 ҷуфти мизу курсӣ ва таҷҳизоти лабараторӣ барои гузаронидани озмоишҳо таъмин гардидааст.

Фароҳам овардани шароит имкон медиҳад, ки ҳавасмандии насли наврас дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои аз худ кардани илмҳои дақиқ бештар шавад.

Дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” синфхонаҳои таълими меҳнат барои духтарон бо дастгоҳҳои адрасбофӣ, қолинбофӣ, мошинҳои дӯзандагӣ ва синфхонаҳои таълими меҳнат барои писарон бо асбобҳои дуредгарӣ, тахтабурӣ ва коркарди оҳан муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави муассисаи таълимиро дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи маориф муҳим арзёбӣ намуда, насли наврасро бо истифода аз чунин шароити муосир барои омӯзиши илмҳои замонавӣ ҳидоят карданд.

Барои баланд бардоштани қобилияти зеҳнии хонандагон муассиса дорои синфхонаҳои шоҳмот, толори варзишии замонавӣ бо 100 ҷойи нишаст, ошхона барои 60 нафар, маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст ва китобхона бо 20 ҷойи нишаст мебошад.

Толори варзишии муассиса дорои тенниси рӯи миз, таҷҳизот барои обу тоби бадан, бозии волейбол ва баскетбол мебошад.

Дар бинои қаблии муассиса норасоии ҷойҳои нишаст барои хонандагон ва набудани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт. Мактаби куҳна ҳамагӣ 6 синфхона дошт. Ҳамасола зиёдшавии шумораи хонандагон дар маҳаллаи 11 деҳоти Корези ноҳияи Данғара ва бештар шудани талабот ба омӯзиши илмҳои замон бошад, заруратро барои бунёди чунин як муассисаи таълимӣ тадриҷан дучанд менамуд.

Ҳаминро ба инобат гирифта соли 2019 бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 бо ҷалби сармоя оғоз гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳи бунёди бино баҳои баланд дода, омӯзгоронро барои истифодаи пурра аз имконият ва масъулиятшиносӣ ҷиҳати таълиму тарбияи наврасон вазифардор намуданд.

Ҳамзамон дар шафати бино майдончаи зебову замонавии варзишӣ ба истифода дода шудааст.

Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 бо сохти меъмории замонавӣ бунёд ва дар саҳнаш гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст.

Ҳамчунин бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар саҳни муассиса дар баландии 17,5 метр парчам барафрохта шуда, гирду атрофи он бо сохти меъмории замонавӣ оро дода шудааст.

Бартарӣ додан ба истифодаи масолеҳи сохтмонӣ аз истеҳсолкунандагони ватанӣ агар аз як ҷониб сифати беҳтари корро таъмин намуда бошад, аз ҷониби дигар ин дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фаъолияти бахши хусусӣ дониста мешавад.

Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 дар маҳаллаи 11 деҳоти Корези ноҳияи Данғара дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи раванди созандагиҳо дар мамлакат сурат гирифта, имкон медиҳад, ки хонандагон дар шароити муосир донишҳои замонавиро азхуд намоянд.


Вакти нашр: 2021-06-16 10:05:34    Хонданд: 29    Муфассал...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бинои нави шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои шуъбаи ҳифзи муҳити зист бо тарҳи муосир ва нақшу нигори миллӣ сохта шуда, туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни пурифтихори миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ барои кормандону мутахассисони ин ниҳод ба ҳисоб меравад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои маъмурӣ аз 5 ошёна, таҳхона, 25 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ бо 68 ҷои нишаст, осорхона, ташхисгоҳ, китобхона, меҳмонхона, мавзеи зебо барои истироҳат ва машғулиятҳои варзиши сабук, инчунин дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи октябри соли 2018 оғоз шуда, фармоишгар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ 70 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ иштирок карда, он дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланди меъморӣ ба истифода дода шуд.

Аз рӯи тарҳ дар бинои замонавии шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара утоқҳои барҳавои корӣ бо мизу курсиҳои замонавӣ ва таҷҳизоту дастгоҳҳои лозимаи соҳавӣ таъмин мебошад.

Дар шуъба ташхисгоҳ, маҷлисгоҳ, гӯшаи олами ҳайвоноти нодир ва набототи Тоҷикистон, китобхона барои мутолиаи ашъору асарҳои илмию бадеӣ ва соҳавӣ бо шароити зарурӣ ва мутобиқ ба талаботи замони муосир мавҷуд аст.

Президени мамлакат зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷиҳати роҳандозии тадбирҳои тарғиботӣ дар байни аҳолӣ барои тозагии муҳити атроф ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ҳамин ҷо ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯшаи олами ҳайвоноту наботот ва имкониятҳои экологии Тоҷикистон, ки дар он  ҳайвоноти нодир ва парандаҳои зебо ба таври сунъӣ сохта шудааст, муаррифӣ гардид.

Дар китобхонаи шуъба гӯшаи Президент таъсис дода шуда, дар он асарҳои мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои тозанашри илмию бадеӣ, ки беш аз 2 ҳазор ададро дар бар мегиранд, ҷамоварӣ гардидааст, ки аз ин шароит кормандон метавонанд, босамар истифода намоянд.

Дар ошёнаи 5-уми бинои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара бо мақсади истироҳату фароғати кормандон меҳмонхонаи замонавӣ ва толори васеъ барои гузаронидани чорабиниҳои байниидоравӣ бунёд гардида, он дорои шароити муосири хизматрасонӣ мебошад. Утоқҳои меҳмонхона барҳаво ва бо тарҳи хеле зебо сохта шуда, бо шароити мусоид, аз ҷумла рахти хоб, ҷевон, яхдон, телевизор ва мебелҳои замонавӣ таъмин мебошад.

Қисми болои бино макони зебои тамошобоб ва истироҳат барои кормандону меҳмонон мебошад. Дар ин макон ҷиҳати ташаккули тарзи ҳаёти солим ва машғулияти кормандон ба варзиши сабук шароити арзанда муҳайё карда шудааст, ки онҳо метавонанд, дар вақтҳои фориғ аз кор ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шаванд.

Дар доираи корҳои ободонӣ гирду атрофи бинои мазкур сафолакпӯш гардида, гулҳои рангоранги мавсимӣ ва зиёда аз 100 бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шудааст, ки ба намои берунаи бино зебоии хосса зам мекунад.


Вакти нашр: 2021-06-16 10:10:54    Хонданд: 29    Муфассал...

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ»-и ноҳияи Данғараро ифтитоҳ намуданд

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ»-ро ифтитоҳ намуда, бо шароити корию хизматрасонии иншооти мазкур шинос шуданд.

Муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ»-и ноҳияи Данғара дар партави дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тантанаҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фаррух Самизода бунёд гардида, дорои шароити мусоиди таълимӣ мебошад.

Масоҳати умумии замини муассиса 0,10 гектарро ташкил дода, бино аз 7 ошёна, таҳхона, 25 синфхонаи барҳавои таълимӣ, утоқҳои корӣ, китобхона, синфхонаи компютерӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Ҳамаи синфхона ва ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва мизу курсиҳои наву замонавӣ таъмин мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити муосири муассисаи нави таълимӣ ва суҳбати самимӣ бо омӯзгорон таъкид намуданд, ки дар шароити пешрафти илму техника беҳтар намудани шароити хуби таълимӣ ва дар ин замина омода намудани мутахассисони касбӣ дар соҳаи тандурустии мамлакат муҳим мебошад ва дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ марҳила ба марҳила амалӣ мегарданд.

Муассиса имкони қабули 720 донишҷӯро дар як баст дошта, дар он донишҷӯён аз рӯи 4 ихтисос, аз ҷумла кори ҳамширагӣ, фармавсевтӣ, момодоягӣ ва кори дандонсозӣ омода карда мешаванд.

Аз рӯи тарҳ дар таҳхонаи Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ноҳияи Данғара утоқҳои корӣ барои омӯзгорон, мудирони кафедраҳо ва дигар кормандон бо шароити мусоиди корӣ муҳайё гардидааст.

Дар ошёнаи якум ва дуюми бино синфхонаҳои барҳавои дандонсозӣ, анатомия, ҳамширагӣ, фарматсевтӣ, синфхонаҳои компютерӣ, кимиё, китобхона ва дар ошёнаҳои дигар ҷиҳати дар шароити хуб таҳсил намудани донишҷӯён синфхонаҳои таълимӣ бо имкониятҳои муосири илмомӯзӣ бунёд гардидааст.

Дар ҳуҷраи дандонсозӣ як адад дастгоҳи муосир мавҷуд аст, ки таввасути он таҷрибаи илмию назариявӣ амалан иҷро мегардад.

Ҳуҷраҳои корӣ ва синфхонаҳои таълимии муассиса бо системаи гармидиҳӣ пайваст шуда, бино дар фасли зимистон бо гармӣ пурра таъмин карда мешавад.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оғози корҳои сохтмонии бинои нави хобгоҳ барои 320 донишҷӯ санги асос гузоштанд. Аз рӯи тарҳ бинои хобгоҳ 9 ошёна сохта шуда, он бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои барҳаво, рахти хоб, ҷевон ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти муҳим таъмин карда мешавад.

Маврид ба таъкид аст, ки соҳибкорон ва шахсони ватандӯст дар ноҳияи Данғара дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои ободониро дар деҳот ва маркази ноҳия вусъат мебахшанд, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастовардҳои назаррас ва шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол карда шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватанӣ Фаррух Самизодаро барои саҳм гузоштан дар тадбирҳои ободонӣ шоистаи таҳсин хонданд.

Гирду атрофи бино дар доираи тадбирҳои ободонӣ бо дарахтони сояафкан ва гулҳои рангоранги мавсимию ҳамешасабз оро дода шуда, намои шабонаи иншоот бо насби чароғакҳои равшандиҳанда ба симои ноҳия зебоии дигар зам менамояд.

Ифтитоҳи Муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббӣ – иҷтимоӣ”-и ноҳияи Данғара 16.06.2021


Вакти нашр: 2021-06-16 13:49:02    Хонданд: 20    Муфассал...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳҳои истеҳсолии Агентии таъминоти амволи махсусро дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

 16 июн дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корези ноҳияи Данғара коргоҳи истеҳсоли макарон ва коркарди меваю сабзавоти Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар иншооти навбунёд 20 нафар мутахассиси ватанӣ фаъолият мекунад.

Дар коргоҳи мазкур нушоба, шарбат, мураббо, дар маҷмуъ беш аз 14 намуд маҳсулот аз зардолу, шафтолу, олуча, себ, хурмо, помидор ва ғайра истеҳсол мегардад.

Инчунин хатҳои технологӣ имконият медиҳад, ки аз ҳисоби захираҳои консентрати меваҳои ватанӣ ва бо ворид намудани консентрати мевагиҳои тропикӣ аз қабили апелсин, мандарин, манго ва дигар меваҳои ситрусӣ дар ҳамаи фасли сол истеҳсоли шарбатҳои гуногун ба роҳ монда шавад.

Дастгоҳу таҷҳизоти коргоҳҳои истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии Украина оварда шудааст.

Ба хотири захираи маҳсулоти истеҳсолии корхона анборҳо бунёд карда шудааст, ки имкон медиҳад дар ҳама фасли сол маҳсулоти ҷавобгӯӣ талабот ва дорои сифати баланд пешниҳоди сокинон гардонида шавад.

Биноҳои истеҳсолӣ ва инфрасохтори он мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд карда шуда, дорои имконияти мусоиди кору фаъолият мебошад.

Ҳамчунин дар ин рӯз намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолшудаи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид.

Дар намоишгоҳ 14 намуд макарон, орд, кансерварҳо, шарбату афшура, муррабо, маҳсулоти ширӣ, гандум, лубиёгиҳо, картошка, макка, мурғ, тухм ва сару либоси низомӣ барои сарбозон пешниҳод карда шуд.

Ташкилу ба роҳ мондани фаъолияти коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар назди Агентӣ имкон медиҳад, ки солона беш аз 20 дарсади маблағҳои буҷет сарфа гардида, дар баробари бештар дастрас намудани маҳсулоти ғизоӣ, ҳамзамон сарбозони Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бо маҳсулоти истеҳсоли худии аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин карда шаванд.

Мавриди зикр аст, ки айни замон дар Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 корхонаю хоҷагиҳои ёрирасон, ки самти фаъолияташонро соҳаҳои кишоварзию саноатӣ дар бар мегирад, амал менамояд.

Корхонаҳои назди Агентӣ дорои 97 ҳазору 195 гектар замин, аз ҷумла, 2280 гектар заминҳои корами обӣ, 984 гектар лалмӣ, 536 гектар боғу токзор, 58 919 гектар чарогоҳ, 5 гектар гармхонаи доимоамалкунанда мебошад.

Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат баҳри ноил гаштан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ ва тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолӣ давлатӣ Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зерсохторҳояш иқдом гирифтааст, ки бо роҳи бунёди иншооти муосири истеҳсолӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ин самт саҳми арзанда гузорад.

Сарвари давлат зимни ифтитоҳи иншоот ва шиносоӣ бо маҳсулоти истеҳсолӣ масъулонро вазифадор намуданд, ки ба сифати коркади маҳсулот таваҷҷуҳи бештар дода, бо истифода аз имконоти мавҷуда ва дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаро таъмин созанд.

Ифтитоҳи коргоҳҳои истеҳсолии Агентии таъминоти амволи махсус дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара 16.06.2021


Вакти нашр: 2021-06-16 14:02:38    Хонданд: 3    Муфассал...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли равғани ҶДММ «Файзи Алӣ»-ро дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара ба истифода доданд

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корези ноҳияи Данғара бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ корхонаи истеҳсоли равғани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Алӣ»-ро ба истифода доданд.

Иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Файзализода Сайфиддин дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати кишвар — саноатикунонии босуръати мамлакат, бунёд карда шудааст.

Иқтидори лоиҳавии корхонаи истеҳсолӣ дар як шабонарӯз коркарди 25 тонна ашёи хом ва омода намудани 3,5 тонна равған мебошад.

Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли равғани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Алӣ” 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда шуд.

Хати истеҳсоли равған аз дегҳои бухорӣ, сехи равғантозакунӣ, омода намудани қуттиҳои пластикӣ ва бастубанд иборат буда, равғани растанӣ дар зарфҳои пластикии 1, 2, 3 ва 5 литра ҷой карда мешавад.

Корхона бо мақсади таъмини талаботи сокинон бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ва дорои сифати баланд таъсис дода шуда, дар он аз зағир, рапс, офтобпараст, сиёҳдона ва чигит равған истеҳсол карда мешавад.

Мувофиқи нақшаи пешбинишуда ашёи хом барои истеҳсоли равғани ҷавобгӯи талабот дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ аз хоҷагиҳои кишоварзӣ дастрас карда мешавад.

Дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз ширкатҳои бонуфӯзи Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст.

Баъди ифтитоҳи корхона Сарвари давлат дар намоишгоҳ бо маҳсулоти истеҳсолии корхона шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки равғани дар корхона истеҳсолшуда дорои сифати баланд буда, бо маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанию хориҷӣ рақобатпазир мебошад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки талаботи сокинони ҷумҳурӣ ба равғани растанӣ дар як сол 126 ҳазор тонна буда, айни замон дар ҷумҳурӣ 41 корхонаи истеҳсоли равғани растанӣ бо иқтидори 160 ҳазор тонна фаъолият менамояд.

Дар ноҳияи Данғара дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ низ бо маром идома дошта, бо ин васила дар беҳтаршавии инфрасохтори деҳоти ноҳия ва баланд гаштани сатҳи некӯаҳволии мардум қадамҳои устувор гузошта мешавад.

Соҳибкори маҳаллӣ Файзализода Сайфиддин низ бо ҷонибдорӣ аз ташаббусу роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии як гӯшаи Ватан иқдом гирифт, ки аз ҳисоби даромадҳои софи корхона иншооти муосири саноатӣ бунёд намуда, дар пешрафти соҳа ва таъмини сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор саҳми хешро гузорад.

Ба хотири зебогии муҳит ҳамзамон коргарони коргоҳ атрофи иншооти истеҳсолиро сафолакпуш карда, гулу бутта ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинониданд. Бино бо тарҳу услуби хоси меъморӣ бунёд шуда, гирду атрофи он чароғон гардидааст.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди корхонаи истеҳсоли маводи шустушӯӣ, хишти пухта, мебел, дару тирезаҳои пластикӣ, бетон, бинои коллеҷи тиббӣ, Маркази саломатӣ, муассисаи таълимӣ, боғчаи кӯдакона ва биноҳои истиқоматии баландошёна муаррифӣ карда шуд.

Сарвари давлат бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.

Корхонаи маводи шустушӯӣ дар назди корхонаи равғанбарорӣ сохта шуда, беш аз 12 намуд мавод истеҳсол мекунад. Коргоҳ бо иқтидори истеҳсоли 1,5 тонна маводи шустушӯӣ дар як шабонарӯз сохта мешавад.

Корхонаи истеҳсоли хишти пухта дар масоҳати 15 гектар бунёд гардида, иқтидори солонаи он ба 2 миллиону 500 ҳазор донна хишт баробар мебошад.

Дар корхонаи мебел ва дару тирезаҳои пластикӣ тибқи лоиҳа истеҳсоли миз, курсӣ, ҷевон, рахти хоб, дару тирезаҳои пластикӣ ва дигар ашёи зарурӣ ба роҳ монда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки бунёди иншооти соҳаи саноат имкон медиҳад, дар баробари таъмини бозори истеъмолӣ ҳамзамон наздики 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шавад.

Мувофиқи лоиҳа коллеҷи тиббӣ дуошёна буда, барои ба таълим фаро гирифтани 100 донишҷӯ ва Маркази саломатӣ бо 20 кати хоб пешбинӣ шудааст.

Муассисаи таълимӣ барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 1280 нафар хонанда ва боғчаи кӯдакона барои 120 нафар бунёд карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки иншооти мазкур бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони бо нангу номуси ноҳия дар доираи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат сохта мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи корхонаҳо ва шиносоӣ аз лоиҳаҳои нав иқдоми созандаи соҳибкорони ватаниро шоистаи таҳсин хонда, таъкид доштанд, ки бунёди чунин  иншоот имкон медиҳад, ки инфрасохтори ноҳия беҳтар гашта, сатҳи некуаҳволии мардум бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардошта шавад.

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли равғани ҶДММ “Файзи Алӣ” дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара 16.06.2021


Вакти нашр: 2021-06-16 15:02:51    Хонданд: 3    Муфассал...

ТАСС: Президенти Тоҷикистон густариши ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ-ро дар соҳаи энергетика муҳим арзёбӣ намуданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон густариши ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро дар соҳаи энергетика зарур шумориданд.

«Зарурати густариши ҳамкорӣ дар бахши истеҳсолоти саноатӣ ва энергетикӣ, бахусус дар соҳаҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла гидроэнергетика ба миён омадааст», — изҳор доштанд Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо Агентии давлатии иттилоотии «Ховар» ба муносибати 20-солагии СҲШ, ки 15 июн нашр шуд, менависад ТАСС.

Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2021 раиси Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ мебошанд, инчунин тақвият додани иқтидор ва мавқеи байналмилалии Созмонро аз вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти ташкилот ном бурданд. Ба гуфтаи Президент, моҳҳои июл ва августи соли равон  дар Душанбе баргузории нахустин мулоқоти вазирони саноат ва вазирони энержии кишварҳои аъзои СҲШ ба нақша гирифта шудааст. Баргузории ин чорабиниҳо барои эҷоди механизмҳои мукаммали ҳамкорӣ дар ин самтҳо дар доираи Созмон замина мегузоранд.

«Фикр мекунам, ки дар ҷараёни саммити СҲШ дар Душанбе мо ба қабули қарорҳои дахлдор муваффақ мегардем», — тазаккур доданд Сарвари давлат. Президенти Тоҷикистон илова намуданд, ки ҷониби Тоҷикистон ба пешбурди ҳамаҷонибаи маҷмӯи масъалаҳои марбут ба амнияти озуқаворӣ умед дорад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зикр намуданд, ки рушди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла масъалаҳои тағирёбии иқлим аҳамияти махсус дорад. Бино ба иттилои ӯ, дар қаламрави Тоҷикистон 13 000 пирях ва тақрибан 1000 дарё мавҷуданд, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд. Мавҷудияти ин захираҳо барои рушди “иқтисоди сабз” замина фароҳам меорад.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, истифодаи муштараки иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки сатҳи таъминоти неруи барқ дар кишварҳои минтақа боло бардошта, арзиши истеҳсоли он кам карда шавад, инчунин хатар ба муҳити зист ва ҳаҷми партоби гази карбон ба атмосфера коҳиш дода шавад.

«Аз ин рӯ, мо ба дастгирии минбаъдаи шарикон дар татбиқи ташаббусҳои мо дар рӯзномаи ҷаҳонии об, аз ҷумла пешниҳоди таъсиси Фонди байналмилалии пиряхҳо, умед дорем», -зикр намуданд Эмомалӣ  Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон афзуданд, ки интиқоли бемамонияти маҳсулоти хӯрокворӣ ва доруворӣ тавассути қаламрави кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар давраи пандемияи коронавирус аҳамияти хоса дорад.

Сарвари давлат тазаккур доданд, ки чолишҳои нави иҷтимоию иқтисодӣ, ки дар пасманзари пандемия ба миён омадаанд, зарурати андешидани чораҳои муштаракро барои вокуниши муносиб тақозо мекунанд ва ба роҳ мондани шарикии тиҷоративу иқтисодӣ дар фазои СҲШ ниҳоят муҳим мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Созмони ҳамкории Шанхай иттиҳоди байналмилалии минтақавӣ буда, ҳашт кишвар узви комилҳуқуқи он мебошанд: Россия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Чор давлат — Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон мақоми нозирро доранд. Дар ин созмон шаш кишвари дигар дорои мақоми шарикони муколама мебошанд: Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка. Аз соли 2004 инҷониб СҲШ дар назди Ассамблеяи Генералии СММ нозир мебошад. Раёсати ин Созмон дар соли 2021 бар уҳдаи Тоҷикистон аст.

 АКС: скриншот аз сомонаи АМИТ "Ховар"


Вакти нашр: 2021-06-16 15:15:20    Хонданд: 16    Муфассал...

«Синхуа»: Дар 20 сол СҲШ ба яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалии намунаи нав мубаддал гашт — Президенти Тоҷикистон

Дар тӯли таърихи бистсолаи худ Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалии намунаи нав мубаддал гашт ва борҳо хусусияти умумибашарии худро дар ҳаллу фасли масоили мубрами ҷаҳонӣ исбот кардааст. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи худ «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ»  изҳори андеша кардаанд. Тавре 15 июн Агентии расмии давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Мардумии Чин «Синхуа» менависад, «мақолаи мазкур имрӯз дар сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» нашр шудааст».

«Дар шароити душвортарини паҳншавии пандемияи COVID-19 кишварҳои узви СҲШ ҳамбастагии худро зоҳир намуда, дар бисёр масъалаҳои мушкилзо якдигарро дастгирӣ карданд. Ҷаҳон бори дигар   итминон ҳосил кард, ки давлатҳои узви Созмон ба арзишҳо ва усули «Рӯҳияи Шанхай» содиқанд», — тазаккур доданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

«Мо фаъолияти худро дар доираи Созмон густариш ва равобити худро бо аъзои он тақвият хоҳем бахшид, фаъолияти муштараки худро дар доираи СҲШ дар самти мубориза бо хатарҳо ва таҳдидҳои муосир, алалхусус терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ идома хоҳем дод», — изҳор доштанд Президент.

Ҳамчунине ёдовар шуданд, ки саммити ҷашнии сарварони давлатҳои СҲШ 16-17 сентябри соли 2021 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд. «Мо итминон дорем, ки СҲШ пас аз таҷлили солгарди ҷашнии худ ҳамчун сохтори фаъол, платформаи муассир ҷиҳати мубодилаи афкор, ташаккули мавқеъҳои умумӣ ва мувофиқаи нуқтаҳои назари гуногун фаъолияти худро идома дода, инчунин сиёсати худро мутобиқи талаботи замон такмил хоҳад бахшид», — гуфтанд Эмомалӣ  Раҳмон.

                                                  АКС: скриншот аз сомонаи АИ «Синхуа»


Вакти нашр: 2021-06-16 15:18:25    Хонданд: 4    Муфассал...

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии «Нури тиб»-ро дар деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара ифтитоҳ намуданд

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғиҷоваки деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии «Нури тиб»-ро ба истифода супориданд.

Иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳмадова Бахтиниссо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бунёд карда шудааст.

Иншоот аз таҳхона ва 6 ошёна иборат буда, дар майдони 1,7 гектар замин дар кутоҳтарин муҳлат ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст.

Дар ошёнаи якуми бино нуқтаи қабули беморон, 3 ҳуҷраи озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои ултрасадо, амрози даруна, ҷарроҳӣ, дандондармонӣ, доругузаронӣ, ҳуҷраи хатна, бемориҳои қалб, ҳуҷраи занона ва ҳуҷраҳои кории ҳамшираи калони тиб ҷойгир мебошад.

Ошёнаи дуюми бино аз ҳуҷраи таваллуд ва бемориҳои занона, ҳуҷраи навзодон, 2 ҳуҷраи баъди таваллуд, 7 кати хоб, ҳуҷраи ташхиси беморон ва ҳуҷраи доругузаронӣ иборат мебошад.

Дар ошёнаи сеюм ҳуҷраи ҷарроҳӣ, 2 ҳуҷраи баъди ҷарроҳӣ, ҳуҷраи доругӯзаронӣ, ҳуҷраи захмбандӣ, 6 ҳуҷра бо 12 кати хоб мавҷуд аст.

Ошёнаи чоруми бино барои беморони амрози даруна пешбини шуда, аз ҳуҷраи табибон, ҳуҷраҳои доругузаронӣ, физиотерапевтӣ, 9 ҳуҷраи барои беморон бо 18 кати хоб ва ҷой барои истироҳати беморон иборат аст.

Ошёнаи панҷуми бино барои барқарорнамоии саломатӣ — физиотерапевтӣ махсус гардонида шудааст.

Дар ошёнаи шашум дар синфхонаҳои илмомӯзӣ, компютерӣ бо 15 адад компютер ва ҳуҷраи омӯзгорон бо фарогирии зиёда аз 150 нафар донишҷӯ, шароит фароҳам оварда шудааст.

Дар таҳхонаи бино 3 ҳуҷраи бахшҳои ронандагӣ бо 40 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои лойдармонӣ дар масоҳати 200 метри муррабаъ ҷойгир мебошад.

Илова бар ин, дар паҳлуи бинои асосӣ бинои 4 ошёна сохта шудааст, ки дар ошёнаи якум ошхона, дорухона, ҳуҷраи гиёҳдармонӣ ва ҳуҷраи нозири минтақавӣ ҷойгир мебошад. Дар иншоот 60 ҷойи хоб барои омӯзгорон ва донишҷуён мавҷуд аст.

Барои ба талаботи замон ҷавобгӯ гардонидани иншоот муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ дастрас карда шудааст.

Дар фасли сардӣ барои бо гармӣ таъмин намудани иншоот системаи гармидиҳии бо ангишт фаъолияткунанда насб гардида, ҳамчунин саҳни бино ободу зебо карда шудааст.

Муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии “Нури тиб” дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби даромади софи соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карда шудааст.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур имкон медиҳад, ки ҷавонони деҳот ба таълиму тарбия ва касбомӯзӣ ҷалб карда шаванду сокинон бе харҷи зиёдатӣ дар маҳаллӣ худ ба табобат ва муолиҷа фаро гирифта шаванд.

Зимни ба истифода супоридани иншоот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми бунёдкоронаи соҳибкори ватаниро шоистаи таҳсин хонда, ба сифати корҳои сохтмонӣ, шаклу услуб ва дигар тадбирҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд. Президенти мамлакат мутахассисони соҳаи тандурустиро барои дар сатҳи баланд ба аҳолӣ расондани хизматрасонии тиббӣ ҳидоят карданд.

Ифтитоҳи муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии “Нури тиб” дар деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара 16.06.2021


Вакти нашр: 2021-06-16 15:20:31    Хонданд: 18    Муфассал...

АМАЛИЁТИ ҲИЗБӢ БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ДАСТГОҲИ КИМ ҲХДТ

Бо иштироки намояндагони Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ- Сайвализода Салим, Холиқзода Гулҷаҳон, Сангинова Мақсуда ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Гулаҳмадзода Зулфиқор дар ташкилоти ибтидоии “Ирфон” амалиёти ҳизбии “Шаҳодатноми ҳизбӣ - ифтихори ман” гузаронида шуд. Меҳмонон аз ҳолати шаҳодатномаҳои ҳизбӣ, пардохти ҳаққи узвият, сабт ва муҳргузорӣ дар шаҳодатномаҳои ҳизбӣ, гузаштан аз қайди панҷсола ва муҳргузорӣ, танзими ҳаракати аъзои ҳизб, корбарию ҳуҷҷатнигорӣ ва амсоли ин боздид намуда, тавсияҳои судманд доданд.


Вакти нашр: 2021-06-16 15:54:13    Хонданд: 17    Муфассал...



Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс