МАРОМИ ПОЙТАХТ

Навидҳо

Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Санаи 5 феврали соли ҷорӣ Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки Мирзозода И. - Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, аъзоёни Раёсат ва кормандони Кумитаи ҳизбии шаҳр баргузор гардид.

Дар Маҷлиси Раёсат масъалаҳои зерин: рўзнома ва лоиҳаи қарорҳои муҳокимашаванда дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, даъвати Маҷлиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, тасдиқи сметаи даромад ва хароҷоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе барои соли 2021 ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.

Маҷлиси Раёсатро Мирзозода И. - Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуда, вобаста ба масъалаҳои дар маърӯза қайд гардида ибрози андеша намуд. Сипас лоиҳаи ҳар як масъалаҳо ба аъзоён ва иштирокчиёни маҷлис пешниҳод гардида, ба муҳокима гузошта шуд ва бо тарафдории аъзоёну иштирокчиёни маҷлис дар доираи таклифу пешниҳодҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар фарҷоми маҷлис барои корҳои дастаҷамъонаи КИ ҲХДТ дар ноҳияҳои пойтахт ва кумитаву ташкилотҳои ибтидоии онҳо анҷомдодашуда, аз ҷумла иҷрои маъаракаи сиёсии обуна изҳори сипос намуда, қайд намуданд, ки мову Шумо барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдомҳои созандаи худ саҳмгузорӣ намуда, ба Ватан содиқонаву софдилона хизмат менамоем. Ба ҳамаи иштирокчиён муваффақияту музаффарият дар кору пайкорашон таманно намуданд


Вакти нашр: 2021-02-08 16:32:02    Хонданд: 119    Муфассал...

МАҚОМИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА АЗ ПАЁМ САРЧАШМА МЕГИРАД

Тавре Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишварамон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қайд карданд, зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Бинобар ин минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи он дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ меёбад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд.

Барои мисол дар соҳаи маориф ва тандурустӣ солҳои охир шумораи занону духтарон бамаротиб афзоиш ёфтааст.

Имрӯз шумораи занон дар сафи хизматчиёни далатӣ афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда, 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи он 25 фоизро занону духтарон ташкил медиҳад.

Ҳамзамон дар Паём аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал оварда шуд, ки дар риояи қонунҳои миллиамон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ” ва “Дар бораи масъулити падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сарриштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати қадимаи мост, риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд.

Бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд.

Дар ҷаҳони муосир рушди илму техника ва технологияи муосир ба дараҷаи баланди тарақиёт расида бошад ҳам, вале паҳлуҳои ҳаёти маънавӣ ва риояи ҳуқуқҳои инсонӣ, бахусус ҳуқуқи зан аз нигоҳи имрӯза қаноатманд нест, агарчи қисми зиёди аҳолии ҷаҳонро занҳо ташкил медиҳанд. Занон дар соҳаи азбарнамоии илму техника, касбу ҳунари замонавӣ ҳамқадам буда, саҳми онҳо на танҳо такрористеҳсолнамоии насли инсонӣ, тарбия ва ба камол расонидани фарзанд, инчунин дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ саҳми арзанда доранд.

Ин аст, ки дар ҳама давру замон афкори иҷтимою сиёсӣ ва динию дунявӣ ба масъалаи нақши зан дар ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Чи тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ... “мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар тадбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем”.

Эътимоди ҷаноби олӣ ба ин қишри ҷомеа гувоҳ аз он аст, ки ҳисси масъулиятшиносӣ ва саҳмгузории онҳо дар пешрафту инкишофи ҷомеа аз мардҳо кам нест. Суханони ҷаноби Олӣ пеш аз ҳама ишора ба он гурӯҳ шахсонест, ки тангбину хурофотпарастанд ва ба созандаву бунёдкор будани занҳо боварӣ надоранд ва бо чашми таҳқир ба ин гурӯҳи ҷомеа назар менамоянд, равона гардидааст.

Масъалаи мазкур махсусан дар дини мубини ислом мавриди шарҳи муфассал қарор гирифтааст. Аммо бо сабаби пастии фарҳанги динию дунявии баъзе ашхоси алоҳидаву ба ном муллоҳои хосагӣ мавқеи зан дар ҷомеа ба хурофот табдил ёфта, ба дини поки ислом доғ ва ба амнияти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Ҳоло он ки дар сарчашмаҳои таълимотии дини ислом ба масъалаи баробарҳуқуқии марду зан ихтилоф нест. Барои тақвият ба дастурҳои илмию ахлоқии ислом Қуръон ва суннат, ҳалли баъзе масъалаҳо дар оилаву ҷомеа рӯ меоварем, то ки ба баъзе ихтилофҳо рушноӣ андохта, аз фармудаҳои Расули акрам истифода бубарем.

Ҳамагон медонем, ки муҳимтарин ва бузургтарин рисолати зан инсонро ба дунё овардану тарбияи фарзанд ва нигоҳ доштани оилаи солим мебошад. Дини ислом ба қудрати офарандаи занон аҳамияти ҷиддӣ дода, фаъолияти рӯзмараи занонро дар ҳолате раво медонад, ки ба иҷрои нақш ва вазифаи аввалиндараҷааш, яъне оила ва тарбияи фарзанд монеъ нагардад. Ин нукта дар афкори иҷтимоӣ-сиёсии мутафаккири бузурги олами ислом Муҳаммад Ғазолӣ низ мавқеи хосаи худро пайдо намудааст.

“... ободонии ҷаҳон ва насли одамӣ аз зан аст”.

Дар ҳақиқат ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат аз тандурустии зан-модар сарчашма мегирад.

Аз ин хотир агар зан тамоми шароитро дошта бошаду ниёзи воқеӣ ба кори душвори ҷамъиятӣ надошта бошад, барои ӯ беҳтар аст, ки вақти худро дар тарбияи фарзандонаш гузаронад. Зеро тарбияи фарзанд яке аз фазилатҳои неки зан буда, дигар кас чун модар наметавонад фарзандонро бо муҳаббату самимият ба воя расонад. Ба қавли бузургон “Домони модар мактабест, ки агар дуруст омода шавад, як миллати асилро тарбия ва омода мекунад”.

Таҳқиқи масъалаи фаъолияти иҷтимоию сиёсии занон дар сарчашмаҳо ва осори олами исломӣ нишон медиҳад, ки ин мавзӯъ агарчи дар назар хеле содда намояд ҳам, вале бисёр муҳим ва рузмарра мебошад.

Барои рушду нуму ва пешрафту инкишофи ҷомеаи башарӣ масъулияти баробар доштани мардону занон низ дар Қуръон ишора шудааст.

Дар сураи «Тавба» ояти 71-и Қуръони карим таъкид менамояд, ки занони мусулмон баробари мардони мусулмон масъули ҷомеаи худ дониста шудаанд. Табиист, ки бидуни доштани ҳаққи интихоб намудан ва ҳаққи интихоб шудан, занон наметавонанд ин масъулиятеро, ки Худованд ба души онҳо вогузор намудааст, ба дурустӣ анҷом диҳанд.

Ҳамин тавр дар асоси мисолҳо аз Қуръону суннат, далелҳои мантиқии овардашуда, бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки масъалаи иштироки занон дар корҳои давлатдорӣ аз назари Ислом мушкилие надорад. Барои ин зани салоҳияти илмию сиёсии ин корро дошта, одоб ва рафтори накӯи инсониро риоя намояд.

Бобоева Моҳтоббӣ

вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур


Вакти нашр: 2021-02-08 16:47:00    Хонданд: 63    Муфассал...

ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА АФКОРИ СИЁСӢ

Таҷрибаи давлатдории халқҳои олам собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он маҳз ба ҳисси миллии ватандӯстӣ кафолати муҳимтарини бақои миллату давлат вобастагии мустақим дорад. Мо бояд фаромӯш насозем, ки мардуми Тоҷикистон масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва ободиву пешрафти мамлакатро ба зиммаи мову шумо вогузор намудааст.

Ҳарчанд худшиносии миллӣ аз гузаштагонамон ба мо мерос монда бошад ҳам, баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави худшиносии миллӣ оғоз гардид. Дар ин давра дар Тоҷикистон вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дигар гардида, арзишҳои моддиву маънавӣ ҳам иваз шуданд.

Чи тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад».

Худшиносӣ василаи асосии ба маънавият расидани инсону ҷомеа мебошад. Худшиносии миллӣ ин решаи миллат аст, агар мактаби миллӣ заиф бошад, миллат пароканда ва нопадид мегардад. Бинобар ин, бояд баҳри мустаҳкам гардонидани мактаби миллӣ, ки ҷузъҳои асосии он ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худшиносӣ мебошад, чораҳои зарурӣ андешид. Дар ҳақиқат, ҳар як инсони боимону оқил бояд ифтихор намояд, ки дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат чи қадар дигаргуниҳои куллӣ дар бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат, дарёфт намудани роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба амал омадааст.

Ҳарчанд ки роҳи тайнамудаи Тоҷикистон дар ҷодаи ваҳдату якпорчагӣ ҳамвору яксон набуд, вале мардуми шарафманди мо ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, сарҷамъии миллат, густариши фазои сулҳу оромӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ саъю талошҳои бесобиқа анҷом доданд ва итминони комил дорам, ки наслҳои оянда аз онҳо ҳамчун намунаи ватандориву ватандӯстӣ ёд хоҳанд кард.

Ҳар як фарди бонангу номус ва худогоҳи ҷомеа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо истиқлолияту озодӣ омили муҳимтарини пойдории давлат ва бақои миллат мебошад ва вазифаи ҳамаи мост, ки ба хотири ҳифзу тақвияти ин муқаддасоти миллӣ пайгирона кӯшиш намоем. Бо мақсади таҳкими боз ҳам бештари ин дастовард зарур аст, ки мафҳумҳои истиқлолияту озодӣ ва ваҳдати миллӣ ба ғояи ҳамешагии созанда ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи Тоҷикистони демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ табдил дода шаванд.

Зеро ин мафҳумҳо дар қалбу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор сохтанд ва ба онҳо эътимод бахшиданд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояҳои наҷотбахш корҳои бузурги ободкориву созандагиро ба анҷом расонад ва барои наслҳои оянда як кишвари ободу зеборо ба мерос гузорад. Марҳалаи начандон тӯлонии таърих собит сохт, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, ватандӯсту ватанпарвар ва сулҳпарвару таҳаммулгаро буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи пешрафтаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд.

Шукрона аз он бояд кард, ки имрӯз давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ бо фарҳангу тамаддуни бояш эътироф намуда, миллати тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёд ва бофарҳангу соҳибтамаддун мешиносанд. Яке аз рукнҳои худшиносии миллӣ ин донистани таърих, фарҳанг, забон, расму оин ва дарк намудани вазъи имрӯзаи миллат мебошад. Маҳз ҳамин худшиносии миллӣ ва устувории иқтисоди миллӣ буд, ки моро дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф намуда, даъвати Тоҷикистонро барои ворид шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) пазируфтанд. Ин манофеъ ба рушди бонизоми иқтисодию иҷтимоии мамлакат мусоидат намуда, Тоҷикистонро боз ҳам дар арсаи байналмилалӣ машҳуру маъруф мекунад.

Тоҷикистон дар тули таърих ба дастовардҳои моддию маънавӣ, фитрати фарҳангофарин ва маърифатбунёди худ дар ҷаҳони муосир бо дарёфти мақому манзалат ифтихорангез ноил гардидаанд. Ифтихор аз таърихи куҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад, ки аз он огоҳ бошӣ, онро мояи омӯзиш, ибрат ва шукуҳмандӣ бидонӣ, зеро ки надонистани таърихи фарҳангу тамадун, забон, адаб, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ дар пешгаҳи қавми ноогоҳ ҳукми мурдаро дорад. Саҳифаи пурмуқтавою рангин ва рӯзгори равшани миллати мо дар тули таърих бо талошу муборизаҳои ҷавонмардони шуҷои миллат, сарлашкарон ва садҳо зиёиёну сиёсатмодарони шарафманди дигар табъам буд.

Ҳар як шахрванди кишвар бояд ҳисси миллӣ дошта, аз зинаҳои ташаккулёбӣ ва нақши он дар ҷомеаи имрӯза огаҳ бошад, ки ин яке аз самти асосии тарбия намудани ҷавонон ба хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ, мебошад.

Хулоса, масоили дар боло зикргардида, ҳар як шахсро ҳушдор медиҳад, ки худшиносии миллӣ ва ватанпарастиро шиори доимии хеш қарор дода, баҳри ободию устувории давлати cоҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро гузорад. Нагузорад, ки ягон қувваи носолиму ғаразнок теша ба решаи пойдории ваҳдати миллию рушди иқтисодии давлати мо зананд.


Вакти нашр: 2021-02-08 16:47:57    Хонданд: 63    Муфассал...

Дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат имрӯз боз ба як оилаи тоҷик манзили нави истиқоматӣ туҳфа карда шуд

Имрӯз аз ҷониби соҳибкор, Роҳбари ҶДММ «Сарманзил», узви ҲХДТ ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов як модари тоҷик Ситора Сафарова, ки соҳиби панҷ фарзанд мебошад, дар шаҳри Душанбе соҳиби манзили истиқоматӣ гардид.

Манзили истиқоматии Ситора Сафарова дар маркази шаҳри Душанбе (кӯчаи Ҳусейнзода 10/1, хона навбунёди замонавӣ) ҷойгир буда, аз се ҳуҷра (130 метри мураббаъ) иборат аст, аз ҷониби соҳибкор бо тамоми шароити замонавӣ, аз ашёи рӯзгор, хониш, таҷҳизот ва маводи мавриди ниёзи аввал таъмин карда шудааст.

Дар ҷараёни тақдими хона соҳибкор Маҳмудҷон Муродов зикр намуд, ки «ҳамаи иқдомҳое, ки аз ҷониби шахсони саховатпеша гирифта мешаванд, дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикороти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат мегиранд. Имрӯз нафарони камбизоат танҳо нестанд ва онҳо зери ғамхории доимии Сарвари давлат қарор доранд».

Зимни шиносоӣ бо шароити манзил Маҳмудҷон Муродов ба фарзандони ин хонавода иброз намуда, гуфт, ки «Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон бештар наврасону ҷавононро ба ватандӯстиву меҳанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ роҳнамоӣ намуданд. Пас, шумо низ ҳидоятҳои Сарвари мамлакатро дар амал тадбиқ намуда, дар оянда барои Ватан-модари хеш хизмат намоед».

Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо бо ҳидоятҳои Сарвари давлат соҳибкорони муваффақи пойтахт саҳми муносиби худро дар ободонию созандагӣ, кумак намудан ба ятимону барҷомондагон ва шахсони имконияташон маҳдуд мегузоранд.

Иқдоми навбатӣ аз ҷониби Маҳмудҷон Муродов баъди ироаи Паёми имсолаи Сарвари давлат амалӣ гардид. Тавре қаблан хабар додем, Пешвои миллат 26 январи соли равон зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат аз саҳми ватандӯстонаи соҳибкорон ҷиҳати ободу зебо намудани кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, чунин зикр намуданд: “Ман ба нерӯи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем”.

Ёдовар мешавем, ки Маҳмудҷон Муродов қаблан ба ду оилаи дорои имконияти маҳдуд дар кӯчаи Ҳусейнзода, № 10, 3 нафар оилаҳои ятим ва дорои шахсони имконияташон маҳдуд- Раъно Раҳимова, Фотима Убайдова ва Зебуниссо Акрам, оилаҳои камбизоат дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе хона дода буд. Ӯ Хонаи кӯдакони пойтахтро бо харҷи қариб 7 миллион сомонӣ таъмир намуда, инчунин таъмири биноҳои як кӯчаро ба уҳда гирифт. Ҳамчунин ба 150 нафар ниёзмандон, маъюбон, беморон ва оилаҳои камбизоати маҳаллаи Камоли Хуҷандӣ ва Шоҳмансур-1-и пойтахт маводи мавриди ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, макарон ва ғайра кумак расонид.

Мавриди зикр аст, ки дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кумакҳои моддӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ба ҳукми анъана даромадааст. Соҳибкорони тоҷик ҳамеша аз сиёсати созандаи иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат пуштибонӣ карда, барои пешрафту ободонии мамлакат ва дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа иқдом менамоянд.

Манбаъ: /АМИТ «Ховар»/.


Вакти нашр: 2021-02-08 16:49:35    Хонданд: 255    Муфассал...

ПАЁМ РАҲНАМОИ УФУҚҲОИ НАВИ СОЗАНДАГИСТ

Ироаи Паёми Сарвари давлат имсол барои мардуми мо беш аз ҳарвақта аз аҳамияти хосе бархӯрдор мебошад. Зеро мо дар остонаи таҷлили Ҷашни бошукӯҳ ва муқаддаси 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ин санаи фархунда бомаром идома доранд. Тавре Пешвои муаззами миллат дар оғози ироаи Паём зикр карданд, соли гузашта дар саросари кишвар 18300 иншооти банақшагирифташуда, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, бунёд ва ба истифода дода шуданд. Ин рақам баёнгари он аст, ки рушди илму фарҳанг ва таъмини саломатии ҷомеа омили аслии таҳкими истиқлол ва ҳадафи роҳбарияти олии давлат мебошад.

Рӯйдодҳои дигари муҳиму хотирмони соли гузашта, ки дар Паёми Президенти мамлакат, махсусан таъкид шуданд, ин ҷашнҳои 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ мебошанд, ки дар асоси қарори созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО таҷлил гардиданд. Авлавият додан ба рушди соҳаи фарҳанг дар заминаи бузургдошти осори гаронбаҳои таърихӣ ва нобиғаҳои илму фарҳанг дар сатҳи сиёсати давлатӣ яке аз тадбирҳои муҳимест, ки Сарвари давлат ҷиҳати баланд бардоштани эътибори миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ пайваста амалӣ менамоянд ва ин нукта ҳамасола дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат дарҷ мегардад. Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти ин масъала, Пешвои миллат зимни ироаи Паём таъкид доштанд: “Танҳо таърихи 5500 – солаи Саразм, ки аз ҷониби олимони сатҳи ҷаҳонӣ, марказҳои муътабари илмии дунё ва созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО эътирофу тасдиқ шудааст, далели раднопазир ва бебаҳси қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад”.

Маҳз ҳамин арҷгузорӣ ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он дар асри ҳозир, дар замони ҷаҳонишавии тамаддунҳо, ки аз тарафе тақозои замони нав арзёбӣ мешаваду аз сӯи дигар таҳоҷуми мафкуравӣ ва фарҳангиест, ки ҳастии маънавии миллатҳоро таҳдид мекунад, метавонад дар амри худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои истиқлол омили ҳалкунанда бошад. Бо дарки амиқи ҳамин ҷанбаи масъала Сарвари давлат иқдом ба бознашри китоби “Тоҷикон” - и аллома Бобоҷон Ғафуров ва ба ҳар хонадон расондани ин асари гаронбаҳо намуданд. Аз ин лиҳоз, масъулияти азими рисолати насли даврони истиқлол дар Паёми Пешвои миллат ин гуна мушаххас шуд: “Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад”.

Қобили зикр аст, ки раванди ба ҷойгоҳи баланд расондани мақоми илму фарҳанг ва дар ин замина таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи мамлакат ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бинобар ин, беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳайё намудани тамоми шароити зарурӣ ва дар ин раванд боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгорон аз ҷониби Сарвари давлат ба таври махсус таъкид гардид. Бо назардошти ин авлавият сол то сол дар мамлакати мо иқдомоти нав амалӣ ва уфуқҳои тоза боз мегарданд. Дар қатори озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки баргузории онҳо дар байни наврасону ҷавонони кишвар истеъдодҳои нодирро кашф ва муаррифӣ намуданд, Сарвари давлат зарур донистанд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни дигари ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шавад.

Агар озмунҳои қаблӣ фарогири илмҳои гуманитарӣ бошанд, озмуни «Илм - фурӯғи маърифат» барои дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон дар бахши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузорад. Бинобар ин, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки ташкил ва баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи бисёр баланд ба роҳ монда шуда, маблағи барои ҷоизаҳо пешбинигардида зиёд карда шавад.

Зимни ироаи Паём мо шоҳиди ғамхории дигари падаронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидем. Роҳбари давлат ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, супориш доданд, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд. Тавре Ҷаноби Олӣ изҳор доштанд: “Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад”.

Президенти мо, ки худ аз миёни мардум бархостаанд ва бо мушкилоту ранҷҳои мардум ошноии наздик доранд, беш аз ҳар каси дигар ҳолати мардумро дарк карда ва дар паҳлуи онҳо буданро рисолати аслии роҳбарии худ медонанд. Бинобар ин, аз Роҳбари давлат сар карда то вакилони мардум, аъзои Ҳукумат, роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва тамоми хизматчиёни давлатӣ - содиқона хизмат кардан ба халқи Тоҷикистон, ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дар паҳлуи халқ буданро вазифаи асосии ҳар як масъули давлатӣ донистанд.

Дар Паём Сарвари давлат ба неруи созандаи тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комили хешро иброз намуда, изҳор доштанд, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то Ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем.

Итминони комил дорем, ки дар партави сиёсати созанда ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки мо дар фазои иттиҳоду сарҷамъӣ ва сулҳу салоҳ барои ҳифзи истиқлоли миллӣ бо саъю талош ва кӯшишу ғайрат ва заҳмати фидокорона саҳми сазовори хешро мегузорем.

Зулфия ДАВЛАТЗОДА,

вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вакти нашр: 2021-02-08 16:54:49    Хонданд: 125    Муфассал...

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар қаламрави мамлакат барои сохтмони иншооти ҷашнӣ зиёда аз 11 миллиард сомонӣ сарф шудааст

Дар Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон авҷи воқеии бунёдкорӣ бо маром идома дошта, шаҳру деҳоти мамлакат ба ҷабҳаи бузурги созандагӣ табдил ёфтаанд. Тоҷикистон барои таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегирад. То моҳи сентябри соли равон дар ҷумҳурӣ бунёди зиёда аз 22 ҳазор биноҳои истиқоматӣ, мактабҳо, иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ ва роҳҳо ба нақша гирифта шудааст.

Хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар бораи раванди бунёдкорию созандагӣ гузориш медиҳанд.

Соли сипаригашта барои соҳаи сохтмон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 11,6 миллиард сомонӣ (беш аз 1,1 миллиард доллар) ҷудо гардид. Дар ин бора 5 феврал зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2020 дар ҷумҳурӣ беш аз 1,4 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шуд. Дар саросари кишвар 157 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 000 хонанда ба истифода дода шуданд. Инчунин 108 муассисаи тиббӣ бунёд ва дар масоҳати зиёда аз 1 миллиону 200 ҳазор метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ пайдо шуданд.

Соли 2020 бо харҷи беш аз 1 миллиарду 63 миллион сомонӣ 147 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуданд.

Раиси Кумита зикр намуд, ки ба Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ 658 лоиҳаи сохтмон пешниҳод шудааст. Аз ин шумора 538 иншоот аз экспертизаи давлатӣ бомуваффақият гузаштанд ва 115 иншооти дигар ҳоло дар баррасӣ қарор доранд. Аз инҳо, се адад лағв карда шуда, кор дар ду адади дигар муваққатан қатъ гардид.

Зувайдзода зикр кард, ки тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2018 ба сокинони деҳаҳои кӯҳистон тавсия дода шудааст, ки хонаҳои шахсии ду ва сеошёна бунёд кунанд. Ин ба он  рабт дорад, ки аҳолӣ дар ҷумҳурӣ мунтазам меафзояд ва ҳамзамон норасоии қитъаҳои замин барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ба назар мерасад. Кумитаи сохтмон ва меъморӣ тарҳи чунин биноҳоро таҳия кардааст, ки онро сокинони ноҳияҳои кӯҳистон ҳангоми сохтани биноҳои истиқоматӣ метавонанд истифода баранд.

Ҳамин тавр, бино ба маълумоти Кумита, аз 65 нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 64-тои он тасдиқ шудаанд. «Ба анҷом расонидани таҳияи нақшаи генералии ноҳияи Данғара боқӣ мондааст. Ин кор ояндаи наздик ба итмом мерасад ва ба баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешавад», — гуфт роҳбари Кумита.

Ғайр аз ин, дар тамоми ноҳияҳо шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия таҳия ва тарҳрезӣ шудаанд, ки афзоиши сохтмонро ба таври назаррас баланд мебардорад.

Тибқи иттилои вазоратҳои блоки иқтисодии кишвар, иқтидорҳои нави истеҳсолӣ низ марҳила ба марҳила ба истифода дода мешаванд. Аксаран, сехҳои дӯзандагӣ, корхонаҳои хурди истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ бунёд карда мешаванд. Инчунин корхонаҳои хизматрасониҳои гуногун, аз ҷумла нақлиёт, сайёҳӣ, фарҳангӣ ва варзиш мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Танҳо дар соли 2020 300 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойҳои корӣ ба истифода дода шуданд. Дар натиҷа, соли гузашта шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 адад расид.

Иншооти ҷашнӣ ҳам аз ҳисоби давлат ва ҳам бахши хусусӣ сохта мешаванд. Маблағҳои давлатӣ асосан ба сохтмони биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, инчунин инфрасохтори нақлиёт ва роҳ равона карда шудаанд. Бахши хусусӣ дар бунёди маҷмааҳои истиқоматӣ, инчунин бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ иштирок мекунад.

Танҳо дар соли 2020 29 созишномаи сармоягузории ҳукуматӣ ба маблағи 10 миллиард сомонӣ ба имзо расид, ки ба беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хизматрасонии тиббӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ, обод кардани деҳаҳо, сохтмон, барқарорсозии роҳҳо ва иншооти энергетикӣ нигаронида шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 26 декабри соли 2019 чунин иброз доштанд: «Ба кулли мардуми кишвар, аз ҷумла ба ҳамаи соҳибкорони ватаниву бурунмарзиамон ва дигар шахсони ҳимматбаланд, ки дар амалӣ шудани Амри Роҳбари давлат дар бунёду таҷдиди роҳу пулҳо ва иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои маориф ва фарҳангу тандурустӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, хатҳои обрасонӣ ва дигар корҳои хайр саҳми ватандӯстона гузошта истодаанд, миннатдории самимӣ изҳор менамоям.

Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти мамлакат аз 2 январи соли 2019 солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуданд. Тибқи Нақшаи тасдиқкардаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тӯли ин солҳо тақрибан 22,5 ҳазор иншооти гуногун, аз ҷумла 4000 иншоот дар Душанбе, 7000 иншоот дар Суғд, 6000 иншоот дар Хатлон ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, интизор меравад, ки дар пойтахт нуҳ меҳмонхонаи нави чор ва панҷситорадор, аз қабили меҳмонхонаи “Дипломат” дар кӯчаи Бохтар ва “Grand RudakI Tower» дар хиёбони Рӯдакӣ ба истифода дода шаванд. Озмунҳои шаҳрии «Беҳтарин маҳалла» ва «Беҳтарин кӯча» баргузор мешаванд.

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 январи соли 2021 гуфтанд: “Дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем».

                                                                Саид АЛӢ,
                                                                Бекназари АБӮБАКР,
                                                                АМИТ «Ховар»


Вакти нашр: 2021-02-08 16:58:53    Хонданд: 117    Муфассал...

РОҲНАМОИ ФАРДОИ НЕКУ БОСАОДАТ. Маҳаки асосии Паёми Пешвои миллат омӯхтани илму дониш, бахусус фанҳои дақиқ аст

Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар соҳибватан мебошад. Нуқтаи меҳварии Паёми  навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ маҳз талқини илмомӯзӣ, бахусус фанҳои дақиқ буд.

Сарвари давлат аз аввал то анҷоми Паёми хеш танҳо бар ин таъкид доштанд, ки маҳз тавассути омӯхтани илму дониш, фаро гирифтани чанд забони хориҷӣ метавон ба рушди бештари илм, техникаю технологияи навтарин, нанотехнология ва дигар самтҳои муҳиму пешрафтаи илми ҷаҳонӣ дастрасӣ пайдо намуд.

Маълум аст, ки нанотехнология ихтирои насли нав буда, ин соҳа ҳанӯз хеле кам омӯхта шудааст, вале дорои иқтидори ниҳоят баланд мебошад. Нанотехнология қодир аст ба мо корҳою ихтирооти баландро насиб гардонад. Чизи аз ҳама аҷоиб он аст, ки соҳаи нанотехнология то соли 1975 мавҷуд набуд, ҳарчанд ки олимон дар ин самт ҳанӯз хеле барвақт корро сар намуда буданд.

Ва имрӯз вазифаи насли нав-донишҷӯён, магистрантон, докторантон, олимону устодони донишгоҳу донишкадаҳо маҳз ҳамин аст, ки ба илмҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ рӯ биёранд, онҳоро омӯзанд, таҷрибаҳо гузаронанд, таҳқиқот баранд,  пешрафти илми тоҷикро таъмин намоянд. Зеро олимону бузургони илму адаби тоҷик дар асрҳои гузашта корҳои бузургеро анҷом дода буданд. Мо имрӯз давомдиҳандаи кори бошарафи он бузургонем ва бояд илму маърифатамон низ дар сатҳи баланд бошад.

Чунин нигоштааст бардоштҳои хешро аз Паёми навбатии Пешвои миллат доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил ҒАФУРЗОДА.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзур мешаванд.

-Агар сарнавишти таърихии миллати тоҷикро пеши назар орем, мустақилона Паём ироа намудан, яъне мустақилона муайян кардани сарнавишти худ, дар ҳақиқат тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии гузаштагони мо дар бораи соҳибдавлатӣ ва истиқлол аст. Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз оғоз то имрўз роҳнамои мушаххаси созандагиҳои кишвар, қадами устувор барои иҷрои ормонҳои баланди миллӣ ва нақшаҳои бузурги эҳёи дубораи халқ мебошанд. Имсол низ зимни ироаи Паёми навбатӣ шоҳиди ҳадафҳои қавитару вазифаҳои тақдирсози нав ба наву баландарзиш гардидем, ки моро ба марҳилаи шукуфову ободонии аз ин бештар мерасонанд.

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои минбаъда муайян намуда, бо мисолҳои возеҳ оид ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва молия, маорифу тандурустӣ, фарҳанг, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа, таҳкими давлатдории миллӣ, оини ҳамсоядорӣ ва амсоли ин ҳарф заданд.

Сарвари давлат зикр намуданд, ки соли 2020 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Таъкид шуд, ки новобаста ба зуҳур ва паҳн шудани бемории сироятии КОВИД -19 халқи шарифи кишвар бо меҳнати ҳалолу софдилонаи худ дар афзуннамоии дастовардҳо ба муваффақияти калон ноил гардиданд. Дар сатҳи баланд доир гардидани маъракаҳои муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, инчунин интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки ҳувият ва ифтихори миллии ҳар сокини кишвар баланд аст. Пешвои миллат ин нуктаро чунин таъкид намуданд: «…бо иштироки фаъолонаи халқи азизамон соли гузашта ду чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ, якум – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва дуюм – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ баргузор гардид».

Пешвои муаззами миллат барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори миллӣ, самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин ва ба ин васила расидан ба зиндагии шоиста дастуру ҳидоятҳои созанда доданд. Пайғоми хуш дар ин росто аз пардохти андози ягонаи замин озод кардани тамоми кишоварзони мамлакат мебошад, ки ин ба баланд шудани сатҳи иҷтимоиёти мардум заминаи мустаҳкам мегузорад.

Тавре зимни ироаи Паём Сарвари давлат иброз доштанд, дар мамлакат танҳо соли 2020–ум 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ ба истифода дода шуданд. Дар натиҷа соли гузашта шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардида дар ҳафт соли оянда ба зиёда аз 3500 расонида мешавад, яъне беш аз 54 фоиз афзоиш меёбад. Ин нукта гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар қадамҳои устувор мегузорад.

Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, дар Паёми имсола махсус зикр ёфта, бо мақсади идомаи корҳо ва тақвият бахшидани тадбирҳо дар самти пешгирии омилҳои номатлуб ва таҳияи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 — 2025» супориш дода шуд.

Тавре Пешвои миллат бори дигар таъкидан иброз доштанд, вазифаи асосии ҳар яки мо — аз Роҳбари давлат сар карда, то вакилони мардум, аъзои Ҳукумат, роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва тамоми хизматчиёни давлатӣ — содиқона хизмат кардан ба халқи азизи Тоҷикистон, ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дар паҳлуи халқ будан аст.

Нуктаи дигари нишотовари Паём он аст, ки бо мақсади ҷалби ҷавонон барои омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» эълон карда шуд. Ин тадбир самараи нек ба бор хоҳад овард ва дар ояндаи наздик илм ва инноватсия пеш рафта, кадрҳои болаёқат ба камол мерасанд.

Ҳадаф аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Ҳамзамон ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ва равона намудани корҳои илмиву таҳқиқотӣ ба рушди иқтисоди миллии кишвар таъкид гардид.

Дар фуроварди нутқи пурмуҳтавои худ Сарвари давлат мардуми шарифи мамлакатро ба ободкориву созандагӣ ва бо дастовезҳои арзанда пешвоз гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъват намуданд.

Дар маҷмӯъ ироаи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон ба Маҷлиси Олӣ тамоми масъалаҳоро дар бар гирифта, дурнамои рушд ва бозсозиро дар кишвар барои фардо муайян месозад. Аз ҳамин рӯ анъана шудааст, ки мардуми шарафманди тоҷик ирсоли Паёмро ҳамасола бо умеду шодии бепоён мунтазир шуда, онро тариқи расонаҳо бо рӯҳияи ватандӯстона гӯш мекунанд.

Бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун раҳнамо сармашқи фаъолияти худ қарор дода, барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо тамоми ҳастӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд.

                                 АКС аз бойгонии  АМИТ «Ховар»


Вакти нашр: 2021-02-09 11:35:57    Хонданд: 133    Муфассал...

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ МУҲТАВОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ҷиҳати тарғиб ва тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ташкилоти ибтидоии “Коршинос” маҷлиси ҳизбӣ доир гардид.

Зикр шуд, ки ба Паёми имсолаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назди ҳар фарди Ватандӯст ҷойгоҳи хосаи худро дошт. Зеро дар шароити вазнини ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки бар асари паҳншавии пандемияи “Каронавирус” башарият ва тамоми кишварҳои олам ба мушкилоти сахти иқтисодиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардиданд, ироаи Паёми Роҳбари давлат дастгирӣ, руҳбаландӣ ва миннатдории самимии шахсияти таърихии миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар сокини ин сарзамин ғамхории махсус мебошад. Яъне Паём сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрўз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар дар охир фаъолон бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.


Вакти нашр: 2021-02-09 18:09:25    Хонданд: 123    Муфассал...

Зубайдулло Давлатов, сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегӣ: Паёмҳои ҳарсолаи Президент дар муайян намудани самтҳои рушди ҷумҳурӣ нақши муассир доранд

Дар таҷрибаи ҷаҳонии давлатдорӣ паёмгузорӣ зуҳуроти нав ба ҳисоб намеравад. Роҳбарони давлатҳо ҳамасола паём ироа менамоянд ва ҳоло он ба анъанаи муҳими давлатдорӣ табдил ёфтааст. Паёми сарони давлатҳо ҳуҷҷати муҳими дорои аҳамияти стратегӣ мебошад, ки ба таъмини рушди устувори кишвар мусоидат менамояд. Дар ин бора  сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Зубайдулло ДАВЛАТОВ зимни як нигориши худ изҳори назар намудааст. Дар зер андешаҳои муаллиф манзур мешаванд.

-Тӯли таърих вожаи «паём» ба маъниҳои гуногун истифода мешуд, ба мисли хабар, пайғом, мужда, нома ва даъват. Аммо имрӯз  паём дар илми сиёсатшиносӣ ва усули давлатдорӣ ба маънои ҳуҷҷати раҳнамо, барномаи рушди марҳилавӣ, ба сифати назари сарварони давлатҳо ба масъалаи рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маорифу илм, тандурустӣ, фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар истифода мешавад.

Паёми Пешвои миллат  нишонаи таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ба масъалаҳои муҳими ҷаҳону минтақа буда, пеш аз ҳама, ба хотири ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлоли давлатӣ  ироа мегардад.

Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишвар, баланд бардоштани нуфузи Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон аҳамияти ниҳоят баланди амалӣ доранд.

Паёмҳои ҳарсола барои муайян намудани самтҳои рушди ҷумҳурӣ нақши муассир доранд. Анъанаи паёмгузорӣ аз соли 2001 ибтидо мегирад. Тавассути Паём камбудию муваффақият муайян карда шуда, чораҳои мушаххаси бартараф кардани онҳо нишон дода мешаванд. Паём барномаи  илман асосноки тараққиёти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як сол мебошад.

Дар моддаи 70-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки Президент «… дар бораи вазъи кишвар ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад…». Ҳамин тариқ анъанаи паёмгузорӣ мақоми меъёри ҳуқуқиро соҳиб гашт. Бо эътимод гуфта метавонем, ки Паёми Сарвари давлат абзори муҳими давлатдорист. Шояд на ҳама шаҳрвандон донанд, ки вазифагузорӣ ва нишондодҳои Паём барои ҳокимияти иҷроия ҳатмӣ буда, барои ҳокимияти қонунгузор эътибори тавсиявӣ доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақти ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2021 хатару таҳдидҳои муосирро таҳлил намуда, аз ҷумла чунин таъкид намуданд:

«Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.

Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.

Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд.

Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.

Тавре ки ман борҳо таъкид карда будам, фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани тадбирҳои муштаракро талаб менамояд».

Масъалаи ҷангҳои иттилоотӣ масъалаи серпаҳлуст. Ҳамчун сиёсати илмӣ он аз якчанд паҳлуҳо иборат аст: идоракунӣ, иқтисодӣ, ташкили техникӣ, психологӣ, ҳуқуқӣ ва ғайраҳо. Ҳоло, ки дар фазои сиёсии ҷаҳон технологияҳои коммуникатсионӣ аҳамияти калидӣ пайдо кардаанд, омӯзиши ҷиҳати сиёсии ҷангҳои иттилоотӣ аҳамияти хосса пайдо намудааст.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати иттилоотӣ ҳамчун захираи иловагии пешрафти давлату миллат ва ҳалли масъалаҳои мубрами дохилию хориҷӣ хизмат карда метавонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа стратегияи ба манфиатҳои ҳуқуқии миллию давлатӣ асосёфта дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қонунҳои «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи  сирри  давлатӣ», «Дар бораи имзои электронии рақамӣ», «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020», «Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра амал мекунанд. Илова бар ин ҳафтуми  ноябри соли 2003   Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» содир гардида, дар асоси он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 «Барномаи таъмини амнияти иттилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид.

Маълум аст, ки қафомонӣ дар соҳаи технологияҳои иттиллоотӣ ба ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ мусоидат намекунад. Аз байн бардоштани ин қафомонӣ танҳо дар ҳолати аз ҷиҳати назарӣ ва амалӣ омӯхтани таҷрибаи ҷаҳонии субъектҳои муқовимати иттилоотӣ имкон дорад. Пӯшида нест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша бо муноқишаҳои иттилоотӣ рӯ ба рӯст. Ва на ҳамеша мавқеи мо муфид буда метавонад. Ин ҳолат ба ҳувияти миллии шаҳрвандон таъсири манфӣ мерасонад. Баҳри кам намудани фишори равонӣ ҳангоми муноқишаҳои иттилоотӣ, пеш аз ҳама, таҳлили амиқи вазъияти ба амал омада, донистани қонунияти равандҳои ҷорӣ ва коркарди чораҳои пешгирикунанда барои кам кардани оқибатҳои манфии он зарур аст.

Хушунату муноқишаҳо бевосита ба муноқишаҳои сиёсӣ ва рақобати иқтисодӣ алоқаманданд. Дар шароити имрӯза ба ғайр аз фазои ҷуғрофӣ фазои нави электронӣ ба вуҷуд омада истодааст. Муқобилияти анъанавии байни давлатҳо ҳоло дар фазоҳои физикӣ, маҷозӣ ё фазои киберӣ идома дорад.

Айни ҳол қудратҳои сиёсии сатҳҳои гуногун дар атрофи худ фазои мусоиди сиёсӣ ва иҷтимоӣ ташкил намуда истодаанд. Дар фаҳмиши фазои иттилоотӣ се тарзи муносибат вуҷуд дорад: фаҳмиши геополитикӣ, иттилоотӣ-ноосферӣ ва иҷтимоӣ. Муносибати геополитикӣ барои ҳалли вазифаҳои вазъиятӣ (ситуатсионӣ) ва тактикӣ мувофиқтар аст. Имрӯз дар равандҳои гуногуни сиёсӣ, аз ҷумла дар воситаҳои зиёди коммуникатсионӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳар чи бештар иштирок меварзад. Фавҷ – фавҷ ахбори гуногун қисми таркибии ҷаҳонишавиро ташкил дода, бе мамониат марзҳои давлатҳои соҳибистиқлолро убур мекунанд. Раванди ҳамаро фарогири иттилоот боиси пайдоиши фазои ягонаи ҷаҳонии он гардидааст. Дар қатори ҷиҳатҳои мусбати ҷаҳонишавии иттилоот, паҳлуҳои манфии он ҳам аниқ шуда истодаанд. Пеш аз ҳама, ин ба соҳаи бехатарии иттилоотӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ дахл дорад.

Муборизаи иттилоотӣ пеш аз давраи ҷаҳонишавӣ ҳам вуҷуд дошт, аммо пайдоши фазои ягонаи иттилоотӣ имкон дод, ки он ҳамчун майдони дигари муборизаи субъектҳои байналмилалӣ  истифода гардад.  Ба бартарии иттилоотии худ такя намуда, давлатҳо ё иттиҳоди онҳо бо ҳарифони иттилоотии худ мунтазам мубориза мебаранд.

Самаранокии ҳукумат дар ҳама давлатҳо, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмини иттилоотӣ ва бехатарии он вобастагии бевосита дорад. Бе иттилоот ягон сохти сиёсӣ мусбат фаъолият карда наметавонад, шуури сиёсии омма рушд намекунад, ҳамкории объект ва субъектҳои  сиёсат дуруст натиҷа намедиҳанд. Дар ҳолати таъсири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба шуури халқ образи (симои) ҳокимияти давлатӣ, институтҳо ва пешвоёни он нақш мебандад. Агар системаи пайвастагиҳои иттилоотии байни давлат,  ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсият самаранок ба роҳ монда шавад, он гоҳ функсияҳои идоракунии давлат бо қудрати фарогир, сарфаи энергетикӣ амалӣ шуда метавонанд.

Масъалаи муборизаи иттилоотӣ боз аз он ҷиҳат муҳим аст, ки имрӯз муноқишаҳои байни давлатҳо ва хушунати байни миллатҳо маҳз дар фазои иттилоотӣ шиддат гирифта истодааст. Фишор аз чанд тараф ба роҳ монда мешавад. Барои мисол, агар яке аз давлатҳо майли дар давлати дигар ба вуҷуд овардани рӯҳияи табъи дили худро дошта бошад, ин ҳолат аксуламали тарафи дигарро пайдо мекунонад. Дар натиҷа шаҳрвандони давлати дуюм ба ҳадафи ҳарду тарафи муноқишакунанда табдил меёбанд.

Муносибатҳои иҷтимоӣ ба диди комплексии проблемаҳо барои амали якҷояи иттилоотӣ ва ҳалли ҳадафҳои стратегӣ шароит фароҳам меоварад. Муносибати иттилоотӣ-ноосферӣ баҳри пешрафти инсоният дар тамоми ҷаҳон дар самти созандагӣ шароит ба вуҷуд меорад.

Нишонаҳои аввалини ҷангҳои иттилоотӣ дар садаи гузашта зуҳур намуда буданд, аммо онҳо дар нимаи дуюми асри XX васеъ паҳн шуданд. Имконпазир набудани ҷангҳои яроқноки глобалӣ, ки боиси нобудшавии тамаддун мегардиданд ва тағйири моҳияти иттилоот, ки акнун ба яроқи нави ҳуҷум табдил ёфтааст, дар ин давра ҷангҳои иттилоотӣ мавриди омӯзиши олимони соҳаи сиёсат ва ҷомеашиносӣ қарор гирифт.

Дар нимаи дуюми асри XX субъектҳои асосии ҷангҳои иттилоотӣ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА буданд. Ба омӯзиши мавзӯи ҷангҳои иттилоотӣ дар ин ду давлат воситаҳои зиёди молиявӣ, техникӣ ва илмӣ сафарбар шуда буданд. ИМА дар ҷангҳои Ветнам ва Афғонистон тарзу усулҳои ҷангҳои иттилоотиро таҷриба кард. Дигар давлатҳои Аврупои Ғарбӣ ва Осиё дар асоси таҷрибаи ин ду абарқудрат консепсияҳои муборизаи иттилоотии худро сохтанд. Дар ин ҷода Чин, ки бо ИМА дар муноқишаи иттилоотӣ қарор дошт, таҷрибаи калон ба даст овард.

Назарияи ҷангҳои иттилоотӣ маҳз дар ИМА тавлид ёфт ва ҳамчун меъёр қабул гардид. Ин назария аз ҷониби дигар давлатҳо мавриди эътироф қарор гирифт. Консепсияи давлатии ҷангҳои иттилоотии ИМА ба рақобати итилоотӣ ҳангоми ҷангҳои мусаллаҳона асос ёфтааст.

Олимони Чин ба масъалаи консепсияи ҷангҳои иттилоотӣ назари хос доранд. Назарияи онҳо ба таҷрибаи ҷангҳои иттилоотии даҳсолаҳои охир такя мекунад. Онҳо мекӯшанд, ки чунин махсусияти ҷангҳои иттилоотӣ, ба монанди номутаносибиро (асиметрия) истифода намоянд. Чунин вазъ ба Чин имкон медиҳад, ки хароҷоти мусаллаҳшавиро коҳиш дода, мақоми геополитикии худро нигоҳ дорад.

Гуногунии  субъектҳо ва объектҳои ҷангҳои иттилоотиро таҳлил намуда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки сабаб дар пешрафти прогресси техникист. Ин пешрафт дар навбати худ ба вуҷуди васоити ахбори умум ва коммуникатсияи оммавӣ шароит фароҳам меорад. Фаҳмиши  объект ва субъекти ҷангҳои иттилоотиро нисбат ба гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ танҳо дар меъёри муайяни вақт истифода мекунанд. Сабаб дар он аст, ки фазои иттилоотӣ дар таҳаввул буда, ба мақоми субъект ҳолати  тағйирёбӣ мебахшад. Тағйирёбии мақоми иштирокчии муборизаи иттилоотӣ аз объект ба субъект ба ғалаба ё шикаст дар ҷанги иттилоотӣ вобаста мебошад.

Ҷаҳонишавӣ, ки аз тарафи давлатҳои абарқудрат роҳандозӣ гардидааст, як сиёсати истеъморӣ ва таҳмилист. Маҳз абарқудратҳо идеяи «бархурди тамаддунҳо»-ро пешниҳод намуда буданд, ки ба сари худ як андешаи хатарзост ва ба манфиати онҳо баҳри аз нав тақсим кардани ҷаҳон хизмат менамояд. Аз бомдоди таърих то ҳол тамаддунҳо бо ҳам дар мубодила, робита ва гуфтугӯ буда, ин раванд раванди «гуфтугӯи тамаддунҳо» унвон гирифтааст.

Дар марҳилаи ҳозираи глобализатсия ва рушди бесобиқаи ҷомеаи иттилоотӣ Тоҷикистон бояд аз роҳҳои самарабахши идоракунии иттилоотӣ истифода намояд. Пӯшида нест, ки феълан Тоҷикистон дорои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир, аз қабили сафинаи хусусӣ, шабакаи электронии фарогир, мавҷгирҳои баландқомати пурзӯр нест ва зарфияти молиявӣ низ барои дастрасӣ ёфтан ба онҳо маҳдуд аст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ташкили низоъҳои дохилӣ ва ҳатто табаддулоти давлатӣ дар ҷаҳон бо истифода аз василаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ сурат мегирад. Собит шудааст, ки технологияҳои иттилотӣ аз ҷониби давлат ё гурӯҳҳои манфиатхоҳ алайҳи давлати дигар барои таъсиррасонии мақсаднок васеъ истифода бурда мешаванд. Ин амал метавонад хусусияти муваққатӣ, мавсимӣ, аксуламалӣ, фармоишӣ ва доимӣ дошта бошад. Душманони дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи ҳадафҳои стратегии давлат бо истифода аз аз технологияҳои гуногуни иттилоотию коммуникатсионӣ (телевизион, интернет, радио, рӯзномаю маҷаллаҳо, кино ва маводи видеоӣ, техникаи мобилӣ) фазои ғаразноки иттилоотӣ ба вуҷуд меоранд.

Аслиҳаҳои итилоотӣ шаклу намудҳои зиёде доранд. Скрэмблеринг, смартмоб, флешмоб, смс, эмс, реклама, овоза, таҳрифи иттилоъ, ҷанги киберӣ, ҷанги электронӣ, ҷанги психологӣ, ҷосусии саноатӣ ва иқтисодӣ номгӯи нопурраи ин абзоранд.

Тасарруфи тафаккур, зеҳниятсозӣ, самтбахшӣ ба андеша, ба вуҷуд овардани афкори умум, ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ мақсади асосии душманони давлату миллат аст. Имрӯз хати набард аз зеҳнҳо мегузарад. Набарди ҷаҳонӣ баҳри тасарруфи зеҳнҳо давом дорад. Мо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони дар гаҳвора шунидани суруди «Алла» то дами марг бояд ба Ватани азизи худ- Тоҷикистон содиқ бимонем.


Вакти нашр: 2021-02-09 18:17:18    Хонданд: 128    Муфассал...

Рушди иқтисоди Тоҷикистон соли 2021 дар сатҳи 7,6 % пешбинӣ мешавад. Шарҳи АМИТ «Ховар»

Паҳншавии пандемияи коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон ба рушди соҳаҳои иқтисоди миллии мо бетаъсир намонд. Масъулони соҳа мегӯянд, ки пастшавии назарраси нархи молҳои содиротии кишвар дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва беқурбшавии асъори миллии шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурии мо дар ин самт таъсиргузор будааст.

Вале зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, аз ҷумла содирот барои таъмини рушди иқтисодиёти мо мусоидат намуд.

Шарҳи шореҳи иқтисодии АМИТ “Ховар” Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР.

Тибқи иттилои масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо, соли 2020 дар кишвар 142 корхонаи нави саноатӣ бо 2428 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 30820,8 млн. сомонӣ ва ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 33607,1 млн. сомонӣ баробар гардида, суръати рушди онҳо мутаносибан 9,7 фоиз ва 8,8 фоизро ташкил дод.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлисӣ Олӣ (26 январи соли 2021) иттилоъ доданд, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2020  82,5 млрд. сомонӣ ва рушди воқеии он 4,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 (7,5 фоиз) 3 банди фоизӣ кам аст.

Сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Саидмурод Зайниддинзода зимни суҳбат бо мо гуфт, ки таҳти таъсири омилҳои берунӣ соли 2020 ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ нисбат ба соли 2019-ум 9,9 фоиз, гардиши савдои дохилӣ 6,8 фоиз, воридот 5,9 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,6 фоиз  ва мусофиркашонӣ 2,5 фоиз     паст шуд.

Ба андешаи мусоҳиби мо, тамоюли зиёдшавии суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баъди шашмоҳаи якуми соли 2020 ба назар расидааст. Агар суръати афзоиши ММД дар шашмоҳаи якуми соли 2020 ҳамагӣ 3,5 фоизро ташкил дода бошад, пас он соли 2020 ба 4,5 фоиз баробар гардида, 1 банди фоизӣ ё 944,8 млн. сомонӣ зиёд гардидааст. Инчунин вазъият дар баъзе соҳаҳои кишвар нисбат ба шашмоҳаи якуми соли 2020 беҳтар гардидааст. Аз ҷумла, дар ҷамъбасти соли 2020 нисбат ба 6 моҳи соли 2020 суръати ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 0,5 банди фоизӣ,  маҳсулоти кишоварзӣ 0,6 банди фоизӣ зиёд шуд. Яъне тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти кам кардани пайомадҳои манфии пандемияи коронавирус ба иқтисоди миллӣ натиҷабахш  мебошанд, зеро дар мавриди сари вақт роҳандозӣ нагардидани чораҳои зиддибуҳронӣ рушди иқтисоди миллӣ дар соли 2020 эҳтимол ба 2,0 фоиз ба ҷои 4,5 фоиз баробар мешуд.

-Рушди иқтисоди кишвар дар соли 2021  7,6% пешбинӣ гардидааст ва барои расидан ба он зарфияти дохилӣ имконпазир аст,-мегӯяд сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдо С. Зайниддинзода.

Новобаста ба вазъияти мураккаби бамиёномада бинобар паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19, ки вазъияти молиявии давлатҳои ҳамшарики тиҷоратии кишвар ва воридоти молу маҳсулотро маҳдуд намуда буд, гардиши савдои хориҷӣ соли 2020 тамоюли афзояндаро нигоҳ доштааст.

Сардори Раёсати танзим ва рушди савдои хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Эраҷ Абдураҳмонов гуфт, ки “роҳандозӣ гардидани тадбирҳои мушаххас дар самти дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, пешниҳоди имтиёзҳо вобаста ба воридоти ашёи хом ва раванди истеҳсолот, содагардонидани расмиёти савдо ба гардиши савдои хориҷӣ таъсирбахш буда, соли 2020 гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба соли 2019  34,1 млн. доллар афзоиш ёфтааст”.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, содироти мол нисбат ба соли 2019  19,8 фоиз ё 232,5 млн. доллар афзоиш ва воридоти мол  дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 198,4 млн. доллар ё 5,9 фоиз коҳиш ёфт.

Дар сохтори воридоти маҳсулоти озуқаворӣ ҳиссаи орду гандум, равғани растанӣ ва чорво, қанд ва маҳсулоти қаннодӣ бештар ба назар расидааст.

Аз ҷумла, соли 2020 воридоти гандум 999,2 ҳазор тонна бо арзиши умумии 243,2 млн. доллар ва воридоти равғани растанӣ 102 ҳазор тонна бо арзиши умумии 89,4 млн. доллар ба қайд гирифта шудааст.

Дар иртибот ба боло рафтани арзиши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз қабли ард ва равған, ки соли 2020 ба вуҷуд омад, сардори Раёсати танзим ва рушди савдои хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Эраҷ Абдураҳмонов гуфт, ки “бо мақсади  ҳимояи бозори истеъмолӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ кишварҳои ҷаҳон содироти молу маҳсулотро дар давраи паҳншавии пандемия маҳдуд карда, тадбирҳои ҳимоявӣ андешиданд, ки ин яке аз сабабҳои болоравии нархи молу маҳсулот дар кишварҳои воридоткунанда гардид”.

Аз ҷумла, нархи миёнаи воридотии гандум 39 доллар, орд 12 доллар ва  равғани растанӣ 46 доллар дар қиёс ба нархи миёнаи соли 2019 барои як тонна афзоиш ёфт.

Дар ин росто арзиши бархе маҳсулоти содиротии ҷумҳурӣ соли 2020 тағйир ёфта, нархи миёнаи содиротии алюминийи аввалия 222 доллар, нахи пахта 126 доллар ва маъданҳо 111 доллар барои як тонна нисбат ба соли 2019 коҳиш ёфт.

 Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»


Вакти нашр: 2021-02-09 18:25:12    Хонданд: 71    Муфассал...

Роҳбари ташкилоти террористӣ ва экстремистии ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ғоибона маҳкум шуд

Роҳбари Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИ) Муҳиддин Кабирӣ ғоибона маҳкум карда шуд. Дар ин бора дирӯз, 8 феврал, Раиси Суди Олии ҷумҳурӣ Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ изҳори назар намуд.

 Шоҳиён таъкид кард, ки таҳқиқи парвандаи зидди Кабирӣ мӯйшикофона сурат гирифт. Дар айни ҳол, бинобар махфӣ будани маводи парванда ифшои маълумот манъ аст.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз соли 2018 Суди Олии Тоҷикистон дар бораи баррасии парвандаи раҳбари ташкилоти террористӣ ва экстремистии ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ба таври ғоибона ва бо реҷаи пӯшида изҳор карда буд. Вай тибқи 16 моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла куштор, дуздии силоҳ ва дастгоҳҳои тарканда, шӯриши мусаллаҳона, даъватҳои оммавӣ ба зӯроварӣ ва зӯран ғасб намудани ҳокимият айбдор карда мешавад.

Раиси ҳизб фавран пас аз интихоботи парлумонӣ моҳи марти соли 2015 Тоҷикистонро тарк кард. Дар бораи макони дақиқи ӯ ҳанӯз чизе маълум нест. Эҳтимол вай дар яке аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо маскан гирифтааст.

Тирамоҳи ҳамон сол мақомоти ҷумҳурӣ ҲНИ-ро созмони террористӣ ва экстремистӣ эътироф намуданд ва фаъолияти онро дар кишвар манъ карданд. Аз ҷумла, масъулияти шӯриши мусаллаҳонаи 4 сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон ба дӯши ин ҳизб вогузор шуд. Баъдтар, ҳамаи аъзои шӯрои олии сиёсии ҳизб ҳабс шуданд.

АКС аз бойгонӣ


Вакти нашр: 2021-02-09 18:29:45    Хонданд: 186    Муфассал...

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар айёме, ки мардуми шарифи кишвар зери таассуроти Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, санаи 9 феврали соли 2021 баргузор гардид.

Ҷурахонзода Ҷумахон муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маҷлисро ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ кард.

Дар кори маҷлис Меликова Парвина Иноятуллоевна - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода - аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Мирзозода Иброҳим Холмурод - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Самӣ Шариф Ҳамид - Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ҳасанзода Гулнора Кенҷа - директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Икромӣ Сироҷиддин Салом - Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”- Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз рӯи масъалаҳои “Тарғибу ташвиқ ва дар амал татбиқ намудани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26 январи соли 2021", фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ “Оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии ноҳия дар соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2021”, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои соли 2021, тасдиқи қарорҳои маҷлиси умумии ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабули аъзои ҳизб, тасдиқи қарорҳои маҷлиси муассисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба таъсиси ташкилотҳои ҳизбӣ” баррасӣ карда шуданд.

Меликова Парвина Иноятуллоевна - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарғибу ташвиқ ва дар амал татбиқ намудани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 суханронӣ намуд.

Гуфта шуд, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Дар идома вобаста ба иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Паёми Пешвои муаззами миллат аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ нақшаи чорабиниҳоро баҳри дар якҷоягӣ бо кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ мулоқоту вохӯриҳо бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони шаҳрию ноҳиявӣ, аъзои Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, гурӯҳҳои таблиғотию ташвиқотии назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия доир намудан тасдиқ карда шуд.

Ба муҳокимаи масъалаи дуюми рӯзнома “Дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ “Оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии ноҳия дар соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2021” аз ҷониби Ҷурахонзода Ҷумахон ҳисобот ироа гардид.

Гуфта шуд, ки воқеан соли 2020 бо рӯйдоди ниҳоят муҳимму хотирмони худ аз қабили интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Дар ин росто шаҳри Душанбе ҳамчун шаҳри дилҳо аз ҷиҳати меъморӣ, сохтани роҳҳои бисёрқабата, ба роҳ мондани хизматрасониҳои муосири нақлиётӣ, сохта ба истифода додани майдончаҳои варзишӣ ва умуман фароҳам овардани шароити созгор барои сокинони пойтахт зери роҳбарии раиси ҷавон Рустами Эмомали бо диди муосир симои пойтахт дигаргун сохтааст.

Қайд карда шуд, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва ҳамдастии кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар соли 2020, 3 вохӯрӣ оид ба оммафаҳм намудани Паёми Пешвои миллат ба сокинони ноҳия бо ҷалби гурӯҳи таблиғотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 17 вохӯрии шарҳи Паём бо ҷалби вакили Маҷлиси намояндагон маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони маҳаллии халқ дар маҳаллаҳо, 89 вохӯриҳои оммафаҳм намудани Паём дар ташкилотҳои ибтидоӣ, 138 вохӯрии гуруҳи таблиғотӣ оид ба таблиғи барномаи пешазинтихоботии номзадҳои вакили Маҷлиси намояндагон маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони маҳаллӣ, 67 кӯмакҳои амалӣ методӣ, 275 аксияи таблиғотию иттилоотӣ, 486 кумакҳо ба маъюбону эҳтиёҷмандон дар 70 марҳила, 59 чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва оммавию варзишӣ, 10 њамоиши ҷавонон дар давраи интихоботҳо, 5 семинар – машварат, 3 мањфили илмї-маърифатї, 145 соатҳои сиёсӣ, 176 мавод вобаста ба таблиғи ҳадафҳои ҲХДТ, 87 мақола, 30896 изҳороту вокуниш ва 45 шанбегию корҳои ободонӣ – созандагӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ – сиёсӣ гузаронида шуд, ки аксарияти онҳо дар шабакаи иҷтимоии ҳизб дар ноҳия, нашрияҳои ҳизбию давалатӣ ва ВАО инъикос гардиданд.

Дар қабулгоҳи ҷамъиятии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия ва дар вохӯриҳои ҳизбӣ 245 муроҷиати шаҳрвандон пешниҳод гардид, ки аз ин шумора дар самти кӯмак ба маъюбон 25 нафар, ниёзмандону беморон 181 нафар, бо кортаъминкунӣ 18 нафар, таълимию донишандӯзӣ 13 нафар, ҳалли мушкилотҳои маҳал 13 муроҷиатро ташкил менамояд.

Аз шумораи 245 муроҷиат 244-тоаш аз қабили 8 аробачаи маъюбӣ, 15 кӯмаки озуқаворию молиявӣ ба маъюбон, 181 кӯмаки яквақтаина ба ниёзмандону беморон, таъмини 13 нафар бо ҷои кор, ҷалби 15 нафар ба курсҳои омӯзишии ройгон, ҳалли 12 масъала аз қабили таъмири роҳ, рангу бори девор, хариди қолин, гузаронидани оби гарм, ивази симчӯб дар маҳаллаҳо ташкил медиҳанд. Хушбахтона корҳо дар ин самти хайриявӣ аз ҷониби фаъолони ҳизб мунтаззам идома дорад.

Дар давраи пешгирии аҳолӣ аз вируси сироятии COVID-19 дар ҳудуди ноҳия шурӯъ аз моҳи апрел аз ҷониби вакилон 157 вохӯрӣ, корхонаҳо 37 вохӯрӣ, ташкилоту муассисаҳо 99 вохӯрӣ ва масъулину таблиғотчиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо ҳамдастии кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ 410 вохӯрию корҳои фаҳмондадиҳӣ бо фарогирии зиёда аз 20830 нафар сокинон анҷом дода шуд.

Дар ин самт зиёда аз 12838 нусха маводҳои таблиғотӣ, 16316 адад ниқоб, 9065 адад дастпӯшак, 13596 адад антисептик, 30 адад либоси муҳофизатӣ дастрасӣ аҳолӣ ва табибон гардид. Баҳри табобати беморон ва дастгирии молиявию озуқаворӣ аз ҷониби ҳизб ва тарафдорону вакилон барои маҳз табибон зиёда аз 60950 сомонӣ, барои беморон 116200 сомонӣ ва барои оилаҳои камбизоат 244600 сомонӣ маводи озуқавориву доруворӣ кӯмаки ҳизбӣ расонида шуд ва ин иқдом баҳри ҳифзи саломатии аҳолии ноҳия бо дастгирии Шумо ҳозирин идома ёфта истодааст.

Дар музокироти Маҷлиси Кумита Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода Аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Мирзозода Иброҳим Холмурод Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Самӣ Шариф Ҳамид Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар самти ҳамкориҳои судманд бо фаъолони ҳизб, омодагӣ ба ҷашни муқаддасу таърихӣ 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дигар масъалаҳои муфид суханронӣ намуданд.

Дар фарҷом барои фаъолияти пурмаҳсул ва саҳми арзанда гузоштан дар корҳои ташкилию сиёсии ҳизбӣ, таҳким бахшидан ба корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, баҳри баланд бардоштани мавқеъи ҳизб дар корхонаву муассисаҳо ва маҳаллаҳо дар байни ташкилотҳои ҳизбии ноҳия, якчанд фаъолон ба сафи ҳизб ва бо сипосномаву ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Ҷурахонзода Ҷумахон минатдории худ ва Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияро ба Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” Икромӣ Сироҷиддин Салом барои фароҳам овардани шароити мусоид ва ба ҳозирин барои иштироки фаъолона дар кори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ба корӣ маҷлис ҳусни анҷом бахшид.


Вакти нашр: 2021-02-10 13:09:41    Хонданд: 131    Муфассал...

ТАВЗЕҲИ МУҲТАВОИ ПАЁМ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ

Дар ташкилоти ибтидоии “Шифокор”-и Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Роҳи умед” маҷлиси ҳизбӣ оид ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ доир гардид.

Сароғоз Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад роҷеъ ба аҳамияти Паёми Президенти кишвар дар низоми идораи давлат, додани имтиёзҳо ба табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, дастгирии соҳибкорону кишоварзон, ҳимояи арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ, фарҳанг ва осори ниёгон, дастгирии иҷтимоии ниёзмандон, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ҳавасмандии ғолибону волидони онҳо, омӯзгорон, миннатдорӣ ба кормандони соҳаи тиб бобати хизматрасонӣ ва пешгирӣ дар давраи хуруҷи каронавирус суханронӣ намуд.

Сипас Латифзода Анвар зимни суханронии худ афзуд, ки як бахши Паёми Пешвои миллат таъкиди ҳамовозию ҳамдастии мардуми шарифи кишвар мебошад. Зикр шуд, ки бо дастгирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сиёсати давлатро дастгирӣ ва истиқлоли миллиро таҳким бахшем. Насли ҷавонро дар руҳияи илмомӯзӣ, касбомӯзӣ ва садоқатмандӣ тарбия намоем.

Ҳамидов Зикрулло раиси Иттифоқи касабаи кормандони КВД “Роҳи оҳан” афзуд, ки моро дар пеш таҷлили 30-солагии Истиқлолияти кишвар интизор аст. Ба таъкиди Пешвои миллат бо дастгирию ҳамдилӣ баҳри ободии Ватан ва ҳар гӯшаи диёр заҳмат кашида, сарзамини аҷдодиамонро обод намоем. Ҷавонону фарзандонро дар руҳияи худогоҳии миллӣ ва меҳанпарастӣ тарбияву ҳидоят намоем.

Шарафи Кароматулло намояндаи телевизионти “Ҷаҳоннамо” зимни суханронии худ аз Паёми Пешвои миллат иқтибос овард, ки “Мо бояд ташаббускор бошем, тамоми кӯшишу ғайрат, донишу малака ва қобилияти ташкилотчигии худро барои раҳнамоӣ кардани мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ба корҳои ободонӣ сафарбар намоем”.

Дар интиҳо як қатор фаъолон бо сипосномаҳо ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.


Вакти нашр: 2021-02-10 15:56:48    Хонданд: 124    Муфассал...

СИЁСАТИ ХИРАДМАНДОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶАВОНОНИ КИШВАР

Си сол муқаддам яке аз воқеаҳои муҳими сиёсӣ – ин ба даст омадани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Лекин бо ба даст омадани Истиқлолият боз шахсиятҳое буданд, ки барои ба даст овардани ҳокимият ва истифода бурдани ниятҳои ғаразноки худ сиёсати дохилии кишварро тезу тунд намуда, давлати навтаъсиси ҳамонвақтаи Тоҷикистонро дар гирдоби ҷанги шаҳрвандии бародаркуш дароварданд. Ҳамзамон, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки дар Кохи “Арбоб”-и шаҳри Хуҷанд шуда гузашт, яке аз фарзандҳои фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи намояндагони Иҷлосия Раиси Шӯро интихоб гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ба ҳайси Раиси Шӯро интихоб гардиданашон аз минбар чунин даъват намуданд, ки “Ман ба шумо сулҳ меорам” ва ҳамин хел ҳам шуд. Бо саъю кӯшиш ва заҳматҳои шабонарӯзӣ, зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Сулҳу Ваҳдати миллии тоҷикон барпо гардид.

Аз рӯзе, ки Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд, бештар такя ба ҷавонон намуданд ва яке аз сиёсатҳои пешгирифтаашон дар он давра дастгирии ҷавонон буд. Ҳамин буд, ки новобаста аз мушкил будани вазъи сиёсию иҷтимоии кишвар бо дастгирии Ӯ  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» пешниҳод карда шуд,  қонуни мазкур  13 майи соли 1992 таҳти рақами №562 қабул гардид. Қайд кардан зарур аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2-юми феврали соли 1993 нухустин вохӯрии худро бо ҷавонони кишвар анҷом доданд. Ин нишонаи ғамхории падаронаи Пешвои муаззами миллат ба ҷавонон ва боварии комил ба нерўи созандаю бунёдкоронаи ҷавонон буд. Инчунин яке аз дастгириҳои муҳими Пешвои миллат ин аст, ки ҳамасола шуруъ аз соли 1998 то ин ҷониб 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамин тариқ, зимни дастгирӣ намудани фаъолияти илмии олимони ҷавон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 1998, таҳти №967 барои таъсис ёфтани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ интишор шуд, ки ҷавонони соҳибистеъдодро хеле руҳбаланд гардонид. Ба ҷавононе, ки бо ин ҷоиза сазовор мегарданд, диплом бо имзои Роҳбари олии кишвар, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида мешавад.

Пешвои муаззами миллат ҳамасола дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастгирии ҷавонон рӯ меоваранд ва дар яке аз паёмҳояшон, ки 23 январи соли 2015 ироа шуда буд, чунин қайд намуданд: Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлоли Ватанамон имрӯз бонангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Ватан-Модари худ содиқона хизмат мекунанд”.

Инчунин қайд намудан ба маврид аст, ки рӯзи 22 декабри соли 2017 зимни ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ёдрас шуданд, ки “Бо дарназардошти саҳми созандаи ҷавонон дар мамлакат мо соли 2017 - ро Соли ҷавонон эълон намудем”.  Ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас бозид.

Барои баланд бардоштани руҳияи ҷавонон дар рушди зеҳнии онҳо ва бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ташкил ва баргузории озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ, аз қабилӣ “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки бо амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 05 феврали соли 2020, №АП-1339 ба табъ расидааст, ки он моҳи декабри худи ҳамон сол  ҷамъбаст гардид. Пешвои миллат аз натиҷаи озмун руҳбаланд гардида, 26 январи соли ҷорӣ дар Паёми навбатии хеш озмуни “Илм – нури маърифат”-ро   эълон намуданд.

Дар баробари  дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд олимони ҷавон фаъолияти илмӣ-эҷодии хешро дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ нишон дода, аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат пайравӣ намоянд.

 

Ҷалилов Фирӯз Раҷабалиевич – номзади илмҳои техникӣ, и.в. дотсент, мудири кафедраи “Технологияи маснуоти нассоҷӣ”, Бобиев Олимҷон Ғуломқодирович - номзади илмҳои техникӣ, и.в. дотсенти кафедраи “Технологияи маснуоти нассоҷӣ”

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон


Вакти нашр: 2021-02-10 16:21:54    Хонданд: 112    Муфассал...

Конференсияи назариявии "Таъсири фазои маҷозӣ ба амнияти мардум"

Санаи 11 феврали соли ҷорӣ дар толори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ҳамидиён Илҳомҷон - мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Гулаҳмадзода Зулфиқор - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Суҳайл Қодирӣ-Сардори шуъбаи таҳлил ва иттилооти мақомоти ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабзода Эраҷ - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, аъзоёни кибердружинаҳо ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" Конференсияи назариявии "Таъсири фазои маҷозӣ ба амнияти мардум" баргузор гардид.

Сараввал дар доираи Конференсия экскурсияи ҳизбиён дар Институти геология, сохтмони ба заминҷумбӣ тобовар ва сейсмологияи Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дониш”-и Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар назди Агентии амнияти ядроии ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз 21 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таъсис ёфта, дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои Оинномаву Барномаи ҳизбӣ фаъолияти назаррас доранд.

Сипас дар рафти Конференсия Суҳайл Қодирӣ- Сардори шуъбаи таҳлил ва иттилооти мақомоти ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Амнияти иттилоотӣ ва усулҳои таҳлили иттилооти интернет”, Ҳамидиён Илҳомҷон - мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар мавзӯи “Усулҳои самараноки паҳн кардани иттилооти саҳеҳ дар воситаҳои электронии ахбор” ва Раҷабзода Эраҷ - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Саҳми кибердружиначиён дар таҳлили фазои маҷозӣ ва ҳамкориҳои онҳо бо сохторҳои дахлдор” суханронӣ намуданд.

Дар фарҷоми конференсияи даъват карда шуд, ки барои боз ҳам пурзур намудани фаъолият дар ин самт ҳама дастаҷамъона баҳри решакан намудани гурӯҳҳои иғвоангезу муғризона мубориза барем.


Вакти нашр: 2021-02-11 16:27:50    Хонданд: 96    Муфассал...

Суханронии мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Саҳми кибердружиначиён дар таҳлили фазои маҷозӣ ва ҳамкориҳои онҳо бо сохторҳои дахлдор”

«Кибердружина» яке аз гурӯҳҳои фаъоли мо дар таблиғу ташвиқи ҳадафҳои Баронмаву Оинномаи ҲХДТ ва сари вақт нишон додани вокунишу паёмакҳо ба маводҳои муғризонаву ҳангомаҷӯёна ба шумор меравад.

Имрӯз пеш аз он, ки дар бораи «Кибердружина» сухан мегуем, бояд донем, ки ин гурӯҳ аз волонтёрони касбӣ ва ғайрикасбӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ-паутина ё занҷираи байналмилалӣ барои таъмини иттилооти дақиқу саҳеҳ ва ҳифзи онҳо хизматҳои ройгон мерасонад. Чунин, гурӯҳҳо дар ҳамаи давлатҳо таъсис ёфтаанд, аз ҷумла номи «Кибердружина» дар давлатҳои ИДМ (Иттиҳодияи давлатҳои Мустақил) бисёр рушд кардааст ва бо саҳми арзандаи онҳо то имрӯз чандин ҷинояткорону ҳуқуқвайронкунандагони вертуалӣ дастгир шудаанд. Маҳз бо чунин хизматҳои кибердружиначиён бо сохторҳои дахлдори давлативу ҷамъиятӣ имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ амнияти иттилоотӣ таъмин мебошад, вале барои боз ҳам пурзур намудани фаъолият дар ин самт моро зарур аст, ки ҳама дастаҷамъона баҳри решакан намудани гурӯҳҳои иғвоангезу муғризона мубориза барем.

Маврид ба зикр аст, ки соли сипаригардида новобаста аз соли бисёр ҳам вазнину пурхатар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бо саҳми кибердружиначиён як қатор корҳоро дар самти таблиғу ташвиқ ба анҷом додаанд.

Алалхусус, шуъбаҳои таблиғот ва иттилооти кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои пойтахт дар маҷмуъ 12523 адад суҳбату вохӯриҳо, соатҳои сиёсӣ ва аксияҳо миёни сокинони пойтахти азизамон шаҳри Душанбе баргузор намудаанд, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи И.Сомонӣ 751 адад суҳбату вохўриҳо, 281 адад соатҳои сиёсию маҷлисҳои умумӣ ва 152 адад аксияҳои иттилоотӣ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино 1931 адад суҳбату вохўриҳо, 941 адад соатҳои сиёсию маҷлисҳои умумӣ ва 96 адад аксияҳои иттилоотӣ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ 720 адад суҳбату вохўриҳо, 641 адад соатҳои сиёсию маҷлисҳои умумӣ ва 47 адад аксияҳои иттилоотӣ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур 1409 адад суҳбату вохўриҳо, 2124 адад соатҳои сиёсию маҷлисҳои умумӣ ва 123 адад аксияҳои иттилоотӣ баргузор намуданд, ки мардуми шарафманди мамлакат бо ҳиси баланди фарњангӣ дар чорабинињои сиёсї фаъолона ширкат варзида, мавќеи худро дар интихобот ва маъракањои сиёсї муайян намуданд. Ин падида дар интихоботи парлумонї ва маљлисњои мањаллии вакилони халќ ва интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон, ки дар  соли 2020 дар кишвар баргузор гардиданд, баръало ба мушоњида расид.

Ҳамзамон, дар ин давра дар сомонаҳои расмӣ ва саҳифаҳои иҷтимоии кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳр ва ноҳияҳои он  3361 адад маводҳо аз фаъолияти ҳизб  инъикос гардидаанд, ки аз ин дар кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе 944 мавод, ноҳияи И.Сомонӣ 796 мавод, ноҳияи Сино 501 мавод, ноҳияи Фирдавсӣ 432 мавод ва ноҳияи Шоҳмансур 688 мавод рост меояд. Илова бар ин, бо саҳми бевоситаи кибердружиначиён дар ин давра 818 адад мақолаҳо ва 73 ҳазору 638 адад вокунишу паёмакҳо ба маводҳои муғризонаву ҳангомаҷӯёна ҷавоб навишта шудааст.

Дар соли ҷорӣ, яъне соли 2021 тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душабе барои боз ҳам фаъол намудани фаъолияти гурӯҳҳои таблиғотӣ ва бо ин васила таъмини механизми дурусти иттилоърасонӣ дар саҳифаҳои иҷтимоӣ як қатор корҳои натиҷабахш дар назараст.

Аз ҷумла ташкили саҳифаҳои бо номи пурраи Кумита, яъне (Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи...), ташкили саҳифаҳои иҷтимоӣ дар кумита ва ташкилотҳои ибтидоӣ (Кумита/ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”-и ноҳияи ...), шомил намудани ҳар як саҳифаҳои иҷтимоии Кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои пойтахт, кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ ноҳияҳои пойтахт дар гурӯҳи марказонидашудаи шаҳри Душанбе яъне гурӯҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ташкили 15-20 нафари таблиғотиён аз ҳар як ноҳия бо ҳуҷҷатҳои тасдиқгардида дар гурӯҳи кибердружинаи шаҳрӣ ва баҳогузории фаъолияти кормандони кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар самти тиблиғу ташвиқ дар сомонаҳои иҷтимоӣ.

Ҳамкасбони гиромӣ!

Барои диққатотон изҳори сипос намуда, боварии комил дорам, ки мову Шумо дастаҷамъона баҳри боз ҳам хубтару беҳтар сохтани корҳо дар самти тарғибу ташвиқи идеологияи солим дар саҳифаҳои иҷтимоӣ ва миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳгузорӣ менамоед.

Дар кору пайкори минбаъдаи ҳар яки Шумо муваффақияту музаффариятҳо таманно дорам, сарбаланду саодатманд бошед.

 

Раҷабзода Э.Р. – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе


Вакти нашр: 2021-02-11 17:09:40    Хонданд: 105    Муфассал...

ФУРӮҒҲОИ ТОЗАИ МЕҲАН. Эълони озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» намои дурахшони сиёсати ватандӯстона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат аст

Он гуна, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” як таконе ба эҳёи ҳунарҳои миллиамон, ба фарҳанг ва  мусиқии ҳазорсолаи мо бахшиду Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба дасти хурду бузурги кишварамон китоб дода, мардуми адабпарварамонро ба асолати милливу маънавияш — китобдориву китобхонӣ бозгардонд, мо аминем, ки озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” низ таваҷҷуҳи наврасону ҷавонони мамлакат ва омӯзгорону волидайнро ба омӯзишу омӯзонидан ва ҳарчи бештар фаро гирифтани илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб хоҳад кард.

Чунин баён доштааст андешаҳояшро Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО  дар робита ба эълони озмуни “Илм-фурӯғи маърифат”.

 -Воқеан дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон мо шоҳиди фурӯғҳои тоза ва пай дар пайи маънавии миллатамон гардидем. Давлат ва Ҳукумати соҳибистиқлоли кишвар, Пешвои муаззами  миллатамон ҳанӯз аз оғози фаъолияташон аввалин нур ва рӯшноиҳои  роҳи хушиносии миллиро маҳз дар фурӯғи илму адабу фарҳанг ҷуста буданд. Нахустин бузургдоштҳои миллӣ, таҷлили санаҳои бузурги имрӯзиву таърихии миллатамон, ҷашнҳои  фарзандони шоиставу фархундаи халқи тоҷик – нобиғагони соҳаи илму адабиёт, қаҳрамонҳои миллати тоҷик эълон кардани  устод Садриддин Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва даҳҳо иқдомҳои дигар намои дурахшони ин сиёсати ватандӯстона ва фарҳангпарварона буданд.

Ахиран дурахши барҷастаи ин сиёсати маърифатпарваронаро мо дар иқдомҳои дигари Пешвои миллатамон: тарҳандозӣ кардани озмунҳои “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дидем, ки таҳти сарпарастии бевоситаи Сарвари кишварамон таконе фарогир ба ҷомеа дод ва аз зуҳуроту дастоварди беҳтарини замони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб ёфт. Мо, ки дар мавриди ин озмунҳо, хусусан озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, саҳми бориз ва дастовардҳои он  борҳо изҳори андеша кардаем, имрӯз нисбат ба падидаи дурахшони дигар, ки дар Паёми навини Президенти мамлакат ироа ва эълон гардид- озмуни “Илм — фурӯғи маърифат” наметавонем изҳори сарбаландиву ифтихор надошта бошем. Зеро ин озмуни нав боз як падидаи неку дурахшонест, ки давоми мантиқӣ ва идомаи бамавриди озмунҳои дар боло номбурда мебошад.

Ин иқдоми Президентамон низ заминаҳои қавии таърихӣ дорад, зеро миллати шарифи тоҷик дар тӯли таърихи ибратомӯзи худ нобиғагони оламшумулеро дар соҳаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табатшиносӣ, илми тибу омӯзиши кайҳон додааст.  Аз ин рӯ метавон умедвор буд, ки наврасону ҷавонони мо дар ин самт низ чароғи илму маърифатро фурӯзон хоҳанд кард.  Номҳои нобиғагоне, чун Абӯрайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Ал Хоразмӣ, Форобӣ, Арроқ, Ибни Розӣ, Умари Хайём то Аҳмади Дониш ва дар ин байн даҳҳои дигар, ки саҳми бузурге барои рушди соҳаҳои гуногуни илми ҷаҳонӣ гузоштаанд, далели бебаҳси гуфтаҳои болоянд.

Мо шоҳиди онем, ки дар замони соҳибистиқлолии Меҳан ва хусусан чанд соли охир теъдоди зиёди кӯдакони мактабхони мо дар озмуну мусобиқаҳои байналмилаливу ҷаҳонӣ иштироки фаъол дошта, ҷойҳои намоён ишғол мекунанд ва бо медалу ҷоизаҳои шоиста ба Ватан бармегарданд.

Умед меравад, ки  дар озмуни навбатии “Илм-фурӯғи маърифат” истеъдодҳои наврасу ҷавон  донишу маҳорати хешро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ  ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд. Ва ин озмун низ, мисли ду озмуни аввалӣ, тамоми гӯшаҳои кишварро фаро гирифтаву маҳбуби ҳамагон мегардад, истеъдодҳои нодирро дар ин соҳа кашф намудаву дар оянда ба майдони бузурги илмҳои ватаниву башарӣ роҳнамоӣ месозад.

Дар ин радиф, аз рӯи интихоби худашон  ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда шудани ғолибони озмунҳо, ҳавасмандгардонии моддию маънавии омӯгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои   иловагиянд, ки барои амалӣ кардани ин нияти нек мусоидат хоҳанд кард. Хеле ҷолиб ва ибратомӯз аст, ки Пешвои миллат мифтоҳи асосии кушояндаи  дарҳои таълиму тарбияи наврасони моро маҳз дар дасти муаллим ва падару модар мебинанд. Ва ин ки меҳнати омӯзгор ва падари модари наврасони дар озмун муваффақшуда минбаъд аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва мақомоти маҳаллӣ тақдир карда хоҳанд шуд, иқдомест  хирадмандонаву ғамхорона, ки аминем, натиҷаҳои олӣ хоҳанд дод.

Ҳанӯз дар Паёми соли гузаштаи Президентамон ба Маҷлиси Олии мамлакат солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардиданд ва ҷиҳати татбиқи  ин ташаббус  аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 қабул шуда буд.

Ғамхории давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди омӯзишу парвариши ҳамаҷонибаи кӯдакон, гузоштани бунёди қавии дониш дар сиришти онҳо, баланд бардоштани маърифати илмиашон аз хурдсолӣ-  аз оғози соҳибистиқлолии мамлакат бо таваҷҷуҳи хосса аз ҷониби Пешвои  миллат  ба соҳаи маориф падидор шуда буд. Ҳамасола ин ғамхориҳо дар бунёди мактабҳои замонавӣ, дар сатҳи баланди мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷиҳозонида шудани  онҳо, дар пайваста баланд бардоштани маоши муаллим ва кормандони соҳаи маориф, фароҳам овардани имтиёзҳо  ба онон ва ғайраҳо ба зуҳур меомаданд.

Бубинед: танҳо соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63 000 ҷойи нишаст бунёд ёфта,  ба истифода супорида шуданд.

Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Бамаврид аст гӯем, ки таваҷҷуҳи Ҳукумат барои баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ ва касбомӯзии наврасону ҷавонон ҳамеша мушоҳида мешавад. Маҳсули ин таваҷҷуҳ аст, ки имрӯз дар барои таълими ибтидоии касбии наврасону ҷавонон дар кишвар 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи 97 ихтисос амал мекунанд.

Дар Паёми  имсолаи Президенти мамлакат дар мавриди таҳсили наврасону ҷавонон дар хориҷи кишвар, хусусан барои омӯзиши фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи хосса дода шудааст. Бо супориши Президентамон  ҷиҳати ҳарчи бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030» дар муддати кӯтоҳтарин таҳия хоҳад шуд.

Пайваста такмил додану мукаммал намудани озмунҳои “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ” ва афзун гардонидани маблағгузориҳо  барои онҳо далели равшан аст, ки таваҷҷуҳ ва  ғамхории Пешвои миллатамон сол то сол ба ин иқдомҳои барои ояндаи кишварам ҳаётан муҳим бештар хоҳад гардид. Дар ин самт эълон гардидани озмуни нави ҳамрадифи озмунҳои номбурда- “Илм-фурӯғи маърифат” гувоҳи он аст, ки  ин озмунҳо ҳама ҳамдигарро комил намуда,  дар маҷмӯъ ҳадафҳои бузурги миллиро пайгирӣ хоҳанд кард.

Мо аминем, ки пас аз ба рӯи кор омадани озмуни нави эълоншудаи ”Илм-фурӯғи маърифат”  ин мавзӯъ боз ҳам бештар мавриди ибрози андеша ва гуфтугузори донишмандону омӯзгорон ва рӯзноманигорон қарор хоҳад гирифт ва як фазои тозаи омӯзиши илмиро дар мамлакат фароҳам хоҳад овард. Ва аслан ин озмун холигоҳҳои зиёдеро дар мавриди ҳавасмандӣ ва шуғли бештари наврасони мо ба илмҳои дақиқ пур хоҳад кард. Ва мардуми кишвар бо таваҷҷуҳи беандоза ва хосса интизори амалӣ шудани озмуни “Илм — фурӯғи маърифат” ва натиҷаҳои неку хурсандибахши онанд.

Дар охир ҳаминро мехоҳам зам кунам, ки истиқболи ниҳоят гарму самимона ва аз рӯи мушоҳидаҳои банда ватандӯстонаи мардум аз ин иқдом ва сарпарастиҳои Пешвои миллатамон дар мавриди озмунҳои номбурда бори дигар гувоҳи сиришти фарҳангдӯстонаву хирадбунёдии миллати некойин ва фарҳангсолорамон мебошад.

АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»


Вакти нашр: 2021-02-11 17:25:32    Хонданд: 110    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз Асосгузори сулху вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо дар фазои ҳусни тафоҳуми комил дар бораи мавзӯоти мубрами байналмилаливу минтақавӣ табодули назар карданд.

Аз ҷумла, ба раванди сулҳи байниафғонӣ ва дар ин замина пайдо намудани роҳҳои самараноки истиқрори сулҳу суботи сартосарӣ дар Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Сарвари давлати мо бори дигар таъкид намуданд, ки Тоҷикистон аз Ҳукумати  Афғонистон дар доираи талошҳои пайвастаи он ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва бозсозии  кишвар ҳамеша пуштибонӣ мекард ва дар ин мавкеъ минбаъд низ устувор хоҳад монд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо алоқамандии худро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъдаи равобити судманди дуҷониба дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва иҷтимоиёт иброз намуданд.

Президентҳои ду кишвар дар мавриди масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният низ табодули афкор анҷом дода, вазъи кунуниро дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин зимн Пешвои миллат аҳаммияти тақвияти шарикии ду кишварро дар мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир, ҳамчунин таъмини амнияти сарҳадот махсус таъкид карданд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо масъалаи баргузории Конфронси нуҳуми  вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё – Раванди  Истамбул»-ро баррасӣ карда, ҷиҳати доир намудани ин ҳамоиш дар охири марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе таҳти ҳамраисии Тоҷикистон ва Афғонистон ба мувофиқа расиданд.

Дар анҷоми суҳбат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Афғонистон сулҳу амонӣ ва рушду нумӯи рӯзафзун таманно намуданд.


Вакти нашр: 2021-02-11 17:29:35    Хонданд: 117    Муфассал...

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ

Санаи 10 феврали соли равон бо иштироки Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор – муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Мирзозода Иброҳим Холмурод – Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, Усмонзода Фатҳиддин Бадриддин – Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис панҷ масъала баррасӣ гардида, аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Азизхуҷа Азизов – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия дар соли сипаригардида гузориш дод. Нисбати масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис Насриддинзода Эмомалӣ оид ба Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ибрози назар намуда, зикр намуд, ки Паём роҳанамои тамоми сохторҳои давлатӣ ва мардуми кишвар мебошад, ки дар он дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар муайян карда мешавад. Дар идома Абдуҷаббор Азизӣ- муовини якуми Раиси ҲХДТ ба сухан баромада, нисбати самтҳои гуногуни Паём ибрози назар намуд. Мавсуф дар баромади хеш оид ба нишондодҳо ва вазифагузориҳои Паём суханронӣ намуда, қайд намуд, ки дар амалӣ намудани бандҳои он пеш аз ҳама мо аъзоёни ҳизбро зарур аст, ки пешоҳангу намуна бошем, мардумро ба созандагию бунёдкорӣ ва таҷлили ҷашни бузурги миллӣ - 30 солагии Истиқлолияти давлатии кишвар роҳнамоӣ намоем.

Баъдан бо қарори дахлдори Маҷлис бинобар ба кори дигар гузаштани Азизов Азизхуҷа Орипович номзадии Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло ҷиҳати интихоб гардидан ба вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ пешниҳод гардида, аз ҷониби аъзои Кумитаи иҷроия якдилона ҷонибдорӣ гардид.

Дар охир ба як қатор фаъолони ҳизби дар вазъияти тантанавӣ ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ тақдим карда шуд.


Вакти нашр: 2021-02-11 19:46:30    Хонданд: 133    Муфассал...

Дар Душанбе ҷаласаи комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон баргузор гардид

Имрӯз таҳти раёсати Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳамадраҳими Маҳмадюсуф ҷаласаи комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон  баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндагон ва масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии ҷангал,  Муассисаи давлатии Институти илмӣ-таҳқиқотии гидроэнергетика ва мелиоратсияи Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар рӯзномаи иҷлосия-нақшаи чорабиниҳои Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, Тасдиқи нақшаи кори аъзо ва Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021,  Рафти иҷрои Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2020 «Дар бораи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии асари беҳтарин дар мавзўи экология», тасдиқи гурӯҳҳои кори Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасии аъзои комиссияи экологӣ қарор гирифтанд.

Аз рӯи масъалаҳои рӯзнома муовини раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Фазлиддин Икромов  оид ба иҷрои қарори  Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2020 ва Озмуни ҷумҳуриявии “Асари беҳтарин дар мавзӯи экология” иброз намуд, ки  вазифаи Комиссияи экологӣ дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – дастгирӣ ва тақвияти сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши масоили экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, паст кардани шиддати таъсири пайомадҳои тағйирёбии вазъи экологӣ арзёбӣ гардида, дар ин самт таҳлили мунтазами  вазъи экологӣ, таҳлили қонунгузории соҳа, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда ва ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо сохторҳои давлатию ҷамъиятии соҳа ва ташкилоти байналмилӣ дар сатҳи зарурӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо комиссия ва сохторҳои марбутаи парламентҳои давлатҳои хориҷӣ, гузаронидани озмуни нашри асари беҳтарин дар мавзўи экология ва ҳифзи муҳити зист муайян гардидааст.

Фазлиддин Икромов ҳамчунин иброз намуд, ки вобаста ба муҳим будани вазъи экологии сайёра дар таъмини шароиту сатҳи зиндагии аҳли башар, аз  ҷумла дар ҷумҳурии мо бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2020 ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тарғиби сиёсати давлатӣ дар соҳаи экология, инъикоси воқеъбинонаи масоили экологӣ, ҷалби гурўҳҳои эҷодӣ, олимон, журналистон, коршиносон, мутахассисон ва доираи васеи ҷомеаи шахрвандӣ ба ҳифзи манфиатҳои давлатӣ Озмуни ҷумҳуриявии “Асари беҳтарин дар мавзўи экология эълон гардид. Озмуни мазкур аз 1 июли соли 2020 то 1 июни соли 2021 дар як давр гузаронида, ҷамъбаст карда мешавад. Шартҳои озмуни ҷумҳуриявӣ  аз ҷониби Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, тавассути рўзномаи “Садои мардум”, сомонаҳои интернетии www/parlament.tj,  www. ecomission.tj  ва дигар сомонаҳои  идоравӣ паҳн гардиданд.

Ҳайати комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» (минбаъд комиссия) бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ  шудааст.

Озмун дар як давр аз моҳи июни соли 2020 то моҳи июни 2021 гузаронида мешавад.

Шартҳои озмун: Иштирокчиён асару мақолаҳо, инчунин нигориш, филм, реклама, асари илмии худро оид ба масоили мухталифи ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, обшавии бесобиқаи пиряхҳо, раванди татбиқи энергияи сабз, истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои об, замин, олами набототу ҳайвонот ва дигар масъалаҳои экологии аз нигоҳи ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намуда, дар воситаҳои ахбори омма интишор менамоянд.

Дар Озмун шаҳрвандон, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ ё гурӯҳи эҷодӣ, олимону коршиносон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекунанд, иштирок карда метавонанд.

Ба  Озмун асару мақолаҳо метавонанд бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод гарданд. Шумораи асару мақолаҳои ба озмун пешниҳодшаванда маҳдуд карда намешавад.

Иштироккунанда ба комиссияи Озмун ариза, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот оид ба нашри асару мақолаҳо дар воситаҳои ахбори омма нишон дода шудааст, пешниҳод менамояд. Ба ариза нусхаи мақола дар андозаи А4, шрифти Times New RomanTj, 14 замима карда мешавад. Нусхаи электронии мақола ба суроғаи почтаи электронии ecocomission@yandex.ru ирсол карда мешавад.

Ҳаҷми асар маҳдуд карда намешавад.

Аъзои комиссия ҳангоми баррасии асару мақола, нигориш, филм, реклама, асари илмӣ ба моҳият, мазмун, рӯзмарра будани масъалаҳои дар он дарҷгардида ва мувофиқатии он ба ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ба чоп расидани он дар нашриёти маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ, берун аз он ва вокуниши хонандагон ба он аҳамият медиҳанд.

Ғолибони Озмун баъди омӯзиши пурра бо овоздиҳии аз нисф зиёди аъзои Комиссия ба тарафдории номзадҳо муайян карда мешаванд.

Комиссияи Озмун ҷаласаи худро дар муҳлати 5 рўзи корӣ, баъд аз анҷоми озмун доир намуда, натиҷаҳои он барои тасдиқ ба Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Ғолибони Озмун дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Барои иштирокчиёни фаъоли Озмун, ки асарҳои онҳо аз ҷониби Комиссия қайд мегарданд, туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешаванд.

Дар фарҷом Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.


Вакти нашр: 2021-02-12 13:28:35    Хонданд: 98    Муфассал...

«Паём раҳнамои мост», «Манфиати халқ бояд дар мадди аввал бошад»,-шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Ҳафтаи равон матбуоти даврии Тоҷикистон рӯйдодҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ва ҷаҳонро дар саҳифаҳои худ нашр намудаанд.

Аз ҷумла, «Ҷумҳурият», ки нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар шумораи №29 , сешанбе, 9 феврали соли равон таҳти унвонҳои «Паём- дурнамои рушди кишвар», «Касбият аз миён рафтааст», «Танзими барқ зиндагиро сафо мебахшад», «Баландахтар» мавод ва дигар хабарҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакатро интишор намудааст.

Инчунин дар шумораи № 30, чоршанбе, 10 феврали соли равон мақолаҳо оид ба «САДА- ҷашни мулуки номдор аст», «Хадамоти давлатии оташнишонӣ: аз ҳодиса то воқеият», «Балҷувон рӯ ба рушд аст» ва дигар  хабару гузоришҳо ба нашр расидаанд.

 «Садои мардум» -нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шумораи № 19(4281), панҷшанбе, 11 феврали соли 2021 аз мулоқоти Илёс Идрисзода бо Сергей Поспелов хабар дода, мақолаҳои «Ташаббусҳои бунёдии Пешвои миллат дар таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ, «Вазъи бозори меҳнат дар давраи пандемия муътадил буд» ва дигар хабару гузоришҳоро аз нишастҳои матбуотӣ  нашр намудааст.

Дар саҳифаи 1 ва 3-и нашрияи мазкур мақолаи «Ташаббусҳои бунёдии Пешвои миллат дар таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ» нашр шудааст, ки муаллифони он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, докторони илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодӣ Ҷамшед Муртазозода ва Гулбаҳор Назирӣ мебошанд. Муаллифон навиштаанд, ки «ҳоло Тоҷикистон бо ибтикору дастгирӣ ва заҳматҳои доимии Пешвои миллат ва бо саҳмгузории пайвастаи сокинони шарафманди мамлакат ба кишвари воқеии сайёҳиву фароғатӣ табдил ёфтааст. Дар оянда низ бо истифода аз мактаби созандагии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ҳифзи ёдгориҳои бою ғании таърихию фарҳангӣ, мавзеъҳои нодири табиӣ, имконияти васеи рушди сайёҳӣ, варзиш ва кӯҳнавардӣ ва дигар сарватҳое, ки хоси сарзамини мост, бо ҷалби бештари сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ роҳандозии имтиёзҳои махсуси андозиву гумрукӣ ба рушди инфрасохтори нақлиётию логистикӣ ва сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, маҷмааҳои сайёҳӣ, ташаккулёбӣ ва рушди истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, соҳибкории саноатӣ ва сайёҳӣ дар деҳот ва дигар ноҳияҳои дурдасти кишвар, ки дорои иқлим ва табиати беназир мебошанд, фароҳам оварда мешаванд».

«Минбари халқ»- нашрияи марказии Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон /ХХДТ/  дар шумораи 10 феврали соли 2021, чоршанбе, №6(1300) мавод оид ба сафари кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро ба нашр расонидааст. Инчунин дар ин шумора таҳти унвони «Манфиати халқ бояд дар мадди аввал бошад», «Муваффақиятҳо ҳастанд, камбудиҳо низ», «Мо ба зону намезанем», «Паём- раҳнамои мост», «Номвар» матолиб ва дигар хабару гузоришҳои ҳафтаи сипаригардида мунташир шудаанд.

Дар мақолаи «Паём- раҳнамои мост», ки муаллифаш Зулфия Ахмедова мебошад, зикр шудааст, ки «ҳамчун омӯзгор ва шаҳрванди ин давлати соҳибистиқлол пурра дарк намудам, ки Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастурамали зиндагӣ ба самти таҳкими оромиву субот ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, сарбаландона даст ёфтан ба ҳамаи ҳадафҳои стратегии дарпешгузошташуда, дастгирӣ аз соҳаҳои гуногуни ҳаётан муҳим ва боло рафтани тавоноӣ ва обрӯву нуфузи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ нигаронида шудааст… Ба ҳаёти осоишта, ба якпорчагии Ватани маҳбуб, ба сулҳу ваҳдати миллӣ, ба Президенти ташаббускору хирадманду тавоно шукрона карда, баҳри рушди минбаъдаи кишвар ҳар фард зери сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бояд саҳмгузор бошад».

«Народная газета»- нашрияи русизабони Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи  № 6 (20287), 10 феврали соли 2021 таҳти унвонҳои «Продолжение рабочей поездки Главы государства в Согдийскую область», «Антитеррористическая и антикоррупционная составляющие Послания Президента Таджикистана», «Народная газета» и Агентство лесного хозяйства поддержали акцию «Зеленый город», инчунин дигар қонуну қарорҳои Ҳукумати мамлакатро чоп намудааст.

Ҳамзамон нашрияи расмии «Народная газета» хабару мақола ва гузоришҳоро аз ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат мунташир намудааст.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»


Вакти нашр: 2021-02-12 13:30:41    Хонданд: 103    Муфассал...

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Санаи 12 феврали соли 2020 дар толори Бонки миллии Тоҷикистон  Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки Хайринисо Юсуфӣ - муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Мирзозода Иброҳим -Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб баргузор гардид.

Дар Маҷлиси Кумита масъалаҳои зерин: гузориши Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе “Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда барои нимсолаи якуми соли 2021”, омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллҳ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалҳ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе барои нимсолаи якуми соли 2021 ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.

Маҷлиси Кумитаро Мирзозода Иброҳим - Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуда, тибқи масъалаи якуми рӯзнома оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда барои нимсолаи якуми соли 2021 гузориш дода, қайд намуд, ки Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар даврае баргузор мегардад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, алалхусус сокинони Душанбешаҳр зери таассуроти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демокртаии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар марҳилаи омодагиҳо ба ҷашни 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Имрӯз барои ҳар як аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон даврае фаро расидааст, ки аз фаъолияти ҳизб дар соли 2020 ҷиҳати амалӣ гардонидани ҳадафҳо ва барномаҳо натиҷагирӣ намоем ва барои соли нави 2021 нақшаҳоямонро муайян созем. Зеро таҳлилу натиҷагирӣ аз корҳои иҷрогардида ва дарёфти самтҳои мушаххаси фаъолияти минбаъда имкон медиҳад, ки кори кумитаву ташкилотҳои ҳизбҳ, бахусус, дар шароити имрӯзаи кишвар, минтақа ва ҷаҳон дуруст ба роҳ монда шавад.

Ҳамзамон, зимни суханронии Хайринисо Юсуфӣ - муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қайд карда шуд, ки мо дар марҳалае кору фаъолият дорем, ки ҷаҳонро бо пайдоиши бемории сироятии Ковид -2019 буҳрони амиқи молиявию иқтисодӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ фаро гирифтааст. Дар гӯшаҳои мухталифи сайёра ва кишварҳои гуногуни олам воқеаву таҳаввулоте ба амал омада истодаанд, ки ба раванди тараққиёти ҷомеаи мо низ бетаъсир намемонанд.

Дар робита ба ин, моро лозим аст, ки ин тағйироту дигаргуниҳоро ҳамаҷониба мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода, ба онҳо баҳои воқеӣ диҳем ва дар заминаи онҳо фаъолияти минбаъдаи худро мушаххасу муайян гардонем.

Дар асл, соли 2020 барои мо ҳизбиён басо соли пурмасъулияту хотирмон арзёбӣ мегардад. Зеро дар ин марҳила дар кишвар ду маъракаи муҳими сиёсӣ,  интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо номзадҳои ҲХДТ ба се зинаи вакилҳ ва муҳимтар аз ҳама, номзади арзанда ва пурифтихори мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо касби бештари раъйи мардум  пирӯзӣ ба даст оварданд, ки ин ғолибият, барои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастоварди муҳиму таърихӣ маҳсуб ёфта, дар он саҳми аъзои ҳизб низ назаррас аст.

Ҳамчунин, дар рафти Маҷлис тибқи масъалаҳои рӯзнома лоиҳаҳои қарорҳо “Дар бораи омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллҳ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалҳ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021” ва “Дар бораи тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе барои нимсолаи якуми соли 2021” ба овоз гузошта шуда, дар доираи таклифу пешниҳодҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар фарҷоми маҷлис ба як қатор фаъолони ҳизб, ки дар пешбурд ва амалӣ намудани ҳадафҳои Оиннома ба Барномаи ҳизб саҳми арзанда гузоштанд бо сипоснома ва ифтихорномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида, ба меҳмонон ва иштирокчиёни маҷлис барои саҳмгузорӣ изҳори сипос намуда, даъват намуданд,  ки ҳар яки мовро зарур аст, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдомҳои созандаи худ ҷиду ҷаҳд намуда, ба Ватан содиқонаву софдилона хизмат менамоем.


Вакти нашр: 2021-02-13 08:51:23    Хонданд: 212    Муфассал...

ЧАҲОРЯК АСР ДАР ПАЙИ СУБОТИ ҶОМЕА. Имсол ба таъсиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад

Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода   шудааст, на танҳо дар Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давдлатҳои Мустақил, балки дар ҷаҳон  назири худро надорад. Ин дар дунё ягона созмонест, ки дар  ҷамъомадҳои  он ҷонибҳо дар шахси роҳбарияти олии мамлакат ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ атрофи як миз  ба ҳам меоянд ва дар ҳалли масъалаҳои муҳим дар асоси принсипҳои баробар ва демократӣ якҷоя ширкат меварзанд.

9 апрел ба таъсиси Шӯро 25 сол пур мешавад.  Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Нуралӣ САИДОВ  дар суҳбат АМИТ “Ховар” роҷеъ ба натиҷаҳои фаъолияти Шӯро дар тӯли ин солҳо ва нақшаи тадбирҳои минбаъда чунин гуфт:

— Бале, чаҳоряк аср муқаддам дар ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилоти нави сиёсию иҷтимоӣ – Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон ёфт ва тайи ин муддат бо муваффақият дар самти ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мусоидат ба таҳкими истиқлоли давлатии Тоҷикистон, бунёди давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ фаъолият намуда, дар баробари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ масъулият дорад.

Нуралӣ Саидов – Қотиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон

Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли ҳамкории сиёсию иҷтимоӣ миёни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, дар тӯли фаъолияти пурсамари хеш ба минбари муколама, таҳлилу машварат, таҳаммулпазирии диду назарҳо ва табодули назар мубаддал гашта, дар атрофи худ беҳтарин ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишварро гирд овардааст.

Фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҷомеаи имрӯза ба таври васеъ аз тариқи баргузории ҷаласаҳо, мизҳои мудаввар, конференсия, назарсанҷӣ ва семинарҳо дар сатҳи умумиҷумҳуриявӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ мешавад, ки дар кори онҳо масъалаҳои мубрами сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Барои ҳаллу фасли масоили мубрами мавҷуда пешниҳодҳои мушаххаси ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар – ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷамъ оварда ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  манзур карда мешаванд.

ДАР АКС: ҷаласаи нахустини Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе 9 апрели соли 1996.Дар байн – Президенти ҶТ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонии АМИТ “Ховар”

Дар тӯли 25 соли фаъолияти пурсамари хеш Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаби бузурги таҳлилӣ, машваратӣ ва омӯзиш табдил ёфта, дар ин муддат вазифаҳои зеринро ба таври мунтазам ба иҷро расонида истодааст:

— таъмини гуфтушуниди доимии қувваҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ бо мақсади ба даст овардани тавозуни манфиат ва ақидаҳо, ҳамчунин рушди гуногунандешии мафкуравӣ ва сиёсӣ;

— таҳлили вазъияти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии (маънавии) ҷомеа, ҳангоми зарурат, муҳокимаи лоиҳаи қонунҳо, гузаронидани ташхис ва таҳлили онҳо, муҳокимаи ҷамъиятии масоили муҳими иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, тағйироте, ки дар он рух медиҳанд, ҳамчунин пешниҳоди таклифҳои мушаххас оид ба пешрафту такмили онҳо;

— таҳияи барномаҳо ва консепсияҳо, ки ба таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва ташаккули муҳити зисти мусоид, инчунин пешниҳодҳое, ки барои таҳкими сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷомеа нигаронида шудаанд;

— ҷустуҷӯ ва татбиқи шаклҳои нави шарикӣ (ҳамкориҳо), махсусан байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин тарафҳои дигари манфиатдор;

— мониторинги ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд;

— мусоидат дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, сулҳ, ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа, муқовимат алайҳи зуҳуроти номатлуби ҷомеа, мубориза бо терроризм, экстремизм, одамрабоӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, пайравӣ ба арзишҳои бегона ва маҳалгароӣ.

Масъалаҳое, ки дар ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ мавриди баҳсу муҳокима қарор мегиранд, бо пешниҳоди аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар мувофиқа ва бо ризоияти Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас гардида, дар сурати зарурат масъалаҳои мубрами рӯз дар ҷаласаҳои ғайринавбатии Шӯрои ҷамъиятӣ матраҳ мегарданд.

Раванди муколама дар Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусиятҳои хос аст, зеро Шӯрои мазкур ташкилоти ҷамъиятиест, ки дар ҷаласаҳои он ҷонибҳо —  аз як тараф роҳбарияти олии давлат дар шахси  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи дигар — намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ: ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бевосита ширкат варзида, қарорҳои ҷаласаи Шӯро дар асоси усулҳои демократӣ, баробарҳуқуқӣ ва озодона қабул мегарданд.

Созмонҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар раванди муколама бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар доираи қонунгузории мавҷуда ва меъёрҳои байналмилалӣ амал карда, назару андешаҳои худро ба ниҳодҳои давлатӣ воқеъбинона ва бо дарназардошти манфиатҳои давлату миллат пешниҳод менамоянд.

Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ – ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар баррасии масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар фаъолона ширкат варзида, карорҳои ҷаласаҳои Шӯро бо ҷонибдории аксарияти овозҳои иштирокчиён қабул мешаванд. Аммо ин маънои онро надорад, ки дар байни роҳбарони ҳизбу ҳаракат, ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятии узви Шӯро ихтилофи назар вуҷуд надошта бошад. Борҳо шудааст, ки вобаста ба ин ё он масъала андешаҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ба таври гуногун баён шудаанд. Лекин вақте ки дар бораи ҳимояи манфиатҳои миллии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, таъмини амният ва ҳифзи сулҳу субот дар ҷомеа сухан меравад, аъзои Шӯро сарфи назар аз мансубият ба ҳизбу созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳаммарому ҳамақидаанд ва якдилона манфиатҳои миллии кишварро аз манфиатҳои ҳизбӣ, гуруҳӣ, мазҳабӣ ва минтақавӣ боло гузошта, сиёсати ҳукумат ва давлати Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Дар фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ танқид чизи муқаррарист, зеро узви Шӯрои ҷамъиятӣ роҳбарони ташкилоти бонуфузи ҷамъиятӣ, ашхоси саршиноси сиёсию ҷамъиятӣ, зиёиёни соҳибақида, озодфикр, олимони гуногунандеш ҳастанд, ки доир ба масъалаҳои мубрами ҷомеа фикру андеша ва мулоҳизаҳои худро доранд.

Ба назари аввал чунин менамояд, ки созмонҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ҳокимияти давлатиро бо дарназардошти дарки субъективии худ танқид мекунанд: гӯё ҳадафи асосӣ ва бахши фаъолияти онҳо фақат аз танқид иборат бошад, вале дар аснои муколама аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ кӯшиш мекунанд, ки аз доираи усули созанда, воқеъбинона ва одилонаи танқид берун нараванд ва ба иззати нафси шахсиятҳо нарасанд. Ба яқин интиқодҳои иброзшуда дар ин муколамаҳо ба манфиати эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мусоидат менамоянд.

Ҳадафи интиқод фақат барои нуктагирӣ нест, мақсад аз он иборат аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бояд бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ якҷо амал намуда, нуқсу норасоиҳоро бо ёрии ҳамдигар бартараф намоянд.

Вобаста ба вазифаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ масъалаҳое, ки мавзӯъҳои онҳо ба таври мунтазам давра ба давра баррасӣ мегарданд, ба рӯзномаи ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ ворид гардида, аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳогузорӣ шуда, нуқтаи назари Шӯрои ҷамъиятӣ мушаххас мегардад. Иловатан масоили мубраме, ки характери консептуалӣ доранд ва дар сатҳи сиёсати умумимиллӣ муҳим арзёбӣ мешавад, дар ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд, аз ҷумла:

— шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»   аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ;

— ба сифати шарики боэътимоди давлат иштирок ва мусоидат намудани Шӯрои ҷамъиятӣ дар амалӣ шудани барномаву нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  баррасии лоиҳаи  «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба сифати марҳилаи дувуми «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030» аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ;

— ҳамкории ҳар чи бештари аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ бо қишрҳои мухталифи ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар раванди амалисозии чор ҳадафи стратегии давлат-таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар;

— тарғиби ҳамаҷонибаи моҳият ва аҳамияти ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи «Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028»  аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, рӯзноманигорон, кормандони шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои дигари ахбори оммаи ғайриҳукуматӣ, дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;

— мониторинги ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат бармеоянд;

— нақши интихобот дар таҳким ва густариши демократия дар Тоҷикистони соҳибистиқлол;

— ба роҳ мондани фаъолияти муназзами Шӯрои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади таъмини волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлат, гирифтани пеши роҳи қочоқи маводи мухаддир ва нашъамандӣ, паст кардани шиддати ҷинояткорӣ дар кишвар;

— масъалаҳои кор бо ҷавонон, занону бонувон, масоили гендерӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи фарҳанги миллӣ;

— баррасии барномаҳо, стратегияҳои давлатӣ ва лоиҳаи қонунҳои нав аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Имсол Шӯрои ҷамъиятӣ таҳлилу баррасии масъалаҳои зеринро дар Нақшаи кории худ дохил кардааст:

  1. Мубориза бар зидди воридшавии унсурҳои бегона ба фарҳанги миллии тоҷикон, хурофоту иртиҷопарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Мизи мудаввар дар мавзӯи «Таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон. Ҷанги иттилоотӣ ва моҳияти он дар шароити ҷаҳонишавӣ».
  3. Муаррифии арзандаи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути рушди соҳаи сайёҳӣ дар давраи ташаккули низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ.
  4. Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкории Шанхай: густариши ҳамкорӣ баҳри субот ва рушду инкишоф. Бахшида ба 20-солагии таъсисёбии СҲШ ва Раёсати ҶТ дар СҲШ солҳои 2020-2021».
  5. Масъалаҳои соҳибкасб кардани аҳолӣ, ихтисоси ҳунарҳои нав ва касбҳои коргарӣ, инчунин паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ.
  6. Баррасии лоиҳаи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солиҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии он дар солҳои 2021-2025.
  7. Саҳми ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар амалисозии сиёсати хориҷии кишвар

Бо гузашти солҳо маълум гардид, ки Шӯрои ҷамъиятӣ рисолати хешро дар ин муддати начандон тӯлонии таърихӣ дар сатҳи зарурӣ анҷом дод ва ба неруи сиёсиву зеҳнии ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил ёфт.

Шӯрои ҷамъиятӣ ҳамчун ниҳоди бонуфузи сиёсӣ-иҷтимоӣ дар муддати фаъолияти худ барои ба вуҷуд овардани фазои мусоид дар муколамаи ҳақиқии байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дар амалисозии сиёсати давлатӣ, сулҳу Ваҳдат ва ризоияти ҷомеа, рушди демократия ва гуногунандешӣ саҳми арзишманд гузошт ва ин вазифаи муҳимро идома хоҳад дод.


Вакти нашр: 2021-02-13 09:59:42    Хонданд: 128    Муфассал...

Идомаи аксияи ободониву созандагӣ таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард!”

Санаи 13 феврал Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он баҳри сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалигардонии муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба «Шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе, бо ин васила татбиқ намудани барномаҳои ҳизбӣ аксияи ободониву созандагӣ таҳти унвони “Ватан, ҳар гўшаатро сарсабз хоҳем кард” баргузор намуданд.

Дар аксияи мазкур дар назди бонои Кумитаи шаҳрии ҳизб бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ташкил гардида, атрофи бино аз партову баргҳои дарахтон ва қубурру ҷӯйборҳо аз ифлосӣ тоза карда шуд.

Бо иқдоми мазкур отрофи бино ба як ҷойи истироҳативу тамошобоб табдил дода шуд.

ҲХДТ – ҳамчун ҳизби созандаю бунёдкор, пайваста иқдомҳои созандаи худро дар доираи барномаҳои худ баҳри ободу зебо гардонидани ватани азизамон – Тоҷикистон бо ҷалби аъзоёни пурифтихори амалӣ мегардонад.


Вакти нашр: 2021-02-13 13:39:36    Хонданд: 135    Муфассал...

Ситоди ҷумҳуриявӣ ба гузаронидани чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва сайругашти идона ба муносибати ҷашни байналамилалии Наврўз иҷозат дод

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ниёгон ва арзишҳои миллӣ ба гузаронидани барномаҳои фарҳангиву варзишӣ ва сайругашти идона ба муносибати ҷашни байналамилалии Наврўз, ба истиснои намоишҳои театрикунонидашудаи оммавӣ дар варзишгоҳҳо бо дарназардошти риояи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемӣ иҷозат дод.

Дар иттилоияи Ситоди ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла омадааст:

«Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки сарфи назар аз он ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифторони бемории сироятии коронавирус  ба қайд гирифта нашуда бошанд ҳам, қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ ва  маслиҳату тавсияҳои табибону мутахассисонро қатъиян риоя кунанд. Зеро дар сурати риояи тавсияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва амалисозии тадбирҳои мушаххас метавон ҳама гунна чорабинӣ ва фаъолияти иншооти гуногуни иҷтимоиро ба роҳ монд, дар акси ҳол натиҷа баръакс хоҳад шуд.

Дар ин росто вобаста ба фаро расидани  ҷашнҳои миллӣ Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд:

  1. Бо мақсади арҷгузорӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ниёгон, арзишҳои миллӣ, таҳкими ғояҳои ватанпарварӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ гузаронидани чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва сайругашти идона ба муносибати ҷашни байналамилалии Наврўз, ба истиснои намоишҳои театрикунонидашудаи оммавӣ дар варзишгоҳҳо бо дарназардошти риояи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемӣ иҷозат дода мешавад.
  1. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳангоми баргузории чорабиниҳои идона ба исрофкориву зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.
  1. Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҷараёни таҷлили ҷашни байналамилалии Наврўз риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, амният ва тартиботи ҷамъиятиро таъмин намоянд».


Вакти нашр: 2021-02-15 14:07:33    Хонданд: 139    Муфассал...

Ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 10 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид

Фонди хайриявии «Ситораи Файзбахш» ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 10 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ тақдим намуд. Мошинҳои ёрии таъҷилӣ бо таҷҳизоти соҳавии хизматрасонии аввалини тиббӣ муҷаҳҳаз буда, аз ҷониби Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе мувофиқи эҳтиёҷ ба муассисаҳои тиббии пойтахт супорида мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

 

Нақлиёти тиббӣ, ки ба беморхонаҳои шаҳри Душанбе ҳамчун кумак дастрас шудааст, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии аввалини тиббӣ ба сокинони пойтахт пешбинӣ шуда, кори табибону дардмандонро хеле осон мегардонад. Муассисони Фонди хайриявии «Ситораи Файзбахш» изҳор доштанд, ки минбаъд низ дар пайравӣ ба иқдомҳои башардўстонаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тадбирҳои хайру эҳсонкориро идома дода, дар пешрафти соҳаи тандурустӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи кормандони соҳа саҳми муносиб мегузоранд.

 

Соҳаи тандурустӣ ҳамчун соҳаи муҳиму афзалиятнок дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар даврони соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешравиҳои зиёду назаррас ноил гардид. Солҳои охир бо ташаббусу дастгириҳои роҳбарияти шаҳри Душанбе сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ дар муассисаҳои тандурустии пойтахт беҳтар ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир буда, масъалаи таъмини муассисаҳои соҳа бо доруворию таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ ва хизматрасонӣ роҳи ҳалли худро пайдо намудааст.


Вакти нашр: 2021-02-15 14:21:09    Хонданд: 66    Муфассал...

Шариф Раҳимзода, директори Институти иқтисодиёт ва демография: «Ҷавонону наврасон бе омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ наметавонанд муҳаррики рушди босуръати давлат дар тамаддуни саноатӣ бошанд»

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонПешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 январи соли 2021 ироа шуд, дар ҷомеа  такони ҷиддӣ ба миён овард. Аз ҷониби Президенти мамлакат «вазоратҳои молия, маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва вазорату кумитаҳоеки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ дорандвазифадор карда шуданд, ки якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо … ҷиҳати таҷҳизонидани кабинетҳои фанҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ тадбирҳои фаврӣ андешидааз натиҷаи корҳо ба Ҳукумати мамлакат гузориш диҳанд. Илова ба ин, ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм  фурӯғи маърифат» гузаронида шавад».

Ин дастури Пешвои миллатро кулли мардуми кишвар, бахусус зиёиён, олимону муҳаққиқон хуб  пазируфтанд. Зеро ҳамзистӣ дар ҷомеаи имрӯза талаб менамояд, ки сатҳи дониши наврасону ҷавонони мо ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй бошад. Ҷавонону наврасон бидуни аз худ намудани донишҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ наметавонанд муҳаррики ташаккулу рушди босуръати кишвари худ дар  тамаддуни индустриалӣ бошанд. Таърихи кишварҳои индустриалӣ шаҳодат медиҳад, ки густариш, сатҳ ва ё зинаҳои камолоти ҷомеаи инсонӣ, рушди устувори ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии он вобаста ба болоравии сатҳи фарҳангӣ ва тамаддуни индустриалӣ суръат мегирад.

Чунин изҳор намуд бардоштҳои хешро аз Паёми навбатии Пешвои миллат директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шариф РАҲИМЗОДА  ба хабарнигори АМИТ “Ховар”. 

Ба  гуфтаи  ҳамсуҳбати мо, дар Паёми соли гузашта Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020-2040-ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф эълон  намуда  буданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардид. Ҳадафи ин ташаббуси Пешвои миллат  ташаккул ва пойдор намудани заминаи зарурӣ барои рушди ҷомеа дар давраи  тамаддуни техникиву технологӣ мебошад.

Пешрафти ҷомеа хосияти динамикӣ дошта, тағйироти таркибии он ба рушди тамаддуни  моддӣ, техникӣ  ва технологӣ  алоқаманд мебошад. Бинобар ин, неруҳои истеҳсолкунандаи ҷомеа чун асоси пешрафти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ пазируфта шудаанд. Маҳз тамаддуни моддӣ сараввал ба объекти муносибатҳову созишҳои иқтисодӣ мубаддал гардида,  манфиатҳои ҷомеаро рӯи кор меорад.

Пойдорӣ ва густариши тамаддуни  техникиву технологӣ ба сатҳи паҳноии конгитивии (захираи итилоотӣ-донишии) ҳар фарди ҷомеа пайвастагӣ дорад. Кашфиёти воқеии ин на кашфи «заминҳои нав», балки имконияти нигоҳу диди нав, густаришу сайқалёбии хиёбони андешаи фардҳои ҷомеа мебошад. Миёни фардҳои ҷомеа, бахусус, чунин фардҳо ва ё ҷавононе, ки иқтидори мафкуравиашон хеле баланд аст, нақши гиреҳкушоро мебозанд. Маҷрои инноватсионӣ маҳз ба онҳо алоқамандӣ дорад. Ин аст, ки дар баробари гузаронидани озмунҳо дар самти рушди фанҳои гуманитарӣ ва бозёфти истеъдодҳои нав зарурати бозёфти чунин истеъдодҳо дар байни дорандагони дониш аз фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ ба миён омадааст,-менависад олими иқтисодшиноси мамлакат.

«Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем. Умедворам, ки дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати хешро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд».

Аз ҷумла, ҷавонон ва насли нави ҷомеа дар муносибат  ба муҳит ва навгониву кашфиёт бештар завқ дошта, онҳоро зуд дарку эҳсос мекунанд. Ҳарчанд фаъолияти онҳо зоҳиран ва ё дар назар аз дигарон фарқ намекунад, дар асл андешаронии онҳо вобаста ба таъсири технологияҳои иттилоотӣ дигар аст. Маҳз бо шарофати онҳо тоифаи нав ва ё табақаи созандагони ҷомеа, ки ба муносибатҳои бовиҷдонона дар зиндагиву муҳит афзалият медиҳанд, ташаккул меёбад.

Ҳоло ҷавонони мо аз рӯи вазифаҳои дар назди худ гузошта ва  сифати амалу фаъолият ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: онҳое, ки мунтазам ба омӯзишу пажӯҳиш машғуланд ва онҳое, ки нақши ташкилотчигиву созандагиро иҷро мекунанд. Маҳз дар асоси ҳамкориву робитаи устувори ин гурӯҳҳо  ҷомеа густаришу инкишоф ёфта,  тамаддунҳои нав ба майдон меоянд. «Бинобар ин, зарур аст, ки ташкил ва баргузории ин чорабинӣ (озмуни навбатии ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат») дар сатҳи бисёр баланд ба роҳ монда, маблағи барои ҷоизаҳо пешбинигардида зиёд карда шавад». Дар ин росто  иқтидору сатҳи фитратии ташкилотчиёни ин озмун – роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаву касбӣ, мақомоти маҳалии давлатӣ ва ғайраҳо низ нақши калидӣ дорад.

“Нуктаву хулосаҳое, ки аз Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии кишвар бармеоянд, бори дигар собит месозанд, ки густариши тамаддуни моддиву техникӣ, пеш аз ҳама, аз фаъолияти пурсамари онҳое, ки мунтаззам ба омӯзишу пажӯҳиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиатшиносӣ машғуланд,  вобаста аст. Ин ҷо мо, ҷавонон – зиёиёни ҷомеаи навинро,  ки поя ва ё элитаи он ба ҳисоб мераванд, дар назар дорем. Моро зарур аст, ки имрӯзҳо бо мақсади таъмини рушди сармояи инсонӣ  корҳои зиёдеро ба анҷом расонем. Дарвоқеъ, имрӯзҳо норасоии мутахассисон дар иншооти бузургу инноватсионии кишвар ҳис карда мешавад. Ин аст, ки дар майдони баҳсу талошҳои элитаи сиёсии кишвар дарки зарурати тайёр кардани мутахассисони баландпоя, муҳимияти истифодаи омили ташаббусу эҷодкории фардӣ ва сифати сармояи инсонӣ дар рушди тамаддуни техникӣ ва индустриалӣ эҳсос мешавад.

Зиёиёни ҷомеа, ки мунтазам ба омӯзишу тадқиқоти илмӣ, бахусус, дар бахшҳои техникиву технологӣ шуғл доранд, зери таваҷҷуҳи хосса ва дастгирии давлат қарор доранд. Дар мамлакат на танҳо низоми ниҳодҳо марбут ба ҳифзи амволи зеҳнӣ таҳияву коркард шудаанд, балки заминаҳои қонунии мусоиди тадбиқи андешаҳои илмӣ ва роҳ ёфтани онҳо дар раванди истеҳсолот, умуман фаъолияти иктисодӣ фароҳам оварда шудаанд”,- тазаккур дод Шариф Раҳимзода.

Гурӯҳи дигари ҷомеа, ки нақши ташкилотчигӣ ва бунёдкориро иҷро мекунанд, бо  таҳсилот, бозомӯзӣ ва баландбардории ихтисос алоқамандии зич дорад. Дарвоқеъ, маҳз таҳсилот дар рӯҳияи эҷодкориву созандагӣ, ки «такомули шуури техникӣ ва иқтисодии ҷомеа»-ро суръат мебахшад, тақозои низоми бозорӣ ва ҷомеаи индустриалӣ мебошад. Инкишофи иқтисодиёти муосир ва тезутунд шудани рақобатҳои иқтисодии дохилӣ ва байналмиллалӣ, вазъиятеро эҷод кардааст, ки муваффақиятҳои техникиву технологӣ, тавлидиву тиҷоратиро ҳамон иттиҳодияҳо ва ё корхонаҳо касб мекунанд, ки агар рақобатпазир бошанд.

Дар ин раванд табиист, ки сатҳи баланди касбии роҳбарон ва менеҷерон,  омезиши триада — дониш, собиқаи касбию муоширати солим ба ҳайати кормандон ва мавриди амал қарор гирифтани онҳо чун омили муҳими рушди фарҳанги техникиву тамаддуни индустриалӣ хидмат мекунад. Зимнан бояд таъкид кард, ки сурати идеалии роҳбар чунин аст: дигаронро гӯш кардан, лоиҳаҳои навро бо самимият пазируфтан, ба вазифаҳои мураккаб даст задан, тамоми олоту воситаҳоро барои ноил шудан ба ҳадафҳо истифода бурдан ва ғ. Муоширати наздику дӯстона бо кормандон эътимоди онҳоро ба роҳбарият ва зарурати таъмини рушди корхона устувор карда, ба амалӣ гаштани иқдомҳои инноватсионӣ суръат мебахшад. Ин шаҳодати он аст, ки  дониши мушаххас ва дониши махсуси техникиву технологӣ дар муқаддимаи фаъолият қарор дорад.

Дар баробари ин новобаста ба он ки илмҳои иқтисодӣ ба гурӯҳи   илмҳои ҷомеашиносӣ   дохил мешаванд, дар асл асоси онҳоро илмҳои риёзӣ ва дақиқ ташкил медиҳанд. Олоти таҳлили равандҳои иқтисодӣ усулҳои математикӣ ва барномарезиҳои компютерианд. Чуноне ки  аз суханронӣ  ва таҳлилҳои фарогири Пешвои муаззами миллат бармояд, ҷаҳони муосир ва ҷаҳонишавии иқтисодиёт  якчанд хусусиятҳо дорад, ки мустақиман ба масъалаҳои таҳсилоту ташаккули фарҳанги техникӣ алоқамандӣ доранд.

Дар ин робита ҳамсуҳбати мо ба ин ақида аст, ки “рушди хеле босуръат ва зудтағйирёбандаи талаботи ҷомеа ва  техникаву технологияҳо (фарҳангҳои нави техникиву технологӣ) ба афзудани сатҳи номуайяниҳо ва дигаргуншавии сифатии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа сабаб гардидааст. Дар ин раванд, қобилияти фавран мутобиқ шудан ба равандҳои зудтағйирёбанда ва дараҷаи чандирии рафтор ва аксуламалҳои инсон ба сифати муҳими он ва умуман ниҳодҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа табдил ёфтааст. Ин қобилият, бечунучаро аз сатҳи дониш ва васеии хиёбони андешаҳои  мутахассисони ҷавонон — созандагони фарҳанги техникиву технологӣ ва ҳамин тариқ, тамаддуни индустриалӣ  бармеояд”.

Дар ҷаҳони муосир маблағгузорӣ ба сармоя инсонӣ пайваста зиёд шуда, дар радифи фаъолияти аввалияи давлатҳо қарор гирифтааст. Бояд таъкид намуд, ки барои ғанӣ гардонидани  қобилияти мутахассисону соҳибкорон чун омили асосии рушди тамаддуни индустриалӣ ташкили бозомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти баъдидипломӣ аҳамияти хоса дорад.

Бо дахли ин нукта ҳамсуҳбати мо пешниҳод менамояд, ки “таъсиси мактабҳои соҳибкории саноатӣ, бозомӯзии мутахассисони самтҳои техникиву технологӣ дар шароити рушди босуъати илму технология зарурати замони муосир мебошад. Бояд таъкид намуд, ки талабот ба дониш дар синни 30-35 ҷиддитар мешавад. Маҳз ташкили муассисаҳои бозомӯзиву баландбардории ихтисосҳои техникиву технологӣ, мунтазамияти таҳсил ва қонеъгардонии талабот ба донишҳои нав рушди ҷомеаро дар шароити нав таъмин менамояд. Диплом  ва ё дараҷаҳои илмиро метавон як маротиба гирифт, аммо пай дар пай  аз худ кардани донишҳои тахассусии воқеӣ хеле муҳим аст. Зарур аст, ки дар муассисаҳои таҳсилотии баъдидипломӣ  барномаҳои кӯтоҳмуддат, ки дар онҳо такрори омӯзиши донишҳои қаблан гирифташуда ҷой надорад ва аз нигоҳи сарфаи вақт ва мутобиқ ба талаботи фаврии донишомӯзон мебошанд, таҳия гарданд”.

Дар мамлакат тамоюли омӯзиши фардӣ (индивидуалӣ), яъне завқи фардии на ба интихоби муассисаҳои таҳсилоти касбӣ асосёфта, балки ба барномаҳои таснифшуда, ки ба ниёзи фардӣ мутобиқанд, ба чашм мерасад. Дар баробари ин,  таҳияву коркарди барномаи ягонаи  мушаххас, ки ба талаботи ҳар фарди ҷомеа ҷавобгӯй бошад,  мавқеи  худро дорад.

Бинобар ин, дар пояи ташкили ниҳоди «устоду шогирд» дар муасисаҳои таҳсилоти касбӣ, бахусус таҳсилоти олии касбӣ  устодони бонуфуз, олимони соҳибмактаб бояд дар асоси мониторинги завқу талаботи донишҷӯён барномаҳои фардии таҳсилоти касбиро дар ҳамоҳангӣ бо барномаҳои  таҳсилотии амалкунанда ташкил  намоянд, то тавонем дар ин замина талаботи донишҷӯёни хоҳишманди таҳсилоти фардиро қонеъ намоем.

“Зарур аст, ки нуфузи самтҳои амалии таҳсилот  боло бардошта шавад. Дар ин ҷода ташкили филиалҳои кафедраҳо дар субъектҳои хоҷагидорӣ ва иҷрои рисолаҳои илмӣ дар асоси маводи корхонаҳои мушаххас талаботи замони муосир мебошад. Дар навбати худ чунин амал сабаби он мегардад, ки таъкидҳои пай дар пайи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъат бахшидани омезиши илму истҳсолот ҷомаи амал пӯшанд.

Ҳамин тариқ, Паёми Пешвои муаззами миллат ҳамчун муҳаррики  рушди ҷомеа ва ё барномаи нави стратегӣ наврасону ҷавонони имрӯзаро ба омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ сафарбар намуда, олимону пажуҳишгаронро  вазифадор менамояд, ки дар ин раванд саҳми арзанда дошта бошанд”,-изҳор намуд дар хатми суҳбат директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода.


Вакти нашр: 2021-02-16 10:51:46    Хонданд: 95    Муфассал...

ТАРБИЯИ ВАТАНПАРАСТИИ ҶАВОНОН ДУРНАМОИ ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН

Бахшида ба 28-солагии таъсисиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ибтидоии “Таҳсилоти Тоҷикистон” чорабинии фарҳангӣ ва тарбиявиро роҳандозӣ намуда, бо ҷалби курсантони Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи генерал майор Тошмуҳаммедов М.Д аз осорхонаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон боздид намуданд.

Зимнан баробари ошноӣ пайдо намудан аз осори гаронмояи мероси адабию фарҳангии миллат оид ба тақвияти эҳсоси ватанпарастию худогоҳии миллӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан, манфиатҳои миллӣ вохӯрии судманд доир гардид.


Вакти нашр: 2021-02-16 13:24:09    Хонданд: 99    Муфассал...

ЭӼТИРОМ БА ЗАБОН - ЭӼТИРОМ БА МОДАР АСТ

«Забони давлатиро бояд бар пояи меъёрҳои адабӣ устувор сохта, онро аз ҳама гуна қолабҳои сунъии бегона ва унсурҳои лаҳҷавӣ озод кардан лозим аст. Дар робита бо ин, таъкид месозам, ки инкишофи устувори забонро танҳо дар асоси риояи қоидаҳо ва қонуниятҳои меъёрӣ ва таърихии он таъмин кардан мумкин аст».

Эмомалӣ Раҳмон

Забон муӽимтарин воситаи алоқаи байни одамон аст. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шуда, ташаккул ёфтаанд ва зуӽури ӽарду ӽам бо меӽнат алоқамандӣ дорад. Маӽз дар натиҷаи рӯ ба меӽнат овардан инсоният ба пешравиӽои зиёду назаррас ноил гашт. Метавон гуфт, ки баробари дигар омилӽо меӽнати ӽалолу бунёдкорона ба рушди забон мусоидат хоӽад кард. Зеро, ӽар қадар ҷомеа пеш равад, рушд кунад, инкишоф ёбад, забон низ ӽамон қадар рушду инкишоф хоӽад ёфт.

Бояд қайд намуд, ки дар олам забонӽои зиёд арзи ӽастӣ доранд. Забони тоҷикӣ яке аз забонӽои бою шево ва ширину гуворо буда, миёни дигар забонӽо ҷою мақоми шоиста дорад. Миллати некноми тоҷик ӽазорсолаӽост, ки бо ин забони нобу шево муошират ва гуфтугӯ карда, фарӽанги беназири худро чун хати сабз аз як китоб ба китоби дигар («Авасто», «Шоҳнома», «Маснавии маънавӣ», «Тоҷикон» ва ғайра) дар таърих сабт намудааст.

Таърихи пайдоиш ва таҳаввулу такомули забони тоҷикиро муаррих ва донишманди гаронмоя Бобоҷон Ғафуров ба риштаи таҳқиқ кашида, аз ҷумла нигоштааст: «Забони имрӯзаи тоҷикӣ аз забонҳои ғарбӣ- эронӣ мебошад. Ба ақидаи забоншиносон асоси он лаҳҷаи ҷанубу ғарбии форс аст, ки он баъдтар ба тарафи шимол ва шимолу шарқ паҳн шуда, бисёр унсурҳои забонҳои гурӯҳи шимолу ғарбӣ, аз ҷумла унсурҳои забони порсиро ҳазм менамояд. Навиштаҷоти форсӣ (аниқтараш форсии миёна) –и асрҳои 7-8, ки дар қарибии Марв ёфт шуд, равшан далолат мекунад, ки дар ин давра дар ин ҷойҳо бо забони форсӣ (тоҷикӣ, ки онро забони форсӣ-дарӣ ё худ забони форсӣ ҳам номидаанд), ҳарф мезаданд».Ӯ ҷои дигар менависад: «Вазъияти сиёсии Осиёи Миёна ҳанӯз дар ибтидои асри 9 барои тараққии адабиёти нави китобии тоҷик, ки бар асоси эҷодиёти даҳанакии халқ қарор гирифта буд, шароити мусоид фароҳам овард, вале ин шароит самараҳои худро дар вақти Сомониён бахшид».

Муҳаққиқи араб Муҳаммади Истеъломӣ гуфтааст: «Дар замони хонадони Сомониён кӯдаки навзоди шеъри дарӣ ҷон гирифт, шодобтару устувортар гардид». Поягузори шеъри тоҷикӣ устод Абӯабдуллоӽ Рӯдакӣ ба забони тоҷикӣ мақому шукӯӽу ҷалоли тоза бахшид. Маӽз соддагиву равонии забони Рӯдакӣ ва шаҳомати нотакрори он боис шуд, ки ашъори кабир чун насими анбарафшони баҳорӣ рӯҳнавоз ва чун садои раъду барқ бар замину осмон танинандоз гардад:

Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ,

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,

Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Ё,

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,

Наздики худованд бадӣ нест фаромӯш-т,

Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд,

Ангур на аз баҳри набиз аст ба чархушт.

Адиб ва муҳаққиқи барҷаста Саид Нафисӣ навиштааст: «Амсол дар ҳар забон ба манзалаи намак дар таом аст. Шоире, ки амсоли забони хешро накӯтар донад, дар дилҳои мардуми диёри хеш бештар роҳ ёбад. Рӯдакиро дар донистани амсоли забони порсӣ мақомест, ки камтар шуаро бад-он расидаанд, дар ин шумораи қалил ашъоре, ки аз ӯ мондааст, иддаи касир ва амсоли забони порсиро метавон ёфт».

Устод С. Айнӣ гуфтааст: «Шеърҳои Рӯдакӣ бисёр содда ва табиист ва бар болои ин бисёр лаззатбахш ва ҳаяҷоновар аст. Аз суханҳои форсӣ- тоҷикӣ бештар соддатар ва оммафаҳмтаринашро чида гирифта, ба кор мебарад. Ҳар гоҳ касе, аз шеърҳои ӯ «аёл не, зану фарзанд не, маунат не»… барин мисраъҳоро хонад, шунаванда гумон мекунад, ки як деҳқони нохондаи тоҷик бо ҳамдеҳаи худаш гап зада истодааст».

Ин ҳунари волои шоир тӯли садсолаҳо барои аҳли суханварон чун мактаби сабақомӯзиву пайравӣ, маҳорату суханварӣ хидмат мекунад. Устод Мирзо Турсунзода нигоштааст:

Кошки табъи равон медоштам,

Рӯдакӣ қудрат забон медоштам,

Менавиштам акси дилҷӯи туро,

Ҷилваҳову чашму абрӯи туро.

Аз маълумоти донишмандону муӽаққиқони араб, чун Ал-Ҷаҳшиёрӣ, Ал- Муқаффаъ ва Мақдисӣ низ бармеояд, ки дар нимаи аввали асри 8 дар Балх забони тоҷикӣ паҳн шуда будааст. Ба қавли Наршахӣ (асри 10) дар аксар масҷидҳои Бухоро ӽатто китоби муқаддаси Қуръонро ба забони форсӣ қироат мекарданд.

Ин буд, ки тӯли садсолаҳо забони мо дар яке аз ҳавзаҳои бузурги таърихӣ оғоз аз Баҳри Миёназамин то марзҳои Чину Ҳинд ҳамчун забони муоширати байни қавму халқҳои гуногун қарор дошта, дар рушди фарҳангу тамадуни онӽо нақши муҳим бозидааст. Таърих гувоҳ аст, ки ҳатто ҳангоми нобасомониву ношодиҳои халқамон забони модарии мо бар забону фарҳанги ғосибони бадкеш пирӯз омада, ҳамчун забони давлату давлатдорӣ мавриди истифода қарор доштааст. Мардуми ин сарзаминҳо дар гуфтору навиштор то кунун аз калимаҳои тоҷикӣ фаровон истифода мебаранд, ки ин ифтихори ҳар яки мост.

Аввалин Қонуни забон дар ҷумҳуриамон ҳанӯз 22 июли соли 1989 қабул гардида, он то моҳи октябри соли 2009 фаъолият намуд. Таи ин солҳо пешравиҳои назаррас, воқеаҳои муҳими фарҳангиву сиёсӣ дар ҳаёти кишварамон ба вуқӯъ пайвастанд, ки зарурати қабули қонуни нави забонро ба миён оварданд. Ҳамин тавр, 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид. Баъд аз тағйирот ворид намудани вакилон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои Ид” ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 – уми октябр Рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” истифода ва рушди забони давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуда, ба рушду инкишофи дигар забонҳо имконият фароҳам меоварад. Ҳамаи миллат ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ба истифодаи озоди забонашон ҳуқуқ доранд.

Имрӯз, забони тоҷикӣ дар ӽимояи давлат қарор дошта, муҳимтарин рукни давлатдорӣ маӽсуб меёбад. Ғамхорӣ ва ӽифзу бузургдошти он вазифаи муқаддаси ӽар фарди соӽибдилу соӽибфазл аст. Тавре, ки Асосгузори сулӽуваӽдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: “Забон дар ҳамаи давру замонҳо яке аз сарчашмаи асосии истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад. Ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад”.

Ҳукумати кишвар бо мақсади татбиқи амалии Қонуни забон ва вусъати бештар пайдо кардани доираи нуфӯзи забони давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, барои рушди ҳамаҷонибаи он мусоидат менамояд. Баргузории озмунӽои «Фурӯғи субӽи доноӣ», «Тоҷикистон ватани ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва ғайра гувоӽи гуфтаӽои болоянд. Бузургонамон барӽақ фармудаанд:

Рӯй овар бар китобу дониш аз он саӽл гир,

То ба дониш гардӣ машӽури ҷаӽону дилпазир.

Ҳарчанд, баъд аз соҳибистиқлолӣ бо ҷаӽду талош ва ғамхориӽои Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон ба забони модариамон диққати хоса зоҳир гардад ҳам, ҳанӯз ташвишҳо зиёданд. Дар давраи ҳассоси раванди ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) ва рушди босуръати техника ва технологияи навин мо бояд забони шевои модариамонро ҳифз карда, мақоми онро боз ҳам баланд бардорем ва ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда поку беолоиш тақдим намоем. Ҳар яки мо бо дарки баланди худшиносиву худогоҳӣ бояд эҳсос намоем, ки пешрафту шукуфоии забонамон, пешрафту шукуфоии давлатамон аст. Фаромӯш набояд кард, ки умри миллат ба умри забон вобаста аст. Тавре устод Бозор Собир навиштааст:

Дар ҳадду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад ватандор аст ӯ,

То ватандор аст бисёр аст ӯ.

Забони мо баёнгари сарнавишт ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллатамон аст. Мафҳумҳои забони модарӣ, давлату давлатдории миллӣ, ваҳдату истиқлолияти миллӣ барои ҳамаи мо азизу муқаддасанд. Эҳтирому арҷгузорӣ ба забон ин пеш аз ҳама эҳтиром ба модари азиз аст:

Забони модариро пос дорем,

Ки аз модар варо мерос дорем.

Файзулло Наҷмиддиниён,

Вакили Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вакти нашр: 2021-02-16 13:49:46    Хонданд: 76    Муфассал...

ПАЁМ – РОҲНАМОИ ФАРДОИ НЕКУ БОСАОДАТ

Агар сарнавишти таърихии миллати тоҷик­ро пеши назар орем, Паём додан, яъне, мус­тақилона муайян кардани сарнавишт тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии гузаштагон дар бораи соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст. Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғоз то ба ҳол роҳнамои мушаххаси созандагиҳои кишвар, қадамҳои устувор барои иҷрои ормонҳои баланди миллӣ, нақшаҳои бузурги эҳёи дубораи халқ мебошанд. Дар Паёми имсола ҳам шоҳиди ҳадафҳои қавитару вазифаҳои тақдирсози наву баландарзиш гардидем, ки моро ба шукуфоиву ободонии бештар мерасонанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои минбаъда муайян намуда, бо мисолҳо дар бораи пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва молия, маорифу тандурустӣ, фарҳанг, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа, таҳкими давлатдории миллӣ, оини ҳамсоядорӣ ва амсоли он ҳарф заданд.

Сарвари давлат зикр карданд, ки соли 2020 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмон барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон таърихӣ буд. Новобаста ба зуҳур ва паҳн шудани бемории сироятии COVID-19 сокинони кишвар бо меҳнати ҳалолу софдилона дар афзуннамоии дастовардҳо ба муваффақиятҳо ноил гаштанд. Чунончӣ, дар сатҳи баланд доир гардидани маъракаҳои муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, инчунин, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки ҳувият ва ифтихори миллии ҳар як сокини мамлакат баланд аст.

Пешвои миллат барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори миллӣ, самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин ва ба ин васила расидан ба зиндагии шоиста дастуру супоришҳои созанда доданд. Пайғоми хуш дар ин зимн аз пардохти андози ягонаи замин озод кардани кишоварзони мамлакат мебошад, ки ба фаъолмандии деҳқонон ва маҳсулнокии кори онҳо заминаи мустаҳкам мегузорад.

Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон иброз доштанд, соли 2020 дар мамлакат 300 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи кор сохта ба истифода дода шуд. Дар натиҷа, соли гузашта шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардида, дар ҳафт соли оянда ба зиёда аз 3500 расонида мешавад, яъне, беш аз 54 фоиз афзоиш меёбад. Ин нукта гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бомаром пеш меравад.

Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқ, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат, вазифаи ҳар соҳибватан мебошад ва ин масъала дар Паёми Президенти мамлакат махсус зикр гардид. Барои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва таъмиру нигоҳдории онҳо, муаррифии ҳар чӣ бештари мероси моддӣ ва ғайримоддии кишвар ба аҳли олам ба масъулин дастурҳо дода шуд.

Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳон ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла, терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, низ дар Паём зикр ёфта, бо мақсади идомаи корҳо ва тақвият бахшидани тадбирҳо дар самти пешгирии омилҳои номатлуб ва таҳияи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 — 2025» супориш дода шуд.

Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, вазифаи асосии ҳар яки мо — аз Роҳбари давлат сар карда, то вакилони мардум, аъзои Ҳукумат, роҳбарони ҳама сохтору мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ — содиқона хизмат кардан ба халқи азизи Тоҷикистон, ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дар паҳлуи халқ будан аст.

Зимнан, ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро чун раҳнамо сармашқи фаъолият қарор дода, барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷидду ҷаҳд менамоянд.

ҒАФУРЗОДА Абдухалил Давлаталӣ,

ректори Академияи идоракунии давлатии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

«Садои мардум»


Вакти нашр: 2021-02-16 14:06:18    Хонданд: 104    Муфассал...

ПАЁМ ВА ҶАНБАИ ГЕНДЕРӢ ДАР СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ

Таҳлил ва пешниҳоду вазифагузориҳое, ки дар Паём ироа гардиданд, бозгӯи онанд, ки Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол дар роҳи пайдо намудани мақоми сазовор дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва муаррифии шоиста аз рушду пешрафти худ ҳамчун давлати озоду ободи миллӣ гомҳои устувор ба пеш мегузорад. 

 

Ҳамзамон бо ин, ба ақидаи мо, шинохт ва эътирофи беруна аз муваффақият ва дастовардҳо дар сиёсати дохилӣ низ сахт вобаста мебошанд. Дастовардҳои кишвар дар самти таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими амнияту субот, дастгирии доимии табақаҳои ниёзманди ҷомеа, боло бурдани сатҳи зиндагӣ, мусоидат баҳри камолоти зеҳнӣ ва ҷисмонии мардум, зина ба зина татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии давлат ва ғайраҳо гувоҳи онанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар масири рушди устувор қарор дорад. 

Дар ин раванд таъкидҳо ва нақшаю умедвориҳое, ки дар масъалаи занон ва дастгирии онҳо баён гашт, ифодагари мавқеи устувор пайдо намудани ҷанбаи гендерӣ дар сиёсати иҷтимоии давлат ва таҳкиму рушди бемайлони сиёсати гендерӣ дар кишвар мебошад. Имрӯз бо боварӣ гуфта метавон, ки ҷанбаи гендерӣ дар сиёсати давлатии Тоҷикистон мақоми устуворро соҳиб аст. Ин раванд як қатор афзалиятҳои худро дорад, аз ҷумла таъмини баробарҳуқуқии мардону занон, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои занон, таъмини шароит ҷиҳати  бартарафсозии тафовутҳои иқтисодӣ   ва таҳким бахшидани захираҳои меҳнатӣ, таъмини риояи принсипҳои демократӣ, роҳ надодан ба табъиз аз руйи мансубияти ҷинсӣ, таъмини солимии ҷомеа, таъмини дастрасии баробар ба таҳсил, решакан намудани ақидаҳои ифротӣ ва таассубӣ вобаста ба мавқеи зан дар ҷомеа, ташаккули тафаккури озоди ҷамъиятӣ вобаста ба мавқеи занону мардон дар ҷомеа ва оила мебошанд. Ҷанбаи дигари муҳиме, ки аз гуфтаҳои боло бармеояд,  мусоидати ҷузъи гендерӣ дар ташаккули муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва гуманизми сиёсат ба шумор рафта, он метавонад ифодакунандаи принсипҳои адолати иҷтимоӣ, озодӣ ва баробарҳуқуқӣ бошад.

Раванди воридсозии гендер ҳамчун унсури таркибии сиёсати давлатӣ хусусияти хоси худро дорад. Яке аз нишондиҳандаи асосии он хусусияти рушдкунанда доштанаш дар кишвари мост, ки тавассути механизмҳои гуногуни институтсионалӣ амалӣ шуда истодааст.

Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бори дигар собит месозад, ки роҳбарияти давлат ба ин масъала аз мавқеи эҳтироми арзишҳои умумиинсонӣ назар дорад. Зеро дар фаҳмиши имрӯза масъалаҳои гендерӣ ифодакунандаи вазъи воқеии ҳуқуқи инсон ва таъмини демократия баромад намуда, баҳри болоравии имиҷи давлат мусоидат мекунанд. 

То ба  25,8 фоиз расидани теъдоди занон дар Маҷлиси Олӣ ва  23,8 фоиз дар Маҷлиси намояндагон гувоҳи он аст, ки Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои муаззами миллат ба масъалаи фаъолгардонии мавқеи занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Аз ҷиҳати дигар нишонаи дастгирии ташаббусҳои Сарвари давлат дар масъалаи мазкур аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ дар мамлакат мебошад, ки баҳри муваффақ шудани занон дар интихобот имконият фароҳам оварданд. Занону духтарон ҳам дар навбати худ мавқеи хешро дар сафҳои ҳизбӣ мустаҳкам менамоянд.

Падидаи дигари хушҳолкунанда, ки дар Паём садо дод, зиёд шудани теъдоди занон дар мақомоти намояндагии маҳаллӣ мебошад. Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст. Омори мазкур нишонаи он аст, ки фаъолиятҳо дар самти шикасти хурофоту таассуб ва қолабҳои гендерӣ дар бораи мавқеи иҷтимоии занон дар ҷомеа натиҷаҳои мусбат дода, сатҳи фаъолнокии занон дар маҳал сол ба сол баланд шуда истодааст.

Дар ин масир ҷалби ҳарчи бештари  занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат  раванди мақсаднокест, ки метавонад баҳри истифодаи самараноки неруи занон дар корҳои идоракунӣ ва хизмати давлатӣ мусоидати комил намояд. “Ба ҳолати 1-уми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд” - зикр гардид дар Паём. Ба сифати дастгирии давлатӣ додани 3 холи иловагӣ дар озмун барои занону духтароне, ки бори аввал ба хизмати давлатӣ дохил мешаванд, василаи муҳим ва имтиёзест, ки баҳри зиёд шудани онҳо дар ин соҳа мусоидат намуда истодааст.

Масъалаи дигари муҳиме, ки дар Паём таъкид гашт, ин амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳо ва бакорандозии механизмҳои зарурии иқтисодию молиявӣ баҳри фаъолгардонии нақши занон дар бахши иқтисодӣ буд. Вобаста ба ин,  фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ, соҳибкорӣ  ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас қайд гардид.  Омори пешниҳодшуда дар бораи теъдоди  роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон, ки  35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳад, бозгӯи воқеиятест, ки занони кордону соҳибмаърифати мо марҳила ба марҳила мавқеи худро дар бахши иқтисодии кишвар ҳам мустаҳкам менамоянд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имтиёзҳо ва  дастгириҳои  иловагии  давлатӣ  баҳри  фаъолнокии занон дар бахши иқтисодӣ нақши муассир доранд. Дар ин самт дар кишвари мо то ба имрӯз як қатор чораҳо, аз қабили ҷудо намудани грантҳои президентӣ ва қарзҳои имтиёзнок барои занони соҳибкор амалӣ шудаанд. Ногуфта намонад, ки ҳамасола аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 80 грант бо маблағи умумии 2 миллион сомонӣ барои занҳои соҳибкор ҷудо мешавад. Ин омил низ таъсири худро ба зиёдшавии теъдоди занони соҳибкор мерасонад. 

Лозим ба ёдоварист, ки таъмини фаъолнокии иқтисодии занон ва муайян намудани дастгириҳои иловагӣ барои онҳо ҷиҳати устувор гардондани мавқеи онҳо дар ҷомеа, бартараф намудани зӯроварии иқтисодӣ нисбат ба онҳо ва таъмини сатҳи шоистаи зиндагӣ дар оилаҳо шароит муҳаё менамояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ унсури гендерӣ дар сиёсати иқтисодии давлат тавассути фароҳам овардани баробарии гендерӣ дар соҳаи меҳнат, ҷорӣ намудани квотаҳои имтиёзнок дар рафти баргузории озмунҳо оид ба ишғоли вазифаҳо, ворид намудани қисми гендерӣ дар фаслҳои омори иҷтимоӣ ва демографӣ, гузарондани мониторинги мутаносибии гендерии шуғл дар ҳама соҳаҳои истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳи шуғл дар асоси принсипи баробарии гендерӣ, коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ, аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ маърифатнок намудани занону бонувон  устувор гардонда шудааст.

Умуман, таҳлили нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Пешвои миллат дар масъалаи дастгирии ташаббусҳои занон собит месозад, ки ин сиёсат дар оянда низ рушд ёфта, ба таъкиди Сарвари давлат: “Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад”.

Эътимод ва боварие, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неру, маърифат, малака ва садоқати занони соҳибфарҳанги тоҷик иброз намуданд, худ ифодаи бевоситаи иродаи сиёсии Сарвари давлат ҷиҳати минбаъд низ густариш додани сиёсати гендерӣ дар кишвар мебошад. 

 

 

Махфират ХИДИРЗОДА,

доктори илми фалсафа, 

профессор


Вакти нашр: 2021-02-16 14:12:11    Хонданд: 230    Муфассал...

Дар Душанбе Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳрӣ барои 1200 кат бунёд мегардад

Дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳрӣ барои 1200 кат бунёд мегардад. Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ лоиҳаи ангоравии идомаи сохтмони нотамоми Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳрӣ  аз ҷониби КВД ПИТЛ «Душанбешаҳрсоз» дар якҷоягӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таҳия гардидааст.

Тавре аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт  ба АМИТ «Ховар» изҳор доштанд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020  дастуру супориш доданд, ки баҳри пешгирӣ ва табобатӣ касалиҳои сироятӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  беморхонаҳои сироятӣ сохта бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба истифода дода шаванд. Сохтмони  Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳрӣ барои 1200 кат дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои пойтахт низ дар асоси ҳамин дастуру супоришҳои Президенти мамлакат сурат гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020  ба раисони ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориши қатъӣ доданд, ки дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳое, ки беморхонаи касалиҳои сироятӣ надоранд, бо ҷалби соҳибкорони бонангу номус ҳарчи зудтар ба бунёди чунин муассисаҳо оғоз намоянд ва онҳоро то ҷашни сисолагии истиқлоли давлатӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба истифода супоранд.

Хотиррасон менамоем, ки Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 38 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 баён доштанд, бо мақсади то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд намудани беморхонаҳои сироятӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ лоиҳаҳои намунавии беморхонаҳои сироятиро барои 30 ва 50 ҷой таҳия намуд.

Масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд вобаста ба маҳал лоиҳаи заруриро интихоб намуда, барои дастрас намудани лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 30 ҷой ба КВД «Лоиҳакаш»  ва  лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 50 ҷой ба КВД «Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии «Сохтмон ва меъморӣ»  муроҷиат намоянд. 

  


Вакти нашр: 2021-02-16 15:24:41    Хонданд: 140    Муфассал...

Бо дастури Пешвои миллат имсол 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ҷашн гирифта мешавад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромӣ доштани хотираи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҷашни 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор карда шавад.

Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани солгарди адиб тибқи супориши Сарвари давлат тадбирҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳо, Академияи таҳсилот то аввали моҳи майи соли 2021 бахшида ба ҷашни шоири бузург конференсияи ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ» баргузор карда, дар матбуоти даврӣ доир ба хизматҳои шоистаи Мирзо Турсунзода мақолаҳои илмиву оммавӣ ба нашр бояд расонанд. Ҳамзамон озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин иншо дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар мавзўи «Мирзо Турсунзода – вассофи сулҳу дўстӣ» баргузор карда мешавад.

Вазорати фарҳанг вазифадор карда шуд, ки аз ашъори Мирзо Турсунзода барномаи консертӣ омода карда, онро дар шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав бо риояи чораҳои беҳдоштӣ баргузор намояд. Ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон супориш дода шуд, ки дар мавзўи «Маҳорати шоирии Мирзо Турсунзода» мизи мудаввар доир намояд.

Рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ (ноҳиявӣ) муваззаф шуданд, ки зери рубрикаи «Ба истиқболи 110-солагии Мирзо Турсунзода» мақолаҳо интишор гардонанд.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суѓду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вобаста ба 110 — солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода чорабиниҳои илмиву адабӣ доир намоянд.

Кумитаи телевизион ва радио, муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» вазифадор гардиданд, ки доир ба фаъолияти адабиву эҷодии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода филмҳо ва барномаҳои алоҳида омода карда, пешкаши тамошобинон намоянд.

                                       АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»


Вакти нашр: 2021-02-16 15:30:10    Хонданд: 134    Муфассал...

Ниҳолшинонӣ дар Майдони «Истиқлол» ва шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ

16 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» шинос шуданд.

Бо иштироки Сарвари давлат ва Раиси шаҳри Душанбе дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар як гӯшаи боғ даҳҳо адад ниҳоли дарахти секвойяи калифорниягӣ шинонида шуд.

Мавриди зикри хос аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан дарахтони секвояи калифорниягиро 20 сол қабл аз хориҷи кишвар оварда, дар боғи Қасри миллат парвариш карда буданд. Имрӯз 36 адад дарахти секвойяи калифорниягӣ, ки бисёр нодир асту 3000 сол умр мебинад, ду тарафи даромадгоҳи Боғи Майдони «Истиқлол»-ро оро медиҳад.

Бояд гуфт, ки баъди ба истифода додани Майдони “Истиқлол” ин мавзеъ минбаъд майдони асосию марказии пойтахт мегардад, зеро дар ин ҷо рамзи истиқлолу озодӣ, ки хоҳишу талоши миллати сарбаланди тоҷик аст, гузошта мешавад.

То имрӯз дар гӯшаҳои алоҳидаи боғ 1045 ниҳоли дарахтони зебову нодири ороишӣ шинонида шудааст.

Аз масоҳати умумии 30 гектари Майдони “Истиқлол” 11 ҳазор метри мураббаъи он аз руи нақша сабзкорӣ карда мешавад.

Оянда дар ҳудуди боғи Майдони “Истиқлол” бо ворид кардани дарахтони нодири сояафкану ороишӣ аз кишварҳои аврупоии ба минтақа мутобиқ шинонида мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорон барои бо тарҳи зебо мураттаб сохтани гулгаштҳо ва дуруст ҷо ба ҷо кардани боғҳои ҳудуди иншоот дастуру ҳидоятҳо доданд.

Баъди шинонидани дарахт дар маъракаи имрӯзаи ниҳолшинонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва лоиҳаи Майдони “Истиқлол” шинос шуданд.

Рафти бунёди Майдони “Истиқлол” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимии Президенти мамлакат қарор дорад, аз ин ру Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни сохтмон таваҷҷуҳи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба сифатнокӣ ва муҳлати иҷрои корҳо, сифати масолеҳи сохтмонӣ ва вусъат бахшидани дигар тадбирҳои ободонии вобаста ба бунёди он ҷалб карданд.

Ниҳолшинонӣ дар Майдони “Истиқлол” ва шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ 16.02.2021


Вакти нашр: 2021-02-17 07:52:07    Хонданд: 98    Муфассал...

ТАВЗЕҲИ МУҲТАВОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР ОМОРИ ШАҲР

Дар ташкилоти ибтидоии “Омори шаҳр” бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе - Мирзозода Иброҳим, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур - Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва Сардори сарраёсати омори шаҳри Душанбе - Нурулло Асват оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ҷамъомади ҳизбӣ доир гардид.

Дар маҷлис зикр шуд, ки таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавонон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ мақсадҳои асосии давлату Ҳукумати кишвар маҳсуб мегардад.

Зикр шуд, ки вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити шиддат ёфтани рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ аҳамияти таҳкиму густариши муносибатҳои байналмилалиро дучанд менамояд. Таъкид рафт, ки дар ин самт бояд ҳар ҷавони кишвар ва сокинони мамлакат зиракии сиёсиро тақвият бахшида, сиёсати давлату ҳукуматро бо ҳамовозии самимӣ ҷонибдорӣ намоянд. Зикр рафт, ки танҳо саъю талоши софдилона, ҳисси масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда халқу миллати тоҷикро ба ҳадафҳои навини давлатдорӣ мерасонад.


Вакти нашр: 2021-02-17 12:26:48    Хонданд: 121    Муфассал...

ПАЁМ-МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ИМРӮЗУ ФАРДО

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ тибқи нақша оид ба шарҳу тавзеҳи бандҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Шоҳиён Абдураҳим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Мирзон Некрӯз Мирзон, раиси ташкилоти ибтидоии “Касбомӯз” дар ташкилоти ибтидоии “Ксбомӯз”-и Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе”маҷлис доир намуд.

Сараввал Мирзон Некрӯз ҳозиринро хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оинаи раҳнамунсози даврони соҳибистиқлолӣ буда, дастури муҳиму саривақтиест барои рушди самтҳои муҳиму афзалиятнок рзёбӣ намуд.

Сипас Шоҳиён Абдураҳим - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ изҳор дошт, ки Паёми имсолаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи мураккабу буҳронии ҷаҳон шуруъ гардида, соли сипаригардидаро барои ҷумҳури дар баробари мушкилоти баамаломада, соли рушди самтҳои муҳим, аз қабили саноату кишоварзӣ арзёбӣ намуд. Мавсуф таъкид намуд, ки бинобар андешидани тадбирҳои муҳиму саривақтии Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат аз бисёр буҳронҳо эмин монд, балки самтҳои муҳимро вусъату густариш дод. А. Шоҳиён оид ба дигар паҳлуҳои Паём изҳори назар намуда, таъкид кард, ки соли 2021 барои аҳолии кишвар соли махсусу муҳим аст, зеро имсол 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад ва барои сазовор ҷашн гирифтани ин санаи таърихӣ ҳар як сокини мамлакат каме ҳам бошад ҳиссагузор бояд бошад.


Вакти нашр: 2021-02-17 15:14:04    Хонданд: 105    Муфассал...

Соҳибкорон дар Душанбе 7 муассисаи таълимӣ месозанд

Имсол дар  пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе  аз ҷониби соҳибкорон  бунёди  7 муассисаи таълимӣ  барои 6832 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст. Тибқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ лоиҳаҳои муассисаҳои таълимии мазкур  таҳия гардида, дар минтақаҳои аҳолинишини пойтахт, ки  ба чунин таълимгоҳҳо  ниёз доранд аз ҷониби ширкатҳои ташаббускору саховатпеша сохта ба истифода дода мешаванд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе лоиҳаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии   соли 2021 аз ҷониби соҳибкорон дар пойтахт бунёдшавандаро муаррифӣ менамояд.

Мактаб дар маҳаллаи Меҳробод

Дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои пойтахт  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  барои 1280 нафар сохта мешавад. Фармоишгари  ин муассисаи  таълимӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чжунгстай Моҳир Семент»  буда, лоиҳаи онро Корхонаи воҳиди давлатии Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии лоиҳакашии  «Душанбешаҳрсоз» таҳия намудааст.

Литсейи хусусӣ дар кӯчаи Баҳовуддинови пойтахт

Муассисаи дигари таълимии бунёдшаванда литсейи хусусӣ барои 1280 хонанда мебошад, ки  бо хобгоҳаш дар кӯчаи Баҳовиддинови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сохта мешавад. Лоиҳаи  литсейи мазкурро Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Партнёр»   таҳия намуда, фармоишгари он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дақиқ» мебошад.

Муассисаи таълимӣ дар кӯчаи Саид Носир

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Декорд-Инвест» дар кӯчаи Саид Носири ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои 640 хонанда муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ месозад. Лоиҳаи мактаби мазкур аз ҷониби  КВД ПИТЛ «Душанбешаҳрсоз» омода гардидааст.

Мактаби №15 дар ноҳияи Шоҳмансур

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Авитссена» дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  барои 720 хонанда муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-ро месозад. Лоиҳаи ин мактабро «Академияи меъморӣ ва сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ таҳия намудааст.

Бинои иловагии гимназияи хусусии  «Кафолат»

Муассисаи таълимии гимназияи хусусии «Кафолат»  дар шаҳраки 82-юми ноҳияи Синои пойтахт бинои иловагии таълимӣ барои  432 хонанда месозад. Лоиҳаи ин бинои таълимӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Плаза-И» омода шудааст.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаксин Ғаюр семент» дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-ро барои 1280 ҷой месозад. Лоиҳаи мактаби мазкур аз ҷони КФ КВД «Лоиҳакаш»-и шаҳри Душанбе таҳия гардидааст.

Мактаб барои 1200 хонанда дар ноҳияи Фирдавсӣ

Бо дарназардошти он ки собиқ  деҳоти Россияи  ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  дохил  гардид, дар ин маҳалла зарурати бунёди мактаби нав ба миён омад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ меъмор»  дар  ин маҳаллаи ноҳияи Фирдавсӣ барои 1200 ҷой муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ месозад. Лоиҳаи ин муассисаи таълимиро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хаттот» таҳия намудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2020  дар соҳаи маорифи пойтахт  корҳои сохтмонӣ, таъмир ва навсозӣ дар 12 иншоот барои 13900 ҷойи нишаст дар як баст ба роҳ монда шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон бо  соҳибкорони мамлакат таъкид намуданд, ки  «Мактаб ҳамчун даргоҳи муқаддас барои ташаккули шахсият дар ҷомеа ва мавқеи устувор пайдо кардани ӯ нақши асосиву ҳалкунанда дорад.Фаромӯш набояд кард, ки ҳар шахс ба ҳар мақому мартабае, ки расида бошад, донишҳои аввалинро аз мактаб ва омӯзгор гирифтааст. Илова ба корҳое, ки давлат дар  самти рушди соҳаи маориф то имрӯз анҷом додааст, ман борҳо шахсонеро, ки шароити хуби молиявӣ доранд, даъват кардам, ки дар зодгоҳи худ муассисаи таълимие бунёд намоянд ё аз рӯи имконият барои таъмири мактабе, ки дар он таҳсил кардаанд, кумаку мусоидати худро дареғ надоранд».

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»


Вакти нашр: 2021-02-18 07:53:42    Хонданд: 95    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 6 сафири нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд

18 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 6 сафири нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммадзоҳир Ағбар, Ҷумҳурии Фаронса Мишел Тарран, Давлати Фаластин Луай  Исса, Ҷумҳурии Италия Агостино Пинна, Маҷористон Михай Матяш Галошфай ва Ҷумҳурии Хорватия Рефик Шабанович, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади пуршарафу ҳамзамон сермасъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон чун субъекти мустақил ва баробарҳуқуқи низоми навини робитаҳои байналмилалӣ имрӯз бо як саду ҳафтоду ҳашт кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатиро ба роҳ монда, муносибатҳояшро бо онҳо дар сиғаи дуҷониба ва чорчӯбаи созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ  фаъолона пеш мебарад.

Президенти мамлакат оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Фаронса, Давлати Фаластин, Ҷумҳурии Италия, Маҷористон ва Ҷумҳурии Хорватия, андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулодда ва мухтори навтаъйиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки давлатҳо ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон равона месозанд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи сайёра андешаронӣ карда, изҳор доштанд, ки дар пасманзари оқибатҳои манфии ҳамагирии КОВИД-19 ҷомеаи ҷаҳонӣ айни замон ба хатару таҳдидҳои бесобиқа дучор гаштааст. Таъкид гардид, ки дар чунин вазъияти ҳассос ҳамраъйиву дастгирии якдигар ва ҳамкории самараноки байналмилалӣ, омили калидии музаффарият дар мубориза бо чолишҳои имрӯза мебошад.

Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид карданд.

 


Вакти нашр: 2021-02-18 13:10:09    Хонданд: 93    Муфассал...

САРБОЗИ ВАТАН БУДАН ИФТИХОРИ ҶАВОНМАРДИСТ!

Имрӯз, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи корӣ ва супориши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Сарбози Ватан будан ифтихори ҷавонмардист” дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавии сиёсӣ баргузор гардид.

Бояд қайд кард, ки дар чорабинӣ муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Муродов Ҷ.Қ., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф., Сардори Донишкадаи ҳарбии ВМҶТ полковник Азиззода Ҳ.Ҷ., афсарону курсантон ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Сино иштирок намуданд.

Нахуст чорабинӣ бо садо донади Суруди миллӣ ифтитоҳ гардид. Сипас, маърӯзачиён доир ба шуҷоату матонат ва мардонагии афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ дар сафҳои Артиши миллӣ баромад намуданд.

Дар фарҷом, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба як чанд нафар афсарону курсантони фаъол барои хизматҳои содиқонаву софдилона Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ваъзияти тантанавӣ супорида шуд.

Инчунин, ба як қатор курсантон маводҳои гигиенӣ ва ба китобхонаи Донишкадаи ҳарбӣ китобҳои бадеӣ ва илмӣ супорида шуд.

 

 


Вакти нашр: 2021-02-18 13:24:12    Хонданд: 97    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас мулоқот намуданд

18 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Засро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат Президенти мамлакат ба самтҳои афзалиятноки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, Нақшаи мувофиқашудаи амалиётро барои давраи оянда тасдиқ карданд.

Дар ин зимн корҳои анҷомдодаи Котибот дар самти омодасозии нақшаи мазкур ва хулосаи афзалиятҳои раисии Тоҷикистон бо ташаббусҳои сарони давлатҳои аъзои Созмон, ки дар иҷлосияи декабрии Шӯрои Амнияти Дастаҷамъии соли гузашта садо дода буданд, таъкид карда шуд.

Дар идомаи сӯҳбат ҷонибҳо вазифаҳои имрӯзаи Созмон ва баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти таҳкими ҳамкориҳоро дар доираи СААД барои муборизаи судманд бо тамоюлҳои паҳншавии ғояҳои радикалии харобиовар дар минтақаи масъулияти Созмон, инчунин мубориза бо киберҷиноятҳо ва дигар амалҳои ғайриқонунии истифодаи технологияи иттилоотӣ —  коммуникатсиониро махсус қайд карданд.

Дар ин баробар муҳимияти пурзӯр намудани корҳо ҷиҳати татбиқи Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ “Дар бораи рӯйхати тадбирҳои иловагӣ оид ба паст кардани ташаннуҷ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон” барои таҳияи масъалаи қабули Рӯйхати ягонаи ташкилотҳое, ки дар сиғаи СААД террористӣ шинохта шудааст, таъкид гардид.

Ҳангоми баррасии масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба мураккабшавии вазъи Афғонистон, инчунин ба тамоюли афзоиши таҳдидҳои глобалии терроризм, экстремизм, шаклҳои гуногуни радикализм ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардид.

Дар ин робита, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими нерӯи СААД-ро барои муборизаи самаранок бар зидди хатарҳо ва таҳдидҳои амниятӣ зарур шумурданд.


Вакти нашр: 2021-02-18 14:41:26    Хонданд: 84    Муфассал...

 Дидорбинии ҷавонони синни даъватӣ аз қисмҳои ҳарбии ҳудуди пойтахт

Санаи 17-18 феврали соли равон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшиба ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидорбинии ҷавонон аз қисмҳои ҳарбии ҳудуди пойтахт, аз ҷумла қисми ҳарбии 0122 ва 0123-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор намуд.

Бояд ќайд кард, ки дар чорабинии мазкур ҷавонони синни даъватӣ аз қисмҳои ҳарбӣ, осорхона, хобгоҳ, ошхонаву китобхона ва толорҳои варзишии Қушунҳои сарҳадӣ дидан намуданд.

Чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ мусоидат намуда, барои содиқонаву софдилона хизмат намудани ҷавонон ба Ватан – Модар нақши калидӣ мегузорад.


Вакти нашр: 2021-02-18 17:41:26    Хонданд: 115    Муфассал...

САРБОЗИ ВАТАН БУДАН ИФТИХОРИ ҶАВОНМАРДИСТ!

Санаи 18 феврали соли равон Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Сарбози Ватан будан ифтихори ҷавонмардист” дар қисми ҳарбии 0123-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор намуданд.

Бояд ќайд кард, ки дар чорабинии мазкур муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе- Мирзозода Иброҳим, Қобилзода Далер- вакилои Маљлиси вакилони халќи шањри Душанбе, масъулини сохторњои њизбии пойтахт, Шўрои собиќадорони ЊХДТ ва аъзоёни ТЉЉ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.  

Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён аз қисми ҳарбӣ ва осорхонаи Қушунҳои сарҳадӣ дидан намуд, сипас муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам  Абдуҷаббор Абдуҳаҳҳор ҳамаи сарбозону афсарони шуҷои Ватанро шодбош намуда, аз суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд: “Мо на танҳо дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳамеша хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, пос медорем ва номи неку корномаҳои ватандӯстонаи онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунем”.

Дар доираи дидор ба сарбозону афсарони қисми низомии 0123-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастархони идона ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ҳамзамон, давоми рӯз муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам  Абдуҷаббор Абдуҳаҳҳор аз бошанбагони Госпитали ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, ба сарбозон туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Инчунин ба 25 нафар оилаҳои родмардон, ки дар хизмати Ватан-модар ҷони худро фидо намудаанд, кумакҳои моддӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, тухм, макарон, картошка ва пиёз расонида шуд.


Вакти нашр: 2021-02-18 18:32:30    Хонданд: 133    Муфассал...

ВАТАН! ОРОМИАТ ОРОМИИ МОСТ

Бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Обидов Фозил, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҳомидзода Насим ДАР Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа бахшида ба солгарди 28-уми фаъолияти содиқонаву муваффақи Артиши миллӣ ҷамъомади тантанави доир гардид.

Нахуст вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Обидов Фозил ҳайъати шахсии литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаро ба муносибати 28 соли фаъолияти пурсамари Артиши миллӣ таҳният намуда, аз ҷониби Фраксияи ҲХДТ дар парлумони кишвар ба устодону тарбиятгирандагони Литсейи ҳарбӣ як миқдор китобҳои арзишманд ва адабиёти тозанашр туҳфа намуд.

Сипас Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор оид ба тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти кишвар суханронӣ намуда, номаи табрикотии Раёсати Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳияро ба ифтихори ҷашни таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба роҳбари Литсейи ҳарбӣ ва ҳайъати шахси тақдим намуданд.

Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҳомидзода Насим зимни суханронии худ афзуд, ки дар даврони Истиқлолияти комили Ватан Артиши Миллӣ марзу буми ватанро ҳимоя намуда, ҷавонони шуҷои меҳанпараст дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ нақши созгор доранд.

Дар интиҳо аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ба фаъолони ҳайъати шахсии Литсейи ҳарбӣ ва курсантону тарбиятгирандагон туҳфаҳо ва Ифтихорномаву Сипосномаҳо тақдим гардид.


Вакти нашр: 2021-02-19 08:01:47    Хонданд: 89    Муфассал...

Шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Chronicle» ба муносибати 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба забони англисӣ ба нашр расид

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон дар ҳамкорӣ бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ/ЭКО) шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Chronicle» (Ахбори ЭКО)-ро  ба муносибати 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони англисӣ ба нашр расонд.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Паёми вижаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ», ки дар он тавсияҳои созанда доир ба татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои СҲИ ироа гардидаанд, ба маҷаллаи мазкур ҳусни оғоз бахшидааст. Дар паём, аз ҷумла омадааст: «Вазифаи умумии мост, ки дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ василаву заминаҳои ҳамкории самарабахши ҷавобгӯ ба манфиату ормонҳои мардумонамонро пайдо намуда, татбиқи онҳоро таъмин гардонем.

Мо чунин меҳисобем, ки нақши муттаҳидсозу созандаи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ бояд аз тариқи такмилу навсозии рӯзномаи он боло бурда шавад. Созмони таҷдидёфтаи мо бояд тавоно, дорои боздеҳи амалӣ ва қобилияти вокуниши фаврию муносиб ба ҳаводису равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар минтақаи фаъолияти худ бошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба усулҳо ва ҳадафҳои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ содиқ буд ва хоҳад монд ва омода аст сатҳу сифати ширкати худро дар чаҳорчӯби фаъолияти он баландтару хубтар намояд».

Мақолаи баъдии маҷалла ба маросими савгандёдкунии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 30 октябри соли 2020 бахшида шуда, нутқи Пешвои миллат дар ин маросимро маҷалла ба унвони барномаи дастовардҳои ҷадиди Тоҷикистон дар ҳафт соли оянда арзёбӣ намудааст.

Дар мақолаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин таҳти унвони «Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ: чолишҳо ва имкониятҳо» нақши СҲИ дар тақвияти ҳамкории минтақавӣ, вазифаҳои ин созмон дар пешбурди ҳамгироии минтақавӣ ва эҷоди абзорҳои дастаҷамъӣ ҷиҳати муқобила бо таҳдиду хатарҳои ҳамагир, мисли Ковид-19 мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Дар саҳифаҳои алоҳидаи маҷалла ҳамчунин натиҷаҳои мулоқотҳои Дабири кулли СҲИ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири корҳои хориҷӣ ва Вазири рушди иқтисод ва савдо дар соли сипаришуда дар Тоҷикистон инъикоси худро ёфтаанд.

Қисмати бештари маҷалла ба тарғиби дастовардҳои азими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 30 соли Истиқлол, ки таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати дурнигаронаи Пешвои миллат ба даст омадаанд, бахшида шудааст. Дар ин росто, мақолаҳое, ки таҳти унвонҳои “Иқтисодиёти Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо СҲИ”, “Наврӯз дар Тоҷикистон”, “Душанбе — шаҳри дӯстӣ ва сулҳ”, “Дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ва дурнамои рушди он”, “Рушди бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон”, “Саноатикунонии босуръат дар Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи чаҳоруми миллӣ”, “Омори калидӣ ва нишондиҳандаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар маҷалла ба нашр расидаанд, дар маҷмӯъ баёнгари таҳаввулоти азими иқтисодиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастанд.

Мақолаҳое, ки таҳти унвони “Мизбонии Душанбе аз вохӯрии 14-уми роҳбарони мақомоти роҳи оҳани СҲИ” ва “Вохӯрии сеюми вазирони сайёҳии СҲИ дар Тоҷикистон” нашр шудаанд, ҳадафи инъикоси нақши Тоҷикистон дар фаъолиятҳои ин созмони минтақавиро пайгирӣ мекунанд. Дар фарҷоми маҷалла мусоҳибаи Сафир, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СҲИ Низомиддин Зоҳидӣ роҷеъ ба таърих ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони мазкур ҳамчун падидаи даврони Истиқлоли кишвари тоҷикон оварда шудааст.

Маҷалла бо аксҳои таҷассумкунандаи зебоиҳои Тоҷикистон ороиш ёфтааст.

АКС аз ВКХ ҶТ


Вакти нашр: 2021-02-19 10:23:52    Хонданд: 104    Муфассал...

ҲАМОИШ ТАҲТИ УНВОНИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ПОЯГУЗОРИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бахшида ба 28 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистгон дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоиш таҳти унвони “Пешвои миллат-поягузори Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид.

Дар Ҳамоиш таҳти унвони “Пешвои миллат-поягузори Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ-Сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия, Аҳмадзода Оятулло Изатулло-Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, Изатуллои Ҳабибзод-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Муродов Ҷурабек Қурбоналиевич-Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Қуватзода Сайъало-аъзои Шӯрои Марказии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, баъзе аъзои Шӯрои Марказӣ ва роҳбарони намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар ҳамоиши мазкур нотиқон нахуст ҳамаи афсарон ва курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилиро ба муносибати 28 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ самимона табрику шодбод гуфтанд.

Бо қаноатмандӣ ва сарафрозии зиёд аз саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Артиши миллӣ ёдовар шуда, зикр доштанд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ дар заминаи хушку холӣ аз сифр бунёд гардид. Бо гузашти солҳо бо сиёсати хирадмандонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз Артиши миллӣ ба нерӯи тавоно табдил ёфтааст.

Дар идома гуфта шуд, ки вазъи ноустувори сиёсии ҷомеаи ҷаҳон моро водор месозад, ки беш аз ҳарвақта дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ дар муттаҳиди кӯшиш намоем. Дар самти нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо заҳматҳои шабонарӯзии кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ муассир арзёбӣ гардид. Саҳми Академияи вазорати корҳои дохилӣ дар омода намудани кадрҳои болаёқати соҳа хело назаррас аст, гуфта шуд дар ҳамоиши мазкур.

Иброз гардид, ки сол ба сол дар қисмҳои низомӣ шароитҳо беҳтар гардида, ҷавонон бо амри дил ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ сафарбар мешаванд.


Вакти нашр: 2021-02-19 10:36:38    Хонданд: 124    Муфассал...

АЁДАТИ САРБОЗОНИ БЕМОР

Санаи 19 феврал бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақшаи корӣ бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Сарбози Ватан будан ифтихори ҷавонмардист” аёдати сарбозони бемори Шифохонаи марказии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бояд қайд кард, ки дар аёдати сарбозон Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода И.Х., аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зувайдуллозода М.Ҳ., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф. ва сардори Шифохонаи марказии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники хизмати тиббӣ Миров Д. иштирок намуданд.

Нахуст иштирокчиён аз шароити кории табибони Шифохона ва озмоишгоҳҳои тиббии ин қисми низомӣ дидан намуданд.

Сипас, сарбозони беморро аёдат намуда, бо ташаббуси вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зувайдуллозода М.Ҳ. ба беморон маводҳои гигиенӣ расонида шуд.

Бояд зикр намуд, ки дар қисмати сиёсии чорабинӣ, ки дар толори Шифохона баргузор гардид, маърӯзачиён доир ба шуҷоату матонат ва мардонагии афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ баромад намуданд.

Дар фарҷоми қисмати сиёсӣ, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба роҳбарияти Шифохонаи марказии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои содиқонаву софдилона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва ба китобхонаи Шифохона китобҳои бадеӣ ва илмӣ супорида шуд.


Вакти нашр: 2021-02-19 11:21:31    Хонданд: 130    Муфассал...

ҲАМОВОЗӢ БА МУРОҶИАТНОМАИ МУҲТАРАМ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар партави Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оиди ба “Шаҳри сабз” табдил додани шаҳри Душанбе, Аксияи ҷумҳуриявии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард”, дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 18 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №35 Кучарзода Ҳ.А. дар ҳудуди ҳавзаи интихобоатиаш аз 50 бех ниҳолони ҳамешасабзу сояафкан бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шинонида шуд.

Мақсад аз шинонидани дарахтони ҳамешасабз пеш аз ҳама дастгирӣ аз иқдоми навбатии муҳтарам Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оид ба "Шаҳри сабз" табдил додани Пойтахти азизамон шаҳри Душанбе мебошад.


Вакти нашр: 2021-02-19 11:31:09    Хонданд: 116    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов мулоқот намуданд

18 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комиловро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои маҷмуи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва роҳҳои тавсеаи минбаъдаи онҳоро баррасӣ карданд.

Дар ин зимн, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти афзалиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар сиёсати хориҷии давлати мо махсус таъкид карданд.

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов 18.02.2021

Ҷонибҳо аз рушди мусбати муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сиғаи шарикии стратегӣ изҳори қаноатмандӣ карда, итминони худро ҷиҳати идомаи мантиқии ин раванд дар оянда низ иброз намуданд.

Дар ин зимн муҳиммияти нигоҳ доштани тамосҳои доимии сатҳи олӣ ва баланд, ки дар пешбурди пайвастаи муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон нақши калидӣ доранд, таъкид гардид.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро барои анҷом додани сафари корӣ ба Тошканд ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: Иртиботи мутақобилаи минтақавӣ. Чолишҳо ва имкониятҳо» расонид.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо инчунин масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро муҳокима карда, таъмини амнияти минтақавиро ҳамчун шарти асосии суботи иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуданд.

Дар хотима Пешвои миллат ба роҳбарияти Ӯзбекистони ҳамсоя дар корҳояшон муваффақият ва ба мардуми бародари ӯзбек сулҳ, субот ва шукуфоии минбаъдаро орзу карданд.


Вакти нашр: 2021-02-19 11:37:02    Хонданд: 90    Муфассал...

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН-ТАКЯГОҲИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

Бахшида ба 28-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 0122 чорабинии тантанавӣ-сисёсӣ бо иштироки Обидов Фозил - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Парлумони кишвар, Мирзозода Иброҳим-Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Гулаҳмадзода Зулфиқор-Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур багузор гардид.

Нахуст меҳмонон аз як рӯзи ҳаёти сарбозон ошно гардида, аз ошхона, сехи дӯзандагӣ, китобхона, осорхона ва Кохи вафои қисмӣ низомӣ боздид намуданд. Мавриди зикр аст, Кохи вафо, китобхона ва осорхонаи қисми низомии 0122 бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ва ба истифода дода шуд, ки дар он беш аз ду ҳазор адабиёти илмию бадеии тозанашр дар ихтиёри афсарону сарбозон мебошад. Дар осорхонаи мазкур аксҳо ва маълумоти абармардони таърихии миллат аз аҳди бостон: Куруши Кабир, Бадри Тархон, Яъқуб ибни Лайс, Султон Алоуддини Ғурӣ, Фотимаи Хуросонӣ ва дигарон, ки бо ҷасорату фидокорӣ ва шуҷоатмандӣ дар бунёди давлатдории тоҷикон дар масири таърих барои ҳамеша ва мондагор номашон боқӣ мондааст, гирд оварда шудаанд.

Дар қисми дигари осорхона роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маводҳои арзишманд тимсоли асарҳои Президенти кишвар, фаъолияти кории Пешвои миллат дар сангари ватансозӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи иттиҳоди Шуравӣ гирдоварӣ шудаанд, ки бинандаро ба олами андеша ва ҷаҳони маънавию таърихии миллат мебарад.


Вакти нашр: 2021-02-19 15:06:37    Хонданд: 115    Муфассал...

"ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ПОЯГУЗОРИ АРТИШИ МИЛЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Бахшида ба 28-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 02615г таҳти унвони “Пешвои миллат-поягузори Артиши милии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамоиши сисёсӣ, маърифатӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ бо иштироки Муродов Ҷурабек-муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Ҷурахонзода Ҷумахон-муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ҳомидзода Насимҷон-Роҳбари Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе, Турахонова Ҳалқамоҳ-муовини Раиси Кумитаи ибтидоии “Пайванд”, Қобилзода Далер ва Исмоилова Шаҳноза-вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе., ҷавонони синни даъватӣ ва фаъолони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ташкил ва баргузор карда шуд.
Нахуст чорабинӣ аз дидорбинии ҷавонони синни даъватӣ аз қисми низомӣ шурӯъ шуда, сипас чорабиниҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои “шашка” ва “дастхобонӣ” миёни ҷавонон ва афсарон ташкил ва баргузор карда шуд.
Сипас дар толори калони қисми низомӣ ҳайати афсарону сарбозон ҷамъ омада, бо садо додани Суруди миллӣ қисми асосии чорабинӣ оғоз карда шуд. Аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ, масъулини ҲХДТ бо суханони табрикотӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро шодбош намуда, зикр намуданд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ барои ҳар миллату давлатеро лозим аст, ки аз шахсиятҳои маъруфи миллаташон таҷрибаи давлатдориро биомӯзанд ва барои ҳифзи арзишҳои неки аждодонашон кӯшиш намоянд. Таҷрибаи сулҳофарини муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мактаби сиёсиашон барои ҳамаи кишварҳои ҷангзада як дастурамали нодир хоҳад буд. Мо бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фахр мекунем ва барои дар амал татбиқ шудани ҳадафҳои созандаашон ҳамеша дар атрофи он кас муттаҳид хоҳем шуд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз қодиранд манфиятҳои давлати соҳибистиқлоламонро
сарбаландона ҳимоя намоянд.
Ба ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ифтихорнома ва туҳфаҳо аз ҷониби масъулин дар фазои тантанавӣ супорида шуд. Баҳри болидахотирии сарбозон саҳначаҳои ҳаҷвӣ таҳти унвони “Сарбози содиқ” ва “Интизорӣ” аз ҷониби ҳунармандони Муассисаи давлатии “Татри намунавии минётура”-и назди Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе иҷро гардида, ҳунармандони ҷавон низ бо сурудҳои ҷазоб ба дили онҳо сурур бахшиданд.


Вакти нашр: 2021-02-19 16:25:17    Хонданд: 138    Муфассал...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовинони Сарвазир, ёрдамчиёни Президент ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ машварати корӣ доир намуданд

19 феврал дар бинои Ҳукумати мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президент ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ машварати корӣ доир карданд.

Дар кори машварат масъалаҳо вобаста ба маъракаи кишту кори баҳорӣ, вусъат додани ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ, омодагӣ ба санаи муҳими таърихӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе хароҷоти зиёдатӣ ва бо риояи сарфаю сариштакорӣ таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, баррасӣ гардида, ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳамаи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини зиндагии сазовори мардум, рушду пешрафти кишвар, истиқболи сазовор аз ҷашнҳои муҳим ба роҳ монда шудааст, аз ин рӯ ба роҳбарони сохторҳои давлатӣ дастур дода шуд, ки оид ба татбиқи саривақтии онҳо чораҳои мушаххас андешанд.


Вакти нашр: 2021-02-19 18:50:03    Хонданд: 140    Муфассал...

Аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳимиёни ҷонфидо

Санаи 19 феврали соли равон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи И.Сомонӣ ва ноҳияи Сино бо саҳми Қобилзода Далер ва Исмоилова Шаҳноза – вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе кумакҳои моддии яквақтаина ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва оилаҳои родмардоне, ки дар хизмати Ватан-модар ҷони худро фидо намудаанд, бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Сарбози Ватан будан ифтихори ҷавонмардист” баргузор намуданд.

Мавриди аёдат ба ҳар як иштирокчии ҶБВ ва ҳомиёне, ки ҷони худро барои сулҳу субот, барқарорсозии сохти конститутсионии давлат сипар намудаанд, кумакҳои моддӣ аз қабили орд, равған, биринҷ, тухм, макарон, картошка, гречка, пиёз ва дигар маҳсулоҳои аввалияи рӯзғор расонида шуд.

Иқдоми мазкур барои расидан ба қадри ҳомиёну ҳимоятгарони давлату миллат, пос доштани марзу буми кишвар ва бо ин васила баланд бардоштани ҳусси ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии ҷавонон мусоидат мекунад.


Вакти нашр: 2021-02-20 08:33:56    Хонданд: 128    Муфассал...

Адолати иҷтимоӣ масъалаи меҳварӣ дар Паёми Пешвои миллат

20-уми феврал-Рӯзи байналмилалии адолати иҷтимоӣ

Адолати иҷтимоӣ ин принсипи иҷтимоию  сиёсӣ ва ахлоқию ҳуқуқӣ, ки мувофиқати байни мақоми амалии гурӯҳи иҷтимоӣ дар ҳаёти ҷамъият ва вазъияти иҷтимоии онҳо, ҳуқуқу вазифаҳо, рафтору подош, меҳнату мукофот, ҷинояту ҷазоро ифода мекунад, мебошад. Баъзан коршиносон ба он назаранд, ки адолати иҷтимоӣ ин тақозои этникист. Аммо бояд гуфт, ки  адолати иҷтимоӣ  на танҳо тақозои этикист, балки асоси устувории миллӣ ва рушду осоиштагии мардуми ҷаҳон аз он вобастагии амиқу устувор дорад. Имкониятҳои баробар, ҳамраъйӣ, эҳтироми ҳаёти шахсӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон андозаҳоест, ки барои рушду осоиштагии ҳар миллату давлат хеле муҳим арзёбӣ мешаванд, ки ин ҳама низ ба адолати иҷтимоӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Ин ва дигар паҳлуҳои адолати иҷтимоиро ба инобат гирифта ҳамасола, рӯзи 20-уми феврал, шуруъ аз соли 2009 инҷониб рӯзи байналмилалии адолати иҷтимоӣ  дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

  • ба ин рӯз давлатҳои аъзои СММ бо тариқи ташкили якчанд чорабиниҳо баҳри устуворгардонии адолати иҷтимоӣ мусоидат мекунанд, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ҳарчи бештар ба масоили адолати иҷимоӣ ва амалигардонии он дар тамоми олам ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намоянд. Ташкилкунандагони ин чорабинӣ бар ин назаранд, ки “Ин рӯз бояд баҳри решакан кардани камбизоатӣ миёни аҳолии ҷаҳон, таъмини мардум бо ҷойи кори доимӣ, баробарҳуқуқии марду зан ва ҳамчунин, бомуваффақият амалӣ кардани адолати иҷтимоӣ баҳри ҳамагон мусоидат намояд”.

Яке аз мақсадҳое, ки ба ин самт равона гардидааст, ин «Эъломия дар бораи адолати иҷтимоӣ дар самти ҷаҳонишавии одилона» ба шумор меравад. Дар ин эъломия бештар барои расидан ба адолати иҷтимоӣ дар самти таъмини доимии аҳолӣ ба шуғли доимӣ ва доштани ҳуқуқҳои баробар дар самти фаъолияти корӣ такя карда шудааст.

Тоҷикистон низ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри таъмини баробарҳуқуқӣ, соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли он дар амалисозии адолати иҷтимоӣ ва таъмини он ҳамвора кӯшишҳо ба харҷ медиҳад. Яке аз самтҳое, ки баҳри амалисозии адолати иҷтимоӣ дар кишвар ба роҳ монда шудааст, ин таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ ва фароҳам овардани шароити хуби корӣ мебошад, ки сатҳи камбизоатиро коҳиш медиҳад.

Мусаллам аст, ки дар ҳар як Паём ба руди низоми ҳуқуқӣ, такими арзишҳои демократию фарҳангӣ, ҳуқуқии аҳолӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқӣ, ки омили муҳими кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи адолатпарвар ва таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ мебошанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Дар сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон танзими муносибатҳои меҳнатӣ, рушди бозори меҳнат ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ мавқеи асосӣ дорад.

Аз ҷумла, дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» омадааст, ки “Соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ ба истифода дода шуданд”. Ин яке аз самтҳои адолати иҷтимоӣ  ба ҳисоб меравад, ки дар ин самт Ҳукумати кишвари мо ҳар сол  чораҳои зарурӣ меандешанд.

Самти дигарӣ адолати иҷтимоӣ ин баробарҳуқуқии марду зан мебошад, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад.  Пешвои миллат дар яке аз баромадҳои худ нисбат ба ин қишри ҷомеа  чунин гуфта буданд:  "Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба зан-модар - сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад".  Ҳамин муҳимияти нақши зан-модарро дар ҷомеа ба инобат гирифта Пешвои миллат дар ҳар як Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кору фаъолият ва таҳсил фаро гирифтани ин қишри ҷомеа диққати хосса медиҳанд. Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. “Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд”, омадааст дар Паёми навбатии Пешвои миллат, ки далели гуфтаҳои болост. Яъне дар кишвари биҳиштосои мо зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба адолати иҷтимоӣ диққати махсус зоҳир гардида, дар ин самт корҳои зиёде ба сомон расидаанд, ки камеашро мо дар ин мақола бо далелҳо ҷой додем. Боқи ҳифзи ҳуқуқҳо ва зиндагии шоистаи ҳар як инсон дар дасти худаш аст. Бикушед то адолати иҷтимоии худ ва дигаронро ҳифз карда бошед.

 

Њангома ДАВЛАТЗОДА


Вакти нашр: 2021-02-20 11:54:26    Хонданд: 111    Муфассал...

ИҚДОМИ ШАҲРИ САБЗ ПАЙРОҲАИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРИСТ

Имрӯз бобати сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба «Шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Мирзо Мастонгули ноҳияи Шоҳмансур аксияи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

Дар баргузории аксияи мазкур Раиси ноҳияи Шоҳмансур Билол Иброҳим, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур, фаъолони ноҳия, ҷавонону аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд. Дар аксияи мазкур бо ташаббуси вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур Ашрапова Сайёра беш аз 200 адад ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд. Инчунин, дар дигар кӯчаву хиёбонҳои ноҳия имрӯз дар маҷмуъ беш аз ҳазор адад иниҳолҳои ҳамешасабзи ороишӣ ва сояафкан шинонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи ибтикороти наҷиби раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба “Шаҳри сабз” табдил додани пойтахт дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур дар маҷмуъ беш аз 70 ҳазор ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан ва ҳамешасабз шинонида шуд.

 


Вакти нашр: 2021-02-20 12:27:11    Хонданд: 81    Муфассал...

ЧОРАБИНИҲОИ ФАРҲАНГӢ-ВАТАНПАРАСТӢТАҲТИ УНВОНИ “ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН-ТАКЯГОҲИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН”

Дар толори фарҳангии “Кохи вафо” бо доираи васеи афсарону сарбозони шуҷои Ватан ва ҷавонони фаъоли узви ТҶҶ “Созандагони Ватан” мулоқоти судманд доир гардида, Мирзозода Иброҳим-Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, афзуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ватан дар фарози беш аз чоряк аср марзи Тоҷикистони маҳбубро ҳимоя намуда, ба халқу Ватан ва Президенти кишвар содиқона хизмат намуда истодаанд. Артиши миллии Тоҷикистон чун ҷавони тануманди 28-сола пурра имрӯз амнияти давлат ва суботу оромии ин сарзамини аҷдодиро шуҷоатмандона таъмин менамояд.

Сипас Обидов Фозил - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ афзуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мо ҳимоятгари воқеии Истиқлолияти Ватан, амнияти кишвар ва сулҳу субботи мамлакат мебошад. Дар роҳи ватандорӣ адои ин вазифаи муқаддас, яъне хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби обу тоби ахлоқиву ҷисмонӣ ва ифтихори мардонагист.

Ҳамзамон, аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур, Фраксияи ҲХДТ дар парлумони кишвар ба қисми низомӣ зиёда аз 200 адад китоб, 300 адад антисептик, зиёда аз 1000 адад ниқобҳои муҳофизатӣ, лавозимоти варзишӣ ба афсарону сарбозон тақдим гардид.

Дар лаҳзаи тантанавӣ ба ғолибони мусобиқаҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, фаъолони қисмҳои низомӣ бо ифтихорномаву сипонсномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо пешниҳоди суруду таронаҳои ватандӯстона, рақс ва саҳнаҳои ҳаҷвӣ афсарону сарбозонро болидахотир намуд.

Бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе – Ашуров Лоиқҷон Бегиҷонович барои сарбозон дастархони идона ороста шуд.


Вакти нашр: 2021-02-20 12:40:53    Хонданд: 68    Муфассал...

 "ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ПОЯГУЗОРИ АРТИШИ МИЛЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

 Санаи 20 феврали соли равон Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Пешвои миллат-поягузори Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор намуданд.

Бояд ќайд кард, ки дар чорабинии мазкур муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Латифзода Асрор Қурбон, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе- Мирзозода Иброҳим, масъулини сохторњои њизбии пойтахт, Шўрои собиќадорони ЊХДТ ва аъзоёни ТЉЉ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.  

Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён аз иншоотҳои Гвардия, аз қабили осорхона, толору майдончаҳои варзишӣ, ошхона ва ҷойи хоби сарбозон ва ҷойҳои истироҳативу фароғатӣ дидан намуда, сипас муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам  Асрор Қурбон ҳамаи сарбозону афсарони шуҷои Ватанро шодбош намуда, аз суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос овард: “Мо на танҳо дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳамеша хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, пос медорем ва номи неку корномаҳои ватандӯстонаи онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунем”.

Дар доираи чорабинӣ ба сарбозону афсарони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастархони идона ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Чорабинии мазкур бо рақсу бозии сарбозону афсаврон ва меҳмонон хотима гардид.

Возможно, это изображение (4 человека и люди стоят)


Вакти нашр: 2021-02-20 14:17:47    Хонданд: 126    Муфассал...

«БА ВАТАН СОДИҚАМ!». Таҳти ин унвон дар Душанбе бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ аксияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад

 Тайи ду рӯз — 22  ва  23 феврали соли  равон бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси   Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»  таҳти унвони «Ба Ватан содиқам» аксия гузаронида мешавад.

Тавре  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, муовини якуми Раиси  Ташкилоти ҷамъиятии  ҷавонон «Созандагони Ватан» Изатуллои Ҳабибзод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод дар аксия муроҷиатнома ба шаҳрвандони мамлакат,  ба хусус ҷавонон ирсол  карда мешавад, ки дар он чунин омадааст:

ДӮСТИ ҶАВОН, соли равон 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар фазои орому осудаи Ватан ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихор аз давлатдории мустақили миллӣ таҷлил мегардад. Табиист, ки дар ибтидои солҳои Истиқлолияти давлатӣ мушкилоти зиёд мавҷуд буданд.  Бо вуҷуди ин,  бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯтоҳтарин муҳлат бо дастгириву пуштибонии мардуми шарифи Тоҷикистон сохти конститутсионӣ ва фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ барқарор шуда, амалан дар ҷои холӣ Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода шуданд.

Инак бо гузашти 28 сол  бо  ифтихор гуфта метавонем, ки дар натиҷаи пуштибонии ҳамаҷонибаи  мардуми сарбаландамон, бахусус ҷонбозиву фидокориҳои афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва парокандашавии миллат рафъ шуда, ҳоло мо барои пойдору устувор гардонидани аркону пояҳои давлати миллиамон дастаҷамъона азму талош  менамоем.

Итминони комил дорем, ки шумо баҳри ҳифзи Ватан, пойдории Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ саҳми худро беш аз ҳар вақта мегузоред.  Хизмат дар сафи Артиши миллӣ бароям шараф аст, зеро ман ба Ватан содиқам.


Вакти нашр: 2021-02-22 09:11:44    Хонданд: 94    Муфассал...

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоиза, мукофот ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
3. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, барои ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, аспирантону докторантон ва дигар қишрҳои ҷомеа, ки ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин ихтироъкориву навоварӣ шавқу рағбат доранд, чораҷӯӣ карда, ғолибонро бо ҷоиза ва омӯзгорони онҳоро бо мукофоти моддӣ ва маънавӣ қадрдонӣ намоянд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2021 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ кардани чорабинии мазкур 2 345 000 (ду миллиону сесаду чилу панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдода ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
11 феврали соли 2021
№АП-44

 

 

Замимаи 1
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 феврали соли 2021,
№АП-44

Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии
«Илм-фурӯғи маърифат»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» (минбаъд — озмун) таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҳамасола баргузор карда мешавад.

2. Озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.

3. Озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия гузаронида мешавад:

— математика (арифметика, алгебра, геометрия);

— физика ва астрономия;

— химия;

— биология (ботаника, зоология, анатомия);

— география;

— технологияи иттилоотӣ;

— ихтироъкорӣ ва навоварӣ.

2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН

4. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

5. Масъулони баргузории озмун Академияи миллии илмҳо, Вазорати маориф ва илм, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати кишоварзӣ ва Саридораи геология мебошанд.

6. Кумитаи телевизион ва радио, АМИТ «Ховар», нашрияҳои давлатӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила дар тарғиб, ҷалб ва ҷараёни баргузории озмун иштирок мекунанд.

7. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул буда, ғолибон, омӯзгорон ва волидайни онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд мегардонанд.

8. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ раёсат, шуъба ва бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ роҳбарони онҳо масъули ташкил ва баргузории озмун мебошанд.

3. КОМИССИЯИ ОЗМУН

9. Барои гузаронидани озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» комиссия таъсис дода мешавад.

10. Ваколати комиссияи озмун:

— таҳияи ҷадвали баргузории озмун ва назорати он;

— тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба озмун;

— пешниҳоди ҳайати ҳакамон барои даврҳои сеюм ва чоруми озмун;

— гузаронидани семинари машваратӣ барои ҳайати ҳакамон;

— назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони озмун;

— омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокчиёни озмун ба даври ниҳоӣ;

— баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикояти довталабон ва иштирокчиён;

-тасдиқ ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони озмун.

4. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН

11. Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи апрел то нимаи дуюми моҳи ноябр ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:

— даври якум — моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо;

— даври дуюм — моҳи май дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);

— даври сеюм — нимаи дуюми моҳи сентябр дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе;

— даври чорум — даври ҷумҳуриявӣ барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм то 25-уми ноябр дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои таълимии сохтори Вазорати маориф ва илм баргузор мегардад.

12. Протоколи ҳайати ҳакамон ба комиссияи ҷумҳуриявӣ ба даври чорум бо имзои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва раиси ҳакамон пешниҳод мешавад.

13. Ҷойи баргузории даврҳои озмун дар маркази шаҳру ноҳияҳо, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз тарафи роҳбарони онҳо муайян карда мешавад.

14. Масъулияти баргузории даври якум, дуюм ва сеюм ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ вогузор карда мешавад.

15. Ҷараёни баргузории даврҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми озмун тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос ва пахш мегарданд.

16. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм барои иштирок дар даври чорум ба комиссияи озмун то 10-уми моҳи ноябр муқаррар карда мешавад.

17. Миёни роҳбари муассисаи таълимӣ, омӯзгор ва довталаб (дар шахси падару модар ва ё сарпарасти вай) метавонад шартнома ҷиҳати омода намудани довталаб ба имзо расонида шавад.

18. Академияи миллии илмҳо, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио масъули раванди гузаронидани маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони даври чоруми озмун мебошанд.

5. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН

19. Дар озмун шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрантҳо, аспирантҳо, докторантҳо, докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантҳои ҳабилитат), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок карда метавонанд.

20. Шартҳои ташкил ва баргузории озмун аз ҷониби комиссияи озмун назорат карда мешавад.

21. Довталаб 10 рӯз пеш аз оғози озмун санадҳои зеринро бо ариза ба комиссияи озмун пешниҳод менамояд:

— тарҷумаи ҳол;

— маълумотнома аз макони зист ё ҷойи таҳсил;

— маълумотнома доир ба ихтисос, патент ва ё шаҳодатномаи муаллифӣ (барои ихтироъкорон ва навоварон).

22. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ суроға ва ҷойи баргузории озмунро барои довталабон тавассути воситаҳои ахбори омма ва масъулон эълон менамоянд.

23. Барандаи Шоҳҷоиза ва шахсоне, ки дар даври чоруми озмун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол менамоянд, то се сол ҳуқуқи ширкат дар озмунро надоранд.

24. Барои иштирок дар даври чоруми озмун ба комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

— маълумоти мухтасар дар бораи довталаб;

— нусхаи патент ва ё шаҳодатномаи муаллифӣ;

— номгӯи дастгоҳ ва таҷҳизоти ихтироъшуда;

— пешниҳодҳои хусусияти навоваридошта;

— протоколи даври сеюми озмун.

6. ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН

25. Донишу истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯйи донишҳои назариявии донистани қонуну қоидаҳо, теоремаву аксиомаҳо, назарияҳо, фаҳмонида додани моҳияти ҳодисаҳои табиат, ҳалли масъалаҳои амалӣ ва корҳои озмоишӣ, инчунин намоиши дастоварди илмӣ ва навовариҳо муайян карда мешавад.

26. Як шахс танҳо дар як номинатсия иштирок карда метавонад.

7. МЕЪЁРҲОИ АРЗЁБИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

27. Вобаста ба номинатсия пешниҳоди супоришҳои озмун дар шакли зерин сурат мегирад:

— дар математика 40% назариявӣ ва 60% амалӣ;

— дар физика ва астрономия 50% назариявӣ ва 50% амалӣ;

— дар химия 40% назариявӣ ва 60% амалӣ;

— дар биология 50% назариявӣ ва 50% амалӣ;

— дар география 50% назариявӣ ва 50% амалӣ;

— дар технологияи информатсионӣ 20% назариявӣ ва 80% амалӣ;

— дар ихтироъкорӣ ва навоварӣ аз рӯйи пешниҳоди ихтироот ва навоварӣ, аз ҷумла дастгоҳу таҷҳизот, техникаву технология, навъу намунаҳои нави зироат, дарахту буттаҳо ва маводи доруворӣ.

28. Бо мақсади баҳогузорӣ намудан ба дониш, маҳорат ва малакаи довталабон аз ҷониби комиссияи озмун ҷадвали 10-хола муқаррар карда шуда, ҳайати ҳакамони озмун ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди довталабон аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳо медиҳанд:

— барои ба пуррагӣ ҷавоб додан ба саволҳои назариявӣ, дуруст пешниҳод намудани қонуну қоидаҳо, назарияҳо, теорема ва аксиомаҳо, моҳияти ҳодисаҳои табиат, дуруст ҳал кардани мисолу масъалаҳо, пурра анҷом додани корҳои озмоишӣ — 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар — 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар – 4 хол, барои ҷавоби миёна — 3 хол, барои ҷавоби заиф — 2 хол гузошта шуда, барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол дода намешавад;

— барои ихтироъкорон 10 хол ба ихтирооте дода мешавад, ки он бо патент (ё шаҳодатномаи муаллифӣ) — и байналмилалии ташкилотҳои эътирофгардида ва ё ҷумҳурӣ ҳифз шудааст, дар истеҳсолот ҷорӣ гардидааст ё имкони ҷорӣ шуданро дорад, самаранокии иқтисодиаш муайян гардида, дар он элементҳои навоварӣ мавҷуд бошад. Баҳои 8 хол ба ихтирооте дода мешавад, ки дар он хусусиятҳои навоварӣ мавҷуд аст, имкони дар истеҳсолот ҷорӣ шуданро дорад, вале бо патент тасдиқи худро наёфтааст. 6 хол барои ихтирооте дода мешавад, ки дар он унсурҳои навоварӣ ҷой доранд, 4 хол барои сохтани конструксияҳои муайян, ки унсурҳои навоварӣ надорад, дода мешавад. Барои намунаҳои дастовардҳои аллакай мавҷуда 2 хол дода мешавад;

— барои ҷавоби пурра додан ба саволҳои назариявӣ, пешниҳоди алгоритми кори барнома ва сохтани барномае, ки масъалаи додашударо пурра ҳал намояд ва пешниҳоди натиҷаҳои саҳеҳ 10 хол дода мешавад. Барои ҷавобҳо ба саволҳои назариявӣ, пешниҳоди алгоритми кори барнома ва сохтани барномае, ки масъалаи додашударо ҳал намояд, — 8 хол, барои ҷавобҳо ба саволҳои назариявӣ, пешниҳоди алгоритми кори барнома ё сохтани барномае, ки масъалаи додашударо ҳал намояд — 6 хол, барои ҷавобҳо ба саволҳои назариявӣ, пешниҳоди алгоритми кори барнома ё сохтани барнома — 4 хол, барои ҷавобҳо танҳо ба саволҳои назариявӣ — 2 хол дода мешавад.

8. ҲАЙАТИ КОМИССИЯ ВА ҲАКАМОНИ ОЗМУН

29. Ҳайати комиссия бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, шумора ва ҳайати ҳакамонро комиссия муайян месозад.

30. Ҳайати ҳакамони озмуни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро раисони ноҳия, шаҳр ва вилоят бо санади дахлдор тасдиқ менамоянд ва онҳо корҳои зеринро иҷро мекунанд:

— тибқи пешниҳоди комиссияи озмун донишу истеъдоди иштирокчиёнро натиҷагирӣ мекунанд;

— холҳоро муқаррар карда, бо овоздиҳии кушода ғолибро муайян менамоянд;

— натиҷаи озмун дар протокол дарҷ гардида, бо имзои аъзои ҳакамон тасдиқ карда мешавад.

31. Ба ҳайати ҳакамони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳоту шаҳрак намояндагони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон, олимону муҳаққиқон ворид мешаванд. Шумораи ҳайати ҳакамон бо раису муовинонаш бояд тоқ бошад.

32. Хулосаи ҳайати ҳакамон дар комиссияи озмун баррасӣ ва тасдиқ карда мешавад.

33. Комиссияи озмун дар ҳолати ҷавобгӯ набудани хулосаи ҳайати ҳакамон ба талаботи Низомномаи мазкур (дар ҳолатҳои истисноӣ ва ё муайян гардидани иштибоҳоти техникӣ) ҳуқуқи бекор кардани онро дорад.

34. Комиссия натиҷаи ниҳоиро ҷамъбаст карда, онро барои маълумот ва шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

9. ТАРТИБИ ПЕШНИҲОД БАРОИ ДАРЁФТИ ШОҲҶОИЗА

35. Барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабе роҳ дода мешавад, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҷойи якумро сазовор гардидааст.

36. Агар барандаи Шоҳҷоиза намоянда аз табақаҳои касбу кори гуногун бошад, бо пешниҳоди комиссияи ҷумҳуриявии озмун бо тартиби муқарраргардида бо мукофоти соҳавӣ сарфароз гардонида мешавад.

10. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН

37. Хароҷоти даврҳои якум, дуюм, сеюм ва хароҷоти вобаста ба сафарбаркунии ғолибон ва омӯзгорони онҳо ба даври чоруми озмун, будубоши онҳо дар маҳалли баргузории озмун аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузории бо қонунгузорӣ манънагардида пардохт карда мешавад.

38. Ғолибони даврҳои якум, дуюм, сеюми озмун ва омӯзгорону волидони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ташкилоту муассисаҳо ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

39. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тартиби додани мукофот ва ҷоизаро дар даврҳои якум, дуюм ва сеюм тасдиқ ва амалӣ менамоянд.

40. Ба ғолибони даври чорум ва барандаи Шоҳҷоиза тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад.

41. Ҷоиза ва мукофоти пулии ғолибони озмун ва омӯзгорони онҳо дар маросими тантанавӣ аз ҷониби намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.

42. Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои озмун ва омӯзгорони онҳо, ҷалби сарпарастон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

­­­43. Иштирокчиёни ҷойҳои 4, 5, 6 даври чоруми озмун бо нишони «Илм ва инноватсия» ва «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳо сарфароз гардонида мешаванд. Шакл, андоза ва тартиби супоридани нишонро Академияи миллии илмҳо таҳия ва тасдиқ менамояд.

44. Падару модароне, ки фарзандони онҳо дар даври чорум ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст меоранд, соҳиби нишони «Маърифатпарвар» ва «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳо мегарданд. Шакл, андоза ва тартиби супоридани нишонро Вазорати маориф ва илм таҳия ва тасдиқ менамояд.

45. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун барандаи Шоҳҷоиза ва сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мегарданд, бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мегарданд.

11. ИМТИЁЗҲО

46. Ғолибони даври чорум (ҷойҳои 1, 2, 3) ва барандаи Шоҳҷоиза, баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ, бе озмун, ба тариқи ройгон, ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар қабул карда мешаванд. Тартиби қабули ғолибони давраи чоруми озмун ва барандаи Шоҳҷоизаро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррарот муайян менамояд.

47. Вазорати маориф ва илм якҷо бо Академияи миллии илмҳо протокол ва санадҳои ғолибони озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупоранд.

 Замимаи 2
 ба амри Президенти
 Ҷумҳурии Тоҷикистон
 аз 11 феврали соли 2021,
 №АП-44

Ҳайати
комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа)- раиси комиссияи озмун;

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон — муовини раиси комиссияи озмун;

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини раиси комиссияи озмун;

Ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ;

Аъзои комиссия:

Муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини якуми Раиси Кумитаи телевизион ва радиои нази Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон;

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Ректори Донишгоҳии техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ;

Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;

Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ;

Директори Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

Директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

Директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

Директори Институти химияи ба номи И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

Директори Институти ботаника, генетика ва физиологияи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

Директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Павловскии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

Декани факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Декани факултети математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Декани факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Декани факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Декани факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ.

 Замимаи 3
 ба амри Президенти
 Ҷумҳурии Тоҷикистон
 аз 11 феврали соли 2021,
№ АП-44

Ҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»

Барои ғолибони даври чоруми озмун ва омӯзгороне, ки шогирдонашон дар ин давраи озмун соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мегарданд, ҷоиза ва мукофоти зерин аз рӯйи 3 гурӯҳ ва ҳафт номинатсия муқаррар карда мешаванд:

  1. Миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ
 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

(бо сомонӣ) Маблағи умумӣ

Номинатсияи математика

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

 Ҳамагӣ

5

115 000

Номинатсияи физика

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

 Ҳамагӣ

5

115 000

Номинатсияи химия

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

 Ҳамагӣ

5

115 000

Номинатсияи биология

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

 Ҳамагӣ

5

115 000

Номинатсияи география

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

 Ҳамагӣ

5

115 000

Номинатсияи технологияи иттилоотӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

 Ҳамагӣ

5

115 000

Номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

 Ҳамагӣ

5

115 000

  1. Дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ
 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

Номинатсияи математика

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

 Ҳамагӣ

5

115 000

Номинатсияи физика

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

 Ҳамагӣ

5

115 000

Номинатсияи химия

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

 Ҳамагӣ

5

115 000

Номинатсияи биология

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

 Ҳамагӣ

5

115 000

Номинатсияи география

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

 Ҳамагӣ

5

115 000

Номинатсияи технологияи компютерӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

 Ҳамагӣ

5

115 000

Номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

 Ҳамагӣ

5

115 000

 

  1. Дар байни ходимони илмӣ, аспирантону докторантон, докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантони ҳабилитат ва унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун

Номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

 Ҳамагӣ

5

115 000
  1. Шоҳҷоиза барои ихтироъкорон ва навоварон
 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

   

70 000

1

  1. 000
  1. Омӯзгорони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ
 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ(бо сомонӣ)

Номинатсияи математика

1

Ҷойи якум

10 000

1

10 000

2

Ҷойи дуюм

10 000

2

20 000

3

Ҷойи сеюм

10 000

2

20 000

 Ҳамагӣ

5

50 000

Номинатсияи физика

1

Ҷойи якум

10 000

1

10 000

2

Ҷойи дуюм

10 000

2

20 000

3

Ҷойи сеюм

10 000

2

20 000

 Ҳамагӣ

5

50 000

Номинатсияи химия

1

Ҷойи якум

10 000

1

10 000

2

Ҷойи дуюм

10 000

2

20 000

3

Ҷойи сеюм

10 000

2

20 000

 Ҳамагӣ

5

50 000

Номинатсияи биология

1

Ҷойи якум

10 000

1

10 000

2

Ҷойи дуюм

10 000

2

20 000

3

Ҷойи сеюм

10 000

2

20 000

 Ҳамагӣ

5

50 000

Номинатсияи география

1

Ҷойи якум

10 000

1

10 000

2

Ҷойи дуюм

10 000

2

20 000

3

Ҷойи сеюм

10 000

2

20 000

 Ҳамагӣ

5

50 000

Номинатсияи технологияи иттилоотӣ

1

Ҷойи якум

10 000

1

10 000

2

Ҷойи дуюм

10 000

2

20 000

3

Ҷойи сеюм

10 000

2

20 000

 Ҳамагӣ

5

50 000

Номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ

1

Ҷойи якум

10 000

1

10 000

2

Ҷойи дуюм

10 000

2

20 000

3

Ҷойи сеюм

10 000

2

20 000

 Ҳамагӣ

5

 50 000

6. Хароҷоти иловагӣ

     

Маблағи умумӣ

1

Омода кардани ҷоми шоҳҷоиза, ҷоизаҳо, дипломҳо ва хароҷоти дигар    

200 000

 

Эзоҳ:

— хароҷоти марбут ба ташкил ва баргузории даври ҷамъбастии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» 2 345 000 (ду миллиону сесаду чилу панҷ ҳазор) сомониро ташкил медиҳад. Маблаuи мазкур аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад;

— мукофотҳо бо пули миллии сомонӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти пардохти андозҳо пешбинӣ шудааст;

— иштирокчиёни даври чорум бо диплом сарфароз гардонида мешаванд.

 

 Замимаи 4
ба амри Президенти
 Ҷумҳурии Тоҷикистон
 аз 11 феврали соли 2021,
№ АП-44

Рӯйхати адабиётҳои тавсияшаванда барои иштирокчиёни озмун
(илова ба китобҳои дарсии аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида)

  1. Аброров, Ҳ. Зарафшони кӯҳӣ [Матн] / Ҳ. Аброров. – Душанбе: Ирфон, 1978. – 96 с.
  2. Аброров, Ҳ. Тоҷикистон–кишвари кӯлҳои беназир [Матн] /
    Ҳ. Аброров. – Душанбе: Деваштич, 2003. – 195 с.
  3. Арнольд, В.И. «Задачи для детей от 5 то 15 лет» [Текст] / В.И.Арнольд.
  4. Архипов, Г.И. «Лекции по математическому анализу» [Текст] / Г.И. Архипов, В.А. Садовничий, В.М. Чубариков. – М.,1999.
  5. Атлас Таджикской ССР [Текст]. – Душанбе-М.: Изд-во ГУГК СССР, 1968. – 198 с.
  6. Бакулин, П.И. Курс общей астрономии [Текст] / П.И.Бакулин, Э.В. Кононович, В.И. Мороз.
  7. Баратов, Р.Б. Каменное чудо Таджкистана [Текст] / Р.Б.Баратов, В.П.Новиков. – Душанбе, Ирфон, 1988. – 216 с.
  8. Будруджак, П. Задачи по химии [Текст] / П.Будруджак. – 2017.
  9. Виноградов, И.М. «Основы теории чисел» [Текст]: Учебник / И.М. 2001.
  10.  Волькенштейн, В.С. Сборник задач по общему курсу физики [Текст] / В.С. Волькенштейн.
  11.  Воронцов-Вельяминов Б.А. Астрономия. 11 класс [Текст] / Б.А. Воронцов-Вельяминов, Страут Е.К.
  12.  Воронцов-Вельяминов, Б.А. Сборник задач по астрономии [Текст] / Б.А.Воронцов-Вельяминов.
  13.  Глинка, Л.Н. Общая и неорганическая химия [Текст]: Учебное пособие / Л.Н.Глинка. – М.: КноРус, 2014.
  14.  Гмурман, В.Е. «Руководство к решению задач по теории вероятностей и математической статистике» [Текст] / В.Е. Гмурман. – 1999. – 400 с.
  15.  Гмурман, В.Е. «Теория вероятностей и математическая статистика» [Текст] / В.Е.Гмурман. – 2003.
  16.  Гнеденко, Б.П. «Курс теории вероятностей» [Текст] / Б.П.Гнеденко. – М.: Наука, 1998.
  17.  Гольдфарб, Я.Л. Сборник задач и упражнений по химии [Текст] / Я.Л.Гольфарб, Ю.В.Ходаков. – 2019.
  18.  Гринвуд, Н.Н. Химия элементов [Текст] / Н.Н.Гривуд, А.Эрншо.
  19.  Дагаев, М.М. Сборник задач по астрономии [Текст] / М.М.Дагаев.
  20.  Даффет-Смит, П. Практическая астрономия с калькулятором [Текст] / П.Даффет-Смит.
  21.  Демидович, Б.П. «Сборник задач и упражнений по математическому анализу» [Текст] / Б.П. Демидович. – 1997.
  22.  Еремин, В.В. Теоретическая и математическая химия [Текст] / В.В.Еремин.
  23.  Зыков, А.Г. «Математическая логика» [Текст] / А.Г.Зыков, В.И.Поляков, В.И. Скорубский. – СПб: НИУ ИТМО, 2013. – 131 с.
  24.  Иброҳимов, Х. Ҳалли масъалаҳо аз химия [Матн] / Х.Иброҳимов. Душанбе: Ирфон, 2018.
  25.  Ильин, В.А. «Аналитическая геометрия» [Текст] / В.А. Ильин, Позняк Е.Г. – 2004.
  26.  Иродов, И.Е. Задачи по общей физике [Текст] / Е.И.Иродов.
  27.  Канель-Белов, А.Я. «Как решают нестандартной задачи» [Текст] / А.Я.Канель-Белов, А.К.Ковальджи. – М., 2008.
  28.  Касаткина, И.Л. Задачи по физике [Текст] / И.Л. Касаткина.
  29.  Кеммерих, А.О. Гидрография Памира и Памиро-Алая [Текст] / А.О.Кеммерих. – М.: Мысль, 1978. – 220 с.
  30.  Клайден, Дж. Органическая химия [Текст] / Дж.Клайден, Н.Гривз, С.Уоррен и др.
  31.  Клетеник, Д.В. «Сборник задач по аналитической геометрии» [Текст] / Д.В. Клетеник. – 1998.
  32.  Кобилов, Н. Намунаи ҳалли масъалаҳо аз химия [Матн] / Н.Кобилов. – Душанбе, 1995.
  33.  Колмогоров, А.Н. «Элементы теории функций и функционального анализа» [Текст]: Учебник / А.Н. Колмогоров, С.В. Фомин. – 2007.
  34.  Курош, А.Г. «Курс высшей алгебре» [Текст]: Учебник / А.Г.Курош. –1975.
  35.  Қодиров, Ф.С. Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ-таърихӣ ватабиӣ [Матн] / Ф.С.Қодиров. – Душанбе, 2012. – 20 с.
  36.  Лаврентьев, М.А. «Методы теории функций комплексного переменного» [Текст] /М.А.Лаврентьев, Б.В. Шабат. – 2005.
  37.  Лавров, И.А. «Задачи по теории множеств, математической логике и теории алгоритмов» [Текст] / И.А.Лавров, Л.Л.Максимова. – 1984.
  38.  Ландсберг, Г.С. Элементарный учебник физики [Текст]: В 3-х томах.
  39.  Лукашик, В.И. Сборник задач по физике 7-9 классы [Текст] / В.И. Лукашик, Е.В.Иванова.
  40.  Мартынов, Д.Я. Курс общей астрофизики [Текст] / Д.Я.Мартынов.
  41.  Мусоев, З. Ледники Таджикистана [Текст] / З.Мусоев, Н.Дилмуродов. – Душанбе, 1994. – 186 с.
  42.  Мухаббатов, Х.М. Памир: ресурсный потенциал и перспективы развития экономики [Текст] / Х.М.Мухаббатов, Н.Х.Хоналиев. – Душанбе: Ирфон, 2005. – 241 с.
  43.  Мухаббатов, Х.М. Природно-ресурсный потенциал горных регионов Таджикистана [Текст] / Х.М.Мухаббатов. – М.: Граница, 1999. – 335 с.
  44. Муҳаббатов, Х. Ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшавандаи Тоҷикистон [Матн] / Х.Муҳаббатов, А.Ниёзов. – Душанбе: Контраст, 2017. – 210 с.
  45.  Муҳаббатов, Х.М Афзоиши аҳолӣ ва захираҳои зиндагӣ [Матн] / Х.М.Муҳаббатов. – Душанбе: Ирфон, 1975.
  46.  Муҳаббатов, Х.М. Ганҷинаи табиати Тоҷикистон [Матн] / Х.М.Муҳаббатов. – Душанбе: Ирфон, 1977. – 106 с.
  47.  Муҳаббатов, Х.М. Инсонва табиат [Матн] / Х.М.Муҳаббатов. – Душанбе: Ирфон, 1984.
  48.  Муҳаббатов, Х.М. Об–манбаи ҳаёт [Матн] / Х.М.Муҳаббатов. – Душанбе: Ирфон, 2003. – 146 с.
  49.  Муҳаббатов, Х.М. Табиат гаҳвораи инсон [Матн] / Х.М.Муҳаббатов. – Душанбе: Адиб, 2018. – 319 с.
  50.  Николаенко, В.К. Решение задач повышенной сложности по общей и неорганической химии [Текст] / В.К.Николаенко.
  51.  Очан, Ю.С. «Сборник задач по математическому анализу: Общая теория множеств и функций» [Текст] / С.Ю.Очаг. – 2006.
  52.  Очилов, Ҳ. КӯлҳоиТоҷикистон [Матн] / Ҳ.Очилов, Ҳ.АброровҲ. – Хуҷанд, 1995. – 64 с.
  53.  Очилов, Ҳ. Об–ҳаёт аст [Матн] / Ҳ.Очилов, Ҳ.Аброров. – Хуҷанд, 2003. – 190 с.
  54.  Перышкин, А.В. Сборник задач по физике. 7-9 классы [Текст] / А.В. Перышкин.
  55.  Постнов, К.А. Курс общей астрофизики [Текст] / К.А. Постнов, А.В. Засов.
  56.  Привалов, И.И. «Введение в теорию функций комплексного переменного» [Текст]: Учебник / И.И.Привалов. – 2005.
  57.  Проскуряков, И.В. «Сборник задач по линейной алгебре» [Текст] / И.В. Проскуряков. – 2005.
  58. Просолов, В.В. «Задачи по алгебре, арифметике и анализу» [Текст] / В.В.Проссолов. – 2004.
  59.  Просолов, В.В. «Задачи по планиметрии [Текст] / В.В.Просолов. – 2004.
  60.  Раҳимӣ Ф. Намунаи супоришҳои тестӣ (аз фанни физика) [Матн] / Ф.Раҳимӣ, Бобоев Т.Б., Истамов Ф., Мирзоаминов Х. – Душанбе, ДМТ, 2014. – 340 с.
  61.  Раҳимӣ, Ф. Об, илм ва рушди устувор [Матн] / Ф.Раҳимӣ, Х.Муҳаббатов, А.Ниёзов, Ҳ.Аброров. – Душанбе: Дониш, 2018. – 430 с.
  62. Раҳимӣ Ф. Физика (барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти касбӣ) [Матн] / Ф.Раҳимӣ, Т.Бобоев, Хоҷазода Т., Д.Солеҳ., Ф.Истамов – Душанбе, ДМТ, 2020ю – 469 с.
  63.  Реутов, О.А. Органическая химия [Текст] / О.А.Реутов, А.Л.Курц, К.П.Бутин.
  64.  Рымкевич, А.П. Сборник задач по физике для 9-11 классов средней школы [Текст] / А.П.Рымкевич.
  65.  Савельев, И.В. Курс общей физики [Текст]: В 3-х томах / И.В. Савельев.
  66.  Сапожников, Г.Н. ЗаказникиТаджикистана [Текст] / Г.Н.Сапожников, Х.М.Мухаббатов. – Душанбе: Ирфон, 1989. – 160 с.
  67.  Свитанько, И.В. Нестандартные задачи по химии [Текст] / И.В.Свитанько. – 2017.
  68.  Свитанько, И.В. Олимпиадные задачи по химии [Текст]: Учебное пособие для подготовки к олимпиадам школьников по химии / И.В.Свитанько, В.В.Кисин, С.С.Чуранов. – М., 2017.
  69.  Сорокин, В.В. Задачи химических олимпиад. Принципы и алгоритмы решений [Текст] / ВВ.Сорокин, В.В.Загорский, И.В.Свитанько.
  70.  Спивак, А.В. «Математический кружок». 7 класс [Текст] / А.В. Спивак.
  71.  Спивак, А.В. «Математический кружок». 6-7 класс [Текст] /А.В. Спивак. – 2003.
  72.  Степанов, В.В. «Курс дифференциальных уравнений» [Текст]: Учебник / В.В. Степанов. – 2004.
  73.  «Сборник задач по математике для поступающих во ВТУЗы» [Текст] / Под ред.: М.И.Сканави. – 6-е изд. – 2013.
  74.  «Сборник задач по элементарной математике» [Текст]: Пособие для самообразования / М.П.Антонов, М.Я.Выгодский, В.В. Никитин, А.И.Санкин.
  75.  Таджикистан: природа и природные ресурсы [Текст]. – Душанбе: Дониш, 1982. – 600 с.
  76.  Тахиров, И.Г. Водные ресурсы Республики Таджикистан [Текст] / И.Г.Тахиров, Г.Д.Купайи. – Душанбе: НПИЦентр, 1994. – Кн.1. – 130 с. – 1998. – Кн.2. – 120 с.
  77.  Третьяков, Ю.Д. Неорганическая химия. В 3 томах. [Текст] / Ю.Д.Третьяков.
  78.  Фаддеев, Д.К. «Сборник задач по высшей алгебре» [Текст] / Д.К. Фадеев, И.С.Соминский. – 2003.
  79.  Фейнмановские лекции по физике.
  80.  Филиппов, А.Ф. «Сборник задач по дифференциальным уравнениям» [Текст] / А.Ф. Филиппов. – 2000.
  81.  Фриш, С.Э. Курс общей физики [Текст]: В 3-х тт. / С.Э.Фриш, А.В. Тиморева (ба тоҷикӣ тарҷума шудааст).
  82.  Хомченко, И.Г. Сборник задач и упражнений по химии [Текст] / И.Г.Хомченко. – М.: Новая волна, 2002.
  83.  Ҳакимов, Н.Қ. Геодезия [Матн] / Н.Қ.Ҳакимов, М.Н.Ҳакимов. – Душанбе, 2016. – 136 с.
  84.  Ченцов, Н.Н. «Избранное задачи и теоремы элементарной математики Арифметика и алгебра» [Текст] / Н.Н. Ченцов, Д.О. Шклярский, И.М. Яглом. – 1976.
  85.  Ченцов, Н.Н. «Избранное задачи и теоремы элементарной математики. Геометрия (Стереометра I).» [Текст] / Н.Н. Ченцов, Д.О. Шклярский, И.М. Яглом. – 1976.
  86.  Ҷӯраев, Қ. Аҳамияти иқтисодии обҳои Тоҷикистон [Матн] / Қ.Ҷӯраев. – Душанбе, 1971.
  87.  Шульц, В.Л. Реки Средней Азии [Текст] / В.Л.Шульц. – Ленинград: Гидрометеоиздат, 1963. –301 с.

 

Эзоҳ: Сарчашмаҳои иловагӣ дар сомонаи интернетии www.ravshanfikr.tj ҷой дода мешаванд.


Вакти нашр: 2021-02-22 12:03:39    Хонданд: 112    Муфассал...

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2021

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳо ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, ғолибони озмун ва омӯзгорону падару модаронеро, ки шогирдону фарзандонашон дар даври ҷумҳуриявии озмун барандаи ҷоизаҳо шуданд, бо мукофоти моддӣ ва маънавӣ қадрдонӣ намоянд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2021 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани чорабинии мазкур 2 835 000 (ду миллиону ҳаштсаду сию панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдодашуда ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
11 феврали соли 2021
№АП-43

 

 

Замимаи 1
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 феврали соли 2021,
№АП-43

 

Низомномаи
озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» (минбаъд озмун) таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 баргузор мешавад.

2. Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илмӣ), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) доир мегардад.

3. Озмун аз рӯйи панҷ номинатсия баргузор мешавад:

— адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;

— адабиёти классикӣ;

— адабиёти муосир;

— адабиёти ҷаҳон;

— эҷоди назму наср.

4. Иштирокчиёни номинатсияҳо ба гурӯҳҳои зерин тақсим мешаванд:

-хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);

— донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавру магистрҳо);

— аспиранту докторантҳо ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ;

— омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (ҳакамони озмун дар ҳар як номинатсия ин се табақаро ба таври алоҳида ҷудо менамоянд).

2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН

5. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

6. Масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд.

7. Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар тарғиб, ҷалб ва ҷараёни баргузории озмун иштирок мекунанд.

8. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани давраҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул буда, ғолибон ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд мегардонанд.

9. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ раёсат, шуъба ва бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъули ташкил ва баргузории озмун мебошанд.

3. КОМИССИЯИ ОЗМУН

10. Барои гузаронидани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» комиссия таъсис дода шуда, ҳайати он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

11. Салоҳияти комиссияи озмун:

— таҳияи ҷадвали баргузории озмун ва назорати он;

— тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба озмун;

— пешниҳоди ҳайати ҳакамон барои даврҳои сеюм ва чоруми озмун;

— якҷо бо ҳайати ҳакамон гузаронидани семинари машваратӣ;

— назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони озмун;

-омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокчиёни озмун ба даври ниҳоӣ;

-баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикояти довталабон ва иштирокчиён;

— тасдиқ ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони озмун.

4. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН

12. Озмун аз чор давр иборат буда, аз аввали моҳи майи соли 2021 то моҳи декабри соли 2021 ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:

-даври якум – моҳи май, дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

-даври дуюм – моҳи июл, дар маркази мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);

-даври сеюм – нимаи дуюми моҳи октябр, дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе;

— даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм моҳи декабр дар муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

13. Протоколи ҳайати ҳакамон ба комиссияи ҷумҳуриявӣ ба даври чорум бо имзои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раиси ҳакамон пешниҳод мешавад.

14. Ҷойи баргузории даврҳои озмун дар деҳот, шаҳрак, маркази шаҳру ноҳияҳо, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад.

15. Масъулияти баргузории даври якум, дуюм ва сеюм ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вогузор карда мешавад.

16. Ҷараёни баргузории даврҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми озмун тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос ва пахш карда мешавад.

17. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври сеюм барои иштирок дар даври чорум ба комиссияи озмун то 20 ноябр муқаррар карда мешавад.

18. Миёни роҳбари муассисаи таълимӣ, омӯзгор ва довталаб (дар шахси падару модар ва ё сарпарасти ӯ) шартнома ҷиҳати омода намудани довталаб ба имзо расонида мешавад. Тартиби шартномаро Вазорати маориф ва илм омода карда, ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мерасонад.

19. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳо, Китобхонаи миллӣ ва Кумитаи телевизион ва радио масъули гузаронидани маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун мебошанд.

5. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН

20. Дар озмун аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок карда метавонанд. Як шахс танҳо дар як номинатсия иштирок карда метавонад.

21. Шартҳои ташкил ва баргузории озмун аз ҷониби комиссияи озмун назорат карда мешавад.

22. Дар вақти баҳогузорӣ ва холгузорӣ ба маҳорати хондан ва аз худ кардан бартарӣ дода мешавад. Иштирокчии озмун ба ҳайати ҳакамон маҳорату малака, қобилияти хондан ва аз худ кардани осори адибонро пешниҳод менамояд.

23. Аз ҷониби ҳайати ҳакамони озмун ба иштирокчӣ барои аъзои фаъоли китобхона будан ва ба ҳунари нақлу оҳанги ӯ низ хол дода мешавад.

24. Ба мавзӯъҳои Ватану ватандӯстӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои Истиқлол, тараннуми дӯстию рафоқат, озодию осоиштагӣ, сулҳу субот, инъикоси саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, мавзӯи об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ ва тасвири табиати зебои Ватан бартарӣ дода мешавад.

25. Иштирокчии озмун дар интихоби забон зимни хондан ва аз худ кардани осори шифоҳӣ ва адабиёти кӯдакон, осори адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти хориҷӣ (тарҷума ва ё асл) озод аст. Ба довталабоне, ки осори бадеии адибони ҷаҳонро бо забонҳои хориҷӣ пешниҳод менамоянд, бартарӣ дода мешавад.

26. Иштирокчии озмун метавонад аз намунаҳои эҷодиёти халқ, аз ҷумла афсона, қисса, рубоӣ, достон, чистон, тезгӯяк, латифа ва ғайра вобаста ба номинатсияи интихобкардааш истифода намояд.

27. Дар номинатсияи эҷоди назму наср хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олӣ ва баъд аз дипломӣ, ходимони илмӣ ва адабӣ, докторҳо аз рӯйи ихтисос ва калонсолони ҳамаи табақаҳои иҷтимоӣ иштирок менамоянд.

28. Эҷодиёти ғолибони даври сеюми номинатсияи эҷоди назму наср, ки дар даври чорум иштирок менамоянд, бо номи мустаор барои гирифтани тақриз ба мутахассисони босалоҳият, адабиётшиносону мунаққидон ва адибони шинохта фиристода шуда, хулосаҳои онҳо ҳангоми ҷамъбаст ба инобат гирифта мешаванд.

29. Ба номинатсияи эҷоди назму наср асарҳое пазируфта мешаванд, ки қаблан ба ягон озмуни дигар пешниҳод нашудаанд.

30. Дар даври чоруми озмун иштирокчӣ шарҳи мухтасари ҳоли худ, рӯйхати асарҳои хонда ва азбаркарда (нусхаи чопӣ ё дастнависи ашъори азёдкардашуда ва мазмуни мухтасари асарҳои мутолиакардаашро бо зикри муаллиф ва номи асар) бо гузоштани имзо ба комиссияи озмун ба таври ҳатмӣ пешниҳод менамояд (рӯйхати матнҳо ва асарҳои азбаршуда дар се нусха ба даври чорум пешниҳод карда мешавад).

31. Дар сурати ба талабот ҷавобгӯ набудани номгӯи асарҳо, мукаммал набудани матни шеъру достонҳо ва ё изофанависӣ намудани номгӯи асарҳо ва шеърҳо холи довталаб кам карда мешавад.

32. Ғолибони даври чоруми озмун, ки сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва барандаи Шоҳҷоиза гардиданд, то се сол дар озмунҳои солҳои минбаъда ҳуқуқи иштирок карданро надоранд.

33. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ суроға ва ҷойи баргузории озмунро ба довталабон тавассути воситаҳои ахбори омма ва масъулон эълон менамоянд.

6. ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН

34. Маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯйи хондани назм ва насри бадеӣ муайян карда мешавад:

— барои иштирокчиёни озмун хондани роман, повест, ҳикоя, новелла ва дигар жанрҳои адабӣ вобаста ба номинатсияи интихобкардааш иҷозат дода мешавад;

— иштирокчӣ дар хондани шеърҳо (ғазал, қасида, рубоӣ, дубайтӣ, порчаҳо аз достонҳо ва дигар жанрҳои лирикӣ) вобаста ба номинатсияи интихобкардааш озод аст;

— ба иштирокчӣ барои нақли афсона, латифа, қиссаю ривоят ва дигар навъҳои осори шифоҳии халқ вобаста ба номинатсияи интихобкардааш иҷозат дода мешавад;

-довталаби номинатсия асарҳои худро аз рӯйи навъҳои адабӣ, жанрҳо ва навъҳои анъанавӣ, нав, адабиёти кӯдак, насру драма пешниҳод менамояд.

35. Аз довталаби номинатсияи эҷоди назму наср таълифи як достони мукаммал дар вазнҳои анъанавӣ, 20 ғазал дар вазнҳои анъанавии арӯз, 20 рубоӣ, 10 дубайтӣ, 3 мухаммас, 2 мусаддас, 4 қасида, 5 шеъри сафед, 10 суруди ватандӯстона, 2 тарҷеъбанд, 2 таркиббанд, 5 ҳикоя, 2 эссе, 1 повест, 1 драма талаб карда мешавад.

7. МЕЪЁРИ АРЗЁБИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

36. Ҳайати ҳакамони озмун ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди иштирокчиён аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳо медиҳанд:

— барои таваҷҷуҳ ба мавзӯъҳои Ватану ватандӯстӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои Истиқлолу озодӣ, инъикоси саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, мавзӯи об – сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ, дӯстию бародарӣ, сулҳу субот, бунёди роҳу нақбҳо ва иншооти бузурги аср, корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат дар бунёдкорию ободонӣ;

— барои қобилияти нақл ва тарзи қироат, шарҳи мухтасари асар, маълумот оид ба қаҳрамонони асар, баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар, қобилияти озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ, ҳунари ровигӣ, қобилияти луғатдонӣ ва шарҳи маънои луғавии вожаҳо, дарки дурусти мазмун ва муҳтавои асар, таассурот аз хондани асар.

37. Ба ҳар як довталаб барои муаррифии китобҳои хондааш ва нақлу хондани шеърҳо вақти озод дода мешавад.

38. Бо мақсади баҳогузорӣ намудан ба истеъдоди довталабон ҷадвали 10-хола муқаррар карда мешавад. Барои азёд хондани осори манзум бо шарҳу эзоҳи калимаҳо 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби заиф 2 хол гузошта шуда, барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол дода намешавад.

Барои шарҳи муфассалу баёни равшани осори насрӣ ва ҳунари баланди ровигӣ, инчунин тавзеҳи калимаҳо аз асарҳои мутолиашуда 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби заиф 2 хол гузошта шуда, барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол дода намешавад.

39. Ҳангоми баҳогузорӣ ба маҳорати довталаби эҷоди каломи бадеӣ, тарзи интихоби мавзӯву мундариҷа, риояи рукнҳои вазни арӯз, қофияву радиф, корбарии санъатҳои бадеӣ, интихоби таъбиру ибораҳо, миқдори луғатҳои нав ва мутобиқати шакл, бандубасти асари бадеӣ ва ба мазмуни асар диққат дода мешавад.

40. Довталаби бахши назм бояд дар мавзӯъҳои пешниҳодшуда бадеҳатан шеър гуфта тавонад. Байти аввал аз ҷониби ҳакамон пешниҳод мегардад ва идомаи онро дар ҳамон вазну қофия довталаб хаттӣ ё шифоҳӣ ҷавоб медиҳад. Дар ин номинатсия шахсоне метавонанд иштирок намоянд, ки аъзои Иттифоқи нависандагон набуда, шеърро хуб дарк менамоянд, завқи шоирӣ доранд, нозукиҳои шеърро аз бар кардаанд ва дар рӯзномаву маҷаллаҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ намунаи ашъорашон чоп шудааст. Довталаб ҳангоми иштирок дар озмун намунаҳои шеърҳои худро дар шакли чопӣ ва ё дастнавис пешниҳод менамояд. Қобилияти адиби насрнавис низ бо ҳамин тарз санҷида мешавад.

41. Асарҳои пешниҳодкардаи довталабони бахши эҷоди назму насрро аъзои ҳакамон инфиродӣ мутолиа карда, баъдан дар асоси тақризи пешниҳодшуда мавриди баҳогузорӣ қарор медиҳанд.

8. ҲАЙАТИ КОМИССИЯ ВА ҲАКАМОНИ ОЗМУН

42. Шумораи ҳайати комиссия дар асоси банди 10 Низомномаи мазкур муқаррар мегардад. Шумора ва ҳайати ҳакамонро комиссия муайян мекунад.

43. Ҳайати ҳакамони озмуни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро раисони ноҳия, шаҳр ва вилоят бо санади дахлдор тасдиқ менамояд ва он амалҳои зеринро иҷро мекунад:

-тибқи пешниҳоди комиссияи озмун маҳорату истеъдоди иштирокчиёнро натиҷагирӣ мекунад;

-холҳоро муқаррар карда, бо овоздиҳии кушода ғолибро муайян менамояд;

-протоколи натиҷаи озмунро бо имзои аъзои ҳакамон тасдиқ мекунад.

44. Ба ҳайати ҳакамони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳоту шаҳрак намояндагони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон, шоирону нависандагон, олимону рӯзноманигорон, роҳбарони китобхонаҳо, аъзои ҷамъияти китобдӯстон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ворид мешаванд. Шумораи ҳайати ҳакамон бо раису муовинонаш бояд тоқ бошад.

45. Хулосаи ҳайати ҳакамони даври чорум дар комиссияи озмун баррасӣ ва тасдиқ карда мешавад.

46. Комиссияи озмун натиҷаи ниҳоиро ҷамъбаст карда, онро барои маълумот ва шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

47. Намояндагони Вазорати маориф ва илм ба ҳакамони озмуни ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо барои босифат баргузор шудани озмунҳо ёрии методӣ мерасонанд.

9. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН

48. Хароҷоти даврҳои якум, дуюм, сеюм ва хароҷоти вобаста ба сафарбаркунии ғолибон ва омӯзгорони онҳо ба даври чоруми озмун, будубоши онҳо дар маҳалли баргузории озмун аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузории бо қонунгузорӣ манънагардида пардохт карда мешавад.

49. Ғолибони даври якум, дуюм, сеюми озмун ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) ва ташкилотҳо ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

50. Омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун сазовори ҷойҳои якум мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонда мешаванд.

51. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдони худро аз даври якум то даври чоруми озмун омода менамоянд ва дар даври ниҳоӣ онҳо ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб мешаванд, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд.

52. Падару модароне, ки фарзандони онҳо дар даври чорум ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст меоранд, соҳиби нишони «Маърифатпарвар» ва «Ифтихорнома»-и Китобхонаи миллӣ мегарданд. Шакл, андоза ва тартиби супоридани нишонро Вазорати маориф ва илм таҳия ва тасдиқ менамояд.

53. Хароҷоти баргузории чорабинии даври чоруми озмун аз суратҳисоби махсуси муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм пардохт карда мешавад.

54. Ба ғолибони даври чорум ва омӯзгорони онҳо тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад.

55. Ҷоиза ва мукофоти пулии ғолибони озмун ва омӯзгорони онҳо дар маросими тантанавӣ аз ҷониби намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.

56. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тартиби додани мукофот ва ҷоизаро раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тасдиқ ва амалӣ менамоянд.

57. Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои озмун ва омӯзгорони онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сарпарастон иҷозат дода мешавад.

10. ТАРТИБИ ИШТИРОК ДАР ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУН

58. Барои иштирок дар даври чоруми озмун ба комиссия ҳуҷҷатҳои зерин ба таври ҳатмӣ пешниҳод карда мешаванд:

— маълумоти мухтасар дар бораи иштирокчӣ;

— рӯйхати асарҳои мутолиашуда;

— миқдори ашъори азёдшуда;

-нусхаи чопӣ ва ё дастнависи шеърҳои азёдкарда, мазмуни мухтасари асарҳои насрии мутолиакарда бо зикри муаллиф ва номи асар (дар се нусха);

— нусхаи чопӣ ва ё дастнависи осори эҷодшуда (дар се нусха барои довталабони номинатсияи эҷоди назму наср);

— протоколи ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун.

59. Дар сурати изофанависии номи асарҳо ва миқдори матнҳои азбаркарда холи довталаб кам карда мешавад.

11. ТАРТИБИ ДАРЁФТИ ШОҲҶОИЗА

60. Барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабоне метавонанд иштирок намоянд, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи номинатсияҳои пешниҳодшуда ҷойҳои якумро сазовор гардидаанд.

61. Шоҳҷоиза ба иштирокчие дода мешавад, ки аз чор номинатсия (адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти шифоҳӣ ва бачагона, адабиёти ҷаҳон) беш аз 70 фоизи осори назмию насрии тавсияшударо мутолиа ва ҳифз намудааст.

12. ИМТИЁЗҲО

62. Ғолибони даври чорум (ҷойҳои 1, 2, 3) ва барандаи Шоҳҷоиза баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ, бе озмун, ба тариқи ройгон, ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар қабул карда мешаванд. Тартиби қабули ғолибони даври чоруми озмун ва барандаи Шоҳҷоизаро Вазорати маориф ва илм тибқи муқаррарот муайян менамояд.

63. Вазорати маориф ва илм протокол ва санадҳои ғолибони озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупорад.

 

Замимаи 2
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 феврали соли 2021,
№АП-43

 

Ҳайати
комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа), раиси комиссия;

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссия;

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муовини раиси комиссия;

Директори муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссия;

Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби комиссия.

Аъзои комиссия:

Сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон;

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Иттифоқи нависандагон;

Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ»;

Сармуҳаррири нашриёти «Адиб»;

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода;

Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Мудири кафедраи адабиёти навини тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Мудири кафедраи адабиёти ҷаҳони Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россия.

 

Замимаи 3
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 феврали соли 2021,
№АП- 43

 

Ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Барои ғолибони озмун ҷоизаҳо аз рӯйи чор гурӯҳ ва панҷ номинатсия ба таври зер муқаррар карда мешаванд:

1. Миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11):

— номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти классикии тоҷик

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

(бо сомонӣ)

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

20 000

2

40 000

 

 Ҳамагӣ

5

125 000

— номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти муосири тоҷик ва осори шифоҳии халқи тоҷик

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

(бо сомонӣ)

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

20 000

2

40 000

 

 Ҳамагӣ

5

125 000

— номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик

 №

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

(бо сомонӣ)

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

20 000

2

40 000

 

 Ҳамагӣ

5

125 000

 

 

— номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони ҷаҳон

 

   

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

(бо сомонӣ)

 
 

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

 
 

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

 
 

3

Ҷойи сеюм

20 000

2

40 000

 
   

 Ҳамагӣ

5

125 000

 
                   

 

2. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавру магистрҳо):

— номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти классикии тоҷик

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

(бо сомонӣ)

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

20 000

2

40 000

 

 Ҳамагӣ

5

125 000

— номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти муосири тоҷик ва осори шифоҳии халқи тоҷик

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

(бо сомонӣ)

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

20 000

2

40 000

 

 Ҳамагӣ

5

125 000

-номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик

 №

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

(бо сомонӣ)

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

20 000

2

40 000

 

 Ҳамагӣ

5

125 000

 

 

— номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони ҷаҳон

 

   

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

(бо сомонӣ)

 
 

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

 
 

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

 
 

3

Ҷойи сеюм

20 000

2

40 000

 
   

 Ҳамагӣ

5

125 000

 
                   

 

3. Аспиранту докторантҳо ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ:

— номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти классикии тоҷик

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

(бо сомонӣ)

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

20 000

2

40 000

 

 Ҳамагӣ

5

125 000

— номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти муосири тоҷик ва осори шифоҳии халқи тоҷик

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

(бо сомонӣ)

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

20 000

2

40 000

 

 Ҳамагӣ

 5

125 000

— номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик

 №

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

(бо сомонӣ)

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

20 000

2

40 000

 

 Ҳамагӣ

5

125 000

 

 

— номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони ҷаҳон

 

   

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

(бо сомонӣ)

 
 

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

 
 

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

 
 

3

Ҷойи сеюм

20 000

2

40 000

 
   

 Ҳамагӣ

5

125 000

 
                   

 

4. Омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун

— номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти классикии тоҷик

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

(бо сомонӣ)

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

20 000

2

40 000

 

 Ҳамагӣ

5

125 000

— номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти муосири тоҷик ва осори шифоҳии халқи тоҷик

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

(бо сомонӣ)

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

20 000

2

40 000

 

 Ҳамагӣ

5

125 000

 — номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик

 №

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

(бо сомонӣ)

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

20 000

2

40 000

 

 Ҳамагӣ

5

125 000

 

— номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони ҷаҳон
   

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

(бо сомонӣ)

 
 

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

 
 

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

 
 

3

Ҷойи сеюм

20 000

2

40 000

 
     

Ҳамагӣ

5

125 000

 
                   

 

5. Номинатсияи эҷоди назму наср

Миёни довталабони номинатсияи эҷоди назму наср:

-дар бахши шеър – миёни хонандагон, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, ходимони илмӣ, адабӣ, докторантҳо, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони соҳаи фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар

 

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

(бо сомонӣ)

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

20 000

2

40 000

 

Ҳамагӣ

5

125 000

 

— дар бахши наср – миёни хонандагон, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, ходимони илмӣ, адабӣ аспирантҳо, докторантҳо, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақҳои аҳолии кишвар

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

(бо сомонӣ)

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

20 000

2

40 000

 

Ҳамагӣ

5

125 000

 

 

6. Маблағи умумӣ барои ҷойҳои 1, 2, 3-и озмун:

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

(бо сомонӣ)

Маблағи умумӣ

1 Ҷойи якум

35 000

18

630 000
2 Ҷойи дуюм

25 000

36

900 000
3 Ҷойи сеюм

20 000

36

720 000

Ҳамагӣ

96

2 250 000

7. Шоҳҷоизаи озмун:

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

(бо сомонӣ)

Маблағи умумӣ

1 Шоҳҷоиза

70 000

1

70 000

8. Маблағ барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки шогирдонашон барандаи Шоҳҷоиза ва дар озмун ҷойҳои 1,2,3-ро мегиранд:

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

(бо сомонӣ)

Маблағи умумӣ

1 Ҷойи якум, дуюм, сеюм

10 000

26

260 000

 Ҳамагӣ

26

260 000

 

9. Хароҷотҳои дигар:

   

(бо сомонӣ)

Маблағи умумӣ

1 Хароҷотҳо барои омода кардани ҷомҳои шоҳҷоиза, ҷоизаҳо, дипломҳо ва хароҷоитҳои дигар  

255 000

 

10. Ҳамагӣ:

 

Шумораи умумӣ

Маблағи умумӣ

(бо сомонӣ)

1 Барои ҷоизаҳо

96 нафар

2 250 000

2 Барои омӯзгорон

26 нафар

260 000

3 Шоҳҷоиза

1 нафар

70 000

4 Хароҷоти дигар  

255 000

 Ҳамагӣ

2 835 000

 

Замимаи 4
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 феврали соли 2021,
№АП- 43

Рӯйхати
адабиёти тавсияшаванда барои иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии
«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

1. Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани адабиёти кӯдакон ва наврасон, осори шифоҳӣ, порчаҳо аз осори манзуми адибони классикӣ ва муосири тоҷик:

— хондани афсонҳои халқи тоҷик, ҳикоя аз «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Гулистон», «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Таҳзиб-ус-сибён»-и Садриддин Айнӣ ва латифаю ҳаҷвияҳои халқӣ;

— аз ёд кардани зарбулмасалу мақолҳои халқӣ, чистонҳо осори манзум аз шоирони барҷастаи классикӣ (аз осори Абуабдулло Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Абдулқодири Бедил, Зебуниссо, Соиби Табрезӣ, Туғрал, Шамсиддин Шоҳин ва дигарон), инчунин аз ашъори бачагонаи устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Гулчеҳра Сулаймонова, Ғаффор Мирзо, Сайдалӣ Маъмур, Нӯъмон Розиқ, Убайд Раҷаб, Акобир Шарифӣ, Мавҷуда Ҳакимова, Алӣ Бобоҷон ва ҳикояву афсонаҳо ва қиссаву асарҳои хаёлии Аминҷон Шукӯҳӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Нозирҷон Боҳирӣ, Ҷӯра Ҳошимӣ, Латофат Кенҷа, Юсуфҷон Аҳмадзода, Маҷид Салим ва дигар нависандагони маъруф.

2. Номинатсияи хондани қиссаву ривоятҳои халқӣ, асарҳои насрӣ ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик:

1) намунаҳои насри ривоятӣ: «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Чаҳор дарвеш», «Ҳазору як шаб», «Тӯтинома», «Синдбоднома», «Калила ва Димна», «Самаки айёр», «Марзбоннома», «Абумуслимнома», «Доробнома» ва ғайра;

2) осори насри классикӣ: «Томирис ва Куруш», «Шерак», «Корномаи Ардашери Бобакон», «Калила ва Димна», «Ёдгори Зарирон», «Ёдгори Бузургмеҳр», «Қобуснома»-и Унсурмаолии Кайковус, «Сафарнома»-и Носири Хусрав, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, Ахлоқи Муҳсинӣ», «Футувватномаи султонӣ», «Рисолаи Ҳотамия», «Анвори суҳайлӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, «Дастур-ул-мулук»-и Самандархоҷаи Тирмизӣ, «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзо Сироҷи Ҳаким ва дигар нависандагони маъруф;

3) аз ёд кардани ашъори шоирон аз рӯйи жанр:

-ғазал – на кам аз 100 ғазал (аз Абуабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Саноии Ғазнавӣ, Анварии Абевардӣ, Шайх Фаридаддини Аттор, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Фахриддини Ироқӣ, Саъдии Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Убайди Зоконӣ, Салмони Соваҷӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Камолиддини Биноӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, Абдурраҳмони Мушфиқӣ, Сайидои Насафӣ, Шавкати Бухороӣ, Абдулқодири Бедил, Зебуниссо, Соиби Табрезӣ, Калими Кошонӣ, Ғании Кашмирӣ, Толиби Омулӣ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Шамсиддин Шоҳин, Раҳматуллоҳи Возеҳ ва дигар шоирони маъруф);

-рубоӣ ва дубайтӣ – на кам аз 120 рубоӣ ва дубайтӣ (аз Абуабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Абуалӣ ибни Сино, Бобо Тоҳири Урён, Абусаиди Абулхайр, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Умари Хайём, Аттори Нишопурӣ Адиб Собири Тирмизӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Убайди Зоконӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Сайидо, Абдулқодири Бедил, Соиби Табрезӣ ва дигар шоирони маъруф);

-қасида – на кам аз 100 байт (аз Абуабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Кисоии Марвазӣ, Унсурӣ, Фаррухии Систонӣ, Манучеҳрии Домғонӣ, Носири Хусрав, Масъуди Саъди Салмон, Анварии Абевардӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Хоқонии Шервонӣ, Ҳаким Саноии Ғазнавӣ, Камолиддин Исмоили Исфаҳонӣ, Аттори Нишопурӣ, Саъдии Шерозӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Салмони Соваҷӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Абдурраҳмони Мушфиқӣ, Абдулқодири Бедил, Шамсиддин Шоҳин ва дигар шоирони маъруф);

-порча аз достон – на кам аз 150 байт (аз Абуабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Абумансури Дақиқӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Фахриддини Гургонӣ, Саноии Ғазнавӣ, Аттори Нишопурӣ, Низомии Ганҷавӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳоҷуи Кирмонӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Биноӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Абдурраҳмони Мушфиқӣ, Абдулқодири Бедил, Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Мирзо Содиқи Муншӣ, Шамсиддин Шоҳин ва дигар шоирони маъруф);

-дигар навъҳои шеърӣ — қитъа, мухаммас, мусаммат, мусаллас, тарҷеъбанд, таркиббанд ва ғайра — 100 байт.

3. Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик ва адабиёти шифоҳӣ:

1) аз ёд кардани рубоӣ, дубайтӣ, ғазал, порчаҳо аз достону маснавӣ ва сурудҳои халқӣ аз эҷодиёти даҳонакии халқ;

2) осори насрии адибони муосир – ҳикояҳо, новеллаҳо, повестҳо, романҳо, драмаҳо, пессаҳо, ёддоштҳо ва очеркҳои Садриддин Айнӣ, Ҳаким Карим, Пулод Толис, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Абдумалик Баҳорӣ, Ҷумъа Одина, Муҳиддин Хоҷаев, Урун Кӯҳзод, Сорбон, Кароматулло Мирзоев, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Юсуф Акобир, Ҷонибек Акобир, Бароталӣ Абдураҳмон, Баҳманёр, Сайф Раҳим, Муҳаммадзамони Солеҳ, Муаззама, Маҷид Салим ва дигар нависандагони маъруф;

3) ашъори шоирони муосир:

-ғазал — на кам аз 100 ғазал аз эҷодиёти Садриддин Айнӣ, Туғрали Аҳрорӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукуҳӣ, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Аскар Ҳаким, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ҳақназар Ғоиб, Гулрухсор Сафиева, Гулназар Келдӣ, Сайдалӣ Маъмур, Ҳабибулло Файзулло, Ғаффор Мирзо, Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Ашӯр Сафар, Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ширин Бунёд, Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Ҳақназар Ғоиб, Ҳадиса Қурбонова, Меҳринисо, Фарзона, Рустами Ваҳҳоб, Искандари Хатлонӣ, Салими Хатлонӣ, Хайрандеш, Озарахш, Озар ва дигар шоирони маъруф);

-рубоӣ ва дубайтӣ — на кам аз 120 рубоӣ ва дубайтӣ аз эҷодиёти Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукуҳӣ, Боқӣ Раҳимзода, Аскар Ҳаким, Лоиқ Шералӣ, Ҳақназар Ғоиб, Гулрухсор Сафиева, Гулназар Келдӣ, Ҳабибулло Файзулло, Мӯъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Ашӯр Сафар, Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ширин Бунёд, Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Ҳадиса Қурбонова, Доро Наҷот, Меҳринисо, Фарзона, Рустами Ваҳҳоб, Искандари Хатлонӣ, Хайрандеш, Озарахш, Озар ва дигар шоирони маъруф);

-порча аз достон — на кам аз 150 байт аз эҷодияти Садриддин Айнӣ, Туғрали Аҳрорӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Аскар Ҳаким, Ҳақназар Ғоиб, Гулрухсор Сафиева, Сайдалӣ Маъмур, Ғаффор Мирзо, Мӯъмин Қаноат, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Ҳадиса Қурбонова ва дигар шоирони маъруф);

— дигар навъҳои шеърӣ –100 байт аз шоирони муосири тоҷик.

4. Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон:

— осори насрӣ ва аз бар кардани на кам аз 800 байт аз эҷодиёти адибони ҷаҳон:

Адабиёти рус: дар бахши назм, наср ва драма – Александр Пушкин, М. Лермонтов; дар бахши масал — Иван Крилов, дар бахши назм, наср ва драма — Александр Грибоедов, Иван Бунин, Борис Пастернак, Александр Островский, Николай Гогол, Иван Тургенев, Федор Достоевский, Лев Толстой, Антон Чехов, Максим Горкий, Михаил Булгаков, Александр Блок, Владимир Маяковский, Анна Ахматова, Марина Светаева, Сергей Есенин, Андрей Платонов, Владимир Набоков, Михаил Шолохов, Александр Солженитсин, Василий Шукшин, Валентин Распутин, Андрей Волос.

Адабиёти Украина, Беларус ва назди Балтика: дар бахши назм, наср ва драма – Максим Танк, Эдуардас Межелайтис, Янка Купала, Тарас Шевченко, Леся Украинка, Якуб Колас, Юстинас Мартсинкявичюс, Олес Гончар, Йонас Авижюс, Юрий Ритхэу.

Адабиёти Осиёи Марказӣ (ӯзбек, туркман, қазоқ, қирғиз): дар бахши назму наср ва драма – Абай, Алишер Навоӣ, Машраб, Увайсӣ, Нодира, Фурқат, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Ғафур Ғулом, Эркин Воҳидов, Олжас Сулаймонов, Абдулло Орипов, Абдулло Қодирӣ, Мухтор Авезов, Чингиз Айтматов.

Адабиёти Қафқоз: дар бахши назму наср ва драма — Шота Руставели, “Довуди Сосунӣ”, Мирзо Фатҳалӣ Охундов, Хачатур Абовян, Аветик Исаакян, Расул Ҳамзатов, Отар Чиладзе, Самад Вурғун, Нодар Думбадзе, Грант Матевосян.

Адабиёти кишварҳои Амрико ва Канада: дар бахши назм, наср ва драма – Филип Френо (ИМА), Генри Уодсворт Лонгфелло (ИМА), Уолт Уитмен (ИМА), Вашингтон Ирвинг (ИМА), Ҷеймс Фенимор Купер (ИМА), Эдгар Аллан По (ИМА), Марк Твен (ИМА), Теодор Драйзер (ИМА), Ҷек Лондон (ИМА), Фрэнсис Скотт Фитсҷералд (ИМА), Вилям Фолкнер (ИМА), Эрнест Ҳемингуэй (ИМА), Маргарет Митчелл, Ҷон Стейнбек (ИМА), Рэй Брэдбери (ИМА), Курт Воннегут (ИМА), Харпер Ли (ИМА), Эдгар Лоуренс Доктороу (ИМА) Кормак Маккарти (ИМА), Кен Кизи (ИМА), Стивен Кинг (ИМА), Ҷонатан Франзен (ИМА), Маргарет Этвуд (Канада), Элис Манро (Канада).

Адабиёти Амрикои Лотинӣ: дар бахши назм, наср ва драма – Габриэла Мистрал (Чили), Пабло Неруда (Чили), Жоржи Амаду (Бразилия), Габриэл Гарсиа Маркес (Колумбия), Хорхе Луис Борхес (Аргентина), Мигел Астуриас (Гватемала), Марио Варгас Лйоса (Перу), Хулио Кортасар (Аргентина), Карлос Фуэнтес (Мексика).

Адабиёти кишварҳои Аврупо: дар бахши назм, наср ва драма – Данте (Италия), Федерико Гарсиа Лорка (Испания), Ҷованни Боккаччо (Италия), Ҷеймс Ҷойс (Ирландия), Вилям Шекспир (Англия), Иоганн Волфганг фон Гёте (Олмон), Виктор Гюго (Франсия), Ромен Роллан (Франсия), Франсуа Рабле (Франсия), Мигел Сервантес (Испания), Даниел Дефо (Англия), Валтер Скотт (Шотландия), Фредерик Стендал (Франсия), Ҷорҷ Байрон (Англия), Оноре де Балзак (Франсия), Александр Дюма (Франсия), Жорж Санд (Франсия), Ҳанс Кристиан Андерсен (Дания), Вилям Теккерей (Англия), Чарлз Диккенс (Англия), Гюстав Флобер (Франсия), Жюл Верн (Франсия), Эмил Золя (Франсия), Анатол Франс (Франсия), Ги де Мопассан (Франсия), Ҷорҷ Бернард Шоу (Англия), Артур Конан Дойл (Англия), Этел Лилиан Войнич (Англия), Редярд Киплинг (Англия), Марсел Пруст (Франсия), Вирҷиния Вулф (Англия), Франс Кафка (Австрия), Грэм Грин (Англия), Жан-Пол Сартр (Франсия), Албер Камю (Франсия), Дэвид Митчелл (Англия), Ҷоан Роулинг (Англия), Генрик Ибсен (Норвегия), Шарлотта Бронте (Англия), Эмили Бронте (Англия), Люис Кэрролл (Англия), Рафаэлло Ҷованолли (Италия), Болеслав Прус (Лаҳистон), Герман Гессе (Олмон), Сомерсет Моэм (Англия), Ярослав Гашек (Чехия), Кадзуо Исигуро (Япония-Англия), Меша Селимович (Сербия-Босния-Герсеговина), Жозе Сарамаго (Португалия), Олдос Хаксли (Англия), Эрих Мария Ремарк (Олмон), Антуан де Сент-Экзюпери (Франсия), Ҷорҷ Оруэлл (Англия).

Адибони Эрону Афғонистон, Ҳиндустон ва Покистон: дар бахши назм, наср ва драма – Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (Покистон), Маликушшуаро Баҳор (Эрон), Нимо Юшич (Эрон), Эраҷ Мирзо (Эрон), Парвини Эътисомӣ (Эрон), Халилуллоҳи Халилӣ (Афғонистон), Зиё Қоризода (Афғонистон), Аҳмади Шомлу (Эрон), Суҳроби Сипеҳрӣ (Эрон), Нодири Нодирпур (Эрон), Бориқ Шафеӣ (Афғонистон), Фурӯғи Фаррухзод (Эрон), Нусрати Раҳмонӣ (Эрон), Восифи Бохтарӣ (Афғонистон), дар бахши наср — Муртазо Мушфиқ Козимӣ (Эрон), Содиқ Ҳидоят (Эрон), Бузург Алавӣ (Эрон), Симин Донишвар (Эрон), Ҳушанг Гулширӣ (Эрон), Маҳмуди Давлатободӣ (Эрон), Аббос Маъруфӣ (Эрон), Робиндранат Такур (Ҳиндустон), Прем Чанд (Ҳиндустон).

Адабиёти Осиё ва кишварҳои арабӣ: дар бахши назм, наср ва драма — Рюноскэ Акутагава (Япония), Кобо Абэ (Япония), Лу Син (Чин), Мо Ян (Чин), Ҷуброн Халил Ҷуброн (Лубнон), Нақиб Маҳфуз (Ҷумҳурии Мисри Араб), Азиз Несин (Туркия), Иброҳим Ал-Куни (Лубнон), Маҳмуд Саид (Ироқ), Муҳаммад Зифзоф (Марокаш)


Вакти нашр: 2021-02-22 12:06:46    Хонданд: 116    Муфассал...

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2021

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2021 баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
3. Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмун тадбир андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, барои ҷалби бештари дӯстдорони санъату мусиқӣ ҷораҷӯӣ карда, ғолибони даврҳои якум, дуюм ва омӯзгорони онҳоро бо мукофотҳои моддӣ ва маънавӣ қадрдонӣ намоянд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2021 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ кардани чорабинии мазкур 2 540 000 (ду миллиону панҷсаду чил ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
11 феврали соли 2021
№АП-42

 

 

Замимаи 1
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 феврали соли  2021,
№АП-42

Низомномаи
озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» (минбаъд — озмун) ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

2. Озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд гузаронида мешавад.

3. Мазмун ва ғояи асосии суруду оҳанг ва асарҳои мусиқиро, ки ба озмун пешниҳод мешаванд, тараннуми шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон дар бар мегирад.

2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН

4. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

5. Масъулони баргузории озмун вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, кумитаҳои телевизион ва радио, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон мебошанд.

6. Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила ҷиҳати ҷалби наврасон, ҷавонон ва занони боистеъдод ба озмун мусоидат менамоянд.

7. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, раёсат, шуъба ва бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъули ташкил ва баргузории озмун мебошанд.

3. КОМИССИЯИ ОЗМУН

8. Барои гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» комиссия таъсис дода мешавад.

9. Салоҳияти Комиссияи озмун:

— таҳияи ҷадвали баргузории озмун ва назорати он;

— тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба озмун;

— пешниҳоди ҳайати ҳакамон барои даврҳои дуюм ва сеюми озмун;

— якҷо бо ҳайати ҳакамон гузаронидани семинари машваратӣ;

— интихоби дурусти асарҳои мусиқӣ;

— назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони озмун;

— омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокчиёни озмун ба даври ниҳоӣ;

— баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикояти довталабон ва иштирокчиён;

— тасдиқ ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони озмун.

4. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН

10. Озмуни мазкур дар се давр гузаронида мешавад:

— даври якум — моҳи  май-июни соли 2021 дар маркази шаҳру ноҳияҳо;

— даври дуюм — моҳи июл – нимаи аввали моҳи августи соли 2021 дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт;

— даври сеюм — то 16 ноябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо супоридани ҷоизаву дипломҳо ҷамъбаст мешавад.

11. Корҳои ташкилӣ барои баргузор кардани даври дуюми озмун ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт вогузор мегардад.

12. Протоколи ҳайати ҳакамон ба комиссияи ҷумҳуриявӣ ба даври сеюм бо имзои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Ҳисору Рашт ва раиси ҳакамон пешниҳод мешавад.

13. Ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо протоколҳои расмӣ тасдиқ шуда, барои иштирок дар даври сеюм ба комиссияи озмун  пешниҳод карда мешаванд.

14. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм ба даври сеюм то 30 октябр муқаррар карда мешавад.

15. Рафти даврҳои озмун тавассути васоити ахбори омма ва шабакаҳои телевизиону радио тарғиб карда мешаванд.

5. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН

16. Ба озмун, қабл аз ҳама, асарҳои тозаэҷоди композиторони ватанӣ ва инчунин асарҳо аз осори беҳтарини мусиқии классикии ватаниву ҷаҳонӣ дар жанрҳои мусиқии суннатӣ, академӣ ва эстрадӣ пешниҳод мешаванд.

17. Озмун дар байни гуруҳҳои зерин доир мегардад:

— хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, гуруҳҳои касбӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳои халқӣ, театрҳои халқӣ, дастаҳои ҳунарии назди раёсат, шуъбаву бахшҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ансамблҳои ҳунарӣ, оилавӣ (минбаъд – гуруҳи касбӣ);

— хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, ходимони илмӣ ва эҷодӣ (минбаъд – гуруҳи ҳаваскорон).

18. Барои ҳар як гуруҳ меъёрҳои озмунро комиссияи озмун дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг муқаррар менамояд.

19. Дар озмун шахсони шинохтаи санъати мусиқӣ, сарояндагону навозандагони унвондору касбӣ иштирок намекунанд. Ҳамзамон як шахс дар ду номинатсия ширкат варзида наметавонад.

20. Ғолибони озмун бо Ҷоизаи ифтихорӣ, ҷоизаҳои якум, дуюм ва сеюм, диплом ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд.

21. Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» (лауреатҳои Ҷоизаи ифтихорӣ, ҷоизаҳои якум, дуюм ва сеюм) баъди се сол ҳуқуқи иштирок дар озмуни навбатиро пайдо мекунанд.

22. Раддабандии синнусолӣ (барои иштирокчиёни гурӯҳи касбӣ) ба таври зайл тақсимбандӣ мегардад:

— аз 12 то 17- сола;

— аз 18 то 40 — сола.

23.  Дар озмун истифодаи фонограмма қатъиян манъ аст.

24. Теъдоди иштирокчиёни даври якум бемаҳдуд буда, ғолибони даври якум ба даври дуюм, ғолибони даври дуюм ба даври сеюм роҳхат мегиранд.

25. Миёни роҳбари муассисаи таълимӣ, омӯзгор ва довталаб (дар шахси падару модар ва ё сарпарасти ӯ) шартнома ҷиҳати омода намудани довталаб ба имзо расонида мешавад. Тартиби шартномаро Вазорати фарҳанг омода карда, ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мерасонад.

26. Баромади иштирокчиёни озмун дар даврҳои дуюм ва сеюм тибқи қуръапартоӣ сурат мегирад.

6. НОМИНАТСИЯҲО ВА ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН

27. Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:

— композиторӣ;

— сарояндагӣ;

— навозандагӣ.

28. Дар ҳар се номинатсия асарҳое пешниҳод мегарданд, ки дар мавзӯи зебоии табиати Тоҷикистон, ишқу ҷавонӣ, васфи Ватану ватандӯстӣ, ғояҳои Истиқлолу Озодӣ, сулҳу субот, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тараннуми симоҳои барҷастаи миллат, ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, об ҳамчун манбаи ҳаёт ва ободӣ ва ғайра таълиф шудаанд.

29. Ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ мебошад.

1) талаботи номинатсияи композиторӣ:

— дар ин номинатсия иштирокчиён бояд дорои таҳсилоти миёнаи махсуси мусиқӣ ва олии мусиқӣ, инчунин намояндагони мактаби суннатии устод-шогирд (бо нишондоди мушаххаси мактаб ва устод) бошанд;

— иштирокчиёни номинатсияи композиторӣ асарҳои худро метавонанд дар жанрҳои дилхоҳи худ бо истифодаи жанрҳои камеравӣ, калонҳаҷм, консерт, фантазия, поэма, сонато, сонатино, вариатсия, пйеса, ариозо, романс, суруд, кантата (симфонӣ, балет, опера, оперетта, оратория – барои мутахассисони калонсол), инчунин дар жанрҳои хосаи мусиқии анъанавӣ ва мусиқии эстрадӣ пешниҳод намоянд;

— иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро пешниҳод менамояд. Дар ин номинатсия аз довталаб коллоквиуми тахассусӣ гирифта мешавад. Тақризи касбӣ ба ҳар як асари пешниҳодшуда ҳатмӣ мебошад;

— асарҳо дар шакли клавир, партитура ё сабти нотавии шакли дигар (хусусан барои жанрҳои суннатӣ) ба комиссияи озмун пешниҳод карда мешаванд;

— дар даври дуюм ва даври сеюм асарҳо дар шакли мусиқии зинда (иҷрои амалӣ) баррасӣ мегарданд;

— ҳангоми баҳогузорӣ ҳар як аъзои ҳакамон уҳдадор аст, ки ба техникаи композиторӣ (тарзи созбандӣ, фактура, хусусиятҳои драматургиву композитсионӣ), мутобиқати мавзӯъ ба жанр, ҳамоҳангии матни шеърӣ ба мусиқӣ ва ғайраҳо аҳамият диҳад;

— хоҳишмандон аз гуруҳи ҳаваскорон барои иштирок кардан дар ин бахш бо тариқи ариза муроҷиат намуда, баъди гузаштан аз коллоквиуми тахассусӣ имкони иштирокро пайдо менамоянд;

2) талаботи номинатсияи сарояндагӣ:

— дар иҷрои барномаи сароянда маҳорати касбӣ, талаффузи бурро, тарзи баён, нафаси равон, диапазони васеи овоз, тақсимбандии дурусти ҳиҷоҳо, саҳназебӣ, либоси саҳнавӣ, одоб ва ҳаракати саҳнавӣ, ҷалби шунаванда ва самимияти сарояндагӣ ба эътибор гирифта мешавад;

— иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро дар жанрҳои гуногун пешниҳод менамояд;

— иштирокчӣ метавонад барномаи худро аз асарҳо дар жанрҳои суруд, романс, ария, ариозо, жанрҳои дигари мусиқии камеравии вокалӣ аз осори композиторони ватанӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин жанрҳои дахлдори мусиқии суннатӣ (аз шашмақом, фалак, мақомҳои маҳаллӣ ва ғайраҳо) ва мусиқии эстрадӣ мураттаб созад;

— дар ин номинатсия пешниҳоди силсилавӣ низ иҷозат дода мешавад;

— дар пешниҳоди сарояндагӣ ба шеърҳои муосир, хусусан истифодаи шеърҳо аз баёзҳои тозанашр, афзалият дода мешавад;

3) талаботи номинатсияи навозандагӣ:

— дар баромади навозанда маҳорати касбӣ, интихоби арзишманди асари мусиқӣ, мазмун ва жанри асар, хушсадоӣ, техникаи садобарорӣ, дилнишинии сабки навозандагӣ, одоби саҳнавӣ, симои зоҳирӣ, эҳсосоти зарбиву оҳангӣ, самимият ва аслияти сабки навозандагӣ ба эътибор гирифта мешаванд;

— иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро пешниҳод менамояд, ки онҳо бояд ба жанрҳои гуногун тааллуқ дошта бошанд;

— иштирокчӣ метавонад барномаи худро аз асарҳо дар жанрҳои гуногуни мусиқии полифонӣ, соната, вариатсия, консерт, пйесаи консертӣ, жанрҳои дигари мусиқии камеравии созӣ аз осори композиторони ватанӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин жанрҳои дахлдори мусиқии суннатӣ (аз шашмақом, фалак, мақомҳои маҳаллӣ ва ғайра) ва мусиқии эстрадӣ мураттаб созад;

— дар ин номинатсия пешниҳоди силсилавӣ низ иҷозат дода мешавад;

— дар пешниҳоди навозандагон ба сабкҳои аслии санъати навозандагии тоҷик афзалият дода мешавад.

30. Регламенти баромади довталаб дар даври дуюм то 5 дақиқа ва дар даври сеюм то 10 дақиқа муайян мегардад.

7. ҲАЙАТИ ҲАКАМОН

31. Ҳайати ҳакамони даври якум аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҳисоби мусиқишиносон, композиторон, санъатшиносон, омӯзгорони муассисаҳои махсуси санъати мусиқӣ дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанг интихоб гардида, ҳайати ҳакамони даврҳои дуюму сеюм бо пешниҳоди Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи композиторон аз ҷониби комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ тасдиқ карда мешаванд.

32. Ҳайати ҳакамон аз рӯи меъёри аз 5 то 10 хол тариқи овоздиҳии пӯшида ғолибонро муайян мекунад.

33. Комиссияи озмун дар ҳолати ҷавобгӯ набудани хулосаи ҳайати ҳакамон ба талаботи Низомномаи мазкур (дар ҳолатҳои истисноӣ ва ё муайян гардидани иштибоҳоти техникӣ) ҳуқуқи бекор кардани онро дорад.

8. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН

34. Хароҷоти даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун вобаста ба сафарбаркунии ғолибон ва омӯзгорони онҳо, буду бош дар маҳалли баргузории озмун аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, хароҷоти иловагии даври ниҳоӣ аз ҳисоби маблағи Вазорати фарҳанг  ва дигар сарчашмаҳои маблағгузории бо қонунгузорӣ манънагардида пардохт карда мешавад.

35. Ғолибони даври якум, дуюми озмун ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) ва ташкилоту муассисаҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

36. Омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври сеюми озмун сазовори ҷойҳои якум мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд.

37. Ғолибони ҷойи якум, дуюм ва сеюми даври сеюм аз номинатсияи композиторӣ ба аъзогии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.

38. Омӯзгороне, ки  шогирдони худро дар радабандии синусолии аз 12 то 17 – сола  аз даври якум то даври сеюми озмун омода менамоянд ва дар даври ниҳоӣ онҳо соҳиби Ҷоизаи ифтихорӣ ва ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро сазовор мешаванд, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд.

39. Ба ғолибони даври сеюм ва омӯзгорони онҳо тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад.

40. Рӯйхати ғолибони даври сеюм аз ҷониби комиссияи озмун дар асоси протокол тасдиқ гардида, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мувофиқа пешниҳод мешавад.

41. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тартиби додани мукофот ва ҷоизаро раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тасдиқ ва амалӣ менамоянд.

42. Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои озмун ва омӯзгорони онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сарпарастон иҷозат дода мешавад.

9. ТАРТИБИ ИШТИРОК ДАР ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУН

43. Барои иштирок дар даври сеюми озмун ба комиссия ҳуҷҷатҳои зерин ба таври ҳатмӣ пешниҳод карда мешаванд:

— маълумот дар бораи довталаб;

— асарҳо дар шакли ҳомили электронӣ;

— сабти нотавӣ (тибқи талаботи озмун);

— матни шеърҳо дар се нусха;

— нусхаи диплом оид ба таҳсилоти махсуси миёна ва ё олии мусиқӣ (барои гуруҳи касбӣ).

44. Ҳуҷҷатҳо оид ба ҷамъбасти даври сеюм бо протоколҳои расмӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамон тасдиқ гардида, комиссияи озмун онро баррасӣ менамояд.

45. Довталабоне, ки дар даври сеюм ғолиб намебароянд, бо диплом ва ифтихорнома сарфароз гардонида мешаванд.

10. ТАРТИБИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАИ ИФТИХОРӢ

46.  Ба ғолиби беҳтарин Ҷоизаи ифтихорӣ дода мешавад.

47. Дар даври сеюм ба ҳар як номинатсия як Ҷоизаи ифтихорӣ ҷудо карда мешавад, ки баробар ба Шоҳҷоиза аст.

48. Ҷоизаи мазкур ба иштирокчие, дода мешавад, ки дар асар офаридан, суруд хондан ва мусиқӣ навохтан маҳорат ва истеъдоди фавқулода дошта, маҳорат, истеъдод ва касбияти ӯ аз иштирокчии ҷойи якум болотар аст.

11. ИМТИЁЗҲО

49. Ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, ба мактабҳои миёнаи махсуси мусиқӣ, коллеҷи мусиқӣ ва мактаби олии мусиқӣ (консерватория) тариқи суҳбат, ба таври ройгон, бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд.

50. Вазорати фарҳанг протокол ва санадҳои ғолибони озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупоранд.

 

Замимаи 2
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 феврали  соли  2021,
№АП-42

Ҳайати
комиссияи озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) —  раиси комиссияи озмун;

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини раиси комиссияи озмун;

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини раиси комиссияи озмун;

Сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон –  котиби Комиссияи озмун

Аъзои Комиссияи озмун:

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон;

Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода;

Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон;

Директори коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов

 

Замимаи 3
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 феврали  соли  2021,
№АП-42

Ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии
«Тоҷикистон — Ватани азизи ман»

  1. Номинатсияи композиторӣ (аз 12 то 17-сола)

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

Жанри академӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

ҳамагӣ

5

  1. 000

 

  1. Номинатсияи композиторӣ (аз 18 то 40-сола)

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагиран-дагон (нафар)

Маблағи умумӣ

Жанри академӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

ҳамагӣ

5

115 000

Жанри анъанавӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

ҳамагӣ

5

115 000

Жанри эстрадӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

ҳамагӣ

5

115 000

ҷамъ

 
  1.  000

 

  1. Номинатсияи сарояндагӣ (аз 12 то 17-сола)

                               №

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

Жанри академӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

ҳамагӣ

5

115 000

Жанри анъанавӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

ҳамагӣ

5

115 000

Жанри эстрадӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

ҳамагӣ

5

115 000

ҷамъ

 
  1. 000

 

4. Номинатсияи сарояндагӣ (аз 18 то 40-сола)

                               №

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

Жанри академӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

ҳамагӣ

5

115 000

Жанри анъанавӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

ҳамагӣ

5

115 000

Жанри эстрадӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

ҳамагӣ

5

115 000

ҷамъ

 

345 000

5. Номинатсияи навозандагӣ (аз 12 то 17-сола)

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

Жанри академӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

ҳамагӣ

 

115 000

Жанри анъанавӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

ҳамагӣ

5

115 000

Жанри эстрадӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

ҳамагӣ

5

115 000

ҷамъ

 

345 000

 

6. Номинатсияи навозандагӣ (аз 18 то 40-сола)

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

Жанри академӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

20 000

ҳамагӣ

5

115 000

Жанри анъанавӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

ҳамагӣ

5

115 000

Жанри эстрадӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

ҳамагӣ

5

115 000

ҷамъ

 

345 000

ҷамъи бандҳои 1-6

 

1 840 000

 

7. Маблағ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро мегиранд

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон

(нафар)

Маблағи умумӣ

1

Ҷойи якум

10 000

7

70 000

2

Ҷойи дуюм

10 000

14

140 000

3

Ҷойи сеюм

10 000

14

140 000

   

ҳамагӣ

35

350 000

 

8. Ҷоизаи ифтихорӣ

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

1

Ҷоизаи ифтихории озмун (барои номинатсияи композиторӣ)

50 000

1

50 000

2

Ҷоизаи ифтихории озмун (барои номинатсияи сарояндагӣ)

50 000

1

50 000

3

Ҷоизаи ифтихории озмун (барои номинатсияи навозандагӣ)

50 000

1

50 000

 

ҳамагӣ

3

150 000

 

9. Хароҷоти иловагӣ

     

Маблағи умумӣ

1

Омода кардани ҷоми шоҳҷоизаҳо, дипломҳо  ва хароҷоти дигар    

200 000

 

Эзоҳ:

—  маблағи умумӣ барои пардохти маблағи мукофоти ҷоизаҳо ва хароҷоти иловагии озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»
2 540 000 (ду миллиону панҷсаду чил ҳазорсомониро ташкил медиҳад;

— мукофотҳо бо пули миллии сомонӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани пардохти андозҳо пешбинӣ шудаанд;

— иштирокчиёни даври сеюм бо дипломи озмун сарфароз гардонида мешаванд.


Вакти нашр: 2021-02-22 12:16:08    Хонданд: 110    Муфассал...

Дар 50 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе барномаи электронии «eDonish» фаъол гардонида мешавад

Аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и (Smart City) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар 50 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе барномаи электронии «eDonish» фаъол гардонида мешавад.

Сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иброз дошт, ки бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи шаҳри Душанбе» ва ҳамкории Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)» ин барнома дар 5 муассисаи таълимӣ фаъол буда, дар 20 муассисаи дигар муаррифӣ гардидааст.

Барномаи мазкур тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 августи соли 2020 «Дар бораи татбиқи барномаи электронии «eDonish» дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад.

Барномаи номбурда бевосита бо ташаббуси созанда ва навоваронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷорӣ намудани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини мунтазами ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо оила ва аҳли ҷомеа ва дар ин замина баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ба шаҳрвандон таҳияву амалӣ гардидааст.

Барномаи «eDonish»  хизматрасонии электронӣ мебошад, ки тавассути он волидони хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ахлоқу рафтор ва пешрафти донишомӯзии фарзандони худ бо истифода аз воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосир ва гирифтани паёмакҳо ба телефонҳои ҳамроҳ ба таври доимӣ бохабар мешаванд.

Ин барнома ҳамчунин шомили унсурҳои мухталифи иттилоотӣ, аз ҷумла журнал ва рӯзномаи электронӣ, ҷадвали дарсҳои асосӣ ва иловагӣ, назорати давомоти хонандагон ва мониторинги сатҳи дониши онҳо мебошад.


Вакти нашр: 2021-02-22 12:54:00    Хонданд: 75    Муфассал...

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номи неку корномаҳои ватандӯстонаи родмардонро пос медорад

Баҳри саҳми бесобиқа гузоштан дар ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат дар чор ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе юл саҳми вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №23-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қобилзода Далер Бахтиёр ба роҳ монда шуд.

Бояд қайд кард, ки дар кори хайр Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе- Мирзозода Иброҳим, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Қобилзода Далер Бахтиёр ва Исмоилова Шаҳноза, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷумахон, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Файзуллозода Зарина ва масъулини сохторҳои ҳизбӣ иштирок намуданд.

Дар аёдат родмардони Ватанро бо суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Мо на танҳо дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳамеша хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, пос медорем ва номи неку корномаҳои ватандӯстонаи онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунем” шодбош намуданд.

Ба оилаҳои собиқадорон кумакҳои моддӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, тухм, макарон, картошка, пиёз ва 20 кг маводҳои донагӣ расонида шуд.


Вакти нашр: 2021-02-23 08:02:53    Хонданд: 57    Муфассал...

АСОЛАТИ МИЛЛИИ МО ҲИМОЯИ МАРЗИ ВАТАН АСТ

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани "Рӯзи Артиши миллӣ" бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ба истиқболи ҷашни 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар Қисми низомии 02615-и Вазорати мудофиа таҳти унвони “Асолати миллии мо ҳимояи марзи Ватан аст” чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Нахуст меҳмонон Мирзозода Иброҳим-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Муродов Маҳмудҷон-вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Гулаҳмадзода Зулфиқор-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур аз шароити буду боши сарбозон, хонаи волидон, хонаи хизматрасонии иҷтимоӣ, хобгоҳи сарбозон, китобхона, толори варзишӣ ва ошхонаи сарбозон боздид намуда, аз як рӯзи ҳаёти сарбозон шинос гардиданд. Ҷавонони аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” меҳмононро ҳамроҳӣ намуда, бо сарбозони қисми ҳарбӣ дидору мулоқот намуданд.

Зимни шиносоӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Муродов Маҳмудҷон иброз дошт, ки барои ҳайъати шахсӣ ва сарбозони қисми низомӣ 5 адад телевизор дастрас намуда, ошхона ва толори фарҳангиро бо лампаҳои каммасрафи муосир беш аз пештар чароғон мекунад. Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии ин соҳибкори ватанӣ Муродов Маҳмудҷон Амонҷонович барои 950 нафар афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуд.


Вакти нашр: 2021-02-23 08:13:31    Хонданд: 102    Муфассал...

АРТИШИ МИЛЛӢ КАФИЛИ БОЭЪТИМОДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ, БЕХАТАРИИ КИШВАР ВА ЯГОНАГИИ МАРЗУ БУМ

Мафҳуми “Ватан” ва бузургдошти он аз қадим дар анъанаҳои миллиамон мавқеи муҳим дорад. Ин мафҳум дар худ ҷойи таваллуду маҳалли зисти одамон, шаҳру вилоят ва мамлакатро ифода мекунад. Соҳиби манзилу макон, сарпаноҳ, оила ва фарзандон будан низ ба тарзи хос мафҳуми “Ватан”-ро ифода мекунад. Мо дар остонаи ҷашнигирии 30 солагии рӯзе ҳастем, ки миллати куҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва соҳибтамаддуни тоҷик ба дастоварди бузург ва нодир - Истиқлолияти давлатӣ ноил гардид.

Бояд ёдовар шуд, ки Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди нерўи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд.

Маҳз ба шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик расмияти сиёсӣ пайдо кард. Дастоварди бузургтарини мо дар тўли қариб сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандўстиву ватандорӣ аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдўсти тоҷик ва роҳбари оқилу фарзона муяссар гардид.

Мардуми Тоҷикистон марҳалаи вазнини солҳои аввали истиқлолиятро паси сар намуда, баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пайваста талош меварзанд. Асоси мустаҳками амалӣ намудани тадбирҳои созандаву бунёдкориҳо, ҳукмфармо будани сулҳу салоҳ дар ҷомеа, якдигарфаҳмӣ ва якдилии мардум, ҳамзистии ҳамаи сокинон ба шумор меравад. Дар музаффариятҳои бадастомада ҳиссаи Қувваҳои Мусаллаҳ басо назаррас аст, зеро Артиши миллӣ кафили боэътимоди соҳибистиқлолӣ, бехатарии кишвар ва ягонагии марзу бум маҳсуб меёбад.

Албатта, давлати соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, соҳиби Артиши миллӣ ва қувваҳои мусаллаҳ шуданаш лозим аст. Артиши миллӣ дар роҳи ҳифзи истиқлолият, таъмини якпорчагии мамлакат, ҳимояи осоиштагӣ ва меҳнати бунёдкоронаи мардум, тарбияи ватанпарастии ҷавонон нақши муҳим мебозад.

Дар солҳои аввали истиқлолият бо раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти Артиши миллӣ ба роҳ монда шуда, ҳифзи Ватан ҳамчун бошарафтарин касбу рисолат эътироф гардид. Нуфуз ва эътибори хизматчиёни ҳарбӣ сол аз сол боло рафт. Имрўзҳо, агар дар ҳар куҷо шахсеро бо либоси ҳарбӣ бубинем, ба ў бо ҳавас ва ифтихор назар меафканем. Афроде, ки тақдирашонро бо ҳимояи Ватан пайваст намудаанд, меҳру эътибор, ғамхории Пешвои миллатро пайваста эҳсос мекунанд. Ин эътиборро дар таъмини хизматчиёни ҳарбӣ бо ҷойи зист, додани рутбаҳои ҳарбиву мукофотҳои давлатӣ, фиристодани арзандатарини онҳо барои идомаи таҳсил ба бонуфузтарин мактабҳои олии ҳарбии кишварҳои дуру наздик ва тадбирҳои бисёри дигар эҳсос кардан мумкин аст

Барҳақ, танҳо давлате, ки истиқлолияту сулҳу субот ва осоиштагии мардумашро таъмин менамояд, рў ба тараққӣ мениҳад. Имрўз мо дар назди худ мақсади бунёди давлати ҳамаҷониба рушдкардаро гузоштаем ва биноан табиист, ки дар навбати аввал ба мустаҳкам кардани иқтидори мудофиавии давлатамон эътибор диҳем.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакатамон баҳри ислоҳоти соҳаи ҳарбӣ тадбирҳои судманд андешида шуданд. Имрўз боифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллиамон ба талаботи замон ҷавобгў гардида, на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва дигар ташкилоту иттиҳодҳои бонуфузи байналхалқӣ мавқеи хоса касб намудааст.

Вақте ки сухан дар бораи ҳифзи Ватан меравад, беихтиёр қиссаҳо оид ба корномаи Шераку Спитамен, Абўмуслиму Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ ва дигар қаҳрамонон ба ёдамон мерасанд. Эҳсоси ин корнамоиҳо, донистани роҳи пуршарафи аҷдоди қаҳрамонамон, ҷасорату садоқати онҳо нисбат ба Ватан боис мегарданд, ки дар қалби ҳар як ҷавонмарди тоҷик муҳаббат нисбат ба Меҳан, ҳимояи марзу буми кишвар аз хуруҷи қувваҳои беруна ба маротиб боло равад.

Имсол мардуми Тоҷикистон ба пешвози ҷашни бузурги таърихӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар рўҳияи худшиносӣ, Ваҳдати миллӣ, ифтихори ватандўстиву ватанпарастӣ омодагӣ дида, айни замон барои боз ҳам ободу зебо шудани Ватани аҷдодиамон саъю кўшиш намуда истодаанд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки рушд ва давлатдории навину Истиқлолияти воқеии Тоҷикистон, якпорчагии он, Ваҳдати миллӣ, таҳкими сулҳ дар сарзамини бостониамон амалӣ гардид ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри ҳимояву осудагии Ватани азизамон ҳамеша талош меварзанд ва ин неъмати бузургроҳифз менамоянд.

ОЛИМОВА МАҲВАШ

РАИСИ ТҶҶ "СОЗАНДАГОНИ ВАТАН" ДАР КИИ "МАОРИФЧИЁН"


Вакти нашр: 2021-02-23 10:24:53    Хонданд: 87    Муфассал...

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28 - солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат оид ба таърихи 28 соли дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии кишвар таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузаштану ба як сохтори муташаккилу боэътимод, нерӯи пурқудрати ҳимоятгари давлату халқи Тоҷикистон ва яке аз шоҳсутунҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтанаш, андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар айёми ниҳоят душвор ва барои мардуми кишвар тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин раванд вобаста ба рушди иқтисодиёт идома меёбад.

Роҳбарияти давлат ва Ҳукумат хизмати содиқонаи хизматчиёни ҳарбиро ҳамеша қадршиносӣ мекунанд. То имрӯз садҳо нафар низомиён - фарзандони бонангу номуси Ватан бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд ва ин иқдом минбаъд низ идома дода мешавад.

Дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан ва савганди ҳарбӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва дӯстиву рафоқат тарбия кардани афсарони ҷавон ва сарбозон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва медонем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя мекунанд. Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо интизоми қавӣ, омодабошии доимии ҷангӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ истиқбол мегиранд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомӣ ва шаҳрвандони кишварро ба ифтихори бисту ҳаштсолагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо саломативу сарбаландӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани соҳибистиқлоламон рӯҳи шикастнопазир ва иродаи қавӣ орзу карданд.

Ҷамъомади идонаро барномаи рангину пурмуҳтавои консертӣ бо иштироки аҳли ҳунару фарҳанги кишвар шукуҳи тоза бахшид, ки тӯҳфаи арзандае барои афсарону сарбозони содиқи ҷумҳурӣ мебошад. 


Вакти нашр: 2021-02-23 14:09:50    Хонданд: 118    Муфассал...

Вакили Маҷлиси намояндагон Мироҷ Абдуллоев: «Қонун «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» се намуди асосии хизматро пешбинӣ менамояд»

Яке аз навовариҳои асосии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории  ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 январи соли 2021 қабул гардид, ин ворид кардани намуди нави хизмати ҳарбӣ маҳсуб мешавад. Қонуни мазкур бори дигар муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медарорад.

Ин нуктаро вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Мироҷ АБДУЛЛОЕВ дар арафаи Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  ҳамасола 23 феврал дар мамлакат  таҷлил карда мешавад,  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Cофия ШОИК баён намуд.           

Мутобиқи моддаи 41-и  қонун «Дар бораи уҳдадории  ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» се намуди асосии хизмати ҳарбӣ-хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок, хизмати ҳарбии ихтиёрӣ ва хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъватӣ-сафарбарӣ дар вазифаҳои  сарбозон пешбинӣ шудааст. Мутобиқи моддаи 59-и қонун ба шаҳрвандоне, ки кафедраи ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбиро аз рӯи барномаи омодасозии афсарони эҳтиётӣ хатм кардаанд, рутбаи якуми ҳарбии афсари эҳтиётӣ пас аз 12 моҳи адои хизмати ҳарбии муҳлатнок дода мешавад. Тибқи муқаррароти моддаи 37–и қонуни амалкунанда андозаи маблағ, тартиби супоридани он ва гузаштани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбариро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд»,- гуфт  Мироҷ Абдуллоев дар шарҳи бештари қонуни зикршуда.

Мавсуф дар суҳбат иброз дошт, ки баъд аз фурӯпошии  Иттиҳоди Шӯравӣ мустақил гардидани кишвар- ин гардиши азиме буд дар таърихи миллату Ватани мо. Пас аз ҳазор соли давлати Сомониён, ки дар замонаш як давлати муқтадир буд, бори дигар истиқлол насиби миллати куҳанбунёди мо гашт. Раванди бунёди давлатдории навини миллӣ дар Тоҷикистон баъди  ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ оғоз гардид. Пас аз анҷоми ҷанги  шаҳрвандӣ, ки тамоми шохаҳои ҳокимият фалаҷ гашта буд ва миллат дар ҳолати ногувор қарор дошт, бо ташаббус  ва ҳисси ватандӯстиву фидокорӣ ва ҷасорату матонати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат  сулҳу оромӣ  пойдор шуд. Хатаре, ки ба тамоми миллат ва давлат  таҳдид мекард, бо шарофати хирадмандию шуҷоати  Президенти ҷумҳурӣ бартараф карда шуд.

«Бояд гуфт, ки дар он рӯзҳои вазнин, ки ҳанӯз гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор, хоинони миллату давлат доим аз паси ошӯбҳои хиёнаткорона буданд, бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар зарур буд. Ҳанӯз 28 сол муқаддам, 23 феврали соли 1993 бо иқдом ва пуштибонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт, устувор гардид»,-гуфт Мироҷ Абдуллоев.

  

Номбурда тазаккур дод, ки Пешвои  миллат дар баромадҳои худ доимо таъкид мекунанд, ки «хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ бояд, пеш аз ҳама, дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ, интизоми қатъӣ, маҳорату малакаи ҳамаҷонибаи ҳарбӣ бошанд. Чунки артиш симои миллат ва бақои умри давлат аст. Интизоми оҳанин нишондиҳандаи беҳтарини ҳайати шахсии артиш ва шарти аввалини обрӯи он аст».

Гуфтаҳои Сарвари давлат барои насли ҷавон намунаи ибрат ва дарси одамият мебошанд. Артиши миллӣ аз рӯзҳои аввали таъсис барои ҳифзи  давлати мустақили мо, пойдории сулҳу оромӣ, тинҷию осоиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ободию сарсабзии Ватани маҳбубамон  ҳамеша омода буд.  Артиш ин такягоҳи давлат ва сипари миллат аст.

Имрӯзҳо ҷавонони шуҷою далер ва  бо нангу номуси тоҷик тибқи муқаррароти қонуни мазкур  баҳри ҳимояи марзу буми Ватан чун сипар  монеи ҳамлаи ҳар гуна душманони миллат ҳастанд. Бо сари баланд,  виҷдони пок омода ҳастанд, ки шабу рӯз чун афсари диловару шуҷоъ ватанро ҳифз намоянд. Зеро, ки дӯст доштани Ватан аз имондорист. Ҳар шахсе, ки ватанро дӯст медорад, вай модари худро дӯст медорад. Меҳре, ки ба модари худ  дошта бошем, бояд ба Ватан низ дошта бошем. Ҳар фард бояд бидонад, ки эҳтироми Ватан эҳтироми модар аст. Ва беҳуда нест, ки бузургон Ватанро ба модар ташбеҳ кардаанд, зеро ояндаи тақдири бехатарии Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба дӯши ҷавонони ҷасуру нотарсу шуҷоатпеша аст.

Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори  мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, имрӯз бояд ҳар ҷавони фидокор  ва дар роҳи ҳимояи Ватани хеш устувор ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надода, нисбат ба Ватан садоқати бепоён доштану ҳамеша омода будан ба иҷрои қарзи ҳарбиро дар замири худ ҷой диҳад. Аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дурӣ ҷӯяд, ба кирдорҳои номатлуб ҷалб нашаванд. Ва алайҳи ин тамоюлҳои хатарзо мубориза баранд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҷавонони саодатманди мо, ки дар даврони истиқлол, дар муҳити орому озод фаъолият доранд, ҳамчун шахсияти ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам маънавӣ баркамол тарбия ёбанд. Дар вуҷуди наврасону ҷавонон бояд ифтихори миллӣ, эҳсоси гарми  ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ аён бошад. Хидмат ба Ватан қарзи муқаддаси ҳар ҷавонмард аст. Чунонки Бадриддин Ҳилолӣ фармудааст:

Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст,
Агар рӯбаҳ далер ояд, чу шер аст.

Маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ яке аз чорабиниҳои муҳимӣ сиёсӣ мебошад. Нақшаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар даъватҳои баҳориву тирамоҳӣ дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат пеш аз муҳлат ва барзиёд иҷро мешавад. «Ҷавононе ҳастанд, ки бо хоҳиши худ ва амри виҷдон ба комиссариатҳои ҳарбӣ омада, ба хизмат  мераванд. Дар қиёс ба  солҳои пешин шароити хизмат дар   сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон хеле беҳтар шудааст. Бисёр падарону модарон ба қисмҳои ҳарбӣ рафта, аз рафти хизмати фарзандонашон дидан намуда, аз шароити хуби он изҳори сипос менамоянд. Дар робита бо ин мехоҳам хотирнишон созам, ки то имрӯз ҷавононе ҳастанд, ки аз хизмат ба сафи Артиши миллӣ саркашӣ мекунанд ё ба муҳоҷират рафта, пинҳон мешаванд. Дар қалби ин зумра ҷавонон ҳисси муҳаббат ба Ватан- модар нест. Дар тинаташон шарм ва азоби виҷдон вуҷуд надорад. Бояд гуфт, ки эътибору нуфузи чунин ҷавонон дар байни ҷомеа коста мегардад. Ин гуна ҷавононро қалб ва виҷдону имонашон ҳамеша бояд азоб диҳад. Ҷавонон тавре бояд хизмат кунанд, ки хизмати онҳо дар сафи Артиши миллӣ ибратомӯз бошад. Бояд шумо бо риштаҳои нозуки шарафу номусу ор ва садоқат ба Ватан пайваста бошед. Аз байни ҷавонони мо бояд сарбозони шуҷоъ, инсонҳои далер ва ҷасур,  ҷанговари номӣ бароянд»,-афзуд вакил.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки «ҷавонони мо  бояд аз «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, аз корнамоиҳои Золи Зар, Рустами Достон, Сиёвуши Сафшикан, Ифандиёри Рӯинтан ва Гурдофарид бахубӣ огоҳ бошанд. Мо аз гузаштагони боору номуси  худ, чун  Спитамену Деваштич, Муқаннаъу Темурмалик, Восеъ ва Маҳмуди Торобӣ ифтихор мекунем ва баҳрашон суханҳои арзишманд мегӯем. Онҳо садсолаҳо инҷониб номи худро дар таърих ҳамчун қаҳрамон ба ҷой гузоштанд ва чун диловару ҷонфидо баҳри ҳафзи Ватан бо далерию матонат  ном бароварданд. Ҷавонони мо набояд он қаҳрамонию шуҷоати падарону бобоёни худро дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945)  фаромӯш кунем. Дар ин ҷанги хунини бераҳмона 54 нафар ҳамдиёрони мо сазовори унвони олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ- Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ гардиданд.  Хушбахтона, имрӯз шаҳрвандони кишвари мо дар фазои осуда, бо хотири шод зиндагӣ доранд».

Дар идома Мироҷ Абдуллоев зикр кард, ки дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои муаззами миллат ба ҷавонон иброз дошта буданд, ки  «ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».  Аз ин суханони хирадмандонаю бунёдкоронаи  абармарди дунёи сиёсат- Пешвои миллат бармеояд, ки ҳар яки мо бояд барои ҳимояи кишвари азизи худ, ки ҳар ваҷаби он бароямон муқаддас аст, то ҷон дар рамақ дорем, содиқона хизмат намоем. Вожаи   ватандӯстӣ ё ватанпарастӣ  маънои ишқу меҳру муҳаббати беандоза ва садоқати бепоён  доштан ба Ватан аст.


Вакти нашр: 2021-02-23 15:46:04    Хонданд: 96    Муфассал...

Таҳти унвони «Пешвои миллат-поягузори Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш доир шуд

Бо ибтикори КИМ ҲХДТ ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Пешвои миллат-поягузори Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамоиш доир гардид.

Дар ҳамоиши мазкур нахуст ҳамаи афсарон ва курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилиро ба муносибати 28-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ самимона табрик гуфтанд.

Бо қаноатмандӣ ва сарафрозии зиёд аз саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Артиши миллӣ ёдовар шуда, зикр шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакати мо дар заминаи хушку холӣ аз сифр бунёд гардид. Бо гузашти солҳо бо сиёсати хирадмандонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз Артиши миллӣ ба неруи тавоно табдил ёфтааст.

-Вазъи ноустувори сиёсии ҷомеаи ҷаҳон моро водор месозад, ки беш аз ҳарвақта барои таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ кӯшиш намоем. Дар самти нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо заҳматҳои шабонарӯзии кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ муассир арзёбӣ гардид. Саҳми Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар омода намудани кадрҳои болаёқати соҳа хеле назаррас аст,- гуфта шуд дар ҳамоиши мазкур.

Иброз гардид, ки сол ба сол дар қисмҳои низомӣ шароит беҳтар гардида, ҷавонон бо амри дил ва ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ сафарбар мешаванд.


Вакти нашр: 2021-02-23 15:50:40    Хонданд: 90    Муфассал...

«Бар Ватан содиқам!». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши афсарону сарбозон доир гардид

22 феврал  дар “Кохи афсарон”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон таҳти унвони “Бар Ватан содиқам!” ҳамоиши афсарону сарбозон доир гашт.

Он аз доираи силсилабарномаҳоест, ки ба ифтихори 28-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз 15 феврал то имрӯз бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар қаламрави мамлакат роҳандозӣ шуда истодаанд.

Дар ҳамоиши мазкур раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Оятулло Аҳмадзода зикр дошт, ки “бо гузашти 28 сол бо ифтихор гуфта метавонем, ки дар натиҷаи пуштибонии гарму самимонаи мардуми сарбаландамон, бахусус ҷонбозиву фидокориҳои афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи навтаъсиси кишварамон хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва парокандашавии миллат рафъ шуда, ҳоло мо барои пойдору устувор гардонидани аркону пояҳои давлати миллиамон дастаҷамъона азму талош дорем”.

 

Намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр дошт, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам давра ба давра пуриқтидор гардида, сатҳу сифат ва шароитҳои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат беҳтар гашта истодааст. Бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки афсарону сарбозони шуҷои Ватан то охири нафас ба савганди ҳарбӣ содиқ мемонанд ва ба Ватану миллат содиқона хизмат мекунанд.

Дар фарҷоми ҳамоиш ба як гурӯҳ сарбозон ва курсантони Донишкадаи ҳарбӣ ва Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳо тақдим шуданд.


Вакти нашр: 2021-02-23 16:01:13    Хонданд: 92    Муфассал...

ШЕРАЛӢ МИРЗО: «ИСЛОҲОТИ ҲАРБӢ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ МАМЛАКАТ ИДОМА ДОРАД». Вазири мудофиаи Тоҷикистон ба саволҳои хабарнигори АМИТ «Ховар» посух дод

Имрӯз, 23 феврал, аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол сипарӣ мешавад. Дар остонаи Рӯзи Артиши Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарнигори АМИТ  «Ховар» Марзия САИДЗОДА бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — полковник Шералӣ МИРЗО мусоҳиб шуд.   

АМИТ «ХОВАР»: — Муҳтарам вазир, қаблан  Шумо ва тамоми афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Рӯзи таъсиси Артиши миллӣ табрик намуда, дар иҷрои вазифаи пуршараф – ҳимояи Ватан  комёбиҳо таманно менамоям. Мехостам мухтасар доир ба таърихи таъсис ва ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳ   маълумот медодед. 

ШЕРАЛӢ МИРЗО: — Ташаккур. Ман низ бо истифода аз фурсати муносиб тамоми афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро бо ин рӯзи таърихӣ табрик намуда, ба онҳо дар ҳифзи  марзу бум ва музаффарияти кишвар муваффақият орзу дорам. Мавриди зикр аст, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он ки  кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ шурӯъ намуд, вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне,  ташкили Артиши миллӣ дар ҷойи холӣ, аз сифр  шурӯъ шуд. 18 декабри соли 1992 аз ҷониби  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор  ва расман санаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсис  марҳилаҳои гуногунро паси сар намуд. Давраи аввал ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд, ки он муваффақона анҷом ёфт. Давраи дуюм — марҳилаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаи пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки он ҳанӯз идома дорад. Ва давраи асосӣ  бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвияти иқтидори ҷангии онро дарбар мегирад. Айни ҳол дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ — Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ фаъолият дошта, ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар идома дорад.

АМИТ «ХОВАР»: — Артишро сипари  давлат меноманд. Бигӯед, ки дар шароити феълӣ омодагии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар кадом сатҳ аст?

ШЕРАЛӢ МИРЗО: — Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардонидани шароити моддӣ-техникӣ ва  вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ғамхории пайваста зоҳир менамояд.  Ҳамасола тибқи нақшаи ягонаи тайёрии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳама гарнизонҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ маҷмӯи машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, тамринҳои васеи амалиётӣ-тактикӣ ва стратегӣ, машғулияти омодагии сафарбарӣ, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва дигар чорабиниҳои низомӣ ташкилу  роҳандозӣ мешаванд. Танҳо давоми соли 2017 дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ беш аз сад ҳазор нафар шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта ба ҷамъомаду машғулияти гуногуни таълимӣ фаро гирифта шуданд. Илова бар ин, зиёда аз ҳазор адад техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву артиллерӣ, мошинҳои махсуси зиреҳдор, авиатсияи ҳарбӣ, мошинҳои боркашу нақлиётӣ дар машқҳои муштараки дохили кишвар истифода шуданд.

Батадриҷ баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳамсони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ аз паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ, чи дар ҳудуди Тоҷикистон ва чи берун аз он дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар сол тибқи нақша пайваста машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ низ гузаронида мешаванд. Дар зарфи 28 соли фаъолият дар Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҳисоби афсарону сарбозон ҳазорҳо нафар мутахассисони соҳаҳои мухталифи ҷангӣ, аз қабили нишонгир-снайперҳо, парашутистон, минаҷӯён, тирандозон, нишонгиру ронанда, экипажи техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, ҳавонавардони ҳарбӣ ва дигар ихтисосҳое, ки барои Артиши миллии Тоҷикистон заруранд, омода гашта, дар комиссариатҳои ҳарбӣ ба ҳайси неруҳои эҳтиётӣ ба қайд гирифта шудаанд.

АМИТ «ХОВАР»: — Вазорати мудофиа барои пуррагардонии афсарони касбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва омода кардани мутахассисони низомӣ чӣ тадбирҳо андешидааст? 

ШЕРАЛӢ МИРЗО:  —  Сафҳои Артиши миллӣ асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва Академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷии дуру наздик бо афсарони касбӣ пурра гардонида мешаванд. То ин дам аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбӣ, ки ҳамасола беш аз 200 нафар афсарони касбӣ онро аз рӯи 18 ихтисос хатм менамоянд, зиёда аз 4 ҳазор нафар ба ҳайати ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохтору мақомоти қудратии кишвар шомил гардидаанд. Инчунин ҳамасола афсарон ва курсантони тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Чин, Покистон, Чехия баҳри таҳсил, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристода мешаванд. Тадбирҳои саривақтӣ вобаста ба тайёр намудани мутахассисон дар ин мактабҳои олӣ имконият фароҳам овард, ки сафи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ бо афсарони касбӣ пурра гардонида шаванд. Айни ҳол дар муассисаҳои олии таълимии ҳарбии кишварҳои ба мо дӯсту ҳампаймон, яъне Академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбӣ қариб 600 нафар курсант ва беш аз 120 нафар шунаванда таҳсили илми низомӣ менамоянд.

АМИТ «ХОВАР»: — Тоҷикистон  бо кадом давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ ба роҳ мондааст?  

ШЕРАЛӢ МИРЗО:  — Ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазоратҳои мудофиаи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар мубориза бар зидди терроризму дигар зуҳуроти номатлуб, ташкили пайвастаи машқу унсурҳои мухталифи низомӣ, омодасозии афсарони касбӣ ва расонидани кумакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони кишвар ба роҳ монда шудааст. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории самарабахшро бо созмонҳои байналмилалӣ, назири Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), «Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Дастгирии кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи проблемаҳои минаҳо» ва дигар ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ густариш додааст. Айни замон Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 50 кишвари олам ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии дуҷонибаву бисёрҷониба ба роҳ мондааст.

АМИТ «ХОВАР»: — Раванди таълиму тарбия дар Қувваҳои Мусаллаҳи  мамлакат чӣ гуна  ба роҳ монда шудааст?  

ШЕРАЛӢ МИРЗО:  — 20 феврали соли 2015 бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба имзо расидонида шуд. Ин Консепсия  тартиб, моҳият ва мавқеи низоми корҳои сиёсию тарбиявиро вобаста ба амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ, таъмини ҳолати ахлоқию рӯҳии ҳайати шахсӣ, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун, таҳкими интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани мақом ва обрӯю эътибори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷомеа таъмин менамояд. Мусаллам аст, ки сатҳи омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон аз маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи хуби афсарону сарбозон, такмили донишҳои сиёсиву низомӣ ва ба эҳсоси баланди ватандӯстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии зиёд дорад.  Ин аст, ки хизматчиёни ҳарбии қисму воҳидҳои низомӣ иштирокчиёни фаъоли ҳама гуна чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявианд.

АМИТ «ХОВАР»: — Барои  риояи интизоми ҳарбӣ, қонуният ва оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ кадом корҳо анҷом дода шудаанд?

ШЕРАЛӢ МИРЗО: — Бо мақсади пешгирии қонуншиканӣ, аз байн бурдани сатҳи содиршавии ҷинояткорӣ ва дигар рафторҳои ғайриоинномавӣ дар миёни ҳайати шахсии ҷузъу томҳо корҳои тарғиботию ташвиқотиро вобаста ба нақшаи пешбинишудаи фаъолият дар қисмҳои низомӣ бо хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ, асосан ҷиҳати пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, риояи қонуният ва талаботи бечунучарои оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ муташаккилона ба роҳ мемонанд. Дар ин замина, дастурамалҳои методӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, китобу дигар маҷмӯаҳои илмӣ-методӣ ба табъ расонида шуда, барномаҳои телевизионӣ, филмҳои тарғибкунандаи ватандӯстӣ таҳия ва манзури хизматчиёни ҳарбӣ гардонида мешаванд. Ҳамзамон дар қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва маишиву фароғатӣ доир мегарданд. Дар тамоми ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи кишвар мавзеъҳои истироҳатӣ, китобхона ва дигар толорҳои фарҳангиву фароғатӣ муҳайё гаштаанд. Инчунин Вазорати мудофиаи кишвар ҳамкории судмандро бо тамоми вазорату кумитаҳо, сохтору мақомоти давлативу қудратӣ, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷанговарони башардӯст, волидони хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар афроди некбини ҷомеа таҳким бахшида, дар ин замина корҳои зиёду назаррасеро амалӣ менамояд. Инчунин барои тақвияти робитаи хизматчиёни ҳарбӣ бо аҳли ҷомеа пайваста дар қисму воҳидҳои низомӣ суҳбату вохӯрии сарбозон бо волидону толибилмони мактабҳои миёна, ҷавонони то синни даъватӣ, масъулини вазорату кумитаҳо, идораҳои давлатӣ, аҳли зиёи мамлакат ва шоирону адибони маъруфи кишвар доир гардида, ҳамчунин  маҳфилу озмунҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида мешаванд.

АМИТ «ХОВАР»: — Раванди бунёдкориҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна ҷараён дорад?

ШЕРАЛӢ МИРЗО: — Солҳои аввали истиқлол ҷузъу томҳои навтаъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар пойгоҳҳои муассисаҳои гуногуни давлатӣ таъсис ёфта буданд. Батадриҷ қисмҳои низомӣ вобаста ба ҳадафу вазифаҳои таъсису уҳдадорӣ аз ҳудуди пойтахт ва аз дигар мавзеъҳои наздик ба минтақаҳои аҳолинишин бароварда шуда, дар мавқеъҳои стратегии мамлакат мустақар гардиданд.

Артиши миллӣ дар зарфи 28 сол маҳз бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд намуда, дар гарнизонҳои Хатлону Суғд, Хоруғ, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ садҳо биноҳои маъмурию ситоди қисмҳои ҳарбӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбӣ ва дигар иншооти зарурии низомӣ бо сифати баланд, меъёри ҳарбӣ ва талаботи муосири низомӣ мавриди истифода дода шуданд.

АМИТ «ХОВАР»: — Вазорати мудофиа  баҳри  таъмини хизматчиёни ҳарбӣ ва узви оилаҳои онҳо бо манзили истиқоматӣ чӣ гуна тадбирҳо меандешад?

ШЕРАЛӢ МИРЗО: — Таъмини хизматчиёни ҳарбӣ ва узви оилаҳои онҳо бо манзили истиқоматӣ доимо дар маркази таваҷҷуҳи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дорад ва баҳри иҷрои ин мақсад аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар корҳои зиёде амалӣ гардонида шуданд. Дар ҳудуди вилоятҳо ва пойтахти кишвар танҳо аз Вазорати мудофиаи мамлакат наздики 600 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо бо манзили зист таъмин гардиданд ва  бунёди хонаҳои истиқоматӣ ё худ шаҳраки низомиён барои афсарону оилаҳои онҳо ҳамоно идома доранд.

АМИТ «ХОВАР»: — Ҷисман обутоб ёфтани афсарону сарбозон ва дар маҷмӯъ баланд бароштани иқтидори омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ба варзиш сахт рабт дорад…

ШЕРАЛӢ МИРЗО: — Бале, воқеан чунин аст. Бо мақсади ҷисман обутоб ёфтани афсарону сарбозон, баланд бардоштани маҳорату малакаи ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ аз соли 2003 дар тобеияти Вазорати мудофиа Клуби марказии варзишии артиш амал мекунад. Он яке аз шохаҳои боэътимоди варзиши ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, варзишгарони он ба ҳайати дастаҳои мунтахаби кишвар шомиланд. Онҳо аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш дар садҳо мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат намуда, ба зинаҳои намоёни ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Варзишгарони Клуби марказии варзишии артиш барои рушди варзиши ҳарбӣ саҳми арзанда гузошта, ҳамасола дар мусобиқаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, сазовори медалҳои тиллоиву нуқра,  биринҷӣ, ифтихорномаҳо ва дигар туҳфаҳои арзанда мегарданд. Барои рушди варзиш ҷавонону наврасон бахусус хизматчиёни ҳарбӣ дар қисмҳои низомии Вазорати мудофиа толору майдончаҳои хуби варзишӣ ва барои обу тоби бадан дигар шароитҳои зарурӣ муҳайё гардонида шудааст, ки имкон медиҳад, тамоми машғулиятҳои ҷисмонӣ сари вақт ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шаванд. Айни ҳол дар тобеияти ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа дастаҳои варзишгар амал карда, онҳо дар тамоми мусобиқаҳо фаъолона ширкат менамоянд.Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани Рӯзи таъсиси Артиши миллӣ аз ҷониби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи кишвар ва дигар масъулини марбутаи ин ниҳоди қудратӣ, чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ ва фароғативу варзишӣ гузаронида шуданд. Инчунин бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар, ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи мамлакат ва хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ шиори «Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо неруи тоза, омодабошии баланди ҷангӣ ва интизоми намунавӣ истиқбол мегирем»-ро қабул намуданд, ки дар ин замина дар радифи корҳои созандагӣ ва тақвияти самтҳои фаъолияти соҳавӣ, инчунин то охири соли 2021 чорабиниҳои сиёсиву низомӣ ва фарҳангиву варишӣ гузаронида мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки  талаботи қонунҳои амалкунанда, амру супоришҳо ва иқдому ташаббусҳое, ки бо фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ ва кулли хизматчиёни ҳарбӣ гузошта мешаванд, аз тарафи хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ сари вақт ва бо сарбаландӣ иҷро мегарданд. Афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-модар ва халқу давлат сарбаландона иҷро намуда, донишу  таҷриба ва малакаю маҳорати худро баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таъмини оромию субот дар кишвар равона менамоянд.


Вакти нашр: 2021-02-23 16:07:58    Хонданд: 151    Муфассал...

АКСИЯИ ИТТИЛООТӢ ТАҲТИ УНВОНИ "БА ВАТАН СОДИҚАМ"

Имрӯз дар доираи нақша- чорабиниҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" аксияи иттилоотӣ таҳти унвони "Ба Ватан содиқам" дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахти азизамон ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар аксияи мазкур аз ҷониби масъулони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои пойтахт зиёда аз 6 ҳазор адад варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон тақсим карда шуд.

Мақсад аз баргузории аксияи мазкур пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносию худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ ва пос доштани марзу бум ва муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад.

Ҳамин аст, ки рӯз то рӯз ҷавонони далеру шуҷои Ватан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд гардида, содиқонаву софдилона ба Ватан- Модар хизмат намуда истодаанд.

ҲХДТ –ҳизби тарбиятгару роҳнамо пайваста барои ба камол расонидани ҷавонони ҷасуру фидокор, ватандӯсту ҳимоятгар ва худшиносу худогоҳ нақши калидӣ мегузорад.


Вакти нашр: 2021-02-23 17:35:07    Хонданд: 104    Муфассал...

"БА ВАТАН СОДИҚАМ"

Имрӯз дар доираи нақша- чорабиниҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  дар якҷоягӣ ба Кумитаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи И.Сомонӣ чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони "Ба Ватан содиқам" дар қисми низомии 6593- Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ Ҳомидзода Насимҷон мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Шарипова Лайло мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Рахмонов Часур мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Турсунзода Ҷумъабой -Роҳбари қисми низомӣ иштирок намуданд.

Нахуст ташкилкунандагони чорабинӣ ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуда, зикр карданд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳ ба як нерӯи тавонои пуриқтидор табдил ёфта, амнияти давлату миллатро комилан боэътимод дифоъ менамояд. Аз суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос овард: “Мо на танҳо дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳамеша хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, пос медорем ва номи неку корномаҳои ватандӯстонаи онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунем”.

Сипас барои фаъолияти хубу муассири афсарон ба фаъолони онҳо ифтихорнома ва ба варзишгарон туҳфаҳо супорида шуд.

Бо пешниҳоди шеъру тарона ва сурудҳои ватандӯстӣ хотири иштирокчиён болида гардид.


Вакти нашр: 2021-02-23 18:17:41    Хонданд: 130    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлиро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, ки ба Тоҷикистон ташриф овардааст, бо мулоқоти корӣ пазируфтанд.

Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлати мо бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон, бахусус ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи амниятӣ муҳокима карданд.

Дар ин зимн таъкид гардид, ки то ба имрӯз миёни кишварҳои мо зиёда аз 160 санади ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният ба имзо расидааст, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҷонибҳоро ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон бо ин Пешвои миллат зарурати татбиқи ҳамаҷонибаи санади дар соҳаи амниятӣ баимзорасидаро, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байни мақомоти умури дохилии ду кишвар заминаи мусоидро фароҳам овардааст, бахусус таъкид карданд.

Вобаста ба ин Сарвари давлати Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷониби Эронро ба аҳамияти иҷрои фаъоли муқаррароти санади мазкур ҷалб карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои умдаи шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар пасманзари пандемияи коронавирус мавзӯи зуҳуроти бӯҳронӣ шадиди иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ низ, ки бешубҳа, ба вазъи кунунӣ ва ояндаи кишварҳои минтақа ҷиддан таҳдид мекунад, мавриди баррасӣ қарор дошт.

Дар ин зимн ҷонибҳо нисбати иқдомҳои амалии ҳукуматҳои ду кишвар ҷиҳати мубориза бо пандемия мубодилаи иттилоъ анҷом доданд.

Дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо дигар масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуданд.

Мулоқот бо Вазири кишварии (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ 23.02.2021


Вакти нашр: 2021-02-24 07:55:08    Хонданд: 98    Муфассал...

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид

Имрӯз, 25 феврал дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи XXI Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид, ки дар он аъзои Шӯрои машваратӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони шарикони рушд ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҷаласаро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ифтитоҳ намуда, нахуст тибқи рӯзнома аъзои нави Шӯроро муаррифӣ кард.

Дар ҷаласа масъалаҳои ҷараёни иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлили вазъи соҳаи саноат ва муайян намудани имконияти нави баланд бардоштани иқтидори соҳа ва масъалаҳои асосии лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зикр намуд, ки солҳои охир бо мақсади тақвият бахшидани рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтар дар ин самт корҳои назаррас амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ  дар низоми «Равзанаи ягона» — и мақомоти андоз содаву ройгон ба роҳ монда шуд, ки ба боз ҳам осон ва камхарҷ шудани оғози фаъолияти соҳибкорӣ, афзоиши шумораи соҳибкорон ва дар маҷмӯъ фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ мусоидат мекунад.

Низомҳои «Равзанаи ягона» ҷиҳати барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ, барои дастрас намудани иҷозати корҳои сохтмонӣ, пешниҳоди шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ, бақайдгирии аволи ғайриманқул ва дигар механизмҳои муосир бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ташкил карда шуд, ки ба раванди фаъолияти соҳибкорӣ сабукӣ овард.

Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои қарорҳои ҷаласаи XX  Шӯрои машваратӣ гузориш дод. Тавре зикр гардид, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба иншооти сайёҳӣ, мехмонхонаҳо, корхонаҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ якчанд  имтиёҳо, аз ҷумла дар шакли таътили пардохтҳои андозӣ, пардохт накардани маблағи иҷораи моликияти давлатӣ, фазои қарзҳои бонкӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ва дигар сабукиҳо фароҳам оварда шуд.

Саъдӣ Қодирзода таъкид намуд, ки бо мақсади такмили хизматрасониҳои давлатӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии давлатӣ» таҳия ва ба баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ бо истифода аз имконияти васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мебошад. Аз ҷониби Агентии омор 31 намуд ҳисоботи оморӣ пурра ба низоми электронӣ ворид карда шуда, хусусан дар соҳаи саноат раванди ҷамъоварии 3 намуди шаклҳои ҳисоботи оморӣ аз соҳибкорон бо усули электронӣ роҳандозӣ карда шудааст.

Инчунин вобаста ба ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринакдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ»; пурра фаъол шудани низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва тарнзитӣ» аз 1 сентябри соли 2020; таҳлили рейтинги миллии фазои сармоягузорӣ; тасдиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020 оид ба Консепсияи ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва Барномаи муҳайё намудани шароити мусоид барои ҷорӣ намудани таҷрибаи муносиб дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, яъне стандартҳои байналмилалии Global G.AP; маълумот дода шуд.

Муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Шарифӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба таҳлили ваъзи соҳаи саноат ва муайян намудани имконияти нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа маълумот дод.

Ҷиҳати баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа инчунин раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, роҳбари Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон – Ян Питер Олтерс, Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон – Сезин Синаноғлу, узви Шӯро, роҳбари ҶСК «Комбинати шири Кӯлоб» — Бозоралӣ Одина, узви Шӯро, роҳбари ҶДММ «Корвони Аср» — Ҳасан Абдулло ва дигарон андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд.

Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода оид ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа маълумот дода, масъалаҳои рушди тиҷорати электронӣ, таҳлили соҳаи содирот ва ташкили низоми миллӣ дар ин самт, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи хӯроки умумӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаро барои баррасӣ дар ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби аъзои Шӯро дастгирӣ ёфт.

Дар анҷом Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода масъалаҳои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла саноатикунонии мамлакат, баланд бардоштани суръати афзоиш ва васеъгардонии истеҳсолоти саноатӣ, рушди кооператсияи истеҳсолӣ, истифодаи самараноки бартарияти минтақавии соҳаи саноат, истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридод, азнавтаҷҳизонии истеҳсолоти амалкунанда, содироти маҳсулоти ниҳоӣ. масъалаҳои Кодекси андоз дар таҳрири нав ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок, низоми идоракунии корпоративӣ ва дигар масъалаҳоро зикр намуд.

Сарвазири мамлакат ҳамзамон роҷеъ ба тадбирҳои баланд бардоштани масъулияти вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар самти рушди соҳибкорию сармоягузорӣ, тақкими ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар минтақаҳо ибрози назар намуд.

Зимни ҷамъбасти ҷаласа вобаста ба нуқтаҳои зикргардида ба вазорату идора ва масъулини дахлдор дастуру супоришҳо ва ба шарикони рушд тавсияҳо дода шуданд.

 


Вакти нашр: 2021-02-26 07:52:48    Хонданд: 88    Муфассал...

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёд намудани андозаи стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин магистр, аспирант ва докторантҳо

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи зиёд намудани андозаи стипендияи донишҷӯёни
муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии
Тоҷикистон, инчунин магистр, аспирант ва докторантҳо

 

Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯён, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Аз 1 сентябри соли 2021 андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз стипендияҳои президентӣ, курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон), инчунин магистр, аспирант ва докторантҳо ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалигардонии фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
25 феврали соли 2021
№127


Вакти нашр: 2021-02-26 08:01:07    Хонданд: 60    Муфассал...

КОНФЕРЕНСИЯИ III ҒАЙРИНАВБАТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ “НУРИ ИСТИҚЛОЛ” БАРГУЗОР ГАРДИД

Бо ишитроки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ-Раиси фраксияи ҲХДТ дар парлумони кишвар Обидов Фозил, Раиси Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор ва Самӣ Даврон Шариф-Директори шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе конференсияи ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид.

Аз рӯйи масъалаҳои пешбинигардида нахуст Вализода Муҳаммад оид ба тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ намуда, афзуд, ки аз назари мазмун ва муҳтавои умумӣ Паёми имсолаи Пешвои миллат ба якчанд бахши асосӣ тақсим мешавад, ки ҳар яке барои рушди устувори кишвар ва таъмини зиндагии сазовори мардум аҳамияти муайянкунанда доранд. Аз ҷумла озод намудани кишоварзон аз андози ягонаи замин, зиёд намудани стипендияҳои донишҷӯёну аспирантон, бунёди хонаинтернатҳо дар кишвар барои ятимону ниёзмандон, ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, устодону волидони онҳо, рушди ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, такмили низоми қонунгузорӣ, ҳимояи забони давлатӣ ва арзишҳои миллӣ бахшҳои вижаи паёми имсола буд, ки мардуми шарифи кишварро ба хушнудӣ ва руҳбаландӣ ҳидоят намуд. Сипас муовини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии “Нури истиқлол” аз фаъолияти кумитаи мазкур фишурда ҳисобот доданд.

Сипас бо сабаби тағйири ҷойи корӣ якчанд нафар аъзои раёсати кумитаи иҷроияи ибтидоӣ бозхонд гардида, аъзоёни нав бо пешниҳоди вакилони конференсия интихоб гардиданд. Ҳамзамон Самӣ Даврон Шариф бо пешниҳоди ҳамаи вакилони конференсия раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии “Нури истиқлол” интихоб гардид.

Дар интиҳо ба як қатор кормндони нав, ки иродаи сиёсии худро муайян намуда ба аъзогии ҲХДТ қабул гардиданд, дар лаҳзаи тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.


Вакти нашр: 2021-02-26 08:08:47    Хонданд: 92    Муфассал...

ШУМОРАИ НАВИ ҲАФТАНОМАИ "МАРОМИ ПОЙТАХТ" №8(644) аз 24 феврали соли 2021

__________________________________________________________________________________________________________________


Вакти нашр: 2021-02-26 18:46:12    Хонданд: 54    Муфассал...

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 феврал дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи Ҳисобот оид ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2021 гузориши раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки дар соли 2019 майдони 706 гектар заминҳои партов, аз ҷумла 421 гектар обӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст. Аз ҷумла, майдони 586 гектар, аз он 302 гектар обӣ ба заминҳои корам ва 120 гектар, аз он 119 гектар партови обӣ ба дарахтони бисёрсола гузаронида шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва сохторҳои марбута ҷиҳати тасдиқи тақсимоти заминҳо аз руи гуруҳҳо, ҳар чи бештар ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳо ва обёрии заминҳои кишт ба хотири афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, дастур доданд. Супоришҳои дигар ҳамчунин ҷиҳати пешгирии ҳама гуна қонунвайронкунӣ ва ҷинояткориҳо нисбат ба хариду фуруши ғайриқонунии заминҳо дода шуд.

Лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чарогоҳ” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” баъди муҳокимаи аъзои Ҳукумати мамлакат барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Дар кори маҷлис чор хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Аъзои Ҳукумат ҳамчунин масъалаҳо Дар бораи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Барномаи давлатии “Муҳити дастрас” барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024, Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод ва Дар бораи масъалаҳои филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанберо баррасӣ карданд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сингапур бо дарназардошти мақоми байналмилалӣ доштан, дар шаҳри Душанбе филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур таъсис дода мешавад.

Дар ин филиал, ки муваққатан дар бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода мешавад, аз ҷониби Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур мутобиқи стандартҳои умумиэътирофгардидаи байналмилалӣ аз руи низоми бакалавриат ва магистратура кадрҳои баландихтисос тайёр карда мешавад.

Дар охири кори маҷлис Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои саривақтии қарору фармоишҳои Ҳукумат, маъракаи кишту кори баҳорӣ, ниҳолшинонӣ, корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ, омодагӣ ба санаи муҳими таърихӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе хароҷоти зиёдатӣ ва бо риояи сарфаю сариштакорӣ таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, дастуру супоришҳо доданд.


Вакти нашр: 2021-02-27 15:47:26    Хонданд: 84    Муфассал...



Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс