МАРОМИ ПОЙТАХТ

Навидҳо

ВОХӮРӢ ДАР ШУЪБАИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ-1 НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дирӯз дар маҷлисгоҳи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-1 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо кормандони ин сохтор оид ба омӯзиши Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баругзор гардид, ки дар он муовини садрори ШВКД-1 ноҳия Маҳмадрасул Ализода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шоҳиён Абдураҳим иштирок ва суханронӣ намуданд.

Баромадкунандагон қайд намуданд, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳачун ҷароғи фурӯзон, дастури доимамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа баромад намуда, тули ду даҳсола амалӣ гардидани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрӯзу фардои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама мутобиқ ба талаботи замон бо роҳу усулҳои навтарин баёну таҳрезӣ ва пешниҳод намудааст. Инчунин оид ба ҳадафҳои стратегии кишвар ва саҳм гузоштан ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва вазъӣ сиёсии ҷомеаи ҷаҳонии имрӯза баромад намуданд.

Вакти нашр: 2021-05-03 09:36:52    Хонданд: 147    Муфассал...

МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КИМ ҲХДТ БАРГУЗОР ГАШТ

Санаи 30 апрели соли 2021 таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси ҲХДТ муҳтарам Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар маҷлис муовинони Раиси ҲХДТ, аъзои Раёсат Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, кормандони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, раисони КИ ҲХДТ дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобъи ҷумҳурӣ ва кормандони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он иштирок доштанд.

Масъалае, ки имрўз дар маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ баррасӣ гардид, яке аз масъалаҳои калидӣ ва дохилиҳизбӣ башумор рафта, ҷиҳати баланд бардоштани интизоми дохилихизбиро дар ташкилотҳои ибтидоӣ ба танзим медарорад.

Мақсад аз ин маъракаи муқоисакунӣ аввалан пурра намудани маълумоти сифатии аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоӣ, назорати саривақтии маълумотҳои пешниҳодшавандаи узви нави ҳизб, бартараф намудани камбудиҳо дар варақаҳои бақайдгирӣ, бурдани назорати доимии аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва кумитаҳои иҷроия мебошад, ки ҳар як узви ҳизб маълумоташ аниқу дақиқ бошад ва дар ҳолати зарурӣ маълумотҳои таҳлилӣ дуруст ва пурра пешниҳод карда шавад.

Дар маҷлис як чанд қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Вакти нашр: 2021-05-03 09:58:12    Хонданд: 137    Муфассал...

«РӮЗНОМАНИГОРОН БОЯД БА ЭҲСОСОТ ДОДА НАШАВАНД!». Муроҷиатномаи раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба хабарнигорон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Дар иртибот ба муноқишаҳои даргире, ки охири моҳи апрел дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон сурат гирифтанд, раиси  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  Зинатуллоҳ Исмоилзода ба журналистон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муроҷиатнома ирсол намудааст.

Дар муроҷиатномаи Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ки ба АМИТ «Ховар» дастрас гардид, чунин омадааст: «Ҳамкасбони гиромӣ, дӯстони азиз,

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар баробари дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ташаннуҷи авзоъ дар минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки боиси ҳалокати одамон гардидааст, нигаронии шадиди худро изҳор менамояд. Пеш аз ҳама, ба хонаводаи фавтидагон ва ҷабрдидагони ҳодиса арзи тасаллият намуда, барои паси сар кардани мушкилот сабри ҷамил хоҳонем.

Рисолати касбии мову шумо, ҳампешагони азиз, тақозо дорад, ки барои расонидани ҳақиқат ва адолат хидмат намоем. Тибқи меъёрҳои касбиву ахлоқӣ, вазифаи расонаҳо беғаразона, мунсифона ва бидуни эҳсосот пешниҳод намудани мавод роҷеъ ба ҳаводис мебошад.

Ҳанӯз дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ нобаробарии иҷтимоӣ ва тақсими захираҳои обӣ ба моҷарои марзӣ оварда расонда буд. Вале ба ин даргириҳо ва баҳсҳо нуқтаи охир нагузоштанд. Даргириҳо ва талошҳои марзӣ ҳодисаи нав нест, аммо ҳадафи аслии мо бояд инъикоси воқеъбинонаи ин масъалаи ниҳоят доғ бошад. Мутаассифона, чӣ дар расонаҳои чопиву электронӣ ва чӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди вазъ иттилои хушунатомез, пур аз эҳсосот ва кинаву адоват пахшу паҳн мегарданд.

Мо, журналистон дар чунин вазъ бояд ба эҳсосот дода нашавем, балки ҳамаи масоилро дар тарозуи адлу инсоф баркашида, сабаби домана задани алангаи нафрату оштинопазирӣ набошем. Бо риояи меъёрҳои ҳирфавӣ ва ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар расонидани иттилои дурусту беғараз ва орӣ аз ҳангомаҷӯиҳо ба бинанда, шунаванда ва хонандаи худ мусоидат кунем.

Бори дигар аз шумо, ҳампешагони азиз ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ инъикоси воқеии вазъият, таҳлили боинсофона ва пешниҳоди маводро бо далелу рақамҳои таҳрифношуда хоҳиш дорем».

АКС:  АМИТ «Ховар»  

Вакти нашр: 2021-05-03 10:55:53    Хонданд: 120    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат роҳбарони ду давлат муколамаи амалиро дар сатҳи олӣ идома доданд.

Масъалаҳои ҷории муносибатҳои дуҷониба, масъалаҳои  умдаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Дар ин зимн ҷонибҳо оид ба вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Роҳбари давлати Қазоқистон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар наздиктарин фурсати муносиби  моҳи майи соли ҷорӣ даъват ба амал овард.

Даъвати мазкур аз ҷониби Қазоқистон бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.

Муҳлати мушаххаси сафар бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешаванд.

Вакти нашр: 2021-05-03 11:54:32    Хонданд: 126    Муфассал...

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ БО ИСТИҚОМАТКУНАНДАГОНИ МАҲАЛЛАИ “ОЗОДИИ ЗАНОН”

Ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, истеҳсолу захираи кофии маводи хӯрокворӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони дар пеш истода, вусъати корҳои ободонӣ оид ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар давраи пандемияи ҷаҳонӣ ва татбиқи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси ҷадвали баргузории вохӯриҳои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе санаи 4 майи соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №113-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо истиқоматкунандагони маҳаллаи «Озодии занон»-и ноҳия вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ Наботов Ш.С. – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Бухоризода Қ.М. – вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Зиёдуллоев Қ. – намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Каримова Н. – директори МТМУ №113 иштирок намуда, оиди масъалаҳои дар ҷадвали вохӯриҳо дарҷгардида, суханронӣ намуданд.

Вакти нашр: 2021-05-04 07:30:54    Хонданд: 121    Муфассал...

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №242 АЗ 30.04.2021

Дар бораи таҷлил намудани 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945

Бо мақсади посдорӣ ва арҷ гузоштан ба корнамоии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, инчунин иҷрои банди 76 Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2021, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 декабри соли 2020, № 677 тасдиқ шудааст мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлил намудани 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 тибқи замима тасдиқ карда шавад.

2. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои самараноки нақшаи чорабиниҳои мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намоянд.

3. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Вакти нашр: 2021-05-04 07:38:03    Хонданд: 137    Муфассал...

Мулоқот бо намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод

4 май мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод, ки бо боздиди корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни вазъи имрӯза дар Афғонистон, бахусус раванди барқарории сулҳу субот дар ин кишвар, ҳамчунин масъалаҳои мубрами минтақавию глобалӣ суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт.

Вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистони ҳамсоя ва пешбурди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо он пайваста дар маркази таваҷҷуҳи ҷониби мо қарор дорад.

Тоҷикистон талошҳои Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати истиқрори амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ менамояд, гуфтанд Пешвои миллат дар идомаи суҳбат ва таъкид карданд, ки дар ин зимн аз музокироти байниафғоние, ки ба ин манзур сурат мегиранд, истиқбол менамояд.

Мавзӯоти дигаре, ки дар меҳвари мулоқот қарор доштанд, ин вазъи имрӯзаи амниятии минтақа мебошад.

Роҷеъ ба ин мавзӯот ҷонибҳо зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшонро дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қайд намуданд.

Дар ин робита таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо истифода аз ҳама зарфиятҳо ва имконоти мавҷуда минбаъд ҳам саъйю талош хоҳад кард, то ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ва бозсозии иқтисодиву иҷтимоии он саҳми худро гузорад.

Вакти нашр: 2021-05-05 08:28:00    Хонданд: 70    Муфассал...

ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ РӮИ НАМУДИ ВОЛЕЙБОЛ

Имрӯз аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси нақша – чорабиниҳои Кумиати Иҷроияи Марказии ҲХДТ бахшида ба таҷлили ҷашни 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол миёни курсантони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар мусобиқаи мазкур Қурбонзода У.М. – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Нуров М.А. – мудири шуъбаи ҷавонон – роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Ниёззода Н.Н. – муовини сардори Донишкади ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷкистон оид ба корҳои сиёсӣ -тарбиявӣ ва афсарону курсантон иштирок намуданд.

Қурбонзода У.М. – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мусобиқаи мазкурро оғоз бахшида ҳайати афсарон ва курсантони Донишкадаро бахшида ба ҷашни 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик намуд

Вакти нашр: 2021-05-05 12:00:38    Хонданд: 137    Муфассал...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд

5 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд.

Нахуст Сарвари давлат ҳисоботи Раиси вилояти Суғдро дар бораи вазъи кунунии тадбирҳои барқарорсозӣ дар манзилҳои истиқоматӣ, ки бар асари муноқишаи марзии охири моҳи апрел рухдода хароб гардида буданд, шуниданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ситоди корӣ дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати барқарорсозии хонаҳои истиқоматии минтақаҳои наздимарзӣ шабонарӯзӣ фаъол буда, дар ин самт чораҳои таъхирнопазир амалӣ шуда истодаанд.

Сарвари давлат ба Раиси вилояти Суғд дастур доданд, ки мунтазам аз аҳволи оилаҳои осебдида бохабар шуда, дар муддати 1 моҳ тамоми манзилҳои истиқоматии харобгардида ва осебрасидаро пурра бунёду барқарор созанд ва бо маводи зарурии рӯзгор таъмин намоянд.

Ҳамзамон супориш доданд, ки ба оилаҳое, ки бар асари муноқишаҳои марзии охири моҳи апрели соли 2021 наздикони худро аз даст додаанд, кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида шавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муваззаф гардид, ки рафти иҷрои супоришҳои фаврии Сарвари давлатро зери назорати қатъӣ гирифта, аз натиҷаҳояш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати муайянгардида ҳисоботи муфассал ирсол намояд.

Вакти нашр: 2021-05-05 14:55:41    Хонданд: 123    Муфассал...

Дабири кулли СММ аз тамосҳо байни раҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол кард

Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш аз тамосҳои раҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати иҷрои мувофиқа дар мавриди оташбас истиқбол кард. Дар ин бора намояндаи расмии дабири кулли созмони ҷаҳонӣ Стефан Дюжаррик 3 май зимни брифинг изҳор дошт.

«Дабири кулл бо нигаронӣ ҳаводисро дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон пайгирӣ мекард. Вай барои талафоти ҷонӣ дар задухӯрдҳои ҳафтаи гузашта изҳори тасаллият ва ба захмиён шифои оҷил таманно мекунад», — гуфт Дюжаррик.

Ба гуфтаи намояндаи дабири кулл, Антонио Гутерриш аз тамосҳои раҳбарони ду кишвар барои татбиқи мувофиқаи оташбас, ки 1 май ҳосил шудааст, истиқбол мекунад. «Дабири кулл инчунин омодагии СММ-ро барои дастгирӣ дар ҳолати зарурӣ тасдиқ мекунад», — гуфт Дюжаррик.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) низ аз дастёбӣ ба мувофиқа дар бораи хотима додани даргириҳо дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ва хуруҷи қисмҳои низомии иловагӣ ва техникаи ҳарбӣ истиқбол кард. Дар ин бора дар паёми СПАД, ки рӯзи сешанбеи 4 май интишор ёфтааст, гуфта шудааст.

ДАР АКС: Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш. Аксҳои EPA-EFE

Вакти нашр: 2021-05-05 15:27:13    Хонданд: 128    Муфассал...

Дар Душанбе ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон солҳои 1941-1945 кумакпулии Пешвои миллат ва Раиси шаҳрро дастрас намуданд

Бахшида ба 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва  намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ба аёдати иштирокчиён ва маъюбони   Ҷанги дуюми ҷаҳон солҳои 1941-1945 рафта,  ба ҳар яки онҳо   кумакҳои пулӣ, аз ҷумла ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 1500 сомонӣ аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва 750 сомонӣ аз номи раиси ноҳияи Сино тақдим  намуданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, гурӯҳи мазкур зимни аёдати иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳон солҳои 1941-1945 бо шароити зисти онҳо аз наздик шинос шуда, аз  мушкилоти рӯзгорашон пурсон шуда, дар ҳошияи дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе баҳри ҳалли  саривақтии дархосту пешниҳоди онҳо  изҳори омодагӣ намуданд.

Ҳамин тариқ аз ин туҳфаҳои пулӣ дар умум 6 нафар иштирокчии ҶДҶ дар ноҳияи Сино баҳраманд гаштанд. Дар ин зимн аз тарафи Шӯрои собиқадорони ноҳия низ ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ дастрас карда шуд.

Хотиррасон менамоем, ки дар дигар ноҳияҳои пойтахт низ  ба иштирокчиён ва маъюбони   Ҷанги дуюми ҷаҳон солҳои 1941-1945 чунин кумакҳо расонида шуданд.

Вакти нашр: 2021-05-06 09:59:00    Хонданд: 116    Муфассал...

РИСОЛАТИ ВАТАНДОРӢ

Дар доираи нақша-чорабиниҳо ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти унвони “Поси хотир” бо иштироки Раҳмонов Ҷасур намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Зоиров Сиротулло Роҳбари Созмони хонандагони литсейи №3 ва хонандагони синфҳои болоии литсейи мазкур иншои озод дар мавзӯи "Арҷгузорӣ ба далериву корнамоиҳои фарзандони бонангу номуси миллат" ташкил ва баргӯзор карда шуд.

Раҳмонов Ҷ. зимни баромад аз мақсади баргузории иншои озод миёни ҷавонон ҳарф зада, зикр намуданд, ки воқеан корнамоиҳои қаҳрамононаи фарзандони тоҷик дар Ғалаба дар ҶБВ бемислу монанд арзёбӣ мегардад.

Вакти нашр: 2021-05-06 13:41:32    Хонданд: 75    Муфассал...

ЧИНГИЗ АЙТМАТОВ О КИРГИЗАХ

…Случилось это давно. В давние-предавние времена, когда лесов на земле было больше, чем травы, а воды в наших краях было больше, чем суши, жило одно киргизское племя на берегу большой и холодной реки. Энесай называлась та река. Протекает она далеко отсюда, в Сибири. На коне туда три года и три месяца скакать. Теперь эта река зовется Енисей, а в ту пору она называлась Энесай. Потому и песня была такая:

Есть ли река шире тебя, Энесай,

Есть ли земля роднее тебя, Энесай?

Есть ли горе глубже тебя, Энесай,

Есть ли воля вольнее тебя, Энесай?

Нету реки шире тебя, Энесай,

Нету земли роднее тебя, Энесай,

Нету горя глубже тебя, Энесай,

Нету воли вольнее тебя, Энесай...

Вот такая она была, река Энесай.

Разные народы стояли тогда на Энесае. Трудно приходилось им, потому что жили они в постоянной вражде. Много врагов окружало киргизское племя. То одни нападали, то другие, то киргизы сами ходили в набег на других, угоняли скот, жгли жилища, убивали людей. Убивали всех, кого удавалось убить, - такие были времена. Человек не жалел человека. Человек истреблял человека. Дошло до того, что некому стало хлеб сеять, скот умножать, на охоту ходить. Легче стало жить грабежом: пришел, убил, забрал. А за убийство надо отвечать еще большей кровью и за месть - еще большей местью. И чем дальше, тем больше лилось крови. Помутился разум у людей. Некому было примирить врагов. Самым умным и лучшим считался тот, кто умел застигнуть врага врасплох, перебить чужое племя до последней души, захватить стада и богатства.

Появилась в тайге странная птица. Пела, плакала по ночам до рассвета человечьим жалобным голосом, приговаривала, перелетая с ветки на ветку: «Быть великой беде! Быть великой беде!» Так оно и случилось, настал тот страшный день.

В тот день киргизское племя на Энесае хоронило своего старого вождя. Много лет предводительствовал батыр Кульче, во многие походы ходил, во многих сечах рубился. В боях уцелел, но настал час его смертный. В великой печали пребывали соплеменники два дня, а на третий собрались предать земле останки батыра. По давнему обычаю тело вождя полагалось нести в последний путь берегом Энесая по обрывам и кручам, чтобы о высоты простилась душа умершего с материнской рекой Энесай, ведь "эне" - это мать, а "сай" - это русло, река.

На погребальной сопке у открытой могилы полагалось батыра поднять над головами и показать ему четыре стороны света: "Вот твоя река. Вот твое небо. Вот твоя земля. Вот мы, рожденные от одного с тобой корня. Мы все пришли проводить тебя. Спи спокойно". В память далеким потомкам на могиле батыра ставилась каменная глыба.

В дни похорон юрты всего племени расставляли цепью по берегу, чтобы каждая семья могла проститься у своего порога с батыром, когда будут проносить его тело на погребение, склонить к земле белый флаг скорби, голосить и плакать при этом и затем идти дальше вместе со всеми к следующей юрте, где опять будут причитать и плакать и склонять белый флаг скорби, и так до конца пути, до самой погребальной сопки.

Утром того дня солнце уже выходило на дневной путь, когда закончены были все приготовления. Вынесены бунчуки с конскими хвостами на древках, вынесены бранные доспехи батыра - щит и копье. Конь его был покрыт погребальной попоной. Трубачи приготовились играть в боевые трубы - карнаи, барабанщики ударить в барабаны - добулбасы - так, чтобы тайга закачалась, чтобы птицы тучей взлетели к небу и закружились с гамом и стоном, чтобы зверь бежал по чащам с диким храпом, чтобы трава прижалась к земле, чтобы эхо зарокотало в горах, чтобы горы вздрогнули. Плакальщицы распустили волосы, чтобы воспеть в слезах батыра Кульче. Джигиты опустились на одно колено, чтобы на крепкие плечи поднять его бренное тело. Все были наготове, ожидая выноса батыра. А на опушке леса стояли на привязи девять жертвенных кобылиц, девять жертвенных быков, девять девяток жертвенных овец на поминальную тризну.

И тут случилось непредвиденное. Как бы ни враждовали энесайцы между собой, но в дни похорон вождей не принято было идти войной на соседей. А теперь полчища врагов, незаметно окруживших на рассвете погруженное в печаль становище киргизов, выскочили из укрытий сразу со всех сторон, так что никто не успел сесть в седло, никто не успел взяться за оружие. И началось невиданное побоище. Убивали всех подряд. Так было задумано врагами, чтобы одним ударом покончить с дерзким племенем киргизов. Убивали поголовно всех, чтобы некому было помнить об этом злодеянии, некому было мстить, чтобы время занесло сыпучим песком следы прошлого. Было - не было...

Человека долго рожать и растить, а убить - скорее скорого. Многие уже лежали порубленные, утопая в лужах крови, многие кинулись в реку, спасаясь от мечей и копий, и потонули в волнах Энесая. А вдоль берега, вдоль круч и обрывов пылали на целые версты киргизские юрты, объятые пламенем. Никто не успел убежать, никого не осталось в живых. Все было порушено и сожжено. Тела поверженных сбросили с круч в Энесай. Враги ликовали: "Теперь эти земли наши! Теперь эти леса наши! Теперь эти стада наши!"…

Вакти нашр: 2021-05-06 13:44:30    Хонданд: 130    Муфассал...

ВОХӮРӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “БОРБАД”-И МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “ОРКЕСТРИ ДАВЛАТИИ СИМФОНӢ”-И ДАСТГОҲИ ИҶРОИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дирӯз дар маҷлисгоҳи муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони ин сохтор оид ба омӯзиши Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баругзор гардид, ки дар он раиси ташкилоти ибтидоӣ Салимзода Олимҷон Аминҷон ва раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шоҳиён Абдураҳим иштирок ва суханронӣ намуданд.

Баромадкунандагон қайд намуданд, ки дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳачун чароғи фурӯзон, дастури доимамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа баромад намуда, тули ду даҳсола амалӣ гардидани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрӯзу фардои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама мутобиқ ба талаботи замон бо роҳу усулҳои навтарин баёну таҳрезӣ ва пешниҳод намудааст. Инчунин оид ба ҳадафҳои стратегии кишвар ва саҳм гузоштан ҷиҳати сазовор пешвозгирии ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ваъзи сиёсии ҷомеаи ҷаҳони имрӯза баромад намуданд.

Вакти нашр: 2021-05-06 13:45:55    Хонданд: 97    Муфассал...

Пешвои миллат – ифтихори мост!

Имрӯз вақте, ки шахс ба Ҷумҳурии Тоҷикистон назар мекунад бо чашми худ мебинад, ки чи тавр Ҷумҳурии Тоҷикистон ободу зебо, мардумаш дар амну суббот зиндагонӣ карда, рӯз аз рӯз пешравию дигаргунии кулли дар самти иқтисодиёти Тоҷикистон руй дода истодааст.

Халқи Тоҷикистон чунин Пешвои одилу тавоное дорад, ки хизматҳои ӯ ҳазорсолаҳо фаромӯш намешавад ва дар таърихи навин бо ҳарфҳои зарин сабт мегардад. Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар солҳои 90-уми қарни гузашта аз ҷангу хунрезӣ раҳо намуда, мурдуми шарифи онро ба зиндагии орому осуда муваффақ гардонид.

Аммо мутаассифона дар хориҷи кишвар то ҳол баъзе инсонҳои ношукри бадхоҳ вуҷуд доранд, ки ин ҳама амну субботу пешравию хушҳолии мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нодида гирифта, боз мехоҳанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноамнию бесуботи ҷорӣ шавад. Аммо ин бадбахтҳо бехабаранд, ки дар сурати ба вуҷуд омадани нооромию бесуботи мардум ба мушкилотҳои зиёд ва гуруснагию саргардони мувоҷеҳ мешаванд.

Дар тамоми минтақаи кишвар имрӯз сулҳу амонӣ, пойдор аст ва ин неъмати бебаҳост. Роҳҳо тамоми фасли сол кушода буда, корхонаҳою фабрикаҳои саноатӣ кор карда истодаанд.

Ин аст, ки бо Сарвари хирадманд ва дурандеш давлати тоҷикон руз то руз ба пеш рафта, зиндагонии мардуми шарифи он рӯ ба беҳбуди ниҳода истодааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар баробари истиқлолияти маънавӣ ва ҳарбӣ, ки ду шакли муҳими муҳофизати давлати мустақил мебошанд, саъю талош намояд ва даствардҳои бузургро ба даст орад.

Имрӯз метавон гуфт, ки тамоми дастовардҳо ва пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ба фаъолияти заҳмати шабонарӯзӣ, кӯшишу ибтикори ин фарзанди фарзонаи миллат алоқаманд мебошад.

Ин шахсияти барҷастаи таърихӣ тавонист, ки Тоҷикистон ва точикистониёнро ҳамчун миллати бофарҳанг ва дорои таърихи бузурги бесобиқа ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Дастовардҳои беназир ва бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон даст дод, ки дар атрофи худ халқи тоҷикро сарҷамъ намуда, ҳама аз як гиребон сар бароварда, баҳри ободии кишвар камари ҳиммат банданд ва Пешвои миллат тавонистанд ба ҳамаи ин мушарраф гарданд.

Аз инҷост, ки имруз мардуми тоҷик ӯро аз хурд то бузург ҳамчун наҷотбахши миллат, поягузори давлати навин, ҳомии бахту саодат мешиносанд.

Дар охир аз номи сокинони вилояти Бадахшон гуфтаниям, ки шахсе, ки баҳри мардум сулҳ овард, хизмати шабонарузи менамояд, яъне Пешвои миллат–ифтихори мост!

П. Саодатқадамов, аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Вакти нашр: 2021-05-06 13:53:20    Хонданд: 81    Муфассал...

Ҷавонони имрӯзаи тоҷик сипари боэътимоди давлатанд

«Ватани азизамонро ба ҷузъ аз фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷоъ дигар ҳеҷ кас ҳимоя наменамояд»- Э.Раҳмон

Баъди он, ки муҳофизати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005 пурра бар уҳдаи неруҳои марзбонони кишвар гузашт, бисёр тангназарону ҳангомаҷуён «дилсузона» изҳори нобовари доштанд, ки сохторҳои қудратии Тоҷикистон мустақилона аз вазифаи ҳимояи марзу буми кишвар баромада наметавонанд. Бешубҳа мақсади ниҳоии онҳо ғаразнок буда, ба ҳеҷ ваҷҳ намехостанд эътироф намоянд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлолу мустақил аст.

Гузашти солҳо ботил будани ин даъвоҳоро собит сохт. Зеро ҳеҷ бегона наметавонад манзилу макони моро мисли давлату миллати худаш беғаразу боэътимод ҳимоя намояд.

Таърихи ниёгони мо пур аз корнамои ва намунаи далериву шуҷоат баҳри ҳимояи ин сарзамини аҷдоди мебошад. Аз ҷумла корнамоиҳои Спитамен, Шерак, Муқаннаъ, Темурмалик, Исмоили Сомонӣ ва ғайраҳо буданд, ки онҳо баҳри ҳимояи давлату миллати тоҷик ҷони худро нисор кардаанд. Чунончи Исмоили Сомони ҳангоми ба тахти шоҳи нишастан гуфта буд: «Аз ин пас девори Бухоро манам». Ин корнамои имрӯз низ идома дорад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ мӯҳтарам Эмомали Раҳмон борҳо таъкид доштанд, ки «Бехатарии давлат аз сарҳад вобаста аст». Иҷрои ин вазифаи муҳим имруз бар уҳдаи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ вогузор шудааст. Ҳайати шахсии фармондеҳи ва сарбозони қаториро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд.

Бо гузашти солҳо Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба як сохтори воқеан муташаккилу муназзам ва нерӯи боэътимоди ҳифзи сарҳади давлати табдил ёфт. Дар ин радиф он ба кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби ҷавонони далеру шуҷоъ таъмин гардид.

Ҳимояи марзу буми кишвар доимо зери таваҷҷӯҳи Ҳукумати ҶТ қарор дошта, бо дастгирии бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила шароити маишии сарҳадбонон ҷавобгӯ ба талаботи муосир гардида истодааст.

Имруз хизматчиёни Қушунҳои сарҳадӣ, ки асосан ҷавонон, фарзандони бо ору номусанд, дар ҳифзи Сарҳади давлатӣ ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол сипари боэътимод мебошанд.

Новобаста аз ин айни замон вазъият дар кишвари ҳаммарзи мо Афғонистон мураккаб мебошад. Чунки гуруҳҳои террористӣ дар вилояти Бадахшони ҶИА маскан гирифтаанд, ки ин таъсири манфии худро ба кишвари мо расонида метавонад.

Ҳамзамон як гуруҳ бародарони қирғизи мо, ки мехоҳанд замини моро дар ҳудуди ҷамоати Ворухи ш.Исфараи вилояти Суғд ба таври ғайриқонунӣ ғасб намоянд, ҳушдор месозем, ки мо ҷавонмардони Бадахшон намегузорем, ки шумо як порча замини кишвари маҳбуби моро соҳиби намоед. Дар охир панди устод Фирдавсӣ ба хотир омад, ки:

Ҳама саросар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем.

аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Илназаров И.

Вакти нашр: 2021-05-06 13:58:48    Хонданд: 92    Муфассал...

ВОХЎРИИ АБДУҶАББОР АЗИЗӢ БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН ДАР ТОҶИКИСТОН

5 май дар Дастгоҳи КИМ ҲХДТ мулоқоти Муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор бо Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Лю Бин баргузор гардид. Дар вохўрӣ муовинони Раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода низ иштирок доштанд.

Абдуҷаббор Азизӣ ташрифи сафирро хуш пазируфта, оид ба раванди корҳои сохтмонӣ ва бунёдкорӣ дар кишвар ва иштироки ширкатҳои чинӣ дар ин марҳилаи бузурги созандагӣ маълумот дод. Гуфта шуд, ки соли ҷорӣ барои кишварҳои мо соли муҳим маҳсуб меёбад – истиқбол аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 100-солагии Ҳизби коммунистии Чин.

Дар ҷараёни вохўрӣ, ки дар фазои эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳои баланд дода шуд.

Ҷонибҳо ба ҳамкориҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Чин, ки дар асоси созишномаи ҳамкорӣ беш аз 10 сол татбиқ мегардад, баҳои муносиб дода, дар баробари мубодилаи муфассали афкор оид ба доираи васеи масъалаҳои дуҷониба, инчунин перомуни мавзуъҳои мубрами рўзномаи байналмилалӣ ибрози андеша карданд.

- Мо ҳамеша кўмаки дўстонаи шарики стратегии худ - Ҷумҳурии Мардумии Чинро дар ҳалли масъалаҳои барои ҷомеаи Тоҷикистон муҳим эҳсос менамоем, - гуфт. А.Азизӣ. - Мо дар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба идома додани мутобиқсозии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо ташаббуси «Як камарманд - як роҳ» ва пешбурди минбаъдаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ, ки аз сиёсати хориҷии хирадмандонаи Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, изҳори омодагӣ менамоем.

Таъкид гардид, ки бунёди бузургтарин иншооти инфрасохторӣ ва рушди онҳо бо ҷалби доираҳои соҳибкории Чин дар мамлакат нерўи тоза мегирад.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Чин баррасӣ гардида, наздикии мавқеи ҷонибҳо оид ба аксари масъалаҳои калидии дуҷониба ва байналмилалӣ таъйид гардид.

- Дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ мо ҳамеша дастгирӣ ва ҳамовозии Тоҷикистонро бо кишвари худ эҳсос мекунем ва аз ин раванд қаноатманд ҳастем, - афзуд Лю Бин. – Имрўз Чин бузургтарин сармоягузори Тоҷикистон маҳсуб ёфта, минбаъд низ ба ҳайси шарики стратегӣ дар ҳалли як қатор масъалаҳои муҳим кўмак хоҳад расонид.

Таъкид карда шуд, ки аз рўзҳои нахустини паҳн шудани бемории пандемияи коронавирус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мактуби ҳамдардӣ ва дастгирӣ ирсол намудааст, ки ин нишонаи олии ҳамкорӣ ва ҳамҷаворӣ маҳсуб меёбад. Хеле муҳим аст, ки кишварҳо иртиботи доимиро роҷеъ ба масъалаҳои муҳимтарини ҷомеаи башар тақвият бахшида, дар самти мубориза бо бемориҳои сироятӣ ва маҳкум кардани дахолати кишварҳои дуюм ба корҳои дохилии мамлакат мавқеи мушаххас дошта бошанд.

Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои ҳизбҳои сиёсӣ рушди наву динамикиро касб намудаанд. Саҳми бевоситаи раисони ҳизбҳои сиёсӣ дар ин марҳила хосатан таъкид гардид.

Гузаронидани чорабиниҳои муштарак (конфронсҳо, семинарҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ) дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ байни ҲХДТ ва ҲКЧ барои солҳои минбаъда ва рафти иҷрои он, мустаҳкам ва инкишоф додани робитаҳо байни ташкилотҳои ҷавонони ҲХДТ ва ҲКЧ ва матбуоти ҳизбӣ, ташкили механизми комили таҷрибаомӯзӣ ва таълими кадрҳои ҳизбӣ дар кишварҳои ҳамдигар, тақвият бахшидани сатҳи ҳамкориҳои кумитаҳои иҷроия байни вилоятҳо ва идома додани дастгириҳои тарафайн аз масъалаҳои дигари мавриди назар буданд.

Ҳамчунин, дар рафти суҳбат дигар масъалаҳои ҳамкориҳои ҳизбӣ ва вусъат бахшидани роҳҳои муосири идома додани муколама байни ҳизбҳои сиёсӣ баррасӣ карда шуд.

Мулоқот дар руҳияи ҳасана ва ҳусни ҳамҷаворӣ ҷамъбаст гардид.

Вакти нашр: 2021-05-06 14:12:33    Хонданд: 120    Муфассал...

ОҒОЗИ АКСИЯИ “ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ”

Имрӯз аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Сино дар асоси нақша – чорабиниҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бахшида ба 76- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аксияи иттилоотӣ таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” бо тақсим намудани варақаҳои таблиғотӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва марказҳои савдои ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Вакти нашр: 2021-05-06 14:26:25    Хонданд: 107    Муфассал...

Аз номи Пешвои миллат ба 87 нафар захмиёни даргириҳои мусаллаҳона кумакпулӣ супорида шуд

5 май аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як захмии даргириҳои мусаллаҳонаи рӯзи 29 апрел кумакпулиҳо супорида шуданд. Дар маҷмӯъ, ба 87 нафар сокиноне, ки дар натиҷаи даргириҳо захмҳои гуногун бардоштаанд, аз 10 то 20 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ  расонида шуд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, баҳри барқарорсозии саломатии сокинон мутахассисони варзидаи соҳаи тиб аз маркази вилоят ва шаҳри Исфара ҷалб гардида, беморон бо дорувории зарурӣ ва хӯроки гарм пурра таъмин мебошанд.

«Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ва Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафта, захмиёнро аёдат намуд ва зимни супоридани кумакпулиҳо иброз дошт, ки давлату Ҳукумат барои табобати пурраи онҳо шароити зарурӣ фароҳам меоварад. Раҷаббой Аҳмадзода бо беморон суҳбат карда, иброз дошт, ки роҳбарияти мамлакат барои пурра шифо ёфтани захмиён аз тамоми имконият истифода менамояд»,- афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки барои ёрӣ ба оилаҳои ҳалокшуда ва захмбардоштагон 3 миллион сомонӣ кумакпулиҳо ҷудо гардидаанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Вакти нашр: 2021-05-06 14:54:42    Хонданд: 126    Муфассал...

«Чунки дорад ҳар нигоҳи дӯст як маънои панд…». Ба шарафи 110-солагии Мирзо Турсунзода маҳфили адабиву ҳунарӣ доир шуд

Мирзо Турсунзода ахтарест, ки бо мурури замон дар дилу дидаи  наслҳои нав торафт тобонтар мешавад ва ба дилҳо нуру гармӣ мебахшад, аз нигоҳи соҳибназарон беш аз пеш босафотару раҳнамотар мегардад. Зеро аз оғози фаъолияти эҷодиаш ба мавзӯъҳои муҳими замонаш даст зада, дар шеъру достон, намоишу филмнома, очерку мақолаҳои дорои мазмуни адабиётшиносиву иҷтимоишиносиаш қаҳрамонҳои фаромӯшнопазире офарида, симои барҷастаи инсони эҷодкори хешро басо равшан баён намудааст.

Ин нуктаро раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим 5 май зимни ифтитоҳи ҳамоиши адабиву ҳунарӣ  ба муносибати 110-солагии Мирзо Турсунзода дар  толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баён дошт.

Мавсуф зикр намуд, ки «вақте Устод Мирзо Турзунзода аз сафари кишвари Ҳиндустон бо кӯлвори пур аз ашъори пурғановати худ баргашт, яке аз адибони онвақтаи ҳиндӣ гуфта буд, ки «ӯ то ҳол ҳамсолу ҳамқадами мо буд. Вале бо ин асарҳо аз адибони ҳамнасл даҳҳо қадам пештар рафт ва яке аз қофиласолорони адабиёти халқи хеш гардид».  Воқеан, Мирзо Турсунзода қаблан ҳам пешсафи насли хеш буд ва бо сабки равону паёми ноб, ки сарчашмааш осори гаронмояи Абуабдуллои Рӯдакӣ, ватанхоҳиву ватансароии Ҳаким Фирдавсӣ, сужасозиву воқеаофарии Низомии Ганҷавӣ, лутфу марҳамати Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, ширинбаёнии Камоли Хуҷандӣ ва мавқеи устувори  инсониву ватандорӣ, ки аз сиришти саршори самимияту садоқаташ бармеомад, миёни дигар шоирон имтиёзи баланд дошт».

Сипас гардонандаи маҳфил — Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким иброз намуд, ки бо баргузории  чунин маҳфилҳои адабӣ бори дигар дилҳо аз ашъори пурғановати Устод фараҳ мегиранд.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки Устод Мирзо Турсунзода дар солҳои душвори 30-юм ва замони тақдирсози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ашъорашро ончунон офарид, ки он чун зинаи мутмаин ва устуворе дониста мешавад. Дар шеъраш на танҳо аз ватани хеш мегуфт, балки ба он парокандагии халқу миллатҳои дигарро низ ҷой мекард.

Низом Қосим аз хотираҳо ёдовар шуда, гуфт, ки Устод Садриддин Айнӣ ҳангоми ба раисии Иттифоқи нависандагон пешбарӣ кардани Мирзо Турсунзода чунин иброз дошта буд: «Аз ҳама сазовортар Мирзо Турсунзода аст. Зеро на танҳо шоири хуб ва нисбат ба худ серталаб аст, балки меъёри адабиётро дуруст нигоҳ доштаву аз дигарон ҳам талаб карда метавонад».

Мавсуф ин пора шеърро барои иштирокдорон қироат намуд:

Дар ҷаҳон роҳе агар манзилбарасту сода аст,
Сабки шеъри содаи Устод Турсунзода аст.
Хешро дар роҳи он аз ганҷи роҳ огоҳ кард,
Роҳҳоро шеър карду шеърҳоро роҳ кард.
Роҳҳо бурданд ӯро то ба дурии ҷаҳон,
Шеърҳо бурданд ӯро дуртар то ҷовидон.

Ҳамчунин дар ин ҳамоиши адабию ҳунарӣ тавассути хотираҳо ва қироати шеъру замзамаҳо паҳлуҳои ҳаёти ибратбахши Мирзо Турсунзода равшантар гардиданд.

Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева суханронии худро бо шеъри Мирзо Турсунзода оғоз намуд:

Обрӯи ишқро чашми ту бардорад баланд,
Фитнаи ағёрро мардона нанмояд писанд.
Чашмро, эй ҷони ман, аз сӯи ман ҳаргиз макан,
Чунки дорад ҳар нигоҳи дӯст як маънои панд.

Хешро месанҷам аз сар то ба по бо чашми ту,
То намоям сафҳаи дил пурсафо бо чашми ту.
Ноаён мемонд дар чашмони ман нуқсони ман,
Кардам онро ошкоро, дилбаро, бо чашми ту.

Мавсуф зикр намуд, ки дар шеъри лирикӣ шоир Мирзо Трусунзода аз дӯстӣ суҳбат мекунад, чунки медонад, ки ишқ чизи ояндаву раванда аст, аммо дӯстӣ намегузарад.

Гулрухсор иброз намуд, ки «ин тақдири мардуми тоҷик аст, ки чунин фарзандони фарзонаи миллат дорад. Зеро Мирзо Турсунзода инсоне буд, ки аввал дигарон ва  баъдан худро дӯст медошт».

Дар маҳфил фарзанди Мирзо Турсунзода- Фирӯза Турсунзода аз ҳаёти пурғановати падари хеш ёдовар гардида, хотироташро манзури ҳозирин гардонид.

Инчунин аз ҷониби шоирону нависандагон доир ба паҳлуҳои ашъори Устод фикру андешаҳо иброз гардиданд.

Қироати хуби шеърҳои Мирзо Турсунзода аз ҷониби донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва замзамаи сурудҳои ҳунармандони тоҷик бар ашъори ин шоири зиндаёд ба ҳусни маҳфил таровати дигар зам намуд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Вакти нашр: 2021-05-06 15:04:25    Хонданд: 80    Муфассал...

АРҶГУЗОРӢ ВА ДАЛЕРИВУ КОРНАМОИҲОИ ФАРЗАНДОНИ БОНАНГУ НОМУСИ МИЛЛАТ

Имрӯз аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси нақша- чорабиниҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бо иштироки Файзуллозода З.Ф. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар толори муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бахшида ба таҷлили 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, озмуни иншои озод зери унвони “Арҷгузорӣ ва далериву корнамоиҳои фарзандони бонангу номуси миллат” миёни донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо ва хонандагони синфҳои 10 ва 11 –и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид.

Мақсад аз баргузор намудани озмун пеш аз ҳама тарбия намудани наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, арҷгузоштан ба муқаддасоти миллӣ, дӯстдории Ватан миёни наврасону ҷавонон ва дарёфти истеъдодҳои ҷадид дар иншонависӣ, эҷодкорӣ, луғатдонӣ, ташаккули нутқи хаттии хонандагон, тарбияи ватанпарастӣ ва ҳавасмандии моддию маънавии онҳо равона карда мешавад.

Вакти нашр: 2021-05-06 15:21:47    Хонданд: 145    Муфассал...

Саҳми Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

(дар ҳошияи таҷлили 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба)

Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) мардуми бонангу ори Тоҷикистон ҳам дар ҷабҳа ва ҳам дар ақибгоҳ қаҳрамонию ҷоннисориҳои зиёде намуда, барои ба даст овардани сулҳи деринтизор нақши арзандаю боризи худро гузоштааст.

Дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар ҷанговарон аз Тоҷикистон барои озод кардани Ватани маҳбуб аз фашистони ғосиб диловарона иштирок намуда, беш аз 92 ҳазор нафари онҳо дар сангарҳо пас аз муборизаҳои шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург дар майдони набард ҳалок шуданд.

Дар ин ҷо қаҳрамониҳои рустамонаи Саидқул Турдиевро бояд хотиррасон кард, зеро ӯ яке аз нахустин фарзандони фарзонаи миллат буд, ки ихтиёран ба урдгоҳ рафт. Дар мубориза бар зидди фашизми истилогар корнамоиҳои зиёде нишон дод ва соли 1944 қаҳрамонона ҳалок гардид. Пас аз марг ба ӯ унвони олии «Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ» дода шуд.

Ба мисли Саидқул Турдиев ҷавонмардони шуҷоъ аз Тоҷикистон зиёд буданд, ки дар таърихи халқу миллат қаҳрамонию ҷонфидоии онҳо ҷовидона бо хатти заррин сабт шудааст. Аз ҷумла, 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан – Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд.

Дар ин ҷанг саҳми шоиру нависандагони тоҷик, ба мисли Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳалим Карим, Лутфулло Бузургзода, Абдушукур Пирмуҳамадзода, ки бо силоҳу бо қалам мубориза бурдаанд, бисёр арзанда аст.

Ҳамзамон, устод Садриддин Айнӣ бо мақолаҳои нишонрас ва нависандаи ҷанговар Фотеҳ Ниёзӣ бо маҷмӯи ҳикояҳои ҷангиаш эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии мардумро дар он замон бедор мекарданд.

Вассофи сулҳу дӯстӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода низ дар бораи ҷасурию шуҷоатмандӣ ва ихтиёрӣ ба ҳимояи Ватан рафтани ҷавонмардони тоҷик шеъру достонҳои зиёде таълиф намудааст. Дар силсилаи шеърҳои “Модарнома”-и ӯ чунин сатрҳоро мехонем:

Модарам, меравам аз пеши ту ман,

Ба дифои шарафу шаъни Ватан.

Меравам то ки зиреҳ пӯшам ман,

Дар раҳи фатҳу зафар кӯшам ман.

Мебарам дар сари болам тобон

Ахтари толеи халқони ҷаҳон.

Кӣ тавонад, ки маро банда кунад?!

Ин фақат хоби фашистона бувад.

Инак, мо дар арафаи 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба қарор дорем ва бо итминони комил гуфта метавонем, ки мо насли имрӯз абадан қаҳрамониҳою ҷонфидоии гузаштагонамонро, ки барои озодии Ватан анҷом доданд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард ва таманнои онро дорем, ки модари тоҷик ҳеҷ гоҳ ашки талх аз марги ҷонгудози фарзанд нарезад.

Ба қавли устод Мирзо Турсунзода:

Надорам тоқати доғи писар дидан дигар ҳаргиз,

Саросар сӯхтори пуршарар дидан дигар ҳаргиз,

Ба ҳар як хона тифли бепадар дидан дигар ҳаргиз,

Ҳаёти одамиро дар хатар дидан дигар ҳаргиз!

Бобоалиева Зебониссо – н.и.ф., муовини ректор оид ба тарбияи ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода, муовини раиси КИИ “Забоншинос”-и ҲХДТ дар ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода

Вакти нашр: 2021-05-06 16:02:18    Хонданд: 133    Муфассал...

ФАКТ - ОСТАНЕТСЯ ФАКТОМ!

Является ли Ворух анклавом, или киргизский экспансионизм через призму международного права.

Сложившаяся в связи с кыргызско-таджикским пограничным конфликтом ситуация, угрожающая миру и стабильности в Центральной Азии, не может оставить равнодушным ни одного разумного человека, проживающего на этой названной киргизской стороной «спорной территории». Ибо эта ситуация и милитаризация зоны обеими сторонами чревата боевыми столкновениями.

Любое подобное столкновение, как известно, прежде всего, отражается в сознании людей. И объявление Воруха анклавом киргизской стороной не может не вызывать бурного возмущения и негодования населения, проживающего на этой бесспорной таджикской территории. Поскольку одним из доминирующих элементов сознания жителей кишлаков «Ходжаи Аъло» и «Ворух» является то, что эти села никогда не были таджикскими анклавами на территории Кыргызстана.

Данная позиция жителей указанных таджикских сел подтверждается следующими фактами:

1. Ни на одной топографической карте Туркестанского военного округа (округ существовал до 1992 года) Ворух не обозначен как анклав.

2. В военно-топографических и иных картах до 1975 года поселение Аксай, благодаря нынешнему существованию которого киргизская сторона считает Ворух анклавом, как населенный пункт Аксай в данной местности не обозначено и отсутствует.

3. В документах Генеральной прокуратуры СССР, связанных с расследованием конфликта, начавшегося в данной местности 31 декабря 1974 года, упоминается село Танги Ворух, а не Аксай.

4. Согласно документам, находящимся в администрации киргизского села Аксай, до 1975 года ни один житель не зарегистрирован как родившийся в этом селе, следовательно, этого селения с киргизскими жителями до 1975 года не существовало.

Из вышеизложенного вытекает бесспорный вывод о том, что киргизское село Аксай появилось на территории Республики Таджикистан после 1974 года в результате конфликта между населением села Ворух и несколькими киргизскими семьями, проживавшими в селе Танги Ворух.

Как известно, факты упрямая вещь и их игнорирование ни в коем случае не означает, что они отсутствуют, хотя киргизская сторона упрямствует в данном вопросе.

Относительно поселения Танги Ворух следует отметить, что это селение находится на территории Республики Таджикистан, в связи с чем, после расследования конфликта, имевшего место в 1975 году, Генеральная прокуратура СССР постановила: исключить экстерриториальность киргизского населения, проживающего на территории Таджикской ССР. Это означало необходимость перевода их в административное подчинение Исфаринского района Таджикской ССР.

С учетом отмеченного важно подчеркнуть, что в Таджикистане этнические киргизы в качестве полноправных граждан компактно проживают в Мургабском и Джиргитальском районах и в кишлаке Матпари Исфаринского района. Причем они не имеют никаких разногласий с госструктурами Таджикистана. Поэтому мудрость названного Постановления актуальна и в наши дни. Более того, если бы оно было реализовано своевременно, то киргизский истеблишмент не питал бы иллюзий, объявив Ворух анклавом.

Хотя, по информации СМИ, всем известно, что Ворух не является анклавом, но киргизская сторона считает его таковым из-за существования села Аксай. Чтобы разобраться в истории образование киргизского селения в местечке Танги Ворух, впоследствии переросшего в киргизское село Аксай, рассмотрим последовательность происходивших событий.

В частности, после определения границ между Узбекской ССР и РСФСР относительно Таджикской АССР и Кара-Киргизской АССР, 17 марта 1927 года было издано Постановление ВКП(б) и Совнаркома СССР «О переводе киргизского населения в оседлый образ жизни». В соответствии с названным документом, киргизы, проживавшие на территории Республики Таджикистан, стали подчиняться своему национально-административному центру - Баткентскому району. Процесс перевода киргизов на оседлый образ жизни был завершен в 1938 году.

Для современного киргизского истеблишмента это стало поводом считать Ворух анклавом, так как на дороге, ведущей в Ворух, живут киргизы, водрузившие на территории Таджикистана киргизский флаг. Это происходит бесцеремонно в наше цивилизованное время, «средь белого дня», в нарушение всех принципов международного права. Следует отметить, что в Европе есть такая страна Нидерланды, название которой в переводе с английского означает «ничейная земля». Нидерланды имеют свою границу. Представьте себе, что каждый гражданин этой страны водрузил бы над своим домом свой национальный флаг, тогда бы Нидерланды были бы очень «многоцветной» страной, но такое в цивилизованной Европе не произошло. А у нас даже журналисты, не вникнув в суть вопроса, стали называть Ворух анклавом.

Отметим, что по принципам международного права единственным правовым основанием, по которому признаются установленные границы, служит документ, ратифицированный законодательными органами сопредельных государств. Такими документами, определяющие линию прохождения таджикско - киргизской границы являются:

1. Карта об установлении границ между обеими республиками в 1927 году. Данная карта скреплена печатью ЦИК СССР и подписана секретарем ЦИК Янукидзе, красным карандашом. Текстовое описание данной карты подписано Магидовичем - председателем ликвидкома, в обязанности которого было вменено установление границ вновь образованных государств Средней Азии при национально-территориальном размежевании в 1924 году, которое было завершено 17 марта 1927 года.

2. В приложении к карте 1927 года имеется текстовое описание границы между Узбекской ССР и РСФСР, подписанное председателем ликвидкома Магидовичем.

3. Постановление ЦИК (Центрального исполнительного комитета) СССР, являвшегося законодательным органом, об утверждении двух вышеназванных документов, датированное 17 марта 1927 года.

Следует подчеркнуть, что все эти три документа хранились в Центральном Госархиве Октябрьской Революции, а ныне хранятся в Центральном Государственном Архиве Российской Федерации в городе Москве. Согласно трем названным документам, имеющим статус правовой основы установления границ между Таджикистаном и Кыргызстаном, Ворух не является анклавом, а Танги Ворух и появившееся селение Аксай находятся на территории Республики Таджикистан.

Именно вследствие отмеченного, все вышеназванные документы киргизской стороной не признаются. При этом в обоснование своей позиции ею приводятся не юридически значимые документы, а голословные заявления о том, что с самого начала Кыргызстан был недоволен этим размежеванием.

Кроме того, не учитывается следующий факт: в Конституциях обеих республик советского периода сказано, что Кыргызская и Таджикская Советские Социалистические республики существуют в своих границах. Возникает вопрос: если граница между этими республиками не была установлена, почему в основном законе обеих республик – Конституции, приведены данные императивные нормы?

В дополнение к этому за истекший период после 1927 года на основе существующих границ между двумя этими республиками были проведены несколько изменений границ. Напомним о двух из них:

1. Произведено частичное изменение границ в связи с передачей населенного пункта Джигдалик из состава Киргизской ССР в состав Таджикской ССР и населенного пункта Самаркандек из состава Таджикской ССР в состав Киргизской ССР в 1928 году. Такой обмен населенными пунктами определялся как «частичное изменение границ между обеими республиками», что соответственно говорит о существовании четко определенной границы.

2. В 1974 году произведено частичное изменение границы между Киргизской ССР и Таджикской ССР в районе киргизского селения Арка и таджикского селения Кистакос, что утверждено законодательными органами обеих республик.

Все изложенные события происходили до рождения нынешнего поколения, которым игнорируются эти исторические факты, предлагается «резать по живому» уже сложившиеся добрососедские, дружественные и взаимовыгодные традиционные отношения между двумя братскими народами, складывавшиеся на протяжении многих веков. В этой связи уместно вспомнить известную поговорку: «Если стреляешь в прошлое из пистолета, то получишь огонь из пушек».

Обращаясь к мировой практике решения территориальных споров, следует отметить, что в международном праве при определении границ действует принцип «что имеем, то имеем». Согласно этому принципу в странах СНГ, Африке, между Китаем и Вьетнамом, а также в других государствах были установлены границы.

Однако сейчас применение этой практики невозможно из-за способности киргизской стороны к умению не признавать очевидное и делать из очевидного невероятное.

В международно-правовой практике имеется 10 принципов, которые регулируют межгосударственные взаимоотношения. Таковыми принципами являются:

- Принцип неприменения силы и угрозы силой.

- Принцип разрешения международных споров мирными средствами.

- Принцип невмешательства в дела, входящие во внутреннюю компетенцию государств.

- Принцип обязанности государств сотрудничать друг с другом.

- Принцип равноправия и самоопределения народов.

- Принцип суверенного равенства государств.

- Принцип добросовестного выполнения обязательств по международному праву.

- Принцип нерушимости государственных границ.

- Принцип территориальной целостности государств.

- Принцип уважения прав и основных свобод человека.

Через призму названных принципов оценим ситуацию, в которой оказалась наша республика в результате экспансионистских действий киргизской стороны.

При рассмотрении инцидента, произошедшего на границе 11 января сего года, становится очевидным, что киргизская сторона, осуществлявшая на территории Таджикистана строительство несогласованной дороги под прикрытием усиленного наряда пограничников и ответившая на законные требования таджикской стороны о прекращении ведения работ на своей территории применением оружия, явно нарушила принцип неприменения силы и угрозы силой.

Нарушения, допущенные киргизской стороной, подтверждаются следующими фактами:

1. Место, на котором велось строительство дороги и произошел конфликт, по всем имеющимся документам и картам является территорией Таджикистана.

2. Киргизы первыми открыли огонь по пограничникам Таджикистана, потребовавшим прекращения работ на территории Таджикистана, что подтверждено итогами расследования совместной таджикско-киргизской комиссии, созданной для расследования этого инцидента.

Кроме того, мировая история свидетельствует, что все споры решаемы либо на основе консенсуса, либо по принуждению одной из сторон. Одним из видов принуждения другой стороны к принятию решения, выгодного противной стороне, является мирная блокада.

Кыргызстан применил мирную блокаду, закрыв свои границы и фактически отрезав Таджикистан от других стран СНГ, как рычаг принуждения к реализации своих необоснованных территориальных притязаний и амбиций. При этом, Кыргызстан применил мирную блокаду не имея международного полномочия на это, т.е. без санкции Совета Безопасности ООН, тем самым нарушив его Устав, а также устав СНГ о свободном передвижении товаров и услуг по территориям стран-участниц. Республика Таджикистан оказалась лишена возможности получения лекарств, продуктов питания и других предметов первой необходимости, завозимых из Китая и стран СНГ.

Теперь рассмотрим инцидент через призму принципа разрешения международных споров мирными средствами. Киргизская сторона в нарушение данного принципа не только первой применила оружие, но и милитаризировала прилегающую к конфликту территорию, о чем свидетельствуют даты передислокации киргизских военных подразделений. Таджикская сторона не могла адекватно не реагировать на данную передислокацию, так как нависла угроза жизни мирного населения Таджикистана.

Вопреки международному принципу обязанности государств сотрудничать друг с другом Кыргызстан отозвал своего посла из Республики Таджикистан, лишив стороны возможности плодотворно сотрудничать и разрешать вопросы на надлежащем дипломатическом уровне.

Кроме того, киргизская сторона, не соблюдая принятые на себя обязательства по договорам, заключенным с Таджикистаном, грубо нарушает принцип добросовестного выполнения государством своих международных обязательств. Примером этого является нарушение Кыргызстаном Протокола «О запрете проведения строительных работ на спорной территории».

Республика Кыргызстан, затягивая вопрос делимитации границы с Таджикистаном, выдвигает все новые и новые территориальные претензии, намереваясь нарушить территориальную целостность Республики Таджикистан, создавая напряженность между таджиками и этническими киргизами, проживающими в Таджикистане. Данные действия киргизской стороны являются прямой угрозой соблюдению принципа международного права о нерушимости государственных границ.

Из десяти принципов международного права, признанных ООН, Республика Кыргызстан в своей политике по территориальным спорам с Таджикистаном нарушает, как минимум, пять принципов, что является недопустимым для государства-члена ООН.

Немаловажным в данной ситуации является и то, что на территории Баткенской области проживают более 30 000 тысяч этнических таджиков, что почти в три раза превышает количество жителей областного центра – город Баткен. Республика Таджикистан никаких территориальных претензий к территориям их компактного проживания не имеет.

Принимая во внимание, особенности национального состава жителей Ферганской долины, все исследователи и политики сходятся в том, что любая территориальная претензия стран друг к другу чревата непредсказуемыми последствиями. Поэтому таджикское руководство проявляет в отношении киргизского истеблишмента и его действий терпимость, взвешенность, рассудительность и осторожность. Однако ответное неадекватное поведение киргизского истеблишмента может привести к необратимой ситуации, которая будет во вред обоим братским народам.

ЕВГЕНИЙ РАДИОНОВ

независимый эксперт

Вакти нашр: 2021-05-06 16:10:48    Хонданд: 202    Муфассал...

ПАЁМ ВА 30 ҚАДАМИ СОЗАНДА

Халқи шарафманди тоҷик нангу

номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ

дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи

худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам

бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси

худро ба кишвари ободу пешрафта ва

ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Тоҷикон аз ҷумлаи он миллатҳое ҳастанд, ки Ватану марзу буми худро хеле дӯст медоранд ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ менамоянд. Истиқлолият, шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному манзалат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошаду онро ҳифзу ҳимоя карда тавонад.

Бо шукргузорӣ аз фазои амну осоишта, ваҳдату якдилӣ бо амалӣ намудани нақшаҳои наҷиби ободкориву созандагӣ, дар нахустин моҳи соли мубораку таърихӣ, яъне 30 - юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро бо дастовардҳои назаррасу шоиста истиқбол мегирем, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид.

Паём, санади муҳими муайянкунанда ва батанзимдарорандаи дурнамои рушди устувору бомароми сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат буда, муаррификунандаи сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол, нақшаи илман асоснокшудаи тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва мақсаду мароми давлату Ҳукумат, инчунин, роҳҳои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ дар соли 2021 ва солҳои минбаъда ҳисоб ёфта, дар маҷмӯъ фишурдаи амиқи андешаҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат оид ба ояндаи тоҷику тоҷикистонӣ ва кишвари соҳибистиқлоли мо маҳсуб меёбад.

Бо ҳамин мақсад дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Пеш аз ҳама Президенти мамлакат зимни ироаи Паёми хеш иброз доштанд, ки пайомадҳои пандемияи Ковид - 19 ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии кишварамон таъсири манфии худро расонидааст. Дар баробари ин, Роҳбари давлат таъкид доштанд, ки бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои зикршуда, дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шудаанд.

Инчунин Пешвои миллат иброз доштанд, соли 2020 бо паёомадҳои нохуш ва неки худ дар саҳфаҳои таърихи миллат хотирмон хоҳад буд. Мо дастаҷамъона дар соли 2020 тавонистем бо бемории сироятии сартосарӣ мубориза бурда, ба коҳиши сирояти он ноил шавем. Тавре дар Паём омадааст, соли гузашта танҳо барои харидории таҷҳизоти тиббӣ беш аз як миллиард сомонӣ маблағ масраф гардидааст. Бояд дарҷ намуд, ки маҳз натиҷаи ҳамин якдигарфаҳмиву тадбирҳост, ки аз оғози соли равон дар ҷумҳурии азизамон гирифторшавӣ ба ин оризаи сироятӣ ба қайд гирифта нашудааст. Вале ин гувоҳи он шуда наметавонад, ки мову шумо нисбат ба қоидаҳои беҳдоштиву санитарӣ бепарво бошем. Баръакс, ҳифзи саломатӣ ва риояи тартиботӣ санитарии ҷамъиятиро бояд қарзи шаҳрвандӣ бидонем.

Яке аз воқеаҳои фараҳбахшу хотирмони раванди соли 2020 ин дар сатҳи баландӣ ташкилию сиёсӣ ва дар фазои осудаю ором, баҳри ояндаи неки мамлакат баргузор гардидани маъракаҳои муҳими сиёсии сол – интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳалли вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Новобаста, аз он ки соли 2020 бо ҳама пайомадҳои мусбиву манфӣ чӣ тавр буд, вале онро мардуми шарафманди Тоҷикистон бо сарбаландиву суботи сиёсӣ паси сар намуданд. Бояд дарҷ намуд, ки ҳамаи ин аз масъулияти баланди ватандорӣ, дурандешӣ ва доштани боварии умедбахш ба фардои нек ва сабақи зиндагӣ аст. Ин рафтори бошарафонаи шаҳрвандони Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуд, ки миллати тоҷик – миллати тамаддунофар, бофарҳанг ва ватандӯст аст.

Маврид ба ёдоварист, ки дар даврони 30 - соли Истиқлолият обод гардидани Ватан, рушди устувори иқтисодӣ, такмили давлатдорӣ, ҷорӣ шудани волоияти қонун, пешрафти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва иҷтимоӣ аз сиёсати оқилонаю бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Ҳамчунин вобаста ба коҳиш ёфтани даромади буҷет, афзоиши талаботи маблағгузорӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва дигар хароҷоти пешбининашуда буҷети давлатӣ барои соли 2020 бознигарӣ карда шуда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйироти дахлдор ворид карда шуд. Дар ин раванд иқтисодиёти кишвар дар соли 2020 - ум 4,5 дарсад афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Дар ин давра 9,7 дарсад афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 дарсад, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 дарсад заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард. Хусусан, истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019 - ум 28,3 дарсад афзоиш ёфт, ки ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд.

Таъмини шароити зиндагии арзанда яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта, дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат ба масъалаи беҳтар намудани шароити зиндагии қишри осебпазири ҷомеа - маъюбон диққати махсус зоҳир намуданд. Қобил ба ёдоварист, ки Сарвари хирадманду оқили Тоҷикистон ҳамеша бо хислатҳои нодиру раъиятпарварии хеш дар фикри беҳбудии шароити зиндагии мардуми эҳтиёҷманд, ятимон, барҷомондагон ва шахсони бесаробону камбизоат буда, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан ва ин табақаи ниёзмандро аз аҳли ҷомеа барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонӣ борҳо талаб менамоянд. Ҳамин аст, ки пайваста таъкид мекунанд, ки “Ман ҳеҷ вақт ятими кулро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям”.

Зимни ироаи Паёми навбатии хеш Пешвои миллат таъкид намуданд, ки "Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд.” Дар ин асно нафақаи ятимон аз 20 то 50% зиёд гардида, барои бунёди се мактаб - интернати Президентӣ барои ятимони кулл дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе Ҳукумати кишвар уҳдадор карда шуд.

Инчунин ҷиҳати беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим баҳри таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад. Дар ҳамин давра ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 5,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ низ ҷалб карда шуд. Баҳри ҷалби бештари сармоягузорони хориҷӣ Пешвои миллат ба як қатор вазорату идораҳо супориш доданд, ки нисбат ба гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ тадбирҳо андешида шаванд.

Ҳамчунин, дар Паём ба фаъолияти назаррас ва ибратбахши бонувону духтарон ва ҷавонони кишвар таваҷҷуҳи махсус дода шуда, Пешвои миллат онҳоро ҳамчун шахсиятҳои бомасъулият, меҳрубон, устувор ва ояндадор баҳо дода, иброз намуданд, ки минбаъд низ ба ин табақаи ҷомеа таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мегардад.

Инчунин дар раванди ироаи Паёми худ Пешвои миллат ҷиҳати дар сатҳи баланд амалӣ намудани нақша - чорабиниҳо ва сифатнок ба роҳ мондани корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 30 - солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуданд. Иброз доштанд, ки "...назоратчӣ набошем, – саҳмгузор бошем, агар натавонем! Халал нарасонем. Ба соҳибкорони дилсӯз ва ташаббускор имконият диҳем, онҳоро дастгирӣ намоем..." Зикр шуд, ки вакилони мардумӣ - аз вакилони Маҷлиси Олӣ сар карда, то вакилони ҷамоатҳои деҳот дар амалӣ намудани корҳои ободонӣ саҳми хешро гузорем ва мусоидат намоем. Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар тӯли ду - се соли оянда корҳои ободонии маҳал, манзили зист, роҳу коммуникатсия аз маркази шаҳру ноҳия то дурдасттарин маҳаллаҳо доман паҳн карда, ба сохтмони муассисаҳои таълимиву томактабӣ ва майдончаҳои варзишӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.

Дар маҷмӯъ, Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи кишвар, ҳалли мушкилоти мавҷуда ба ҳама сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, шаҳрвандони мамлакат чун чароғи раҳнамо баҳри расидан ба соҳили мурод, яъне бунёди давлати мутараққӣ, мутамаддин, ки барои сокинонаш шароити созгори кору зиндагӣ комилан фароҳам аст, хидмат мекунад.

Истиқлоли давлатии ҷумҳурии мо имсол 30 - сола шуд. Бояд дарҷ намуд, ки Истиқлолият як ҳарфи ифтихорӣ нест, балки он тақозо менамояд, ки пояҳои устувори давлатдорӣ гузошта шуда, ба ҳама гуна мушкилоту имтиҳони зиндагиву рӯзгори мустақилона тоб оварда, рушди иқтисоди замонавӣ таъмин ва арзишҳои давлати демократӣ ҳифзу афзун гардонда шавад. Моҳияти истиқлолият ин аст, ки қадру қимати ҳар шаҳрванд ба талаботи меъёрҳои демократӣ мутобиқ гардонда шуда, зиндагии шоистаи сокинони мамлакат таъмин гардад. Дар баробари ин Истиқлолият дар назди шаҳрвандон масъулияти нигаҳбонии давлат, дарки эҳсоси соҳиби комилҳуқуқи он будан ва дар амри пешбурди давлатдорӣ саҳми шоиста гузоштан ҳам мебошад. Имрӯз фикр менамоям, бояд бо ифтихор иброз намоем, ки воқеан дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ, ифтихори миллӣ, маърифати ҳуқуқию сиёсии шаҳрвандони Тоҷикистон ба маротиб боло рафт.

Мо шаҳрвандони кишвар дар тӯли таърихи начандон тӯлонии даврони соҳибистиқлолӣ аз уҳдаи иҷрои бисёр корҳои ҷиддиву сарнавиштсоз бо сарбаландӣ баромадем ва эътимод дорем, ки ба хотири таҳкими пояҳои давлати миллии худ минбаъд низ содиқона ва софдилона заҳмат мекашем. Бояд фаромӯш насозем, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва вазъи сиёсии ҷаҳон талаб менамояд, то мо дар самти интихоб кардаи рушди мамлакат ва сиёсати хориҷии худ собиққадамона қадам ниҳода низоми сиёсии интихобкардаи худро дастгирӣ ва мустаҳкам намоем. Вагарна дар зери таъсиру фишори мамлакатҳои абарқудрати ҷаҳон ва қувваҳои ифроткори дохиливу хориҷӣ бе давлату бе миллат мемонем. Барои радду рафъи ин фалокат низоми сиёсии мамлакатро, ки аз институтҳои давлативу ғайридавлатӣ иборат аст таҳким дода, дар атрофи сарвари давлат муттаҳид гардем.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Шамсуддинзода Садриддин Зайниддин

Вакти нашр: 2021-05-06 17:30:54    Хонданд: 153    Муфассал...

Бардоштҳо аз Ғалабаи Бузург

Ҷанги Бузурги Ватанӣ—яке аз фоҷиабортарин муҳорибаҳои хунин дар таърихи инсоният дар қарни гузашта ба ҳисоб меравад, вале дар айни замон яке аз саҳифаҳои пурифтихори тамоми халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, шуморида шуда, ҳамасола барои поси хотир ҷашн гирифта мешавад. Дар ин муҳориба баҳри наҷоти ҷомеаи башарӣ ва наҷоти Иттиҳоди Шӯравӣ ҳар ҷумҳурии иттифоқӣ, ҳар вилояту шаҳр дар ба даст овардани Ғалабаи бузург саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Имрӯз нигоҳ доштани хотираи таърихӣ, ҳақиқати таърихӣ дар бораи ҷанг ва сабақҳои гирифтаамон барои тарбияи насли наврас хеле муҳим мебошад. Наслҳои ҷавон вазифадоранд, ки собиқаи ин хотираҳоро ҳифз ва корнамоию ҷонфидоиҳои наслҳои гузаштаро пос доранд. Танҳо бо ҳамин роҳ онҳо дар вуҷуди худ ҳисси масъулиятшиносиро барои ҳифзи сулҳ ва амният дар кишвари худ ва суботи сайёра ташаккул дода метавонанд.

Мо дар арафаи 76-умин солгарди Ғалабаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бар Германияи фашистӣ дар Ҷанги Бузурги Ватани қарор дорем. Ин ҷашни умумимиллиро тамоми мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва тамоми мардуми сулҳхоҳи ҷаҳон ҳамчун рамзи дӯстии халқҳо, ки ҳар яки онҳо саҳми босазои худро дар таъмини Ғалаба аз болои вабои асри 20 – бар фашизм гузоштаанд, ҳамасола сипосгузорона қадр менамоянд. Имрӯзҳо пос доштани чунин иди бузург аҳаммияти махсуси худро дорад, ки намояндагони зиёда аз 100 миллату халқияти собиқ Шӯравӣ , ҳамчун узви як оила мутаҳид гардида, барои тақдири сохтору рушди ояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷоннисориҳо кардаанд.

Дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ зиёда аз 72 кишвари дунё иштирок намуда, амалиётҳои ҳарбӣ дар қаламрави 40 давлати дунё ҷараён гирифта буд. Дар ин муҳорибаҳои шаддиду хунин аз кишварҳои иштирокчии ҷанг зиёда аз 110 миллион нафар сарбозону афсарон сафарбар карда шуда буданд. Ин ҷанги фоҷиабор кишварҳои зиёдеро харобу тороҷ гардонида, тараққиёти онҳоро даҳсолаҳо ба қафо партофт, ки беш аз 60 миллион нафар одамон қурбон шуда, миллионҳо одамон машаққати рӯҳию равониро аз сар гузаронидаанд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) 27 миллион нафар мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳалок шуда, зиёда аз 1700 шаҳр ва ҳазорҳо деҳаҳо хароб гардид, миллионҳо нафар бехонаву дар мондаанд.

Манбаъҳои таърихӣ тасдиқ менамоянд, ки нерӯҳои низомии Олмонӣ ва иттифоқчиёнашон қисми зиёди кишварҳои Аврупоро таҳти тасарруфи худ дароварда буданд. Мақсади ниҳоии фашистон ба даст овардани ҳукмронии комили ҷаҳон буд. Ба сари мардуми ҷаҳон ба амал омадани чунин мусибати фалокатбор аз даст додани Истиқлолияти давлатӣ ва зиндагии осоиштаи кишварҳо ва эҳтимолияти пурраи аз байн рафтани онҳо ба назар мерасид.

Дар маводҳои бойгонӣ хулосаи таърихшиносон ва корноманависон чунин баҳогузорӣ гардидааст. Ташкилу ангезаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, як шакли муборизаи яроқноке таҳрезӣ гардида буд, ки бо ҷалби кишварҳои иттифоқчӣ ва истифодаи шаклҳои гуногуни зӯроварию таҳдид бо силоҳ давом додани сиёсати худкомаро дошт, мазмуни пурраи онро муборизаи муташаккилонаи мусаллаҳона зери тасаруфи худ қарор додани кишварҳои ҷаҳонро ташкил медод.

Таҳлили маводҳои бойгонӣ аз натиҷаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945), тасдиқ менамоянд, ки мубориза аз ҷониби халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанги одилонаю озодихоҳона, баҳри озодӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан бар фашизм равона гардида буд. Ҳайати роҳбарони сиёсии онвақтаи Олмони фашистӣ бо давлатҳои иттифоқбастаашон, ба монанди Италия, Ҷопон, Венгрия, Финляндия, Руминия, Испания аз рӯзҳои авали оғоз намудани ҷанг бештар аз 110 дивизияи ҳарбии ҳаматарафа таҷҳизонидаро зидди Иттиҳоди Шӯравӣ ба муҳориба сафарбар намуданд. Мақсади ягонаи ин иттифоқчиёни истилогарон дар муддати кутоҳ тороҷ кардани Армияи Сурх ва шикаст додани Иттиҳоди Шӯравӣ ва бемамониат ба худ тобеъ намудани дигар давлатҳои ҷаҳон буд. Новобаста аз омодагии амиқ ва бартарӣ аз ҳисоби дороии техникаю лавозимоти ҷангиашон ба мардуми ҷонфидою шарафманд ва бо ору номуси Иттиҳоди Шӯравӣ муяссар гардид, ки зафар ёбанд.

Ҳамлаи ноогоҳонаю аҳдшиканонаи Германияи фашистӣ вазъи сиёсиро печида гардонид. Ба чунин ҳолат гирифтор шудани кишвар заруратеро ба амал овард, ки дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ ҳолати омодабошии ҷангии сартосари эълон карда шавад. Дар назди Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Комиссариатҳои ҳарбии шаҳрӣ, вилоятию, ноҳиявӣ, ва ҷумҳуриявӣ шумораи зиёди ихтиёриёни ҷонфидо барои рафтан ба ҳимояи Ватан шабонарӯзӣ ба навбат меистоданд. Мақсаду мароми ин фидоиёни Ватан аз таҳти дил содиқона хоҳиши рафтан ба ҷабҳа ва ҳимояи марзубуми ватанро доштанд. Дар сафи ихтиёриён шаҳрвандони касбу кори гуногун ва синну соли мухталиф низ хеле зиёд буданд: аз ҷумла ҷавонони навхати синфҳои болоии мактабӣ, коргарони солхӯрда, деҳқонон ва зиёиён. Рӯҳияи мардумро ҳиссиёти ҳарчӣ зудтар ба фронт рафтану ба ҳимояи Модар-Ватан саҳм гузоштан, фаро гирифта буд.

Сафарбарии неруи тавоно, иродаи қавӣ муттаҳидии собиқ Халқи Шӯравӣ рӯҳи «шикастнопазирии» душманро шикаст. Дар таърихи 8–уми майи соли 1945 Олмони фашистӣ ба акти таслимшавӣ имзо гузошт. Санаи 9–уми май Рӯзи иди фархундаи Ғалаба бар фашизм эълон гардида, барои насли оянда анъанаи таърихӣ гардид.

Кишвари Федератсияи Русия, ки меросбари Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб меравад, то имрӯз нақши гузоштаи ҳазорон нафар диловарон, фарзандони тоҷикистониро дар таъмини ғалабаи умумиозодихоҳӣ пос медорад ва дар сатҳи баланд арҷгузорӣ менамояд. Тавре корномаҳои таърих гувоҳӣ медиҳанд, фиристодагони кишварамон дар ин ҷанги хонумонсӯз баҳри озодии насли башар ва аз зери асорати фашизм озод намудани халқҳои Аврупо ва таъмини ғалабаи халқҳои иттифоқчӣ саҳми бузург гузоштаанд.

Ёде аз масири таърих. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он солҳо беш аз як миллион нафар аҳолӣ дошт, дар ин набардҳои сангину хунин беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандон сафарбар карда шуда, онҳо бо ҷасорату мардонагӣ ҷони худро баҳри ҳимояи Ватани бузургамон нисор намуданд. Родмардоне, ки дар муҳорибаҳои хунин иштирок намуданд, баҳри ҳифзи Ватан ва шарафу номуси мардуми хеш корнамоиҳо бемисл нишон додаанд, ки боиси ифтихору сарфарозии мардумамон мебошанд. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 92 ҳазор нафар тоҷикистонӣ баҳри ҳифзи ҳимояи Ватан ба ҳалокат расидаанд. Барои мардонагӣ ва нишон додани далерию шуҷоат 68 нафар иштирокчиёни ҷанг аз Тоҷикистон ба унвони олии «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» сазовор гашта, 21 нафар дорандаи се дараҷаи ордени «Шараф», ҳамагӣ зиёда аз 90 ҳазор нафар бо ифтихорномаҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ордену медалҳо сарфароз гардиданд. Аз шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон 49973 нафарашон ба баталёнҳои коргарии сохтмонӣ мустаҳкам намудани ақибгоҳ сафарбар карда шудаанд, ки заҳмати софдилонаи онҳо то имрӯз аз ёдҳо нарафтааст. Бояд қайд намуд, ки дар қаламрави Тоҷикистон се дивизияи хушкигарди Артиши Сурх таъсис дода шуда, аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон пурра ва бо лавозимоти зарурӣ таъмин гардидаанд, ки дар муҳорибаҳои муҳимтариниҶанги Бузурги ватанӣ ширкату қаҳрамониҳои ҷолиби таҳсин нишон дода, саҳми худро дар таърих гузоштаанд.

Моҳи октябри соли 1941 аз Тоҷикистон барои муҳофизати Масква дивизияи 20-уми савораи кӯҳии дорандаи орденҳои Байрақи Сурхи Ҷангӣ ва Ленин сафарбар карда шуда буд, ки он аз рӯзҳои аввал дар муҳорибаҳои шадиди ҷангӣ иштирок намуда сазовори қадрдониҳо гардидааст. Инчунин, ҳазорон фиристодагони Тоҷикистон дар ин ҷо аввалин таҷрибаи ҷангиро омӯхтанд, беш аз 150 нафар сарбозу афсари ин дивизия, ки дар муҳорибаи назди Масква қаҳрамониҳо нишон дода, бо мукофотҳои баланди ҳукуматӣ қадрдонӣ карда шуданд. Дар муҳорибаҳои Сталинград низ фиристодагони Тоҷикистон мардонагии бемисл нишон доданд.

Роҳи тайкардаи Дивизияи 61-уми савораи дар Тоҷикистон таъсисёфта, иштироки он аз муҳорибаҳои озод кардани Сталинград барои нишон додани қаҳрамонию мардонагии ҷанговаронаш ба дивизияи савораи гвардиягии 16-ум табдил дода шуда, корномаҳои ҷангии худро идома медиҳад. Дар санаи 19 ноябри соли 1942 Артиши Сурх пурра ба ҳуҷуми ҷавобӣ мегузарад. Муҳорибаи назди дарёи бузурги рус–Волга яке аз ҳуҷумҳои аввалини Лашкари Сурх буд, ки бо ғалабаи муҳим анҷом ёфт. Натиҷаи ин муҳориба дар рӯҳияи ҷанговарон гардиши куллиро ба вуҷуд оварда, ба ғалабаҳои минбаъдаи рафти Ҷанги Бузурги ватанӣ асос гузошт. Армияи Сурх аз Сталинград то Владикавказ якбора ба ҳуҷуми бузурги ҷавобӣ гузашт. Дар ҳайати фронтҳои мухталиф фарзандони Тоҷикистон низ ҷасурона меҷангиданд. Ҷанговарони тоҷик дар мудофиаи қаҳрамононаи Ленинград, кӯҳҳои Кавказ ва муҳорибаҳои Курск, Орёл ва назди дарёи Днепр ширкат варзида, қаҳрамониҳои бемисл нишон доданд.

Ҷоннисориҳои фарзандони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар корномаи таърихи миллати мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамчун роҳнамои ибратомӯзи насли оянда боқӣ хоҳад монд. Дар байни онҳо ҷасорату шуҷоати бемисли Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ: Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Ҳайдар Қосимов, Домулло Азизов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарифов, Раҳимбой Раҳматов, Ӯрунбек Ёқубов, Боқир Давлатов, Саидқул Турдиев, Қудрат Қаюмов ва чандин ҷанговарони далери тоҷик лавҳаи таърихро ҷило медиҳанд ва хотираи неки онҳо ҷовидона “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад” вирди забонҳо гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз такягоҳҳои муҳимтарини ақибгоҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт, ба ин ҷо дар солҳои ҷанг аз минтақаҳои ҷангзадаи ғарбии Иттиҳоди Шӯравӣ 20 муассисаи калони саноатии гуногун кӯчонида шудаанд, 29 госпитал интиқол ёфт, ки 19-тои онҳо дар шаҳри Душанбе ҷойгир карда шуда буданд. Инчунин, якчанд хонаҳои кӯдакони бепарастору маъюбон ва бемористонҳо низ оварда шуданд. Аз шаҳрвандони Ленинград чандин ҳазор дар муҳосирамондагон ҷойи ояндаи зисту истиқомати худро дар Тоҷикистон пайдо намуданд.

Дар қатори қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ занҳои тоҷик мақоми хосса доштанд. Бо фармонҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дӯши занон вазифаи пурмасъули сангин, ташкили ақибгоҳи боэътимод ва таъмини қӯшунҳои шӯравӣ бо маводи хӯрокаю пӯшокворӣ вогузор карда шуда буд. Дар ҳолатҳои тезутунд гардидани вазъият дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ супориш дода шуда буд, ки аз ҳисоби бонувони тоҷикистонӣ дружинаҳои санитарӣ ташкил карда шавад. Тибқи ин супориш ба фронт теъдоди зиёди ҳамшираҳои шафқат сафарбар карда шуданд.

Тибқи фармоиши Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ва қарори Ҳукумати РСС Тоҷикистон дар минтақаҳои кишвар омӯзиши умумии омодагии ҳатмии ҳарбиро эълон ва ҷорӣ намуданд. Ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 14765 нафар ҷавонону духтарон курсҳои тайёрии умумии ҳарбиро гузаштанд, ки аз он теъдод 10320 нафарашонро занону духтарон ташкил медод. Дар солномаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ номҳои занони тоҷик, ки баҳри ҳифзи Ватан қаҳрамонии бемисл нишон додаанд, ба монанди Ойгул Муҳаммадҷонова, Инъом Қурбонова, Саодат Алибоева, Ҷаннат Раҳимова ва дигарон ҷовидон сабт гардидаанд.

Мардуми тоҷик дар роҳи тайкарда ва озмоишҳои фоҷиабори мубориза бар зидди фашизм аз ҳаёти душвори басарбурда рӯҳафтода нагардида, баҳри мустаҳкамии иқтидори ақибгоҳ, таъминоти сарбозону афсарони дар муҳорибаҳо фаъолиятдошта, корҳои истеҳсолии тамоми самтҳои саноату хоҷагии халқ содиқона ёрии худро дареғ намедоштанд.

Дар давраи вазнини ҷанг мардуми тоҷик новобаста аз вазъи иқтисодӣ, бо нигоҳ доштани ору номуси аҷдодии худ, садоқати ба халқу миллат дошта, барои ҳимояи Ватан охирин сарвату дороии худро ҷамъ намуда, мефиристоданд, то ки кумаке дар роҳи ғалаба бар фашизм гардад. Агар саҳми мардуми Тоҷикистонро дар ин давра барои таъмини ғалаба шуморем, барои фронт 151 вагони пурбор, 532500 адад либоси гарм, 123800 килограм пашм, зиёда аз 25000 метр газворҳои гуногун ва дигар лавозимоти заруриро аз аҳолӣ ҷамъ намуда, фиристода буданд. Ба фонди захиравии мудофиавии Ватан зиёда аз 30 миллиону 500 ҳазор сӯм маблағи нақд ва 40750 пуд ғалладона супорида шуда буд.

ЗаҳматкашониТоҷикистон ба фонди сохтмони колоннаи танкии «Колхозчии Тоҷикистон» 84 млн. сӯм ва ба сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Советӣ» 35 млн. сӯм гузарониданд. Танҳо бо ташаббуси комсомолону ҷавонони Тоҷикистон барои харидани аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангӣ барои фронт ихтиёран 6 млн. сӯм ҷамъоварӣ намуда супорида буданд.

Маълуми ҳамагон аст, ки имрӯз ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон хеле кам мондаанд. Қисми боқимондаи онҳо синнашон аз навад боло гузаштааст. Бинобар ин, нигоҳдошти поси хотири гузаштагон, эҳтиром ва қадршиносӣ намудани ҳар яки онҳое, ки дар қайди ҳаётанд, вазифаи муқаддаси фарзандии мост. Таҷрибаи роҳи тайкардаи зиндагӣ огаҳ месозад, ки эҳтиром доштани калонсолон ва кумак ба ветеранҳои ҷангу меҳнат, шахсони барҷомонда ва муҳтоҷ тибқи анъанаҳои қадимии халқи тоҷикро пайваста идома диҳем.

Яке аз иқдомҳои инсондӯстона ва ҳайрхоҳонаи ҳар як фарди тоҷик расонидани кумаку ғамхорӣ ба шахсони мазкур аз ҷониби ҳар як роҳбари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаву ташкилот, соҳибкорону сарватмандон мебошад. Тавре медонем ветеранҳои ҷангу меҳнат пайваста ба кумаку дастгирии ҷомеа ниёз доранд. Чунин иқдоми хайрхоҳонаро бояд насли имрӯза ва оянда бояд давом диҳад. Заҳматҳои кашидаи падару бобоёни худро доимо пос доранд.

Ёдоварӣ аз ин сабақи таърихӣ мардуми кишвар, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор месозад, ки рӯй додани ҷангҳои таҳмилии ҷаҳони муосир эҳтимолияти ба ҳар як кишвар таҳдиду зарар оварданаш аз мадди назар дур нест. Бо дарназардошти фарогирии таҳдиду хабарҳои фитнаангез тариқи сомонаҳои интернитӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, хатарҳои эҳтимолӣ аз кишвари ҳамсояи Афғонистон, дар ҳама ҳолат нигоҳ доштани масъулияти баланди ватанпарастӣ, ҳифз намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, манфиатҳои миллӣ, омодобоши ҷузъу томҳои низомӣ, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Артиши миллии Тоҷикистон, ки сипари боэътимоди Ватан аст, ба ҳисоб меравад. Онҳо қарзи фарзандии худро бо сари баланд дар назди халқу Ватан дар ҳама гуна шароити вазнин бояд ба анҷом расонанд.

Ҳар фарди имрӯзаи ҷомеаи кишварамон дар назди таърих ва тақдири миллати худ бояд қарзи муқаддаси шаҳрвандии худро адо намояд. Новобаста аз раванди зиндагӣ, тамоми кӯшишу тавонои худро баҳри ҳифзу ҳимояи марзубуми Ватани азизамон корҳои бунёдкорию созандагӣ сафарбар намояд.

Инак, дар ин рӯзҳои арафаи Ҷашни бузург мебинем, ки мардуми Тоҷикистон ҳиссаи арзандаи худро дар таъмини Ғалабаи оламшумули халқҳои советӣ аз болои Германияи фашистӣ гузоштаанд ва месазад, ки бо онҳо ифтихор намуда, дар ҳақашон дуои хайр кунем.

Бо истифода аз фурсат ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати иди 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфта, осмони софу беғубор, сулҳу сафо орзумандем.

Саидхоҷа Акбаров, аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Стратег"

Вакти нашр: 2021-05-07 13:53:47    Хонданд: 114    Муфассал...

ЛИБОСИ МИЛЛӢ — МУАРРИФИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ МУТАМАДДИН. Андешаҳои муовини сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ доир ба мавзуъ

Либоси миллӣ муаррифи фарҳанги ҳар як халқи мутамаддин мебошад. Эҳтиром ба либоси миллӣ ҳамчун рамзи арзишҳои миллӣ ифодагари тамаддуни давлатҳо маҳсуб мешавад. Вале, имрӯз фарҳанги либоспӯшии мо коста шуда, ба яке аз мавзӯъҳои баҳснок табдил ёфтааст.

Ин нуктаро зимни суҳбат бо   АМИТ «Ховар» муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзона ХУДОЙДОДОВА иброз дошт.

Фарзона Худойдодова, муовини сардори Раёсати МТС

Солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба ташвиқу тарғиби либоси миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ зиёд гардидааст. Ҷиҳати ҳарчӣ бештар ҷалб намудани сайёҳон ва рушди бахши сайёҳӣ бо ибтикор бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019–2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки  тайи ду соли аввал  дар деҳоти мамлакат   пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ  тавсе пайдо мекунанд.

“Чунин дастгирии Пешвои миллат ҳунармандон, соҳибкорон ва ҷомеаи шаҳрвандиро вазифадор менамояд, ки дар рушди тамоми ҳунарҳои мардумии миллатамон ва ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари  тваҷҷуҳи хориҷиён саҳм гузоранд. Бонувони тоҷикро зарур аст, ки дар баробари дигар ҳунарҳои мардумӣ либоси миллиро, ки таърихи қадимӣ дорад, бо тамоми зебогияш муаррифӣ намоянд”, — изҳор дошт Фарзона Худойдодова.

 Бино ба суханони ӯ, чандин аср боз либоси миллии тоҷикон ҳусни зебои худро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Баръакс, бо мурури замон бо фикру идеяҳои тарроҳони муосир либоси миллӣ ҳусни ҷаззобтар пайдо кардааст, анвои гуногуни либоси миллӣ бо тобиши аврупоӣ – доману блузкаҳои чакан, кардиганҳои атласу фаранг, костюмҳои адрасу чакан ва ғайраҳо симои бонувони тоҷикро оро медиҳанд, ки ин таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони хориҷиро беш аз пеш ҷалб менамояд.

Ба зикри ҳамсуҳбати мо, бештари сайёҳони олам пеш аз сафар ба дилхоҳ давлати дунё аввал аз сарчашмаҳои гуногун бо таърих, фарҳанг, урфу анъанаи ҳамон миллату мавзеъ шинос мешаванд. “Албатта, ҳангоме ки сайёҳон ба давлати интихобкардаашон меоянд, онҳо дар мадди аввал ба фарҳанги миллии сокинони ин кишвар таваҷҷуҳ намуда, хоҳиши аз наздик дидан ва ба бар кардани либоси миллии онро доранд. Масалан, дар Япония ба дидани либоси зебои «кимано» (расми 1), дар Ҳиндустон ба  «сари» (расми 2), дар Шотландия ба «килт» (расми 3), дар Гурҷистон ба «картули» (расми 4) ва дигар вижагиҳои миллӣ шавқи бештар зоҳир карда мешавад”_ зикр намуд ӯ.

Ҳамсуҳбати мо тазаккур дод, ки Тоҷикистон асосан таърихи фарҳанги либоспӯшии се минтақаро ифода мекунад, ки таҷҷасумгари фарҳанги либоспӯшии тамоми минтақаҳои кишвар мебошад. “Масалан, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, — мегӯяд ӯ. —  бонувон либоси сафед бо нақшу нигори сурх, тоқии сурх ва ҷӯроби рангин ба бар мекунанд (расми 5); дар вилояти Хатлон бонувон тоқии гулдӯзӣ ва либоси зебои чакан ба бар мекунанд, ки дар он нақшҳои гуногуни рангоранг бо даст гулдӯзӣ карда шудаанд ва ҳар нақш дар алоҳидагӣ фалсафаи хоси худро дорад (расми 6); дар вилояти Суғд бонувон тоқиву камзӯли зардӯзӣ ва либоси адрасу атласи рангинкамон ба бар мекунанд (расми 7). Пас, хулоса намудан мумкин аст, ки миллати тоҷик фарҳанги либоспӯшии хеле бой ва гуногун дорад, ки аз решаҳои амиқи таърихӣ сарчашма мегирад. Мо – бонувон бояд либоси миллии худро бештар эътироф намоем, то ки ба ҷаҳониён фарҳанги худро муаррифӣ намоем ва сайёҳонро бештар бо зебоии табиати диёрамон, фарҳангамон, таърихамон, одобу рафторамон ва меҳмондориамон ҷалб созем”.

Бояд гуфт, ки бонувони тоҷик худ табиатан ҳусни зебо доранд ва бо ба бар кардани либоси миллӣ ҳусни онҳо дучанд мегардад. Бонувони тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, либоси миллии онҳо, бешубҳа, яке аз рукнҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллат мебошад.

«Солҳои охир бо афзудани талабот ба тамошои филмҳои хориҷӣ ва тақлид ба ҳунарпешаҳои хориҷӣ бештари занҳо ва ҷавондухтарон ба сӯйи бегонапарастӣ майл намуда, либосҳои ба миллати мо бегонаро ба бар мекунанд. Онҳо бештар ба ҳиҷобу сатри сиёҳ ва либосҳои доманкӯтоҳ, тангу барашон бурида ҳавасмандӣ пайдо намудаанд, ки ба фарҳанг ва тарзи тафаккури миллии мо умуман хос нестанд. Ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим бонувони мо пироҳанҳои дарози аз зону поён бо миёнбанди нозук ба бар мекарданд. Сатр ва ҳиҷоб хоси бодиянишинон буд ва ба либоси миллии мо робитае надошт. Сатри сиёҳ ба мардуми мо куллан бегона аст. Мутаассифона, як гурӯҳ бонувон имрӯз либоси миллии зебои худро монда, либоси дигар давлатҳоро эътироф намуда, фарҳанги дигар мардумро муаррифӣ карда истодаанд, ки ин рафтори онҳо кулли сайёҳон ва меҳмонони хориҷиро ба ошуфтагӣ меорад»,- мегӯяд Ф Худойдодова.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, майл ба либоси бегона кардан ва даст кашидан аз фарҳанги бою ғании миллатамон боиси таассуф ва нигаронист, зиёда аз ин ҳамаи ин беэҳтиромӣ нисбат ба миллат ҳисобида мешавад. Зеро, агар забони миллат яке аз ҷузъҳои ҳувият ва ҳастии ҳар миллат бошад, пас ҷузъи дигари муҳими он либос мебошад. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки зимни суханронии хеш бахшида ба Рӯзи Модар 7 марти соли 2020 дар робита ба ин масъала таъкид намуда буданд: «Мехоҳам таваҷҷуҳи модарону бонувони муҳтарамро бори дигар ба масъалаи риояи расму ойинҳои миллӣ, аз ҷумла тарзи либоспӯшӣ, хусусан дар ноҳияҳои атрофи пойтахти мамлакат ҷалб намоям. Тақлид ба либоспӯшии бегона, яъне бегонапарастӣ нишонаи возеҳи бефарҳангиву бемаърифатӣ ва гузашта аз ин, ҷаҳолат аст ва оқибати хуб надорад».

 “Воқеан, беэътиноӣ ба  либоси аҷдодӣ, ки ҷузъи фарҳанги миллии мо маҳсуб шуда, ба дину мазҳаб ҳеҷ умумият надорад, нишонаи ҷаҳолат ва сатҳи пасти худшиносию тафаккури ин гуна ашхос буда, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати фарҳангҳо дар ташаккули тафаккури миллии ҷавонони мо нақши манфӣ мегузорад”, — мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Бино ба андешаи Фарзона Худойдодова, муносибат ба либоси миллӣ, ки имрӯз теъдоди муайяни бонувони тоҷик онро бо ҳисси баланди ифтихор ба бар мекунанд, арҷгузорӣ ба он чун ҷузъи фарҳанги миллати тоҷик бояд мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли зиё, ҷавонон ва ҳунармандону тарроҳон, ки муаррифи бевоситаи ин тарзи либоспӯшӣ мебошанд, қарор дода шавад. Тарғиби либоси миллӣ бояд бо диди нав, завқу ҷустуҷӯи тоза ва истифода аз матоъҳои истеҳсоли ватанӣ роҳандозӣ шуда, тавассути ҷалби бештари сайёҳон ба ҷаҳониён муаррифӣ гардад.

АКСҲО аз муаллиф ва манбаъҳои боз

Вакти нашр: 2021-05-11 08:46:49    Хонданд: 103    Муфассал...

«МО БО ШУМОЕМ». ҲХДТ ба хотири дастгирии қишрҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз намуд

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи босамару  ҳадафмандонаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва қишрҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа таҳти унвони «Мо бо шумоем» озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз намуд.  Дар ин бора аз шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти КИМ ҲХДТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Айни ҳол озмун аз рӯйи се номина- маҳорати суханварӣ ва қироати шеър; маҳорати сурудхонӣ; маҳорати навохтани асбоби мусиқии муосир ва халқӣ дар ноҳияҳои мамлакат ҷараён дорад.

Дар озмуни мазкур кӯдакону наврасони аз 6 то 18-сола, ки ба гурӯҳи маъюбон шомиланд, ҳуқуқи иштирок намудан доранд. Озмун аз  се давр (барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ду давр) иборат буда, аз нимаи дуюми моҳи апрел то 20 июни соли 2021 ба тартиби зайл ташкил ва гузаронида мешавад: даври якуми озмун аз нимаи дуюми моҳи апрел то 15 май; даври дуюм аз нимаи моҳи май то 10 моҳи июн (ба истиснои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ); даври сеюм ( даври ниҳоӣ) 25 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ғолибони даври ниҳоӣ ба комиссияи озмун то 15 июн пешниҳод мешаванд.

Тибқи Низомномаи тасдиқгардидаи озмун, дар он як нафар танҳо дар як номина иштирок карда метавонад. Довталаб дар хондани шеър, суруд ва навохтани асбоби мусиқӣ вобаста ба номинаи интихобкардааш озод аст. Кӯдакону наврасоне, ки дар мактабҳои касбии санъат ва мусиқӣ таҳсил менамоянд, ҳуқуқи иштирок дар озмунро надоранд.

Барои гузаронидани озмун дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо комиссия дар ҳайати панҷ нафар таъсис дода шудааст. Барои даври ҷумҳуриявӣ (ниҳоӣ) комиссияи озмун дар ҳайати панҷ нафар бо имзои муовини якуми Раиси ҲХДТ  тасдиқ карда мешавад. Баҳо аз 6 то 10 холро дар бар мегирад.  Ҷамъи баҳои аъзои комиссия ғолибони озмунро муқаррар менамояд.  Барои иштирокдороне, ки баҳои якхела мегиранд, ҳайати комиссия бо бартарии мазмуну муҳтаво ҷой муқаррар менамояд.

Ба ғолибони озмун барои ҷои аввал (се ҷой)- ҳар яке 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ; барои ҷои дуввум (се ҷой)- ҳар яке 3000 (се ҳазор) сомонӣ; барои ҷои сеюм (се ҷой)- ҳар яке 2000 (ду ҳазор) сомонӣ мукофотҳо муайян шудаанд. Ҳамзамон мукофоти ҳавасмандӣ барои ҳамаи штирокдорони даври ҷумҳуриявӣ (ниҳоӣ)- ҳар яке 500 (панҷсад) сомонӣ муқаррар карда шудаст.

Инчунин иштирокдорони фаъол бо Сипоснома ва туҳфаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд. Барои як нафар фаъолтарин иштирокдори озмун Шоҳҷоиза ва мукофоти махсус муқаррар гардидааст.

Зикр гардид, ки кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани давраҳои якуму дуюм масъул буда, ба ғолибони ин даврҳо барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ роҳхат медиҳанд ва ба иштироки онҳо дар даври ҷумҳуриявӣ (ниҳоӣ), ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мусоидат менамоянд.

Ҳадафи баргузории озмун аз дастгирии ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои осебпазири ҷомеа, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳиву худшиносӣ ва баланд бардоштани завқи бадеии кӯдакону наврасони маъюб, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ташвиқу таблиғи ғояҳои созандаи ҳизб ва сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон иборат мебошад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз КИ ҲХДТ

Вакти нашр: 2021-05-11 12:01:43    Хонданд: 76    Муфассал...

Ҳамлаи террористӣ ба мактаби духтарона дар Кобул боиси маҳкумият, андӯҳ ва нафрати Президенти Тоҷикистон гардид

Тавре имрӯз хабар додем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар назди мактаби духтарона дар Кобул барқияи тасаллӣ ирсол намуданд.

Дар барқия гуфта мешавад, ки хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта бо шумули духтарони наврас  боиси «андӯҳи амиқ ва нафрати беандоза»-и Президенти Тоҷикистон гардид.

«Чунин амали хушунатомези золимона ва маргбор, ки нерӯҳои аҳриманӣ дар рӯзҳои охири моҳи шарифи Рамазон ба он даст задаанд, нобахшиданист», — изҳор доштанд Эмомалӣ Раҳмон.

Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти терроризму ифротгароиро қатъиян маҳкум намуда, боз ҳам зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи беамонро бо ин хатарҳои глобалии даврони муосир таъкид менамояд.

Инчунин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасаллиёт ва ҳамдардии мардуми Тоҷикистонро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон, ҳамчунин ба тамоми мардуми Афғонистон изҳор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 8 май дар ғарби Кобул дар назди мактаби духтарона таркишҳо рух доданд, ки дар натиҷа ҳадди ақалл 55 нафар ҳалок ва 150 нафар маҷрӯҳ шуданд.

                       АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»  

Вакти нашр: 2021-05-11 12:04:51    Хонданд: 108    Муфассал...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти сохторҳои давлатӣ ҷаласаи корӣ доир намуданд

10 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар сохторҳои давлатӣ ҷаласаи корӣ доир намуданд.

Сарвари давлат ба роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷараёни тадбирҳои омодагӣ ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сари вақт мавриди истифода қарор додани иншооти хурду бузурги ҷашнӣ, татбиқи амалии барномаҳои давлатии рушди соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат, суръатбахшии ҷамъоварии ҳосили саҳро, харидорӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ҷамъбасти муваффақонаи фаъолияти иқтисодию иҷтимоӣ дар чор моҳи соли 2021 дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор муваззаф гардиданд, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоид маъракаи кишту кори баҳориро ҳарчи зудтар ба анҷом расонида, ҷиҳати сари вақт дастрас намудани нуриҳои минералӣ, техника ва мошинолоти кишоварзӣ, ба кор даровардани заминҳои бекорхобида, бо омодагии комил ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода аз ҳама имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.

Сарвари давлат ҳамзамон ба роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мудофиаи кишвар вобаста ба авзои кунунии сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон андешидани тадбирҳои амниятӣ ва тақвияти ҳифзи марзҳои кишвар, мубориза бо ҷинояткорӣ бахусус, ҷиноятҳои алоқаманд бо экстремизму терроризм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир супоришҳои қатъӣ доданд.

Ҷаласаи корӣ 10.05.2021

Вакти нашр: 2021-05-11 12:06:25    Хонданд: 97    Муфассал...

ПАРКҲОИ ТЕХНОЛОГИЮ ИННОВАТСИОНӢ- НАМУНАИ ҲАМГИРОИИ САМАРАНОКИ ИЛМ ВА ИСТЕҲСОЛОТ. Рушди соҳа дар Тоҷикистон ба пешрафти маҷмӯии мамлакат таъсири амиқ мегузорад

Соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва фаъолияти инноватсионӣ яке аз бахшҳои ҳаётан муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар ҷаҳони муосир мавқеи муҳим ва устувор касб намудааст. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини Шӯрои илм, маориф ва инноватсия зарурати дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро таъкид намуда, тазаккур доданд: «Замони муосир талаб мекунад, ки тамоми равандҳои иқтисодӣ ва хизматрасонӣ тавассути истифода аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотиву иртиботӣ дар заминаи инфрасохтори иттилоотӣ роҳандозӣ карда шаванд».

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Нуъмон АБДУҒАФФОРЗОДА дар суҳбат бо  АМИТ «Ховар» доир ба рушди соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, фаъолияти инноватсионӣ, ташкили паркҳои технологию инноватсионӣ ва истифодаи он дар истеҳсолот чунин ибрози андеша намуд:

— Воқеан, рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва роҳандозии васеи инноватсия ба пешрафти маҷмӯии мамлакат, аз ҷумла идоракунии самаранок, хизматрасониҳои электронӣ, содироти бештари молу хизматрасонӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, густариши фаъолияти фосилавӣ ва таҳсили фосилавӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Дар натиҷа, имкон фароҳам меояд, ки дар як қатор зербахшҳои соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, аз қабили барномасозии компютерӣ бе сармоягузории пешакӣ фаъолияти самаранок роҳандозӣ гардида, даромади зиёд ба даст оварда шавад.

Мавриди зикр аст, ки рушди бемайлони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тавассути таъсис ва фаъолияти густурдаи паркҳои технологӣ, паркҳои технологияҳои иттилоотӣ, паркҳои илмию технологӣ, марказҳои инноватсионӣ ва ҳамгироии мутахассисони соҳавӣ таъмин карда мешавад.

Паркҳои технологӣ шакли муосири ҳамгироии илм ва истеҳсолот ба ҳисоб рафта, бо мақсади вусъат бахшидани тадқиқот ва ҷорӣ намудани дастовардҳои илмию техникӣ ва технологӣ тавассути фаъолияти мутахассисони ташаббускор, доираҳои академикӣ, истифодаи васеи базаи истеҳсолӣ, таҷрибавӣ ва иттилоотӣ созмон дода мешавад. Ба истилоҳи дигар, паркҳои технологӣ маконест, ки мутахассисони болаёқат идеяҳои худро ба кори амалӣ табдил медиҳанд. Дар ҳамаи кишварҳои рушдёфта паркҳои технологӣҳамчун элементи калидии инфрасохтори иқтисодиёти муосири инноватсионӣ хизмат мекунанд.

Таъсиси паркҳои технологӣ, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ метавонанд дар ояндаи наздик дар ҳалли чунин масъалаҳои глобалӣ, аз қабили таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ; ташаккул ва рушди низоми миллии тиҷорати рақамӣ; дастгирӣ ва роҳнамоии лоиҳаҳо/моделҳои тиҷоратии нав (Startup), афзоиши ҳиссаи технологияҳои инноватсионӣ дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ки ба кишвар сармояи дохиливу хориҷиро ҷалб мекунад, мусоидати амиқ кунанд.

Дар доираи ин, Парки технологияҳои иттилоотӣ бошад, барои таъсис ва рақамисозии марказҳои иттилоотӣ дар шаҳру ноҳияҳо, беҳтар шудани хизматрасониҳои рақамии давлатӣ, инчунин афзоиши самаранокии пешниҳоди хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ташкили инфрасохтори рақамӣ, рушди малакаҳои рақамӣ, инкишофи фарҳанги инноватсионӣ, тавсеаи талабот ба технологияҳои нав аз ҷониби корхонаҳо нигаронида шудааст.

Ташкил ва фаъолияти назарраси паркҳо ва марказҳои технологӣ дар шаҳру ноҳияҳо барои рушди низоми иқтисоди инноватсионӣ мусоидат мекунанд. Чунин муҳит барои фароҳам овардани шароит ҷиҳати ҷалби ғояҳо, технологияҳо, ҳалли масъалаҳо тариқи низоми рақамӣ ва мутахассисони боистеъдод пешбинӣ шудааст.

Паркҳои мазкур дарки технологияҳои рақамиро аз ҷониби аҳолӣ баланд бардошта, ба коҳиш ёфтани хароҷоти маъмурӣ вобаста ба пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ, афзоиши маблағгузорӣ ба рақамисозии низоми идоракунӣ ва татбиқи лоиҳаҳои рақамӣ, инкишофи бахши хусусӣ, аз ҷумла дар бахши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, рушди сатҳи истифодаи технологияҳои рақамӣ аз ҷониби соҳибкорон, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ тавассути истифодаи технологияҳои рақамӣ мусоидат мекунад.

Дар баробари ин, маъмурияти парки технологияҳои иттилоотӣ вазифаҳои зеринро амалӣ мекунанд: таҳия ва амалисозии нақшаҳои стратегии парки технологияҳои иттилоотӣ; рушди иқтидори содиротии резидентҳо; ташкили ҷойҳои нави корӣ тавассути рушди маҳсулоти технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсионӣ; фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ба резидентҳо; ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо; рушди иқтидори маҷмӯии резидентҳо.

Бартарияту манфиатҳои омилҳои зикршуда ва иқтидори маҳсулоти инноватсиониро кишварҳо дарк намуда, ба рушди бозори технологияҳои иттилоотӣ саҳмгузорӣ мекунанд.

Агар ба таҷрибаи ҷаҳонӣ назар кунем, чунин марказҳо асосан дар кишварҳои тараққикарда ва қисман дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ таъсис дода шудаанд ва имрӯз ба марказҳои бузурги илмию технологӣ табдил ёфтаанд.

Барои мисол, соли 2005 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус Парки технологияҳои баланд таъсис дода шуда, мутахассисони он ба таҳияи барномаҳои компютерӣ ва дигар барномаҳо машғуланд. Айни замон, зиёда аз 1000 ширкат узви он буда, беш аз 90 фоизи барномаҳои таҳиянамудаи марказ ба содирот равона карда ашудааст. Парк дар соли 2020 содиротро ба таври назаррас зиёд намуда, суръати афзоиши содирот 125%-ро ташкил дод.

Ба ин монанд метавон парки технологӣ ва инноватсионии “Сколково”-и Федератсияи Россия, парки илмии Кембриджи Британияи Кабир, маркази илмию истеҳсолии “Водии Медикон”-и Шветсия, маркази технологии “Водии Кремний”-и ШМА, марказҳои технологии шаҳрҳои Ганновер ва Мюнхени Олмон, Сингапур, Чин, Ҷопон, Ҳиндустон, Малайзия ва даҳҳо марказҳои дигари бузурги илмию истеҳсолӣ ва технологию инноватсиониро метавон мисол овард, ки дар ҳамгироии илму истеҳсолот ва роҳандозии васеи маҳсулоти инноватсионӣ саҳми назаррас доранд. Дар ин раванд, омӯзиши таҷрибаи ин марказҳо ва имкониятҳои истифодаи он дар ҷумҳурӣ ба рушди соҳа такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумотҳо, дар байни 10 ширкатҳое, ки аз рӯи капитализатсияи бозор дар ҷаҳон мавқеи пешсафро ишғол мекунанд, беш аз 50 фоизи онҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ фаъолият менамоянд. Се мавқеи аввалро корпоратсияҳои технологӣ ишғол мекунанд, ки бевосита бо инноватсия ва соҳаи технологияҳои иттилоотӣ алоқаманданд. Омори мазкур муҳим будани ин соҳаро нишон дода, ишора мекунад, ки рушди он барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ тавассути рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ дар бахши технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсионӣ кўмак мерасонад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон равандҳои рушди соҳаро мавриди таҳлилу баррасӣқарор дода, иброз доштанд, ки “сатҳи рушди илм, технологияҳо ва суръати пешрафти техникиву технологии кишварҳои рушдёфтаи дунё барои олимону ихтироъкорон ва махсусан, наврасону ҷавонони мо бояд намунаи ибрат ва омӯзиш бошад”.

Дар ҷумҳурии мо барои рушди соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва инноватсионӣ заминаи меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, аз ҷумла Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ, Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017, Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи паркҳои технологӣ”, “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ”, Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 ва дигар санадҳо қабул гардиданд ва татбиқи онҳо марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодааст.

Бо назардошти аҳамияти хосса касб намудани соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар рушди иқтисодӣ ва истифодаи имкониятҳои он,инчунин ба таври васеъ дар истеҳсолот истифода намудани натиҷаҳои илмию инноватсионӣ, тибқи қарори ҷаласаи XXI Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 25 феврали соли 2021, лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи паркҳои технологӣ” дар таҳрири нав бо назардошти таъсиси паркҳои технологияҳои иттилоотӣ (IT Park) дар заминаи таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва“Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ”, ки механизми маблағгузории корҳоро вобаста ба роҳандозӣ намудани инноватсия дар истеҳолот фарогир аст,таҳия карда мешаванд.

Дар баробари ин, бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Дар Паёми навбатӣ ба мақоми қонунгузори мамлакат, Пешвои муаззами миллат бо мақсади рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ ва рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ оид ба таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд.

Бори нахуст, ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбии соҳибкорон ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории инноватсионӣ ва дастгирии лоиҳаҳои нав, Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” (бизнес-инкубатор) дар шаҳри Душанбе ва марказҳои хизматрасонии он дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ таъсис ва ба фаъолият оғоз намуданд.

Инчунин бо мақсади пайваст намудани илм ва истеҳсолот ва татбиқ намудани натиҷаҳои фаъолияти илмии донишҷуён, дар назди муассисаҳои олии таълимии кишвар, паркҳои технологӣ ташкил гардида, ширкатҳои зиёди хусусӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва фаъолияти инноватсионӣ ташкил гардиданд.

Дар заминаи шароитҳои фароҳамгардида, cолҳои охир дар соҳаи технологияҳои дастрасии мобилӣ дар ҷумҳурӣ таҳавуллоти ҷиддие амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, технологияҳои насли чорум, ки айни замон дар қисми зиёди шаҳру ноҳияҳо дастраси мардум гаштааст, ворид ва васл карда шуданд; барномаи ворид ва паҳн намудани дастрасӣ ба шабака бо технологияҳои насли панҷум амалӣ мегардад; афзоиши корбарони телефонҳои ҳушманд афзоиш ёфтааст; нархи дастрасӣ ба шабакаҳои мобилӣ коҳиш ёфтааст. Инчунин дар соҳаи технологияҳои дастрасии симин (собит) бошад, интернети фарохмавҷ дар шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ паҳн гашта, истифодаи нахҳои нурӣ дар рушди инфрасохтори технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар шаҳрҳои калони мамлакат амалӣ мегардад.

Айни замон дар технологияҳои молиявию бонкӣ, андозу гумрук, инфрасохтори нақлиёти шаҳрӣ, тиҷорат, тиб ва дигар соҳаҳо ҷиҳати истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ таҳаваллуоти васеъ ба амал омадааст.

Тамоюлҳои ҷаҳонии табодули рақамӣ мунтазам ва босуръат гардида, соҳаҳои гуногуни фаъолияти иқтисодию иҷтимоиро фаро мегиранд. Инчунин ҷоринамоии технологияҳои нави пешрафта бо суръати баланд амалӣ шуда истодааст, ки истифодаи дурусти онҳо рақобатнокии миллиро дар асри XXI муайян менамояд.

Ҳамзамон бо ин, такмили қонунгузории соҳавӣ, таъмини рушди бемайлони инфрасохтори рақамӣ, тақвияти малакаи рақамӣ, афзоиши талабот ба технологияҳои нав аз ҷониби корхонаҳо, суръатбахшии сармоягузорӣ ба рақамикунонӣ, тақвияти фаъолияти бахши хусусӣ, аз ҷумла бахши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва инноватсионӣ ва сатҳи баланди истифодаи технологияҳои рақамӣ аз ҷониби соҳибкорон муҳим арзёбӣ гардида, амалисозии чораҳои зерин ба рушди соҳа такони нав хоҳад бахшид.

Якум, тақвияти корҳо дар самти ҷорикунии технологияҳои нав, рушди сармояи инсонӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва инноватсионӣ бо назардошти таҳкими амнияти иттилоотӣ ва афзоиши эътимод ба технологияҳои рақамӣ.

Дуюм, таҳкими заминаҳои рақамӣ, аз ҷумла таъсиси инфрасохтори муосири рақамӣ ва рушди низоми муосири алоқа, таъсиси марказҳои иттилоотӣ ва платформаҳои рақамӣ.

Сеюм, таъмини рақамикунонии соҳаҳои калидии иқтисодёти ҷумҳурӣ ба монанди бахши хизматрасонии давлатӣ ва гузариш ба ҳукумати электронӣ, рақамикунонии соҳаи иҷтимоӣ, инчунин соҳаҳои калидии истеҳсолот, ба монанди энергетика, саноати коркард, кишоварзӣ ва тақвияти бахшҳои нав, аз ҷумла технологияҳои молиявӣ.

Ҳамзамон, омода намудани кадрҳои соҳибтахассус ва ҳайати идоракунанда барои пешбурди лоиҳаҳои рақамӣ, инчунин таъсиси низоми тайёр кардани мутахассисони дорои донишҳои муосири соҳавӣ дар донишгоҳҳо ва корхонаҳо ва дар маҷмўъ барои рушди малакаи рақамӣ байни аҳолӣ, беҳтар намудани сифати барномаҳои таълимӣ ва таъмини пурраи омўзгорони соҳибтахассуси соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот зарур аст.

Махсусан технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаи маориф ва илм нақши муҳим дорад. Айни замон, тавассути технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ зарурати ба хориҷи кишвар барои таҳсил сафар намудан тадриҷан аз байн рафта истодааст. Зеро аксари донишгоҳҳои пешрафти ҷаҳон имконияти таҳсили фосилавиро ба хоҳишмандон фароҳам оварда, тамоми маводи хонишро дар шабакаи интернет ҷой додаанд.

Дар ин росто, яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҳарчи зудтар ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва инноватсионӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла роҳандозии ҳукумати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ таъмини интернети фарохмавҷ ба шумор меравад.

Тибқи тадқиқоти мутахассисони байналмилалӣ ба 10 фоиз зиёд гаштани истифодабарони интернети фарохмавҷ боиси 1 фоиз афзоиш ёфтани Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ гашта, на танҳо барои самаранокии фаъолияти соҳаҳои гуногун, инчунин барои рушди иқтисодӣ низ таъсири бевосита дорад.

Айни замон дар Тоҷикистон миқдори истифодабарони фаъоли алоқаи мобилӣ ва интернет, аз ҷумла интернети мобилӣ батадриҷ зиёд гардида, имконияти бузурги рушди соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва тавассути он рушди маҷмӯии ҷумҳурӣ фароҳам аст.

Зеро, тамоюли асосии солҳои охир дар ҷаҳон такя ба гузариш аз технологияҳои анъанавӣ ба технологияҳои мобилӣ, аз ҳукумати электронӣ ба ҳукумати мобилӣ мебошад. Ва ин аҷиб нест, зеро миқдори истифодабарони технологияҳои мобилӣ аз миқдори истифодабарони технологияҳои анъанавӣ якчанд маротиба зиёд аст.

Дар маҷмуъ, вусъатбахшии раванди татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат барои ҳарчи зудтар ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ мусоидат хоҳад намуд.

ДАР АКСИ АВВАЛ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (15.04.2021)

Вакти нашр: 2021-05-11 12:08:15    Хонданд: 119    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

10 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷалолатмаоб,

Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта бо шумули духтарони наврас дар натиҷаи ҳамлаи мудҳиш ва разилонаи террористон дар қисми ғарбии Кобул боиси андӯҳи амиқ ва нафрати беандозаи мо гардид.

Чунин амали хушунатомези золимона ва маргбор, ки нерӯҳои аҳриман дар рӯзҳои охири моҳи шарифи Рамазон ба он даст задаанд, нобахшиданист. Мо ҳама гуна зуҳуроти терроризму ифротгароиро қатъиян маҳкум намуда, боз ҳам зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи беамонро бо ин хатарҳои глобалии даврони муосир таъкид менамоем.

Дар ин рӯзҳои мотамбор тасаллиёт ва ҳамдардии самимии худ ва мардуми Тоҷикистонро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон, ҳамчунин ба тамоми мардуми бародари Афғонистон изҳор намуда, аз даргоҳи Худованди мутаол шифои комили ҳамаи осебдидагонро масъалат дорам».

Вакти нашр: 2021-05-11 12:12:27    Хонданд: 100    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Паради низомӣ бахшида ба 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Москва боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси амалкунандаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 76-солагии Ғалаба боздид намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри Кремл Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин истиқбол гирифтанд.

Дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 12 ҳазор низомӣ иштирок намуданд.

Дар паради ҳарбӣ ҳамчунин 190 техника ва 76 тайёраи ҳарбӣ истифода шуда, 35 намунаи муосиртарин техникаи ҳарбӣ — мудофиавӣ муарифӣ карда шуд.

Баъди анҷоми расми паради ҳарбӣ дар Майдони Сурх Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузошта, хотираи қурбониёни ҷанги мудҳиши солҳои 1941-1945-ро гиромӣ доштанд.

Боздид аз Паради низомӣ бахшида ба 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Москва 09.05.2021

Вакти нашр: 2021-05-11 12:14:07    Хонданд: 93    Муфассал...

МАҚОМ ВА ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЗМОНИ АҲДНОМАИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪӢ. Андешаи коршиноси АМИТ «Ховар», мутахассиси пешбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ

Таъмини амният, сулҳу субот, эҳтироми ҳатмии истиқлол, тамомияти арзӣ, баробарҳуқуқӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии кишвар аз ҷумлаи принсипҳоест, ки дар консепсияи сиёсати хориҷии ҳар давлат дарҷ гардида, ҷойи махсусро ишғол менамоянд.

Амнияти давлат дар ҳар давру замон нишондиҳандаи қудрат ва тавоноии ҳар миллату давлат мебошад. Аз ин лиҳоз, обрӯю эътибори созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмиллалӣ, ки масъалаҳои таъмини амният меҳвари фаъолияти онҳоро ташкил медиҳад, ҷойгоҳи созгореро  касб намудаанд. Яке аз чунин созмони ҳамгироӣ дар соҳаи амният Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба ҳисоб меравад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли он мебошад.  

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар системаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд, зеро марзҳои он сарҳади  ҷанубии кишварҳои узви СААД ба шумор рафта, оромӣ, сулҳу субот, тамомияти арзии Тоҷикистон кафили амнияти тамоми минтақаи масъулияти ин созмон ба ҳисоб меравад.

Нуқтаи муҳимро қайд намудан лозим аст, ки ҷойгиршавии ҷуғрофии Тоҷикистон тақдири минбаъдаи сиёсати хориҷии кишвари моро дар робита бо воқеиятҳои муосири геополитикӣ муайян менамояд. Аз ин лиҳоз, вақте сухан дар бораи мавқеи Тоҷикистон дар минтақа ва фаъолияти он дар доираи созмонҳо меравад, нуқтаи зеринро ба инобат гирифтан лозим аст, ки агар  Тоҷикистон аз як тараф дар минтақаи аз ҷиҳати захираҳои табиӣ ва канданиҳои фоиданок бой ҷойгир шуда бошад, аз тарафи дигар дар минтақаи мураккаб қарор дорад. Аз ин рӯ, сиёсати кишвар низ аз ҳамин омилҳо вобаста буда, бо ба инобат гирифтани онҳо тарҳрезӣ мегардад.

Чун Тоҷикистон марзҳои тӯлонӣ бо Афғонистон дорад (зиёда аз 1400 км), албатта ба тақдири ҳамсоякишвар ва бародари ҳамфарҳангу  ҳамзабони худ бетараф буда наметавонад, зеро он хатарҳое, ки ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, аз ин ҳудуд маншаъ мегиранд. Аз ҳамин лиҳоз, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳамсарҳаду наздик бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар СААД мавқеи назаррасеро ишғол мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кӯшиш ба харҷ додааст, ки вазъ дар ин кишвар ором шуда, амнияти саросарӣ таъмин гардад.  Аз ин рӯ, имрӯз ҳангоми баррасии масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ Тоҷикистон диққати ҷомеаи ҷаҳониро маҳз ба мураккабшавии вазъ дар  Афғонистон ҷалб намуда, ба тамоюли афзоиши таҳдидҳои глобалии чун терроризм, экстремизм, шаклҳои гуногуни радикализм ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд.

Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи иштироки худ дар фаъолияти СААД аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Ҳамкорӣ дар доираи ин Созмон ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон мебошад ва он имкон медиҳад, ки бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва умуман ба хотири таъмини амният ва субот дар тамоми минтақаи АвруОсиё ва инчунин ҳимояи тамомияти арзии хеш ва истиқлолияти давлатҳои аъзо фаъолона тадбирҳои зарурӣ андешад. Дар робита ба ин, Тоҷикистон манфиатдори он аст, ки СААД дар амал  воқеан ба омили муҳими таъмини амнияти ҷаҳонию минтақавӣ мубаддал гардад.

Зикр намудан лозим аст, ки мувофиқи Оинномаи СААД, яке аз самтҳои асосии фаъолияти созмон дар роҳи пешгириии ҷамъшавии шиддати мухолифат дар минтақаи муайян ин гузаронидани машқҳои ҳарбӣ мебошад.

Чунин машқҳо ба мисли «Боевое братство», «Взаимодействие», «Эшелон» ва дигарҳо ҳамасола дар қаламрави давлатҳои аъзои созмон гузаронида мешаванд. Ташкил намудани чунин машқҳо омодагии қувваҳои созмонро бар зидди хатару таҳдидҳои мавҷуда нишон медиҳад. Аз тарафи дигар намоишгар ва қувваи боздорандаи терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Моҳи марти соли ҷорӣ тариқи видеоконфронс дар Ситоди муттаҳидаи СААД оид ба ташкили чорабиниҳо барои  соли 2021 машваратҳо баргузор шуданд.

Иштирокчиён доир ба пешниҳодҳои Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили машқҳои махсуси «Эшелон-2021» ва «Поиск-2021», машқҳои муштараки «Взаимодействие -2021», машварат доир намуданд.

Инчунин ҳамкориҳои густурда миёни кишварҳои узв барои муқобила бо таҳдидҳои терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки аз ҷумла дар марз бо Афғонистон ба миён меоянд, роҳандозӣ шудааст. Аз соли 2003 то 2019, дар доираи амалиёти минтақавии СААД бо номи “Канал” – 385 тонна маводи мухаддир, 14 ҳазор силоҳи оташфишон ва 392 адад лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шудааст.

Аз соли 2008 то 2019 СААД кӯшиш дорад, ки бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мубориза барад ва дар доираи амалиёти “Нелегал” тавонист 1,5 миллион ҳолати қонуншикании муҳоҷиратро муайян карда, 4 ҳазор нафаре, ки таҳти ҷустуҷӯ қарор доштанд, дасгир намояд. Ҳамчунин ба маблағи 90 миллион доллар қонуншиканонро ҷарима баста, беш аз 13 ҳазор парванди ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар раванди мубодилаи иттилоотӣ ва машварат, машқҳои низомии СААД яке аз механизмҳои асосии пешгирӣ ва мубориза алайҳи таҳдидҳои амниятӣ мебошанд. Аз соли 2009 инҷониб, ин созмон фазои маҷозиро низ ҳифз мекунад ва дар доираи амалиёти “Прокси” то охири соли 2019, дастрасӣ ба 32 ҳазор сайти интернетие, ки созмон дар фаъолияташон муҳтавои ҷиноӣ муайян сохтааст, маҳдуд карда, дар ҳамин асос 15 ҳазор парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

Қайд намудан лозим аст, ки яке аз хусусияти фарқкунандаи Созмон аз дигар ташкилотҳои минтақавию байналмиллалӣ дар он аст, ки СААД созмони ҳарбию сиёсӣ буда, хусусияти мудофиавӣ низ дорад ва барои ҳамроҳ шудани аъзои нав, ки пайрави ҳадафҳо ва принсипҳои он мебошад, кушода аст.

Аз ҷониби дигар, СААД ҳамчун инфрасохтори интиқоли имтиёзноки техникаи ҳарбӣ ва омӯзиши сарбозони кишварҳои собиқ Шӯравӣ фаъолона истифода мешавад. Ин созмонро мешавад ҳамчун “ташкилоти интиқолдиҳанда” барои гузариши кишварҳои ИДМ аз стандартҳои ҳарбии пешин ба стандартҳои муосир баҳогузорӣ кард.

Мувофиқи рейтингҳои байналмиллалӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои амнтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад.  Гузаронидани чорабиниҳои сатҳи баланд дар кишварамон низ яке аз далелҳои пойдор будани суботу амният дар сарзамини тоҷикон маҳсуб меёбад.

Соли ҷорӣ барои Тоҷикистон соли пур аз чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ буда, кишвари мо дар соли 2021 раёсати як қатор созмонҳои пуршарафро ба мисли  СААД ва СҲШ ба уҳда дорад.

Аз оғози соли 2020 то имрӯз на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми ҷаҳон ташвишовар буд, ҷаҳон бар асари пандемияи COVID-19 ба буҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ дучор гардид. Хушбахтона Тоҷикистон ин паёмадҳоро ба хубӣ паси сар намуда, баҳри рафъи оқибатҳои вазнини ин буҳрон чораандешӣ намуда истодааст. Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар давраи раёсати худ пешниҳодҳои муҳимро пешбарӣ намояд. Афзалиятҳои раёсати Тоҷикистон дар ин давра аз масъалаҳои зерин иборат мебошанд:

Якум, бо дарназардошти вазъи имрӯза вобаста ба ҳамагирии коронавируси нав зарурати идомаи корҳо дар самти таъмини амнияти тиббиву биологии кишварҳои аъзои Созмон ва дар чаҳорчубаи СААД таъсис додани механизми ҳамкорӣ дар ин арса;

Дуюм, бо дарназардошти истифодаи торафт фаъолонаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ аз ҷониби сохторҳои гуногуни террористӣ ва экстремистӣ барои ҳадафҳои таблиғ ва ҷалбсозӣ, тавсеаи минбаъдаи амалҳои хадамоти махсус дар соҳаи мубориза бо киберҷиноятҳо, инчунин иҷрои қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар бораи ташаккули Рӯйхати ягонаи ташкилотҳо, ки дар сиғаи СААД террористӣ эътироф шудаанд.

Сеюм, машқҳои ҳарбӣ таҷассумгари омодабошии нерӯҳои мусаллаҳ ва махсуси Созмон ва қувваи боздоранда дар роҳи маҳви терроризму гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад, аз ин рӯ, доир намудани машқҳои махсуси «Эшелон-2021» ва «Поиск-2021», машқҳои муштараки «Взаимодействие -2021» дар ин самт хеле муҳим ба ҳисоб меравад.

Ҳодисаҳои солҳои охир боз як бори дигар собит намуданд, ки  созмонҳои амниятӣ ба як механизми боздоранда ва намоишгари тавоноӣ чӣ дар минтақа ва чӣ ҳар давлатҳои алоҳида мубаддал гардидааст. Аз ин рӯ, Тоҷикистон ба фаъолияти худ дар СААД аҳамияти махсус дода, дар густариши ҳамгироӣ дар чаҳорчӯби созмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

                                                                        Зилола ИКРОМӢ,
                                                                   мутахассиси пешбари
                                   Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии
                                                           Маркази тадқиқоти стратегии
                                           назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Вакти нашр: 2021-05-11 12:16:26    Хонданд: 95    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуданд

8 май дар шаҳри Москва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот маҷмӯи масъалаҳои мубрами муносибатҳои ҳамкорӣ ва шарикии стратегии ду кишвар, ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи вазъияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор доштанд.

Зимни баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба  ба робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва амниятӣ аҳаммияти хосса зоҳир карда шуд.

Пешвои миллат аз ҷараёни рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар самтҳои зикргардида изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки Федератсияи Россия  шарики асосӣ ва муҳимми тиҷоративу иқтисодии мо  боқӣ мемонад.

Бояд зикр кард, ки ҳаҷми мубодилаи мол миёни кишварҳои мо дар соли 2020, сарфи назар аз мушкилоти вобаста ба пандемияи “КОВИД-19”, қариб як миллиард   долларро ташкил дод.

Ҳамзамон бо ин зарурати дар заминаи имкониятҳои мавҷуда такони тоза бахшидан ба ҳамкориҳои ҷонибҳо дар арсаи сармоягузорӣ, бо дарназардошти талаботи бозори Россия, зиёд кардани ҳаҷми содироти меваю сабзавоти босифат ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон ба он махсус қайд гардид.

Дар рафти вохурӣ дигар ҷанбаҳои мубрами ҳамкориҳои ҷонибҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, алоқаи ҳавоӣ бо таъкиди аҳаммияти зиёд кардани хатсайрҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар, ҳамчунин рушди ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ, бахусус дар самти мубориза бо пайомадҳои коронавируси нав ва  рафти татбиқи барномаҳои ҳамкориҳои низомиву техникӣ муҳокима карда шуданд.

Дар мавриди баррасии масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи амниятӣ ҷонибҳо зарурати таҳким бахшидани муборизаи муштаракро алайҳи зуҳуроти  хатару таҳдидҳои глобалӣ, бахусус терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид карданд.

Зимни мубодилаи афкор атрофи вазъияти байналмиллаливу минтақавӣ ҷонибҳо ба ҳолати имрӯзаи вазъ дар Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.

Сарвари давлати мо  ҷараёни  рушди вазъиятро дар ин кишвари ҳамсоя, бахусус пас аз изҳороти ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар хусуси баровардани нерӯҳои низомиаш аз қаламрави он, таассуфбор ва сахт нигаронкунанда арзёбӣ карданд.

Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳкими ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистонро, ки марзи ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шумор меравад, таъкид карда, ҷиҳати татбиқи амалии қарорҳои дар ин ҷода қаблан қабулшуда изҳори умед намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҷиҳати ҳолати ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ду кишвар дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ибрози андеша намуданд.

Мавриди ба зикр аст, ки Тоҷикистон соли равон давраи раёсатро дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба ӯҳда дорад.

Дар робита ба ин Пешвои миллат ба ҳайси Раиси амалкунандаи ин ду созмони бонуфузи минтақавӣ Президенти Федератсияи Россияро аз рафти татбиқи чорабиниҳои банақшагирифташуда, бахусус омодагириҳо ба  саммити ин ду созмон, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, дар ҷараён гузоштанд.

Дар мулоқот президентҳои Тоҷикистон ва Россия ҳамчунин масъалаҳои дигари минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин замина Сарвари давлати мо атрофи рӯйдодҳои рӯзи 29 апрели соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баамаломада сухан карда, мавқеи собити давлати Тоҷикистонро ҷиҳати бо роҳҳои сулҳу музокирот ҳаллу фасл намудани ҳамаи мушкилоти мавҷуда таъкид намуданд.

Дар фарҷоми суҳбат, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

Даъвати мазкур аз ҷониби Россия бо хушнудӣ пазируфта шуд ва мӯҳлати сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ муайян карда мешавад.

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин 08.05.2021

Вакти нашр: 2021-05-11 12:18:48    Хонданд: 101    Муфассал...

ДАР ТАҲЛИЛИ МАСЪАЛАИ МАРЗӢ АНДЕШАҲОИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ МУҲИМ НЕСТ

Дар ҳама ҳолат ва дар ҳар гуна вазъият ҳимояву ҳифозати манфиатҳои олии миллӣ иборат аз таъмини истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ ва суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар меҳвари фаъолияти сиёсии моро ташкил медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯзҳо мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон дар атрофи ҳодисаҳои дар сарҳад рӯйдода фикру андешаҳои нопок ва ғаразноки худро баён карда истодаанд.

Тавре аз баромадҳои мухолифин маълум мегардад, онҳо низоъҳои дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баамаломадаро низ устокорона истифода намуда, дар сар задани ин муноқишаҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гунаҳгор карда истодаанд. То дараҷае нотавонбин ҳастанд, ки рӯирост дар баромадҳои худ Ҳукумати Қирғизистонро таърифу тавсиф намуда, изҳор менамоянд, ки гӯё онҳо дар ҳалли масъалаҳои марзӣ боҷасорат амал мекарда бошанд.

Дар баромади худ онҳо дар хусуси ҳодисаҳои чанд соли пеш, ки дар Ҷалолободи Ҷумҳурии Қирғизистон, ки асосан ӯзбекҳо зиндагӣ менамоянд, ҳарфе намезананд ва тавре вонамуд мекунанд, дар бораи қатли ҳазорҳо нафар бародарони ӯзбек чизе намедонанд ва нашунидаанд.

Дар ҳодисаҳои сарҳад ба гуфти Кабирӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд танҳо роҳи гуфтушунидро истифода мекарду ба ҳудуди кишвари ҳамсоя қувваҳои ҳарбии худро намедаровард. Гӯё дар Қирғизистон ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳли дин озодтар ва мухолифини сиёсӣ фаъол мебошанд. Аммо дар инҷо низ онҳо дидаю дониста дар хусуси инқилобҳои дар даҳсолаи охир дар ҷумҳурии ҳамсоя бавуқӯъомадаро фаромӯш кардаанд.

Ҳодисаҳое, ки дар Ворух рӯй доданд, нишон медиҳанд, ки баръакс роҳбарияти олии кишвар аҳолиро ба сабру таҳаммул ва ба таври қонунӣ ҳал намудани масъалаи хати сарҳад даъват менамоянд. Дигар ин ки сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 29-30 апрели соли равон мавқеи муҳофизатиро ишғол намуда, танҳо пас аз оне, ки аввалин шуда ҳудуди Тоҷикистонро мавриди ҳамла қарор доданд, бо яроқу аслиҳа ҷавоб гардонида, шаҳрвандон ва ҳудуди кишварро ҳимоя намуданд.

Зимнан ёдовар бояд шуд, ки моҳи октябри соли 2019 дар музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мувофиқа шуда буд, ки фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар сатҳи муовинони сарвазирҳо тақвият бахшида шавад.

Вобаста ба ин қайд менамоем, ки дар натиҷаи 19 соли фаъолияти комиссия 519,9 километри сарҳад муайян ва мувофиқа карда шуда, лоиҳаи аҳднома дар бораи сарҳади давлатӣ барои имзо омода шуда буд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳарчи зудтар анҷом додани расмиёти муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон манфиатдор мебошад ва дар сурати ба имзо расидани санади зикршуда аз нисф зиёди хатти сарҳади давлатӣ делимитатсия мегардад.

Тавре Пешвои муаззами миллат дар суханрониии худ дар шаҳри Исфара қайд намудаанд: “Бо истифода аз фурсат, бори дигар ба мардуми шаҳри Исфара ва деҳоти Ворух муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки бо ҳамсояҳо дар фазои дӯстона ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кунанд, босабру таҳаммул бошанд, ба эҳсосот дода нашаванд, зеро чунин масъалаҳо на бо эҳсосот, балки танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл мегарданд”.

Аз ин лиҳоз, масъалаи сарҳад давра ба давра танҳо бо музокирот ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳалли худро меёбад ва дӯстии ду миллати асрҳо бо ҳам қарин вайрон нахоҳад гардид ва барои таҳлили ин масъала фикру андешаҳои чанд нафар хоинони миллат, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, муҳим нестанд.

Суфиев ФАРҲАТ,

сардори раёсати корҳои тарбиявии Академия

Вакти нашр: 2021-05-11 14:09:32    Хонданд: 110    Муфассал...

Дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

Шоми имрӯз бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода ба маҳали аз офатҳои табии зарардидаи шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Мӯъминободи вилояти Хатлон сафарбар гардиданд.Тибқи маълумоти пешакӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Мӯъминободи вилояти Хатлон бар асари боришоти зиёд ва омадани сел манзилҳои истиқоматӣ, хатҳои барқ ва роҳу купрукҳо зарар дидаанд. Мутаасифона талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз мавзеъҳои бар асари офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвони вилояти Хатлон боздид ба амал овард.

Бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хисороти ба хоҷагии халқи ин шаҳру ноҳияҳо расидаро муайян сохта, барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ тадбирҳои бетаъхир амалӣ менамояд.

Вакти нашр: 2021-05-12 07:57:39    Хонданд: 84    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

11 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари фоҷеабори амалкарди бераҳмонаи зӯроварӣ болои талабагон ва кормандони мактаби таҳсилоти умумӣ дар шаҳри Қазон боиси андӯҳ ва нафрати амиқи мо гардид.

Таъзия ва тасаллиёти самимии ин ҷонибро ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

Вакти нашр: 2021-05-12 08:00:42    Хонданд: 105    Муфассал...

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

Ҳамватанони гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломатӣ, осоишу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Махсусан, кишоварзони заҳматқарини мо рӯзҳои баҳориро самаранок истифода карда, кишти зироатҳоро сари вақт ба анҷом расониданд ва бовар дорам, ки дар кишвар барои ҳосили фаровон заминаи устувор гузошта шуд.

Мардуми мо дар арафа ва рӯзи иди мубораки Фитр ба зиёрати падару модарони худ, аёдати беморону азодорон мераванд, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекунанд, ба ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд кумак мерасонанд.

Воқеан, додани фитри рӯза, дигар хайроту садақот ва анҷом додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи имонии ҳар як шахси муъмину савобҷӯй мебошад.

Дар ояти шастуми сураи «Тавба»–и Қуръони маҷид Худованд мефармояд: – «Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва мискинон ва омилони садақот ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад… ва барои мусофирон аст».

Ҳамдиёрони азиз!

Тавре ки то имрӯз чандин маротиба таъкид карда будам, тибқи арзёбии мутахассисону коршиносон ва изҳороти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ соли 2021 аз ҳама ҷиҳат ва дар навбати аввал, аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ дар тамоми сайёра дар таърихи 90 – 100 соли охир яке аз солҳои вазнинтарин хоҳад шуд.

Таҳти таъсири тағйирёбии иқлим, ки хусусан, солҳои охир аҳолии сайёраро ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ карда истодааст ва пайомадҳои ногувори он – хушксолӣ, камобӣ, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ дар бисёр кишварҳои дунё, аллакай, ҳамаи аломатҳои вазнини сол – болоравии нарху навои маҳсулоти озуқа, сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ аён шуда истодаанд.

Дар чунин шароит ҳамаи давлатҳои дунё дар фикри ҳалли мушкилоти худ мебошанд.

Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки болоравии нархи маҳсулоти воридотӣ аз мову шумо вобаста нест.

Бинобар ин, ба тамоми ҳамватанони азиз ва махсусан, ба занону бонувони муҳтарам хотиррасон менамоям, ки заҳмати софдилона ва сарфаю сариштакорӣ роҳи ягонаи пешгирӣ кардани таъсири манфии ин раванд ба зиндагиву рӯзгори мардум мебошад.

Ба ин хотир, мо бояд ҳар рӯзро ғанимат дониста, барои ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва боз ҳам беҳтар бо маводи ғизоӣ таъмин намудани аҳолии кишвар кӯшиш намоем.

Яъне мо бояд тарзе кор кунем, ки дар кишварамон фаровонии маҳсулот таъмин гардад ва дар ҳар як оила барои тирамоҳу зимистони дарпешистода аз имрӯз сар карда, захираи зарурии озуқаворӣ ташкил карда шавад.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳон мо набояд ба умеди дигарон бошем ва тамоми саъю талошамонро ба он равона созем, ки мардумамон аз лиҳози таъминот бо маводи ғизоӣ ба танқисиву муҳтоҷӣ дучор нагарданд.

Барои истеҳсоли маҳсулоти фаровони кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ мо тамоми имкониятҳо, аз ҷумла замин, об, дигар шароиту захираҳои зарурӣ ва муҳимтар аз ҳама, мардуми заҳматдӯст ва кишоварзони асилу соҳибтаҷриба дорем.

Ба мо фақат зарур аст, ки аз имконияту захираҳои доштаамон, анъана ва таҷрибаву малакаи заминдориву кишоварзии аз аҷдодамон бамеросмонда самараноку оқилона истифода барем.

Махсусан, истифодаи пурсамари заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, ки солҳои вазнини 90 –ум мардумро аз гуруснагӣ наҷот дода буданд, имрӯз барои таъмин намудани ҳар як оила, фаровонии бозорҳо ва муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот бисёр зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Дар робита ба ин, зарурати риояи ҳатмии Қонуни миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», яъне сарфаю сариштакориро ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо такроран таъкид месозам.

Агар як соли дигар сарфакорӣ кунем, бовар дорам, ки манфиати ин амалро ҳар як оила дар мавсими тирамоҳу зимистони оянда ҳатман эҳсос хоҳад кард.

Яъне мардуми мо дар фасли сармо ба азияту муҳтоҷӣ рӯ ба рӯ намешаванд.

Мо набояд ба зоҳирпарастиву намоишкорӣ ва исрофкорӣ, махсусан, исрофи нон ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ роҳ диҳем.

Воқеан, исрофкориро дини мубини ислом низ маҳкум мекунад ва Худованд дар каломи осмонии худ дар ояти бисту ҳафтуми сураи «Исро» мефармояд: – «Ба дурустӣ ки исрофкорон бародарони шайтонҳоянд ва шайтон нисбат ба Парвардигори худ носипос аст».

Ба ҷойи зиёдаравию исрофкорӣ зарур аст, ки имкониятҳои молиявии оилаҳо барои тарбияи фарзандон, ки ояндаи мову шумо мебошанд, фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагии аҳли хонадон, яъне беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии оила ва фарзандон, ободии хонаи истиқоматӣ ва маҳалли зист равона карда шаванд.

Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки ҳамаи мо вазифадорем баробари иҷрои воҷиботи динӣ, ба хотири таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ саъю талош намоем ва ободии Ватани маҳбуб, пешрафти давлати соҳибистиқлол ва боз ҳам баланд бардоштани обрӯи байналмилалии Тоҷикистони азизамонро қарзи виҷдониву имонии худ шуморем.

Имсол мо 30 – солагии истиқлоли давлатии кишвари маҳбубамонро ҷашн мегирем.

Мо имрӯз ифтихор мекунем, ки Тоҷикистони азизи мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон аст ва ҳамчун давлати соҳибихтиёру озод соҳиби мақом ва овози баробар бо дигар ширкаткунандагони муносибатҳои байналхалқӣ мебошад.

Ҳар яки мо бояд шукронаи ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлолу озодиро ба ҷо оварем, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва тамоми саъю кӯшиши худро ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон равона созем.

Мо вазифадорем, ки сарзамини аҷдодиамонро обод кунем, рушди давлатамонро таъмин намоем, ба наслҳои оянда як мулки осуда ва давлати нерӯманду пешрафтаро ба мерос гузорем.

Мо бояд ба масъалаи таълиму тарбияи наслҳои ояндасози халқамон эътибори аввалиндараҷа ва ҷиддӣ зоҳир намоем.

Зеро давлатро ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, бонангу номус, соҳибмаърифату донишманд ва дорои касбу ҳунарҳои муосир, яъне кадрҳои баландихтисос бунёд ва соҳибӣ мекунанд, нуфузу обрӯи давлати соҳибистиқлоламон ва миллати куҳанбунёдамонро маҳз онҳо баланд мебардоранд.

Бинобар ин, наврасону ҷавонон бояд хонанд, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд.

Давлат ҳоло барои онҳо тамоми шароиту имкониятҳоро муҳайё кардааст.

Соҳиби дониш ва касбу ҳунар гардонидани наврасону ҷавонон вазифаи падару модарон, фаъолон ва умуман аҳли ҷомеа низ мебошад.

Мо бояд талаботи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»–ро риоя кунем, фарзандони худро ба роҳи рост ҳидоят намоем, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, муомилаву муоширати хуб ва риояи қонунияту тартибот ба камол расонем.

Ҳамчунин, мардуми шарифи кишварро даъват мекунам, ки мисли ҳарвақта муттаҳиду сарҷамъ бошед ва дар ҳама ҳолат, хусусан, дар ҳолатҳои вазнин якдигарро дастгирӣ кунед ва ба ҳамдигар ҳалиму меҳрубон бошед.

Махсусан, дар айёме, ки илова ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ва оқибатҳои сахту сангини онҳо ба зиндагии мардуми сайёра таҳдиду хатарҳои муосир, дар навбати аввал, терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, амнияти бисёр давлатҳо ва мардуми онҳо, аз ҷумла Тоҷикистони моро халалдор мекунанд, мо бояд нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем.

Вобаста ба ин, як андешаи худро, ки борҳо гуфтаам, такроран таъкид мекунам: терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва хурофот хатари ҷиддӣ барои имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа мебошад.

Аз ин лиҳоз, мардуми мо, алалхусус, ҷавонон бояд аз ҳадафҳои нопоки чунин гурӯҳҳо огоҳ бошанд, ба доми фиреби шахсони ҳангоматалабу дасисабоз ва ифротгарову хурофотпараст гирифтор нашаванд, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро, ки дастоварду неъмати бебаҳои зиндагии халқамон мебошад, ҳифз намоянд.

Дар рӯзи иди саиди Фитр барои мардуми азиз ва кишвари маҳбубамон оромиву ободӣ, пешрафту тараққиёт ва баракату фаровонӣ орзу карда, хурду бузурги Тоҷикистонро даъват менамоям, ки ҳамдигарро ҳарчи бештар иззату эҳтиром кунед, ба қадри якдигар расед, накӯкору хайрхоҳ ва саховатманду ҳимматбаланд бошед.

Инчунин, ба оилаҳое, ки наздикону пайвандони онҳо дар натиҷаи муноқишаву задухӯрди чанд рӯз пеш дар сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳудуди шаҳри Исфара рухдода ба ҳалокат расиданд, ҳамдардии амиқ баён карда, ба ҳамаи онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабам.

Ва ба шахсони захмишудаву осебдида шифои комил орзу менамоям.

Бори дигар иди саиди Фитрро ба мардуми шарифи Тоҷикистон табрик мегӯям ва ба ҳар хонадони кишвар саломатӣ, бахту иқболи баланд, хонаи обод ва муҳимтар аз ҳама, оромиву осоиш орзу мекунам.

Ҳамеша саломату хушбахт бошед, ҳамватанони азиз!

Вакти нашр: 2021-05-12 08:06:47    Хонданд: 103    Муфассал...

Вакти нашр: 2021-05-12 08:06:47    Хонданд: 45    Муфассал...

КУМАКУ ДАСТГИРИИ МАЪЮБОНУ ЭҲТИЁҶМАНДОН БА ҲУКМИ АНЪАНАҲОИ НЕКИ ИДОНА

Дастгирии қишри осебразири ҷомеа ба хусус маъюбону эҳтиёҷмандон дар фазои идона аз ҷониби вакилони мардумӣ, ки ҳизби пешоҳанги ҷомеа, ҳизби воқеан мардумӣ онҳоро зери шиори Барномаи пешазинтихоботии худ "Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум" баҳри садоқатмандона хизмат намудан ба халқу миллат пешбарӣ намудааст, дар доираи идҳои давлатию миллӣ ҳамеша аз худ ташаббуси саховатмандӣ нишон медиҳанд. Чӣ гунае, ки Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ бахшида ба моҳи шарифи Рамазон қайд намуданд: "Фаромӯш набояд кард, ки моҳи шарифи Рамазон моҳи эҳсону накӯкорӣ ва хайроту садақот мебошад. Яъне шахсоне, ки имкони молиявии мусоид доранд, метавонанд ба хотири соҳиби савоб гардидан, алалхусус, дар моҳи Рамазон ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату ниёзмандон дасти хайру саховат дароз кунанд.

Ҳадяву подоши ҳар як инсон аз ҳиммати ӯ вобаста мебошад, зеро ҳиммати баланд доштану ба ниёзмандон дасти сахо дароз намудан, тибқи таълимоти ислом, ҳатман мавриди эҳсони Худованди бахшоянда қарор мегирад”.

Баҳри дар амал татбиқ намудани суханони ҳикматомези Раиси муаззами ҳизби созанда - ҲХДТ, аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии №29 Садриддинова Умеда Солиевна ба 20 нафар аз оилаҳои маъюбу ниёзманди кӯчаҳои Зайнаббибии ноҳияи Исмоили Сомонӣ кумаки яквақтаина расонида шуд.

Ин иқдомҳои хайрхоҳона дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ идома дорад.

Вакти нашр: 2021-05-12 08:36:22    Хонданд: 120    Муфассал...

Вакти нашр: 2021-05-12 08:36:22    Хонданд: 42    Муфассал...

БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ “ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН”

Дар асоси қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 30 апрели соли ҷорӣ кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки дар доираи баргузории маъракаи муқоисакунӣ ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин восита муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, тарзи нигоҳ доштани он, супоридани саривақтии ҳаққи узвият ва тақвият бахшидани нуфузи ин ҳуҷҷати ҳизбӣ аз 10 май то 10 июни соли ҷорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ доир намудани иқдоми “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”-ро ба роҳ монанд. Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Жасмин” бо иштироки раиси ташкилот – Раҷабова Назира, сарпарасти ташкилот – Абдуллоева Фарангис, котиби ташкилот – Ҳасанова Мавлуда ва аъзоён чорабинии мазкур доир карда шуд. Дар рафти он дар доираи талаботи Оиннома ва низомномаҳои ҳизбӣ тафтишу муқоисакунии шаҳодатномаҳои ҳизбии ташкилоти мазкур ба роҳ монда шуд. Нисбати камбудиҳо кумакҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ расонида шуд.

Вакти нашр: 2021-05-12 09:04:23    Хонданд: 79    Муфассал...

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ИСТИҚОМАТКУНАНДАГОНИ МАҲАЛЛАИ “ҶӮЙБОДОМ”

Ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, истеҳсолу захираи кофии маводи хурокворӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони дар пеш истода, вусъати корҳои ободонӣ оид ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар давраи пандемияи сартосарӣ ва татбиқи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси ҷадвали баргузории вохӯриҳои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №116-и ноҳияи Синои пойтахт бо истиқоматкунандагони маҳаллаи «Ҷуйбодом»-и ноҳия вохӯрӣ доир гардид.

Зимни вохӯрӣ Қурбонзода У.М. муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва Зиёдуллоев Қ. намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз табодулли афкор намуданд.

Вакти нашр: 2021-05-12 11:44:24    Хонданд: 55    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ"

Имрӯз бо иштироки Шерализода Б.А. раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи муҳити зист” ва Файзуллозода З.Ф. раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи муҳити зист” маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якум баргузор гардид.

Тибқи рӯзномаи Маҷлис аз рӯи масъалаи якум ҳисобот оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи муҳити зист” дар семоҳаи якуми соли 2021 шунида шуд.

Илова бар ин, дар маҷлиси умумӣ масъалаҳои қабул ба сафи ҲХДТ, таҳлили муқоисакунии аъзои ҳизб, таҳлили шумораи аъзои ҳизб, ҳаракати аъзо, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, инчунин ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар фарҷоми ҷаласа барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ Шерализода Н.Ш. – бо Сипоснома ва Шерализада Б.А. – бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.

Вакти нашр: 2021-05-12 11:46:34    Хонданд: 57    Муфассал...

ВОХӮРӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Дар ҳудуди ҳавзаи интихоботии №25 вохӯрии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ аз ҳавзаи интихоботии №25 аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Нахуст аз ҷониби шахси боэътимод муаррифномаи номзад ба интихобкунандагони ироа гардид.

Ҷиҳати расонидани муҳтаво ва мақсади барномаи пешазинтихоботии хеш номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ аз ҳавзаи интихоботии №25 аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло ба сухан баромада, зикр намуданд, ки барномаи мазкур баҳри таҳким бахшидани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ равона гардидааст. Ҳамзамон дар доираи таҷлили сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати гендерӣ, вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, сиёсати давлатии ҷавонон ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуданд.

Дар интиҳо ҳозиринро бо фарорасии Иди Саиди Фитр табрик намуда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки санаи 16.05.2021 ба тарафдории номзади арзанда овоз диҳанд.

Қобили тазаккур аст, ки дар ҳавзаи мазкур номзадии ду нафар Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва худпешбар Нурматов Рустам - муовини директори МТМУ №5 ба қайд гирифта шудааст.

Вакти нашр: 2021-05-12 11:48:11    Хонданд: 60    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ХУРШЕДИ ТОҶИКИСТОН”

Дар ташкилоти ибтидоии “Хуршеди Тоҷикистон” маҷлиси ҳизбӣ доир гардид. Зимни маҷлис масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид гардид, ки ҳамаи аъзоён ва кормандони муассиса ҷиҳати тақвият додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани иродоаи сиёсии аъзои ташкилот беш аз пеш фаъолияти созандаро тақвият бахшанд.

Ҳамчунин аъзоёну фаъолони ҳизбии ташкилот аз муваффақияту дастовардҳои ҷумҳурӣ дар самти маорифу ширхоргоҳҳо табодули афкор намуда, кӯдакистонро пойдевори мактаб ва мактабро зербинои муваффақиятҳои давлату миллат арзёбӣ намуданд.

Вакти нашр: 2021-05-12 11:53:57    Хонданд: 70    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо раисони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ёвон, Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Данғараи вилояти Хатлон суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Раисони ин ноҳияҳо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тадбирҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки рӯзҳои охир ба амал омадаанд, ҳисобот доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ёвон, Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Данғараи вилояти Хатлонро вазифадор намуданд, ки барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ тадбирҳои бетаъхир андешида, ба мардуми зарардида кумакҳои саривақтӣ расонанд ва ҳарчи зудтар манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо ва дигар иншооти харобгардидаро барқарор намоянд.

Вакти нашр: 2021-05-12 11:55:47    Хонданд: 101    Муфассал...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Cубҳи имрӯз ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба ҳолати воқеии мавзеъҳои бар асари офати табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳисобот доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, 11 майи соли 2021 дар натиҷаи бориши зиёд ва омадани сел дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон манзилҳои истиқоматии сокинони шаҳру ноҳияҳо хароб гардида, роҳҳои автомобилгард ва дигар иншооти муҳими хоҷагии халқ зарар дидаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири мамлакат ва Раиси вилояти Хатлон дастур доданд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигари харобгардида пурра барқарор карда шуда, ба оилаҳои зарадида сари вақт ва бетаъхир кумакҳои моддӣ расонида шаванд.

Вакти нашр: 2021-05-12 11:57:45    Хонданд: 94    Муфассал...

Эмомалӣ Раҳмон: «Додани хайроту садақот ва амалҳои хайр вазифаи инсонӣ ва қарзи имонии ҳар як шахси муъмин аст»

Додани фитри рӯза, дигар хайроту садақот ва анҷом додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи имонии ҳар як шахси муъмину савобҷӯй мебошад. Ин нуктаро Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии хеш ба муносибати иди саиди Фитр изҳор доштанд.

Сарвари давлат илова намуданд, ки дар ояти шастуми сураи «Тавба»-и Қуръони маҷид Худованд мефармояд: – «Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва мискинон ва омилони садақот ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад… ва барои мусофирон аст».

Шўрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи фарорасии иди саиди Рамазон дар хитоб ба мардуми шарифи кишвар иброз медорад, ки инсони мусалмон саъй мекунад, то дар ин рўзҳо бештар ба фақирон ва ниёзмандон дасти кумак дароз намуда, садақоти бештаре анҷом диҳад ва ашки ятимонро пок карда, ба онон некӣ намояд.

«Анҷом додани чунин аъмоли нек дар байни мардум меҳру муҳаббат ва ваҳдату ҳамбастагиро боз ҳам қувват мебахшад. Аз Анас (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд: «Ҳар касе ҳоҷати як фард аз уммати маро бароварад ва мақсади ў шод кардани вай бошад, маро шод кардааст, ҳар касе маро шод  кунад, Худовандро шод кардааст ва ҳар касе Худовандро шод кунад, Худованд ўро вориди биҳишт мекунад». (Ривояти Байҳақӣ).

Мавриди зикр аст, ки эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кумак ва дастгирии ятимону ниёзмандон ва беморону дармондагон дар рўзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор мегардад.

Бо назардошти ин, соҳибкоруну шахсони саховатпеша ва хайрхоҳро мебояд бо анҷом додани амалҳои хайру савоб нисбат ба ятимону эҳтиёҷмандон, бахусус дасти ёрӣ дароз намудан ба осебдидагони офатҳои табиии рӯзҳои охир аз ин тоифа дастгирӣ намоянд. Амали неки онҳо дар ин рӯзҳои барои онҳо душвор ба маврид ва пурсавоб арзёбӣ мегардад.

Вакти нашр: 2021-05-12 14:09:14    Хонданд: 122    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Санаи 13 майи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат роҳбарони ду давлат дар фазои дӯстӣ ба муносибати фарорасии иди мубораки Фитр бо таманниёти некӯаҳволӣ, сулҳу субот ва шукуфоӣ унвонии мардумони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мубодилаи табрикоти самимӣ намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо изҳори қаноатманди раванди рушди босуръати муносибатҳои ҳусни ҳамҷавории дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар сиғаи шарикии стратегӣ таъкид карданд.

Дар ин зимн ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам ғанитар гардидани онҳо бо мазмуну мӯҳтавои нави амалӣ дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ, ки баргузориашон дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст, изҳори итминон намуданд.

Дар рафти суҳбат ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи мубрами минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима гардиданд.

Вакти нашр: 2021-05-14 07:46:43    Хонданд: 107    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Санаи 13 майи соли ҷорӣ байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ доир гардид.

Дар оғози суҳбат ҷонибҳо ба муносибати  фарорасии Иди мубораки Фитр мубодилаи табрикоти гарм намуда,  ба мардумони ду кишвар некӯаҳволӣ ва сулҳу шукуфоӣ орзу карданд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин аҳаммияти мулоқоти қарибулвуқӯи сатҳи олиро ба манзури густариши самарабахши минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Қазоқистон таъкид намуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо саъйю талошҳои муштарак ҳамкории самараноки миёни ду кишвар дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

Ҷонибҳо инчунин баъзе ҷанбаҳои масъалаҳои байнлмилалӣ ва минтақавиро мавриди муҳокима қарор доданд.

  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Вакти нашр: 2021-05-14 07:50:45    Хонданд: 100    Муфассал...

КУМАКИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МАРДУМИ АЗ ОФАТИ ТАБИӢ ЗАРАРДИДАИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Бегоҳии рӯзи 12 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Раиси Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар зери сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб 20 мошини пурбор аз кумакҳои хайриявӣ иборат аз 40 тонна орд, 40 тонна пиёз, 40 тонна картошка, 20 тонна биринҷ, 20 тонна шакар, 20 тонна равған, 1 тонна гӯшт, 5 ҳазор м2 шифер, 200 куб тахта, 1 тонна мех, 20 тонна арматура, 100 тонна семент, 1200 дона кӯрпаву болишт расонида шуд.

Мардуми шарифи шаҳри Кӯлоб аз ин иқдоми раиси шаҳри Душанбе миннатдории худро изҳор намуданд.

Вакти нашр: 2021-05-14 11:28:37    Хонданд: 133    Муфассал...

Мусобиқаи варзишии шоҳмот миёни чавонписарон ва ҷавондухтарон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади амалигардонии вазифаҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани сокинони пойтахт ба машғулиятҳои мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мусобиқаи варзиширо аз рӯйи намуди шоҳмот дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон миёни чавонписарон ва ҷавондухтарони пойтахт дар толори варзишии муассисаи хусусии “Литсейи Роҳнамо” баргузор намуд.

Бояд қайд намуд, ки дар маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ҷавонони фаъоли пойтахт иштирок намуданд.

Дар мусобиқаи мазкур тибқи қоидаҳои федератсияи байналмилалии шоҳмот баргузор мегардад.

Ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3-юмро миёни чавонписарон ва ҷавондухтарон бо диплом, медал ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Вакти нашр: 2021-05-17 07:58:02    Хонданд: 96    Муфассал...

Озмуни расомони ҷавон зери унвони “Манзараҳои биҳиштосори Тоҷикистон”

Санаи 15 майи соли равон дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Боғи кӯдакон” миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмуни расомони ҷавонон дар мавзӯъи “Манзараҳои биҳиштосори Точикистон” баргузор гардид.

Дар рафти озмун намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ҳомидзода Насимҷон иштирок намуда, кайд намуд, ки мақсади баргузории озмуни мазкур баҳри инъикоси табиати зебои диёр, таъриху тамаддун, расму оин, асолати худшиносии миллӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба санъати расомӣ ва инъикоси мавзеъҳои зебои кишвар, пиёдасозии нақшаҳо ва саҳмгузорӣ дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва зеҳнии ҷавонони, тарбияву дастгирии эҷодкорони ҷавон, фаъол намудани нерӯи эҷодкориву созандагӣ, дарки масъулияти хештаншиносӣ, риояи одоби шаҳрнишинӣ, эҳтиром ва эҳтиёт намудани манзара ва арзишҳои таърихии шаҳри Душанбе мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки дар озмуни мазкур 65 нафар расомони ҷавон иштирок намуда, ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешавад.

Вакти нашр: 2021-05-17 08:03:40    Хонданд: 74    Муфассал...

ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ МЕҲМОНХОНАИ "ИСТИҚЛОЛ" ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ МЕҲМОНХОНАИ "ИСТИҚЛОЛ" ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

15.05.2021. ш. Душанбе. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Муассисаи давлатии меҳмонхонаи «Истиқлол»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар саҳни иншооти зебою замонавӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти он оғоз бохшида шуд.

Бинои нави меҳмонхонаи «Истиқлол» аз таҳхона ва 6 ошёна иборат буда, 60 ҳуҷра, аз ҷумла 4 ҳуҷра люкс дорад. Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои нави меҳмонхона дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовори ҷашни муқаддаси миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҳисоби маблағҳои даромади Муассисаи давлатии меҳмонхонаи «Истиқлол» дар муддати ду сол бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба санъати меъмории миллӣ бунёд шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои бунёди бинои нави муосири хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе изҳори сипос намуда, иқдоми мазкурро дар раванди созандагию бунёдкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинон муҳим арзёбӣ карданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншооти замонавӣ дар шаҳри Душанбе агар аз як тараф 15 нафар ба кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида бошанд, аз ҷониби дигар инфрасохтори сайёҳӣ дар пойтахт боз ҳам мукаммал шуда, ҷиҳати хизматрасонии сатҳи баланд ба меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ шароити арзанда фароҳам оварда шуд.

Бинои муҳташами меҳмонхона ҳамчунин дорои ошхона бо 90 ҷойи нишаст мебошад, ки дар он барои меҳмонон се вақт ғизоҳои гарму болаззат пешниҳод мегардад. Дар меҳмонхонаи нав имкон аст, ки дар як вақт ба 50 нафар мизоҷ хизмат расонда шавад. Меҳмонхона бо тамоми таҷҳизот, мебел ва дигар лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, хизматрасонӣ дар он ба меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин мавзеи хушбоду ҳаво ва фазои орому осудаи ин макон аз бартариҳои асосиест, ки таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббусҳои созандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар самти фароҳам овардани шароити арзандаи истироҳатию фароғатӣ ва хизматрасонӣ, хусусан бунёди чунин меҳмонхонаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, масъулонро барои истифода босамару оқилонаи ин имкониятҳо ва хизматрасонии сатҳи баланд ба сайёҳони дохилию хориҷӣ вазифадор карданд. Акнун, бо мавриди истифода қарор гирифтани меҳмонхонаи мазкур ба меҳмонону сайёҳон шароити арзанда муҳайё шуда, имкони бештари дастрасӣ ба ҷойи хоб ва хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе фароҳам гардид.

Барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дар меҳмонхона мутахассисони баландихтисоси маҳаллӣ ҷалб шуда, корҳои бунёдӣ бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ ба иҷро расидааст. Бо дарназардошти имкониятҳои васеи хизматрасонӣ дар бинои нави меҳмонхонаи «Истиқолол» ошёнаҳои 2, 3 ва 4-уми иншоот, ки утоқҳои он дорои шароити арзанда мебошанд, барои пешбурди фаъолияти корӣ ба ширкатҳои ватанию хориҷӣ пешниҳод мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки бинои асосии Муассисаи давлатии меҳмонхонаи «Истиқлол» аз 9 ошёна ва 64 ҳуҷра иборат буда, 8 ҳуҷраи он люкс мебошад. Бинои мазкур солҳост, ки он ба меҳмонони дохилию сайёҳони хориҷӣ хидмат мерасонад.

Дар маҷмуъ дар ду бинои меҳмонхонаи «Истиқлол» 76 нафар кору фаъолият менамоянд ва дар мавриди зиёд шудани шумораи мизоҷон ва расонидани хизмат ба онҳо боз 25-30 нафари дигар ба кор ҷалб хоҳанд шуд. Дар ҳудуди меҳмонхона майдончаи муосири варзишӣ, тарабхона, ҳавзи шиноварӣ ва таваққуфгоҳи нақлиёт мавҷуд аст. Масоҳати умумии Муассисаи давлатии меҳмонхонаи «Истиқлол» қариб 5 гектар буда, саҳн ва атрофи он бо гулу буттаҳои ороишии рангоранг, дарахтони гуногуни мевадиҳандаю ҳамешасабз оро ёфтааст. Шабона намои берунаи бинои меҳмонхона чароғон шуда, зебою назаррабо мегардад.

Вакти нашр: 2021-05-17 08:35:33    Хонданд: 39    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

 Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлати мо  Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро бо таманниёти нек ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик намуданд.

Пешвои миллат фаъолияти бисёрсолаи самарабахши давлатии муҳтарам  Қосим-Жомарт Токаевро, ки  боиси эҳтироми баланд ва обрӯву эътибори шоистаи ӯ гардидааст, бахусус қайд карданд.

Ҳамчунин, таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбари давлати Қазоқистон ба масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон, ки дар сиғаи шарикии стратегӣ бомаром рушд меёбанд, таъкид гардид.

Дар ин зимн ҷонибҳо атрофи рӯзномаи музокироти қарибулвуқӯи сатҳи олии ҷонибҳо дар шаҳри Душанбе ибрози ақида намуданд.

Изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон омили густариши минбаъда ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвари ба ҳам бародарро ташкил хоҳанд дод.

Вакти нашр: 2021-05-17 16:54:18    Хонданд: 78    Муфассал...

ИФТИТОҲИ ХОНАИ АҚДИ НИКОҲ ДАР ПОЙТАХТ

15.05.2021. ш. Душанбе. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои нави Хонаи ақди никоҳро, ки “Қасри бахт” номгузорӣ гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иншооти нав дидан намуда, бо кормандони Қасри бахт суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои мазкур соли 2019 оғоз гардида, он бо сифати баланд ва бо назардошти талаботи муосири корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар бино барои гузаронидани маросими ба расмиёт даровардани ақди никоҳи навхонадорон шароити зарурӣ фароҳам гардида, бо ба истифода додани иншоот мушкилоти чандсолаи кормандони Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе дар самти надоштани ҷойи мувофиқу муносиби корӣ ба пуррагӣ ҳал гардид.

“Қасри бахт” аз се ошёна иборат буда, қабати аввали он аз роҳравҳои барҳавою замонавӣ, ки бо роҳаткурсиву дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст, муҷаҳҳаз мебошад. Дар ин ҷо толори ақди никоҳи миллӣ ва толори ақди никоҳи аврупоӣ бунёд гардида, мувофиқ ба завқу хоҳиш навхонадорон метавонанд никоҳи худро дар онҳо ба расмиёт дароранд. Ҳар як толор имконият дорад, ки дар як вақт барои наздик ба 70 нафар хизмат расонад. Дохили толорҳои мазкур бо шароиту имконоти замони муосир таъмин буда, фазои мусоид барои онҳое фароҳам аст, ки қадамҳои аввалини худро ба зиндагии мустақил мегузоранд.

Роҳрав ва сақфу деворҳои иншооти нав бо назардошти санъати баланди миллии меъморӣ рангу оро ёфта, ҳунармандони маҳаллӣ бо усули оинабандиву гаҷкорӣ тавонистанд ба дохили бино ҳусни нотакрор зам намоянд.

Дар ошёнаи дуюми Хонаи ақди никоҳ чор ҳуҷраи корӣ ва дар ошёнаи сеюми он 15 ҳуҷраи дигари корӣ бунёд гардида, онҳо бо тамоми таҷҳизоти замонавии корӣ таъмин гардидаанд.

Ду толори барҳавои дигар низ дар дохили бинои мазкур барои гузаронидани ҷаласаву чорабиниҳо ташкил ёфтааст. Ба хотири нигоҳубини дурусти ҳуҷҷатҳои шаҳрвандоне, ки аз қайди никоҳи давлатӣ мегузаранд, дар дохили бинои нав бойгонии алоҳида сохта шудааст. Дар иншооти мазкур ҳамчунин системаи муосири таъмини гармӣ ва ҳавои сард насб гардидааст.

Зимни боздид кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои туҳфаи арзишмандашон дар Рӯзи умумиҷаҳонии оила изҳори миннатдорӣ карда, иброз доштанд, ки ифтитоҳи бинои мазкур масъулияти онҳоро дар самти иҷрои кори бар дӯш доштаашон дучанд менамояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароиту имкониятҳои иншооти нав баҳои баланд дода, кормандони бахшро вазифадор намуданд, ки бо роҳандозии хизматрасонии саривақтӣ, одобу муоширати намунавӣ бо шаҳрвандон, сатҳу сифати хизматрасониро боз ҳам баланд бардоранд.

Бинои нави Хонаи ақди никоҳ дар яке аз мавзеъҳои сарсабзу хуррам – дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе бунёд ёфта, намои берунаи он низ бо сабку услуби хоси меъморӣ рангу оро ёфтааст. Дар саҳни иншоот чор адад фаввора ва ду суҳбаткадаи замонавӣ бунёд ёфтааст. Ҳамчунин ин мавзеъро гулу бутта ва дарахтони ороишӣ зебу зинат медиҳанд.

Саҳни “Хонаи бахт” шомгоҳҳон низ ҳусни нотакрор дошта, худи бино ва гирду атрофи онро чароғҳои рангорангу диққатҷалбкунанда ороиш медиҳад. Ҳангоми сайру гашт шаҳрвандону меҳмонон аз ин зебогиҳо ҳаловати хоса хоҳанд бурд.

Хонаи ақди никоҳ дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар Рӯзи байналмилалии оила мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯз дар Хонаи ақди никоҳ дар маросими хонадоршавии даҳ ҷуфти ҷавон, ки аксари онҳо ятим мебошанд, иштирок карданд.

Дар ин маросим Роҳбари давлат ба ҷавонон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва туҳфаи пулӣ ҳадя намуда, онҳоро бо ин рӯйдоди муҳими ҳаёташон таҳният гуфтанд.

Ҳамчунин дар ин рӯзи хурсандӣ Пешвои муаззами миллат ба навхонадорон тамоми ҷиҳози рӯзгор, аз қабили яхдон, мошинаи ҷомашӯиву дарздӯзӣ, телевизор, қолин ва дигар ашёе, ки барои зиндагӣ зарур аст, тақдим намуданд, ки ин иқдом боиси болидарӯҳии ҷавонон гардид.

Бояд гуфт, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҳаёт ва шарту шароити зиндагии нафарони эҳтиёҷманд, ятим ва яккаву танҳо таваҷҷуҳи хоса дошта, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҳолу аҳволи онҳо шахсан бохабар мегарданд ва барои дастгириву кумакашон пайваста тадбирандешӣ менамоянд.

Зимни суҳбати самимӣ бо навхонадорон, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба оилаву оиладорӣ, хусусан устувории оилаҳои ҷавон ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ин доира то имрӯз тадбирҳои мушаххасро низ амалӣ намудааст. Саъйу талош карда мешавад, ки сатҳи ҷудошавии оилаҳо коҳиш ёфта, сабабҳои он бартараф карда шаванд.

Навхонадорон дар навбати худ ба Роҳбари давлат барои ғамхории падаронаашон нисбат ба нафарони ятиму танҳо изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки кӯшиш менамоянд бо барпо кардани зиндагии намунавӣ дар пойдориву солимии оилаҳо саҳмгузор бошанд.

Вакти нашр: 2021-05-17 17:36:34    Хонданд: 78    Муфассал...

ТОҶИКИСТОН ТАШАББУСКОРИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ГЛОБАЛӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ шинохта шавад.

Имрӯзҳо обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ самараи талошҳои пайваста ва хастанопазири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ӯ бо қабули масъулияти кишвар дар солҳои басо вазнин ва пайгирии ҳадафи олии созандагӣ манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои дигар боло гузошта, боварии халқро соҳиб гардид. Корҳое, ки тайи солҳои гузашта анҷом дод, боис шуд, ки дар дохили мамлакат тамоми халқ ба нақшаву барномаҳои ояндаи ӯ бо диди умед бингаранд ва бо боварӣ пайрави роҳаш бошанд.

Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, аз минбари онҳо ташаббусу ибтикорҳои созандаи Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, масъалаҳои экологӣ ва амсоли он ба самъи ҷаҳониён расонида мешавад.

Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, бо таваҷҷӯҳ ба аҳамияти мавзӯъ, боиси ба шакли хос муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Ҳамчунин, ӯ пайваста аз паёмади номатлуби тағйирёбии иқлим бонги хатар зада, зимни таъкид бар зарурати омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, рушди устувори кишварҳои кӯҳсор ва таваҷҷуҳ ба рушди энергияи таҷдидшаванда ҷомеаи ҷаҳониро ба иқдому ҳамкории наздик даъват менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузург вобаста ба масъалаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад, ки амалӣ шуда истодаанд:

1. Дар Иҷлосияи 54 - уми Маҷмаи Умумии СММ (1 октябри 1999) – эълон намудани «Соли 2003 – Соли оби тоза». Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55 - уми Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. 29 август – 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.

2. Эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт». 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015 – ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон кард.

3. Эълон намудани соли 2013 ҳамчун соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об пешниҳоди сеюми Пешвои миллат дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ аз 20 декабри соли 2010 сурат гирифта, моҳи августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор гардид.

4. Ташабусси беназири навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин чорумин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об мебошад ва 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ қатъномаро зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қабул намуд.

Бояд зикр намуд, ки 22 марти соли 2018 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабинии махсус оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид. Худи ҳамин рӯз дар айёми таҷлили Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи Ҷаҳонии об - татбиқи ташаббуси нави глобалии ҷумҳурии мо - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» расман оғоз гардид.

20 - 21 июн дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи мазкур, ки бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдории 177 мамлакати ҷаҳон эълон гардидааст, гузаронида шуд. Дар он 65 ҳайати расмии беш аз 120 давлати ҷаҳон, СММ ва 43 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои исломии Покистону Афғонистон, ҷумҳуриҳои Туркманистону Ҷибути, вазирону муовинони вазирон аз 35 давлат, дар маҷмӯъ беш аз 1500 нафар меҳмонон ширкат карданд.

Бояд гуфт, ташаббусҳо дар соҳаи об, пеш аз ҳама ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибат дар ин соҳаи ҳаётан муҳим нигаронида шуда, мавзӯи обро аз чаҳорчӯбаи фаҳмиши классикӣ ва кӯҳнашудаи он раҳо мекунанд ва назари навро дар истифодаи захираҳои обии минтақа талқин менамоянд, ҳадафи истифодаи таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳонро дар ҳалли масъалаҳои пурбаҳсу низоъангез, аз ҷумла, идоракунии захираҳои оби дарёҳои сарҳадгузар пайгирӣ мекунанд.

Гузашта аз ин, саъю талоши пайгиронаи Пешвои миллат барои барқарории сулҳу субот ва сарҷамъии миллӣ басо нодир ва арзишманд арзёбӣ мегарданд. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ғайр аз ин ки роҳи моро барои пешрафти минбаъда равшан кард, аҳамияти байналмилалӣ низ дорад ва метавонад ҷиҳати ҳалли мушкилоти кишварҳои гуногун мавриди истифода қарор гирад. Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар самти таъмини сулҳ, ба Ватан ва макони зисти доимиашон баргардондани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоӣ аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуда, ҳамчун шеваи нодири сулҳофарӣ эътироф гардидааст.

Пешниҳод ва ташаббус дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, устувор гардонидани давлатдории дунявӣ дар асоси принсипҳои демократӣ ва дигар ташаббусҳои муҳими Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро ҳамчун миллати тамаддунофар дар ҷаҳон муаррифӣ карда, минбаъд низ ҷойгоҳи шоистаи Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир таъмин менамояд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртазодди сиёсӣ ҳамон миллате манфиатҳои худро ҳимоя карда метавонад, ки Пешвои худро дошта бошад, ҳамдилу ҳамақида бошад ва баҳри амалигардонии идеяи ягонаи миллӣ қадам ниҳад, зеро раванди ташаккули низоми ҷаҳони имрӯза ба марҳилаи нав расидааст, ки хусусияти барҷастаи он - рақобат ва танишҳои ду майлони асосӣ: ҷаҳони якқутбӣ ва ҷаҳони бисёрқутбӣ ҳарчи бештар ошкортар ва шадидтар мегарданд. Ҳоло Афғонистон, Ироқ, Сурия, Яман ва Африқои Шимолӣ барои бозингарони асосии саҳнаи сиёсии ҷаҳон на танҳо майдони мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, балки майдони талош барои роҳ ёфтан ба минтақа, зери назорат даровардани манбаъҳои энергетикӣ, касби нуфузи бештар ва мавқеъҳои муносибтари геополитикию геостратегӣ шудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузаштан аз марҳалаи аввали пас аз истиқлол, ки даврони ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дарҳои худро ба рӯи кишварҳои олам боз кард ва бо эъломи «сиёсати дарҳои боз» равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуд, ки ин сиёсат имрӯз ҳам бомуваффақият идома дорад. Имрӯз мо самараи чунин робитаи гуногунсамту гуногунҷабҳаро дар арсаҳои мухталиф мебинем. Ин сиёсат боис шуд, то кишвари мо на танҳо мақом ва нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ қавитар созад, балки бо ёфтани равиши хосси дипломатияи худ, дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намояд. Тоҷикистон бар асари талошҳои муассир ва масъалагузориҳои мантиқию саривақтии Президенти кишвар имрӯз дар арсаи байналмилалӣ як кишвари фаъолу ташаббускор шинохта шудааст.

Имрӯз Тоҷикистон бо аксарияти кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 178 давлат истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф кардааст. Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, аз арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлол худ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори ҳамзистии осоишта ва дӯстонаи мардумони минтақа мебошад.

Умумияти ҳадафу вазифаҳое, ки дар назди давлатҳои мо қарор доранд, зарурати рушду таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии онҳоро бар пояи дӯстӣ, эътимод ва ҳамкории судманд, аз ҷумла дар арсаи тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва иҷтимоиёт таъкид менамоянд. Бо такя ба ин усул мо метавонем ҳамкориро дар соҳаи амният низ густариш бахшида, ҳамроҳ бар зидди таҳдиду хатарҳои глобалии муосир дар минтақа муқовимат ва истодагарӣ намоем.

Ташаббусҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳаллу фасли мухолифати шаҳрвандӣ тариқи гуфтушунид, мусоидат ба ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон, рушди ҳамкории минтақавӣ, як зумра ташаббусҳо вобаста ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин дигар пешниҳодҳои арзишманди роҳбарияти Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ пайдо намудаанд.

Бояд гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ва азму иродаи давлати он, махсусан ташаббусҳо ва пешниҳодоти созандаву некбинонаи Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи ободию осоиштагии на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа ва ҷаҳон нигоҳи боэътимоду хайрхоҳона дорад. Бешак, ин навъи нигариш ба Тоҷикистон, роҳро барои барқарории равобити созанда бо кишвару созмонҳои байналмилалӣ ва нақшофарии мамлакати мо дар арсаи минтақаву ҷаҳон дар оянда низ ҳамвор месозад.

Миллати мо тӯли солҳои истиқлол рӯзҳои сангинро паси сар кард ва аз онҳо барои ояндаи худ таҷрибаи арзишманд бардошт, ба гирдоби офату сахтиҳо гирифтор шуд, вале бо тадбиру хирадмандиву дурандешии Пешвои маҳбуби худ аз миёни амвоҷи пурталотуми ҳодисаҳо солим берун омад. Инак, Тоҷикистон ба оромтарину босуботтарин кишвари минтақа табдил ёфта, бо азму иродаи матин ба сӯйи ояндаи шукуфон роҳ мепаймояд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро мустаҳкам намуд ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортар дар арсаи ҷаҳонӣ нақшофарӣ хоҳад кард.

Вакили Маҷлиси вакилони

халқи шаҳри Душанбе,

номзади илмҳои сиёсӣ,

Камолова Маҳбуба Расуловна

17.05.2021с.

Вакти нашр: 2021-05-17 17:39:40    Хонданд: 131    Муфассал...

ИФТИТОҲИ ҶДММ "ОРИЁ-МЕДИКАЛ" ДАР ПОЙТАХТ

15 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориё - Медикал»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар шаҳри Душанбе бо саҳми соҳибкори ватанӣ Файзалӣ Ҳоҷиев дар асоси дастуру ҳидоятҳои рӯзафзуни Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 0,7 гектар замин сохта, ба истифода дода шудааст.

Самти фаъолияти корхонаи «Ориё - Медикал» ба истеҳсоли маводҳои тиббӣ, аз ҷумла системаи яккарата барои гузаронидани маҳлулҳо, ниқоби муҳофизатии яккарата, оинаи гинекологӣ, сӯзани дохиливаридӣ (бабочка), сӯзандору (шпритс) бо андозаҳои гуногун ва маҳлули антисептикӣ равона гардида, дар миқёси мамлакат ягона дониста мешавад.

Дастгоҳу таҷҳизот ва хатҳои истеҳсолии корхонаи “Ориё - Медикал” аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин, Япония, Полша ва дигар давлатҳо ворид ва бо ҷалби мутахассисони ватанӣ васлу насб гардидаанд.

Аснои шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди истеҳсолот иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади роҳандозии тавлиди маҳсулот дар асоси меъёрҳои ҷаҳонӣ кормандони корхона нозукиҳои кор бо хатҳои истеҳсолиро дар Ҷумҳурии Мардумии Чин азхуд кардаанд.

Истеҳсолоти корхонаи муосири саноатӣ дар пойтахти мамлакат ивазкунандаи воридот ва содиротӣ мебошанд.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як рӯз 138 ҳазор дона системаи якбористифодашаванда, 273 ҳазор дона ниқоби муҳофизатии яккарата, 11 ҳазор дона оинаи гинекологӣ, 13 ҳазор дона маҳлулҳои антисептикӣ, 400 ҳазор адад сӯзандору бо андозаҳои гуногун ва 41 ҳазор дона сӯзани дохиливаридӣ (бабочка) мебошад.

Ба иттилои масъулон дар як сол имкон аст, ки дар корхона 50 миллион адад системаи якбористифодашаванда барои гузаронидани маҳлулҳо, 100 миллион адад ниқоби муҳофизатии яккарата, 15 миллион адад сӯзани дохиливаридӣ (бабочка), 3,5 миллион адад оинаи гинекологӣ, 150 миллион адад сӯзандору бо андозаҳои гуногун ва 5 миллион адад маҳлулҳои антисептикӣ истеҳсол карда шавад.

Корхона имкон дорад, ки дар оянда истеҳсоли сӯзандору бо андозаҳои гунонунро ба 300 миллион адад расонад.

Ба фаъолият оғоз намудани корхонаи “Ориё- Медикал” имкон медиҳад, ки воридоти ин навъи маводи тиббӣ аз хориҷ ба мамлакат коҳиш ва талаботи аҳолӣ бо чунин маҳсулот аз ҳисоби истеҳсолкунандагони ватанӣ пурра таъмин карда шавад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориё - Медикал» 200 нафар шаҳрванди мамлакат, ки аксарашон занону бонувон мебошанд, дар ду баст бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Корхонаи “Ориё - Медикал” дорои 4 майдончаи истеҳсолӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон, як майдони васлкунӣ, инчунин анборҳои маҳсулоти хом ва тайёр мебошад.

Коргоҳи васлкунии корхона аз 6 қисмат иборат буда, таҷҳизоти он аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва электроникаю компютерҳо аз Япония дастрас гардидаанд.

Дар майдончаи сехи қолибии (фармовочный) “Ориё - Медикал” 4 таҷҳизот, аз ҷумла найчасоз ва чашмакбарор васлу насб гардида, имкон аст, ки дар як рӯз 400 ҳазор дона қисматҳои алоҳидаи системаи яккарата истеҳсол карда шавад.

Маводҳои тиббии истеҳсолии корхона пас аз пурра васлу насб гардидан мавриди озмоиш қарор гирифта, баъдан банду баст мегарданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити хуби корӣ барои занону бонувони мамлакат дар корхонаи нави истеҳсолӣ дар шаҳри Душанбе ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд доданд.

Мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи муосири истеҳсоли маводи тиббӣ бо иқдоми соҳибкори ватанӣ дар заминаи ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити феълии ҷаҳон, ки норасоии ингуна маҳсулот дар бархе аз давлатҳо аллакай ба мушоҳида мерасад, хеле бомаврид мебошад.

Маҳсулоти тайёри корхона баъди пурра банду баст шудан ба ҳуҷраи безараргардонӣ дохил ва дар мудати 8 соат бо оксиди этилен безарар гардонида мешавад.

Майдончаи безараргардонии корхона аз 2 таҷҳизот, аз ҷумла камераи махсуси безараргардонии дорои иқтидори 18 метри мукааб, компютерҳои назоратӣ ва технологияҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ иборат мебошад.

Зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни фаъолияти майдончаи безараргардонии корхона иттилоъ дода шуд, ки пас аз ин марҳила маҳсулот ба муддати 5 - 10 рӯз дар анборҳо нигоҳдорӣ ва бо дастрас кардани хулосаи мақомоти дахлдори давлатӣ ба фурӯш бароварда мешавад.

Корхона дар маҷмӯъ дорои 3 анбор, аз ҷумла анбори ашёи хом ва анбори маҳсулоти тайёр мебошад.

Анборҳои нигоҳдории маҳсулоти корхона дар асоси талаботи мавҷудаи ҷаҳонӣ ҷиҳозонида шуда, бо гигрометр ва психфометр муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориё - Медикал» дорои як қатор иншооти дигари ёрирасон буда, ҳамаи онҳо бо системаи ягонаи ҳавотозакунӣ пайваст ва таъминоти микроиқлими майдончаҳои истеҳсолӣ назорат карда мешавад.

Ба иттилои мутахассисон ин раванд барои истеҳсоли маҳсулоти босифат дар асоси талаботи ҷаҳонӣ дар самти беҳдошту бехатарӣ мусоидати ҷиддӣ мекунад.

Таҷҳизоти тамғаи “Кингсан Эйч 13 Ҳепа Филтер” (Kingsun H 13 HEPA Filter), ки дар системаи ҳавотозакунии корхона насб шудааст, истеҳсоли Ҷумҳурии Полша буда, аз тарафи ниҳодҳои экспертии Аврупо ва маркази гигиенӣ ва эпидемиологии Федератсияи Россия эътироф гардидааст.

Тавассути таҷҳизоти мазкур таъминоти ҳаво ба синфи “А”-и системаи стандарти амалиёти хуби истеҳсолӣ - “GMP” мутобиқат карда мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи саноат, аз ҷумла саноати тиббию доруворӣ афзалияти хоса дода, дар ин самт барои соҳибкорони ватанӣ шароиту имконот ва имтиёзҳоро фароҳам овардааст.

Корхонаи «Ориё - Медикал» сеюмин корхонаи истеҳсолӣ дар миқёси мамлакат мебошад, ки бо саҳми соҳибкори ватанӣ Файзалӣ Ҳоҷиев дар давоми чанд соли охир сохта, ба истифода дода мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо раванди истеҳсолот ва шароити муҳайёгардида барои кормандон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориё - Медикал», иқдоми соҳибкори ватаниро дар самти роҳандозии маҳсулоти ивазкунандаи воридот шоёни таҳсин хонда, ба масъулон барои дастгирии ингуна ташаббусҳои созандаю бунёдкорона дар вазъияти кунунии ҷаҳони муосир дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Вакти нашр: 2021-05-17 17:44:02    Хонданд: 81    Муфассал...

АМАЛИЁТИ ҲИЗБӢ: ШАҲОДАТНОМАИ МАН-ИФТИХОРИ МАН!

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2021 амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ман – ифтихори ман”-ро дар кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ноҳия баргузор намуда истодааст.

Дар ҳамин росто имрӯз гурӯҳи кории тасдиқгардида аз ҳисоби мудири шуъбаи занони Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ – Бобоева Г., мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ – Суфиев Ш., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Раҷабзода Э., муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ – Маҳмадова Н. аз  Кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”, “Шарқи озод”, “Народная газета” ва “Ҷумҳурият” дидан намуданд.

Бояд қайд намуд, ки кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ячейкаи асосии ҲХДТ ба шумор рафта, барои ноил шудан ба муваффақияту музаффариятҳо саҳми арзанда мегузоранд ва дар амалигардонии Барнома ва Оинномаи ҲХДТ нақши калидӣ доранд.

Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани нуфузу мартабаи ҲХДТ дар дигар кумитаю ташкилотҳо идома дорад.

Вакти нашр: 2021-05-18 18:03:15    Хонданд: 106    Муфассал...

ГУЛГАШТИ НАВ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДА ШУД

Бо дастуру ҳидоятҳои ғамхоронаю инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу иқдомоти пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакат рӯз то рӯз зебою хуррам гардида истодааст. Мањз бо кӯшишу ғайрат ва саъю талошҳои хастанопазири Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ чаҳор соли ахир пойтахт ба таври шинохтанашаванда дигаргун гашта, баробари қомат афрохтани ҳазорҳо биноҳои таъиноти маъмуриву идорӣ, иҷтимову иқтисодӣ ва фарҳангию маърифатӣ, дар қаламрави чаҳор навоҳии шаҳр 260 адад майдончаи варзишӣ, садҳо сайргоҳу гулгашту боғот ва марказҳои бозии наврасону кӯдакон ифтитоҳ гардиданд.

Имрӯз бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон Файзулло дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе расман гулгашти нав ифтитоҳ ёфта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Корҳои таъмириву азнавсозии гулгашти атрофи муыассамаи устод Садриддин Айнӣ ҳанӯз аз санаи 15 июни соли 2020 оғоз ёфта буд. Корҳои таъмириву азнавсозии гулгашт аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мутобиқи нақшаи тарҳрезишуда амалӣ гашта, дар арафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумњҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҳудуди гулгашт, роҳравҳо бо фурӯзонакҳои ороишии шабона муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки шабонгоҳон ба ҳусни гулгашт зебогиву шукӯҳи дигаре замъ менамояд.

Масоҳати умумии гулгашт беш аз 6 ҳазор метри мураббаъро дар бар гирифта, иҷрои корҳо масоҳати беш аз 2 ҳазору 700 метри мураббаъро бо кабудизор ташкил медиҳад.

Ҳамзамон дар гулгашт дарахтон ва ниҳолу гулҳои ороишӣ шинонида шудаанд. Дар ҳудуди гулгашт 4 фаввора бо масоҳати умумии 310 метри мураббаъ аз нав сохта шуда, 2 адад фаввораи мавҷуда бо масоҳати 350 метри мураббаъ бо тарҳи замонавӣ азнавсозӣ карда шудааст. Атрофи гулгашт бо сангҳои гуногун хеле хуб ороиш дода шуда, дар гулгашт тахаюли мухталифи хеле зебо бо гулу рӯстаниву шукуфаю майсазор анҷом дода шудааст.

Ҳамин тариқ, аз тарафи роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар пойтахт чаҳор купрӯк, се гулгашту сайргоҳ ва чандин иншооти дигари муҳими аҳамияти иҷтимоӣ ва фарҳангию маърифатидошта сохта мавриди истифодаи умум қарор дода шуд.

Вакти нашр: 2021-05-19 07:55:52    Хонданд: 94    Муфассал...

НАҚШИ ЗАНОН ВА ОИЛА ДАР БАРНОМАИ ҲИЗБИ ҲАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои ва дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб имрӯз дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ таҳти унвони “Нақши занон ва оила дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” бахшида ба “Рӯзи байналмилалии оила” мизи мудаввар доир гардид.

Дар чорабинӣ Наимов М.Р. – мудири Маркази матбуот ва таҳлили Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Файзуллозода З.Ф. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Гулназарзода Ж. – Ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, вакилзанони Маҷлисҳои маҳалли вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Синои шаҳри Душанбе инчунин занони фаъол ва донишҷӯдухтарони ноҳияи Сино иштирок намуданд.

Зимни баромад маърӯзачиён зикр намуданд, ки 24 сол мешавад, ки ин сана дар сатҳи байналмилалӣ бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти рӯзафзуни оилаву оиладорӣ қайд мегардад.

Мақсад аз таҷлили ин ҷашн — ҷалби диққати давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила мебошад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

Вакти нашр: 2021-05-19 09:12:15    Хонданд: 132    Муфассал...

ҶАВОНОН - СОЗАНДАГОНИ ФАРДОИ ВАТАН

19-уми майи соли 2021 аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар толори Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Мо ҷавонон созандагони фардои ватанем” баргузор гардид.

Дар конференсия муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, собиқадори ҳизб, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Сафар Сайфулло Сафар, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мусатақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Шарифзода Хушвахт Салим, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”, ҷавонон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Нахуст, президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ конференсияро оғоз бахшида, иштирокчиён ва кулли ҷавонони кишварро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуд.  

Муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода зимни суханронӣ иброз намуданд, ки ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи муқтадири ҷомеа эътироф кардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесабаб нест, зеро имрӯз рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ягон кишвар, аз ҷумла Тоҷикистони азизи моро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Инчунин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода таъкид намуданд, ки давоми 30 соли Истиқлоли давлатӣ нақш ва мақоми ҷавонон боз ҳам густурдатар ба назар мерасад. Ин нуқта борҳо дар суханрониҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардида, ишорат шудааст, ки ҳар гуна тадбире дар мамлакат андешида мешавад, пеш аз ҳама, ба манфиати ҷавонон ва барои беҳбудии ҳаёти онҳо амалӣ мегардад.

Гуфта шуд, ки таҷрибаи солҳои охир дар ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки дар кори ба даст овардани сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ ва инкишофи усулу роҳҳои гуногуни ҷомеа он кишварҳое муваффақу пирӯз мегарданд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва аз имкониятҳои фаровони ақлониву ҷисмонӣ ва неруи зеҳнии онҳо ба таври фарох истифода мебаранд.

Вакти нашр: 2021-05-19 15:14:27    Хонданд: 143    Муфассал...

Парлумони Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ворид намуд

Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюм ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру илова ворид намуданд.

Ба панҷ моддаи қонуни амалкунанда тағйирот ворид карда шуданд, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд. Инчунин ба қонун моддаи 142 илова гардид, ки тибқи он дар ҳолатҳои истисноӣ бо риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми вазъияти фавқулода, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои маҳдудкунандаро оид ба гузаронидани ҷашну маросим муқаррар намояд.

Меъёри мазкур дар иртибот ба талаботи ду санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулода» ва Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» роҳандозӣ гардидааст.

Вакти нашр: 2021-05-19 15:30:31    Хонданд: 77    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳо-иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мулоқот намуданд

19 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳо — иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ ва афзалиятҳои раёсати ҷониби Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мавриди баррасӣ қарор қарор гирифт.

Дар ин зимн, аз ҷумла ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки моҳи апрели соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд, қайд карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дар давраи раёсат дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мутобиқи афзалиятҳои муайяншуда, вазифаҳои раёсатро бо ҷонибдории кишварҳои аъзои Созмон ба таври пурсамар иҷро карда истодааст.

Таъкид гардид, ки фаъолияти Созмон дар давраи гузашта ҳамаҷониба таҳлил карда шуда, Стратегияи рушди Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ то соли 2025 бо дарназардошти муайян кардани вазифаҳои афзалиятнок барои оянда таҳия гардад.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, аз ҷумла таъмини амнияти минтақа, амалисозии барномаҳои Созмон оид ба таҳкими иқтидори ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон, муборизаи дастаҷамъона бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, бахусус гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, муҳокима гардиданд.

Дар охири вохӯрӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ комёбӣ орзу карда, изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои ҷаласаи имрӯзаи он барои расидан ба ҳадафҳои дарпешистода, пурсамар хоҳад буд.

Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳо-иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) 19.05.2021

Вакти нашр: 2021-05-19 15:33:37    Хонданд: 93    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфтанд

19 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ давоми 28 соли шарикӣ маблағгузорӣ шудани 100 лоиҳа дар соҳаҳои мухталиф, ба маблағи умумии 2,1 миллиард доллари америкоӣ, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои вазъи Тоҷикистон дар давраи пандемияи КОВИД-19, таъсири он ба вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо шарикони рушд барои пешгирии ин бемории сироятӣ ва бартараф намудани паёмадҳои он, муҳокима гардид. Изҳори умед карда шуд, ки Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давраи ҳасос барои амалӣ намудани нақшаҳои минбаъдаи Ҳукумати кишвар дар самти бартараф намудани паёмадҳои пандемияи коронавирус ва таъмини рушди устувор саҳмгузор боқӣ мемонад.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории минбаъдаро дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, дастгирии буҷети давлатӣ, рушди бахши соҳибкорӣ, бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табиӣ, баррасӣ карданд.

Мулоқот бо Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде 19.05.2021

Вакти нашр: 2021-05-19 15:35:20    Хонданд: 68    Муфассал...

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои кушодани хатсайрҳои автобусҳои мусофирбар миёни минтақаҳо ба мувофиқа расиданд

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон   дар ояндаи наздик ҷиҳати кушодани хатсайрҳои автобусҳои мусофирбар миёни  минтақаҳои ҳарду давлат  мувофиқи талаботи карантин ба мувофиқа расиданд. Ин масъала дар ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ки дар шаҳри Тошканд бо  иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов баргузор гардид, баррасӣ шуд. Тибқи хабари Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба гурӯҳи корӣ Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим низ шомил буд.

Сарчашма иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни мулоқот  ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории  гуногунҷанбаи ду кишварро дар партави омодагӣ ба сафари дарпешистодаи Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон муҳокима карданд.

Дар ҷараёни музокирот имконоти эҳтимолии афзоиши минбаъдаи мубодилаи мол баррасӣ шуд. Дар ин замина, дар бораи тадбирҳои муштарак оид ба таҳкими ҳамкории саноатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи саноати маъдан ва электротехника, энергетика ва нақлиёт гуфтушунид баргузор гардид.

Пас аз ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ протокол ба имзо расид, ки дар қатори дигар масоили мубрами ҳамкорӣ масъалаи муносибатҳои дуҷониба дар самти нақлиёту роҳ низ дар он дарҷ гардид.

Аз ҷумла,  ҷонибҳо барои ба анҷом расондани расмиёти тасдиқи лоиҳаи «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи транзити молҳои хатарнок тавассути қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон»  то  охири моҳи майи соли 2021, таҳияи  лоиҳаи Протокол «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишномаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон»,  дар доираи ҷаласаҳои комиссияҳои омехтаи нақлиёти автомобилии байналмилалӣ баррасӣ намудани мубодилаи шумораи иҷозатномаҳо барои интиқоли ангишт ва намак, дар ояндаи наздик кушодани хатсайрҳои автобусҳои мусофирбар байни минтақаҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мувофиқи талаботи карантин ба мувофиқа расиданд.

Тарафҳо бо дархости ҷониби Тоҷикистон имкони ташкили омӯзиш барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд ва дар муассисаҳои таълимии касбии ҶСК «Ӯзбекистон Темир Юллари»-ро барои мутахассисони соҳаи роҳи оҳан баррасӣ карданд. Ҳамчунин мувофиқа карда шуд, ки барои рушди долони Ӯзбекистон — Тоҷикистон — Чин ва баръакс, аз ҷумла нақлиёти мултимодалӣ дар ин масир тадбир андешанд.

    Акс аз Вазорати нақлиёти ҶТ

Вакти нашр: 2021-05-19 15:37:28    Хонданд: 84    Муфассал...

Сармоягузории Чин ба Тоҷикистон аз $3 млрд гузашт

Ҳаҷми сармоягузориҳои чинии ба иқтисоди Тоҷикистон ҷамъшуда дар охири соли 2020 ба 3 миллиарду 15 миллион доллари амрикоӣ расид, хабар медиҳад «АП» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон.

Вуруди сармоягузорӣ аз Чин соли 2020 $ 152 миллионро ташкил намуд, ки аз онҳо $ 120 миллион сармоягузориҳои мустақим мебошанд.

Саҳми сармоягузории чинӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ соли гузашта 35,5% ҳаҷми умумии сармоягузориҳои ҷалбшудаи хориҷиро ташкил кард.

Маҷмӯан, соли 2020 вуруди сармоягузории хориҷӣ 428,4 миллион долларро ташкил кард, ки аз онҳо $ 162,5 миллион доллар сармоягузориҳои мустақим ва 265,9 миллион доллар сармоягузориҳои дигар (қарзҳои имтиёзнок ва маблағгузориҳои дигари молиявӣ) мебошанд.

Сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон танҳо дар нимаи дуюми солҳои 2000-ум шурӯъ шуда буд.

Нахустин сармоягузориҳои нисбатан калон аз Чин ба Тоҷикистон соли 2007 пас аз имзои Шартнома дар бораи ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ ҷалб карда шуд.

Вуруди назарраси сармоягузориҳои чинӣ пас аз ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ байни ду кишвар дар соли 2011 оғоз ёфт.

Солҳои 2007-2020 аз 65 давлати ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 10,3 миллиард доллар ҷалб карда шуд, ки тақрибан 30 фоизи он ба Чин рост меояд.

Пас аз он Россия (1,6 миллиард), ИМА (703 миллион), Британияи Кабир (694 миллион), Қазоқистон (577 миллион) қарор доранд.

Сармоягузориҳои чинӣ тақрибан дар тамоми соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон мушоҳида шуда, иктишоф ва истеҳсоли канданиҳои фоиданок, алоқа, сохтмон, хадамоти молиявӣ, неруи барқ, инфрасохтор, саноати кимиё ва бофандагӣ, инчунин кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз имтиёзҳо бархӯрдор мебошанд.

 АКС: Reuters

  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Вакти нашр: 2021-05-19 15:39:09    Хонданд: 78    Муфассал...

Россия барои татбиқи лоиҳаи баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ 900 ҳазор доллар ҷудо менамояд

Дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи лоиҳаи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) оид ба «Баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба  модарон, кӯдакони навзод ва кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки онро Ҳукумати Федератсияи Россия маблағгузорӣ мекунад. Дар ин хусус Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Ин лоиҳа солҳои 2021-2023 амалӣ гардида, ҳадафаш баланд бардоштани сифати ёрии тиббӣ дар беморхонаҳо барои коҳиш додани фавти модарон ва кӯдакон,  суръат бахшидан ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи тандурустӣ мебошад.

Дар доираи ин ҳамоиш мутахассисони СУТ аз марказҳои ҳамкории Россия-Маркази миллии тадқиқотии акушерӣ, гинекология ва перинатологияи ба номи академик В.И.Кулаков  барои мутахассисони тоҷик якчанд тренингҳо оид ба расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба модарон, навзодон ва кӯдакон баргузор менамоянд. Инчунин дар доираи Лоиҳа барои беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ беморхонаҳо бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мегарданд. Барои татбиқи ин лоиҳа Федератсияи Россия тақрибан 900 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.

    АКС аз Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Вакти нашр: 2021-05-19 15:41:07    Хонданд: 53    Муфассал...

ИДОМАИ АМАЛИЁТИ ҲИЗБӢ: ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН!

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2021 амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”-ро дар кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ноҳия баргузор намуда истодааст.

Дар ҳамин росто имрӯз гурӯҳи кории тасдиқгардида аз  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Барномасоз” ва “Геолог” дидан намуданд.

Бояд қайд намуд, ки кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ячейкаи асосии ҲХДТ ба шумор рафта, барои ноил шудан ба муваффақияту музаффариятҳо саҳми арзанда мегузоранд ва дар амалигардонии Барнома ва Оинномаи ҲХДТ нақши калидӣ доранд.

Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани нуфузу мартабаи ҲХДТ дар дигар кумитаю ташкилотҳо идома дорад.

Вакти нашр: 2021-05-19 16:55:01    Хонданд: 79    Муфассал...

ИДОМАИ АМАЛИЁТИ ҲИЗБӢ: ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН!

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2021 амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”-ро дар кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ноҳия баргузор намуда истодааст.

Дар ҳамин росто имрӯз гурӯҳи кории тасдиқгардида аз кумитаю  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Хирадмандон”, “Илмпешагон”, “Фарҳанг”, “Махзани илми кишоварзӣ”, “Дизайн”, “Хайрия” ва “Зиддиинҳисорӣ”-и ноҳияи Шоҳмансур дидан намуданд.

Бояд қайд намуд, ки кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ячейкаи асосии ҲХДТ ба шумор рафта, барои ноил шудан ба муваффақияту музаффариятҳо саҳми арзанда мегузоранд ва дар амалигардонии Барнома ва Оинномаи ҲХДТ нақши калидӣ доранд.

Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани нуфузу мартабаи ҲХДТ дар дигар кумитаю ташкилотҳо идома дорад.

Вакти нашр: 2021-05-19 17:28:16    Хонданд: 93    Муфассал...

ИДОМАИ АМАЛИЁТИ ҲИЗБӢ: ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН!

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2021 амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”-ро дар кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ноҳия баргузор намуда истодааст.

Дар ҳамин росто имрӯз гурӯҳи кории тасдиқгардида аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Нури Пешво”, “Меҳнат”, “Оли Сомон”, “Назорати энергетика”, “Ноқили Талко”, “Роҳи тоҷик” ва “Назорати нақлиёт”-и ноҳияи Сино дидан намуданд.

Бояд қайд намуд, ки кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ячейкаи асосии ҲХДТ ба шумор рафта, барои ноил шудан ба муваффақияту музаффариятҳо саҳми арзанда мегузоранд ва дар амалигардонии Барнома ва Оинномаи ҲХДТ нақши калидӣ доранд.

Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани нуфузу мартабаи ҲХДТ дар дигар кумитаю ташкилотҳо идома дорад.

Вакти нашр: 2021-05-19 17:37:26    Хонданд: 78    Муфассал...

Оғози мусобиқаи футболи хурд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар асоси барқияи электронии КИМ ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша-чорабиниҳои муштараки илмӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ ва варзишии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ташкилотҳои ибтидоӣ ҳизбӣ дар Филиалӣ Донишгоҳи давлатии Москва ба М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намудани футболи хурд миёни гуруҳҳои академӣ ташкил карда шуд.

Бояд зикр намуд, ки мақсад аз баргузории чорабинии мазкур талқини худшиносиву худогоҳӣ, ру овардан ба варзиши сабук ва нигоҳ доштани солимии ҷисм, истифода аз майдончаҳои варзишӣ мебошад.

Вакти нашр: 2021-05-19 17:43:51    Хонданд: 107    Муфассал...

ИДОМАИ АМАЛИЁТИ ҲИЗБӢ: ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН!

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2021 амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”-ро дар кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ноҳия баргузор намуда истодааст.

Дар ҳамин росто то ба имрӯз гурӯҳи кории тасдиқгардида аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Садо”, “Жасмин”, “Кӯҳкор”, “Ҷисму ҷон” ва “Ноқили Талко”-и ноҳияи И.Сомонӣ дидан намуданд.

Бояд қайд намуд, ки кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ячейкаи асосии ҲХДТ ба шумор рафта, барои ноил шудан ба муваффақияту музаффариятҳо саҳми арзанда мегузоранд ва дар амалигардонии Барнома ва Оинномаи ҲХДТ нақши калидӣ доранд.

Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани нуфузу мартабаи ҲХДТ дар дигар кумитаю ташкилотҳо идома дорад.

Вакти нашр: 2021-05-19 18:06:58    Хонданд: 124    Муфассал...

Вакти нашр: 2021-05-19 18:06:58    Хонданд: 52    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаевро истиқбол гирифтанд

Нимаи дуюми рӯзи 19 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии сазовори меҳмони олимақом — Сарвари давлати дӯсти Қазоқистон майдони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Қазоқистон идона ороста шуд.

Ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои ду кишвари дӯст ва бо шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд.

Зимни мулоқоти хосае, ки байни сарони давлатҳо сурат гирифт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои сафари расмӣ барои таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ, муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои шарикии стратегии кишварҳо, мусоидат хоҳад кард.

Вакти нашр: 2021-05-19 18:19:02    Хонданд: 122    Муфассал...

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон аз бӯстонсаройи беруназшаҳрӣ дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

19 май дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом Сарвари ҷумҳурии дӯсти Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрӣ, воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд.

Дар қароргоҳи беруназшаҳрӣ, воқеъ дар ноҳияи Варзоб Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев табиати зебову нотакрор ва обҳои мусаффои шаршараҳоро тамошо карда, вохӯрии ғайрирасмӣ доир намуданд.

Вакти нашр: 2021-05-20 07:43:00    Хонданд: 81    Муфассал...

Имконияти рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон хеле зиёд аст. Ташреҳи шореҳи иқтисодии АМИТ «Ховар»

Қазоқистон дар низоми робитаҳои байналмилалии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон мавқеи хеле муҳим касб мекунад. Ҳоло робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, низомӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, илмию-техникӣ, фарҳангӣ ва ғайра бомуваффақият густариш меёбанд ва мулоқоти мунтазами сарони Тоҷикистон ва Қазоқистон барои таҳкими бештари ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. То ин ҷониб миёни ду кишвар беш аз 100 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба тасвиб расидаанд, ки аз шарикии стратегии ду кишвари бо ҳам дӯст дарак медиҳанд.

Эраҷ Абдураҳмонов

Сардори раёсати танзим ва рушди савдои хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Эраҷ Абдураҳмонов мегӯяд, ки Қазоқистон миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон зинаи дуюмро ишғол мекунад. Новобаста аз он ки соли сипаришуда бо сабаби пандемияи Ковид-19 ҳаҷми гардиши мол каме коҳиш ёфт, вале  дар оғози соли 2021 гардиши тиҷоратии ду кишвар дар ҳоли рушд аст. Давоми моҳҳои январ-апрели соли 2021 гардиши савдои хориҷӣ 363 млн. доллари ИМА ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020  25,4 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, воридот 265,7 млн. доллар ва содирот 97,3 млн. долларро ташкил додааст, ки ҳаҷми воридот 0,6  млн. доллар коҳиш ва содирот  26 млн. доллар афзоиш ёфтааст.

Сохтори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Қазоқистон маъдану кансентрантҳо, нӯшокӣ ва афшураҳо, нахи пахта, меваю сабзавот ва ғайра ташкил медиҳанд. Аз Ҷумҳурии Қазоқистон  ба давлати мо гандум, гази моеъ, металлҳои сиёҳ, маҳсулоти кимиёвӣ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ, орд, равғани растанӣ ва ғайра ворид мешаванд. Ба иттилои масъулин,  98% орд ё гандум ба Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид мешавад. Давоми чор моҳи соли 2021 ба ҷумҳурӣ ба андозаи 53,3 млн. доллари ИМА гандум ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 27,% афзоиш ёфтааст. Аммо воридоти гази моеъ нисбат ба чор моҳи соли 2020 ба андозаи 4,2 млн. доллар кам гардидааст.

Дилшод Шарифӣ

-Рушд додани робитаҳои иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон барои сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бозори ин кишвар шинохти хуб низ доранд,- гуфт сардори Раёсати робитаҳои  иқтисоди  хориҷии Вазорати  рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Дилшод Шарифӣ.

Ба андешаи Дилшод Шарифӣ, гардиши савдои хориҷии ду кишвар солҳои наздик бояд то ба 2 млрд. доллар расонида шавад ва барои ин имконияти истифоданашуда хеле зиёд аст.

Бо мақсади такони тоза бахшидан ба робитаҳои тиҷоративу иқтисодии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон харитаи роҳ барои солҳои 2019-2022 ҷиҳати афзоиши гардиши мол татбиқ гардида истодааст. Инчунин дар чорчӯби Гурӯҳи корӣ барои афзоиши тиҷорати дуҷониба ва номгӯи молҳои содиротӣ ҳамкорӣ ҷараён доранд. Аз ҷумла, баргузории ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки чанде пеш доир шуд, марҳилаҳои нави ҳамкориро фароҳам месозад, изҳор дошт Дилшод Шарифӣ.

Ҷумҳурии Қазоқистон хостори содироти бештари маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон мебошад. Тибқи таҳлилҳо, беш аз 50% маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон танҳо ба ин кишвар содирот мешавад. Аз ҷумла, дар бозори истеъмолии  Қазоқистон талабот ба меваҳои хуштамъи Тоҷикистон хеле зиёд аст. Дар ин зимн соҳибкоронро зарур аст ҷиҳати басту банд ва ба стандарҳои ҷаҳонӣ  мувофиқ намудани маҳсулоти содиротӣ тадбирҳо андешанд.

Ба гуфтаи сардори Раёсати робитаҳои  иқтисоди  хориҷии Вазорати  рушди иқтисод ва савдо Дилшод Шарифӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 маркази яклухти логистикӣ бунёд карда мешаванд. Дар марказҳои логистикии мазкур, ки бунёдашон дар минтақаҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, деҳқонон имкон доранд маҳсулоташонро банду баст намуда, худашон мустақиман ба бозорҳои Ҷумҳурии Қазоқистон содирот намоянд. Ба андешаи Дилшод Шарифӣ, тадбири мазкур имкон медиҳад, ки миёнаравҳо аз байн бурда шаванд, нархи маҳсулот танзим карда шавад, ҳамзамон ҷойҳои нави корӣ ба миён оянд. Таъсиси чунин марказҳои логистикӣ на танҳо ба содироти маҳсулот равона шудааст, балки барои нигаҳдории он ва таъмини бозори истеъмолӣ низ муфид арзёбӣ мешавад.

Ғайрат Ғаюров

Иқтисодшиноси тоҷик, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  Ғайрат Ғаюров мегӯяд, ки ҳамкорӣ дар соҳаҳои обу энергетика, коркарди маснуоти кӯҳӣ, саноати сабук, роҳу нақлиёт ва коммуникатсия аз ҷумлаи соҳаҳои ояндадори фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қазоқистон маҳсуб мешавад.

“Имрӯз дар ҷумҳурӣ бо иштироки соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистон беш аз 90 корхона фаъолият мекунанд. Сармоягузориҳои Ҷумҳурии Қазоқистон дар самти бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ҳоли рушд буда, имконият медиҳад, ки сармоягузориҳо боз ҳам беҳтар гардонида шаванд. Бо назардошти иқтидорҳои табиии Тоҷикистон имконият вуҷуд дорад, то ҳамкорӣ дар соҳаи дорусозӣ низ рушд ёбад”,- иброз намуд Ғайрат Ғаюров.

 Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Вакти нашр: 2021-05-20 10:01:43    Хонданд: 64    Муфассал...

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев дар Тоҷикистон оғоз ёфт

19 майи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

20 май маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар Тоҷикистон 20.05.2021

Вакти нашр: 2021-05-20 14:03:50    Хонданд: 68    Муфассал...

Дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ду дафтари ҳамкории сарҳадӣ ифтитоҳ шуданд

Дар гузаргоҳҳои сарҳадии истгоҳҳои роҳи оҳани «Пахтаобод» (Тоҷикистон) ва «Кудуклӣ» (Ӯзбекистон) дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  ду дафтари ҳамкории сарҳадӣ /ДҲС/ дар маросими расмӣ ифтитоҳ гардиданд.

Дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ аз ҷониби намояндагии минтақавии Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода шудаанд.

«Таъсиси дафтари ҳамкории сарҳадӣ дар гузаргоҳи сарҳадии истгоҳи роҳи оҳани «Пахтаобод» ҷузъи навбатии системаи умумии ҳифзи сарҳади давлатӣ мебошад. Фаъолияти он ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории байниидоравӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард. Мо ба Ҳукумати Амрико ва Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои дастгирии татбиқи ин ташаббус ва ҳамкорӣ дар таъмини амнияти сарҳад изҳори сипос мекунем», — гуфт муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Насимҷон Раҷабзода дар маросими ифтитоҳи дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ.

«Фаъолияти барнома оид ба таъсиси дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ дар Осиёи Марказӣ бо сохтани бино ва таъмин намудани таҷҳизот маҳдуд намешавад. Барнома ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкории фаромарзӣ, ки барои ҳифзи муваффақонаи марз заруранд, фаъолона саҳм мегузорад. Дафтарҳои ҳамкории сарҳадии дар «Пахтаобод» ва «Кудуклӣ» таъсисёфта аввалин дафтарҳое мебошанд, ки дар гузаргоҳҳои сарҳадии истгоҳҳои роҳи оҳан дар Осиёи Марказӣ ҷойгиранд. Бо ифтитоҳи онҳо  марҳилаи нави фаъолияти барномавӣ оғоз меёбад», — директори Шуъбаи байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Департаменти Давлатии Ҳукумати Амрико дар Душанбе гуфт Сита Фаррелл.

Намояндаи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ Ашита Миттал зикр намуд, ки фаъолияти ин дафтарҳо ба таҳкими амнияти сарҳад ва ҳамкорӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард.

«Лоиҳаи таъсиси чунин дафтарҳо бунёди механизмеро дар назар дорад, ки тавассути он хадамоти сарҳадии кишварҳои ҳамсоя метавонанд иттилооти стратегии марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам фаромарзӣ табодул намоянд. Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ тақвияти иқтидори дафтарҳои ҳамкории сарҳадиро дар Осиёи Марказӣ дар доираи барномаи худ доир ба Осиёи Марказӣ барои солҳои 2021-2025 бо мақсади таҳкиму густариши ҳамкории фаромарзӣ, аз ҷумла дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон идома хоҳад дод», — гуфт хонум Ашита Миттал.

«Дар шароити кунунӣ дафтарҳо воситаи тақвияти ҳамкории байниидоравӣ ва фаромарзӣ мебошанд. Ташаббуси кушодани дафтарҳои сарҳадӣ таъсиси механизми беназири мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро пешбинӣ мекунад. Дар оянда ин дафтарҳо дар таҳкими амнияти сарҳадӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон саҳми назаррас хоҳанд гузошт», — гуфт муовини раиси Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон Уткир Қодиров.

Таъсиси дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ дар якчанд гузаргоҳҳои сарҳадии Осиёи Марказӣ ба ташаккули заминаи ҳамкории минбаъдаи самарабахши байниидоравӣ ва фаромарзӣ, инчунин табодули иттилоот барои муборизаи самаранок бо ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ мусоидат мекунад. Дафтарҳо ҳамзамон ба густариши тиҷорати қонунии байналмилалӣ мусоидат мекунанд. То имрӯз 19 дафтар дар марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ва Қазоқистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шудаанд.

Дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ дар доираи лоиҳаи «Мубориза бо гардиши ғайриқонунии афюни афғонӣ, бо роҳи пурзӯр кардани иқтидори гузаргоҳҳои калидӣ ва таъсиси дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ»-и зербарномаи 1 «Мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии терроризм»-и Барномаи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои Осиёи Марказӣ таъсис дода мешаванд. Ҷонибҳои манфиатдор дар ин лоиҳаи аввалини таъсиси Дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ дар Осиёи Марказӣ хадамоти сарҳадӣ ва гумрукӣ, инчунин мақомоти назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва вазоратҳои корҳои дохилии ҳар як кишвари ширкаткунанда мебошанд.

Аксҳо аз намояндагии минтақавии Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ

  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Вакти нашр: 2021-05-20 14:06:15    Хонданд: 103    Муфассал...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом баррасии масъалаҳои рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Дар рафти мулоқот ҷанбаҳои мубрами робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистону Қазоқистон, масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ ва вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ бо Қазоқистон ба таври муфассал муҳокима карда шуданд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати Қазоқистонро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфта, ба мардуми давлати дӯст сулҳу шукуфоӣ орзу карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ва Президенти якуми Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев дар самти рушду густариши ҳамаҷонибаи робитаҳо ва ба сатҳи шарикии стратегӣ расондани он, баҳои баланд доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Тоҷикистон муносибатҳои шарикии стратегиро бо Қазоқистони бародар қадр мекунад. Мо тасмим дорем, ки минбаъд низ кӯшишҳои заруриро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои байни кишварҳоямон дар ҳама соҳаҳо идома диҳем”.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба рушду густариши муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ-дипломатӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва дигар бахшҳои муҳиму судманд, табодули андеша карданд.

Дар рафти музокироти ҷонибҳо масъалаи дастгирии ҳамдигарӣ дар самти мубориза бар зидди бемории нави сироятии короновирус ва амалисозии тадбирҳо барои коҳиш додани таъсири пандемия ба иқтисоди кишварҳо, баррасӣ карданд. Таъкид гардид, ки бо талошҳои муштарак мо тавонистем барои ҳифзу ҳимояи шаҳрвандон чораҳои таъхирнопазир андешем.

Дар ин зимн зарур шумурда шуд, ки минбаъд ҳамкорӣ дар самти ташхис, пешгирӣ ва табобати сирояти нави коронавирус ва дигар бемориҳо идома дода шавад.

Рушди ҳамкории бахши тиҷоратию иқтисодӣ аз самти афзалиятнок арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки Қазоқистон дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҷои дуюм қарор дорад. Гардиши мол соли гузашта қариб 1 миллиард долларро ташкил дод.

Зарур шумурда шуд, ки минбаъд ба хотири таъмиқи ҳамкориҳо дар доираи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардад.

Тоҷикистон ҳавасмандии худро оид ба ҳамкорӣ бо Қазоқистон ҷиҳати рақамикунонии иқтисодиёт, инноватсия ва воридоти технологияи муосир, таъсиси корхонаҳо оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти маҳсулоти хуштамъу аз ҷиҳати экологӣ тоза ба Қазоқистон, ташкили марказҳои муштараки тақсими яклухти молу маҳсулот дар Тоҷикистон ва истифодаи мақсадноку пурсамари минтақаҳои озоди иқтисодии кишвари мо, изҳор дошт.

Дар соҳаи нақлиёт зарурати тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи роҳи оҳан ва дигар арсаҳо, аз ҷумла аҳамияти барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоӣ байни пойтахтҳои ду кишвар таъкид гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ, густариши робитаҳои илмӣ ва фарҳангию гуманитариро муҳокима карданд.

Ҷонибҳо доир ба зиёд намудани шумораи квотаҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои олии таълимии Қазоқистон ва ифтитоҳи муассисаҳои олии таълимии Қазоқистон дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

Зимни баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ҷаҳорчуби ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, вобаста ба вазъ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон, ҷонибҳо таҳкими ҳамкории муштараки сохторҳои амниятиро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, зарур шумурданд.

Дар охири мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари ҷавобӣ ба Қазоқистон изҳори сипос карданд.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон 20.05.2021

Вакти нашр: 2021-05-20 14:08:07    Хонданд: 78    Муфассал...

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон

Пас аз анҷоми музокироти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон имзо гузоштанд.

Сипас, дар ҳузури Сарони давлатҳо санадҳои зерин имзо карда шуд:

— Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди бемории сил;

— Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2021-2023;

— Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкориҳои фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон;

— Ёддошти қолабӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;

— Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи аэрокайҳонии Вазорати рушди рақамӣ, инноватсионӣ ва саноати эрокайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон;

— Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак доир ба таъсиси низоми тақсимоти молҳо.

Бояд гуфт, ки дар доираи ин санад доир ба таъсиси марказҳои низоми тақсими молҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон 45 миллион доллари ИМА ва дар маҷмӯъ барои татбиқи лоиҳаҳои соҳаи саноат наздики 500 миллион доллари ИМА маблағ ҷудо мегардад.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохуриро неку назаррас арзёбӣ карданд.

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон 20.05.2021

Вакти нашр: 2021-05-20 14:09:52    Хонданд: 102    Муфассал...

Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев

Бино ба даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев 19-20 майи 2021 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни музокирот, ки дар фазои боз анъанавии дӯстӣ, ҳусни тафоҳум баргузор гардид, сарони давлатҳо ҳолати муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон, дурнамои тавсеа ва таъмиқи равобити дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳоро баррасӣ карданд, инчунин перомуни масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар тӯли се даҳсолаи ахир Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон — Елбаси Нурсултон Назарбоев ба рушду таҳкими муносибатҳои бародарона ва дӯстонаи Тоҷикистон ва Қазоқистон саҳми бориз мегузоранд.

Ҷонибҳо рафти татбиқи тавофуқотеро, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон 15 марти соли 2018 ҳосил шудаанд, мусбат арзёбӣ намуда, бар аҳаммияти нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 19-20 майи соли 2021, ки ба густариши бештари ҳамкориҳои дуҷониба такони нав бахшид, таъкид карданд.

Сарони давлатҳо бо изҳори пойбандии доимӣ ба принсипҳо ва уҳдадориҳое, ки дар аҳдномаҳои асосҳои муносибат ва шарикии роҳбурдии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон сабт гардидаанд, ба мақсади ғанисозии бештари муколамаи байнидавлатӣ бар асоси эҳтиром ва дастгирии мутақобил, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ байни ду халқи бародар, бо шарҳи зер изҳор менамоянд:

Бо дарки амиқи масъулияти баланд баҳри ҳифзи робитаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, таъмини рушди пойдор ва шукуфоӣ дар тамоми минтақа азми қатъии худро барои минбаъд низ ҳаматарафа густариш додани муносибатҳои шарикии роҳбурдӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон таъйид намуданд.

Бо таъкид ба аҳаммияти муколамаи фаъоли сиёсӣ ҷиҳати рушди рӯзафзуни муносибатҳои дарозмуддат байни ду кишвар, ҷонибдори тавсеаи бештари робитаҳои боэътимод ва созанда дар сатҳҳои олӣ, баланд ва ғайра мебошанд.

Дар шароити ҳамагирии COVID-19 зарурати идомаи расонидани мусоидат ба ҳамдигарро барои рафъи оқибатҳои манфии он таъкид намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон барои расонидани ёрии башардӯстона дар соли 2020 изҳори сипос намуд.

Бо изҳори қаноатмандӣ тамоюлҳои мусбати рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро, ки яке аз омилҳои калидии пешбурди равобити Тоҷикистону Қазоқистон мебошанд, қайд карданд. Сарони давлатҳо ба ҳукуматҳои худ дастур доданд, ки равишҳои навро ба мақсади афзудани номгӯйи молҳо ва ҳаҷми тиҷорати дуҷониба дар панҷ соли оянда то ба 2 млрд. доллари ИМА таҳия намоянд.

Ба натиҷаҳои ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва Форуми сармоягузорӣ, ки моҳи марти соли 2021 дар Душанбе баргузор гардида буданд, баҳои мусбат доданд.

Натиҷаҳои ҷаласаи 3-юми Гурӯҳи кории муштарак роҷеъ ба афзоиш додани гардиши мол ва номгӯйи молҳои табодулшаванда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин омодагии тарафҳоро ҷиҳати таҳияи Харитаи роҳ барои афзоиши тиҷорати дуҷониба дар солҳои 2022-2023 истиқбол намуданд.

Ҷонибҳо дар бораи таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ барои коркарди ашёи хом то маҳсулоти ниҳоӣ дар заминаи корхонаҳои соҳавӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба тавофуқ расида, омодагии худро ба баррасии имконияти тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои мошинсозӣ, саноат, роҳи оҳан ва дигар навъи нақлиёт, зерсохтор, логистика ва дигар соҳаҳо таъйид карданд. Дар ин робита, аз имзо шудани Ёддошти тафоҳуми чорчӯбавии ҳамкорӣ дар соҳаи саноат истиқбол намуданд.

Бо дарназардошти таҷрибаи мусбати ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ изҳор доштанд, ки иқдомҳои заруриро ҷиҳати афзоиши табодули маҳсулоти кишоварзӣ ва ташкили марказҳои тақсимоти яклухт дар қаламрави ду кишвар анҷом диҳанд.

Ба дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қазоқистонро дар соҳаи рақамикунонӣ таъкид карданд. Тавофуқ карданд, ки тақвияти ҳамкориҳо дар ин соҳа ба ташаккули зинаҳои нави рушд ва афзоиши ҷаззобияти сармоягузории иқтисоди ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Бо дарки аҳаммияти ҳифзу нигаҳдории мероси муштараки таърихӣ ва фарҳангӣ изҳор намуданд, ки ҷонибдори густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ тавассути баргузор намудани рӯзҳои фарҳанг, намоишгоҳҳо, ҷашнвораҳо ва дигар чорабиниҳо дар кишварҳои якдигар мебошанд.

Аҳаммияти дастгирии минбаъда ва фароҳам овардани шароити мусоидро барои намояндагони диаспораҳои тоҷику қазоқ, ки дар наздик кардани мардумони Тоҷикистон ва Қазоқистон саҳми арзанда мегузоранд, таъкид намуданд.

Зарурати идомаи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро таъйид намуданд.

Таваҷҷуҳи муштарак ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла дар омода кардани мутахассисони соҳаҳои гуногунро изҳор намуданд. Ба мувофиқат расиданд, ки шумораи саҳмияҳои таҳсилӣ барои донишҷӯёни тоҷик ва қазоқ дар донишгоҳҳои ду кишвар ду баробар зиёд гардад.

Ба ҷонибдории густариши баъдии робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла таъсиси шаклҳои нави ҳамкории байнипарлумонӣ изҳори назар намуданд.

Аҳаммияти баргузории Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро, ки ба ҳифзи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эътимоди мутақобила дар минтақа мусоидат менамояд, таъкид карданд.

Ба мақсади додани такони тоза ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таъмини суботу амнияти минтақавӣ, омодагиро ҷиҳати бо кӯшишҳои муштарак суръат бахшидани имзои Шартномаи панҷҷониба дар бораи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ дар минтақа дар қарни XXI иброз намуданд.

Бо дарназардошти хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2021 аҳаммияти махсус доштани андешидани тадбирҳоро аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таъмини амният, пешрафти раванди сулҳ дар он кишвар ва бозсозии иҷтимоию иқтисодии он таъкид намуданд. Ба натиҷаҳои ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» 29-30 марти 2021 дар Душанбе баргузоргардида, инчунин ташаббуси Тоҷикистон дар бораи 13-14 июли 2021 баргузор намудани ҷаласаи навбатии Гурӯҳи тамоси “СҲШ-Афғонистон” дар сатҳи роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ баҳои баланд доданд.

Нақши махсуси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал (ББНА)-ро, ки созмони беназир ва абзори муҳим барои ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ, идоракунии об ва экологии ҳавзаи баҳри Арал мебошад, таъкид карданд. Ҷонибдории худро аз тақвияти ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, донорҳо, фондҳои экологӣ баҳри амалӣ намудани барномаҳо ва лоиҳаҳои мушаххас изҳор намуданд.

Президенти Қазоқистон омодагиро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби раёсати кунунии Тоҷикистон дар ББНА иброз дошт.

Тағйирнопазир будани мавқеи ҷонибҳоро роҷеъ ба дастгирии мутақобили ташаббусҳои байналмилалӣ ва ҷаҳонии тарафайн дар ҷаҳорчӯби СММ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба таъкид намуданд.

Роҳбари Қазоқистон ба раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар солҳои 2020-2021, инчунин ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об баҳои баланд дод. Ӯ аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 декабри 2020 қабул шудани қатъномаро зери унвони “Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028”, истиқбол намуда, ташаббуси Президенти Тоҷикистонро дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷонибдорӣ кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро дар бораи таъсиси Агентии байналмилалӣ оид ба амнияти биологӣ, ки тобеи Шӯрои Амнияти СММ буда, зимни иҷлосияи 75-уми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод гардида буд, дастгирӣ намуд.

Роҳбари Тоҷикистон авлавиятҳои муқаррарнамудаи раёсати Қазоқистон дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё (МҲТЭО) дар солҳои 2020-2022-ро тарафдорӣ намуда, изҳор дошт, ки дар рушди иқтидори МҲТЭО саҳм ҳоҳад гузошт.

Роҳбарони давлатҳо натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ карданд, ки натиҷаҳои он ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав баровардани равобити дуҷониба мутобиқи манфиатҳои аслии ҳар ду халқи бародар мусоидат хоҳанд кард.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуд ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват намуд, ки дар фурсати барояш муносиб ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафари ҷавобӣ анҷом диҳад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватро бо изҳори миннатдорӣ пазируфт. Таърихи сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳад шуд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти
Ҷумҳурии Қазоқистон
Қосим-Жомарт Тоқаев

Вакти нашр: 2021-05-20 14:12:01    Хонданд: 105    Муфассал...

Изҳорот барои матбуот оид ба натиҷаҳои музокироти Тоҷикистон ва Қазоқистон дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев дар Тоҷикистон

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Нахуст дар ҳузури Шумо ташрифи меҳмони гиромӣ Ҷаноби Олӣ Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон бори дигар хайрамақдам мегӯям.

Мо ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қазоқистон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем.

Итминони комил дорам, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯзаи сатҳи олии ҷонибҳо, ки  чун анъана дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди комил сурат гирифтанд, ба таъмиқу тавсеаи робитаҳои шарикии стратегии  ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар мусоидати ҳамаҷониба хоҳанд кард.

Хонумон ва ҷанобон,

Мо ба нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич Тоқаев ба Тоҷикистон аҳамияти калон медиҳем.

Музокироти имрӯзаро дар Душанбе мо ҳамчун идомаи мантиқии кӯшишҳои муштараки ҷонибҳо дар самти густариши ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар дар қолаби шарикии стратегӣ арзёбӣ мекунем.

Ба муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки ба асоси анъанаҳои устувори таърихӣ бунёд ёфтаанд, рӯҳияи дӯстии мустаҳкам ва эҳтироми мутақобила хос мебошанд.

Мо бо Қосим-Жомарт Кемелевич ҳаракати устувори ҳамкории мутақобилаи кишварҳоямонро ҳамчун ченаки сиёсӣ таъкид кардем ва ҷонибдории худро аз таҳкими минбаъдаи он изҳор намудем.

Аҳамияти рушди робитаҳои байнипарлумонӣ тасдиқ карда шуд.

Бастаи нави санадҳои имрӯз қабулшуда заминаи мӯътабари ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаи моро пурра мекунад.

Кишварҳои мо дар шароити душвори пандемияи сирояти коронавируси нав фаъолона ҳамкорӣ мекарданд.

Мо аз Қазоқистон барои кумаки башардӯстонаи соли гузашта ҷиҳати мубориза бо ин уфунат миннатдорем.

Бо дарназардошти вазъияте, ки имрӯз  дар Афғонистон ба вуқӯъ пайвастааст, дар ҷараёни музокирот ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус додем.

Имрӯз ин барои мо ва шарикони мо дар минтақа масъалаи рақами аввал аст.

Дар ин замина, дар бораи мушкилоти Афғонистон ба таври муфассал мубодилаи афкор кардем.

Афғонистон таърихан бо кишварҳои мо умумияти зиёд дорад.

Мо инкишофи вазъиятро дар ин кишвари бароямон бародар бодиққат пайгирӣ мекунем.

Тамоюли эҳтимолии бад шудани вазъро дар робита ба хуруҷи қӯшунҳои  эътилоф таъкид кардем.

Ҷонибдориамонро аз идомаи ҳамоҳангии наздик байни хадамоти махсус ва идораҳои соҳавиамон изҳор кардем.

Инчунин алоқамандии ҷонибҳо барои идомаи ҳамкорӣ дар қолабҳои  гуногун оид ба масъалаҳои мубориза бо таҳдидҳо ва чолишҳои глобалӣ тасдиқ карда шуд.

Дар ин замина, аҳамияти таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдори ду кишвар дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ қайд карда шуд.

Ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ яке аз ҷанбаҳои калидии муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошад.

Солҳои охир Қазоқистон дар байни шарикони асосии иқтисодии хориҷии Тоҷикистон ба таври мустаҳкам дар ҷои дуввум қарор дорад.

Қазоқистон аз рӯи анъана яке аз таҳвилкунандаҳои асосии ғалла, орд, газ ва маҳсулоти нафтӣ ба бозори Тоҷикистон мебошад.

Гардиши мол байни кишварҳои мо соли гузашта, сарфи назар аз пандемия, қариб як миллиард долларро (910 миллион) ташкил намуд.

Дар баробари ин, ҳанӯз имконот ва захираҳои азим барои тавсеаи муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ ва ҳамкории сармоягузорӣ мавҷуданд.

Дар арафаи ташрифи Қосим-Жомарт Кемелевичи муҳтарам дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни Форум як қатор қарордодҳои калон ва ёддоштҳои тафоҳум имзо шуданд, ки ба афзоиши муомилоти дуҷонибаи мол ва тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мазкур равона карда шудаанд.

Барои густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дар бахши агросаноатии иқтисоди Тоҷикистон, дар соҳаҳои энергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ, истихроҷи маъдан ва коркард, технологияҳо, инчунин дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия имконоти калон мавҷуданд.

Ҷониби Тоҷикистон инчунин ояндадор будани таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва содироти минбаъдаи онро ба бозорҳои Қазоқистон ва кишварҳои сеюм зикр кард.

Дар ин замина, масъалаҳои таъсиси Марказҳои тақсимоти яклухт (МТЯ) дар минтақаҳои Тоҷикистон бо иштироки сармоягузории Қазоқистон дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон стратегияи рушди босуръати бахши саноатии иқтисоди кишвар татбиқ карда мешавад.

Дар робита ба ин, мо чунин мешуморем, ки тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамгироии саноатӣ ба равобити тиҷоратӣ ва иқтисодии ҷонибҳо такони нав хоҳад бахшид.

Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки  пешниҳодҳои ҷониби Қазоқистонро оид ба ташкили истеҳсолоти муштараки маҳсулот дар соҳаҳои гуногуни саноати Тоҷикистон, аз ҷумла маҳсулоти барои содирот нигаронидашуда баррасӣ кунад.

Ба масъалаҳои густариши робитаҳои фарҳангӣ ва башарӣ таваҷҷуҳи дахлдор зоҳир карда шуд.

Аҳамияти тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм ва маориф, фарҳанг ва санъат ҳамчун шарти муҳими нигоҳ доштани робитаҳои неки таърихӣ, ки  байни ду халқ ба вуҷуд омадаанд, таъкид карда шуд.

Дар масъалаи бар асоси мутақобила зиёд кардани шумораи квотаҳои таълимии ҳамасола пешниҳодшаванда мувофиқа ҳосил шуд.

Дар ҷараёни музокирот масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар миқёси минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин мушкилоти обшавии пиряхҳо баррасӣ шуданд.

Кишвари мо бо ташаббуси эълон кардани соли ду ҳазору бисту панҷум (2025)- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, инчунин ташкили Фонди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баромад кард.

Зарурати ҳамкории фаъол дар самти пешбурди ин ташаббусҳо қайд карда шуд.

Ҷониби Тоҷикистон ба натиҷаҳои сафари Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, ки ба муносибатҳои шарикии стратегӣ ва дӯстии Тоҷикистон ва Қазоқистон такони иловагӣ бахшид, баҳои баланд медиҳад.

Ва ҳоло ман мехоҳам бо камоли мамнуният суханро ба Қосим-Жомарт Кемелевич диҳам.

Марҳамат.

***

Ташаккур, муҳтарам  Қосим-Жомарт Кемелевич,

Ман дар нахустин имконияти муносиб бо камоли мамнуният даъвати Шуморо барои анҷом додани сафар ба сарзамини Қазоқистони бародар истифода хоҳам кард.

Бо ҳамин нишасти матбуотии мо ба анҷом расид.

Вакти нашр: 2021-05-20 14:13:43    Хонданд: 93    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "БУНЁД"-И КОРХОНАИ ДАВЛАТИИ ФАРЪИИ "БАҚАЙДГИРИИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ" ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар маҷлиси ҳизбӣ Шоҳиён Абдураҳим - Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ, Мирзораҳим Толиб - Директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар шаҳри Душанбе ва як қатор аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ дар баромади худ аз нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ намудани ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, инъикоси руйдодҳои муҳими сиёсию фарҳангии кишвар, тарғиби идеологияи солими миллӣ, вобаста ба масъалаҳои корбариву коргузорӣ, ҳаракати аъзои ҳизб, интизоми намунавии ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ суханронӣ намуданд.

Инчунин оид ба ҳадафҳои стратегии кишвар ва саҳм гузоштан ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва вазъӣ сиёсии ҷомеаи ҷаҳони имрӯза баромад намуданд.

Вакти нашр: 2021-05-20 14:44:42    Хонданд: 90    Муфассал...

ФОРУМИ ШАҲРИИ ҶАВОНОН ТАҲТИ УНВОНИ - «МУҚОВИМАТ БА ИФРОТГАРОӢ ОМИЛИ РУШДИ БОСУБОТИ ҶОМЕА»

Бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми шаҳрии ҷавонон таҳти унвони «Муқовимат ба ифротгароӣ омили рушди босуботи ҷомеа» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ суханронӣ намуда, роҷеъ ба муқовимат нисбати ифротгароӣ, гаравидани баъзе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, пешгирии ин падидаи номатлуб, афзунтар намудани корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ миёни омма, дастовардҳои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи пойтахт ва ҷумҳуриро ба иштирокдорони форум ёдрас намуда, зикр карданд, ки ҷавонон - ҳамчун неруи тавоною созандаи миллату давлат мебошанд.

Дар ҳамоиш, ҳамзамон муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардори Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва чанде дигарон дар мавзӯъҳои гуногун оид ба муқовимат ба ифротгароӣ, вазъи ҷинояткорӣ, саҳми ҷавонон дар пешгирӣ ва мубориза алайҳи ифротгароӣ, нақши ҷавонон дар рушду такомули ҷанбаҳои хоҷагии халқи мамлакат суханронӣ карданд.

Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарият ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбию миёнаи касбӣ ва ҷавонони фаъол ширкат варзиданд.

Дар фарҷом миёни иштирокчиёни ҳамоиш музокира ва саволу ҷавобҳо сурат гирифт.

Вакти нашр: 2021-05-20 14:52:40    Хонданд: 123    Муфассал...

Кумак ба оилаҳои ниёзманд ва ҷавонони имконияташон маҳдуд.

Дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Мансурхонова Найма, дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба 8 нафар оилаҳои эҳтиёҷманд, маъюбон ва ҷавонони имконияташон маҳдуд кумаки моддӣ аз қабили маводҳои хурока расонида шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар сиёсати пешгирифтаи Cарвари давлатамон масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон яке аз самтҳои афзалиятнокро ишғол намуда, Ҷаноби Олӣ ҳамеша нисбати ин қишри ҷомеа ғамхории махсус зоҳир менамоянд. Тавре Раиси муаззами ҲХДТ таъкид намудаанд: «...мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем».

Чунин иқдомҳои хайриявӣ пайваста аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи иду ҷашнҳо амалӣ карда мешавад.

Вакти нашр: 2021-05-20 15:01:36    Хонданд: 101    Муфассал...

ОЗМУНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ «МО БО ШУМОЕМ» БО ИБТИКОРИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси дастуру супориши роҳбарияти олии ҳизб бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҷавонони болаёқат, қишрҳои осебпазири ҷомеа, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, ташвиқу таблиғи ғояҳои созандаи ҳизб санаи 20 майи соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе даври аввали озмуни ноҳиявӣ таҳти унвони «МО БО ШУМОЕМ» доир гардид.

Дар озмун роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ, Исҳоқӣ Ҳусния - муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Озмуни мазкур ба хотири дарёфти истеъдодҳо аз ҳисоби шахсони имконияташон маҳдуд аз рӯйи 3 номинатсия: маҳорати суханварӣ ва қироати шеър, маҳорати сурудхонӣ ва маҳорати навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ баргузор карда шуд:

Иштирокчиёни озмун кӯдакон ва наврасони имконияташон маҳдуди синни аз 6 то 18 сола буда, маҳорати баланд ва истеъдоди худро ба ҳозирин бо табъи хубу болида муаррифӣ намуданд. Ғолибони озмун аз ҷониби ҳакамон барои ишғоли ҷойҳои намоён муаяйн гардида, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои молӣ, инчунин ҳамаи иштирокчиёни озмун низ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Вакти нашр: 2021-05-20 17:45:52    Хонданд: 74    Муфассал...

Маҳмадтоир Зокирзода бо Қосим Жомарт Токаев мулоқот намуд

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон  Қосим Жомарт Токаев мулоқот намуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар тамоми арсаҳо баррасӣ шуданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон  зимни  нишаст таъкид намуд, ки халқҳои Тоҷикистон ва Қазоқистонро анъанаҳои таърихии дӯстӣ, эҳтироми тарафайн ва муносибати бениҳоят хайрхоҳона ба ҳам мепайванданд.

Дар ноил шудан ба чунин сатҳи муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон, албатта, хидмати бузурги Пешвои миллати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти нахустини Қазоқистон — Елбаси, Нурсултон Абишевич Назарбоеви муҳтарам калон мебошад.

«Дар тӯли солҳои истиқлол ҳамкории кишварҳои мо дар тамоми соҳаҳои муҳимтарини ҳаёт босуръат рушд карда истодааст. Чаҳорчӯбаи ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки зиёда аз 100 санадро дар бар мегирад, тақрибан тамоми ҷанбаҳои ҳамкории моро фарогир аст. Аз ҷумла, Созишнома дар бораи асосҳои муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз соли 1993, Эъломия дар бораи рушди минбаъдаи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз соли 2000 ва албатта, Созишнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар соли 2015 ҳуҷҷатҳои бунёдии муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар мебошанд»,-баён дошт Маҳмадтоир Зокирзода.

Мавсуф ҳамчунин иброз намуд, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ки аъзои он мебошанд, ҳамкории зич доранд. «Боварӣ дорам, ки парлумонҳои мо метавонанд дар таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарӣ саҳми сазовор гузоранд»,-гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон муносибатҳои самимонаи дӯстонаро дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар шакли бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалии парлумонӣ ва пеш аз ҳама, дар фаъолияти Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ ва Ассамблеяи парлумонии СААД  густариш медиҳанд.

Бо мақсади рушду таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷониба байни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Маҷлиси Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон дар парлумон Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис дода шудааст.  Дар ин замина, Маҷлиси намояндагон омодагии худро барои тамоси доимӣ байни Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Маҷлиси Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон изҳор менамояд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи азми минбаъдаи хеш баҳри таҳким ва ғанӣ гардонидани робитаҳо дар самти башардӯстона, ки ҳоло далели равшани сатҳи баланди алоқаҳои мавҷудаи таърихии маънавию фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон маҳсуб мешаванд, изҳори назар карданд.

АКС аз  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ

  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Вакти нашр: 2021-05-20 17:58:23    Хонданд: 77    Муфассал...

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуд

Имрўз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода мулоқот намуданд.

Аснои мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрамро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, оид ба баланд бардоштани нақши Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷўҳ ибрози назар намуданд.

Ҷонибҳо тақвият бахшидани ҳамкориҳои иқтисодиро маъсус таъкид намуда, оид ба истифодаи имконоти то ҳол истифоданашуда ва зарфиятҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Табодули таҷриба дар самти пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 ва рафъи паёмадҳои манфии он ба иқтисодиёти ду кишвар низ дар маркази таваҷҷўҳи тарафҳо қарор гирифт.

Дар вохўрӣ ҳамчунин масъалаҳои муҳими дуҷонибаву бисёрҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, барои тақвият бахшидани ҳамгироӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён шуд.

Вакти нашр: 2021-05-20 18:00:09    Хонданд: 113    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаевро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гусел намуданд

Рӯзҳои 19-20 май Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд.

Дар доираи сафар меҳмони олиқадр бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони воломақоми Тоҷикистон мулоқоту вохӯриҳои судманд анҷом доданд.

Аз руи натиҷаи сафари бобарор 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки омили муҳиму таконбахши таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии ду кишвар гардид.

20 май сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон ба анҷом расид.

Нимаи дуюми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми хос Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро самимона гусел карданд.

Президенти кишвари дӯст муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо изҳори сипос аз меҳмоннавозии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таассуроти нек аз ин сафари бобарор аз шаҳри Душанбе ба ватан баргаштанд.

Гусели Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 20.05.2021

Вакти нашр: 2021-05-20 18:01:44    Хонданд: 104    Муфассал...

«ҲАМПАРИ ШАҲБОЗУ СОҲИРИ МУМТОЗУ ОШИҚИ ЗАМЗАМАПАРДОЗ». Эътои Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона ба 80-солагии устод Лоиқ

Имрӯз,  20 май,  ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ  Устод Лоиқ Шералӣ 80 сол пур  шуд. Имрӯз дар саросари Тоҷикистон маҳфилҳои адабӣ, ҳамоишҳои ёдкарди шоири шаҳири тоҷик ва қироати шеъри ноби ӯ доир гардиданд. Имрӯз дар забони пиру барнои Тоҷикистон номи Лоиқ гардон аст.

Яке аз шогирдони устоди зиндаёд, шоираи маҳбуби тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона ин навиштаи худро ба Лоиқ Шералӣ бахшидааст.

 Дар дунё мафоҳиме ҳастанд, ки мӯҳлати ҳаёташон барои ҳамеша тамдид шудааст ва офтобу моҳу осмону замину кӯҳу дарё ва аносире амсоли ин дар ҳамин шуморанд. Дар миёни ин ҳамешатаринон, бо он ки умри ҷисмашон сипарӣ гаштааст, бузургони олам низ қарор доранд, ки бо осору афкори беғуруби худ ҳамраҳи имрӯзиёну фардоиён ба зиндагӣ идома мебахшанд. Замоне, чун ба бузургону саромадону сарҷаридагони шеъри Аҷам меандешидем, бо ном бурдани чанд пешвои муаззам аз Одамушшуаро Рӯдакӣ то Аллома Иқболи Лоҳурӣ иктифо мекардем. Ҳоло дар ин ҷадвали муборак исми хуҷастаи нобиғагони ҳамрӯзгори мо низ сабт шудааст, ки устод Лоиқ Шералӣ “чун ёқути сурх дар миёна” аст.

Шеъри устод Лоиқ бо тозакории бешабоҳати сувариву ҷавҳарӣ, бо растохезҳои пиндору андеша, бо суннатгароиву суннатшиканиҳои диловарона, бо ишқу ормону башорату иршодҳои шоиронаву ошиқона, бо ҷазаботи инсониву кайҳонӣ, бо пояҳову мояҳои милливу башарӣ – бо рӯҳи фотеҳи офоқгираш дили мову шуморо фатҳ кардааст. Шоирони донишвару рамзошно кам нестанд, аммо “маҳбубият” ҷоизаест, ки воҳидеро аз ҳазорон насиб меояд. Яке қабули хос асту дигаре қабули ом ва кам иттифоқ меафтад, ки нафари офтобишамъе аз фарш то арш ҳамаро мунаввару мусаххар созад. Устод Лоиқ ҳамон падидаи истисноист, ки бо рабоиши бузурги инсониву шоириаш дилҳои ҳамагонро дар инҳисори муҳаббат нигоҳ медорад. Ончунон нигоҳ медорад, ки баъди ин ҳама соли даргузашташ низ халқи шоиршинос бо таъбири ҳазрати Ҳофиз дили худро  саропардаи муҳаббат ва дидаашро ойинадори талъати ӯ медонад.

Устод Лоиқ риндтарину порсотарин, мағруртарину ботавозӯътарин, миллитарину ҷаҳонитарин, куҳанпазиртарину навгаротарин, собиттарину тундмаҷротарин, хештарину ошнотарин, имрӯзитарину фардотарин Шоири аҷам аст, ки тоза ба тоза, нав ба нав ба мову шумо дуруд мегӯяд. Устод Лоиқ (дар назари ман) девони пирӣ надорад, ҳамаи офаридаҳои ӯ девони ҷовидони ҷавонист, ки ба ҷонҳои пазирандаи мо башорати ҷовидонии ишқ мебахшад.

Ӯ дар тамоми жанрҳову шаклҳои куҳану нави шеър тозакориву ибдоъ кардааст. Ба ташрифи устод Лоиқ ба қаламрави сухан ғазал комилан дигаргуна шуд, рубоиву дубайтӣ ҳам, шеъри чаҳорпора ҳам, фард ҳам. Қасида бо дӯшбори дигар ба зиндагии мо омад, шеъри сафед дар коргоҳи таҷриба дар ҳоли озмоиш қарор гирифт, шеъри нимоӣ нашъунамои беқиёс ёфт. Аммо ҳолиё дар ин оғознома мову шумо ба сарнавишти ғазал меандешем.

Ғазал ҳанӯз мезист. Дар охири солҳои панҷоҳуму оғози солиёни шастуми садаи бист ҳам бо азият мезист мисли дарахти ҳазорсолае, ки баъди таҷаммулу рифъати дӯшин, инак, ҳар сулулаш зиндагиро падруд гуфтааст ва дубора маҷоли ба фарвардин пайвастану ҷавона бастан надорад. Лоҳутӣ даргузашта буд ва касе ғазалҳои лоҳутӣ намесуруд. Ғазал чун таҳмондаи зиндагии кӯҳна гӯё ҳукми эъдом гирифта буду ба самти нестӣ сафар мекард. Гӯё бо рафтани Мавлонову Саъдиву Ҳофизу Камолу Ҷомиву Бедилу пешкорони дигар зиндагонии ғазал низ хотима ёфт. Воқеан, ғазал, ки мисли мусиқии офтоб бо пайки афифи осмонияш даҳ қарни мозиро афрӯхта буд ва ҳолиё низ дар кишварҳои ҳамзабон рисолати беғуруб дошт, барои иншову ифшои ормонҳои сусиёлистӣ носозгор монд. Шояд барои он ки оғӯши ғазал пур аз гулу булбулу шамъу парвонаву тубову сабову ғизолони раънову шаробу соқӣ буд. Ҳатто шоири навгарову навсарое чун устод Лоҳутӣ барои бозгӯи дардҳои иҷтимоъ гоҳе булбулу парвонаи қадимро ба ёрӣ мехонд:

Фақат сӯзи диламро дар ҷаҳон парвона медонад,
Ғамамро булбуле, к-овора шуд аз лона, медонад.

Оби бақое мебоист, ки дар решаву бунёди ғазал мерехтанду ин пири беояндаро ҷавониву барозидагӣ мебахшиданд. Ва дар ҳамон рӯзгор садои ҷавони бистудусолае, ки фатвои азизони ҳазорсоларо гирифта буд, дили ниммурдаи ғазалро чун дили ғофили ҳамзамононаш ба тапиш овард:

Гар ба овози дили ман ту ҳамовоз шавӣ,
Гар ба оҳанги вафо замзамапардоз шавӣ,
Дасти ман гириву бар ҷониби оянда равӣ,
Садди чинӣ шиканӣ, соҳири мумтоз шавӣ.
Чун гияҳ ишқи ман аз ноз гияҳмол накун,
То маро ҳамқалами номаи эъҷоз шавӣ.
Лоиқ аз ишқи ту парвард дили чун шаҳбоз,
Бо умеде, ки ту ҳам ҳампари шаҳбоз шавӣ.

Лоиқ Шералӣ – ин ҳампари шаҳбозу соҳири мумтозу ошиқи замзамапардоз нахустин ғазалашро чун рисолатномаи шоирӣ ба имрӯзиён боз намуд: яъне дасти шеърро гирифтану ба фардо бурдан! Шеърро, ки мисли тифли домансавор аст ё пири бемадор. Ва ин ҷавони диловари наворзу пайки ростон буд, ки аз рафтаҳову ояндаҳо хатти эъҷоз овардааст.

Мисли Масеҳо, ки бо дуъои Исми аъзам мурдаҳоро зинда мекард, устод Лоиқ низ бар қолаби беравони ғазал ҷони рамидаро боз овард. Ин таҷаддуд чӣ сон муяссар шуд? Устод Лоиқ аз пайи муршидаш устод Мӯъмин Қаноат бо нахустин таронаҳояш маҷрои шеъри муосирро, ки бо шеваи мутантан ва рӯҳи пурсурури мавсимиву тақвимӣ мавҷгардон буду гоҳе таназзулро пешравӣ мепиндошт, ба самти ростин гардиш дод. Ҳодии иршоди ӯ ба ҷуз устодон Турсунзодаву Қаноат, Мавлонову Хайёму Саъдиву Ҳофизу Соибу Иқболу дигар ниёгони қибланамо буданд. Аз паси симхорҳову садду сарҳадҳо ӯ паёми ошнои Маликушшуаро Баҳору Нодирпуру Ахавони Солису Халилуллоҳи Халилиро низ мешунид. Яъне устод Лоиқ аз рӯзгори Рӯдакӣ то имрӯз дар ҷуғрофиёи бузурги шеъри форсӣ сайру сулук мекарду ҳамзамон ашъори Ҳутеву Ҳейне, Пабло Нерудаву Есенинро низ барои ҳамватанон тарҷума менамуд. Ӯ алифбои ниёгонро нек омӯхта буд ва он қадар шеър аз бар кард, ки кам касеро ҳамсабқатии ӯ муяссар мешуд. Ӯ ончунон фарҳангҳои мӯҳташами қадиму ҷадидро фаро гирифта буд, ки худаш низ дар чашми муосирон чун қомуси бузурги забони тоҷикӣ боазамат гардид. Ӯ калимоти нодиреро, ки дар фарҳангҳо кампайдо буд, дар лаҳза тавзеҳ медод ва бурҳон меовард. Забони зиндаи халқро, ки ганҷи шойгон аст, бо муҳаббати азим меандӯхт ва чун ганҷури ин хизона калимоти хушояндро ба қаламрави шеър мебурд. Ӯ он қадар дубайтиву рубоиву таронаҳои халқро ҳифз карда буд, ки шумор надошт мисли баргҳои дарахту қатраҳои дарё. Аммо фақат бо ҳамин фазоил намешавад фатҳи дилҳо намуд. Устод Лоиқ шоири фитративу ҷавҳариву зотӣ буд, ки бо шӯру ҷунуну тӯфону туғёнҳои гармҷӯшу поксурӯшаш, бо каломи содаи бепечу хаму безинату бепирояву бемаҷозу истиорааш мисли нигоҳи тифл, нигоҳи дарё, нигоҳи осмон ҳамаро тасхир кард. Илми ладунниву пайки ғайбу илҳоми шуҳудиву фитрати ҷибиллӣ раҳкушояш буданд, ки ӯро ҳамеша ба арсаи ибтикору тозакориву навиву ибдоъ мехонданд. Бо ин содагӣ сухан гуфтану андешаҳои муаззаму мӯҳташамро оинадорӣ кардан кори сода набуд. Мо муродиф омадани бузургиву содагиро дар сурудаҳои ӯ айни эъҷоз мешуморем. Аммо ин ҳама ҳам кофӣ нест барои дилёбиву маҳбубӣ. Чунон ки ҷони ҷаҳон ишқ аст, ҷони сухан ҳам ишқ аст. Ишқу самимияти одамрабои устод Лоиқ, ки аз роиҳаи домони модару ҳар қатраи оби чашмаи Нийяту ҳар пораи санги кӯҳи Чилмеҳроб оғоз ёфта буд, ончунон густарда шуд, ки тамоми Тоҷикистону Эрону Аврупову Африқову ҳама ҷо, ҳама ҷоро фаро гирифт. Ва ҳамин ишқ ӯро маҳбубияти ҷовидона дод. Ҳамин ишқи осмонмасоҳат ғазалҳои ӯро зинда кард, дубайтиву рубоиҳои ӯро чун бӯи мушк дар назду дур пароканд, тамоми ашъори ӯро тапиши сабзи зиндагӣ бахшид, дилу нигоҳи ӯро дурпаймову нурпаймо намуд:

Ишқ дар дил шӯълаи субҳи саодат будааст,
Ошиқӣ эҳсоси бахшишҳои қисмат будааст.
Дар ҷавонӣ ишқ буду давлати дунё набуд,
Ин ҳама бедавлатиҳо хуб давлат будааст.

Устод Лоиқ, ки, бешак, сарҷаридаи ғазали имрӯз аст, қариб ҳазор ғазалро мавзун намудааст. Теъдоди ғазалҳои марҳалаи аввал, ки то солҳои 80-ум сурудааст, бисёр нест ва мӯҳтавои онҳо нахустбардоштҳое аз зиндагӣ ва ангезаҳои ишқу ҷавониву парвозҳои зебоянд:

Боз ошиқ шаваму зиндагӣ аз сар гирам,
Раҳи дерин бигузорам, раҳи дигар гирам.
Боз як бори дигар тозаҷавонӣ бикунам,
Баҳри ҷонон зи фалак лолаи ахтар гирам.

Аз солҳои 80-ум то оғози ҷанги дохилӣ ғазалҳои устод Лоиқ аз офтоби фалсафаву ирфону ҳикмат шаъшаа ёфтаанд ва афкору пиндорҳои олии шоири воломанишро маҳмилкашӣ кардаанд:

Чу як пири хирад мирад, бимирад ҷумла осорам,
Чу як ҳамсоли ман мирад, гаронтар мешавад борам.
Дарахте бишканад, гӯӣ миёнам бишканад, эй дод,
Чу фикре барғалат бошад, шавад афгор афкорам.

 Ғазалҳои охирини ӯ, ки аз соли 1992 шурӯъ мешаванд, номаи дарду ормону сӯгҳову сӯзҳои нотамоми ӯст ба номи мову шумо – инсонҳои имрӯзу фардо, ба кабиру сағири ин кишвари захмдида, ба равшанинисорону зулматтаборон, ба созандагону барозандагон, ба бефарону фарҳехтагони Ватан, ба муршидони тамаддунофаре, ки ин миллати бузургро пайваста ба мақоми саломат мебаранд:

  Раҳми Парвардагори мо омад,
  Нури Ҳақ бар диёри мо омад.
  Ҷанги девонавори мо бигзашт,
  Сулҳи деринтизори мо омад.

 Ибтикори устод Лоиқ на дар авзону буҳуру радифу қавофиву дигар аносири зоҳирӣ, балки дар навии нигоҳу пиндору афкор ва маъниву ҷавҳару мояву лояи ғазал аст. Чун ғазал аз ду лояи муҳим – забон ва андеша иморат мешавад, тозакории устод Лоиқ дар ҳамин заминаи бунёдӣ дурахшон аст. Ӯ маъмултарин баҳрҳои вазни арӯзро истифода мекунад ва дар инҳисори ғазал рӯшантарин ҳуруферо мегӯяд, ки ҳамеша медонистему ҳеҷ гоҳ намедонистем. Яъне ин ҳама ҳолот ба мо ошно буд, аммо, намедонистем, ки онро мешавад чунин зебо забон бахшиду мусаввар кард.

Устод Лоиқ бо сабки хуросонӣ месарояд бо шеваи Рӯдакиву Фирдавсиву Фаррухиву Анварӣ ва раҳораҳ тапишу ҷунуни Мавлонову ҳикмату шаҳомати Ҳофизро, ки гулбонги паҳлавию мақомоти маънавияшон садои дили инсони имрӯз ҳам ҳаст, дармеёбад. Ӯ ҳаргиз кӯшиши офаридани ғазалҳои «модерн» накардааст, зеро бо тамоми таҷрибаозмоиву тозаписандӣ эҳсос намудааст, ки ғазалҳои неоклассикиву навшамоил ба табиат ва бунияти хонандаи муосир зуд ошно нахоҳад шуд ва чун падидаи булъаҷаб ба сиришти ӯ бегонаву номаҳрам хоҳад монд. Ғазали устод Лоиқ рисолати бисёр васеъ дорад, ки ба завқҳои осмониву заминӣ, ба манзарҳои хоссу ом, ба дилҳои хурду бузург баробар хидмат мекунад. Ҳар толибе аз бори ин дарахт ширинком мешавад, зеро меваҳои шаккаровез дар фарози шохсор ҳам мунавваранду дар замин ҳам рехтаанд. Зуҳури чунин ашъору чунин шоирони бузургмасоҳат зарурати таъриху армуғони тақдир аст, ки рӯҳонияти кулли ҷомеаро сууд диҳанд, вагарна рисолати шоирони аршисухану хоспарвар маҳдуду масдуд аст.

Устод Лоиқ, ки бо ҷаҳоншиносӣ, инсоншиносиву забоншиносии мушаххаси худ қитъакушоеро мемонд, дар нашъату нузҳати забони адабии имрӯз низ парчамафроз аст. Ӯ аз истифодаи фаровони калимоти ғайритоҷикиву бегонаасл парҳезгорӣ менамуд ва бо эҳтиёт калимоти қадими тоҷикиро зинда месохт мисли гӯрӣ, пижвок, ниҳеб, гулпиро, забола, кинатӯз, барзан, ҳолгардон, айдун, шеравжан, зарабон, сарбузург, сарвода, патёра, нак, ниҳолӣ, чакод, анбоз ва ғайра, ки зуд дар забонҳо менишастанду имрӯзин мешуданд. Устод бо эҳтирому эҳтиёти бештар вожаҳову таркибҳои шодоберо аз забони зиндаи халқ ба матну батни ғазал медаровард ҳамчун шириншамоил, аҷалгиёҳ, дӯлобӣ, сагманаҳ, чахмохсанг, одамқимоб, ҷойгаштак, пӯстғафс, пӯстак, сустаку мустак, лак-лак, хода, дидор дар қиёмат, наҳ задан, дӯғ задан Ва дар баробари ин бо нерӯи халлоқӣ вожагони нав меофарид амсоли хоҷадавлат,  худбудагӣ, чашмобдеҳ, зарлавҳ, бехурӯсӣ, батарҳол, нарговдӯш, золигарӣ, шӯрчашм, ошнорӯ, ҷанозафурӯш ва ғайра, ки хосси ҳар шоири соҳибсабку соҳибмактаб аст.

Пайдост, ки ҳар нухбаву нобиғае дар баробари сарбузургу пешгоми ҳунар буданаш пешвову фардонамои кулли инсонҳост. Устод Лоиқ бо шахсият ва ҳайсияти боазамату шукӯҳмандаш миллати моро иззату шараф ва ному давом бахшид. Чунон ки баъди ҳазору чанд соли даргузашти Одамушшуаро Рӯдакӣ пасовандони аслбохтае ҷурми ӯро мешумаранду ӯро барои шоири дарбор буданаш накӯҳиш мекунанд ва ашъорашро ибтидоӣ талаққӣ менамоянд, чунон ки инкорҷӯёне Хайёмро майхораву Атторро беқайду хилофандеш, Низомиро ботилақоид мепиндоранд, мумкин аст, ки имрӯзиёну фардоиёни ғафлатпаноҳе ба бузургии устод Лоиқ ҳам хати бутлон задан хоҳанд, аммо он муддаиён дигар аз ин муҳосираи қавӣ раҳоӣ надоранд: Зеро кӯдакашон ҳам дар гаҳвора сурудаҳои Лоиқро тараннум мекунад, ровӣ ҳам дар симо чакомаҳои Лоиқро мехонад, дар родиои автобусу таксӣ ҳам таронаҳои устод фазоро фатҳ месозад, дар ҷашну суру зодрӯзашон ҳам соқиён шеъри устодро мегӯянд, дар кӯчаҳо ҳам қадам ба қадам шиору овезаҳое бо матни устод медурахшанд.

Аслан инкори бузургон шеваи «бузургманишон»-и муҳаққар аст, ки бетардид ба нокомӣ меанҷомад. Аммо устод Лоиқ бо нубуғи беғурубаш фориғ аз ин қилу қол дар чакодҳои сухан ошён ниҳодааст ва ҳамеша уруҷ мекунад ба фарозҳои зебои номусаххар, ба қуллаҳои мағрури хуршедкулоҳ, ба имрӯзҳои фурӯзонфару ояндаҳои шодигустар, ба баландии рӯҳи инсонҳо. Ва аз ҳамон минбари офтобӣ нидои поки ӯ имрӯзу ҳамеша табли бедорӣ хоҳад зад:

  Ман он наям, ки бим зи рӯзи аҷал кунам,
   Ё шиква аз муаллифи нақши азал кунам.
   То сафҳаи замона зи номам тиҳӣ шавад,
   Як сафҳаи замонаро пур аз ғазал кунам.

                                                                                                                                                       ФАРЗОНА,
                                                               Шоири халқии Тоҷикистон,
                                     барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ

Вакти нашр: 2021-05-20 18:03:53    Хонданд: 105    Муфассал...

МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба муносибати зодрӯзи ситоишгари Ватан, модар ва забони модарӣ Лоиқ Шералӣ

Имсол барои мардуми тоҷик соли махсус мебошад. Зеро Тоҷикистон сиюмин солгарди Истиқлоли худро пешвоз мегирад. Ин бузургтарин ҷашни миллии мо мебошад, ки номи кишвари мо-Тоҷикистонро ҳамчун ҷузъи таркибии ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Масарратбахш аст, ки дар доираи ин  ҷашни хуҷаста ва ҳумоюн фарзандони фарзона ва барӯманди тоҷик, аз ҷумла устод Мирзо Турсунзода (110 сол) – шоири сулҳу озодӣ,  устод Сотим Улуғзода (110 сол) – эҳёкунандаи чеҳраҳои муҳими таърихӣ (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Виркану Наниманча, Аллома Адҳам, Аҳмади Дониш) ва Лоиқ Шералӣ (80 сол) – шоири озода ва дилдода зода шуда, ҷашни истиқлоли моро шукӯҳу азамати хоса ва рангу таровати тоза мебахшанд.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин соли таърихӣ дар  баробари маҷмӯаҳои шеър ва намунаҳои насри  устодон Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода, инчунин дар сатҳи муносиб таҷлил кардани ин санаҳои таърихӣ дар  сатҳи ҷумҳуриявӣ конференсияҳои илмӣ баргузор намуда, мақолаҳо ва монографияи бахшида ба ҳаёту фаъолияти онҳоро ба сурати алоҳида чоп намуд.  Гулчини ашъори Мирзо Турсунзода бо номи «Ҳамеша бо Ватан будам»  ва маҷмӯаи мақолаҳои Абдухолиқ Набавӣ «Ду чеҳраи дурахшони адабиёти тоҷик»  (Турсунзода ва Улуғзода) ба ин гувоҳанд.

Ҳамчунин маҷмӯаи «Машъалдори шеър» низ аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба чоп расид, ки он аз чор бахш таркиб ёфта, фарогири таҳқиқоти донишмандони тоҷик ва хориҷӣ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии устод Лоиқ мебошад. Чунин нигоштааст  дар пешгуфтори маводи ба АМИТ «Ховар» манзурнамудаи худ академик Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Дар зимн матни пурраи андешаҳои муаллиф пешкаши хонандагон гардонида мешавад.

-Маълум аст, ки шеъри Лоиқ ҳам дар  замони ҳаёташ ва ҳам баъди маргаш дар нақди адабии тоҷик ба таври муфассал таҳқиқ шудааст. Ин  аз он гувоҳӣ медиҳад, ки устод Лоиқ яке аз машҳуртарин шоирони муосири тоҷик мебошад. Аз ҷумла, хидматҳои устод Лоиқро дар адабиёт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” ба таври ҳаққонӣ арзёбӣ кардаанд: «Аз нимаи солҳои шастум адабиёти моро ҷустуҷӯҳои нави эстетикӣ, рӯҳияи худогоҳӣ,  талқини ҳофизаи таърихии халқ, хусусан арзишҳои маънавӣ сар то по фаро гирифт. Ба адабиёт рӯҳи нав дамид. Дар ин миён лозим медонам хизматҳои пурарзиши шодравон Лоиқ Шералиро дар талқини шуҷоати адабӣ, рӯҳи миллӣ ва ватандорӣ, ситоиши модар ва забони модарӣ,  эҳёи бисёр суннатҳои шеъри оламгири мо бо сипосу эҳтироми хосса ёдовар шавам».

ДАР АКС: 28 марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Панҷакент муҷассамаи Лоиқ Шералиро ифитоҳ намуданд. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Мо дар асоси ҳамин гуфтаи Пешвои миллат баъзе аз нуктаҳои ашъори ғановатманди устод Лоиқро мавриди баррасӣ қарор хоҳем дод.

 Ҷустуҷӯҳои нави эстетикӣ

Устод Лоиқ бо шеъри «Ном» (1959) ба арсаи адабиёти муосири тоҷик қадам монд, номи худро дар адабиёти тоҷик ҷовидона сабт кард ва аз аввалин намунаҳои ашъораш талош намуд, муҳтавои шеърро аз умумигӯӣ раҳо сохта, шеърро ба василаи таҳарруки пиндорҳо бо ёрии вожаҳо  ҳамчун ҳунари асил муаррифӣ намояд. Ин ҷустуҷӯҳои зебошинохтиро ӯ дар аксари навъҳои шеъри маъмули суннатӣ ва ҳам дар қолиби шеъри сафеду чаҳорпора идома дод ва, агар чашмандозе ба марҳалаҳои эҷодиёти шоир карда шавад, равшан дида мешавад, ки ба натиҷаҳои назарраси адабӣ муваффақ гардидааст. Ҷустуҷӯҳои эстетикии ӯ дар нав гуфтан, нав дидан ва нав андеша кардан зуҳур мекунад, ки шеъри ӯро аз навиштаҳои ҳамасронаш мумтоз месозад ва онро метавон бо ҷуръат падидаи нав дар адабиёт номзад кард. Василаи асосии ин ҷустуҷӯҳо омезиши маъниҳои латиф ва тахайюлоти романтикӣ бо тасвирҳои зебои ҳаётӣ мебошад, ки намунаи барҷастаи он ғазали зер буда, манзараи фаро расидани шом бо умдатарин нишонаҳо ва шохистарин ҷузъиёташ дар пеши чашм ҳувайдо мегардад. Тасвирҳое, ки дар ин шеър омадаанд, ҳамагӣ наванд:

         Аз ситеғи қуллаҳо зардӣ парид,

         Соя ҳам аз пуштаҳо доман кашид.

         Офтоб аз кӯчаи кӯҳҳо гузашт,

         Аз фарози салтанат поин хамид.

         Моҳи нав хамёза кард, аз бурҷи кӯҳ,

         Рӯди кӯҳӣ як қадар боло дамид.

         Қуллаи кӯҳҳо ба дарё сарнагун,

         Нолаи дарё ба гардунҳо расид.

         Ахтаре бо ахтаре наздик шуд,

         Дидаи худбин чунин манзар надид.

         Каҳкашонраҳро мунаввар карду гуфт:

         Шабравони зиндагӣ, роҳат сафед!

 Рӯҳияи худогоҳӣ

Яке аз омилҳои ба шоири маҳбуб мубаддал гаштани устод Лоиқ  дар ниҳоди хонанда бедор кардани эҳсоси гарми ватандӯстию ватанпарварӣ, таҳкими ғояҳои худшиносию худогоҳӣ мебошад, ки ин дар замони Шӯравӣ аз шоир ҷасорати фавқулодаи фардӣ ва адабӣ тақозо мекард. Шеъри устод Лоиқ аз ҳаёти маънавии халқи тоҷик сарчашма гирифта, дар он натанҳо лаҳзаҳои талху душвори миллати ҷафокашидаи тоҷик, балки шукӯҳу ҳишмати он, сарнавишти фарзандони номвар, барои намуна, силсилаи шеърҳои “Хоки Ватан” ва “Илҳом аз Шоҳнома” бозтоб ёфтааст. Вақте ки мо ба ашъори ватандӯстонаи устод Лоиқ аз назари таҳқиқ баҳо медиҳем, дар пеши чашмамон шоире падидор мегардад, ки ситоишгари бузургии Тоҷикистон, вассофи зебоҳои диёр, тараннумгари меҳру муҳаббати Меҳан, яъне соҳибватан аст.

Барои намуна:

Ҳарчӣ дорам дар ин ҷаҳон, Ватан аст,

Ватан асту мадори ҷону тан аст.

Ё:

Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,

Ҳар санги Ватан мисоли  ҳайкал зебост.

Олам ҳамаҷо азиз, лекин бар ман,

Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

Ва:

Ватан сар мешавад аз гоҳвора,

Зи шири поку аз пистони модар.

Ва:

Ватан имрӯзи мо ояндаи мо,

Паноҳи мурдаи мо, зиндаи мо.

Устод Лоиқ аз ҷумлаи камтарин тоҷиконест, ки дар ғаму кулфати Ватан месӯзад ва онро бо тамоми вуҷудаш дӯст медорад:

Дар ғами номуси миллат

Камтарин тоҷик агар чун ман бисӯзад,

Аз фурӯғи рӯзи миллат

Бе муҳобо хонаи душман бисӯзад!

Баҳри истиқлоли миллат

Камтарин тоҷик агар чун ман бисӯзад,

Аз тулӯъи фоли миллат

Решаи манҳуси Аҳриман бисӯзад!

Дар раҳи фардои миллат

Камтарин тоҷик агар сидқан бисӯзад,

Бо сару савдои миллат

  Кошкӣ, эй кошкӣ чун ман бисӯзад.

Талқини ҳофизаи таърихии халқ

Ҳамин рӯҳияи худогоҳист, ки ӯро ба талқини ҳофизаи таърихии халқ савқ медиҳад ва он лаҳзаҳои пурифтихори таърихи гузаштаи миллати худро дар шеъраш сабт мекунад ва шеъри ӯ ба дили мардуми тоҷик роҳ меёбад ва устод Лоиқро ба масобаи шоири миллӣ мешиносонад. Шоир дар шеъри “Хоки Ватан” таърихи сарзамини хешро чунон тарсим мекунад, ки тамоми вуҷуди ту чун кӯҳ побарҷо ва бовиқор, чун санг мустаҳкаму устувор, вале бо ин ҳама ҳар пора хокат барои ҳар касе, ки дар ин диёри сабзи домани гардун зода шуда ва аз оби шифои чашмасорони ту нӯшида, туро дӯст дорад:

Сарзамини камзаминам,

Ту саросар кӯҳсорӣ

Ту саросар сангзорӣ

Чунки фарзандони ту дар тӯли таърихи дароз

Ҳар куҷо рафтанд, муште хок бо худ бурдаанд.

Шеърҳои алоҳидае, ки устод Лоиқ ба фарзандони бузурги миллати тоҷик, аз ҷумла Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода бахшидааст, яқинан ҳофизаи таърихии халқро зинда нигоҳ медорад ва ба пасовандони худ талқин мекунад, ки дар тараннуми арзишҳои маънавӣ кӯшо бошанд.

 Ситоиши Модар

Албатта, дар адабиёти ҳазорсолаи форсии тоҷикӣ дар тавсифи модар абёте ба маъдуд ёфт мешавад, вале навоварии Лоиқ дар аст, ки ӯ дар шеър бо суннатҳои миллӣ, оинҳои мардумӣ талош кард, ки симои модари тоҷикро офарад. Бино ба навиштаи донишмандони тоҷик ӯ дар ин силсилаи шеърҳо, ки баъдан дар маҷмӯаи “Модарнома” ба чоп расид, аз Сергей Есенин ва Эраҷ Мирзо таъсир бардоштааст.  Вале, тафовути образи “модар”-и ӯ аз дигарон дар он аст, ки дар аксари мутлақи ин ашъор симои зани кӯҳистонии тоҷик намудор аст ва шоир суннату оинҳои хоси тоҷикӣ намоди ҳамосаи модари тоҷикро халқ кардааст.

Охирин расми модари устод Лоиқ, ки Муҳиддин Олимпур аккосӣ карда будааст.

Намунаи барҷастаи он ҳамон шеъри “Ба модар” аст, ки бидуни қайду шарт ва муқаррароти расмӣ ба узвияти нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд:

Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам,

Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад нийят,

Ки рӯзи тӯй дида бар қади ман, бишканӣ армон,

Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният,

Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!

Ситоиши забони модарӣ

Устод Лоиқ аз зумраи он шоироне буд, ки барои пос доштани забони модарӣ, тоза кардани забон аз калимоти бегона, корбасти вожаҳои зебо дар шеър, истифодаи ибораҳои рехта ва масалу зарбулмасалҳо, ворид кардани вожаҳои зебои лаҳҷавӣ ба шеъри тоҷикӣ ва дар навбати худ сохтани калимаҳои нав ва корбурди он дар шеър хадамоти арзандаро анҷом додааст. Шоир касоне, ки забони модарии худро гум кардаанд, мазаммат мекунад ва мардумро ба ин васила ба дӯст доштани забон талқин месозад. Аз ҷумла, ӯ дар шеъри “Забонгумкарда” чунин дарди дил мекунад:

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.

Дамидани рӯҳи нав ба адабиёт

Устод Лоиқ ба шеъри муосири тоҷик, чи суннатӣ ва чи нав, бо калима, таркибу ибора, вожаҳои сирф тоҷикӣ, тасвирҳои ҷадид ва бадеъияти тоза ба мояву лояи шеър навоварӣ ворид кард ва ин яке аз омилҳои дигари маҳбубияти шеъри безаволи шоир аст. Шеъри ӯ забони зиндаи мардум буд, ки дарду армон, шодиву андӯҳи онҳоро ифода мекард.

Дубайтии зер ба ин мисол шуда метавонад:

Раҳи дуру раҳи дуру раҳи дур,

Маро аз ту ҷудо карданд маҷбур.

Дили моро надиданду нахонданд,

Илоҳо чашми биношон шавад кӯр!

Ё ин ғазали зебо, ки саросар шоҳбайт аст ва аз шоҳкорҳои устод Лоиқ мебошад:

Аз дур ошёни туро ёд мекунам,

Дар ҳар куҷо нишони туро ёд мекунам.

Аз кӯчаҳои шаҳр хаёлӣ чу бигзарам,

Айвони гулфишони туро ёд мекунам.

Аз ҳафт ранги тобиши рангинкамони дур

Садрангии ҷаҳони туро ёд мекунам.

Оғӯшам аз ҷавонию зебоӣ пур шавад,

То чеҳраи ҷавони туро ёд мекунам.

Дар об дида ҷилваи чашми ситорагон,

Чашмони меҳрубони туро ёд мекунам…

Азбас дар остонаат мондаст лахти дил,

Якумр остони туро ёд мекунам.

Ин ҳама гувоҳ аст, ки то Одаму Олам ҳаст, шеъри устод Лоиқ намирост, ҷовидона аст. Ӯ худ дар чандҷо ба намирандагии худ ишора дорад: «Ман намемирам,  ман нахоҳам мурд!» ва «Аз ман умри дубора хоҳад монд» ва ин ғазали бошукӯҳ ному ашъори ӯро поянда нигоҳ хоҳад дошт:

Ало, шеъри Аҷам, фардо маро ту зинда хоҳӣ дошт!

Ало, шӯри дили дунё, маро ту зинда хоҳӣ дошт!

Ба зери сангҳои собиту сайёри гардунҳо,

Ало, Албурзи побарҷо, маро ту зинда хоҳӣ дошт!

Басо шеъри тари дунё бувад андар лаби дарё,

Ало, шеъри тари дарё, маро ту зинда хоҳӣ дошт…

Сухан пайдову нопайдои ҳар халқи сухансоз аст,

Ало, пайдову нопайдо, маро ту зинда хоҳӣ дошт!

Ало, Девони Ҳофиз, ҳофизам бошӣ зи ҳар марге,

Ало, Девони Мавлоно, маро ту зинда хоҳӣ дошт!

АКСҲО аз АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз

  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Вакти нашр: 2021-05-20 18:05:33    Хонданд: 126    Муфассал...

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМӢ ВА РАҲНАМОИ ҶАВОНОН

Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рамон расидагӣ ба мушкилоти аҳолӣ ва ғамхорӣ ба мардум, аз он ҷумла ба ҷавонони кишварро дар меҳвари сиёсати қарор дода, дар давоми зиёда аз 28 соли роҳбарии хеш ин рисолати муқаддасро бошарафона иҷро карда омадаанд ва мо- ҷавонон умеди комил дорем, ки минбаъд низ миллати сарбаланди тоҷик ва сокинони шарафманди Тоҷикистон таҳти сарварии ин фарзонафарзанди фарзонахисоли худ ба комёбиҳои нав ба нав ноил мегарданд.

Расидан ба ин рӯзҳои нек танҳо натиҷаи интихоби дурусти миллати тоҷик  дар соли 1994, дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки шахсияти арзанда ва ҷасуру қаҳрамонсифат- Эмомалӣ Раҳмонро рӯи кор овард.

Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданашон ба маърифати баланди халқу миллат такя намуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона садоқатмандона саъю талош варзиданд ва имрӯз аҳли олам шоҳид аст, ки нақшаву ниятҳои неки Сарвари давлати навини тоҷикон ҷомаи амал пӯшида, армони ҳазорсолаи халқи озодипарасти моро бароварда гардониданд.

Агар ба гуфторҳои таърихӣ ва ҷасоратмандонаи ин абармарди арсаи сиёсат таваҷҷуҳ намоем, бараъло мушоҳида мегардад, ки он кас дар иҷрои рисолати муқаддаси худ собитқадаманд. Мехостам ин ҷо чанде аз суханони умедбахши Пешвои миллатро барои хонандагони арҷманд ёдрас шавам:

«Ман ба шумо сулҳ меорам!»- гуфтани Роҳбари давлати навбунёде, ки дар ҳоли парешонӣ ва вартаи нобудӣ қарор дошт; дар замоне ки мардуми кишвар ба ояндаи обод ва сулҳу суботи пойдор камтар умед доштанду иқтисоди мамлакат варшикаста буд, дар вазъияте, ки ҷомеа таҳти ҳукми силоҳ қарор дошт, бештар аз як қаҳрамонӣ буд, ки ба бахти мардуми Тоҷикистон ин нияти нек ҷомаи амал пӯшид ва дар муддати кутоҳе ҷанги нангини шаҳрвандӣ анҷом ёфт. Шукрона, ки имрӯз диёри арҷманди мо яке аз кишварҳои амнтарини олам эътироф гардида, ба макони дӯстдоштани сайёҳони хориҷӣ табдил ёфтааст.

«То охирин гурезаро ба Ватан бармегардонам!». Бисёр навиштаанду медонем, ки аксар кишварҳои ҷаҳонӣ мардуми гурезаи худро, ки дар натиҷаи муноқишаву ҷангҳои байниҳамдигарӣ тарки ёру диёр кардаанд, ба ватан баргардонида наовардаанд. Аммо Пешвои миллати тоҷик, новобаста аз мавҷуд набудани заминаи мусоид дар соли пурмоҷарои 1992, азм карданд, ки ин рисолати мушкилро иҷро мекунад ва воқеан ба азми хеш устувор монда, орзуи ҷонии ҳазорҳо ҳамватани дар ғарибӣ хору зори моро бароварда гардониданд. Месазад зикр намуд, ки имрӯз бо назардошти амнияту сулҳи Ватани маҳбуби мо, шаҳрвандони кишвари ҳамсоя низ хоҳиши гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд.

“Роғунро, агар лозим шавад, бо нохуну дандонҳоямон месозем!”. Бо азми росихи Пешвои миллат, мардуми шарафманди тоҷик бо муттафиқию муттаҳидӣ ба сохтмони НБО «Роғун» камари ҳиммат баст ва ин тарҳи бузурги ибтидои асри XXI-ро амалӣ намуд. Ба истифода супоридани ин нерӯгоҳ барои иқтидори дилхоҳ пайдо намудани иқтисодиёти кишвар шароити мусоид фароҳам меоварад. Ин кохи нур ҳангоми пурра ба кор даромадани худ 3600 Мв неруи барқ истеҳсол хоҳад кард, ки ин барои Тоҷикистон сармояи бемисл аст

Тарҳҳо ва лоиҳаҳои азиме, ки дар муддати сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гашта боиси рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат шудаанд, хеле зиёданд. Ҳар як сокини кишвар ва дар навбати аввал, ҷавононро шарт ва зарур аст, ки ба иқдомҳо ва ҷидду ҷаҳдҳои бунёдкоронаи Роҳбари давлат пайравӣ намуда, барои ободонии диёри худ садоқатмандона саъю талош варзанд.  

Воқеан, чигунагии фардои ҳар як давлат ва ҷомеа аз ҷавонон вобастагии амиқ дорад ва ҳамин аст, ки Пешвои миллат ҷавононро қувваи бузурги созандаю бунёдкор ва ояндаи давлату миллат ҳисобида, аз нахустин рӯзҳои роҳбарияшон ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хосса менамоянд ва барои ба камол расонидани насли навраси соҳибкасб, соҳибилм, соҳибмаърифат, худшинос ва ватандӯст пайваста чораҳои мушаххас меандешанд.

Тибқи таҳлилҳои омории Кумитаи омори Иттиҳоди давлатҳои мустақил/Хазинаи нуфуси Созмони Миллали Муттаҳид, Тоҷикистон аз нигоҳи аҳолӣ кишвари ҷавонтарини ҷаҳон муайян шудааст. Синну соли миёнаи аҳолии кишвари мо имрӯз 25 солро ташкил медиҳад ва сатҳи таваллуд ҳамасола ба ҳисоби миёна то 2,2 фоиз афзоиш дорад. Ҳамзамон, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз шумораи умумии аҳолии мамлакат 32,9 фоизи онро ҷавонон (14 – 30 сола) ташкил медиҳанд.

Ба хотири боварӣ ва таваҷҷуҳи хосаи давлату миллат ба ин қишри ҷомеа Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994  дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон мулоқоти судманд бо ҷавонон анҷом доданд ва роҳи ҳалли хомӯш сохтани алангаи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ, муҳимияти мавқеъ ва истодагарии ҷавонон дар ин марҳилаи муташанниҷро дар миён гузоштанд ва барои даст ба дасти ҳамдигар додану ҳалол меҳнат кардан ва аз як гиребон сар баровардани ҳар як иштирокчии анҷуман даъват ба амал оварда буданд.

Бо назардошти натиҷаҳои қаноатбахш аз ин Анҷуман ва дастгирии қишри ҷавони ҷомеа аз сиёсати давлату Ҳукумати кишвар моҳи майи соли 1997 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон» ба тасвиб расид ва аз ҳамон сол санаи 23 май ҳамчун “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” эълон карда шуд.

Дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати кишвар моҳи феврали соли 1998 стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ – техникӣ, омӯзишгоҳҳо ва коллеҷҳо, моҳи марти соли 1998 Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд, ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ ва барномасозӣ таъсис дода шуданд, ки то ба имрӯз нафақат амалӣ гардида истодаанд, балки онҳо бо маротиб зиёда шуда истодаанд. Чунончӣ дар мулоқоти навбатии худ бо масъулини соҳаи маориф ва илм ва аҳли зиёи кишвар Пешвои миллат  дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз пешниҳод намуданд, ки аз 1 январи соли 2021 теъдоди стипендияҳои Президентиро барои муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ,  ки дар омӯхтани фанҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд, аз 300 нафар то 3000 нафар зиёд, инчунин, шумораи гирандагони чунин стипендияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 100 нафар то 500 нафар ва барои аспирантони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ аз 15 нафар то 50 нафар зиёд карда шавад. Ҳамзамон, тибқи Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо стипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад.

Дар ин муддат, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди квотаҳои Президентӣ барои ҷавонон аз 200 адад ба 1200 адад расид. Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии олимони ҷавон Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, таъсис дода шуд, ки теъдоди он низ аз 6 адад ба 12 адад расонида шуд. Дар маҷмуъ то ба имрӯз 151 нафар олимони ҷавонон бо ин Ҷоиза сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин, стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон” ва Ҷоиза барои варзишгарон аз маҷмуи тадбирҳое мебошанд, ки маҳз дар ҳошияи сиёсати ҷавонпарваронаи давлату Ҳукумати кишвар дарак медиҳанд.

Ҳамчунин, бо мақсадҳои дар боло зикргардида, бо Фармони Президенти кишвар Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ таъсис дода шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорони ҷавон имтиёзҳо муқаррар карда шуданд. Инчунин, барои дастгирии иҷтимоии олимони ҷавон, аспирантҳо ва донишҷӯдухтарони бо квотаи Президентӣ таҳсилдошта, дар ҷумҳурӣ 86 хобгоҳҳои замонавӣ ба истифода дода шудаанд.

Инчунин, бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои дар боло зикршуда, 11 адад барномаҳои мухталиф дар соҳаи ватандӯстӣ ва дастгириҳои иҷтимоии ҷавонон бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва амалӣ гардид, аз қабили «Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон» дар панҷ марҳила (байни солҳои 1999–2012), «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солои 2011-2013», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018–2022»,«Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ду марҳила (солҳои 2006–2013), «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар се марҳила (оѓоз аз соли 2013 то 2021).

Натиҷаҳои амалишавии барномаҳои мазкур дар ҳаёти ҳамарӯзаи ҷавонони кишвар баръало эҳсос намудан мумкин аст.

Дар баробари ин, дар заминаи таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҷавонони кишвар аз соли 1994 то инҷониб 7 маротиба мулоқоти бевоситаи Президенти кишвар бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ баргузор карда шуданд.

Маҳз натиҷаи чунин дастгириҳо, таваҷҷуҳ, таъмини шароити арзанда барои ташаккули зеҳнию ҷисмонии ҷавонон ва татбиқи сиёсати босамари давлатӣ аст, ки майли ҷавонон ба илму донишандӯзӣ зиёд гардида истодааст. Масалан, агар дар соли 1992 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо шумораи 70 ҳазор донишҷӯ фаъолият намояд, айни замон дар кишвар, 39 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият дошта, дар онҳо зиёда аз 207 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд.

Шароити имрӯзаи кишвар шаҳодати он мебошад, ки маҳз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон боварию эътимоди зиёд дошта, аз аввали сари ҳокимият омаданаш моро чун ояндаи давлату миллат муаррифӣ намуд.

Мо ҷавононро зарур аст, ки чун ворисони Пешвои миллат ба боварию эътиқоди ин шахси абармард арзанда бошем, ҳушёрию зирракии сиёсиро аз даст надода, ба Ватан – Модар ва халқи шарафманди худ содиқонаву софдилона хизмат намоем. Ин Ватани биҳиштосои соҳибистиқлолро бо дастоварду музаффариятҳои арзанда дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоем.

Раҷабзода Э. - мудири шуъбаи таблиғот

ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе 

Вакти нашр: 2021-05-21 09:46:35    Хонданд: 138    Муфассал...

Вакти нашр: 2021-05-21 09:46:35    Хонданд: 50    Муфассал...

ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҲОМӢ ВА РАҲНАМОӢ ҶАВОНОН”

Дар маҷлисгоҳи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бо иштироки Хайринисо Юсуфӣ – Муовини Раиси ҲХДТ ва Аҳмадзода Оятулло Изатулло – Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – ҳомӣ ва раҳнамоӣ ҷавонон” баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур намояндагон аз ВМКБ, Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва аъзои Шӯрои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.

Хайринисо Юсуфӣ – Муовини Раиси ҲХДТ ҳамаи ҷавононро аз номи Роҳбарияти ҲХДТ самимона табрик гуфтанд.

Гуфта шуд, ки ҲХДТ ба ҷавонон ҳамчун нерўи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ такя карда, онҳоро дар ташаккул ва амалисозии иқдомҳои созгор ва ташаббусҳои навовар дар самти рушди илму техника ва технологияҳои муосир ва ободиву пешрафти босуботи кишвар дастгирӣ менамояд.

Зикр гардид, ки ҷавонон дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ва дастгирии ин қишри ояндасози ҷомеа яке аз самтҳои афзалятноки фаъолияти давлату Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад.

Дар идома оид ба амалишавии қонунҳо, пешгирии зуҳуроти номатлуб, таълиму тарбияи насли наврас, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, ба таҳсил фаро гирифтани насли ҷавон, мусоидат дар татбиқи амалишавии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо таъкидҳо сурат гирифт.

Дар ҳамоиши мазкур Аҳмадзода Оятулло Изатулло – Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” оид ба вусъат бахшидани фаъолияти намояндагиҳои ташкилот ва иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат ибрози андеша намуд.

Дар идома гуфта шуд, ки ҲХДТ дар доираи фаъолияти худ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва зисту зиндагонии ҷавонон, паст кардани сатҳи бекорӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб дар байни онҳо ва вайроншавии оилаҳои ҷавон тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда, бо ҷалби мустақими буҷети давлатӣ ва маблағгузориҳои ғайрибуҷетӣ барои ҷавонон шароити мусоид фароҳам меорад.

Гуфта шуд, ки имсол аз таъсисёбии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” 10 сол пур мешавад, ба ин муносибат чорабиниҳои гуногун дар ҷойҳо ба роҳ монда шавад.

Вакти нашр: 2021-05-21 10:13:51    Хонданд: 99    Муфассал...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: Зиёда аз 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд

Зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд. Дар ин бора имрӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар тазаккур доданд.

Қобили зикри махсус аст, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синни миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад.

«Нишондиҳандаи мазкур аз мо амалисозии тадбирҳои зиёдро дар самти таълиму тарбия ва рушди қобилияти зеҳниву ҷисмонии насли ҷавони ҷомеа тақозо мекунад», — иброз доштанд Сарвари давлат.

Ба гуфтаи Президенти мамлакат, тайи қариб сӣ соли соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфта, даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва маҷмӯи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ки бевосита ба ҷавонон дахл доранд, ҳал карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 23 май дар Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон таҷлил карда мешавад.

АКС:  Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Вакти нашр: 2021-05-21 12:56:20    Хонданд: 37    Муфассал...

Эмомалӣ Раҳмон: «Таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллат ва таҳкими неруи давлат аст»

«Мо хуб дарк мекардем, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад», — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҷавонро дар таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди минбаъдаи он тайи солҳои соҳибистиқлолӣ баланд арзёбӣ намуда, дар мулоқот бо ҷавонони кишвар, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир шуд, чунин изҳор доштанд.

Президенти мамлакат дар идома гуфтанд: «Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкорвапешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрўз ба онҳо такя мекунем».

Сарвари давлат иброз доштанд, ки тайи қариб сӣ соли соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфта, даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва маҷмӯи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ки бевосита ба ҷавонон дахл доранд, ҳаллуфасл карда шуданд.

«Мо умед дорем, ки ҷавонони мо ҳамчун табақаи азҳамафаъолиҷомеа минбаъд низ ташаббусҳоисозандаро амалӣ менамоянд, дастовардҳоиистиқлолидавлатӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз мекунанд вадарҳаётисиёсивуиҷтимоии давлатамон боз ҳам фаъолона ширкат меварзанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ менамоем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос мекунем», — тазаккур доданд Пешвои миллат.

 АКС:  Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Вакти нашр: 2021-05-21 12:58:01    Хонданд: 97    Муфассал...

СУХАНРОНИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар

Ҷавонони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳар сол 23 -юми моҳи май мо яке аз ҷашнҳои муҳимми Тоҷикистони соҳибистиқлол – Рӯзи ҷавононро таҷлил менамоем.

Ба ин муносибат кулли ҷавонони кишвар ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро, ки такягоҳи боэътимоди давлат мебошед, самимона табрик мегӯям.

Ҳанӯз 17-уми марти соли 1994 мулоқоти нахустини ман бо ҷавонон ба ҳайси Сарвари давлат ва Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонон доир гардида буд.

Хомӯш кардани алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, сарҷамъу муттаҳид сохтани ҷавонон дар он давраи бисёр сахту сангин ва ба фаъолияти созанда сафарбар намудани онҳо масъалаву вазифаҳои асосии мулоқоти мо буданд.

Умуман бояд гуфт, ки кор бо ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ба фаъолият оғоз намудани ҳукумати қонунӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат эълон гардида буд.

Яъне ҳанӯз аз рӯзҳои нахустин банақшагирӣ ва татбиқи чорабиниҳо барои ҷавонони кишвар таҳти таваҷҷуҳ ва назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дода шуд.

Зеро мо хуб дарк мекардем, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад.

Минбаъд бо мақсади дастгирии ҷавонон, ташаккул ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо, бо шуғл таъмин намудани ин қишри фаъоли ҷомеа, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои насли ҷавон зарурати таъсиси мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти кор бо ҷавонон пеш омад.

Бинобар ин, моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, санаи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, роҳандозии тадбирҳои амалӣ вобаста ба тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмин кардани иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди ҳар як намояндаи насли имрӯза давра ба давра иқдомоти мушаххасро амалӣ намуд.

Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем.

Қобили зикри махсус аст, ки Тоҷикистони мо тибқи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35 – сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Нишондиҳандаи мазкур аз мо амалисозии тадбирҳои зиёдро дар самти таълиму тарбия ва рушди қобилиятҳои зеҳниву ҷисмонии насли ҷавони ҷомеа тақозо мекунад.

Бинобар ин, тайи қариб сӣ соли соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфта, даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва маҷмӯи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ки бевосита ба ҷавонон дахл доранд, ҳаллу фасл карда шуданд.

Бояд гуфт, ки дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технологияҳо масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифату саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад.

Мо бо мақсади баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, пеш аз ҳама, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, кашфиёту навоварӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат, ки метавонанд дар оянда барои пешрафти давлат ва ҷомеа саҳми босазо гузоранд, стипендия ва ҷоизаҳои гуногун таъсис додем.

Аз ҷумла ҳанӯз моҳи феврали соли 1998 стипендияи Президенти Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ ва моҳи марти соли 1998 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд, таъсис дода шуд.

Ин иқдомро мо замоне амалӣ кардем, ки аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, яъне ба охир расидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳанӯз як сол нагузашта буд.

Барои маълумоти ҷавононе, ки он рӯзҳо дар синни кӯдакӣ буданд ва аз вазъи воқеии он солҳо хабар надоранд, иброз медорам, ки соли 1998 мо дар ҳолати ниҳоят вазнини сиёсиву иҷтимоӣ ва буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ қарор доштем.

Бо вуҷуди чунин вазъият мо барои дастгирии наврасону ҷавонон чунин иқдомро амалӣ намудем.

Соли гузашта дар асоси дастури Роҳбари давлат зимни мулоқот бо масъулини соҳаи илму маориф ва аҳли зиёи кишвар шумораи стипендияҳои президентӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 400 ба 3000, шумораи чунин стипендияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз 100 ба 500 ва барои аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ аз 15 ба 50 расонида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки аз шумораи умумии стипендияҳои президентӣ 70 фоиз ба фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ равона гардидааст.

Дар ин муддат, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи квотаҳои президентӣ барои ҷавонон аз 200 то ба 1252 расонида шуд.

Илова бар ин, бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии бештари олимони ҷавон шумораи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон зиёд карда шуда, ҳоло ҳар сол 12 нафар бо ин ҷоиза сарфароз гардонида мешавад ва то ба имрӯз 163 нафар олимони ҷавон соҳиби ин ҷоиза гардидаанд.

Бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат бо даҳҳо кишвари пешрафтаи дунё созишномаҳо имзо гардида, ҳоло ҳазорон нафар ҷавонони мо аз ҳисоби бурсияҳои ройгони барои Тоҷикистон ҷудошуда дар он давлатҳо таҳсил карда истодаанд.

Инчунин, барои дар сатҳи байналмилалӣ омода намудани мутахассисони ҷавон мо стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон»-ро таъсис додем.

Ба роҳ мондани таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф ва ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон маҳсуб меёбад.

Ҳоло дар хориҷи кишвар беш аз 40 000 нафар донишҷӯ, магистр, аспирант ва докторантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Мо бояд минбаъд низ тавассути стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ, бурсияҳо ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи мамлакат вусъат бахшем ва барои иқтисоди миллии худ кадрҳои дорои сатҳи баланди касбият ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалиро омода намоем.

Зеро ҳадафи бузурге, ки мо дар назди худ гузоштаем, яъне ба сатҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон баровардани давлати тоҷикон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки ҷавонони мо то чӣ андоза дар самти азхудкунии дастовардҳои илму техника ва технологияҳои муосир, инчунин, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ҷаҳду талош менамоянд.

Мо дарёфти мақому ҷойгоҳи муносибу сазовор дар ҷомеаи мутамаддин ва пешрафтаро мақсаду мароми худ қарор додаем.

Барои расидан ба ин ҳадаф мо бояд қобилият ва сатҳи маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавононро баланд бардорем, насли нави дорои тафаккури пешрафтаву созанда ва аз дастовардҳои илму техникаи муосир бохабару баҳраварро тарбия намоем.

Ҳамчун бистсолаи омӯзиши илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 заминаҳои ҷалби бештари ҷавононро ба самтҳои мазкур фароҳам овард.

Ҳамчунин, охири соли гузашта ба хотири боз ҳам ҳавасманд намудани омӯзгорон ба таълиму тарбияи насли ҷавон барои олимону омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷоизаи махсуси давлатӣ таъсис дода шуд, ки ҳар сол 15 нафар беҳтаринҳо метавонанд соҳиби он гарданд.

Ҷиҳати ҳарчи бештар мусоидат намудан ба раванди татбиқи бистсолаи эълоншуда мо тасмим гирифтем, ки озмуни навро бо номи «Илм – фурӯғи маърифат» роҳандозӣ намоем ва бовар дорем, ки дар аввалин соли натиҷагирӣ аз ин озмун, ки ба 30 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон мувофиқ омадааст, шоҳиди дастовардҳои назарраси ҷавонони ояндасоз ва ихтироъкору навовар хоҳем шуд.

Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо стипендияи онҳо аз 1 сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад.

Мо аз соли таҳсили 1997 – 1998 сар карда, барои ба таҳсил фаро гирифтани духтарони лаёқатманд аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дода, ба он аз соли 2005 писарони болаёқатро низ шомил намудем.

Дар муддати 24 соли амали квотаи президентӣ аз 61 шаҳру ноҳияи кишвар ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат 22209 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (13388 нафар духтар ва 8821 нафар писар) ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Ҳоло дар 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар қариб 7000 нафар ҷавонон бо квотаи президентӣ таҳсил карда истодаанд.

Бар замми ин, бо фармони Президенти мамлакат ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ фонди махсус таъсис дода, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон барои омӯзгорони ҷавон имтиёзҳо муқаррар карда шудаанд.

Инчунин, барои дастгирии иҷтимоии олимони ҷавон, аспирантҳо ва донишҷӯдухтароне, ки бо квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ 86 хобгоҳи замонавӣ бунёду азнавсозӣ ва ба истифода супорида шудааст.

Маҳз натиҷаи чунин дастгириҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҷавонон аст, ки таваҷҷуҳи онҳо ба омӯзиши илму дониш, аз ҷумла илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ кашфиёту ихтироъкорӣ ва азхудкунии ихтисосҳои замонавӣ афзун мегардад.

Дар робита ба ин, бояд тазаккур дод, ки соли 1992 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 70 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт.

Соли 2021 дар кишвар 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 245 ҳазор донишҷӯ фаъолият менамояд, ки аз он 17 донишгоҳ, 14 донишкада, 1 академия, 3 филиали муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, Консерваторияи миллӣ ва 4 муассисаи таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ мебошад.

Вобаста ба ҳодисаҳои даҳшатноки оғози солҳои 90-уми асри гузашта бисёр донишҷӯён ва устодону омӯзгорон ба зодгоҳи худ баргашта рафтанд, зеро дар пойтахт таҳсил кардани онҳо ғайриимкон гардида буд.

Барои он, ки ҷавонони мо аз таҳсил дур намонанд, мо доир ба таъсиси муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар минтақаҳои кишвар қарор қабул кардем.

Ҳамин тавр, ба хотири таъмини шароити донишомӯзии ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти онҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар муассисаҳои нави таҳсилоти олии ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ сохта, ҳамаи онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир ва шароити ҳозиразамон таъмин карда шуданд.

Аз ҷумла, дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Донишгоҳи давлатии Хоруғ (соли 1992), Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб (соли 2015), Донишгоҳи давлатии Данғара (соли 2005), Донишгоҳи тиббии Хатлон (соли 2016), Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён (соли 2006) ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт (соли 2013) таъсис дода шуданд.

Дар вилояти Суғд Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент (соли 1991), Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (соли 1993), филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара (соли 1998), Донишкадаи кӯҳӣ — металлургии Тоҷикистон (соли 2006), Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (соли 2010) ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (соли 2010) ба фаъолият шурӯъ карданд.

Дар шаҳри Душанбе Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (соли 1991), Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат (соли 1991), Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (соли 2009), Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (соли 1993), Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхоҷа Сатторов (соли 2003), Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам (соли 2007), Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (соли 2013), Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2013) ва Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоӣ (соли 2020) таъсис дода шуданд.

Ҳамзамон бо ин, ба хотири ҳамкориҳои судманд дар самти маориф бо Федератсияи Россия соли 1996 Донишгоҳи славянии Россия – Тоҷикистон, соли 2009 филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, соли 2010 филиали Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва ва соли 2013 Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз намуданд.

Инчунин, дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисос барои соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ, амнияти миллӣ, мудофиаи кишвар ва ҳифзи сарҳадот Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъсис дода шуд.

Агар соли 1991 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро ҳамагӣ 13500 нафар донишҷӯён хатм хатм карда бошанд, дар соли 2020 шумораи хатмкунандагон ба 40000 нафар расидааст.

Ҳамчунин, дастуру супоришҳои мо дар робита ба таъсис додани муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ва соҳибмаълумот намудани ҷавононе, ки ба гирифтани маълумоти касбӣ рағбат доранд, солҳои охир натиҷаҳои дилхоҳ ба бор оварда, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар афзуда, ҳоло шумораи онҳо ба 28 расидааст.

Солҳои 1990 – 1991 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 40700 нафар донишҷӯ таҳсил мекард.

Ҳоло дар чунин муассисаҳо қариб 94000 нафар (60500 нафар духтарон) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Соли таҳсили 1991 – 1992 дар муассисаҳои таълимӣ аз рӯи 80 ихтисос мутахассис тайёр карда мешуд.

Ин шумора дар соли 2021 ба 206 расидааст.

Шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ соли 1998-ум 5790 нафарро ташкил дода, ин рақам соли 2020 ба 23000 нафар баробар шудааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 2500 муассисаи нави таълимӣ сохта, ба истифода супорида шудааст, вале бо дарназардошти афзоиши босуръати аҳолӣ ин нишондиҳанда ҳанӯз ҳам кам аст.

Бунёд ва ба истифода додани муассисаҳои таълимии типи нав бо шароити муосир ва ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ самараи даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, ба хонандагон ҷиҳати аз худ намудани илмҳои пешрафта ва технологияҳои навин мусоидат менамояд.

Бо ин мақсад, бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлоли давлатӣ 9 мактаби президентӣ, 7 литсей барои хонандагони болаёқат, инчунин, 75 гимназия ва 75 литсей таъсис дода шуд, ки дар онҳо барои қариб 106 ҳазор хонандагони лаёқатманду боистеъдод беҳтарин шароити таҳсил фароҳам оварда шудааст.

Яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат дар соҳаи маориф дарёфт, дастгирӣ ва рушди хонандагони болаёқат мебошад.

Дар иртибот ба ин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» қабул гардид.

Тибқи талаботи барномаи мазкур дар назди раёсатҳо ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 72 маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 650 маҳфили фаннӣ аз рӯи 24 фанни таълимӣ бо фарогирии 9610 нафар хонанда амал мекунад.

Бо таъсис ёфтани марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва муҳайё гардидани шароити мусоид дар муассисаҳои таълимӣ, хусусан, мактабҳои президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат дастовардҳои хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ бамаротиб афзудааст.

Агар хонандагони кишвар соли 2011 дар озмун ва мусобиқаҳо 96 ҷоиза гирифта бошанд, пас соли 2019 дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки дар чандин давлати пешрафтаи дунё баргузор гардиданд, фаъолона иштирок карда, сазовори 251 медал, аз ҷумла 67 тилло, 66 нуқра ва 118 биринҷӣ гардидаанд.

Ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам хубтари таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат, соҳибкорон ва аҳолӣ бунёди садҳо муассисаи таълимӣ босуръат идома дорад.

Мусаллам аст, ки насли соҳибмаърифату донишманд муайянкунанда ва ташаккулдиҳандаи маърифати миллат мебошад.

Вобаста ба ин, се соли охир ба мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардуми Тоҷикистон ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави сухандону суханвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва густариши эҳсоси худогоҳиву худшиносии аҳли ҷомеа озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуда истодааст.

Дар баробари озмуни мазкур, инчунин, соли сеюм аст, ки озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҷараён дошта, барои кашфи истеъдодҳои ҷавон нақши муассир гузошта истодааст.

Озмуни мазкур саривақтӣ будани ташаббуси Ҳукумати мамлакатро собит намуд ва нишон дод, ки наврасону ҷавонони мо ба китобхонӣ ва эҷод намудан қобилияту истеъдод ва шавқу завқи зиёд доранд.

Фақат зарур аст, ки онҳо дастгирӣ ёбанд ва неруи ин табақаи фаъол ба самти созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ карда шавад.

Мо, ҳамчунин, бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки имрӯз дар кишварамон олимону донишмандони содиқ ба илм зиёданд ва ҷавонони боистеъдод бо пайравӣ аз онҳо ба роҳи илму ҳунар бо ҷасорати хосса ворид мегарданд.

Мо аз онҳо дар пешрафти илм, фарҳанг ва ҳунар бозёфтҳои тозаро интизорем, зеро ҷавонони тоҷик ворисони мероси бузурги илмиву адабӣ ва фарҳангии ниёгони некноме мебошанд, ки назираш дар ҷаҳон кам аст.

Мо аз ҷавонони кишвар умеди калон дорем, ки вақтро ғанимат шуморида, ба хотири ояндаи неки Ватан ва пешрафти давлати соҳибистиқлол, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани техникаву технологияҳои навтаринро вазифа ва мақсаду мароми ҳаррӯзаи худ қарор медиҳанд.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати дастгирии наврасону ҷавонон бо қарорҳои Ҳукумати мамлакат якчанд шабакаҳои нави телевизионӣ, аз ҷумла соли 2005 телевизиони «Сафина», соли 2006 «Телевизиони кӯдакону наврасон – Баҳористон», соли 2015 телевизиони «Варзиш» ва дар заминаи он соли 2017 телевизиони «Футбол» ва соли 2020 «Илм ва табиат» таъсис дода шуданд.

Ҳадафи мо аз тамоми тадбирҳои амалигардида ин аст, ки насли оянда, яъне фарзандони мо бесавод намонанд.

Зеро яке аз сабабҳои асосии майл пайдо кардани одамон ба хурофот, ифротгароӣ ва радикализми динӣ маҳз бесаводист.

Зуҳуроти номатлуб ва хатарноки зикршуда тафаккури мардум, хусусан, наврасону ҷавонони камтаҷрибаро заҳролуд карда, онҳоро ба ҷаҳолат мебаранд, зиндагии ҷомеаро тираву торик месозанд ва боиси қафомонии давлат аз роҳи пешрафт мегарданд.

Такроран таъкид менамоям, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон ғайр аз бадбахтӣ чизи дигаре дода наметавонад.

Имрӯз бисёр кишварҳо техникаву технологияҳоро аз давлатҳои аз лиҳози илму техника пешрафта харидорӣ мекунанд, аз ҷумла мо ҳам.

Барои чӣ мо наметавонем, ки иқтидори зеҳнии худро ба кор андохта, техникаву технологияҳои заруриро эҷод ва истеҳсол кунем, то ин ки дастнигари дигарон набошем?

Барои ин илму дониш ва саводу маърифати мардум, махсусан, наврасону ҷавононро баланд бардоштан зарур аст.

Таъкид месозам, ки бо хурофот касе ба ҷое намерасад.

Бинобар ин, мо бояд ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа диҳем.

Махсус таъкид месозам, ки нақши падару модарон дар ин масъала муҳим ва ҳалкунанда мебошад.

Вазифаи волидайн фақат ба дунё овардани фарзанд нест, балки тарбия ва фароҳам намудани шароит барои таълим ва рушди фарзанд аст.

Мутаассифона, баъзе падару модарон фикри ҳамаи чизро мекунанд, ғайр аз муҳайё кардани шароити зарурӣ барои таҳсил кардану саводнок шудани фарзанди худ ва ин корро ба мактабу омӯзгор ҳавола мекунанд.

Тайи даҳсолаҳои охир ман ҳамчун Роҳбари давлат бо 16 санади авф 160 ҳазор нафар шахсонеро, ки ҷиноят содир карда, ҳабс шуда буданд, авф кардам.

Ҳоло боз ҳазорҳо нафари дигар дар маҳбас қарор доранд, ки қисми зиёди онҳо ҷавонон мебошанд.

Ҳамаи онҳо низ падару модар доштанд, вале волидайн фарзандони худро аз хурдсолӣ бе тарбия гузоштаанд.

Чунин ҳолатҳо низ ба қайд гирифта шудаанд, ки баъзе шахсони авфшуда баъди як моҳ боз ҷиноят содир карда, паси панҷара мераванд.

Хотиррасон месозам, ки вазифаи давлат на ҷазо додани одамон, балки фароҳам овардани шароит барои таълиму тарбия, касбу ҳунаромӯзӣ ва зиндагиву фаъолияти орому осудаи ҳар як шаҳрванд мебошад.

Лекин падару модарон низ дар баробари давлат ва ҳатто бештар аз давлат барои таълиму тарбияи фарзандони худ бояд масъулияти баланд дошта бошанд.

Падару модарони муҳтарами мо, инчунин, вазифадоранд, ки ба масъалаи ба зиндагии мустақилона омода кардани фарзандони худ бисёр ҷиддӣ муносибат намоянд.

Тибқи маълумот дар се солу чор моҳи охир дар кишвар 252 ҳазор ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст.

Вале дар ҳамин давра қариб 38500 оилаҳои ҷавон пош хӯрдаанд, ки ниҳоят ташвишовар мебошад.

Дигар ҳолати нигаронкунанда никоҳи хешутабории наздик мебошад, ки падару модарон набояд онро нодида гиранд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар се соли охир аз 9,5 фоиз то 13 фоизи кӯдакон дар чунин оилаҳо маъюб таваллуд шудаанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷавонон ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар соли 2015 дар назди Президенти Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шуд.

Моҳи майи соли 2016 ҷаласаи нахустини шӯрои мазкур баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рафъи камбудиҳои ҷойдошта, дастгирии соҳаи варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим баррасӣ гардиданд.

Шӯрои мазкур, ки дар назди раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо низ амал мекунад, ҳамчун як майдони муҳимми баррасии масъала ва мушкилоти соҳаи ҷавонон, дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ва дастгирии ташаббусҳои созандаи ҷавонон васеъ истифода карда мешавад.

Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки мо ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо тамоми имкониятҳоро фароҳам месозем.

Мо умед дорем, ки ҷавонони мо ҳамчун табақаи аз ҳама фаъоли ҷомеа минбаъд низ ташаббусҳои созандаро амалӣ менамоянд, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз мекунанд ва дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии давлатамон боз ҳам фаъолона ширкат меварзанд.

Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти иқтисодиву сиёсии мамлакат мо соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон карда будем, ки ба таҳкими бештари нақши ҷавонон дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои онҳо мусоидат намуд.

Ин иқдом татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва фазои кору фаъолияти онҳоро дар муҳимтарин самтҳои ҳаёти ҷомеа, алалхусус, сиёсат, иқтисод ва фарҳанг тавсеа бахшид.

Қобили зикр аст, ки мо иштироки фаъолонаи ҷавонони мамлакатро дар сохтмони иншооти азиму тақдирсози кишвар, аз ҷумла неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дар тамоми корҳои бунёдкориву созандагӣ баръало мушоҳида менамоем.

Аз 11 ҳазор нафар бунёдкорони иншооти азими аср – неругоҳи барқи обии «Роғун» беш аз чил фоизашон ҷавонони то сисола мебошанд.

Сафи ҷавонон дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла саноату сохтмон, маорифу тандурустӣ ва кишоварзӣ низ торафт афзоиш ёфта истодааст.

Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар – Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург доранд.

Имрӯз қисми асосии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Мо ифтихор дорем, ки ҷавонони бонангу номуси мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, яъне ояндаи давлату миллат мебошанд.

Аз ин лиҳоз, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Яке аз самтҳои асосии дастгирии ҷавонон андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Зеро варзиш муҳимтарин шуғли инсон, қабл аз ҳама, ҷавонон буда, воситаи муассири беҳдошти саломативу таблиғи тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад ва барои таҳкими дӯстии одамон, муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ нақши бузург мебозад.

Мо дар замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии низоми тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия ва қабул кардем.

Санадҳои мазкур ба ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, бунёди иншооти варзиш ва баргузор кардани мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мусоидат намуданд.

Варзишгарони тоҷик танҳо дар панҷ соли охир дар мусобиқаҳои байналмилалӣ зиёда аз 2700 медал, аз ҷумла 783 тилло, 759 нуқра ва 1175 биринҷӣ ба даст оварда, ба шарофати пирӯзии онҳо парчами давлатамон борҳо дар фазои байналмилалӣ парафшон гардид.

Бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи варзиш соли шашум аст, ки ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ супорида мешавад ва то имрӯз 184 нафар варзишгарон, ки номи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кардаанд, дар ҳаҷми умумии қариб чор миллион сомонӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумат ба ин соҳаи муҳим ҳоло шумораи мактабҳои варзиш ба 128, варзишгоҳҳо ба 124, майдончаҳои варзиш ба 7301, толорҳои варзиш ба 1807, ҳавзҳои шиноварӣ ба 92 ва иншооти махсуси варзиш ба 792 расида, ба кор оғоз кардани Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе имкони баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи байналмилалиро фароҳам сохт.

Барои муқоиса хотирнишон месозам, ки шумораи умумии иншооти варзиш аз ҳазор иншооти соли 1991 ба 10220 иншоот дар соли 2020 расонида шудааст.

Яъне шумораи иншооти варзиш дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз даҳ баробар зиёд гардидааст, ки ин нишондиҳанда гувоҳи возеҳи ғамхории давлат нисбат ба ҷавонон мебошад.

Илова бар ин, дар назди дуюним ҳазор мактаби дар замони истиқлол сохташуда як толори варзиш ва як майдони варзиш низ бунёд шудааст.

Танҳо соли 2020, яъне соле, ки бо сабаби пандемияи коронавирус шароити мушкили иқтисодиву молиявӣ ба миён омад, барои наврасону ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 147 иншооти варзиш ба маблағи 1 миллиарду 63 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша, ки дар бунёди иншооти замонавии варзиш, яъне фароҳам овардани шароити беҳтарин барои наврасону ҷавонони Ватан ва дастгирии варзишгарон саҳми басо арзишманд гузоштаанд, сипосу миннатдорӣ баён менамоям.

Мо тасмим дорем, ки дар оянда низ ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа дода, барои тарбияи варзишгарони касбӣ ва солимии аҳли ҷомеа шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварем.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро зарур аст, ки якҷо бо Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои соҳавӣ навъҳои мухталифи варзишро васеъ ҷорӣ карда, ҷиҳати баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ тадбирҳои амалӣ андешад.

Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки роҳбарону масъулони соҳа бояд ба куллан беҳтар кардани фаъолияти баъзе федератсияҳо, тарбия кардану ба камол расонидани варзишгарони касбӣ, истифодаи самараноки иншооти варзиш ва нигоҳубини онҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Дӯстони азиз!

Вақте мо ҷавононро умеди фардои кишвар, неруи созанда ва захираи стратегии давлату миллат меномем, ин суханон танҳо шиор набуда, балки маҳз ба ҷавонон вобаставу пайваста будани ояндаи давлату миллатро ҳамчун як воқеият баён менамоянд, зеро давлат ва миллате, ки дар бораи насли ҷавони худ андеша мекунад, дар асл ояндаи худро таъмин ва устувор месозад.

Маҳз ба ҳамин хотир, дар яке аз суханрониҳоям гуфта будам, ки «Рӯ овардан ба ҷавонон – рӯ овардан ба оянда» мебошад.

Мехоҳам ин андешаро имрӯз низ таъкид намоям, чунки мо ҷавононро воқеан ҳам насли ояндасоз, соҳибони фардои Ватан ва давлат медонем.

Бо дарназардошти ҳамин далел, мо ба корҳои роҳбарӣ пешбарӣ намудани ҷавонони соҳибмаърифату баландихтисос, соҳибкасбу забондон ва лаёқатманду ташаббускорро, ки талаботи замони муосир мебошад, аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сар карда, то мақоми олии қонунбарор ва сохтору мақомоти марказӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ, стратегия ва консепсияҳои мавҷуда амалӣ карда истодаем.

Ҳамчунин, чанд сол қабл бо мақсади дастгирии ҷавонон ба Конститутсияи мамлакат тағйирот ворид кардем.

Таҷлили Рӯзи ҷавонон, ки ҳамчунин ба муносибати он ҳафтаи ҷавонон доир мегардад, имсол ба истиқболи сиюмин солгарди истиқлоли давлатӣ рост омадааст.

Бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор медорам, ки дар эъмори давлатдории миллии тоҷикон, ҳимояи дастовардҳои истиқлол ва рушду тараққиёти Тоҷикистон нақши ҷавонони бонангу номус бузург мебошад.

Ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ таҷлил намудани ин ҷашни муқаддас бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни омма, аз ҷумла наврасону ҷавонон тақвият дода, доир ба дастовардҳои кишварамон бо ҷалби олимону зиёиён дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту корхонаҳо, деҳаву маҳалҳои аҳолинишин, шаҳраку деҳот суҳбату вохӯриҳо ва гузаронидани ҳар гуна чорабиниҳо ба таври васеъ ба роҳ монда шавад.

Истиқлолу озодӣ муқаддастарину азизтарин неъмат ва бузургтарину арзишмандтарин сарват барои ҳар як миллат ва халқ мебошад.

Бинобар ин, мо бояд шукронаи ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем.

Зеро таҷрибаи ҳар давлате, ки роҳи рушди мустақилонаро пеш гирифтааст, нишон медиҳад, ки истиқлолу озодӣ ҳамеша ниёзманди ҳимояи ҷиддӣ аст.

Мо инро аз қадамҳои аввали соҳибистиқлолӣ, замоне, ки қувваҳои мухталиф борҳо кӯшиши шикаст додани давлати ҷавони тоҷиконро доштанд, равшану возеҳ эҳсос намудем ва барои таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа, ҳимояи муқаддасоти миллӣ ва рушди Тоҷикистони азизамон, пеш аз ҳама, ба ҷавонон такя кардем.

Ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо бояд минбаъд низ ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.

Ҷавонони гиромӣ!

Тақвияти фаъолияти волонтёрӣ ва таҳким бахшидани иттиҳоду ҳамбастагии ҷавонони кишвар дар атрофи сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат яке аз самтҳои афзалиятноки кор бо ҷавонон мебошад.

Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» аз 19 сентябри соли 2013 ин самти фаъолияти ҷамъиятӣ хеле рушд карда, ҳоло дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва сохторҳои маҳаллии он ҳазорҳо нафар ҷавонон ба ҳайси волонтёр муттаҳид гардида, дар чорабиниҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда истодаанд.

Мактаби волонтёрӣ барои ҷавонон ҳамчун арсаи ба ҳам овардани имконият ва неруи созандаи онҳо ҷиҳати анҷом додани амалҳои хайрхоҳона, иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятии манфиатбахш ва раванди худташаккулёбӣ мусоидат мекунад.

Мувофиқи мақсад дониста мешавад, ки ин самти фаъолият боз ҳам тақвият бахшида, неруи қишрҳои гуногуни ҷомеа ва дар навбати аввал, ҷавонон бо истифода аз тарзу воситаҳои волонтёрӣ ба ободу зебо гардонидани Ватани азизамон, ҳифзи муҳити зист, дастгириву кумак ба ятимону маъюбон, пиронсолон, оилаҳои камбизоат ва дигар шахсони ниёзманд равона карда шавад.

Бо ин мақсад, ба сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки то моҳи ноябри соли ҷорӣ барномаи рушди волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2022 – 2025 таҳия ва пешниҳод намоянд.

Дӯстони азиз!

Коршиносон фароҳам овардани шароиту имкониятҳои воқеиро барои омода намудани ҷавонони эҷодкору ҳунарманд ва соҳибкасбу соҳибихтисос яке аз роҳҳои асосии рушди босуботи иқтисодӣ мешуморанд.

Дар кишвари мо захираи асосии иқтисодӣ ва меҳнатиро насли ҷавон ташкил медиҳад, яъне аз панҷ чор ҳисса ё 80 фоизи аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъол ҷавонон мебошанд.

Ҳар сол дар кишвар зиёда аз 180 ҳазор нафар ба бозори меҳнат ворид мешавад, ки аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар кишвари мо тайи даврони соҳибистиқлолӣ беш аз як миллиону 150 ҳазор, аз ҷумла танҳо соли 2020-ум 193 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Мо ин равандро идома дода, тамоми чораҳоро андешида истодаем, ки ҳар сол на кам аз 100 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё созем.

Таъкид месозам, ки аз шумораи умумии ҷойҳои кории таъсисдодашуда зиёда аз 70 фоизаш барои ҷавонон мебошад.

Роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки тавассути ворид кардани технологияҳои пешрафта ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ барои ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва ҳарчи бештар бо шуғл таъмин кардани ҷавонон, бахусус, дар деҳот тадбирҳои иловагӣ андешида, ҳар моҳ ярмаркаи ҷойҳои холии кориро баргузор намоянд.

Илова ба тадбирҳое, ки аз ҷониби Ҳукумат дар самти таъмин намудани ҷавонон бо шуғл амалӣ шуда истодаанд ва бо дарназардошти «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 роҳбарону масъулини вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки фаъолияти худро доир ба бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, марказҳои дастгирии соҳибкорӣ, инчунин, марказҳои нави касбомӯзӣ ва ҳунармандӣ, ихтироъкорӣ ва паркҳои технологӣ барои ҷавонон ба таври ҷиддӣ вусъат бахшанд.

Бо дарназардошти ҳалли мушкилоти вобаста ба шуғли ҷавонон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ рӯйхати ном ба номи ҷавонони бешуғлро таҳия намуда, дар иртибот ба супориши Паёми Роҳбари давлат дар хусуси то соли 2025 соҳибкасб намудани ҷавонони то 25 – сола ва махсусан, бо роҳи зиёд кардани курсҳои касбомӯзӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Таъкид месозам, ки бо шуғл фаро гирифтани ҷавонон, яке аз роҳҳои муассири рушди иқтисодӣ ва дар айни замон, омили кам шудани содиршавии ҷиноят ва дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби онҳо мебошад.

Тибқи маълумот танҳо дар соли 2020 аз ҷониби ҷавонон ё бо иштироки онҳо беш аз 4900 ҷиноят содир шудааст, ки қисми зиёди онро ҷавонони бекор содир намудаанд.

Вақтҳои охир нисбат ба 1660 нафар шаҳрвандони то 30 – сола, ки 41 нафари онҳо ноболиғ мебошанд, барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди кишварҳои хориҷӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.

Илова бар ин, дар миёни ҷавонон паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ, аз қабили вируси норасоии масунияти одам ва нашъамандӣ низ ташвишовар мебошад.

Ҳамчунин, масъалаи даст ба ҷиноят задани ноболиғон низ нигаронкунанда мебошад, зеро шумораи зиёди ҷиноятҳо аз ҷониби хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ содир карда мешавад.

Дар панҷ соли охир аз ҷониби ноболиғон ё бо иштироки онҳо 4437 ҷиноят содир гардидааст.

Ҳарчанд ки шумораи ҷиноятҳои дар соли 2020 содиршуда нисбат ба соли 2019 қариб 16 фоиз кам шудааст, вале 754 ҳолати ҷинояти аз ҷониби ноболиғон содиршуда ҳанӯз ҳам ташвишовар мебошад.

Барои касе пӯшида нест, ки имрӯз дастовардҳои муосири технологӣ дар баробари осон намудани фаъолият дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт шароитро барои роҳандозӣ намудани шаклу шеваҳои гуногуни расонидани зиён ба худи инсоният фароҳам сохтаанд.

Хусусан, барои раҳгум сохтани наврасону ҷавонон ва ба сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҷалб кардани ин қишри осебпазир аз шабакаи интернет ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки солҳои охир 70 фоизи шахсони ба сафи ҷангиёни кишварҳои дигар, аз ҷумла Сурияву Ироқ шомилшуда аз байни муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷалб ва истихдом гардидаанд.

Илова ба мушкилоти зиёде, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ инсоният бо онҳо рӯ ба рӯ шудааст, масъалаҳои шиддатёбии хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, шомилшавии ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, вусъат гирифтани радикализми динӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, савдои одамон, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳаёти мардумони сайёра ва амнияти давлатҳоро ҷиддан халалдор сохта истодаанд.

Бо таъсири шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ баъзе аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳи мо ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат мекунанд, ба обрӯи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ иснод меоваранд, падару модарон ва наздиконашонро дар байни ҷомеа шармсор месозанд.

Бахусус, дар шароити имрӯза, ки талоши тамоми қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ равона шудааст, ҷавонони мо бояд бисёр ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунанд.

Дар чунин шароит вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросим бо ҷалби васеи зиёиён ҷиҳати ҳарчи зиёдтар огоҳӣ пайдо намудани ҷавонон аз таъриху фарҳанги халқи тоҷик, арзишҳои милливу умумибашарӣ ва равандҳои глобалии ҷаҳони муосир бояд корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон вусъат бахшида, иштироки боз ҳам фаъолтари онҳоро дар раванди эъмори давлати миллӣ ва ҷомеаи пешрафтаву мутамаддини иҷтимоӣ таъмин гардонанд.

Дар ин раванд, зарур аст, ки ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон ва варзиш, падару модарон ва фаъолон ҷиҳати пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва наврасон тақвият дода, дар ин самт ҳарчи бештар чорабиниҳои таъсирбахш амалӣ карда шаванд.

Вобаста ба ин масъала, хотиррасон месозам, ки ҳалли мушкилоти ҳазорон нафар ҷавонони мо низ, ки дар хориҷи кишвар таҳсили илм доранд, аз ҷумла пешгирӣ кардани пайвастани онҳо ба созмону ҳаракатҳои ифротӣ фаъолияти мунтазам ва ҳамоҳангшударо талаб менамояд.

Дар ин самт вусъат бахшидани фаъолияти Шӯрои маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдоштаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба воситаи сафоратҳо, консулгариҳо, ҷамъиятҳои ҳамватанони бурунмарзӣ, муассисаҳои таълимии мамолики хориҷӣ ва пурзӯр намудани назорати ин масъала аз ҷониби вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳим мебошад.

Ҳамзамон бо ин, вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки ба фаъолияти маҳфил ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

Тавре ки дар паёми Роҳбари давлат зикр гардид, ғамхории пайваста дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии онҳо яке аз муҳимтарин вазифаҳо ба ҳисоб меравад.

Таъминоти иҷтимоии ҷавонон, аз ҷумла дастгирии ятимони кулл ва аз оилаҳои камбизоат, ҷавонони имконияташон маҳдуд ва бекор самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муқаррар гардидааст, чунки ин гурӯҳи осебпазир, пеш аз ҳама, ба дастгирии давлат ниёз дорад.

Мо андешидани тамоми тадбирҳои заруриро барои соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар гардонидану ба ҳаёти мустақилона омода намудани наврасону ҷавонон дар оянда низ идома медиҳем.

Шумо – фарзандони азиз, ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки ҳамаи заҳмат ва кору фаъолияти мо – калонсолон ба хотири муҳайё кардани шароити зарурӣ барои фардои ободу осудаи шумо равона шудааст.

Ояндаи давлат ва халқи мо ба шумо тааллуқ дорад ва маҳз шумо ҳамчун табақаи фаъоли ҷомеа умеду орзуи падару модар ва такягоҳи давлату миллат ҳастед.

Ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасоз, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавон ва ба хизмати давлатӣ бештар ҷалб намудани онҳо яке аз ҳадафҳои меҳварии сиёсати давлату Ҳукумат ва хусусан, Роҳбари давлат ба ҳисоб меравад.

Яъне дастгирии ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод, донандаи забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир, инчунин, муҳайё кардани тамоми шароити зарурӣ барои тарбияву ба камол расонидани мутахассисони ҷавон минбаъд низ дар маркази диққати мо қарор хоҳад дошт.

Шумо, ҷавонони азиз, бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму донишҳои муосир бошед, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кунед, ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли хеш содиқ бошед, сарзамини аҷдодиро самимона дӯст доред, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳимоя кунед, нангу номус ва ҳисси баланди миллии худро ҳифз намоед, эҳтироми падару модар ва пирону калонсолонро ба ҷо оваред.

Шумо, фарзандони азиз, ҳеҷ гоҳ виҷдону имони худро нафурӯшед, ба Ватани маҳбубамон, миллати бостониамон ва давлати соҳибихтиёрамон ҳаргиз хиёнат накунед.

Фаромӯш накунед, ки мардум хиёнат ва хиёнаткорро ба ҳеҷ ваҷҳ намебахшанд.

Шумо – ҷавонони саодатманд, ки ояндасозони ин Ватани биҳиштосо ва фардои Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебошед, метавонед дар ҷаҳони пуртазоди муосир Тоҷикистони соҳибистиқлол ва манфиатҳои давлату миллатро ҳифз кунед, сарзамини аҷдодиро боз ҳам ободу зебо гардонед ва қарзи фарзандиву рисолати шаҳрвандии худро дар назди Модар – Ватан сарбаландона иҷро намоед.

Шумо бояд ифтихор дошта бошед, ки насли замони истиқлол ҳастед ва дар Ватани озоду соҳибихтиёр зиндагӣ мекунед.

Фаромӯш насозед, ки истиқлоли давлатӣ асос ва таҳкурсии хонаи обод, сари баланд ва зиндагии орому осудаи ҳар фарди соҳибдавлату соҳибватан мебошад.

Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд.

Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ менамоем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос мекунем.

Мулоқоти навбатии мо аз он ҷиҳат ҳам таърихӣ хоҳад буд, ки дар давраи омодагӣ ба истиқболи арзандаи ҷашни мубораки 30 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Фардои ин Ватани азиз аз ташаббусҳои наҷиб ва анҷоми рисолатҳои бузурги шумо оғоз мешавад.

Мо ба шумо ҷавонон – неруи бузурги созандаи кишвар эътимод мекунем ва бовар дорем, ки аз уҳдаи ин рисолати бузурги таърихӣ ва иҷрои вазифаи фарзандии хеш бо сарбаландӣ мебароед.

Бори дигар ҷашнро ба ҳамаи ҷавонони кишвар ва шумо, ҳозирини гиромӣ, самимона табрик гуфта, ба шумо – фарзандони азиз, тандурустӣ, бахту саодат ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҳамеша сарбаланду хушбахт бошед!

Вакти нашр: 2021-05-21 13:05:27    Хонданд: 152    Муфассал...

Вакти нашр: 2021-05-21 13:05:27    Хонданд: 56    Муфассал...

ВОХӮРӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “БОҒИ ДӮСТИИ ХАЛҚҲО”-И МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “БОҒИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ БА НОМИ А.ФИРДАВСӢ”

Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии “Боғи дӯстии халқҳо” бо аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ оид ба омӯзиши Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар амал татбиқ намудани Оиннома ва Барномаи ҲХДТ ва пешгирии шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Абдураҳим Шоҳиён - Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Қурбонзода Аламхон – раиси ташкилоти ибтидоии “Боғи дӯстии халқҳо” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қайд гардид, ки нақши Паёми Пешвои миллат дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии кишвар, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарки баланди ҳизбӣ ва пешгирии шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ суханронӣ намуданд.

Дар интиҳо ба шахсоне, ки иродаи сиёсии худро муайян намуда, аъзои ҳизб шуданд ба онҳо шаҳодатномаи ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуд.

Вакти нашр: 2021-05-21 13:25:23    Хонданд: 118    Муфассал...

Кӯлоб - мо бо Шумоем!

Бо дастури Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва супориши Муовини якуми Раиси ҲХДТ, муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор гурӯҳи ташаббускори кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, аъзои фаъоли кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур ва намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Шоҳмансур бо роҳбарии раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Обидов Фозил Саидович, намояндаи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Насимҷон Ҳомидзода дар ҳайати беш аз 50 нафар ба шаҳри Кӯлоб сафар карданд.

Ҳадафи сафар расонидани кумаки амалӣ ба зарардигарон аз офати табиӣ ва тоза кардани беш аз 250 метр сою қисме аз хонаҳои истиқоматии аҳолии сарбаланди шаҳри Кӯлоб мебошад.

Сафари кории гурӯҳ идома дорад.

Вакти нашр: 2021-05-22 12:15:34    Хонданд: 112    Муфассал...

Вакти нашр: 2021-05-22 12:15:34    Хонданд: 48    Муфассал...

Қосим-Жомарт Тоқаев ва котиби матбуоти ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ назари худро аз натиҷаҳои сафари расмии Президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон баён доштанд

Қосим-Жомарт Тоқаев ва котиби матбуоти ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ  назари худро аз натиҷаҳои сафари расмии Президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон  баён доштанд.

«Дар ҷараёни гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мо ба мувофиқа расидем, ки роҳро дар самти таҳкими шарикии стратегии Қазоқистон ва Тоҷикистон идома бидиҳем». Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев дар сафҳаи Twitter-и худ хабар додааст.

Котиби матбуоти Сарвари давлати Қазоқистон Берик Уалӣ навори видеоиеро оид ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр намуд.

«Сафари дурӯзаи расмии Сарвари давлат ба Тоҷикистон бо муваффақият анҷом ёфт. Ҷониби Тоҷикистон ҳайати Қазоқистонро бо эҳтироми бузург пазируфт. Эмомалӣ Раҳмон Қосим-Жомарт Тоқаевро дар фурудгоҳи Душанбе шахсан пешвоз гирифта, гусел намуданд», — навиштааст Берик Уалӣ.

                                                        АКСҲО аз АИБ «Казинформ»

Вакти нашр: 2021-05-22 12:54:13    Хонданд: 109    Муфассал...

Мо бо ҷавонон, ин ояндасозони миллат, ифтихор менамоем!

Саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа бориз аст.

 «Ҷавонон қувваи бузург, неруи созанда ва ояндаи миллатанд»,-иброз медоранд пайваста Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷавонпарварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷавонон дар ҳама давру замон неруи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, ҳамаи кишварҳои пешрафтаи сайёра барномаҳои миллии хешро бо такя ба ин неруи созанда таҳрезӣ намуда, ҷавононро дар меҳвари сиёсати давлатии худ ҷой медиҳанд. Ҳукумати кишвари мо низ дар ин самт ҳамеша дастбакор аст. Шуруъ аз лаҳзаҳои нахустини соҳибистиқлолӣ нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир гарида, барои ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам гаридааст.

Бо мақсади таҳкими мақоми ҷавонон дар ҳаёти мамлакат, барои беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стипендияҳои Президентӣ, квотаи Президентӣ, стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ҳамзамон сол аз сол ҷалби љавонон дар идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст, ки ҳамаи ин иқдомот ҳамчун далели ғамхориҳои пайвастаи Давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ мегарданд.

Боиси зикри махсус аст, ки дар ҳама давру замон барои мардуми тоҷик ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд ифтихори миллат буда, маҳз онҳо қудрат доранд, ки пешбарандаи илму фарҳанги миллати хеш бошанд ва ҳамчун посдорони мероси аҷдодӣ ба наслҳои оянда хизмат намоянд. Таъсиррасонии ин қишри ҷомеа дар ҳайёти сиёсии кишвар ба инобат гирифта, ҳамасола дар кишвари хуршедии нуррезу зархезу дилангези мо – Тоҷикистони азиз санаи 23-юми май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад, ки нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи хоссаи давлат ба табақаи фаъоли ҷомеа, яъне наврасону ҷавонон мебошад.

“Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад”,-иброз намуда буданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016. Дар ин сол ва солҳои соҳибистиқлолӣ барои ҷавонони кишвари мо тамоми шароити кору зиндагӣ ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ муҳайё буд. Танҳо ва танҳо наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободию пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

Ҳоло мо метавонем дилпурона изҳор дорем, ки ҷавонони кишвар низ бо истифода аз шароити барои онҳо фароҳамовардаи давлат ва Ҳукумати мамлакат вазифаҳои худро бо масъулияти баланд дар назди ҷомеа иҷро менамоянд ва ҳамчун насли ташаббускору ояндасоз дар саросари мамлакат ба корҳои бунёдгаронаву созанда машғул мебошанд.

Дар охир иброз намуданро зарур мешуморам, ки ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлолӣ худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

Ҳомидзода Насим-мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

Вакти нашр: 2021-05-24 09:43:20    Хонданд: 171    Муфассал...

ҶАҲОНГАРОӢ ВА ТАФАККУРИ МИЛЛӢ

Имрӯз ҷаҳони муосир ба раванде рӯ ба рӯ шудааст, ки ҷаҳон дар он чеҳраи нав гирифта, муносибатҳои сиёсии байналмилалӣ дигаргун мешаванд. Ин раванд ҷаҳонишавӣ ном дошта, инкишофи он ба сатҳи зиндагӣ, ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҳар давлат вобастагии зич дорад. Аз ин рӯ, мафҳуми ҷаҳонишавӣ дар ҳар кишвар, дар ҳар давраву фосилаи таърихӣ ба худ маъниҳои хосро касб менамояд. Ҷаҳонгароӣ равандест, ки аксар давлатҳо таҳти таъсири ҳуҷумҳои фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодии давлатҳои абарқудрат қарор мегиранд.

Раванди ҷаҳоншумулӣ дар нимаи дуюми асри XX ва ибтидои асри XXI дар натиҷаи мухолифатҳои сиёсию идеологии давлатҳои абарқудрат ва инқилоби илмию техникӣ ба авҷи аълои худ расида, дар як мудати кӯтоҳ ҷаҳонро дигаргун намуд. Васеъ ва мураккаб гардидани робитаҳою ҳамбастагиҳо миёни халқҳову давлатҳои ҷаҳон, ташкили созмону ниҳодҳои минтақавию байналмилалӣ, рушди бо суръати илму техника, пайдоиши шабакаи ҷаҳонии интернет ва ғайра натиҷаи ин раванд мебошад. Ҷаҳонишавӣ аз як тараф баҳри беҳтар гардидани ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии аксар кишварҳои ҷаҳон мусоидат намуда бошад, аз тарафи дигар барои баъзе кишварҳои сайёра, хусусан давлатҳои ҷавон таҳдидҳои ниҳоят бузург намуда истодааст. Имрӯзҳо давлатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки ба ин раванд тоб наоварда, дучори мушкилоти гуногуне гардида, ҳатто ба нестшавӣ расидаанд.

Ташкили созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ баҳри мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстию якпорчагӣ миёни халқу миллатҳои ҷаҳон натиҷаи мусбии ин раванд бошад, мухолифатҳо миёни баъзе аз созмонҳо ва таъсиси созмону гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ натиҷаи нигаронкунанда маҳсуб меёбад.
Имрӯз терроризму экстремизм мушкилоти рақами як дар ҷаҳон гардидааст. Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, бо паёмадҳои хатарзои худ мардуми сайёраро ба коми тарсу ҳарос кашида, ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардааст. Ин гуна созмону гурӯҳҳои даҳшатафкан барои пиёда намудани мақсадҳои нопоки худ дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон, ба қувваи насли ҷавони ҷаҳони имрӯза такя намуда, бо ҳар роҳу восита ба афкори ҷавонон таъсир расонида, онҳоро ҳамчун кувваи пешбарандаи амалҳои ғайриинсонӣ истифода ва қурбони хушунат дар набардҳои разилонаи худ месозанд.

Дар натиҷаи пайдоиши чунин гурӯҳҳо қисме аз давлатҳо, махсусан Афғонистон, Ироқ, Сурия, Либия дар баробари гирифторӣ ба ҷанг, боз бо паёмадҳое рӯ ба рӯ шудаанд, ки на танҳо худи ин давлатҳо, балки тамоми аҳолии сайёраро ба таҳлука овардааст. Амалҳои разилонаи ин гуна созмонҳо боис гардид, ки давлатҳои ҷаҳон сари як миз нишаста, баҳри пешггирӣ намудани ин вабои аср ва аз байн бурдани чунин гурӯҳҳо чораҳои зарурӣ андешанд. Тоҷикистон низ ҳамчун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷонибдори сулҳу субот кӯшиш дорад, ки барои ҳалли мушклоти терроризм ва пешгирии амалҳои террористӣ бо давлатҳои сайёра сари як миз нишаста, баҳри устувор нигоҳ доштани оромиву осоиштагии ҷаҳони муосир саҳми худро гузорад. Вобаста ба ин матлаб сарвари адолатпеша ва сулҳпарвари мо, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки террорист дар асли худ дин, мазҳаб, миллат ва Ватан надорад ва Тоҷикистон омодааст баҳри мубориза бо ин вабои аср бо ҷомеаи ҷаҳон ҳамкорӣ намояд.

Мутаассифона, аз кишвари мо низ баъзе аз ҷавонони ноогоҳу аз илму таълим дур ба ин гуна гурӯҳҳо пайвастаанд, ки ин ҳукумати кишварро сахт нигарон кардааст. Маҳз барои пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ифротӣ ва тақвият бахшидани дӯстию бародарӣ миёни ҷавонони кишвар, Сарвари давлат соли 2017 - ро ,,Соли ҷавонон” эълон намуда, ҳамасола бо қишри созандаи кишвар суҳбату мулоқот доир менамоянд. Ин боис гардид, ки ҷомеа ва ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи худро ба насли ояндасози миллат бештар намуда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия намоянд. Ҳадаф аз чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва эълон доштани як сол ҳамчун “Соли ҷавонон” баҳри баланд бардоштани савияи дониш, худшиносии миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳангии миллии хеш ва ба воя расонидани насли солим ва бомаърифату ватандӯст мебошад. Ҳукумати кишвар тавонист бо чунин ғамхориҳои хеш ҷавонони моро аз вартаи ноадолатиҳои ҷаҳони муосир дур намуда, онҳоро ба раванди ҳассоси ҷаҳонгароӣ мутобиқ созад.

Тарақиёти бо сурати илму техника, кашфиётҳои бузурги ин соҳаҳо дигаргуниҳои куллиро дар ҳаёти башарият ба вуҷуд оварда, дар таърихи инсоният саҳифаи наверо боз намуд. Пайдоиши васоити электронии ахбор, компютер ва шабакаи ҷаҳонии интернет раванди ҷаҳонишавиро тезонида, инқилоби наверо дар ҳаёти инсоният ба вуҷуд овард. Ин кашфиётҳо як такони бузурге баҳри беҳтар намудани зиндагии аҳолии сайёра гардида, омили асосии рушди муносибатҳои ҷаҳони муосир шуданд. Вале дар баробари ин тараққиёти бо сурати илму техника сабабгори пайдоиши мушкилоти гуногуни ҷаҳонӣ гардид. Зеро рақобат миёни кишварҳои ҷаҳон баҳри баланд бардоштани нуфузи худ дар арсаи байналмилалӣ шиддат ёфт. Ҳар як давлат бо дастовардҳои бузурги илмиву техникии худ мехоҳад ҷойгоҳи хешро дар ҷаҳони муосир муайян намояд. Ин рақобатҳо шиддатёбии раванди ҷаҳоншумулиро нишон дода, боиси нигаронии аҳолии сайёра гардидааст. Зеро на ҳама кишварҳои дунё ба ин раванди ҳассос тобовар буда метавонанд.

Ба вуҷуд омадани фарҳанги умумиҷаҳонӣ, ки сабабгори асосии он пайдоиши бозори ҷаҳонӣ мебошад, метавонад пояи фарҳанги миллиро суст намуда, ҳатто онро аз байн барад. Васоити электронии ахбор омили муҳими рушди фарҳанги умумиҷаҳонӣ буда, тавасути он мардум майл ба фарҳангҳои бегона менамоянд, ки ин ба фарҳанги миллии онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Зеро баъзе аз давлатҳои абарқудрат аз усули баланди коргузорию филмофарӣ ва барномасозии мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ истифода бурда, бо ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд фарҳанги худро дар дигар кишварҳои ҷаҳон паҳн намуда, бо ин роҳ фарҳанги дигаронро аз байн баранд.

Хушбахтона, Ҳукумати кишвар саривақт ин масъаларо дарк намуда, барои ҳифзи фарҳанги миллии тоҷикон чораҳои заруриро андешида, пеши роҳи тақлид ба фарҳанги бегонаро гирифта истодааст. Баҳри устувор нигоҳ доштани эҳтиром ба фарҳаниги миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва рушди сайёҳию ҷалби ҷаҳонгардон ба Тоҷикистони офтобӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, ки ин иқдом заминаи хубе шуд дар беҳтарсозии симову рушди инфрасохтори наву муосир дар рустову деҳаҳои мамлакат, эҳёи ҳунару ҳунармандӣ ва барқарорсозиву муаррифии имкониятҳои васеъи сайёҳии Тоҷикистони зебоманзар.

Аз ин хотир, ҳар яки моро зарур аст, ки баҳри нигоҳ доштани сулҳу суботи кишвар, дӯстиву бародарӣ ва ҳифзи арзишҳои миллии хеш дар чунин раванди ҳассоси ҷаҳонгароӣ сарҷамъона ва якдилона кӯшиш намуда, Ватани азизу муқаддас - Тоҷикистони биҳиштосоямонро аз ҳар гуна зуҳуротҳои номатлуб муҳофизат намоем.

Шарафи Кароматулло - корманди

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

Вакти нашр: 2021-05-24 10:57:50    Хонданд: 51    Муфассал...

Суҳбату вохӯриҳои судманд бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2021, №4-34/10 оид ба баргузории суҳбату вохӯриҳо ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бундёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истилолияти давлатӣ бо ҷалби мутахассисон аз вазорату идораҳо, ҷамъиятҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, воситаҳои ахбори омма суҳбату вохӯриҳо бо сокинони шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст.

Зимнан ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Душанбе гурӯҳи корӣ дар ҳайати Бобизода Ғуломқодир – Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Авзалов Ғайбулло – раиси Шӯрои кӯҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Ҳусейнзода Хусрав – ёрдамчии муовини Раиси Суди конститутсионӣ, Саидаҳмадзода Дилором – директори маркази Академияи идоракунии давлатӣ, Одинаев Амин – сардори раёсати Маркази тадқиқоти стратегӣ, Наврӯзов Ҳамзақул – муовини сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Ваҳобзода Абдураҳмон – сардори раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Раҳимова Азизбегим – сармутахассиси Вазорати фарҳанг, Раҷабов Саидумар – мудири шуъбаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Нуриддинов Раймалӣ – мудири кафедраи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Зокирзода Ҳобил – мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Махсумзод Равшан – нависанда – муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Исҳоқӣ Ҳусния – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Сангмамадова Моҳира – муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Давлатова Ибодат – рӯзноманигори рӯзномаи “Народная газета”, Ализода Хуринисо – рӯзноманигори рӯзномаи “Минбари халқ” ва Саидов Абдулло – муҳаррири шуъбаи рӯзномаи “Халқ овозӣ” таъсис ёфта, ба кори худ оғоз намуданд.

Имрӯз, санаи 24 май дар 8 минтақаи ноҳияи Фирдавсӣ, аз ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №5, №59, №28, №76, №3, №57, №72 ва Маркази эҷодии кӯдакону наврасон миёни сокинони ноҳияи бо иштироки Ваҳобзода Абдураҳмон – сардори раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Исҳоқӣ Ҳусния – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе,  Зокирзода Ҳобил – мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва  Саидов Абдулло – муҳаррири шуъбаи рӯзномаи “Халқ овозӣ” суҳбату вохӯрии судман баргузор гардида, оид ба масъалаҳои матраҳгардида маърӯза намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Вакти нашр: 2021-05-25 09:07:03    Хонданд: 118    Муфассал...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилояти Хатлон ва як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд

25 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро доир ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Вахш ва Абдураҳмони Ҷомӣ, шуниданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки барои ҳарчӣ зудтар барқарор кардани иншооти аз офат зарардида, суръати корҳоро тезонанд.

Зимни суҳбати телефонӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба раиси вилояти Хатлон ҷиҳати ҷамъоварӣ ва захираи кофии хошоки дурушти чорво, ҷамъоварии беталафи ғалладонагиҳо, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили мевагӣ, сабзавот ва полезиҳо ба хориҷи мамлакат ва суръатбахшии кишти такрорӣ, супоришҳо доданд.

Дастурҳои дигар вобаста ба иҷрои корҳои ободонӣ, созандагӣ ва таъмини нақшаи чорабиниҳо баҳри истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дода шуд.

Зимни суҳбати телефонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон доир ба андешидани чораҳои таъхирнопазири пешгирикунандаи мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, махсусан малах дар ҳудуди ноҳия, ҷамъоварии хошоки дурушти чорво, таъмини нақшаи кишти такрорӣ, инчунин вусъати корҳои ободонӣ ба ифтихори таҷлили арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, супоришҳо доданд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Лахш, Сангвор, Файзобод, Мастчоҳи кӯҳӣ, Деваштич ва шаҳри Панҷакент доир ба рафти кишти картошка ва иҷроиши нақшаи кишти ин навъи маҳсулот, ҳисобот доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои номбаршуда бо истифода аз ҳамаи имконияту захираҳо вазифаҳои дар наздашон гузоштаро оид ба таъмини нақшаи кишти картошка пурра ва бо сифат таъмин намоянд.

Ҳамчунин раисони шаҳру ноҳияҳо аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур гирифтанд, ки барои истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободонию созандагиро вусъат бахшанд.

Вакти нашр: 2021-05-25 12:01:50    Хонданд: 92    Муфассал...

АМАЛИЁТИ ҲИЗБӢ: ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ - ИФТИХОРИ МАН!

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2021 амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ман – ифтихори ман”-ро дар кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ноҳияҳои пойтахт баргузор намуда истодааст.

Дар ҳамин росто имрӯз гурӯҳи кории тасдиқгардида аз мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Раҷабзода Э. ва мудири шуъбаи омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ – Пирхонов Б. аз  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Адиб” ва “Китоб” дидан намуданд.

Бояд қайд намуд, ки кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ячейкаи асосии ҲХДТ ба шумор рафта, барои ноил шудан ба муваффақияту музаффариятҳо саҳми арзанда мегузоранд ва дар амалигардонии Барнома ва Оинномаи ҲХДТ нақши калидӣ доранд.

Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани нуфузу мартабаи ҲХДТ дар дигар кумитаю ташкилотҳо идома дорад.

Вакти нашр: 2021-05-26 08:06:29    Хонданд: 95    Муфассал...

Вакти нашр: 2021-05-26 08:06:29    Хонданд: 34    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "СОМОН-СЕРВИС"

Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии "Сомон-сервис" маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид, ки дар он Абдураҳим Шоҳиён - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи ва роҳбарияту аъзоёни ташкилоти мазкур иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба омӯзиши Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар амал татбиқ намудани Оиннома ва Барномаи ҲХДТ ва пешгирӣ аз шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористию экстремистӣ, саҳм гузоштан ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Дар фарҷоми суханронӣ миёни иштирокчиён оид ба корҳои ҳизбӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Вакти нашр: 2021-05-26 08:39:57    Хонданд: 45    Муфассал...

Вакти нашр: 2021-05-26 08:39:57    Хонданд: 44    Муфассал...

АМАЛИЁТИ ҲИЗБӢ: ШАҲОДАТНОМАИ МАН-ИФТИХОРИ МАН!

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2021 амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ман – ифтихори ман”-ро дар кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ноҳияҳои пойтахт баргузор намуда истодааст.

Дар ҳамин росто аз ҷониби гурӯҳи назоратии ноҳияи Шоҳмансур  санаи 24 ва 25 май аз  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Навовари ҷавон”, “Канзи шифо”, “Ғалла”, “Сабт ва танзим”, “Хонаи умед”, “Дармонгоҳи марказӣ” ва “Навид”-и ноҳия дидан намуданд.

Бояд қайд намуд, ки кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ячейкаи асосии ҲХДТ ба шумор рафта, барои ноил шудан ба муваффақияту музаффариятҳо саҳми арзанда мегузоранд ва дар амалигардонии Барнома ва Оинномаи ҲХДТ нақши калидӣ доранд.

Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани нуфузу мартабаи ҲХДТ дар дигар кумитаю ташкилотҳо идома дорад.

Вакти нашр: 2021-05-26 09:01:19    Хонданд: 64    Муфассал...

Вакти нашр: 2021-05-26 09:01:19    Хонданд: 31    Муфассал...

АМАЛИЁТИ ҲИЗБИИ “ШАҲОДАТНОМАИ МАН-ИФТИХОРИ МАН!” ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2021 амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ман – ифтихори ман”-ро дар кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ноҳияҳои пойтахт баргузор намуда истодааст.

Дар ҳамин росто аз ҷониби гурӯҳи назоратии ноҳияи Исмоили Сомонӣ  санаи 24 ва 25 май аз  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Раҳнамо”, “Ломоносов”, “Тоҷикматлубот”, “Сармоя” ва “Саид Носир”-и ноҳия дидан намуданд.

Бояд қайд намуд, ки кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ячейкаи асосии ҲХДТ ба шумор рафта, барои ноил шудан ба муваффақияту музаффариятҳо саҳми арзанда мегузоранд ва дар амалигардонии Барнома ва Оинномаи ҲХДТ нақши калидӣ доранд.

Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани нуфузу мартабаи ҲХДТ дар дигар кумитаю ташкилотҳо идома дорад.

Вакти нашр: 2021-05-26 09:28:17    Хонданд: 77    Муфассал...

Вакти нашр: 2021-05-26 09:28:17    Хонданд: 33    Муфассал...

Суҳбату вохӯриҳои судманд бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2021, №4-34/10 оид ба баргузории суҳбату вохӯриҳо ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бундёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истилолияти давлатӣ бо ҷалби мутахассисон аз вазорату идораҳо, ҷамъиятҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, воситаҳои ахбори омма суҳбату вохӯриҳо бо сокинони шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст.

Аз ҷониби гурӯҳи таблиғотӣ дар ҳайати  Исҳоқӣ Ҳусния – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва  Зокирзода Ҳобил – мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, санаи 25 май дар 2 мулоқоту вохӯрӣ дар МТМУ 40  бо иштироки 202 нафар ва дар МТМУ №51 бо иштироки 68 нафар сокинони ноҳияи Фирдавсӣ суҳбату вохӯрии судман баргузор гардид. Дар маҷмуъ 720 нафар сокинони ноҳияи Фирдавсӣ дар ин мулоқотҳо ҷалб карда шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Вакти нашр: 2021-05-26 09:55:27    Хонданд: 84    Муфассал...

Вакти нашр: 2021-05-26 09:55:27    Хонданд: 37    Муфассал...

ВОХӮРӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ТОҶИКСТАНДАРТ"

Санаи 25 майи соли ҷорӣ дар толори ташкилоти ибтидоии "Тоҷикстандарт" бо кормандони ин ҷода ба муносибати Иди касбияшон вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он Абдураҳим Шоҳиён - Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Абдулваҳҳобзода Темурҷон - Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси ташкилоти ибтидоӣ ва муовинони директор иштирок намуданд.

Баромадкунандагон қайд намуданд, ки стандартонӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии Тоҷикстандарт, чун мақоми миллии стандартонӣ, ин таъсис ва пешбурди Фонди давлатии стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Инчунин дар амал табиқ намудани ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, оид ба ҳадафҳои стратегии кишвар ва саҳм гузоштан ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ваъзи сиёсии ҷомеаи ҷаҳони имрӯза баромад намуданд.

Дар ҷамъбаст дар фазои тантанавӣ Абдураҳим Шоҳиён - Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамаи кормандони агентиро бо Иди касбияшон табрик муборакбод гуфта, дар ҷодаи кор бурдориҳо, қуллаҳои баланди касбӣ, тани сиҳатро изҳори таманно кард. Ҳамзамон, қадрдонӣ намудани раиси ташкилоти ибтидоии мазкур бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ ва ба як қатор кормандоне, ки тоза ба сафи ҳизб шомил шуданд шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Вакти нашр: 2021-05-26 10:22:01    Хонданд: 85    Муфассал...

Вакти нашр: 2021-05-26 10:22:01    Хонданд: 41    Муфассал...

Авҷу суръати бесобиқаи тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ дар саросари шаҳри Душанбе

Торафт бо зебову назаррабо гаштани симои пойтахти кишвар боис гашта, барои сокинон шароитҳои беҳтари кору зиндагӣ фароҳам карда шудааст. Дар ҳошияи тадбирҳои созандаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Сино иншооти нави ҷашнӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ҷараёни мавриди истифода қарор додани иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Сино намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок доштанд. Маркази тавонбахшии маъюбон дар назди Маркази миллии тиббии «Шифобахш»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумори иншооти муосири соҳаи тандурустӣ буда, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он, фарогирии маъюбон ба хизматрасониҳои тиббӣ беҳтар гардидааст. Тавре дар ҷараёни шиносоӣ аз шароити фароҳамгардида дар ин маркази тиббӣ иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонию муҷаҳҳазгардонии Маркази тавонбахшии маъюбон дар назди Маркази миллии тиббии «Шифобахш» дар ҳошияи ҳамкориҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия бо маблағгузории Сарраёсати Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA) амалӣ гардидааст. Марказ дорои шароити зарурии хизматрасонӣ ба беморон буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар марказ барои табобати ҳам хурдсолон ва ҳам калонсолон шароит фароҳам мебошад. Масъулини Маркази тавонбахшии маъюбон иброз медоранд, ки инҷо се ҳуҷраи табиатшифоҳӣ ва маҳс, ҳамзамон се ҳуҷраи тавонбахшӣ мавҷуд буда, имкон аст, ки дар як вақт то 15-20 нафар беморон ба табобат фаро гирифта шаванд.

Дар ин рӯз бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар суроғаи кӯчаи Алишери Навоӣ 23/3-и ноҳияи Сино бинои бисёрқабатаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бинои истиқоматӣ аз таваққуфгоҳи зеризаминии нақлиётӣ ва 14 ошёна иборат буда, бо тарҳи зебои меъмориаш ба ин гӯшаи шаҳри Душанбе зебогии хосса бахшидааст. Иншоот дар доираи тадбирҳои андешидаи шаҳрдорӣ дар самти таъмини аҳолӣ бо манзилҳои босифати истиқоматӣ, аз ҷониби ҶДММ «Сохтмони Қалъа» бо риояи қоидаҳои меъмории муосир сохта шудааст. Бинои истиқоматӣ дар маҷмуъ аз 145 манзили истиқоматии 1-2 ва 3-ҳуҷрагӣ иборат мебошад.

Аснои шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур, намояндагони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ба сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд доданд. Қобили зикр аст, ки дар ошёнаи аввали бинои истиқоматӣ бо риояи қоидаҳои зарурии бехатарӣ марказҳои муосири савдою хизматарасонӣ ҷой дода шудааст ва дар онҳо шумораи зиёди сокинон бо ҷойи кор таъмин гардидаанд. Бо бунёди ин қабил биноҳои хуштарҳи истиқоматӣ дастрасии аҳолӣ бо манзилҳои истиқоматӣ таъмин гардида, пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ба худ симои муосир мегирад. Дар раванди бунёди ин қабил иншооти манзилӣ риояи қоидаҳои бехатарию меъморӣ аз шартҳои асосӣ буда, он аз ҷониби сохторҳои марбута назорат мешавад. Масъулини ҶДММ «Сохтмони Қалъа» ҳам иброз доштанд, ки дар бунёди ин ва дигар иншооти бунёдмекардаи ширкати сохтмонӣ, дар баробари тезонидани суръати корҳо инчунин ба риояи қоидаҳои муқарраргардидаи сохтмонӣ таваҷҷуҳи зарурӣ равона мегардад.

Вакти нашр: 2021-05-26 10:41:10    Хонданд: 90    Муфассал...

ИНЪИКОСИ МАСОИЛИ ХУДШИНОСИИ ҶАВОНОН ДАР КИТОБИ “ТОҶИКОН”-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Эҳёи худшиносӣ бе тафаккури таърихӣ номумкин аст. Мо роҳи худшиносӣ ва эҳёи халқамонро пазируфта, ба мероси гузашта ҳамчун манбаи зиёбахши бунёди ҷомеаи нав, ваҳдати ҷумлаи тоҷикон ва тамоми халқи Тоҷикистон эҳтиром мегузорем. Эмомалӣ Раҳмон

Ифтихор аз гузаштаи таърихи куҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад, ки аз он огоҳ бошӣ, онро мояи омӯзиш, ибрат ва шукӯҳмандӣ бидонӣ, зеро таърихи фарҳангу тамаддун, забон, адаб, урфу одат дар пешгаҳи қавми ноогоҳ ҳукми мурдаро дорад.

Саҳифаҳои рангин ва рӯзгори равшани миллати мо дар тӯли таърих бо талошу муборизаҳои ниёгонамон, пешвоён ва сарлашкарон, назири Шерак, Спитамен, Темурмалик, Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ, Восеъ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва даҳҳо зиёиёну сиёсатмадорони шарафманди дигар тавъам буд.

Ҳиссиёти ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан ва ба нафъи он хизмат кардан, шуълаи ифтихори ватандорӣ, эҳсоси худшиносӣ агар дар вуҷуди насли ҷавон бехалал тарҳрезӣ шуда бошад, зуҳуроти номатлуби замони муосир ба монанди қабул ва тақлиди кӯр-кӯронаву бехаёлонаи фарҳанги бегона боиси мағзшӯӣ гардидан, шомил шудан ба ҷамъиятҳои ифротӣ ба воқеаҳои чашмрас табдил намеёбад.

Барои он ки ҷавонон аз муқаддасоти хеш ифтихор дошта, баҳри ҳифзу ҳиросати он кӯшо бошанд, бояд аз гузаштаи миллати хеш, аз таърихи он, аз қаҳрамонҳо ва чеҳраҳои мондагори миллат огоҳӣ дошта бошанд.

Огоҳии комилро метавон аз асарҳои бузурги таърихиву адабӣ, аз ҷумлаи «Тоҷикон дар оинаи таърих» «Аз Ориён то Сомониён», “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, ”Тоҷикон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ”, “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат”, “Забон –ҳастии миллат”, “Чеҳраҳои мондагор”, “Уфуқҳои истиқлол”-и Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров, “Ахтарони адаб”- осори 50 ҷилдаи суханварони гузаштаву муосири тоҷик, ки аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 нашр шудааст, пайдо кард.

Аз ин рӯ бояд ҳар як ҷавони тоҷик ин асарҳоро китобҳои рӯимизии хеш қарор диҳад, гузашта аз ин, ҳар як омӯзгору зиёии миллат аз ин асарҳо огоҳӣ дошта бошанд.

Махсусан, бе надонистани таърихи худ ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз замони қадим чун мардуми созандаву бунёдкор маъруф аст ва ин анъанаи неку бостонии хешро идома дода истодааст. Китоби «Тоҷикон»-и мутафаккири барҷаста, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров намунаи бебаҳотарин ва безаволи таърихӣ буда, даҳсолаҳост, ки арзиши худро гум накардааст ва умри он ҷовидонӣ хоҳад буд. Дар он таърихи на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми инсоният дарҷ гардидааст. Дар китоби «Тоҷикон» аз сохти ҷамъияти ибтидоӣ то ба Россия ҳамроҳшавии тоҷикон ба таври возеҳ, бо санаву рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ҷой дода шудаанд. Меҳнати якумраи Бобоҷон Ғафуров дар ин китоб инъикос гардидааст . Китоби «Тоҷикон», воқеан, ифшогари аслу вуҷуди миллати тоҷик аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухан ба китоби «Тоҷикон» (нашри тоҷикии соли 1998), аз ҷумла, навиштаанд: «Хонандаи тоҷик тавассути «Тоҷикон» аз мақоми худшиносӣ ба омӯхтани таърихи гузаштаи худ рӯ овард ва ба саволҳои зиёди «Аҷдоди мо киҳо буданд?», Аз куҷо ба зиндагӣ шурӯъ карданд? Чи тавр давлат сохтанду давлатдорӣ карданд? Бо чӣ роҳу дастуре ба арсаи илму адабиёти оламшумул пой гузоштанд? Дар таърихи башарият чӣ мақому поя доранд?» посухи дақиқ ва муфассал ёфтанд». Воқеан ҳам, ин шоҳасар маълумоти фаровонеро дар бар мнгирад ва равзанаи вусъатмандест ба олами пуршебу фарози таърихи ғановатманди халқи бостонгуҳари тоҷик.

Шоҳасари «Тоҷикон» аз ду китоб, шаш фасл ва нуҳ боб фароҳам омадааст. Он ба дараҷае пурмуҳтавою фарогир аст, ки дар ситоишаш муҳаққиқони варзида суханҳои баланд гуфта, аз ҷумла, «шиносномаи таърих ва тамаддуни миллати тоҷик» номидаанд. Дар ин китоб ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти халқи тоҷик дар моварои асрҳову замонҳо, ҳам аз ҷиҳати сиёсиву иқтисодӣ ва ҳам аз лиҳози иҷтимоию фарҳангӣ дахл карда шудааст.

Солҳои зиёдест, ки мутахассисони тамоми соҳаҳо зимни омӯзишу пажӯҳиш рӯй ба «Тоҷикон» меоваранд, онро бодиққат саҳфа мезананд ва гавҳари мақсуд дастрас мекунанд. Ин китоби пурарзиш барои ҳар як фарди Тоҷикистон сарчашмаи муҳими худомӯзӣ мебошад ва ҳар як хонанда метавонад аз он баҳрабардорӣ намояд, далелу арқоми дилхоҳ ба даст орад, донишашро такмил бубахшад.

Китоби «Тоҷикон» барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани анъанаҳои неки ниёгон, шинохти воқеияти таърихӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон аҳамияти хеле муҳим дорад. Ин шоҳасар моро даъват менамояд, ки аз гузашта сабақ бигирем, биомӯзем, худрову гузаштагони худро нек бишносем, аз оламу одам бохабар бошем. Чунонки мегӯянд, омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани маҷмӯи ҳодисаву воқеаҳои гузашта нест, балки барои он ҳам зарур аст, ки дар ин замина баҳри таъмини имрӯзу фардои шукуфои халқу миллати хеш ҳиссагузор бошем.

«Тоҷикон» парда аз рӯи бисёр воқеияти таърихии мансуб ба халқи тоҷик ва халқҳои ҳамсояву ҳампаҳлую ҳамтақдири тоҷикон бардошт ва ҷаҳониёнро бо таърихи асилу воқеии миллати сарбаланди мо ошно сохт. Аллома Бобоҷон Ғафуров оид ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа асарҳо офаридаанд, ки теъдодашон беш аз 400 аст, вале «Тоҷикон» дар меҳвари осори ин шахсияти барҷаставу сарсупурдаи миллат қарор дорад. Он асари безаволу мондагор, асари бунёдист.

Амали басо ватандӯстонаву миллатпарастона аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ дастур доданд, то китоби «Тоҷикон» бо теъдоди калон чоп карда, дастраси ҳар хонадони аҳли Тоҷикистон гардонда шавад. Акнун ин шоҳасар узви ҳар як хонадони кишвар ва зиёбахши дилу дидаҳо мегардад. Воқеан ҳам, «Тоҷикон» сазовори ҳама гуна арҷгузорист, зеро он, ба таъбири Пешвои миллатамон, «муътабартарин сарчашмаи худогоҳиву худшиносии миллист».

Дар олам миллати тоҷик аз миллатҳое маҳсуб меёбад, ки дар таърихи куҳани хеш борҳо ба вартаи фаношавӣ расида, борҳо эҳё шудааст, баъди ҳар шикасту нокомӣ бо нерӯи худодод, бо ҷонфидоиҳои қаҳрамонҳояш ба пойи худ ва гомҳои устувораш ба истиқлолияту ваҳдат ва бақои худ мубориза бурда комёб гаштааст. Саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик пур аз ҳамосаҳост ва ёдовар шудан аз он метавонад боиси баланд гаштани ғурури миллӣ ва афзун шудани ҳисси ватандӯстӣ ва дар рӯҳияи далериву шуҷоатмандӣ тарбия ёфтани насли ҷавон гардад.

Ҳар замон бояд аз ҳамосаҳову қаҳрамониҳои гузаштагонамон, ки танҳо баҳри истиқлолияти давлат, ягонагӣ ва ваҳдати мутлақи он, нигоҳ доштани якпорчагии марзу буми он ҷоннисориҳо намудаанд, ба ҷавонон ёдоварӣ намоем, то онҳоро шиносанд ва ифтихор дошта бошанд.

“Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем?” – ин садои пурэҳсоси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланд ба паҳнои кишвар танин андохтааст ва солҳост, ки мардуми бедору огоҳи миллат оид ба посухи ин суолҳо барномарезӣ намуда, аз асарҳои болозикр иттилои комилро барои худ ва фарзандону шогирдони хеш бардоштаанд.

Аз ин ҷост, ки дар хронологияи тарбияи ватандӯстии ҷавонон огоҳӣ аз корнамоиҳои қаҳрамонони халқӣ мавқеи хоса дошта бошад. Бояд ҳар як ҷавони тоҷик донад, ки яке аз гузаштагони миллати мо, саиси саккоӣ Шерак дар замони ҷангу истибдоди Дорои III бо тадбире хост зулму шиканҷаро аз сари қавмаш дур намояд ва аскарони бешумори Форсро бо роҳи дуру дарози биёбони беоб гӯё ба маҳв кардани қабилааш роҳнамоӣ карда, бо ин роҳ зарба ба урдуи душман зад, якояки онҳо дар биёбон нобуд шуданд ва ҷони худро баҳри наҷоти миллату кишвараш аз даст дод.

Ё Деваштичи ҷасур дар таърихи истиллои Араб падидаи маргборе буд барои урдуи Араб. Шӯриши Муқаннаъ зидди зулму асорати арабҳо дар саҳифаи таърих аз он гувоҳӣ медиҳад, ки гузаштагони мо баҳри истиқлолияти давлат ва пойдории он, баҳри муқаддас нигоҳ доштани кешу мазҳаби хеш ҳамосаҳои беназир бурдаанд.

Таърих гувоҳ аст, ки замони лашкаркашиҳои Чингиз ба Мовароуннаҳру Хуросон айёми хунинтарин маҳсуб меёбад, аз дасти урдуи Чингиз миллионҳо нафар кушта шуда, замин саршори хуни мардум гашта буд.

Маҳз дар ҳамин давра гузаштагони боғурури миллати мо ба ҳимояи ватану миллат бархеста, бар муқобили душмани ғаддор чун сипар истода, корнамоиҳои бемисл нишон додаанд.

Мисолҳои болозикр гувоҳӣ медиҳанд, ки дар замири мардуми тоҷик меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан аз азал ҷой гирифтааст ва тавассути андешаву ифтихори миллӣ на танҳо забону адабиёту фарҳанги хешро густариш доданд, балки бо асолати тамаддунсозиву бунёдкорӣ ҳастии миллат ва нигоҳдории сарзамини аҷдодии худро таъмин карда тавонистанд.

Фарзанди бузурги халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун пайрави содиқи устод Айнӣ дар қарни бистум тавонист саргузашти пуршуҷоат ва рӯзгори пурғановати миллати тоҷикро рӯи дафтар биёрад ва барои эҳёи даҳҳо намунаҳои тамаддуни тоҷикон садоқатмандона хизмат намояд.

Орзуи аллома Бобоҷон Ғафуров доир ба эҳёи тамаддуни тоҷикон маҳз дар он сурат ба таври комил амалӣ мегардад, ки мо, ҷавонон, бо омӯхтани таърихи ниёгон ва сабақ пазируфтан аз кору пайкори онон бо дарки худшиносию худогоҳии миллӣ арзишҳои миллиро пос дошта, меҳани азизро гиромӣ дорем ва барои ояндаи боз ҳам дурахшони Ватани аҷдодӣ замина гузорем.

Худшиносии миллӣ ва ҳифзи хотиpаи таъpихӣ бояд ба он pавона шавад, ки симои миллат, суннатҳои давлатдоpӣ ва pасмy оинҳои аҷдодӣ ҳаpчи бештаp ташаккул ёбанд.

Ҳоло, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва озод эътироф кардааст, мо бояд дар эъмори давлати воқеан ҳам дунявӣ саҳми фаъол бигзорем ва танҳо бо номи миллат ифтихор кунем.

Бовар дорем имсол, ки соли таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатист ва солҳои минбаъда низ мо якҷоя ба хотири рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии давлатамон, таҳкими ваҳдати миллӣ ҷаҳду талош намуда, Тоҷикистони азизамонро дар арсаи олам ба таври сазовор муаррифӣ менамоем.

Парвина АБДУЛЛОЕВА,

мутахассиси пешбари шуъбаи

таҳрир ва табъу нашри Академия

Вакти нашр: 2021-05-26 10:53:59    Хонданд: 98    Муфассал...

ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ДАВЛАТ ВА ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

Сарзамини Осиёи Марказӣ ва Хуросон минтақаҳои ташаккули давлат ва давлатдории аҷдодони мо-тоҷикон ба ҳисоб мераванд. Ташаккули давлат ва давлатдорӣ дар сарзамини Ориёно-Тоҷикистони таърихӣ давраи тӯлонии раванди таърихиро дар бар мегирад ва дар муддати тӯлонии таърих дар ин минтақа давлатҳои зиёде арзи ҳастӣ намуда, инкишоф ёфта ва оқибат аз байн рафтаанд.

Дар нахустмеҳани ориёиҳо-Эронвиҷ (Вароруду Хуросон) тақрибан 3500 сол пеш аввалин давлати ориёӣ - Пешдодиён ва баъдтар дар заминаи он давлати Каёниён арзи ҳастӣ намуданд.

Таърихи давлату давлатдории расмии аҷдодони тоҷикон ба ҳазорсолаҳои II пеш аз мелод рафта мерасад. Дар натиҷаи ба се қисмат ҷудо гардидани давлати Каёниёни бузург тақрибан 2700 сол пеш дар заминаи он нахустин давлатҳо бо номҳои Бохтар, Суғд ва Хоразм дар Осиёи Марказӣ арзи ҳастӣ карданд, ва охиран ба ҳайати давлати умумиориёи Ҳахоманишиён дохил шуданд.

Давлати бузурги Ҳахоманишиён (558-330 то м.) аввалин империяи ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Ба Куруши Бузург муяссар гардид, ки аз Миср то ба Ҳинду Осиёи Марказӣ сулҳу адолатро пойдор намояд ва бори аввал дар таърихи башар “Эъломияи ҳуқуқи инсон”-ро таҳия ва дар амал ҷорӣ намояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари хеш қайд намудаанд: “Эъломияе, ки ӯ баъди тасхири Бобул интишор кард, падидаи комилан нави сиёсию фарҳангӣ буд. Ӯ ба мисли шоҳони пешинаи ин минтақа мағлубонро ғуломи худ эълон накард. Баръакс Куруш олиҳиматии сиёсӣ, адолат ва инсондӯстии бемисл нишон дода, ба халқҳои мағлуб озодӣ ва кафолатҳои ҳуқуқӣ эъто кард”. Воқеан ҳам Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир арзишмандтарин санади ҳуқуқии аҳди бостон мебошад. Дар ин эъломия аз ҷумла омадааст: “Ман, ки имрӯз кулоҳи шоҳӣ бар сар ниҳодаам, то рӯзе, ки зиндаам ва Худо подшоҳиро ба ман арзонӣ дода, ҳаргиз фармонравоиро ба зӯр таҳмил накунам ва ҳар мардум озод аст… нагузорам, ки касе ба дигаре ситам кунад”.

Баъд аз суқути давлати бузурги Ҳахоманишиён аҷдодони мо дар як муддати муаян ба ҳайати империяи Искандар ва давлатҳои эллинии Селевкиёнва Юнону Бохтар дохил шуданд. Аммо баъдан империяҳои Ашкониёну Сосониён ва Кушониёну Ҳайтолиён ва давлатҳои дигари ориёӣ тамоми таҷрибаи давлатдории ниёкони хешро дар давлатдорӣ истифода бурда, марҳила ба марҳида онро такмил доданд.

Дар замони давлатдории Ашкониён ё давлати Порти бузург(250 то мелод 226 мелодӣ), ки 476 сол давом кардаст, анъанаи давлатдории Ҳахоманишиён, ки аз замони Искандару Селевкиён барҳам хӯрда буд, аз нав эҳё гардиданд. Арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ ва дигар атрибутҳои давлатдорӣ барқарор карда шуданд.

Дар замони Сосониён(224-651м.) давлатдории тоисломии халқҳои ориёӣ ба авҷи аълои рушди худ расид ва муҳақиқони Ғарб низоми идорӣ ва тарзи давлатдории ин сулоларо намунавӣ номидаанд. Иқтидори давлат, артиши бонизом, таҷлили ҷашну маросимҳо, рушди фарҳанг, китобнависӣ хоси зимомдорони ин давлат буданд. Дар замони Сосониён мусиқии классикии тоҷику форс дар шакли “Дувоздаҳмақом” (асасгузораш Борбади Марвазӣ) ташаккул ёфт, ки аз асри ХVIII дар Аморати Бухоро дар натиҷаи мутаҳид кардани мақомҳо “Шашмақом” ном гирифт. Ҳамзамон, дар ин давра аввалин мактаби олӣ бо номи Ганди Шопур ташкил гардид, ки мутахасисони касбии соҳаи тиббро тайёр мекард ва бемористонҳо дар шаҳрҳо фаъолият мекарданд.

Давлати Кушониён (асри I то м.- асри III мелодӣ) дар заминаи давлати Юнону Бохтар ба вуҷуд омад ва пойтахти он шаҳри Балх ба ҳисоб мерафт, вале баъдтар пойтахтро ба шаҳри Пешовар кӯчониданд. Дар замони Кушониён дар баробари дини зардуштӣ дини буддоӣ аз Ҳиндустон қабул гардид, ки намунаи барҷастаи он ҳайкали 13 метраи Буддо дар Осорхонаи бостонии Тоҷикистон мебошад. Давлати Кушониён аз ҷиҳати ҳарбӣ ва иқтисодӣ хеле пешрафта буд.

Давлати Ҳайтолиён аввалин давлати феодалии тоҷикон (450-567) дар натиҷаи мубориза бо Сосониён ба вуҷуд омада буд ва ҳамеша байни онҳо барои Вароруд рақобат вуҷуд дошт. Давлати Ҳайтолиён дар замони Вахшунвар ва махсусан Хушнавоз аз ҷиҳати ҳарбӣ хеле пуриқтидор гардида, тамоми Осиёи Марказӣ, Туркистони Шарқӣ ва Шимоли Ҳиндустонро дар бар мегирифт. Баъди шикаст аз ҷониби Ҳоқонати Турк ва Сосониён мулки Хуталон идомаи ин давлат ва шаҳри Ҳулбук маркази маъмурии он буд. Номи вилояти Хатлон аз номи ин сулола бармеояд.

Дар натиҷаи пайдоиши ислом дар асри VII давлати теократии Хилофати Араб (632-1258) ба вуҷуд омад. Хилофати Араб сарзамини аҷдодии мо Хуросону Варорудро забт карда, низоми давлатдории Сосониёнро, қабул карда, дар давлатдории хеш истифода намуд ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки дар ин кор саҳми Салмони Форсӣ ва дигар фарзандони баруманди халқи тоҷик хеле зиёд аст.

Баъд аз давлатдории зиёда аз садсолаи арабҳо дар сарзамини мо ҷунбиши истиқлолхоҳӣ барои эҳёи давлатдории миллӣ оғоз гардид, ки дар раъси ин ҳаракат Абумуслми Хуросонӣ, Сумбоди Муғ, Муқаннаъ ва хонадони тоҷикасоси Бармакиёни Балх меистоданд. Дар натиҷаи талошҳои тӯлонӣ ва пайдарпай барои истиқлол оқибат давлатҳои ниммустақили тоҷикӣ Тоҳириёну Саффориён ба вуҷуд омаданд.

Ин ду давлати ниммустақил барои ба истиқлоли комил расидани сарзамини мо замина ба вуҷуд оварданд ва оқибат дар заминаи онҳо давлати мутамарказу миллии тоҷикон Сомониён (874-999) ба вуҷуд омад, ки аввалин давлати мутамарказу мустақил дар замони ислом ба ҳисоб меравад.

Дар замони давлатдории Сомониён давлатдории миллии мо дар пояи таҷрибаи давлатдории ниёгонамон эҳё карда шуд. Низоми намунавии идоракунии давлатӣ, эҳёи фарҳанг ва забони миллӣ, рушди илм, китобнависию китобдорӣ, шаҳрсозӣ, иқтисодиёти пешрафта хоси давлати Сомониён аст. Барҳақ давраи Сомониёнро “давраи тиллоии таърихи халқи тоҷик” номидаанд. Таҷрибаи бузурги давлатдории Сомониёнро тамоми давлатҳои минбаъдаи Осиёи Марказӣ бо баъзе тағйироту иловаҳо дар низоми идоракунии давлатҳояшон то оғози асри ХХ истифода бурданд.

Дар таърихи пасазсомониёни халқи тоҷик давлатҳои миллии Ғӯриён, Сарбадорон, Музаффариён, Куртҳои Ҳирот арзи ҳастӣ кардаанд, аммо давлатҳои мазкур аз ҷиҳати иқтидору бузургию шаҳомат ба давлатҳои пешин баробар набуданд.

Баъд аз ҳамроҳшавии қисмати зиёди Осиёи Марказӣ ба Россия дар низоми идоракунии минтақаҳои забтгардида, ки Кишвари Туркистон ном гирифта буд, тағйиротҳои ҷиддӣ ба амал омаданд. Минтақаҳои забтгардида ба вилоятҳо, уездҳо, волостҳо ва приставҳо тақсим гардида, дар асоси таҷрибаи Россия идора карда мешуданд.

Халқи тоҷик аз асри ХI то ибтидоти асри ХХ дар ҳайати давлатҳои мухталифи Осиёи Марказӣ: Қарахониён, Ғазнавиён, Хоразмшоҳиён, Империяи муғулҳо, Темуриён, Шайбониён, Аштархониҳо, Аморати Бухоро ва Хонигарии Қуқанд зиндагӣ карда, ба ҳайси мардуми эҷодкору зиёӣ, сулҳдусту башардуст ва созанда дар ташаккул ва рушди ин давлатҳо то оғози асри ХХ нақши муҳим дошт.

Дар сарзамини Осиёи Миёна дар ибтидои солҳои 20-уми асри ХХ дар натиҷаи барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ се ҷумҳурӣ: Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Туркистон (дар ҳайати ҶФШС Русия) ва ҷумҳуриҳои мустақили халқии Шӯравии Бухоро ва Хоразм вуҷуд доштанд, ки ҷумҳуриҳои сермиллат ба шумор мерафтанд.

Баъд аз барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ бо ташаббуси роҳбарияти ин давлат ва ҳизби коммунистии болшевикӣ бо мақсади гузаронидани тақсимоти миллӣ-марзӣ ва ташкил кардани ҷумҳуриҳои миллӣ дар сарзамини Осиёи Марказӣ аз соли 1921 то соли 1924 «Комиссия оид ба корҳои Туркистон» фаъолият намуда, масъалаҳои тақсимоти миллӣ-марзии ин сарзаминро баррасӣ намуда, ба иштибоҳҳои зиёд ва беадолатиҳо нисбати тоҷикон роҳ дод.

Дар натиҷа дар Осиёи Миёна ҷумҳуриҳои халқии шӯравии Бухоро, Хоразм ва ҶМШС Туркистон, ки ба ҳайати Россияи Советӣ дохил мешуд барҳам дода шуданд ва дар ин минтақа тақсимоти миллӣ-марзӣ гузаронида шуда, дар заминаи марзҳои давлатҳои мазкур ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳамчун ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, Тоҷикистон -ҷумҳурияти мухтор дар ҳайати Ӯзбекистон, вилояти мухтори Қирғизҳо дар ҳайати ҶМШС Қазоқистон ташкил ёфтанд. Аз ин рӯ 14 октябр рӯзи тавлиди ҷумҳуриҳои мазкур ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тавр, дар харитаи геополитикии ҷаҳон ва Осиёи Марказӣ бори аввал воҳидҳои маъмурию марзии мазкур дар асоси нишонаҳои миллӣ ба вуҷуд омада, то соли 1991 ба ҳайати давлати абарқудрату муштараки СССР дохил мешуданд.

Тоҷикистон моҳи сентябри соли 1991 дар натиҷаи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолияти давлатӣ ба даст оварда, узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва ба дастовардҳои бузуг ноил гардида, имрӯз дар тамоми соҳаҳо устуворона пеш меравад.

Ҳамин тавр, мардуми тоҷик тар тули таърихи беш аз 3000 солаи давлату давлатдории хеш ҳамеша башардӯсту сулҳпарвариро пешаи худ қарор дода, ба сари ягон халқ ҷабру ситамро раво надидааст, баръакс ҳамеша мардуми мухталифро мутаҳид намуда, дарси одамият омӯхта, онҳоро ба созандагӣ ва таъмини суботу якдигарфаҳмӣ ҳидоят намудааст.

Баҳриддин АЛИЗОДА,

номзади илмҳои филологӣ, дотсент, сарходими илмии

Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академия

Вакти нашр: 2021-05-26 11:49:49    Хонданд: 125    Муфассал...

Вакти нашр: 2021-05-26 11:49:49    Хонданд: 45    Муфассал...

ҚИРҒИЗҲО БА САРЗАМИНИ ОСИЁИ МИЁНА ДАЪВО КАРДА НАМЕТАВОНАНД

Тоҷикистон ба ҳамзистии осоишта бо ҳамсояҳояш арҷ мегузорад ва пайваста кӯшиш менамояд, ки дилхоҳ мушкили байнидавлатӣ бо роҳи дипломатӣ ҳал шавад. Аммо ин ба ҳамсояҳо ҳақ намедиҳад, ки ба марзу буми аҷдодии мо дастдарозӣ кунанд. Хоса, ба сокинони ноҳияҳои наздимарзии Қирғизистон. Ҳодисаҳое, ки охири моҳи апрел дар сарҳад бо Ҷумҳурии Қирғизистон рух доданд, ба ҳамсояҳои шарқии мо ҳушдор буд, ки Тоҷикистон ба ҳама гуна дастдарозӣ посухи сазовор дода метавонад. Низоъ ду рӯзи пурра ҳам давом накард, аммо доду войи қирғизҳо аз тариқи расонаҳояшон ҳанӯз ҳам идома дорад. Онҳо ҳатто рӯзноманигорони хориҷиро ба минтақаи низоъ оварда, кӯшиш доранд, ки худро бегуноҳ ва ҷабрдида нишон диҳанд, вале шояд ақлашон намегирад, ки дар асри XXI, агар таҳрифи воқеият осон бошад, исботаш ҳам душвор нест. Онҳо бо ҳазор баҳона, фитнаву дасиса ҳамзистии осоиштаи сокинони наздимарзиро халалдор карда, боз мехоҳанд ҷониби Тоҷикистонро гунаҳкор нишон диҳанд. Бо сиёсатшинос, собиқ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров оид ба масъалаҳои марзӣ, воқеияти хати марз, бо дарназардошти ҳуҷҷатҳои расмӣ, ҳудудҳои таърихии тоҷикон ва қирғизҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба он суҳбат кардем.

- Ҳангоми баррасии ­масъалаҳои марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҷониби мансабдорони қирғиз харита ва ҳуҷҷатҳое, ки ба кишвари мо тааллуқ доштани заминҳои баҳсиро тасдиқ мекунанд, ба назар гирифта намешаванд. Назари шумо ба ин масъала чист?

- Агар ҳар ду тараф сулҳ мехоҳанд, бояд ба ягон санади расмӣ такя намоянд. Аслан он заминҳое, ки дар атрофи Воруханд, аз Тоҷикистон буданд. Ҳоло мо бо ҳамсояҳо баҳси таърихӣ намекунем, масалан, агар гӯем, ки пештар ин ҷо буданд ё набуданд?

Мо асосан ба ҳуҷҷатҳои давраи тақсимоти миллию давлатии солҳои 20-уми асри гузашта бояд такя намоем. Кӣ дар ин марзҳо он вақт зиндагӣ мекард ё намекард, аҳамият надорад. Агар масъаларо ин хел гузорем, ба зарари ҳамсояҳо тамом хоҳад шуд. Лекин мо принсип ва ҳуҷҷатҳои тасдиқшудаи давлатӣ дорем. Мо ба якдигар ҳама вақт он қадар боварӣ доштем, ки харитасозонамон дар асоси масштабҳои қабулшуда дар замони шӯравӣ дар харитаҳои мо ба Тоҷикис­тон пайваст будани Ворухро нишон намедоданд. Дар дигар масъалаҳо ҳам қирғизҳо иттифоқчии мо буданд. Якдигарро хеле эҳтиром мекардем, новобаста ба зиддиятҳои то замони шӯравӣ. Албатта, харитасозони мо чунин ранг гирифтани ҳодисаро намедонистанд. Ҳол он ки дар воқеият ҳама медонанд, ки Ворух бо тангии Ворух бо шаҳри Исфара пайваст аст ва ҳеҷ вақт аз Тоҷикистон ҷудо набуд.

- Вақтҳои охир баъзе аз мансабдорони қирғиз заминҳои аз қадим ба кишвари мо тааллуқдошта (аз ҷумла ноҳияҳои Мурғоб ва Лахш)-ро бепарда «заминҳои таърихӣ»-и худ ном мебаранд. Ҳақиқати таърих чӣ гуна аст?

- Ҳақиқати таърих он аст, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ чун «Ҳудуд — ул — олам» ва дигар китобҳо дарҷ шудааст. Мо онҳоро дигар карда наметавонем, қирғизҳо ҳам. Дар ин ҳолат, ба ҳамсояҳо ҳеҷ чиз ёрӣ расонида наметавонад. Чун асосноккунии илмию таърихӣ ҳеҷ гоҳ ба фоидаи онҳо нахоҳад шуд. Дар вақташ то Ҳафтрӯд таъсири давлатҳои Осиёи Марказӣ эҳсос мешуд ва ин ном дар сарчашмаҳои қадимаи таърихӣ омадааст. Зеро онҳо мардумеанд, ки хеле баъд ба водии Фарғона омадаанд. Новобаста ба таърихи қадим доштанашон ба сарзамини Осиёи Миёна даъво карда наметавонанд. Дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой шояд заминҳои таърихӣ дошта бошанд, вале инро ҳам исбот карда тавонистанашон даркор мешавад. Беҳтараш бо ҳуҷҷатҳои мавҷудаи аввали асри ХХ, ки бо Федератсияи Россия дар вақташ мувофиқа гардидаанд, розӣ шаванд.

- Тоҷикон қадимтарин мардуми бумии Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки аввалин давлатҳоро ташкил кардаанд. Ҳудудҳои таърихии қисмати шарқии тоҷикон кадом минтақаҳоро дар бар мегирифт? Хусусан, кадом минтақаи ҳудуди ҳозираи Қирғизис­тонро?

- Албатта, мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ қирғизҳо аз лаби дарёи Енисей ва кӯҳҳои Олой ва марзҳои Синсзян (Уйғуристон) ба ин тарафҳо омадаанд. Яъне, решаҳои таърихӣ дар Осиёи Марказӣ доранд, вале дар Осиёи Миёна не. Зеро ҳатто Қазоқистон ҳам дар Осиёи Миёна набудааст ва ҳама вақт ҷудо гуфта мешудааст: Осиёи Миёна ва Қазоқистон. Аз ин сабаб баҳси таърихӣ ба фоидаи халқҳои кӯчманчӣ ҳал нахоҳад шуд. Беҳтараш ба тақдир тан диҳему бе ҷангу ҷанҷол зиндагӣ кунем. Ғами онҳоеро ҳам хӯрем, ки дар натиҷаи омезиши халқҳоямон таваллуд шуда, дӯс­тии халқҳоро таъмин мекунанд.

- Оё дар таърих ҳодисае мавҷуд аст, ки қирғизҳо ба ҳамаи минтақаи мо ҳукмронӣ карда бошанд? Мисле, ки давлати Сомониён буд…

- Не, чунин набудааст. Аз ҳамин сарҳадҳои ҳозира баъзе аз қабилаҳо ба таври пароканда дар Помир, Бадахшони Афғонистон, вилояти Хатлони ҳозира зиндагӣ доштанд ва доранд, ки ҳеҷ гоҳ бо тоҷикон ягон низоъ надош­таанд ва надоранд.

- Назари шумо ба суханпардозиҳои бемасъулиятона ва ноогоҳонаи мансабдорони қирғиз чист?

- Ҳамчун мансабдори собиқи давлатӣ наметавонам мансабдорони қирғизро таҳқир намоям ё ягон гапи пасту баланд гӯям. Ин корро худи