МАРОМИ ПОЙТАХТ

Навидҳо

ШАРҲИ НУКТАҲОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар толори МТМУ №92-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе суҳбату вохӯрӣ бо сокинон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Раҷабзода Эраҷ – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Нуров М.А. – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Сабуров А. - мудири кафедраи журналистикаи телевизион ва радиои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, Муминзода Ҷ.С. – муовини директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” иштирок намуда, доир ба самтҳои мухталифи Паёми Пешвои миллат суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла, дар вохӯрии мазкур зикр гардид, ки Паёми Пешвои миллат ин дастури рӯимизӣ барои кормандони соҳаҳои мухталиф ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, моро мебояд, ки дар ин самт масъулиятшинос буда, дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паёми хеш масъалагузорӣ намуданд, ҳиссагузор бошем.


Вакти нашр: 2021-04-01 08:21:14    Хонданд: 72    Муфассал...

ПАЁМ – ДАСТУРЕ БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Тибқи барқияи электронии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 9-феврали соли ҷорӣ дар асоси нақша-чорабиниҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳ ва оммафаҳм намудани нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” вохурӣ баргузор гардид. Дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ –Ҷурахонзода Ҷумахон, Вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ-Ҳаётзода Бозоралӣ Ҷабор, гуруҳи таблиғотӣ Бердиев Шоҳназар, муовини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” Шерматов Баҳром, Сайдализода Шоира ва аъзоёни ташкилот иштирок намуданд. Сараввал Ҷурахонзода Ҷумахон маҷлисро ифтитоҳ намуда қайд намуд,ки паём ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ, ҳамасола аз ҷониби Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа мегардад. Дар идома Бердиев Шоҳназар қайд намуд, ки саломатии миллат ба рушд ва нуфузи ҷомеа таъсиргузор аст. Бинобар ин дар Паём таъкид карда шуд, ки новобаста аз он ки таъсири пандемияи сироятии коронавирус, КОВИД-19 дар ҷумҳурӣ чи гуна аст, ки дар ҳама ҷо ба қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ аҳамият дода, худ ва атрофиёнамонро ҳифз намоем. Сипас Сайдализода Шоира ишора намуд, ки паём дар доираи манфиатҳои миллии кишвар барои мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рӯшди мамлакат равона шуда, нишон аз давлатдории миллӣ ва соҳибистиқлолӣ мебошад. Дар фарҷом баёни андешаҳо миёни аъзоёни ташкилот сурат гирифт.


Вакти нашр: 2021-04-01 08:26:40    Хонданд: 52    Муфассал...

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

31 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис “Дар бораи Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016-2020” ва тадбирҳои анҷомдодашуда дар самти сарфаҷӯии нерӯи барқ ҳисоботи вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер ва “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022” гузориши вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода шунида шуд.

Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016-2020 барои беҳтар намудани “вазъи иҷтимоии аҳолӣ, рушди минтақаҳои дурдасту баландкӯҳ ва ҳавасмандгардонии аҳолӣ барои зист дар ин минтақаҳо бо роҳи ташкил намудани системаи таъминот бо нерӯи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҳифзи экологияи ноҳияҳои баландкӯҳ, манъи буридани ҷангалу буттаҳо барои сӯзишворӣ, рушди сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи туризм, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳурӣ аз ҳисоби рушди иқтисодии ин ноҳияҳо равона карда шудааст.

Тибқи барнома, давоми солҳои 2016-2020 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои об дар ҳамкорӣ бо ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик”, ҷамъияти саҳомии кушодаи “Помир Энерҷӣ” ва шарикони рушд дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ танҳо аз ҳисоби чорабиниҳои асосии барнома 9 нерӯгоҳи барқи обии хурд бо иқтидори 2 260 кВт ва арзиши умумии 127,9 млн сомонӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҳамчунин дар ин давра берун аз барнома 9 неругоҳи хурди барқи обй бо иқтидори умумии 1 685 кВт ва бо арзиши умумии 31,7 млн сомонӣ сохта шудааст.

Ҳамзамон дар доираи барнома бо ҷалби шарикони рушд ва пажӯҳишгоҳҳои ватании лоиҳакаш пешнавишти асосноккунии техникию иқтисодии 45 нерӯгоҳи барқи обии хурд таҳия гардида, ҳамкориҳо бо шарикони рушд ҷиҳати дарёфти манбаъҳои сармоягузорӣ оғоз карда шудааст.

Дар натиҷаи сохта ба истифода додани нерӯгоҳҳои хурди мазкур, барои бо нерӯи барқ таъмин намудани 2231 хоҷагӣ, 21 мактаб, 15 бунгоҳи тиббӣ ва 93 иншооти гуногуни хоҷагии халқ шароит фароҳам оварда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ супориш доданд, ки барои таъмини пурра ва босифати Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016-2020, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории кам кардани талафоти нерӯи барқ, пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи барқ ва ҷорӣ кардани системаи муосир дар соҳа тадбирҳои мушаххас андешанд.

Вобаста ба сари вақт омода кардани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки аз ҳозир миқдори зарурии ангишт, сӯзишворӣ, маводи хӯрокворӣ захира гардида, барои таъмини пурраи нерӯи барқ ба аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон чораҷӯӣ намоянд.

Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” ҳисоботи Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода шунида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки баҳри истиқболи сазовор аз ҷашни умумимиллӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, барои оммавигардонии варзиш, таъмини тарзи ҳаёти солим, ҳавасмандӣ ва ҷалби ҷавонон ба варзиш дар саросари кишвар мусобиқаҳо аз руи ҳамаи намудҳои варзиш дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор карда шавад.

Аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нотариати давлатӣ”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он”-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумат ду пешниҳод - Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ” ва Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сангвор оид ба иваз намудани номи деҳоти Сангвор ба деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангвор мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2021-2023, Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Дар бораи ба муомилот баровардани қоғазҳои қимматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.

Дар охири кори маҷлис Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда, ба Ҳукумати кишвар ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ ҷиҳати риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи саривақтию босамари барномаҳои давлатӣ ва иҷрои дастурҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас доданд.

Вобаста ба иҷрои тадбирҳои амалӣ оид ба коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ, истеҳсолу захираи кофии маводи хӯрокворӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ дар давраи пандемияи ҷаҳонӣ, риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дастуру супоришҳо дода шуд.


Вакти нашр: 2021-04-01 08:39:28    Хонданд: 74    Муфассал...

НАШРИ НУСХАИ НАВБАТИИ "МАРОМИ ПОЙТАХТ" №12 (648) аз 31 марти соли 2021

_________________________________________________________________________________________________________________


Вакти нашр: 2021-04-01 10:18:19    Хонданд: 14    Муфассал...

ВАТАН! ҚАСАМ, КИ МАРЗУ БУМАТ ДАР АМОН АСТ! ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Дар бинои филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев имрӯз маросими тантанавии гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо шаҳомати хоса баргузор гардид. Ҷавонони синни даъватӣ аз ҳар гӯшаву канори пойтахт - ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар чорабинии фарҳангии гусел ба сафи Артиши миллӣ иштирок намуданд. Зимнан дар барномаи фарҳангӣ рақсу сурудхонӣ намуда, бо руҳияи болида ва ифтихору шарафмандӣ раҳсипор гардиданд.

Ифтихори миллию ватандорӣ бо ҳидоятҳои Пешвои муаазами миллат дар ниҳоди ҳар фарди ҷомеа, бахусус ҷавонон хеле боло рафтааст. Гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон солҳост, ки бо шукуҳмандии хоса ҷараён мегирад. Имрӯз воҳиди марзию маъмурии Ватан-Тоҷикистонро комилан ҷавонони ифтихорманду меҳанпарасти миллат дифоъ мекунанд.

Ин ифтихор ва шарафи бузур аст!


Вакти нашр: 2021-04-01 14:34:05    Хонданд: 66    Муфассал...

ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ҚАСРИ ТЕННИС ВА МАҶМААИ ВАРЗИШИИ ОБӢ»-И МАҚОМАТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ТАЪСИС ДОДА ШУД.

Имрӯз бо иштироки Файзуллозода Заррина Файзулло-раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Шарифзода Манучеҳр Абдурасул Директори муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ»-и мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маҷлиси муассисон оид ба таъсиси ташкилоти ибтидоӣ дар муассисаи мазкур доир гардид.

Тибқи қарори маҷлиси муассисон ташкилоти ибтидоӣ “Пешсафон” номгузорӣ гардида, Шарифзода Манучеҳр Абдурасул ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Фурқатзода Мавзуна Фурқат ба ҳайси котиби ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардиданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби Файзуллозода Заррина Файзулло -раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Шарифзода Манучеҳр Абдурасул - Директори муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ»-и мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба 11 нафар кормандони муассиса, ки ҳамакнун ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил гардиданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.


Вакти нашр: 2021-04-01 14:47:59    Хонданд: 95    Муфассал...

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ҲИДОЯТНОМАИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Санаи 31 марти соли 2021 дар асоси ҷадвали баргузории вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 бо сокинони Нозироти минтақавии идоракунии хоҷагии фонди манзил-2 шаҳраки 64 вохӯрӣ оид ба Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроия Абдураҳим Шоҳиён, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷурабек Муродов ва сармуҳаррири нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Народная газета" Камолова Маҳбуба иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ роҷеъ ба дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, суҳбату муколама анҷом ёфт. Баромадкунандагон дар бораи паҳлӯҳои Паём ҷиҳати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ оид ба арзишҳои миллӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, дастоврдҳои даврони соҳибистиқлолӣ, муқаддас доштани сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.


Вакти нашр: 2021-04-01 16:00:33    Хонданд: 69    Муфассал...

РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР ПОЙТАХТ

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат, хоса пойтахти он шаҳри Душанбе раванди тадбирҳои ободонӣ бо суръат идома доранд.

Вобаста ба он Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 22 майи соли 2018, № АП-1059 доир ба рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон, қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 3 октябри соли 2019, №599 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2019-2021» ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба пешвози ин санаи муҳим дар шаҳри Душанбе таҳия гардид.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва намояндагони васоити ахбори омма, кушодашавии ду иншооти ҷашнӣ дар ҳудуди ноҳияи И. Сомонӣ баргузор гардиданд.

Бинои истиқоматии баландошёна бо ҷойгиронии маркази савдою хизматрасонӣ воқеъ дар кӯчаи М. Турсунзодаи пойтахт, ки аз тарафи ҶДММ «Сомонсайр» сохта шудааст, ҳамзамон бинои истиқоматии бисёрошёна бо ҷойгиронии маркази савдою хизматрасонӣ иборат аз 6 блок, воқеъ дар кӯчаи Қ. Раҳимов-46, ки аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ С. Сайфуров сохта ба истифода дода шудааст, бо тарҳу услуби замонавӣ ва шароити хос бунёд гардидааст.

Ба истифода додани чунин иншоотҳо, ғайр аз он ки сокинонро бо биноҳои истиқоматӣ таъмин менамоянд, ҳамчунин бо ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардидани шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.


Вакти нашр: 2021-04-01 16:13:14    Хонданд: 76    Муфассал...

ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Ҳамасола санаи 1 апрел дар саросари кишвар маросими даъвати баҳории ҷавонон оғоз мегардад, ки дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ “Рӯзи даъватшаванда” бо баргузории чорабиниҳои мухталифи тантанавӣ, фарҳангӣ–фароғатӣ ташкил ва баргузор карда мешаванд.

Дар робита ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2021, №141 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» маросими ботантанаи гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид.

Ба ин мақсад, Қарори Раиси шаҳри Душанбе №173 аз 19 марти соли 2021 «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 ба хизмати ҳарбӣ» ба имзо расида, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе санаи 1 апрели соли равон дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев чорабинии тантанавӣ ва маъракаи гусели наваскарон аз шаҳри Душанбе ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бо баргузории чорабиниҳои тантанавӣ ва фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Комиссияи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ Гуреззода Умед, сардори Раёсати ташкилӣ ва сафарбарии ситоди генералии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Мусо, Раиси Кумитаи кор ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, муовини Раиси Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Рустамов Баҳром иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин, дар чорабинӣ беш аз 900 нафар масъулин ва иштирокчиён аз ҷумла, роҳбарону масъулини сохторҳои соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, тандурустӣ, маориф, роҳбарони комиссариатҳои ҳарбии шаҳр ва ноҳияҳои он, ихтиёриёни ҷавон, ҷавонони синни даъватию то даъватӣ ва волидайни онҳо иштирок доштанд.

Дар маросим ба даъватшудагон, ки курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро омӯхтаанд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим гардида, сипас намоиши машқҳои ҳарбӣ-варзишӣ аз ҷониби афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда, чун анъана маросими «Нонгазон» сурат гирифт.

Сипас, барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ ва намоиши театрӣ баҳри болидарӯҳии наваскарон аз ҷониби ҳунармандони Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.

Қайд бояд кард, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок андешида истодааст, ки бо дарназардошти таъмини шароити мусоид дар ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳи кишвар сол то сол сафи ихтиёриёни ҷавон ба хизмати ҳарбӣ афзуда истодааст. Инаст, ки дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз шаҳри Душанбе 510 нафар ҷавонон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд.

Тавре дар Қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ омадаст, комиссарҳои ҳарбӣ, раисони комиссияҳои даъвати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он муваззаф гардидаанд, ки даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъйиноти махсус, бо дарназардошти хусусияти хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал, пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд.

Ҳамчунин, тибқи қарори мазкур, раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе уҳдадор гардидаанд, ки миёни сокинон ва ҷавонони синни даъватӣ хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд ташвиқу тарғиб намоянд.

Таъкид гардид, ки ҷавонони сарбаланди тоҷикро мебояд ба Ватан содиқона хизмат намуда, барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодиамон бо ҳушёрию далерӣ ва мардонагӣ омода бошанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.


Вакти нашр: 2021-04-01 16:28:19    Хонданд: 87    Муфассал...

Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии "Боғпарвар"

Дар асоси нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳои гуруҳҳои таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии "Боғпарвар"-и Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи мазкур мулоқот баргузор гардид.

Дар он зикр карда шуд, ки бо ироа гардидани Паём мардуми кишвар бори дигар нерӯ ва илҳоми тоза гирифтанд то ба мушкилоти давру замон истодагарӣ намуда, барои зиндагии шоиста қадамҳои устувор гузоранд. Зеро маълум гардид, ки кишвари мо ба мушкилот нигоҳ накарда, то андозае ба сӯи пеш ҳаракат кардааст.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки бо татбиқи сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати кишвар мо ба дастовардҳои бештаре ноил хоҳем гашт.


Вакти нашр: 2021-04-01 16:47:56    Хонданд: 61    Муфассал...

ВОХӮРӢ: МАРОМИ МО СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ

Санаи 1 апрели соли ҷорӣ дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба баргузории мулоқоту вохӯрии гурӯҳҳои таблиѓотии кумитаҳои иљроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳи Сино бо иштироки Ҷурабек Муродов – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Убайдулло Қурбонзода муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 15 феврали соли 2021, № 97 “Дар бораи таҳким бахшидани робита бо аҳли ҷомеа доир ба ҳифзу тарғиби дастовардҳо ва арзишҳои 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу амният, баланд бардоштани ҳувияти миллию маънавӣ ва ҳамбастагӣ ба сиёсати созандагӣ” бо сокинони маҳаллаҳои Раҳмон Набиев ва маҳаллаи Фурӯзон вохӯрӣ доир гардид.

Дар он зикр карда шуд, ки бо ироа гардидани Паём мардуми кишвар бори дигар нерӯ ва илҳоми тоза гирифтанд то ба мушкилоти давру замон истодагарӣ намуда, барои зиндагии шоиста қадамҳои устувор гузоранд. Зеро маълум гардид, ки кишвари мо ба мушкилот нигоҳ накарда, то андозае ба сӯи пеш ҳаракат кардааст.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки бо татбиқи сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати кишвар мо ба дастовардҳои бештаре ноил хоҳем гашт.


Вакти нашр: 2021-04-02 07:42:39    Хонданд: 57    Муфассал...

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Вохӯрии гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таблиғи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои башарии миллати тоҷик дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур баргузор гардид.

Дар он муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе Исҳоқӣ Ҳусния Давлаталӣ, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷумахон, Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Маҳмадёрзода Усмон Маъмур, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдуллозода Масъудҷон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ғаффорзода Ҷонона ва Суярова Сарвиноз иштирок намуданд.

Вохӯриро Ҷурахонзода Ҷумахон ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ кард.

Сипас аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия, Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе Исҳоқӣ Ҳусния Давлаталӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдуллозода Масъудҷон, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ғаффорзода Ҷонона дар самтҳои афзалиятноки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, таблиғи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои башарии миллати тоҷик ва амалӣ намудани ҳадафи чорумӣ стратегии кишвар суханронӣ намуда, ҳамагонро ҳамчун муҳаррики асосии ин ҳадафҳо номиданд, ки меҳвари ин бовариро неруи бузурги сокинони кишвар ташкил медиҳанд. Таъкид карда шуд, ки пайравии худро мо сокинон дар саҳми бевосита гузоштан ба роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсолаашон ироа намуданд нишон диҳем. Ҳамчунин гуфта шуд, ки мо бояд кору фаъолияти худро хуб ба роҳ монему баҳри фатҳи қуллаҳои нав камари ҳиммат бандем, ки Тоҷикистони мо дар солҳои наздик ҳамчун як кишвари тараққикардаи дунё гардад ва хостаҳои камтарин тоҷикистонӣ дар кишварамон бузург шаванд.

 


Вакти нашр: 2021-04-02 07:57:22    Хонданд: 62    Муфассал...

Мулоқот бо Раиси Парламенти Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сок

Санаи 1 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Парламенти Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сокро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни сӯҳбати самимӣ ба муҳимтарин масъалаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла таҳкими равобити байнипарламентии Тоҷикистону Корея мароқ зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ду кишварро дар соҳаҳои манфиатбахши тамосҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, саноат, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар бахшҳо, баррасӣ карданд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти минбаъдаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши равобит бо Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ метавонад омили таҳкими муносибатҳо дар ин самт ва афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ байни тарафҳо шавад.

Истифодаи иқтидори бойи захираҳои табиии Тоҷикистон, таъсиси марказҳои логистикию тиҷоратӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдорӣ, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз самтҳои ояндадори таҳкими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар маънидод гардид.

Аз сатҳи ҳамкории байни ҳукуматҳо, аз ҷумла фаъолияти пурсамари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOIKA) изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин дурнамои муносибот дар соҳаҳои барои ҷонибҳо судманди туризм, ташкили парвозҳои мустақим байни кишварҳо, муҳоҷирати меҳнатӣ, робитаҳои илмӣ, фарҳангию гуманитарӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ дар давраи пандемия, муҳокима гардид.

Айни ҳол дар доираи ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва маориф беш аз 200 донишҷӯйи тоҷик дар муассисаҳои олии таълимии Корея таҳсил доранд. Дар мулоқот масъалаи зиёд кардани бурсияҳо барои Тоҷикистон ба миён гузошта шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва вазъи сиёсии Афғонистонро баррасӣ карда, оид ба мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, табодули андеша намуданд.


Вакти нашр: 2021-04-02 08:13:07    Хонданд: 76    Муфассал...

ВОХӮРӢ: ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ВАТАНДОРИ МОСТ!

Рӯзи 1 апрели соли ҷорӣ дар асосии нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади расонидани шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” миёни хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур Шоҳмурод Рустам – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода И.Х. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Файзуллозода З.Ф. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Хайрзода Ш.Қ. – Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Муломуродов М. – директори Ташкилоти ҷамъиятии “Тақир” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ Шоҳмурод Рустам - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйиру иловаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, ки чанде қабл аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардида буд, ба саҳми ҳозири расонида шуд.

Инчунин, Мирзозода И.Х. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз шароит ва буду боши хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ёдовар шуда, қайд намуданд, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба як мактаби мардонагӣ ва сохтори мукаммалёфтаи соҳаи ҳарбӣ табдил ёфтааст ва имрӯз боиси ифтихор аст, ки сафи ҷавонони ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ меафзояд.

Дар фарҷом миёни иштирокчиёни вохӯрӣ музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт.


Вакти нашр: 2021-04-02 09:12:18    Хонданд: 69    Муфассал...

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сок мулоқот намуданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси миллии (Парламенти) Ҷумҳурии Корея муҳтарам Пак Бён Сок, ки дирӯз бо сафари расмӣ  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот намуданд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқоти дуҷониба ҳамчунин ҳайатҳои васеи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии (Парламенти) Ҷумҳурии Корея иштирок доштанд.

Дар оғози мулоқот ҷонибҳо аз раванди мусбати рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея, инчунин сатҳи нави робитаҳои байнипарламентӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки тақвияти робитаҳои байнипарламентӣ василаи самараноки рушди ҳамкории дуҷонибаи ҷавобгӯ ба манфиати миллии ҷонибҳо буда, дар марҳилаи кунунӣ фаъолгардонии гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея ба мақсад мувофиқ аст.

Рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамчун самти афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ гардида, бо таваҷҷуҳ ба афзоиши батадриҷи ҳаҷми гардиши мол, ҳавасмандии ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи тиҷорати муштарак бо истифодаи зарфиятҳои мавҷуда ва васеъгардонии сохтори молии воридотиву содиротӣ, изҳор карда шуд.

Дар ин робита, ба масъалаи тақвияти фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва баргузории ҷаласаи навбатии он дар шаҳри Душанбе, таваҷҷуҳи хоса нигаронида шуд.

Бо дарназардошти захираҳои табиӣ ва имкониятҳои васеи кишвар дар бахшҳои аграрӣ, саноати кӯҳӣ ва гидроэнергетика, инчунин фазои мусоиди сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар,ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақими ширкатҳои кореягӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин зимни мулоқот вазъи ҳамкорӣ ва робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои фарҳангиву башардӯстӣ ва илмиву техникӣ, аз ҷумла масъалаи зиёд кардани бурсияҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Корея, ба роҳ мондани ҳамкории амалӣ дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсиси Дафтари Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (KOЙКA) дар шаҳри Душанбе ва дигар масъалаҳои муҳимми рушди муносибатҳои дуҷониба, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуданд.

Дар баробари ин, ҷонибҳо масъалаҳои таъмини амният ва таҳкими вазъи устувори минтақа, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи Афғонистон, ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак дар мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатару таҳдидҳои фаромиллиро баррасӣ карданд.


Вакти нашр: 2021-04-02 09:33:17    Хонданд: 21    Муфассал...

2-юми апрел- Рӯзи умумиҷаҳонии китоби кӯдакона

Китоб ҳифзгари ганҷинаи тамаддуни башарист.

“Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши бостонӣ, хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медорад”, -таъкид кардааст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бо назардошти аҳамияти бузурги китоб дар тарбияи насли наврас ва кӯдакон шуруъ аз соли 1967 бо ташаббус ва қарори Дафтари байналмилалии китоб барои насли ҷавон ба ифтихори зодрӯзи Ҳанс Кристиан Андерсен, нависандаи бузурги достонҳои кӯдакона 2-юми апрел чун Рӯзи ҷаҳонии китоби кӯдакон таҷлил карда мешавад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамасола дар ин рӯз тавассути Дафтари байналмилалии китоб барои насли ҷавон (IBBY) маросими бошукӯҳе ба муносибати бузургдошти мақоми китоби кӯдакона ва адабиёти кӯдакону наврасон дар кишварҳое, ки узвияти ин созмон ба шумор мераванд, таҷлил карда мешавад. Бояд гуфт, ки пайдоиши адабиёти бачагона таърихи чандон кӯҳан надорад. То миёнаҳои асри 17 асосан ба кӯдакон ба таври шифоҳӣ қиссаву достонҳо нақл мекарданд ва ин тарзи гуфторро фарзандон ба насли баъдӣ идома медоданд. Дар асри 18 аллакай кӯдакон маҳсули эҷодиёти нависандагони бузурге ба монанди Даниел Дефо- «Робинзон Крузо» ва «Сайёҳати Гулливер»-и Ҷонатон Свифтро мехонданд. Танҳо дар асри 19 кӯдакон тавонистанд он асару офаридаҳоеро мутолиа намоянд, ки махсус барои онҳо навишта шуда буданд.

Адибони тоҷик низ дар радифи эҷодкорони халқу миллатҳои дигар тавассути офаридаҳои барҷаста, роману достонҳои таърихию илмӣ суннату арзишҳои миллии худро васф кардаанд. Мероси ғании суханварони мумтоз- Фирдавсӣ, Ҳоқонӣ, Низомӣ, Мавлавӣ, Саъдӣ, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Назри Яздону Лоиқ, Бозор Собиру Фарзона ва даҳҳои дигар далели гуфтаҳои болоянд. Аҳли илму маърифат тавассути офаридаҳои оламшумул насли наврасро ҷониби некию накӯкорӣ, ватандӯстию хештаншиносӣ, бунёдкорию созандагӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ҳидоят менамоянд.

Бояд гуфт, ки китобҳои бачагонае, ки аз ҷониби шоиру нависандагон барои кўдакон таҳия ва нашр мешаванд, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва баланд гардидани завқи бадеӣ ва зебоипарастии наврасон нақши калон мебозанд. Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ин нуктаро ба инобат гирифта, баҳри тарғиби адабиёт, ҷалби наврасон ба китобу китобхона ва кашфи эҷодкорони ҷавону наврас ҳамасола Фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон»-ро баргузор менамояд.

Баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», ки ҳамасола аз 2-юм то 9-уми апрел дар саросари мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, ба ҳамин нуқта яъне тарғиби адабиёти тозанашр, кашфи падидаҳои нави фарҳангӣ, робитаи шоирону нависандагон ва олимон бо насли наврас ва ҷалби ҳарчи бештари кӯдакону наврасон ба китобу китобхона нигаронида шудааст. Имрӯз ин фестивали ҷумҳуриявӣ бо шукӯҳу шаҳомати ба худ хос оғоз гардида то 9-уми апрел идома хоҳад ёфт.

Боиси ифтихору сарафрозии мо миллати тоҷик аст, ки кӯдакону наврасони мо ба китобу китобхони майли беандоза дошт, мекушанд то меросбарони гузашҳтагони худ бошанд.

 

Ҳангома ДАВЛАТЗОДА - рӯзноманигори нашрияи “Мароми пойтахт”


Вакти нашр: 2021-04-02 10:29:06    Хонданд: 92    Муфассал...

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ШАРБАТ"

Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ташкилоти ибтидоии “Шарбат” маҷлиси ҳисоботӣ оид ба фаъолияти ташкилот дар семоҳаи аввали соли равон баргузор гардид. Раиси ташкилот вобаста ба фаъолияти ташкилот дар давоми щисоботӣ суханронӣ намуда, афзуд, ки ташкилот дар татбиқи ҳафҳои барномавии ҲХДТ, дастгирии сиёсати созандаи Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ корҳои муайянеро анҷом додааст.

Ҳамзамон, Вализода М. - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бобати вусъати фаъолияти сиёсӣ-ҳизбӣ, масоили дохилиҳизбӣ сухан карда, фаъолияти ташкилоти ибтидоиро дар давраи ҳисоботӣ қонеъкунанда арзёбӣ кард.

Инчунин, қайд карда шуд, ки соли ҷорӣ дар кишвари мо ҷашни бузурги таърихӣ – 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, моро водор месозад, ки беш аз пеш фаъолияти худро хубтару бештар намуда, содиқонаву софдилона ба Ватан-Модар хизмат намоем.


Вакти нашр: 2021-04-05 13:22:37    Хонданд: 47    Муфассал...

ИДОМАИ КУМАКҲОИ АМАЛӢ-МЕТОДӢ ДАР КУМИТАЮ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ НАЗДИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Ташкилоти ибтидоии "Автоколоннаи 2927" яке аз фаъолтарин ниҳодҳои бунёдии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб саҳми муносиб дорад.

Бо мақсади танзими фаъолияти расмӣ-коргузорӣ ва танзими корҳо дар тамоми кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур кӯмакҳои амалӣ-методӣ роҳандозӣ гардидаанд, ки барои танзими ҳаракати аъзои ҳизб, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ ва интизоми дохилиҳизбӣ мусоидат хоҳад кард.

Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоии "Автоколоннаи 2927" кӯмаки амалӣ-методӣ расонида шуд.

 


Вакти нашр: 2021-04-05 13:33:32    Хонданд: 35    Муфассал...

ШАРҲИ НУКТАҲОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 2 апрели соли ҷорӣ дар МТМУ №94-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотӣ бо сокинон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Қурбонзода У. – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Сабуров А. - мудири кафедраи журналистикаи телевизион ва радиои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, Бобалиева З. – муовини ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода ва Хоҷаев Д. – омӯзгори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон иштирок намуда, доир ба самтҳои мухталифи Паёми Пешвои миллат суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла, дар вохӯрии мазкур зикр гардид, ки Паёми Пешвои миллат ин дастури рӯимизӣ барои кормандони соҳаҳои мухталиф ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, моро мебояд, ки дар ин самт масъулиятшинос буда, дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паёми хеш масъалагузорӣ намуданд, ҳиссагузор бошем.


Вакти нашр: 2021-04-05 13:55:02    Хонданд: 48    Муфассал...

Минбаъд ҷавонписароне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохил ва хориҷ бидуни озмун дохил мешаванд

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» бо мақсади ҳавасмандгардонии сарбозон пас аз адои хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла муқаррар кардани имтиёзҳои муайян ба ин гурӯҳи шаҳрвандон ва дар навбати аввал ҳангоми қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохил ва хориҷи мамлакат бидуни озмун шомил гардидани онҳо таҳия ва пешниҳод гардидааст. Ин матлабро  раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ,  мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» иброз намуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, ин масъала баррасӣ карда шуд.

Шоҳмуроди Рустам ҳамчунин иброз намуд, ки кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 таклиф пешниҳод гардид, ки дар маҷмӯъ ба инобат гирифта шуданд.

Лоиҳаи Қонуни пешниҳодгардида ба моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи мудофиа» ва «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагӣ талаб намекунад.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»,  Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ, маблағгузории иловагии дуюм, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе,  Дар бораи доир намудани муҳокимаи парлумонӣ оид ба иҷрои «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 Акс аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ


Вакти нашр: 2021-04-05 13:59:42    Хонданд: 70    Муфассал...

ВОХӮРӢ: ПАЁМ – РАҲНАМОИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Бо иштироки муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе -Муродов Ҷурабек ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур -Амонуллозода Ҳамрохон оид ба тавзеҳи муҳтавои Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вохӯрии судманд доир гардид.

Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Муродов Ҷурабек дар суханронии худ аҳамияти Паёмро барои дурнамои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар муҳим арзёбӣ намуданд. Сипас се ҷанбаи аҳамиятноки Паём, аз ҷумла иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии онро аз дидгоҳи амиқи сиёсӣ ва таҳлилӣ барои ҳозирин шарҳ доданд.

Мавсуф қайд намуданд, ки ягон паёме нест, ки Пешвои миллат дар бораи забон ва мақоми он, арҷ ва эҳтироми забони ноби тоҷикӣ сухан накарда бошанд. Ин мароми Пешвои миллат имрӯз дар ҷомеа ба сифати сиёсати давлатӣ шинохта шудааст. Муҳаббати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба забон то ба ҷоест, ки онро «ойинае» маънидод кардааст, ки дар он «Симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад». Зимнан бобати таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, рушди илму маориф, тарғиби идеологияи миллӣ, тарбияи ватанпарастии аҳли ҷомеа, таъмини амнияти давлат ва ваҳдатгароии миллат, омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, тарғиб ва иштироки хонандагону аҳли ҷомеа дар озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ва дигар паҳлуҳои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ сухан рафт.


Вакти нашр: 2021-04-05 19:40:54    Хонданд: 49    Муфассал...

ВОХӮРӢ: МАРОМИ МО СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ

Санаи 5 апрели соли ҷорӣ дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Синои оид ба баргузории мулоқоту вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино бо иштироки Убайдулло Қурбонзода муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва Муминзода Ҷ.С. – муовини директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи 2021 ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 15 феврали соли 2021, № 97 “Дар бораи таҳким бахшидани робита бо аҳли ҷомеа доир ба ҳифзу тарғиби дастовардҳо ва арзишҳои 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу амният, баланд бардоштани ҳувияти миллию маънавӣ ва ҳамбастагӣ ба сиёсати созандагӣ” бо сокинони маҳаллаҳои Ободкорон, Бунёдкорон ва минтақаҳои 103-104 вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ мазкур нуктаҳои асосии Паём шаҳру тавзеҳ дода шуд, қайд гардид ,ки Паём дастурамал ва нақшаи кории ҳар як шаҳрванд буда, мебояд тибқи он кору пайкори худро роҳандохӣ намояд.


Вакти нашр: 2021-04-05 19:45:36    Хонданд: 56    Муфассал...

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Ҳамватанони азиз!

Фардо моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад.

Ба ин муносибат кулли сокинони кишварро табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо нури имону маърифат, хайру баракат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Моҳи шарифи Рамазон дар баробари рӯзадорӣ моҳи озодагии рӯҳ ва имондориву тақво ба шумор рафта, вуҷуди инсонро аз ҳусни адабу маърифат ороста мегардонад.

Дар ин моҳ мусулмони комил фурӯтаниву шикастанафсиро пеша карда, хашму ғазабро аз худ дур месозад ва қалбашро ба макони меҳру муҳаббат табдил дода, бештар ба амали хайру савоб даст мезанад ва ба наздикону пайвандон, ҳамсояҳову дармондагон кумак расонида, мушкили онҳоро осон мегардонад.

Тоҷикон ин фаризаҳои дини мубини исломро то ба имрӯз идома дода, бо парҳезгорӣ, тоату ибодат, хайру саховат, некиву накӯкорӣ, эҳтироми падару модар ва хешовандону калонсолон шуҳрат пайдо кардаанд.

Мо фаризаҳои ин моҳи муборакро имсол дар айёми омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ, яъне 30-солагии истиқлоли давлатӣ амалӣ месозем.

Ин рӯйдоди таърихӣ, яъне истиқлолу озодӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар мояи ифтихору саодат ба шумор меравад, зеро он чароғи зиёбахши роҳи имрӯзу ояндаи мардуми мо мебошад.

Ба шарофати соҳибистиқлолӣ мо дар ҷодаи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бо қадамҳои устувор пеш меравем ва бовар дорем, ки бо азму талоши содиқонаи мардуми шарифи кишвар раванди ободкориву созандагиро вусъати бештар бахшида, дар ояндаи наздиктарин Ватани маҳбубамонро ба як мулки зебову пешрафта мубаддал мегардонем.

Воқеан, аз дидгоҳи дини мубини ислом муҳаббат ба халқу Ватан аз гӯшаи имон аст ва ҳифз кардану обод намудани он қарзи муқаддас ва вазифаи имонӣ ба шумор меравад.

Ҳамчунин, яке аз фазилатҳои дини мубини ислом покиву тозагӣ мебошад.

Дар моҳи шарифи Рамазон ҳар як шахс бояд барои покии ҷисму рӯҳ, ба хотири тозаву озода нигоҳ доштани хонаву кошона ва маҳалли зисти худ саъю кӯшиш намояд. Зеро ободонии кӯчаву маҳалли зист аз замонҳои қадим хислати мардуми заҳматдӯст ва озодаву озодипарасти мо мебошад.

Бахусус, имрӯзҳо, ки фасли баҳор аст, мо бояд аз ҳарвақта бештар кор кунем, рӯзии худ ва аҳли хонадонамонро бо заҳмати ҳалол муҳайё намоем ва дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиб гузорем.

Дар асоси таъкиди уламои шариат ва фақеҳони дини мубини ислом шахсоне, ки дар шароити душвор кору фаъолият мекунанд, касбашон ба таъмини маводи озуқа вобаста аст ё дар соҳаҳои саноату истеҳсолоти вазнин машғул мебошанд, рӯзадорӣ барои онҳо боиси душвориву машаққат мегардад.

Аз ин лиҳоз, хӯрдани рӯза барояшон иҷозат дода шудааст ва онҳо метавонанд дар вақти мусоиди дигар рӯзаи худро анҷом диҳанд.

Саломатӣ сарвати бебаҳо ва умр неъмати бузургтарин барои ҳар як инсон мебошад ва ҳар як фарди солимфикр бояд ба қадри онҳо расад.

Соли 2021 бо тамоми аломатҳояш ва тибқи таҳлилу пешгӯиҳои коршиносон аз солҳои гузашта фарқи куллӣ дорад.

Бар асари тағйирёбии иқлим, камобиву хушксолӣ, бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз ҷумла Ковид – 19 вазъи таъминоти аҳолии сайёра бо маводи ғизоӣ рӯз ба рӯз мураккабу печида гардида истодааст.

Дар натиҷаи болоравии нархҳо ва камчинии озуқаворӣ, аллакай аҳолии 20 кишвари дунё дар ҳолати гуруснагӣ ва фақру қашшоқӣ қарор дорад.

Дар чунин шароит мо бояд тамоми саъю талош ва захираву имкониятҳоро барои ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва захираи он сафарбар созем.

Хусусан, ки Рамазони имсола ба мавсими авҷи киштукор ва гузоштани замина барои ҳосил рост омадааст, мо бояд, пеш аз ҳама, дар фикри истеҳсоли маҳсулот, таъминоти аҳли оилаи худ ва захираи маводи ғизоӣ бошем ва мушкилоти дар дунё бавуҷудомадаро ҳазл нашуморем.

Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки моҳи шарифи Рамазон моҳи эҳсону накӯкорӣ ва хайроту садақот мебошад. Яъне шахсоне, ки имкони молиявии мусоид доранд, метавонанд ба хотири соҳиби савоб гардидан, алалхусус, дар моҳи Рамазон ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату ниёзмандон дасти хайру саховат дароз кунанд.

Ҳадяву подоши ҳар як инсон аз ҳиммати ӯ вобаста мебошад, зеро ҳиммати баланд доштану ба ниёзмандон дасти сахо дароз намудан, тибқи таълимоти ислом, ҳатман мавриди эҳсони Худованди бахшоянда қарор мегирад.

Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки кумаку дастгирии ятимону маъюбон солҳои охир дар кишвари мо ба ҳукми анъанаи нек даромадааст.

Мувофиқи фармудаи дини ислом луқмаи ҳалол сабаби нозил гаштани баракати Худованд ба рӯзгор ва хонадон мегардад.

Бахусус, сарватмандону тоҷирон агар дар роҳи савоб кӯшиш намуда, дари хайру саховатро боз кунанд ва молу маҳсулоти худро бо нархи арзонтар ва бо риояи меъёрҳои инсофу инсондӯстӣ ба фурӯш гузоранд, ба ивази ин амали нек сазовори аҷри азим аз тарафи Худованд хоҳанд шуд.

Дар акси ҳол, ба хотири фоидаи бештар гирифтан арзиши молро баланд бардоштан, махсусан, дар моҳи шарифи Рамазон гуноҳест, ки дар дини мубини ислом маҳкум карда мешавад.

Дар ин маврид Паёмбари ислом фармудааст: «Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи ҷаҳаннам қарор хоҳад дод».

Дигар зуҳуроте, ки амали носавоб шуморида мешавад, исрофкорӣ ва зоҳирпарастӣ мебошад.

Чордаҳ сол қабл мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро қабул кардем, ки самараву натиҷаҳои мусбати онро имрӯз ҳар як сокини мамлакат дар рӯзгори оилаи худ возеҳ дида истодааст.

Зарур аст, ки мардуми кишвар минбаъд низ ҳангоми баргузории маросиму маъракаҳо талаботи қонуни миллиро, ки фақат ба манфиати онҳо нигаронида шудааст, қатъӣ риоя намоянд.

Ба ҷойи баргузории маъракаҳои зоҳирпарастонаву намоишкорона ва пурдабдабаву серхароҷот мо бояд ба фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои оила ва фарзандони худ, амалҳои хайру эҳсонкорӣ, ободии маҳалли зист, бунёди муассисаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва ободонии диёр иқдом намуда, саҳми шоистаи худро ба истиқболи ҷашни бузурги миллиамон – 30-солагии истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон гузорем.

Бовар дорам, ки мардуми ҳимматбаланди мо баробари риояи рукнҳои моҳи муборак корҳои хайру савобро боз ҳам густариш бахшида, саҳми худро дар ободии Ватан, пешрафти давлат, оромии ҷомеа, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мегузоранд.

Бори дигар фарорасии моҳи шарифи Рамазонро ба тамоми мардуми кишвар таҳният гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаол ба ҳар хонавода саломатӣ, хушҳоливу хушрӯзӣ, ризқу рӯзии фаровон ва иқболи нек орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарфароз бошед, ҳамватанони азиз!


Вакти нашр: 2021-04-12 08:14:09    Хонданд: 85    Муфассал...

Эмомалӣ Раҳмон: Соли душвор аст, бояд ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол ва захира намоем

Дар натиҷаи пандемияи коронавирус имрӯз ҷаҳон ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодӣ рӯ ба рӯ омадааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол боз аҳолии кишварро даъват мекунанд, ки барои  камаш ду сол маводи ғизоӣ захира кунанд. Бори дигар Сарвари давлат дар ин бора дар Паёми шодбошии худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон ишора намуданд.

Президенти мамлакат зикр намуданд, ки соли 2021 бо тамоми аломатҳояш ва тибқи таҳлилу пешгӯиҳои коршиносон аз солҳои гузашта фарқи куллӣ дорад. Бар асари тағйирёбии иқлим, камобиву хушксолӣ, бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз ҷумла Ковид-19 вазъи таъминоти аҳолии сайёра бо маводи ғизоӣ рӯз ба рӯз мураккабу печида гардида истодааст.

Тавре қаблан АМИТ “Ховар” хабар дода буд, бино ба гузоришҳои Созмони Милали Муттаҳид, 20 кишвари ҷаҳон ба кӯмаки фаврии ғизоӣ ниёз доранд, вагарна онҳо ба гуруснагии сартосарӣ гирифтор мешаванд. Коршиносони СММ тазаккур додаанд, ки кишту кор дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон оғоз ёфтааст ва аз фурсат истифода бурда, кишварҳо дар афзоиши истеҳсоли ғизо талош варзанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур мешуморанд, ки барои ҳар як оила захираи дусолаи маҳсулоти ғизоӣ ба роҳ монда шавад ва ҳар порча замин оқилона истифода бурда шавад. Инчунин истеҳсоли маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равғани растанӣ, картошка ва биринҷ зиёд карда шавад.

Пешвои миллат дар Паёми шодбошӣ ба муносибати моҳи шарифи Рамазон аз сокинони кишвар даъват намуданд, имрӯзҳо, ки фасли баҳор аст, бояд аз ҳарвақта бештар кор кард, рӯзии худ ва аҳли хонадонро бо заҳмати ҳалол муҳайё намуд ва дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиб гузошт.

“Дар асоси таъкиди уламои шариат ва фақеҳони дини мубини ислом шахсоне, ки дар шароити душвор кору фаъолият мекунанд, касбашон ба таъмини маводи озуқа вобаста аст ё дар соҳаҳои саноату истеҳсолоти вазнин машғул мебошанд, рӯзадорӣ барои онҳо боиси душвориву машаққат мегардад. Аз ин лиҳоз, хӯрдани рӯза барояшон иҷозат дода шудааст ва онҳо метавонанд дар вақти мусоиди дигар рӯзаи худро анҷом диҳанд, — зикр намуданд Сарвари давлат.

Президенти Тоҷикистон таъкид сохтанд, ки соли 2021 бо тамоми аломатҳояш ва тибқи таҳлилу пешгӯиҳои коршиносон аз солҳои гузашта фарқи куллӣ дорад. Бар асари тағйирёбии иқлим, камобиву хушксолӣ, бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз ҷумла Ковид-19 вазъи таъминоти аҳолии сайёра бо маводи ғизоӣ рӯз ба рӯз мураккабу печида гардида истодааст. Дар натиҷаи болоравии нархҳо ва камчинии озуқаворӣ, аллакай аҳолии 20 кишвари дунё дар ҳолати гуруснагӣ ва фақру қашшоқӣ қарор дорад.

«Дар чунин шароит мо бояд тамоми саъю талош ва захираву имкониятҳоро барои ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва захираи он сафарбар созем. Хусусан, ки Рамазони имсола ба мавсими авҷи киштукор ва гузоштани замина барои ҳосил рост омадааст, мо бояд, пеш аз ҳама, дар фикри истеҳсоли маҳсулот, таъминоти аҳли оилаи худ ва захираи маводи ғизоӣ бошем ва мушкилоти дар дунё бавуҷудомадаро ҳазл нашуморем», — тазаккур доданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бояд гуфт, ки захираи маҳсулоти ғизоӣ дар соли ҷорӣ имрӯз дар саросари ҷаҳон хеле муҳим арзёбӣ мегардад ва  ҳар як оила бояд аз имконоти мавҷуда барои захираи маҳсулот истифода барад.

                                                                                АКС аз манбаъҳои боз


Вакти нашр: 2021-04-12 15:57:13    Хонданд: 37    Муфассал...

Ифтитоҳи Маркази хизматрасонӣ ва савдои "Аминҷон" дар шаҳри Душанбе

Санаи 13 апрел бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ авҷу суръати корҳои сохтмонӣ ва ободкорӣ дар 4 ноҳияи пойтахт таъмин гардида, иншооти таъиноти гуногун бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва 30 солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт сохта ба истифода додани марказҳои хизматрасонӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин замина сохтмони маркази хизматрасонӣ дар кӯчаи Маяковскийи ноҳияи Сино амалӣ шудааст. Дар расми ифтитоҳи Маркази хизматрасонӣ ва савдои Аминҷон муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон, соҳибкорон ва намояндагони масъули сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ширкат намуданд. Ин маркази хизматрасонӣ бо тарҳи муосир бунёд гардида, он аз сартарошхона, кошонаи ҳусн, маркази савдо ва коргоҳи дӯзандагӣ иборат мебошад. Бинои марказ аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда, бо истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ ва тарҳи хос бунёд шудааст. Дар ошёнаи якуми бино маркази савдо ташкил шуда, ошёнаи дуюм аз сартарошхона ва кошонаи ҳусн иборат мебошад, ки дар он шароити зарурии хизматрасонӣ барои муштариён фароҳам мебошад. Зимни суҳбат соҳибкорон бунёди чунин иншоотро ба дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон аз ҷониби давлат арзёбӣ намуданд. Айни замон дар Маркази хизматрасонӣ 25 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Дар оянда масъулини Маркази хизматрасонии Аминҷон тасмим доранд, ки бо зиёд намудани фаъолияти дигар бахшҳои марказ шумораи ҷойҳои кориро бештар намоянд. Намуди зоҳирии иншоот низ бо тарҳи зебо ва мунаққаш сохта шуда, ба ҳусни ин мавзеи шаҳр зебогии хоса замъ намудааст. Бо пайгирӣ аз ташаббусҳои созандагиву бунёдкоронаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соҳибкори маҳаллӣ Муҳаммадисо Аҳмадов саҳну атрофи муассисаро бо шинонидани дарахтони ороишӣ ва кишти алафҳои чаманӣ сарсабзу хуррам намуда, ба як гулгашти зебо табдил доддааст. Илова бар ин роҳи канори маркази хизматрасонӣ, ки кӯчаи Маяковскийро ба дохили шаҳраки 33 мепайвандад, мумфарш гардидааст. Ин ҳама ободкорӣ ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудааст. Анҷоми чунин ташаббусҳои неку созанда барои боз ҳам ободу зебо гардидани гӯшаву канори шаҳри Душанбе мусоидати фаъол менамояд.


Вакти нашр: 2021-04-14 07:58:14    Хонданд: 80    Муфассал...

Идомаи вохӯриҳо оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат

Санаи 13 апрели соли 2021 дар асоси ҷадвали баргузории вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 бо аҳолии маҳаллаҳои Маърифат ва Қаротегин вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроия Абдураҳим Шоҳиён ва аъзои гурӯҳи таблиғотӣ Ҳайитов Фирдавс иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ роҷеъ ба дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, суҳбату муколама анҷом ёфт. Баромадкунандагон дар бораи паҳлӯҳои Паём ҷиҳати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ оид ба арзишҳои миллӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, дастоврдҳои даврони соҳибистиқлолӣ, муқаддас доштани сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагии Тоҷикистон, нақши барномаҳои ҳизбӣ ва саҳм гузоштан баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.


Вакти нашр: 2021-04-14 08:27:58    Хонданд: 49    Муфассал...

МАРОМИ МО СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ

Санаи 13 апрели соли ҷорӣ дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино оид ба баргузории мулоқоту вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо иштироки Убайдулло Қурбонзода муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Қурбонбекова П.Қ. – вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Каримова А.О. -вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2021 ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 15 феврали соли 2021, № 97 “Дар бораи таҳким бахшидани робита бо аҳли ҷомеа доир ба ҳифзу тарғиби дастовардҳо ва арзишҳои 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу амният, баланд бардоштани ҳувияти миллию маънавӣ ва ҳамбастагӣ ба сиёсати созандагӣ” бо сокинони минтақаҳои 82-101 вохӯрӣ доир гардид.

Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

 


Вакти нашр: 2021-04-14 08:46:47    Хонданд: 37    Муфассал...

Мусобиқаи варзишии баскетбол барои дарёфти Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади амалигардонии вазифаҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани сокинони пойтахт ба машғулиятҳои мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мусобиқаи варзиширо аз рӯйи намуди баскетбол дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе миёни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олии пойтахт дар толори муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба намудҳои бозиҳои варзишӣ” – и шаҳри Душанбе  баргузор намуд.

Бояд қайд намуд, ки дар маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим ва устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди пойтахт иштирок намуданд.

Дар мусобиқа ҷавондухтарони муассисаҳои таҳсилоти олии пойтахт тибқи қоидаҳои федератсияи байналмилалии баскетбол иштирок менамоянд.

Дар мусобиқаи мазкур 15 дастаҳо аз ҳисоби донишҷӯйдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олии пойтахт иштирок менамоянд.

Ғолибон ва ҷоизадороне, ки ҷойҳои 1, 2 ва 3-юмро миёни бонувон бо диплом, медал ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ сарфароз гардонида мешаванд.


Вакти нашр: 2021-04-14 17:33:02    Хонданд: 56    Муфассал...

Ширин Қурбонова: Асри муосир бе дастовардҳои илму техника тасаввурнопазир аст

Ҳамасола 14 апрел дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи илми тоҷик ҷашн гирифта мешавад.

Ба ин муносибат хабарнигори АМИТ «Ховар»  бо Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Илмпешагон»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ширин Қурбонова  оид ба рушди  илм ва дастоварҳои олимони тоҷик  суҳбат намуд.

Ширин Қурбонова  иброз намуд, ки  «олимони тоҷик  дастовардҳои илмиро муаррифӣ намуда, авзоро тавре баррасӣ мекунанд, ки илм наҷотбахши соҳаҳои гуногун бошад. Аммо мушоҳидаҳо исбот мекунанд, ки ҷомеаи мо ҳанӯз дар омӯзиш ва пажӯҳиши фанҳои табиӣ комёб нест. Бинобар ин, аввал ва пеш аз ҳама, суоли зайл пайдо хоҳад шуд, ки чӣ гуна метавон бартарии илмҳои ҷомеашиносиро аз улуми табиатшиносӣ ва дақиқ бартараф намуд”.

«Асри муосирро бе дастовардҳои илму техника тасаввурнопазир баррасӣ мекунем, чунки ҳама гуна рушду тараққӣ аз тафаккури техникӣ ва илмҳои дақиқ мебошад. Ҷомеаи Тоҷикистон дар замони истиқлол бештар ба омӯзиши илмҳои ҷомеашиносӣ рӯ оварда, фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ ҷиҳати фаро гирифтан ба омӯзиш то андозае аз мадди назар дур монданд. Бинобар ин, зарурати эълон намудани солҳои 2020 – 2040 чун Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба миён омад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар 18 марти соли 2020 таъкид намуданд, ки минбаъд ба неруи зеҳнӣ аҳамияти беш аз пеш пайдо мешавад: «Асри ХХ1 замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин мебошад. Дар чунин шароит рушди минбаъдаи ҳар кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад. Вобаста ба ин, мо дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба сармояи инсонӣ диққати аввалиндараҷа додаем. Зеро дар шароити кунунӣ таваҷҷуҳ ба неруи зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ аҳаммияти беш аз пеш пайдо карда, ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъсири амиқ мерасонад. Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад»»,- афзуд Ширин Қурбонова.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, асри ХХI асри илму техника ва иттилоот эътироф шуда, аз ҳар фард тақозои ҳамқадами замон буданро талаб менамояд. Албатта, бидуни донишҳои техникӣ ва табиӣ рушди дигар илмҳо имконнопазир аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот таъкид намуданд, ки дар замони мо бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ ба пешрафт ноил шудан ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, раёсат ва институтҳои Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сохторҳои онҳо ва дигар вазорату кумитаҳои давлатиро лозим аст, ки барои рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ шароити мусоид фароҳам оварда, наврасону ҷавононро ба омӯзиши васеи ин илмҳо роҳнамоӣ кунанд.

Яке аз василаҳои рушди босуръати соҳаҳои ҷомеа, вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкорӣ ва дар амал татбиқ намудани донишҳои илмии ҳосилшуда мебошад. Олимону зиёиёни тоҷик дар давраи соҳибистиқлолӣ ба таҳқиқу арзёбии масъалаҳои мухталиф машғул гардида, таъриху фарҳанг, забон, расму оин ва дигар арзишҳои миллиро, ки ба худшиносиву худогоҳии ҳар фарди комил замина мегузорад, баррасӣ намуда истодаанд.

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, вусъати тафаккури техникӣ солҳои 2020 – 2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардида, аз ҷониби зиёиён ва мардуми ҷомеа ҳамовозии амиқ пайдо намудааст. Дар асоси ин пешниҳод аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоту сохторҳои масъул нақшаи чорабиниҳо таҳияву қабул гардида, дар ин самт тадбирҳо амалӣ гашта истодаанд. Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот таъсиси ҷоизаи махсуси давлатиро барои олимону муҳаққиқоне, ки ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳ доранд, баён намуда, пешниҳод доштанд, ки ҳамасола то 15 нафар барои кашфиёту натиҷаҳои баланди илмӣ бо он қадршиносӣ карда шаванд.

Ба зикри Пешвои миллат, омӯзиш ва таҳлили равияҳои афзалиятноки илм дар Тоҷикистон ва муқоисаи онҳо бо кишварҳои дигар собит месозад, ки ин самт ба бознигарӣ ниёз дорад ва камбудиҳои ҷойдошта бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд,- афзуд мавсуф.

Ба андешаи Ширин Қурбонова, айни замон кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таблиғи ғояҳои асосии фарҳангу адабиёти ба оламиён муаррифишудаи миллиамон саҳм гузошта, тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат барои ташвиқи ормонҳои миллӣ ба гӯшаҳои дурдасти мамлакат сафарҳо мекунанд.

Илм тавассути истеҳсолот муфид мебошад ва пайваст будани онҳо рушди кишварро таъмин менамояд. Чунонки Президенти мамлакат 18 марти соли 2020 таъкид намуда буданд: «Татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ва ҷорӣ кардани таҷрибаҳои инноватсионӣ дар корхонаву ширкатҳои саноативу истеҳсолӣ муҳаррики асосии рушди илм мебошад. Аз ин рӯ, ба мақсад мувофиқ аст, ки баъзе таҳқиқоти илмии олимони ихтироъкор, магистру аспирантҳо ва докторантҳо дар ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидор иҷро ва дар истеҳсолот амалӣ карда шаванд. Ба роҳ мондани чунин ҳамкорӣ ба таҳкими робитаи илму истеҳсолот мусоидат карда, натиҷаҳои хуб ба бор меоварад. Дар кишвар олимоне, ки соҳиби патент мебошанд, хеле зиёданд. Аммо онҳо танҳо рақамгузорӣ шуда, истеҳсолкунандагон ва ширкатҳои саноатӣ аз онҳо огоҳӣ надоранд ва ҷиҳати татбиқашон тадбире андешида намешавад».

Аз ин рӯ, олимони моро зарур аст, ки дар ин самт гомҳои устувор ниҳода, ба пажӯҳиши бештар машғул шаванд.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

​​​​​​​


Вакти нашр: 2021-04-15 08:24:39    Хонданд: 26    Муфассал...

Имрӯз дар Душанбе Шабакаи нави телевизиони Тоҷикистон «Илм ва табиат» ифтитоҳ гардид

Тавре қаблан хабар додем, имрӯз бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар мамлакат Муассисаи давлатии  телевизиони Тоҷикистон- «Илм ва табиат» ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин бора муовини якуми директори МД «Илм ва табиат» Аҳлиддин САЛОҲЗОДА  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» София ШОИК  хабар дод.

Дар маросими оғози кори шабакаи мазкур муовини Сарвазири  Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, директори шабакаи навтаъсиси «Илм ва табиат» Зинатуллоҳ Исмоилзода, намояндагони сохторҳои давлатӣ, фарҳангиён ва донишмандон ширкат намуданд.

Зикр гардид,  ки тамоми барномаҳо ва филмҳое, ки дар ин шабака нашр мешаванд, ҳама ба забони тоҷикӣ буда, дастовардҳои олимони тоҷик, ҳамзамон табиату манзараҳои нотакрори мамлакатро инъикос менамоянд.  Аз ҷумла,  «Арса» дар мавриди навгониҳои илмии ҷаҳонӣ, «Арши илм» дар бораи нобиғаи илм, «Сайри кайҳон» дар мавриди кайҳон ва нуҷум, «Чор унсур», «Дар оғӯши табиат», «Парвезан», «Сайёраи умед», «Мададгор», «Теғи Сино» ва «Дар дили санг» барномаҳое ҳастанд, ки таҳия ва дар ин шабака нашр мешаванд.

Дар айни замон шабака 18 соати нашр дошта, қарор аст давоми сол ба 24 соат расонида шавад.

Ёдовар мешавем, ки шабакаи навтаъсис дар суроғаи кӯчаи Шероз, 31 ҷойгир аст.

Ҳадаф аз таъсис ва роҳандозии шабака- тарғиби дастовардҳои илм, ҷалби таваҷҷуҳи насли нави Тоҷикистон ба илм ва оммавӣ кардани тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ мебошад.

 

Ёдовар мешавем, ки  таъсиси телевизиони мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020 тибқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид. Дар баробари ин, Қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» ба тасвиб расида буд.

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил гардида, дар доираи ин дастовардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 шабакаи телевизионӣ ва 3 шабакаи радиои давлатӣ таъсис дода шудаанд.

Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 90 телевизион ва радиои давлативу хусусӣ ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият менамоянд. Аз ин шумора 13 телевизиони давлатӣ, 10 радиои давлатӣ, 33 телевизиони хусусӣ, 22 радиои хусусӣ ва 12 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ мебошанд.

                                                    АКСҲО аз ТВ «Илм ва табиат»


Вакти нашр: 2021-04-15 08:30:25    Хонданд: 44    Муфассал...

ДАСТГИРИИ НАВБАТИИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА НАВРАСОНУ ҶАВОНОН

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №209 АЗ 14.04.2021

Дар бораи ҳавасмандгардонии ғолибони озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 июни соли 2017, №363 “Дар бораи таъсис додани стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе”, мутобиқи моддаҳои 11 ва 191 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва моддаҳои 19, 20 ва 33 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

Рӯйхати барандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2020 – 2021 тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.

Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани барандагони стипендияи мазкур дар соли таҳсили 2020-2021 маблағи 484 800 (чорсаду ҳаштоду чор ҳазору ҳаштсад) сомонӣ тибқи замимаи 2 ҷудо намояд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҷиҳати дар фазои тантанавӣ бо шаҳодатнома ва маблағҳои стипендияи Раиси шаҳри Душанбе сарфароз гардонидани ғолибон чораандешӣ намоянд.

Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағи ҷудогардидаро мувофиқи тартиби муқарраргардида, таъмин намояд.

Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкур ва ҷараёни баргузории чорабиниҳоро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соха гузошта шавад.

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ


Вакти нашр: 2021-04-15 10:12:44    Хонданд: 45    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ПЕШВО"

Имрӯз бо иштироки Файзуллозода З.Ф. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Ғайратзода Л.Д. – директори муассисаи таълимии давлатии «Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пешво” Маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ баргузор карда шуд.

Тибқи рӯзномаи Маҷлиси ҳисоботи фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Пешво” давоми семоҳаи якуми соли 2021 шунида шуд. Ҳамчунин Исмоилзода Б.М. бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии “Пешво” озод гардида, дар ҳамовози аъзои ташкилот Ғайратзода Л.Д. - директори муассисаи таълимии давлатии «Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе раиси ташкилоти ибтидоии “Пешво” интихоб гардид.

Ҳамзамон, Файзуллозода З.Ф. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, аз аъзои ҳизб даъват ба амал оварданд, ки бо иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ ва ташаббусҳои созанда дар амали намудани Барнома ва Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд. Дар идомаи суханрони ёдовари намуданд, ки ҲХДТ зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар буда дар сафҳои худ ҳамаи қишрҳои ҷомеаро, ки Оиннома ва Барномаи ҳизбро эътироф мекунанд, муттаҳид намудааст.

Илова бар ин, дар Маҷлис масъалаҳои таҳлили муқоисакунии аъзои ҳизб, таҳлили шумораи аъзои ҳизб, ҳаракати аъзо, қабул ва хориҷ аъзои ҳизб, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, инчунин ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар фарҷом ба як қатор аъзои фаъоли ҳизб ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои фаъолияти пурмаҳсул ва саҳми арзанда гузоштан дар корҳои ташкилию сиёсии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таҳким бахшидан ба корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, мусоидат намудан баҳри баланд бардоштани мавқеъи ҳизб дар ҷомеъа сарфароз гардонида шуданд.


Вакти нашр: 2021-04-15 11:27:01    Хонданд: 31    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ДАР КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ "ТОҶИРИ АҶАМ"

Санаи 14 апрели соли 2021 дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Тоҷири Аҷам"-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Тоҷири Аҷам" Қурбонзода Маҳмадалӣ ва аъзои ҳизб иштирок намуданд.

Баромадкунандагон оид ба Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, барномаҳои давлати оид ба ҷавонон, масъалаҳои риояи талаботи оинномавию барномавии ҳизб ва натиҷагирӣ аз муқоисакунии аъзои ҳизб дар Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ суханронӣ намуданд.


Вакти нашр: 2021-04-15 11:29:25    Хонданд: 21    Муфассал...

ОМӮЗИШИ ПАЁМ БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Бо сокинони маҳаллаҳои Хайробод, Ховарон, МИМ 4 бо иштироки Исҳоқӣ Ҳусния - муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур - Зулфиқор Гулаҳмадзода вохӯрӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26-уми январи соли 2021 баргузор гардид.

Нахуст Исҳоқӣ Ҳусния - муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе баромад намуда, атрофи самтҳои ҷавонон ва занон дар Паём суханронӣ намуда қайд карданд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад.

Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст.

Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд.

Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.

Бо ин мақсад, ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш дода мешавад, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва пешниҳод намояд.

Риштаи суханро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур-Зулфиқор Гулаҳмадзода ба даст гирифта ёдоварӣ намуданд, ки ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар аввалиндараҷа буда,Роҳбари давлат Вазорати маориф ва илмро вазифадор карданд, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот – аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотиро ташкил карда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монад.

Таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад.

Ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Дар охир ҳозиринро бо фарорасии Моҳи Шарифи Рамазон табрик намуда, атрофи корҳои хайриявӣ ва эҳсонкор будан таъкидҳо намуданд.


Вакти нашр: 2021-04-15 11:30:57    Хонданд: 27    Муфассал...

НАШРИ ШУМОРАИ НАВИ "МАРОМИ ПОЙТАХТ" БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПОЙТАХТ

-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------


Вакти нашр: 2021-04-15 11:52:24    Хонданд:    Муфассал...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд

15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Мавриди зикр аст, ки иқдоми таъсиси Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 дар Рӯзи дониш аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуда буд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи асосӣ аз таъсиси шӯрои мазкурро баррасии мушкилоти дар соҳаҳои илм, маориф ва инноватсия ҷойдошта ва мусоидат кардан ба рушди ин бахшҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки аз солҳои 2000-ум инҷониб Ҳукумати мамлакат дар сиёсати давлатӣ соҳаҳои илму маорифро аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок эълон карда, ислоҳоти ҷиддии соҳаҳои зикршударо оғоз намуд.

Дар ин муддат вобаста ба ислоҳоти соҳаҳои зикршуда як қатор санадҳои дахлдор қабул гардида, аз ҳисоби буҷети давлат ҷиҳати ҳалли масъалаҳои илм ва маориф тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шуданд.

Қабули “Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005 — 2008” қадами аввалин ва ҷиддӣ дар роҳи омӯзиши илмҳои бунёдӣ гардид ва барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омӯзиши фанҳои табииву риёзӣ роҳи васеъ кушод.

Қарорҳои Ҳукумати кишвар ва дигар санадҳои муҳими соҳа, аз чумла дар бораи “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007 — 2015”, “Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020”, “Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010 — 2020”, “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмиву таҳқиқотӣ барои солҳои 2011 — 2015”, аз иқдомҳои дигар ба шумор рафта, ҳар кадоми онҳо ба рушди ин ё он бахши соҳаҳои илму маорифи кишвар мусоидат намуданд. Инчунин қабули барномаҳо бо дарназардошти талаботи замон ва аҳаммияти бузурги илмҳо дар ҷодаи таъмин намудани пешрафти кишвар ба роҳ монда шуд.

Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки дар асоси қабули барномаву санадҳо ва дар натиҷаи фароҳам овардани шароити зарурӣ дар марказҳои истеҳсоливу таълимӣ ҷавонон ба корҳои илмӣ бештар ҷалб гардида, завқи онҳо ба ихтироъкорӣ тавсеа пайдо кард.

Вобаста ба тасмими Ҳукумати кишвар оид ба интихоби ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, таъкид гардид, ки барои расидан ба ин ҳадаф, пеш аз ҳама, зарур аст, ки робитаи зичу самарабахши илм бо истеҳсолот таъмин гардида, технологияҳои муосир, дастовардҳои илму техника ва инноватсия дар истеҳсолоти кишвар ба таври васеъ истифода карда шаванд.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон барои пешрафти фаъолияти инноватсионӣ дар мамлакат, ташаккули низоми самараноки инноватсионӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи технологӣ ва рақобатнокии истеҳсолот, ба бозори дохиливу хориҷӣ баровардани маҳсулоти инноватсионӣ, истеҳсоли молҳои ивазкунандаи воридот, суръатбахшии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ мусоидат менамояд, заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодиро фароҳам овардааст.

Дастовардҳои солҳои охири олимони кишварро таҳлил намуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи олимони мо дар муқоиса бо талаботи замон, алалхусус, барои таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти кишвар қонеъкунанда нестанд.

Аз ин ру Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди олимон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Бо мақсади ислоҳи вазъ ва тақвият бахшидан ба нерӯи зеҳнии ҷомеа Ҳукумати мамлакат солҳои 2020 — 2040-ро бистсолаи омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намуда, инчунин, ҷиҳати амалисозии ин иқдом доир ба гузаронидани озмуни ҳарсолаи “Илм — фурӯғи маърифат” қарор қабул кард.

Ҳадафи асосӣ аз иқдомоти зикршуда ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии ҷомеа, рушди тафаккури техникӣ, пайванди илм бо истеҳсолот ва хусусан, ҷалб намудани ҷавонон ба ихтироъкорӣ ва навоварӣ ба шумор меравад.

Вобаста ба таъсиси шабакаи телевизионии “Илм ва табиат”, ки бо супориши бевоситаи Сарвари давлат ташкил ва ба фаъолият оғоз намуд, Президенти мамлакат бо итминон иброз доштанд, ки шабакаи зикршуда барои тарғиби илму инноватсия, дастовардҳои соҳаи маориф, ташвиқи табиати зебои Тоҷикистон ва сарватҳои табиии он, инчунин, амалӣ гардидани барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2020 — 2040” саҳми арзишманд мегузорад.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имтинон иброз доштанд, ки ҳамаи ин ибтикорот на танҳо ба такмили ҷиддии низоми идораи соҳа ва пайвастани илми ватанӣ бо истеҳсолот, балки дар маҷмӯъ, ба рушди минбаъдаи илм, маориф ва инноватсия дар кишвари мо мусоидат хоҳад кард.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои илму инноватсия, пайвандии илму истеҳсолот Президенти Академияи миллии илмҳо Фарҳод Раҳмимӣ, доктори илмҳои химия, директори Институти илмию таҳқиқотии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Раҷабов ва дотсенти кафедраи “Ҳимояи релеӣ ва автоматика”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Борбад Мирзозода бо таклифу пешниҳодҳо барои рушди илму инноватсия дар Тоҷикистон, рушди инноватсионӣ баромад карданд.


Вакти нашр: 2021-04-15 13:19:56    Хонданд: 27    Муфассал...

ТАБЛИҒИ СИЁСАТИ МАОРИФПАРВАРОНА ВА РУШДИ СОҲАИ ИҶТИМОӢ ҲАМЧУН САМТҲОИ МЕҲВАРИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Вохӯрии гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид оммафаҳм намудани Паёми Пешвои муаззами миллат бо сокинони маҳаллаи Шафтолузор ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгори Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ санаи 14 апрели соли 2021 баргузор гардид.

Дар он Ҷурахонзода Ҷумахон- муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода – аъзои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Ҳомидзода Насимҷон – намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, аъзоёни гурӯҳи таблиғотии ҳизбӣ Аламов Ҳалимҷон номзади илми таърих, Бердиев Шоҳназар номзади илми фалсафа, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Ғуломов Абдухалил ва Убайдова Зулфия, масъалини ҳизбӣ ва намояндаи нашрияи “Омӯзгори ҷавон” иштирок намуданд.

Бо истифода аз суханони бемисли Пешвои муаззами миллат вохӯриро Ҷурахонзода Ҷумахон ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ кард.

Сипас аъзоёни гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Аламов Ҳалимҷон номзади илми таърих, Бердиев Шоҳназар номзади илми фалсафа дар самти оммафаҳм намудани сиёсати иҷтимоӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва иқтисодии Паём суханронӣ намуданд.

Илова ба ин ҳифзи арзишҳои миллӣ, татбиқи сиёсати ҷавонон, бунёди оилаи солим ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳомидзода Насимҷон таблиғ карда шуд.

Ҳамчунин аз ҷониби Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода дар самти боварии Пешвои миллат ба ҷавонон, Паёми имсола ҳамчун дурнамои рушд ва ҲХДТ ҳамчун ҳизби мардумию перомуни андешаи Раиси муазами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханҳои муфид ва саривақтӣ гуфта шуд.

Барои ҳамкориҳои судманд ва татбиқи сиёсати маорифпарварона Ҷурахонзода Ҷумахон ва Замира Мухамадуллоева бо сипосномаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва аъзои гурӯҳи таблиғотӣ Ҳусайнов Аҳмадҷон доктори илмҳои таърих барои саҳми арзанда дар таблиғи ҳадафҳои Барномавии ҳизб бо ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷом масъалаҳои рушди маҳал ва пешниҳоди рӯйхати шахсони имконияташон маҳдуди маҳалла аз ҷониби масъулини он пешниҳод карда шуд.


Вакти нашр: 2021-04-15 13:23:08    Хонданд: 41    Муфассал...

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам аъзои Шӯрои илм, маориф ва инноватсия!
Ҳозирини гиромӣ!

Соли гузашта дар Рӯзи дониш доир ба таъсиси Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода будем.

Ҳадафи асосии мо аз таъсиси шӯрои мазкур баррасии мушкилоти дар соҳаҳои илм, маориф ва инноватсия ҷойдошта ва мусоидат кардан ба рушди ин бахшҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа мебошад.

Аз солҳои 2000–ум инҷониб мо дар сиёсати давлатӣ соҳаҳои илму маорифро аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок эълон карда, ислоҳоти ҷиддии соҳаҳои зикршударо оғоз намудем.

Дар ин муддат вобаста ба ислоҳоти соҳаҳои зикршуда як қатор санадҳои дахлдор қабул гардида, аз ҳисоби буҷети давлат ҷиҳати ҳалли масъалаҳои илм ва маориф тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шуданд.

Махсус мехоҳам хотиррасон намоям, ки қабули «Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005 – 2008» қадами аввалин ва ҷиддӣ дар роҳи омӯзиши илмҳои бунёдӣ гардид ва барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омӯзиши фанҳои табииву риёзӣ роҳи васеъ кушод.

Дар ин давра қарорҳои Ҳукумати мамлакат дар бораи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007 – 2015», «Қоидаҳои ташаккул, экспертиза, тасдиқ, маблағгузорӣ ва иҷрои барномаву лоиҳаҳои илмӣ ва илмиву техникӣ» ва як силсила санадҳои дигар қабул гардиданд, ки ҳар кадоми онҳо ба рушди ин ё он бахши соҳаҳои илму маорифи кишвар мусоидат намуданд.

Мо дар ин раванд, ба пешрафти илм таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, барои рушди он заминаҳои мусоид фароҳам овардем ва бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ «Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2015»–ро қабул намудем.

Дар асоси ин санад дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмиву таҳқиқотӣ паркҳои технологӣ таъсис дода, муҳаққиқону омӯзгорони навовар ба корҳои илмиву истеҳсолӣ ҷалб карда шуданд.

Дар натиҷаи фароҳам овардани шароити зарурӣ дар марказҳои истеҳсоливу таълимӣ ҷавонон ба корҳои илмӣ бештар ҷалб гардида, завқи онҳо ба ихтироъкорӣ тавсеа пайдо кард.

Дар як муддати кӯтоҳ аз ҷониби олимону ихтироъкорон як қатор навгониҳо ва таҷҳизоту воситаҳои техникӣ ба вуҷуд оварда шуданд.

Дар баробари ин, таъкид месозам, ки сатҳи рушди илм, технологияҳо ва суръати пешрафти техникиву технологии кишварҳои рушдёфтаи дунё барои олимону ихтироъкорон ва махсусан, наврасону ҷавонони мо бояд намунаи ибрат ва омӯзиш бошад.

Бинобар ин, мо бояд ба корҳои илмӣ бисёр ҷиддӣ машғул шавем ва аз равандҳои муосири илму технологияҳои ҷаҳонӣ қафо намонем.

Ҳукумати мамлакат маҳз бо дарназардошти талаботи замон ва аҳаммияти бузурги илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ дар ҷодаи таъмин намудани пешрафти кишвар, ҳамчунин, «Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020», «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010 – 2020», «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмиву таҳқиқотӣ барои солҳои 2011 – 2015»–ро қабул намуда, барои амалисозии онҳо шароиту имкониятҳои зарурӣ, аз ҷумла маблағгузориро муҳайё кардааст.

Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ қарор дорад.

Мо тасмим гирифтаем, ки дар ин марҳала ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишварро амалӣ созем.

Барои расидан ба ин ҳадаф, пеш аз ҳама, зарур аст, ки робитаи зичу самарабахши илм бо истеҳсолот таъмин гардида, технологияҳои муосир, дастовардҳои илму техника ва инноватсия дар истеҳсолоти кишвар ба таври васеъ истифода карда шаванд.

Зеро фаъолияти самарабахши илмиву технологӣ ва инноватсионӣ шарти зарурии таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад.

Машғул шудан ба фаъолияти инноватсионӣ ва ба вуҷуд овардани маҳсулоти инноватсионӣ яке аз омилҳое мебошад, ки ба пайванди илм бо истеҳсолот мусоидат карда метавонад.

Натиҷаи чунин фаъолият ба вуҷуд омадани донишҳои нави илмӣ ва амалисозии минбаъдаи онҳо дар технологияҳои нав ё маҳсулоти нави тавассути ин технологияҳо истеҳсолшуда мебошад.

Навъҳои муосири технология ва маҳсулот навовариҳое мебошанд, ки самараи иҷтимоиву иқтисодиро танҳо баъди татбиқи амалӣ, яъне дастрас гардидан ба истеъмолкунанда таъмин менамоянд.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон барои пешрафти фаъолияти инноватсионӣ дар мамлакат, ташаккули низоми самараноки инноватсионӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи технологӣ ва рақобатнокии истеҳсолот, ба бозори дохиливу хориҷӣ баровардани маҳсулоти инноватсионӣ, истеҳсоли молҳои ивазкунандаи воридот, суръатбахшии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ мусоидат менамояд, заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодиро фароҳам овардааст.

Аз ҷумла дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020» ва «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2020» асосҳои ҳуқуқии фаъолияти инноватсионӣ муҳайё гардидаанд.

Масалан, имрӯз олимони соҳаҳои физика, химия, маводшиносӣ, биология ва дигар бахшҳои илмҳои табиӣ, дақиқ ва техникӣ дар доираи татбиқи «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2020» ба таҳияву татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, ки барои ба вуҷуд овардани технологияҳои истеҳсоли молу мавод нигаронида шудаанд, машғул мебошанд.

То имрӯз технологияи истеҳсоли нитрогени моеъ барои соҳаҳои кишоварзӣ ва тиб, технологияи истеҳсоли асбобҳои гуногуни криогенӣ барои ҷарроҳӣ, кристаллҳои сунъӣ, истеҳсоли пектин аз партовҳои саноати хӯрокворӣ, пектинҳо барои тиб ва дорусозӣ, маводи кимиёӣ (атсетат ва нитрати селлюлоза) аз партови коркарди пахта, малҳамҳои табобатии «Сино», «Фитосуман», «Ромит», технологияи коркарди тилло ва нуқра дар конҳои кишвар, истеҳсоли обгармкунакҳои офтобӣ аз алюминии аввалия, истеҳсоли кремнийи техникӣ дар асоси ашёи хоми ватанӣ, ки барои сохтани коллекторҳои офтобӣ зарур аст, технологияи истеҳсоли инулин, пектин, селлюлоза, биоэтанол ва биогаз аз растании топинамбур, технологияҳои парвариши навъҳои нави картошкаи беҷурм ва гандуми ба сардӣ тобовар, инчунин, технологияи истеҳсоли маводи доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши маҳаллӣ таҳия шуда, барои татбиқ дар истеҳсолот ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод гардидаанд.

Дар ин раванд, миқдори зиёди патент барои ихтироот ба даст оварда шудааст.

Олимони соҳаи кишоварзӣ дар солҳои 2016 – 2020–ум 87 навъи серҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва дарахтони мевадиҳандаро ба вуҷуд овардаанд, ки 36 навъи онҳо минтақабоб ва ҷорӣ карда шудаанд.

Олимони соҳа, инчунин, усулҳои беҳтар кардани ҳосилхезии хок, истифодаи самараноки нуриҳои минералию органикӣ, пешгирӣ намудани таназзулёбии хок ва шӯршавии дубораи заминҳои обёришавандаро таҳия намуда, дар истеҳсолот татбиқ кардаанд.

Вале таъкид месозам, ки пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи олимони мо дар муқоиса бо талаботи замон, алалхусус, барои таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти кишвар қонеъкунанда нестанд.

Аз ин лиҳоз, зарур мешуморем, ки таваҷҷуҳи олимонро ба вазифаҳои зерин ҷалб намоям:

  1. Вобаста ба талаботи иқтисоди миллӣ олимони соҳаи физикаро зарур аст, ки фаъолияти илмии худро дар самти коркарди маводи нав ва кристаллҳои сунъӣ бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ барои истифода дар соҳаҳои гуногуни техника ва технология, тақвият додани корҳои илмиву технологӣ дар соҳаи физикаи ҳастаӣ ва татбиқи технологияҳои ин соҳа дар иқтисодиёти кишвар, ҳамчунин, нанотехнология ба таври қатъӣ ҷоннок намоянд.

Инчунин, дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об коркарди технологияҳои каммасраф, “энергетикаи сабз”, технологияҳои коркарди партовҳо, аз ҷумла партовҳои радиоактивиро ҷиҳати рушди техника ва технологияҳои муосир вусъат бахшанд.

  1. Вобаста ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунониии босуръат олимони соҳаи математика вазифадор карда мешаванд, ки бо истифода аз имкониятҳои математикаи амалӣ моделсозии математикиро дар самти банақшагирии истеҳсолот, барномасозии компютерии ташкил ва идоракунии фаъолияти истеҳсолӣ таҳия ва ба саноатчиёни кишвар пешниҳод намуда, инчунин, таҳқиқотро дар самти лингвистикаи компютерӣ бо дарназардошти меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ вусъат бахшанд.
  2. Олимони соҳаи химияро зарур аст, ки минбаъд фаъолияти таҳқиқотии худро доир ба татбиқи технологияҳои коркардшуда дар соҳаи хӯрокворӣ ва дорусозӣ, омӯзиши васеи хосиятҳои амалии хӯлаҳои алюминӣ ва татбиқи онҳо дар соҳаи саноат, коркарди технологияҳои муосир оид ба истеҳсоли нуриҳои маъданӣ аз ашёи хоми ватанӣ, коркарди маводи кимиёӣ бар зидди ҳашароти зараррасон, коркарди металлҳои нодир якҷо бо олимони соҳаи физика, коркарди манбаъҳои захиракунандаи энергия дар асоси натрий ва калий бо дарназардошти захираҳои кишвар тақвият бахшанд.

Ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мудофиа ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки барои дар соҳаҳои саноат ва тиб татбиқ намудани технологияҳои бавуҷудовардаи олимони соҳаи химия оид ба истеҳсоли пектинҳо, фосфоритҳо, истеҳсоли маводи доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва дигар маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат намоянд.

  1. Олимони соҳаи геология вазифадор карда мешаванд, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Саридораи геология ҷиҳати омӯзиши конҳои канданиҳои фоиданок дар минтақаҳои гуногуни кишвар бо дарназардошти талабот ба ин ё он навъи ашёи минералӣ ва тартиб додани харитаҳои рақамии геологӣ барои арзёбии захираи конҳои канданиҳои фоиданок чораҳои зарурӣ андешанд.
  2. Вобаста ба тағйирёбии иқлим, болоравии ҳарорати миёнаи кураи замин ва коҳиш ёфтани ҳаҷми оби пиряхҳо, камборишӣ ва хушксолиҳои пайиҳам олимони соҳаи масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология ҳолат ва дурнамои рушди энергетикаи умумӣ ва гидроэнергетикаи Тоҷикистонро таҳлил намуда, захираҳои барқароршавандаи энергетикаи кишварро ҳамаҷониба омӯхта, гидроэнергетикаи хурди Тоҷикистон, ҳолат, захираҳо ва нақшаву барномаҳои истифодабарии онҳоро таҳқиқ намоянд.

Инчунин, дар тарғиби чаҳор ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаҳои вобаста ба об фаъолона иштирок намуда, доир ба масъалаи мазкур таҳқиқоти илмӣ анҷом диҳанд ва бо баргузор намудани конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ аҳаммияти ташаббусҳои мазкурро ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ намоянд.

  1. Олимону мутахассисони соҳаи рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав таҳқиқотро доир ба рушди инноватсионии илм ва технологияҳои сарфаи энергия вусъат бахшанд, инчунин корро дар самти татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот ва коркарди ашёи хоми маҳаллӣ вусъат диҳанд.
  2. Фаъолияти минбаъдаи олимони соҳаи биология, физиология ва генетикаи растаниҳо бояд ба омӯзиш, ҳифз ва идоракунии устувори гуногуннавъии биологии растаниҳо ва арзёбии захираҳои табиии онҳо дар шароити тағйирёбии иқлим ва таъсири омилҳои антропогенӣ равона карда шавад.

Олимону мутахассисони соҳа вазифадор карда мешаванд, ки бо истифодаи усулҳои биотехнологияи муосир ва роҳҳои маъмулии селексия роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзиро дарёфт намоянд.

Дар замони муосир масъалаи бехатарии биологӣ ва амнияти озуқаворӣ аҳаммияти торафт бештар пайдо карда истодааст.

Аз ин рӯ, олимони соҳаи биология бояд бо истифодаи усулҳои инноватсионӣ дар ин самт таҳқиқоти илмиву назариявӣ ва амалиро ҷоннок карда, роҳҳои ба ҷои ду ҳосил аз як замин дар як сол се – чор ҳосил рӯёниданро дарёфт ва пешниҳод намоянд.

  1. Илова бар ин, доир ба истеҳсоли тухмиҳои аълосифати ба иқлими кишвар мутобиқ, ба вирусҳо ва касалиҳо тобовар, инчунин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои боир, шӯршуда ва аз гардиши кишоварзӣ берунмонда таҳқиқот анҷом дода, якҷоя бо Вазорати кишоварзӣ хоҷагиҳои тухмипарварро барқарор намоянд ва дар самти офаридани чорвои хушзоти маҳаллӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамкориро ба роҳ монанд.

Дар робита ба масъалаи робитаи илм ва истеҳсолот таъкид месозам, ки тибқи таҳлилҳо аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорон ҷиҳати татбиқ намудани технологияҳои пешниҳодшаванда ва тавассути онҳо ба роҳ мондани истеҳсоли молу маҳсулоти ватанӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда намешавад.

Бо мақсади ислоҳи вазъ ва тақвият бахшидан ба нерӯи зеҳнии ҷомеа мо солҳои 2020 – 2040–ро бистсолаи омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намуда, инчунин, ҷиҳати амалисозии ин иқдом доир ба гузаронидани озмуни ҳарсолаи «Илм – фурӯғи маърифат» қарор қабул кардем.

Ҳадафи асосӣ аз иқдомоти зикршуда ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии ҷомеа, рушди тафаккури техникӣ, пайванди илм бо истеҳсолот ва хусусан, ҷалб намудани ҷавонон ба ихтироъкорӣ ва навоварӣ ба шумор меравад.

Дирӯз шабакаи телевизионии «Илм ва табиат», ки бо супориши мо таъсис дода шуда буд, ба фаъолият оғоз намуд.

Бовар дорам, ки шабакаи зикршуда барои тарғиби илму инноватсия, дастовардҳои соҳаи маориф, ташвиқи табиати зебои Тоҷикистон ва сарватҳои табиии он, инчунин, амалӣ гардидани барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2020 – 2040” саҳми арзишманд мегузорад.

Бояд гуфт, ки дар байни олимону муҳаққиқони кишвар ихтироъкорон ва навоварон кам нестанд, вале дастовардҳои онҳо дар истеҳсолот қариб, ки татбиқ намегарданд.

Ихтироот ва кашфиёти илмӣ дар шакли патенту шаҳодатномаҳои муаллифӣ дар Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба қайд гирифта мешаванд, вале аксари онҳо дар рӯи коғаз боқӣ мемонанд, зеро мо то ҳанӯз механизми татбиқи дастовардҳои илму техникаро дар истеҳсолот тарҳрезӣ ва дарёфт накардаем.

Аз ин лиҳоз, Маркази миллии патенту иттилоот вазифадор карда мешавад, ки бо ҷалби коршиносони касбӣ экспертизаи мустақили ихтирооту навовариро дар сатҳи баланд амалӣ гардонад ва дастовардҳои ихтироъкоронро барои дарёфт намудани фармоишгар ва татбиқ дар истеҳсолот мунтазам ташвиқу тарғиб намояд.

Барои рушди ояндаи навоварӣ ва ихтироъкорӣ, ҳамчунин зарур аст, ки заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ ва озмоишгоҳҳо таҳким бахшида шавад.

Ба ин мақсад бояд дар муассисаҳои илмӣ корхонаҳои хурди илмиву истеҳсолӣ ташкил карда шаванд, то ки ихтирооти муҳаққиқон ва навоварон дар марҳалаи аввал аз санҷиш, озмоиш ва таҷриба гузаронида, баъдан барои татбиқи васеъ ба истеҳсолот пешниҳод карда шаванд.

Вобаста ба ин, корхонаҳои истеҳсолии вазорату идораҳои дахлдор, хусусан вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бояд бо ихтироъкорон ҳамкории зичро ба роҳ монанд, дастовардҳои онҳоро омӯзанд ва дар асоси шартнома бо муассисаҳои илмӣ барои татбиқ намудани натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар сурати ба роҳ мондани ҳамкории самараноки корхонаҳои саноатӣ бо муассисаҳои илмии ватанӣ бо харҷи кам ба натиҷаҳои баланди иқтисодӣ ноил шудан мумкин аст, зеро ворид намудани технологияҳои пешқадам аз хориҷи кишвар маблағгузории зиёдро талаб менамояд.

Инчунин, зарур аст, ки дар нақшаҳои солона ва панҷсолаи муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ, институтҳои соҳавӣ ва кафедраҳои дахлдори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар қатори мавзӯъҳои бунёдӣ иҷрои мавзӯъҳои хусусияти амалидошта низ ба таври ҳатмӣ ба роҳ монда шавад.

Ба вуҷуд овардани инфрасохтори зарурии инноватсионӣ, яъне марказҳои инноватсиониву технологӣ, инкубаторҳои технологӣ, технопаркҳо, марказҳои таълимӣ ва дигари сохторҳои махсусгардонидашуда яке аз омилҳои пурзӯр намудани фаъолияти инноватсионӣ мебошад.

Таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ нишон медиҳад, ки паркҳои технологӣ ҳамчун сохтори миёнарав бо ихтироъкорону навоварон, вазорату идораҳо ва сохторҳои марбута ҳамкории зичро ба роҳ монда, дар татбиқи дастовардҳои илму техника дар истеҳсолот нақши муҳим мебозанд.

Вале чунин паркҳо дар кишвари мо ҳанӯз пурра ташаккул наёфтаанд, ки чунин вазъ андешидани чораҳои заруриро тақозо мекунад.

Яке аз мушкилоти асосӣ, ки паркҳои технологии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар бо он рӯ ба рӯ мешаванд, масъалаи андозсупорӣ аз фоида мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки парки технологӣ шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ буда, ҳамчун муассиса дар ҳудуди махсус таъсис дода мешавад, ки бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияҳои баланд барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар самти истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсиониву инвеститсионӣ фаъолият менамояд.

Яъне имрӯз вақти он расидааст, ки масъалаи аз андозсупорӣ озод намудани паркҳои технологии муассисаҳои илмиву таълимӣ мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Бинобар ин, Вазорати молия ва Кумитаи андоз вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парки технологӣ» доир ба резидентҳои парки технологӣ ва имтиёзҳо дар соҳаи андозсупорӣ чораҷӯӣ намоянд.

Мо дар солҳои истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи маориф низ даҳҳо стратегия, консепсия ва барнома қабул намудем, ки дар асоси онҳо рушди соҳа ва амалигардонии ислоҳот дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром таъмин шуда истодааст.

Ҳукумати мамлакат моҳи сентябри соли 2020 “Дар бораи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025” қарор қабул намуд ва муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбиро вазифадор кард, ки корҳои илмиву таҳқиқотиро дар асоси ин ҳуҷҷати муҳим бо сатҳу сифати нав ба роҳ монда, тамоми нерӯи илмиву зеҳниро ба иҷрои мавзӯъҳои фармоишии фарогири масъалаҳои муҳимми рушди иқтисоди миллӣ сафарбар намоянд.

Баробари эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» қарорҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат ба тасвиб расида, Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шуд, ки дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот стандарт, барнома ва нақшаҳои таълимиро таҷдиди назар карда, ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим диққати аввалиндараҷа диҳад.

Зеро танҳо дуруст ба роҳ мондани таълими ин фанҳо ва рушди тафаккури техникӣ имкон медиҳад, ки зеҳни наврасону ҷавонони мо қавӣ гардад ва онҳо баробар бо талаботи замонаи пешрафту дигаргуниҳои имрӯзу фардо қадам гузоранд.

Бо вуҷуди қабули барномаву санадҳо барои рушди соҳаҳои маориф татбиқи на ҳамаи онҳо қаноатбахш мебошад.

Гарчанде мо барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимиро бо компютер иҷро кардем, аммо ҳоло низ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо омӯзгорони фанни мазкур намерасанд ва сифати азхудкунии технологияҳои иттиллоотӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.

Ҳамчунин, ҳоло марҳалаи сеюми амалисозии “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” шурӯъ мешавад, вале дар ин самт то имрӯз натиҷаҳои назаррас кам ба мушоҳида мерасад.

Масалан, норасоии омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ дар бисёр ноҳияҳои дурдаст аз масъалаҳои ҳалталаб ба шумор меравад.

Дар кишвар ҳанӯз аз соли 2004 ислоҳоти низоми маориф шурӯъ гардида, гузариш ба низоми таълими кредитӣ дар ду донишгоҳи пилотӣ – Донишгоҳи давлатии тиҷорат ва Донишгоҳи технологӣ амалӣ карда шуд.

Имсол гузариш ба низоми кредитии таҳсилот дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба анҷом расид, вале тибқи назарсанҷиҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф иқдоми зикршуда ҳанӯз натиҷаҳои зарурӣ ба бор наовардааст.

Бинобар ин, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки вазъи иҷрои барномаҳои таълимӣ, стандартҳои давлатӣ ва дигар санадҳои қабулшударо таҳти назорати қатъӣ қарор дода, якҷо бо Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ масъалаи низоми кредитии таҳсилотро баррасӣ намояд ва доир ба беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳо чораҳои зарурӣ ва фавриро амалӣ созад.

Дӯстони азиз!

Бо дарназардошти ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд, яъне давраи саноатикунонии босуръати кишвар талаботи ҷомеа ба соҳаҳои илм, маориф ва инноватсия, махсусан, ба робитаи илм бо истеҳсолот рӯз ба рӯз афзоиш меёбад.

Ба хотири густариш бахшидани ин раванд солҳои охир аз ҷониби Роҳбари давлат як қатор тадбирҳои иловагӣ амалӣ шуданд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи илмҳо мақоми миллӣ дода шуд.

Илова ба Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президент шуъбаи илм ва инноватсия таъсис гардид.

Инчунин, дар паёми навбатии Президенти кишвар бо мақсади рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки оид ба таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ намояд.

Замони муосир талаб мекунад, ки тамоми равандҳои иқтисодӣ ва хизматрасонӣ тавассути истифода аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотиву иртиботӣ дар заминаи инфрасохтори иттилоотӣ роҳандозӣ карда шаванд.

Дар кишвари мо ташаккул додани инфрасохтори зарурӣ вазифаи асоситарин барои рақамикунонӣ мебошад, ки бояд дастрасии умум ба шабакаҳои баландсуръату бисёрхаттаи интернетӣ, ташаккули платформаҳои рақамӣ, ташкили инфрасохтор барои ҷамъоварӣ ва нигоҳдории иттилоот, истифода аз технологияҳои пешрафтаи коркарди «захираи бузурги маълумот», ташаккули фазои муътамади рақамӣ ва монанди инҳоро таъмин намояд.

Ҳамаи ин низ донишҳои муосир, пайванди илму истеҳсолот ва муносибати навоваронаву инноватсиониро тақозо мекунад, ки роҳандозии онҳо бе ҷалби олимону мутахассисони дорои сатҳи баланди касбият ғайриимкон аст.

Дар робита ба ин низ аз кормандони илму маориф фаъолияти боз ҳам бештар дар татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос, инчунин, омодасозии сокинони кишвар барои истифодаи технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ талаб карда мешавад.

Итминони комил дорам, ки ҳамаи ин ибтикорот на танҳо ба такмили ҷиддии низоми идораи соҳа ва пайвастани илми ватанӣ бо истеҳсолот, балки дар маҷмӯъ, ба рушди минбаъдаи илм, маориф ва инноватсия дар кишвари мо мусоидат хоҳад кард.

Дар ин ҷода ба ҳамаи шумо барору муваффақият мехоҳам.


Вакти нашр: 2021-04-15 13:24:05    Хонданд: 32    Муфассал...

Муаррифӣ ва эътирофи фарҳанги тоҷик аз ҷониби ҷаҳониён барои ҳар сокини Тоҷикистон ифтихор аст. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии фарҳанг

Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад… Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем.

Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018 дар самти эҳёи таъриху фарҳанги миллати тоҷик  таъкид  доштанд. Имрӯз, ки дар саросари ҷаҳон  Рӯзи байналмилалии фарҳангро таҷлил менамоянд, ёдоварӣ аз  ин суханони пурҳикмати Пешвои миллат басо муфид ва бомаврид  аст.

Ҳамасола 15 апрел дар ҷаҳон  Рӯзи байналмилалии фарҳанг таҷлил карда мешавад, ки ба  санаи   дар Вашингтон ба имзо  расидани  шартнома «оид ба ҳифзи муассисаҳои илмию бадеӣ ва осори таърихӣ» алоқаманд аст.

Дар ин робита хабарнигори АМИТ «Ховар» бо  котиби масъули Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон доир  ба аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани осори фарҳангиву таърихии миллати тоҷик суҳбат намуд.

Мавсуф иброз дошт, ки  осори мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик маҳсули тафаккур ва эҷоди ин миллати тамаддунофар буда, онҳо давраҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятии ниёгонамонро  аз давраҳои антиқа то имрӯз дар шаклҳои бошишгоҳ, маъбадҳо, қасру қалъа, мақбара, мадорис ва дигар шакли хоси фарҳанги мероси ғайриманқули миллӣ таҷассум менамоянд.
Зулфия Бурҳон иттилоъ дод, ки 6 апрели соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони байналмилалии ЮНЕСКО расман аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ҳамон сол Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар назди Вазорати корҳои хориҷӣ таъсис дода шуд.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол ҳамкории худро бо ЮНЕСКО инкишоф дода, дар соҳаҳои гуногуни  ҳаёти ҷамъиятӣ лоиҳа ва барномаҳоро амалӣ менамояд. Ба хотири дастгирӣ ва татбиқи сиёсати фарҳангӣ ва илмӣ аз ҷониби давлатҳои аъзо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, номинаҳо барои ворид намудан ба феҳристҳои фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО, инчунин Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО пешниҳод мегарданд, ки он имконияти хуби муаррифии фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад. 31 июли соли 2010 бо қарори ҷаласаи 34-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО мавзеи «Саразм» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид, ки ин рӯйдод яке аз муҳимтарин пешрафт ва комёбӣ дар фаъолияти Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ба ҳисоб меравад»,- афзуд котиби масъули Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон .

Ба андешаи номбурда, имрӯз ба ҷаҳониён исбот гаштааст, ки шаҳрҳои бостонии Саразм, Ҳисор, Кӯлоб, Хуҷанд, ёдгориҳои меъмории Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Мақбараи Муҳаммад Башоро, Мақбараи Хоҷа Нақшрон, Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, инчунин девормусаввараҳо, гаҷкориҳо бо тасвирҳои набототӣ, ҳандасӣ ва зооморфӣ аз шаҳри асримиёнагии Ҳулбук, девормусаввараҳои Панҷакенти қадим ва шаҳри Бунҷикат, муҷассамаи Буддо аз ёдгории бостонии Аҷинатеппа, Қалъаи Ямчун, Маъбади Зонг, ёдгории меъмории Карон, бозёфти «Хазинаи Амударё» аз ҳудуди шаҳраки эллинистии Тахти Сангин ва ғайраҳо ҳамчун нобиғаҳои нодири мероси фарҳангӣ аз ҷониби ҷаҳон эътироф гардидаанд.

-Муаррифии фарҳанги тоҷик ва эътироф гардидани он аз ҷониби ҷаҳониён барои ҳар сокини мамлакат ифтихори бузург аст. Зеро ҳифзу нигаҳдошт, истифодаи дурусти мероси таърихию фарҳангии мамлакат баҳри баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии мардум ва хусусан наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад, -мегӯяд ӯ.

Мавриди зикр аст, ки дар Сессияи 92-юми Созмони ЮНЕСКО 11 ноябри соли 2003 мусиқии «Шашмақом» ҳамчун шоҳкории мероси шифоҳӣ ва ғайримоддии инсоният ва қуллаи баландтарини мусиқии суннатии тоҷикон шинохта шуда, ҷашни аҷдодиамон-Наврӯзи хуҷаста мақоми байналмилалӣ гирифт, аввалин ёдгории таърихии Тоҷикистон «Саразм» ба Рӯйхати муҷассамаҳои Мероси фарҳангии умумиҷаҳонӣ ва  Боғи миллии Тоҷикистон ба феҳристи Мероси умумиҷаҳонӣ ворид шуданд.

Зулфия Бурҳон иброз намуд, ки  «имсол номинаҳои муштараки  «Кирмакпарварӣ» ва «Абрешимбофӣ» бо Ҷумҳурии Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбекистон таҳия шуда, ба Кумитаи мероси фарҳангии ЮНЕСКО манзур гардидаанд».


Вакти нашр: 2021-04-15 14:04:04    Хонданд: 7    Муфассал...

САНОАТ — МУҲАРРИКИ АСОСИИ ИҚТИСОДИЁТ. Тоҷикистон дорои заминаҳои воқеии рушди саноат аст, ки барои пешрафти истеҳсолоти миллӣ шароити мусоид фароҳам меорад

Саноат яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди мамлакатҳо ва тавлидкунандаи асосии неъматҳои моддӣ ба ҳисоб рафта, рушди он ба пешрафти бахшҳои дигари иқтисодиёт заминаи мусоид мегузорад ва нуфузу мавқеи давлатро дар арсаи байналмилалӣ устувор менамояд. Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ 26 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карданд.

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Нуъмон АБДУҒАФФОРЗОДА доир ба рушди соҳаи саноат ва саҳми он дар рушди иқтисоди миллӣ  дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» чунин ибрози андеша намуд:

 Истеҳсолоти саноатӣ назар ба дигар соҳаҳои иқтисод, аз ҷумла кишоварзӣ тадриҷан рушд намуда, саҳми он дар таъмини шуғли аҳолӣ, содироти маҳсулот, афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва дар маҷмӯъ рушди иқтисодии кишварҳо нақши бузург пайдо кардааст. Марҳилаҳои аввали ташаккули соҳаҳои саноат асосан ба давлатҳои ИМА ва Аврупои ғарбӣ рост омада, дар натиҷаи аз доираҳои миллӣ берун омадани истеҳсолоти саноатии ин мамлакатҳо рушди он дар дигар кишварҳо низ шурўъ шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои заминаҳои воқеии рушди саноат, аз ҷумла захираҳои бойи табиӣ, қувваи корӣ, манбаҳои кофии энергияи сабз, мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ, мавҷудияти бозорҳои дохиливу хориҷӣ, иқлими мусоид барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар омилҳои пешбарандаи истеҳсолоти саноатӣ аст, ки барои тараққиёти босуръати тамоми бахшҳои он, бахусус саноати маъдан ва металлургия, мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозиву кимиё ва дар ин замина ба рушди истеҳсолоти миллӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Барои рушди соҳаи саноат якчанд барномаву стратегия ва нақшаи чорабиниҳо, аз ҷумла Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025, Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022, Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ва Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020, Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 қабул гардиданд. Санадҳои мазкур ба афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъмини рақобатнокии он, ташкили корхона ва коргоҳҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ ва гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ бо арзиши иловашудаи баланд замина мегузорад.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида саҳми соҳаи саноат дар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ аз 12,1 фоизи соли 2014 ба 17,4 фоиз дар соли 2020 расонида шуд.

Рушди саноат ва истеҳсолоти миллӣ бо истифодаи ашёи хоми ватанӣ метавонад ба таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, гардиши дохилии молу маҳсулот, устувории низоми иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ ба таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ мусоидат намояд.

Вобаста ба ин, бахши коркарди ашёи хом ва то маҳсулоти ниҳоӣ расонидани он дар ҳамаи бахшҳои соҳаи саноати мамлакат яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, дар ин самт чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

Зарур аст, ки захираҳои дохилӣ — ашёи хоми мавҷуда то ба маҳсулоти истеъмолӣ расонида шуда, давра ба давра талаботи дохилӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои худӣ таъмин карда шавад. Ин тадбир дар баробари пешгирии хуруҷи асъори хориҷӣ давлати воридкунандаро бомаром ба давлати содиркунандаи маҳсулоти ниҳоӣ табдил дода, инчунин вобастагии мамлкатро аз таъсири омилҳои беруна коҳиш медиҳад. Дар сурати ноустуворӣ дар бозорҳои беруна, муътадилии низоми иқтисодӣ, аз ҷумла нархҳои маҳсулоти асосӣ дар бозори дохилӣ нигоҳ дошта мешавад.

Тоҷикистон дар заминаи рушди саноати ватанӣ ҳадафҳои стратегии худро татбиқ намуда, Ҳукумати мамлакат тавассути сиёсати самараноки саноатӣ, сармоягузорони дохилӣ ва хориҷиро ҷалб менамояд ва захираҳои дохилии худро барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии кишвар бомаром истифода намуда истодааст.

Таъмини рушди босуръати саноат ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ якчанд манфиатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дошта, илова ба миқёси воқеии даромад, гарчанде ин омили назаррас аст, рушди саноат дигар афзалиятро доро мебошад. Аз ҷумла, гардиши молию пулии корхонаҳо ва талаботи онҳоро ба асъори миллӣ зиёд карда, барои устувор нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ шароит фароҳам меорад; ба устувор гардидани эътимод ба низоми бонкии мамлакат, афзоиши депозитҳо дар бонкҳо, кам шудани талабот ба асъори хориҷӣ ва рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ замина мегузорад; имконияти содиротии мамлакатро васеъ намуда, воридоти бештари асъори хориҷиро ба иқтисодиёти миллӣ таъмин менамояд.

Рушди саноат ва муваффақ шудан ба қонеъгардонии талаботи бозори ҷаҳонӣ симои мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ ба таври мусбат инъикос намуда, ҳар давлат бо моли истеҳсолкардааш муаррифӣ карда мешавад. Соҳаи саноат на фақат ҳамчун сарчашмаи даромад хизмат менамояд, инчунин имкониятро барои таҳкими ҷанбаҳои дигари ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар, аз ҷумла ташкили ҷойҳои кории нав, баланд намудани ҳисси ифтихори миллӣ, устувории иқтисодӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ фароҳам меорад.

Қобили зикр аст, ки яке аз бахшҳои муҳим саноати сабук ба ҳисоб рафта, он дар иқтисодиёти ҷаҳон саҳми муассир дорад ва дар корхонаҳои нассоҷӣ дар ҷаҳон беш аз 60 миллион кормандон фаъолият мекунанд. Дар Чин саноати сабук 19%-и ММД-ро ташкил медиҳад. Ин танҳо 2% камтар аз даромади соҳаи кишоварзӣ ва нисфи ҳиссаи умумии саноати коркард мебошад.

Саноати сабук инчунин ҳиссаи назарраси ММД-ро дар иқтисодиёти чунин кишварҳо, ба монанди Португалия-22%, Италия-12%, Германия-6%, ИМА-4% ишғол мекунад. Бо назардошти андозаи иқтисодиёти ин кишварҳо метавон гуфт, ки саноати сабук дар ММД ва шуғли умумии аҳолии қобили меҳнат саҳми назаррас дорад.

Бозори ҷаҳонии саноати бофандагӣ ва дӯзандагӣ дар соли 2019 арзиши бозори чаканаи 1.9 триллион доллари амрикоиро ташкил дод ва пешбинӣ шудааст, ки соли 2030 ба 3,3 триллион доллар расад ва бо суръати рушди солонаи 3,5% афзоиш меёбад.

Саноати ҷаҳонии нассоҷӣ тайи чанд соли охир ба яке аз соҳаҳои муҳим табдил ёфта, дар рушди иқтисодӣ саҳми назаррас дорад. Азбаски истеҳсоли нассоҷӣ як соҳаи меҳнатталаб аст, кишварҳои рӯ ба тараққӣ қодиранд, ки изофаи қувваи кории худро барои ворид шудан ба бозор ва оғози раванди бунёди иқтисоди саноатӣ истифода баранд.

Содироти нассоҷӣ ва либос дар якчанд кишварҳо ҳиссаи муҳими содиротро ташкил медиҳад: 85% дар Бангладеш, 59% дар Покистон, 12% дар Туркия ва 11% дар Миср. Ин бахши меҳнатталаб миллионҳо нафарро бо кор таъмин мекунад ва ҳиссаи шуғл дар ин бахш дар шумораи умумии неруи корӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ назаррас аст.

Дар ҷумҳурии мо низ саноати сабук яке аз соҳаҳои ояндадору таҳкимбахшандаи иқтисодиёт ба шумор меравад. Зеро дар ҷумҳурӣ заминаҳои устувори рушди ин соҳа мавҷуд буда, имкони истифодаи пурраи захираҳои ашёи хом ва истеҳсоли моли ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир фароҳам оварда шуда истодааст.

Мутобиқи нишондиҳандаҳои омории соли 2020, шумораи корхонаю коргоҳҳои соҳаи саноати сабук қариб 490 корхонаро ташкил дода, ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи шумораи корхонаҳои саноатӣ якҷо бо корхонаҳои хурд зиёда аз 21 фоизро ташкил медиҳад.

Бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи саноат, аз ҷумла саноати сабук имтиёзҳои назаррас, ба монанди озод намудан аз супоридани андоз аз фоида вобаста ба ҳаҷми сармоягузориҳо аз 2 то 5 сол, озод намудан аз АИИ ва боҷи гумрукӣ барои воридоти дастгоҳҳо ва таҷҳизоти технологӣ, ашёи хом барои истеҳсолот, ки дар ҷумҳурӣ истеҳсол карда намешавад, ба муддати 12 сол аз андози фоида, андози замин ва андози моликият озод кардани корхонаҳои нави коркади нахи пахта то маҳсулоти тайёр дар сурати бунёди занҷираи пурраи коркарди нахи пахта ва дигар имтиёзҳо фароҳам оварда шуда, фазои муосиди сармоягузорӣ муҳайё гардидааст. Тибқи қонунгузории мамлакат соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ аз лиҳози ҳуқуқӣ имтиёзҳои якранг доранд.

Барои ба даст овардани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, ки рақобати муваффақро дар бозори ҷаҳонӣ фароҳам меоранд, суръати истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук дар ҷумҳурӣ ба таври назаррас афзоиш дода мешавад.

Маҳсулоти соҳаи саноати сабук, аз ҷумла маҳсулоти нассоҷию дӯзандагӣ, аз қабили риштаи пахтагин, матои пахтагини хом ва тайёр, маҳсулоти кешбофӣ, ҷӯробҳо, либосҳои тайёри дӯхташуда ба якчанд  кишварҳои хориҷи дуру наздик содирот шуда истодаанд.

Дар баробари ин, бо мақсади таъмини рушди саноати сабук, амалӣ намудани якчанд тадбирҳои маҷмӯӣ, аз ҷумла ҷиҳозонидани корхонаҳои амалкунанда бо таҷҳизоти технологии муосир, тақвият бахшидани бахшҳои пахтакорӣ, пиллапарварӣ ва чорводорӣ бо мақсади таъмини корхонаҳои ватанӣ бо ашёи хом; мутобиқ намудани сифати маҳсулот ба талабот ва табъи мизоҷон, мусоид намудани арзиши маҳсулоти ниҳоӣ, ташкили брендҳои нав ва бандубаст, таъмини корхонаҳо бо мутахассисони баландихтисоси муҳандисӣ ва коргарони ихтисосҳои асосӣ, мунтазам баланд бардоштани малакаи касбӣ, васеънамоии дастрасӣ ба маблағгузорӣ барои пурра намудани фондҳои гардишӣ, ташкили кластерҳои агросаноатӣ бо занҷираи арзиши иловашудаи баланд, пайдо намудани бозорҳои нави ҷаҳонӣ ва густариши ҳамкорӣ бо корхонаҳои асосии саноати сабук дар кишварҳои дар ин соҳа пешрафта ҷиҳати қабули фармоиш барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Соҳаи дигари муҳим саноати хӯрокворӣ маҳсуб ёфта, бунёди корхонаҳои саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истеҳсоли маводи хўрока дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, махсусан аз солҳои 2000-ум то имрўз ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Соҳибкорон аввалин шуда, ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти хўрока машғул шуданд.

Миқдори корхонаҳо дар ҳама соҳаҳои саноати хўрокворӣ соли 2020-ум ба зиёда аз 520 адад расонида шуда, ҳиссаи саноати хўрокворӣ дар таркиби маҷмӯи умумии маҳсулоти саноатии мамлакат қариб  23 фоиз ва дар ҳаҷми саноати коркард зиёда аз 37 фоизро ташкил дод.

Дар аксари корхонаҳо технологияи муосири коркард ҷорӣ гардида, бастабандии маҳсулот ба таври муосир роҳандозӣ гардид. Мутахассисони соҳа барои боз ҳам баланд намудани сифати маҳсулот корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодаанд.

Дар баробари ин, то ҳол якчанд навъҳои маҳсулоти хўрокворӣ аз дигар кишварҳо ворид гардида, дар ҳама соҳаҳои саноати хўрокворӣ истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ муҳим аст.

Зеро саноати хўрокворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар рушди саноати ҷумҳурӣ саҳми калон дошта, рушди минбаъдаи он метавонад ба иҷрои ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизои босифат такони ҷиддӣ бахшад.

Барои таъмини рақобатпазирии маҳсулоти хўроквории истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ шароити мусоид, аз қабили иқлими муътадил ва аз ҷиҳати экологӣ тоза барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, сифати баланди таъму лаззати маҳсулот, мавҷудияти бозорҳои дохиливу беруна ва қувваи кории ихтисоснок фароҳам аст.

Дар баробари ин, амалисозии якчанд тадбирҳо, ба монанди роҳандозии нақшаҳои тадқиқоти маркетингӣ; истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, тақвият бахшидани ҷоринамоии технологияҳои нав барои истеҳсоли маҳсулот, тарғибу ташвиқи васеи тамғаи молӣ, аз ҷумла коркарди сомонаҳои корпоративӣ ва ҷойгир кардани онҳо дар шабакаҳои интернетӣ, истифодаи васеи шабакаҳои иҷимоӣ, ташкил кардани намоишгоҳҳо ва ё иштирок дар онҳо, ташкили кластерҳои агросаноатӣ ва дигар чораҳо зарур аст.

Илова ба ин, барои рушди минбаъдаи саноати хўрокворӣ дар Тоҷикистон корҳои зеринро дар ду марҳила амалӣ намудан ба мақсад мувофиқ аст.

Марҳилаи якум дар асоси шартномаҳои муфиди тарафайн ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни корхонаҳое, ки фаъолияташон аз истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ вобастагӣ дорад (меваю сабзавот, гӯшт, шир, гандум ва ғайраҳо) ва хоҷагиҳои кишоварзиро фаро мегирад. Дар баробари ин, саҳмгузории корхонаҳои саноатӣ дар парвариши маҳсулоти кишоварзии худӣ дар хоҷагиҳои ёрирасони корхонаҳо, идомаи амалисозии чорабиниҳо ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани борҷомакунӣ ва бандубасти маҳсулот, бунёди корхонаҳои хурди меваю сабзавот, гиёҳҳои табобатӣ, коркарди шир ва гӯшт, ғалладонагиҳо ва зироати равғанидиҳанда дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ дар заминаи ашёи хоми маҳаллӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Марҳилаи дуюм, ки марҳилаи ҳалкунандаи рушди соҳаҳои саноати хўрокворӣ ба шумор меравад, тадбирҳои зерин, аз ҷумла пурра иваз намудани технология ва дастгоҳҳои кӯҳнаи корхонаҳои фаъолияткунанда ба технологияи нави муосир (модернизатсияи истеҳсолот), ташкили кластерҳои агросаноатӣ ва таъмини эҳтиёҷот бо ашёи худӣ (локализатсия), паст кардани тамоюлҳои истеҳсолоти мавсимӣ бо роҳи истифодаи технологияҳои нав, ба истеҳсолот ворид намудани навъҳои гуногуни ашёи хом ва инкишофи инфрасохтори истеҳсолот, ҳавасмандгардонии соҳибкорон нисбат ба афзоиши иқтидорҳои нав ва дигар чораҳои заруриро фарогир аст.

Дар маҷмӯъ, пешравии ояндаи саноати хўрокворӣ бе тараққӣ додани заминаи ашёи хоми кишоварзӣ имконнопазир аст. Афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёд гардидани миқдори корхонаҳои саноати хӯрокворӣ мусоидат намуда, фаъолияти муназзами корхонаҳоро давоми сол таъмин менамояд.

Дар ҳама давру замон ҳаёти инсонро бунёдкориву созандагӣ, сохтмони роҳҳою нақбҳо, биноҳои маъмурию манзилӣ ҳамроҳӣ менамоянд. Заминаи амалӣ намудани ҳамаи он ободкориҳо рушди истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба ҳисоб меравад. Имрўз аҳамияти ин соҳа дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон аз ҳарвақта дида муҳимтар мебошад.

Саноати масолеҳи сохтмонӣ тибқи нақшаву барномаҳои соҳавӣ рушд ёфта, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат мусоидат намуда истодааст.

Аз ин рў, дар як муддати начандон тўлонӣ, шумораи корхонаҳои саноати масолеҳи сохтмонӣ аз сӣ адади соли 2004 ба 530 корхона дар соли 2020 расонида шуд, инчунин садҳо соҳибкорони инфиродӣ ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ машғул шуданд.

Солҳои охир дар соҳа истеҳсоли маҳсулоти нави воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, аз ҷумла семент, пахтаи минералӣ аз санг, рангҳои аккрилӣ, қубурҳои пластикӣ, хишти ороишӣ, шиферҳои гуногун, сангҳои ороишӣ ва ғайра густариш ёфт.

Тибқи таҳлилҳо, талабот ба масолеҳи сохтмонӣ дар ҷумҳурӣ ҳамасола афзоиш ёфта, таъмини он дар заминаи рушди соҳаи масолеҳи сохтмонӣ ва истифодаи васеи ашёи хоми ватанӣ имконпазир аст.

Бо мақади идомаи ислоҳот ва ба таври назаррас баланд бардоштани саҳми бахшҳои саноат дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар ҷаласаи ХХ Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Раиси Шўрои машваратӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар ва муайян намудани имконияти нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа ва таҳияи тавсияҳои мушаххас супориш доданд.

Дар ин замина, дар бахшҳои заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи саноат, рушди бахши нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати хўрокворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди саноати маъдан ва коркарди захираҳои табиӣ, коркарди алюминий, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии сифат ва идоракунии корпоративӣ ва дигар ҷанбаҳои бахши саноат таҳлили ҳамаҷониба гузаронида шуда, натиҷаҳои он дар ҷаласаи XXI Шӯрои машваратӣ 25 феврали соли 2021 баррасӣ карда шуданд.

Тибқи баррасии масъалаҳо ва натиҷаҳои ҷаласа, вобаста ба якчанд  масъалаҳои муҳими таъмини рушди соҳаи саноат, аз ҷумла таҳияи лоиҳаҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷолибгардонии фазои сармоягузорӣ дар соҳаи саноат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи паркҳои технологӣ” дар таҳрири нав бо назардошти таъсиси паркҳои технологияҳои иттилоотӣ (IT Park), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ”, бо роҳандозии васеи инноватсия дар истеҳолот, татбиқи пурра ва саривақтии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат”, баланд бардоштани суръати афзоиш ва васеъгардонии истеҳсолоти саноатӣ, рушди кооператсияи истеҳсолӣ, истифодаи самараноки бартариятҳои минтақавии соҳаи саноат, тақвияти истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот, азнавтаҷҳизонии истеҳсолоти амалкунанда ва таъсиси кластерҳои истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои нави соҳа ва таҷдиди корхонаҳои амалкунанда бо ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, истифодаи стандартҳои байналмиллии сифат, истифодаи васеи низоми идоракунии корпоративӣ, стандартҳои байналмилалии муҳосиботу ҳисобдорӣ, истифодаи неруи барқ дар ҷараёни истеҳсолӣ, такмил додани барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар асоси талабот ва эҳтиёҷоти бозори меҳнат, густариши ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалии соҳавӣ, аз ҷумла Ташкилоти СММ оид ба рушди саноат ва дигар самтҳои соҳаи саноат қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Бо итминон метавон изҳор намуд, ки амалишавии қарорҳои қабулнамудаи ҷаласаи XXI Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ба рушди босуръати соҳаи саноат такони нав мебахшад.

ДАР АКС: Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи корхонаи «Ресандаи Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд 20 октябри соли 2015. Акс:Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»


Вакти нашр: 2021-04-15 15:05:05    Хонданд: 9    Муфассал...

ПАГОҲ ИҶЛОСИЯИ ШАШУМИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАЪВАТИ ШАШУМ БАРГУЗОР МЕШАВАД. Гузориш дар бораи фаъолияти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз иҷлосияи якум то имрӯз

Пагоҳ дар Душанбе иҷлосияи навбатии шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор мегардад. Расо як сол пеш, 17 апрели соли 2020 иҷлосияи якуми палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон даъвати шашум  бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуда буд, ки дар он 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ — 25 нафар интихобшуда ва 6 нафар таъингардида иштирок намуданд. Дар он иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ аз тариқи овоздиҳии пинҳонӣ номзадии муҳтарам ­Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд, ки ҳамчун муҳимтарин рӯйдоди сиёсии кишвар дар таърихи давлатдории навин нақш хоҳад баст.

Мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузор, хусусан палатаи болоии он, ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи доираҳои сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва мардуми одӣ қарор дорад. Зеро вазифаи роҳбарии он аз назари конститутсионӣ ҳамчун «мақоми дуюми сиёсии кишвар» эътироф гардидааст.

Таҳлили холисонаи фаъолияти мақомоти мазкур дар раванди кор ва баҳои воқеӣ ба он аз формулаҳои қабулшудаест, ки барои муайян намудани натиҷаҳои минбаъда хидмат мерасонад.

Оид ба натиҷаи фаъолияти яксолаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум  ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО ва созмонҳои ғайридавлатӣ Наврӯз ҚУРБОНЗОДА  ба АМИТ «Ховар» чунин  маълумоти таҳлилӣ-хронологӣ  пешниҳод намуд:

Натиҷаи фаъолияти яксолаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум гувоҳи он аст, ки интихоби муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ бамаврид ва шоистаи таҳсин аст. Зеро дар ин давра Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии  муҳтарам Рустами Эмомалӣ фаъолиятро дар асоси Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба таври шоиста ба роҳ монда, натиҷаҳои назаррасро ба даст овард.

Дар доираи як соли фаъолияти муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин маълумоти таҳлилӣ — хронологиро пешниҳод созем.

                             26 июни соли 2020

Дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он ­аъзои Маҷлиси миллӣ 30 масъаларо баррасӣ намуданд.

Тибқи рӯзномаи иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ як қонуни мукаммал: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ва як қатор қонунҳои дигарро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд.

Тибқи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва бо қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазирзода Гулнора, Қуватзода Турон ва Ҷуразода Насиба аз вазифа бозхонд карда шуда, ба муҳлати нав судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб гардиданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз судяҳои навинтихобшуда даъват ба амал оварданд, ки баробари шарафёб гардидан ба боварии Сарвари давлат баҳри таъмини адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд содиқона хизмат намоянд.

Ҳамчунин, дар иҷлосия машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ва Намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Дар иҷлосия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ суханронӣ намуда, дар назди кумитаҳо, комиссия ва Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Аз ҷумла, қайд намуданд: «Маҷлиси миллӣ ҳамчун палатаи болоии мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор иродаи олии мардуми шарифи Тоҷикистонро таҷассум менамояд. Дар марҳалаи нави ҷаҳонишавӣ ва мушкилоти вобаста ба он, инчунин, дар шароити буҳрони шадиди иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ нақшу мақоми Маҷлиси миллӣ ва рисолати ҳар як узви он бояд ҳамқадами замон ва ҷавобгӯи талаботи ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад.».

                               5 августи соли 2020

Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

Зимни он, ки рӯзномааш аз 10 ­масъала иборат буд, аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ 4 қонуни мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи сайёҳӣ», «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» ва «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» ҳамаҷониба баррасӣ гардида, ҷонибдорӣ ёфтанд.

                                 6 августи соли 2020

Дар шаҳри Душанбе таҳти раё­сати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

Дар он баробари тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Олимзода Насим ва дар бораи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъин намудани Абдуллозода Ҷамолиддин, инчунин, бо қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 11 октябри соли 2020 рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳор доштанд, ки ин чорабинии муҳими сиёсӣ бояд дар доираи талаботи Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи баланди ташкилӣ, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф, бо иштироки фаъолонаи халқи Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсӣ сурат гирифта, ҳамчун омили муттаҳидкунандаи мардуми кишвар ва таҳкими ваҳдату субот дар ҷомеа хизмат намояд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин маъракаи сиёсӣ саҳмгузор бошанд.

                              11 сентябри соли 2020

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо иштироки раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шоҳиён Шермуҳаммад, прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф ва роҳбарони дигар сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе, ҷаласаи корӣ доир намуданд.

Зимни он дар қатори дигар масъалаҳо санҷиши муроҷиати хешовандони духтари сесолаи таҷовузшуда аз шаҳри Турсунзода ва дигар ҳодисаҳои ба ин монанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, боиси ба вуҷуд омадани сару садои зиёд гардиданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласа муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба шахсони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, супориш доданд, ки таҷрибаи тафтишотӣ-судии парвандаҳои ҷиноятиро ба муқобили озодӣ, обрӯ ва эътибори шахсият, ахлоқ, озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ нисбат ба хурдсолон ва ноболиғон, ки дар моддаҳои 138-142 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, мавриди таҳлил қарор дода, сабабу омилҳои содиршавии чунин ҷиноятҳоро муайян карда, ҷиҳати дар оянда пешгирӣ намудани содиршавии онҳо якҷо бо дигар мақомоти дахлдор чораҳои қатъӣ андешанд.

                               21 сентябри соли 2020

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳайати парламентии Олий Маҷлиси Ҷумҳурии ­Ӯзбекистонро таҳти сарварии муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси ин кишвар муҳтарам Улуғбек Иноятов ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекис­тон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ ба масъалаи рушду инкишофи ҳамкориҳо дар аксар соҳаҳо, бахусус парламентаризм, диққати хос зоҳир намуданд.

                              10 октябри соли 2020

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳайати мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таҳти сарварии ҳамоҳангсози гурӯҳ, раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба сох­торҳои федералӣ, сиёсати минтақавӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва корҳои Шимолӣ  Олег Мелниченко,  ки бо мақсади мушоҳидаи раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакат ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Иштирокчиёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро мавриди баррасӣ қарор доданд.

                                 24 ноябри соли 2020 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ озими шаҳри Москваи Федератсияи Россия шуданд.

Дар фурудгоҳи «Внуково-2»-и шаҳри Москва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Илёс Умаханов ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

                           24 ноябри соли 2020

Нимаи дуюми рӯз дар шаҳри Москва мулоқоти хосаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарама Валентина Ивановна Матвиенко, инчунин, ҳайатҳои расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия дар қолаби васеъ доир гардиданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ муҳимияти баррасии масъалаҳои мубрами ҳамкории стратегии ҳар ду кишварро дар сатҳи роҳбарони мақомоти қонунгузор таъкид намуда, бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегии Тоҷикис­тону Россия ҳоло дар ҳама самт муттасил рушд ёфта, робитаҳои байнипарламентӣ мунтазам ба сатҳи сифатан нав мегузаранд.

 

Аз рӯи натиҷаи мулоқот ҷонибҳо назари некбинонаро аз дурнамои ҳамкории стратегии ҳар ду кишвар таъкид карданд ва изҳори умед намуданд, ки боздиди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия ба муносибатҳои бисёрсоҳаи миёни Тоҷикистону Россия неруи тоза бахшида, масъалаҳои бамиёнгузошта мавриди таваҷҷуҳи Шӯрои Федератсия қарор хоҳанд гирифт.

                                   25 ноябри соли 2020

Дар доираи сафари расмӣ ба Федератсияи Россия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини якуми Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Александр Жуков мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикис­тону Россия, бахусус дар самти робитаҳои байнипарламентӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо ба масъалаи таҳкиму густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёт таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

                                 25 ноябри соли 2020

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳайати ҳамроҳонашон, ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти  миллӣ дар пояи Оромгоҳи «Сарбози номаълум» гулчанбар гузошта, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотири шаҳидони ҷангро пос ­доштанд.

 

                               25 ноябри соли 2020

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия иштирок намуданд.

Раиси Маҷлиси миллӣ робитаҳои байнипарламентиро нек арзёбӣ намуда, нақши дипломатияи парламентиро яке аз унсурҳои калидӣ дар таъмиқи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои мутақобила маънидод карданд.

Тавсеаи муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Россия, на танҳо ифодаи иродаи роҳбарияти олии сиёсии ҳар ду давлат, инчунин, саҳми парламентҳо арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Россия, ки дорои иқтидорҳои ғанӣ буда, яке аз омилҳои муҳими нигоҳдорӣ ва таҳкими амнияту осоиш дар минтақа мебошад, баҳои баланд доданд.

                              25 ноябри соли 2020

Дар бинои Ҳукумати Федератсияи Россия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия, Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ Алексей Оверчук мулоқот ­намуданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ёдовар шуданд, ки асосҳои қарордодиву ҳуқуқии тарафайнро наздики 300 созишномаи байнидавлативу байнисоҳавӣ ташкил медиҳад, ки иҷрои босифати онҳо беҳбудии ҷиддиро тақозо мекунад.

Вобаста ба саноатикунонии иқтисоди кишвар, ки афзалияти стратегӣ эълон шудааст, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, қобили қабул арзёбӣ гардид.

Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, манфиатдор будани ҷонибҳо ба масъалаи содироту воридоти маҳсулоти ғизоӣ ва сабзавоту мева мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ аз тезонидани суръати сохтмони 5 муассисаи таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар асоси созишномаи тарафайн изҳори назар карданд.

                               25 ноябри соли 2020

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳошияи сафари расмӣ ба Федератсияи Россия дар бинои Ҳукумати шаҳри Москва бо Раиси шаҳри Москва Сергей Собянин мулоқот карданд.

Маҳаки асосии вохӯриро баррасии маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба миёни шаҳрҳои Душанбе ва Москва ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки робитаҳои минбаъда ташкил дод.

Бо ҳамин нахустин сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардида, дар таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Россия саҳифаи нав боз намуд.

                                    27 ноябри соли 2020

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи 51-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шакли видеоконференсия сурат гирифт, ширкат варзиданд.

Дар он як силсила масъалаҳо, аз ҷумла интихоби Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, нақшаи кории Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, рушди парламентаризм, робитаҳои байнипарламентӣ, дастгирии қонунгузории тадбирҳо дар кишварҳои узви ИДМ дар робита бо пандемияи COVID-19 ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

                                  30 ноябри соли 2020

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи 13-уми пленарии он, ки дар шакли видеоконференсия сурат гирифт, иштирок намуданд.

   

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ суханронӣ намуда, бо дарназардошти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2021 пешниҳод карданд, ки ҷаласаи навбатии Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ нимсолаи якуми соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шавад. Иштирокчиёни ҷаласа пешниҳодро якдилона қабул карданд.

                               9 декабри соли 2020

Нимаи дуюми рӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

Аъзои Маҷлиси миллӣ, тибқи рӯзнома, 38 масъала — қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонунҳои дигарро ҷонибдорӣ намуданд.

Дар иҷлосия бо пешниҳодҳои Президенти мамлакат бо сабаби ба кори дигар гузаштан судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Даврон ва бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматуллозода Бахтулло ва Додихудозода Давлатмо аз вазифа бозхонд карда шуданд.

Инчунин, тибқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии аъзои Маҷлиси миллӣ номи деҳоти «Шитхарв»-и ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба деҳоти «Вахон» иваз карда шуд.

Ҳамчунин, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Рус­тами Эмомалӣ таваҷҷуҳи аъзои Маҷлиси миллиро ба як қатор масъалаҳои ҳалталаб, ки боис ба муроҷиати зиёди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гардиданд, ҷалб намуданд.

Хусусан, бо таваҷҷуҳ ба натиҷаи таҳлили вазъи бозори дохилӣ ибрози ақида намуданд, ки миёни ширкатҳои давлатӣ, хусусӣ ва хориҷӣ дар соҳаи истеҳсоли мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ рақобати солим ба назар намерасад ва яке аз омилҳои чунин ҳолат камфаъолиятии сохторҳои дахлдор оид ба танзими муносибатҳои бозорӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин, ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ­назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва дигар мақомоти давлатӣ дастур дода шуд, ки фаъолияти сохторҳои дахлдорро ҷиҳати пешгирӣ ва сари вақт ошкор  кардани ҳолатҳои ғасби ғайриқонунии заминҳо ва сохтмони манзили истиқомативу дигар иншоот пурзӯр намоянд.

                                           10 декабри соли 2020

Дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ Ҷаласаи якҷояи чоруми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

Тибқи рӯзномаи он аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро дар бораи озод кардан ва таъин намудани аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки тавассути меҳнати содиқона ва софдилона сазовори боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон гардида, ба мансабҳои олии давлатӣ ва пуршарафу масъулиятнок таъин гардиданд, самимона таб­рик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи онҳо комёбӣ таманно намуданд.

                                   25 январи соли 2021

Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

Аъзои Маҷлиси миллӣ, тибқи рӯзнома, 23 масъала, аз ҷумла, қонунҳои мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ», «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» ва дигар қонунҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд.

Инчунин, бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба ноҳияи Шаҳритус» баррасӣ гардида, он аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ якдилона қабул гардид.

Тибқи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самадзода Турахон бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз­хонд карда шуд.

Ҳамчунин, ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» шунида шуд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бо дарназардошти корҳои анҷомдодаи мақомоти прокуратура ва таҳлили маълумоти омории вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар соли сипаришуда, аз прокурори генералӣ талаб намуданд, ки назорати прокурориро дар самти пешгирӣ намудани  шомилшавии шаҳрвандони кишвар ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, таъмини амнияти иттилоотии кишвар пурзӯр карда, ҷиҳати коҳиш додани содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ, бахусус авбошии гурӯҳӣ аз ҷониби наврасону ноболиғон бо истифода аз силоҳи сард, ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартараф намудани ҳолатҳои сохтакорӣ ва изофанависии ҳисоботи оморӣ дар соҳаи кишоварзӣ чораҳои иловагии қатъӣ амалӣ намояд.

Дастур дода шуд, ки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро дар самти назорати риояи дақиқ, иҷрои бечунучаро ва якхелаи қонунҳо, ошкор ва бартараф намудани мухолифати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, огоҳонӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, аз байн бурдани шиканҷа, муносибатҳои бераҳмона ва дигар кирдорҳои таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсон дар рафти таҳқиқу тафтиши пешакӣ, тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатию тафтишотӣ ва муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, таъмини риояи қонунгузорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, бахусус ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, раванди муҳоҷират ва ҳифзи сиҳатии мардум, пешгирии ҷинояту дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон, баррасии пурра ва ҳамаҷонибаи муроҷиатҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ тақвият бахшанд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки дар баробари пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ, шарҳу тавзеҳ ва амалигардонии қонунҳои қабулшуда, ҷиҳати амалисозии ташаб­бусҳои созанда ва нақшаҳои ватандӯс­тона дар роҳи ободу зебогардонии кишвар ба истиқболи ҷашни арзандаи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азму талоши бештар равона намоянд.

                                        17 марти соли 2021

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран мулоқот анҷом доданд.

Зимни он, бо дарназардошти таърихи бисёрсолаи муносибатҳои ҳасанаи ҳар ду кишвар, таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушди ҳамкории бисёрҷониба бо Ҷумҳурии Франсия ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, тавсеаи муносибатҳоро бо ин кишвар аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷӣ меҳисобад.

Дар баробари дигар соҳаҳо, инчунин, рушди робитаҳои байнипарламентии ҷавобгӯи талаботи муосир ҳамчун яке аз василаҳои самараноки рушди ҳамкории дуҷониба арзёбӣ ва зарурати фаъолгардонии робитаҳо миёни гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Ҷумҳурии Франсия таъкид карда шуд.

                                   17 марти соли 2021

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сергей Лякин-Фроловро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар самти робитаҳои байнипарламентиро баррасӣ карда, дар марҳилаи муосир нақши дипломатияи парламентиро ҳамчун унсури калидии ҳамкории байнидавлатӣ арзёбӣ намуданд.

Дар ин ҷода аҳамияти муассири ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи сиғаҳои нодиру самараноки бисёрҷониба, пеш аз ҳама, Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва саҳми муҳими онҳо дар рушди фазои ҳуқуқӣ таъкид гардид.

                                     1 апрели соли 2021

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея муҳтарам Пак Бён Сок, ки бо сафари расмӣ  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, ­мулоқот намуданд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки тақвияти робитаҳои байнипарламентӣ василаи самараноки рушди ҳамкории дуҷонибаи ҷавобгӯ ба манфиати миллии ҷонибҳо буда, дар марҳилаи кунунӣ фаъолгардонии гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея ба мақсад мувофиқ аст.

                                     16 апрели соли 2021

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашумро даъват намудаанд, ки дар он баррасии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ва дигар қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон, инчунин, масъалаҳои тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва иваз намудани номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини кишвар дар назар дошта шудааст.

Тавре аз маълумоти хронологӣ бармеояд, дар як давраи кӯтоҳ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун роҳбари оқилу кордон тамоми иқтидор ва ­ҳастиро баҳри амалисозии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самти инкишоф, пеш аз ҳама, такмили қонунгузории мамлакат, татбиқи самараноки қонунҳои амалкунанда ва роҳандозӣ кардани ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ равона намуда, робитаҳои байнипарламентиро бо кишварҳои дуру наздик таҳкиму тавсеа бахшида, палатаи болоии парламенти мамлакатро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд, ки аз ҷониби ҷомеа ҷонибдории амиқ ёфт.

 


Вакти нашр: 2021-04-15 16:21:25    Хонданд: 31    Муфассал...

Мулоқот бо Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия хонум Анн Линде

15 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия хонум Анн Линдеро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар вохӯрӣ маҷмуъи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Подшоҳии Шветсия, ҳамчунин робитаҳо дар доираи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ба пешбурди ҳамкориҳо бо Шветсия ҳамчун шарики боэътимод дар Аврупо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунем.

Ҷонибҳо таҳкиму густариши ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро дар соҳаҳои мухталифи сиёсӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, иқтисоду тиҷорат, маориф, амният ва тағйирёбии иқлим, зарур шумурданд.

Дар мулоқот вазъи кунунии робитаҳои Тоҷикистон бо САҲА дар доираи се ченаки фаъолияти Созмон - сиёсию низомӣ, иқтисодию экологӣ ва инсонӣ муҳокима карда шуд.

Вобаста ба паёмадҳои короновирус пешниҳод гардид, ки дар доираи ҳамкорӣ САҲА барномаҳои марбутаи худро ба коҳиш додани пайомадҳои вируси нави сироятӣ равона сохта, кӯмакҳои амалӣ ва техникиро дар ин самт зиёд гардонад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳалли масъалаҳои доғи рӯз, пешгирӣ ва аз байн бурдани таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили муқовимат ба терроризму экстремизм ва маблағгузории онҳо, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳи сабук, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия дар навбати худ талошҳои ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳояш дар доираи созмон, ҳамчунин нақши пешсафии кишвари моро дар пешбурди масъалаҳои глобалии вобаста ба об махсус таъкид карда, ҷонибдории худро аз ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати соли 2025-ро ҳамчун “Соли умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардан, иброз дошт.


Вакти нашр: 2021-04-15 17:37:52    Хонданд: 39    Муфассал...

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз татбиқ нагардидани дастовардҳои ихтироъкорон изҳори нигаронӣ намуданд

Дар байни олимону муҳаққиқони кишвар ихтироъкорон ва навоварон кам нестанд, вале дастовардҳои онҳо дар истеҳсолот қариб, ки татбиқ намегарданд. Ин нуктаро имрӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президент изҳор доштанд.

«Ихтироот ва кашфиёти илмӣ дар шакли патенту шаҳодатномаҳои муаллифӣ дар Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба қайд гирифта мешаванд, вале аксари онҳо дар рӯи коғаз боқӣ мемонанд, , — изҳори нигаронӣ намуданд Сарвари давлат ва илова карданд, — Мо то ҳанӯз механизми татбиқи дастовардҳои илму техникаро дар истеҳсолот тарҳрезӣ ва дарёфт накардаем».

Дар робита ба ин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки корхонаҳои истеҳсолии вазорату идораҳои дахлдор, хусусан вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бояд бо ихтироъкорон ҳамкории зичро ба роҳ монанд, дастовардҳои онҳоро омӯзанд ва дар асоси шартнома бо муассисаҳои илмӣ барои татбиқ намудани натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот тадбирҳои зарурӣ андешанд.


Вакти нашр: 2021-04-16 08:17:24    Хонданд: 34    Муфассал...

РӮ БА РӮ ВА СУДМАНД: ВОХӮРИИ ҲИЗБӢ БО СОКИНОН

Дар ташкилоти ибтидоии “Шарҳраки роҳи оҳанчиён” маҷлиси ҳизбӣ доир гардид. Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Вализода Муҳаммад перомуни масъалаҳои набзи ҷомеа пешгирӣ аз падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ дар ҷомеа, дастгирии сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат, тарбияи ватанпарастии фарзандону ҷавонон, бовар накардан ба афроди тасодуфӣ ва гурӯҳҳои иғвоангезе, ки ҷомеа ва ҷавононро ба доми фиреб мекашанд. Таъкид доштанд ба волидоне, ки аъзои оилаи онҳо дар кишварҳои хориҷӣ ё дар муҳоҷират мебошанд, ба онҳо огоҳӣ намоянд, ки ба иғвову ҳангомабофиҳои гурӯҳҳои манфиатхоҳу бадхоҳ нисбати давлату миллат бовар накунанд, баланд бардоштани иродаи сиёсии мардум, тарғиби созандагию бунёдкорӣ ва омодагӣ ба истиқболи 30-солагии Итсиқлолияти миллӣ ва дигар масоили дохилиҳизбӣ нутқ карданд.


Вакти нашр: 2021-04-16 12:34:41    Хонданд: 7    Муфассал...

ЧОРАБИНИИ МАЪРИФАТИЮ ФАРҲАНГӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ДУШАНБЕ - ШАҲРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ”

Имрӯз дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и ноҳияи Шоҳмансур чорабинии маърифатию фарҳангӣ зери унвони “Душанбе - шаҳри сулҳу ваҳдат” баргузор гардид.

Дар қисмати аввали чорабинӣ Ҳомидзода Н. – мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе, Латифзода Ш. – мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Шоҳмансур ва Ширинбекзода С. - аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуда, бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе суханронӣ намуданд, қайд карда шуд, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти ҷумҳурии азизамон шаҳри Душанбе рӯз аз рӯз ободу зебо гашта, дили тамоми ҷаҳониёнро тасхир намудааст. Душанбе ба ҳайси даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини ҷаҳон ворид гашта, макони баргузории бузургтарин ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, ҷаласаҳои ҳамкории СММ, СҲШ, САҲА, СААД, давлатҳои доираи эътимод ва тадбирҳои Осиё, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, конференсияҳои сатҳи баланди марбути обу экология, муборизаи дастаҷамъӣ алайҳи терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ гашта, тавсия ва пешниҳодҳои муфиди он дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд.

Ҳамзамон, пас аз суханрониҳо қисмати фарҳангӣ буд, бо хондани шеъру суруд ва рақсу бозии хонандагон руҳияи иштирокчиёнро болида намуданд


Вакти нашр: 2021-04-16 14:26:19    Хонданд: 32    Муфассал...

РУШДИ ИҚТИСОДӢ ДАР БАРНОМАҲОИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) бо роҳбарии Раиси муаззами ҳизб – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи барномаи худ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» ҷиҳати рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол, таъмини суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар мамлакат ва баланд бардоштани нуфузи эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ пайваста сайъю кӯшиш менамояд ва тадбирҳои судмандро роҳандозӣ мекунад.

Боиси қайд аст, ки ҲХДТ тасмим гирифтааст, ки бо мақсади ноил шудан ба ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ саҳми босазо гузорад. Тибқи Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 аъзои ҳизб ҳамчунин ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушди кишвар – таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул тамоми қудрату нерӯи худро равона месозад.

Имрӯз, ки мо дар арафаи таҷлили Ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, бо ифтихору қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки нақш ва мавқеи ҲХДТ дар амалӣ намудани ислоҳоти иқтисодӣ дар ин давра басо назаррас аст.

Маҳз бо татбиқи сиёсати хирадмандонаи Раиси ҲХДТ – Пешвои муаззами миллат дар ин раванд, гузариш ба низоми иқтисоди бозорӣ, таҷдиди сохтори иқтисод вобаста ба истифодаи самараноки захираву имкониятҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ, мукаммал гардонидани низоми молия ва бонкдорӣ, ҷорӣ намудани пули миллӣ, рушди фаъолияти соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва тараққиёти соҳаҳои иҷтимоӣ таъмин карда шуд.

Тадбирҳои зикршуда имкон доданд, ки дар ин давра суръати рушди иқтисоди миллӣ ҳамасола дар сатҳи баланд таъмин ва ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2020 ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардад.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар беш аз 1600 корхонаи саноатӣ, 2200 километр роҳи мошингарди сатҳи байналмилалӣ таҷдиду бунёд ва 220 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуданд. Даромади пулии аҳолӣ 125 баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 83 фоизи соли 1999 то 26,3 фоиз дар соли 2020 паст гардид ва дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол дар соли 1991 то 75 сол боло рафт.

ҲХДТ минбаъд низ ба масъалаҳои таъмини суботи макроиқтисодӣ, рушди афзалиятноки соҳаҳои истеҳсолӣ, тавсеаи сармоягузории дохиливу хориҷӣ, таъмини шуғли пурмаҳсул ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин, идомаи ислоҳоти сохторӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт афзалият медиҳад.

Барои ноил шудан ба мақсаду афзалиятҳои зикргардидаи сиёсати иқтисодӣ, ҲХДТ дар асоси барномаи худ то солҳои 2020-2025 иҷрои тадбирҳои басо муассирро ба нақша гирифта шудааст, ки муҳимтарини онҳоро ба таври муфассал манзур менамоем:

1. Баланд бардоштани самаранокӣ ва рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ тавассути такмили муназзами сохтори иқтисодиёт ҷиҳати таъмини суръати баланди рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, фароҳам овардани шароит барои гузариш аз модели аграрӣ-саноатӣ ба модели саноатӣ-аграрии рушди иқтисодиёт, таҳкими раванди ҷорӣ ва истифодабарии васеи технологияҳои муосир, ҷалби бештари сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ фароҳам овардани заминаи иқтисоди рақамӣ ва савдои электронӣ.

2. Ҳавасманд гардонидани фаъолияти соҳибкориву истеҳсолӣ бо роҳи идомаи ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, тақвияти механизми дастгирии давлатии соҳибкорию рушди сармоягузорӣ ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда, таҳкими заминаи институтсионалию молиявии рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ; рушди босуръати минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва минтақаҳои саноатӣ.

3. Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат тибқи идомаи ислоҳот дар самти кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои комплекси агросаноатии кишвар, андешидани чораҳои зарурӣ дар соҳаи истифодабарии самараноки заминҳои корам ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав ва бекорхобида, зиёд намудани истеҳсоли меваҷот тавассути бунёди боғҳои интенсивӣ ва дигар усулҳои муосири боғу токпарварӣ.

4. Татбиқи сиёсати энергетикии кишвар тавассути ноил гардидан ба истиқлолияти пурраи энергетикии кишвар бо роҳи анҷом додани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар неругоҳҳо, мусоидат ба истифодабарии самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва татбиқи рукнҳои «иқтисоди сабз».

5. Ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи идома додани татбиқи лоиҳаҳои таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва сохтмони хатҳои нави роҳи оҳан, дастгирии ҳамаҷонибаи идомаи сохтмони пулҳо ва иншооти зиддитармавӣ дар роҳҳои оҳан ва автомобилгарди кишвар, мусоидат ба афзоиши теъдоди хатсайрҳои ҳавоӣ ва ҳаҷми мусофирбариву боркашонии байналмилалии кишварҳои ҷаҳон, дастгирии давлатии рушду инкишофи хизматрасонӣ ва имкониятҳои транзитӣ дар асоси истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ.

6. Такмили низоми молиявии кишвар ва таъмини самаранокии фаъолияти бозори хизматрасониҳои молиявӣ: татбиқи пурраи низоми буҷетикунонии барномавӣ, назорати истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои буҷавӣ; таъмини пардохтпазирӣ ва барқарор кардани сатҳи баланди эътимоднокии бонкҳо, беҳдошти дастрасии мизоҷон ба захираҳои молиявӣ, аз ҷумла қарзҳо, инчунин, васеъ ҷорӣ намудани шаклҳои муосири хизматрасониҳои бонкӣ, васеъ намудани миқёси истифодабарии пардохтҳои ғайринақдӣ, бахусус, дар савдои чакана ва хизматрасониҳо тавассути технологияҳои муосири иттилоотӣ.

7. Рушди туризм ва инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ тавассути ташаккули асосҳои институтсионалии рушди соҳаи сайёҳӣ ва дар амал татбиқ намудани меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ, ташаккули инфрасохтори муосири соҳаи сайёҳӣ, рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт, тақвияти иқтидорҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили тарғиби ҳаматарафаи он, тақвияти неруи инсонӣ, таъминоти кадрӣ ва шуғли пурмаҳсул дар соҳаи сайёҳӣ, ташкили омӯзиши таҷрибаи хориҷӣ, такмили ихтисос ва омода кардани кадрҳо дар хориҷи кишвар.

8. Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ бо роҳи татбиқи консепсия ва стратегияи “иқтисодиёти рақамӣ” дар кишвар, дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорону сармоягузорон ба хизматрасониҳои босифати давлатӣ тавассути тавсеаи “Ҳукумати электронӣ” аз рӯи принсипҳо ва стандартҳои байналмилалӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар ин самт таъмини пайвасти шабакаҳои иттилоотии кишвар ба шабакаи ҷаҳонии Интернет бо суръати баланд.

Боварӣ дорем, ки аъзои ҲХДТ зери ҳидояту роҳбарии Раиси ҳизб – Пешвои муаззами миллат ва дастгирии мардуми шарифи кишвар метавонанд дар амалӣ намудани тадбирҳои зикршуда ба хотири таъмини рушди устувори иқтисодии ватани азизамон саҳми беандозаи худро хоҳанд гузошт.

ҚУРБОНЗОДА МАҲМАДАЛӢ РАҲМАТ – АЪЗОИ ГУРӮҲИ ВАКИЛИИ ҲИЗБИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ


Вакти нашр: 2021-04-16 14:38:49    Хонданд: 26    Муфассал...



Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс