МАРОМИ ПОЙТАХТ

Навидҳо

Рисолати илм ва маориф дар таъмини рушди ҷомеа, давлат ва миллат

Дар доираи Курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ дар мавзӯи “Рисолати илм ва маориф дар таъмини рушди ҷомеа, давлат ва миллат” баромад намуда, дар баромади худ қайд намуданд, ки илм ва маориф дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамеша зери таваҷҷӯҳи доимӣ ва дастгирию пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Пешвои миллат дар сиёсати пешгирифтаи худ соҳаҳои илм ва маорифро самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон намуданд ва пайваста ҷиҳати рушди ин соҳаҳои ҳаётан муҳим чораҷӯӣ менамоянд, дастуру ҳидоятҳо медиҳанд, маблағгузории ин соҳаҳо ҳамасола меафзояд ва дар солҳои соҳибистиқлолӣ сохта ба истифода додани зиёда аз 3000 муассисаҳои таълимии муосир ва даҳо муассисаҳои таҳсилоти имёнаву олии касбӣ ва илмӣ, инчунин таъсиси даҳо озмоишгоҳҳои нав таҳкими пояи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ исботи ин гуфтаҳоянд.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки ҳазор сол аз ин муқаддам ниёкони бузурги мо донишро дар дил чароғи равшан ва аз ҳама бад дар тани инсон ҷавшан гуфтаанд аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал ҳама мушкилоти гетиро ҳал кардаанд, аммо ҷойи тааҷҷубу таассуф аст, баъди ҳазору чанд сол, ки инсоният ба асри бистум-асри пуршӯру пуровозаи инқилобҳои илмию фикрӣ ба оғози асри бистуякум- асри инқилобҳои технологияву техникӣ расид ва мо шоҳиди он будем инсони донишпажӯҳ натанҳо нақши пояшро дар рӯйи моҳ ба ёдгор гузошт, балки сафинаҳои худкорашро ба моварои мадори Зуҳал фиристода, ҳатто аз ҳудуди манзумаи Офтоб ҳам берун баровард ва ба омӯхтани мустақими сайёраҳои фаразан маскуни ситораҳои дигар (ба ғайр аз Офтоб) шуруъ намуд... дар пасманзари ин ҳама ҷаҳишҳои илму фан, дар пеши чашми муосирону шоҳидони чунин комёбиҳои фавқуллодаи ақлу фаросати одамӣ воқеоти аҷибу ғарибе сурат мегирад, ки бар асари он ҷомеаи пешрафта зарар мебинаду оммаи пасмонада ба он бовар мекунанд. Яъне манзурам ин аст, ки имрӯз навъҳои гуногуни хурофоту найранги аз аҳди Дақёнус монда, аз тилисму азоимхонӣ гирифта, то фолбинию саноати танҷим (астрология) аз нав ҷон мегиранд ва то рафт ақлу ҳуши мардумро рабуда, онҳоро ба доми худ медароранд: нафақат ховариёнро балки фарангиёнро ҳам, на танҳо мардуми авомро балки бархе аз аҳли саводро низ!

Дар фарҷоми суханронӣ иштирокчинёни курси мазкур ба савоҳои худ посух

 


Вакти нашр: 2021-03-01 14:21:24    Хонданд: 179    Муфассал...

Инъикоси масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар Паёми Президенти мамлакат

Дар доираи Курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода- Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар мавзӯи “Инъикоси масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар Паёми Президенти мамлакат” суҳбат намуда, аз ҷумла доир ба бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати ҷалби табақаҳои мухталифи ҷоме ва фарогирифтани онҳо бо барномаҳои фарҳангӣ, ба монанди “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон ватани азизи ман” таъкид намуд. Инчунин ӯ доир ба омодагӣ тамоми қишрҳои ҷоме ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Давлатии Тоҷикистон, инчунин саҳми аъзои ҲХДТ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин чорабинии муҳим изҳори назар кард.

Мавсуф, таъкид намуд, ки узви фаъоли ҳизб бояд барои боздид аз муассисаҳои таълимӣ ва назорати сатҳу сифати таълим дар онҳо ва инчунин дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷамъиятӣ саҳмгузор бошанд.

Дар фарҷоми суханронӣ иштирокчинёни курси мазкур ба савоҳои худ посух гирифтанд.


Вакти нашр: 2021-03-01 14:57:21    Хонданд: 249    Муфассал...

Мир Раҳмон Раҳмонӣ: «Тоҷикистон ҷонибдори барқарории сулҳ дар Афғонистон мебошад»

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро имрӯз дар Душанбе ба ҳузур пазируфтанд.

«Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили раванди музокироти сулҳи Афғонистон, муҳоҷирини афғон ва тиҷорат миёни ду давлат баррасӣ гардид. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар пуштибонии ҷониби Тоҷикистонро аз сулҳи Афғонистон таъкид намуданд. Мо аз ин талошҳои Президенти Тоҷикистон сипосу қадрдонӣ мекунем»,— гуфт дар нишасти хабарӣ пас аз мулоқот бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ.

Ёдовар мешавем, ки шоми 27 феврал Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ


Вакти нашр: 2021-03-01 15:16:00    Хонданд: 179    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо дар фазои ҳусни тафоҳуми комил вобаста ба ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, ҳамчунин мавзуоти мубрами байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар ин зимн Пешвои миллат аҳаммияти ҳамкории байнипарлумониро барои таҳким бахшидан ба равобити гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамҷавор таъкид карданд.

Дар иртибот ба вазъи имрӯзаи Афғонистон ҷонибҳо ба раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ, ки айни замон дар ҷараён аст, таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон зарурати дар ин замина пайдо намудани роҳҳои самарабахши истиқрори сулҳу суботи пойдорро дар Афғонистон қайд карданд.

Дар ин зимн Президенти кишвари мо ҷонибдории Тоҷикистонро аз иқдомот ва талошҳои пайвастаи Ҳукумати Афғонистон дар ин ҷода бори дигар иброз доштанд.

Бо ишора ба дастгирии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон аз ташаббусҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистони ҳамҷавор, Пешвои миллат аҳаммияти дар охири моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардидани ҷаласаи сатҳи баланди ҳамоиши “Қалби Осиё – Раванди Истамбул”-ро, ки Тоҷикистон раёсати онро ба ӯҳда дорад, махсус таъкид карданд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин алоқамандии худро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъдаи равобити судманди дуҷониба дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат ва иҷтимоиёт, минҷумла, бо инобати ҳамагирии Ковид-19, дар соҳаи тандурустӣ, иброз намуданд.

Ҳамзамон, ба зарурати таҳкими заминаи ҳуқуқии чунин ҳамкориҳо ва нақши парлумонҳо дар ин раванд ишора карда шуд.

Вобаста ба ҳамкориҳо дар соҳаи амният зарурати тақвияти шарикии ду кишвар дар мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ҳамчунин таъмини амнияти сарҳадот махсус таъкид карда шуд.

Дар анҷоми суҳбат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Афғонистон сулҳу амонӣ ва шукуфоиву нумӯи рӯзафзун таманно намуданд.


Вакти нашр: 2021-03-01 17:36:41    Хонданд: 170    Муфассал...

Курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи “Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ”

Тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муааззаф гардид, ки аз санаи 28 феврал то 6 марти соли 2021 курси бозомӯзро дар шаҳри Душанбе барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷумҳурӣ баргузор намояд.

Курси бозомӯзӣ, ки як ҳафта давом мекунад дар “Кохи афсарон”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Ин маҳфили илмиро дар рӯзи аввал, бо сухани ифтитоҳи Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ҳусни оғоз бахшиданд.

Сипас маърӯзаи Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор дар мавзӯъи «Омилҳои расидан ба ҳадафи олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» дар вилоят, шаҳр ва ноҳия- дастурҳо дар асоси нуктаҳои Паёми Пешвои миллат», маърӯзаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз дар мавзӯи «Инъикоси масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар Паёми Президенти мамлакат», маърӯзаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Фарҳод Раҳимӣ дар мавзӯи «Рисолати илм ва маориф дар таъмини рушди ҷомеа, давлат ва миллати тоҷик» шунида шуд.

Баъд аз нисфирӯзӣ ташкили лексия - суҳбат бо иштироки намояндагони Прокуратураи генералӣ, Шўрои амният, вазоратҳои мудофиа, корҳои дохила ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои глобалӣ ва таъмини амнияти устувори миллӣ» ин чунин гузаронидани мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши аҳзоби сиёсӣ дар таҳкими амнияти миллӣ» бо иштироки намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ пешбинӣ шудааст.

Дар рӯзҳои оянда низ шунидани як чанд лексия-суҳбатҳои муфид, гузаронидани мизҳои мудаввар, суҳбату мулоқот бо роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар бахши фарҳангӣ бошад боздид аз Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, театри “Аҳорун”, Қасри теннис ва маҷмааи бозиҳои обӣ ва дигар иншоотҳои фарҳангию фароғатӣ, таҷрибаомӯзӣ дар Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар НБО “Роғун”, дар барномаи курс тарҳрезӣ шудааст.

Натиҷагирӣ аз баргузории ин курси бозомўзии муфид ва сари вақтӣ бо муаррифии рефератҳо аз ҷониби шунавандагон дар рӯзи охир ва бо супоридани Сертифактҳо ҷамъбаст мегардад.


Вакти нашр: 2021-03-01 17:49:02    Хонданд: 142    Муфассал...

Омилҳои расидан ба ҳадафи олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» дар вилоят, шаҳр ва ноҳия- дастурҳо​​​​​​​ дар асоси нуктаҳои Паёми Пешвои миллат

Курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи “Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ” бо суханҳои ифтитоҳии муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор оғоз гардида, сипас дар мавзӯъи «Омилҳои расидан ба ҳадафи олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» дар вилоят, шаҳр ва ноҳия- дастурҳо дар асоси нуктаҳои Паёми Пешвои миллат» баромад намуданд, дар баромадашон омадааст ибтидои соли равон ҳамаи мову шумо шоҳиди як падидаи фараҳбахши сиёсӣ - Паёми Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидем.

Зимни  ироаи Паём вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии мамлакат мавриди таҳлил қарор дода шуд, ки натиҷаҳои он бо вуҷуди мушкилоти ҷаҳонӣ тамоюли рушд ва болоравӣ доранд.

Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле фарогир буда, шуруъ аз қишри осебпазири ҷомеа, маъюбону ниёзмандон то баррасии мушкилоти соҳибкорони Ватанӣ, ки муҳаррики асосии иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб мераванд, дар бар гирифт.

Таҳлилҳо ва рақамҳои дар Паём зикршуда аз он далолат менамоянд, ки Роҳбари давлат аз вазъи воқеии масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дурнамои дигар соҳаҳои калидии кишвар комилан иттилоъ дошта, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва замина гузоштан барои рушди самтҳои муҳим, ки зиндагии босаодати мардуми кишвар аз он алоқаманд аст, тасмимҳои ҷиддӣ мегиранд.

Бояд гуфт, самтҳои асосие, ки дар Паёми Пешвои миллат иброз гардиданд, бевосита ба барномаҳои пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзад ба мансаби Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон аз ҳизби мо алоқаманд буда, пурра бо нақшаҳои барномавӣ мувофиқат мекунанд ва дар бахшҳои муназзам беҳбуд бахшидани ҳаёти сокинони мамлакатро баррасӣ менамоянд.

Ҳам нишондодҳои Паём ва ҳам нишондодҳои барномавии ҳизби мо масъалаҳои идома додани ислоҳоти иқтисодӣ, гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ ва расидан ба Ҳадафи рушди устувор дар кишварро дар заминаи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” муайян менамояд.

Ҳамсафони азиз,

Президенти кишвар дар Паёми навбатӣ қайд намуданд, ки пайомадҳои пандемия ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо таъсири манфии худро расонид.

Бо вуҷуди таҳдидҳои ҷиддӣ ба соҳаҳои иқтисод ва иҷтимоӣ бар асари бемории пандемияи COVID-19, Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат устуворонаю собитқадамона пеш меравад.

Бо истифода аз фурсати муносиб, мехостам диққати ҳозиринро ба баъзе аз факту рақамҳое, ки дар Паём дарҷ гардида буданд, ҷалб намоям.

       Дар мадди аввал бояд қайд намуд, ки Ҳукумати мамлакат соли 2020 дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ нгамуд.

Дар навбати аввал, бо дарназардошти коҳиш ёфтани даромади буҷет, афзоиши талаботи маблағгузорӣ, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва дигар хароҷоти пешбининашуда буҷети давлатиро барои соли 2020 бознигарӣ карда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйироти дахлдор ворид гардид.

      Аз ҷумла ба соҳаи тандурустӣ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шуданд.

Дар ин хусус Пешвои миллат дар Паёми худ таъкидҳои алоҳида ва шоиста доштанд, ки ҳамагӣ боиси дастгирӣ ҳастанд.

Тавре медонед, бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва соҳибкорони ватанӣ тибқи Фармони Президенти мамлакат аз 5 июни соли 2020 сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба маблағи умумии беш аз 450 миллион сомонӣ пешниҳод гардиданд.

Барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2020 нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 15 фоиз, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд гардида, нафақаи гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, 50 фоиз зиёд карда шуд.

Бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ майдони кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати даҳҳо ҳазор гектар афзоиш дода шуд.

Бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои зикршуда, дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд.

Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ то 23,6 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт. Соли 2020 ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба 50 фоиз баробар гардид.

Дар ин давра 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард.

Соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Танҳо дар соли 2020 29 созишномаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 10 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуд.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ 17 созишнома оид ба сармоягузории мустақим ба имзо расонида шудааст, ки дар доираи онҳо 15 корхонаи нави истеҳсолӣ ба маблағи умумии зиёда аз 10 миллиард сомонӣ бунёд гардида, беш аз ҳафт ҳазор нафар сокинони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шудаанд.

Дар Паём таъкид гардид, ки зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шуда, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт.

Соли гузашта дар кишвар 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлол банақшагирифташуда, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, бунёд ва ба истифода супорида шуда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё карда шуданд.

Ин нишондиҳандаҳои бузургро ба инобат гирифта, Пешвои миллат ба хурду бузурги мардум барои фаъолияти софдилона ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон миннатдории самимӣ баён намуданд.

Тавре медонед, соли 2020 дар кишвар ду маъракаи муҳимми сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардид, ки муҳаббати халқро ба Пешвои муаззами миллат бори дигар собит намуд.

Хушбахтона ин чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланд доир гардида, мардуми мамлакат бо як иттиҳоду ҳамраъйи бори дигар собит намуданд, ки ҷонибдори сиёсати созандаи Пешвои миллат буда, ба ояндаи дурахшон ва фазои амну ороми кишвари хеш овоз медиҳанд.

Интихоботҳои гузашта муайян намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои калидии худ, маърифати сиёсии ҷомеа ноил гардида, тайи солҳои охир фарҳанги сиёсии шаҳрвандон дар сатҳи зарурӣ тақвият ёфтааст ва онҳо мавқеи худро мустақилона ва бидуни фишору таъсиррасонии беруна муайян менамоянд. Маҳз боло рафтани шуури сиёсии мардум моро водор ба он месозад, ки фаъолиятҳои таблиғотиро вусъат бахшида, дар татбиқи ғояҳои созандаи ҳизб саҳмгузор бошем.

Интихоботи Президенти кишвар собит намуд, ки Раиси муааззами ҳизбамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маҳбубияти хоссае миёни ҷомеа бархурдоранд. Маҳз ҳамин маҳбубияти Пешвои миллат ва Раиси муаззами ҳизб омили асосии мувафақияту комёбиҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки инро тамоми ҷомеа эътироф менамояд.

Ҳамаи ташкилотҳои ҳизбии мо дар тамоми вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ин чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсӣ фаъолона иштирок намуданд.

 

Ҳамҳизбони азиз!

Ҳизби мо зери роҳбарии сиёсатмадори бузургу барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳизби масъулияти таърихидошта барои ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат пайваста иқдом менамояд.

Он бо мақсади баланд бардоштани некўаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи гуногуншаклии моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва муттаҳидии тамоми қувваҳои солими ҷомеа кўшиш ба харҷ медиҳад.

Ҳизби мо ҳамчун падидаи даврони истиқлолият зери Роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду тавсеаи соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаи кишвар нақши бузург дорад. Мақому манзалати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа, қабл аз ҳама, аз ташаббусҳои роҳбарияти он ҷиҳати замина гузоштан ба рушди иқтисод, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ҷомеа ва баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат вобаста аст.

Ҳизби мо дар соли 2020 бо ду барномаи худ вориди интихобот гардид, ки онҳо фарогири тамоми масъалаҳои ҷомеа буда, ҳадафи асосии онҳо рушди ҳамаҷониба мамлакат ва бо ин роҳ баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум мебошад.

Муҳимтарин хусусияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва Барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ моҳияти амалӣ ва озмудашуда доштани он аст.

Чуноне, ки дар Анҷумани 14 – ум таъкид намуда будам: “ҲХДТ барои иҷрои барномаи худ, пеш аз ҳама, се имконияти ҷиддӣ дорад: 1.Таҷрибаи бузурги сиёсӣ; 2.Собиқаи амалии идоракунӣ; 3.Неруи бузурги кадрӣ ва ҷонибдорони зиёди ақидаҳои ҳизб.»

Боиси фараҳмандист, ки дар тамоми дастовардҳои даврони истиқлолият саҳм ва нақши ҲХДТ низ бузургу барҷаста аст.

Ҳизби мо ҳамчун қисми таркибии низоми сиёсии кишвар, аз рўзи нахустини вориди майдони сиёсӣ гардиданаш тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ ва бо такя ба масъулиятшиносию нерўи зеҳнии аъзои ҳизб ба омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёфтааст.

Ҳозирини арҷманд, ҳамсафони гиромӣ!

Зарур мешуморам, ки баҳри   расидан ба ҳадафи олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зери шиори “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” мушаххас гардидааст, ба муҳимтарин масъалаҳое, ки кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо инчунин ташкилотҳои ҳизбӣ бояд дар фаъолиятҳои миньаъдаашон ба онҳо афзалият диҳанд, чанд нуктаро баён намоям:

  1. Иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд бояд дар таваҷҷуҳи ҳамешагии масъулини ҳизбӣ қарор дошта бошад.

Чун паём фарогири ҳама самту соҳаҳо буд бояд иҷрои ҳар як банди он масъулияти ҳар як корманди ҳизб ва ҳар як аъзои ҳизби мо бояд бошад. Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи марказӣ Нақшаи чорабиниҳоро вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” омодаву тасдиқ ва барои иҷро ба кумитаҳои иҷроияи вилояту шаҳру ноҳияҳо фиристода буд. Иҷрои он бояд ҷиддӣ дар мадди  назар бошад.  Таҳлилҳо ва рақамҳои дар Паём зикршуда аз он далолат менамоянд, ки Роҳбари давлат аз вазъи воқеии масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дурнамои дигар соҳаҳои калидии кишвар комилан иттилоъ дошта, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва замина гузоштан барои рушди самтҳои муҳим, ки зиндагии босаодати мардуми кишвар аз он алоқаманд аст, тасмимҳои ҷиддӣ мегиранд.

Бояд гуфт, самтҳои асосие, ки дар Паёми Пешвои миллат иброз гардиданд, бевосита ба барномаҳои пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзад ба мансаби Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон аз ҳизби мо алоқаманд буда, пурра бо нақшаҳои барномавӣ мувофиқат мекунанд ва дар бахшҳои муназзам беҳбуд бахшидани ҳаёти сокинони мамлакатро баррасӣ менамоянд.

Ҳам нишондодҳои Паём ва ҳам нишондодҳои барномавии ҳизби мо масъалаҳои идома додани ислоҳоти иқтисодӣ, гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ ва расидан ба Ҳадафи рушди устувор дар кишварро дар заминаи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” муайян менамояд.

  1. Кумитаҳои иҷроияи ҳизб ва ташкилотҳои ҳизбӣ роҳандозии чорабиниҳоро баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа бояд ҳамеша густариш бахшанд.

Таҳкиму густариши ваҳдати миллӣ масъалаи хело муҳиму калидии таҳкими истиқлолият ва ояндаи давлатдории мо ба шумор меравад.

Барои таҳкими ваҳдати миллӣ зарур аст, ки андешаи сулҳу ваҳдат ба фарҳанги умумӣ табдил ёфта, дар сатҳи як зарурати ҷамъиятӣ ва фардии ҳар як шаҳрванди кишвар фаҳмида шавад. Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки ҳам рушди ҷомеа ва ҳам амалишавии орзую манфиатҳои шахсии ӯ фақат дар сурати сулҳу ваҳдат имконпазир мебошад. Ҳамин пайванди ваҳдат бо манфиати шахсии ҳар шаҳрванд як пояи устувории он хоҳад буд. Ҳамин андешаро бояд мо дар умқи қалби ҳар шаҳрванд ва дар зеҳну  тафаккури ҳар як сокини ин марзу бум ҷойгир намоем.

  1.  Дар ҳамкори бо мақомоти ваколатдор ҳамкори намудан дар масъалаҳои рушди нерўи инсонӣ ва афзалият ба рушди илму маориф бояд дар меҳвари фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ қарор гирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат дар ин самт ҳамеша тадбирҳои бузургро роҳандозӣ менамояд, ки ҳамаи мо бояд дар ин масъала саҳмгузор бошем. Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон низ баргузории озмуни “Илм фуруғи маърифат” – ро эълон намуданд, ки баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудан ва натиҷабахш ҷамъбаст намудани он масъулияти мо ҳизбиён низ  мебошад. Фаромуш набояд кард, ки роҳи раҳоӣ аз ҳама мушкилот илму маърифат аст. Омили муҳимтарини пешрафти тамоми кишварҳо аз таваҷҷуҳ ба илму маънавиёт аст.   Дар асоси илми оянданигарӣ ояндаи ҷаҳон ва навгониҳо дар ҳаёти инсоният, ки тавассути илм ба миён меоянд боиси тағйиротҳои хело бузург дар ҳаёти инсоният хоҳад шуд.
  2. Таблиг ва истифодаи арзишҳои маънавӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ миёни аҳолӣ ва муқобилият намудан ба таҳоҷуми фарҳанги бегона яке аз вазифаҳои муҳиму муқаддаси сохторҳои ҳизбии мо ба ҳисоб меравад. Дорои таъриху фарҳанги ғановатманду қадима будани миллати мо барои соири ҷаҳониён маълум аст. Ин арзишҳо пурқимати маънавиро бояд дар шароити ҷаҳонишавӣ самаранок истифода намоем.  Ташаббусҳои Пешвои миллат дар ин ҷода аз ҷумла, таҳкиму густариши истиқлолияти фарҳангӣ, таъсиси китобхонаҳо дар муассисаву ташкилотҳо, баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ» ва озмуни “Тоҷикистон кишвари азизи ман” баҳри дар маърифатнок намудани аҳолӣ шоистаи таҳсину офарин аст.

Дар ин маврид бояд дар рушди маърифати оиладорӣ миёни ҷавонон низ тадбирҳо андешида шавад.

  1. Омодагӣ ба маъракаҳои сиёсии оянда бояд дар меҳвари фаъолияти мо қарор дошта бошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар миёни аҳзоби сиёсии кишвар ягона ҳизбест, ки фаъолияти мунтазам ва бетанаффус дошта, бо дастуру ҳидоятҳои роҳбари мҳбуби худ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша баҳри дарёфти роҳу воситаҳои муосири корбари бо мардумро ҷустуҷў менамояд.  Ман имруз ба ҳамаи масъулини ҳизбӣ муроҷиат менамоям, ки аз имруз аз ҳисоби фаъолони ҳизб, ҷавонони лаёқатманд ва бонувони шоиставу кордон номзадҳои муносибро барои номзад ба вакили маҷлисҳои маҳаллии ҷамоатҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вилоят дар мадди назар гиранд.
  2. Ҷоннок намудани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб як амри зарурист. Оинномаи ҳизб ташкилоти ибтидоиро асоси ҳизб муқаррар карда, тибқи қонунгузорӣ он дар ҷойи кор ва макони истиқоматии аъзоён созмон дода мешавад ва аз ҷониби кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ё ноҳиявӣ ба расмият дароварда мешавад.

Таҳлил ва омузишҳои ташкилотҳои ибтидоӣ собит намуд, ки тамоми санадҳое, ки аз Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ аз қабили қарорҳои Анҷуман, қарорҳои Маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, барқияҳо, мактубҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои корӣ, ки ба кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилояту шаҳру ноҳияҳо фиристода мешаванд, дар ташкилоти ибтидоӣ пайдо намуданашон ғайриимкон аст.

Китобу адабиётҳое, ки таърихи ҳизб, баргузории Анҷуманҳо ва маҷлисҳои кумитаи иҷроияи марказиро инъикос менамоянд, дар ташкилот гирд оварда нашудаанд.

Аён гардид, ки санадҳои аз Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ фиристода ба ташкилотҳои ибтидоӣ фиристода намешаванд. Ҳатто маҷлисҳои умумии ташкилоти ибтидоӣ, ки дар асоси Оиннома дар се моҳ як маротиба баргузор намуда мешавад, санади тасдиқкунанда (протокол) надоранд. Ғайр аз ин аъзои ҳизб ҳамнгоми иваз намудани макони зист ва ҷойи кор аз қайд бароварда ва дар ҷойи нави корӣ ва макони нави зист ба қайд гузошта намешавад. Ҳамин тавр як теъдои хело калони аъзоён муаллақ мондаанд.

Ин масъала ислоҳи саривақтии худро тақозо менамояд.

7. Таваҷҷуҳ ба қабули сифатноки аъзои ҳизб амри хело зарурист.

Дар ин маврид Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ пайваста таъкид менамояд, ки  ба қабули сифатноки аъзои ҳизб таваҷҷўҳ намуда, ба сафҳои ҳизб аз ҳисоби ҷавонон онҳоеро қабул намоянд, ки ба ормонҳои он содиқанд ва аз узвият дар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ифтихор мекунанд.

  1. Ташаккули маърифату фарҳанги сиёсии мардум бояд дар меҳвари фаъолияти сохторҳои ҳизбии мо қарор дошта бошад. Зеро ҳизби сиёсӣ иттиҳодияи ҷамъиятие, ки вазифаи асосиаш иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташакул додани иродаи сиёсии шаҳрвандон ва инчунин ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад. Ба роҳ мондани чорабиниҳо барои ташакулли фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аъзоёни ҳизб ба фаъолияти доимии ташкилотҳои ҳизбӣ бояд табдил дода шавад. Доро будан ба маърифату фарханги сиёси имкон медихад ки ба ҳар руйдоду вокеа, ки дар кишвар, минтақа ва ё гушаҳои мухталифи сайёра ба вуқуъ пайваста ва ба кишвари мо низ таъсири бевосита мерасонад, баҳои объективона дихем.

Дар шароити кунунӣ дар ҳар як ҷомеаи демократӣ афзўдани таваҷҷўҳи аҳолӣ ба ҳаёти сиёсӣ ва талошу кўшиши онҳо дар дигаргунсозиҳои ҳаёти ҷомеа яке аз омилҳои муҳимтарини рушду инкишофи кишвар маҳсуб мегардад. Шаклгири ва таквияти фарҳанг ва маърифати сиёси аз масъалахои асосии давлатдории муосири точикон буда ояндаи мо аз он вобастагии амик дорад.

Костагии фарҳанг ва маърифати сиёси раванди амният ва сарнавишти миллатро зери хатари чидди карор медихад.

Ҳамин аст, ки Раиси муаззами ҳизбамон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки

«Сатҳи тараққиёт ва эътибори байналмилаллии кишвар аз он вобаста аст, ки шаҳрвандони кишвар то чӣ андоза  дорои фарҳанги сиёсӣ буда, ҳадафу вазифаҳои  худро вобаста ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дарк менамоянд».

Аҳзоби сиёсӣ дар ҳама давру замон ва дар ҳама кишварҳои олам мактаби ташаккули афкори сиёсӣ ва камолоти аъзои ҳизб, хосса ҷавонон буд ва ҳаст.

  1. Ҷаҳолату хурофот аз махуфтарин амволест, ки тўли қарнҳо баъзе ҷомеаҳоро дар гирдоби хеш фурў кашида, онҳоро бо тадриҷ ба сўи таассубу ақибмондагӣ мебарад. Аксари кишварҳои мусалмоннишини дунё феълан дар чунин вазъи таассуфборе қарор доранд ва аз диди илмиву технологӣ дар қиёс ба дунёи мутамаддин хеле ақиб афтодаанд. Бо таасуф зикр бояд намуд, ки дар ҷомеаи муосири мо низ чунин омилҳои номатлуб  аз қабили ҷаҳолату хурофот ҷой доранд. Раҳоӣ аз падидаҳои манфӣ воситаи асосии пешрафти ҳаёти маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа мебошад. Кумитаҳои иҷроия дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ин масъала бояд фаъолятро вусъат бахшида, сабабу заминаҳои онро муайян намоянд ва  барои бартарафсозии он тадбирҳо андешанд.
  2. Тақвият ва такмил додани сомонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва саҳифаҳои фейсбукии кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои вилоят амри зарурӣ ва иқдоми саривақтист. Сомона воситаест, ки бояд муаррифгари як ҳизби муқтадири сиёсии кишвар бошад. Мутаассифона сомонаҳои ҳизбӣ ба талаботи имрӯза  мувофиқ набуда, он аз ҷиҳати дизайн, ороишу ҷобаҷогузории мавод ва муҳтаво хеле ноқис  мебошад. Ҳол он ки худи фаъолияти ҳаррӯзаи ҳизб дар вилоят пур аз ҳодисаву воқеаҳои дорои хислати ҷамъиятӣ дошта буда, онҳоро бо мӯҳтавои соддаву осонфаҳм ва бо забони фасеҳу каломи мавзун метавон ба мардум пешниҳод кард.

 Истифодаи пурсамар аз имконоти фазои маҷозӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бозгӯяндаи он аст, ки то кадом андоза соҳибони иттилоот дар ҷомеаи кунунӣ пешсаф мебошанд. Вақте кас бо мӯхтавои саҳифаҳои бознамудаи ташкилотҳои мухталифи ҳизбӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ошно мегардад, накӯ эҳсос мекунад, ки онҳо қолабӣ, якнавохт, якоҳанг ва бидуни ҳеҷ эҷодкорие кушода шудаанд.

Мо бори дигар аз ҳамаи Шумо – ҳамсафони азиз хоҳиш мекунем, ки дар масъалаи вокуниш намудан ба маводи муғризона ва ғаразнок, инъикоси дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва раванди бузурги созандагию бунёдкорӣ бештар саҳмгузор бошед.

Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.

   Тавре Пешвои миллат дар Паём таъкид сохтанд, хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.

Аз ин хотир ба ин масъала бояд ташкилотҳои ҳизбӣ дар фаъолияти  хеш афзалият дода, баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашнвораи бузурги миллӣ, 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ ва тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣтадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намоянд.

Дар интиҳо таъкид менамоям, ки дар ҳалли масъалаҳои ҳамарўзаи ҳаёти мардум корбарӣ намуда,  дар ҳаллу фасли муроҷиатҳои онҳо вобаста ба мушкилоти мавҷудаи ҷомеа, кори мунтазам бо мардум ва тавассути мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сарвариву роҳнамоӣ кардани сокинони мамлакат ба амалҳои созандагиву бунёдкорӣ мусоидат намудан лозим аст. Барои ҳалли саривақтӣ ва босифати масъалаҳои муҳимми ҷомеа мусоидат карда, бо роҳи ибтикороти шахсию пешоҳангӣ дар ин самт эътиқоду эътимоди мардумро нисбат ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баланд бардоштан рисолати мо аъзоёну фаъолони ҲХДТ мебошад.

Дар Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки барои солҳои 2020-2025 қабул гардидааст ва самтҳои афзалиятноки пешрафти кишвар ва фаъолияти ҳар яки моро муқаррар менамояд, ба масъалаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки “Вазифаи ҲХДТ дар иртибот ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра ва минтақа афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа аз он иборат аст, ки баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ, суботу амнияти миллӣ, ваҳдати миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша талош намояд”.

Маҳз ҳамин муқаррарот бояд маҳаки асосии фаъолияти моро дар фаъолиятҳои минбаъда ташкил диҳад.

Итминон дорам, ки сохторҳои ҲХДТ фаъолияти худро беш аз ин тавсеъа бахшида, рисолати худро самимона содиқона анҷом хоҳанд дод.

Дар интиҳо баҳри татбиқи талаботҳои Оиннома ва барномаҳои ҲХДТ, ки ҷузъи таркиби ва ҷудонопазири ғояҳои давлатдории миллии мо дар замони муосир маҳсуб меёбанд ба ҳамаи Шумо нерумандӣ ва комёбиҳоро таманно дорам! Саодатманду комёб бошед!

 

 

 

 


Вакти нашр: 2021-03-01 18:37:09    Хонданд: 207    Муфассал...

1-уми март Рӯзи байналмилалии мудофиаи гражданӣ

Ташкили мудофиаи гражданӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат ва таъмини бехатарии мамлакат ба шумор меравад

 

 Ҳамасола 1-уми март дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии мудофиаи гражданӣ таҷлил карда мешавад. Таърихи пайдоиши ин ид ба соли 1990 рост омада, он бо ташаббуси якчанд кишваҳои узви Ташкилоти байналмилалии мудофиаи гражданӣ ба миён омадааст. Мақсади таҷлили Рӯзи байналмилалии мудофиаи гражданӣ-тарғиби донишҳо оид ба мудофиаи гражданӣ ва баланд бардоштани нуфӯзи сохторҳои кӯмакрасонии соҳа мебошад.

Бояд зикр намуд, ки ташкили мудофиаи гражданӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат, қисми таркибии сохтмони мудофиавӣ ва таъмини бехатарии мамлакат ба шумор меравад. Мудофиаи гражданӣ аввалин саҳифаҳои худро дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳон дар моҳи марти соли 1918 дар таърих сабт намудааст. Аввалин номи мудофиаи гражданӣ Мудофиаи зидди қувваҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ буд, ки соли 1918 то соли 1961 ин номро нигоҳ дошт. Дар моҳи июли соли 1961 Мудофиаи зидди қувваҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ номи худро ба мудофиаи гражданӣ табдил дод ва худи ҳамон сол сохтори таркибии он тағйир ёфта, мувофиқи талаботи замона ташкил карда шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон дорои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ мебошад ва Рӯзи байналмилалии мудофиаи гражданӣ дар кишвари мо низ бо шукӯҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил карда мешавад.

Худи мафҳуми мудофиаи гражданӣ-ин маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатии мудофиавӣ ва муҳофизатие мебошад, ки баҳри ҳимояи аҳолӣ, иқтисодиёт ва қаламрави Тоҷикистон то оғоз ва ҳангоми сар задани амалиётҳои ҷангӣ равона шудаанд. Вазифаҳои асосии мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки пешакӣ, дар замони осоишта, ба нақша гирифтан ва гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ оид ба омода сохтани аҳолӣ, ба омодагии доимӣ нигоҳ доштани қисмҳои ҳарбӣ ва ғайраҳо мебошад.  

Айни замон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти давлатии идораи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, дар бобати омодагӣ ва ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда замони осоишта ва ҷанг роҳбарии сиёсати ягонаи давлатиро анҷом дода, тамоми маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатӣ, ҳуқуқӣ мудофиавӣ ва дигар чорабиниҳоро, ки ба ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои офатҳои табиӣ ва экологӣ, садамаҳои калони истеҳсолӣ, фалокатҳо нигаронида шудаанд, инчунин ҳангоми аз ҷониби душман истифода гардидани воситаҳои ҳозиразамони зарба сар мезананд, амалӣ ва ҳамоҳанг месозад. Кумита сохтори ҳарбӣ буда, ба он тамоми ҳуқуқҳо, меъёрҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо қабул шудаанд, татбиқ мегардад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ иштирок намуда, талаботи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар ин соҳа иҷро менамоянд. Инчунин, воситаҳои ҳифз ва хатарҳоеро, ки ҳангоми сар задан ва рафти амалиётҳои ҷангӣ ба вуқуъ меоянд, меомӯзанд. Ҳамзамон, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо дар ҳалли масъалаҳои соҳаи мудофиаи гражданӣ ёри мерасонанд.

 “Роҳбари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ӯ роҳбари ва идораи умуми ва бевоситаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро амали менамояд”, омадааст дар боби 4, моддаи 14 –и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мудофиаи гражданӣ”.  Бо ифтихор метавон зикр намуд, ки имрӯзҳо бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудофиаи гражданӣ  дар сатҳи зарури фаъолият намуда, бехтарарии тамоми минтақаи кишвар, сокинони сарзамини биҳиштосоямон ва дигар самтҳо таъмин аст. Новобаста аз оне, ки дар ҳамсоякишвари мо тӯли солҳои тӯлони ҷанги шаҳрвандӣ идома дорад, бехатарии марзи кишвар таъмин аст, ки ин далели возеҳи гуфтаҳои болост.

Зарур мешуморем қайд намоем, ки мудофиаи гражданӣ на танҳо вазифаи масъулони соҳа аст, балки аз ҳар як шаҳрванди кишвар ҳисси баланди меҳандӯстиву  ватанпарастиро тақозо менамояд. Дар ин самт мардуми сарбаланди моро мебояд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи марзу буми кишвар ҳамеша омода бошанд.

Дар охир аз номи тамоми аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ Рӯзи байналмилалии мудофиаи гражданиро ба тамоми кормандону масъулони ин самт шодбош гуфта, дар иҷрои вазифаҳои пурмасъули хизматӣ ба онҳо барору комгорӣ таманно менамоем.

 

  Ҳангома ДАВЛАТЗОДА

 


Вакти нашр: 2021-03-01 19:01:10    Хонданд: 196    Муфассал...

«Тимсоли ҷовидонаи муҳаббат».Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади идона доир гардид

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар дар тарабхонаи «Яккасарой»-и пойтахт  таҳти унвони «Тимсоли ҷовидонаи муҳаббат» бо иштироки  занони фаъол ва бонувони собиқадори меҳнати ҷумҳурӣ  барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомади идона  муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирок доштанд.

 

Сипас Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Модар табрик намуда, зикр кард, ки «давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа  таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад. Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст. Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд».

«Ҳатто имрӯз дар соҳаҳое занон фаъолияти назаррас  доранд, ки  то замони  Истиқлолияти давлатӣ онҳоро касбҳои мардона меномиданд»,-афзуд номбурда.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Модар табрик намуда, паёми шодбошии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати ин ҷашни пуршукӯҳ   ба иштирокдорони ҷамъомади тантанавӣ расонид.

«Занону модарони мо ҳанӯз дар оғози даврони истиқлолияти  давлатӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ ва ба эътидол овардани вазъи кишвар азму талош карда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми арзишманд гузоштанд. Ҳоло ҳазорҳо нафар занону бонувони қавиирода ва ҷасуру далери мо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмати Модар – Ватанро адо карда, дар ҳифзи марзу буми кишвар ва тартиботу оромии ҷомеа баробари мардон адои вазифа карда истодаанд.Мо бо чунин занону бонувони матиниродаи миллат ифтихор мекунем ва ба садоқати онҳо ба Ватан аҳсан мехонем», — чунин иқтибос овард муовини Сарвазири  мамлакат Матлубахон Сатториён аз яке суханронии Пешвои миллат   дар мулоқот бо занони фаъоли мамлакат.

Дар ҳамоиши идона собиқадори меҳнат Низорамоҳ Зарифова ибрози андеша намуда, аз ҷумла зикр кард, ки мояи ифтихор аст, ки имрӯз мақому мартабаи занони  тоҷик дар ҷомеа боло меравад ва теъдоди онҳо дар тамоми соҳаҳо меафзояд.

Сипас ба модарони ғолибони озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва варзишгароне, ки бо дастоварҳои хеш нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоштанд «Ифтихорнома» ва «Сипрснома»-ҳо тақдим гардид.

Ҷамъомади идона бо  пешниҳоди барномаи фарҳангӣ  аз ҷониби  устодони санъати тоҷик  ба анҷом расид.


Вакти нашр: 2021-03-02 08:53:28    Хонданд: 208    Муфассал...

Идомаи Курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи “Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ”

Рӯзи дуюм аст, ки бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон курси бозомӯзиро дар шаҳри Душанбе барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи “Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ” идома дорад.

Тибқи барномаи курси мазкур имрӯз дар мавзӯъҳои “Тақвияти маҳорати сарварӣ ва ташаккули тафаккури миллӣ” Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода, “Вазъи иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди он”, Директори институти иқтисод ва демографияи АМИТ Шариф Раҳимзода, “Мушкилоти дин ва мазҳаб дар ҷомеаи дунявӣ” Директори маркази исломшиносӣ Давлатзода Муродулло, “Таҳкими корҳои дохилиҳизбӣ сарчашмаи муҳими фаъолияти КИ ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо” муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор маърӯза намуданд.

Давоми рӯз мизи мудаввар дар мавзӯи “Нақши ВАО дар ҳифзи вазои иттилооти миллӣ” бо иштироки намояндагони Кумитаи телевизион ва радио, АМИТ “Ховар” ва сармуҳаррирони рӯзномаву маҷаллаҳо баргузор мегардад.

Ҳамзамон, иштирокчиёни курс аз Осорхонаи миллӣ дидан намуда, дар чорабинии фарҳангии Ансамбли давлатии синфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок менамоянд.

 


Вакти нашр: 2021-03-02 10:19:59    Хонданд: 246    Муфассал...

Таҳкими корҳои дохилиҳизбӣ сарчашмаи муҳими фаъолияти КИ ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо

Дар доираи Курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Латифзода Асрор- муовини Раиси ҲХДТ дар мавзӯи “Таҳкими корҳои дохилиҳизбӣ сарчашмаи муҳими фаъолияти КИ ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо” маърӯза намуданд. Дар маърӯза қайд гардид, ки  мутобиқи Оинномаи ҲХДТ ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ асоси ҳазбро ташкил дода, дар ҳолати мавҷуд будани на кам аз панҷ нафар узви ҳизб ташкил карда мешавад. Ташкилоти ибтидоӣ мутобиқи банди 4.2 ва 4.9-и Оинномаи ҲХДТ таъсис ва барҳам дода шуда, қарор дар бораи созмон додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳрӣ ва ё ноҳиявӣ тасдиқ карда мешавад. Мақоми олии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Маҷлиси умумӣ мебошад, ки камаш як маротиба дар се моҳ даъват карда мешавад.

Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбие, ки то 30 нафар аъзо доранд раис ва дар ташкилотҳои ибтидоие, ки аз 30 то 300 нафар аъзо мавҷуд аст, раёсат интихоб мекунанд. Ҳисоботи раис ва Раёсат ҳар сол дар маҷлиси умумӣ шунида мешавад.

Мутобиқи меъёрҳои банди 3-и Оинномаи ҲХДТ ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш ба 18-солагӣ расидааст, Барнома ва Оинномаи ҳизбро эътироф мекунад, узви ҳизб шуда метавонад. Барои аъзо шудан ба ҳизб ба наздиктарин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ариза дар бораи шомил шудан ба сафи ҲХДТ маълумотнома ва 2 дона сурати 3х4 пешниҳод карда мешавад.

Раванди баҳисобгирӣ, қабул, хориҷ ва боздошти узвияти узви ҳизб дар маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ сурат мегирад.

Дар фарҷоми суханронӣ миёни иштирокчинёни курси мазкур мубодилаи афкор сурат гирифтанд.


Вакти нашр: 2021-03-03 09:53:15    Хонданд: 130    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд

1 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо ҷашни гузаштаи Баҳор ва оғози соли нав — иди анъанавии мардуми Чин  самимона табрик намуда, ба ӯ саломатӣ, хушбахтӣ, сарбаландӣ ва муваффақиятҳои нав дар кори роҳбарӣ ва ба мардуми дӯсти Чин сулҳу субот ва шукуфоӣ орзу карданд.

Роҳбари давлати мо муваффақиятҳои азими Чинро дар бисёр соҳаҳои ҳаёт ва мустаҳкам кардани эътибори он дар арсаи байналмилалӣ дар даҳсолаҳои охир қайд намуданд.

Ҳамзамон, Пешвои миллат ба дастовардҳои кишвари ҳамсоя дар самти рафъи камбизоатӣ диққати махсус дода, муҳтарам Си Ҷинпин ва мардуми Чинро бо муваффақиятҳои азимашон дар ин самт табрик гуфтанд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо самтҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаро дар доираи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии  Тоҷикистон ва Чин   муҳокима карданд.

Дар ин зимн, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла дар арсаҳои иқтисод ва тиҷорати рақамӣ, нақлиёт ва соҳаи кишоварзӣ, инчунин қадамҳои минбаъдаи муштарак дар ин самт ва бо мақсади коҳиш додани шиддати таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ки дар натиҷаи пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омадааст, баррасӣ шуданд.

Сарвари давлат муваффақиятҳои Чинро дар мубориза бо эпидемияи коронавирус қайд карда, ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин миннатдории ҷониби Тоҷикистонро барои кӯмак ва дастгирӣ дар рафъи оқибатҳои пандемия, аз ҷумла омодагии Ҳукумати Чин барои ба Тоҷикистон ба таври ройгон додани  ваксинаи зиддивирусии истеҳсоли Чин иброз доштанд.

Ҷонибҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи вазъи вобаста ба пандемия дар ду кишвар дар маҷрои муътадилгардонии устувори он изҳори умед намуданд.

Сарони  давлатҳо ҷонибдории худро аз рушди минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарии Тоҷикистону Чин ва омодагии тарафҳоро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои   судманд дар соҳаи амният изҳор карданд.

Дар заминаи баррасии равобити бисёрҷониба ба раёсати феълии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Саммити ҷашнии Созмон, ки қарор аст, соли равон дар Душанбе баргузор шавад, таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Сарони ду давлат бо изҳори қаноатмандӣ ҳамкории кишварҳои худро дар доираи дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, пеш аз ҳама, Созмони Милали Муттаҳид ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) таъкид намуданд.

Зимни суҳбат оид ба дигар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи пурсамари афкор сурат гирифт.

Бо истифода аз фурсат Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин табрикоти  самимии худро ба мардуми Тоҷикистон ба муносибати  ҷашни Наврӯзи дарпешистода арз намуданд.

Дар анҷоми суҳбат ҷонибҳо бори дигар тасмими худро оид ба пешбурди минбаъдаи муштараки рушди тамоми самтҳои муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимоди тарафайн, таъйид карданд.


Вакти нашр: 2021-03-03 10:04:08    Хонданд: 178    Муфассал...

Идомаи Курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи “Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ”

Рӯзи сеюми курси бозомӯзиро дар шаҳри Душанбе барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи “Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ” бо маърӯзаи Амонзода Ширин Шодӣ – Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ дар заминаи таъсис додани ҷойҳои нави корӣ” дар Китобхонаи миллӣ оғоз гардид.

Тибқи барномаи курси мазкур имрӯз мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши занон, ҷавонон ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар рушди ҷомеаи муосир» бо иштироки Назарзода Ризо Шодӣ – муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суҳайли Қодирӣ – сардори шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Асоев Ҷурабек – Сармутахассиси раёсати Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, сипас аз толорҳои Китобхонаи миллӣ  иштирокчиёни курс боздид намуданд.

Давоми рӯз мулоқоти роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи комиҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ дар назар аст.

Ҳамзамон, Обидзода Фозил – Раиси Фраксияи ҲХДТ дар мавзӯи “Нақши Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон ва таҳкими қонуният дар ҷумҳурӣ” маърӯза намуда, сипас аз Қасри теннис ва Маҷмааи бозиҳои обии шаҳри Душанбе иштирокчиёни курси мазкур боздид менамоянд.


Вакти нашр: 2021-03-03 10:10:53    Хонданд: 139    Муфассал...

Иштирок дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим

3 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Чорабинӣ таҳти раёсати Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас сурат гирифта, дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Маҷористон Янош Адер, Раиси СММ-Об, Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) Гилберт Ҳунгбо, сарони ҳукуматҳои як қатор кишварҳо, инчунин коршиносони байналмилалӣ иштирок карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда, дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд.

Президенти мамлакат сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод карданд.

Таъкид гардид, ки мутаассифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ - пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад.

Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тӯли 70-80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯги (забони) пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст ва ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва накӯаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо, таҳдид ба бор орад.

Дар ин робита Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.

Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки иқдомҳои музкур ва дигар ташаббусҳои ба онҳо монанд, ба ҷунбиши нави сатҳи глобалӣ ҷиҳати андешидани чораҳои зарурии дастҷамъона ва татбиқи амалҳо ба хотири ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ва нобудшавӣ такон хоҳанд дод.

Ба андешаи Сарвари давлат барои расидан ба ҳадафҳои мазкур бе ҳамкорӣ ва шарикии лозима ғайриимкон аст. “Аз назари мо, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои давраи то соли 2028 барои муттаҳид намудани саъйю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ имконоти хуб фароҳам месозад” таъкид намуданд Президенти мамлакат.

Зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин доир ба натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон дар Бунёди байналмилалии наҷоти Арал, оид ба масъалаҳои захираҳои ғании оби Тоҷикистон, истифодаи самараноки онҳо, тадбирҳо вобаста ба пешгирии падидаҳои фавқулоддаи гидро ва метереологӣ, ба мисли сел, обхезӣ, хушксолӣ, ярч ва тармафароӣ, таъсири онҳо ба иқтисодиёт ва муҳити атрофи Тоҷикистон ва буҳрони шадиди молиявиву иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар натиҷаи ҳамагирии КОВИД-19, андешаронӣ карданд.

Дар охир Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар ин зимн мо барои ҷалби таваҷҷуҳи ҳукуматҳои кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба амалҳои фаъолтар ва қабули қарорҳои таъхирнопазир ҷиҳати мубориза бо ин таҳдид саъйю талош менамоем.

Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуданд, ки фаъолияти Панели сатҳи баланд ҷиҳати муттаҳидсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан пешвоёни сиёсӣ барои иқдомоти фаъолтар ва қабули қарорҳои саривақтии лозима хидмат хоҳад кард.


Вакти нашр: 2021-03-03 13:50:40    Хонданд: 223    Муфассал...

Паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ дар заминаи таъсис додани ҷойҳои нави корӣ

Дар доираи Курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Амонзода Ширин Шодӣ – Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ дар заминаи таъсис додани ҷойҳои нави корӣ” маърӯза намуданд. Дар маърӯзаи худ қайд намуданд, ки  мову Шумо ҳама хуб огаҳӣ дорем, ки дар меҳвари сиёсати хирадмандона ва созандаву босамари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои таъмини суботи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиву умумимиллӣ мавқеи хоса доранд ва тайи даврони истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.

Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба Ҳадафҳои миллӣ устуворона қадам гузошта, инчунин, дар ҳалли мушкилоти глобалии сатҳи ҷаҳонӣ низ гомгузор аст ва иқдомҳои ҷумҳурии мо аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаву кишварҳои ҷаҳон онҳоро эътироф намудаанд.

Мусаллам аст, ки ин ҳама дастоварду пешрафтҳо натиҷаи заҳматҳои бесобиқаву ҳамарўзаи Роҳбарияти олии сиёсии кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз татбиқи босамари сиёсати дохиливу байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон манша мегиранд.

Зиёда аз ин, татбиқи босамари сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву умумимиллӣ имконият фароҳам овард, ки  Тоҷикистони азиз ҳамқадам бо дигар кишварҳои рў ба инкишофи ҷаҳон рушди устувори соҳаҳои  иҷтимоию иқтисодии худро таъмин намояд.

Пўшида нест, ки масъалаҳои таъмини суботи иҷтимоию иқтисодӣ пеш аз ҳама ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар танзими масъалаҳои бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ қаробат дорад ва аз ин хотир Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ниҳоди давлатии масъул пайваста дар ин ҷода  талош  меварзад.

Ин ҷо мехостам диққати ҳозирини гиромиро ба як нуқтаи ҳеле муҳим ҷалб намоям, ки бозори меҳнати Тоҷикистон дар асл аз се ҷузъи таркибӣ: 1) шуғлнокӣ, 2) бекорӣ ва 3) муҳоҷират, ман дар назар дорам, муҳоҷирати меҳнатӣ, иборат аст ва вазъи бозори меҳнат тавассути мушоҳида намудани тамоюли тағйирёбии ин ҷузъҳои таркибӣ арзёбӣ мегардад.

Зимни арзёбии вазъи шуғлнокии аҳолӣ бошад, масъалаҳои бокортаъминкунии аҳолии қобили меҳнат ба мадди аввал мебароянд ва яке аз омилҳои хеле муҳим ва калидӣ барои бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ – ин таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Дар робита гуфтаҳои боло мехостам махсус аз суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 иқтибос орам, ки чунин иброз доштанд:

 «Мувофиқи маълумоти омори соли ҷорӣ шумораи шаҳрвандони мо, ки берун аз кишвар фаъолияти меҳнатӣ доранд, қариб 60 фоиз кам шудааст ва ин натиҷаи рушди иқтисодиёт ва ташкили ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар мебошад.

Бо ин мақсад, мо бояд то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро боз ҳам беҳтар карда, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои сокинони кишвар ҳар сол на кам аз 100,0 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем ва бо ҳамин роҳ шиддати муҳоҷирати меҳнатиро паст намоем».

Ба таври дигар, аз ҷониби Роҳбари давлат дастур дода шуд, ки ба масъалаи таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар диққати ҷиддӣ дода шавад ва ин тамоми ниҳодҳои давлатии марбута, аз ҷумла вазорати моро низ водор месозад, ки дар ин самти фаъолият саҳми арзанда дошта бошем.

Таҳлили раванди таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ тайи панҷ соли охир, давоми солҳои 2016-2020 нишон медиҳад, ки дар ин давра маҷмўан 846 ҳазору 489 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст, ки аз ин шумора ба бахши воқеии иқтисодиёти ҷумҳурӣ 449 ҳазору 865 ҷойҳои нави корӣ (53,1%) ва ба бахши хизматрасонии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ 396 ҳазору 624 ҷойҳои корӣ (46,9%) рост меоянд.

Дар бахши воқеии иқтисодиёт шумораи назарраси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи кишоварзӣ 224 ҳазору 533 адад ва дар соҳаи сохтмон 150 ҳазору 787 адад таъсис дода шудаанд, ки маҷмўан ба 83,4 фоизи ҷойҳои нави кории таъсисдодашуда дар ин бахши иқтисодиёт баробар аст.

Дар бахши хизматрасонии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ бошад, аз ҳама беш дар соҳаи савдои яклухт ва чакана ҷойҳои кории нав таъсис дода шудааст, ки баробар ба 128 ҳазору 382 адад буда, 34,4 фоизро аз теъдоди ҷойҳои кории таъсисёфта дар ин бахш ташкил медиҳад.

 Аз рўи хусусият, аз шумораи ҷойҳои кории нави таъсисдодашуда дар ин давра, 363 ҳазору 856 адад (43,0%) ҷойҳои кории доимӣ, 253 ҳазору 159 адад (30,0%) ҷойҳои кории муваққатӣ, 193 ҳазору 044 адад (22,8%) ҷойҳои кории мавсимӣ, 11 ҳазору 545 адад (1,4%) ҷойҳои кории иловагӣ ва 24 ҳазору 888 адад (2,8%) ҷойҳои кории барқароршуда мебошанд.

Дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ давоми солҳои 2016-2020 дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 57 ҳазору 003 адад, дар вилояти Суғд 200 ҳазору 888 адад, дар вилояти Хатлон 292 ҳазору 244 адад, дар шаҳри Душанбе 151 ҳазору 827 адад ва дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 144 ҳазору 526 адад ҷойҳои кории нав таъсис дода шудаанд.

Тавре аз арқоми омории болозикр бармеояд давоми панҷ соли охир дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ наздик 850,0 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст, ки ин раванд бе ягон шубҳа ба афзоиш ёфтани шумораи аҳолии машғули кор дар дохили ҷумҳурӣ мусоидат намуд.

Дар тақвияти ин гуфтаҳо мехостам ба диққати ҳозирини муҳтарам бирасонам, ки танҳо давоми солҳои 2016-2019 шумораи аҳолии машғули кор аз 2 млн. 385,3 ҳазор нафар то ба 2 млн. 463,4 ҳазор нафар афзуд, ки афзоиш ба 78,1 ҳазор нафар ва ё 3,3 фоиз баробар мебошад.

Мутаносибан ба ин, дар давраи мадди назар дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ афзоиши шумораи аҳолии машғули кор аз 1 млн. 694,8 ҳазор нафар то 1 млн. 728,0 ҳазор нафар ё ба андозаи 1,9 фоиз зиёд шуд.

Дар бахши хизматрасонии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ бошад, шумораи аҳолии машғули кор аз 690,5 ҳазор нафар то 735,4 ҳазор нафар ё ба андозаи  6,5 фоиз зиёд гардид.

Тавре болотар дар қисмати таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт қайд намуда будам, теъдоди зиёди ҷойҳои нави корӣ дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ дар соҳаи сохтмон ва дар бахши хизматрасонии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ бошад, дар соҳаи савдои яклухт ва чакана таъсис дода шуда буд.

Дар ин замина давоми солҳои 2016-2019 дар соҳаи сохтмон шумораи аҳолии машғули кор 50,2 фоиз ва дар соҳаи савдои яклухт ва чакана 3,8 фоиз  афзоиш ёфт, яъне равобити бевоситаи раванди таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши шумораи аҳолии машғули кор бараъло ба назар мерасад.

Аз нигоҳи ман хеле бамаврид аст, ки диққати шумоёнро ба нуқтаи муҳими дигар ҷалб намоям, ки муҳтавои он ба афзоиши шумораи аҳолии дар рўйхатбудаи кироякорон бар асари афзоиш ёфтани шумораи умумии аҳолии машғули кор алоқаманд буда, сарчашмаи он низ таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ҷумҳурӣ  мебошад.

Бояд ин ҷо махсус қайд намоям, ки аҳолии дар рўйхатбудаи кормандони кироякор қисми асосии аҳолии машғули кор мебошад, ки бевосита ба истеҳсоли молу маҳсулот ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ машғул аст ва дар баробари ин, дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба таври расмӣ фаъолият доранд.

Давоми солҳои 2016-2020 шумораи дар рўйхатбудаи кормандони кироякор дар ҷумҳурӣ аз 1 млн. 102,4 ҳазор нафар то 1 млн. 220,6 ҳазор нафар ё 118,2 ҳазор нафар зиёд гардид, ки афзоиш 10,7 фоизро ташкил медиҳад ва ин тамоюлро дастоварди муҳим арзёбӣ намудан шоиста аст. 

Дар ҳамин давра шумораи дар рўйхатбудаи кормандони кироякор дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ 12,5 фоиз ва дар бахши хизматрасонии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ 4,7 фоиз афзоиш ёфт.

Афзоиши шумораи дар рўйхатбудаи кормандони кироякор боис гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулот дар дохили кишвар боло равад.

Масалан, танҳо ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ аз рўи намудҳои асосии фаъолияти иқтисодӣ дар соҳаи саноат давоми солҳои 2016-2019 аз 15 млрд. 090 миллион сомонӣ то ба 27 млрд. 613,0 миллион сомонӣ боло рафт. Дар соли ҷорӣ бошад он зиёда аз 30,0 млрд. сомониро ташкил медиҳад.

Ин арқомро ман ба он хотир ифшо намудам, ки он далели возеҳ ва равшани амалӣ гардидани ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тадриҷан гузаштан аз модели «аграрӣ-саноатӣ» ба модели «саноати-аграрӣ» мебошад ва ин раванд дар навбати худ ба эълон гардидани Ҳадафи чоруми стратегии кишвар «Вусъат бахшидани шуғли пурмаҳсул» тавъам аст.

Ҳамчунин бояд қайд намоям, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ниҳоди масъул дар танзими сиёсати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ба даст овардани ин пешрафтҳо низ саҳмгузор аст.

Давоми солҳои 2016-2020 аз ҷониби вазорат барои бо ҷойи кор таъмин намудани зиёда аз 300,0 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор дар дохили кишвар мусоидат карда шуд.

Масъалаи дигар, ки мавриди таваҷҷуҳи доимии вазорат қарор дорад, танзими раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон мебошад.

Муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳайси шуғли беруна феълан байни аҳолии кишвар маъмул аст ва  дар баробари мардон ба занҳо низ хос мебошад.

Таҳлили рақамҳои омори соҳавии раванди муҳоҷирати меҳнатӣ нишон медиҳад, ки дар айни замон муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ба хориҷи кишвар то андозае коҳиш ёфтааст.

Агар дар соли 2013 шумораи муҳоҷирони меҳнатии ҷумҳурӣ 799,7 ҳазор нафар бошад, пас дар соли 2019 - 530,9 ҳазор нафарро ташкил дода, дар се моҳи соли 2020 ҳамагӣ 129,8 ҳазор нафар мебошад. Давоми солҳои 2013-2019 раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон наздик 34,0 фоиз коҳиш ёфтааст.

Дар ин давра инчунин, шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҳисоби занон низ аз 100,9 ҳазор нафар то 77,0 ҳазор нафар ё ба андозаи 23,7 фоиз паст рафтааст.

Тамоюли мазкур агар аз як ҷониб натиҷаи паҳншавии пандемияи Ковид-19  бошад, аз ҷониби дигар бешубҳа ба раванди таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ вобастааст, ки дар ин замина шаҳрвандони бекор, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ имконияти дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин шуданро доранд.

Дар ҳамин радиф мехоҳам нуқтаи назари шахсии худро иброз намоям.

Ман сад дар сад ҷонибдорӣ рушд додани бозори меҳнати дохили кишвар мебошам, зеро ин имконият медиҳад, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар худи кишвар бо ҷойи кор таъмин карда шаванд ва ба ин васила дар пешрафти ҷумҳурӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии оилаҳои  худ  саҳмгузор  бошанд.

 Ман ҷонибдори иқтисоде нестам, ки такя бар муҳоҷирати меҳнатӣ дошта бошад, аз ин хотир авлавияти асосӣ барои ман рушд ва ҳимояи бозори меҳнати дохили кишвар мебошад.

Дар фарҷоми суханронӣ миёни иштирокчинёни курси мазкур мубодилаи афкор сурат гирифт.

 


Вакти нашр: 2021-03-03 16:17:46    Хонданд: 213    Муфассал...

Дар Парлумон мулоқоти аъзои фраксияи ҲХДТ бо раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо доир шуд

Имрӯз бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Парлумони касбии мамлакат мулоқоти аъзои фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон бо раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар назди иштирокчиёни ҷаласа муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Дилрабо Мансурӣ изҳор дошт, ки  «таҷрибаи  таърихӣ  нишон  медиҳад,  ки асри ХХ ба раванди ташаккули давлатдории миллати тоҷик такони бузург бахшидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ масъалаи ташаккули ҳизбҳои сиёсӣ ва низоми  бисёрҳизбӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида буд.  Нахуст Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» қабул гардид.  Қонуни  мазкур  нақш ва мавқеи ҳизбҳои сиёсӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳоро мушаххас намуда, муносибатҳои иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи рушди иродаи сиёсии шаҳрвандон ва инчунин ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худро  танзим менамояд”.

Роҳи тайнамудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати поягузории идеологияи давлатдории миллӣ дар тӯли фаъолияташ роҳи мушкилу пурпечутоб, аммо бошарафона буд. Дар ин муддат ҲХДТ борҳо ҳизби халқ будани худро нишон дода, исбот намуд, ки тамоми афкору маънавиёташ аз қаъри дили мардум реша гирифта, фаъолияти амалиаш ба манфиати халқ равона шудааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тӯли ин солҳо ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии  сиёсӣ  дар  ҷомеа  нуфузи  махсусро  соҳиб  гардида,  аз  оғози таъсиси худ то имрӯз дар рушди кишвари азизамон нақши сазовор гузошта истодааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо рисолати  созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона миёни мардум  ба  таври шоиста муаррифӣ гардида,  аз як  гурӯҳи хурд  ба ҳизби муосири қариб ниммиллионнафара, ба неруи пешсаф, ташаббускору созанда табдил ёфтааст.

Фаъолияти назаррас ва ибратбахши бонувону духтарон мавриди таваҷҷуҳ ва эътибори ҳамешагии давлату Ҳукумат қарор дорад.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша занону бонувонро ҳамчун шахсияти бомасъулият, меҳрубон, устувор ва ояндадор баҳо дода, иброз менамоянд, ки нисбат ба ин табақаи ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Тавре огоҳӣ доред, мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон (25,8 фоиз) ва ба Маҷлиси намояндагон 15 нафар (23,8 фоиз) интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад.

Дар мулоқот раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фозил Обидзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода роҷеъ ба рисолати  созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарваронаи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни мардум сухан гуфтанд.

Иштирокчиёни ҷаласаи мазкур  аз Осорхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.


Вакти нашр: 2021-03-03 17:17:36    Хонданд: 187    Муфассал...

Бахшида ба Рӯзи Модар аксияи «Фидои дасти дуои модар» доир мегардад

45 март бахшида ба Рӯзи Модар бо ибтикори дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва  Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таҳти унвони «Фидои дасти дуои модар» аксия ва иқдомҳои идона доир мегарданд.

Тавре  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, муовини якуми Раиси  Ташкилоти ҷамъиятии  ҷавонон «Созандагони Ватан» Изатуллои Ҳабибзод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар доираи ин иқдом ба шаҳрвандони мамлакат,   хусусан ба ҷавонон муроҷиатнома ирсол  карда мешавад, ки дар он чунин омадааст:

Бонувон ва модарони азиз! Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Шӯрои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Шуморо ба муносибати Рӯзи Модар табрик гуфта, бароятон саломативу саодатмандӣ таманно дорад.

Бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мақоми занон дар ҷомеа баланд гардида, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа содиқона фаъолият намуда истодаанд.

Мояи сарафрозист, ки занону бонувон дар пешрафту шукуфоии мамлакат ҳамарӯза саҳм гузошта, барои тарбияи фарзандони ватандӯсту хештаншинос талош меварзанд. Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “сухане, ки модар ба фарзанд мегӯяд, дӯстдориву меҳрубонӣ ва ғамхорие, ки нисбат ба фарзанд зоҳир мекунад, ин муҳаббати ҷовидониро каси дигар иброз карда наметавонад ва чунин ғамхориву дӯстдориро ҳаргиз шахси дигар карда наметавонад. Модар бо идомаи рисолати волои модарӣ  барои фарзанд  дарҳои илму маърифатро боз мекунад, яъне нахустин омӯзгори фарзанд маҳсуб мешавад, ба хотири орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат пайваста талош меварзад”.

Ҳамзамон дар доираи ин ташаббус аксияи иттилоотӣ ва иқдоми хайриявӣ бо номи “Кумак ба Модар” роҳандозӣ гардида, субҳи барвақт бо ҷалби аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир мегарданд.

Дар аксияи иттилоотӣ инчунин варақаҳои таблиғотӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба бонувон тақсим гардиданд. Дар доираи аксияи мазкур ҷавондухтарон хонаву дари бонувони бемор ва яккаву танҳоро рӯбучин ва тоза намуда, писарон бехҳои дарахтонро нарм ва барои омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ  қитъаи замини наздиҳавлигии онҳоро побел намуданд. Зимнан ба онҳо як миқдор маводи ғизоӣ  низ расонида шуд.

 


Вакти нашр: 2021-03-04 18:40:06    Хонданд: 197    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар 14-умин Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) иштирок намуданд

4 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 14-умин Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар оғози суханронӣ Сарвари давлат оид ба бӯҳрони шадиди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳонии дар натиҷаи бемории нави сироятии КОВИД-19 ба амаломада, андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои Саммити имрӯза ба истифодаи беш аз пеши нерӯи Созмон ҷиҳати рафъи оқибатҳои пандемия ва таъмини рушди устувор дар минтақаи он мусоидат хоҳанд кард.

Бо таҳлили вазъи ҳамкории тиҷоратӣ байни кишварҳои аъзои Созмон ҳамчун омили рушди босуръати иқтисоди минтақавӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки тиҷорат дар миёни кишварҳои аъзои ЭКО ҳамагӣ ҳашт фоизи ҳаҷми умумии савдои онҳоро ташкил медиҳад ва ин рақам баёнгари истифодаи нокифояи имкониятҳои тиҷоратӣ дар байни давлатҳо мебошад.

Зимни суханронии пурмуҳтаво Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сатҳи ҳамкории кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро дар соҳаҳои нақлиёт, коммуникатсия, энергетика, саноат, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок, ҳифзи муҳити зист ва дар бахши аграрӣ таҳлил намуда, густариши робитаҳо ва татбиқи барномаву лоиҳаҳои муҳимро барои таъмини рушди устувор дар минтақа зарур шумурданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъсиси Маркази энергияи тозаи ЭКО ҷонибдорӣ карда, татбиқи лоиҳаи сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқи “CASA-1000”, ки нахустин пули энергетикӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ хоҳад буд, иқдоми саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар шароити имрӯза Дабирхонаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ бояд дар ҳамоҳангсозии талошҳои кишварҳои аъзо ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқаворӣ, рафъи бекорӣ, камбизоатӣ ва дигар мушкилоти мушаххас дар паҳнои Созмон, ки дар давраи пандемия шиддати нав пайдо намудаанд, ташаббускор бошад. Изҳори умед карда шуд, ки фаъолияти лоиҳавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба рафъи мушкилоти номбаршуда ва мусоидати ҳамаҷониба ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои аъзо нигаронда хоҳад гардид.

Бо дарназардошти вазъияте, ки дар пасманзари пандемия ба вуқӯъ пайвастааст, Президенти мамлакат ҳамчунин таъсиси абзори ҳамкории минтақавии мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, алахусус бо “КОВИД-19”-ро ба мақсад мувофиқ шумурданд.

Дар робита ба тақвияти ҳамкориҳои кишварҳои узви Созмон дар соҳаи сайёҳӣ таъкид карда шуд, ки шаҳри Душанбе пойтахти сайёҳии ЭКО барои солҳои 2020-2021 эълон гардидааст ва дар идомаи тадбирҳо ҷиҳати рушди бахши сайёҳӣ моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии “Душанбе-пойтахти сайёҳии ЭКО” ва Форуми байналмилалии рушди агротуризм баргузор карда мешавад.

Вобаста ба масъалаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон ба ҳайси мавзӯи рӯзмарра дар доираи Созмон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тасмими баргузории ҷаласаи сатҳи баланди Ҳамоиши “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” изҳори андеша карда, аз кишварҳои иштирокдори нишасти имрӯза ҷиҳати ширкати фаъол дар кори он даъват ба амал оварданд.

Президенти мамлакат барои дастёбӣ ба ҳадафҳои Созмон, ки дар санади стратегии “Диди ЭКО-2025” инъикос ёфтаанд, омодагии Тоҷикистонро изҳор доштанд.

Дар фарҷоми суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати сермаҳсули Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Саммити ЭКО-ро қайд карда, ба Ҷумҳурии Туркия дар фаъолияташ ба ҳайси раиси Саммити чордаҳуми Созмон барори кор орзу намуданд.


Вакти нашр: 2021-03-04 20:12:25    Хонданд: 158    Муфассал...

Дар Душанбе дар мавзӯи «Бонувон дар меҳвари Паём» конференсия ва таҳти унвони «Инъикоси чеҳраи зан-модар дар ёдгориҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон» намоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи Модар дар Осорхонаи миллӣ  конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи  «Бонувон дар меҳвари Паём» баргузор  ва  намоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Инъикоси чеҳраи зан-модар дар ёдгориҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон» оғоз  гардид.

Нахуст директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода иштирокдорони ҳамоиш — занону ҷавондухтарони фаъоли мамлакатро бо фарорасии Рӯзи Модар табрик намуда, иброз дошт, ки  ба хотири арҷ гузоштан ба  манзалати зан-модар  дар Осорхона ҳамасола намоиш таҳти унвони «Симои зан-модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон» баргузор мегардад, ки  дар он   асарҳои офаридаи мусаввирон ва ҳайкалтарошони наслҳои гуногуни Тоҷикистон, ки дар фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ  ҳифз ва нигаҳдорӣ мегарданд, ба  тамошо гузошта мешаванд.

 

«Дар  намоиши имсола  беш аз 120 адад экспонат, аз ҷумла мусаввараву нипайкараҳо, диплому сипосномаҳо, ҷоиза ва ҳуҷҷатҳо ба тамошо гузошта шудаанд.  Ин асарҳо  аҳамияти таърихӣ ва тарбиявӣ дошта, аз далерӣ ва матонати зан-модари тоҷик қисса мекунанд. Намоиши «Инъикоси чеҳраи зан-модар дар ёдгориҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон»  то 15 март идома меёбад»,- афзуд директори Осорхонаи миллӣ.

Баъди тамошои намоишгоҳи зикршуда дар маҷлисгоҳи Осорхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Бонувон дар меҳвари Паём»  оғоз гардид. Конференсияро муовини Раиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба нерӯи созандаи тамоми мардуми Тоҷикистон, бахусус занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил доранд ва тавре он кас дар Паёми имсолаашон таъкид намуданд,  «дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем».

«Занону модарони мо ҳанӯз дар оғози даврони истиқлоли давлатӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ ва ба эътидол овардани вазъи кишвар азму талош карда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми арзишманд гузоштанд. Ҳоло ҳазорҳо нафар занону бонувони қавиирода ва ҷасуру далери мо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмати Модар – Ватанро адо карда, дар ҳифзи марзу буми кишвар ва тартиботу оромии ҷомеа баробари мардон адои вазифа карда истодаанд.Мо бо чунин занону бонувони матиниродаи миллат ифтихор мекунем ва ба садоқати онҳо ба Ватан аҳсан мехонем.Ҳукумати мамлакат барои мунтазам беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону бонувон ва дастгирии ин табақаи бонуфузи ҷомеа ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида истодааст», — чунин иқтибос овард номбурда аз яке аз суханрониҳои Пешвои миллат бахшида ба Рӯзи Модар.

Сипас дар конференсия муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонова, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Зулфия Давлатзода, муовини якуми вазири адлия Нигина Ализода, собиқадори меҳнат Тамара Абдушукурова ва дигарон   дар бораи масъалаҳое, ки  дар Паёми имсолаи Пешвои миллат оид ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа дарҷ гардидаанд, ибрози андеша намуда, иштирокдорони ҳамоишро бо фарорасии Рӯзи Модар табрику таҳният гуфтанд.

 

Баромадкунандагон аз дастгириву таваҷҷуҳи давлату ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба занону ҷавондухтарон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ёдоварӣ намуда, яке аз Фармонҳои нахустини Президенти мамлакатро дар бораи баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа  дар сарнавишти занони тоҷик тақдирсоз арзёбӣ намуданд.

-Яке аз афзалиятҳо дар фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар самти баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа – ин ҳифзи ҳуқуқи онҳо,  бо ҷойи кору маоши муносиб таъмин намудани  бонувон  мебошад,-изҳор доштанд аксари баромадкунандагон.

Дар ҳамоиш  паҳлуҳои гуногуни ҳаёти занон, аз ҷумла ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ба хушунати хонаводагӣ дучор гардидани онҳо низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки дар ин маврид пешниҳодҳои ҷолиб баён шуданд.

Дар  конференсия таъкид гардид, ки занону бонувони тоҷик аз он ки дар фазои орому осуда умр ба сар мебаранд хушбахту саодатманд мебошанд ва барои нигоҳ доштани ин сулҳу субот онҳо  бояд дар тарбияи фарзандони арзандаву содиқи Ватан саҳмгузор бошанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»


Вакти нашр: 2021-03-04 20:17:18    Хонданд: 145    Муфассал...

«Зан – модар пайвандгари имрўзу фардо»

Субҳи имрўз таҳти чунин унвон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати  гиромидошти зан - модар ва арҷгузорӣ ба нақши онҳо дар ҷомеа башида ба Рўзи модар Ҳамоиши занон баргузор гардид, ки дар кори он Хонзода Абдураҳмон Умар - Роҳбари Дастгохи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Гавҳар Шарофзода- вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низом Қосим - Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Мирзозода Иброҳим Холмурод –Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Қобилзода Далер – вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, занони фаъол аз ҳисоби кормандони ҳифзи ҳуқуқ, занону бонувони сатҳи роҳабрикунадаи вазорату идораҳо, ҷавондухтарону кормандони  ҳизбии пойтахт иштирок намуданд.

       Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён дар васфу ситоиши зан- модар суханрони намуда, қайд карданд, ки модар олиҳаи ҳусну малоҳат, офарандаи оламу одам, мураббии башарият ва бақову манзалати ҳар як хонадон аст.

Ба таъкиди Асосгузори сулҳу вадати миллӣ -Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, сарвари муваффақ, донишманди асил, табиби ҳозиқ, соҳибкори саховатпеша, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад».

Ҳамзамон, аз ҷониби шоири шинохтаи тоҷик Низом Қосим дар  ситоиши зан - модар шеърҳо қироат гардид, ки чорабиниро рангину ҷилои бештар бахшид.

Дар фарҷом аз ҷониби Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ба иштирокчиёни ҳамоиш туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

 


Вакти нашр: 2021-03-05 18:10:05    Хонданд: 269    Муфассал...

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – сарпарасти маънавии Неругоҳи барқии обии «Роғун»

Дар идомаи курси барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи “Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ” иштирокчиёни курс баҳри таҷрибаомӯзӣ аз фаъолияти кумитаи иҷроияи ибтидоии НБО "Роғун" дидан намуданд. Дар равандь таҷрибаомӯзӣ муовини якуми Ҳизби Халқии Деморатии Тоҷикистон, муҳтарам Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – сарпарасти маънавии Неругоҳи барқии обии «Роғун». Бо дарназардошти он, ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқро ҳануз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян карда буд. Дар ин роҳи душвору заҳматписанд вале пуршараф мо марҳила ба марҳила ба дастовардҳои бузургу беназир ноил гардидем, ки инро тамоми давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ эътироф менамоянд.

Ҳамзамон, Сафарзода Хайрулло - Директори генералии ҶСК НБО «Роғун» оид ба фаъолият ва вазъи сохтмони НБО «Роғун» суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Роғун - бинобар ин, барои мӯътадил нигоҳ доштани на танҳо иқлими Тоҷкистон, балки Осиёи Миёна нақши муассир дорад. Чихеле, ки маълум аст яке аз мушкилиҳои асосии сатҳи ҷаҳонӣ ин тағирёбии иқлим мебошад. Яке аз аъзои "Маҷмаи байналмилалии тағйироти обу ҳавоӣ" гуфтааст, "ҳар зарра афзоиши дараҷаи ҳарорат, паёмади носазое дорад". Пажӯҳишгарон хостори тағйироти аслӣ ва бунёдӣ дар сиёсатҳои марбут ба энержӣ, саноат ва фановарӣ, истеҳсолот, боркашонӣ ва шаҳрнишинӣ шудаанд. Ин ҳушдори пажӯҳишгарон аз саросари ҷаҳон дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ борҳо аз обшавии пиряхҳо тайи солҳои ахир дар кишвар ҳушдор дода буд. То 50 соли пеш дар Тоҷикистон 14 ҳазор пиряхи хурду бузург ба қайд гирифта шуда буд. Пиряхҳои хурду бузурги Тоҷикистон манбаи аслии об дар Осиёи Марказианд, аммо дар 30 соли ахир ба сабаби гармии кураи Замин беш аз 1000 пирях комилан аз байн рафтаанд ва садҳо пиряхи дигар дар ҳоли ақибнишинӣ ҳастанд. Баъди сохтмони нерўгоҳҳои барқи обии банақшагирифташуда дар Тоҷикистон истеҳсоли солонаи қувваи барқ ба 527 миллиард кВтсоат мерасад. Аз ин миқдор 27 миллиард кВтсоат қувваи барқ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон то солҳои 2025 басанда аст. Боқимонда, яъне 500 миллиард кВтсоат қувваи барқро ба давлатҳои ҳамсоя интиқол додан мумкин аст. Агар мо ин миқдор қувваи барқро ба ҳисоби миёна бо нархи 25 дирамӣ ба бозор ҷаҳонӣ барорем, яъне дар як сол 125 миллиард сомониро ташкил мекунад, ки ба сари ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сол 17857 сомонию 15 дирам рост меояд. Нерўгоҳҳои барқӣ обӣ - ободиву сарсабзии имрўзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рўшноиву гармии шабонарўзии ҳар хонадони мардуми мо мебошад. Нерўгоҳҳои барқӣ обӣ - воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, омили таконбахши рушди маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва фаъолияти пурсамару бардавоми бемористону ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ мебошад Нерўгоҳҳои барқӣ обӣ - иқтисодиёти давлат, миллат ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари бунёди иншоотҳои барқӣ ҳамчунин ният дорад, ки ҳаҷми содироти онро ба хориҷ афзун намояд. Ин манбаи нурро мо аз давраи Иттиҳоди Шӯравӣ то давраи Истиқлолият дар зарфи чандин солҳо ва мушкилиҳо ба анҷом расонида, яке аз объектҳои асосии миллати тоҷик ба ҳисоб рафта. Саҳми пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон дар ин иншооти бузур назир надорад. Инак эътимоди комил пайдо шуд, ки мо тавонистем монеаи бузурги рушди мамлакат – норасоии барқро бартараф намоем.

Сипас иштирокчиён аз рафти корҳои сохтмонии НБО " Роғун" аз наздик шинос шуда, бо чорабинии фарҳангӣ хотири иштирокчиён ва сохмончиёни НБО " Роғун"-ро болида намуданд.


Вакти нашр: 2021-03-05 18:23:25    Хонданд: 257    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов мулоқот намуданд

5 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузовро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд баррасӣ гардид.

“Тоҷикистон ба масъалаи рушди ҳамкории судманд бо Бонки Авруосиёии Рушд, аз ҷумла дар самти ҷалби сармоя ба бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт ҳавасманд аст”. — таъкид намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Аз сатҳи ҳамкории дуҷониба ва иқдоми Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба татбиқи лоиҳаи сохтмону муҷаҳҳазгардонии 5 мактаб дар Тоҷикистон, ки тавассути Фонди Авруосиёии устуворӣ ва рушд амалӣ мегардад, изҳори қаноат карда шуд. Мавриди зикр аст, ки идоракунандаи фонди мазкур Бонки Авруосиёии Рушд мебошад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот имкониятҳои ҳамкории пурсамар ва ҷалби сармояро барои рушди саноат, аз ҷумла истихроҷу коркарди маъдан, саноати хӯрокворӣ ва сабук дар асоси коркарди маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва рақамикунонии иқтисодиёт, табодули андеша карданд.

Дар бахши энергетика иштироки бонк дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои хурду бузург ва бунёди хатҳои интиқоли барқ, зарур шумурда шуд.

Дар мулоқоти ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Мулоқот бо Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов 05.03.2021


Вакти нашр: 2021-03-05 19:04:11    Хонданд: 163    Муфассал...

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 5 марти соли 2021 №62
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми
директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва
нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Пирназарзода Д.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Пирназарзода Диловар Маҳмадназар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 5 марти соли 2021 №63
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи сардори Хадамоти давлатӣ
оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи Вазорати энергетика
ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Қурбонзода А.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қурбонзода Абдулло Абдураҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 5 марти соли 2021 №64
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Ширкати
саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»
озод намудани Убайдуллозода Ғ.Х.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Убайдуллозода Ғолиб Хонҷон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 5 марти соли 2021 №65
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон
ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит
озод намудани Асомуддинзода Т.И.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Асомуддинзода Тоҷиддин Исломиддин аз вазифаи ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 5 марти соли 2021 №66
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори муассисаи давлатии
«Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон»
озод намудани Исмоилзода З.Б.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 5 марти соли 2021 №67
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори муассисаи давлатии
«Литсей — интернати Президентӣ барои кӯдакони
болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон»
озод намудани Исмоилзода Б.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Исмоилзода Баҳром Мансур аз вазифаи директори муассисаи давлатии таълимии «Литсей — интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 5 марти соли 2021 №68
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми директори Агентии стандартизатсия,
метрология, сертификатсия ва нозироти савдои
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Давлатзода Р.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Давлатзода Раҳмоншо муовини якуми директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 5 марти соли 2021 №69
ш. Душанбе

Дар бораи муовини директори Агентии стандартизатсия,
метрология, сертификатсия ва нозироти савдои
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Сафарзода М.Х.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Сафарзода Мансур Хӯҷавали муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 5 марти соли 2021 №70
ш. Душанбе

Дар бораи сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат
дар соҳаи энергетикаи Вазорати энергетика
ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Убайдуллозода Ғ.Х.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Убайдуллозода Ғолиб Хонҷон сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 5 марти соли 2021 №71
ш. Душанбе

Дар бораи директори муассисаи давлатии
«Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон»
таъин намудани Исматзода С. М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ директори муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 5 марти соли 2021 №72
ш. Душанбе

Дар бораи директори муассисаи давлатии
телевизиони «Илм ва табиат»
таъин намудани Исмоилзода З.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон директори муассисаи давлатии телевизиони « Илм ва табиат» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 5 марти соли 2021 №73
ш. Душанбе

Дар бораи ректори Донишкадаи исломии
Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа
Нӯъмон ибни Собит таъин намудани
Зокирзода Н.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Зокирзода Нусратулло Мелик ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 5 марти соли 2021 №74
ш. Душанбе

Дар бораи директори муассисаи давлатии таълимии
«Литсей — интернати Президентӣ барои кӯдакони
болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон»
таъин намудани Ғайратзода Л.Д.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ғайратзода Лайло Диловар директори муассисаи давлатии таълимии «Литсей — интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


Вакти нашр: 2021-03-05 19:28:24    Хонданд: 208    Муфассал...

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои ҳавасмандгардонии поккорони пойтахт беш аз 3 миллиону 633 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид

Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи Модар  ҷиҳати ҳавасманд намудани кормандзанони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт, бонувон, кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин   барои гузаронидани барномаи фарҳангӣ ба ин муносибат  3 633 450 (се миллиону шашсаду сиву се ҳазору чорсаду панҷоҳ) сомонӣ  ҷудо гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  тибқи қарори мазкур муовинони раиси шаҳр – сарпарасти ноҳияҳо якҷоя бо раисони ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе  вазифадор гардиданд, ки то 6 марти соли 2021 ҷиҳати дар фазои тантанавӣ дастрас гардонидани маблағ ва туҳфаҳои ҷудошуда  тадбирҳои зарурӣ андешанд.

 


Вакти нашр: 2021-03-05 19:37:20    Хонданд: 184    Муфассал...

Идомаи Курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи “Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ”

Рӯзи панҷум аст, ки бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон курси бозомӯзиро дар шаҳри Душанбе барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи “Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ” идома дорад.

Тибқи барномаи курси мазкур имрӯз аз маърӯзаи Ҳабибзода З - мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар мавзӯи «Ташкилоти ибтидоӣ - асоси ҳизб» оғоз гардида, сипас иштирокчиёни курс баҳри таҷрибаомӯзӣ аз фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дидан намуданд.

Ҳамзамон, давоми рӯз дар мавзӯъҳои «Истифодаи инноватсия дар фаъолияти ҳизбӣ» Миралиён Қ.. - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, «Нақши Маркази матбуот ва таҳлилӣ дар таҳкими корҳои таблиғотию ташвиқотӣ»  Наимов М. - Роҳбари Маркази иттилоот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, «Танзим ва назорати молиявии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ – асоси пешрафти фаъолияти ҳизбӣ»  Файзизода Мирзоалӣ – мудири шуъбаи молиявии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва “Самараноку мақсаднок истифода намудани воситаҳои асосии конхона” – Аҳмадзода О. – ёрдамчии муовини якуми Раиси ҲХДТ маърӯза намуданд.

Дар фарҷоми суханронӣ миёни иштирокчинёни курси мазкур мубодилаи афкор сурат гирифтанд.


Вакти нашр: 2021-03-05 20:49:15    Хонданд: 185    Муфассал...

Ҷамъбасти курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи “Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ”

Ёдовар бояд шуд, ки бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон курси бозомӯзиро дар шаҳри Душанбе барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи “Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ” аз 1 то 6 март баргузор карда шуд.

Иштирокчиёни курси мазкур оғози рӯзи навро бо шинонидани дархтони сояафкан ва ороишӣ бо иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор оғоз намуданд.

Тибқи барномаи курси мазкур давоми рӯз натиҷагирӣ, вазифагузорӣ ва супоридани сертификат ба иштирокчиёни курс- раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил гардид.

Маърӯзаҳои имрӯза бо дастуру ҳидоятҳои муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор оғоз гардида, барои поквиҷдонаву  садоқатмандона хизмат намудан ба давлату миллат, пос доштани муқаддасоту марзу бум ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб гузоштан аз иштирокчиён ва кулли аъзоёни ҳизб даъват ба амал оварданд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби халқӣ буда, доимо дар бари мардум мебошад. Аз ин ру, мову шуморо зарур аст, ки ба боварии халқ лоиқ бошем ва ҳамеша дар хизмати халқу миллат камари ҳиммат бандем.

Ҳамзамон, ба ҳар як иштирокчӣ барои бо муваффақият хатм намудани курси бозомӯзӣ, ки барои баланд бардоштани касбият ва донишу малақа ташкил гардида буд, сертификат супорида шуд. Сипас бо барномаи фарҳангии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон – Афзалшо Шодиев хотири иштирокчиён болида гардид.

Бояд қайд намуд, ки курси мазкур бо тамошои Маҷмааи “Кохи Наврӯз” ҷамъбаст гардида, дар вақти боздид аз толорҳои он қайд гардид, ки Кохи Наврӯз бо усули меъмории миллӣ сохта шуда, аз 5 ошёна иборат мебошад, ки наздики 40 ҳазор метри муррабаъ кори дастии ҳунармандони тоҷик мебошад. Ҳамчунин, дорои айвончаҳои тобистона, фаввораҳои ранга буда, ба бино шукӯҳу шаҳомат мебахшад. 11 толори маҷмаа бо шакли ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили гаҷкорӣ, мозайка аз шишаҳои ранга, сақфҳои рангубор, чӯбкорӣ, сангороишӣ истифода бурда шудааст.

Толори «Дидор» (гаҷкорӣ, наққошӣ). Даромадгоҳи толор бо нақшу нигори «кундал» оро дода шудааст. Ин толори банкетӣ буда дар деворҳои он гаҷкорӣ дар рӯйи оина иҷро шуда, дар он нақшу нигори миллӣ акс ёфтааст. Сақфи он бо рангҳо зебо наққошӣ карда шудааст. Аз ду тараф зинапояи чӯбин бо кандакорӣ оро дода шудааст. Масоҳати толор 1100 метри муррабаъ мебошад.

Толори «Аржанг» - ин толор аз 29 намуд сангҳои нимқиматбаҳои Тоҷикистон (бинобар толори сангин низ мегӯянд) сохта шудааст. Дар девор мозаика аз рӯйи мусаввараҳои Камолиддин Беҳзод иҷро карда шудааст. Масоҳати толор 1000 метри муррабаъ мебошад.

Толори «Гулистон» - (толори кандакорӣ низ мегӯянд) намоиши ифтихори кандакории тоҷик мебошад. Дар ин толор бештар аз 6000 метри муррабаъ кандакорӣ дар чӯб бо сардории усто Бурҳон (Исфара) иҷро шудааст. Он 16 сутун дорад. Қандили бузургаш 3 тонна буда булурӣ мебошад. Масоҳати толор 1650 метри муррабаъ мебошад.

Толори «Зарандуд»- баландтарин толори бино аст. Қандили бузургаш 6 тоннаву 700 кг вазн дошта 1600 чароғак дорад. Дар ҳар як қисми девор рамзи тоҷи заррин бо ҳафт ситораро дидан мумкин аст. Дар сутунҳо (16-то) ва болои он нақшҳо бо тиллои маҳин ороиш дода шудаанд (бинобар толори тиллоӣ низ мегӯянд). Деворҳои толор бо гаҷкорӣ дар оина ва шиша оро дода шудааст. Ҳама кор бо сардории усто Анваршо Ризвонов (н. Рашт) иҷро карда шудааст.


Вакти нашр: 2021-03-06 18:28:45    Хонданд: 255    Муфассал...

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар

Модарону бонувони арҷманд ва хоҳарони азиз!

Ба ифтихори Рӯзи модар, ки дар оғози фасли зебои баҳор фаро мерасад, тамоми модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони азизро самимона табрик мегӯям ва ба ҳар яки онҳо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори осуда орзу менамоям.

Модар ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубонест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ба ӯ сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия мекунад ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накӯкорӣ ва инсондӯстиро ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани нури чашмонаш саъю талош менамояд.

Яъне модар барои ташаккули маънавии фарзанд шабонарӯз заҳмат мекашад, тамоми умри худро бо ғаму шодии ӯ сипарӣ менамояд ва ҳамеша дар орзуи хушбахтии фарзандаш аст.

Модар то вақте, ки дар қайди ҳайёт аст, фарзанд барояш мисли ҳамон тифлаки азизу ширини дирӯза аст: ӯро навозишу эҳтиёт мекунад ва ҳаргиз намехоҳад, ки доғи фарзандашро бинад.

Ба ибораи дигар, модар фарзанди худро бо тамоми вуҷудаш дӯст медорад, зеро фарзанд маънои ҳастии ӯ ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, модар барои ҳар як шахс ниҳоят азизу гиромӣ ва муқаддастарин инсон мебошад.

Маҳз ба хотири ҳамин фазилату заҳматҳои модар бузургони адабу фарҳанг аз замонҳои қадим то имрӯз дар осорашон меҳру муҳаббат ва матонату садоқати ӯро ситоиш мекунанд.

Воқеан, тамоми бузургону фарзонаҳои оламро модар ба дунё оварда, ба мартабаҳои оламшумул расонидааст.

Вале мехоҳам як нуктаи муҳимро иброз намоям: ҳар қадаре, ки бузургон модарро ситоиш накунанд ва ба ҳар андозае, ки мо хизмати модарро ба ҷо наоварем, ранҷи бедорхобӣ ва заҳмати ҳатто барои як фарзанд кашидаи ӯро ҷуброн карда наметавонем.

Мо ҳамеша ифтихор мекунем, ки модарону бонувони кишвари мо бо меҳрубониву самимият ва ҳунармандиву маърифати баланди худ маҳбуби дилҳо мебошанд.

Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон садҳо ва ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст.

Саҳми модарони тоҷик имрӯз низ дар тарбияи фарзандони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпараст бузург мебошад.

Фарзандони тарбиякардаи модари тоҷик ҳоло бо заҳмати бунёдкорона ва ташаббусҳои созандаашон давлати соҳибистиқлол ва Ватани аҷдодиамонро обод карда, мақому манзалати Тоҷикистони соҳибихтиёрро торафт баланд бардошта истодаанд.

Мо ҳамеша ба нерӯи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони баодобу соҳибмаърифат, инчунин, заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем.

Ман дар паёми навбатии худ ба фаъолияти занону бонувон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар баҳои баланд дода, саҳми арзандаашонро дар таъмини пешрафти давлат, ободии Ватан ва сулҳу субот махсус таъкид намудам.

Имрӯз мо бо қаноатмандӣ метавонем гӯем, ки тайи сӣ соли истиқлоли давлатӣ занону бонувони мо дар ҳамаи соҳаҳо баробари мардон хизмат карда истодаанд.

Ҳамчунин, бояд гуфт, ки саҳми бонувону занон дар тарбияи насли солим, танзими расму ойинҳо ва муқовимат ба ифротгароиву хурофотпарастӣ басо арзишманд мебошад.

Дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат ба мақомоти марбута супориш дода шуд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи занону бонувон «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва амалӣ намоянд.

Бовар дорам, ки бо қабул ва иҷрои санадҳои мазкур мақоми занону бонувон дар ҷомеаи мо боз ҳам таҳким меёбад.

Тавсеа бахшидан ба раванди иштироки занону бонувон дар рушди иқтисодии кишвар, зиёд кардани ҳаҷми грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок барои занону бонувони соҳибкор аз ҷумлаи чорабиниҳое мебошанд, ки имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалӣ шуда истодаанд.

Инчунин, бо мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи ҳунарҳои мардумӣ ва корҳои хонагӣ дар самти ташкил кардани корхонаҳои хурду миёна ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳи зиндагии занону бонувон ва оилаҳои камбизоат андешидани чораҳои мушаххас ба нақша гирифта шудаанд.

Дар таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, аз ҷумла ҷавондухтарони мо имрӯз дар баробари соҳиби касбу ҳунар намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона омода кардан, омӯзонидани ахлоқи ҳамида, маърифати оиладорӣ ва ҳунари кадбонугӣ масъалаҳои муҳимтарин ба шумор мераванд.

Бо эътимоди комил изҳор медорам, ки модарону бонувони азизи мо рисолати худро дар ин самт низ бо камоли масъулият иҷро мекунанд.

Мо рӯзи модарро ҳар сол дар рӯзҳои нахустини фарорасии фасли баҳор ва дар арафаи ҷашни бузургтарину қадимтарини миллиамон – Наврӯз, ки ҳоло мақоми байналмилалӣ гирифтааст, ҷашн мегирем.

Дар остонаи ин ҷашн бори дигар таъкид менамоям, ки Тоҷикистон на танҳо ватани Наврӯз, балки Сада, Тиргон, Меҳргон ва дигар ҷашну ойинҳое мебошад, ки дар ташаккул, ҳифз ва ба наслҳои минбаъда ба мерос гузоштани онҳо занону модарони мо саҳми арзишманд доранд.

Ва боиси ифтихор аст, ки аксари занону модарон ва духтарону хоҳарони мо имрӯз ба Наврӯз, ойину анъанаҳо ва арзишҳои неки миллӣ арҷ мегузоранд.

Вобаста ба ин, ба ҳар фарди бонангу номус, махсусан, ба наврасону ҷавонон хотиррасон месозам, ки падару модарон ва бонувону хоҳаронро дар ҳама ҳолат эҳтиром намоянд, нисбат ба онҳо ҳамеша меҳрубону дилсӯз бошанд, иззату ҳурмати калонсолонро ба ҷой оваранд ва дуои неки онҳоро гиранд.

Хотирнишон месозам, ки ин меъёр, яъне масъулияти фарзандон барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар дар Конститутсияи мамлакат дарҷ гардидааст.

Мо бояд аҳли ҷомеа ва фарзандони худро ҳамеша ба роҳи рост ва барои ҳифзи истиқлолу озодӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон ҳидоят намоем.

Бовар дорам, ки модарону занони муҳтарам ва бонувону хоҳарони азизи мо минбаъд низ барои тарбияи наслҳои ояндасозу ободгари халқамон, таҳкими оила, ба хотири рушди давлат ва ободии Ватан заҳмат мекашанд ва ҷашни бузурги миллӣ – сисолагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои сазовор истиқбол мегиранд.

Бори дигар тамоми модарону бонувони азиз ва хоҳарону духтарони гиромиро ба ифтихори Рӯзи модар табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо хонаи обод, бахту иқболи нек, файзу баракат ва дар ҳаёти оилавӣ меҳру муҳаббати самимӣ орзу менамоям.

Ҷашн муборак бошад, модарону бонувони азиз!


Вакти нашр: 2021-03-09 09:11:06    Хонданд: 110    Муфассал...

НАВРӮЗ-2021. Дар Душанбе баландтарин дар ҷаҳон табақи сабзаи суманак насб гардида, дарозтарин дастурхони идона густурда мешавад

Дар маркази шаҳри Душанбе — майдони «Дӯстӣ», дар паҳлӯи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ баландтарин табақи сабзаи суманак, ки рамзи баҳору Наврӯз аст, қомат  меафрозад. Баландии  суманак  30 метрро ташкил дода, паҳноии табақи он 16 метрро  дарбар мегирад.

Дар ин бора имрӯз ба АМИТ «Ховар» директори Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши  шаҳри Душанбе» Нурҷаҳон Исмоилзода хабар дод.

Нурҷаҳон Исмоилзода,
директори МД «Рекламаи берунӣ ва
ороишии шаҳри Душанбе»

Ба гуфти Нурҷаҳон Исмоилзода, инчунин дар  майдон, дар паҳлӯи ин рамзи наврӯзӣ, дастурхон бо дарозии 10 метр ва паҳноии 6 метр густурда   хоҳад шуд,  ки  он тибқи  анъанаи асосӣ ва қадимаи   ҷашни Наврӯз — «ҳафт син» ва «ҳафт шин» ороста мешавад.

Дар  майдони марказии пойтахт  ҳамчунин дарахтони пургул, гулҳои рангоранг  ва дигар ороишоти наврӯзӣ насб мегарданд. Девораи намоиши гулҳои баҳорӣ бо дарозии 45 метр ва баландии 3 метр — аз навгониҳои дигар дар ин майдон бахшида ба ҷашни пуршукӯҳи ниёгон мебошад. Дар майдон инчунин конструксияи наврӯзӣ бо кураи Замин ва навиштаҷоти «Наврӯз муборак!» гузошта мешавад.

«Ҳоло аз ҷониби кормандони мо ороишдиҳии майдон бахшида ба иди Наврӯз идома дорад. Дар даромадгоҳи Боғи ба номи Устод Рӯдакӣ навиштаҷоти «НАВРӮЗ-2021» насб гардида, ҳамчунин  ба он ва дигар мавзеъҳои мувофиқ чароғҳои светоидӣ васл мегарданд, то шомгоҳони ин ҷоро мунаввару зебо гардонанд»,- афзуд Н.Исмоилзода.

Соли дуюм  аст, ки бузургтарин табақи сабзаи  суманак- рамзи баҳору Наврӯз бо баландии 30 метр дар маркази пойтахти Тоҷикистон  гузошта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки  соли 2019 дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ тасдиқ гардид.

Он аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.

Рамзи мазкур арчамонанд буда, аз ҳафт қабат иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамоянд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.

Дар асоси хулосаҳои донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз аз миёни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва парандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад — омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид.

Минбаъд суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи миллӣ барои таҷлили Соли нави миллӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ истифода хоҳад гашт.

Донишмандон бар он ақидаанд, ки суманак дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯз омода мешавад. Суманак инчунин ифодагари пайдо шудани заминдорӣ ва кишоварзӣ дар миёни қабилаҳои ориёӣ буда, муносибату муҳаббати деҳқонро ба гандум, ки ризқу рӯзии одам аст, ифода менамояд. Дар зарфи гирд омода кардани суманак рамзи коиноту замин буда, ҷовидонагии табиату инсонро тасвир месозад.

Баъди ҷаҳонӣ шудани иди Наврӯз Созмони Милали Муттаҳид ва  ЮНЕСКО суманак дар кураи заминро бо навиштаҷоти “Рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ” ҳамчун рамзи наврӯзӣ интихоб карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудаанд.

Ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо тавсия дода мешавад, ки рамзи мазкурро ба ҷойи арча дар назди идораҳо, кӯчаву хиёбонҳо, иншооту хонаҳои истиқоматӣ ҳамчун рамзи ҷашни Наврӯз ва таҷлили Соли нави миллӣ   насб намоянд.

Тавре аз Раёсати иттилоот  ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт низ бахшида ба ҷашни Наврӯз корҳои омодагӣ идома доранд.

Хотиррасон менамоем, ки имсол Наврӯз дар Тоҷикистон бе намоишҳои анъанавии калонҳаҷми театрикунонидашуда  таҷлил мегардад. Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии коронавирус, гузаронидани консертҳои алоҳида ва  ҳаҷман хурд  ва мусобиқаҳои варзишӣ, инчунин сайругашти идона бо риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдотию санитарӣ иҷозат дода шудааст.


Вакти нашр: 2021-03-10 12:02:54    Хонданд: 171    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомот тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки дар мақоми роҳбарикунадаи сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахмедов Асомуддин аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ озод гардида, Саодатзода Раҷаб ба ин вазифа таъин гардид.

Дар асоси Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифа озод гардида, кадрҳои ҷавону дорои қобилияту малаки роҳбарӣ ба вазифаҳои муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ таъин гардиданд.

Дар воҳидҳои сохторӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, Сардорони Раёсатҳо, қисмҳои низомӣ, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҳисоби мутахассисони дорои ду ва ё зиёда маълумоти тахассусии муассисаҳои олии мамлакат ва хориҷи кишвар таъин гардиданд.

Мутобиқи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар як қатор шаҳру навоҳии мамлакат аз вазифа озод гардида, дар баъзе аз раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифтанд.

Пешвои миллат зимни суҳбат таваҷҷӯҳи асосиро ба бозомӯзӣ, такмили ихтисос, забондонӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, оромиву субот, мубориза алайҳи ҳамагуна қонуншиканӣ, алалхусус қочоқи маводи мухаддир ва молу маҳсулот тавассути сарҳади давлатӣ равона намуда, изҳори умедворӣ намуданд, ки кадрҳои далеру ҷасур, ватандӯсту содиқ ба давлату миллат метавонанд аз уҳдаи масъулият ва вазифаҳои ба дӯш доштаашон бароянд.

Дар мулоқот инчунин аз як қатор камбудиҳо дар сохторҳои зикршуда ёдовар гардида, ба роҳбарони сохторҳо барои рафъи камбудиҳо дастурҳои мушаххас дода шуданд.

 


Вакти нашр: 2021-03-10 15:22:03    Хонданд: 190    Муфассал...

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни
ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати
ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии
шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам:

1. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2021 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда шаванд.

2. Моҳҳои апрел-майи соли 2021 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд.

4. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияи даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби интихоби дақиқи даъватшавандагон ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо амалӣ намоянд.

5. Раисони шаҳру ноҳияҳо бо дарки масъулият якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ барои амалӣ намудани муқаррароти моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд.

6. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиб намоянд.

7. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муоинаи назорати тиббии даъватшавандагоне, ки аз ҷониби комиссияи даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо даъват шудаанд, табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 марти соли 2021
№141


Вакти нашр: 2021-03-11 07:54:40    Хонданд: 160    Муфассал...

МАТБУОТ- оинаи давлату ҳукумат

11-март Рӯзи матбуоти тоҷик

МАТБУОТ- оинаи давлату ҳукумат

Мавқеи матбуот ва каломи он дар ҷанги иттилоотӣ

«Мо ҳатман ба ҳадафҳои милливу стратегии худ ҷиҳати рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумамон ноил хоҳем шуд», -таъкид намудаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ҷои дигар ин андешаи нобро тақвият бахшидаанд: «Ман бо итминон изҳор медорам, ки дар иҷрои ин ҳадафҳои нек шумо, рӯзноманигорон, аҳли қалам ва аҳли фикру андеша ҳиссаи сазовори худро мегузоред».  Ин боварии комиле аст, ки Пешвои сулҳпарвару инсондӯсти мо ба аҳли қалам намудааст.

Имрӯз беш аз пеш маълуми ҳамагон  мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ  чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Воқеан, ҷозиба ва сеҳри иттилоот он қадар бузург аст, ки баробари пахш метавонад иттиҳодро барпо созад ё онро пароканда кунад. Яъне ҳам созанда ва ҳам сӯзанда бошад. Алабата ба фаъолияти пурсамари матбуот барои созанда буданаш на сӯзанда буданаш, ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус  ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба соҳибистиқлолӣ қадам мегузоранд  ниёзманд мебошанд. Таҷрибаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва тай намудани ин роҳи пурпечутоб нишон дод, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонад ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намояд.

Бо дарназардошти ин рисолати матбуот аҳли қалами тоҷик 11-уми марти соли 1912  нахустин рӯзномаи тоҷикиро бо номи «Бухорои Шариф» чоп карданд, ки яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангиву таърихии мардуми мо маҳсуб мешавад.

Чизе, ки дар ин самт қобили ташвиш аст, ин иттилоот ва амнияти иттилоотӣ мебошад. Зеро он тавзеҳоти зиёд дорад, агар аз рӯи раванди рушди интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ назар афканем, дар замони ҷорӣ метавон иттилоотро бо амният тавъам гуфт. Зеро, ин ду мафҳум дар ҳамбастагӣ ба амнияти комили миллӣ рабт доранд. Агар имрӯз мо дар баробари ҳуҷумҳои иттилоотӣ, ки ҳадафмандона ва муғризона аз ҷониби душманони давлату миллат роҳандозӣ мешаванд, истодагарӣ накунем, он метавонад ба амнияти милливу давлатиамон таъсири манфӣ расонад. Ҷангҳои таҳмилии ҷаҳони муосир шаҳодат медиҳанд, ки аксари онҳо бо даъватҳои оммавӣ тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо ба майдонҳо хондани анбӯҳи одамон сурат гирифтаанд.

Набояд фаромуш кард, ки вақте  сухан дар ҷанги иттилоотӣ махсус истифода мешавад, вай барои инсон нерӯи харобкунанда дорад. Бешак дар қарне, ки қарни иттилооту технология аст, амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоми кишварҳоро метавон дар хатар хонд. Зеро на ҳама мардум сиёсатмадор ва таҳлилгариӣ пурқувват асту метавонад ҳадафҳои пасипардагии дилхоҳ иттилоро дар шуури худ таҳлил намояд.  Дар бисёр ҳолатҳо бе таҳлилу барасси ба таъсири иттилои ба онҳо расида қарор мегиранд, ки ин метавонад дар оянда хатари ҷиддиро ба бор орад. Пас, аҳли фикру андеша ва аҳли қалами моро мебояд фазои иттилоотиро холи нагузоранд, ки дар ин самт мо мебинем, ки онҳо дастбакоранд.


Вакти нашр: 2021-03-11 10:07:51    Хонданд: 164    Муфассал...

Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад»

Имрӯз Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷҷабор Раҳмонзода  кормандони ВАО-и мамлакатро   бо Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март таҷлил мегардад, табрик намуд.

 Дар номаи табрикотӣ чунин омадааст:  

«Бо баракати соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди воситаҳои ахбори омма диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Маҳз бо пешниҳоди Сарвари давлат рӯзи 11-уми март Рӯзи матбуоти тоҷик эълон шуда, дар саросари мамлакат бо шукӯҳ доир мегардад ва беҳтарин рӯзноманигорон аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ қадрдонӣ мешаванд. Баробари ин бо ташаббуси Пешвои миллат мукофоти ба ному устод Лоҳутӣ таъсис ёфта, рӯзноманигорони касбие, ки дар давоми сол мақолаҳои ҷолиб ва воқеъбинона таълиф менамоянд, ба ин мукофоти соҳавӣ қадр мешаванд. Ҳамзамон, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ рӯзноманигорон ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод шуда, сазовори унвонҳои фахрӣ мегарданд. Яъне Ҳукумат ҳамеша аз аҳли қалам дастгирӣ карда, ба хидмати шоистаи онҳо арҷ мегузорад ва заҳмати шабонарӯзии онҳоро қадр менамояд.

Аҳли эҷод ва Иттифоқи рӯзноманигорон солҳои охир хело фаъол гардида, дар инъикоси рӯйдодҳои кишвар саҳми арзанда мегузоранд ва беҳтарин мақола, очерк, публисистика, мусоҳибаҳоро таълиф карда, дастоварду комёбиҳо ва камбудиву норасоиҳои ҳар як соҳа, мақомоти давлатӣ ва маҳаллиро бо далелҳо тасвир карда, аз мавқеи касбияти хеш дур намешаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни садсолагии матбуоти тоҷик иброз доштанд, ки: “Муҳим нест, ки рӯзноманигорон дар кадом самт — матбуоти давлатӣ ё матбуоти мустақил фаъолият доранд. Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад” Имрӯз на танҳо рӯзномаҳои давлатӣ, балки рӯзномаву ҳафтаномаҳои ғайриҳукуматӣ фаъол гашта, бар он талош доранд, ки саҳми худро дар рушди Ватани азизамон гузоранд ва ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро дуруст таҳлил намуда, ба таҳаввулоти зиндагии мардум баҳои воқеӣ диҳанд.

Аҳли қалам кушиш карда истодаст, ки дар таҳкими сулҳу субот, амнияти давлатӣ саҳмгузор бошанд. Дар аксари рӯзномаву маҷаллаҳо ҷиҳати таъмини амният, таҳкими пояҳои истиқлолияти миллӣ, ташвиқи ғояҳои давлатдории миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ ва тарғиби дастовардҳои Тоҷикистони азиз дар зарфи 30 – соли Истиқлоли давлатӣ назару андешаи олимон, ҷомеашиносон ва мутахасисони соҳаҳои гуногунро ҷой дода, ин арзишҳои волои давлати соҳибистиқлолро ташвиқ менамоянд.

Махсусан, хидматҳои шоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти Ҳукумати кишвар ба таври васеъ ва густурда инъикос ёфта, нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот, рушди давлатдории миллӣ ва пешрафти иқтисоди миллӣ воқеъбинона таҷассум мегардад.

Бовар дорем, ки рӯзноманигорони мо дар оянда низ баҳри субот ва ваҳдати миллӣ аз мавқеи касби худ истифода карда, воқеияти кишварро ба таври васеъ бозгӯ месозанд.

Дар ин рӯзи барои кормандони матбуот муқаддас мехоҳам ба ҳар як рӯзноманигор саломатӣ орзу намуда, барояшон комёбиҳо ва дастовардҳои нав ба навро таманно намоям. Рӯзи матбуот муборак қаламнигорони кишвар!».

 

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»


Вакти нашр: 2021-03-11 13:50:10    Хонданд: 147    Муфассал...

АЗ «ИДИ ТОҶИК» ТО БА «ҶУМҲУРИЯТ». Матбуоти тоҷик дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ ташаккули назаррас ёфт

Имрӯз, 11 март аз нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф» 109 сол сипарӣ мегардад. «Бухорои Шариф» аввалин  нашрияе мебошад, ки дар қаламрави Осиёи Миёнаи тоинқилобӣ пурра бо забони тоҷикӣ ба табъ мерасид. Ин рӯзнома як соли пурра ҳам фаъолият накард, зеро баъди нашри шумораи 153-юм- 2 январи соли 1913 баста шуд. Аммо «Бухорои шариф» тавонист дар ин муддати кӯтоҳ дар фазои торики Аморати Бухоро афкору андешаҳои тозаи маорифпарваронаро миёни мардум шарҳу тавзеҳ диҳад ва ҳадафҳои таъсису фаъолияташро, ки босаводу соҳибмаърифат, забондону адабиётдӯст ва худшиносу ояндабин кардани мардум буд, амалӣ намояд.

Мавриди зикр аст, ки  нахустин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» бо ташаббуси равшанфикрони тоҷик  Мирзо Муҳиддин Мансурзода ва Мирзо Сироҷи Ҳаким ба табъ расида буд. Ин рӯйдоди муҳими таърихиву фарҳангӣ оғоз ва аввалин қадамҳои устувори матбуоти тоҷик буд, яъне 109 сол қабл «Бухорои Шариф» сарчашмаи асосии матбуоти миллӣ гардид. Ба қавли асосгузори адабиёти муосири тоҷик  Устод  Садриддин Айнӣ: «Бухорои Шариф» дар торикистони таърих чароғе буд, ки  мардумро бо рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд» ва барои вориди майдони матбуот шудану фаъолият намудани нашрияҳои баъдии тоҷикии «Шӯълаи инқилоб», «Овози тоҷик» ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо замина гузошт.

«Бухорои Шариф» чун нахустин рӯзномаи тоҷикӣ бо фаъолияти кӯтоҳ, вале пурсамараш таъсиру такони бузурге ба сиёсату иҷтимоиёти замон ва афкору ҷаҳонбинии мардум расонид.  Дар солҳои соҳибистиқлолӣ матбуоти миллӣ рушд намуда, дар тарғиби сиёсати давлатӣ, муаррифии  дастовардҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оламиён, баланд бардоштани сатҳи маърифату  ҷаҳонбинӣ ва худшиносии миллӣ ва раванди ободонию созандагӣ дар кишвар нақши муассир мегузорад.

Аввалин рӯзномаи давлатии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон соли 1925 бо номи «Иди тоҷик» таъсис ёфта буд, ки имрӯз бо номи «Ҷумҳурият» нашр мегардад. Аксари адибони маъруфи тоҷик ва умуман аҳли қалам фаъолияти худро аз воситаҳои ахбори омма оғоз карда,  бо онҳо ҳамкории доимӣ доштанд. Онҳо бо ҳамин роҳ дар рушди матбуоти миллӣ саҳми намоён гузоштанд. Рӯзи матбуоти тоҷик  падидаи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон буда, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1995  инҷониб дар саросари Тоҷикистон расман   ҷашн гирифта мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди матбуоти тоҷик аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо»  ва   санадҳои дигари  меъёрию ҳуқуқӣ барои фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма  шароити мусоид  фароҳам оварданд. Ин аст, ки мавқеи матбуоти тоҷик дар ҷомеа  баланд гардид.

Тавре сардори Раёсати табъу нашр ва  матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Раҳмоналӣ Шералиев дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, «ҳоло дар Тоҷикистон 376 рӯзнома нашр мегарданд, ки аз он 112- ададаш давлатӣ ва 264- ададаш хусусӣ,  аз 245 маҷалла 114-тоаш давлатӣ  ва 131-ададаш ҷамъиятӣ-хусусӣ мебошанд. Инчунин аз  319 матбааи фаъол 37 –тоаш давлатӣ ва 282 ададашро хусусӣ-ҷамъиятӣ ташкил медиҳанд. Ҳамзамон 71 нашриёт фаъолият доранд, ки  10-то давлатӣ ва 61-ададаш хусусӣ-ҷамъиятӣ мебошад. Инчунин аз 11 агентии иттилоотӣ танҳо 1 адад- АМИТ «Ховар» давлатӣ ва боқимонда хабаргузориҳои мустақил  мебошанд. Чунин пешравию дастовардҳо  дар воситаҳои ахбори электронӣ бештар ба назар мерасанд. Масалан, дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон 1 шабакаи радиоӣ ва 1 шабакаи телевизионӣ мавҷуд буд, ки бо вақти маҳдуд пахш мегардиданд. Алҳол дар Тоҷикистон 46 шабакаи радиотелевизионӣ фаъолият доранд, ки 28 шабакааш хусусӣ буда, вақти пахш барои шабакаҳои телевизионӣ бемаҳдуд  гардида, барои шабакаҳои радиоӣ  шабонарӯзӣ аст».

Ҳамзамон 3 январи соли 2014 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон муассисаи давлати Академияи воситаҳои ахбори омма таъсис дода шуд, ки рисолаташ рушди воситаҳои ахбори омма, баланд бардоштани касбияти кормандони ВАО, гузаронидани таҳқиқот дар соҳаи телевизион, радио ва  матбуот, таҳияи пешниҳодҳо ва дастурамалҳо оид ба такмили маводи телевизионӣ, радиоӣ ва чопӣ, рушди ҳамкории илмӣ ва эҷодии кормандони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бо ВАО-и давлатҳои хориҷӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, стандартҳо ва усулҳои муосири иттилоърасонии ҳамтоёни хориҷӣ, жанрҳои касбӣ, технология ва технологияҳои муосири иттилоотӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони ВАО-и мамлакат мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки нақши воситаҳои ахбори омма, хусусан нашрияҳо дар тарғиб ва муаррифии дастовардҳои даврони  соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани марифатнокӣ ва худшиносии ҷомеаи муосири Тоҷикистон, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини оромию осоиштагӣ ва пешравию шукуфоии мамлакат калон аст. Соли равон матбуотчиёни тоҷик иди касбии худ- Рӯзи матбуоти тоҷикро дар рӯҳияи бунёдкорию созандагӣ  ва умед ба фардои дурахшони мамлакат, хусусан омодагиҳо ба таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн  мегиранд.

Муовини раиси Иттифоқи  журналистони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоҳинбод  дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки “имсол дар Рӯзи матбуоти тоҷик зимни ҷамъомади идона бо иштироки матбуотчиёни тоҷик  ва  собиқадорони соҳа бархе аз кормандони соҳа, ки  дар рушду такомули матбуоти даврӣ саҳми шоиста гузоштаанд, аз ҷониби Вазорати фарҳанги  ҷумҳурӣ бо  унвони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» ва туҳфаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ мегарданд. Ҳамчунин дар ин рӯз барандагони ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ, ба номи профессорон Воҳид Асрорӣ ва Асадулло Саъдуллоев эълон карда мешаванд”.

P.S. Бо истифода аз фурсати муносиб роҳбарият ва кормандони АМИТ «Ховар» ҳамкасбони худро бо Рӯзи матбуоти тоҷик шодбош гуфта, ба онҳо саломатӣ, сарбаландӣ ва қалами бурро таманно менамоянд.

Марзияи САИД,
АМИТ «Ховар»


Вакти нашр: 2021-03-11 13:53:59    Хонданд: 144    Муфассал...

ЭЪЛОН: ИФТИТОҲИ ХАТСАЙРИ НАВИ АВТОБУСӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шуруъ аз санаи 15 марти соли 2021 хатсайри нави автобуси №55 (Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ - Боғи “Роҳи Оҳанчиён”) ба фаъолият оғоз менамояд

Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои Мастонгулов, А. Дониш, С. Айнӣ, С. Шерозӣ, Соҳилӣ, Ҷомӣ, Н. Қарабоев, Ҷанубӣ ва шоҳроҳи Бохтар ҳаракат менамоянд.

Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири ватании тамғаи “АКИА ОРИЁ-LE 8” истифода баранд. Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.


Вакти нашр: 2021-03-11 14:05:06    Хонданд: 160    Муфассал...

ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ФАРДОИ ҶОМЕА

Имрӯз (11-03-2021) дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино бо иштироки Раҳмонов Ҷасур-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ- роҳбари Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Шарипова Лайло- мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Абдураҳмонов Зевҷар- сардори шуъбаи тарбияи ДДТТ ба номи А. Сино, Мустафоқулова Намуна Ибрагимовна-доктори илмҳои тиб, профессор, мудири кафедраи бемориҳои дарунии №3-и ДДТТ ба номи А. Сино вохӯрӣ бо ҳайати олимон, профессорон, аспирантон ва донишҷӯёни донишгоҳи мазкур доир гардид.

Дар вохӯрӣ атрофи масъалаҳои эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, ҳифз намудани дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, арҷ гузоштани ба таърихи гузаштагон ва фарҳанги пурғановати ниёгон, тарбияи дурусти насли замони соҳибистиқлол, нақш ва мавқеи ҲХДТ дар ҷомеа, баргузории корҳои созандагиву ободкорӣ, иҷро ва тарғиби муҳимтарин бандҳои қонунҳои миллӣ аз ҷумлаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” ва дигар масъалаҳо гуфта гузаштанд.

Инчунин таъкид гардид, ки дар муқобил ба ҳодисаҳои пурпечутоби замони муссир ҳамеша ҳушёр ва зирак бошанд ва дар рӯ ба рӯ ба рушди босуръати ҷанги итилоотӣ аз сомонаи иҷтимоӣ мақсаднок истифода намоянд.


Вакти нашр: 2021-03-11 14:34:08    Хонданд: 153    Муфассал...

Рӯзи матбуоти тоҷик муборак!

Гузашти таърихи беш аз 29 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон собит намуд, ки ҷойгоҳи  хабару иттилоъ дар пешрафти соҳаҳои муҳими ҷомеа нақши муассир дорад.

Воқеан ҳам, воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла матбуот ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо, хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии рушди ҷомеа аҳамияти хоса пайдо мекунанд.

Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва садою симо ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд дар ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд. Зеро ҷомеа ба ахбор ва инъикоси саривақтию воқеъбинонаи рӯйдодҳои ҳамарӯза ниёз дорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ин бахши муҳим ва дигар воситаҳои ахбори омма эътибори бештар зоҳир менамоянд.

Дар ин замина, ҳамасола 11-уми март ҳамчун рӯзи матбуоти тоҷик дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ бахусус, доираҳои фарҳангии кишвар ва аҳли қалам бо тантана таҷлил мегардад. 

Бахшида ба ин санаи муҳим Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе намояндагони аҳли қаламро ба муносибати Рӯзи матбуоти миллӣ самимона табрику таҳният намуда, барояшон саломатию сарбаландӣ, пешрафту комгорӣ ва дар пешбурди фаъолияти эҷодиашон комёбиҳои беназири эҷодиро таманно менамояд.

 

Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе


Вакти нашр: 2021-03-11 15:05:39    Хонданд: 143    Муфассал...

«Сардабири сол», «Журналисти сол», «Телевизиони сол» ва «Коршиноси сол» муайян гардиданд

Ба ифтихори Рӯзи  матбуоти тоҷик имрӯз қариб сад нафар кормандони  воситаҳои  ахбори омма ва табъу нашри Тоҷикистон бо нишонҳои «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон» сарфароз гардиданд. Мукофоту ифтихорнома  ва дигар  ҷоизаҳоро имрӯз дар маросими ботантанае, ки дар Душанбе доир гардид, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода,  Вазири фарҳанги  ҷумҳурӣ Зулфия Давлатзода ва Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода супориданд.

Зимни назарсанҷие, ки аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  гузаронида шудааст, сардабири рӯзномаи парлумонии «Садои мардум» Самариддин Асоев – «Сардабири сол», хабарнигори телевизиони  «Тоҷикистон» Фатҳиддин Замон –«Журналисти сол», «Бонувони Тоҷикистон» —  «Маҷаллаи сол», телевизиони «Варзиш» — «Телевизиони сол», радиои «Тоҷикистон»- «Радиои сол, нашрияи Кумитаи ҳифзи муҳити зист «Инсон ва табиат» — «Нашрияи соҳавии сол», маҷаллаи Вазорати молия «Молия ва ҳисобдорӣ» — «маҷаллаи соҳавии сол», рӯзномаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» — «Рӯзномаи сол» ва Роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии саломатӣ ва омӯзиши Амрико дар шаҳри Ню-Йорк доктор Ораш Алоӣ «коршиноси сол» эълон гардида, бо диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Инчунин ҷоизаи нашрияи муваффақ, ки бори аввал аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ба рӯзномаи «Хатлон»-и вилояти Хатлон ва «Нигоҳи ҳақ»-и ноҳияи Мастчоҳ сазовор дониста шуд.


Вакти нашр: 2021-03-11 16:38:28    Хонданд: 186    Муфассал...

Дар Рӯзи матбуоти тоҷик шаш нафар барандаи Ҷоизаи Лоҳутӣ гардиданд

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҷамъомади идонае, ки имрӯз дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик доир гардид, барандагони  Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро эълон намуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки соли равон шаш нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар бахшҳои радио, телевизион ва матбуот барандаи  Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гардиданд.

Дар  бахши радио Ҷоизаи Лоҳутӣ ба Худоёри  Валӣ аз радиои «Имрӯз», дар бахши телевизион ба Муҳаммадраҷаби Ҳанафия аз Телевизиони «Тоҷикистон» тақдим гардид. Дар бахши матбуот се нафар — Ноилшо Нуралиев аз  ҳафтаномаи  «Омӯзгор», Ҳақназар Каримзода аз рӯзномаи «Мароми пойтахт», Тағоймурод Нуралиев аз рӯзномаи «Шаҳриёр»-и шаҳри Ваҳдат ва Абдулвоҳид Оев, публитсист, соҳиби Ҷоизаи Лоҳутӣ гардиданд.

Бояд тазаккаур дод, ки Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  44 сол муқаддам, дар Анҷумани панҷуми  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо қарори Котиботи Правлениям Иттифоқи журналистони  Тоҷикистон аз 20 августи соли 1977 таъсис дода шудааст. Ҳадафи таъсиси Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  рушди  дурнамои журналистикаи тоҷик ва баланд бардоштани маҳорати публисистӣ ва касбии рӯзноманигорони кишвар мебошад. Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба рӯзноманигороне дода мешавад, ки аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошанд. Инчунин ҷоизаи мазкур ба муаллифоне, ки силсилаи очерку мақолаҳои беҳтарини публисистӣ, барномаҳои баландмазмуни телевизионӣ ва гуфторҳои радиоӣ таҳия менамоянд, тақдим мегардад. Бояд тазаккур дод, ки ба барандагони Ҷоизаи Иттифоки журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ диплом, нишони сарисинагӣ  ва мукофотпулӣ супорида мешавад.

 

 

 

 

 

Ба номи Абулқосим Лоҳутӣ нисбат додани Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки ин шоири шаҳири тоҷик яке аз аввалин муҳаррирони рӯзномаи «Иди тоҷик» буд, ки дар баробари эҷодиёти ниҳоят ғановатмандаш дар рушди матбуоти тоҷик низ хизматҳои шоён намудааст. Дар давраҳои минбаъда низ аксари адибони маъруфи тоҷик  ва аҳли қалам фаъолияти худро аз воситаҳои ахбори омма оғоз карда,  бо онҳо ҳамкории доимӣ доштанд. Онҳо бо ҳамин роҳ дар рушди матбуоти миллӣ саҳми намоён гузоштаанд.

                                                     Марзия САИДЗОДА,
 АМИТ «Ховар»


Вакти нашр: 2021-03-11 16:43:53    Хонданд: 160    Муфассал...

Матбуоти тоҷик ба болоравии сатҳи огоҳии ҷомеа ва таҳкими сулҳу ваҳдат мусоидат мекунад. Андешаҳои рӯзноманигорон оид ба имрӯз ва дирӯзи матбуоти тоҷик

Матбуот дар ҳама давру замон ҳамчун воситаи асосӣ ва муҳимтарини инъикоси масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар пешрафту рушди кишвар ва ҷомеа нақши назаррас дорад. Ҳамин аст, ки бо қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон дар рӯзи нашри «Бухорои шариф» таҷлил гардидани Рӯзи матбуот рамзӣ буда, аз арҷгузорӣ ба аҳли қалам шаҳодат медиҳад. Дар ин зимн бояд гуфт, ки ба шарофати таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари соҳибистиқлоли мо барои фаъолияти мақсадноку ширкати фаъолонаи аҳли қалам шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар бастагӣ ба ҳамин мавзӯъ ва чанд паҳлӯи рушди матботи тоҷик хабарнигори АМИТ «Ховар» Файзалӣ Ниёз назари чанд нафар рӯзноманигоронро манзур мегардонад.

Сармуҳаррири Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон –«Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода бар ин назар аст, ки «матбуоти тоҷик тӯли фаъолияти беш аз якасрааш ҳадаф ва рисолати худро дошт. Фикр намекунам, ки дар ин муддат, бо вуҷуди омилҳои мусбату ғайри мусбати таъсиргузор ин рисолат ба таври чашмрас тағйир ёфта бошад. Хосса, сар аз оғози соҳибистиқлолӣ ҳар навгоние, ки матбуоти тоҷик касб кард, манфӣ набуд. Ҳам авлавият ба озодии баён, ҳам таъсису ташаккули матбуоти ғайриҳукуматӣ, амсоли хусусиву ҷамъиятӣ ва дар маҷмӯъ, рушди масс-медиа, фикр мекунам, дар шаклгирии ҷомеаи шаҳрвандии замони гузариш ва ҳам вазнин аз диди сиёсиву иқтисодӣ нақши мондагор доштанд ва дар ҳифзи амнияти иттилоотиву фарҳангӣ аз рисолати азалии худ дифоъ карда тавонистанд».

Ба таъкиди Қ. Раҳмонзода, матбуоти тоҷик ҳама вақт ҳомӣ ва мубаллиғи пешрафту шукуфоиҳои давлату миллат ва арзишҳои миллӣ буд. Он барои бедорӣ, боло бурдани сатҳи маърифати мардум, пойдории марзу буми кишвар ва нигаҳдошти беҳтарин анъанаҳои миллӣ фаъолияти густурдаву пурарзиш дошт ва ҳам дорад.  Дар баробари ин, албатта, ҳастанд масъалаҳои ҳалталабе, ки дар роҳи рушди ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ монеа эҷод мекунанд. Кайҳо боз вақти он расидааст, ки усули омодасозии кадрҳои соҳаи матбуот ва, умуман, ВАО (воситаҳои ахбори омма) таҷдиди назар шавад.

-Дурнамои матбуоти тоҷикро нек арзёбӣ менамоям. Фикр мекунам, бо таҷрибае, ки мо тӯли як аср ба даст овардем, дар иҷрои рисолати касбӣ ва вазифаҳои инсонии хеш, пойдории давлат, боло бурдани сатҳи маънавиёти миллат, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу умумиинсонӣ саҳми бештару беҳтар гирифта метавонем. Мактаб ҳаст, шароити муосиртарин таъмин аст, ҷавонони лаёқатманд низ кам нестанд, танҳо масъулин завқу ҳавсалаи кофӣ надоранд, ки ин ҳамаро дар як системаи фаъол муттаҳид созанд ва журналистони воқеӣ офаранд.-мегӯяд Қ. Раҳмонзода.

Ҳамсуҳбати мо журналистикаро санъат шуморида, мегӯяд, ки «дар баробари донишу хоҳиш мавҷудияти маҳорати худодод низ барои ҷавони навхат ногузир мебошад. Аз ин рӯ, ба мақсад мувофиқ аст, ки дар доираи таҷрибае, ки дорем, журналистони оянда пеш аз довталаби Маркази миллии тестӣ шудан тариқи суҳбат аз «Дарси маҳорат»-и комиссияҳои қабул гузаранд. Ва агар, воқеан ҳам, маҳорати хонишу навишташон «кашф» шуд, шояд аз имтиёзе низ бархурдор гарданд,-иҳзор дошт дар хотима сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода.

Муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Далер Мерганов бар он назар аст, ки ба тасвиб расидани Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи таҳлилӣ ва танқидии воситаҳои ахбори омма» ва баргузории нишастҳои матбуотӣ аз иқдомоти беназир дар ин самт маҳсуб мешаванд. Чунин дастгирӣ, ки дар ягон кишвари олам вуҷуд надорад, имкони хубест, то журналистон ба ҳайси ҳокимияти чорум мавқеашонро мустаҳкам намоянд.

Мусоҳиби мо мегӯяд, ки муҳимтар аз ҳама, соли 2012, зимни таҷлили 100-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик Пешвои раъиятпарвари миллат дастур доданд, ки муқаррароти ба туҳмату таҳқир аз ҷониби журналист дахлдошта аз Кодекси ҷиноятӣ ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гузаронида шаванд. Касе инкор карда наметавонад, ки маҳз дар натиҷаи фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма шароити мусоид ба миён омад. Аз ин рӯ, ҳамасола теъдоди рӯзномаю маҷаллаҳо ва корхонаҳои нашриётӣ дар кишвар рӯ ба афзоиш ниҳода, дар шароити рӯз то рӯз шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳо ва тавсеаи ҷаҳонишавӣ ба дӯши аҳли қалам масъулияти бузурги ташаккули афкори ҷомеа вогузор аст.

«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик 11 марти соли 2012 чунин изҳор намуда буданд: «Муҳим нест, ки рӯзноманигорон дар кадом самт — матбуоти давлатӣ ё матбуоти мустақил фаъолият доранд. Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи ба ҳам пайвасти матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад». Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки дар ҷаҳони муосир аксар маврид дар муқобили давлатҳову ташкилот ва шахсони алоҳида аз ҷониби рақибон маҳз силоҳи идеологӣ истифода мешавад».

Ба гуфти Д. Мерганов, дар ҷаҳони муосир, ки бархӯрди манфиатҳо рӯз то рӯз шадидтар мешавад, фаъол будани аҳли зиё хеле муҳим аст. Зеро дар ҷаҳони мутамаддин идеология ба силоҳи асосии мубориза дар ҳама ҷанба табдил ёфта, дар сурати оқилона ва фаврӣ истифода шудан ғолибияти ин ё он кишвар ва натиҷаҳои хуб додани дилхоҳ иқдомро таъмин менамояд. Дар ҷомеаи демократӣ ҳадафи асосӣ аз таъсису ташкили воситаҳои ахбори омма тавассути воқеъбинона инъикос намудани фикру мулоҳиза -мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳли ҷомеа, таҳкими сулҳу субот, пойдорию устувории амният ва ваҳдати миллӣ мебошад. Умед дорем, ки журналистон неруи зеҳнии хешро минбаъд низ барои созандагӣ, ободиву осудагии Ватан ва таҳкими неъмати бебаҳо барои миллати соҳибтамаддуни мо — сулҳу ваҳдати миллӣ равона менамоянд.

«Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст, мииллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад»- ин гуфтаҳои сардафтари адабиёти тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистонро хабарнигор ва собиқадори Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбон Мадалиев шарҳ дода, зикр намуд, ки дарвоқеъ, ҳар як рӯзнома дар қадами нахуст ойинаи миллат буда, бидуни ойинаи ҷаҳоннамо шинохти миллат душор аст.

«Албатта, дар замони муосир воситаҳои электронии ахбор хеле рушд карда бошанд ҳам, ҳеҷ гоҳ зарурати нашри рӯзномаҳои чопиро иваз карда наметавонанд, зеро бе рӯзнома ва маҷалла рушди иқтисодиёти мамлакатҳо ногузир аст.  Рӯзнома ягона манбаест, ки аз он вобаста  ба ҳамаи соҳаҳо далелу рақамҳоро метавон дарёт намуд. Умуман рӯзнома дар пешрафту нумӯи кишвар, инкишофи андешаҳои хонандагон ва фароҳам овардани фазои пурраи иттилоотӣ нақши бориз дорад»,- иброз намуд Қурбон Мадалиев.

Файзалӣ НИЁЗ,
АМИТ «Ховар»


Вакти нашр: 2021-03-11 16:49:11    Хонданд: 112    Муфассал...

Абдуқаҳҳори Қосим соҳиби Ҷоизаи байналмилалии адабии «Ҷаҳони марзӣ» ва «Антуан де Сент-Экзюпери» гардид

Ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, ҳамоҳангсози Итииҳоди байналхалқии шоирон барои сулҳ ва озодӣ, шоир, рӯзноманигор ва ходими ҷамъиятӣ  Абдуқаҳҳори Қосим миёни адибон, тарҷумонҳо, олимон ва рассомони маъруф барои фаъолияти барҷастаи эҷодӣ барандаи Ҷоизаи байналмилалии адабии «Ҷаҳони марзӣ» ва «Антуан де Сент-Экзюпери» (Франсия-Германия) дар соли 2021 гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, муассисони ин ҷоиза Академияи байналмилалии адабӣ ва бадеии Украина буда, аз соли 2018  инҷониб нависандагон, тарҷумонҳо ва олимони 60 кишвари дунёро муттаҳид месозад.

Имсол бо ин ҷоизаҳои ифтихорӣ Абдуқаҳҳори Қосим (Тоҷикистон), Сантош Кумар Похарел (Непал), Сабита Сатапати (Ҳиндустон), нависанда, ношир Борис Кригер (Канада), рассом Натали Хо (Франсия) Алфазия Нурраҳмӣ (Индонезия), Абделваҳаб Аззавӣ (Сурия, Германия), адабиётшинос Ал-Хузаа Умар (Ироқ), дабири кулли Ассотсиатсияи нависандагони Ҳиндустон, муаллифи зиёда аз 150 китоб Ашис Санял (Ҳиндустон) барои корҳои барҷастаи эҷодӣ сарфароз гардонида шуданд.


Вакти нашр: 2021-03-11 16:51:53    Хонданд: 96    Муфассал...

«30 қадами созанда», «Матбуот ва ҷомеаи муосир», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

 Ҳафтаи равон матбуоти даврии Тоҷикистон рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳонро бозтоб намудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Ҷумҳурият»— нашрияи расмии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шумораи 49 (24 156) сешанбе, 9 марти соли равон  Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи Модар  интишор намудааст, ки дар он омадааст: «Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон садҳо ва ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарвар ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст. Саҳми модарони тоҷик имрӯз низ дар тарбияи фарзандони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпараст бузург мебошад. Фарзандони тарбиякардаи модари тоҷик ҳоло бо заҳмати бунёдкорона ва ташаббусҳои созандаашон давлати соҳибистиқлол ва Ватани аҷдодиамонро обод карда, мақому манзалати Тоҷикистони соҳибихтиёрро торафт баланд бардошта истодаанд…».

Дар ин шумораи «Ҷумҳурият»  суҳбати мизи гирд, ки дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик таҳти унвони «Матбуот ва ҷомеаи муосир» бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода ва профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мурод Муродӣ доир гардидааст, чоп намудааст.

Дар шумораи 40 (24 157) нашрияи «Ҷумҳурият», чоршанбе, 10 марти соли равон таҳти унвони «Хатлон. Паёми Пешвои миллат ободкориҳоро вусъати тоза бахшид» маводи Раиси вилояти Хатлон нашр гардидааст, ки дар он омадааст: «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём таъкид намуданд, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияи нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона шуд. Бо мақсади тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатнок бо ибтикори Роҳбари давлат саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид. Дар ин росто, дар вилояти Хатлон давоми соли 2020 зиёда аз 90 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси беш аз 900 ҷойи кори доимӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд…».

Ҳамчунин дар ин шумора таҳти унвони «Дилоро бонуе, ки «Пайкараи миллии  забони тоҷикӣ»-ро сохт», «Рашт. Шарикони рушд ҳавасманди тавсеаи ҳамкориянд», «Нигоҳе ба ошуфтагиҳо дар таърихи илм», «Таҳкими ҳамкорӣ. Роҳе, ки моро ба қуллаи мурод мерасонад» ва ғайра маводи таҳлилӣ ба нашр расидаанд.

Хонандагони нашрияи расмии «Ҷумҳурият» имкон доранд аз ин шумораи рӯзнома хабару гузоришҳоро доир ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ва ҷаҳон мутолиа намоянд.

 «Садои мардум»— нашрияи Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи 32  (4294), сешанбе, 9 марти соли равон  дар радифи чопи Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар таҳти унвони «Саҳми модарон дар тарбияи фарзандони бонангу номус бузург мебошад», ҳамзамон хабару мақолаҳоро вобаста ба фаъолияти Парлумони  мамлакат  интишор намудааст.

Хонандагони нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум» ҳамзамон имкон доранд аз ин шумора мақолаҳоро таҳти унвони «Дар бораи медали ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор қабул шуд», «Ноҳияи Мурғоб бо ҳидоятҳои Пешвои миллат равнақ меёбад», «Роҳнамои музаффариятҳо», «Инсоне буд баландҳиммату нексиришт», «Азизу ғамхор ва сарчашмаи муҳаббат» ва дигар хабару гузоришҳо мутолиа намоянд.

«Народная газета» -нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар №10 (20291), чоршанбе 10 марти соли 2021 дар баробари нашри хабарҳои расмӣ аз фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақолаҳоро зери унвони «Мать является самым дорогим, почитаемым и святым человеком», «Мать- создатель человечества», «Шохона Одиназода: Луший подарок в моей жизни я  получила от 5-летней дочки», «Таджикиские женщины – жемчужины нации», «Река, которая «пересыхает» зимой» ва дигар хабару гузоришҳоро интишор намудааст.

«Минбари халқ»— нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/  дар №10 (1304) чоршанбе, 10 марти соли 2021 дар саҳифаи авввал иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлимро, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, нашр намудааст.

Дар ин шумора зери унвони «Курси бозомӯзӣ: Нақши ҲХДТ ва ҳалли душвориҳои муҳоҷират», «ҲХДТ- сарпарасти маънавии НБО «Роғун», «Бонувон дар меҳвари Паём», «30 қадами созанда», «Рушди маориф дар даврони Истиқлолият» ва дигар хабару гузоришҳо аз ҷараёни ободкориву созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор гардидаанд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»


Вакти нашр: 2021-03-12 13:59:40    Хонданд: 155    Муфассал...

«AirAstana» баъд аз як сол дар масири Душанбе-Алмаато парвозҳои мунтазамро роҳандозӣ менамояд

Шурӯъ аз 14 марти соли равон парвозҳои мунтазами байналмилалӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон роҳандозӣ мегарданд.

Назар ба иттилои  Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода, 14 март ширкати ҳавопаймоии Қазоқистон «Air Astana»дар  хатсайри Душанбе –Алмаато  парвоз анҷом медиҳад. Ҳамзамон 17 март ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Somon Air» дар масири Душанбе-Алмаато ба парвозҳои мунтазами ҳавоӣ шурӯъ мекунад. Ҳамин тариқ Қазоқистон панҷумин кишварест, ки баъд аз як соли қатъ гардидани парвозҳои  мунтазами ҳавоӣ дар иртибот ба хуруҷи бемории Covid-19 ва эълон гардидани пандемия парвозҳои мунтазами байналмилалиро бо Тоҷикистон барқарор намуд.

Қаблан Тоҷикистон бо кишварҳои Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ӯзбекистон ва Афғонистон парвозҳои мунтазами байналмилалиро барқарор намуда буд. Алҳол ширкатҳои ҳавопаймоии «Somon Air» -Тоҷикистон, «Turkish Airlines»,-и Туркия, «Flay Dubai»-и Аморати Муттаҳидаи Араб, «Uzbekistan Airways»-и Ӯзбекистон ва  «Kam Air»-и Афғонистон дар масири Душанбе-Истанбул, Душанбе-Дубай, Душанбе-Тошканд, Душанбе-Кобул парвозҳои мунтазам анҷом медиҳанд.

Дар посух ба саволи  хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба барқарор намудани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ миёни Тоҷикистон ва Россия роҳбари мақомоти салоҳиятдори авиатсияи граждании Тоҷикистон гуфт, ки алҳол ин масъала мавриди омӯзиш ва гуфтушуниди ҷонибҳо қарор дошта, санаи барқарории парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистон ва Россия ҳанӯз мушаххас нест.


Вакти нашр: 2021-03-12 14:23:58    Хонданд: 220    Муфассал...

«НАХЛИ ҲАҚИҚАТБОР». Таҳти чунин унвон китоби журналист Далер Мерганов нашр гардид

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти унвони «Нахли ҳақиқатбор» китоби журналисти маъруф Далер Мерганов ба нашр расид. Дар китоби мазкур матолиби дар жанрҳои гуногун иншонамудаи муаллиф мураттаб гардида, хӯшае аз хирмани пурбори ин журналист маҳсуб мешавад, ки барои доираи васеи хонандагон манзур шудааст.

Китоб зери назари Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар нашриёти «ЭР-граф» бо теъдоди 464 саҳифа нашр гардидааст.

«Нахли ҳақиқатбор» аз панҷ боб иборат мебошад, ки бо сарлавҳаҳои ба матолиби ин боб хос гузошта шудаанд. Боби аввал «Пешвои мардумӣ асту азизи халқи худ», боби дуввум «Бетарафӣ иллати наҳс аст, бидон!», боби сеюм «Пайи ҳақ гуфтану ҳақ ҷуста рафтан», боби чорум «Дарси номус маро суҳбати аҳбоб бувад» ва боби панҷум зери унвони «Номашон достони нанги мардон аст» чоп гардидаанд.

Ба гуфти муаллиф, «ҳадаф аз нашри китоб он аст, ки дар ҷаҳони муосир, ки бархӯрди манфиатҳо рӯз то рӯз шадидтар мешавад, фаъол будани аҳли зиё хеле муҳим аст. Ҳамарӯза китобҳои зиёде ба нашр мерасанд, ки камина бо мазмуну маҳтавои аксари онҳо то андозае шиносам. Вале дар шароити кунунӣ нашри китобҳое зарур аст, ки дастовардҳои ба шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат бадастовардаро дар заминаи далелу рақамҳои мушаххас бозгӯӣ намоянд».

Далер Мерганов  иброз медорад, ки ҳадафи ба панҷ боб ҷудо намудани китоб он аст, ки журналист бояд универсалӣ бошад. Ба ибораи дигар, қаламкаши муосир бояд дар қолаби жанрҳои журналистика ва оид ба тамоми соҳаҳо назарашро рӯи саҳфа рехта ё иброз карда тавонад. Танҳо дар як самт комёб будани журналист то андозае аз заъфи касбият гувоҳӣ медиҳад. Тасмими маҳз ба ин ҷанба рабт дорад.

Тавре дар сарсухан академик Фарҳод Раҳимӣ нигоштааст, «мазмуну муҳтавои китоби «Нахли ҳақиқатбор»-и журналисти маъруф Далер Мерганов далели он аст, ки номбурда таъкидҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор додааст».

Ҳамчунин дар сарсухан омадааст, ки «мардум ба журналист, албатта, рӯзноманигоре, ки ватандӯст ва ҳақиқатнигор буда, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ азми қавӣ ва иродаи шикастнопазир дорад, эътимод даранд. Далер Мерганов аз зумраи ҳамин гуна журналистон аст.

Ҳар як журналист бо мақолаҳои нашркардааш дар ҷомеа мавқеву нуфуз пайдо мекунад. Тавре Дебора Поттер гуфтааст: «Муҳимтарин дастоварди журналист эътимоди хонанда, шунаванда ва бинанда буда, беҳтарин роҳи нигоҳ доштани он саҳеҳияти баён аст». Усули нигориши Далер Мерганов ба шарофати огоҳии комили муаллиф аз моҳияти масъала хусусияти мутмаинсозӣ дошта, хонандаро ба воқеят ошно мекунад».

Маводи китоби «Нахли ҳақиқатбор» таҳлилу танқид, ифшои мушкилот, пешниҳоди роҳҳои ҳалли онро фаро мегирад ва бобҳои басо пураҳамияту пурмуҳтавои он бо забони оммафаҳм иншо шудаанд.

Хотираасон мешавем, ки иддае аз нигоришҳои муаллиф, ки дар ин маҷмӯа гирд омадаанд, қаблан дар сомонаи АМИТ «Ховар» нашр шудаанд.


Вакти нашр: 2021-03-12 16:45:46    Хонданд: 153    Муфассал...

Пешрафти ҷавонону занон масъалаи меҳварии Паёми Пешвои миллат

Санаи 12-уми марти соли ҷорӣ тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ оид ба шарҳи ҷанбаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Маҳмадзода Назокат, мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҳомидзода Насимҷон-роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, мудири шуъбаи ҷавонони  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Латифзода Шавкат ва намояндаи коллеҷи мазкур Ҷалилов Далер иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат раҳнамои воқеии мардуми кишвар барои соли равон ва солҳои минбаъда мебошад. Зеро дар Паём бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафи олӣ, яъне муҳайё гардонидани зиндагии арзанда барои ҳар як сокини мамлакат ҳалли масъалаҳо дар ҳамаи соҳаҳо ва самтҳо ба таври возеҳ нишон дода шудаанд.

Дар идомаи суханронӣ таъкид гардид, ки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа дар Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи меҳвари буд.

Ҳамзамон, оид ба қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омилҳои номатлуби ҷавонон, аз қабили ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, пос доштани марзу буми кишвар ва муқаддасоти миллӣ суханронӣ гардид.

Дар фарҷом қайд гардид, ки таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад, ки ҷавононро мебояд аз он самаранок истифода баранд.

 

 


Вакти нашр: 2021-03-12 17:06:23    Хонданд: 139    Муфассал...

АКСИЯИ ШАҲРИИ ҲИЗБӢ​​​​​​​ ОИД БА ТОЗАКУНИИ ДОХИЛ ВА АТРОФИ ҚАБРИСТОНҲО ТАҲТИ УНВОНИ "БА ГУЗАШТАГОН ЭҲТИРОМ МЕГУЗОРЕМ"

Санаи 13 марти соли равон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо  кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои пойтахт аксияи шаҳрии ҳизбӣ оид ба тозакунии дохил ва атрофи қабристонҳоро таҳти унвони "Ба гузаштагон эҳтиром мегузорем" дар доираи барномаҳои ҳизбӣ баҳри сазовор таҷлил намудани Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуданд.

Мақсад аз баргузории чунин аксияҳо пеш аз ҳама ҷиҳати тарғиби урфу одат, анъанаҳои неки ниёгон ва эҳтиром гузоштан ба насли калонсолу гузашта, эмин нигоҳ доштани ҳифзи оромгоҳҳо ва тарбия намудани насли наврас дар руҳияи анъанаҳои неки миллиамон мебошад.

Дар доираи аксияи мазкур масъулини кумитаҳои иҷроияи ҳизбии пойтахт, љонибдорону фаъолони њизб, вакилони Маљлиси вакилони халќи шањри Душанбе, Шўрои собиќадорони ЊХДТ ва аъзоёни ТЉЉ “Созандагони Ватан” дохил ва атрофи қабристонҳои маҳаллаҳои Чортеппаи ноҳияи Сино, Бустони ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаи Сари Осиёи ноҳияи Исмоили Сомониро тоза намуданд.

Ҳамзамон, дар минтақаи 102 ва Ҳавзаи интихоботии №21-и ноҳияи Сино 150 адад арча, кӯчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ 150 адад арча, атрофи оромгоҳи ноҳияи Шоҳмансур 50 адад арча ва оромгоҳи “Сари Осиё”-и 50 адад арча, дар умум 400 бех арча шинонида шуд.

ҲХДТ – ҳамчун ҳизби созандаю бунёдкор, пайваста иқдомҳои созандаи худро дар доираи барномаҳои худ баҳри ободу зебо гардонидани ватани азизамон – Тоҷикистон бо ҷалби аъзоёни пурифтихори худ амалӣ мегардонад.


Вакти нашр: 2021-03-13 11:55:33    Хонданд: 148    Муфассал...

АКСИЯИ ШАҲРИИ ҲИЗБӢ ОИД БА ТОЗАКУНИИ ДОХИЛ ВА АТРОФИ ҚАБРИСТОНҲО ТАҲТИ УНВОНИ "БА ГУЗАШТАГОН ЭҲТИРОМ МЕГУЗОРЕМ" ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Санаи 13 марти соли равон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои пойтахт аксияи шаҳрии ҳизбӣ оид ба тозакунии дохил ва атрофи қабристонҳоро таҳти унвони "Ба гузаштагон эҳтиром мегузорем" дар доираи барномаҳои ҳизбӣ баҳри сазовор таҷлил намудани Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуданд.

Мақсад аз баргузории чунин аксияҳо пеш аз ҳама ҷиҳати тарғиби урфу одат, анъанаҳои неки ниёгон ва эҳтиром гузоштан ба насли калонсолу гузашта, эмин нигоҳ доштани ҳифзи оромгоҳҳо ва тарбия намудани насли наврас дар руҳияи анъанаҳои неки миллиамон мебошад.

Дар доираи аксияи мазкур масъулини кумитаҳои иҷроияи ҳизбии пойтахт, љонибдорону фаъолони њизб, вакилони Маљлиси вакилони халќи шањри Душанбе, Шўрои собиќадорони ЊХДТ ва аъзоёни ТЉЉ “Созандагони Ватан” дохил ва атрофи қабристонҳои маҳаллаҳои Чортеппаи ноҳияи Сино, Бустони ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаи Сари Осиёи ноҳияи Исмоили Сомониро тоза намуданд.

Ҳамзамон, дар минтақаи 102 ва Ҳавзаи интихоботии №21-и ноҳияи Сино 150 адад арча, кӯчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ 150 адад арча, атрофи оромгоҳи ноҳияи Шоҳмансур 50 адад арча ва оромгоҳи “Сари Осиё”-и 50 адад арча, дар умум 400 бех арча шинонида шуд.

ҲХДТ – ҳамчун ҳизби созандаю бунёдкор, пайваста иқдомҳои созандаи худро дар доираи барномаҳои худ баҳри ободу зебо гардонидани ватани азизамон – Тоҷикистон бо ҷалби аъзоёни пурифтихори худ амалӣ мегардонад.


Вакти нашр: 2021-03-13 13:07:14    Хонданд: 141    Муфассал...

Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2021

Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид.

Рамзи якум арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамояд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.

Дар асоси хулосаҳои донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз аз миёни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва паррандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад - омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид.

Минбаъд суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи миллӣ барои ҷашнгирии Соли нави миллӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ истифода хоҳад гашт.

Донишмандон бар он ақидаанд, ки суманак дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯз омода мешавад. Суманак инчунин ифодагари пайдо шудани заминдорӣ ва кишоварзӣ дар миёни қабилаҳои ориёӣ буда, муносибату муҳаббати деҳқонро ба гандум, ки ризқу рӯзии одам аст, ифода менамояд. Дар зарфи гирд омода кардани суманак рамзи коиноту замин буда, ҷовидонагии табиату инсонро тасвир месозад.

Баъди ҷаҳонӣ шудани иди Наврӯз Созмони Милали Муттаҳид ва созмони ЮНЕСКО суманак дар кураи заминро бо навиштаҷоти “Рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ” ҳамчун рамзи наврӯзӣ интихоб карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудаанд.

Рамзи дуюм намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин, аз ду тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор - суманак, парасту, накшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти “Наврӯз - 2021” бо забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст.

Ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо тавсия дода мешавад, ки рамзи якумро ба ҷойи арча дар назди идораҳо, кӯчаву хиёбонҳо, иншооту хонаҳои истиқоматӣ ҳамчун рамзи ҷашни Наврӯз ва таҷлили Соли нави миллӣ аз 19 то 25 марти соли 2021 насб намоянд.

 

Рамзи якуми ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2021 (дар формати JPG) 

Рамзи дуюми ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2021 (дар формати JPG) 

Рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2021 (дар формати CDR)


Вакти нашр: 2021-03-16 07:52:38    Хонданд: 136    Муфассал...

ШАРҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли 2021, № 97 “Дар бораи таҳким бахшидани робита бо аҳли ҷомеа доир ба ҳифзу тарғиби дастовардҳо ва арзишҳои 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу амният, баланд бардоштани ҳувияти миллию маънавӣ ва ҳамбастагӣ ба сиёсати созандагӣ” имрӯз дар МТМУ №60-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Шоҳмурод Р. – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Сино - 4, Тағойзода С.С. – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйхати ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, Муродов Ҷ.Қ. – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Файзуллозода З.Ф. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Исҳоқӣ Д.Д. – муовини сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи энергетика иштирок намуда самтҳои гуногуни Паёми муҳтарам Пешвои миллатро ба сокинон шарҳу тавзеҳ доданд.


Вакти нашр: 2021-03-16 08:14:56    Хонданд: 151    Муфассал...

ОММАФАҲМ НАМУДАНИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ВАКИЛИ ПАРЛУМОН ВА ВАКИЛОНИ МАҲАЛЛӢ

Тибқи нақшаи баргузории мулоқоту вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли 2021, № 97 “Дар бораи таҳким бахшидани робита бо аҳли ҷомеа доир ба ҳифзу тарғиби дастовардҳо ва арзишҳои 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу амният, баланд бардоштани ҳувияти миллию маънавӣ ва ҳамбастагӣ ба сиёсати созандагӣ” имрӯз дар толори Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе вохӯрӣ баргузор гардид. Дар он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Маликзод Парвина Иноятулло, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ- Шарифзода Наргис Достӣ, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Исҳоқӣ Ҳусния Давлаталӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия – Ҷурахонзода Ҷумахон, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Сафарбекзода Шарофиддин Сафарбек, директори Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе - Асроров Абдулло ва сокинони маҳаллаи Чашмасор иштирок намуданд.
Дар идома вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маликзод Парвина Иноятулло нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Пешвои миллатро шарҳу тавзеҳ дод. Ҳамчунин, доир ба ҳифзу тарғиби дастовардҳо ва арзишҳои 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу амният, баланд бардоштани ҳувияти миллию маънавӣ ва ҳамбастагӣ ба сиёсати созандагӣ баромад намуд.


Вакти нашр: 2021-03-16 08:35:07    Хонданд: 161    Муфассал...

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ "Дар бораи баргузор намудани Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони “Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ” дар шаҳри Душанбе"

Ҷиҳати татбиқи банди 16 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз - 2021, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 феврали соли 2021, №120 тасдиқ гардидааст ва бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, таҳкими муттаҳидӣ, дӯстӣ ва ягонагӣ дар байни ҷавонон, инчунин табодули маълумот, таҷрибаомӯзӣ ва шиносоӣ аз ҷойҳои фарҳангию фароғатии пойтахт мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ” рӯзҳои 16 – 19 марти соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

2. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ” ва ҳайати Кумитаи тадорукоти он тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шавад.

3. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи тадорукот якҷо бо сохторҳои дахлдор барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ” дар шаҳри Душанбе тадбирҳои амалӣ андешанд.

4. Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози баргузории Фестивали мазкур муқаррар карда шуда, ҷиҳати ташкилу ҷамъбасти он чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намояд.

5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ


Вакти нашр: 2021-03-16 09:09:37    Хонданд: 180    Муфассал...

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ҲИДОЯТНОМАИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Дирӯз дар асоси нақшаи Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ оид ба омӯзиши Паёми Пешвои миллат дар ташкилоти ибтидоии "Қомуснигор" вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизюи Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён ва раиси ташкилоти ибтидоии "Қомуснигор" Нурмаҳмад Амиршоев иштирок намуда, оид ба самтҳои Паём маърӯза карданд.

Дар маърӯзаҳо қайд гардид, ки мо соли 2020 дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ намудем.

Дар навбати аввал, бо дарназардошти коҳиш ёфтани даромади буҷет, афзоиши талаботи маблағгузорӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва дигар хароҷоти пешбининашуда буҷети давлатиро барои соли 2020 бознигарӣ карда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйироти дахлдор ворид намудем.

Аз ҷумла ба соҳаи тандурустӣ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шуданд.

Дар кишвар барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии КОВИД – 19 беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар гардиданд.

Илова бар ин, дар 92 муассисаи тиббӣ 16 ҳазор кат омода карда шуд.

Бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва соҳибкорони ватанӣ тибқи Фармони Президенти мамлакат аз 5 июни соли 2020 сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба маблағи умумии беш аз 450 миллион сомонӣ пешниҳод карда шуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ бо сокинон мубодилаи афкор сурат гирифт.


Вакти нашр: 2021-03-16 09:26:56    Хонданд: 126    Муфассал...

Вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳбуба Камолова бо интихобкунандагон

12 марти соли ҷорӣ дар кӯчаҳои Неъмат Қарабоев, Саъдии Шерозӣ, Мушфиқии шаҳраки 23 ва 24 – и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷиҳати баррасии Қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 2 марти соли 2021, таҳти № 176 «Дар бораи даъват намудани Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум» вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии № 55 Маҳбуба Камолова, дар якҷоягӣ бо намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Муассисаи давлатии хизматию коммуналӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Бояд зикр намуд, ки мақсади вохӯрӣ баррасии масъалаҳои дар Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баррасишаванда мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар вохӯрӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии № 55 Маҳбуба Камолова баромад намуда, қайд намуд, ки масъалаи иҷрои нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва барномаи давлатӣ дар соҳаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 яке аз ҳадафҳои стратегии муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, дар ин самт тамоми тадбирҳо андешида шуда истодаанд.

Инчунин зикр намуд, ки дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар асоси нақша-чорабиниҳо ва ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини сокинони шаҳр бо ҷойҳои нави корӣ корхонаҳои саноатӣ сохта ба истифода дода шуда истодааст. Чунончи дар соли 2020 дар ҳудуди шаҳри Душанбе беш аз 12 корхонаю коргоҳҳои истеҳсоли ботаъсиси беш аз 500 ҷойҳои нави корӣ ба қайд гирифта шуда буд.

Аз ин рӯ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, сохтмони корхонаҳои саноатӣ, ва таъсиси ҷойҳои нави кориро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, - иброз дошт М. Камолова.

Бояд гуфт, ки масъалаҳои дигаре, ки ба рӯзномаи иҷлосия пешниҳод гардидааст, ин вазъи истифодаи моликияти коммунали ва иҷрои консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммунали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025, дар бораи қабул ва эътироф намудани молу амволи коммуналии шаҳри Душанбе вобаста ба тагйир ёфтани сарҳади маъмурии шаҳри Душанбе ва дар бораи таъин намудани интихобот дар ҳавзаи интихоботии №62 мебошанд.

Дар ҷамъбасти вохӯрӣ бо интихобкунандагон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии № 55 М. Камолова аз интихобкунандагон даъват ба амал оварданд, ки бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ватани азизамон, ҷиҳати риояи Маромномаи сокини пойтахт, дастгирии сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам, Рустами Эмомалӣ, риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯсти, ҷалби онҳо ба китобхони ва иштирок дар озмунҳои ҷумҳуиявии «Фурӯғи субҳи донои китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм-чароғи маърифат» саҳмгузор бошанд.

Баъди баромади вакил М. Камолова интихобкунандагон масъалаҳои дар Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати шашум баррасишавандаро дастгирӣ намуда, дар фарҷоми вохӯрӣ оид ба мушкилоти ҷойдошта, пешниҳодҳои худро ба вакил расониданд. М.Камолова ба саволҳои интихобкунандагон ҷавобҳои мушаххас дода, ваъда дод, ки барои ҳалли онҳо мусоидат хоҳад кард.


Вакти нашр: 2021-03-16 11:33:32    Хонданд: 131    Муфассал...

ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН!

Санаи 15 марти соли 2021 дар асоси ҷадвали баргузории вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо интихобкунандагони нозироти минтақавии идоракунии фонди манзил №1 ва шаҳраки 65-ум дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №78 вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Насриддинзода Э, Усмонзода С., Амонулло Хайрулло, Қосимзода И. ва раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ роҷеъ ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паём бармеоянд, суҳбату муколама баргузор гардид.

Дар маърӯзаҳо ҳар як самтҳои Паём тариқи оммафаҳм ва бо маълумотҳои амиқу дақиқ ба мардум фаҳмонида шуда, бо мардум мубодилаи афкор ташкил карда шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ даъват ба амал оварда шуд, ки барои сазовар таҷлил намудани Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳмгузор бошем.

ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН!

 

Санаи 15 марти соли 2021 дар асоси ҷадвали баргузории вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо интихобкунандагони нозироти минтақавии идоракунии фонди манзил №1 ва шаҳраки 65-ум дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №78 вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Насриддинзода Э, Усмонзода С., Амонулло Хайрулло, Қосимзода И. ва раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ роҷеъ ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паём бармеоянд, суҳбату муколама баргузор гардид.

Дар маърӯзаҳо ҳар як самтҳои Паём тариқи оммафаҳм ва бо маълумотҳои амиқу дақиқ ба мардум фаҳмонида шуда, бо мардум мубодилаи афкор ташкил карда шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ даъват ба амал оварда шуд, ки барои сазовар таҷлил намудани Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳмгузор бошем.


Вакти нашр: 2021-03-16 17:24:34    Хонданд: 143    Муфассал...

ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН!

Дар асоси нақшаи таҳиягардида бо иштироки Обидов Фозил Саидович - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамидзода Насим - мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Амонуллозода Ҳ.Б - муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63 бо сокинони маҳаллаҳои Бӯстон-1 ва 2 вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар маърӯзаҳо ҳар як самтҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар тариқи оммафаҳм ва бо маълумотҳои амиқу дақиқ ба мардум фаҳмонида шуда, бо мардум мубодилаи афкор ташкил карда шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ даъват ба амал оварда шуд, ки барои сазовар таҷлил намудани Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳмгузор бошем.


Вакти нашр: 2021-03-16 17:35:54    Хонданд: 151    Муфассал...

«НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ – МЕҲВАРИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГИЮ САЙЁҲӢ». Таҳти ин ном дар Душанбе Форуми 2-юми байналмилалӣ баргузор мегардад

21 март дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) эълон гардидани  шаҳри Душанбе дар соли 2021 бо иштироки намояндагони  ИДМ, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Қазоқистон ва Ӯзбекистон барномаи фарҳангӣ  омода ва пешкаши сокинони пойтахт ва меҳмони хориҷӣ гардонида мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар барномаи фарҳангӣ санъати асили мардуми тоҷик пурра инъикос гардида, инчунин дастовардҳои шаҳри Душанбе тариқи навор манзури иштирокдорон мешаванд.

Ҳамчунин дар нақша аст, ки иштирокдорони барномаи фарҳангӣ аз боғу гулгаштҳо, Осорхонаи миллӣ  ва мавзеъҳои фарҳангӣ дидан намоянд.

Бояд гуфт, ки 22 март дар робита ба таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Федератсияи Россия, Ӯзбекистон ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ Форуми II байналмилалии «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» дар сатҳи баланд баргузор мегардад.

Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 12 марти соли равон оид ба нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати омодагӣ ба баргузории Форуми мазкур, ҳайати кумитаи тадорукот ва ҳисобномаи хароҷотии баргузории он тасдиқ гардид. Тибқи қарори мазкур, муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани форуми мазкур тадбирҳо андешида истодаанд.

Форуми мазкур бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ба шаҳри Душанбе, ташвиқу тарғиби фарҳангу таърихи қадими халқи тоҷик, инчунин имконоти сайёҳии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки ҷашни Наврӯз таҷассуми  гиромидошти муқаддасот, суннату анъана ва фарҳангу тамаддуни қадими миллати тоҷик буда, марҳилаҳои ташаккули таърихии он ба ҳайси сармояи маънавии миллати тоҷик ва оини баргузидаи башарият, ҷашни эҳёи табиату оғози соли нав, шодиву сурури ҳамагонӣ, бузургдошти дӯстию бародарӣ ва ваҳдату якпорчагӣ,   суннату оинҳои мардумӣ, орзую ормонҳои умумихалқӣ ва арзишҳои дунявӣ дар ҳамоҳангӣ бо рисолати шодиофаринӣ маҳсуб мешавад. Ҷашни байналмилалии Наврӯз  ҳамасола дар саросари  мамлакат тавассути  барномаҳои  идона, доир  намудани  намоиши  ҳунарҳои  мардумӣ,  баргузории  барномаи  театрӣ бо ҳисси ифтихор аз  ватандорию  шукуфоии мамлакат,  арҷ  гузоштан ба мероси  пурғановати ниёгону  шукргузорӣ аз сиёсати  фарҳангии  Асосгузори    сулҳу  ваҳдати  миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар  сатҳи  баланди  худшиносию  меҳанпарастии кулли  сокинони   мамлакат таҷлил  мешавад.

Имсол ба санае, ки Наврӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷашни байналмилалӣ эълон гардид, ёздаҳ сол пур шуд.

Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бо иштироки намояндагони кишварҳои мухталиф соли 2019 дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуда буд, ки дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ҳайатҳои бародаршаҳрҳо, корпусҳои дипломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, коршиносон ва роҳбарони ширкатҳои сайёҳии кишвар, воситаҳои ахбори омма, мутахассисону коршиносони дохиливу хориҷӣ иштирок доштанд.

Иштирокчиёни Форуми соли 2019 қабл аз оғоз аз намоишгоҳи фарҳанги наврӯзӣ, ки дар он намунаҳои гуногуни осори санъати наққошиву гулдӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, фарҳанги наврӯзӣ, хӯрокҳои миллӣ ба маъраз гузошта шуда буд, боздид намуданд. Инчунин дар  кори Форум ҳамоишҳои илмиву адабӣ, барномаҳои гуногуни шавқовари фарҳангию фароғатӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардида буд.

Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи марти соли 2019 зиёда аз 60 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, аз тантанаҳои наврӯзӣ ва баҳори Тоҷикистон баҳра бурданд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»


Вакти нашр: 2021-03-16 17:51:01    Хонданд: 173    Муфассал...

Пагоҳ иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад

Пагоҳ, 17 март дар пойтахт иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба рӯзномаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум масъалаҳои зерин: «Дар бораи вазъи иҷрои нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва барномаи давлатӣ дар соҳаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», «Дар бораи вазъи истифодаи моликияти коммуналӣ ва иҷрои консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025», «Дар бораи қабул ва эътироф намудани молу амволи коммуналии шаҳри Душанбе вобаста ба тағйир ёфтани сарҳади маъмурии шаҳри Душанбе», «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №62»,  «Дар бораи таъйин намудани интихобот дар ҳавзаи интихоботии №62», Дар бораи таъсис додани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе» ва «Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе» дохил карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори мазкур барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ  таъсис дода шуда буд.   Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  то санаи 15 марти соли 2021 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум таклифҳои мушаххасро пешниҳод намуданд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»


Вакти нашр: 2021-03-16 17:53:00    Хонданд: 179    Муфассал...

Кумак ба оилаҳои камбизоат ва ятимону бепарасторони шаҳри Душанбе

Санаи 16 марти соли равон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино бо саҳми Исмоилзода Нурҷаҳон Ҷамшед – вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 100 нафар оилаҳои камбизоат ва ятимону бепарасторони шаҳри Душанбе кумакҳои моддии яквақтаина бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ супорида шуд.

Мавриди аёдат ба ҳар як нафар кумакҳои моддӣ, аз қабили орд, равған, картошка, пиёз, шакар, макарон, биринҷ ва дигар маҳсулоҳои аввалияи рӯзғор расонида шуд.

Иқдоми мазкур барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, пос доштани марзу бум ва муқаддасоти миллӣ мусоидат мекунад.

Бояд қайд намуд, ки дар сиёсати пешгирифтаи Cарвари давлатамон масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон яке аз самтҳои афзалиятнокро ишғол намуда, Ҷаноби Олӣ ҳамеша нисбати ин қишри ҷомеа ғамхории махсус зоҳир менамоянд.

Тавре ки таъкид намудаанд, «мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем».


Вакти нашр: 2021-03-16 18:38:07    Хонданд: 228    Муфассал...

ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Дар асоси нақшаи тасдиқ гардида санаи 16 марти соли ҷорӣ дар Маркази саломатии шаҳрии №3 бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Обидов Фозил, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур-Гулаҳмадзода Зулфиқор ва мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе-Ҳомидзода Насимҷон бо кормандони соҳаи тиб вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он самтҳои тиб ва соҳаи иҷтимоии дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии табибон ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пайваста чораҳои зарурӣ андешида дар сохтани беморхонаҳои замонавӣ бо шароитҳои мусоид ва ворид кардани технологияи нави замонавии ташхисию табобатӣ чораандешӣ намуда истодааст.

Дар фарҷоми вохӯрӣ даъват ба амал оварда шуд, ки барои сазовар таҷлил намудани Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳмгузор бошем.


Вакти нашр: 2021-03-17 08:02:34    Хонданд: 140    Муфассал...

ШАРҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли 2021, № 97 “Дар бораи таҳким бахшидани робита бо аҳли ҷомеа доир ба ҳифзу тарғиби дастовардҳо ва арзишҳои 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу амният, баланд бардоштани ҳувияти миллию маънавӣ ва ҳамбастагӣ ба сиёсати созандагӣ” имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Шоҳмурод Р. – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Сино - 4, Усмонзода С. – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зувайдуллозода М.Ҳ. – аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Муродов Ҷ.Қ. – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Файзуллозода З.Ф. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок намуда, самтҳои гуногуни Паёми муҳтарам Пешвои миллатро ба сокинон шарҳ доданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ даъват ба амал оварда шуд, ки барои сазовар таҷлил намудани Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳмгузор бошем.


Вакти нашр: 2021-03-17 08:13:56    Хонданд: 121    Муфассал...

ПАЁМ - РОҲНАМО БАҲРИ АМАЛӢ НАМУДАНИ НАҚШАҲОИ НЕКИ ОЯНДАСОЗ

Баҳри шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии таблиғотии вакилони Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи якҷояи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳия баргузор гардид.

Дар он вакилони Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликзод Парвина Иноятулло, Қосимзода Идигул, Саодатшо Матробиён, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷумахон ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе Эраҷ Раҷабзода иштирок намуданд, ки аз ҷониби муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шарифзода Наргис Достӣ ба ҳозирин муаррифӣ карда шуд.

Шарифзода Наргис Достӣ бо истифода аз нуктаҳои меҳварии Паёми Пешвои миллат суханро бо навбат ба вакилон дод.

Вакилони парлумон Маликзод Парвина Иноятулло, Қосимзода Идигул, Саодатшо Матробиён бо истифода аз малакаву таҷрибаи бойи худ нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат дар самти иқтисодӣ, рушд ва дастгирии истеҳсолоти ватанӣ, рушди тафаккури инсонӣ, аҳамияти ҷиддӣ додан ба тарбияти фарзандон, омӯхтани фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, дастгирии қишри эҳтиёҷманди ҷомеа, аҳамияти саҳмгузории миллӣ дар рушди минбаъдаи давлатдорӣ ва ҳифзи ҳамешагии амну оромии кишвар суханронӣ намуданд.

Илова ба ин таҳким бахшидани робита бо аҳли ҷомеа, ба инобат гирифтани муроҷиатҳои шаҳрвандон, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва дӯст доштани ҳар порча хоки ватани аҷдодиямон Тоҷикистони азиз таблиғ карда шуд.

Бо шукргузории сокинон аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ба маҷлис ҳусни анҷом бахшида шуд.


Вакти нашр: 2021-03-17 08:25:22    Хонданд: 92    Муфассал...

Наврӯзи хуҷастапай муборак!

Наврӯз дар масири таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ марҳалаҳои бисёр мушкилу пурпечутобро аз сар гузаронидааст.
Аммо аҷдоди шарафманди мо бо вуҷуди монеаву мушкилоти зиёд Наврӯзро на танҳо ҳамчун мероси муқаддаси гузаштагони худ ҳифз кардаанд, балки онро ба сифати ойини башардӯстонаву офаранда ба дигар халқҳои дунё ба таври шоиста муаррифӣ намудаанд.

ЭМОМАЛӢ Раҳмон


Вакти нашр: 2021-03-17 08:47:22    Хонданд: 140    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ҒАЛЛА”

Бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур- Гулаҳмадзода Зулфиқор дар ташкилоти ибтидоии “Ғалла” маҷлиси ҳизбӣ доир гардид.

Ибтидо аз рӯйи масъалаҳои маҷлис бо пешниҳоди аъзоёни ташкилот Шарифов Бахтиёр - раиси ташкилот ва Фаттоҳов Фирдавс - муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Ғалла” интихоб гардиданд.

Сипас, Гулаҳмадзода Зулфиқор оид ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ намуд. Афзуд, ки дар ҷамъбасти як соли корӣ ва дар остонаи соли нав пешниҳоди Паём ба вакилони мардумӣ ва ба тамоми ниҳодҳои давлатию мардуми кишвар яке аз принсипҳои демократӣ арзёбӣ мегардад. Вобаста ба саноатикунонии кишвар, таҳкими давлатдории миллӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани стипендияҳои муҳассилини макотиби кишвар, вусъат додани созандагию бунёдкорӣ, омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, маҳкум намудани падидаҳои номатлуб ва гурӯҳҳои иғвоангез ва амсоли ин суханронӣ намуд.

Шарифов Бахтиёр- Раиси ташкилоти ибтидоии “Ғалла” зимни суханронии худ роҷеъ ба дастовардҳои давлатдории миллӣ, баланд бардоштани иродаи сиёсии аъзои ташкилот, дастгирии сиёсати бобарори Пешвои миллат ва тақвият додани фаъолияти сиёсии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ сухан кард.


Вакти нашр: 2021-03-17 13:07:25    Хонданд: 120    Муфассал...

НАМОИШИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТИИ "САД РАНГИ ЧАКАН" ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "БОСТОНШИНОС"

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Бостоншинос"-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши фарҳангӣ-фароғатии “Сад ранги чакан” ифтитоҳ гардид. Намоиши мазкур бо иқдоми Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Сад ранги чакан” баргузор гардид.

Дар намоиш директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Аҳлиддин Ибодуллозода, Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон – Ғанизода Ҷамшед, Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО – Зулфия Бурҳон, сарпарасти ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Бостоншинос"-Мардонова Ҳумайро, муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шарифзода Комилҷон суханронӣ намуданд.

Аҳлиддин Ибодуллозода зимни суханронии хеш зикр намуд, ки “ҳадаф аз баргузории намоиши мазкур - ин баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои миллию муаррифии он ва ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ мебошад”.

Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО – Зулфия Бурҳон баъд аз анҷоми суханронии худ “Сертификат”-и асле, ки ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият (ЮНЕСКО) шомил гардидани “Чакан”-ро тасдиқ мекунад, баҳри нигаҳдорӣ ва истифодаи минбаъда ба директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода супорид.

Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон беҳтарин намунаҳои ин ҳунари мардуми тоҷик аз қабили куртаю почаи чаканӣ, рӯймоли миён, тоқии чакан, бардеворӣ, рукурпагӣ, рӯгавҳорагӣ, рӯйҷо, чойгир, салла (дастор) ва дигар намудҳо ба маъраз гузошта шудаанд, ки чеварони тоҷик ҳунари гулдӯзӣ ва чакандӯзии хешро асосан дар ҳамин намуди ашёи чаканӣ хуб нишон додаанд.

Инчунин дар намоиш маснуоти ороишии занона ба монанди ангушттарин, дастмона, гӯшвор, гарданбанд, тоҷ, миёнбанд ва ғайраҳо пешниҳоди тамошобинон гардонида шудааст, ки занон дар баробари куртаи чакан ин ороишотҳоро низ барои зебу зиннати худ истифода мебурданд.

Дар доираи ин намоиш маҳсулоти тарроҳону пардозгарони либосҳои миллӣ ба монанди чакан, атлас ва адрас аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.

Қобили зикр аст, ки намоиши мазкур аз 16 то 31 марти соли ҷорӣ идома меёбад.


Вакти нашр: 2021-03-17 13:10:28    Хонданд: 120    Муфассал...

ТАВЗЕҲИ МУҲТАВОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

Дар ташкилоти ибтидоии “Сохтмончӣ” омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гаидид. Зикр шуд, ки пешниҳод шудани Паём аз тарафи Роҳбари давлати Тоҷикистон дар доираи манфиатҳои миллии кишвар, мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи тоҷик аст. Дар доираи омодагиҳо ба чашни фархундаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар як зумра иншооти муҳими хизматрасонию иҷтимоӣ, сохтмони таиноташон саноатию, аграрӣ ва силсилаи биноҳои маъмурию истиқоматӣ бунёд гардида истодаанд, ки дар рушди саноатикунонии босуръати кишвар нақши бориз мегузоранд.

Таъкид шуд, ки ҳамаи кормандон ва ҷонибдорону аъзоёни ҲХДТ бо ҳамовозии самимӣ ва ҷонибдории содиқона дар таҳкими давлатдории миллӣ саҳми созанда гузошта, сиёсати созандаву бобарори Пешвои мардумии халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намоянд.


Вакти нашр: 2021-03-17 13:22:14    Хонданд: 171    Муфассал...

Дар пойтахт Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир гардид

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар пойтахт иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир гардид. Иҷлосия таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ба рӯзномаи  иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум масъалаҳо «Дар бораи вазъи иҷрои нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Барномаи давлатӣ дар соҳаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», «Дар бораи вазъи истифодаи моликияти коммуналӣ ва иҷрои консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025», «Дар бораи қабул ва эътироф намудани молу амволи коммуналии шаҳри Душанбе вобаста ба тағйир ёфтани сарҳади маъмурии шаҳри Душанбе», «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии рақами 62», «Дар бораи таъйин намудани интихобот дар ҳавзаи интихоботии рақами 62» ва таъсис додани комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид гардиданд.

Пас аз баррасӣ ва муҳокимаи ҳамаҷонибаи масъалаи якуми иҷлосия қарор қабул гардид, ки  масъулин дар ҳамкорӣ бо мутахассисон қарори Раиси шаҳри Душанбе ва нақшаи чорабиниҳои онро вобаста ба «Барномаи саноатикунонии босуръати  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дар кӯтоҳтарин муҳлат таҳия намуда, ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноаткунонии босуръати мамлакат, бобати бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва бо ин восита зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва солимгардонии онҳо тадбирҳои  зарурӣ андешанд.

 

Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулинро бахусус ба  фаъол гардонидани  корхонаҳое, ки қаблан хусусӣ гардонида шуда буданд, вале аз фаъолият бозмондаанд, равона намуда, на танҳо фаъолгардонӣ, балки  зиёд намудани иқтидори истеҳсолии онҳоро таъкид  карданд.

Рустами Эмомалӣ ҳамчунин ҷиҳати   ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ ва ба кори доимӣ ҷалб намудани занону духтарони хонашин, тақвияти рушди содирот ва ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, фароҳам овардани шароит барои ташкили фаъолияти  соҳибкории хурду миёна ва бо ин васила то охири сол зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, ба стандартҳои байналмилалии сифат мутобиқат намудани маҳсулоте, ки аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳр истеҳсол мешаванд, ба роҳбарони сохторҳои марбутаи пойтахт дастуру супориш доданд.

Ҳамчунин масъулини соҳа вазифадор гардиданд, ки дар  масъалаи     ҷалби сармояву  соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати  ташкил намудани корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, хокаи ҷомашӯӣ, собун, либоси мактабӣ, назорати воридот ва истеҳсоли обҳои ташнагишикан, шиша, коркарди гиёҳҳои шифобахш, корхонаҳои ҳасиббарорӣ, консерваҳои гӯштӣ,  бо мақсади баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ва рақобатпазир бо корхонаҳои саноатие, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро коҳиш додаанд, корбарӣ намоянд.

Раиси шаҳр муовинони соҳавиро вазифадор карданд, ки якҷо бо раисони ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдори шаҳрӣ бобати ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолии минтақаи саноатӣ, воқеъ дар кӯчаи Зебунисо 5 –и пойтахт ва барқарор намудани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои дар ҳудуди ноҳияҳо фаъолияткунанда чораҳои амалӣ андешанд.

Рустами Эмомалӣ  таваҷҷуҳи масъулони соҳаро ба масъалаи баланд бардоштани суръати рушди соҳаҳои иқтисодиёт, сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва коҳишёбии сатҳи бекорӣ ҷалб намуда,  дасуту супориш доданд, ки истифодаи технологияи нав ва истеҳсоли молҳои рақобатпазирро дар корхонаҳо ба роҳ монда, афзоиши содироти ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ва кам кардани воридоти ҳаҷми маҳсулоти беруниро  таъмин намоянд.

Дар иҷлосия вазъи истифодаи моликияти коммуналӣ ва иҷрои консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025 баррасӣ гардид, ки аз рӯи он ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода шунида шуд.

Дар ин робита ниҳодҳои марбутаи  пойтахт  вазифадор шуданд, ки бо мақсади истифодаи самараноки моликияти коммуналӣ ва  ба иҷора супоридани масоҳатҳои озоди моликияти коммуналӣ, пурра таъмин намудани ҷамъоварии маблағҳои амволҳои фурӯхташуда ва иҷораи объектҳои моликияти коммуналии шаҳр, таъмини бақайдгирии пурра ва дурусти амвол, инчунин ҷорӣ намудани тартиби ягонаи ҳисоби бино ва иншоотҳое, ки аз ҳисоби ҳудудҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Душанбе ворид шудаанд, чораандешӣ намоянд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии манзилию коммуналӣ, барқарорсозӣ ва навсозии инфраструктураи муҳандисии коммуналӣ, азнавтаҷҳизонии техникии корхонаҳои коммуналӣ, ҷиҳати солимгардонии иқтисодии корхонаҳои партовкашонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, таъсиси корхонаҳои коркарди партовҳои истеҳсолӣ, пурра ба системаи биллингӣ гузаштан ва бартараф намудани қарздориҳо, инчунин пурра фаро гирифтани муштариён бо шартномабандӣ чораҳои амалӣ андешанд.

 

Дар иҷлосия  бобати иҷрои пурраи консепсия ва ташкили ширкатҳои соҳибмулкони манзил, ба ин васила нигоҳубини дурусти биноҳо, такмил додани сохтори соҳаи манзилию коммуналӣ, махсусан дар маҳаллаҳои аз ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ воридшаванда, коҳиш додани қарзҳои соҳа, таъмини тозагии манзилҳо, биноҳои истиқоматӣ ва ҷӯйборҳо, хурраму сабзгардонӣ, инчунин вусъат бахшидани корҳои ободонию сабзкорӣ, шинонидани гулҳои мавсимӣ дастуру супоришҳо дода шуд.

Дар иҷлосия дар бораи қабул ва эътироф намудани молу амволи коммуналии шаҳри Душанбе вобаста ба тағйир ёфтани сарҳади маъмурии шаҳри Душанбе раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе Маҳмадсафо Раҷабализода ҳисобот дод.

Дар ин робита иҷлосия қарор кард, ки  молу амволи дар ҳудуди 7659,25 гектар қитъаи замини бо тартиби муқарраргардида ба ҳудуди шаҳри Душанбе ворид гардида, моликияти коммуналӣ эътироф ва қабул карда шуда, истифодаи самараноки он таъмин карда шавад.

Роҳбарони соҳаҳои дахлдор ва сохторҳои марбута уҳдадор шуданд, ки ҷиҳати бақайдгирӣ ва истифодаи самараноки моликияти коммуналӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, иншоотҳои иҷтимоӣ, таъминоти оби нушокӣ, барқ, алоқа, нақлиёт ва ғайра тадбирҳои зарурӣ андешида, зимни таҳияи буҷети шаҳри Душанбе барои солҳои минбаъда, маълумотҳои оморӣ ва ҳисоботҳои давлатӣ тағйироти марбутаро ба инобат гиранд.

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ваколати вакил аз ҳавзаи интихоботии рақами 62  Зувайдзода Маҳмадсаидро, бинобар ба вазифаи Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданаш, қабл аз муҳлат қатъ кард. Бинобар ин, ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии рақами 62  16 майи соли 2021 интихобот муқаррар гардида, комиссияи шаҳрии интихобот таъсис дода шуд.

Раиси шаҳри Душанбе вобаста ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории чорабиниҳои сиёсӣ дар шаҳри Душанбе муовини якум, муовинони раис ва раисони ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки пайваста  дар тамоми шаҳраку маҳалла, корхонаву муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ шанбегиҳо ташкил намуда, ҷиҳати таъмини тозагиву ободӣ, сарсабзиву хуррамӣ, тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва сари вақт ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори боварӣ карданд, ки сокинони сарбаланди шаҳри Душанбе ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо корҳои азими созандагиву бунёдкорӣ, нерӯи тоза ва азму иродаи қавӣ баҳри пешрафт ва ободии имрӯзу фардои пойтахти давлати соҳибистиқлоламон  пешвоз  мегиранд.

Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ кард.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Вобаста ба фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кулли сокинони пойтахтро табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки “Иди Наврӯзи байналмилалӣ барои мо тоҷикон ҷашни азизу муқаддас ба шумор рафта, ин ҷашн дар масири таърих бо фазилату суннатҳои некаш дар ҳаёти маънавӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳёи миллати куҳанбунёди тоҷик нақши бузург бозидааст».

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори боварӣ намуданд, ки иди байналмилалии Наврӯзро аҳли сокинони пойтахт бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил намуда, корҳои хуррамгардонӣ, тозаю озода кардани маҳаллаю кӯчаҳои худро вусъат  мебахшанд.

Бо ҳамин иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати  шашум кори худро анҷом дод.


Вакти нашр: 2021-03-17 14:45:52    Хонданд: 187    Муфассал...

ИҚДОМИ ХАЙРИЯВИИ "АРМУҒОНИ НАВРӮЗӢ"

Наврӯзи оламафрӯз, ки бо файзу баракоти хоса ва қадамҳои хуҷастаи худ пайки омадани баҳор ва айёми шукуфоии табиатро мерасонад, аз беҳтарин ҷашнҳои ниёгонист, ки он ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар қаламрави Ватани маҳбубамон таҷлил мегардад. Ҷашни Наврӯзро гузаштагони мо чун рамзи покиву беолоишӣ дониста, аҳди дӯстиву рафоқат, эҳсону муҳаббат, бунёдкорию ободониро густариш бахшида, онро чун оғози пайғоми тоза ва дурахши роҳи фардои муқаддас мешумориданд.

Дар ин доира аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе - Абдуллозода Исматулло Файзулло ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур - Меликов Аслиддин Изатуллоевич ба 45 оилаҳои ниёзманди маҳаллаҳои "Шоҳмансур 1", "Восифӣ", "Бедил" ва шаҳраки Роҳиоҳанчиён кӯмаки озуқавории яквақтаина аз қабили орд, шакар, равған, биринҷ, картошка ва пиёз расонида шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки иқдоми мазкур дар доираи ҷашнгирии Иди байналмилалии Наврӯз то охири моҳ идома хоҳад кард.


Вакти нашр: 2021-03-17 18:09:07    Хонданд: 170    Муфассал...

ШАРҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар асоси нақшаи баргузории мулоқоту вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26  январи соли 2021 ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли 2021, № 97 “Дар бораи таҳким бахшидани робита бо аҳли ҷомеа доир ба ҳифзу тарғиби дастовардҳо ва арзишҳои 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу амният, баланд бардоштани ҳувияти миллию маънавӣ ва ҳамбастагӣ ба сиёсати созандагӣ” имрӯз дар МТМУ №38-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Шоҳмурод Р. – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Сино - 4, Раҷабзода Эраҷ – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Мирзоев Н.М. – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок намуда, вобаста ба самтҳои гуногуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон шарҳ тавзеҳ доданд.

Бояд қайд намуд, ки дар баромадҳо қайд карда шуд, ки халқи Тоҷикистон Паёми Президенти кишварро як муҷдаи роҳнамоӣ дар ҳали мушкилоти зиндагии худ қабул намуда, барои ироаи Паём ҳамеша мунтазирӣ мекашанд ва тибқи он фаъолияти корӣ ва зиндагии худро ба роҳ менмонанд.

Дастгирии кишварзон, аз ҷумла Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ пешниҳод менамоям, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд” – иқдомест барои фаровонии маводҳои озуқа, меҳанати ҳалол, маҳсулотҳои ҳақиқӣ ва тару тоза, аз ҷиҳати экалогӣ мусоидат мекунад.

Имсол бошад  тибқи  маълумотҳои коршиносони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ соли гуруснагӣ, камчиншавии маҳсулотҳо пешбинӣ шудааст. Аз ҳамин лиҳоз, моро зарур аст, пеш аз ҳама заминҳои назиҳавлигии худро ва ҳар як ваҷаб заминҳои бекорхобидаро мақсадноку самаранок истифода намуда, 2-3 ҳосил ба даст орем.

Дар фарҷоми вохӯрӣ даъват ба амал оварда шуд, ки барои сазовар таҷлил намудани Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳмгузор бошем.


Вакти нашр: 2021-03-17 18:56:08    Хонданд: 176    Муфассал...

ПАЙКИ НАВРӮЗИ АҶАМ

Бо ташаббуси “Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ бо шуроҳои маҳаллаҳо ва шаҳракҳо, муассисаҳои истифодабарии манзил, иттиҳодияҳои ҷамъиятию ҳизбҳои сиёсӣ, васоити ахбори омма, ташкилотҳои диннӣ ва ғайридавлати”-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур, узви комиссияи мазкур Меликов Аслиддин ва бо ҷалби ҷавонони ТҶҶ "Созандагони Ватан" баҳри сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалигардонии муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба «Шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе, бо ин васила татбиқ намудани барномаҳои ҳизбӣ дар ҳудуди маҳаллаи Бадахшон 2-и ноҳияи Шоҳмансур аксияи ободониву созандагӣ баргузор намуданд.

Дар аксияи мазкур зиёда аз 50 адад ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуда, отрофи ин маҳалла ба як ҷойи тамошобобу дилкаш табдил дода шуд.

 


Вакти нашр: 2021-03-17 19:15:48    Хонданд: 143    Муфассал...

МУЛОҚОТИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛӢ, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЛЯКИН-ФРОЛОВ И.С.

ш.Душанбе.17.03.2021. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сергей Лякин-Фроловро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кӯшишу ҳавасмандии Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар кишварро дар тавсеаи ҳамкории байнипарламентии миёни Тоҷикистон ва Россия нек арзёбӣ карда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро дар муайянсозии афзалиятҳои асосии рушди муносибатҳо ва ҳамкории дуҷониба бо Россия, ки шарики муҳими стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, изҳор доштанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар самти робитаҳои байнипарламентиро баррасӣ карда, дар марҳилаи муосир нақши дипломатияи парламентиро ҳамчун унсури калидии ҳамкории байнидавлатӣ арзёбӣ намуданд.

Дар ин ҷода аҳамияти муассири ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби сиғаҳои нодиру самараноки бисёрҷониба, пеш аз ҳама Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи Парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва саҳми муҳимми онҳо дар рушди фазои ҳуқуқӣ, таъкид гардид.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қайд намуданд, ки таҳкими ҳамкории мутақобила дар ҳошияи Ассамблеяи Парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ яке аз самтҳои муҳими давраи раёсати ҷониби Тоҷикистон дар ин созмон маҳсуб меёбад.

Лозим ба ёдоварист, ки тибқи қарори Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 30 ноябри соли 2020 ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони мазкур 31 марти соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо инчунин дигар масъалаҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.


Вакти нашр: 2021-03-18 07:57:13    Хонданд: 130    Муфассал...

Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран мулоқот намуданд

Санаи 17 марти соли ҷорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран мулоқот анҷом намуданд.  Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мулоқоти мазкур бо хоҳиши роҳбари корпуси дипломатии Франсия дар мамлакат  сурат гирифт.

Дар ибтидои суҳбат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ сафири навтаъйини Франсияро бо оғози фаъолияти намояндагӣ дар Тоҷикистон табрик гуфта, ба ӯ дар масири таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи ду кишварҳо комёбиҳо таманно намуданд.

Рустами Эмомалӣ бо назардошти таърихи бисёрсолаи муносибатҳои ҳасанаи ду кишвар таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба масъалаи рушди ҳамкории бисёрҷониба бо  Франсия ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, тавсеаи муносибатҳоро бо ин кишвар аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии худ меҳисобад.

Ҷонибҳо мавқеъ ва назари муштараки худро дар таъмини рушди устувор, пешбурду амалисозии ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва ҳамчунин дар баррасии масоили тағйирёбии иқлим изҳор доштанд.

Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки солҳои охир баъди баргузории нахустин бизнес-форуми соҳибкорони ду кишвар дар соли 2015 ва таъсиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Франсия дар самти тақвияти ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ қадамҳои назаррас гузошта шуданд.

Зимни суҳбат дар баробари дигар соҳаҳо инчунин рушди робитаҳои байни парламентии ҷавобгӯи талаботи муосир ҳамчун яке аз василаҳои самараноки рушди ҳамкории дуҷониба арзёбӣ ва зарурати фаъолгардонии робитаҳо миёни гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Ҷумҳурии Франсия таъкид карда шуд.

Вохӯрӣ дар  фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид.


Вакти нашр: 2021-03-18 08:04:45    Хонданд: 150    Муфассал...

Дар Гулистон ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид

16-17 март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид .

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳайатҳои тарафҳоро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Камчибек Ташиев роҳбарӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот оид ба делимитатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Мулоқот дар фазои дӯстона гузашт.


Вакти нашр: 2021-03-18 08:09:52    Хонданд: 176    Муфассал...

МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ: “ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД”

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустамӣ Эмомалӣ ҷиҳати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти мамлакат ва дастуру супоришҳои Роҳбарияти ҲХДТ дар Боғи ғалаба маъракаи ниҳолшинонӣ таҳти унвони”Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард” бо иштироки Латифзода Асрор Қурбон-Муовини Раиси ҲХДТ, Роҳбарияти Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он баргузор гардид.

Дар маъракаи мазкур 154 дарахтони ороишии ҳамешасабз ва мевадиҳанда бо риояи усулҳои агротехникӣ бо тавсияи мутахассисон шинонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл бо ибтикори Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар ҳамин минтақаи Боғи ғалаба бо иштироки Роҳбарияти ҲХДТ, аъзои КИМ ҲХДТ ва раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат зиёда аз 100 дарахти ороишии ҳамешасабз шинонида шуда буд.

Тадбирҳои кабудизоркунӣ ва ободонӣ дар яке аз гӯшаҳои Боғи ғалаба бо ибтикори Дастгоҳи КИМ ҲХДТ идома ёфта, минтақаи мазкур барои фароғати сокинон ва меҳмонон ба макони истироҳатӣ табдил дода мешавад.


Вакти нашр: 2021-03-18 08:25:10    Хонданд: 149    Муфассал...

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ КИШВАР

Баҳри шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии таблиғотии вакилони Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи якҷояи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.
Дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Марҳабо Ҷабборӣ, Маликзод Парвина Иноятулло, Саодатшо Матробиён, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷумахон, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Шарифзода Наргис Достӣ ва Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ иштирок намуданд. Шарифзода Наргис Достӣ меҳмоноро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, дар самти рушди сайёҳии кишвар суханронӣ намуд. Сипас Марҳабо Ҷабборӣ дар самти рушди сиёсати иҷтимоӣ ва тандурустии дар Паёми Пешвои муаззами миллат ироагардида сухан гуфта, қайд намуд, ки дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он бо суръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Саодатшо Матробиён низ қайд намуд, ки барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ аз 1 сентябри соли 2020 нафақа, музди меҳнати кормандони муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 15%, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10% зиёд гардида, нафақаҳои гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, 50% зиёд карда шуд. Ин нуктаро аз Паёми пешвои муаззами миллат ироа намуд. Дар идома Маликзод Парвина Иноятулло дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуда, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст то сиёсати дохилиро пурзӯр намуда, ба давлатҳои ҷаҳон робитаҳои дӯстиро мустаҳкам намояд. Дар фарҷом Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ қудуми меҳмононро шодбош гуфта, қайд кард, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ намудани он кӯшиш ба харҷ медиҳем.


Вакти нашр: 2021-03-18 09:07:33    Хонданд: 183    Муфассал...

Зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ “Саноатӣ” баъди азнавсозӣ бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба истифода дода шуд

Санаи 17 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ “Саноатӣ”, воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулов, ноҳияи Сино баъди азнавсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Тазаккур бояд дод, ки санаи 9 марти соли 2017 Созишномаи мубодилаи ёддоштҳо миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҷопон ба тасвиб расонида шуда, дар асоси созишномаи мазкур 30 июли соли 2017 Созишномаи Грантӣ барои азнавсозии зеристгоҳи барқии “Саноатӣ” ва сохтмони зеристгоҳи барқии нав 110/35/10кВ “Пойтахт” бо арзиши умумии 21млн.доллари ИМА ба имзо расонида шуд.

Корҳои сохтмонӣ аз тарафи пудратчии генералӣ “Нишизава” ва зерпудратчӣ ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд. Дар рафти азнавсозии ду адад трансформатори 25 МВА ба трансформатори 40 МВА-ро иваз карда, сохтори тақсимотии 35 кВ ва сохтори тақсимотии 10 кВ иборат аз 47 чашмакҳои намуди замони муосир иваз намуданд.

Айни ҳол зеристгоҳ минтақаи саноатӣ ва ањолии кӯчаҳои Ҷ. Расулов, С. Шерозӣ, Асадулло Ғуломов, Маяковский ва маҳаллаҳои Роҳи нав, Меҳнатобод, Арбобхотум, Н. Ганҷавӣ ва ғайраҳоро бо барқ таъмин намуда, хароҷоти шабонарӯзии зеристгоҳ дар фасли зимистон 540 000 кВт*ст-ро ташкил медиҳад. Зеристгоҳи мазкур 18 480 муштариро бо барқ таъмин менамояд, ки аз ин шумора 17 480 муштарии маишӣ буда, боқимонда корхонаҳои саноатӣ ва тиҷоратӣ мебошанд.

Баъд аз таҷдиди зеристгоҳ ва таъмини он бо таҷҳизотҳои барқии муосир, шумораи садамаҳои технологӣ нисбат ба солҳои 2017 3 маротиба кам гашта, сифати таъминоти барқ низ беҳтар ва сарфи технологии барқ нисбат ба соли 2017 ба миқдори 1,4% кам шудааст.

Бояд зикр намуд, ки бори аввал дар зеристгоҳи барқии мазкур сохтори тақсимотии 10 кВ-и дуқабата бо воситаҳои ҳимояи микропротсессорӣ ва кори фоиданокиашон баланд дар истифода қарор дода шудааст, ки хизматрасониашон осон ва қуллай мебошанд.

Ин ҳама пешравиҳо дар соҳаи рушди энергетика дар давраи соҳибистиқлолӣ, бевосита бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иќдомњои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ амалӣ гашта истодаанд.


Вакти нашр: 2021-03-18 09:29:53    Хонданд: 163    Муфассал...

Дар Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон доир гардид

Дар сохтори гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷои дуюм қарор дорад.

Чунин зикр шуд дар  ҷаласаи 16-уми Комиссияи  байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе  бо иштироки муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон  Роман Скляр баргузор гардид.

Зикр шуд, ки ҳамкории  иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии Қазоқистон зарфи солҳои охир беш аз пеш густариш меёбад, ки ин аз иродаи сиёсии Сарони ҳарду давлат шаҳодат медиҳад. Маҳз бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратии  кишварҳо ба сатҳи нав бароварда шуда, баргузории ҷаласаи 16-уми Комиссияи  байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Душанбе бо иштироки ҳайатҳои ҳарду давлат бозгӯи рушди дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодии ҳарду кишвар  мебошад. Ҳаҷми гардиши  мол дар соли сипаригардида байни Тоҷикистон ва Қазоқистон  909,8 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019  47,8 миллион доллар, яъне 5,0 фоиз коҳиш ёфтааст, ки сабабаш пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон аст.

 

Дар ҷаласаи  16-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон  муовини аввали Сарвазири чумҳурӣ  Давлаталӣ Саид доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон сухан карда, гуфт, ки Ҳукумати  Тоҷикистон хостори ҳар чи бештари тақвияти ҳамкории судманди  иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон- яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Зикр шуд, ки байни Тоҷикистон ва Қазоқистон  имконияти зиёди иқтисодию сармоягузорӣ вуҷуд доранд, ки истифодаи самараноки он ба манфиати рушду пешрафти ҳарду давлат аст.

Дар ҷаласа масъалаҳои тақвияти ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, энергетика ва захираҳои об, муҳоҷират, маориф ва илм, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.

Дар ҷараёни ҷаласаи Комиссия  ба мақомоти давлатии ҳарду давлат  барои тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ, фароҳам овардани шароити мусоид  барои афзоиши  гардиши савдои дуҷониба  дастуру споришҳо дода шуданд. Ҳамзамон дар ҷаласа ҷонибҳо дар  масъалаи  таҳкими ҳамкорӣ  барои ҷалби сармоягузориҳои  мутақобила, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ  ва дар ин замина тақвияти ҳамкории муштарак  ҷиҳати татбиқи  лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба  мувофиқа расиданд.

 

Баргузории ҷаласаи 16-уми Комиссияи  байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон дар Душанбе дар ҳолест, ки  15-16 март дар Душанбе  ҷаласаи сеюми  гурӯҳи корӣ оид ба баланд бардоштани  гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ва  Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон доир гардид, ки дар онҳо масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ гардиданд. Инчунин баъд аз як соли таваққуф парвозҳои мунтазами  ҳавопаймоҳо дар хатсайри Душанбе-Алмаато аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Қазоқистон «Air Astana»  ба роҳ монда шуд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»


Вакти нашр: 2021-03-19 08:30:02    Хонданд: 132    Муфассал...

Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон марҳилаи аввали иммунизатсия оғоз меёбад

Тибқи нақша иммунизатсия бар зидди сирояти COVID-19 нахуст байни кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе оғоз гардида, марҳила ба марҳила ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома меёбад. Ҳоло корҳои омодагӣ ҷиҳати гузаронидани ваксина  бар зидди бемории COVID-19 ҷараён дошта, дар назар аст, ки  рӯзҳои наздик марҳилаи аввали иммунизатсия дар мамлакат оғоз ёбад.

Дар ин бора имрӯз зимни баргузории брифинг, ки дар Муассисаи давлатии  «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» доир ба баргузории маъракаи иммунизатсия бар зидди сирояти коронавируси нави COVID-19 дар Тоҷикистон доир гардид, иттилоъ дода шуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар брифинг муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода, роҳбари Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский,  намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави иштирок намуданд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки ҳар нафари ваксинатсияшуда барои пурра пайдо намудани масуният бар зидди сирояти коронавирус бояд ду вояи ваксинаи  «AstraZeneca»-ро дар муддати аз 8 то 12 ҳафта (ё 2-3 моҳ) байни ҳарду  вояҳо қабул кунад.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикон оид ба рушд дар чаҳорчӯбаи механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории КОВИД-19 ваксинаи ширкати британиягии Оксфорд «AstraZeneca», ки тибқи иҷозатномаи он дар «Пажўҳишгоҳи зардобаҳои Ҳиндустон» (Serum Institute of India) истеҳсол шудааст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардид. Ин ваксина 15 феврали соли 2021 ба рӯйхати маводи иммунобиологии дар ҳолатҳои фавқулода истифодашавандаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба қайд гирифта шудааст. То ҳол аз он дар 72 давлати ҷаҳон истифода бурдаанд.

Ёдовар мешавем, ки 8 марти соли 2021 дар чаҳорчӯби ин механизм қисми якуми ваксина дар ҳаҷми 192 000 воя тавассути парвози махсуси Сомон-Эйр аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки бақияи ваксинаҳо дар ояндаи наздик марҳила ба марҳила ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

Тибқи Нақшаи миллӣ ваксинаҳои тавассути механизми Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ COVAX воридшуда барои фарогирии гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синни аз 60 боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм пешбинӣ шудаанд


Вакти нашр: 2021-03-19 08:33:23    Хонданд: 116    Муфассал...

ДУШАНБЕ БАРНОМАИ «ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИДМ» ИФТИТОҲ МЕКУНАД. Маросими расмии ифтитоҳи он 21 март ба Иди байналмилалии Наврӯз рост меояд

Душанбе аз моҳи март расман пойтахти комилҳуқуқи фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мешавад. Ифтитоҳи тантанавии барномаи «Душанбе — пойтахти фарҳангии ИДМ — 2021″ 21 март дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад ва ба Иди байналмилалии Наврӯз рост меояд.

Дар маросими ифтитоҳ ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ шаҳодатнома, ки мақоми пойтахти фарҳангиро тасдиқ мекунад, супорида хоҳад шуд. Шаҳодатномаро Анатолий Иксанов, директори иҷроияи ХБҲБ тақдим мекунад.

Барои ширкат дар маросими оғози барнома даҳҳо сарояндаҳо ба Душанбе меоянд: дастаи фолклории Россия “Духтарони Воронеж”, овозхони беларусӣ Елена Надолская, овозхонҳои эстрадии ӯзбек Акбар Отамуҳаммедов ва Ширин Маматова.

Давоми сол Душанбе яке аз маконҳои асосии мулоқотҳои эҷодии ходимони фарҳанг ва санъати ИДМ хоҳад буд.

Ҳамагӣ дар соли 2021 дар пойтахти Тоҷикистон тақрибан 30 чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар онҳо навозандагон ва ҳунарпешагон, нависандагон ва рассомон, олимон ва варзишгарон иштирок мекунанд.

Сокинон ва меҳмонони шаҳрро вернисажҳо ва вохӯриҳои эҷодӣ, нахустнамоишҳои театрӣ, озмунҳои мусиқӣ ва сафарҳои ҳунарии сарояндагони машҳури эстрадӣ ва классикӣ интизоранд.

Дар доираи Барномаи байнидавлатии «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод» консерти муштараки навозандагони оркестрҳои симфонии кишварҳои ИДМ ва Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон, намоишгоҳи санъат ва ҳунарҳои мардумӣ, Фестивали байналмилалии рассомони ҷавон, муаррифии китоби «Душанбе — қалби Тоҷикистон» ва дигар чорабиниҳо баргузор мешаванд.

Барномаи байнидавлатии «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод» яке аз лоиҳаҳои калидии ИДМ дар соҳаи фарҳанг ба ҳисоб меравад. Маъмулан, тибқи анъана, онро Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстона дастгирӣ мекунад. Аввалин шаҳри Тоҷикистон, ки мақоми пойтахтро гирифт, Кӯлоб буд (2015). Пас аз панҷ сол ин ифтихор насиби Душанбе гардид.

                                                             АКСИ: АМИТ «Ховар»


Вакти нашр: 2021-03-19 08:37:32    Хонданд: 81    Муфассал...

Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд – “Татбиқи ҳадафу вазифаҳои Рӯзномаи 2030 роҷеъ ба масъалаҳои об”

18 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд – “Татбиқи ҳадафу вазифаҳои Рӯзномаи 2030 роҷеъ ба масъалаҳои об”, ки дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк ба таври маҷозӣ баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.

Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур дар асоси қатъномаи аз ҷониби ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшудаи Маҷмаи Умумии СММ аз 18 марти соли 2018 таҳти унвони “Бознигарии миёнамуҳлати фарогири Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” доир шуд.

Мавзӯи ҳамоиш “Густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба ва суръат бахшидани амалҳои мушаххас ҷиҳати расидан ба ҳадафу мақсадҳои Рӯзномаи 2030-и марбут ба масъалаҳои об ва Ҳадафҳои рушди устувор” мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин ходимони давлатӣ буданд, ки дар ин ҷаласаи сатҳи баланд оид ба аҳамият ва ҳадафҳои эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028, ки ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мусоидат мекунанд, суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки бо дарназардошти таҳдидҳои муосир ва таъсири ҳамагирии Ковид-19, ин масъала аҳаммияти хосса касб кардааст.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки ҳанӯз ҳам 29 фоизи аҳолии кураи Замин ба оби нӯшокии безарар ва 55 фоизи он ба хизматрасонии оддитарини соҳаи беҳдошт дастрасӣ надоранд.

Мусаллам аст, ки дар вазъияти имрӯза татбиқи саривақтии Рӯзномаи-2030 барои аксари кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳил, алалхусус кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққӣ, душвор хоҳад буд. Бинобар ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки чунин ҳолат, бешубҳа, тақвияти бештари ҳамкориҳоро ҷиҳати суръат бахшидан ба амалҳои ҳамоҳангшуда зимни татбиқи ҳадафҳои марбут ба захираҳои оби Рӯзномаи-2030 талаб менамояд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир кӯшишҳои зиёдеро ҷиҳати пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд роҳандозӣ намудааст. Бо ташаббуси кишвари мо ҳашт қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаҳои об бо иттифоқи оро қабул шудааст, ки аз муҳиму сарвақтӣ будани ин мавзӯъ шаҳодат медиҳанд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки иқдомҳои Тоҷикистон дар соҳаи об дар тақвият ва суръат бахшидан ба амалҳои мушаххас ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафҳои марбут ба захираҳои об саҳми назаррас мегузоранд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар омодагии Тоҷикистонро дар пешбурди минбаъдаи масъалаҳои об ва, хусусан, вобаста ба пешгирии таҳдидҳои муосир, аз қабили тағйирёбии иқлим, дар ҳамаи сатҳҳо таъкид намуданд.

Бар асари рӯзафзуни таҳдидҳои муосир, ноил гаштан ба ҳадафҳои рушди устувор ғайриимкон аст, аз ин рӯ Сарвари давлат бо итминон иброз доштанд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” заминаи мусоидро барои ҳамоҳанг кардани амалҳо фароҳам меорад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он бояд ба таври муносиб истифода намояд.

Тоҷикистон соли 2022 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баландро оид ба раванди Даҳсолаи “Об барои рушди устувор” доир хоҳад кард ва умед аст, ки он дар раванди омодагирӣ ба Конфронси соли 2023 саҳми босазо хоҳад гузошт.

Дар чорабинии “Татбиқи ҳадафу вазифаҳои Рӯзномаи 2030 роҷеъ ба масъалаҳои об” ҳамчунин Волкан Бозкир - Раиси Маҷмаи Умумии СММ, Амина Муҳаммед - Муовини Дабири кулли СММ, Мунир Акрам - Президенти Шӯрои иҷтимоӣ ва иқтисодии СММ, Марк Рутте - Сарвазири Подшоҳии Нидерланд, Жилбер Унгбо - Раиси абзори “СММ ва Об” ва дигар коршиносони сатҳи байналмилалӣ суханронӣ намуданд.


Вакти нашр: 2021-03-19 09:24:29    Хонданд: 135    Муфассал...

Сафоратҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар ИМА ҷашни Наврӯзро маҷозӣ доир менамоянд

Сафоратҳои ҷумҳуриҳои  Тоҷикистон,    Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка ҷашни Наврӯзро санаи имрӯз, 19 март  маҷозӣ (онлайн) доир менамоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар ИМА.

Ин чорабинӣ соати 10:00 ба вақти Вашингтон  (соати 19:00 ба вақти Душанбе) бо забони англисӣ доир мешавад.

Чорабинии мазкур дар саҳифаҳои ttps://www.facebook.com/oxussociety  ва https://www.youtube.com/channel/UCxpoUttwzJ6Nu4EicS5yO-Q мустақиман пахш карда мешавад.


Вакти нашр: 2021-03-19 13:19:40    Хонданд: 146    Муфассал...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сатҳи баланд дар мавзӯи «Татбиқи ҳадаф ва вазифаҳои марбут ба оби Рӯзномаи 2030» дар қолаби маҷозӣ

Муҳтарам ҷаноби Раис,
Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл,
Хонумҳо ва ҷанобон!

Пеш аз ҳама, мехоҳам сипоси худро ба ҷаноби Раис барои даъват ва имкони суханронӣ дар ин ҷаласаи сатҳи баланд иброз намоям.

Нишасти имрӯза, ки дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” баргузор мегардад, барои Тоҷикистон ва умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ басо муҳим аст.

Вақте мо оид ба эълони ин Даҳсола ташаббус намудем, ҳадафи аслӣ аз оғози ҳарчи зудтари амалҳое, ки ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мусоидат мекунанд, иборат буд.

Имрӯзҳо, бо дарназардошти таҳдидҳои муосир ва таъсири ҳамагирии Ковид-19, ин ҳадаф аҳаммияти хосса касб кардааст.

Мавриди таъкид аст, ки ҳанӯз ҳам 29 фоизи аҳолии кураи Замин ба оби нӯшокии безарар ва 55 фоизи он ба хизматрасонии оддитарини соҳаи беҳдошт дастрасӣ надоранд.

Мусаллам аст, ки дар вазъияти имрӯза татбиқи саривақтии Рӯзномаи-2030 барои аксари кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳил, алалхусус кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққӣ, душвор хоҳад буд.

Чунин ҳолат, бешубҳа, тақвияти бештари ҳамкориҳоро ҷиҳати суръат бахшидан ба амалҳои ҳамоҳангшуда зимни татбиқи ҳадафҳои марбут ба захираҳои оби Рӯзномаи-2030 талаб менамояд.

Ҷаноби Раис,

Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир кӯшишҳои зиёдеро ҷиҳати пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд роҳандозӣ намудааст.

Бо ташаббуси кишвари мо ҳашт қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаҳои об бо иттифоқи оро қабул шудааст, ки аз муҳиму сарвақтӣ будани ин мавзӯъ шаҳодат медиҳанд.

Имрӯз бо итминони комил метавон гуфт, ки иқдомҳои Тоҷикистон дар соҳаи об дар тақвият ва суръат бахшидан ба амалҳои мушаххас дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафҳои марбут ба захираҳои об саҳми назаррас мегузоранд.

Бо истифода аз фурсат, мехоҳам бори дигар омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати пешбурди минбаъдаи масъалаҳои об ва хусусан, вобаста ба пешгирии таҳдидҳои муосир, аз қабили тағйирёбии иқлим, дар ҳамаи сатҳҳо таъкид намоям.

Чанде пеш мулоқоти якуми Панели навтаъсиси сатҳи баланд оид ба обу иқлим, ки Тоҷикистон узви он мебошад, доир гардид.

Дар ин ҷаласа мо пешниҳод намудем, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуда, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муқаррар карда шавад.

Бешубҳа, ин иқдом ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳамбастагии масъалаҳои обу иқлим мусоидат хоҳад намуд.

Умед дорем, ки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони мо аз ин ташаббус пуштибонӣ хоҳанд кард.

Сабаби асосии пешниҳодоти мазкури мо обшавии босуръати яхҳо ҳам дар рӯйи об ва ҳам дар хушкӣ мебошад, ки метавонад дар ояндаи наздик ба оқибатҳои ногувор оварда расонад.

Намунаи возеҳи ин раванд обшавии бошиддати пиряхҳои Тоҷикистон мебошад, ки то 60 фоизи манбаи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд.

То имрӯз зиёда аз 1000 адад пиряхи хурду миёна дар Тоҷикистон пурра об шуда, ҳаҷми умумии пиряхҳо қариб се маротиба кам гардидааст.

Мусаллам аст, ки чунин ҳолат на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба дигар кишварҳои минтақа низ таъсири манфӣ мерасонад.

Зимнан, Тоҷикистон мавзӯи тағйирёбии иқлимро дар меҳвари рӯзномаи давраи раёсати кунунии худ дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал қарор додааст.

Бо дарназардошти таъсири ин раванд ба захираҳои об, мо талошҳои худро дар доираи Фонди мазкур барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои минтақавӣ дар ин ҷода афзун хоҳем гардонид.

Хонумҳо ва ҷанобон!

Тоҷикистон дар соҳаи оби кишвар низ як қатор таҳаввулоти ҷиддиро роҳандозӣ намудааст.

Чунончӣ, ҷиҳати такмили низоми оби кишвар ва мутобиқ кардани он ба талаботи муосир Барномаи даҳсолаи ислоҳоти соҳаи обро то соли 2025 қабул карда, онро зина ба зина амалӣ гардонида истодаем.

Дар доираи ин ислоҳот соли 2020 Кодекси об дар таҳрири нав ва мутобиқ ба талаботи идораи маҷмӯии захираҳои об қабул гардид.

Дар баробари ин, ташкилотҳои ҳавзавии дарёҳо таъсис дода шуданд.

Қонун “Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов” низ дар таҳрири нав қабул гардид, ки афзалияти ҳуқуқи инсонро ба оби нӯшокӣ таъкид менамояд.

Возеҳ аст, ки бе маблағгузорӣ ва сармоягузории муносиб раванди татбиқи ислоҳот наметавонад муваффақ бошад.

Чунин ҳолат на танҳо хоси Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои рӯ ба рушд ва камтараққӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, дастгирии онҳо аз ҷониби кишварҳои донор ва шарикони рушд, хусусан дар маблағгузорӣ ва рушди инфрасохтори соҳаи об, хеле муҳим дониста мешавад.

Ҷаноби Раис,

Мусаллам аст, ки бе муттаҳид сохтани талошҳои ҳама ҷонибҳои манфиатдор, хусусан дар вазъияти таъсири рӯзафзуни таҳдидҳои муосир, ноил гаштан ба ҳадафҳои рушди устувор ғайриимкон аст.

Мо итминон дорем, ки Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” заминаи мусоидро барои ба ҳам овардани амалҳо фароҳам меорад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он бояд ба таври муносиб истифода намояд.

Умед дорам, ки талошҳои муштараки мо имкон фароҳам меоранд, то мо дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои ин Даҳсола дар соли 2023 натиҷаҳои назаррасро муаррифӣ намоем.

Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

Тоҷикистон, ҳамчун кишвари ҳамраиси конфронси мазкур омодагии худро барои ҳамкорӣ бо ҳамаи ҷонибҳо ҷиҳати баргузории самарабахши ин чорабинии муҳимми байналмилалӣ иброз менамояд.

Дар ин замина, мо соли 2022 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баландро оид ба раванди Даҳсолаи “Об барои рушди устувор” доир хоҳем кард ва умед дорем, ки он дар раванди омодагирӣ ба Конфронси соли 2023 саҳми босазо хоҳад гузошт.

Ҷаноби Раис,

Дар фарҷоми сухан бори дигар мехоҳам таъкид намоям, ки танҳо дар сурати амалӣ намудани тадбирҳои ҳамоҳангшудаи ҳамаи кишварҳо метавон дар роҳи расидан ба Ҳадафи шашуми рушду устувор ва дигар ҳадафҳои марбут ба об ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Дар ин зимн ҳамкориҳои пайваста бо риояи баробари манфиатҳои ҳамаи ҷонибҳо ва ба таври назаррас зиёд намудани ҳаҷми маблағгузорӣ ба инфрасохтор омили муҳими комёбӣ дар ин раванд арзёбӣ мегарданд.

Барои таваҷҷуҳатон сипосгузорам!


Вакти нашр: 2021-03-19 13:25:27    Хонданд: 139    Муфассал...

«Somon Air» парвозҳои мунтазами ҳавоиро дар масири Душанбе-Алмато-Душанбе барқарор кард

Ширкати ҳавопаймоии «Somon Air» баъд аз як соли таваққуф парвозҳои мунтазами ҳавоиро  дар масири  Душанбе-Алмато-Душанбе барқарор намуд. Парвозҳо дар ин хатсайр ҳафтае як маротиба- рӯзҳои чоршанбе амалӣ мегарданд. Моҳи март парвозҳо тибқи нақша аз Душанбе соати 09:30, аз Алмато 13:30 ба вақти маҳаллӣ сурат мегиранд; дар моҳи апрел вақти парвоз аз Душанбе соати 08:15, аз Алмато соати 12:05 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст,- иттилоъ медиҳад ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр».

Мусофиронро мебояд ҳатман маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд дода шудааст, пешниҳод намоянд. Маълумотнома бояд аслӣ, бо забони русӣ ва ё англисӣ бошад, ҳатман ҳама навиштаҷоти он дар компютер ҳуруфчинӣ шуда бошад (дастхат набошад). Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд. Пеш аз парвоз мусофирон бояд анкетаи махсусро пур намоянд. Тибқи талабот, ҳама мусофирон ҳатман бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Агар ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи Алмато маълум шавад, ки маълумотномаи эминӣ аз COVID-19 беэътибор аст ва ё мусофир мубталои COVID-19 мебошад, тамоми хароҷоти аз ин сабаб бамиёномада ба зиммаи мусофир гузошта мешаванд. Бинобар ин аз мусофирон хоҳиш карда мешавад, ки оид ба масъалаи мазкур масъулият зоҳир намоянд.

Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки азми сафар ба Душанбе доранд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ (Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии вируси COVID-19 дар ҶТ) барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест), ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, зарур мебошад.

Ба шаҳрвандони Қазоқистон, ҳамчунин шаҳрвандони Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия ва Ӯзбекистон доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вуруд ба Тоҷикистон лозим нест. Тибқи талабот, кулли мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Мусофирон бояд маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.


Вакти нашр: 2021-03-19 14:27:40    Хонданд: 151    Муфассал...

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯз

Ҳамватанони азиз!

Хурду бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик мегӯям.

Наврӯз ҳамчун бузургтарин ойини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз, ки таърихи беш аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад, ҳамчун рамзи сари сол, яъне айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози мавсими кишту кор, ибтидои корҳои саҳроӣ ва фаъолияти кишоварзон ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамчунин, ҷашни Наврӯз барои мо – тоҷикон, ки меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз як падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад.

Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст.

Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад.

Маҳз бо ҳамин сабаб ин падидаи асили фарҳангӣ ҳаргиз куҳнашавиро намепазирад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми мо боқӣ мемонад.

Ҳарчанд ки дар давраҳои гуногуни таърихи ташаккули худ ин ҷашн таҳти таъсири монеаву маҳдудиятҳои зиёд қарор гирифтааст, вале бинобар асолати табиӣ, арзишу аҳаммияти ҷовидонаи мардумӣ ва фалсафаи нерӯманд доштанаш зиндаву поянда монда, то замони мо расидааст.

Дар ҷаҳонбинии ниёгони мо Наврӯз таҷассуми пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сардӣ ва хубӣ бар бадӣ мебошад. Ва табиист, ки чунин суннати пурарзиши табиӣ ва инсондӯстонаву хайрхоҳона ба ҳеҷ гуна маҳдудият тобеъ намегардад.

Қобили зикр аст, ки ҳавзаи тамаддунии Наврӯз дар тӯли таърихи дуру дарози мавҷудияти он қаламрави минтақаҳои мухталифро фаро гирифта, фарҳанги халқу миллатҳои гуногуни оламро рангорангу ғанӣ гардонидааст.

Ва беҳуда нест, ки мардуми дунё ҳамдигарро бо ибораи зебои тоҷикии “Наврӯз муборак” таҳният мегӯянд.

Имрӯз мо бо ифтихору сарфарозӣ изҳор медорем, ки ба шарофати истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон Наврӯз – ин ойини бебаҳои аҷдоди худро эҳё кардем ва барои рушди минбаъдаи русуми наврӯзӣ заминаи мусоид муҳайё намудем.

Воқеан, Наврӯзи имсола дар кишвари мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон таҷлил мегардад, яъне баҳори имсола – баҳори истиқлол ва Наврӯзи он Наврӯзи истиқлол мебошад.

Бинобар ин, ҳамаи мо бояд корҳои ободониву бунёдкориро барои истиқболи арзандаи ин ҷашни муқаддас вусъат бахшем, иҷрои нияту нақшаҳои созандаамонро таъмин намоем ва шаҳру ноҳияҳои кишварро боз ҳам обод созем.

Дар ин самт, хусусан, соҳибкорони ватандӯст ва дигар шахсони саховатпеша бояд беш аз пеш саҳм гузоранд, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намоянд, иқтидори иқтисодии мамлакатро тақвият бахшанд ва барои ҳамватанонамон ҳарчи зиёдтар ҷойи корӣ таъсис диҳанд.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ва бо дастгирии соҳибкорони бонангу номуси мо танҳо дар ҳафт соли охир дар кишвар беш аз як миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуда, шумораи шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 60 фоиз коҳиш ёфт.

Мо бояд минбаъд низ амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии кишвар, рушди соҳаи кишоварзӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои нави кориро вусъат дода, бо ҳамин роҳ шиддати муҳоҷирати меҳнатиро паст намоем.

Дар ин раванд, зарур аст, ки фаъолияти марказҳои таълими калонсолон куллан беҳтар карда, шумораи ҳарчи бештари сокинони мамлакат ба омӯхтани касбу ҳунар фаро гирифта шаванд.

Аз замонҳои қадим дар байни мардуми мо таомуле роиҷ буд, ки тибқи он Наврӯзро бо сару либоси идонаи миллӣ, хонаву кошонаи тозаву озода ва маҳаллу деҳоти ободу ороста истиқбол мегирифтанд.

Бовар дорам, ки ин анъанаи нек дар байни мардуми мо, махсусан, соли ҷорӣ, яъне соли воқеан таърихии сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватанамон густариши боз ҳам бештар пайдо мекунад.

Ҳамчунин, бо эътимоди комил изҳор менамоям, ки кишоварзони шуҳратманди мамлакат ҳар рӯзи баҳорро самаранок истифода карда, барои ҳосили фаровони зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ заминаи устувор мегузоранд.

Хотирнишон месозам, ки баҳор фасли зудгузар мебошад.

Тибқи пешгӯии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ соли 2021 барои мардуми сайёра яке аз солҳои вазнинтарин ва ҳатто ҳалокатбор хоҳад буд.

Дар чунин шароит мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем ва нагузорем, ки мардуми мо аз лиҳози таъминот бо маводи ғизоӣ танқисӣ кашанд ва муҳтоҷи дигарон шаванд.

Ман ба кишоварзон ва ҳамаи онҳое, ки дар ихтиёри худ як ваҷаб замин доранд, муроҷиат карда, даъват менамоям, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоиди баҳорӣ кишти зироатҳоро сари вақт анҷом диҳанд, аз як замин ду – се ҳосил рӯёнанд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоиро зиёд намоянд.

Дар ин самт, зарур аст, ки барои бо маводи ғизоӣ боз ҳам беҳтар таъмин намудани ҳар як оила заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ низ самаранок истифода карда шаванд.

Хусусан имсол, ки таъсири пандемияи коронавирус, буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ ва натиҷаи манфии он – болоравии нархҳо ва камчин гардидани маводи ғизоӣ ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла ба Тоҷикистони мо низ идома дорад, ҳар як сокини кишвар бояд ба ин масъала эътибори аввалиндараҷа диҳад.

Дар ин ҷода ба тамоми кишоварзони мамлакат, соҳибкорони бонангу номус ва кулли сокинони кишвари биҳиштосоямон барори кор ва муваффақият мехоҳам.

Ҳамватанони азиз!

Солҳои охир дар байни мардуми мо ба ҳукми анъана даромадааст, ки дар арафа ва айёми иду ҷашнҳо шахсони дорои имконияти мусоид ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар шахсони эҳтиёҷмандро дастгирӣ менамоянд ва дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир мекунанд.

Дар робита ба ин, ба соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсоне, ки имконияту шароит доранд, хотирнишон менамоям, ки дар шабу рӯзҳои наврӯзӣ низ масъалаи расонидани кумаку дастгириро ба чунин шахсон фаромӯш насозанд.

Бо истифода аз фурсат, ба роҳбарони тамоми вазорату идораҳо, сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорону шахсони саховатпеша ва кулли мардуми сарбаланди кишвар як нуктаро такроран хотиррасон месозам: мову шумо ҳаргиз фаромӯш накунем, ки давлати соҳибихтиёр ва Ватани соҳибистиқлол дорем, яъне Ватан аз мост ва бурду бохташ низ аз мост.

Пас, биёед, ҳама муттаҳиду сарҷамъона заҳмат кашем, мушкилоти иҷтимоии халқамонро бартараф намоем, сатҳу сифати зиндагии мардумамонро баланд бардорем, Ватани маҳбубамонро обод кунем ва обрӯи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшем.

Бори дигар тамоми мардуми шарифи кишварро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди Ватан ва ҳамватанони бурунмарзӣ тандурустӣ, комёбӣ, бахту саодат, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидона ва пешрафту дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям.

Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборак, ҳамватанони азиз!


Вакти нашр: 2021-03-20 10:17:05    Хонданд: 173    Муфассал...

Идомаи аксияи ободониву созандагӣ таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард!”

Санаи 20 марти соли ҷорӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он баҳри сазовор таҷлил намудани Наврӯзи байналмилалӣ, омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба «Шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе, бо ин васила татбиқ намудани Барномаҳои ҳизбӣ аксияи ободониву созандагӣ таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард”-ро дар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе баргузор намуданд.

Дар аксияи мазкур кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҷонибдорону фаъолони ҳизб, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, Шӯрои собиқадорони ҲХДТ, намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуда, гулу бутаҳо ва дарахтони ороишӣ шинониданд.

Бояд қайд намуд, ки дар раванди аксияи мазкур иштирокчиёни корҳои нармкунӣ, каландкунӣ ва обёрикунии заминҳо барои шинонидани гулу бутаҳоро анҷом дода, 30 адад дарахтони арча ва 2000 адад гулу буттаҳои орошӣ дар назди бинои Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, кӯчаи С.Шерозии ноҳияи Сино, боғи “Кӯдакон ва наврасон”-и шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Ш.Шоҳтемур-54 ноҳияи И.Сомонӣ, ҳудуди Муассисаи истифодабарандагони “Манзил-5”, воқеъ дар кӯчаи Муҳаммади ноҳияи Шоҳмансур шинониданд.

Ҳамзамон, корҳои рангуборкунии дару тиреза ва даромадгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ анҷом дода шуд.

ҲХДТ – ҳамчун ҳизби созандаю бунёдкор, пайваста иқдомҳои созандаи худро дар доираи барномаҳои худ баҳри ободу зебо гардонидани ватани азизамон – Тоҷикистон бо ҷалби аъзоёни пурифтихор амалӣ мегардонад.

Ҳамин аст, ки имрӯз кишвари азизи мо Тоҷикистон Ватани Наврӯз дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардида, дар дили меҳмонону сайёҳон ҷойгоҳи махсусро ишғол намудааст.


Вакти нашр: 2021-03-20 12:19:30    Хонданд: 173    Муфассал...

 Кумак ба оилаҳои камбизоат ва ятимону бепарасторони шаҳри Душанбе

Санаи 19 марти соли равон Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бо иштироки Хайринисо Юсуфӣ – муовини Раиси ҲХДТ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди дастгирии табақаҳои ниёзманд ва татбиқи ҳадафҳои Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба 81 нафар беморони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои идона аз қабили, суманак, ширинӣ ва маводҳои ширӣ расонида шуд.

Ҳамзамон, ба 139 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва оилаҳои маъюбу камбизоат аробачаи маъюбӣ ва кумакҳои яквақтаина тақдим карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки ба маъюбон маводҳои хӯрока ва сару либоси идона ва ба оилаҳои ниёзманд орд, равған, макарон, картошкаю пиёз, сабзӣ, биринҷ ва дигар маводҳои ғизоӣ таъмин карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар сиёсати пешгирифтаи Cарвари давлатамон масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон яке аз самтҳои афзалиятнокро ишғол намуда, Ҷаноби Олӣ ҳамеша нисбати ин қишри ҷомеа ғамхории махсус зоҳир менамоянд. Тавре Раиси муаззами ҲХДТ таъкид намудаанд: «мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем».

Чунин иқдомҳои хайриявӣ пайваста аз ҷониби Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи инду ҷашнҳо амалӣ карда мешавад.


Вакти нашр: 2021-03-20 12:21:02    Хонданд: 187    Муфассал...

30 март дар Душанбе Нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» баргузор мегардад

30 март дар пойтахти Тоҷикистон шарҳри Душанбе Нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» зери унвони «Тақвияти иҷмоъ барои сулҳ ва рушд» баргузор мегардад. Дар назар аст, ки ҳамоиши вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» бо суханони ифтитоҳии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оғоз шавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Конфронс иштирок ва суханронии вазирони корҳои хориҷии 15 кишвари ширкаткунанда дар шакли ҳузурӣ, 16 кишвари мададрасон ва роҳбарони 16 созмони минтақавию байналмилалӣ дар шакли маҷозӣ дар назар аст.

Дар остонаи Конфронс 29 март нишасти кормандони аршади «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» баргузор мешавад.

Фаъолияти ин раванд ба таҳкими амнияти минтақавӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Афғонистон тавассути муколама ва тадбирҳои эътимодсозӣ (CBMs) нигаронида шудааст. Муколамаи минтақавӣ дар мадди аввал аз ҳамкориҳо дар мубориза бо таҳдидҳои умумӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, маводди мухаддир, фақр ва ифротгароӣ оғоз ёфтааст.

Раванди мазкур аз се рукн иборат аст: машваратҳои сиёсӣ, тадбирҳои эътимодсозӣ (CBMs) ва ҳамкорӣ бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ. «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» ҳамчунин заминаҳои муҳокимаи масъалаҳои минтақавӣ, алалхусус мусоидат ба ҳамкориҳои амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ байни Афғонистон ва кишварҳои ҳамҷавори онро бо амалӣ гардонидани лоиҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, зерсохтор ва энергетикӣ таъмин мекунад.

Мавриди зикр аст, ки «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» ташаббуси муштараки Афғонистон ва Туркия буда, Конфронси якуми он дар Истанбул 2 ноябри 2011 барпо шудааст. То имрӯз конфронсҳои вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» дар Истанбул (2011), Кобул (2012), Алмато (2013), Пекин (2014), Исломобод (2015), Амритсар (2016), Боку (2017) баргузор гардидаанд. 9 декабри 2019 дар Истанбул нишасти вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” таҳти унвони “Сулҳ, шарокат, шукуфоӣ” баргузор гардид ва дар он пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мизбонии Нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истамбул» дар Душанбе пазируфта шуд.

Дар назар аст, ки дар поёни Конфронс Эъломияи Душанбе қабул гардад.

Эзоҳ:

15 кишвари ширкаткунанда — Туркия, Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Чин, Россия, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон;

16 кишвари мададрасон — ИМА, Олмон, Британияи Кабир, Япония, Фаронса, Канада, Австралия, Дания, Миср, Финляндия, Италия, Ироқ, Норвегия, Лаҳистон, Испания, Шветсия;

16 созмони минтақавию байналмилалии мададрасон — Фонди рушди Оғо Хон, Бонки рушди Осиё, Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, Ассотсиатсияи ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Ҷанубӣ, Дафтари СММ оид ба Афғонистон, Барномаи рушди СММ, Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ, Дафтари минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирона.


Вакти нашр: 2021-03-29 07:43:21    Хонданд: 116    Муфассал...

Ситоди ҷумҳуриявӣ барои баргузор намудани тӯйи домодию арусӣ бо иштироки то сад нафар бо риоя намудани чораҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ иҷозат дод

Бо дарназардошти дар қаламрави кишвар беҳтар гардидани вазъи санитарию эпидемиологӣ вобаста ба сирояти коронавирус, ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID – 19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 27 март қарор қабул намуд, ки дар асоси он баргузор намудани тӯйи домодию арусӣ бо иштироки то сад нафар бо риоя намудани чорабиниҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ иҷозат дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Мутобиқи қарори мазкур, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо муваззаф гардиданд, ки сарфи назар аз тобеияти идорӣ ва шакли моликият, инчунин, шахсони воқеӣ барои риоя намудани муқаррароти қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати таъмин ва риоя намудани чорабиниҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

 

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»


Вакти нашр: 2021-03-29 07:48:05    Хонданд: 124    Муфассал...

ИМРӮЗ АЗ ТАЪСИСИ АБП ИДМ 29 СОЛ ПУР ШУД. Ба гуфтаи раиси он, «ҳамкории байнипарлумонӣ ҷузъи хеле муҳими муносибатҳои байнидавлатӣ мебошад»

 27 март, ба таъсиси Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 29 сол пур шуд. 27 марти соли 1992 сарони парлумонҳои муассис созишномаеро имзо карданд, ки мувофиқи он Ассамблея ҳамчун як мақоми парлумонии Иттиҳод таъсис дода шуд. «Дастовардҳо дар ин муддати кӯтоҳ аз рӯи меъёрҳои таърихӣ воқеан назаррасанд. Имрӯз Институт — платформаи калидӣ барои муҳокима, ҷамъбаст ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам дар соҳаи ташкили интихобот, такмили қонунгузории интихобот мебошад», — изҳор доштааст Раиси Шӯрои АБП ИДМ, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия Валентина Матвиенко дар номаи табрикотӣ, ки ба муносибати солгарди АБП ИДМ фиристода шудааст.

Пандемияи COVID-19 ба татбиқи нақшаҳои АБП ИДМ дар соли 2020 таъсири ҷиддӣ расонд. Бо вуҷуди ин, ҳатто дар ин шароити душвор, Ассамблея фаъолияту рушдро идома дод, ки махзани дастовардҳоро дар соҳаи қонунгузории намунавӣ ва дигар самтҳои фаъолият пур кард.

Дар доираи иҷлосияи баҳории Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ҷаласаҳои чор комиссияи доимӣ, ду шӯрои коршиносон ва Комиссияи муштараки назди АБП ИДМ оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо чолишҳову таҳдидҳои нав баргузор шуданд.

Ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ 27 ноябри соли 2020 дар шакли онлайн баргузор гардид.

Соли 2020 Ассамблея 26 санади намунавии ҳуқуқӣ қабул кард.

Ёдовар мешавем, ки  моҳи ноябри соли 2020 ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба Москва ташриф овард (ДАР АКС). Рустами Эмомалӣ ва Раиси АБП ИДМ, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко мулоқот намуда, дар ҷараёни он масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, инчунин ҳамкории байнипарлумонӣ, аз ҷумла дар доираи АБП ИДМ ва АП СААД-ро баррасӣ намуданд.

Валентина Матвиенко аз сафари ҳайати Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, ба он далел баҳои баланд дод, ки маҳз Россия аввалин кишварест, ки Рустами Эмомалӣ ба ҳайси роҳбари палатаи болоии парлумон ба он ташриф овардааст.

«Ман шодам, ки мо метавонем гуфтушунидҳоро дар сиғаи классикӣ гузаронем, зеро муоширати рӯ ба рӯро чизе иваз карда наметавонад»,- иброз доштааст Матвиенко.

«Ҳамкории байнипарлумонӣ ҷузъи хеле муҳими муносибатҳои байнидавлатӣ мебошад. Дар ҷаҳони мураккаби зудтағйирёбанда нақши парламентҳо меафзояд ва аҳамияти махсус пайдо мекунад. Мо омодаем муносибатҳои зичтарро бо палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон рушд диҳем», — афзуд Матвиенко.

Рустами Эмомалӣ зимни суханронии хеш зикр намуданд, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкории гуногунҷанба бо Россия аҳамияти калон медиҳад.

«Мояи хушнудист, ки муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия имрӯз дар ҳамаи ҷанбаҳо босуръат рушд карда истодаанд»,-гуфтанд Рустами Эмомалӣ ва афзуданд, ки робитаҳои байнипарлумонии ду давлат ба сатҳи сифатан нав баромада истодаанд.

Раиси палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон изҳор доштанд, ки муносибати дӯстона ва ҳамкорӣ бо Россия самти хоси сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.


Вакти нашр: 2021-03-29 07:50:24    Хонданд: 113    Муфассал...

Барои баргузории Озмуни «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» 2 миллиону 540 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ соли сеюм аст, ки дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор карда мешавад. Ҳар сол ба Низомномаи озмун якчанд тағйирот ворид мегарданд.

Тағйиротеро, ки соли равон ба низомномаи озмун ворид шудаанд, сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим САИДОВ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» шарҳ дод.

Тавре номбурда изҳор дошт, имсол барои баргузории Озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 540 000 (ду миллиону панҷсаду чил ҳазор) сомонӣ муқаррар шудааст.   Соли 2020 ин маблағ 2 140 000 (ду миллиону яксаду чил ҳазор) сомониро ташкил медод.

Чун анъана озмун дар се давр баргузор мегардад. Тағйироти дигари озмун- ин ба ду гурӯҳ ҷудо намудани иштирокчиён мебошад:

— хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, гурӯҳҳои касбӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳои халқӣ, театрҳои халқӣ, дастаҳои ҳунарии назди раёсат, шуъбаву бахшҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ансамблҳои ҳунарӣ, оилавӣ (минбаъд – гурӯҳи касбӣ);

— хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, ходимони илмӣ ва эҷодӣ (минбаъд – гурӯҳи ҳаваскорон)».

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, ин ду гурӯҳ бо синну сол низ фарқ мекунанд. Дар гурӯҳи якум нафарони аз 12 то 17-сола ва дар дуюм аз 18 то 40-сола иштирок карда метавонанд.

Тавре дар Низомномаи озмуни соли равон  омадааст: «Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:

— композиторӣ;

— сарояндагӣ;

— навозандагӣ

Инчунин ҳар як номинатсия аз се жанр: академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ иборат аст».

Дар Низомномаи соли 2019 озмун аз рӯи панҷ номинатсия — оҳангсоз, сароянда, навозанда, шоир ва ровӣ доир гардида буд.

«Агар соли қаблӣ ба ҳар як жанри номинатсия 9 ҷой муайян гардида бошад, имсол ба ҳар як жанри номинатсия панҷ ҷой дар ду гурӯҳ муқаррар шудааст. Барои ҷойи якум ба  як нафар- 35 000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм ба  ду нафар 25 000 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм ба ду нафар 15 000 сомонӣ дода мешавад, ки дар умум дар як жанри номинатсия панҷ ҷой мебошад»,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

«Дар даври сеюм ба ҳар номинатсия як ҷоизаи ифтихорӣ ҷудо карда мешавад, ки баробар ба Шоҳҷоиза аст. Ҷоизаи мазкур ба иштирокчие дода мешавад, ки дар асар офаридан, суруд хондан ва мусиқӣ навохтан маҳорат ва истеъдоди фавқулода дошта, маҳорат, истеъдод ва касбияти ӯ аз иштирокчии ҷойи якум болотар аст»,-омадааст дар Низомнома.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, ду сол қабл ба як нафар Шоҳҷоиза дода мешуд, ки соли 2019 маблағи Шоҳҷоиза 50 000 сомонӣ ва соли 2020 70 000 сомонӣ муқаррар гардида буд. Имсол Кумитаи тадорукоти озмун ба ҳар як номинатсия як Ҷоизаи ифтихорӣ ҷудо намудааст, ки маблағи он 50 000 сомонӣ муайян шудааст.

«Баргузории чунин озмунҳо хеле муҳим ва саривақтист, зеро ба роҳ мондани онҳо ҷавононро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангиву миллӣ тарбия менамояд. Ҳамчунин аз миёни онҳо чеҳраҳои нави санъати тоҷик дарёфт мегарданд»,- иброз намуд Мирзоолим Саидов.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»


Вакти нашр: 2021-03-29 07:54:44    Хонданд: 124    Муфассал...

Масъалаҳои роҳандозии парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистон ва Россия зимни ҷаласаи корӣ дар Агентии авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуданд

Тавре қаблан хабар дода будем, аз 1 апрел парвозҳои мунтазам байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барқарор мешаванд. Масъалаҳои роҳандозии парвозҳои мунтазам байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия зимни ҷаласаи корӣ дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи гражданӣ.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода, намояндагони ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, ширкати ҳавопаймоии ватании ҶДММ “Сомон Эйр” ва намояндагии ширкати ҳавопаймоии Федератсия Россия дар Тоҷикистон “Ютэйр” иштирок намуданд.

Икром Субҳонзода зикр намуд, ки бо иқдомҳои наҷибонаи пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи эпидемиологӣ вобаста ба бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон муътадил гардидааст. Муътадил шудани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар барои барқарор намудани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, пайдарпай парвозҳои байналмилалие, ки бо хурӯҷи бемории коронавируси COVID-19 муваққатан қатъ гардида буданд, барқарор карда мешаванд.

«Аз ҷумла, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуда буд, ки бо мақсади муҳайё намудани шароити мусоид барои истифода бурдани нақлиёти ҳавоӣ аз ҷониби мусофирон ва бе мушкилӣ рафтуомади шаҳрвандон, парвозҳои мунтазами байналмилалӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барқарор карда шаванд», — илова намуд И. Субҳонзода.

Тибқи қарори қабулнамудаи мақомоти дахлдори Федератсияи Россия ба парвозҳои мунтазам байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хатсайри Москва-Душанбе-Москва бо зичии 1 парвозӣ дар як ҳафта аз ҳарду ҷониб иҷозат дода шудааст.

Бояд зикр намуд, ки амалӣ намудани парвозҳо бо зичии 1 парвозӣ дар як ҳафта аз ҳарду ҷониб, оғози барқарорсозии парвозҳои мунтазам буда, бо беҳтар гардидани вазъи эпидемиологӣ ҷиҳати афзоиш додани парвозҳо дар асоси қарорҳои дахлдори қабулнамудаи ҷонибҳо чораҳои дахлдор андешида мешавад.

Дар ҷаласаи корӣ аз ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ дархост карда шуд, ки ба болоравии беасоси нархи чиптаи ҳавопаймоӣ роҳ надиҳанд ва нархи чиптаро дар доираи арзиши аслӣ танзим намоянд. Дар шароити имрӯза мо бояд шароити шаҳрвандони кишварамонро ба инобат гирем.

Ҳамзамон, аз ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дархост карда шуд, ки хизматрасонӣ ба мусофиронро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ҷиҳати бозхонд намудани кормандон аз рухсатии меҳнатии бемузд чораҳои зарурӣ андешад.

Тибқи талаботи мавҷуда, мусофироне, ки аз хатсайрҳои самти Душанбе-Москва-Душанбе ва Москва-Душанбе-Москва истифода мебаранд, бояд ки талаботҳои санитарию беҳдоштиро ҳатман риоя намуда, пеш аз парвоз бояд маълумотномаи ташхиси тиббии бо нишондоди “манфӣ”-и бемории сироятии COVID-19 дошта бошанд ва муҳлати он на бояд аз 72 соат зиёд бошад. Мусофироне, ки маълумотнома бо натиҷаи ташхиси тестӣ бо нишондоди “манфӣ”-и бемории сироятии COVID-19 надошта бошанд, барои интиқол роҳ дода намешаванд.

                                              АКС аз бойгонии  АМИТ «Ховар» 


Вакти нашр: 2021-03-29 07:58:15    Хонданд: 138    Муфассал...

Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

 Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар Нуҳумин конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Имрӯз дар Қасри миллат мулоқоту музокироти сатҳҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ баргузор мегарданд.

Ҳамчунин имрӯз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назар аст.

  


Вакти нашр: 2021-03-29 09:39:33    Хонданд: 76    Муфассал...

Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар Тоҷикистон

29 марти соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси 9-уми вазирони кишварҳои «Қалби Осиё-Раванди Истамбул» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

29 март маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғаниро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар Тоҷикистон 29.03.2021


Вакти нашр: 2021-03-29 11:50:50    Хонданд: 111    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар назди Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни  Тоҷикистону Афғонистон ба Майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар назди Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ  Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғаниро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим  ҳамроҳӣ намуд.

Бояд тазаккур дод, ки субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар Нуҳумин конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Имрӯз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Раиси Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назар аст.

  


Вакти нашр: 2021-03-29 14:27:00    Хонданд: 129    Муфассал...

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон

Пас аз анҷоми музокироти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Афғонистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ зери Эъломияи муштарак аз натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштанд.

Сипас, дар ҳузури Сарони давлатҳо санадҳои зерин имзо карда шуд:

- Барномаи иқдомоти амалӣ (Нақшаи роҳ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар заминаҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, амниятӣ, тиҷоратӣ, нақлиётӣ, транзитӣ, энергетикӣ ва фарҳангӣ;

- Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкориҳо байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар самти мубориза бар зидди терроризм, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва муташаккил, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва дигар намудҳои ҷинояткорӣ дар солҳои 2021-2022;

- Созишнома байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи улуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар бахши забон ва истилоҳот;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти аудиторӣ дар бахши давлатӣ байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи олии баррасии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон;

- Созишнома оид ба таъсис додани Шӯрои кории Тоҷикистон-Афғонистон байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи саноат ва маъданҳои Афғонистон.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохуриро неку назаррас арзёбӣ карданд.


Вакти нашр: 2021-03-29 14:34:07    Хонданд: 130    Муфассал...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Афғонистон

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари кишвари ҳамсояро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба мардуми ин давлати дӯсту ҳамсоя сулҳу шукуфоӣ орзу карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар низоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз самтҳои муҳим ва авлавиятдор аст. Таъкид шуд, ки мо бо такя ба муштаракоти безавол муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судмандамонро ба зинаҳои боз ҳам баландтар хоҳем баровард.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии гарму самимӣ ва бародарона изҳори сипос карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот рушди ҳамкории байни кишварҳоро дар сатҳи дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд.

Тамосҳои сиёсии сатҳи олӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, нақлиётиву транзитӣ ва кишоварзӣ аз самтҳои муҳиму ояндадори рушду тавсеаи робитаҳои ҳамкории ду кишвар номида шуд.

Таъкид гардид, ки оқибатҳои ногувори пандемия ва баста шудани марзи давлатии байни ду кишвар ба раванди муомилоти тиҷоратии кишварҳо таъсири манфӣ расонид.

Аз ин рӯ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми тиҷорати дуҷониба дар ояндаи наздик таъсис додани Шӯрои кории “Тоҷикистон ва Афғонистон”-ро иқдоми муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар мулоқот имкониятҳои васеъ дар самти ҳамкории соҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, иншооти гидротехникӣ, татбиқи барномаҳои муштарак дар самтҳои мазкур, амалисозии лоиҳаи “САSA-1000” намунаи боризи талошҳои муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон дар ростои ба ҳам пайвастани шабакаҳои энергетикии кишварҳои минтақа маънидод гардид.

Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати мусоидат ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардуми дӯсти Афғонистон бунёди иншооти тавлиди нерӯи барқ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва хаттҳои фаромарзии интиқоли он, аз ҷумла лоиҳаҳои нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва хатти баланшиддати (500 Кв) таҳвили нерӯи барқи “Роғун-Пули Хумрӣ”-ро рӯи кор гирифта шудааст.

Тоҷикистон ҳамчунин талош дорад, ки байни кишварҳо долонҳои нави нақлиётӣ сохта шаванд ва дар ин ҷода лоиҳаҳои барои ҷонибҳо судманди минтақавӣ амалӣ гарданд. Мавриди зикр аст, ки то имрӯз байни Тоҷикистон ва Афғонистон шаш пул сохта мавриди истифода қарор дода шудааст. Гузоштани заминаи меъёриву ҳуқуқии рушди тиҷорати транзитӣ тавассути долонҳои нақлиётӣ бо иштироки кишвари дӯсти Афғонистон зарур шумурда шуд.

Вобаста ба вазъи мавҷуда ҳамчунин зарурати ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ қайд карда шуд. Таъкид гардид, ки дар чорчӯбаи Комиссияи мазкур имкон аст, ҳамкориҳои мутаносибан судманд дар заминаҳои мухталифи мавриди эҳтимом, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, илму маориф, бахшҳои фарҳангиву башарӣ ва дигар самтҳо тақвият бахшида шавад.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсили шаҳрвандони Афғонистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар 50 бурсия ҷудо мекунад. Айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 500 донишҷӯи афғон таҳсил мекунанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи баланди имрӯзаи ҳамкориҳои мақомоти қудратӣ, мудофиа ва махсуси кишварҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар марҳалаи ҳассоси замони муосир, бахусус фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро ҳамкории васеъ ва амалии кишварҳо дар арсаи амниятӣ амри зарурӣ дониста шуд.

Ба ин мақсад ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Комиссияи муштараки ҳамкориҳои амниятӣ ва марзиро мувофиқи мақсад шуморид.

Президенти мамлакат таъкид карданд, ки Тоҷикистон талошҳои Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати таъмини амният ва барқарории сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ мекунад.

Дар Тоҷикистон Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” баргузор мегардад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки натиҷаи ин ҳамоиш ба раванди барқарорсозии сулҳ дар Афғонистон ва пешрафти иқтисодии он саҳми босазо хоҳанд гузошт.

Дар охири музокирот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар меҳмони олимақом ва ҳайати ҳамроҳи ӯро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барои даъват ҷиҳати анҷом додани боздид аз сарзамини бостонии Афғонистон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.


Вакти нашр: 2021-03-29 14:36:59    Хонданд: 147    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Човушоғлу мулоқот намуданд

29 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Човушоғлуро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар 9-умин Конфронси “Қалби  Осиё — Раванди  Истамбул” ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорату сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, илму маориф ва тандурустӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ин зимн, зарурати танзими мулоқоту музокирот ва тамосҳои сатҳи олӣ дар ояндаи наздик таъкид гардид.

Ҷонибҳо фаъолгардонии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва баргузории форумҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои молҳои истеҳсолиро василаи муҳими таҳкиму тавсеаи тамоми маҷмӯи ҳамкориҳо арзёбӣ карданд.

Робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва дигар арсаҳои иҷтимоӣ ҷанбаи муҳимми муносибатҳои Тоҷикистону Туркияро ташкил медиҳанд. Дар ин ҷода аз фаъолияти Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Табодули фарҳангӣ ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла ҷиҳати мубориза бо оқибатҳои пандемия ва воридоти таҷҳизоти муосири тиббӣ зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба сатҳи ҳамкориҳо дар соҳаи амниятӣ ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, табодули андеша карданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои робитаҳои ҷонибҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамчунин дигар ниҳодҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба, муҳокима карда шуд.

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Човушоғлу 29.03.2021


Вакти нашр: 2021-03-29 17:09:24    Хонданд: 122    Муфассал...

Мавлуд Човушоғлу: «Туркия ва Тоҷикистон ҳамкории хуби иқтисодӣ ва сиёсӣ доранд»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия  Мавлуд Човушоғлуро, ки дар Душанбе бо сафари расмӣ қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Пас аз мулоқот Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия  Мавлуд Човушоғлу дар ҳузури намояндагони ВАО  аз натиҷаҳои мулоқот бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфт: «Ман  паёми шодбошии Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғонро ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонидам. Дар мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаи Туркия ва Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ, иҷтимоӣ, сайёҳӣ ва ғайра баррасӣ шуданд. Таҳкими ҳамкории дуҷониба дар тамоми соҳаҳои зикршуда барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории Туркия ва Тоҷикистон хеле муҳим арзёбӣ гардид. Масъалаҳои амният ва суботи минтақа маҳаки асосии мулоқотро ташкил доданд».

Ӯ илова намуд, ки ҷониби Туркия ба Тоҷикистон оид ба баргузор намудани нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» дар Душанбе изҳори сипос менамояд. «Мо равобит бо Тоҷикистонро арзишманд медонем. Суботу рифоҳ ва амнияти Тоҷикистон омили калидии ҳамкории густурда мансуб мешавад. Ҳамкории амниятӣ бо Тоҷикистон хеле муҳим арзёби мешавад», — таъкид дошт Мавлуд Човушоғлу.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз ҳамчунин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва дигар шахсони расмӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия  Мавлуд Човушоғлу мулоқот анҷом доданд. Дар фарҷоми мулоқотҳо санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Пагоҳ, 30 март  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу дар Нуҳумин конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» иштирок хоҳад кард.

АКС аз бойгонӣ


Вакти нашр: 2021-03-30 07:45:43    Хонданд: 125    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов мулоқот намуданд

29 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамовро, ки ҷиҳати иштирок дар 9-умин Конфронси “Қалби Осиё — Раванди  Истамбул” ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот маҷмуи васеи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон, аз ҷумла робитаҳои сиёсӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия, саноат, кишоварзӣ ва маориф мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар самти рушду густариши муносибатҳо, ба хусус оид ба афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо, ташкили кооператсияи саноатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, таҳия ва татбиқи як қатор лоиҳаҳои муштарак, муҳимму назаррас арзёбӣ гардид. Рушди ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсоли алюминий, иктишоф, истеҳсол ва коркарди муштараки захираҳои карбогидрид дар Тоҷикистон, самти дигари муҳими ҳамкории ҷонибҳо дар бахши саноат номида шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ба масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия ва истифодаи босамари роҳҳои оҳан барои интиқоли молу маҳсулот, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Аз рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ, аз ҷумла тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби тоҷик, ҷудо кардани бурсияҳо дар донишгоҳҳои олии Озарбойҷон, изҳори қаноатмандӣ карда шуда, пешниҳод гардид, ки рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон, баргузор гардад.

Дар робита ба афзоиши сатҳи таҳдидҳо ва чолишҳо ба амнияти ҷаҳон рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи амният зарур шумурда шуд.

Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов 29.03.2021


Вакти нашр: 2021-03-30 07:48:59    Хонданд: 97    Муфассал...

Ҷайҳун Байрамов: «Бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти судманд доштем»

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамовро ба ҳузур пазируфтанд.

«Боиси хушнудист, ки ҳайати моро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтанд ва ман паёми Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонидам»,- гуфт ба хабарнигорон пас аз мулоқот бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов.

Ӯ афзуд, ки бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти судманд дошт. Муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон, аз ҷумла робитаҳои сиёсӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, ҳамлу нақл, саноат, кишоварзӣ ва маориф дар мулоқот мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

«Дар ҳошияи нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул», ки пагоҳ дар Душанбе баргузор мегардад, ҳайати Озарбойҷон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ниҳодҳои давлатӣ ва дигар ҳамтоёни худ аз кишварҳои дӯсту бародар дидору вохӯриҳо анҷом хоҳад дод», — гуфт дар фарҷом Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз ҳайати Ҷумҳурии Озарбойҷон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Ҷайҳун Байрамов барои иштирок дар нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» ба Душанбе ташриф овард.

Акс аз манбаъҳои боз


Вакти нашр: 2021-03-30 07:50:36    Хонданд: 112    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф мулоқот намуданд

29 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зарифро, ки барои иштирок дар Конфронси “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ, аз ҷумла тиҷорат, энергетика, саноат, нақлиёт, маориф, илм ва фарҳангро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки ҷиҳати таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Эрон дар ин арсаҳо нақши Комиссияи муштараки ҳамкориҳои ду кишвар муҳим хоҳад буд.

Сохтмони нақби “Истиқлол” яке аз намунаҳои мусбати ҳамкориҳои байни ду кишвар арзёбӣ гардид. Изҳори умед карда шуд, ки дар доираи Қарордод “Дар хусуси анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби Истиқлол” корҳо дар самти такмили сохтмони ин нақб то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии  Тоҷикистон ба анҷом хоҳанд расид.

Дар робита ба равандҳои шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геостратегӣ, афзоиши таҳдиду хатарҳои амниятӣ ва вазъи Афғонистон, роҳандозии иқдомҳои муштарак ҷиҳати ҷилавгирӣ аз терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф 29.03.2021


Вакти нашр: 2021-03-30 07:52:12    Хонданд: 106    Муфассал...

Муҳаммад Ҷавод Зариф: «Бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили минтақавӣ ва Афғонистнро баррасӣ намудем»

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зарифро, ки барои иштирок дар Конфронси «Қалби Осиё-Раванди Истамбул» ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф пас аз мулоқот бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон чунин гуфт: «Дидори хубе доштем бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Дар мулоқот муносибатҳои Эрон ва Тоҷикистонро баррасӣ намудем. Инчунин масъалаҳои минтақавӣ ва мавзӯи Афғонистонро, ки фардо дар Нуҳумин конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истамбул» матраҳ аст, гуфтугӯ намудем».

Ёдовар мешавем, ки 28 март Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷаводи Зариф бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Нуҳумин конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» ба Душанбе ташриф овард.

Акс аз бойгонӣ


Вакти нашр: 2021-03-30 07:53:41    Хонданд: 126    Муфассал...

ШАРҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли 2021, № 97 “Дар бораи таҳким бахшидани робита бо аҳли ҷомеа доир ба ҳифзу тарғиби дастовардҳо ва арзишҳои 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу амният, баланд бардоштани ҳувияти миллию маънавӣ ва ҳамбастагӣ ба сиёсати созандагӣ” дар МТМУ №91-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохӯрӣ бо истиқоматкунандагони маҳаллаҳои Борбад, Наврӯз, Пахтакор ва минтақаи 70 ва 71 баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Қурбонзода У. – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Давлатзода А.Д. – сардори Раёсати тарбияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Хоҷаев Д. – омӯзгори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон иштирок намуда, оид ба самтҳои гуногуни Паёми Пешвои миллат суханронӣ намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни сокинон ва баромадкунандагон мубодилаи афкор сурат гирифт.


Вакти нашр: 2021-03-30 09:00:37    Хонданд: 112    Муфассал...

Президенти Афғонистон доктори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интихоб шуд

Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ки  бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ифтитоҳии Нуҳумин конфронси вазирони кишварҳои «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ вохӯрӣ намуд.

Меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғаниро Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммадюсуф Имомзода,  ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода ва дигар намояндагони сохторҳои дипломатии ҷумҳурӣ истиқбол намуданд. Бояд гуфт, ки ташрифи Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ДМТ рӯзи таърихӣ буда, бо тамошои дастовардҳои илмию техникии донишгоҳ оғоз ёфт.

Ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода ташрифи Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва тамоми меҳмонони олиқадрро ба ДМТ хайрамақдам гуфта, роҷеъ ба муҳиму саривақтӣ будани вохӯрии мазкур, робитаҳои таърихии мардуми тоҷику афғон, ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бахши маориф дар мисоли ДМТ ва донишгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сухан намуда, қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи миллиро дар робита ба узви ифтихории Шӯрои олимон ва доктори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интихоб гардидани Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ эълом  намуд.

Ректори ДМТ Хушвахтзода зимни супоридани дипломи доктори фахрӣ ва пӯшонидани либоси махсус (манти)-и узви ифтихории Шӯрои олимони ДМТ зикр кард, ки Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барои саҳми босазо дар рушди ҳамкории илмиву таълимӣ ба чунин унвон сазовор шуд.

Меҳмони олимақом- Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар суханронии хеш бо изҳори сипос аз роҳбари давлат, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нишасти мазкурро яке аз самтҳои муҳими таҳкими дӯстӣ ва боварӣ миёни мардуми фарҳангдӯсти Афғонистон ва Тоҷикистон унвон кард. Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар идомаи суҳбат дар робита ба таҳкими ҳамкории илмию таълимӣ ва фарҳангию иқтисодӣ сухан намуд.

Меҳмони олимақом аз натиҷаи нишаст, доктори фахрӣ ва узви ифтихории Шӯрои олимони ДМТ интихоб шуданаш, ки дар фазои ҳусни созандагию тафоҳум доир гардид, изҳори сипос намуда, афзуд, ки ин вохӯрӣ ба рушди минбаъдаи муносибатҳои илмию таълимии байни донишгоҳҳои ҳарду кишвар мусоидат карда, дурнамои нави ҳамкориро муайян хоҳад намуд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бори дуюм аст, ки ба донишгоҳ ташриф меорад. Сафари аввалини ӯ ба 10 майи соли 2016 рост меояд, ки зимни ин сафар вохӯрии хотирмон доир гардида буд.

  


Вакти нашр: 2021-03-30 13:57:44    Хонданд: 124    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё — Раванди Истамбул» иштирок ва суханронӣ намуданд

30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё — Раванди Истамбул” зери унвони “Тақвияти ҷомеа барои сулҳ ва рушд” иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар кори ҳамоиши сатҳи баланд Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони 15 кишвари ширкаткунанда дар шакли ҳузурӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, Озарбойҷон, Покистон, Қатар, Қазоқистон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Россия, 16 кишвари мададрасон, роҳбарони 16 созмони минтақавию байналмилалӣ дар шакли маҷозӣ, ширкат доштанд.

Фаъолияти ин раванд ба таҳкими амнияти минтақавӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Афғонистон тавассути муколама ва тадбирҳои эътимодсозӣ нигаронида шудааст. Муколамаи минтақавӣ дар мадди аввал аз ҳамкориҳо дар мубориза бо таҳдидҳои умумӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, маводди мухаддир, фақр ва ифротгароӣ оғоз ёфтааст.

Дар назар аст, ки дар поёни Конфронс Эъломияи Душанбе қабул гардад.

Кори ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ифтитоҳ карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёнро ба сарзамини меҳмоннавози Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ҳамаи онҳоро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ таъкид доштанд, ки  Тоҷикистону Афғонистонро муштаракоти зиёди тамаддунӣ ва робитаҳои зичи ҳусни ҳамҷаворӣ ба ҳам мепайванданд. Мардуми шарифи ин кишвари бародар бо мо ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, решаҳои муштараки таърихии мо ба умқи ҳазорсолаҳо мерасанд.

Аз ин рӯ, табиист, ки мо ба сарнавишти бародарони афғони худ бетафовут нестем. Ҳар дарду ранҷе, ки мардуми Афғонистон мекашад, дар қалби мардуми тоҷик низ садо медиҳад, изҳор доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чандин ҳамоишҳои байналмилалии марбут ба Афғонистон борҳо аз аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овардаанд, ки кумаки худро дар ҳалли қазияи Афғонистон дареғ надоранд, зеро бӯҳрони ин кишвар як мушкилоти  байналмилалист.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият ва мақоми “Қалби Осиё — Раванди Истамбул”-ро аз замони ташаккулёбиаш дар соли 2011 то ба имрӯз, муҳим арзёбӣ карданд.

Тоҷикистон татбиқи стратегияи фарогири байналмилалиро ҷиҳати таъмини субот ва барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Мо итминон дорем, ки ҳамоиши имрӯзаи Душанбе бо вазифагузориҳои нав дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти ин кишвар қадамҳои тозаеро хоҳад гузошт, изҳор доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо боварӣ таъкид намуданд, ки ҷомеаи байналмилалӣ бо ташаббусу пешниҳодҳои нави худ механизми ҳамкорӣ ва кумакҳоро ба Афғонистон боз ҳам мукаммал хоҳад кард.

Иштирок дар нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё - Раванди Истамбул” 30.03.2021


Вакти нашр: 2021-03-30 14:00:40    Хонданд: 120    Муфассал...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё – Раванди Истанбул»

Ҷалолатмаоб доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон,
Муҳтарам иштирокдорони Конфронс,
Меҳмонони гиромӣ,

Сараввал иштироки Шуморо дар Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истанбул”, ки имсол “Тақвияти ҳамраъйӣ барои сулҳ ва рушд” номида шудааст, сидқан хайра мақдам мегӯям.

Ҳамзамон, мехоҳам шуморо ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи иштирокдорони нишасти имрӯза саломатию хушбахтӣ, барори кор ва комёбиҳо орзу намоям.

Тоҷикистону Афғонистонро муштаракоти зиёди тамаддунӣ ва робитаҳои зичи ҳусни ҳамҷаворӣ ба ҳам мепайванданд.

Мардуми шарифи ин кишвари бародар бо мо ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, решаҳои муштараки таърихии мо ба умқи ҳазорсолаҳо мерасанд.

Аз ин рӯ, табиист, ки мо ба сарнавишти бародарони афғони худ бетафовут нестем.

Ҳар дарду ранҷе, ки мардуми Афғонистон мекашад, дар қалби мардуми тоҷик низ садо медиҳад.

Ин ҷониб шахсан дар чандин ҳамоишҳои байналмилалии марбут ба Афғонистон борҳо аз аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овардаам, ки кумаки худро дар ҳалли қазияи Афғонистон дареғ надоранд, зеро бӯҳрони ин кишвар як мушкилоти байналмилалист.

Зиёда аз 40 сол аст, ки дар ин кишвар нооромӣ ва низоъ идома дорад.

Мардуми шарифи Афғонистон аз ҷангу ҷидоли таҳмилӣ, ки пеш аз ҳама бар асари мудохила кардан ба умури дохилии он сар задааст, мусибати зиёд мебинад.

Мутаассифона, раванди халалёбии амният дар ин кишвар имрӯзҳо рангу тобишҳои нав пайдо карда истодааст, ки мояи нигаронии на танҳо кишвари мо, балки тамоми минтақа мебошад.

Солҳои охир роҷеъ ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ҳамоишҳои байналмилалӣ ва минтақавии сатҳҳои гуногун зиёд доир мегарданд.

Ба ҳамёрони байналмилалӣ ва Ҳукумати Афғонистон муяссар шуд, ки зимни ҳамоишу конфронсҳои пешин дар мавриди таҳкими зарфияти нерӯҳои амниятӣ ва барқарории сулҳу суботи комил корҳои чашмрасеро анҷом диҳанд.

Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати тавсеаи ҳамкории минтақавӣ дар кишвар иқдомҳои муайян роҳандозӣ гардиданд.

Бо вуҷуди ин, ҳамоно зарурати ҳамоҳангии бештар ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои мушаххас дар Афғонистон эҳсос мешавад.

Дар ин ҷода фаъолияти “Қалби Осиё — Раванди Истанбул” аз замони ташаккулёбиаш дар соли 2011 то ба имрӯз, бешубҳа, нуфузу мақоми муҳим дорад.

Тоҷикистон татбиқи стратегияи фарогири байналмилалиро ҷиҳати таъмини субот ва барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Мо итминон дорем, ки ҳамоиши имрӯзаи Душанбе бо вазифагузориҳои нав дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти ин кишвар қадамҳои тозаеро хоҳад гузошт.

Ҳамчунин умед дорем, ки ҷомеаи байналмилалӣ бо ташаббусу пешниҳодҳои нави худ механизми ҳамкорӣ ва кумакҳоро ба Афғонистон боз ҳам мукаммал хоҳад кард.

Дӯстони гиромӣ,

Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамеша ҳамсояи нек буданд ва мемонанд.

Мо дар тӯли таърих дар шодию ғами якдигар шарик ҳастем.

Тоҷикистон дар тамоми муддате, ки ин кишвар дар вазъи печида қарор дорад, худро аз паҳлӯи он канор нагирифтааст.

Мо мисли ҳамеша сидқан ҷонибдори истиқрори сулҳи комилу пойдор ва ваҳдати ҷомеа дар ин кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг мебошем.

Муътақидем, ки таъмини амнияту оромии Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва эҷоди шароити мусоид барои рушди осоиштаи он вобастагӣ дорад.

Аз ин рӯ, ҳамкорӣ бо Афғонистон дар феҳристи авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвари мо қарор дорад.

Ман фикр мекунам, ки ҳатто хурдтарин кумак ба ин кишвари азияткашида, хурдтарин иқдом ҷиҳати ободонии он барои гузоштани боз як қадами дигар ба пеш дар самти рушд ва раҳоӣ ёфтани он аз мушкилоти мавҷуда мусоидат хоҳад кард.

Ба ин манзур Тоҷикистон дар доираи фаъолияти механизмҳои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Афғонистони ҳамҷавор ҳамкории мутаносибан судмандро роҳандозӣ намуда, пеш мебарад.

Мо азми қавӣ дорем, ки минбаъд низ дар ин самт чораҳои самарабахш андешида, муҳтавои ҳамкориамонро бо Афғонистон боз ҳам ғанӣ гардонем.

Зимнан, мо ҷиҳати мусоидати ҳамаҷониба ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ин кишвари ба мо дӯст тавассути ҳамкорӣ дар таҳияву татбиқи лоиҳаҳои мухталифи фаромарзиву минтақавии зерсохторӣ, энергетикӣ ва транзитиву нақлиётӣ пайваста талош менамоем.

Кишварҳои минтақаи моро на танҳо марзҳои муштарак, балки анъанаҳои куҳани тиҷоратӣ, ки аз даврони Роҳи Бузурги Абрешим сарчашма мегиранд, мепайванданд.

Анъанаву низоми тиҷоратие, ки дар тӯли таърих тавассути ин шоҳроҳи муҳимми фароминтақавӣ ташаккул ёфтаанд, дар замони муосир низ аҳаммияти фаровон доранд.

Афғонистон дар қалби ин шоҳроҳ воқеъ гардида, минтақаҳои гуногуни олам, бахусус Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Аврупо, Чин ва Ховари Миёнаро бо ҳам мепайвандад.

Дар ин маврид, бояд қайд кард, ки Тоҷикистон бунёди шабакаи мукаммали нақлиётиву транзитии минтақавиро яке аз самтҳои муҳимми ҳамкории ҷонибҳо мешуморад.

Тоҷикистон баҳри гузоштани заминаи меъёриву ҳуқуқии рушду тиҷорати транзитӣ тавассути долонҳои нақлиётӣ бо иштироки кишвари дӯсти мо – Афғонистон кӯшишҳои пайваста менамояд.

Аз ин рӯ, мо алоқаманди истифодаи васеи масири роҳи Афғонистон – Тоҷикистон — Чин ва Афғонистон — Тоҷикистон — Қирғизистон ҳастем.

Дар ин робита, барои ҳарчи зудтар татбиқ намудани лоиҳаи сохтмони роҳи оҳан миёни Тоҷикистон ва Афғонистон, аз ҷумла бунёди қитъаи роҳи оҳани Румӣ-Панҷи Поён-Шерхон Бандар талош карда истодаем.

Пешниҳод мекунем, ки он ба як ҷузъи роҳи оҳани байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон табдил ёфта, ба долони байналмилалии нақлиётии “Шимол- Ҷануб” пайваст шавад.

Соҳаи энергетика пояи тамоми бахшҳои иқтисодиёт ва рушди ҳаёти ҷомеа мебошад. Истифодаи фарогир ва самарабахши захираҳои он метавонад кишварҳои моро ба сатҳи тавлидкунандаҳои асосии минтақавии нерӯи “сабз” бароварда, мавқеи моро дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор пурзӯр кунад.

Тамоюли глобалии ташаккули “иқтисоди сабз” ва талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати дастёбӣ ба сатҳи пасти партобҳои газҳои гулхонаӣ ба фазо, ки яке аз омилҳои тағйирёбии иқлим дониста шудааст, аз хусусиятҳои даврони муосир мебошад.

Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикист, ки манбаи муҳими барқароршавандаи тавлиди нерӯи барқ маҳсуб меёбанд.

Мо талош дорем, ки истеҳсоли нерӯи барқи обии аз лиҳози экологӣ тозаро ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа дучанд афзоиш дода, имкониятҳои таҳвили онро ба бозори минтақавии энергетикӣ васеъ намоем.

Тоҷикистон ҳамасола нерӯи барқро дар ҳаҷми аз 1 то 1,5 миллиард киловатт/соат (КВТ/С) ба Афғонистон интиқол медиҳад.

Тайи даҳ соли охир аз ҷониби мо ба ин кишвари ҳамсоя зиёда аз 10 миллиард киловатт/соат нерӯи барқ таҳвил гардидааст.

Барои ин мақсадҳо аз ҷониби мо ду хатти интиқоли нерӯи барқ сохта ба истифода дода шудааст.

Яке 110 ва дигаре 220 киловолта (кВ) бо тавоноии 500 мегаватт (МВт) аз зеристгоҳи Геран дар Тоҷикистон то Пули Хумрии Афғонистон.

Имконоти ҳамкорӣ дар соҳи энергетика ҳанӯз ҳам ниҳоят зиёданд ва мо омодаи ҳамкории ҳамаҷониба дар ин арсаи стратегӣ ҳастем.

Зимнан, мо омодаем, ки интиқоли нерӯи барқро ба Афғонистон зиёд намоем.

Вобаста ба ин масъалаи таҳия ва татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳо ҷиҳати ба ҳам пайвастани шабакаҳои барқии кишварҳои минтақа аҳаммияти хосса пайдо мекунад.

Дар ин росто татбиқи лоиҳаи КАСА-1000–ро, ки интиқоли нерӯи барқро аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон тавассути қаламрави Афғонистон дар назар дорад, муҳим арзёбӣ менамоем.

Ҳамчунин, сохтмони хатти баланшиддати интиқоли барқи 500 киловолтаи (Кв) “Роғун-Пули Хумрӣ”, ки асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи он оғоз гардида истодааст, иқдоми муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардуми дӯст ва ҳамсоя мо дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии Себзорро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон дар назар дорем, ки аз лиҳози зиёд намудани ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон аҳаммияти хосса дорад.

Дар баробари ин, Тоҷикистон нақшаҳои Афғонистонро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла амалисозии лоиҳаҳои бунёди хатҳои баландшидати интиқоли барқ ва дигар иншооти энергетикии фаромиллӣ ҷонибдорӣ менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои гидротехникӣ, низоми муосир ва босамараи обёрӣ, боғдорӣ, роҳи оҳан зарфиятҳои васеъ дорад.

Мо омодаем, ки бо Афғонистон ҷиҳати таҳия ва амалӣ кардани барномаҳои муштарак дар соҳаҳои мазкур ҳамкории судманд дошта бошем.

Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи дӯсти Афғонистон талош меварзад, то ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишварро, аз ҷумла дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, ба сатҳи боз ҳам баландтар барорад.

Дар ин раванд афзоиши муомилоти тиҷорати ҷонибҳо аз аҳаммияти хосса бархӯрдор аст.

Ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар давоми солҳои 1997-2020 маблағи 1 млрд. 549 млн. доллари амрикоиро ташкил дод.

Дар соли 2020 ҳаҷми тиҷорати байни ду кишвар ба зиёда аз 70 миллион доллари амрикоӣ расид.

Мо кӯшиш хоҳем кард, ки дар ояндаи наздик, сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои беруна, аз ҷумла оқибатҳои пандемияи COVID-19, нишондиҳандаҳои тиҷорати дуҷонибаро дучанд зиёд кунем.

Мавриди зикр аст, ки мо ҷиҳати густаришу тавсеаи робитаҳои гуногунҷанба миёни минтақаҳои наздисарҳадӣ, аз ҷумла муомилоти тиҷоратӣ, то ба имрӯз байни Тоҷикистон ва Афғонистон шаш пул сохта, мавриди истифода қарор додаем ва сохтмони пули ҳафтум дар минтақаи Кокул оғоз гардидааст.

Феълан дар сарҳади ду давлат 4 нуқтаи тиҷорати наздисарҳадӣ, аз он ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бозорҳои наздисарҳадии «Тем»-и шаҳри Хоруғ, «Ишкошим»-и ноҳияи Ишкошим, «Рузвай»-и ноҳияи Дарвоз ва «Хумроғӣ»-и ноҳияи Ванҷ фаъолият доранд.

Дар ноҳияҳои наздик ба сарҳад бо Афғонистон аз ҷониби Тоҷикистон 4 минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст

Мо омодаем, ки ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҳунар, итилоот ва фаъолияти иҷтимоиро ба сатҳи нав барорем.

Имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон беш аз 500 донишҷӯи афғон таҳсил мекунад.

Дар тамоми давраи соҳибистиқлолии давлати мо зиёда аз як ҳазор шаҳрванди Афғонистон риштаҳои гуногуни донишгоҳҳои Тоҷикистонро хатм карда, соҳиби ихтисос гардидаанд.

Илова бар ин, тайи даҳ соли охир дар ҳудуди якуним ҳазор нафар шаҳрвандони Афғонистон, аз он ҷумла зиёда аз сад нафар бонувони Афғонистон дар муассисаҳо ва марказҳои тахассусии Тоҷикистон дар давраҳои касбомӯзӣ ва такмили ихтисос таҳсил карданд.

Бо дарназардошти якчанд омилҳои мусоидаткунанда, аз ҷумла ҳамзабонии ду кишвар, мо имкон дорем, ки раванди таҳсил ва илмомӯзии шаҳрвандони Афғонистонро дар муассисаҳои мухталифи таълимии кишварамон ба таври самарабахш идома диҳем.

Ҷониби Тоҷикистон метавонад барои Афғонистони бародар мутахассисони соҳаи барқ, тандурустӣ, обёрӣ, кишоварзӣ, роҳи оҳан, роҳсозӣ, сохтмон, меъморӣ, технологияҳои гуногун ва садҳо кадрҳои илмиро омода намояд.

Тоҷикистон ва Афғонистон ба таҳкими ҳамкориҳои худ дар соҳаи амниятӣ бар асоси муносибатҳои дуҷониба ва дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аҳамияти хоса медиҳанд.

Ҷойи таъкид аст, ки ба ҳамкории ду кишвар дар ин арса, ки дар сатҳи баланди ҳамоҳангӣ сурат мегирад, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди мутақобил хос аст.

Шароити ҳассоси имрӯза моро водор месозад, ки доираи ҳамкории амалии кишварҳоямонро дар ин самт боз ҳам ваеътар гардонем.

Вазъи мураккабе, ки тайи солҳои ахир дар Афғонистон ташаккул меёбад, танҳо бо ин кишвар маҳдуд намешавад ва фақат аз он маншаъ намегирад.

Қазияи Афғонистон хусусияти фароминтақавӣ дошта, фарогири ҷомеаи ҷаҳонӣ низ мебошад.

Мо – кишварҳои минтақа набояд роҳ диҳем, ки мардуми дӯсту бародари Афғонистон бо мушкилоти ба он таҳмилшуда танҳо бимонад.

Имрӯзҳо мо шоҳиди шиддат гирифтани фаъолияти гурӯҳҳои мухталифи террористӣ ва ифротгаро, ҳамчунин ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ҳастем.

Гурӯҳҳои террористиву ифротӣ ва тундгаро вазъи печидаи дар қаламрави Афғонистон баамаломадаро барои пиёда кардани ғаразҳои харобиовар ва тавсеаи доираи фаъолияти тахрибии худ истифода мебаранд.

Таҷрибаи талхи идомаи ҷангу ҷидол дар ин кишвар тайи 40 соли охир собит месозад, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад.

Мо калиди ҳалли мушкилоти имрӯзаи Афғонистонро дар истифодаи васеи воситаҳои дипломативу сиёсӣ ва андешидани чораҳои муассир ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар мебинем.

Аз ин рӯ, Тоҷикистон аз мавқеи Ҳукумати Афғонистон ҷиҳати ба роҳ мондани музокироти байниафғонӣ ба хотири таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар истиқбол менамояд.

Мо бар онем, ки дар ин музокирот бояд манфиатҳои тамоми мардуми кишвар ба назар гирифта шаванд ва тақдиру ояндаи онро, қабл аз ҳама, худи мардуми Афғонистон муайян созад.

Ҳамзамон, ҷомеаи ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои мададрасонро зарур аст, ки дар вазъи ҳассоси имрӯза дастгирии худро аз Афғонистони азияткашида дареғ надоранд.

Ҳамаи иштирокдорони ин Конфронси бонуфуз медонанд, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба сари Тоҷикистон чӣ омад.

Неъмати истиқлол ба мо гарон афтод.

Раванди оштии миллӣ дар кишвари мо панҷ сол тӯл кашид.

Ман ин ҷо аз хисороти ҷонӣ ва маънавию молии миллати азизам ҳарф намезанам.

Танҳо ҳаминро таъкид мекунам, ки дар он рӯзҳои сахт пешвоёни онвақтаи мардуми афғон дар баробари дигар кишварҳои дӯст раванди сулҳи тоҷиконро дастгирӣ карда, ба мо кумаки холисона ва бародарона расониданд.

Мо инро ҳаргиз фаромӯш намекунем.

Мо дар роҳи дарёфти оштӣ, сулҳ ва рушди баъдӣ таҷрибаи ғанӣ андӯхтем ва омода ҳастем дар ҳар шароите, ки набошад, онро ба марудми бародари афғон ироа намоем.

Фарҷоми тамоми ҷангҳо оштист.

Аз тамоми кишварҳои иштироккунандаи Конфронс, давлатҳои мададрасон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ даъват менамоям:

Биёед, ба мардуми шарифи Афғонистон кумак кунем, то роҳ ба сӯи таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳ ва рушди ватани онҳо барояшон осону кӯтоҳтар шавад.

Изҳори умед менамоям, ки натиҷаҳои нишасти имрӯза боз як омили муассири тақвияти бештари ҳамкориҳои самарабахши кишварҳои аъзо ва шарикони Конфронси “Қалби Осиё – Раванди Истанбул” хоҳанд шуд.

Ташаккур барои таваҷҷуҳатон, саломат бошед!


Вакти нашр: 2021-03-30 14:02:12    Хонданд: 98    Муфассал...

Эмомалӣ Раҳмон: «Мо фаромӯш намекунем»

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар Конфронси 9-уми вазирони «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» дар Душанбе, ки зери унвони «Тақвияти ҳамраъйӣ барои сулҳ ва рушд» доир гардид, аз раванди сулҳи тоҷикон дар солҳои 90-уми гузашта ёдовар шуданд.

«Неъмати истиқлол ба мо гарон афтод.Раванди оштии миллӣ дар кишвари мо панҷ сол тӯл кашид, — зикр намуданд Сарвари давлат. — Ман ин ҷо аз хисороти ҷонӣ ва маънавию молии миллати азизам ҳарф намезанам.Танҳо ҳаминро таъкид мекунам, ки дар он рӯзҳои сахт пешвоёни онвақтаи мардуми афғон дар баробари дигар кишварҳои дӯст раванди сулҳи тоҷиконро дастгирӣ карда, ба мо кумаки холисона ва бародарона расониданд».

Воқеан ҳам дар давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки панҷ сол тӯл кашид, маҳз Афғонистон, новобаста ба он ки худаш ноором ва зери тиру туфанг қарор дошт, ба даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони фирории тоҷик оғӯши бародаронаи худро боз намуд ва барояшон  сарпаноҳ дод.

«Мо инро ҳаргиз фаромӯш намекунем», — иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бори дигар ҷиҳати ироаи таҷрибаи андӯхтаи Тоҷикистон дар роҳи дарёфти оштӣ, сулҳ ва рушди баъдӣ ба мардуми бародари афғон изҳори омодагӣ намуданд.

«Фарҷоми тамоми ҷангҳо оштист», — таъкид намуданд Пешвои миллат ва аз тамоми кишварҳои иштироккунандаи Конфронс, давлатҳои мададрасон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ чунин даъват намуданд:

«Биёед ба мардуми шарифи Афғонистон кумак кунем, то роҳ ба сӯи таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳ ва рушди ватани онҳо барояшон осону кӯтоҳтар шавад.

Изҳори умед менамоям, ки натиҷаҳои нишасти имрӯза боз як омили муассири тақвияти бештари ҳамкории самарабахши кишварҳои аъзо ва шарикони Конфронси «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» хоҳанд шуд».

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ


Вакти нашр: 2021-03-30 14:58:56    Хонданд: 68    Муфассал...

КУМАКҲОИ АМАЛӢ-МЕТОДӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бо мақсади  ҷоннок намудани фаъолияти кумитаю ташкилотҳои ҳизбӣ, аз ҷумла коргузорию гардиши ҳуҷҷатҳо, амалӣ намудани нақшаи кории кумита/ташкилоти ибтидоӣ, татбиқи босамари барномаҳои ҲХДТ, самаранокии гурӯҳи тарғиботии кумита/ташкилоти ибтидоӣ ва ҳаракати аъзои ҳизб кумакҳои амалию методӣ ба масъулини кумита/ташкилоти ибтидоии ҳизбии ноҳия  расонида шуда истодааст.

Бояд қайд намуд, ки кумакҳои амалӣ ва методӣ то ба имрӯз дар кумита/ташкилоти ибтидоии “Донишвар”, “Гулгашт”, “Шоҳмансур”, “Маҳаллаи Шоҳмансур-1”, “Сохтмончиён”, “Омӯзгор”, “Мутриб”, “Хокшинос”, “Шуғл” ва “Хоҷагидор”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур гузаронида шудааст, дар дигар кумита/ташкилоти ибтидоии ҳизбии ин ҳудуди ноҳия  идома дорад.

Маврид ба зикр аст, ки кумита/ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои фаъолияти пурсамари ҳар як кумитаҳои иҷроия саҳми арзанда дошта, дар амалигардонии Барнома ва Оинномаи ҲХДТ  нақши калидӣ доранд.


Вакти нашр: 2021-03-30 16:31:53    Хонданд: 107    Муфассал...

Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид

Имрӯз  дар Душанбе дар ҳошияи Конфронси 9-уми вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ алоқамандии ҷонибҳо барои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъкид гардид. Таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ, бахусус тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо бо ишора ба нақши Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон дар роҳи тавсеаи ҳамкорӣ бар зарурати иҷрои тавофуқоти нишасти маҷозии Кумитаи пайгирии иҷлосияи 13-уми Комиссияи муштарак ва омодагии шоиста ба баргузории иҷлосияи 14-уми Комиссияи муштарак дар нимаи якуми соли ҷорӣ таъкид карданд. Дар ин замина аҳамияти афзудани ҳаҷми тиҷорати дуҷониба зикр шуд.

Гузашта аз ин, ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи комили Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амниятро баррасӣ карданд.

АКС аз ВКХ ҶТ


Вакти нашр: 2021-03-30 16:37:18    Хонданд: 90    Муфассал...

РАВАНДИ ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ БО СУРЪАТ ИДОМА ДОРАНД

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 22 майи соли 2018, № АП-1059 доир ба рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон, қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 3 октябри соли 2019, №599 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2019-2021» ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур таҳия гардид. Вобаста ба ин ҷашни муборак, дар ноҳияи Шоҳмансур 778 чорабиниҳо роҳандозӣ карда шуданд. То ба имрӯз дар ноҳия 668 чорабиниҳо баргузор гардидаанд, ки 88,4 фоизи нақшаи умумиро дар бар мегирад. 30 марти соли 2021 тибқи нақшаи чорабиниҳо бо иштироки раиси ноҳияи Шоҳмансур Билол Иброҳим, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кушодашавии шаш иншооти ҷашнӣ дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт баргузор гардиданд.

1. Сохтмони бинои истиқоматии бисёрсексиягии баландошёна бо марказҳои савдову хизматрасонӣ дар ошёнаҳои аввал аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит-строй-сервис» дар кӯчаи Истаравшан -18 ба истифода дода шуд. Дар ин иншоот 35 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд гардид.

2. Сохтмони сехи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарв» дар кӯчаи С. Вализода - 2. Дар ин коргоҳ 15 ҷойи кории нав таъсис ёфт.

3. Сохтмони нуқтаи сӯзишворӣ ва шустӯшуи мошинаҳои боркаш аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Самт-2» дар кӯчаи С. Вализода 2. Дар ин нуқта 5 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

4. Сохтмони «Маркази савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ» аз тарафи шаҳрванд Саодат Каримова дар кӯчаи Қаротегин 1. Ин марказ 40 ҷойи кории нав муҳайё намудааст.

5. Сохтмони корхонаи истеҳсоли борҷома ва борчаспҳо таҳти унвони «Нашрияи босифат» аз тарафи шаҳрванд Давлаталӣ Сафаров дар кӯчаи Айнӣ 106/1. Ин коргоҳ 50 ҷойи кории нав таъсис намудааст.

6. Таҷдиди бинои таъиноти истеҳсолӣ - ҶДММ «Офсейт» дар кӯчаи Айнӣ - 126. Ташкили 10 ҷойи кории нав.

Сохтмони иншоотҳои мазкур дар асоси қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе амалӣ карда шудааст. Баъди ба истифода супоридани иншооти мазкур, дар маҷмуъ, зиёда аз 155 нафар сокинони шаҳр бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди тадбирҳои ободонӣ бо суръат идома дорад. Татбиқи ин гуна лоиҳаҳо метавонад дар самти иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии шаҳр, инчунин расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат намояд.


Вакти нашр: 2021-03-30 17:04:48    Хонданд: 96    Муфассал...

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар

30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкарро, ки бо мақсади иштирок дар 9-умин Конфронси “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманди сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар арсаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҷумҳурии Ҳиндустон яке аз кишварҳои калидии Қитъаи Осиё маҳсуб меёбад ва мо ба бештар мустаҳкам намудани муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон аҳамияти пайваста медиҳем.

Дар ин замн, зарурати тақвияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмини рушди устувори иқтисодиёт, татбиқи лоиҳаҳои зерсохториву истеҳсолӣ ва тиҷоративу хизматрасонӣ дар Тоҷикистонро таъкид гардид.

Ҳамчунин, зарур дониста шуд, ки имкониятҳои фаровони ду кишвар дар соҳаи энергетика, бахши кишоварзӣ, нақлиёт, тиб пурратар истифода карда шаванд.

Зимни суҳбат аз ҳамкорӣ дар доираи Барномаи омӯзишии ҳамкориҳои иқтисодӣ (ITEC), Шӯрои муносибатҳои фарҳангии Ҳиндустон (ICCR) ва дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла ҷиҳати интиқоли 192 ҳазор воя ваксинаи зидди вируси “Ковид-19” тариқи механизми “Ковакс” изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар мулоқот тақвияти фаъолияти Гурӯҳи кории муштарак оид ба масъалаҳои амниятӣ ва мавзӯъҳои марбут ба мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, инчунин қазияи Афғонистон муҳокима гардид.

Дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо ҷиҳати таҳкиму густариши минбаъдаи робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст алоқамандии худро изҳор намуданд.


Вакти нашр: 2021-03-30 17:12:50    Хонданд: 94    Муфассал...

ИФТИТОҲИ ИНШООТҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт корхонаҳои гуногун ба истифода дода шудаанд, ки барои кору фаъолияти занону духтарон шароити мусоид фароҳам сохтаанд. Аз ҷумлаи чунин иншоотҳо ҶДММ Анас Аврупо-Осиё, ки ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодии гуногун машғул аст ба ҳисоб меравад, ки бо ба фаъолият оғоз намудани он 46 нафар бо ҷойи кор таъмин гаштанд. Дар маросими ифтитоҳи корхонаи мазкур, муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон иштирок намуда, ба фаъолияти он оғози расмӣ бахшиданд. Корхонаи мазкур бо шароитҳои замони муосир таъмин буда, дар он мутахасисони ботаҷриба фаъолият мекунанд.

Тибқи иттилои масъулин, коргоҳи мазкур маҳсулоти худро на танҳо дар ҳудуди пойтахт, балки берун аз он низ тибқи фармоиши муштариён пешниҳод менамояд. Солҳои охир бо мақсади рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ як силсила ислоҳоти муҳим ва ҷиддӣ амалӣ карда шуданд, ки мақсади асосии онҳо, пеш аз ҳама афзоиши мунтазами тавлиди маҳсулоти ватанӣ, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад. ҶДММ Анас-Аврупо-Осиё ҳам бо ҳамин мақсад бунёд шуда, барои бо маҳсулоти хушсифати қаннодӣ таъмин кардани сокинони шаҳри Душанбе ва берун аз он замина мегузорад.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иншоотҳои зиёди маишиву хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд ва ин раванд идома дорад. Дар доираи дастгириҳои роҳбарияти Олии мамлакат ва шаҳрдори Душанбе ин навбат ҶДММ “Маркази тиббии Насл” ва ҶДММ Анас Аврупо-Осиё, ки ба истеҳсоли қаннодиҳои гуногун машғул, аст ифтитоҳ гардиданд.


Вакти нашр: 2021-03-30 17:21:03    Хонданд: 211    Муфассал...

Тоҷикистон ва Афғонистон ба тавофуқ расиданд, ки аз номзадиҳои ҳамдигар барои касби узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои Амнияти СММ пуштибонӣ мекунанд

Тавре қаблан хабар додем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дирӯз дар Душанбе зери Эъломияи муштарак аз натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштанд.

Эъломияи мазкур аз 16 банд иборат буда, дар он, аз ҷумла, зикр шудааст, ки ду кишвар заминаи ҳуқуқии робитаҳои дуҷонибаро мустаҳкам намуда, онро бо воқеияти нави сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мутобиқ месозанд.

Дар ин эъломия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон омодагии худро барои ҳамкориҳои густарда дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои тахассусии он, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ эълом дошта, бо табодули назарҳои пайваста роҷеъ ба мавзӯъҳои муҳим мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамоҳанг хоҳанд кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон узвияти Афғонистонро дар Созмони ҳамкории Шанхай дастгирӣ мекунад.

Дар ин росто, Тарафҳо ба тавофуқ расиданд, ки аз номзадиҳои ҳамдигар барои касби узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2028-2029 (Тоҷикистон) ва солҳои 2033-2034 (Афғонистон) пуштибонӣ мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъкид карданд, ки таҳкими муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи ду кишвар ба манфиатҳои халқҳои онҳо, инчунин ба ҳадафҳои ҳифзи сулҳ, амният ва суботи байналмилалӣ, фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод, баробарҳуқуқӣ ва манфиатҳои мутақобила ҷавобгӯ мебошад.

Инчунин, ҳарду давлат ба рушди робитаҳои байнипарлумонӣ мусоидат намуда, робитаҳо ва ҳамкориҳоро дар ҳама сатҳҳо байни мақомоти иҷроия таъкид карда, ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ мусоидат менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиши теъдоди бурсияҳои таълимии шаҳрвандони Афғонистонро дар муассисаҳои таълими касбии олии Тоҷикистон итминон медиҳад.

Дар ин эъломия сарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон натиҷаҳои ҳамкориҳоро дар соҳаҳои фарҳангию башардӯстӣ мусбат арзёбӣ намуда, рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва технология, навоварӣ, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва варзишро ҷонибдорӣ карданд. Дар ин робита, Тарафҳо таҳкими соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои авлавиятноки ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ намуданд ва таъсиси хатсайрҳои сайёҳиро дар заминаи маконҳои таърихию сайёҳии муштараки ду кишвар муҳим донистанд.

Тарафҳо алоқамандии худро ба рушди ҳамкориҳо байни ду кишвар дар соҳаҳои энергетика, зерсохтор ва иртиботот бо таваҷҷуҳи авлавиятнок ба анҷоми татбиқи босамари лоиҳаи CASA-1000 иброз намуданд. Тавофуқ ба даст омад, ки ба татбиқи лоиҳаҳои тавлиди нерӯи барқ ва таъсиси шабакаи минтақавии зерсохтори энергетикӣ мусоидат шавад.

Зикр шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соҳаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, муомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои он, пулшӯӣ, инчунин ҷиноятҳои марбут ба моликияти зеҳнӣ, ашёи дорои арзиши таърихӣ, бостоншиносӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз талошҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар масъалаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккилона истиқбол менамояд

Инчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу субот ҷонибдорӣ менамояд. Тоҷикистон аз раванди музокироти сулҳи Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати Толибон ҳамаҷониба истиқбол мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъкид карданд, ки роҳи ягонаи муассири ҳалли мушкилот муколамаи байниафғонӣ мебошад. Ҷонибҳо ҳамчунин таъмини сулҳ ва субот дар Афғонистонро барои суботи минтақа муҳим донистанд.

                                        АКС: Хадамоти Президенти ҶТ


Вакти нашр: 2021-03-30 18:02:35    Хонданд: 125    Муфассал...

Субрахманиям Ҷайшанкар: «Ҳиндустон Тоҷикистонро дар соли раёсаташ дар СҲШ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд»

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкарро, ки барои анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар Нуҳумин конфронси вазирони «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар дар нишасти хабарӣ натиҷаҳои мулоқотро бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин шарҳ дод: «Дар вохӯрӣ бо Президенти Тоҷикистон мо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намудем. Аз ҷумла, мубориза бо ҳамагирии COVID-19 ва масъалаҳои вобаста ба Афғонистон, ки ман барои иштирок дар ин конфронси вазирони «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» ба Тоҷикистон ташриф овардаам».

Ба гуфти Субрахманиям Ҷайшанкар, Ҳиндустон Тоҷикистонро дар соли раёсаташ дар Созмони ҳамкории Шанхай ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. «Мояи хушнудист, ки Ҳиндустон дар амалисозии лоиҳаи сохтмони шоҳроҳи 8-қатории Душанбе-Чортут саҳми шоиста дорад», — таъкид намуд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон.

31 март дар доираи сафари расмӣ дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар бо ҳамтои тоҷики худ Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот менамояд, ки аз натиҷаи он баимзо расидани санадҳо дар назар аст.

Акс аз Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон


Вакти нашр: 2021-03-30 18:04:09    Хонданд: 119    Муфассал...

Дар Душанбе мулоқоти сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон доир шуд

30 март дар Душанбе дар ҳошияи Нуҳумин конфронси вазирони кишварҳои «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» нишасти сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар доир шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар нишаст масъалаҳои ҳамкориҳои сеҷониба дар бахшҳои амният, мубориза бо қочоқи маводди мухаддир, густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ, энергетика ва зерсохтор, ҳамлу нақли транзитии мол, тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт барои Афғонистон баррасӣ шуданд.

Инчунин тасмим гирифта шуд, ки ҷиҳати ба таври васеъ баррасӣ намудани масъалаҳои мазкур гурӯҳи кории муштарак аз ҷониби се кишвар таъсис ёбад.

Изҳори умед гардид, ки ин мулоқот оғозгари марҳалаи нав дар муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории се кишвари ҳамзабон шавад.

АКС аз ВКХ ҶТ


Вакти нашр: 2021-03-30 18:05:26    Хонданд: 120    Муфассал...

БОЗТОБИ КОНФРОНСИ «ҚАЛБИ ОСИЁ – РАВАНДИ ИСТАНБУЛ» ДАР РАСОНАҲОИ ҶАҲОН. Шарҳи мухтасари хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Истанбул

Воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии  Туркия  хабару гузоришҳоро аз ҷараён ва натоиҷи Конфронси 9-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои «Қалби Осиё – Раванди Истанбул», ки 29-30 март дар Душанбе таҳти унвони  “Тақвияти ҳамраъйӣ барои сулҳ ва рушд” баргузор шуд, дар саҳифаҳои аввали худ ҷой додаанд.

Аз ҷумла, «Konhaber.com» («Konhaber Türkiye’nin İnternet Gazetesi») бо истинод ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои милллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиш зикр намудаанд, ки зиёда аз 40 сол боз мардуми Афғонистон аз ҷангу ҷидоли таҳмилӣ, ки пеш аз ҳама бар асари мудохила ба умури идохилии ин кишвар сар задаст, мусибати зиёд мебинад. Бинобар ин солҳои охир роҷеъ ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ҳамоишҳои минтақавӣ ва байналдмилалӣ дар сутӯҳи гуногун доир мегарданд. Дар ин ҷода фаъолияти «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» аз замони таъсисёбиаш   то ба имрӯз нуфузу мақоми муҳим дорад.

Конфронси «Қалби Осиё – Раванди Истанбул»  моҳи ноябри соли 2011 бо ибтикори Ҷумҳурии Афғонистон ва Ҷумҳурии Туркия таъсис ёфта, инак ҳамоиши навбатии 9-уми худро дар Душанбе доир намуд. Дар ин муддат  14 кишвари Осиё, 16 кишвари берун аз минтақа ва 12 созмони минтақавию байналмилдалӣ ба ин конфронс пайвастаанд.

«Эмомали Рахмон барои ҷорӣ намудани механизмҳои нави барқарорсозии сулҳу субот ва ҳалли мушкилот дар Афғонистон изҳори боварӣ намуда, таъкид намуд ки Тоҷикистон  дар ин сам татбиқи барномаву стратегияҳои байналмилалиро ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳад кард», —  навиштааст «Konhaber.com».

Агентии давлатии иттилоотии Туркия «Анадолу» (Anadolu Ajansı)  бо ишора ба суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Чавушоғлу дар Конфронси 9-уми вазирони «Калби Осиё — Раванди Истакнбул» чунин навиштааст:

«Мавлуд Чавушоғлу зимни суханронии хеш   ташаккур ва минатдории худро барои мусоидат дар ташкили конфронс ва меҳмонавозӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  баён намуд. Чавушоғлу таъкид дошт, ки амният, субот ва шукуфоии Афғонистон барои ҳамагон хеле муҳим буда, мушкилоти минтақавӣ танҳо бо руҳияи ҳамкорӣ ҳал хоҳад гардид».

«Анадолу» ҳамчунин суханони Чавушоғлуро зимни мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷуиҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин чунин иқтибос накмудааст: “Мо  ҳамеша иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар лоиҳаҳои минтақавӣ дастгирӣ кардае6м ва дастгирӣ хоҳем кард».  Ба гуфтаи Чавушоглу муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Туркия дар бисер соҳаҳо, аз ҷумла иқтисодиёт, савдо, фарҳанг, маориф, амният ва ҳамкориҳо дар бахши консулгарӣ низ  ба таври заррас руш кардаанд.

 

 

«Вазири кишварамон (Мавлуд Чавушоғлу – тавз. АМИТ «Ховар») инчунин  изҳор дошт, ки Президенти Туркия муҳтарам Реджеб Тайиб Эрдуғон аз иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомали Раҳмон дар «Форуми Сиёсии Анталя” ки  18-20-и июни соли 2021 баргузор мегардад,  бисёр хушҳол хоҳад  шуд», — навиштааст агентии «Анадолу».

                                                                   Манижа МАҚСУД,
                                             хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Туркия

Инчунин дар расонаҳои кишварҳои дигар:

Агентии «Хабар 24»-и Қазоқистон бо истинод ба вазорати корҳои хориҷии ин кишвар зери унвони «Мухтор Тлеуберди дар Нуҳумин конфронси вазирони кишварҳои «Қалби Осиё – Раванди Истанбул»  ширкат варзид» мавод нашр карда, тазаккур додааст, ки сиғаи Раванди Истанбул як майдони муколамаи сиёсӣ ва ҳамкории минтақавӣ барои истиқрори сулҳ ва шукуфоӣ дар Афғонистон ва дар маҷмӯъ минтақа мебошад.

«Зимни суханронии худ М. Тлеуберди гуфт, ки Қазоқистон ҳамасола дар расонидани кумакҳои молиявӣ, техникӣ ва башардӯстона дар доираи талошҳои байналмилалӣ барои ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон саҳм мегузорад. Ӯ инчунин аҳамияти пешбурди музокироти сулҳи байни афғонҳоро дар асоси созишҳо зикр кард», — гузориш додааст «Хабар 24».

Ҳамчунин иттилоъ дода мешавад, ки дар фарҷоми конфронс Эъломияи Душанбе қабул гардид, ки дар он зарурати рушди минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ ҳамчун як роҳи муассири муқовимат бо чолишҳои умумӣ ва таҳкими амният ва субот дар Афғонистон таъкид шудааст.

Дар гузориш агентии мазкур зикр намудааст, ки дар ҳошияи конфронс Тлеуберди бо ҳамтоёни худ Ҷайҳун Байрамов (Озарбойҷон), Субраманям Ҷайшанкар (Ҳиндустон), Абдулазиз Комилов (Ӯзбекистон), Маҳмуд Қурешӣ (Покистон) ва Сироҷиддин Муҳриддин (Тоҷикистон) мулоқот намуда, масъалаҳои мубрам ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ кардааст.

***

Ширкати телевизионии байнидавлатии «МИР 24» бо номи «Эмомалӣ Раҳмон бо иштирокчиёни Нуҳумин конфронси вазирони кишварҳои «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» мулоқот намуданд» хабар нашр кардааст.

Аз ҷумла, «МИР 24» менависад, ки бо вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон, гардиши мол байни кишварҳо, дар соҳаи истеҳсоли алюминий, иктишоф, истеҳсол ва коркарди муштараки захираҳои карбогидрид баррасӣ гардид. Ҳамчунин ба масъалаҳои ҷудо кардани бурсияҳо барои донишҷӯёни Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Озарбойҷон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Эрон Эмомалӣ Раҳмон доир ба сохтмони нақби автомобилгарди «Истиқлол» суҳбат карданд. Ин нақб, ки дар роҳи байни Душанбе ва Хуҷанд аст, беш аз панҷ километр тӯл дорад. Сохтмони он бояд то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба анҷом расад.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин бо вазири корҳои хориҷии Туркия мулоқот карда, ҳамкории ду кишварро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор доданд.

***

Сомонаи иттилоотии мустақили «aze.az»-и Озарбойҷон дар маводе тазаккур додаст, ки вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов дар Нуҳумин конфронси вазирони кишварҳои «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» иштирок ва суханронӣ намуд.

«Ин конфронси вазирон барои арзёбии корҳои муҳими Раванди Истамбул ва муайян кардани самтҳои ояндаи кӯшишҳои муштарак барои ҳалли мушкилоти ҷиддие, ки дар Афғонистон ва маркази тамоми Осиё қарор доранд, имконияти хуб фароҳам меорад. Аз ин рӯ, мо конфронси имрӯзаро ҳамчун омодагии ҳамаи кишварҳои иштирокчӣ, инчунин давлатҳои донор ва созмонҳои байналмилалӣ барои ноил шудан ба ҳадафи умумӣ дар самти таъмини амният ва шукуфоии Афғонистон бо ҳамзистии осоишта бо ҳамсояҳо мешуморем», — иқтибос овардааст сомона суханҳои Байрамовро.

Тавре агентии «APA»-и Озарбойҷон, дар навбати худ, хабар медиҳад, ки вазири корҳои хориҷӣ Ҷайҳун Байрамов тазаккур додааст, Озарбойҷон яке аз аввалин давлатҳоест, ки Афғонистонро дар талошҳояш барои рафъи мушкилоти мавҷуда дастгирӣ мекунад. «Аз соли ҳамроҳ шудан ба ин раванд дар соли 2012, мо дар ин майдони бисёрҷониба фаъолона ширкат меварзем», — гуфтааст Байрамов.

Ӯ зикр кардааст, ки Тадбирҳои эътимодсозӣ механизми пурарзиши мусоидати ҳамкории ба натиҷаҳо ва талабот нигаронидашуда ба ҳисоб мераванд.

«Дар ин самт татбиқи амалии Тадбирҳои эътимодсозӣ тавассути лоиҳаҳои мушаххас аҳамияти калон дорад. Мо мутмаинем, ки шукуфоӣ ва пешрафти Афғонистон, рушди иқтисодӣ ва ҳамкории минтақавӣ ба ҳам тавъманд ва ба муҳити амнияти умумии минтақа вобастагӣ доранд», — таъкид намудааст Байрамов.

«Ҳангоми тамаркуз намудани таваҷҷуҳ ба барқарорсозӣ ва рушди иқтисодии Афғонистон зарур аст, ки ҳалли мушкилоти амниятии кишварро идома диҳем, то пешрафти ба дастовардаро устувор нигоҳ дорем. Аз ин рӯ, идомаи талошҳои муштарак барои мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ, ки терроризм, экстремизми хушунатбор ва ҷудоихоҳӣ дар ҳама шаклҳо ва зуҳуроти он ба вуҷуд меоранд ва дар ин замина густариши ҳамкории минтақавӣ ниҳоят муҳим мебошад», — тазаккур додааст вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон.

АКСҲО аз манбаъҳои боз


Вакти нашр: 2021-03-31 11:59:50    Хонданд: 94    Муфассал...



Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс