МАРОМИ ПОЙТАХТ

Навидҳо

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати соли нави мелодии 2021

Ҳамватанони азиз!

Дар ин лаҳзаҳо, ки соли нави мелодии 2021-ум фаро мерасад, кулли мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як фарди Тоҷикистон, пеш аз ҳама, тандурустиву осоиш, рӯзгори ободу ором ва иқболи баланд орзу менамоям.

Соли 2020, яъне соле, ки ба охир расида истодааст, дар таърихи инсоният ҳамчун яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнинтарин сабт мегардад.

Хусусан, дар тамоми кишварҳои дунё босуръат паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус боиси фавти беш аз як миллиону 600 ҳазор нафар сокинони сайёра гардида, ба иқтисодиёти ҷаҳон хисороти бисёр вазнин расонид.

Дар соли сипаришаванда бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, бахусус, бемории сироятии коронавирус, ки боиси коҳиши ҷиддии суръати рушди иқтисодиёти ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон гардид, дар натиҷаи чораҳои сари вақт амалинамудаи Ҳукумати мамлакат рушди босуботи иқтисоди миллӣ, дар маҷмӯъ, таъмин гардида, дар ҳаёти ҷомеа ва соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт пешрафту навсозиҳо идома ёфтанд.

Бинобар ин, соли 2020 бо вуҷуди мушкилоти зиёди дар ин давра ҷойдошта, ба таърихи навини кишварамон ҳамчун марҳалаи заҳмати содиқона ва вусъати бесобиқа пайдо намудани корҳои ободониву созандагии Ватани азизамон ворид мегардад.

Зеро бо дастгирии мардуми бонангу номуси мамлакат ва ташаббусҳои соҳибкорони саховатпеша бисёр иқдому нақшаҳои бунёдкорона амалӣ гардиданд.

Ҳукумати мамлакат дар соли 2020 тамоми имконияту захираҳои мавҷударо ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи сокинон равона намуд.

Аз ҷумла ҷиҳати ҳалли мушкилоту масъалаҳои иҷтимоӣ, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, занону ҷавонон, дастгирии табақаҳои ниёзманду осебпазири ҷомеа, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия кардани наврасону ҷавонон, инчунин, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ барои ҳамватанонамон як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ гардонида шуданд.

Дар баробари ин, мехоҳам як масъалаи муҳимро таъкид намоям: гарчанде бемории сироятии коронавирус дар кишвари мо қариб ба нестӣ расидааст, мо бояд минбаъд низ ҳушёр бошем, ба бепарвоиву фориғболӣ роҳ надиҳем, маслиҳату тавсияҳои табибону мутахассисон ва қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятиро ба таври қатъӣ риоя намоем.

Чунки гирифторшавии одамон ба ин беморӣ дар баъзе мамолики дунё аз нав авҷ гирифта истодааст.

Ҳамватанони азиз!

Дар соли сипаришудаистода дар муҳити озоду демократӣ ва шаффоф баргузор гардидани ду чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва интихоботи Президенти мамлакат далели возеҳи пойдории сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, тавсеа ёфтани фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандони кишварамон ва умуман, дастоварди бузурги низоми сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид.

Ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ ва бузургдошти 700-солагии фарзанди фарзонаи миллати куҳанбунёдамон – Камоли Хуҷандӣ, ки бо қарори созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО баргузор гардиданд, комёбии муҳимми мардуми мо дар самти гиромидошти арзишҳои таъриху фарҳанги қадимаи халқамон дар соли 2020 маҳсуб мешаванд.

Ҳамчунин, гузаронидани чандин чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо иштироки фаъолонаву васеи қишрҳои гуногуни ҷомеа падидаи неку хотирмони соли 2020 мебошад.

Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббус баланд бардоштани сатҳи саводу маърифати аҳли ҷомеа, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, эҳтиром гузоштан ба забону таъриху фарҳанги қадимаи тоҷикон, тавсеаи ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои табииву дақиқ ба шумор меравад.

Бо истифода аз фурсат, ман ба ҳамаи иштироккунандагон ва хусусан, ба ғолибони ин озмунҳо аҳсан мегӯям ва бовар дорам, ки онҳо минбаъд низ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти илмиву фарҳангии мамлакат фаъолу ташаббускор хоҳанд буд.

Зарур аст, ки дар соли 2021 ва солҳои дигар низ ин чорабиниву озмунҳо бо масъулияти баланд, омодагии боз ҳам беҳтар ва бо ҷалби шумораи ҳарчи бештари иштироккунандагон идома дода шаванд.

Дар соли нави мелодӣ, яъне соли 2021 мо ҷашни барои ҳар як фарди мамлакат бузургу муқаддас – сисолагии истиқлолу озодии кишвари маҳбубамонро таҷлил менамоем ва бовар дорам, ки мардуми бонангу номус ва созандаву ободкори мо ин санаи таърихиву тақдирсози давлатамонро бо дастовардҳои шоиста истиқбол мегиранд.

Тибқи таҳлилҳои мутахассисону коршиносони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид соли 2021 дар миқёси сайёра аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ яке аз солҳои вазнин дар 100 соли охир мегардад.

Иловатан беш аз 270 миллион нафар одамон дар даҳҳо кишвари дунё бар асари буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ, пастравии босуръати истеҳсолот, афзоиши бесобиқаи бекорӣ, камчин гардидани маводи ғизоӣ ва болоравии нархҳо ба гуруснагӣ ва фақр гирифтор мешаванд.

Бинобар ин, мо бояд аз ҳоло омодагии ҳаматарафаро ба кишту кори баҳорӣ вусъат дода, ба истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замини корам, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир кунем ва бо истифода аз тухмиҳои аълосифат ҳарчи бештар маҳсулоти босифати кишоварзӣ истеҳсол карда, амнияти озуқавории мамлакат ва талаботи мардумро ба маводи ғизоӣ боз ҳам беҳтар таъмин намоем.

Қобили зикр аст, ки сокинони мамлакат имрӯз самараи муроҷиатномаи Роҳбари давлатро аз моҳи апрели соли 2020 доир ба зиёд кардани майдони кишти картошка, зироатҳои ғалладонагӣ ва вусъат додани кишти такрорӣ дида истодаанд.

Мо ин корро бо дарназардошти мушкилоти зикргардидаи вобаста ба озуқаворӣ бояд дар соли 2021 –ум низ идома диҳем, боз ҳам бештар заҳмат кашем, то ки ба камчинии маҳсулот ва болоравии нархҳо дар бозори истеъмолӣ роҳ надиҳем ва мардуми Тоҷикистон ба танқисиву муҳтоҷӣ гирифтор нашаванд.

Ҳамчунин, зарур аст, ки ҳар як оила ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои рӯзгор, қабл аз ҳама, ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, маводи ғизоӣ ва риояи ҳатмии талаботи қонуни танзим бисёр ҷиддӣ муносибат намояд.

Ҳамватанони азизи мо набояд фаромӯш кунанд, ки бо сабаби афзоиши аҳолӣ, мунтазам зиёд шудани шумораи муассисаҳои иҷтимоӣ ва коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ талабот ба нерӯи барқ низ босуръат меафзояд.

Бинобар ин, бори дигар ба кулли сокинони Тоҷикистон муроҷиат менамоям: агар мо хоҳем, ки фасли зимистонро бе азобу мушкилӣ гузаронем ва зарурати маҳдуд кардани интиқоли барқ пеш наояд, бояд ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва коргоҳу корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ба истифодаи сарфакоронаву боинсофонаи нерӯи барқ дар давраи зимистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Дар чунин шароит ҳар фарди ватандӯсту ватанпарвар ва бонангу номуси ҷомеа бояд тамоми саъю талоши худро бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ба хотири пешгирӣ кардани пайомадҳои буҳрони шадиди иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, таъмин намудани пешрафти босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани мақому манзалати кишвари азизамон сафарбар намояд.

Бахусус, дар корҳои ободониву созандагӣ, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни муқаддаси миллӣ – сисолагии истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудаанд, ҳар як фарди бонангу номус ва тамоми мардуми кишвар бояд саҳмгузор бошанд ва ҳар як оила, дар навбати аввал, хонаву кошона, кӯчаву деҳа ва маҳалли зисти худро тозаву озода ва ободу зебо гардонад.

Халқи ободгари Тоҷикистон ба оянда ҳамеша назари неку бунёдкорона дорад ва дилпурона иброз менамоям, ки мо ҳама якҷо барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон содиқонаву софдилона заҳмат кашида, барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмини зиндагии пурсаодати сокинони кишвар ба хотири дастовардҳои нав ва фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтар бо қадамҳои устувор пеш меравем.

Бо эътимоди комил изҳор медорам, ки мо дар соли нав низ, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, якҷо бо кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон тамоми саъю кӯшиш ва имкониятҳои худро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумамон ва пешрафту тараққиёти давлати соҳибистиқлоламон сафарбар менамоем.

Умедворам, ки соли нави мелодии 2021–ум, яъне соли ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон давраи саъю талоши бесобиқа ва заҳмати содиқонаву аҳлона, соли таҳкими дастовардҳои халқи сарбаланду шарафмандамон, тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ ва ваҳдату суботи ҷомеа мегардад.

Бори дигар ҳамаи сокинони сарбаланду қавииродаи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии соли нави мелодии 2021 сидқан табрик гуфта, барои ҳар яки онҳо рӯзгори босаодат, иқболи баланд, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон ояндаи ободу осуда орзу менамоям.

Соли нави мелодӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!


Вакти нашр: 2021-01-01 18:30:36    Хонданд: 157    Муфассал...

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "НУРИ ХИРАД" ТАЪСИС ЁФТ

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №102-и ноҳияи Шоҳмансур маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ баргузор гардид.

Дар маҷлиси муассисон

Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур атрофи ғояҳои созандаи ҲХДТ ҳарф зада, нахуст ба якчанд нафар, ки бо хоҳиши худ дар асоси аризаи шахсиашон иродаи сиёсиашонро муайян намуда, ба сафи ҲХДТ аъзо шуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбиашон супорида шуд. Сипас ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шуда, номи ташкилоти ибтидои “Нури хирад” номгузорӣ карда шуд. Бо овоздиҳии якдилонаи аъзои ҳизб Ғаффорова Саида - раиси ташкилоти ибтидоии “Нури хирад” интихоб карда шуд.

Дар навбати худ аъзоёни ҳизб зикр намуданд, ки тамоми кӯшиши худро ба он равона мекунанд то ташкилоти ибтидоии “Нури хирад”-ро ба яке аз ташкилотҳои пешсаф дар шаҳри Душанбе табдил диҳанд.


Вакти нашр: 2021-01-05 07:57:20    Хонданд: 148    Муфассал...

Дар ташкилоти ибтидоии "Ҳамдилӣ" дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид.

Раиси ташкилот бобати фаъолият дар соли 2020 ҳисобот дода, соли сипаришударо барои ташкилот бо дарназардошти мушкилотҳояш соли муваффақ арзёбӣ кард.

Ҳамзамон нақшаи кории ташкилот барои соли 2021 ва ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ тасдиқ карда шуданд.


Вакти нашр: 2021-01-05 08:06:29    Хонданд: 135    Муфассал...

Дар Душанбе барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ курси омӯзиши забони русӣ ташкил гардид

Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе   барои  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои пойтахт курси ройгони омӯзиши забони русӣ ташкил намуд.

Тавре аз Раёсати мазкур  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ҳадаф аз баргузории курси мазкур ба омӯзиш, корҳои  муфид ҷалб намудани наврасону ҷавонон мебошад, зеро  сабаби  асосии  ба  ҳар гуна амалҳои номатлуб  даст задани онҳо ин  оворагардию беназорат мондани онҳо мебошад.

«Хусусан имрӯзҳо масъалаи  шомилшавии ҷавонон  ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ   боиси ташвиш гардидааст. Сабаби асосии пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб ин албатта бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба ин гурӯҳҳо мегардад. Аз ин рӯ, таълиму тарбияи наврасон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ,  ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва барои боз ҳам мукаммал гардонидани савияи дониши онҳо яке аз вазифаҳои асосии ҷомеа  маҳсуб мешавад»,-афзуд манбаъ.

Аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе   ба иштирокдорони  курси мазкур маводи конселярӣ тақсим карда шуд.

 

Ёдовар мешавем, ки 1 сентябри соли 2019  дар Душанбе  зимни  суханронӣ  ба ифтихори Рӯзи дониш  Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки «Наврасон ва ҷавонон, ки мо онҳоро наслҳои ояндасози мамлакат медонем, вазифадоранд, ки ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ҷиддӣ машғул шаванд, ду-се забони хориҷиро мисли забони модарии худ донанд ва истифодаи технологияҳои электронии муосирро аз худ намоянд».


Вакти нашр: 2021-01-05 10:26:02    Хонданд: 134    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҶАМБАСТИИ СОЛОНАИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ҲАМРАЙЪӢ”

Дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ташкилоти ибтидоии ҳамрайъӣ бо иштироки Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо Неъматзода Маликшо бо риояи қоидаҳои беҳдоштию санитарӣ маҷлиси ҷамбасти солонаии ҳизбӣ баргузор гардид.

Фаъолияти пурсамари ҲХДТ дар фарози чоряк асри пур аз шебу фароз буд мавриди назар қарор дода шуд. Роҳи бо пурпечу тоб тай намудаи ин ҳизби созандаву бунёдкор, бо идеяи солими миллӣ ва ғояҳои созандаи ҲХДТ ба муттаҳидӣ расонидани миллат, таъмини амният ва зиндагии шоиста ба ҳар фарди Ватан бо аз гузаштанҳо ва хизматҳои бесобиқаву сарсупурдаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷикро ба ҷомеаи ҷаҳон ошно кард.


Вакти нашр: 2021-01-05 14:39:00    Хонданд: 144    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “КИТОБДОР БИБЛИОГРАФ”

Дар асоси барқияи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ №58 аз 15.12.2020 ва барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 16.12.2020,№101 дар ташкилоти ибтидоии “Китобдор библиограф” маҷлиси ҷамъбастии ҳисоботии оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот дар соли 2020 баргузор гардид.

Ҳисобот шунида шуда, зикр шуд, ки аъзоёни ташкилот дар давоми соли сипаригардида, дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсии Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳияи Шоҳмансур фаъолона иштирок намуда, дар тарғибу татбиқи Барномаи ҲХДТ саҳми худро гузоштанд. Вобаста ба масъалаҳои корбариву коргузорӣ, ҳаракати аъзои ҳизб, интизоми намунавии ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ сухан рафта, фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ қаноатбахш арзёбӣ гардид.


Вакти нашр: 2021-01-06 09:14:33    Хонданд: 140    Муфассал...

Ҳисоботи солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Гулистон" шунида шуд

Бо дар назардошти ба итмом расидани соли 2020 ва ҷамъбаст намудани фаъолияти кории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои соли гузашта тибқи барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарпарастони кумитаву ташкилотҳо барои ҷамъбасти фаъолияти солонаи кумитаву ташкилотҳо сафарбар карда шуданд. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулистон” бо иштироки раиси ташкилот – Бегов Дилшод, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия – Сайдализода Шоира Файз, котиби ташкилот – Алиев Мунис ва аъзоёни ҳизб иштирок ва суханронӣ намуданд. Сараввал раиси ташкилот ҳамаи аъзоёни ҳизбро ба муносибати соли нави мелодӣ табрику шодбош намуда, дар фаъолияти ҳизбиву корӣ муваффақиятҳо орзу намуд. Сипас ҳисоботи солонаи раиси ташкилот шунида шуда, қаноатбахш ҳисобида шуд. Дар фарҷом сарапарасти кумита миннатдории худро ба раиси ташкилот ва ҳар як ҳамсафони ҳизб барои чунин вохӯрии самарабахш баён намуд ва қайд намуд, ки мо баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии бемисл дида, ба ҷаҳониён бузургии миллат ва созандагиву сабру таҳаммули тоҷиконаро исбот намоем.


Вакти нашр: 2021-01-06 09:25:23    Хонданд: 136    Муфассал...

Маҷлиси умумии ҳизбии т.и.ҳ."Ташаббускор"

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ субҳи 6 январи соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ташаббускор" маҷлиси умумии ҳизбӣ баргузор гардид. Дар он раиси ташкилот Ҷурахонзода Ҷумахон ва аъзоёни ҳизб иштирок намуданд. Зимни баромад Ҷурахонзода Ҷумахон рӯзҳои аввали соли 2021-ро ба ҳамагон муборак гуфта, дар давоми сол комёбиву дастовардҳои беназирро таманно намуд. Дар идома оид ба фаъолияти ташкилот дар соли 2020 ҳисобот дода, нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2021 пешниҳод ва тасдиқ карда шуд.


Вакти нашр: 2021-01-06 09:31:27    Хонданд: 226    Муфассал...

Муроҷиатномаи ширкати «Барқи Тоҷик» ба мардуми Тоҷикистон

«Аз ҳамаи муштариён хоҳиш менамоем, ки дар ин  вазъият дар  ҷои  кор  ва   дар  манзилҳои  истиқоматии  худ аз  барқ сарфакорона истифода баранд ва дар бобати таъмини бештари мамлакат бо неруи барқ саҳм  гузоранд».

Матни пурраи муроҷиатномаи мазкур инҷо манзур мешавад:

-Дар  мамлакати   мо  манбаи  асосии  истеҳсоли неруи  барқ  оби  дарёҳо  ба  ҳисоб  рафта,  ҳамасола ҳаҷми  истеҳсоли  он аз рӯи  захираҳои  об дар  аввали  сол  ба  нақша  гирифта  мешавад.  Ин  дар ҳоле,  ки  захира  кардани  об дар  обанборҳо    дар  фасли баҳор оғоз гардида, дар фасли тобистон ба   анҷом мерасад.  Маҷрои  оби  дарёҳо ва  вобаста  ба  он захира намудани об дар обанборҳо  ба  тағйирёбии  иқлим, шароити  обу  ҳаво  ва  омилҳои  дигари  табиӣ  алоқамандии бевосита  дошта,  пешгӯии  ҳолат ва сатҳи  оби  дарёҳо  хеле душвор мебошад.

Тавре ки  қаблан  ба  шумо   иттилоъ дода  будем, маҳз бо  таъсири  омилҳои зикршуда,  яъне  камшавии  захираҳои об  дар ҳавзаи  ташаккули дарёи  Вахш  соли  сипаришуда  ба  нақшаи   таъмини  соҳаҳои    иқтисодӣ  ва  иҷтимоии   мамлакат бо  неруи барқ  мушкилоти  зиёд   ворид кард. Вобаста ба ин, ҳанӯз 28 июли соли 2020 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Муроҷиатнома  ба мардуми Тоҷикистон» сокинони мамлакатро ба яке  аз  роҳҳои  асосии  ҳалли  мушкилоти  баамаломада — сарфакории неруи барқ даъват намуд.

Дар баробари ин, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи Тоҷик» низ ҷиҳати қонеъ гардонидани  талаботи аҳолӣ ва иқтисодиёти миллӣ ба барқ  як қатор тадбирҳои таъҷилӣ андешида шуданд. Аввалан, пеш аз муҳлатҳои дар шартномаҳои байнидавлатӣ зикршуда  интиқоли неруи барқ ба кишварҳои ҳамсоя қатъ карда шуд.

Бо  сабаби   сардиҳои шадиди оғози фасли  зимистон ва тӯлонӣ  пешбинӣ шудани  сардиҳои имсола  хавфи нарасидани  захираи об то охири зимистон дар обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак» пеш  омадааст. Ҳоло  сатҳи обанбори  Неругоҳи барқи обии  «Норак» дар  муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта  чор  метр паст аст.

Дар Тоҷикистон  дар солҳои соҳибистиқлолӣ  иқтидорҳои нави энергетикӣ бунёд ва  як силсила неругоҳҳои мавҷуда  таҷдиду навсозӣ карда шуданд.  Вале захираи об дар кишвари мо  то ҳанӯз фақат  ҳамин обанбори  Неругоҳи  барқи обии «Норак» мебошад. Илова бар ин, Маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе, ки он бо муваффақият фаъолият дорад ва ду агрегати неругоҳи «Роғун» муназзам кор карда истодаанд. Вале дар баробари ин талабот ба барқ дар мамлакат  сол то сол меафзояд.

Ҳамватанони муҳтарам!

Ҳоло вазъият ҷиддист ва эҳтимоли то баҳор нарасидани захираҳои об  ба миён омадааст. Аз ин рӯ, лозим меояд, ки чанд муддат дар   мамлакат —  дар он мавзеъҳое, ки биноҳои баландошёна мавҷуд нестанд ва имкони истифодаи дигар манбаъҳои гармӣ мавҷуд аст, интиқоли барқ маҳдуд карда шавад. Маҳдудият  аз  5 январи соли 2021 асосан шабона ҷорӣ гардида, аз соати 23-00 шаб то соати 06-00 субҳ идома меёбад. Мо бовар дорем, ки ҳамватанони гиромӣ моро дуруст мефаҳманд, ки ин тадбир аз рӯи зарурат мебошад. Мақсад аз он пешгирӣ намудан аз  пурра сарф  шудани захираҳои об  буда, дар сурати гарм омадани моҳҳои минбаъдаи зимистон,  зиёд гардидани сатҳи об дар маҷрои дарёи Вахш ва захираи  оби обанбори  «Норак» имкони бекор кардани  маҳдудият ба назар гирифта шудааст.

Ҳамватанони азиз!

Ширкати «Барқи Тоҷик» ҳеҷ гоҳ хоҳишманди  маҳдуд кардани интиқоли барқ ва бе барқ гузоштани  мардум нест. Вале имрӯз вазъият ҳаминро тақозо менамояд.


Вакти нашр: 2021-01-06 11:46:11    Хонданд: 87    Муфассал...

Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе иморатҳои баландошёна сохта мешаванд

Дар асоси супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ лоиҳаи нақшаи тарҳрезии иморатсозии хиёбони Саъдии Шерозӣ аз буриши хиёбони Неъмат Қарабоев то хиёбони Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино таҳия гардид. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби  Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ва ҶСК ПИЛҶ «САНИИОСП» тарҳрезӣ  шудааст. Айни замон аз  рӯи нақшаи мазкур дар ин хиёбон сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва маъмурию хизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, масоҳати ҳудуди қитъаи тарҳрезишуда  37,00 гектарро  дар бар гирифта, дар он бунёди 77 адад биноҳои истиқоматӣ, 1 адад бинои маъмурӣ, 4 адад биноҳои маъмурии бисёрфунксионалӣ  ба нақша гирифта шудааст.

«Дар хиёбони Саъдии Шерозӣ аз буриши хиёбони Неъмат Қарабоев то хиёбони Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино васеъшавии муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи умумии мавҷуда — №32, №67, №37, №66, №2, №90  (дар ду баст)  дар назар дошта шудааст. Дар хиёбони мазкур боғчаи кӯдаконаи  мавҷуда -№112 «Ивушка», «Баҳористон», №101 ва №48  васеъ гардида, 1 адад кӯдакистони нав барои 250 нафар сохта мешавад. Дар ин минтақа дар масоҳати 1,80 гектар майдончаҳо барои истироҳати сокинон бунёд мегарданд»,- афзуд манбаъ.Дар қитъаи тарҳрезишуда  дар масоҳати 5,00 га роҳҳои мошингард, 6,04 га роҳравҳо ва 8,00 га  майсазор  бунёд мегарданд. Ҳамчунин сохтмони марказҳои хизматрасонии тиббӣ ва  нозироти минтақавӣ пешбинӣ шудаанд. Дар ин хиёбон  дар масоҳати 5,61  га  15 адад майдончаҳои варзишӣ сохта шуда, бо дарназардошти  бунёди майдончаҳо барои бозии кӯдакон  масоҳати 1,61га  ҷудо гардидааст.Дар лоиҳаи тарҳрезишуда бунёди  22 адад иншооти коммуналӣ (трансформатор, бунгоҳҳои гармӣ, муйдончаҳои партов) низ дар назар дошта шудааст.


Вакти нашр: 2021-01-06 14:37:53    Хонданд: 89    Муфассал...

Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии шиносномаҳои «Henley & Partners» ду зина боло баромад

Тоҷикистон дар раддабандии нави шиносномаҳои «Henley & Partners» аз рӯи шумораи боздиди бидуни раводиди кишварҳо дар ҷойи 85-ум қарор гирифт. Соли гузашта Тоҷикистон дар ин раддабандӣ мақоми 87-умро ишғол карда буд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Маълумот Нишондиҳандаи раддабандии шиносномаҳои Ҳенли 2021 (2021 Henley Passport Index)-ро ба ҳолати 5 январи соли 2021 инъикос мекунад ва дар баъзе ҳолатҳо, манъи сафарҳои марбут ба коронавирус метавонад нисбат ба маълумоти раводиди дар ин ҷо сабтшуда афзалият дошта бошад», — гуфта шудааст дар сомонаи рейтинг.

Мувофиқи раддабандӣ, ҳоло тоҷикистониён метавонанд бидуни раводид ба 58 кишвар сафар кунанд, ки ин нисбат ба шаҳрвандони Ӯзбекистони ҳамсоя як давлат бештар аст — 57. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон нишондиҳандаи беҳтар дорад. Ин кишвар дар ҷои 70-ум қарор гирифта, қазоқистониҳо метавонанд бидуни раводид ба 75 кишвар сафар намоянд. Россия (116 кишвар) дар ҷои 50-ум мебошад.

Япония (191 кишвар) ва Сингапур (190) дар садри рейтинг ҷой гирифтаанд. Баъд аз онҳо Кореяи Ҷанубӣ ва Германия (ҳар яке 189 кишвар) буда, дар ҷои чорум Испания, Италия, Люксембург ва Финляндия (ҳар яке 188 кишвар) қарор доранд. Австрия ва Дания (ҳар яке 187 кишвар) дар ҷои панҷум мебошанд.

Дар ҷойи охирини  раддабандӣ — 110, мисли соли гузашта, Афғонистон қарор гирифт, ки шаҳрвандони он метавонанд танҳо ба 26 кишвар бидуни раводид сафар намоянд.

Ёдовар мешавем, Нишондиҳандаи шиносномаҳои солонаи ширкати «Henley & Partners» қоидаҳои раводиди беш аз 200 кишвар ва қаламрави ҷаҳонро таҳлил намуда, онҳоро аз рӯи шумораи боздиди бидуни раводиди кишварҳо баҳо медиҳад.

                                                      АКС аз манобеи боз


Вакти нашр: 2021-01-06 14:43:48    Хонданд: 124    Муфассал...

Мусоҳибаи маҷозии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзномаи «аш-Шарқ»-и Давлати Қатар

(Сарсухани Ҳайати таҳририяи рӯзнома) 

Дар мусоҳиба бо рузномаи «Аш-Шарқ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои Тоҷикистону Қатарро дар ҳамаи сатҳҳо баланд арзёбӣ карда, аз мазмуну муҳтавои онҳо изҳори қаномандӣ намуданд ва иброз доштанд, ки муносибатҳои дуҷонибаи ин кишварҳо тайи солҳои охир бомаром рушд карда истодаанд. Ҷаноби Олӣ таъкид карданд, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи миёни Тоҷикистон ва Қатар бар асоси арзишҳои муштараки тамаддуниву таърихӣ ва усули бародариву ҳамдигарфаҳмӣ, риояи манфиатҳо ва эҳтироми ҳамдигар роҳандозӣ гардидаанд. Ҳамчунин, бо ишора ба таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву илмӣ, Форуми соҳибкории ҷонибҳо илова карданд, ки механизмҳои ҳамкориҳои тарафайн ва заминаи ҳуқуқии онҳо ташаккул ёфтаанд. Зимнан Ҷаноби Олӣ алоқамандии кишварашонро ҷиҳати тақвият бахшидан ба фаъолияти ҳамаҷонибаи абзорҳои мазкур дар доираи шарикии иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Қатар қайд карданд.

Ҷаноби Олӣ Президент Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки боздиди Амири кишвар Волоҳазрат Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ аз Тоҷикистон дар соли гузашта (2019) баёнгари сатҳи олии робитаҳои ду кишвари дӯст дар ҳамаи соҳаҳо ба шумор рафта, дар баробари дигар сафарҳои сатҳи олии ҷонибҳо ба ин робитаҳо такони ҷиддӣ бахшид. Дар иртибот ба сармоягузориҳои қатарӣ дар кишвари худ Ҷаноби Олӣ Президенти Тоҷикистон иброз доштанд, ки ҳаҷми онҳо то имрӯз ба зиёда аз 62 миллион доллар расидааст. Ҷаноби Олӣ баргузории Ҷоми ҷаҳонии футболро, ки соли 2022 дар Қатар баргузор мегардад, ҳамчун рӯйдоди дорои аҳаммияти ҷаҳонӣ арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки он таҷассумгари эътибори баланд ва нақши созандаи Қатар дар арсаи байналмилалӣ ва боиси ифтихори ҳамаи кишварҳои мусулмонӣ мебошад, зеро ба таҳкими робитаҳои байни халқҳо такони муҳим мебахшад. Ҷаноби Олӣ талошҳои Давлати Қатарро дар роҳи пешбурди раванди сулҳ дар Афғонистон баланд арзёбӣ намуда, шарҳ доданд, ки сулҳу субот ва рушди Афғонистон омили калидии амнияту суботи тамоми минтақа мебошад.

Тафсилоти мубоҳиса:

Дар оғоз Шуморо бо пирӯзии шоиста ва барои даври нав интихоб шуданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯем. Дар ин замина, Шумо ояндаи Тоҷикистонро дар ин давраи пешомад чӣ гуна мебинед?

Ташаккур барои табрикоти самимиатон. Бо эътимоди қавӣ ва раъйи аксари мардуми шарафманди кишвар бори дигар ба маснади Президенти Тоҷикистон интихоб шуданам, ба зимаам масъулияти азимеро барои тақдири минбаъдаи давлату миллат мегузорад. Аз ин рӯ, мекӯшам, ки ба боварии халқ беш аз пеш арзанда бошам. Тақдири ман бо тақдири давлату миллати тоҷик зич пайваста аст ва ин пайвастагӣ кору фаъолияти сермаҳсули ҳамешагиро талаб менамояд. Ман ин масъулиятро бисёр амиқ дарк менамоям.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки дар бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ хеле муваффақ аст. Тоҷикистон ҳамчун давлати рӯ ба рушд дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат ва илму фарҳанг ба комёбиҳои назаррас ноил шудааст. Таҳаввулоти беназиру такдирсози солҳои сипаришуда дар ҳамаи ин соҳаҳо заминаи воқеӣ ва эътимодбахшро барои фатҳи қуллаҳои нав ба нав дар роҳи таҳкими асосҳои давлатдории миллӣ ва соҳибистиқлолии Тоҷикистон фароҳам овардаанд ва мо ояндаи кишварамонро дурахшон мебинем.

Ҳукумати Тоҷикистон, мутобиқ ба ҳадафҳои стратегии рушди кишвар, барномаҳои мушаххасеро рӯи кор овардааст, ки ба татбиқ расонидани онҳо боиси пешрафти минбаъда хоҳанд шуд.

Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 масъалаҳои таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати иқтисод ба ҳайси чор ҳадафи стратегии давлати мо муқаррар гардидаанд.

Дар ин зимн мо ба истифодаи пурраи захираҳои бузурги гидроэнергетикии худ ва ташаккули “иқтисодиёти сабз”, васеъ гардонидани иқтидори транзитии кишвар, вусъат бахшидан ба шуғли пурмаҳсули аҳолӣ ва паст кардани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ тавассути таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дар дохили кишвар аҳаммияти хосса медиҳем.

Дар баробари ин Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушди бомароми соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Ҳамин аст, ки Ҳукумати мамлакат имрӯзҳо тамоми имкониятҳои мавҷударо ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои тақдирсози зикргардида сафарбар намудааст.

Соли оянда Тоҷикистон 30 — солагии Истиқлоли давлатии худро ҷашн мегирад. Сокинони кишвар ин санаи муҳимми таърихиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳанд гирифт. Тоҷикистони азиз, ки дар шароити оромию амният, сулҳу ваҳдат умр ба сар мебарад, халқи меҳнатқаринаш барои фатҳи қуллаҳои баланди меҳнатӣ имкону тавон дорад. Мардуми мо солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ давлати миллии худро ҳифз намуд, тамомияти арзиро бо қиммати ҷони фарзандонаш таъмин кард, низом ва аркони давлатдориро барқарор сохта, бо заҳмату ҷоннисориҳояш заминаҳои устувори Ваҳдати миллиро гузошт.

Комёбии дигари миллату давлати тоҷик ба даст овардани ҷойгоҳи сазовори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ ба узвияти то 60 ташкилотхои байналмилалию минтақавӣ ва молиявӣ пазируфта шуда, бо зиёда аз 176 давлати дунё робитаҳои дипломативу сиёсӣ роҳандозӣ намудаааст.

Миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон ҳамкориҳои фаъоли тиҷоративу иқтисодӣ сурат мегиранд. Имрӯзҳо давлати мо бо такя ба сиёсати хориҷии «дарҳои кушода»-и худ ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли бисёр мушкилоти сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақши назаррас мегузорад. Ба ин манзур мехоҳам талошҳои пайваста ва нақши пешсафии Тоҷикистонро дар дарёфти роҳҳои муассири ҳаллу фасли мушкилоти глобалии марбут ба захираҳои об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, бахусус таъкид намоям.

Шумо ба сатҳи муносибатҳои Қатар ва Тоҷикистон чӣ гуна баҳо медихед?

Давоми солҳои охир бо талошҳои пайвастаи ҷонибҳо муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ байни кишварҳои мо бомаром рушд намуда, таҳкиму тавсеа пайдо кардаанд.

Мо аз сатҳу муҳтавои робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қатар, ки бар аризишҳои муштараки тамаддунии таърихӣ ва усули бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манфиатҳои судманд асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ мекунем.

Бо саъю талошҳои муштарак то имрӯз механизмҳои ҳамкориҳои тарафайн ва заминаи ҳуқуқии онхо ташаккул ёфтаанд.

Таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тичоратӣ ва техникиву илмӣ, Форуми соҳибкории ҷонибҳо аз ҷумлаи чунин дастовардҳо мебошанд. Мо ҳавасмандем, ки фаъолияти ин абзорҳои муҳимро мутобиқ бо ҳадафҳои наҷиби шарикии иқтисодию тиҷоратии кишварҳоямон ҳамаҷониба тақвият бахшем.

Муносибатҳои ҳамкории байнидавлатии ду кишвар ин хости мардумони мо ва тақозои замон буда, мавриди таваҷҷуҳи доимии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Ман зимни суҳбати телефонӣ бо Волоҳазрат Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бини Ҳамад Оли Сонӣ, ки чанде пеш баргузор гардид, густариш ва таҳкими бештари хамкорӣ байни ду кишварро дар соҳаҳои иктисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, илму маориф ва сайёҳӣ таъкид намудам.

Мавриди зикр аст, ки бо вуҷуди дастовардҳои имрӯза, ҳанӯз ҳам имконоти фаровони ҳамкориҳои ҷонибҳо, аз ҷумла дар арсаҳои зикргардида, пурра истифода нагардидаанд.

Дар ин замина, мо ба рушд ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои барои ҷонибҳо муфид ва дар оянда фароҳам овардани заминаи шарикии дарозмуддати ду кишвар умед мебандем.

Боздиди Волоҳазрат Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сониро аз Тоҷикистон ки дар моҳи июни соли 2019 сурат гирифт, чи гуна арзёбӣ мекунед?

Аз нигоҳи мо, муколамаи мунтазами сатҳи олӣ дар пешбурди самарабахши раванди рушду тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои ҳамкории ҷонибҳо нақши муҳим дорад.

Таъкиди ин гуфтаҳо тамосҳои мунтазами сатҳи олии солҳои охир ва дар ҳошияи онҳо ба имзо расидани як зумра созишнома ва ёддоштҳои тафоҳум мебошанд, ки ба ҳамкориҳои дуҷонибаи мо такони ҷиддӣ бахшиданд.

Боздиди Волоҳазрат аз кишвари мо дар соли 2019, қабл аз ҳама, баёнгари сатҳи олии робитаҳои ду кишвари дӯст аст.

Дар рафти музокироти доиргардида мо тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаамонро муфассал баррасӣ намуда, ҷиҳати ғанӣ гардонидани ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои кишварҳоямон бо муҳтавои амалӣ мубодилаи судманди афкор анҷом додем.

Бо мақсади идомаи тамосҳои сатҳи олӣ қарор буд, ки моҳи марти соли 2020 Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бини Ҳамад Оли Сонӣ бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оваранд. Мутаассифона, паҳншавии бемории Ковид-19 муҳлатҳои ин сафарро ба таъхир гузошт.

Мо интизори сафари давлатии Волоҳазрат ба Тоҷикистон дар ояндаи начандон дур ҳастем. Итминон дорам, ки натиҷаҳои он муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишварро ба марҳилаи сифатан нав ворид хоҳад намуд.

Натиҷаҳои он сафар ва умуман муколамаи мутанзами сатҳи олии ҷонибҳо дар таҳкими робитаҳои иктисодӣ ва ҳамкории тиҷоратии ду кишвар чи гуна инъикос меёбанд?

Роҳандозии ҳарчӣ бештар васеи робитаҳои иқтисодӣ ва тавсеаи тиҷорату сармоягузорӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои мо бо Давлати Қатар ба шумор мераванд.

Аз ин нигоҳ, сафари мазкур, дар баробари боздидҳои қаблии сатҳи олӣ, бешак, ба таҳкими муносибатҳои мо дар ин ҷода такони ҷиддӣ бахшиданд.

Дар ин зимн мехоҳам қаноатмандии ин ҷонибро аз натиҷаҳои сафари расмиам ба Давлати Қатар, ки соли 2017 бо даъвати бародарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ анҷом додам, иброз намоям.

Дар чорчӯбаи мулоқоту музокироте, ки дар рафти он сурат гирифтанд, мо заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳоямонро дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод тақвият бахшида, уфуқҳои нави онҳоро мушаххас намудем.

Имрӯзҳо барои рушди амалии ҳамкориҳои мо дар арсаҳои тиҷорат ва бахшҳои мухталифи иқтисод, бахусус энергетика, бонкдорӣ, молия, саноат, кишоварзӣ, истихроҷи маъдан, саёҳат ва нақлиёт заминаҳои мусоиди шартномавию ҳуқуқӣ фароҳам шудаанд.

Барои тавсеаи ҳамкориҳои мо бахусусус дар соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ ва бахшҳои мухталифи саноат, аз ҷумла саноати сабук, хурокворӣ, куҳӣ, коркарди амиқи маҳсулоти меваю сабзавот, металл ва сангҳои қиматбаҳо ва умуман истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз ашёи хом имконоти фарох мавҷуд аст.

Тоҷикистон омода аст, ки дар ҳамаи ин арсаҳо тарҳҳои ҷолиби сармоягузориро ба доираҳои алоқаманди кишвари дӯст пешниҳод намояд.

Сармоягузории Қатар дар Тоҷикистон чӣ аҳамият дорад? Дар солҳои наздик онро чӣ гуна афзоиш додан мумкин аст?

Ҳамкориҳои мо дар соҳаи сармоягузорӣ тибқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба роҳ монда шуда, тақвият ёфта истодаанд.

Мавзӯи ҷалби сармояи қатарӣ ба лоиҳаҳои дар соҳаҳои мухталифи иктисоди Тоҷикистон татбиқшаванда мавриди таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти ду кишвар карор дорад.

Давлати Қатар яке аз аввалин кишвархои арабӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон сармоягузории мустақими хориҷӣ кардааст. То имрӯз ҳаҷми чунин сармоягузории Давлати Қатар ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз 62 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Самараи он дар татбиқи марҳалаи якуми лоиҳаи маҷмааи истиқомативу иқтисодии “Диёри Душанбе” баръало зоҳир мегардад.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит барои фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ муҳайё гаштааст.

Айни замон тарҳу лоиҳаҳо ва барномаҳои зиёди манфиатовари иқтисодӣ дар кишвари мо мавриди татбиқ карор доранд.

Ин амалия ҷалби сармояи бештари хориҷӣ ва технологияи муосиру замонавиро тақозо менамояд.

Вобаста ба ин барои ворид намудани технологияи муосир, ба роҳ мондани истеҳсолу содироти маҳсулоти соҳаҳои гуногун ва дастгирию таъмини пешрафти соҳибкорию сармоягузорӣ дар қонунгузориҳои Тоҷикистон як қатор имтиёзҳо ва кафолатҳо, аз ҷумла беш аз 240 номгӯи имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидааст. Дар бозори дохилии молу хизматрасонӣ, сармоя ва асъор шароити рақобати озод фароҳам оварда шудааст. Қонунгузории мо баробарҳуқуқии сармоягузорони ватанию хориҷиро кафолат дода, моликияти онҳоро аз милликунонӣ ва реквизитсия ҳифз менамояд.

Лоиҳаҳои хурду бузурги Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, бунёди корхонаҳои коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори туризм, аз ҷумла саёҳати кӯҳӣ ва фароҳамсозии имкониятҳои мусоид барои содироти оби тозаи нушокӣ ба Давлати Қатар самтҳои афзалиятнок ва манфиатовари ҳамкории доираҳои сармоягузорию молиявии Тоҷикистону Қатар арзёбӣ мегардад.

Ба андешаи ман, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, ки яке аз манбаъҳои асосии тавлиди энергияи «сабз» мебошад, метавонад аз муҳиматарин самтҳои дурнамодори ҳамкориҳои мо бошад. Имрӯзхо дар Тоҷикистон татбиқи бузургтарин лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҷараён дорад. Ин нерӯгоҳ муҳимтарин омили тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҷиҳати афзун гардонидани имкониятҳои истеҳсоли нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза аз манбаъҳои барқароршаванда дорои аҳаммияти минтақавӣ мебошад. То имрӯз мо аз шаш чархаи нерӯгоҳ ду ададашро фаъол намудем. Ҳукумати Тоҷикистон алоқаманд аст, ки ба татбиқи ин тарҳ сармояи кишварҳои дӯст ва бародарро ҷалб намояд.

Вобаста ба ин гуфтаҳо, аз сармоягузорони Давлати Қатар даъват ба амал меоварам, ки ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории зичу барои ҷонибҳо судманд дар соҳаҳои номбаршуда ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо имконоту иқтидорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар кишвари мо аз наздик шинос шаванд. Дар ин росто мо омодаем, ки минбаъд низ фазои мусоиди сармоягузорӣ ва шароити матлубро барои тавсеаи фаъолиятҳои босамари доираҳои соҳибкории Қатар дар Тоҷикистон фароҳам созем.

Масҷиди ҷомеи Тоҷикистон як намунаи ҳамкориҳои хуби ду кишвар маҳсуб мешавад. Шумо ин иқдомро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Бале, Шумо дуруст қайд кардед. Яке аз намунаҳои муваффақи ҳамкории байни давлатҳои мо бунёди масҷиди калони замонавӣ дар шаҳри Душанбе бо маблағгузории давлати Қатар ба ҳисоб меравад.

Татбиқи ин лоиҳаро мо рамзи робитаҳои дӯстонаву беғаразонаи ду кишвар ва ифодагари таваҷҷуҳи хоссаи бародарони қатарӣ ба кишвари мо медонем.

Масҷиди калони ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат мебошад.

Рафти сохтмони он зери назорати бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар қарор дорад. Лоиҳаи сохтмони ин иншоот, аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа аз Тоҷикистону Қатар омода гардидааст ва он, бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории миллӣ ва ҷаҳонӣ, аз 4 манораи баландиаш 75 метра ва гумбази 47 метра иборат аст.

Тоҷикистон як кишвари зебои сайёҳӣ мебошад. Дар умум барои ҷалби бештари сайёҳони қатарӣ ва кишварҳои Халиҷ чӣ нақшаҳо доред?

Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ аз нуқтаи назари манфиатҳои барои тарафайн судманди фарҳангию иқтисодӣ бо кишварҳои шарик, аз он ҷумла бо Давлати Қатар ва дигар давлатҳои минтақаи Халиҷ муносибат мекунад.

Яке аз шабоҳатҳои муштараки Тоҷикистон бо давлатҳои Халиҷ ин аз нуқтаи назари сайёҳӣ ҷолиб будани кишвар аст. Дар шароити имрӯза барои рушди соҳа, Тоҷикистон ва Давлати Қатарро муҳим аст, ки оид ба зарфиятҳо ва имкониятҳои якдигар дар ин соҳа бештар огоҳӣ пайдо кунанд. Мо ба он назар ҳастем, ки татбиқи муваффақи тарҳҳои якҷоя, ташвиқи сармоягузориҳо, табодули донишҷӯён ва таҳкими ҳамкориҳо дар дигар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак роҳро барои густариши ҳамкориҳо дар бахши сайёҳӣ васеъ хоҳад намуд,

Тоҷикистон, ки соли соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва бо дарназардошти аҳамияти хоса пайдо намудани ин бахш, минбаъд солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуда, тамоми имкониятҳоро барои пешрафти соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармоягузориҳо дар ин самт фароҳам оварда истодааст. Ҳукумати Тоҷикистон дар ин бахш номгӯи зиёди сабукиҳои андозию гумрукию логистикиро кафолат додааст, то тамоми шаҳрвандон ва ширкатҳои дохилию хоричӣ ба сармоягузорӣ дар ин соҳа ҳавасамандии бештар пайдо кунанд.

Барои татбиқи тарҳҳои ҷолиб дар самти сайёҳӣ Тоҷикистон ҳамаи ширкатҳои ҳавасманди қатариро низ даъват мекунад ва мудом омодаи ҳамкорӣ мебошад.

Барои густариши бемайлони робитаҳои ду кишвар дар самти сайёҳӣ ҳамзамон ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Қатар низ зарур арзёбӣ мегардад. Роҳандозии чунин хатсайрҳо дар баробари тавсеаи робитаҳои сайёҳӣ ва байнимардумй ба рушди тиҷорат ва мубодилаи моли ҷонибҳо ба таври муассир мусоидат хоҳад намуд. Аз ин лиҳоз, мо мавзӯи мазкурро минбаъд низ дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба пайгирӣ хоҳем намуд.

Назари Шумо дар бораи мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол шудани Қатар дар соли 2022 чист?

Мехоҳам таъкид созам, ки комёбиҳои назарраси кишвари дӯсти мо ва ҷойгоҳи шоистаи он дар арсаи байналмилалӣ натиҷаи роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаи Амири кишвар Волоҳазрат Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, Ҳукумати эшон ва талоши пайдарпайи мардуми шарифи Қатар аст.

Баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2022-ро дар Қатар ҳамчун таҷассумгари эътибори баланд ва нақши созандаи кишвари бародар арзёбӣ мекунем. Ин рӯйдоди таърихӣ боиси ифтихори хамаи кишварҳои мусулмонист.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам ба роҳбарияти олӣ ва мардуми Қатар барои дар сатҳи баланд гузаронидани Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022, ки омили муҳимми тақвияти робитаҳои байнимардумӣ ва таъмини амну субот дар минтақа мебошад, комёбиҳои бузург орзӯ намоям.

Оё байни ду кишвар ҳамкорӣ дар соҳаҳои варзиш ва фарҳанг вуҷуд дорад?

Мусаллам аст, ки Тоҷикистону Қатар ҳамчун кишварҳои дорои таъриху фарҳанги бостонӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ баҳри нигаҳдошт ва рушди фарҳанги асили миллӣ, рисолати хешро иҷро менамоянд.

Таҳкиму тавсеаи равобити фарҳангӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарони ду кишвари дӯст қарор дорад. Дар ин замина рӯзҳои 22-26-уми ноябри соли 2018 нахустин Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар пойтахти Қатар — шаҳри Давҳа баргузор гардид. Боварии комил дорам, ки ин чорабинии бузурги фарҳангӣ на танҳо ба тақвияти бештари ҳамкории ду кишвари дӯст такони ҷиддӣ бахшид, балки дар рушди робитаҳои байни мардумони фарҳангдӯсти Осиёи Марказиву Ховари Миёна ва таблиғи арзишҳои созандаи тамаддуни муштаракамон низ саҳми шоён гузошт.

Сокинони Давлати Қатар аз барномаҳои фарҳангии Тоҷикистон таассуроти неку рангин бардоштанд. Мо интизор дорем, ки дар соли оянда ҳафтаи фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баргузор мегардад ва мардуми Тоҷикистон бо таъриху осори фарҳангии Қатар ошноии бештару наздик пайдо хоҳанд кард.

Ҳамкорй дар соҳаи варзиш низ яке аз самтҳои муҳимми муносибатҳои ду кишвари бародари мо мебошад. Варзиш дар ҳамаи давру замон дар таҳкиму сулҳу дӯстӣ миёни мардумони мухталиф рисолати беназирро анҷом медиҳад. Дар ин замина, мизбонии Қатар аз баргузории мусобиқаҳои байналмилалй дар риштаҳои мухталифи варзиш баёнгари сиёсати созандаю дурбинонаи кишвари дӯст дар таъмини сулҳу суботи минтақавию байналмилалй аст. Варзишгарони тоҷик дар чандин мусобиқаҳои байналмилалй дар Давҳа ширкат варзиданд. Байни кумитаҳои олимпии кишварҳои мо ва дигар муассисаҳои варзишӣ ҳамкориҳои наздик роҳандозӣ шудааст.

Дар бораи музокироти сулҳи Афғонистон дар Давҳа чӣ андеша доред?

Тоҷикистон мавқеи Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати роҳандозӣ намудани раванди сулҳ дар кишвар, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад.

Ба ин манзур мо аз фаъолияти ҳамагуна василаҳое, ки ба пешбурди раванди музокироти сулҳи Афғонистон ва ҳалли мушкилоти он мусоидат мекунанд, истиқбол менамоем. Дар ин замина кӯшишҳои Давлати Қатарро дар пешбурди раванди сулҳи Афғонистон муҳим дониста, аз онҳо ҷонибдорӣ менамоем ва ба натиҷаҳои мусбаташон умед мебандем. Ҳамзамон бар онем, ки дар музокироти байниафғонӣ, пеш аз ҳама, бояд таъмини риояи баробари манфиатҳои қавму гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоиву сиёсии кишвар ба назар гирифта шавад. Танҳо бо дарназардошти манфиатҳои онҳо сулҳу субот дар Афғонистон метавон таъмин гардад. Инро таҷрибаи истиқрори сулҳ дар кишвари мо исбот кардааст.

Истиқрори субот дар Афғонистон ва таъсири он ба тамоми минтақа чӣ гуна хоҳад буд?

Сулҳу субот дар Афғонистон ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии он — оромй ва суботи тамоми минтақа аст. Аз ин рӯ, барқарории сулҳу амонӣ ва пойдории амният дар ин ҳамсоякишвар барои мо мисли обу ҳаво зарур аст. Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ талош меварзад, ки дар ин кишвари дӯст сулҳи пойдор барқарор гардад. Ба ин манзур мо чӣ дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хоричӣ ва чӣ дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ пайваста даъват ба амал меорем, ки ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Афғонистон дорои захираҳои ғании табиӣ ва инсонист. Бино бар ин барқарории сулҳу субот дар он кишвар на танҳо ба рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии он шароит фароҳам меорад, балки ба равандҳои ҳамкорӣ ва ҳамгироии Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигари ҳамҷавор такони чиддӣ хоҳад бахшид.

Шумо нақши миёнҷигарии Қатарро дар ҳалли муноқишаҳо ва дастгирии муколама дар доираи музокироти Афғонистон чӣ гуна мебинед?

Мо шоҳиди он ҳастем, ки имрӯз нуфузу эътибори Давлати Қатар дар арсаи байналмилалӣ боло меравад ва кишвари дӯсти мо якҷоя бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли буҳронҳо, таъмини сулҳ ва рушди босубот дар минтакаҳои гуногуни ҷахон нақши муассиру созандаро мебозад.

Тавре ки дар боло ман таъкид кардам, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шурӯъ гардидани музокироти сулҳи Афғонистон дар Давҳа ҳамаҷониба истиқбол мекунад. Мо мавқеи кишвари дӯсти Қатарро нисбат ба ҳалли қазияи Афғонистон тавассути роҳҳои дипломатӣ баланд арзёбӣ мекунем.

Таърих собит намуд, ки ҳалли низоъ дар Афғонистон бо роҳҳои низомӣ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз мо фароҳам намудани майдони музокирот ва муколамаи байниафғонӣ дар Давҳаро барои ҳалли ихтилофҳо дар кишвари ҳамсояи Афронистон фурсати таърихӣ меҳисобем.

Мавқеи мо бар он асл асос меёбад, ки расидан ба сулҳи пойдор дар Афғонистон танҳо бо иштироки васеи афғонҳо имконпазир аст ва мо аз ташкили ҳама гуна майдонҳо, ки дар он ҷо худи афғонҳо гуфтушунид мекунанд, истиқбол менамоем.

Тоҷикистон омодааст, ки дар доираи фаъолияти муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Афғонистон минбаъд низ саҳми амалии худро дар барқарории сулҳу субот ва рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвари ҳамҷавор гузорад,

Дар фарҷоми сухан ба мардуми дӯсти Қатар сулҳу амонй ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзу менамоям.

Ташаккур.

 


Вакти нашр: 2021-01-07 08:09:57    Хонданд: 147    Муфассал...

АВВАЛИН ШУМОРАИ НАШРИЯИ "МАРОМИ ПОЙТАХТ" БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ОН РОСТ ОМАД. "МАРОМИ ПОЙТАХТ" 14-СОЛА ШУД! МУБОРАКАМОН БОД!

__________________________________________________________________________________________________________________


Вакти нашр: 2021-01-07 09:07:47    Хонданд: 94    Муфассал...

Ғолибияти аккоси тоҷик дар озмуни ЮНЕСКО

Суратгири моҳири тоҷик Дидор Саъдуллоев дар озмуни «Тақвими соли 2021-и ЮНЕСКО» («Календарь ЮНЕСКО 2021») иштирок намуда, ғолиб омад. Инак се акси Дидорро дар рӯйи «Тақвими соли 2021-и ЮНЕСКО» мегузоранд.

18-уми ноябри соли 2020 намояндагии ЮНЕСКО дар Алмато озмуни беҳтарин аксҳои мероси фарҳангӣ ва табиии Осиёи Марказиро таҳти унвони  «Тақвими соли 2021-и ЮНЕСКО» эълон карда буд, ки дар он номбурда иштирок намуда, аксҳои манзараҳои зебои Тоҷикистонро пешниҳод кард. Ғолибони озмун бо  шаҳодатномаи ЮНЕСКО ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд. Дидор Саъдуллоев  соли 1981 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Мактаби миёна ва факултаи физика ва математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро   хатм кардааст. Солҳои 2014—2015 дар факултаи аккосии Донишгоҳи давлатии тарроҳӣ ва текноложии Маскав таҳсил карда ва ихтисоси аккос/хабарнигорро  соҳиб шудааст. Дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон  «Ховар», ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва бархе нашрияҳои маҳаллӣ дар Россия ба сифати аккос кор кардааст. Аз соли 2014 то ҳоло дар Бошқирдистон ва шаҳрҳои Маскав, Алмаато ва Душанбе чанд намоиши аксҳояш баргузор шудааст. Ахиран дар Қазоқистон барандаи ҷоизаи озмуни минтақаии Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM) дар мавзӯи муҳоҷират шудааст.


Вакти нашр: 2021-01-07 10:54:44    Хонданд: 143    Муфассал...

Сарфакорӣ аз гӯшаи фарҳангу маърифат аст

Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии кишвар ба таҳлили амиқи вазъи имсолаи обиву энергетикӣ иртибот дошта, ба мардум тавзеҳ медиҳад, ки бо сабаби тағйирёбии иқлими сайёра, кам гардидани сатҳи оби дарёҳо таъсири он ба кишвари мо низ расидааст ва душворию монеаҳои мушаххасро ба миён овардааст. Захираи барф дар баландкӯҳҳои болооби дарёҳо кам ва ҳоло дар дарёи Вахш, ки рудхонаи асосии истеҳсоли неруи барқ дар кишвар ба шумор меравад, сатҳи об поин гардида, резиши об ба обанбори “Норак” кам шудааст. Ин ҳамон ҳушдору огоҳсозии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳанӯз дар солҳои навадуми асри гузашта аз минбари баланди СММ аз оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим ва проблемаҳои марбут ба об ба ҷомеаи башарӣ таъкид карда буданд.

Оқибатҳои тағйирёбиву бесобиқаи иқлими сайёра танҳо мушкилоти Тоҷикистон нест ва ҳамарӯза шоҳидем, ки дар баробари камобшавии дарёҳову рудхонаҳо, сӯхтори ҷангалзорҳову обхезиҳои зиёд ба марги одамон низ сабаб гашта истодаанд. Дар ҳақиқат, агар ҷомеаи башарӣ вобаста ба ин масъала ба хулосаи амиқ наояд, оқибатҳои ин раванд барои инсоният боз ҳам ногувору даҳшатнок хоҳад буд.

Мардуми шарафманди кишварамон огаҳанд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи энергетика хеле рушд ёфта, истиқлолияти энергетикӣ ҳамчун ҳадафи муҳими стратегӣ эълон гардид. Ба кор даровардани неругоҳҳои барқи обӣ, ба истифода додани маркази муҳташами барқу гармидиҳӣ, беҳдошти инфрасохтори энергетикӣ, ворид намудани технологияи муосир дар истеҳсолот ва интиқоли неруи барқ аз ҷумлаи иқдомҳоест, ки дар ин замина амалӣ гардидаанд.

Ба истифода додани ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» воқеаи фараҳбахши таърихӣ барои халқи тоҷик буда, далели равшани ба ин самт таваҷҷуҳи амиқ доштани Роҳбарияти Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Воқеан ҳам, дар ҳолати пурра ба истифода додани 6 агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар солҳои камобӣ ба миён омадани масъалаи норасоии неруи барқ аз байн меравад ва ҳам қисмате аз кишварҳои минтақа бо об таъмин мегарданд. Чунки обанбори Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун бузургтарин иншооти минтақа бо назардошти манфиати ҳамаҷонибаву таъйиноти танзими бисёрсола бунёд гардида истодааст. Дар баробари ин, то имрӯз дар кишварамон ҳудуди 40 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар самти рушди соҳаи энергетика амалӣ гардида, шиддати норасоии неруи барқро ба маротиб коҳиш додааст. Натиҷаҳо дар ин самт назаррасанд ва тибқи маълумоти оморӣ, соли 2019-ум истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ 20 млрд 676,2 млн кВт. соатро ташкил додааст, ки ин нисбат ба соли 2018-ум 934,5 млн. кВт зиёд аст. Яъне, истеҳсоли неруи барқ бо назардошти зиёд шудани шумораи аҳоливу теъдоди корхонаҳои саноатӣ сол ба сол меафзояд. Ҳоло бошад, моро зарур аст, ки захираҳои мавҷударо самаранок истифода намоем.

Солҳое, ки мушкилоти таъмини барқ аҳолиро домангир буд ва баъзе деҳаҳои дурдасти кӯҳистон ҳафтаҳои дароз бо неруи барқ таъмин набуданд, ҳамчун афсона дар саҳифаҳои таърих боқӣ монд. Боиси хушнудист, ки аз зимистони соли 2017 мардуми кишварамон бо неруи барқ пурра таъмин гардиданд. Мутаассифона, инсоният дар муқобили ҳаводису рухдодҳои табиат оҷиз мебошад, аз ҷумла, бо сабаби гармшавии иқлими сайёра сатҳи оби дарёҳо кам гардидааст, ки мушкили истеҳсоли неруи барқро ба миён овардааст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони кишвар ба он ваҷҳ муроҷиат намудааст, ки вазъиятро дуруст дарк намоянд ва истифодаи оқилонаву сафакоронаи барқро ба роҳ монанд. Тавре дар Муроҷиатнома зикр гардидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири бемаҳдуд бо барқ таъмин будани аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти миллии кишвар шартномаҳои байнидавлатиро бобати интиқоли барқ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муваққатан қатъ намуд.

Мо - кормандони соҳаи маориф ва илми кишвар бояд ҷавҳари аслии мазмуну мантиқи ин Муроҷиатномаро беш ва пеш аз дигарон дарк намуда, бобати истифодаи оқилонаи неруи барқ дар хона ва дар ҷойи кор намунаи ибрат бошем. Халқи фарҳангии тоҷик ба аҳли зиё - олимону донишмандон ва устодону омӯзгорон ҳамеша эътимоду эътиқод дорад ва ҳеҷ гоҳ нисбат ба маслиҳату андеша ва тавсияҳои онҳо бетафовут нест. Аз ин рӯ, мақсаду ҳадафи навиштани ин сатрҳо ҳамчун рисолат дар он аст, ки кормандони соҳаҳои маорифу илм, олимону донишмандон ва махсусан, омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбиро даъват намоям, ки дар раванди таълими наврасону ҷавонон аз маҳорати касбии худ истифода карда, фарҳанги сарфакорона истифода бурдани неруи барқро мунтазам тарғиб намоянд.

Ҳанӯз соли 2009 дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр ёфта буд: «Мо бояд ба маданияти истифодабарӣ ва сарфакории неруи барқу газ ва об эътибори ҷиддӣ диҳем. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Аврупо, чунин маданиятро дар мактабҳо аз синни хурдсолӣ тарғиб менамоянд».

Кормандони соҳаи маориф бобати таҳкими чунин маданият ва тарғиби он дар назди омма, махсусан, насли наврас дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд муваззафу масъул бошанд.

Шоистаи таъкид аст, ки аз ҷониби мутахассисони ШСХК «Барқи Тоҷик» бо унвони «Маърифати энергетикӣ» дастуре таҳия гардидааст, ки он дар таълифи дастуру барномаҳои дигар мусоидат менамояд. Ин дастур дар муассисаҳои таълимӣ дастрас карда мешавад. Мунтазам дар замири наврасону ҷавонон тарбия намудани маърифати сарфакорӣ ба манфиати имрӯзу ояндаи ҷомеа мебошад.

Мусаллам аст, ки норасоии неруи барқ дар пешқадамтарин мамолики ҷаҳон низ эҳсос мегардад ва онҳо низ дар ин роҳ сарфакориро як навъи устувори таъминоти энергетикӣ ҳисобидаанд. Аз ин рӯ, бояд дарк намоем, ки дар баробари бунёди иқтидорҳои истеҳсолӣ сарфакорона истифода бурдани неруи барқ омили муҳими рушди бомароми иқтисодиёти кишварамон мебошад.

Ҳамчунин, дар Муроҷиатнома қайд гардидааст, ки ҳар як шаҳрванд, ҳар як оила, тамоми ташкилоту муассиса ва ширкату корхонаҳо сарфи назар аз моликият бояд истифодаи сарфакоронаи барқро ба роҳ монанд.

Мо – кормандони соҳаҳои маориф ва илми мамлакат дар ин самт имконияти бештарро соҳибем ва аз рафтору муносибати дилсӯзонаи мо наврасону ҷавонон ибрат мегиранд ва бо тарғибу ташвиқи ҳадафмандонаамон дар дарсҳо ва маҳфилҳову чорабиниҳо истифодаи сарфакоронаи неруи барқро маърифат мекунанд.

Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар дар шароити мушкили иқтисодиву иҷтимоии аҳли башар ва тағйирёбии бесобиқаи иқлими сайёра саривақтист. Маълум аст, ки дар таълимоти фарҳангиву мазҳабии мо сарфаву сариштакорӣ яке аз хислати неки инсонӣ ҳисобида мешавад.

Бинобар ин, мо - кормандони соҳаҳои маорифу илми кишвар, ки ояндасозони ҷомеа дониста мешавем, Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишварро дастгирӣ намуда, тарғибу ташвиқ ва дар амал татбиқ намудани онро аз вазифаҳои муҳимми касбии хеш мешуморем. Имрӯз дар мамлакатамон ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар татбиқ мегардад, ки ба истиқлолияти комили энергетикӣ вобастагии амиқ дошта, ба рушду пешрафт ва шукуфоии бештари Ватани азизамон мусоидат менамояд.

 

Муҳаммадюсуф ИМОМЗОДА,

Раиси ташкилоти ибтидоии "Ганҷ"

 


Вакти нашр: 2021-01-07 10:59:17    Хонданд: 202    Муфассал...

НЕРУИ СОЗАНДА

Саҳифаҳои таърих шоҳид аст, ки дар даврони бесарусомониҳо, рӯзгори нобасомон ва шикастарӯҳии мардуми мо тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ато кард ва ҷараёни ин анҷумани саодати халқ ҳодиву раҳкушову раҳнамо ва мубашшири ин наҷотро ҳамчун туҳфаи олитарини тақдиру сарнавишти миллати тоҷик дар симои фарзанди сарсупурдаву меҳанпарасти хеш – Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид, бар уҳда гирифтанд ва дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуданд. Ин буд, ки меҳнаткашон, модарону хоҳарони мушфиқ, пирони рӯзгордидаву ҷавонони навовару ѓайратманд, чашми ростбин, гӯши ҳақшунав, ақли бедору хиради дурбин, забони ҳақгӯву табъи нуктасанҷ ва ҳазорҳо бозуи қавӣ дар зери сиёсати оқилонаашон гирд омада, дар ободиву пешравии Тоҷикистон муттаҳид гардиданд...

Яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

Новобаста ба вазъи душвори таърихии сахту сангин ва давраи гузариш, ки бо ташаккули низоми сифатан нави иҷтимоию иқтисодӣ алоқаманд мебошад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдош­ти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷойи кор гардидани онҳо ва мавқеи хосса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ҷалби неруи ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, ҷалби ин табақаи нерӯманди ҷомеа ба сафҳои хеш барои устувор намудани рукнҳои давлатдории навин, ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ва мутобиқат намудан ба ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таззодҳову таҳдидҳои замони муосир мусоидат менамояд.

Тавре Сарвари давлат, Пешвои муаззами кишвар зикр намудаанд, “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.

Мо ифтихорманд ва сарбаланд аз онем, ки ҷавонони саодатманди мо сазовори боварии боэътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидаанд.

Ин нуктаҳо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, рӯҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллии ҷавонони саодатманди диёрро баланд бардошта, бори дигар водор месозад, ки ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии хеш бирасем. Яъне, имрӯз барои ҷавонон, иштирок ва фаъолияти онҳо дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҳамаи омилҳо ва шароити иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодиву сиёсӣ фароҳам оварда шудаанд. Ва дар ин роҳ, пеш аз ҳама, азму талош ва кӯшишҳои ҷавонони лаёқатманду фаъол, ватандӯсту меҳанпарвари мо нақши ҳалкунанда дорад.

Ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату Истиқлоли миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бун­ёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеша намуда истодаанд.

Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидаруҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дучанд менамояд.

Ҷавонони кишвар низ худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоянд ва барои рушду нумӯи рӯзафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун нерӯи пешбарандаю таккондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозанд.

 

Дилшод РАҶАБОВ,

муовини раиси Ташкилоти

ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”


Вакти нашр: 2021-01-07 11:04:09    Хонданд: 228    Муфассал...

НАҚШИ ПАЁМ дар муайян намудани рушди Тоҷикистон

Дигаргунии сиёсӣ-иҷтимоӣ ва иқтисодӣ-фарҳангӣ дар солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи амалӣ шудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Яке аз хусусиятҳои асосии низоми сиёсии аксари кишварҳои пасошӯравӣ ин мақоми марказӣ доштани Президент дар сохтори мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва ҳамчун қувваи асосии пешрафти давлат ба ҳисоб меравад. Ташаббусҳои президент дар самти фаъолияти қонунгузорӣ, ҳокимияти иҷроия ва ҳокимияти судӣ ба сифати таҳкимдиҳандаи пояҳои давлатдории миллии халқи тоҷик дар замони муосир ба ҳисоб меравад. Барои муайян намудани роҳҳои рушду тарақиёти давлат, президент василаҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ гуногунро истифода менамояд.

Ба сифати яке аз василаҳои муҳимми муайян намудани рушди давлат Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад мекунад. Он ба сифати ҳуҷҷати барномавӣ, ҳамасола аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлисӣ Олӣ ироа мегардад, ки дар он тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсати хориҷии кишвар ба таври возеҳ нишон дода шудааст. Инчунин дар он ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа бо назардош­ти воқеияти зиндагӣ ва дурнамои рушди кишвар таҳлил мегарданд, баҳри баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ, тафаккури сиёсии шаҳрванд таъсири амиқи худро мегузорад.

Таҳлили паёмҳои Президент нишон медиҳад, ки дигаргуниҳои куллӣ дар самти низоми идоракунӣ, рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанг дар солҳои соҳиб­истиқлолӣ дар кишвар ба назар мерасад.

Дар самти низоми идоракунии давлатӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд, ки боиси таҳкими пояҳои давлатдории муосири миллии мо гардиданд. Махсусан дар самти омодасозии хизматчиёни давлатӣ, ки пешбарандаи сиёсати давлат ва муҳаррики асосии самаранокии идоракунии давлатӣ мебошанд, таъсиси мақоми ваколатдор – Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои тайёр кардан, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ – Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар паёми солонаи худ ба Маҷлисии Олӣ Президенти мамлакат қайд намуданд, ки “...Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Хотирнишон месозам, ки такмили низоми идоракунии давлатӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои босифат самти муҳимми ислоҳоти иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Ҳалли муваффақонаи масъалаҳои рушди минбаъдаи кишвар, пеш аз ҳама, бо самаранокии низоми идоракунӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, бартараф намудани монеаҳои сунъӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ алоқаманд мебошад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат бояд корҳоро дар самти такмили низоми идоракунии давлатӣ батадриҷ идома дода, асосҳои банақшагирии стратегиро дар сатҳи марказӣ ва маҳаллии идоракунӣ тарҳрезӣ ва амалӣ намояд.”

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳадафмандона муайян намудани мақсадҳо ва самтҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоӣ имконият фароҳам овард, то сатҳи камбизоатӣ дар кишвар марҳила ба марҳила паст гардида, рушди устувори соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар таъмин карда шаванд. Нишондиҳандаҳои оморӣ бори дигар собит месозанд, ки ҳамасола ба ҳисоби миёна 7 фоиз афзоиш ёфтани маҷмӯи маҳсулоти дохила ва то чор баробар зиёд шудани он натиҷаи сиёсати муваффақонаи иқтисодию иҷтимоии Ҳукумати кишвар буда, новобаста аз шароитҳои номусоиди молиявӣ, авҷи буҳронҳои молиявии ҷаҳонӣ аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, дар роҳи таъмини зиндагии арзанда ба мардум устуворона пеш рафта истодааст.

Дар робита ба тараққиёти солҳои охир дар мамлакат, ки фарогири тамоми соҳаҳо мебошад, дар паёми соли 2019 ба таври пурра инъикос ёфтанд. Чунончи, дар паём қайд гардид, ки дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфта,  ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд. Даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард.Бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар соли 2019 беш аз 9,5 миллиард сомониро ташкил карда, дар ҳафт соли охир 45 фоиз зиёд гардид.

Аз таҳлилҳои овардашуда бармеояд, ки дигаргуниҳои дар тӯли ҳафт сол баамаломада таъсири бевоситаи худро ба сатҳи зиндагии мардум расонидаанд, ки дар натиҷа нишондиҳандаи умумии фавт қариб ду баробар, аз ҷумла фавти кӯдакони синни то панҷсола 3,2 баробар кам шудааст. Дар ин давра аҳолии Тоҷикистон аз панҷуним миллион қариб ба 9,5 миллион нафар расида, беш аз 70 фоиз афзудааст. Сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки яке аз ченакҳои рушди неруи инсонӣ ин дарозумрӣ ба шумор меравад. Чуноне ки дар Паёми Пешвои миллат қайд гардид, дар ин масъала низ дар кишвар дас­товардҳои назаррас ба даст омада, сатҳу сифати зиндагии мардум хеле беҳтар гардида, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 73,5 сол боло рафтааст. Ин нишондиҳанда аз он далолат мекунад, ки сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, аз он ҷумла хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ беҳтар гардида, сифати зиндагӣ боло рафта истодааст ва дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт. Ин натиҷагирӣ беҳуда нест, зеро тавассути он ҳадафмандӣ ва самаранокии барномаи номзад ба Президенти кишвар барои 7 сол собит гашта, хусусияти прагматикӣ доштани он тасдиқ гардид. Ҳамчунин, ин нишондиҳандаҳо собит менамоянд, ки ҳадаф ва мақсади рушд дар Тоҷикистон ба масъалаи рушди нерӯ ва захираҳои инсонӣ равона гардида, дар ин самт муваффақиятҳои назаррас ҳам ба даст оварда шудаанд;

Хусусияти дигари паёми соли гузашта ин ҷанбаи суроғавӣ ва ё унвонӣ доштани он мебошад, ки  дар вазифагузориҳои мушаххас ба Ҳукумат, мақомоти давлатӣ, вакилони Маҷлиси Олӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот, ҷомеа ва ҳар як оила инъикоси худро ёфт. Вазифадоркуниҳо ба мақомоти мушаххаси ҷомеа нигаронида шуда бошанд хам, ҳар як шаҳрванди одӣ метавонад аз он нуқтаҳои махсуси ба ӯ нигаронидашударо низ муайян намояд. Ин бошад, ҷанбаи сотсиализатсиякунонии паёмро боз ҳам пурқувват намуда, аҳамияти онро баҳри фаъолнамоӣ ва иштироки бошууронаи субъект­ҳои сиёсат дар раванди таҳкими давлатдорӣ баланд мебардорад. Ин нишонаи он аст, ки имрӯз таваҷчуҳи роҳбарияти олии кишвар ба ташаббусҳои шаҳрвандӣ зиёд буда, баҳри дастгирӣ ва ҳавасманд­гардонии онҳо тамоми чораҳо андешида мешаванд. Масалан, бори нахуст дар паёми имсола оид ба ташаббусҳои созандагию бунёдкоронаи шахсиятҳои алоҳида, ки дар татбиқи сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар саҳми босазо гузоштанд, расман таъкид гашта, корҳои анҷомдодаи онҳо бо ибрози ному насабашон алоҳида таъкид карда шуданд. Аз он ҷумла, ташаббусҳои  Бобоҷонов Муҳиб - сокини 80-солаи ноҳияи Рашт,  соҳибкори ватанӣ Абдухалил Ғуломов,  Ширкати “Чунгтсай Моҳир семент” махсус қайд гардиданд.

Ин амал нишонаи он аст, ки тарғиби фаъолияти бунёдкорона ҳамчун намунаи ибрат усули маъмулӣ дар тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳавасмандгардонии ташаббусҳои шаҳрвандӣ буда, баҳри боз ҳам густариш додани масъулияти шаҳрвандӣ нақши босазо дорад.

Таъмини баробарии гендерӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат, баланд бурдани сатҳи иштироки занон дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ ҷиддан таъкид гашта, нишондиҳандаҳо низ дар самт муайян карда шуданд. Чунончи, яке аз онҳо зиёд намудани теъдоди занон дар мақомоти намояндагии сатҳи гуногун мебошад. Ин нуқта аҳамияти махсусан муҳим дорад. Зеро дар шароити авҷ гирифтани ҳаракатҳои занон дар ҷаҳон вобаста ба таъмини баробарии гендерӣ, рафъи хушунату зӯроварӣ нисбати онҳо ва ба инобат гирифтани эҳтиёҷоти иҷтимоии онҳо таъкиди ин нуқта нишонаи таваҷчуҳи роҳбарияти давлат ба масъалаи мазкур мебошад. Ҳоло шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз, фарҳанг 51 фоиз ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 фоизро ташкил медиҳанд.

Таваҷчуҳи махсус ба боло бурдани худшиносии миллии ҷомеа тавассути корбарии бевосита бо оилаҳо, боло бурдани сатҳи  маърифати оилаҳо самти дигари муҳим дар Паём маҳсуб меёфт. Иқдоми Пешвои миллат дар масъалаи тақдими китоби академик Б.Ғафуров ба ҳар як оилаи тоҷик аз номи роҳбари давлат қадами ҷиддӣ баҳри таҳавуллоти маънавӣ дар ҷомеа мебошад. Зеро то ба имрӯз аз номи Сарвари давлат кумак ва туҳфаҳои гуногуни молӣ зиёд расонида шуда бошанд ҳам, тақдими китоб ин намунаи беҳтарин аст, ки ҳамзамон масъулияти оиларо низ дар ин самт баланд бардошта, баҳри гус­тариши пояҳои маънавии ҷомеа заминаи устувор мегузорад.

Хулоса, Паёми Президент самтмуайянкунандаи рушди давлат буда, барои тамоми қишри ҷомеа ба сифати иттилоот ва маводи таҳлилӣ дар бораи пешрафти давлат ва ояндаи рушди он хизмат мерасонад. Таҳлили паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки онҳо ба сифати барномаи фаъолияти дарозмуддат барои тамоми ҷомеа буда, амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои дар он гузошташуда баҳри таҳкими давлатдории миллӣ, иқтидори иқтисодию иҷтимоии он, таъмини рушди нерӯи инсонӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ҷомеа мусоидат менамояд. Дигаргунии ҷомеаи тоҷикис­тонӣ дар шароити муосир пурра дар паёмҳо ба тавзи возеҳ нишон дода шудааст. Паём ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ барои минбаъд муайян намудани самти рушди давлати Тоҷикистон таъсири мусбати худро ба афкори омма ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ мерасонад.  

 

Амид КОМИЛБЕК,

номзади илмҳои сиёсӣ


Вакти нашр: 2021-01-07 11:09:06    Хонданд: 135    Муфассал...

Сафи аъзо дар “Орифон” меафзояд

Фаъолияти имрӯзаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бозгӯи он мебошад, ки дар байни мардум маҳбубияти хос дошта, бо мурури замон  аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизби созандаю муттаҳидсоз зиёд шуда истодааст. Барои обрӯ ва нуфуз пайдо намудан  дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа имрӯз аъзои Кумитаю ташкилотҳои ҳизбӣ фаъолияти чашмрас доранд.

Яке аз чунин ташкилотҳои фаъол, ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Орифон»-и Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Сино дар Муассисаи давлатии “Таҳсилоти ибтидоии шабонарӯзии махсус барои кӯдакони нобино ва сустбини шаҳри Душанбе” мебошад, ки зери роҳбарии Гулсифат Зикруллоева фаъолияти хуб дорад.

Мавсуф зимни суҳбат бо мо изҳор дошт, ки аъзои ташкилот ҳама он дастуру супоришҳои сохторҳои болоии ҳизбро вазифаи касбии худ шуморида, баҳри амалӣ гардидани онҳо кӯшиш менамоянд. Тавре ки Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: “Ҳизби мо фаъолияташро дар асоси ҳадафҳои барномавии худ ба роҳ монда, дар назди ҳамаи аъзои ҳизб вазифа гузоштааст, ки дар рушди иқтисодиёт, беҳбудии ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳиссаи сазовор гузорад. Махсусан, кумита ва ташкилотҳои ибтидоии моро зарур аст, ки ҳамарӯза аз мушкилоти аҳли ҷомеа огоҳ бошанд ва барои ҳалли онҳо ҳамкории самаранокро бо мақомоти давлатӣ роҳандозӣ намоянд”. Мо низ кӯшиш менамоем, ки бо неруи созандаи худ барои обру ва нуфузи ин ҳизби муттаҳидсози ҷомеа ҳамарӯза фаъолият намуда, барои имрӯзу дирӯзи он камари ҳиммат бандем ва он дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ироа мегардад, сармашқи кори хеш намуда, ба Ватану миллати хеш содиқонаю софдилона хидмат намоем. Зеро рисолати ҳар як узви ҳизб ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ роҳандозӣ намудани ҳадафу мақсади он аст.

Бояд гуфт, ки ташкилоти ибтидоии «Орифон» соли 2014 фаъолияташро оғоз намуда, ҳоло 45 аъзо дорад. Имрӯз бо ташаббуси раиси ташкилот Гулсифат Зикруллоева аъзои ҲХДТ дар ташкилоти мазкур афзуда истодааст.

Тавре Г. Зикруллоева иброз дошт: “мо имрӯз кӯшиш менамоем, ки ба сафи ҳизб содиқон ва шахсони бомасъулиятро аъзо намоем. Тавре Сарвари давлат иброз доштанд: “дар ҳайати ҳизб бояд онҳое кор кунанд, ки сатҳи баланди маърифатнокӣ, хислатҳои неку ҳамидаи инсонӣ ва касбият доранд”.

Алҳол, дар ташкилоти ибтидоии “Орифон” аъзо бо рӯҳияи баланди сиёсӣ фаъолияти хешро ба роҳ монда, дар тамоми чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, барои пешрафту шукуфоии ин ҳизби муттаҳидсоз пайваста саҳми худро  мегузоранд.  Ҷиҳати пеш бурдани фаъолияти корӣ дар ТИ  «Орифон» бошад, утоқи махсус бо шиору овезаҳои ҳизбӣ оро дода шуда, аъзо тибқи  талаботи Оиннома ва Барномаи ҳизб фаъолияти хешро ба роҳ монда истодаанд.

 

Нозукбибии ТЕМУР,

хабарнигори рӯзномаи

“Мароми пойтахт”


Вакти нашр: 2021-01-07 14:02:12    Хонданд: 215    Муфассал...

25 январ иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад

25 январ дар шаҳри Душанбе иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъват намудани иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум» ба тасвиб расид.

Тавре аз дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум 25 январи соли 2021, соати 11:00 дар шаҳри Душанбе доир карда мешавад.


Вакти нашр: 2021-01-07 14:21:11    Хонданд: 136    Муфассал...

Шaҳри дилҳо

Шaҳри Душaнбе – пойтахти мaҳбуби мо имрӯзҳо яке aз шaҳрҳои зеботaрини рӯи дунё шинохтa шудaaст. Он ҳaмчун мaркaзи мaъмурии дaвлaти соҳибистиқлол вa ойинaи миллaти соҳибтaмaддунaмон бо дaстгирию ғaмхориҳои доимии дaвлaту Ҳукумaт вa зaҳмaти созaндaву иқдомоти вaтaндӯстонaи сокинони он хеле зебову зaмонaвӣ шудa истодaaст. Бaхусус, роҳбaри ҷaвони шaҳр, сиёсaтмaдори кордон Рустaми Эмомaлӣ бо тaшaббусҳои нaҷиби худ дaр рушду ободии пойтaхт ҳиссaи чaшмрaс дорaд. Aз диду нигоҳи нaв, мутобиқ бa стaндaртҳои ҷaҳонӣ бунёд нaмудaни инфрaсохтори иҷтимоию иқтисодӣ Душaнберо дaр қaтори шaҳрҳои зебову обод вa пешрaфтa ҷой дод.

Имрӯзҳо Душaнбе чун шaҳри дилҳо мaркaзи сиёсӣ, иқтисодӣ, фaрҳaнгӣ вa илмии вaтaни доимбaҳорaмон мебошaд. Хиёбонҳои зебову дилрaбо, осорхонaҳои тaърихӣ вa дигaр мaконҳои нaзaррaбои Душaнбеи aзизaмон, бешубҳa, гувоҳи онaнд, ки ин шaҳри мaфтункунaндa дорои тaмaддуни қaдимaву олӣ мебошaд.

Ҳоло Душaнбе як шaҳри aзими офтобии дорои инфрaсохтори рушдёфтa дaр ҷaҳон эътироф шудaaст. Хиёбону кӯчaҳои фaрроху зебо, боғу гулгaштҳои мaфтункунaндa вa ҷолиб, мaркaзҳои илмӣ, фaрҳaнгӣ, иҷтимову тиҷорaтӣ вa корхонaҳои сaноaтии инновaтсиониву ҷaҳонии дaр ҳудуди шaҳри aзизaмон қaрордоштa дaлели гуфтaҳост.

Шaҳрдори ҷaвон бо ғояҳои тозaи худ aз рӯзҳои aввaли роҳбaрӣ тaвонист, ки Душaнбешaҳрро бa aрсaи бaйнaлмилaлӣ шиносонaд. Aввaлин рӯйдоди хотирмоне, ки дaр ҳaёти сиёсиву иҷтимоӣ дaр зaмони роҳбaрии рaиси ҷaвон Рустaми Эмомaлӣ соли 2017 бa aмaл омaд ин дaр рaддaбaндии шaҳрҳои aз нигоҳи туризми ояндaдор ҷойи aввaлро соҳиб шудaни шaҳри Душaнбе буд.

Ҳaнӯз 4 aвгусти соли 2004 бо қaрори ЮНЕСКО Душaнбе ҷоизaи aввaлини “Шaҳри ҷaҳон”-и минтaқaи Осиё вa дaвлaтҳои ҳaвзaи уқёнуси Оромро сaзовор гaрдидa буд. Имрӯз бошaд, пойтaхти кишвaрaмон - шaҳри Душaнбе дaр миёни кишвaрҳои Озaрбойҷон, Туркия, Покистон, Aфғонистон, Ӯзбекистон, Эрон, Қaзоқистон, Қирғизистон вa Туркмaнистон, ки aъзои Созмони ҳaмкориҳои иқтисодӣ мебошaнд, “Пойтaхти сaйёҳии кишвaрҳои Созмони ҳaмкориҳои иқтисодӣ бaрои солҳои 2020-2021” эълон гaрдидaaст.

Имрӯзҳо дaр шaҳри Душaнбе бa истиқболи ҷaшни муборaку муқaддaси миллиaмон – 30 солaгии Истиқлоли дaвлaтӣ нaқшaҳои бузурги созaндa aмaлӣ шудa истодaaнд. Бо бовaрӣ метaвон гуфт, ки Душaнбеи долорои мо - мaркaзи рушди фaрҳaнги миллӣ, мaнбaи кaмолоти мaънaвии сокинони кишвaр, дaр чaнд соли ояндa aз ин ҳaм зебову дидaнӣ мегaрдaд.

Нaргис СAЛИХОВA,

омӯзгори МТМУ №49, н. Фирдaвсӣ

 


Вакти нашр: 2021-01-07 15:19:22    Хонданд: 117    Муфассал...

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» шинос шуда, дарахт шинониданд

7 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» шинос шуда, дарахт шинониданд.

Ёдовар мешавем, ки ба корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим 10 июли соли 2020 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оғоз бахшида буданд.

Масоҳати умумии Майдони “Истиқлол” 30 гектар буда, 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ташкил медиҳад ва он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ- кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ аст.

Дар маъракаи имрӯзаи ниҳолшинонӣ Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе ниҳоли дарахтони сӯзанбарги кабуд шинониданд, ки аз Италия ворид гардидааст.

Имрӯз ба сардии ҳаво нигоҳ накарда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи алоҳидаи Майдони Истиқлол, ки барои сабзкорӣ ва бунёди боғу гулгашт ба нақша гирифта шудааст, дарахт шинониданд.

Аз масоҳати умумии 30 гектари Майдони Истиқлол 11 ҳазор метри мураббаи он аз рӯи нақша сабзкорӣ карда мешавад.

Оянда дар ҳудуди Майдони Истиқлол бо ворид кардани дарахтони нодири сояафкану ороишӣ ва ба саломатии инсон фоидаовар аз кишварҳои аврупоӣ, аз қабили дарахтони сӯзанбарг, олу, магнолия, серенаи ҳиндӣ, санавбари қримӣ, секвоя ва дигар ниҳолҳои ба минтақа мутобиқ шинонида мешаванд.

То имрӯз дар як гӯшаи боғ даҳҳо адад дарахтони серена, олу ва сӯзанбарги кабуд шинонида шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорон барои бо тарҳи зебо мураттаб сохтани гулгаштҳо ва дуруст ҷо ба ҷо кардани боғҳои ҳудуди иншоот дастуру ҳидоятҳо доданд.

Президенти мамлакат ҳамеша мардуми кишварро ба корҳои ободонию созандагӣ, сабзу хуррамгардонии кӯчаю маҳал, хиёбонҳо, манзилҳои зист, беҳдошти муҳити атроф, бунёди марказҳои фарҳангию фароғатӣ, боғҳои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, ки аз анъанаҳои накуи аҷдодонамон мебошанд, ҳидоят менамоянд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки анъанаҳои ибратбахши ниёгони сарфарози мо, аз ҷумла зебоипарастӣ, покизаманишӣ ва заҳматдӯстии онон пайваста ҷаҳду талош менамоянд, ки мардуми тоҷик имрӯзу оянда низ рисолати поку ибратомӯзи гузаштагони номдори худро идома диҳанд.

Нақши Президенти мамлакат дар шукуфоии сарзамин тавассути таъсис, ободонӣ ва сарсабз гардонидани гулгаштҳо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва мевадиҳандаи кишвари маҳбубамон хеле бузург аст.

Натиҷаи ҳамин аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар баробари сохтмону мавриди истифода қарор додани иншооти таъйиноти гуногун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо завқи баланди зебоипарастӣ ба хотири тарғиби корҳои сабзу хуррамгардонии муҳити зист бунёду барқарорсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ, суперинтенсивӣ ва интенсивӣ, мевадиҳанда ва парваришгоҳҳоро ба роҳ монданд.

Президенти мамлакат бевосита дар маъракаҳои нииҳолшинонӣ ширкат варзида, мардумро ба ин кори пуршараф ҳидоят мекунанд.

Душанбе дар гузашта ҳам боғшаҳр буд, вале бо бунёди боғҳои нави фарҳангию фароғатӣ ва навсозию ободонии бесобиқаи боғҳои пешина ин шаҳри дилҳо кунун воқеан ба сабзшаҳр ва ё боғшаҳри камназири дунё табдил ёфтааст. Зеро Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт тадбирҳои арзандаи таҳсину офаринро роҳандозӣ намудаанд.

Тайи 10-15 соли охир дар пойтахт Боғи парчами миллӣ, Боғи Нишони давлатӣ, Боғи Ирам, Боғи устод Рӯдакӣ, боғи назди Китобхонаи миллӣ, боғи Қасри Миллат, боғҳои Сомон, Куруши Кабир, Хайём, Аҳмади Дониш, Наврӯзгоҳ, Восеъ, Ҷавонон, Кӯли ҷавонон, Кӯли Душанбе, Фирдавсӣ, Садриддин Айнӣ, Дӯстӣ, Алишери Навоӣ, Ғалаба, боғи кӯдакон, атрофи Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам ва ҳамаи кӯчаву хиёбонҳои он ободу зебо гардонда шуда, ба мавзеъҳои сайру гашт ва шодию дилхушии хурду бузурги сокинон ва меҳмонони Душанбешаҳр табдил ёфтаанд.

Ин ҳама иқдому ташаббусҳои ибратбахши Пешвои миллат дар роҳи ниҳолшинонӣ, парвариши боғҳо, гулпарварӣ ва дар маҷмӯъ зебоипарастии он кас ба тарбияи ҳисси зебоидӯстӣ, озодагӣ, покизаманишӣ ва ватандории наслҳои имрӯзу ояндаи Тоҷикистони азиз нақши беандоза мегузорад.

Баъди шинонидани дарахт дар маъракаи имрӯзаи ниҳолшинонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Майдони Истиқлол шинос шуданд.

Иншоот аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳҳо ва ғайра иборат мебошад.

Баландии рамзи Истиқлол, ки дар маркази майдон ҷойгир мешавад, 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлол ва дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.

Майдони “Истиқлол” бо маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” муҳташамтарин иншооти асосии ҷашнӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи нақша соли 2021 мавриди истифода қарор дода мешавад.

Дар идомаи раванди созандагиҳо дар шаҳри Душанбе бунёди Майдони “Истиқлол” бо Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” аз пешрафту шукуфоӣ ва рушду нумуи мамлакат шаҳодат медиҳад.

Лоиҳаи ангоравии Майдони “Истиқлол” бо Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” дар шаҳри Душанбе аз ҷониби гурӯҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таҳия гардидааст.

Ин лоиҳа бо бартариҳои афзалиятдор ифодакунандаи рамзи давлатдорию таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷик мебошад.

Ҷараёни бунёди Майдони “Истиқлол” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Аз ин рӯ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба сифатнокӣ ва муҳлати иҷрои корҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва вусъат бахшидани дигар тадбирҳои ободонии вобаста ба бунёди он ҷалб намуданд.

 


Вакти нашр: 2021-01-07 15:40:35    Хонданд: 160    Муфассал...

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ: ТАШАККУЛИ КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ

 Аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур семинармашварати омӯзишию дастурдиҳӣ дар ташкилоти ибтидоии “Навовари ҷавон”-и Коллеҷи техникӣ роҷеъ ба ташаккул ва тақвияти корҳои тарбиявӣ доир гардид.

         Зикр шуд, ки таърих собит намудааст, ки фарҳанг, тамаддун ва маънавиёти олиро пеш аз ҳама аҳли илму маърифат месозанд. Тоҷикон бо мероси илмӣ, адабӣ ва фарҳангии хеш дар тамаддуни башарӣ нақши беназир гузоштаанд. Аз саҳифаҳои  таърих бар меояд, ки давлате, ки олимони бузургу забардаст, нависандагони ватандӯсту ватанпараст, мураббиёни донишманду хирадпеша надорад тараққӣ карда наметавонад.


Вакти нашр: 2021-01-08 11:00:24    Хонданд: 113    Муфассал...

Барои муассисаҳои илмию олии Тоҷикистон аз Россия 100 номгӯй таҷҳизоти техникӣ ва маводи кимиёвӣ ворид гардид

Ба Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаҳои илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи кимиёӣ ва васоити экспедитсионӣ»-и назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) бештар аз 100 номгӯй таҷҳизоти техникӣ ва маводи кимиёвӣ ворид гардид. Ин маҳсулот аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон дастрас гардида, дорои сифат ва серфитикат буда, барои корҳои озмоишӣ, тадқиқотӣ ва таълимӣ равона шудаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти АМИТ иттилоъ медиҳад.

Ҳадаф аз ворид намудани таҷҳизоти техникӣ ва маводи кимиёвӣ ба муассисаҳои илмӣ ва олӣ — ин баланд бардоштани сатҳи донишҳои техникӣ, таъмини рушди соҳаҳои илму маориф тавассути техникаю маводи кимёвӣ мебошад.  Зеро дар мамлакат солҳои 2020 — 2040 – «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»  эълон гардидааст ва таъмини муассисаҳои илмӣ бо таҷҳизоти техникӣ ва маводи кимиёвӣ ба   рушди ин илмҳо замина мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи Дониш (17.08.2020) зикр доштанд, ки «мушкилоти дигари муассисаҳои таълимии мамлакат ба таври кофӣ таъмин набудани онҳо бо маводи таълимии озмоишӣ, реактивҳои химиявӣ ва асбобу таҷҳизот барои фанҳои химия, физика ва биология мебошад, ки ин ҳолат низ боиси паст шудани сатҳу сифати таҳсилот гардидааст.  Доир ба ҳалли ин масъала ман дар мулоқоти қаблӣ бо аҳли маориф ба масъулони соҳа ва сохторҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дода будам ва имрӯз ба Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаи илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо ва маводи кимиёвии назди Академияи миллии илмҳо бори дигар таъкид месозам, ки то оғози соли 2021 ҷиҳати бартараф кардани мушкилоти зикршуда тадбирҳои қатъӣ андешад».

Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаҳои илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи кимиёӣ ва васоити экспедитсионӣ»-и назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қаблан ба ҳамаи муассисаҳои илмӣ ва таълимии дахлдор пешниҳоди таҷҳизоти техникӣ, асбоб ва маводу реагентҳои озмоишгоҳиро кафолат дода, барои тақвияти ҳамкорӣ дар рушди илму маорифи мамлакат нақш мегузорад.

Корхона тасмим гирифтааст, ки дар ҷодаи мазкур мақоми аввалинро соҳиб бошад.


Вакти нашр: 2021-01-08 15:23:42    Хонданд: 131    Муфассал...

Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот беш аз 30 коркард ва тавсияҳои олимони АМИТ пешниҳод гардиданд

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои банди 29 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 баён доштанд, бо қарори Раёсати Академия аз 1 июни соли 2020 дар назди АМИТ Шӯрои байниидоравӣ оид ба таҳияи системаи чорабиниҳои илмӣ барои аз байн бурдани бемории коронавируси СOVID-19 таъсис дод, ки ба ҳайати он олимони соҳаи тиб, табибони вирусолог, бемориҳои сироятӣҳамчунин кимиёдонҳо, биологҳо, дорушиносон, дорусозон ва технологҳо шомиланд. Ҷаласаҳои Шӯро ҳар ҳафта рӯзи душанбе доир гардида, дар он пешниҳод ва тавсияҳои илмию методӣ оид ба бемории коронавируси СOVID-19 ва роҳҳои пешгирии он қабул ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда мешаванд. Дар ин робита  олимони АМИТ  дастгоҳи худсози нафасдиҳии сунъӣ ихтироъ намуданд. Ин дастгоҳ дар асоси тарҳи электронии таҳиянамудаи олимони соҳаи физика сохта шуда, дар беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилӣ аз озмоиш гузаштааст. Ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии ин дастгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастгоҳи тиббии воридотивазкунанда имконпазир аст.

Ин матлабро президенти Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ имрӯз зимни маҷлиси умумии солонаи ин ниҳод иброз намуд.

Тибқи рӯзномаи маҷлиси умумии солонаи Академияи илмҳо оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии АМИТ дар соли 2020 ва вазифаҳо дар соли 2021 президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ маърӯза намуда, зикр кард, ки дар соли 2020 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, новобаста аз мушкилиҳои баамаломада вазифаҳои ба уҳдадоштаашро иҷро намуд.

“Соли 2020 Академияи илмҳо унвони миллӣ гирифт ва ин рӯйдод дар таърихи он фаромӯшнашаванда мебошад. Аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии АМИТ 2730 кори илмӣ, аз ҷумла 236 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, 2494 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ, аз онҳо 1981 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 211 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 117 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба нашр расиданд”-, гуфт зимни маърӯза Ф.Раҳимӣ.

Зикр гардид, ки соли 2020 аз тарафи олимони АМИТ 23 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ва 5 шаҳодатнома оид ба сабти давлатии захираи иттилоотӣ ба даст оварда шуд. Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот беш аз 30 коркард ва таклифу тавсияҳои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Фарҳод Раҳимӣ зикр кард, ки олимони Академияи миллии илмҳо дар натиҷаи омӯзиши хосиятҳои шифобахшии растании камол собит намуданд, ки шира ва решаи ин растаниро чун маводи фаъоли биологӣ барои қавӣ гардонидани масунияти бадан истифода бурдан мумкин аст. Айни замон олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ ба Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология» якчанд иловаҳои фаъоли биологӣ, аз қабили «Камолид», «Камолин», «Мукофер» «Седармон», малҳамҳои «Проктоферуол», «Херболит» ва «Ҳербитол» таҳия намудаанд, ки ба роҳ мондани истеҳсоли онҳо дар саноати дорусозии ватанӣ метавонад ҳамчун маводи воридотивазкунанда ҷои баъзе иловаҳои фаъоли биологиро, ки аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, иваз намояд. Ҳамчунин аз растании явшон (ҷорӯбак) маводи фаъоли биологие дар шакли маҳлул ва қиём тайёр карда шудааст, ки хусусияти зиддибактериявӣ ва зиддивирусӣ дорад. Дар семинари машваратӣ аз олимон, мутахассисони ва ширкатҳои дорусозӣ даъват ба амал оварда шуд, ки неруи худро барои рушди саноати дорусозии ватанӣ равона намуда, ҳамкории муштараки судманд ба роҳ монанд.

Сипас аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ нақшаи кории АМИТ барои соли 2021 пешниҳод гардид, ки академикҳои АМИТ  онро истиқбол намуданд.

Дар интиҳои маҷлиси умумӣ ба олимони ҷавон, кормандони АМИТ ва олимоне, ки давоми соли 2020 дар рушди илм саҳми назаррас доштанд, дипломҳо, ҷоизаҳо ва ифтихорномаҳои вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм ва АМИТ супорида шуданд.


Вакти нашр: 2021-01-08 15:26:12    Хонданд: 138    Муфассал...

Агентии авиатсияи гражданӣ: «Somon Air» моҳи январ ба шаҳрҳои Россия 130 парвози махсус анҷом медиҳад

Ширкати ҳавопаймоии ватании «Somon Air» тасмим гирифтааст, ки моҳи январ ба шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия ҳудуди 130 парвози махсус анҷом диҳад.

Директори Агентии  авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дархости ширкати ҳавопаймоии ватании «Somon Air» ҷиҳати иҷрои парвозҳои махсус ба шаҳрҳои Федератсияи Россия ба Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо бемории COVID-19 расонида шудааст.

Икром Субҳонзода афзуд, ки дар як рӯз то шаш парвози махсус аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба шаҳрҳои Россия сурат мегирад.  Инчунин интизор меравад, ки моҳи январ 10 парвози махсус дар масири Душанбе-Минск –Душанбе аз сӯи ширкати «Сомон Эйр» анҷом дода шавад.

Мусофироне, ки ба ватан бармегарданд, бояд бо худ маълумотномаи ташхиси COVID-19 дошта бошанд, ки 72 соат пеш аз парвоз дода мешавад. Чунин маълумотнома ба кӯдакони то сесола зарур нест.


Вакти нашр: 2021-01-08 15:28:42    Хонданд: 138    Муфассал...

Тоҷикистон ва Япония дар самти пешгирии бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда ҳамкории зич ба роҳ мемонанд

Бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ намудани бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда 7 январ  муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода бо намояндагони Сафорати Япония дар Тоҷикистон мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Самариддин Ализода дар вохӯрӣ бо намояндагони Сафорати Япония дар Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ давоми солҳои охир тасмим гирифт, ки ваксинаи сурхча-баногӯшак-гулафшонро ба тақвими миллии иммунизатсия ворид намояд. Ин ҳадаф ҳамчун чорабинии муҳим дар Барномаи миллии иммунопрофилактика низ дарҷ гардидааст.

«Хушбахтона, соли 2020 бо дастгирии Ҳукумати Япония ваксинаи сурхча-баногӯшак-гулафшон тавассути ЮНИСЕФ харидорӣ ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд»,-афзуд муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Инчунин Самариддин Ализода аз номи роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Япония барои дастгириҳои пайваста изҳори миннатдорӣ  намуд.

Зикр гардид, ки Ҳукумати Япония аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ кумаки худро ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти  мубориза бар зидди бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда расонидааст.

Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати харидорӣ ва дастрас намудани ваксинаи сурхча-баногӯшак-гулафшон дар соли 2021 ба ҷумҳурӣ табодули афкор намуда, омодагии хешро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории бештар иброз доштанд.


Вакти нашр: 2021-01-08 15:30:33    Хонданд: 129    Муфассал...

Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 тасдиқ гардид, ки дар баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ нақши муҳим хоҳад дошт

28 ноябри соли 2020 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 тасдиқ гардид. Оид ба ҳадаф, вазифа ва усулҳои татбиқи барномаи нави рушди забони давлатӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» Моҳинави НАВРӮЗ бо  Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон МУҲАММАДҶОНЗОДА суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: — Ҳадафи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 аз чӣ иборат аст?

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: — Қабул ва тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 бори дигар аз таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ далолат мекунад. Зеро забони тоҷикӣ дар марҳилаи нави муносибатҳои иҷтимоӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳкими давлату давлатдории миллӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад.

Даврони  истиқлол барои рушду ташаккули фарогири забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ имконоти мусоид фароҳам оварда, он  рушду нумуи худро касб кард. Маҳз дар ҳамин давраи таърихи давлатдории навини тоҷикон забони миллӣ ҳамчун неру ва омили муҳими иттиҳоди миллату халқҳои сокини ҷумҳурӣ пазируфта ва шинохта шудааст.

Роҳбарият ва Ҳукумати Тоҷикистон барои ин шароиту имконияти мусоид ва муҳити мувофиқи сиёсиву иҷтимоӣ фароҳам оварданд, ки дурнамои густариши забони тоҷикӣ муайян ва тарҳрезӣ гардад.

Дуруст аст, ки Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2012-2016 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июни соли 2012 тасдиқ шуда буд, ки дар он 6 самти афзалиятноки пешбурди забони давлатӣ тарҳрезӣ шуда, ҷиҳати татбиқи он аз тамоми имконият истифода шуда, корҳои назаррасе анҷом ёфтаанд. Бо вуҷуди ин, масъалаи рушди забон яке аз масоили мубрам дар ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад.

Ҷаҳонишавии ҷомеаи имрӯза мушкилоти забонро кам намекунад, баръакс, моро водор месозад, ки ба масъалаи забон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоем ва ҳамчун рукни давлатдорӣ барои мустаҳкам будани пояҳои он муташаккилона кор кунем. Бо дарки муҳим будани масъалаҳои марбут ба забон Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки он барои пешбурди кори забон дар даҳ соли оянда заминаи боэътимод мегузорад. Ин Барнома ҷомеаи Тоҷикистон ва тамоми сохторҳои давлатию ғайридавлатиро водор менамояд, ки ба масъалаи забон аҳамияти хос зоҳир намоянд.

Барномаи мазкур  ҳадаф, вазифа, самтҳои асосӣ, усулҳои татбиқ ва  натиҷаҳои ниҳоии амалисозии сиёсати давлатиро  оид ба забон муайян намуда, муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро татбиқ намуда, ба ташаккули забони илм, рушди истилоҳоти тахассусӣ, таҳияи дастурҳо, эҳёи номҳои миллӣ,  маҳалҳои аҳолинишин ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ мусоидат менамояд.

Дар баробари ин, Барнома ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба забон равона шуда, барои рушду густариш ва баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ нақши муҳим дошта, бобати инкишофи муносибатҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, сиёсиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам меорад.

Дар Барнома сиёсати давлатӣ оид ба забони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои байналмилалии баробарии забонҳо муайян гардида, дар ташаккули худшиносӣ, худогоҳии шаҳрвандон, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва рушди  ҷаҳонбинии сиёсиву фарҳангии аҳли ҷомеа аҳаммияти махсус медиҳад.

Ба ҳайси ҳуҷҷати расмии давлатӣ Барнома роҳҳои асосии ҳалли масъалаҳои муҳими забониро муайян сохтаву дурнамои самти татбиқи забони давлатӣ маҳсуб ёфта, ҷиҳати таъмини маводи илмию таълимӣ ва лексикографӣ ва дар ин замина таҳия ва нашри фарҳангномаҳо, муҳовараҳо ва дастурҳои таълимиро зарур мешуморад, ки бо бознигарӣ манзури ҷомеа карда шаванд.

АМИТ «Ховар»: — Барномаи нави рушди забони давлатӣ, ки даҳ солро дар бар мегирад, аз чанд марҳила ва самтҳо иборат аст?

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: — Барномаи нави рушди забони давлатӣ дар ду марҳила ва шаш самт роҳандозӣ мегардад.

Марҳилаи аввал солҳои 2020-2025-ро дар бар мегирад. Дар ин давра барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузории соҳавӣ лоиҳаҳо таҳия мегарданд. Марҳалаи дуюм солҳои 2026-2030-ро дар бар гирифта, аз роҳҳои амалисозии масъалаҳои таҳқиқотии омӯзиши назорат ва ташкилӣ иборат мебошад.

Дар барнома таъмини рушди забони давлатӣ аз рӯи якчанд самт, аз ҷумла андешидани тадбирҳо барои таъмини заминаи меъёриву ҳуқуқӣ, таҳқиқи масъалаҳои назариявӣ ва амалияи забони давлатӣ,  таҳия ва нашри фарҳангномаҳо ва дастурамалҳо, омӯзиш, назорат, таҳлил ва амалӣ сохтани сиёсати давлатии забон, ҳифзи забонҳои миллатҳо ва халқиятҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, он забонҳое, ки дар мамлакат мавриди истифода қарор доранд, муайян мегарданд.

АМИТ «Ховар»: — Дар барномаи нав барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои яғнобӣ ва бадахшонӣ, ки хазинаи махсусе барои омӯзиши таърихи забонҳо дониста мешаванд, чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: — Боби аввали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳз ба ҳифзи забони давлатӣ, яъне забони тоҷикӣ ва забонҳои дигар, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамоянд, нигаронида шудааст. Ҷомеаи Тоҷикистон сермиллату гуногунхалқият аст. Ҳар миллату халқияти Тоҷикистон забони модарӣ ё забони аҷдодии худро дорад ва ба ҳамаи ин халқияту миллатҳо ҳуқуқи озодона истифода бурдан аз забони модариашон дода шудааст. Миллатҳое, ки дар қаламрави  ҷумҳурӣ гурӯҳи этникии муайян доранд, зери мафҳуми ақаллияти миллӣ шинохта мешаванд. Ба он забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ғ. дохил мешаванд.   Ғайр аз ақаллияти миллӣ ақаллияти забонӣ мавҷуданд, ки қисми 2 моддаи 4 боби аввали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  маҳз ба ҳимоя ва инкишофи онҳо бахшида шудааст.  Ба забонҳои ақаллияти забонӣ  забонҳои бадахшонӣ ва яғнобӣ дохил мешаванд, ки дар таърихи миллати тоҷик нақши муайян доранд.

Арҷ гузоштан ва эҳтиром намудани мероси фарҳангиву маънавии миллатро Пешвои миллат  вазифаи муқаддаси ҳар соҳибзабони баору номус шуморида,  онро дар ҳама суханрониҳо ва Паёмҳои табрикотии хеш иброз медоранд.  Далели гуфтаҳои боло ин суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ мебошанд: «Имрӯзҳо Тоҷикистон аз ҷиҳати боигарии забонӣ музейи зиндаи таърихӣ аст. Чанде аз забонҳои қадим, ки шомили гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ мебошанд, дар Бадахшон ва соҳилҳои болоии дарёи Зарафшон маҳфуз нигоҳ дошта шудаанд. Ин забонҳо хазинаи махсусе барои омӯзиши таърихи забонҳо дониста мешаванд, ки ҳифзу баррасии илмии онҳо бояд муҳайё карда шавад… Тағйироте, ки дар асоси талаботи давраи нави таърихи миллати мо ба вуқӯъ мепайванданд, забонҳои помириро ба тағйироти сифатӣ дучор хоҳанд намуд, вале мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, то ин забонҳоро ба сифати бойигарии маънавии миллӣ нигаҳ дошта бошем». Инро ба назар гирифта як бахши муҳими ин Барнома ба ҳифзи забонҳои яғнобӣ ва бадахшонӣ бахшида шудааст.

Барнома масъалаи омӯзиши дигар забонҳоро ҳам дар назар дорад ва дар баробари донистани забони давлатӣ, аз бар кардани на камтар аз ду забони дигар асоси сиёсати давлат дар бораи забонро ташкил медиҳад, ки ба ин кор санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда имконият медиҳанд ва дар татбиқи санад ва дастуру супоришҳои марбут ба ин масоил мусоидат мекунанд. Дар маҷмӯъ, Барномаи мазкур дар тӯли даҳ соли оянда нақшаю чорабиниҳои зиёдеро пешбинӣ менамояд, ки барои рушди забони тоҷикӣ мусоидат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки 4 октябри соли 2020 Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба  Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати устувор намудани пояҳои забони давлатӣ аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳо ва Вазорати маориф ва илм «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.  Президенти мамлакат  зикр карданд, ки дар баробари ин, мо бояд ба таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи рушди забони давлатӣ ба шумор меравад, эътибори ҷиддӣ диҳем.

Инчунин Пешвои миллат бо таваҷҷуҳ ба масоили истилоҳсозӣ зикр карданд, ки барои тавсеаи доираи  калимасозии мавзӯӣ, аз қабили истилоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра аз имкониятҳои забони модарӣ ҳамаҷониба истифода гардида, бо мақсади ҳифзи асолати забон ҳангоми истифодаи истилоҳот бояд ҳам зарфияти унсурҳои пойдори забони давлатӣ ва ҳам иқтибосгирии оқилонаву санҷида ба таври мутавозин дар мадди назар бошад.

Дар ин росто, Сарвари давлат таъкид карданд, ки «мо бояд аз иқтибосҳои бемавқеъ худдорӣ карда, истилоҳоти иқтибосиро ба табиати забон, сохтори сарфию наҳвӣ ва низоми овозии он мутобиқ гардонем».

Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат сеюмин барномаест, ки аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот таҳия ва пешниҳод мешавад. Ӯмед дорем, ки ҳадафу муҳтавои барнома ва амалисозии давра ба давраи нақшаи он натиҷаҳои хуб ба бор хоҳанд овард.

 


Вакти нашр: 2021-01-08 16:14:06    Хонданд: 139    Муфассал...

САРФАКОРӢ — НИЗОМИ ЗИНДАГӢ. Муҳандиси барқ Аслиддин Назарзода манфиати сарфакорӣ дар истифодаи барқ ва роҳҳои ноил шудан ба онро шарҳ медиҳад

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро меандешад, то зимистони имсол мардум бе барқ намонадБарои ин аз ҳар сантиметр оби захираи обанбор самаранок истифода бурда мешавад. Дар айни замон дар анбори Маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе зиёда аз як миллион тонна ангишт захира карда шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 декабри соли гузашта дар машварати корӣ бо иштироки аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, раисони ноҳияҳои пойтахт, раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳо дар қатори дигар масъалаҳо супориш доданд, ки дар ҳар шаҳру ноҳия бобати ҷоннок намудани тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум оид ба истифодаи сарфакоронаву боинсофона ва мақсадноки неруи барқ ва ба таври қатъӣ пешгирӣ намудани исрофкорӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шаванд. Дар  ҷаласа таъкид гардид, ки вобаста ба вазъи имрӯзаи захираҳои обии мамлакат дар фасли зимистон бояд ҳар оила, ташкилоту муассисаҳо, корхонаву коргоҳҳо, сарфи назар аз шакли моликият низоми истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва пешгирӣ намудани исрофкории онро риоя намоянд.

Бо ин мақсад ҳоло дар саросари мамлакат  зиёда аз 260 гурӯҳи корӣ ташкил дода шудаанд. Роҳбарону мутахассисони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандони макомоти қудратӣ, аҳли зиё ва намояндагони воситаҳои ахбори омма бо энергетикҳо паҳлу ба паҳлу истода, ҳодисаҳои истифодаи ғайриқонунии барқро ошкор намуда, талафи беҳуда ва исрофкории барқро пешгирӣ менамоянд ва корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

“Сарфакорона истифода бурдани барқ, умуман риояи фарҳанги сарфакорӣ, ҳама вақт мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад”,-гуфт зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ “Ховар” раиси Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, муҳандиси барқ Аслиддин НАЗАРЗОДА.

Андешаҳои пурраи мавсуф дар зер манзури хонандагони сомона гардонида мешаванд.

12 сол муқаддам, ҳанӯз 15 апрели соли 2009 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр ёфта буд: «Мо бояд ба маданияти истифодабарӣ ва сарфакории неруи барқу газ ва об эътибори ҷиддӣ диҳем. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳоназ ҷумла Аврупочунин маданияти энергетикиро дар мактабҳо аз синни хурдсолӣ тарғиб менамоянд».

Дар фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» аз 25 апрели соли 2009 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату корхонаҳо, аз ҷумла ШСХК «Барқи Тоҷик» дастур дода мешавад, ки бобати сарфакорона истифода бурдани барқ корҳои фаҳмондадиҳиро равнақу ривоҷ диҳанд.

Дастуру нишондодҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати мувофиқи захираву имконияти кишвар ба роҳ мондани истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ бо вазъи имрӯзаи на танҳо давлати мо, балки ҷаҳони муосир, ки бо буҳрони молиявию иқтисодӣ рӯ ба рӯст, мувофиқ меояд. Алалхусус, масъалаи ба лампаҳои каммасраф иваз намудани лампаҳои тафсандаи волфрамӣ.

Ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба таври зайл омада буд: «Имрӯз дар кишвар муштариёни маишии қувваи барқ зиёда аз як миллион оиларо ташкил медиҳанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар ҳар як хоҷагӣ ба ҳисоби миёна 8 адад лампаҳои имрӯзаи иқтидори умумиашон 800-ваттаро давоми як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 12-соатӣ истифода намояд, он гоҳ давоми сол масрафи умумии аҳолӣ дар маҷмӯъ 3 миллиарду 620 миллион киловатт-соатро ташкил медиҳад. Дар сурати истифода намудани 8 лампаи каммасраф дар як сол хароҷоти умумии аҳолӣ ба 506 миллион киловатт-соат баробар мешавад. Яъне, бо ба лампаҳои каммасраф иваз намудани лампаҳои ҳозира сарфаи неруи барқ танҳо аз ҳисоби аҳолии кишвар ба 3 миллиарду 120 миллион киловатт-соат баробар мешавад, ки он ба ҳаҷми истеҳсолии неругоҳи барқи иқтидораш 810 мегаватт баробар аст». Барои муқоиса: Неругоҳи барқи обии Бойғозӣ 600 мегаватт ва Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» 670 мегаватт иқтидори истеҳсолӣ доранд.

Он вақт таҳти ин дастуру супоришҳо мамлакати мо аз байни  давлатҳои собиқи Иттиҳоди Шуравӣ аввалин шуда, ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузашт. Аниқ аст, ки ин тадбир имконият дод дар зимистони  солҳои 2009-2010, ки мо барои аз хориҷа ворид намудани барқ эҳтиёҷ доштем, вале ин воридот аз байн рафта буд, аз зулмот раҳо шавем.

Барои пешгирии исрофи беҳуда ва ғайриқонунӣ истифода бурдани барқ дар сатҳи баландтарини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас пешбинӣ шудаанд. Мутобиқи супориши банди 20-и протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2019 як қатор ниҳодҳои муҳими ҳукуматӣ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, дигар вазорату идораҳо ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дастур гирифта буданд, ки муроҷиат ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ оид ба истифодаи сарфаю сариштакоронаи барқ ва сари вақт пардохт намудани ҳаққи истифодаи барқ ба таври судманд ва оммафаҳм ба роҳ монанд. Ба низоми энергетикии мамлакат дастур дода шудааст, ки интиқоли барқро ба ташкилоту корхонаҳои қарздор баъди огоҳии пешакӣ, дар асоси қонунгузориҳои ҷорӣ қатъ намоянд.

Дар ҷаласаи дар боло зикргардидаи кории 15 декабри соли 2020 инчунин зикр гардида буд, ки «ҳарчанд захираи об басанда аст, дар сурати истифодаи исрофкоронаи неруи барқ бори дигар зарурати ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли барқ пеш меояд». Тавре аз маълумоти истеҳсол ва истифодаи неруи барқ бармеояд, ин тадбир натиҷаҳои худро аллакай дода истодааст. Агар тадбирҳои таъкид ва оммафаҳмонии истифодаи барқ роҳандозӣ намегардиданд, дар моҳи декабри соли 2020, ки нисбат ба соли гузашта хеле хунук омад, захираҳои энергетикии мо, аз ҷумла захираи оби обанбор бамаротиб зиёд хароҷот мегаштанд. Ҳоло сар то сари кишвар ташаббуси риоя шудани низоми сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ҳамовозӣ пайдо намуда, рӯз то рӯз бештар ба зиндагӣ ва кору рӯзгори мо ворид мегардад. Дар зиндагӣ ва кору рӯзгори ҷомеа ворид шудани ин одат, албатта, фарҳанги истифода бурдани неруи барқро тақвият бахшида, ба буҷети ҳар оила ва барои тамоми кишвар манфиати калони молӣ ворид хоҳад кард. Вале, аҷоиботро бинед, ки дар байни онҳое, ки аз таги нохун чирк мекобанд, ҳатто ин иқдоми наҷиб-сарфакорӣ, ки  ниёгони бузургамон онро тавсиф намуда, пушт ба пушт пешниҳодамон сохтаанд, мазаммат шуда, ба муқобили давлат истифода мешавад. Иқтисоддони ба ҳеҷ кас номаълуме, ки шояд аз энергетика огоҳие надорад, Шоҳдавлат Шоҳнусайриев, ба гуфте, мудири бахши иттилоот ва таҳлили ҲСД, дар суҳбат бо хабарнигори радиои «Озодӣ» чунин изҳор намудааст: «Сол ба сол неругоҳҳо зиёд мешаванд, аммо барқ камтар мешавад. Баҳона–об. Кор ба ҷойе расидааст, ки акнун гуноҳи худамонро ба уҳдаи табиат мепартоем. Низоми энергетикии кишвар ва бахусус ширкати «Барқи Тоҷик» дуруст кор намекунад!»

Тавре дар Муроҷиатномаи ШСХК «Барқи Тоҷик» низ зикр гардидааст, то пурра бунёд ёфтани Неругоҳи барқи обии Роғун ва пур кардани обанбори он системаи гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки зиёда аз 90 фоизи барқи он тавассути об истеҳсол мегардадба табиат ва вазъи обу ҳавои  солона вобаста аст.

Дар табиат солҳое вуҷуд доранд, ки хеле серобанд ва солҳое низ вуҷуд доранд, ки аз сабаби кам будани захираи барф дар мавзеъҳои болооби  шохобҳои дарёи Вахш ва Панҷ аз  тирамоҳ сар карда, маҷрои об кам мегардад. Аз рӯи таҷрибае, ки аз соли 1932 инҷониб дар омӯзиши дарёи Вахш гузаронда мешавад, маълум аст, ки ин гуна ҳодисаҳои камобӣ дар ҳар 12-13 сол як бор-ду бор рӯй медиҳанд. Масалан, дар зимистони солҳои 2008-2009 ва зимистони солҳои 2009-2010 ҳамин хел ҳолат рӯй дода буд. Дар он сол ҳатто обанбори Неругоҳи Норак дар сатҳи максималӣ аз об пур нагашт ва аз 5 сентябр дар тамоми ҷумҳурӣ маҳдудияти барқ ҷорӣ шуда, то моҳи апрел идома ёфта буд.

Бояд зикр намоям, ки баъди пурра ба кор даровардани Неругоҳи барқ обии Роғун ва пур кардани обанбори он, ки таъйиноти бисёрсола дорад, ин проблема пурра барҳам мехӯрад.

Имсол, аз рӯи мушоҳидаҳои аэровизуалӣ, ки Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Обихингоб, Сурхоб ва Камаров ба анҷом расонидааст, маълум мегардад, ки таносуби захираи обӣ-энергетикӣ хеле кам аст. Дар маҷмӯъ захираи барф дар ҳавзаи дарёҳои ҷумҳурӣ  нисбат ба соли 2019  ҳамагӣ 44 фоизро ташкил медод. Вобаста ба ин, ҳанӯз 28 июли соли 2020 «Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба мардуми мамлакат паҳн гардида буд, ки сокинонро ба сарфакории неруи барқ даъват менамуд.

Дар баробари ин, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК «Барқи Тоҷик» низ бобати таъминоти бехалали аҳолӣ ва иқтисоди миллии кишвар якчанд тадбирҳои таъҷилӣ андешида шуданд.

Аввалан, пеш аз муҳлатҳои дар шартномаҳои байнидавлатӣ зикршуда интиқоли неруи барқ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қатъ карда шуд. Алҳол ғайри як миқдори ками неруи барқ, ки ба ин кишварҳо танҳо барои дар зери шиддат мондан ва бо ин васила муҳофизат намудани хатҳои интиқоли барқ ва дастгоҳҳои энергетикӣ интиқол дода мешавад,  интиқоли барқ ба хориҷа қатъ карда шудааст. Мутобиқи шартнома танҳо дар фасли тобистон, ки барқ фаровон аст, ба давлатҳои ҳамсоя барқ интиқол дода мешавад. Масалан, интиқоли барқ имсол ба Афғонистон ба маротиб кам шуд. Агар дар даҳ моҳи соли 2019, ки соли фаровонии об буд,  ба ин кишвар 2 миллиарду 484 миллион кВт.соат барқ интиқол дода шуда бошад, соли 2020 ин рақам 1 миллиарду 484 миллион кВт.соатро ташкил дод.

Ба фурӯхтани об рабт додани вазъи ҷорӣ низ бофтаи хаёл ва як ҳазраи хандаовари баъзе «таҳлилгарон» аст. Худ қазоват намоед, ки бе ин ҳам ва бе ягон «хариду фурӯш» оби мо ё тавассути агрегатҳо гузарад, ё бидуни онҳо, ба кишварҳои поёноб ҷорӣ мешавад. Бар иловаи ин, ҳанӯз 2 сентябр обанбори Неругоҳи Норакро то нуқтаи ниҳоияш аз об пур карда будем. Ҳатто аз 5 то 19 сентябр бидуни агрегатҳо об сар дода шуд, чунки дар обанбори Неругоҳи Норак бештар аз нуқтаи 910 метр дигар об захира намудан мумкин нест ва ғайри он дигар ҷои захираи об надорем.

Мумкин мепурсанд, ки агар обанбор пур карда шуда бошад, сабаби проблема дар чист? Гап сари он ки, дар як вақт, барои он ки ин захира барои тамоми зимистон басанда бошад, мо бояд аз маҷрои дарё низ, ки ба обанбор мерезад, истифода барем. Агар маҷрои дарёи Вахш дар тобистон ба ҳисоби миёна 2900 то 3000 метри мукааб дар ҳар сонияро ташкил диҳад, ин нишондиҳанда дар зимистон то 120-150 метри мукааб дар ҳар сония кам мешавад.  Масалан, барои он ки як агрегати НБО-и Норак кор кунад, 156 метри мукааб об.сония лозим аст. Дар айни замон мо асосан аз захираи обанбор истифода бурда истодаем, ки ин хавфи то охири зимистон басанда набудани онро ба миён меорад. Инчунин ҳар қадар, ки мо оби обанборро дар сатҳи баланд нигоҳ дорем, манфиати истеҳсоли барқ аз он бештар мегардад. Агар сатҳи обанбор дар нуқтаи 910 метр бошад, дар Неругоҳи барқи обии Норак аз як сантиметри он 544 ҳазор киловатт.соат, агар аз 870 метр поён (дар сатҳи миёна) бошад, 342 ҳазор киловатт.соат ва агар дар сатҳи поёнтарин 857 сантиметр бошад, ҳамагӣ 289 ҳазор киловатт.соат барқ истеҳсол намудан мумкин аст. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки мо аз оғози зимистон, вақте сатҳи оби обанбор ҳанӯз дар нуқтаҳои болост, сарфакориро оғоз намоем.

Истеҳсоли неруи барқи мамлакат ба фаъолияти силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш-аз Неругоҳи Норак сар карда то неругоҳҳои поёноб вобастагии калон дошта, реҷаи кори ниҳоди энергетикии кишвар ба вазъи обу ҳаво ва маҷрову воридоти оби ин дарё ба нақша гирифта мешавад. Мо дигар иқтидорҳо, аз ҷумла Марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе ва дар шимоли кишвар Неругоҳи барқи обии Қайроққум дорем, вале беш аз 80 фоизи неруи барқи мо тавассути дарёи Вахш ва неругоҳҳои дар он бунёдёфта истеҳсол мегардад. Барои мисол, НБО-и Қайроққум тахминан 15 фоизи барқи барои вилояти Суғд заруриро истеҳсол менамояд.

Вобаста ба ин ҳама, дар айни замон сарфакорона аз барқ истифода бурдан хеле муҳим буда, яке аз омили асосии бемаҳдудияти неруи барқ пушти сар намудани зимистон аст.

Аз рӯи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар тамоми сайёра таъминот бо неруи барқ қаноатбахш нест. Дар баробари ин, дар тамоми дунё сол то сол талабот ба неруи барқ бештар мегардад. Ин суръат ба дараҷае баланд аст, ки ба ақидаи нависанда А. Кларк, мумкин аст ояндаи наздик «киловатт.соат» ба асъори ягонаи байналмилалӣ табдил ёбад.

Ва дар тамоми дунё алҳол ду воситаи аз ин норасоӣ раҳоӣ пешниҳод мегардад:

  1. Афзун кардани иқтидорҳои истеҳсолӣ, яъне сохтмони неругоҳҳои нави барқӣ ва дигар манбаъҳои энергетикӣ, инчунин таҷдиди воситаҳои мавҷуда;
  2. Кам кардани истифода ё худ сарфакорона ва самаранок истифода бурдани неру.

Дар ҷумҳурии мо дар солҳои истиқлол нуктаи аввали ин нишондод хеле бобарор амалӣ мегардад. Дар чанд соли охир дар ниҳоди энергетикии мамлакат таҳаввулоти калоне ба амал омад. Вобаста ба таваҷҷуҳи хос ва дастгирии бевоситаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи энергетика дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2»,  Маркази дуюми барқу гармии шаҳри Душанбе, ду агрегати Неругоҳи барқи обии Роғун, даҳҳо неругоҳҳои хурди барқи обӣ ба истифода дода шуданд. Дар чанд соли охир дар асоси нақшаву тадбирҳои стратегӣ таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии Норак, Қайроққум ва Сарбанд  амалӣ гардида истодаанд. Ҳамаи ин имкон фароҳам овард, ки  иқтидори энергетикии кишвар ба қадри то 2000 МВт зиёд гардад ва ибтидо аз 14 январи соли 2017 маҳдудияти таъмини барқ дар ҷумҳурӣ  пурра бардошта шуд. Ногуфта намонад, ки мо давлати худро бе ворид намудани барқ аз ягон давлати дигар, пурра бо неруи барқи истеҳсоли худӣ таъмин намуда истодаем, ки дар таърихи давлатдории мо муваффақияти калон ва самараи амалӣ шудани сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Вале дар баробари ин, вобаста ба афзудани шумораи аҳолӣ, пешрафти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат талабот ба неруи барқ низ афзоиш ёфт.

Ободиву зебоии Душанбе имрӯз тасвирнопазир аст. Агар як даҳсола пеш мегуфтанд, ки Душанбе ба чунин шаҳри зебову муосир табдил меёбад, касе бовар намекард. Ҳамаи ин неруи барқи иловагиро талаб менамояд. Дар панҷ соли охир муштариёни барқи шаҳри Душанбе аз 160 ҳазор ба 227 ҳазор расидаанд.

Хамаи ин тақозо менамояд, ки дар истифодаи барқ бояд сарфакор ва боинсоф бошем. Аз дигар тараф, ҳам аз назари мантиқӣ ва ҳам аз назари иқтисодӣ, роҳи дуюм – сарфакорона истифода бурдани неру – наздиктар, осонтар ва арзонтар аст. Ба он хотир, ки барои сохтмони иқтидорҳои нав қувва, маблағ, вақт лозим меояд. Вақт ба фоидаи мо нест, чунки иқтидорҳо дар як солу ду сол сохта намешаванд ва аз дараҷаи афзоиши талабот қафо мемонанд. Аз ин рӯ, сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст.

Дар боло гуфтем, ки талабот дар давлати мо нисбат ба барқ босуръат меафзояд. Инро бо мисолҳои мушаххас таҳлил менамоем. То солҳои 90-ум аҳолии Тоҷикистон  дар як сол то 1 миллиард кВт.соат неруи барқ истифода мебурд. Ҳоло ба ҳисоби миёна дар як сол то 10 фоизи барқ, дар фаслҳои тирамоҳу зимистон то 45 фоизи барқро аҳолӣ истифода мебарад.

То солҳои 90-ум аҳолии Тоҷикистон  ҳар рӯз аз 1,2 то 3 кВт неруи барқ истифода мебурд. Ҳоло дар як рӯз  ҳар муштарии маишӣ  ба ҳисоби миёна   18,75 кВт. барқ мегирад.

Дар айни замон аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як шабонарӯз зиёда аз  30 миллион  кВт.соат неруи барқ истифода мебарад.

 Шарҳ: Агар шумораи муштариёни маишии барқ  1 млн.600 ҳазор бошадва онҳо агар 45 фоизи барқи истеҳсоли як шабонарӯзро истифода баранд, дар як рӯз мешавад = аз 70 млн. 45 фоизаш =31 млн 500 ҳазор. Инро ба 33 рӯз зарб занем, мешавад 1 миллиарду 395 ҳазор кВт. Яъне имрӯз аҳолӣ дар 33 рӯз миқдори яксолаи истифодаи барқи солҳои 90-умро истифода мебарад.

Агар ҳар муштарии маишӣ дар як рӯз 2 кВт.соат барқро сарфа намояд, дар як шабонарӯз мешавад= 3 200 000 кВт.соат.

Барои муқоиса-дар як рӯз шаҳри Кӯлоб ба ҳисоби миёна 1 млн.700 ҳазор кВт.соат; шаҳри Бохтар 1 млн.050 ҳазор; шаҳри Хуҷанд 3 млн.300 ҳазор кВт.соат барқ мегирад. Яъне, ҳар рӯз ҳар муштарии аҳолӣ 2 кВт.соат барқ сарфа намояд, ин миқдор аз истифодаи як шабонрӯзаи шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар зиёд буда, бо ин миқдор барқ метавон шаҳри Хуҷандро тахминан як шабонарӯз бо барқ таъмин намуд.

Агар ҳар муштарии маишӣ дар як рӯз 3 кВт.соат барқро сарфа намояд,  дар як рӯз мешавад= 4 800 000кВт.соат

Барои муқоиса -ин аз истеҳсоли шабонарӯзонаи барқи неругоҳҳои Сарбанд (3 млн 900 ҳазор кВт.соат), «Сангтӯда-2» (2 млн.600 ҳазор кВт.соат), МБГ-1-и шаҳри Душанбе  1 млн.980 ҳазор кВт.соат) зиёд аст.

Такрор мекунам, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 Тоҷикистон ба лампҳои каммасраф гузашт.  Баробари ба лампаҳои каммасраф иваз намудани лампаҳои тафсон сарфаи барқ танҳо аз ҳисоби аҳолии кишвар  ба 3 млрд. 120 миллион киловатт.соат баробар шуд, ки он ба ҳаҷми  истеҳсоли неругоҳи барқи обии иқтидораш 810 МВТ баробар аст.

Барои муқоиса: Иқтидори неругоҳҳои Сарбанд- 240 МВТ,  «Сангтӯда-1»- 670 МВТ, Бойғозӣ- 600 МВТ мебошад.

Манфиати лампаҳои каммасрафро чунин шарҳ додан мумкин аст: як лампаи каммасрафи 15-ватта зиёдтар аз лампаи 100-ваттаи тафсон рӯшноӣ медиҳад. Ин лампаи 15-ваттаи каммасраф дар даҳ соат 15 кВт.соат барқ хароҷот менамояд. Лампаи 100-ваттаи тафсон дар якуним соат 15 кВт.соат барқ хароҷот менамояд. Ана бубинед тафовутро. Агар мо лампаи каммасрафро истифода барем, дар даҳ соат 3 сомонӣ, агар лампаи тафсон истифода барем, дар якуним соат 3 сомонии буҷети оилаи худро хароҷот менамоем.

Воқеан, аз барқ сарфакорона истифода бурдан на танҳо дар зимистон, балки дар тобистон низ зарур аст. Дар ин сурат ҳам буҷети оила фоида мебарад ва ҳам шароит пайдо мешавад, ки кишвари мо зиёдтар ба хориҷа барқ содирот намуда, ҳам ҳамкории мутақобилан судмандро ривоҷ диҳад ва ҳам иқтидори иқтисодии мамлакатро таҳким бахшад.

Касе барқро дидаву дониста ғайриқонунӣ истифода мебарад, ин даст халондан ба хазинаи давлат, хиёнат ба ҷомеа ва ояндаи худи ӯву фарзандонаш мебошад. Чунки ҳама имрӯз ба барқ эҳтиёҷ доранд ва рушди соҳаи энергетика барои фардои мову фарзандонамон ногузир аст.

Барқ ҳам монанди ангишт, ҳезум, газ ва дигар маводи сӯхт, мисли орду рӯғану дигар маводи хӯрокворӣ маҳ­сулот аст, арзишу нарх дорад. Аз ин рӯ, ҳангоми аз барқ истифода бурдан бояд сарфакор буд ва маб­лағашро ҳатман пардохт кард. Сарфакор будани мо барои бо барқ таъмин будани мо ва так­роран истеҳсол намудани неруи барқ хеле зарур аст.

Барои он ки ҳар шахс ва кулли кишвари мо пурра ва бетаваққуф бо барқ таъмин бошанд, маб­лағҳои зиёде хароҷот мешаванд, зиёда аз 13 ҳазор нафар кормандони соҳа шабу рӯз, дар гармиву сар­дӣ машғули меҳнатанд, тамоми неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ бетаваққуф барқ истеҳсол менамоянд, ҳамаи 60804 километр хатҳои барқ ва 30517 адад трансформаторҳои иқтидорҳояшон мух­­­талиф зери шиддатанд.

Тамоми мушкилот осон мегардад, фақат ба шарте, ки агар ҳамаи муштариён аз барқ сарфакорона истифода баранд ва маблағи барқи истифода бурдаашонро сари вақт пардохт намоянд. Бале, барқ маҳсулот аст ва ягон маҳсулот ройгон ба даст намеояд. Фарқият дар он аст, ки барои дигар маҳсулот, ҳатто ҳар да­қи­қаи телефони мобилӣ, мову шумо маблағро пеш­­пардохт мекунем. Яъне, аввал пулашро меди­ҳему баъд онро дастрас менамоем. Вале барқ насия дода мешавад, аввал онро мегирем, истифода мебарем ва баъд бояд маблағашро пардохт намоем. Аз ин рӯ, пардохти ҳаққи барқ нишонаи маданияти баланд ва аз гӯшаи виҷдони ҳар инсон аст.

Дар ҳама кор, аз ҷумла истифодаи барқ ҳам сарфакор будан бояд низоми зиндагии мо бошад. Зеро аз ин ҳама ва ҳар кас манфиат мебинад.


Вакти нашр: 2021-01-08 16:16:24    Хонданд: 137    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия муҳтарам Ҷоко Видодо барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Хабари суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Индонезия, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.

Дар иртибот ба ин фоҷеаи вазнин ба Шумо ва мардуми дӯсти Индонезия ҳамдардии амиқи ин ҷонибро иброз дошта, ба наздикону пайвандони қурбоншудагон сабри ҷамил хоҳонам».


Вакти нашр: 2021-01-11 07:40:24    Хонданд: 108    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ҲИСОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “РУШДИ МАОРИФ”

 Малиси ҷамъбастии ҳисоботӣ  дар ташкилоти ибтидоии “Рушди маориф”-ро раиси ташкилот оғоз намуда, перомуни фаъолияти ташкилот дар назди аъзои ҳизб ҳисобот доданд. Зикр гардид, ки дар татбиқи барномаҳои ҲХДТ, дар руҳияи ватанпарастӣ ва хештаншиносӣ ҳидоят намудани аҳли ҷомеа,  амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ, тарғиби идеологияи солим  аъзои ташкилот самҳмгузоранд. Дар соли сипаригардида, тар дарғиби барномаҳои пешазинтихоботии ҲХДТ дар интихоботи парлумонӣ ва президентӣ аъзои ташкилот фаъолона ширкат намуданд. Азъоёни ташкилот ба музокира баромада, ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ намуданд. масъалаҳои тасдиқи нақшаи корӣ, нақшаи баргузории соатҳои сиёсӣ, риояи талаботи Оинномаи ҲХДТ ва одобномаи ҲХДТ ва дигар масоили дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Вакти нашр: 2021-01-11 07:55:25    Хонданд: 97    Муфассал...

Тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила: шахсоне, ки ба ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, инчунин даллагӣ машғул мебошанд, аз ҳуқуқи падарӣ ва модарӣ маҳрум мегарданд

Ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷмӯъ ба 9 моддаи Кодекси амалкунанда тағйирот пешниҳод гардида, инчунин 2 боби нав илова карда шуд, ки он фарогири 11 моддаи нав мебошад. Аз ҷумла, ба  моддаи 69-и Кодекси амалкунанда сархатҳои шашум ва ҳафтум илова карда шудаанд, ки  тибқи  онҳо  доираи асосҳо барои маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модар зиёд гардида,  шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии кӯдакони то ба синни шонздаҳ нарасида маҳкум шудаанд ва шахсоне, ки ба  ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, инчунин даллагӣ  машғул мебошанд, аз ҳуқуқи падарӣ ва модарӣ маҳрум мегарданд.

Дар ин  хусус зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Шӯрои Мачлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Тибқи иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, дар ҷаласаи Шӯро зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид гардид, ки мояи ифтихор ва намунаи ибрат аст, ки Пешвои муаззами миллат дастгирии оилаҳоро меҳвари сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаашон қарор дода, маҳз дар ин замина ятимону маъюбон ва пиронсолони бекасу танҳоро таҳти назорати қатъии худ гирифта, пайваста дар таъмини шароити иҷтимоии ин қишри ҷомеа саҳм мегузоранд.  Ибтикори мазкур ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 барои сода гардонидани расмиёти фарзандхонии кӯдакони ятим баён гардида буд, вобаста мебошад.

Тибқи лоиҳаи мазкур, ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 671 илова  мегардад, ки дар он ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарбияткунандагони воқеӣ дар таълим ва тарбияи кӯдакон,  ки ҳуқуқи иштирок кардан доранд, муайян карда мешавад.

Инчунин моддаи 672-и дар лоиҳа пешбинигардида асосҳои пайдоиши муносибатҳои ҳуқуқӣ  вобаста ба тарбияи воқеиро дар бар гирифтааст.

Дар асоси лоиҳаи мазкур ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  боби 201 илова карда мешавад, ки он масъалаҳоро вобаста ба оилаи (мураббии) парастор,  шартнома дар бораи ба тарбия додани кӯдак ба оилаи (мураббии) парастор, падару модари (мураббии) парастор, кӯдаконе, ки нисбат ба онҳо оилаи (мураббии) парастор таъйин кардаанд ва таъминоти кӯдакони ба оилаи (мураббии) парастор додашударо фаро мегирад.

Ҳамчунин, ба лоиҳа боби  202  бо номи оилаи меҳмондорӣ илова карда шудааст, ки он асосҳо барои додани кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастори аз падару модар мондаро ба оилаи меҳмондорӣ, тартиби додани кӯдакон ба оилаи меҳмондорӣ, шартнома дар бораи ба тарбия додани кӯдакон ба оилаи меҳмондорӣ ва масъулияти шахсоне, ки кӯдаконро ба оилаи меҳмондорӣ қабул менамоянд, танзим менамояд.

Қобили тазаккур аст, ки  Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 зикр  намуданд, ки ҳоло дар мамлакат 5 277 нафар ятимони кулл ва 74 ҳазор ятимон зери сарпарастии давлат қарор доранд.

Дар сурати қабул гардидани қонуни мазкур барои фаро гирифтани кӯдакони  маъюб, ятим ва кӯдакони бепарастори аз падару модар монда ба таъмину тарбия дар оилаҳои (мураббии) парастор ва муваққатан дар оилаи меҳмондорӣ на танҳо шахсони бефарзанд, балки ҳамаи оилаҳои фарзанддор низ баҳри иҷрои амалҳои нек саҳм мегузоранд.

Дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак» мавриди баррасии аъзои Шӯро қарор гирифт.


Вакти нашр: 2021-01-11 11:44:25    Хонданд: 134    Муфассал...

“МАХЗАНИ ИЛМИ КИШОВАРЗӢ”: НАТИҶАГИРӢ АЗ СОЛИ 2020 ДАР МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ

Бо иштироки Президенти Академияи илмҳои кишварзӣ Асозода Нуралӣ, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва олимону донишмандон ва ҳамаи азъои ҳизб маҷлиси ҷамъбасти ҳисоботии солона баргузор гардид.

Зикр гардид, ки дар соли сипаригардида, аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Махзани илми кишварзӣ”-и Академияи илмҳои кишварзӣ дар чорабиниҳои сиёсӣ саҳми назаррас гузошта, дар самти татбиқи стратегияи милли “Таъмини амнияти озуқаворӣ”, маърифати истифодабарии заминҳо, рушди соҳаҳои боғу такпараврӣ, корҳои селексиёнӣ, чорводорӣ, коркарди тухмиҳои нави баландсифату серҳосил, ғани гардонидани захираҳои хурокворӣ, дастгирии олимони ҷавон дар соҳаи кишварзӣ, рушди илми кишварзӣ, такмили малакаи олимон дар самти кишварзӣ, тарбияи ватанпарастии кормандони ҷавон, сабзкорию бунёдкори ва дигар паҳлуҳои сиёсати созандаву бобарори Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барномаи амали ҲХДТ мебошад, нақши созгор гузоштанд. Ҳисобот хуб азрёбӣ гардида, бобати боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти сиёсии ҳизбӣ дар ташкилот дастуру супориҳои мушаххас дода шуд.

Масъалаҳои тасдиқи нақшаи корӣ, баргузории соатҳои сиёсӣ, ҳаракати аъзои ҳизб, омодагӣ ба ҷанши 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ва дигар масоили дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Вакти нашр: 2021-01-12 08:11:55    Хонданд: 112    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ”

Дар асоси барқияи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ №58 аз 15.12.2020 ва барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 16.12.2020,№101 дар ташкилоти ибтидоии “Сохтмон ва меъморӣ” маҷлиси ҷамъбастии ҳисоботӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот дар соли 2020 баргузор гардид.

Оид ба фаъолияти ташкилот ҳисобот пешниҳод гардида, тазаккур дода шуд, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилот саҳми хешро гузоштанд. Дар рушди давлати миллӣ ва сохтмони биноҳои мутобиқ ба санъати меъмории миллӣ, бунёдкорию меъморӣ дар пойтахт ва баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисони ҷавон, тарбияи худогоҳии миллӣ, дастгирии сиёсати бомароми давлат ва Ҳукумати кишвар саҳми аъзоёни ташкилот назаррас аст.

Ҳисобот қаноатбахш арзёбӣ гардида, дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ ҳаракати аъзои ҳизб, тақвият бахшидани фаъолияти сиёсии ташкилот, баланд бардоштани иродаи сиёсии ҳамаи кормандону ҷонибдорони ҲХДТ, ва амсоли ин мавзӯҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


Вакти нашр: 2021-01-12 08:15:49    Хонданд: 107    Муфассал...

Душанбе дар номинатсияи «Беҳтарин шаҳри варзишии Тоҷикистон дар соли 2020» ғолиб дониста шуд

Дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2020 шаҳри Душанбе дар номинатсияи «Беҳтарин шаҳри варзишии Тоҷикистон» ғолиб дониста шуда, Федератсияи футболи  Тоҷикистон беҳтарин Федератсияи миллии  варзишӣ аз рӯи намуди олимпӣ  муайян гардид. 

Ҳамчунин  дар номинатсияи «Беҳтарин ташкилоти ҷамъиятии кор  бо ҷавонон дар соли 2020» Ташкилоти ҷамъиятии  «Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон», «Пайравони Пешвои миллат» ва   «Созандагони Ватан» ғолиб ҳисобида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 9 январи соли равон дар маҷмааи «Кохи Суруш» -и пойтахт  маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлуба Сатториён, Раиси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, ҷавонон ва ғолибони ҷоизаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  иштирок намуданд.


Вакти нашр: 2021-01-12 08:23:36    Хонданд: 126    Муфассал...

НАТИҶАГИРӢ АЗ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР СОЛИ 2020 ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “БЕҲДОШТ”

Дар асоси барқияи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ №58 аз 15.12.2020 ва барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 16.12.2020, №101 дар ташкилоти ибтидоии “Беҳдошт” маҷлиси ҷамъбастии ҳисоботӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2020 баргузор гардид.

Дар кори маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст ҳисоботи раиси ташкилот оид ба фаъолияти сиёсии ҳизбӣ дар соли 2020 шунида шуд. Зикр гардид, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоӣ дар соли сипаригардида дар чорабиниҳои сиёсии интихоботӣ иштироки фаъол дошта, бобати ҳимояи солимии аҳолӣ, пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва иштироки фаъолона дар маъракаи сиёсии Обуна-2021 ба рӯзномаҳои ҳизбӣ нақши бориз доштанд.

Сипас Мирзозода Холмурод - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе баромад намуда, роҷеъ ба фаъолияти назарраси ташкилот бобати пешгирии бемории сироятии Ковид-19, баланд бардошгтани иродаи сиёсии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, тарғиби идеологияи миллӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, садоқат ба Ватан, миллат ва Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии ибтикороти созандаву бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе, сарфаву сарриштакории нерӯи барқ дар фасли сармо, дастгирӣ ва ҳамовозии содиқонаву самимии сиёсати бомароми Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амсоли ин мавзӯҳои набзи ҷомеа нутқ карданд.

Гулаҳмадзода Зулфиқор - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ баромад намуда, афзуд, ки саҳми ташкилот дар татбиқи Барномаи ҲХДТ дар ноҳия қаноатбахш арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон бобати масоили ҳаракати аъзои ҳизб, баргузории соатҳои сиёсӣ, тақвият бахшидани фаъолияти сиёсии ташкилот ва баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ташкилот дастуру ҳидоятҳо дода шуд.

Ҳисобот қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар лаҳзаи тантанавӣ ба як қатор кормандоне, ки ба тозагӣ ба сафи ҲХДТ қабул шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Инчунин якчанд нафар фаъолон бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.


Вакти нашр: 2021-01-12 16:35:07    Хонданд: 56    Муфассал...

ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИ “БОЙГОНӢ” НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

12 январи соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии “Бойгонӣ” бо иштироки Хонзода Абдураҳмон - Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Мирзозода Иброҳим Холмурод – Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии “Бойгонӣ” натиҷагирӣ карда шуд.

Лангарӣ Ҷамила Салмон – раиси ташкилоти ибтидоии зикргардида оид ба фаъолият дар соли сипаригардида ҳисобот дод. Мавсуф дар баромади хеш қайд намуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бойгонӣ» - и Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаригашта чун солҳои қаблӣ фаъолияти худро дар партави сиёсати хирадмандонаю созанда, дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои роҳнамунсози Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳандозӣ карда, тибқи нақшаи кори ташкилоти ибтидоӣ корҳои муайянеро анҷом дод.

Маврид ба зикр аст, ки дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бойгонӣ» - и Саридораи бойгонӣ ва муассисаҳои тобеи он 31 нафар дар қайд мебошад, ки аз онҳо 16 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бойгонӣ» бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамкории зичро ба роҳ монда, ҳизбиёни ташкилот дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии ҷумҳуриявию, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бойгонӣ» дастуру супоришҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаро мавриди омўзиш, татбиқ, таблиғ ва сармашқи кори худ қарор дода, пайваста баҳри амалӣ гардонидани онҳо сайъу кўшиш намуда истодаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки аъзоёни ташкилоти ибтидоии «Бойгонӣ» дар чорабиниҳои пешазинтихоботӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.

Ду нафар аъзоёи ташкилоти ибтидоии «Бойгонӣ» аъзои Ситоди пешазинтихоботии вакилони халқ, ки соли 2020 баргузор гардид, интихоб гардиданд. Ҳамзамон, аъзои дигари ин ташкилот дар ҳавзаи интихоботие, ки воқеъ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №74 ҳамин ноҳия баргузор гардид, нозири миллӣ интихоб шуда буд.

Баъди анҷоми ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидои сухан ба Абдураҳмон Хонзода дода шуд. Мавсуф дар баромади хеш оиди фаъолияти пурсамари ин ҳизбӣ бонуфуз, баланд бардоштани фарҳанги сиёсии сокинони мамлакат, таблиғи шомилшавии ҷавонони фаъолу ватандӯст ба сафи ин ҳизб ва масъалаҳои геопалитикӣ, ки имрӯзҳо яке аз масъалаҳои доғу мубрами рӯз башумор меравад изҳори андеша намуд.

Дар охир ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидои қаноатбахш арзёби карда шуд.


Вакти нашр: 2021-01-12 16:36:11    Хонданд: 59    Муфассал...

МАҶЛИСИ УМУМӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ЭР-ГРАФ”

Бо мақсади ҷамъбаст намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 ва муайян намудани самти фаъолият дар соли 2021 дар асоси дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе имрӯз бо иштироки Гулов Х.Қ. - мутахассиси шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва раиси ташкилоти ибтидоии “Эр-Граф” Атоев А. Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии “Эр-Граф” баргузор гардид.

Дар кори Маҷлис сараввал гузориши раиси ташкилоти ибтидоии “Эр-Граф” оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 шунида шуда, сипас аз рӯи рӯзномаи Маҷлис нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2021 тасдиқ гардид.


Вакти нашр: 2021-01-12 16:37:42    Хонданд: 55    Муфассал...

Ҳисоботи солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизби "Бустонсаро" шунида шуд.

Бо дар назардошти ба итмом расидани соли 2020 ва ҷамъбаст намудани фаъолияти кории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои соли гузашта тибқи барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарпарастони кумитаву ташкилотҳо барои ҷамъбасти фаъолияти солонаи кумитаву ташкилотҳо сафарбар карда шуданд. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бустонсаро” бо иштироки муовини ташкилот – Холбобоев Комилҷон, котиби ҳизб Ҳайдарова Парвина ва аъзоёни ташкилот иштирок ва суханронӣ намуданд. Сараввал муовини ташкилот ҳамаи аъзоёни ҳизбро ба муносибати соли нави мелодӣ табрику шодбош намуда, дар фаъолияти ҳизбиву корӣ муваффақиятҳо орзу намуд. Сипас Парвина Ҳайдарова ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбиро доир ба шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Интихобти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони маҳаллӣ, Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин радиф таҷлили гиромидошти идҳои давлативу миллӣ бо назардошти фосилаи иҷтимоӣ ироа намуд. Ҳисоботи ҷамъбастии солонаи раиси ташкилот шунида шуда, қаноатбахш ҳисобида шуд. Қайд карда шуд, ки мо баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии бемисл дида, ба ҷаҳониён бузургии миллат ва созандагиву сабру таҳаммули тоҷиконаро исбот намоем.


Вакти нашр: 2021-01-12 16:39:13    Хонданд: 60    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ШУЪЛАИ УМЕД”

Дар асоси барқияи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ №58 аз 15.12.2020 ва барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 16.12.2020, №101 дар ташкилоти ибтидоии “Шуълаи умед” маҷлиси ҷамъбастии ҳисоботӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот дар соли 2020 баргузор гардид.

Карим Иброҳим раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба фаъолияти ташкилот ҳисобот дода, тазаккур дод, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ аъзои ташкилоти ибтидоии “Шуълаи умед” ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилот саҳми хешро гузоштанд. Дар рушди давлати миллӣ, бунёдкорию созандагӣ дар пойтахт, тарбияи худогоҳии миллӣ, дастгирии сиёсати бомароми давлат ва Ҳукумати кишвар саҳми аъзоёни ташкилот назаррас аст. Бобати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахт аъзоёни ташкилот саҳм гирифта, корҳои назаррас анҷом доданд.

Ҳисобот қаноатбахш арзёбӣ гардида, дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ, аз қабили ҳаракати аъзои ҳизб, тақвият бахшидани фаъолияти сиёсии ташкилот, баланд бардоштани иродаи сиёсии ҳамаи кормандону ҷонибдорони ҲХДТ ва амсоли ин мавзӯҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


Вакти нашр: 2021-01-12 16:45:28    Хонданд: 123    Муфассал...

МАҶЛИСИ УМУМӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “СОМОН СИНО”

Бо мақсади ҷамъбаст намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 ва муайян намудани самти фаъолият дар соли 2021 имрӯз бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Бухоризода Қ.М., мудири Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Наботов Ш.С. ва муовини Директори МД Маркази саломатии шаҳрии №7 Дустов А. Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии “Сомон Сино” баргузор гардид.

Дар кори Маҷлис сараввал гузориши ташкилоти ибтидоии “Сомон Сино” оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 шунида шуда, сипас аз рӯи рӯзномаи Маҷлис нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2021 тасдиқ гардид.


Вакти нашр: 2021-01-12 17:05:37    Хонданд: 119    Муфассал...

МАҶЛИСИ УМУМӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МУБОРАК”

Бо мақсади ҷамъбаст намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 ва муайян намудани самти фаъолият дар соли 2021 имрӯз бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоии “Муборак” Давлатзода Н.Д. Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии “Муборак” баргузор гардид.

Дар кори Маҷлис сараввал гузориши ташкилоти ибтидоии “Муборак” оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 шунида шуда, сипас аз рӯи рӯзномаи Маҷлис нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2021 тасдиқ гардида, аз ҷониби аъзоёни ташкилот қайд карда шуд, ки дар соли ҷорӣ бо як руҳу илҳоми тоза баҳри табдил додани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ба шаҳри сабз ва бо ин васила дар сатҳи баланд истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ менамоем.


Вакти нашр: 2021-01-12 17:12:36    Хонданд: 96    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Садир Нургожоевич,

Шуморо ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон табрик мегӯям.

Натиҷаҳои ибрози раъйи мардуми Қирғизистон далели ҷонибдории васеи ҷомеа аз роҳи интихобкардаи Шумо мебошад, ки ба таҳкими суботу ризоият дар кишвар ва рушди устувору шукуфоии он нигаронда шудааст.

Мардумони Тоҷикистон ва Қирғизистонро анъанаҳои чандинасраи робитаҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми якдигар ба ҳам мепайванданд. Бо таъкиди алоқамандии ин ҷониб ба нигоҳдориву афзун гардонидани мероси таърихии созандаи муносибатҳои мардумони мо ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав баровардани тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба саъйю талошҳои пайгиронаи муштаракамон   умед мебандам.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо, муҳтарам Садир Нургожоевич, сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон комёбиҳо, ба мардуми бародари Қирғизистон сулҳу субот ва пешрафти беш аз пеш орзумандам».


Вакти нашр: 2021-01-12 17:19:48    Хонданд: 94    Муфассал...

МАҶЛИСИ УМУМӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ОЯНДАСОЗ”

Бо мақсади ҷамъбаст намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 ва муайян намудани самти фаъолият дар соли 2021 имрӯз бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Мирзоев Н.М. ва муовини Директори МД Таҳсилоти умумии асосии «Мактаб-интернати №3» барои кӯдакони имконияти маҳдуддоштаи шаҳри Душанбе Қурбонова М. Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии “Ояндасоз” баргузор гардид. Дар кори Маҷлис сараввал гузориши ташкилоти ибтидоии “Ояндасоз” оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 шунида шуда, сипас аз рӯи рӯзномаи Маҷлис нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2021 тасдиқ гардид.  Дар фарҷом ба як қатор кормандони ҷавони муассиса, ки ҳамакнун ба узвияти ҲХДТ қабул гардиданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.


Вакти нашр: 2021-01-12 17:31:12    Хонданд: 106    Муфассал...

МАҶЛИСИ УМУМӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ИСПЕЧАК”

Бо мақсади ҷамъбаст намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 ва муайян намудани самти фаъолият дар соли 2021 имрӯз бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Исматзода М.М., мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Розиқова М.А. ва раиси ташкилоти ибтидоии “Испечак” Раҷабалиева Г.С. Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии “Испечак” баргузор гардид.

Дар кори Маҷлис сараввал гузориши раиси ташкилоти ибтидоии “Испечак” оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 шунида шуда, сипас аз рӯи рӯзномаи Маҷлис нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2021 тасдиқ гардид.


Вакти нашр: 2021-01-12 17:36:50    Хонданд: 114    Муфассал...

МАҶЛИСИ УМУМӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “КАФОЛАТ”

Бо мақсади ҷамъбаст намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 ва муайян намудани самти фаъолият дар соли 2021 дар асоси дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе имрӯз бо иштироки Исматзода М.М - аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Розиқова М.А. - мутахассиси шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Шариф Ш.С. - раиси ташкилоти ибтидоии “Кафолат” Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии “Кафолат” баргузор гардид.

Дар кори Маҷлис сараввал гузориши раиси ташкилоти ибтидоии “Кафолат” оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 шунида шуда, сипас аз рӯи рӯзномаи Маҷлис нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2021 тасдиқ гардид.


Вакти нашр: 2021-01-12 17:39:32    Хонданд: 104    Муфассал...

МАҶЛИСИ УМУМӢ-СОЛОНАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИ"ОМӮЗГОР"

Бо дар назардошти ба итмом расидани соли 2020 ва ҷамъбаст намудани фаъолияти кории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои соли гузашта тибқи барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарпарастони кумитаву ташкилотҳо барои ҷамъбасти фаъолияти солонаи кумитаву ташкилотҳо сафарбар карда шуданд. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” бо иштироки Ҳабибзод Изатулло - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгохи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ. Ҳомидзода Насим - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Ҷурахонзода Ҷумахон - муовини Раис- Роҳбари Дастгохи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Мухамадуллоева Замира -мудири бахши омор ва бақайдгирии аъзои ҳизби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, муовини раиси ташкилот – Раҷабов Дилшод ва аъзоёни ташкилот иштирок ва суханронӣ намуданд. Сараввал муовини раиси ташкилот ҳамаи аъзоёни ҳизбро ба муносибати соли нави мелодӣ табрику шодбош намуда, дар фаъолияти ҳизбиву корӣ муваффақиятҳо орзу намуд. Сипас Раҷабов Дилшод ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбиро доир ба шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Интихобти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони маҳаллӣ, Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин радиф таҷлили гиромидошти идҳои давлативу миллӣ бо назардошти фосилаи иҷтимоӣ ироа намуд. Ҳисоботи ҷамъбастии солонаи раиси ташкилот шунида шуда, қаноатбахш ҳисобида шуд. Дар фарҷом Ҷурахонзода Ҷумахон миннатдории худро ба раиси ташкилот ва ҳар як ҳамсафони ҳизб барои чунин вохӯрии самарабахш баён намуд ва қайд намуд, ки мо баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии бемисл дида, ба ҷаҳониён бузургии миллат ва созандагиву сабру таҳаммули тоҷиконаро исбот намоем.


Вакти нашр: 2021-01-12 17:41:42    Хонданд: 109    Муфассал...

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "САИД НОСИР" ҲИСОБОТИ СОЛОНАРО ПЕШНИҲОД НАМУД

Бо дар назардошти ба итмом расидани соли 2020 ва ҷамъбаст намудани фаъолияти кории кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои соли гузашта тибқи барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарпарастони кумитаву ташкилотҳо барои ҷамъбасти фаъолияти солонаи кумитаву ташкилотҳо сафарбар карда шуданд.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Саид Носир” бо иштироки Ҳамидиён Илҳомҷон-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Мирзозода Иброҳим Холмурод-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Рауфзода Маҳмадюсуф-Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Саид Носир" Қосимзода Гурез-муовини якуми Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аюбӣ Бибиосия- муовини Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷурахонзода Ҷумахон - муовин-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раҳмонов Ҷасур мудири Шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Файзализод А.-котиби ташкилоти ибтидоӣ ва аъзоёни ташкилот иштирок ва суханронӣ намуданд. Сараввал Райфзода Маҳмадюсуф ҳамаи ҳозиринро хушбошед гуфта, сипас ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбиро доир ба шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Интихобти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони маҳаллӣ, Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин радиф таҷлили гиромидошти идҳои давлативу миллӣ бо назардошти фосилаи иҷтимоӣ ироа намуд. Ҳисоботи ҷамъбастии солонаи раиси ташкилот шунида шуда, қаноатбахш ҳисобида шуд. Дар охир қайд гардид, ки мо бояд баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии бемисл дида, ба ҷаҳониён бузургии миллат ва созандагиву сабру таҳаммули тоҷиконаро исбот намоем.


Вакти нашр: 2021-01-12 18:20:12    Хонданд: 142    Муфассал...

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ “МОЛИЯ ВА ИҚТИСОД”-И ҲХДТ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН

Бо мақсади ҷамъбаст намудани фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дар соли 2020 ва муайян намудани самти фаъолият дар соли 2021 имрӯз бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода И.Х., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф. ва раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Молия ва иқтисод” Хайрзода Ш.Қ. Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Молия ва иқтисод” баргузор гардид.

Дар кори Маҷлис сараввал гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Молия ва иқтисод” оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дар соли 2020 шунида шуда, сипас аз рӯи рӯзномаи Маҷлис нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Молия ва иқтисод” барои соли 2021 тасдиқ гардид.

Дар фарҷом ба як қатор омӯзгорони ҷавон, ки ҳамакнун ба узвияти ҲХДТ шомил гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва як қатор аъзои фаъоли ҳизб барои саҳми арзандаашон дар татбиқи ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ Сипосномаҳо ва Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанвӣ супорида шуд.


Вакти нашр: 2021-01-12 18:27:39    Хонданд: 145    Муфассал...

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ “ЗАБОНШИНОС”-И ҲХДТ ДАР ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ С.УЛУҒЗОДА

Бо мақсади ҷамъбаст намудани фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дар соли 2020 ва муайян намудани самти фаъолият дар соли 2021 имрӯз бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Раҷабзода Э., аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Мирзоев Н.М., Ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода Гулназарзода Ж. ва муовни раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Забоншинос” Бобоалиева З.П. Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Забоншинос” баргузор гардид.

Дар кори Маҷлис сараввал гузориш оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Забоншинос” дар соли 2020 аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ Бобоалиева З.П. ироа гардид.

Сипас аз рӯи рӯзномаи Маҷлис бо ҷонибдории якдилонаи аъзои Кумитаи иҷрояии ибтидоӣ Гулназарзода Ж. раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Забоншинос” интихоб гардид.

Инчунин, тибқи рӯзномаи Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Забоншинос” барои соли 2021 тасдиқ гардид.

Дар фарҷом ба як қатор омӯзгорони ҷавон, ки ҳамакнун ба узвияти ҲХДТ шомил гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва як қатор аъзои фаъоли ҳизб барои саҳми арзандаашон дар татбиқи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ Сипосномаҳо ва Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанвӣ супорида шуд.


Вакти нашр: 2021-01-12 18:35:00    Хонданд: 134    Муфассал...

НАТИҶАГИРӢ АЗ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР СОЛИ 2020 ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «АВИАТСИЯИ МИЛЛӢ»

Бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Файзуллозода Заррина ва Субҳонзода Икром - раиси ташкилоти ибтидоии “Авиатсияи миллӣ” маҷлиси ҷамъбастии ҳисоботӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2020 баргузор гардид.

Нахуст Субҳонзода Икром раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот дода, оид ба фаъолияти сиёсии ҳизбӣ дар соли 2020 тазаккур дод, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоӣ дар соли сипаригардида дар чорабиниҳои сиёсии интихоботии вакилони халқ ва интихоботи Президенти кишвар ба ҳайси мушоҳидони миллӣ иштироки фаъол доштанд. Инчунин, бобати пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар вохӯриҳо бо сокинони маҳаллаҳо, тақсимоти ниқобҳо, маводҳои антисептӣ, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва иштироки фаъолона дар маъракаи сиёсии обуна-2021 ба рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт” нақши сазовор гузооштанд.

Сипас Мирзозода Иброҳим-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе роҷеъ ба фаъолияти назарраси ташкилот дар татбиқи Барномаи ҲХДТ, баланд бардошгтани иродаи сиёсии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, тарғиби идеологияи миллӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, дастгирии ибтикороти созандаву бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе, сарфаву сарриштакории нерӯи барқ дар фасли зимистон, дастгирии содиқонаву самимии сиёсати бомароми Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амсоли ин мавзӯҳои набзи ҷомеа суханронӣ намуданд.

Гулаҳмадзода Зулфиқор-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ баромад намуда, афзуд, ки саҳми ташкилот дар татбиқи Барномаи ҲХДТ дар ноҳия хуб арзёбӣ мегардад. Таъкид шуд, ки барои оромию осудагӣ ва суботи ҷомеа ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ифротгароии динию мазҳабӣ, пешгирии вуруди идеологияи харобкорона ва ҷараёну равияҳои ҷудоиандоз мубориза бурдан масъулияти ҳизбӣ ва шаҳрвадист.

Зикр намуд, ки ташкилоти ибтидоии “Авиатсияи миллӣ”-и Агентии алоқаи ҳавоии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд фаъолияти худро дар ҳудуди ноҳияи Сино идома медиҳад ва тибқи рӯзномаи маҷлиси ҳизбӣ ҳуҷҷатҳои ташкилоти ибтидоӣ ба масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино супорида шуд.

Ҳисобот қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар лаҳзаи тантанавӣ як қатор фаъолони ҳизб бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуд.

 

 


Вакти нашр: 2021-01-13 09:01:44    Хонданд: 136    Муфассал...

ТОҶИКИСТОН ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТИИ ҲУҚУҚБУНЁД ХЕЛЕ МУВАФФАҚ АСТ

Мусоҳибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзномаи “Аш-Шарқ” - и Давлати Қатар

САРСУХАНИ ҲАЙАТИ ТАҲРИРИЯИ РӮЗНОМА

Дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Аш-Шарқ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои Тоҷикистону Қатарро дар ҳамаи сатҳҳо баланд арзёбӣ карда, аз мазмуну муҳтавои онҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки муносибатҳои ду кишвар тайи солҳои охир бомаром рушд менамоянд. Ҷаноби Олӣ таъкид карданд, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қатар бар асоси арзишҳои муштараки тамаддуниву таърихӣ ва усули бародариву ҳамдигарфаҳмӣ, риояи манфиатҳо ва эҳтироми ҳамдигар роҳандозӣ гардидаанд. Ҳамчунин, бо ишора ба таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву илмӣ, Форуми соҳибкории ҷонибҳо илова карданд, ки механизми ҳамкориҳои тарафайн ва заминаи ҳуқуқии онҳо ташаккул ёфтаанд. Зимнан, Ҷаноби Олӣ алоқамандии кишварашонро ҷиҳати тақвият бахшидан ба фаъолияти ҳамаҷонибаи абзорҳои мазкур дар доираи шарикии иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Қатар зикр карданд.

Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки боздиди Амири кишвар волоҳазрат Шайх Тамим бини Ҳамад оли Сонӣ аз Тоҷикистон дар соли 2019 баёнгари сатҳи олии робитаҳои ду кишвари дӯст дар ҳамаи соҳаҳо ба шумор рафта, дар баробари дигар сафарҳои сатҳи олии ҷонибҳо ба ин муносибатҳо такони ҷиддӣ бахшид. Дар иртибот ба сармоягузориҳои Қатар дар кишвари худ, Ҷаноби Олӣ, Президенти Тоҷикистон иброз доштанд, ки ҳаҷми онҳо то имрӯз ба зиёда аз 62 миллион доллари ИМА расидааст. Ҷаноби Олӣ баргузории мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба футболро, ки соли 2022 дар Қатар баргузор мегардад, ҳамчун рӯйдоди дорои аҳамияти ҷаҳонӣ арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки он таҷассумгари эътибори баланд ва нақши созандаи Қатар дар арсаи байналмилалӣ ва боиси ифтихори ҳамаи кишварҳои мусулмонӣ мебошад, зеро ба таҳкими робитаҳои байни халқҳо такон мебахшад. Ҷаноби Олӣ талошҳои Қатарро дар роҳи пешбурди раванди сулҳ дар Афғонистон баланд арзёбӣ намуда, шарҳ доданд, ки сулҳу субот ва рушди ин кишвар омили калидии амнияту суботи минтақа мебошад.

- Дар оғоз Шуморо бо пирӯзии шоиста ва барои даври нав интихоб шуданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯем. Дар ин замина, Шумо ояндаи Тоҷикистонро дар ин давраи пешомад чӣ гуна мебинед?

- Ташаккур барои табрикоти самимиатон. Бо эътимоди қавӣ ва раъйи аксари мардуми шарафманди кишвар бори дигар ба маснади Президенти Тоҷикистон интихоб шуданам, ба зиммаам масъулияти азимеро барои тақдири минбаъдаи давлату миллат мегузорад. Аз ин рӯ, мекӯшам, ки ба бовари халқ беш аз пеш арзанда бошам. Тақдири ман бо тақдири давлату миллати тоҷик зич пайваста аст ва ин пайвастагӣ кору фаъолияти сермаҳсули ҳамешагиро талаб менамояд. Ман ин масъулиятро бисёр амиқ дарк менамоям.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки дар бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ хеле муваффақ аст. Тоҷикистон ҳамчун давлати рӯ ба рушд дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат ва илму фарҳанг, ба комёбиҳои назаррас ноил шудааст. Таҳаввулоти беназиру такдирсози солҳои сипаришуда дар ҳамаи ин соҳаҳо заминаи воқеӣ ва эътимодбахшро барои фатҳи қуллаҳои нав ба нав дар роҳи таҳкими асосҳои давлатдории миллӣ ва соҳибистиқлолии Тоҷикистон фароҳам овардаанд ва мо ояндаи кишварамонро дурахшон мебинем.

Ҳукумати Тоҷикистон, мутобиқ ба ҳадафҳои стратегии рушди кишвар, барномаҳои мушаххасеро рӯи кор овардааст, ки татбиқи онҳо боиси пешрафти минбаъда хоҳанд шуд.

Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 масъалаҳои таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ба ҳайси чор ҳадафи стратегии давлати мо муқаррар гардидаанд.

Дар ин зимн, мо ба истифодаи пурраи захираҳои бузурги гидроэнергетикии худ ва ташаккули “иқтисодиёти сабз”, васеъ гардондани иқтидори транзитии кишвар, вусъат бахшидан ба шуғли пурмаҳсули аҳолӣ ва паст кардани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ тавассути таъсиси ҷойҳои нави кор дар дохили кишвар аҳамияти хоса медиҳем. Дар баробари ин, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушди бомароми соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати мамлакат имрӯзҳо тамоми имкониятҳои мавҷударо ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои тақдирсози зикргардида сафарбар намудааст.

Соли 2021 Тоҷикистон 30 - солагии Истиқлоли давлатии худро ҷашн мегирад. Сокинони кишвар ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳанд гирифт. Тоҷикистони азиз, ки дар шароити оромию амният, сулҳу ваҳдат умр ба сар мебарад, халқи меҳнатқаринаш барои фатҳи қуллаҳои баланди меҳнатӣ имкону тавон дорад. Мардуми мо солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ давлати миллии худро ҳифз намуд, тамомияти арзиро бо қимати ҷони фарзандонаш таъмин кард, низом ва аркони давлатдориро барқарор сохта, бо заҳмату ҷоннисориҳояш заминаҳои устувори ваҳдати миллиро гузошт.

Комёбии дигари миллату давлати тоҷик ба даст овардани ҷойгоҳи сазовори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ бо 176 давлати дунё робитаҳои дипломативу сиёсӣ роҳандозӣ намудааст.

Миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон ҳамкориҳои фаъоли тиҷоративу иқтисодӣ сурат мегиранд. Имрӯзҳо давлати мо бо такя ба сиёсати хориҷии «дарҳои боз»-и худ ҳамроҳи дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли бисёр мушкилоти сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақши назаррас мегузорад. Ба ин манзур, мехоҳам талошҳои пайваста ва нақши пешсафии Тоҷикистонро дар дарёфти роҳҳои муассири ҳаллу фасли мушкилоти глобалии марбут ба захираҳои об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, бахусус таъкид намоям.

- Шумо ба сатҳи муносибатҳои Қатар ва Тоҷикистон чӣ гуна баҳо медиҳед?

- Давоми солҳои охир бо талошҳои пайвастаи ҷонибҳо муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории кишварҳои мо бомаром рушд намуда, таҳкиму тавсеа меёбанд. Мо аз сатҳу муҳтавои робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қатар, ки бар арзишҳои муштараки тамаддунии таърихӣ ва усули бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манфиатҳои судманд асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ мекунем.

Бо саъю талошҳои муштарак то имрӯз механизми ҳамкориҳои тарафайн ва заминаи ҳуқуқии онҳо ташаккул ёфтаанд. Таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву илмӣ, Форуми соҳибкории ҷонибҳо аз ҷумлаи чунин дастовардҳо мебошанд. Мо ҳавасмандем, ки фаъолияти ин абзорҳои муҳимро мутобиқ бо ҳадафҳои наҷиби шарикии иқтисодию тиҷоратии кишварҳоямон ҳамаҷониба тақвият бахшем.

Ҳамкории байнидавлатии ду кишвар ин хости мардумони мо ва тақозои замон буда, мавриди таваҷҷуҳи доимии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Ман зимни суҳбати телефонӣ бо волоҳазрат Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бини Ҳамад оли Сонӣ, ки чанде пеш баргузор гардид, густариш ва таҳкими бештари ҳамкорӣ байни ду кишварро дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, илму маориф ва сайёҳӣ таъкид намудам.

Мавриди зикр аст, ки бо вуҷуди дастовардҳои имрӯза, ҳанӯз ҳам имконоти фаровони ҳамкориҳои ҷонибҳо, аз ҷумла дар арсаҳои зикргардида, пурра истифода нагардидаанд. Дар робита ба ин, мо ба рушд ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои барои ҷонибҳо муфид ва дар оянда фароҳам овардани заминаи шарикии дарозмуддати ду кишвар умед мебандем.

- Боздиди волоҳазрат Шайх Тамим бини Ҳамад оли Сониро аз Тоҷикистон, ки моҳи июни соли 2019 сурат гирифт, чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Аз нигоҳи мо, муколамаи мунтазами сатҳи олӣ дар пешбурди самарабахши раванди рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкории ҷонибҳо нақши муҳим дорад.

Таъкиди ин гуфтаҳо тамосҳои мунтазами сатҳи олии солҳои охир ва дар ҳошияи онҳо ба имзо расидани як қатор созишнома ва ёддоштҳои тафоҳум мебошанд, ки ба муносибатҳои ҳасанаи мо такони ҷиддӣ бахшиданд.

Боздиди волоҳазрат Шайх Тамим бини Ҳамад оли Сонӣ аз кишвари мо дар соли 2019, қабл аз ҳама, баёнгари сатҳи олии робитаҳои ду кишвари дӯст аст. Дар рафти музокироти доиргардида, мо маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаамонро муфассал баррасӣ намуда, ҷиҳати ғанӣ гардондани ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои кишварҳоямон бо муҳтавои амалӣ мубодилаи судманди афкор анҷом додем.

Бо мақсади идомаи тамосҳои сатҳи олӣ, қарор буд, ки моҳи марти соли 2020 Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бини Ҳамад оли Сонӣ бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оваранд. Мутаассифона, паҳншавии бемории COVID – 19 муҳлати ин сафарро ба таъхир гузошт. Мо интизори сафари давлатии волоҳазрат ба Тоҷикистон дар ояндаи на чандон дур ҳастем. Итминон дорам, ки натиҷаҳои он ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишварро ба марҳилаи сифатан нав ворид хоҳад намуд.

- Натиҷаҳои он сафар ва, умуман, муколамаи мунтазами сатҳи олии ҷонибҳо дар таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва ҳамкории тиҷоратии ду кишвар чӣ гуна инъикос меёбанд?

- Роҳандозии ҳарчи бештари робитаҳои иқтисодӣ ва тавсеаи тиҷорату сармоягузорӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои мо бо Давлати Қатар ба шумор мераванд. Аз ин нигоҳ, сафари мазкур, дар баробари боздидҳои қаблии сатҳи олӣ, бешак, ба таҳкими муносибатҳои мо дар ин ҷода такони ҷиддӣ бахшиданд.

Дар зимн, мехоҳам қаноатмандии инҷонибро аз натиҷаҳои сафари расмиам ба Давлати Қатар, ки соли 2017 бо даъвати бародарам Шайх Тамим бини Ҳамад оли Сонӣ анҷом додам, иброз намоям.

Дар чорчӯбаи мулоқоту музокироте, ки дар рафти он сурат гирифтанд, мо заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳоямонро дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, тақвият бахшида, уфуқҳои нави онҳоро мушаххас намудем.

Имрӯзҳо барои рушди амалии ҳамкориҳои мо дар арсаҳои тиҷорат ва бахшҳои мухталифи иқтисод, бахусус энергетика, бонкдорӣ, молия, саноат, кишоварзӣ, истихроҷи маъдан, саёҳат ва нақлиёт, заминаҳои мусоиди шартномавию ҳуқуқӣ фароҳам шудаанд. Барои тавсеаи ҳамкориҳои мо, бахусус дар соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ ва бахшҳои мухталифи саноат, аз ҷумла саноати сабук, хӯрокворӣ, кӯҳӣ, коркарди амиқи маҳсулоти меваю сабзавот, металл ва сангҳои қиматбаҳо ва, умуман, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз ашёи хом, имконоти фарох мавҷуд аст. Тоҷикистон омода аст, ки дар ҳамаи ин арсаҳо тарҳҳои ҷолиби сармоягузориро ба доираҳои алоқаманди кишвари дӯст пешниҳод намояд.

- Сармоягузории Қатар дар Тоҷикистон чӣ аҳамият дорад? Дар солҳои наздик онро чӣ гуна афзоиш додан мумкин аст?

- Ҳамкориҳои мо дар соҳаи сармоягузорӣ тибқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба роҳ монда шуда, тақвият меёбанд.

Мавзӯи ҷалби сармояи Қатар ба лоиҳаҳои дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон татбиқшаванда мавриди таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти ду кишвар қарор дорад.

Давлати Қатар яке аз аввалин кишварҳои арабӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон сармоягузории мустақими хориҷӣ кардааст. То имрӯз ҳаҷми чунин сармоягузории Давлати Қатар ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз 62 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Самараи он дар татбиқи марҳалаи якуми лоиҳаи маҷмааи истиқомативу иқтисодии “Диёри Душанбе” бармало зоҳир мегардад.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит барои фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ муҳайё гаштааст. Айни замон тарҳу лоиҳаҳо ва барномаҳои зиёди манфиатовари иқтисодӣ дар кишвари мо мавриди татбиқ қарор доранд. Ин амалия ҷалби сармояи бештари хориҷӣ ва технологияи муосиру замонавиро тақозо менамояд. Вобаста ба ин, барои ворид намудани технологияи муосир, ба роҳ мондани истеҳсолу содироти маҳсулоти соҳаҳои гуногун ва дастгирию таъмини пешрафти соҳибкорию сармоягузорӣ дар қонунгузориҳои Тоҷикистон як қатор имтиёзҳо ва кафолатҳо, аз ҷумла беш аз 240 номгӯи имтиёзу сабукиҳо, пешбинӣ гардидаанд. Дар бозори дохилии молу хизматрасонӣ, сармоя ва асъор шароити рақобати озод фароҳам оварда шудааст. Қонунгузории мо баробарҳуқуқии сармоягузорони ватанию хориҷиро кафолат дода, моликияти онҳоро аз милликунонӣ ва реквизитсия ҳифз менамояд.

Лоиҳаҳои хурду бузурги Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, бунёди корхонаҳои коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори туризм, аз ҷумла саёҳати кӯҳӣ ва фароҳамсозии имкониятҳои мусоид барои содироти оби тозаи нӯшокӣ ба Давлати Қатар самтҳои афзалиятнок ва манфиатовари ҳамкории доираҳои сармоягузорию молиявии Тоҷикистону Қатар арзёбӣ мегардад.

Ба андешаи ман, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, ки яке аз манбаъҳои асосии тавлиди энергияи «сабз» мебошад, метавонад аз муҳимтарин самтҳои дурнамодори ҳамкориҳои мо бошад. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон татбиқи бузургтарин лоиҳа – бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷараён дорад. Ин неругоҳ муҳимтарин омили тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҷиҳати афзун гардондани имкониятҳои истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза аз манбаъҳои барқароршаванда дорои аҳамияти минтақавӣ мебошад. То имрӯз мо аз шаш чархаи неругоҳ дутоашро фаъол намудем. Ҳукумати Тоҷикистон алоқаманд аст, ки ба татбиқи ин тарҳ сармояи кишварҳои дӯст ва бародарро ҷалб намояд.

Вобаста ба ин гуфтаҳо, аз сармоягузорони Давлати Қатар даъват ба амал меоварам, ки ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории зичу барои ҷонибҳо судманд дар соҳаҳои номбаршуда ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо имконоту иқтидорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар кишвари мо аз наздик шинос шаванд. Дар ин росто, мо омодаем, ки минбаъд низ фазои мусоиди сармоягузорӣ ва шароити матлубро барои тавсеаи фаъолиятҳои босамари доираҳои соҳибкории Қатар дар Тоҷикистон фароҳам созем.

- Масҷиди ҷомеи Тоҷикистон як намунаи ҳамкориҳои хуби ду кишвар маҳсуб мешавад. Шумо ин иқдомро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Бале, шумо дуруст қайд кардед. Яке аз намунаҳои муваффақи ҳамкории байни давлатҳои мо бунёди масҷиди калони замонавӣ дар шаҳри Душанбе бо маблағгузории Давлати Қатар ба ҳисоб меравад.

Татбиқи ин лоиҳаро мо рамзи робитаҳои дӯстонаву беғаразонаи ду кишвар ва ифодагари таваҷҷуҳи хосаи бародарони қатарӣ ба кишвари мо медонем.

Масҷиди калони ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар доман густурда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, маҷлисгоҳҳо ва толорҳои қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат мебошад.

Рафти сохтмони он зери назорати бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар қарор дорад. Лоиҳаи сохтмони ин иншоот аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа аз Тоҷикистону Қатар омода гардидааст ва он, бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории миллӣ ва ҷаҳонӣ, аз 4 манораи баландиаш 75-метра ва гунбази 47-метра иборат аст.

- Тоҷикистон кишвари зебои сайёҳӣ мебошад. Дар умум барои ҷалби бештари сайёҳони Қатар ва кишварҳои Халиҷи Форс чӣ нақшаҳо доред?

- Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ аз нуқтаи назари манфиатҳои барои тарафайн судманди фарҳангию иқтисодӣ бо кишварҳои шарик, аз ҷумла бо Давлати Қатар ва дигар давлатҳои минтақаи халиҷ, муносибат мекунад.

Яке аз шабоҳатҳои муштараки Тоҷикистон бо давлатҳои халиҷ ин аз нуқтаи назари сайёҳӣ ҷолиб будани кишвар аст. Дар шароити имрӯза барои рушди соҳа, Тоҷикистон ва Давлати Қатарро муҳим аст, ки оид ба зарфиятҳо ва имкониятҳои якдигар дар ин соҳа бештар огоҳӣ пайдо кунанд. Мо ба он назар ҳастем, ки татбиқи муваффақи тарҳҳои якҷоя, ташвиқи сармоягузориҳо, табодули донишҷӯён ва таҳкими ҳамкориҳо дар дигар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак роҳро барои густариши ҳамкориҳо дар бахши сайёҳӣ васеъ хоҳад намуд,

Тоҷикистон соли соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо дарназардошти аҳамияти хоса пайдо намудани ин бахш, минбаъд солҳои 2019 – 2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуда, тамоми имкониятҳоро барои пешрафти соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармоягузориҳо дар ин самт фароҳам оварда истодааст. Ҳукумати Тоҷикистон дар ин бахш номгӯи зиёди сабукиҳои андозию гумрукию логистикиро кафолат додааст, то тамоми шаҳрвандон ва ширкатҳои дохилию хориҷӣ ба сармоягузорӣ дар ин соҳа ҳавасмандии бештар пайдо кунанд. Барои татбиқи тарҳҳои ҷолиб дар самти сайёҳӣ Тоҷикистон ҳамаи ширкатҳои ҳавасманди Қатарро низ даъват мекунад ва мудом омодаи ҳамкорӣ мебошад.

Барои густариши бемайлони робитаҳои ду кишвар дар самти сайёҳӣ, ҳамзамон, ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистону Қатар низ зарур арзёбӣ мегардад. Роҳандозии чунин хатсайрҳо, дар баробари тавсеаи робитаҳои сайёҳӣ ва байнимардумӣ, ба рушди тиҷорат ва мубодилаи моли ҷонибҳо ба таври муассир мусоидат хоҳад намуд. Аз ин лиҳоз, мо мавзӯи мазкурро минбаъд низ дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба пайгирӣ хоҳем кард.

- Назари Шумо дар бораи мизбони мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол шудани Қатар дар соли 2022 чист?

- Мехоҳам таъкид созам, ки комёбиҳои назарраси кишвари дӯсти мо ва ҷойгоҳи шоистаи он дар арсаи байналмилалӣ натиҷаи роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаи Амири кишвар волоҳазрат Тамим бини Ҳамад оли Сонӣ, Ҳукумати эшон ва талоши пайдарпайи мардуми шарифи Қатар аст.

Интихоб шудани макони баргузории мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол – 2022 дар Қатарро ҳамчун таҷассумгари эътибори баланд ва нақши созандаи кишвари бародар арзёбӣ мекунем. Ин рӯйдоди таърихӣ боиси ифтихори ҳамаи кишварҳои мусулмонист.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам ба роҳбарияти олӣ ва мардуми Қатар барои дар сатҳи баланд гузарондани мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол – 2022, ки омили муҳими тақвияти робитаҳои байнимардумӣ ва таъмини амну субот дар минтақа мебошад, комёбиҳои бузург орзу намоям.

- Оё байни ду кишвар ҳамкорӣ дар соҳаҳои варзиш ва фарҳанг вуҷуд дорад?

- Мусаллам аст, ки Тоҷикистону Қатар ҳамчун кишварҳои дорои таъриху фарҳанги бостонӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ баҳри нигаҳдошт ва рушди фарҳанги асили миллӣ рисолати хешро иҷро менамоянд.

Таҳкиму тавсеаи равобити фарҳангӣ мавриди таваҷҷуҳи хосаи роҳбарони ду кишвари дӯст қарор доранд. Дар ин замина, рӯзҳои 22 – 26-уми ноябри соли 2018 нахустин Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа баргузор гардид. Бовари комил дорам, ки ин чорабинии бузурги фарҳангӣ на танҳо ба тақвияти бештари ҳамкории ду кишвари дӯст такони ҷиддӣ бахшид, балки дар рушди робитаҳои байни мардумони фарҳангдӯсти Осиёи Марказиву Ховари Миёна ва таблиғи арзишҳои созандаи тамаддуни муштаракамон низ саҳми шоён гузошт.

Сокинони Давлати Қатар аз барномаҳои фарҳангии Тоҷикистон таассуроти неку рангин бардоштанд. Мо интизор дорем, ки соли оянда ҳафтаи фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баргузор мегардад ва мардуми Тоҷикистон бо таъриху осори фарҳангии Қатар ошноии бештару наздик пайдо хоҳанд кард.

Ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш низ яке аз самтҳои муҳими муносибатҳои ду кишвари бародари мо мебошад. Варзиш дар ҳамаи давру замон дар таҳкиму сулҳу дӯстӣ миёни мардумони мухталиф рисолати беназирро анҷом медиҳад. Дар ин замина, мизбонии Қатар аз баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ дар риштаҳои гуногуни варзиш баёнгари сиёсати созандаю дурбинонаи кишвари дӯст дар таъмини сулҳу суботи минтақавию байналмилалӣ аст. Варзишгарони тоҷик дар чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ дар Давҳа ширкат варзиданд. Байни кумитаҳои олимпии кишварҳои мо ва дигар муассисаҳои варзишӣ ҳамкориҳои наздик роҳандозӣ шудааст.

- Дар бораи музокироти сулҳи Афғонистон дар Давҳа чӣ андеша доред?

- Тоҷикистон мавқеи Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати роҳандозӣ намудани раванди сулҳ дар кишвар, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад.

Ба ин манзур, мо аз ҳама гуна василаҳое, ки ба пешбурди раванди музокироти сулҳи Афғонистон ва ҳалли мушкилоти он мусоидат мекунанд, истиқбол менамоем. Дар ин замина, кӯшишҳои Давлати Қатарро дар пешбурди раванди сулҳи Афғонистон муҳим дониста, аз онҳо ҷонибдорӣ менамоем ва ба натиҷаҳои мусбаташон умед мебандем. Ҳамзамон, бар онем, ки дар музокироти байниафғонӣ, пеш аз ҳама, бояд таъмини риояи баробари манфиатҳои қавму гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоиву сиёсии кишвар ба назар гирифта шавад. Танҳо бо дарназардошти манфиатҳои онҳо сулҳу субот дар Афғонистон метавонад таъмин гардад. Инро таҷрибаи истиқрори сулҳ дар кишвари мо исбот кардааст.

- Истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва таъсири он ба тамоми минтақа чӣ гуна хоҳад буд?

- Сулҳу субот дар Афғонистон ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии он оромӣ ва суботи тамоми минтақа мебошад. Аз ин рӯ, барқарории сулҳу амонӣ ва пойдории амният дар ин ҳамсоякишвар барои мо мисли обу ҳаво зарур аст. Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ талош меварзад, ки дар ин кишвари дӯст сулҳи пойдор барқарор гардад. Ба ин манзур, мо чи дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва чи дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ пайваста даъват ба амал меорем, ки ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шавад.

Афғонистон дорои захираҳои ғании табиӣ ва инсонист. Бинобар ин, барқарории сулҳу субот дар ин кишвар на танҳо ба рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии он шароит фароҳам меорад, балки ба равандҳои ҳамкорӣ ва ҳамгироии Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигари ҳамҷавор такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

- Шумо нақши миёнҷигарии Қатарро дар ҳалли муноқишаҳо ва дастгирии муколама дар доираи музокироти Афғонистон чӣ гуна мебинед?

- Мо шоҳиди онем, ки имрӯз нуфузу эътибори Давлати Қатар дар арсаи байналмилалӣ боло меравад ва кишвари дӯсти мо якҷоя бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли буҳронҳо, таъмини сулҳ ва рушди босубот дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон нақши муассиру созандаро мебозад.

Тавре ки дар боло таъкид кардам, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шурӯъ гардидани музокироти сулҳи Афғонистон дар Давҳа ҳамаҷониба истиқбол мекунад. Мо мавқеи кишвари дӯсти Қатарро нисбат ба ҳалли қазияи Афғонистон тавассути роҳҳои дипломатӣ баланд арзёбӣ мекунем.

Таърих собит намуд, ки ҳалли низоъ дар Афғонистон бо роҳҳои низомӣ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, мо фароҳам намудани майдони музокирот ва муколамаи байниафғонӣ дар Давҳаро барои ҳалли ихтилофҳо дар кишвари ҳамсояи Афғонистон фурсати таърихӣ меҳисобем.

Мавқеи мо бар он асл асос меёбад, ки расидан ба сулҳи пойдор дар Афғонистон танҳо бо иштироки васеи афғонҳо имконпазир аст ва мо аз ташкили ҳама гуна майдонҳо, ки дар он ҷо худи афғонҳо гуфтушунид мекунанд, истиқбол менамоем.

Тоҷикистон омода аст, ки дар доираи фаъолияти муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Афғонистон минбаъд низ саҳми амалии худро дар барқарории сулҳу субот ва рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвари ҳамҷавор гузорад.

Дар фарҷоми сухан ба мардуми дӯсти Қатар сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пешро орзу менамоям.

Ташаккур.

Манбаъ: Нашрияи расмии Тоҷикистон "Ҷумҳурият"


Вакти нашр: 2021-01-13 09:26:31    Хонданд: 104    Муфассал...

ҲИСОБОТИ СОЛОНАИ "ЭНЕРГЕТИК" ШУНИДА ШУД,

Бо дар назардошти ба итмом расидани соли 2020 ва ҷамъбаст намудани фаъолияти кории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои соли гузашта тибқи барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарпарастони кумитаву ташкилотҳо барои ҷамъбасти фаъолияти солонаи кумитаву ташкилотҳо сафарбар карда шуданд. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Энергетик” бо иштироки раиси ташкилот – Абдулҳақов Ҳабибиулло ва аъзоёни ташкилот иштирок ва суханронӣ намуданд. Сараввал раиси ташкилот ҳамаи аъзоёни ҳизбро ба муносибати соли нави мелодӣ табрику шодбош намуда, дар фаъолияти ҳизбиву корӣ муваффақиятҳо орзу намуд. Сипас Ҳабибулло Абдулҳақов ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбиро доир ба шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Интихобти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони маҳаллӣ, Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин радиф таҷлили гиромидошти идҳои давлативу миллӣ бо назардошти фосилаи иҷтимоӣ ироа намуд. Ҳисоботи ҷамъбастии солонаи раиси ташкилот шунида шуда, қаноатбахш ҳисобида шуд. Қайд карда шуд, ки мо баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии бемисл дида, ба ҷаҳониён бузургии миллат ва созандагиву сабру таҳаммули тоҷиконаро исбот намоям.


Вакти нашр: 2021-01-13 09:59:45    Хонданд: 104    Муфассал...

Ҳисоботи солона: “Саҳми ташкилоти ибтидоии “Тоҷикматлубот” дар таъмини маҳсулоти ватанӣ”

Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии “Тоҷикматлубот” ҷиҳати ҷамъбаст намудани фаъолияти худ дар соли 2020 тибқи ҷадвали муайянгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ санаи 12 январи соли 2021 баргузор гардид.

Дар он Раҳмонализода Хуршед Раҳмоналӣ – Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷикматлубот”, Ҳабибзода Зоир – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷурабек Муродов – Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Хайём Амонов – сарпарасти ташкилоти ибтидоӣ аз Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Фурқат Муродов – намояндаи Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.

Раҳмонализода Хуршед Раҳмоналӣ – Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷикматлубот” маҷлисро ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ кард.

Хайём Амонов суханро барои ҳисоботи солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷикматлубот” ба Раиси он Раҳмонализода Хуршед Раҳмоналӣ дод. Раҳмонализода Хуршед Раҳмоналӣ ҳисоботи солонаи ташкилотро аз корҳои созандагии ҳизбӣ ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи ҲХДТ дар самти таъмини маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дастрасии захираҳои озуқавории ватанӣ ба аҳолии кишвар, саҳми муносиб доштани аъзои ташкилоти ибтидоӣ дар интихоботҳои сиёсӣ оғоз намуда, муҳиман дар давраи пешгирии аҳолӣ аз вируси сироятии СОVID-19 кумакҳои хайриявӣ намудани Тоҷикматлубот ба аҳолӣ, арзон намудани нарх дар бозорҳои мамлакат, таҷлили идҳои давлативу миллӣ дар ташкилоти ибтидоӣ, пеш бурдани корҳои таблиғотӣ ва дастгирии номзади арзанда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоӣ ва маҳаллаҳои гирду атроф ва сазовор таҷлил намудани 26 солагии Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ чун Рӯзи касбии ҳизбиён ба ҳисоботи худ ҳусни анҷом бахшид.

Дар идома Ҳабибзода Зоир – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳамкориҳои судманди Иттифоқи Тоҷикматлубот ҷиҳати дасти ёрӣ дароз намудан ба халқу миллат дар давраи вазнини ҳаёт барои аҳолӣ ва дигар корҳои созандагии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷикматлубот” суханронӣ намуда, ба фаъолияти минбаъдаи ташкилоти ибтидоӣ бо мардум будану дастгирӣ ҳамешагии онҳо буданро таманно кард.

Дар фарҷом Раҳмонализода Хуршед Раҳмоналӣ аз қадам ранҷа намудани намояндаи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе миннатдорӣ намуда, аз номи кулли фаъолони ҳизб дар ташкилоти ибтидоӣ ҷиҳати дар хизмати содиқонаи халқу миллат буданро ваъда дод ва дар давраи ин вабои аср дар таъмини маводҳои хурока ба аҳолии кишвар, “Ҳамчун соя хоҳем буд” арзёбӣ кард.


Вакти нашр: 2021-01-13 10:59:32    Хонданд: 84    Муфассал...

КОНФЕРЕНСИЯИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ “ТОҶИРИ АҶАМ” БАРГУЗОР ГАРДИД

Нимаи аввали имрӯз бо иштироки Абдураҳимова Дилбар Ҳабибуллоевна – мудири шуъбаи умумии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Мирзозода Иброҳим Холмурод – Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Қурбонзода Убайдулло Маҳмадалӣ – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат – Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ Конференсияи VI ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Тоҷири Аҷам” баргузор гардид.

Дар оғоз М. Қурбонзода ҳайати меҳмононро ба иштирокчиёни конференсия шинос намуда, суханро барои пешбурди кори конференсия ба И. Мирзозода дод.

И. Мирзозода кори конференсияро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиронро бо рӯзномаи он шинос намуда, ҳайати котиботи конференсияро интихоб намуданд.

Тибқи масъалаи якуми рӯзномаи конференсия Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат – Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Тоҷири Аҷам” бо ҷонибдории аъзоёни ҳизб интихоб гардида, кори конференсияро раиси кумита идома дод.

Тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи конференсия ҳисоботи муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Тоҷири Аҷам” Рустамоф Фитрат шунида, шуда бо ҷонибдории аъзоёни ҳизб ҳисоботи ироагардида қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Дар ин миён, Абдураҳимова Дилбар Ҳабибуллоевна – мудири шуъбаи умумии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, зимни баромади хеш аз саҳми ҳизбиёни пойтахт дар иҷрои дастуру супо­ришҳои сохторҳои болоии ҳизб ва иштироки фаъолона дар баргузории чорабиниҳо, хурраму кабудизоркунии пойтахт, беҳсозии зиндагии шаҳрвандон, кумаку дастгирии ниёзмандон ва созандагию ободкории онҳо суханронӣ карданд.

Ҳамзамон, мавсуф зикр дошт, ки фаъолияти сохторҳои ҳизбии пойтахт, таҳти роҳбарии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе давоми соли сипаригардида, хело густаришу муассиртар гардида, иқдому ташаббусҳо ва тадбирҳои анҷомдодаи он, шоистаи дастгириву таҳсин мебошад.

Дар ин раванд, Мирзозода Иброҳим Холмурод – Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оид ба марому мақсад ва ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки барномаҳои пешазинтихоботии ҲХДТ ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба ҳадафҳои бузургу созанда, ҳар як узви ҳизбро водор ба он менамояд, ки ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар талош намояд.

Дар ҷамъбаст бо назардошти таклифу пешниҳодҳо аз рўйи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Инчунин якчанд нафар фаъолон бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуда ва чанде дигар, ки барои шомил шудан ба сафи ҳизб ариза пешниҳод намудабуданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.


Вакти нашр: 2021-01-13 16:06:19    Хонданд: 110    Муфассал...

Ҳисоботи солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Омор": Муҳаррики асосии маълумотҳои оморӣ дар кишвар

Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омор” ҷиҳати ҷамъбаст намудани фаъолияти худ дар соли 2020 тибқи ҷадвали муайянгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ санаи 13 январи соли 2021 баргузор гардид. Дар он сардори Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”-и Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қосимов Хуршед, мудири шуъбаи кор бо занони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - Бобоева Гулнора, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Исҳоқӣ Ҳусния Давлаталӣ, муовин-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия – Ҷурахонзода Ҷумахон, сарпарасти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ – Абдуллоева Фарангис, котиби ташкилоти ибтидоӣ – Зокирова Озода ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.

Қосимов Хуршед зимни сухани ифтитоҳӣ меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ кард. Сипас ҳисоботи солонаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҷиҳати ҷамъбаст намудани фаъолияти кории ташкилот барои соли 2020 ироа гардид. Қосимов Хуршед қайд намуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омор” вазифаи аввалини худро аз мақсаду мароми Оинномавию Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оғоз намуда, дар давраи ҳисоботӣ тавонист миқдори зиёди кормандони фаъолро ба сафи ҳизби пешоҳанги ҷомеа ҷалб намояд, ки шумораи умумии аъзоёни ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омор” ба 152 нафар расидааст. Бо мақсади муташаккилона бо фаъолони ҷомеа барӯйхатгирии аҳолиро дар соли 2020 ҷиҳати дуруст танзим намудани маълумотҳои оморӣ ва масъалаҳои иқтисодӣ дар кишвар Қосимов Хуршед иброз дошт. Инчунин қайд кард, ки ҷиҳати корҳои оморӣ дар соҳаи омори саноат ва сармоягузории сохтмонӣ, омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист, омори молия, омори бақайдгирии нарх ва тарифҳо, омори таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо, омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, омори захираҳои моддӣ, савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, омори нақлиёт, алоқа, хаҷагии манзилию коммуналӣ, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ, ки дар маҷмуъ 9484 корҳои оморӣ ба анҷом расидааст. Дар идомаи ҷаласаи ҳисоботӣ Бобоева Гулнора аз номи муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ барои хизматҳои бузурги фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омор”-и Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои пешниҳод намудани маълумотҳои омори саҳеҳ дар кишвар изҳорӣ миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки фаъолияти густурдаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки бо ҷавҳари асосии мақсадҳои нав бо Барномаву нақшаҳои тоза барои ҳифзу ҳимояи манфиатҳои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз хизматҳои содиқонаи мардумӣ дорад. Дар фарҷом Қосимов Хуршед аз қадам ранҷа намудани намояндаи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе миннатдорӣ намуда, аз номи кулли фаъолони ҳизб дар ташкилоти ибтидоӣ ҷиҳати дар хизмати содиқонаи халқу миллат буданро ваъда дод.


Вакти нашр: 2021-01-13 16:12:35    Хонданд: 138    Муфассал...

ҲИСОБОТИ СОЛОНАИ "ИҚДИСОЧӢ" ШУНИДА ШУД.

Бо дар назардошти ба итмом расидани соли 2020 ва ҷамъбаст намудани фаъолияти кории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои соли гузашта тибқи барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарпарастони кумитаву ташкилотҳо барои ҷамъбасти фаъолияти солонаи кумитаву ташкилотҳо сафарбар карда шуданд. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Иқдисочӣ” бо иштироки муовини вазири Рушди иқдисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдураҳмонзода Абдураҳмон, мутахассиси шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои Дасгоҳи Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-Рузизода Фируз, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри душанбе-Исҳоқӣ Ҳусния Давлаталӣ, сарпарасти ташкилот мудири шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, котиби Табаралиев Эраҷ ва аъзоёни ташкилот иштирок ва суханронӣ намуданд. Сараввал Муовини Вазир ҳамаи аъзоёни ҳизбро ба муносибати соли нави мелодӣ табрику шодбош намуда, дар фаъолияти ҳизбиву корӣ муваффақиятҳо орзу намуд. Сипас Эраҷ Табаралиев ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбиро доир ба шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Интихобти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони маҳаллӣ, Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин радиф таҷлили гиромидошти идҳои давлативу миллӣ бо назардошти фосилаи иҷтимоӣ ироа намуд. Ҳисоботи ҷамъбастии солонаи раиси ташкилот шунида шуда, қаноатбахш ҳисобида шуд. Қайд карда шуд, ки мо баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии бемисл дида, ба ҷаҳониён бузургии миллат ва созандагиву сабру таҳаммули тоҷиконаро исбот намоем.


Вакти нашр: 2021-01-13 16:35:40    Хонданд: 128    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИИ СОЛОНАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ “ДОНИШ”

Бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъабастии солани Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” ифтитоҳ гардид.

Дар кори маҷлис Хонов Абдураҳмон-Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Мирзозода Иброҳим- Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст ҳисоботи Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” Хушвахтзода Қобилҷон шунида шуда, музокирачиён бо ҳамовозии аъзоёни ҳизб ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон тибқи рӯзномаи маҷлиси ҳизбӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” бо ҷонибдории аъзоёни ҳизб интихоб гардид.

Сипас Хонов Абдураҳмон-Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ роеъ ба дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат суханронӣ намуда, афзуд, ки Раиси муаззмами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал гузошта, тадбирҳои судмандро мунтазам амалӣ менамояд. Дар ин самт дар як сол дар кишвар дар маҷмуъ 200 муассисаҳои гуногуни таълимӣ сохта ба истифода дода шуданд. Зикр шуд, ки дар амалӣ намудани Барномаҳои ҲХДТ ва ҳадафҳои созандаи он, рушди илму техника, фановарӣ ва тарғиби идеологияи солими миллӣ ҳайъати омӯзгорон нақши арзишманд доранд. Инчунин, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани эҳсоси худогоҳии миллӣ ва хештаншиносӣ, ба ин васила пешгирии омилҳои номатлуби итимоӣ, бегонапарастӣ, ҳидояти ҷавонон дар масири худшиносии миллӣ, ватанпарастӣ, зимнан, вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, баланд бардоштани иродаи сиёсии халқ ва омодлагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф заданд.

Дар интиҳо як қатор аъзоёни ба тозагӣ ба сафи ҳизб қабулшуда дар лаҳзаи тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, як қатор фаъолон бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.


Вакти нашр: 2021-01-13 16:50:19    Хонданд: 76    Муфассал...

Раиси Маҷлиси намояндагон Муҳамадтоир Зокирзода бо Сафири Россия дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Масъалаҳои рушди ҳамкории байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия имрӯз зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Россия дар Тоҷикистон Лякин-Фролов Игор муҳокима гардиданд.

Котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода изҳор дошт, ки бо саъю кӯшишҳои ҳарду кишвар муносибатҳои дуҷониба имрӯз дар сатҳи шарикии стратегӣ қарор доранд. Ин муносибатҳо устуворона рушд мекунанд ва дурнамои равшану хуб ҳам дар пай доранд.

«Фикр мекунам, ки Шумо бо ман розӣ хоҳед шуд, ки муносибатҳои самимона, боэътимод ва дӯстонаи байни Президентҳои кишварҳоямон Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар рушди фаъолонаи робитаҳои дуҷониба нақши махсус доранд. Мулоқотҳо ва тамосҳои онҳо муносибатҳои дуҷонибаро бештар пешрафта ва муассиртар  мегардонанд», — илова намуд Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.

Зикр гардид, ки дар тӯли зиёда аз чоряк асри ҳамкориҳои нек байни Тоҷикистон ва Россия беш аз 300 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки ба шарофати онҳо дар миёни кишварњоямон динамикаи устувори ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ бунёд ёфтаанд.

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин афзуд, ки бо дарназардошти аҳамияти таҳкими робитаҳои дуҷониба, муайян кардани самтҳои нави умедбахши ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия, ки шарики стратегии мо мебошад, парлумони кишвар, алахусус Маҷлиси намояндагон минбаъд низ ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқии дахлдор тадбирҳои мушаххас ва пайваста меандешад.

Тамосҳои фаъол ва кори муштараки роҳбарон ва аъзоёни парлумонҳои кишварҳои мо дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ, Ассамблеяи парлумонии СААД ва дигар мақомоти байнипарлумонӣ амалӣ карда мешаванд.

Вазифаҳои муштараки мо, бешубҳа, мусоидат ба таҳким ва рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ, рушди робитаҳои самарабахши доираҳои тиҷоратии ду давлат тавассути ташаккули инфрасохтори  муосири муносибатҳои бозорӣ, фароҳам овардани фазои сармоягузорӣ ва ҷолибияти сармоягузорӣ, инчунин танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди ҳамкорӣ мебошанд.

Боварӣ дорам, ки мо роҳҳои нави истифодаи пурраи иқтидори Тоҷикистону Россияро пайдо карда, онҳоро дар оянда боз ҳам тақвият хоҳем дод, — гуфт дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.

Дар ҷараёни суҳбат инчунин дигар масъалаҳо муҳокима гардиданд.


Вакти нашр: 2021-01-13 18:21:30    Хонданд: 118    Муфассал...

ШУМОРАИ НАВБАТИИ НАШРИЯИ "МАРОМИ ПОЙТАХТ", №2 (638) АЗ ЧОП БАРОМАД

_____________________________________________________________________________________________________


Вакти нашр: 2021-01-14 09:11:02    Хонданд: 70    Муфассал...

Дар Душанбе хатсайри нави троллейбусии №2 ба фаъолият оғоз менамояд

Шурӯъ аз 18 январ дар шаҳри Душанбе хатсайри нави троллейбусии №2 («Маҳаллаи Зарафшон — Фурудгоҳ» ба фаъолият оғоз менамояд. Дар хатсайри нав троллейбусҳо тавассути хиёбону кўчаҳои Нусратулло Махсум, Исмоили Сомонӣ, Рудакӣ, Айнӣ ва Аҳмади Дониши пойтахт  ҳаракат менамоянд. Хизматрасонӣ ба мусофирон дар хатсайри мазкур ба воситаи троллейбусҳои муосири тамғаи БК 32100D пешниҳод мегардад.

Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

«Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  аз сокинон ва меҳмонони пойтахт  эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки аз хизматрасонии троллейбусҳои нави муосир истифода баранд»,-афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 11 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 36 автобус ва 69 троллейбуси нав дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Троллейбусҳои нав, ки ҳамакнун дар кӯчаҳои пойтахт ба ҳаракат меоянд, тамғаи БКМ-32100D истеҳсоли корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Белкоммунмаш” — и Ҷумҳурии Белорус мебошанд.

Ҳар як троллейбус дар умум барои 90 мусофир, бо 22 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Троллейбусҳо бо низоми клининг муҷаҳҳаз буда, ҳангоми таваққуф дар истгоҳ, барои баромадану фаромадани қулайи мусофирон сатҳи даромадгоҳи он паст мегардад.

Троллейбусҳои нав дорои як қатор шароити муосири хизматрасонӣ буда, аз тамғаҳои қаблӣ бо сарфаи неруи барқ то 30 фоиз ва дар ҳолатҳои бебарқӣ ё дигар сабабҳо, имкони ҳаракат кардан то 15 километр фарқ мекунанд.

Ҳамчунин троллейбусҳо технологияи навини категорияи сеюм буда, бо муҳаррики нерӯи ҷараёни тағирёбанда қабулкунанда ва батареяҳои литтий ҷиҳозонида шудааст.

Дастакҳо ё худ шохаҳои ин навъи троллейбусҳо тариқи худкор аз ҷойи нишасти ронанда ба воситаи пахши тугмачаи махсус боло ва поён карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои наздик боз 31 адад троллейбуси навъи муосир аз Ҷумҳурии Белорус дастрас карда мешавад ва 14 адад автобуси шаҳрии тамғаи AKIA ULTRA LE8 омодаи кор мегардад.


Вакти нашр: 2021-01-14 11:28:30    Хонданд: 103    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “РОҲСОЗ”

Маҷлиси ҷамъбастии ҳисоботии солона оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз” дар соли 2020 баргузор гардид.

Нахуст раиси ташкилот ҳисоботи худро вобаста ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли сипаригардида ироа намуд. Афзуд, ки дар давоми соли 2020 аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз” дар тарғибу татбиқи Барномаи ҲХДТ саҳми худро гузоштанд. Новобаста ба вазъияти мушкили баамаломада ҳар рӯз дар хиёбонҳо, роҳҳои протоколӣ, гулгашту боғҳои фарҳангӣ корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ баргузор намуа, гулҳои мавсимии ороиши, ниҳолу дарахтон шинонида шуд. Масъалаҳои тасдиқи нақшаи корӣ, баргузории соатҳои сиёсӣ, корбариву коргузорӣ, ҳаракати аъзои ҳизб, интизоми намунавии ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар охир фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Ҳамзамон, аз ҷониби аъзоёни ташкилот  қайд карда шуд, ки мо дар сали ҷорӣ баҳри сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузорем.


Вакти нашр: 2021-01-14 16:00:30    Хонданд: 100    Муфассал...

Натиҷагири аз фаъолияти солона: нақши “Созанда” дар ташаккули истеъдоди ҷавонон.

Маҷлиси солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созанда” ҷиҳати ҷамъбаст намудани фаъолияти худ дар соли 2020 тибқи ҷадвали муайянгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ санаи 14 январи соли 2021 баргузор гардид.

Дар он Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созанда” – Раҳимӣ Комилҷон, мудири шуъбаи кор бо занони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Бобоева Гулнора, сармуҳаррири нашрияи ҳизбии “Мароми пайтахт” – Каримзода Ҳақназар, муовин-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия – Ҷурахонзода Ҷумахон, сарпарасти ташкилот ибтидоии ҳизбӣ Шарипова Лайло ва аъзоёни фаъоли ҳизб иштирок намуданд.

Раҳимӣ Комилҷон зимни сухани ифтитоҳӣ меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ кард. Сипас ҳисоботи солонаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҷиҳати ҷамъбаст намудани фаъолияти кории ташкилот барои соли 2020 ироа гардида, қайд карда шуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созанда” фаъолияти худро дар асоси ҳадафҳои сиёсии Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оғоз намуда, короҳои зиёди таблиғотиро дар соли сипаригашта ба анҷом расонид.

Сипас сармуҳаррири нашрияи ҳизбии “Мароми пайтахт” – Каримзода Ҳақназар оид ба саҳми нашрияҳои ҳизбӣ, ки барои фаррох нигоҳ доштани доираи иттилоотикунонии ҳизбӣ, холӣ нагузоштани фазои сиёсӣ ба аъзоён ва хонандагони он расонидани афкори мақсадноки фаъолияти ҳизбӣ ва омода намудани мафкураи аъзоёну тарафдорони ҳизб дар маъракаҳои муҳими давлативу миллӣ нақши муҳим дорад, суханронӣ намуд.

Дар идома мудири шуъбаи кор бо занони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Бобоева Гулнора аз номи муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ барои хизматҳои бузурги фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созанда” ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намудани соли 2020 изҳорӣ миннатдорӣ намуд. Ҳамзамон аз маъракаҳои муҳими сиёсии соли 2020 Интихоботи вакилони МНМО Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллӣ, Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, аз корҳои ба сомон расонидаи фаъолону тарафдорони саховатпешаи ҲХДТ ҷиҳати пешгирӣ намудани аҳолӣ аз вируси сироятии COVID-19 бо кӯмаки ҳамешагии муҳаррики корҳои таблиғотии ҳизб - фаъолони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” сухан намуд. Гуфта шуд, ки фаъолияти густурдаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки бо ҷавҳари асосии мақсадҳои нав бо Барномаву нақшаҳои тоза барои ҳифзу ҳимояи манфиатҳои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз хизматҳои содиқонаи мардумӣ дорад.


Вакти нашр: 2021-01-14 16:05:16    Хонданд: 116    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ОИЛА”

Дар асоси барқияи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, №58 аз 15.12.2020 ва барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 16.12.2020, №101 дар ташкилоти ибтидоии “Оила” маҷлиси ҷамъбастии ҳисоботӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот дар соли 2020 баргузор гардид.

Сараввал ҳисоботи ташкилот шунида шуда, дар ҳисобот зикр гардид, ки аъзоёни ташкилот дар давоми соли сипаригардида, дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсии Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур фаъолона иштирок намуда, инчунин дар баргузории чорабиниҳои сиёсии интихоботи парлумонӣ ва президентӣ ба ҳайси мушоҳиди миллӣ ширкати фаъол дошта, дар тарғибу татбиқи Барномаи ҲХДТ саҳми худро гузоштанд. Вобаста ба масъалаҳои корбариву коргузорӣ, ҳаракати аъзои ҳизб, интизоми намунавии ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ сухан рафта, фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Ҳамзамон, лоиҳаи нақшаи кории ташкилот барои соли 2021 ба овоз гузошта шуда, аз ҷониби аъзоёни ташкилот якдилона қабул ва тасдиқ карда шуд.

Дар охир аз ҷониби иштирокчиёни маҷлис ироз гардид, ки дар соли ҷорӣ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузорем.


Вакти нашр: 2021-01-14 16:20:15    Хонданд: 91    Муфассал...

Бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷаласаи ситоди корӣ оид ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор шуд

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 январ ҷиҳати омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷаласаи ситоди корӣ баргузор гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд, дар кори ҷаласа Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ,  Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, роҳбарони сохторҳои Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, иттифоқҳои эҷодӣ ва роҳбарони гурӯҳҳои ҳунарӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду такомули санъати мусиқии миллии тоҷик баррасӣ гардиданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода вобаста ба ташаккули раванди неруи эҷодӣ, дарёфти истеъдодҳои нави бахши оҳангсозӣ ва иҷрокунандагӣ, рушди санъати мусиқии касбии миллӣ, эҷоди асарҳои мусиқии баландғояи замонавӣ, инчунин оммавигардонии жанрҳои гуногуни мусиқии касбӣ ва ташаккули фарҳанги мусиқии муосири тоҷик дар назди масъулини дахлдори мамлакат вазифаҳои мушаххас гузошт.


Вакти нашр: 2021-01-14 16:25:42    Хонданд: 78    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ГИМНАЗИЯИ ТОҶИКИСТОН”

Маҷлиси ҷамъбастии ҳисоботӣ дар ташкилоти ибтидоии “Гимназияи Тоҷикистон” баргузор гардид. Нахуст раиси ташкилот оиди фаъолияти ташкилот дар назди аъзои ҳизб ҳисобот дода, зикр гардид, ки дар татбиқи барномаҳои ҲХДТ, дар руҳияи ватанпарастӣ ва хештаншиносӣ ҳидоят намудани аҳли ҷомеа, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ, тарғиби идеологияи солим аъзои ташкилот самҳм доранд.

Аъзоёни ташкилот ба музокира баромада, ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Масъалаҳои тасдиқи нақшаи корӣ, нақшаи баргузории соатҳои сиёсӣ, риояи талаботи Оинномаи ҲХДТ ва одобномаи ҲХДТ ва дигар масоили дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Масъалаҳои матраҳгардида ҷониби аъзоёни ташкилот бо як шукуҳу шаҳомати хосса тарафдорӣ намуда, иброз намуданд, ки дар таҷлили ҷашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро фаъолона мегузорем.


Вакти нашр: 2021-01-14 16:51:15    Хонданд: 127    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ФАРҲАНГ"

Дар ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, Абдураҳимова Дилбар мудири шуъбаи умумии Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Муродов Ҷурабек-Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва муовини варзири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбастии солонаи ҳизбии ташкилот доир гардид.

Сараввал ҳисоботи солонаи ташкилоти ибтидоии шунида шуда, тазаккур дода шуд, ки аъзоёни ташкилот дар чорабиниҳои сиёсӣ иштироки фаъолона дошта, ба сифати мушоҳидони миллӣ дар интихоботҳои баргузоршуда иштирок намуданд. Дар таҳкими давлатдории миллӣ, татбиқи сиёсати фарҳангии кишвар, тарғиби арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва мероси гаронбаҳои ниёгон аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” саҳми муносиб доранд.

Сипас Абдураҳимова Дилбар – мудири шуъбаи умумии Дастгоҳи Маркази ҲХДТ баромад намуда, оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани мавқеъ ва нуфузи ҲХДТ дар ҷомеаи кишвар, омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ, сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва амсоли ин мавзӯҳо суханронӣ намуданд.

Гулаҳмадзода Зулфиқор роҷеъ ба фаъолияти доманадору муваффақонаи ҲХДТ дар низоми идоракунии давлат, тарғиби идеологияи миллӣ, тадбиқи Барномаҳои ҲХДТ, таҳкими давлатдории миллӣ, ваҳдатгароӣ, хештаншиносӣ, пешгирии гароиш ба равияҳои номатлуби иҷтимоӣ ва масоили дохилиҳизбӣ сухан кард.

Дар интиҳо ба як қатор аъзоёни ба тозагӣ ба сафи ҳизб қабулшуда дар лаҳзаи тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, як қатор фаъолон бо ифтихорнома ва сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.


Вакти нашр: 2021-01-14 17:19:09    Хонданд: 105    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ “МАОРИФЧИЁН” БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар доираи дастуру супоришҳои сохторҳои болоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти кории соли сипаригардидаи Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён” натиҷагири карда шуд.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ Ҳабибзода Зоир – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Амробекова Руқия – мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Рузизода Фируз – мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Қурбонзода Убайдулло – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ иштирок намуданд.

Маҷлисро Мухбира Аюби - раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён” оғоз намуда, меҳмононро ба иштирокчиёни маҷлис шинос намуд, аз рӯи масъалаи баррасишаванда яъне ҳисоботи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён” дар соли 2020 суханро ба Исрофилов Анвар – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён” супорида шуд.

А.Исрофилов дар ҳисоботи хеш қайд намуд, ки аҳли аъзоёни ҳизби Кумита соли сипаригардида дар чорабиниҳои сиёсӣ, интихоботи вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат намуда, аксарияти онҳо дар участкаҳои интихоботи ҳамчун шахси масъул дар баргузории интихоботҳо вазифадор гардида буданд. Инчунин мавсуф зикр намуд, ки аъзоёни Кумитаи номбурда ба рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт” сари вақт ва босифат обуна гардидаанд.

Ҳабибзода Зоир – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар навбати худ қайд намуд, ки соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калидии Ҳукумати кишвар ба шумор рафта, зери таваҷҷуҳи хоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта барои баланд бардоштани савияи донишу заковати толибилмон тамоми имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст. Аз ин лиҳоз ҳар як омузгорро мебояд дар ҷодаи таълиму тарбияи насли ҷавон аз имконоти мавҷуда мақсаднок намуда, сатҳи дониши хонандагонро баланд бардоранд.


Вакти нашр: 2021-01-14 18:09:49    Хонданд: 113    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИИ СОЛОНАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ЗИДДИИНҲИСОРӢ”

Бо иштироки Хонов Абдураҳмон-Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Мирзозода Иброҳим - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ташкилоти ибтидоии “Зиддиинҳисоӣ” маҷлиси солонаи ҳисоботӣ баргузор гардид.

Нахуст ҳисоботи Раиси ташкилоти ибтидоии “Зиддиинҳисорӣ” шунида шуда, аъзоёни ҳизб дар музокира ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон тибқи рӯзномаи маҷлиси ҳизбӣ нақшаи корӣ тасдиқ гардида, якчанд нафар кормандоне, ки барои аъзо шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, мавриди омӯзиш фаро гирифта шуда, бобати интизоми ҳизбӣ, намунаи ибрати дигарон будан дар ҷомеа, риояи Одобномаи ҳизбӣ, хизмати содиқона ба халқу Ватан ва садоқат Президенти кишвар дастуру ҳидоятҳо дода шуд.

Сипас Хонов Абдураҳмон - Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ суханронӣ намуда, оид ба татбиқи Барномаи ҲХДТ, дастгирии ҳадафмандонаи сиёсати созандаи раиси муаззами ҲХДТ, баланд бардоштани иродаи сиёсии халқ, ҳамбастагиву ҳамовозии созанда дар рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ ҳарф заданд.

Мирзозода Иброҳим - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аснои суханронии худ афзуд, ки ҲХДТ дар низоми давлатдории миллӣ бобати тарғиби идеологияи солими миллӣ, таъмини якпорчагии давлат, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон нақши бориз дорад.

Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур зимни суханронии худ зикр дошт, ки аъзои ташкилот дар тарғиби арзишҳои миллӣ ва амалӣ намудани Барномаи амали ҲХДТ нақши созгор доранд.

Боварии комил дорем, ки имсол низ дар доираи нақшаи кории худ баҳри сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоред.

Зимнан як қатор фаъолон бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.


Вакти нашр: 2021-01-14 18:21:04    Хонданд: 123    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "БУНЁДИ ОИЛА"

Дар ташкилоти ибтидоии “Бунёди оила” бо иштироки Абдураҳимова Дилбар мудири шуъбаи умумии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Исҳоқӣ Ҳусния-муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Сироҷзода Саодатбибӣ-сардори Раёсати Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини ҳизби ноҳияи Шоҳмансур маҷлиси ҷамъбастии солонаи ҳизбӣ доир гардид.

Сараввал ҳисоботи солонаи ташкилоти ибтидоии шунида шуда, қайд карда шуд, ки аъзоёни ташкилот дар чорабиниҳои сиёсӣ иштироки фаъолона дошта, дар таҳкими давлатдории миллӣ, татбиқи сиёсати фарҳангии кишвар, тарғиби арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва мероси гаронбаҳои ниёгон аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ саҳми муносиб доранд.

Сипас Абдураҳимова Дилбар – мудири шуъбаи умумии Дастгоҳи Маркази ҲХДТ баромад намуда, оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани мавқеъ ва нуфузи ҲХДТ дар ҷомеаи кишвар, омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва амсоли ин мавзӯҳо суханронӣ намуданд.

Исҳоқӣ Ҳусния-муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе роҷеъ ба фаъолияти доманадору муваффақонаи ҲХДТ дар низоми идоракунии давлат, тарғиби идеологияи миллӣ, тадбиқи Барномаҳои ҲХДТ, таҳкими давлатдории миллӣ, ваҳдатгароӣ, хештаншиносӣ, пешгирии гароиш ба равияҳои номатлуби иҷтимоӣ ва масоили дохилиҳизбӣ суханронӣ намуданд.

Масъалаҳои матраҳгардида аз ҷониби намояндагон ва аъзоёни ташкилот хуб тарафдорӣ гардида, нақшаи кории ташкилот барои соли 2021 қабул ва тасдиқ карда шуд.

Дар интиҳо як қатор фаъолон бо ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.


Вакти нашр: 2021-01-14 18:38:22    Хонданд: 120    Муфассал...

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ЯКСОЛАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ГАНҶ”

Дар ташкилоти ибтидоии “Ганҷ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Иброҳим Мирзозода -раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Гулнора Бобоева-мудири шуъбаи кор бо занон ва масъалаҳои гендерии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Зулфиқор Гулаҳмадзода -раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Муҳаммаддовуд Саломиён-муовини якуми вазири маориф ва илм, Латофат Назирӣ-муовини вазири маориф ва илм  ва аъзоёни ташкилот маҷлиси солонаи ҳизбӣ баргузор гардид.

Нахуст ҳисобот доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Ганҷ” дар соли 2020 шунида шуд. Л.Назирӣ-муовини вазири маориф ва илм зимни ироаи ҳисобот зикр кард, ки дар ташкилоти ибтидоии “Ганҷ” 43 нафар аъзои ҳизб буда, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои барномавӣ ва оинномавии ҳизб фаъолона кӯшиш менамоянд. Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳисоботӣ дар кишвар як қатор корҳои назаррас анҷом дода шуд. Аз ҷумла, дар соли 2020 дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 154 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 29652 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд. Инчунин, дар охири соли 2020 дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» саҳми аъзоёни ҳизб ва ташкилоти ибтидоии «Ганҷ» назаррас буд.

Сипас, Гулнора Бобоева-мудири шуъбаи кор бо занон ва масъалаҳои гендерии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ зимни баромади худ афзуд, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занону бонувон дар идоракунии давлат бештар мегардад. Саҳми занону бонувон дар ҷомеаи имрӯза назаррас буда, дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд. Теъдоди занон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзуда, дастгирии ҳамаҷониба ёфта истодааст.

Дар рафти ҷаласаи ҳисоботӣ, ҳамчунин, ба як қатор аъзоёни ба тозагӣ ба сафи ҳизб қабулшуда дар лаҳзаи тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, як қатор аъзоёни ташкилот, ки фаъолияти хуб нишон доданд, бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.


Вакти нашр: 2021-01-14 18:53:48    Хонданд: 128    Муфассал...

РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР ТЕАТРИ ТОҶИК.

Маҷлиси солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳунар” ҷиҳати ҷамъбаст намудани фаъолияти худ дар соли 2020 тибқи ҷадвали муайянгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ санаи 13 январи соли 2021 баргузор гардид.

Дар он Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳунар»-и ҲХДТ дар нощияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе - Лутфулло Давлатзода, котиби ташкилот Маҷидова Сураё ва аъзоёни ҳизб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Лутфулло Давлатзода зимни сухани ифтитоҳӣ меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ карда, сипас ҳисоботи солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҷиҳати ҷамъбаст намудани фаъолияти кории ташкилот барои соли 2020 ироа намуд. Қайд намуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳунар” фаъолияти худро дар асоси ҳадафҳои сиёсии Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оғоз намуда, дар давраи ҳисоботӣ тавонист рушди соҳаи фарҳанг ҳамаҷониба таъмин гардад.

Ҳунармандони муассиса тибқи нақшаи чорабиниҳо барои иҷрои вазифаҳои ба зимма доштаашон бо дастури роҳбарияти ташкилот дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба ҷашнҳои милливу сиёсии сатҳи ҷумҳурӣ фаъолона иштирок ва ҳунарнамоӣ намудаанд.

Дар семоҳаи аввали сол чун ҳамеша ҳунарпешагони театри мо дар баргузориву таҷлили чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ хеле фаъол буданд.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ибодулло Машраб дар таҷлили Рўзи Артиши миллӣ ва Рўзи Модар чун коргардон ва таҳиягари барномаҳои ҷашнӣ фаъолияти густурда дошт.

Ҳунарнамоии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир дар ҷашни Рўзи Модар дар барномаи консертии ансамбли “Марзбон”-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарбияи ахлоқиву маънавии афсарону сарбозони ин ниҳод басо ибратангез буд.

Мавсуф рўзи 14 март дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ маҳфили дўстии шоирону адибни Тоҷикистону Узбекистонро ба ифтихори бузургдошти Шоири халқии Ўзбекистон, Қаҳрамони Ўзбекистон Эркин Воҳидов бо ҳунар ва санъати волои ровигӣ ҳусни хоса бахшид. Ҳамчунин Ортиқи Қодир рўзи 21 март дар ҷашни Наврўзии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар чеҳраи Абў Алӣ Ибни Сино ҳунарнамоӣ карда ба ҷашнвора ҳусни маънӣ бахшид.

Рўзи 21 март дар Кохи синамогарони Тоҷикистон маҳфили ёдбуд ба ифтихори 100-солагии Арбоби намоёни фарҳангу адаби тоҷик Шамсӣ Қиёмов баргузор гардид, ки дар он Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Ибодулло Машраб ва Ортиқ Қодир бо суханрониву ҳунарнамоӣ иштироки фаъолона доштанд.

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳунар» вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти ҲХДТ нақшаи чорабиниҳоро доир ба ташкили доимии корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ ба роҳ мондааст.

Ҳар рўзи шанбе тамоми аъзоёни ташкилот барои тоза кардани ҳуҷраҳои кории худ, пардозхонаҳо, бинои театр шурўъ мекунанд.

Дар фарҷом Лутфулло Давлатзода қайд намуд, ки фаъолияти густурдаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки бо ҷавҳари асосии мақсадҳои нав бо Барномаву нақшаҳои тоза барои ҳифзу ҳимояи манфиатҳои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз хизматҳои содиқонаи мардумӣ дорад.


Вакти нашр: 2021-01-15 14:05:16    Хонданд: 126    Муфассал...

ҲИСОБОТИ СОЛОНАИ "ЭҶОД" ШУНИДА ШУД

Тибқи барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Эҷод»-и Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботӣ доир гардид.

Маҷлисро Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Эҷод» Саидалӣ Сиддиқ ифтитоҳ намуда, оид ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис гузориш дод.

Мавсуф зикр намуд, ки дар соли 2020 фаъолияти кормандони ташкилоти ибтидои дар соли 2020 аз омўзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ оғоз гардида, дар асоси он нақшаи чорабиниҳои дохилии ҳайати эҷодӣ таҳия ва тасдиқ карда шуд.

«Дар чорабиниҳое, ки аз ҷониби Кумитаи Марказии Иҷроияи ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳриву ноҳиявӣ доир мегардиданд, аъзои ташкилот фаъолона иштирок ва саҳм гузоштанд, - тазаккур дод С. Сиддиқ ва изҳори хушнудӣ намуд, ки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Эҷод» дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати иштирок ва инъикоси васеи маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи парламентӣ ва президентӣ фаъолияти пурсамар нишон доданд».

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилот бо риояи қатъии талаботи беҳдоштию зиддиэпидемикӣ чорабинӣ баргузор карда шуд.

Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Ваҳдати миллӣ, саҳми беандозаи халқи тоҷик ва Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ваҳдатофарӣ, ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, мубориза бар зидди ҷангҳои иттилоотӣ дар сомонаи Агентӣ мунтазам маводҳои хабариву таҳлилӣ нашр мегарданд.

Ҳамзамон, вобаста ба вазъи баамаломада дар кишварҳои ҷаҳон ва хосатан Тоҷикистон дар робита ба хуруҷ ва паҳншавии COVID-19 изҳори назар намуда, тазаккур дод, ки саҳми ташкилоти ибтидоии «Эҷод» ҳамчун ҷузъи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар самти пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба роҳҳои пешгирии ин беморӣ тавассути сомона ва радиои Агентӣ назаррас ва самарабахш буд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ илова намуд, ки дар пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси нав дар мамлакат нақши Роҳбарияти олии давлату Ҳукумат, аз ҷумла Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон Раиси ҲХДТ мебошанд, бориз ва назаррас мебошад.

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Эҷод» тасмим гирифтааст, ки фаъолияти худро ҷиҳати таблиғу ташвиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Барнома ва Оинномаи ҳизбӣ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббусҳо бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Ҳадафи чоруми стратегии давлат-саноатикунонии босуръат», «Ҳамкории Тоҷикистон дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир» дар партави ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, «30-солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ба шаҳри Душанбе додани унвони пойтахти фарҳангӣ дар соли 2021, амалишавии 4 ҳадафи стратегии кишвар: таъмини амнияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва дигар маводҳо оид ба самти сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар пешкаши хонандагони худ гардонад.

Дар музокира инчунин муовини раиси ташкилот Рухсора Нурзода ва аъзои фаъоли ташкилот Назокат Қодирова ибрози андеша намуда, фаъолияти ташкилоти ибтидоиро дар соли 2020 қаноатбахш хонданд.

Дар маҷлис ҳамчунин масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ шуданд.


Вакти нашр: 2021-01-15 14:56:58    Хонданд: 96    Муфассал...

ҲИСОБОТИ СОЛОНАИ "КАФИЛ" ШУНИДА ШУД,

Бо дар назардошти ба итмом расидани соли 2020 ва ҷамъбаст намудани фаъолияти кории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои соли гузашта тибқи барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарпарастони кумитаву ташкилотҳо барои ҷамъбасти фаъолияти солонаи кумитаву ташкилотҳо сафарбар карда шуданд. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кафил” бо иштироки мудири Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе – Раҷабзода Эраҷ, раиси ташкилот – Асоева Файзигул, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ-Амонов Хайём, сарпарасти ташкилот Холиқов Абдулборӣ, котиби ташкилот Туразода Аъзамҷон ва аъзоёни ташкилот маҷлиси ҳисоботии ташкилот баргузор гардид. Сараввал раиси ташкилот меҳмононро ба иштирокчиён муаррифӣ намуд, сипас ҳамаи аъзоёни ташкилотро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрику шодбош намуда, дар фаъолияташон муваффақиятҳо орзу намуд.

Дар ҳисоботи ташкилот қайд гардид, ки ташкилот фаъолияти худро дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, интихобти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони маҳаллӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар ин радиф таҷлили гиромидошти идҳои давлативу миллӣ бо назардошти фосилаи иҷтимоӣ ироа намуд. Ҳисоботи ҷамъбастии солонаи раиси ташкилот шунида шуда, аз ҷониби намояндагон ва аъзоёни ташкилот қаноатбахш ҳисобида шуд.

Сипас Раҷабзода Э. – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қайд намуд, ки таҳти роҳбарии Президенти дурандеши кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо соли 2020-ро новобаста аз таҳдиду хатарҳои глобалӣ бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намудем, аз ҷумла дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи парлумон, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии Камоли хуҷандӣ бо қарори Созмони бонуфузи байналмилалии Юнеско, озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва чандин чорабиниҳоии сатҳи байналмилалӣ.

Дар пеш ҷашни муҳими миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки аз мову шумо иқдомҳои созандагиву бунёкорӣ ва ватандӯстиву ватанпарастиро тақозо менамояд.

Дар фарҷом Хайём Амонов қайд намуд, ки дар татбиқи ҳадафҳои ҳизбӣ, амалӣ намудани Оинномаву барномаҳои ҲХДТ, маъракаи муҳими ҳизбии обуна ва баргузории соатҳои сиёсӣ миёни аъзоёни ташкилот ва муштариён, бо ин васила баланд бардоштани ҳиси ватандӯстӣ ва ҳушёриву зирркии онҳо саҳмгузор бошем.


Вакти нашр: 2021-01-15 15:35:59    Хонданд: 103    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "АДЛ ВА ИНСОФ"

Дар ташкилоти ибтидоии “Адл ва инсоф” бо иштироки Абдураҳимова Дилбар - мудири шуъбаи умумии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва муовини Раиси Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбастии солонаи ташкилот доир гардид.

Сараввал ҳисоботи солонаи ташкилоти ибтидоии шунида шуда, қайд карда шуд, ки аъзоёни ташкилот дар чорабиниҳои сиёсӣ иштироки фаъолона дошта, ба сифати мушоҳидони миллӣ дар интихоботҳои баргузоршуда иштирок намуданд. Дар саҳми давлатдории миллӣ, татбиқи динии кишвар, тарғиби арзишҳои миллӣ, маънавӣ ва мероси гаронбаҳои ниёгон аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ саҳми муносиб доранд. Ҳисоботи ташкилот аз ҷониби намояндагон ва аъзоёни ташкилот қаноатбахш арзёбӣ гардида, масъалаҳои дохилиҳизбӣ, тасдиқи нақшаи корӣ ва соатҳои сиёси мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сипас Абдураҳимова Дилбар - Мудири шуъбаи умумии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ баромад намуда, оид ба иҷрои сариватии дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани мавқеъ ва нуфузи ҲХДТ дар ҷомеа, омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, пос доштани марзу буми Ватан, тарбияи кардҳои баландихтисос, ки дорои эътиқоди баланди сиёсӣ дошта бошанд ва амсоли ин мавзӯҳо ибрози ақида намуданд.

Гулаҳмадзода Зулфиқор роҷеъ ба фаъолияти созандаву муваффақонаи ҲХДТ дар низоми идоракунии давлат, тарғиби идеологияи миллӣ, татбиқи Барномаҳои ҲХДТ, таҳкими давлатдории миллӣ, ваҳдатгароӣ, хештаншиносӣ, пешгирии гароиш ба равияҳои номатлуби иҷтимоӣ ва масоили дохилиҳизбӣ сухан кард.

Дар интиҳо ба як қатор аъзоёни ба тозагӣ ба сафи ҳизб қабулшуда дар лаҳзаи тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуда, як қатор фаъолон бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.


Вакти нашр: 2021-01-15 16:59:25    Хонданд: 104    Муфассал...

ҲИСОБОТИ СОЛОНАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ЗАРГАР” ШУНИДА ШУД

14 уми январи соли ҷорӣ дар толори Шӯрои олимони ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Заргар" ҷаласаи ҳисоботӣ доир гардид. Дар он раиси ташкилот - Маҳмадёрзода Усмон Маъмур, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе - Ҳомидзода Насим, Мирзоев Бобо - муовини раиси ташкилот, Ҷурахонзода Ҷумахон - муовин-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, Сайдализода Шоира Файз - мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия ва аъзоёни ташкилот иштирок намуданд. Дар оғози ҷаласа раиси ташкилот меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, доир ба ҳисоботи солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Заргар" маърӯза кард. Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 430 нафар корманду омӯзгор ва донишҷуёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ба узвияти ҲХДТ пазируфта шуданд. Сипас, Ҳомидзода Насим, Ҷурахонзода Ҷумахон, Саидализода Шоира ба музокира баромада, зимни суханронӣ қайд карда шуд, ки фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Заргар»-и ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҷодаи амалисозии ҳадафҳои созанда, бахусус тадбиқи ғояҳои бунёдкоронаи Раиси муаззами ҳизб, Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле пурсамар мебошад. Чандин ташаббус ва амалҳои аъзои ташкилот боиси дастгирӣ мебошанд. Аз ҷумла, бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлат дар самти пешгирӣ аз паҳншавии касалии сирояткунандаи “COVID-19” чорабиниҳои аз ҷониби аъзои ташкилот роҳандозӣ гардид ва дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати ба “Шаҳри сабз” табдил додани шаҳри Душанбе ба дарахту гулшинонӣ ва бо ин васила сарсабзу хуррам гардонидани зебошаҳри Душанбе.

Барои чунин фаъолияти самаранок ва пиёдасозии ғояҳои инсондӯстонаву бунёдкоронаи ҲХДТ Мирзоев Бобо-муовини раиси ташкилоти мазкур ва якчанд аъзоёни ташкилот бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд. Дар идомаи ҷаласа Садриддин Неъматов-донишҷӯи курси дуюми факултети иқтисодӣ, иштирокчии даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” як порчаи шеъриро аз ғазалиёти Шоираи халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева бисёр таъсирноку самимӣ қироат кард.

Маҳмадёрзода Усмон Маъмур ҷаласаро ҷамъбаст намуда, ќайд кард, ки минбаъд низ ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Заргар" дар роњи тадбиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ ва ибтикороти бунёкоронаи Раиси муаззами он, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми датбирҳоро меандешанд.


Вакти нашр: 2021-01-15 17:33:34    Хонданд: 110    Муфассал...

НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2020 ДАР МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «ОМОРИ ШАҲР»

Бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор ва Нурулло Асват - раиси ташкилоти ибтидоии “Омори шаҳр” маҷлиси ҷамъбастии ҳисоботӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2020 баргузор гардид.

Сараввал Маҳмадшозода Илҳом-муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот дода, оид ба фаъолияти сиёсии ҳизбӣ дар соли 2020 тазаккур дод, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоӣ дар соли сипаригардида дар чорабиниҳои сиёсии интихоботии вакилони халқ ва интихоботи Президенти кишвар иштироки фаъол доштанд. Инчунин, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва иштироки фаъолона дар маъракаи сиёсии Обуна-2021 ба рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт” нақши сазовор гузоштанд.

Зимнан масъалаҳои ҳаракати аъзои ҳизб, тасдиқи нақшаи корӣ ва риояи талаботи Оинномаи ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳисоботи ташкилот аз ҷониби намояндагон ва аъзоёни ташкилот қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Сипас Мирзозода Иброҳим-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе роҷеъ ба фаъолияти назарраси ташкилот дар татбиқи Барномаи ҲХДТ, баланд бардоштани иродаи сиёсии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, тарғиби идеологияи миллӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, дастгирии содиқонаву самимии сиёсати бомароми Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, садоқат Ватан, миллат, Президент ва амсоли ин мавзӯҳои набзи ҷомеа суханронӣ намуданд.

Дар лаҳзаи тантанавӣ як қатор фаъолони ҳизб бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.


Вакти нашр: 2021-01-15 19:00:26    Хонданд: 126    Муфассал...

МАҶЛИСИ УМУМӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ТОҶИКСТАНДАРТ”

Имрӯз бо иштироки Мирзозода Иброҳим - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Қурбонзода Убайдулло – муовини раис – роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Абдулваҳобзода Темурҷон – директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Тоҷикстандарт” аз руи ду масъала маҷлиси умумӣ баргузор гардид.

Нахуст Ғуломзода Ҳабибулло аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис, оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Тоҷикстандарт” дар соли 2020 ҳисобот дода, оид ба фаъолияти сиёсии ҳизбӣ дар соли 2020 тазаккур дод, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоӣ дар соли сипаригардида дар чорабиниҳои сиёсии интихоботии вакилони халқ ва интихоботи Президенти кишвар ба ҳайси мушоҳидони миллӣ иштироки фаъол доштанд.

Инчунин, бобати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сирояти коронавирус дар вохӯриҳо бо сокинони маҳаллаҳо, тақсимоти ниқобҳо, маводҳои антисептикӣ, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва иштироки фаъолона дар маъракаи сиёсии Обуна-2021 ба рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт” нақши сазовор гузооштанд. Инчунин қайд намуд, ки ташкилоти ибтидои дар якҷоягӣ бо аъзоёни ҳизб ҷиҳати роҳандозӣ намудани иқдоми Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба шаҳри сабз табдил додани шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Н.Қарабоев зиёда аз 120 адад дарахтони ороишиву сояафкан шинониданд.

Масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис яъне бозхонд ва интихоби раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Тоҷикстандар” ба муҳокимаи аъзоёни ҳизб гузошта шуда, бо пешниҳод ва ҷонибдории аъзоёни ҳизб Абдулваҳобзода Темурҷон раиси ва Баротзода Бахтиёр муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Тоҷикстандарт” интихоб гардиданд.

Абдулваҳобзода Темурҷон – раиси ташкилоти ибтидоии “Тоҷикстандарт” дар навбати худ зикр намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзи вориди майдони сиёсат гардиданаш мақсаду ҳадафҳояш созандаву бунёдкорӣ буд. Чун далелҳо собит намуданд, ки ин ҳизби бонуфуз пайваста баҳри рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум кору фаъолият намуда истодааст.

Сипас Мирзозода Иброҳим-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе роҷеъ ба фаъолияти назарраси ташкилот дар татбиқи Барномаи ҲХДТ, баланд бардошгтани иродаи сиёсии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, тарғиби идеологияи миллӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, дастгирии ибтикороти созандаву бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе, дастгирии содиқонаву самимии сиёсати бомароми Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.

Ҳисоботи ташкилоти мазкур аз ҷониби намояндагон ва аъзоёни таҳкилот қаноатбахш арзёбӣ гардида, оиди масъалаҳои баррасишудаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.


Вакти нашр: 2021-01-15 19:21:01    Хонданд: 119    Муфассал...

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ “МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТИББӢ”

Бо мақсади ҷамъбаст намудани фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дар соли 2020 ва муайян намудани самти фаъолият дар соли 2021 имрӯз бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода И.Х., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф. ва раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маркази миллии тиббӣ” Шамсзода Х.А. vаҷлиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маркази миллии тиббӣ” баргузор гардид.

Дар кори Маҷлис сараввал гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маркази миллии тиббӣ” оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дар соли 2020 шунида шуда, аз ҷониби намояндагон ва аъзоёни Кумитаи ибтидоӣ қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Сипас аз рӯи рӯзномаи маҷлис лоиҳаи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маркази миллии тиббӣ” барои соли 2021 ба овоз гузошта шуда, якдилона қабул ва тасдиқ гардид.

Дар фарҷом барои саҳми арзанда дар татбиқи ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Шамсзода Х.А. Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва як қатор фаъолон Кумитаи иҷроияи ибтидоии мазкур бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.


Вакти нашр: 2021-01-15 19:37:26    Хонданд: 120    Муфассал...

Аз 25 январ то 16 феврал барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун доир мегардад

Аз 25 январ то 16 феврали соли 2021 дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия» -и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун доир карда мешавад. Дар ин бора аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба зикри манбаъ, барои иштирок дар озмуни стипендияи Раиси шаҳри Душанбе 3 ҳазору 441 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе, ки қабалан ҳуҷҷатҳои худро ба унвонии котиби Комиссияи озмунӣ – Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳуҷҷат супорида буданд, иштирок намуда, аз руйи низоми тестӣ санҷиш месупоранд.

Ёдовар мешавем, ки  бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе ҳамасола озмун барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳр   роҳандозӣ мегардад.


Вакти нашр: 2021-01-16 10:07:14    Хонданд: 115    Муфассал...

МАҶЛИСИ УМУМӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “НУРИ ПЕШВО”

Бо мақсади ҷамъбаст намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 ва муайян намудани самти фаъолият дар соли 2021 имрӯз бо иштироки Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода А.Қ., Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода И.Х., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф. ва раиси ташкилоти ибтидоии “Нури Пешво” Зувайдуллозода М.Ҳ. Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии “Нури Пешво” баргузор гардид.

Дар кори Маҷлис сараввал гузориши раиси ташкилоти ибтидоии “Нури Пешво” оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 шунида шуда, сипас аз рӯи рӯзномаи Маҷлис нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2021 тасдиқ гардид.

Дар фарҷом ба як қатор омӯзгорони ҷавони МДТ “Мактаби байналмилалии Президентӣ” дар шаҳри Душанбе, ки ҳамакнун ба узвияти ҲХДТ шомил гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва ба аъзои фаъоли ҳизб барои саҳми арзандаашон дар татбиқи ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ Сипосномаҳо ва Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанвӣ супорида шуд.


Вакти нашр: 2021-01-18 07:55:56    Хонданд: 89    Муфассал...

ИДОМАИ АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД!”

Санаи 16 январ Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он баҳри сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалигардонии муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба «Шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе, бо ин васила татбиқ намудани барномаҳои ҳизбӣ аксияи ниҳолшинониро таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард” дар боғи муассисаи давлатии “Аҳорум”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дар Муассисаи давлатии маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш”-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо шинонидани ниҳолҳои арча баргузор намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки чунин аксияҳои ободониву созандагӣ пайваста бо иштироки намояндагони Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҷонибдорону фаъолони ҳизб, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, масъулини сохторҳои ҳизбии пойтахт, аъзои Раёсат, кумитаҳои иҷроияи шаҳриву ноҳиявии ҳизб, Шӯрои собиқадорони ҲХДТ, ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардида истодааст, ки то ба имрӯз дар ин аксияҳо зиёда 6000 адад ниҳоли арча дар ноҳияҳои пойтахти азизамон шаҳри Душанбе шинонида шудааст.

ҲХДТ – ҳизби созандаю бунёдкор буда, пайваста дар асоси барномаҳои худ баҳри ободу зебо гардонидани ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.

Ҳамин аст, ки имрӯз кишвари азизи мо дар арсаи байналмилалӣ макони сайёҳӣ ва мавзеи биҳиштосо муаррифӣ гардида, дар дили меҳмонону сайёҳон ҷой гирифтааст.


Вакти нашр: 2021-01-18 08:04:20    Хонданд: 94    Муфассал...

ИДОМАИ АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД!” ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

Санаи 16 январ Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он баҳри сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалигардонии муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба «Шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе, бо ин васила татбиқ намудани барномаҳои ҳизбӣ аксияи ниҳолшинониро таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард” дар боғи муассисаи давлатии “Аҳорум”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дар Муассисаи давлатии маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш”-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо шинонидани ниҳолҳои арча баргузор намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки чунин аксияҳои ободониву созандагӣ пайваста бо иштироки намояндагони Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҷонибдорону фаъолони ҳизб, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, масъулини сохторҳои ҳизбии пойтахт, аъзои Раёсат, кумитаҳои иҷроияи шаҳриву ноҳиявии ҳизб, Шӯрои собиқадорони ҲХДТ, ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардида истодааст, ки то ба имрӯз дар ин аксияҳо зиёда 6000 адад ниҳоли арча дар ноҳияҳои пойтахти азизамон шаҳри Душанбе шинонида шудааст.

ҲХДТ – ҳизби созандаю бунёдкор буда, пайваста дар асоси барномаҳои худ баҳри ободу зебо гардонидани ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.

Ҳамин аст, ки имрӯз кишвари азизи мо дар арсаи байналмилалӣ макони сайёҳӣ ва мавзеи биҳиштосо муаррифӣ гардида, дар дили меҳмонону сайёҳон ҷой гирифтааст.


Вакти нашр: 2021-01-18 08:17:28    Хонданд: 96    Муфассал...

ХИЗМАТҲОИ БЕНАЗИРИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “БОСТОНШИНОС” ДАР ҲИФЗУ МУАРРИФИИ ЭКСПОНАТҲОИ ТАЪРИХӢ ТАҶАССУМ МЕЁБАД

Ҷамъбаст намудани фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бостоншинос” тибқи ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати баргузории маҷлисҳои умумӣ дар кумитаву ташкилотҳои ҳизбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ санаи 15 январи соли 2021 баргузор гардид.

Дар он муовини Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бостоншинос” –Иброҳимзода Зафаршо Сафо, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Ҳамидиён Илҳомҷон, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Раҷабзода Эраҷ, муовин-роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия – Ҷурахонзода Ҷумахон, сарпарасти ташкилоти ибтидоӣ аз ҳизб – Ҳумайро Мардонова, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҳизб дар масъалаҳои омор ва бақайдгирии аъзо дар ноҳия – Замира Маҳмадуллоева ва фаъолони ҳизб дар ташкилоти ибтидоӣ иштирок намуданд.

Иброҳимзода Зафаршо Сафо маҷлисро ифтитоҳ карда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ кард. Ҷурахонзода Ҷумахон барои ҳисоботи солона суханро барои ҳисобот ба Иброҳимзода Зафаршо Сафо дод.

Иброҳимзода Зафаршо Сафо ҳисоботи худро шуруъ аз муаяйн намудани мавқеи сиёсии кормандон ҷиҳати аъзо гардидан ба ҲХДТ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, корҳои ҷамъоварии экспонатҳои фондӣ, намоиши экспонатҳои таърихӣ, корҳои маърифатӣ ҷиҳати дидан намудани сокинони кишвар ва хориҷиён аз Осорхонаи миллӣ то ҷашнгирии идҳои давлатию миллӣ аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бостоншинос” ироа намуд.

Дар музокирот Фирдаси Абдулҳамид оид ба самти дигаргуниҳо ва таҳавулотҳои сиёсии кишвар, амалӣ намудани чор ҳадафи стратегии мамлакат ва Нурматзода Ҳасан бошад аз таърихи корҳо ва хизматҳои шоёни ҲХДТ дар ҷомеа, амалӣ намудани дасттурҳои ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоӣ ва ифтихормандии аъзо будан ба ин ҳизби ормонҳои халқу миллат сухан гуфт.

Тибқи масъалаи дуюми рӯзнома тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои соли 2021 аз ҷониби Алишер Зарипов бо ироаи 20 банди нақша ё худ масъалаҳои ҳадафмандонаи таблиғотӣ ҷиҳати амалӣ намудани мақсадҳои Барномавии ҲХДТ ба ҳозирин ва аъзоён қироат гардид.

Дар идома Ҳамидиён Илҳомҷон аз фаъолияти пурсари ташкилоти ибтидоӣ, ҷоизаҳои ба дастовардаи фаъолони Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз қабили ҷоизаи “Интихоби сайёҳон соли 2020” аз ҷониби сомонаи сайёҳаи “Трайп эдвайзер”, “10 гонаи осорхонаҳои беҳтарини давлатҳои ИДМ” додан ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон, мавқеи сиёсии кормандон ва садоқати онҳо ба ҲХДТ суханронӣ намуда, аз ҳадафмандона таблиғ намудани осори таърихии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалии Осорхонаи миллии Тоҷикистон изҳори ифтихор намуд. Ба кори минбаъдаи ҳамсафону ҷонибдорони ҳизб дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барору комёбиҳои бемисл таманно кард.

Раҷабзода Эраҷ аз дастоварҳои беназири ҳизбиёни пойтахт дар давраи маъракаҳои сиёсии кишвар аз қабили Интихоботи вакилони МНМО Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони маҳаллӣ ва Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, аз эҳсоси ҳамешагии интихобкунандагон ба ҷонибдории номзадҳои ҲХДТ ёдоварӣ кард. Бо ин васила ҳамақидагии аъзоёни ҳизб дар кишвар, солимфиқру қавииродагии онҳоро дар самти таблиғи ҳамешагии мақсадҳои Барномавию Оинномавии ҲХДТ миёни аҳолии мамлакат ёдовар гардид.

Дар фарҷом Иброҳимзода Зафаршо Сафо аз иштироки меҳмонон дар маҷлис боиси хушнидӣ намуд.


Вакти нашр: 2021-01-18 08:25:08    Хонданд: 99    Муфассал...

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Фановар» давоми соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021

Нимаи дуюми рўзи 15 январи соли ҷорӣ Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Фановар» бо иштироки Рузизода Фирўз - мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Муродов Ҷурабек –роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ доир гардид.

Дар он тибқи рӯзномаи маҷлис гузориши Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Фановар” “Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Фановар» дар соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2021”, тасдиқи нақшаи корӣ, рафти обуна ба нашрияиҳои ҳизбӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасии қарор дода шуданд.

Мутобиқи масъалаи якуми рўзномаи маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Фановар” “Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Фановар» дар соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2021” Ҳусейнов Наҷмиддин гузориш дод.

Дар ин радиф, Рузизода Фирўз - мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва Муродов Ҷурабек – роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб оид ба марому мақсад ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ суханронӣ намуда, қайд карданд, нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Раиси муаззами ҳизбамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самту соҳаҳои муҳимтарини мамлакат намоён ва бузургу барҷаста аст.

Чун ҳамеша мо шоҳиди падидаҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳанги мешавем дар ҳамаи ин дастовардҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши муассир ва меҳварӣ дорад.

Дар ин раванд, аъзоёни Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Фановар” низ аз нақши ҲХДТ дар рушди босуботи Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳмгузории худро дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб иброз доштанд.

Дар фарҷом бо назардошти таклифу пешниҳодҳо аз рўйи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардид.


Вакти нашр: 2021-01-18 08:56:48    Хонданд: 80    Муфассал...

Раиси шаҳри Душанбе ба Палатаи ҳисоб ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявии мақомот дар соли 2020 дархост ирсол намуданд

 Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомот дар соли 2020 дархост  ирсол намуданд.

Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.


Вакти нашр: 2021-01-18 17:00:38    Хонданд: 48    Муфассал...



Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс