МАРОМИ ПОЙТАХТ

Навидҳо

Табрикоти Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ворид гардид, ки дар он аз ҷумла  омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Мехоҳам аз номи Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ва мардуми Америка табрикоти худро ба муносибати ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон ирсол дорам.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида шарикии пойдори байни кишварҳоямонро бар асоси манфиатҳои муштараки мо дар пешбурди сулҳу субот дар тамоми Осиёи Марказӣ баланд арзёбӣ мекунад.

Миллатҳои мо муносибатҳоеро барқарор кардаанд, ки ба афзоиши робитаҳои байни шаҳрвандон ва ҳукуматҳои мо мусоидат мекунанд. Ман ба Шумо барои дастгириатон дар соҳаҳои дорои аҳамияти дуҷониба ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла амният ва субот дар Афғонистон ташаккур мегӯям. Солҳои оянда, чун мо дар самти ҳадафҳои мутақобилаи худ бо мақсади таҳкими ниҳодҳои демократӣ ва рушди иқтисодӣ саъй менамоем, муносибатҳои қавии байни кишварҳоямон боз ҳам рушд хоҳанд ёфт».


Вакти нашр: 2020-11-20 13:36:17    Хонданд: 54    Муфассал...

Конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони «Бо Президентам ифтихор мекунам»

13 ноябри 2020 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони “Бо Президентам ифтихор мекунам!” доир гашт.
Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, вакилони МН МОҶТ, масъулини кумитаҳои иҷроияи ҳизбии пойтахт, фаъолони кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.
Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода конференсияро ифтитоҳ карда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун марди олиму оқил, фозилу хирадманд давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро муттаҳид сохта, ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд. Албатта, дар тӯли таърихи башарият бисёр қавму миллатҳое вуҷуд доштанд, ки бинобар сабаби надоштани ин арзишҳо аз миён рафтанд. Аз ин рӯ нигоҳдошти Истиқлолияту ваҳдат низ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир бароямон бояд муқаддасу азиз бошад.
Баъдан, намояндаи дастгоҳи КИМ ҲХДТ суханронӣ намуд. Дар идома Кароматулло Олимов – сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИҶТ дар мавзӯи “Пешвои миллат – шахсияти байналмиллалӣ” маърӯза намуд.
“Тоҷикистон ба пеш – бо Пешвои миллат”. Дар ин мавзӯъ Шарофзода Гавҳар – Вакили Маҷлиси намояндагони МОҶТ ва Давлатов Зубайдулло – сардори раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, Одиназода Рамазон – Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Институти президентӣ яке аз падидаҳои давлати демократӣ” баромад намуданд.
Ҳамин тавр, дар поёни музокира миёни иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифт.

На изображении может находиться: 4 человека, люди сидят, стол и в помещенииНа изображении может находиться: 3 человека, люди сидят, стол, напиток и в помещенииНа изображении может находиться: 2 человека, люди стоят, костюм и в помещении


Вакти нашр: 2020-11-20 13:56:05    Хонданд: 17    Муфассал...

Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ба Муассисаи давлатии «Истиқлол» маводи доруворӣ тақдим намуд

Дар доираи ҳамкории дуҷонибаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин имрӯз Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии «Истиқлол» 55 номгўй маводи доруворӣ тақдим намуд.

Тавре аз  Кумитаи Иҷроияи Марказии ХХДТ  ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, дар маросими супоридани доруворӣ муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ғафур Муҳсинзода ва  сардори  Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе   Хушвахт Шарифзода иштирок намуданд.

Маводи доруворӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хуруҷи мавҷи дуюм дар ҷаҳон равона шудаанд.

Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ иброз дошт, ки “хеле муҳим аст, ки кишварҳо иртиботи доимиро роҷеъ ба масъалаҳои муҳимтарини ҷомеаи башар тақвият бахшида, дар самти мубориза бо бемориҳои сироятӣ ҳамкории доимӣ дошта бошанд. Бо супориши бевоситаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўзҳо кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тамоми ҷумҳурӣ дар самти риоя кардани қоидаҳои беҳдошт, фосилаи иҷтимоӣ ва истифодаи васеъ аз маводи антисептикӣ бо мақсади муҳофизат аз бемориҳои гуногун кор мебаранд”.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи солимии аҳолӣ диққати махсус дода, дар ин самт ба масъулин пайваста дастуру супоришҳои муфид  медиҳанд”, — афзуд  Х. Юсуфӣ.


Вакти нашр: 2020-11-20 17:00:18    Хонданд: 62    Муфассал...

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон
озод намудани Нурмаҳмадзода Ҷамшед

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Нурмаҳмадзода Ҷамшед бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
20 ноябри соли 2020
№80

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон
озод намудани Холиқзода Ҳ.Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
20 ноябри соли 2020
№81

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон
озод намудани Машрабзода Ҳ.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
20 ноябри соли 2020
№82

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон
таъин намудани Холиқзода Ҳ.Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
20 ноябри соли 2020
№83


Вакти нашр: 2020-11-20 17:12:20    Хонданд: 85    Муфассал...

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 20 ноябри соли 2020 №592
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Агентии стандартизатсия,
метрология, сертификатсия ва нозироти савдои
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Давлатзода Қ.Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Давлатзода Қудрат Қамбар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 20 ноябри соли 2020 №593
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи ректори Донишгоҳи
техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ
озод намудани Одиназода Ҳ.О.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Одиназода Ҳайдар Одина бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 20 ноябри соли 2020 №594
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи ректори Донишгоҳи
давлатии тиҷорати Тоҷикистон
озод намудани Фақеров Ҳ.Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 20 ноябри соли 2020 №595
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини директори Агентии
стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти
савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Абдулваҳобзода Т.Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Абдулваҳобзода Темурҷон Назурулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 20 ноябри соли 2020 №596
ш. Душанбе

Дар бораи директори Агентии стандартизатсия,
метрология, сертификатсия ва нозироти савдои
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Абдулваҳобзода Т.Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Абдулваҳобзода Темурҷон Назурулло директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 20 ноябри соли 2020 №597
ш. Душанбе

Дар бораи ректори Донишгоҳи техникии
Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ
таъин намудани Давлатзода Қ.Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Давлатзода Қудрат Қамбар ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 20 ноябри соли 2020 №598
ш. Душанбе

Дар бораи ректори Донишгоҳи
давлатии тиҷорати Тоҷикистон
таъин намудани Қурбонзода М.Р.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 20 ноябри соли 2020 №599
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми раиси Раёсати
корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу
содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»
таъин намудани Ғарибшозода А.Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ғарибшозода Азизшо Қиматшо муовини якуми раиси Раёсати корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 20 ноябри соли 2020 №600
ш. Душанбе

Дар бораи муовини раиси Раёсати
корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу
содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»
таъин намудани Муҳиддинзода Ш.Ф.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Муҳиддинзода Шуҳрат Фаридун муовини раиси Раёсати корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 20 ноябри соли 2020 №601
ш. Душанбе

Дар бораи муовини директори Агентии таъминоти амволи
махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Мусозода Н.Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Мусозода Нусратулло Носир муовини директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


Вакти нашр: 2020-11-20 17:13:44    Хонданд: 13    Муфассал...

ВОХӮРӢ БО ҶАВОНОН ДАР АРАФАИ “РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

Дар арафаи “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки Нуров М.А. – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Шарипов Т. – муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Парчамбардорон” имрӯз бо донишҷӯёни Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ, аз ҷониби маърӯзаҷиён зикр гардид, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватан нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои давлати худ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона заҳмат мекашанд.


Вакти нашр: 2020-11-20 17:41:51    Хонданд: 59    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва нақшаи кории ташкилоти ибтидоии “Наҷотбахш” имрӯз бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоии “Наҷотбахш” Сайбурҳонов Д.С. ва аъзои ҳизб соати сиёсӣ оид ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.


Вакти нашр: 2020-11-20 17:46:45    Хонданд: 72    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва нақшаи кории ташкилоти ибтидоии “Сомон Сино” санаи 19 ноябри соли 2020 бо иштироки муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Сомон Сино” Холиқов А.С. ва аъзои ҳизб соати сиёсӣ оид ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.


Вакти нашр: 2020-11-20 17:55:33    Хонданд: 59    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе имрӯз бо иштироки Наботов Ш.С. – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Сафарзода А.М. – Директори МД Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи К.Ахметов ва ва аъзои ҳизб дар КИИ “Ворисони Сино” соати сиёсӣ бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.


Вакти нашр: 2020-11-20 17:58:16    Хонданд: 70    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва нақшаи кории ташкилоти ибтидоии “Бунёдкорон” имрӯз бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоии “Бунёдкорон” Сафаров Ш.М. ва аъзои ҳизб соати сиёсӣ оид ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.


Вакти нашр: 2020-11-20 18:01:55    Хонданд: 50    Муфассал...

Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз»

23 ноябри 2020 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!» баргузор гардид.

Дар он  намояндагон аз Дастгоҳи марказии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, Суди конститутсионӣ, масъулини кумитаҳои иҷроияи ҳизбии пойтахт, фаъолони кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.

Муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҳусния Исҳоқӣ конференсияро ифтитоҳ карда, иброз дошт, ки Парчам барои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, халқи мо аз замонҳои қадим ба он ҳамчун василаи муттаҳидкунанда арҷ мегузорад.

Парчами озодӣ ва соҳибдавлатии халқи тоҷик дар Иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсози ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, баъдан дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» 24  ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд, ки имсол ба ин санаи муҳим ёздањ сол пур мешавад.

  Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Баъдан, Ҳусейнзода Хусрав – ёрдамчии муовини Раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон, Ашуров Алиназар – корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Азимова Зебо – ассистенти кафедраи Назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату ватан, ваҳдати миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.  Таърих гувоҳ аст, ки расму ойини парчамдории тоҷикон ибтидо аз даврони ориёӣ ва салтанати Куруши Кабир мегирад. Ҳар як халқу миллат дар тули мавҷудияти таърихии худ ҳамеша баҳри арзи ҳастӣ намудан аз дирафшу парчам баҳри муаррифи миллату халқиятҳояш истифода намудааст, ки дар ин радиф тоҷикони ваҳдатофару фарҳангсолор ҳамчун миллати дорои парчами худ борҳо дар таърих исбот намудаст, ки ин митллат ному нишон дорад.


Вакти нашр: 2020-11-23 14:23:23    Хонданд: 21    Муфассал...

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Парчам яке аз рамзҳои асосиву муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддаси худ ва давлати соҳибистиқлоли хеш таҷлил менамоянд.

Ба ифтихори ин санаи таърихӣ кулли ҳамватанони азизамонро табрик гуфта, орзумандам, ки парчами давлати соҳибистиқлоламон дар фазои Тоҷикистони маҳбубамон то абад парафшон бошад.

Мусаллам аст, ки ҳар як давлати соҳибистиқлолу озод ба ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид маҳз бо парчами худ пазируфта мешавад ва эътироф мегардад.

Яъне Парчами давлатӣ  муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад.

Парчами давлати соҳибихтиёри мо  нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад.

Воқеан, Парчами давлатӣ омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.

Парчам рисолат ва нерӯи муттаҳидкунанда дорад, зеро он дарбаргиранда ва таҷассуми арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад.

Таърих гувоҳ аст, ки ин рамзи миллӣ ба сифати омили нангу номуси ватандорӣ мардуми моро борҳо муттаҳид кардааст ва аз вартаи ҳалокат раҳо бахшидааст.

Мо баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар давраи ниҳоят вазнину ҳассоси ҳаёти халқамон бо истифода аз таҷрибаи ниёгони шарафмандамон парчами давлати худро интихоб ва қабул кардем, ки он мардуми моро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ сафарбар намуд.

Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад.

Яъне Парчами давлатӣ сокинони кишари моро дар майдони ободониву созандагии Ватан муттаҳид намуда, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии онҳоро тавсеаву тақвият мебахшад.

Маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас мо ҳоло пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида, барои ба як мулки ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош карда  истодаем.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир бунёди майдони Парчами давлатӣ ва парафшон намудани ин рамзи муқаддас дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар идома дорад.

Парчами давлатӣ, хусусан, барои ҷавонони Тоҷикистони азиз омили сарфарозӣ буда, онҳо дар ҳама ҷабҳаҳо зери ин рамзи давлатӣ муттаҳид мешаванд ва иқдомоти шоистаи ватандӯстонаро, аз ҷумла дар ҳимояи Ватани маҳбуб ва дифои ҳар ваҷаб хоки муқаддаси он бо ҳушёриву зиракӣ амалӣ менамоянд.

Ҷавонону варзишгарони тоҷик, ки насли ояндасоз ва номбардорони  миллат мебошанд, бо дастовардҳои худ парчами Тоҷикистонро дар дуртарин гӯшаҳои дунё парафшон месозанд.

Ҷойи сарфарозист, ки имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар саросари олам партавфишонӣ карда, нишона аз мардуми сулҳхоҳу тамаддунсоз ва кишвари дар ҳалли масоили глобалӣ муваффақи мо мебошад.

Қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ба Парчами давлатӣ — ин рамзи истиқлолу озодӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандориву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ арҷ гузорем.

Дар ин самт зарур аст, ки илова ба вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, парчам ҳамчун нишони сарисинагӣ аз ҷониби сокинони мамлакат, инчунин, дар манзилҳои истиқоматӣ ба сифати рамзи ифтихору ватандӯстӣ васеъ истифода гардад.

Бигзор, Парчами давлатии кишвари мо, ки далели  пойдор будани сулҳу субот, соҳибихтиёрӣ ва пешрафту шукуфоии давлату миллатамон аст,  бар фарози Тоҷикистон ва мардуми шарифи он то абад парафшон бошад!

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!


Вакти нашр: 2020-11-24 07:42:56    Хонданд: 62    Муфассал...

НЕРУИ НАРМ ВА ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ ОМИЛИ ТАҲКИМИ МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОХИЛ ВА ХОРИҶИ КИШВАР. Андешаҳои академик Абдуҷаббор Раҳмонзода Ноябрь 23, 2020 17:18

Солҳои охир дар илми ҷомеашиносӣ ва фарҳангшиносӣ истилоҳи “неруи нарм” ва “дипломатияи фарҳангӣ” маъмул гардида, кишварҳои пешрафта, аз ҷумла ИМА, Англия, Фаронса, Италия, Олмон, Россия бо истифода аз қудрати ин арзишҳои иҷтимоӣ ба комёбиҳои назаррас ноил шудаанд. Доманаи баҳси ин хориқаҳои босубот дар шароити кунунӣ ба давлатдорӣ, сиёсат ва дипломатия таъсири амиқ расонида, мамлакатҳо муҳимтарин масъалаҳои консептуалии сиёсати хориҷии худро ба ин восита татбиқ карда истодаанд. Онҳо дар сиёсати берунаи худ ба хотири густариши ҳамкориҳои гуманитарӣ ба ин омилҳои ваҳдатофар такя карда, мавқеи худро дар фазои муносибатҳои байналмилалӣ таҳким мебахшанд. 

Бо пайдо шудани мафҳумҳои “неруи нарм” ва “дипломатияи фарҳангӣ” дар муносибати байни давлатҳо мавқеи фарҳанг  боз ҳам устувор гардида, онҳо кўшиш доранд, ки ҳамкориҳои фарҳангию адабиро тавсеа бахшида, ҳамдигарфаҳмиро миёни халқҳо ва кишварҳо устувор гардонанд.

Мафҳуми “дипломатияи фарҳангӣ” солҳои сиюми қарни ХХ дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ арзи ҳастӣ карда, ҷанбаи тарғиботӣ ва сиёсӣ дошт. Дар ҳамон замон ба хотири ҳарчи бештар амалӣ шудани саноатикунонии мамлакат зарурати ҷалби олимони барҷастаи соҳаи техникаву технология ва шахсиятҳои фарҳангию адабӣ аз кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ пеш омада буд. Сарони вақт барои расидан ба ин ҳадаф аз дипломатияи фарҳангӣ истифода карда, олимони машҳур, адибони шинохта, файласуфони бузург, ба мисли Г. Уэллс, Р. Ролан, Б. Россел, А. Жидро ба кишвари Шўроҳо даъват мекарданд ва аз таҷрибаи корӣ, илмӣ ва мавқеи ҷамъиятии онҳо истифода намуда, баробари ин робитаро бо кишварҳои хориҷӣ таҳким мебахшиданд. Ин усули кор минбаъд таҳким ёфта, давлатҳои пешқадам аз ин таҷриба истифода мекарданд ва барои тавсеаи дипломатияи фарҳангӣ шеваҳои наву созандаро эҷод намуда, барои рушди фарҳанг роҳи васеъро боз менамуданд. Аммо, пасон, доираи ин сиёсат дар кишвари Шўроҳо заиф шуда, давлатҳои Ғарб аз дипломатияи фарҳангӣ истифода намуда, барои роиҷ ёфтани он тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуданд.

Ин раванд дар Англия ҷойи созгор пайдо намуд ва баъдан дар Олмон, Италия, Фаронса ва ИМА истифодаи он дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ мавқеи шоиста пайдо кард. Ба ақидаи муҳаққиқони Ғарб “дипломатияи фарҳангӣ”, барои беҳтар кардани ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳо мусоидат намуд. Бо ин роҳ мазмуни фарҳанг васеъ шуда, ба он  адабиёт, санъат, маориф, воситаҳои ахбор, аз ҷумла телевизион, кино, мусиқӣ, вақтхушӣ, интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳамчунон рушди сайёҳиву ҷараёни муҳоҷират ворид мегардад.

Олими амрикоӣ Милтон дипломатияи фарҳангиро ҳамчун “мубодилаи идеяҳо, иттилоот, муқаддасот, анъана, эътиқод ва дигар ҷиҳатҳои фарҳанг, ки метавонанд ҳамдигарфаҳмиро беҳтар гардонанд” медонад. Дар чунин ҳолат дипломатияи фарҳангӣ ба қисми таркибии дипломатияи мардумӣ дохил шуда,  дар худ маҷмўи таъсири амалиеро, ки мақсади тактикиву стратегӣ дар соҳаи фарҳанги ҳамкории давлатҳо, созмонҳо  ва институтҳои байналмилалӣ дорад, ифода менамояд.  Ба ин восита баробари дипломатияи нухбагон дипломатияи халқӣ қувват гирифта, табодули фарҳангии одамони одиро низ фарогир мешавад. Яъне баробари сиёсатмадорон, сафирон, арбобони барҷаста, аҳли фарҳангу адаб, шахсиятҳои эҷодӣ ҳангоми соҳиби нуфузи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ шудан метавонанд дар ҳамкории кишварҳо таъсир расонанд ва соҳиби натиҷаҳои судманд гарданд.

Бо шиддат гирифтани ҷаҳонишавӣ дар шароити кунунӣ фарҳанг ба қисми таркибии сиёсати байналмилалӣ ва “дипломатияи фарҳангӣ” — и давлатҳо ворид шуда, ҷиҳати таҳкими равобити дўстона мусоидат карда истодааст.  Дар чаҳорчўби дипломатияи фарҳангӣ метавон аз санъат, аз ҷумла театр, кино, мусиқӣ, рақс, санъати тасвирӣ, ҳайкалтарошӣ, намоишҳо, барномаҳои маърифатӣ, илмӣ таҳсилотӣ, адабиёт, таъсиси китобхонаҳо, пахши ахбор ва барномаҳои фарҳангӣ дар хориҷи кишвар ва ташаббуси муколамаи динҳо истифода намуд.

Ҳамзамон барои таҳкими дипломатияи фарҳангӣ ташкил намудани барномаҳои фарҳангӣ бо ҷалбу иштироки чеҳраҳои шинохта аз аҳаммият холӣ набуда, таъсиси грантҳо, стипендияҳо, табодули академӣ, баргузории тренингу конфренсияҳо ва ҳамзамон роҳ ёфтан ба каналҳои иттилоотӣ мусоидати бештар менамояд. Бо ин роҳ робитаи фарҳангӣ метавонад  воситаи   судманди дипломатияи оммавии давлатҳо гардад  ва дар  ташаккули мавқеи онҳо нақши назаррас бозад.

Пайдоиши истилоҳи “неруи нарм” низ таърихи начандон дур дошта, дар солҳои сиюми асри гузашта арзи ҳастӣ намудааст. Ҳанўз соли 1939 Эдвард Ҳаллетт Карр (1892-1982), муаррих, дипломат ва назариячии робитаҳои байналмилалӣ қудрати давлатро дар фаъолиятҳои байнидавлатӣ ба се қисм: неруи низомӣ; неруи иқтисодӣ ва неруи нарм (неруе, ки бар афкору андеша ҳукмрон аст) тақсим карда, навъи сеюмро барои дастёбӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ниҳоят муҳим арзёбӣ намуда буд. Ин биниш, мутаассифона минбаъд таҳқиқ нашуда, моҳияти он кам ба эътибор гирифта шуд.

Ба ин масъала баъдтар Ҷозеф Ной  баргашта, мафҳуми «неруи нарм» — ро расонаӣ кард ва ҷонибдорони зиёд пайдо намуд. Ба ақидаи ин донишманд “неруи нарм” ба се манбаъ: фарҳанг, арзишҳои сиёсӣ ва ормону орзуҳо дар самти сиёсати хориҷӣ такя мекунад. Махсусан, ў фарҳангро ҳамчун унсури тавони неруи нарм пиндошта, таъсири онро дар ҷаҳонбинӣ ва таҳаввули ташаккули шуури одамон муҳим арзёбӣ намудааст. Вай ба ин бовар аст, ки Ҳукумат ва давлат бо истифодаи дуруст аз «неруи нарм» метавонад ба вазифаҳои дар фаъолиятҳои дохилию хориҷӣ гузоштаи худ ба осонӣ ноил шавад. Ба ақидаи ў арзишҳои фарҳангию адабӣ ва фалсафию ахлоқӣ, ки саршор аз маъноҳои баланди гуманистиянд, дар ин роҳ мусоидат карда, мавқеи давлатҳоро дар ҷомеа устувор менамояд.

Дар ҳақиқат, фарҳанг (ба маънои васеъ ва фарогираш, ки дар боло зикр шуд. — А.Р.) бо табиати созандаи худ фаъолиятҳои фардию иҷтимоиро таҳким бахшида, ба рафтори маънавию сиёсии аҳли ҷомеа таъсири бевосита мегузорад. Аз ин рў, дипломатияи фарҳангӣ ва неруи нарм, ки ин ҳама соҳаҳоро ба ҳам муттаҳид месозад, ба таври шоиста онҳоро барои ҳифзу ҳимояи  манфиатҳои миллӣ равона сохта, дар тарғиби сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ аз ин қувваҳои тавоно истифода менамояд. Агар дар даврони гузашта кишварҳо бо роҳи истифода аз неруи низомӣ ба мақсадҳои стратегии хеш ноил мешуданд ва ё дар муносибаҳои дипломатиашон қудрати низомии хешро ҳадафмандона ба намоиш мегузоштанд, дар қарни муосир давлатҳо бо истифода аз баланд бардоштани сатҳи илму дониш ва дастгирии фарҳангу маънавиёт ба муваффақият ноил шуданро афзал дониста, қудрати хешро бо ин роҳ афзун мегардонанд. Ба ибораи дигар, давлатҳо бо роҳи тавлиди маърифат ва фарҳангсозӣ кишварашонро пеш бурда, бо ин роҳ мавқеи мамлакатро дар миёни ҳамсоягон устувор карда, аз ин роҳ мехоҳанд миёни давлатҳои дигар таъсири худро бештар гардонанд. Ба ин сабаб дар қатори омилҳои асосии стратегӣ  фарҳангу адабиёт, дигар навъи санъат ва таҳсилоту илмро ҳамчун унсури муҳимми қудрати давлат дониста, онро ба сифати неруи нарм эътироф менамоянд.

Ба ҳамин хотир, профессори Донишгоҳи Ҳарвард Ҷозеф Най консепсияи неруи нармро  бар пояи фарҳанг асос гузошта, дар таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни давлатҳо онро муҳим медонад. Ин консепсия минбаъд дар миёни сиёсатмадорон, фарҳангшиносон ва илми муосир  рушд намуд ва дар доираи сиёсати хориҷӣ  баробари мафҳуми дипломатияи фарҳангӣ пазируфта шуд.

Мафҳуми неруи нарм аз ду калима иборат буда, бори сиёсӣ ва фарҳангиро дар худ ифода намуда, дар маҷмуъ ҳамчун  қувваи ба ҳам овардани халқҳо ва миллатҳо бо истифода аз арзишҳои фарҳангӣ дониста мешавад. Маънои “неру” асосан ба ҳокимият алоқаманд буда, “нарм” фарогири фарҳагу маънавиёт мебошад. Ба маънои дигар “неруи нарм” ин санъати баланди ҷалби чеҳраҳои фарҳангӣ барои боло бурдани имиҷи кишварҳо мебошад.

Фарҳанг дар консепсияи неруи нарм нақши калидӣ бозида, ба ин восита дигар кишварҳо ба омўзиши фарҳанги миллӣ ҷалб мешаванд. Дар ин ҳолат, чи тавре ки дар боло зикр гардид, доираи фарҳанг васеъ гардида, ба он  забон, адабиёт, меъморӣ, кино, мусиқӣ, рассомӣ ва дигар навъҳои санъату илм аз ҷумла сайёҳӣ ворид мегардад. Дар баробари ин неруи нарм ҷанбаи баланди сиёсӣ дошта, бо ин роҳ баъзе ташаббусҳои кишвари бузург дар дигар мамлакатҳои дигар татбиқ мегарданд ва ё эътироф мешаванд. Ба он гунае, ки чор ташаббуси созандаи Ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи глобалии об дар ҷаҳон тавассути Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда, ҳамчун неруи нарм дар таҳкими сиёсати хориҷии кишвар нақши калидӣ бозида истодааст. Махсусан, оғоз гардидани татбиқи лоиҳаи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” имкон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рўи ин лоиҳаи ҳадафманд кору фаъолият намояд ва ташаббуси созандаи Тоҷикистонро ба хотири таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманд ба обро дастгирӣ кунад.

Неруи нарм ҳамзамон ҷузъи дипломатияи фарҳангӣ мебошад. Дипломатияи фарҳангӣ метавонад тамоми унсурҳои дар боло зикршударо дар муносибатҳои байналмилалӣ истифода намояд.

Дар маҷмуъ дипломатияи фарҳангӣ ва неруи нарм паҳнкунанда ва тарғиботгари фарҳанги миллӣ, муқаддасоти сиёсӣ ва тарзи ҳаёт буда, ҷиҳати ба вуҷуд овардани симои созгори ҳар як давлат дар арсаи ҷаҳонӣ нақши бузург мебозанд.

Солҳои охир давлатҳо инчунин кўшиш доранд, ки бо роҳи тарғиби дипломатияи фарҳангӣ ва истифода аз неруи нарм сулҳу суботро устувор гардонанд ва фазои осуда ва осоиштаро таъмин намоянд. Ин ташаббуси шоистаро Бунёди маориф, илм ва фарҳанг (UNESCO)-и Созмони Милали Муттаҳид низ дастгирӣ карда, баробари рушди соҳаҳои илму маориф тавассути дипломатияи фарҳангӣ ба ҳифзу ҳимояи мероси маънавиву ёдгориҳои беназири таърихӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онҳоро ҳамчун ҷузъи тавонои неруи нарм ҳифз ва муаррифӣ месозад. Ин созмони бонуфуз дипломатияи фарҳангиро ҳамчун воситаи равобити густардаи мутақобилан судманди давлату миллатҳо истифода карда, дар таҳкиму пойдории он  талош менамояд ва бо ин роҳ аксари лоиҳаҳои фарҳангиву таърихиро дастгирӣ карда, ҷиҳати барқарор, ҳимоя ва азнавсозии онҳо маблағ ҷудо мекунад ва онҳоро дар варақаи мероси моддӣ ва маънавии фарҳангӣ ворид карда, ба арзишҳои умумибашарӣ умри дубора мебахшад.

Дар ҷаҳони муосир, ки ҷангҳои бошиддат авҷ гирифта, боиси хароб гардидани ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ шуда истодаанд, яке аз роҳҳои хомўш кардани ин низоъҳо ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дипломатияи фарҳангӣ ва истифодаи фаъол аз неруи нарм мебошад. Ин амали неку шоиста дар доираи ба инобат гирифтани умумияти давлату миллатҳо бидуни хушунату зуроварӣ роҳи расидан ба суботи сиёсӣ ва ваҳдати комилро наздик менамояд.

Аз ин рў, мутахассисони соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ фарҳангро ҳамчун рукни чаҳоруми сиёсати хориҷии давлат ба кор бурда, аксари муноқиша ва низоъҳоро дар се даҳсолаи охир тавассути дипломатияи фарҳангӣ баррасӣ месозанд. Ҳамзамон фарҳангро омили муҳимми  ҳувиятсоз муаррифӣ карда, онро ҷиҳати барпо кардани ваҳдату ягонагӣ дар дохили кишвар ва устувор кардани мақому ҷойгоҳи давлат унсури калидӣ медонанд. Баробари ин аз ҳад берун рафтан дар ин самтро хатарнок ҳисобида, онро воситаи бедор намудани ҳисси  душманӣ дар миёни шаҳрвандон медонанд ва риояи эътидол ва мудороро дар ин масъала шарти асосӣ мепиндоранд. Аз ин рў,  дар дипломатияи муосир аз неруи нарм истифода карда, фарҳангро ҳамчун воситаи ҳувиятсоз ба таври созанда дар раванди муколамаҳо истифода мекунанд ва ба бузургии он арҷ мегузоранд.

Дар ҷумҳурии мо низ забон, адабиёт илм, таҳсилот, фарҳанг ва иттилоот ба неруи нарм дохил шуда, бо ин роҳ мақоми кишвар  дар арсаи байналмилалӣ афзун гардида истодааст. Таваҷҷуҳ ба сохторҳои фарҳангию адабӣ дар канори унсурҳои моддӣ яке аз хусусиятҳои хоси сиёсати давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буда, дар шаклгирии ҷаҳонбинии ҷомеа нақши муҳимро бозида истодаанд.

Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба фарҳанг арҷ гузошта, онро ҳастии миллат эълон намуданд ва барои рушди он заминаҳои мусоид фароҳам оварданд. Ин абармарди дунёи сиёсат ҷиҳати эҳёи арзишҳои фарҳангӣ талош намуда, чорабиниҳои зиёдеро ба хотири устувор гардидани фарҳанги миллӣ дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор намуданд, ки ҳар кадом дар боло рафтани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши босазо бозиданд. Махсусан, эҳёи таърих ва тарғиби шахсиятҳои барҷастаи адабию фарҳангии гузаштаву муосирро Пешвои миллат ҳамчун воситаи худогоҳиву худшиносии шаҳрвандони Тоҷикистон истифода карда, дар давлатсозӣ ва сохтани ҳувияти миллӣ аз ин рукнҳои тавонманд  истифода намуда, дар таҳкими пояҳои давлати миллӣ саҳми созгор гузоштанд.

Ҳангоме ки сухан доир ба Тоҷикистони фарҳангӣ меравад, таърих ва ҷуғрофиёи он васеътар аз сарҳадҳои Тоҷикистони имрӯза гардида, бо кишварҳои ҳамсояву ҳамҷавор робита пайдо менамояд ва мавқеи забон ва адабиёти тоҷикӣ низ васеъ густариш меёбад.

Таърихи гузаштаи мо ба адабиёт чунон пайванди қавӣ дорад, ки ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳ надорад.

Тоҷикистон дорои фарҳанги ғании миллист, ки метавонад бар асоси арзишҳои башарӣ аз неруи нарм, ки ҳар ҷузъи он саршор аз гуманизими беҳамтост, истифода намояд. Ин неруи зоҳиран нарму зотан хеле қавӣ, тавоноии Тоҷикистонро меафзояд ва симои давлати тоҷиконро дар байни кишварҳои ҷаҳон барҷаста месозад.

Хусусияти хоси сохтори сиёсии Тоҷикистон моҳияти миллӣ доштани он аст. Дар оғози Истиқлоли давлатӣ Ҳукумат заминаҳои бедории сиёсию иҷтимоии мардумро фароҳам овард. Аммо набудани неруи созмондиҳандаи миллӣ, ки метавонист орзуву ормони гурӯҳҳои гуногуни мардумро ба як ниёзи миллӣ мубаддал кунад, кишварро ба вартаи задухӯрдҳои дохилӣ кашид. Аммо хиради  азалии халқи тамаддунофари тоҷик имкон дод, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин буҳрони сиёсӣ  раҳоӣ ёбем ва роҳи сулҳу суботро ҳамчун воситаи таҳкими ваҳдати комил интихоб карда, ба рушди минбаъдаи кишварамон роҳи васеъро боз намоем.

Ба ин восита Тоҷикистон мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ тавонист устувор намояд ва дар тарғибу тарвиҷи тавоноиҳои фарҳангию адабии мамлакат бо кишварҳои дигар фаъолияти босамареро ба роҳ монад.

Дар сиёсати дохилию хориҷии хеш Тоҷикистон аз осори адабии гузаштаи хеш босамар истифода карда, адабиёти беш аз ҳазорсола, фарҳанги ғанӣ, ҷуғрофиёи ҷолиб барои сайёҳии экологӣ, захираҳои обӣ ва маъданҳои  зеризаминии бешумореро, ки аз ҷумлаи боигариҳои беназири Тоҷикистон ба шумор мераванд, барои таҳкими ҳамкориҳои гуманитарӣ истифода карда, мавқеашро дар миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон таҳким бахшида истодааст. Ин тавоноиҳои табиӣ ҳамчун неруи нарм дар созмон додан ва мустаҳкам кардани муносибатҳои байналмилалӣ самаранок истифода гардида, Ҳукумат аз ҳуҷумҳои ғаразноки фарҳанги бегона ба ин восита ҷилавгирӣ мекунад.

Тоҷикистон инчунин фарҳангро ҳамчун воситаи густариши қаламрави забон, таблиғи адабиёт, додугирифти фарҳангӣ истифода намуда,  воқеаҳои таърихию адабиро дар фаъолиятҳои дипломатӣ корбарӣ менамояд. Дар баробари ин бо дастрасии васеъ ба шабакаҳои байналмилалии иттилоотӣ чеҳраҳои таърихӣ ва фарҳангии худро муаррифӣ карда, неруи нарми кишварро қавӣ менамояд. Ҳамзамон бо бисёр созмонҳои байналмилалӣ робита карда, ҷунбишҳои байналмилалии экологиро дастгирӣ мекунад, дар ҳаракатҳои зидди ҷанг иштироки фаъолона намуда, анҷуманҳои дӯстӣ бо кишварҳои ҷаҳонро баргузор менамояд ва дар маъракаву чорабиниҳои байналмилалии фарҳангӣ ширкат меварзад. Махсусан, дар тарғиби адабиёти чандҳазорсолаи тоҷик нақши калидӣ мебозад. Бино ба мушоҳидаҳои иддае аз пажӯҳишгарони осори ғиноманди тоҷикӣ Эдвард Браун, С. Айнӣ, Э. Бертелс, А. Мирзоев, Саид Нафисӣ, Эраҷ Афшор, Ёршотир Эҳсон, Ян Рипка, И. Бечка ва дигарон шумораи осори адабии ба забони тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ эҷодшуда ба нисбати адабиётҳои ба забонҳои дигар хеле зиёд аст. Аз нигоҳи сифат низ осори беназири Рўдакию Фирдавсӣ, Хайёму Саъдӣ, Мавлонову Шайх Аттор, Ҳофизу Камоли Хуҷандӣ пур аз мафҳумҳои баланди инсониянд, ки аз шуҳрату маҳбубияти онҳо аҳли башар бархурдор буда, адабиёти бисёре аз миллатҳоро зери таъсири созандаи хеш қарор додаанд.

Ба таври шоиста ҷашн гирифтани 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ, баҳои баланди Котиби генерали ЮНЕСКО, хонум Одри Азулай ба адабиёти тоҷик ва чоп шудани осори Камол бо забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ, инчунин изҳори назар кардани шахсиятҳои илмию адабӣ дар бораи осори  ин нобиғаи Шарқ ҳар кадом бозтобдеҳи истифода аз неруи нарми фарҳанги миллӣ мебошад, ки имиҷи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад. Ё ба шумораи зиёд ва ба таври васеъ дар ИМА мутолиа кардани осори Мавлавӣ ин нишонаи тарғиби неруи нарми фарҳанги тоҷикӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Бо ин восита фарҳанг ва маънавиёти тоҷикӣ  ба ҷаҳониён муаррифӣ шуда, маҳбубияти одамони дигар кишварҳо ба андешаҳои гуманистии Мавлоно зиёдтар мегардад.

Ҳамасола тавассути ЮНЕСКО Тоҷикистон ба хотири ҳифзу ҳимояи ёдгориҳои таърихӣ ва мероси моддӣ ва ғайримоддии худ лоиҳаҳои мукаммалро пешниҳод карда, аз ҷониби комиссияҳои босалоҳияти байналмилалӣ эътироф мешаванд ва вобаста ба ҳифзу ҳимоя ва муаррифии онҳо қарорҳои дахлдор қабул мегарданд. Бо ин роҳ мо осори фарҳангии ғайримоддии халқамон, аз қабили   “Шашмақом” “Фалак”, “Чакан”, “Оши палов” — ро муаррифӣ кардем ва имрўз оламиён дар бораи ин мероси ғайримоддии тоҷикон маълумот доранд ва мутахассисони соҳа доир ба арзиши ин осори фарҳангӣ корҳои илмиву таҳқиқотӣ мебаранд. Ҳамин тавр, ба таври шоиста мо “Наврўз” — ро ба  қатори ҷашнҳои байналмилалӣ ворид кардем ва дар саросари олам рўзи 21 — уми март ҷашни Наврўз доир мегардад ва оид ба моҳияти фалсафиву инсонгароёнаи ин ҷашни миллии тоҷикон изҳори назар ва андешаҳои судманд ҳамасола тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегарданд. Ҳоло ба хотири қабул шудани ҷашни “Меҳргон” ба рўйхати мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ  ба ЮНЕСКО лоиҳа аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудааст ва боварӣ дорем, ки ин лоиҳаро низ созмони мазкур эътироф хоҳад намуд. Ҳамзамон, барои ҳифзи ёдгориҳои беназири Саразми бостонӣ ҳамчун нахустин маркази шаҳрдорӣ, ҳунармандӣ ва кишоварзӣ ва Ҳулбук ҳамчун мероси таърихии асри 1Х қарорҳои дахлдори ЮНЕСКО ба тасвиб расида, имсол бо иштироки Пешвои миллат ва намояндагони сафоратҳои муқими кишвар дар шаҳри Панҷакент ва мавзеи Саразм конфренсияи байналмилалӣ ва ҳамоиши илмӣ баргузор гардид, ки бори дигар бо ин восита неруи нарми Тоҷикистон ба оламиён муаррифӣ гардид ва мавқеи кишвари моро боло бурд.

Таҳсилот низ дар солҳои охир дар кишвари мо ба неруи нарм табдил ёфта, тавассути стпендияи байналмилалии “Дурахшандагон” даҳҳо нафар ҷавонони болаёқат дар кишварҳои пешрафтаи Аврупо ва Осиё таҳсил карда, қисме аз онҳо таҳсилро дар аспирантура ва доктарантура идома дода, дар тарғиби фарҳангу маърифати миллии тоҷикон саҳм мегузоранд. Ҳамзамон, бо истифода аз технологияи  иттилоотиву коммуникатсионӣ ва шабакаҳои фаъоли иҷтимоӣ равобити дўстона миёни муҳассилони тоҷик ва донишҷўёни кишварҳои минтқа таҳким ёфта, иштирок дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ нуфузи таҳсилоти Тоҷикистонро боло бурда истодааст. Таъсис ёфтани филиалҳои доннишгоҳҳои бонуфузи Россия ва Белорус дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе, ба кор оғоз кардани Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Миёна дар шаҳри Хоруғ низ ба рушди неруи нарм мусоидат намуда истодааст. Дар чанд соли охир ҳамкории илмиву техникӣ ва инноватсионии Тоҷикистон бо кишварҳои пешрафта рушд намуда, корҳои илиму пажўҳишии якҷоя ба маротиб зиёд шудааст. Имрўз аз расадхонаҳои астрофизикии кишвари мо олимони  дигар ҷумҳуриҳо истифода карда, хулосаҳои онҳо миёни олимони соҳа паҳн мешаванд.  Чунин ҳамкориҳо дар соҳаи математика, физика ва химия низ ба чашм мерасанд. Ин раванди нави робитаҳои дўстона дар соҳаи илм буда, дар таҳкими неруи нав ва дипломатияи фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Дипломатияи фарҳангӣ имкон дод, ки мо ҷашнҳои миллиамонро ҳам ба таври барҷаста муаррифӣ намоем. Дар аксари сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷа ба ин муносибат мулоқоту  вохўриҳо бо намояндагони аҳли фарҳагу санъат ва чеҳраҳои саршиноси кишварҳои хориҷӣ доир шуда, дар он аксҳо ва  асарҳое, ки доир ба таърихи маросиму ҷашнвораҳо ва ёдгории бостонии тоҷикон маълумот медиҳанд, ба маърази тамошо гузошта мешванд. Меҳмонон ба ин васила ба таърих, фарҳанг ва санъати тоҷикон ошноӣ пайдо менамоянд. Ин  навъ муаррифӣ имкон медиҳад, ки намояндагони дигар халқу миллатҳо ба мероси маънавии тоҷикон шинос шаванд ва ин меросро қадр ва тарғиб намоянд.

Мо бояд дар оянда сайёҳӣ ва сайёҳии экологиро низ ба сифати неруи нарм тарғиб намоем ва дар ин самт ба дастовардҳо ноил гардем.

Фарҳангу адабиёт, ки ойинаи тамомнамои ҳувияти миллат мебошанд, дар ташаккули ахлоқу одоб ва рафтору кирдори шахсию иҷтимоии одамон таъсири амиқ мерасонанд. Ба ин хотир онҳо ҳамчун манбаи неруи нарм эътироф шуда, гуфтору пиндори одамонро дар ҷамъият созмон медиҳанд ва Тоҷикистон ин мероси ғании хешро дар муколамаҳои фарҳанги ҷаҳонӣ самаранок истифода мекунад.

Сэмюэл Ҳангтингтон, яке аз назариячиёни Ғарб ба ин ақида аст, ки “на иқтисод, балки фарҳанги кишварҳои Шарқ тамаддуни ғарбиёнро таҳдид мекунад”. Махсусан, адабиёти оламгири тоҷикӣ, ки ганҷинаи донишу таҷрибаҳои маърифатию ахлоқӣ ва фалсафии ҷомеаи тоҷиконро фарогир мебошад, бар иловаи латофату зебоиҳои фарҳангию табиии Тоҷикистон, ки назираш дар ҷаҳон кам дида мешавад, бидуни хароҷоти зиёди молию маънавӣ неруи нармро ташкил мекунад ва имкониятҳои давлатро барои ҷалби таваҷҷуҳи кишварҳои хориҷӣ бештар намуда, дар сурати самаранок ба роҳ мондани он моро бидуни талошу кӯшиши зиёд ба  пирӯзию даст ёфтан ба ҳадафҳои тактикию стратегии хеш дар муносибатҳои дохилию хориҷӣ қодир месозад.

Бешак, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фаъолиятҳои байналмилалии хеш солҳои охир бо мавқее, ки шахсияти сатҳи ҷаҳонӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардаанд, ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуда истодааст. Дар ин пирӯзиҳо ниҳодҳои марбутаи Ҳукумат бо роҳнамоиҳои бевоситаи Пешвои миллат аз неруи нарми миллӣ ҳадафмандона истифода карда истодаанд. Дар пешбурди корҳои дохилӣ адолати иҷтимоӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ татбиқ шуда, хостаҳову ниёзҳои мардум амалӣ гардида, дар фаъолияти хориҷӣ робитаҳои мутақобилан бо кишварҳо ва ниҳодҳои  байналмилалии рў ба рушд мебошад. Кишвари мо ҳамкориро бо фондҳои байналмилалии хайриявӣ, қонунҳои умумиҷаҳонии фарҳангӣ, созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар, ниҳодҳои умумиҷаҳонии мубориза бар зидди офатҳои табиӣ, бемориҳо ва ғайра сол ба сол устувор намуда истодааст. Ин ҷиҳати масъала боиси бештар гардидани боварии дигар кишварҳо ба ҷумҳурии мо гардида,   нуфузу обрӯи онро дар  арсаи байналмилалӣ боло бурдааст.

Яке аз роҳҳои ба даст овардани қалбу андеша ва раъю мароми қишрҳои мухталифи ҷомеа дипломатияи фарҳагиву мардумист, ки одатан арзишҳои отифии ахлоқӣ ва адабию фарҳангӣ мавзӯи асосии ин навъи муносибот қарор мегирад. Дар ин навъи муколама, ки фарҳангитару ахлоқитар аст, имконоти фаровоне барои истифода аз қишрҳои мухталифи аҳолӣ дар пешбурди ҳадафҳои давлат фароҳам мешавад.

Ҳузури адабиёту фарҳанг дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар нақши бузурге дар таҳкими ҳувияти миллию фарҳангӣ ба вуҷуд овардааст. Нодида гирифтани ин падидаи ҳувиятсоз ҳатман ба ғафлату гумроҳӣ меоварад. Рӯҳияи меҳандӯстию андешаи миллӣ, ки ҳар саҳифаи мероси беҳамтову ғании адабии моро оро додааст, офарандаи неруи нарм ва ифтихору болидагии шаҳрвандони Тоҷикистон дар муқобили кишварҳои хориҷии дуру наздик аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ бо истифода аз неруи нарм ва дипломатияи фарҳангӣ андешаҳои инсонпарваронаи фарҳанги ғанию қадимаи хешро тавассути баргузории симпозиуму конференсияҳо, иштирок дар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи баланд, форумҳо ва муаррифии шоистаи осори бегазанди санъату мусиқӣ ва санъати тасвирӣ дар давлатҳои дигар тарғиб намуда, дар таҳкими сулҳу субот ва равобити мутоқобилан судманд миёни кишварҳо нақши шоиста бозида истодааст.

Ба ин хотир вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, корҳои хориҷӣ, Академияи миллии илмҳоро зарур аст, ки бо мақсади дуруст истифода кардан ва паҳн намудани таъсири  неруи нарм ва дипломатияи фарҳангӣ барномаи кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати фаъолияти иҷтимоиву фарҳангии инсонгароёнаро дар дохил ва хориҷи мамлакат таҳия  намоянд ва дар асоси он ҳадафу мақсади Ҳукумати мамлакат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро баҳри боз ҳам баланд бардоштани мавқеи Ватани азиз дар арсаи ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор диҳанд. Ҳамзамон олимони соҳаи ҷомеашиносиро мебояд доир ба моҳияти консепсияи неруи нарм ва дипломатияи фарҳангӣ таҳқиқот ба анҷом расонида, назари худро ҷиҳати дарки аҳаммияти иҷтимоиву сиёсии ин мафҳумҳо ва нақши онҳо дар сиёсати дохиливу хориҷӣ  иброз намоянд.

                           Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
                                оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ
                            ва робита бо ҷомеа,
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон


Вакти нашр: 2020-11-24 07:51:57    Хонданд: 16    Муфассал...

Вазорати молия: Ба 390 ҳазору 251 оилаи осебпазир кумакпулии якдафъаина расонида шуд

Дар ҷумҳурӣ дар робита ба коҳиш додани паёмадҳои иҷтимоии бемории сироятии COVID-19 тавассути дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ то ба имрӯз ба 390 ҳазору 251 нафар/оилаи осебпазир кумакпулии якдафъаина расонида шуд.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи идоракунии буҷет дар соҳаи тандурустӣ, варзиш ва ҳифзи иҷтимоии Сарраёсати  буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назокат  Одиназода иттилоъ дод.

Мавсуф афзуд, ки ин тадбир дар партави татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ гардонидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешида шудааст.

Тибқи иттилои намояндаи масъули Вазорати молияи Тоҷикистон, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати пардохти кумакпулиҳои якдафъаина дар маҷмӯъ 174 миллиону 944 ҳазору 400 сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Ба ҳолати 17 ноябри соли равон аз маблағи ҷудошуда 156 миллиону 100 ҳазору 400 сомонӣ хароҷот гардида,  390 ҳазору 251 нафар/оилаи осебпазир, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 135  ҳазору  156 оила/нафар ба маблағи 54 миллиону 62 ҳазору 400 сомонӣ, вилояти Суғд 120 ҳазору 139 нафар/оила ба маблағи 48 миллиону 55 ҳазору 600 сомонӣ, вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 16 ҳазору 366 оила/нафар ба маблағи 6 миллиону 546 ҳазор 400 сомонӣ, шаҳри Душанбе 29 ҳазору 860 оила/нафар ба маблағи 11 миллиону 944 ҳазор сомонӣ ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 88 730 оила/нафар ба маблағи 35 миллиону 492 ҳазор сомонӣ аз кумакпулӣ  бархурдор гардиданд.

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020 «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақтаина барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ пешбинӣ гардидааст.

Тибқи рӯйхатҳои аз ҷониби вазорату идораҳои марбута пешниҳодгардида, шумораи умумии табақаҳои осебпазир дар ҷумҳурӣ 437 ҳазору 361 оила/нафар, аз ҷумла, гирандагони нафақаи иҷтимоӣ 43 ҳазору 231 нафар, маъюбон 151 ҳазору 80 нафар, кӯдакони ятим, кӯдакони аз саробон маҳрумшуда 77 ҳазору 982 нафар, аз ин кӯдакони бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ 3000 нафар, кӯдакони маъюби то 16-солаи мубталои ВНМО/БПНМ 987 нафар, шаҳрвандони камбизоат (оилаҳои камбизоат) 163 ҳазору 781 оила, гурезагони камбизоати хориҷие, ки расман мақоми гуреза доранд, 300 нафарро ташкил медиҳанд.

Пардохти кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ба табақаҳои осебпазири аҳолии мамлакат тибқи тартиби муқарраргардида идома дорад.


Вакти нашр: 2020-11-24 07:55:28    Хонданд: 16    Муфассал...

Мароми ҳизбиёни пойтахт ба “Шаҳри сабз” табдил додани Душанбешаҳр

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ибтикори Кумитаи ибтидоии ҳизбии “Пайванд” дар ҳамдастӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор таҷлил намудани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Шаҳри сабз” табдил додани Душанбешаҳр дар минтақаи Қулпистаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ маъракаи ниҳолнишонӣ бо теъдоди 500 адад арчаҳои ороишӣ ва ниҳолҳои мевадиҳанда ташкил карда шуд. Дар он намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фурқат Муродзода, Наима Мансурхонова - муовини Кумитаи ибтидоии ҳизбии “Пайванд”, аъзоёни он ва намояндагони ВАО иштирок ва саҳмгузорӣ намуданд. Ин иқдом пайваста идома ёфта, дар рӯзҳои наздик боз чунин маъракаҳои ободкорӣ ташкил карда мешавад.


Вакти нашр: 2020-11-24 11:19:13    Хонданд: 54    Муфассал...

“Парчамат парафшон бод, Тоҷикистони азиз!” Вчера с Насимчоном Расулзодой

Санаи 24 сори чорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кохи Ваҳдат ” соати сиёсӣ таҳти унвони “Парчамат парафшон бод, Тоҷикистони азиз!” баргузор гардид, ки дар он раиси ташкилот Исмоилзода Ёқуб Борон, котиб Баракатулозода Аъзам ва аъзои ҳизб иштирок ва суханронӣ намуданд.
Исмоилзода Ёқуб Борон ҳамаи аъзои ҳизбро ба ин ҷашни таҳрихӣ табрик намуда ва аз таърихи давлатории тоҷикон сухан ронда қайд карда шуд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.


Вакти нашр: 2020-11-24 12:03:11    Хонданд: 28    Муфассал...

“Парчам-рамзи давлатдорист”

Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Душанбе-мол” соати сиёсӣ таҳти унвони “Парчам-рамзи давлатдорист”баргузор гардид. Дар он раиси ташкилот Қудратзода Амонулло ва аъзоёни ҳизб иштирок намуданд. Қудратзода Амонулло ҳамаи аъзоёни ҳизбро ба ин ҷашни таҳрихӣ табрик намуда аз таърихи давлатории тоҷикон сухан ронда қайд намуд, ки рамзҳои давлатӣ дар ташаккули шуури сиёсӣ ва мустаҳкам гардидани давлату давлатдорӣ нақши муҳимро мебозад. Рамзҳои давлатӣ, ки ифодакунандаи анъанаҳои мардум мебошанд ва руҳияи онҳоро инъикос менамоянд, дар инкишофи хислатҳои волои шаҳрвандӣ саҳми арзанда мегузоранд. Рамзҳои давлатӣ дар ташаккули шуури сиёсӣ ва мустаҳкам гардидани давлату давлатдорӣ нақши муҳимро мебозад.


Вакти нашр: 2020-11-24 12:12:38    Хонданд: 38    Муфассал...

Аксияи иттилоотӣ таҳти унвони «Ливои мост - ливои халқ»

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи иттилоотӣ «Ливои мост - ливои халқ» дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахти азизамон, шаҳри Душанбе бо иштироки аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” баргузор гардид.

Аксияи мазкур бо мақсади пос дошати муқаддасоти миллӣ, арҷ гузоштан ба марзу буми кишвар, баланд бардоштани ҳиси ватандӯстиву ватандорӣ ва бо ин васила тарбия намудани насли наврасу љавонон дар руњияи ифтихори миллї ва њифзи арзишњои волои таърихиву фарњангии халќамон мебошад. 

Бояд қайд намуд, ки дар доираи аксияи мазкур аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳрӣ маводҳои иттилоотӣ (брашюра) 9000 адад, ширинӣ, парчамҳои рӯйимизӣ 1000 адад, нишони сари синагӣ 500 адад ба сокинонӣ шаҳр ба тацсим карда шуд.


Вакти нашр: 2020-11-24 14:34:58    Хонданд: 47    Муфассал...

ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД!

Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии «Бонувони Тоҷикистон” бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ соати сиёсӣ баргузор шуд. Дар он қайд гардид, ки Парчам яке аз муқаддасотҳои милдлӣ буда, нишонаи соҳибдавлатию соҳибихтиёрист.Парчам ба сифати рамзи давлат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод. Парчамро аз замонҳои қадим дар ҷангу муҳорибаҳо парчамбардорон пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтодани парчам нишони шикасту мағлубияти давлат ба ҳисоб мерафт. Ниёкони мо ҳамчунин ба ҷои калимаи “парчам” бештар аз калимаи дирафш ё дирафши ковиёнӣ истифода кардаанд. Дирафши ковиёнӣ - парчами давлатии шоҳони қадими эронинажод, аз Пешдодиён то Сосониён буд. Бархе муаррихон нахустин парчами миллии мо, яъне дирафши ковиёниро марбут ба парчами чармии Коваи оҳангар донистаанд.Ҳамзамон дар мавриди санадҳои меъёри ҳуқуқӣ оид ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчаму нишон андешаҳо баён гардид.


Вакти нашр: 2020-11-25 08:04:36    Хонданд: 39    Муфассал...

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ МУАРРИФКУНАНДАИ ТАМАДДУНИ ВОЛО

24 ноябри соли равон дар асоси барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе №86, 13.11.2020 ва Дастгоҳи КИМ ҲХДТ №48, 11.11.2020 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар Гимназияи №74 Рӯзи Парчами Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ таҷлил гардид. Фатҳиддин Усмонзода, раиси ноҳияи Фирдавсӣ ҳозиринро бо Рӯзи Парчами миллӣ табрик гуфта, изҳор дошт, ки Парчам рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ, ифтихору иқболи ватандорист. –Тамоми чорабиниҳои давлатию байналмилалӣ бо манзуру намоиши парчам сурат гирифта, давлати Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. Рангу рамзҳои он аз давраи кӯҳан маншаъ гирифта, таъриху тамаддуни волову пурҳикмати тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд, таъкид намуд мавсуф.

Дар фарҷом ба роҳбарони муассисаву ташкилотҳои ноҳия барои заҳмати содиқона ба нафъи ҷомеа Ифтихорномаву Сипоснома тақдим гардида, барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами Тоҷикистон низ манзури ҳозирин гардонда шуд.


Вакти нашр: 2020-11-25 08:08:08    Хонданд: 47    Муфассал...

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси
суди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд
озод намудани Абдуҷабборӣ А.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Абдуҷабборӣ Абдуфаёз Абдуҷаббор бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
24 ноябри соли 2020
№84

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғи
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
озод намудани Шамиров К.Ғ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Шамиров Кишвар Ғуломрасулович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
24 ноябри соли 2020
№85

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Исфараи
вилояти Суғд озод намудани Сулаймонзода А.Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сулаймонзода Акрам Раҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
24 ноябри соли 2020
№86

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ
озод намудани Акрамзода Рустам

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Акрамзода Рустам бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
24 ноябри соли 2020
№87

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав
озод намудани Аюбзода Н.Н.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Аюбзода Нусратулло Наҷмиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
24 ноябри соли 2020
№88

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Файзобод озод намудани
Раҷабзода М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Раҷабзода Миралӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Файзобод озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
24 ноябри соли 2020
№89

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон
озод намудани Амиршозода Т.Т.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Амиршозода Тоҳирхон Темур бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
24 ноябри соли 2020
№90

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси
шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
таъин намудани Мирзонабот А.Х.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Мирзонабот Алишер Худоберди иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
24 ноябри соли 2020
№91

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфараи
вилояти Суғд таъин намудани Баҳодурзода Б.Б.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
24 ноябри соли 2020
№92

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ
таъин намудани Исматзода А.У.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Исматзода Азизулло Убайдулло иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
24 ноябри соли 2020
№93

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси ноҳияи Файзобод таъин намудани
Холзода Б.Н.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Холзода Бобишо Нарзулло иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
24 ноябри соли 2020
№94

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав
таъин намудани Носирзода Ҷаббор

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Носирзода Ҷаббор иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
24 ноябри соли 2020
№95

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи раиси ноҳияи
Муъминободи вилояти Хатлон
таъин намудани Шарифзода Л.Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Шарифзода Лутфия Шариф раиси ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
24 ноябри соли 2020
№96


Вакти нашр: 2020-11-25 08:13:23    Хонданд: 51    Муфассал...

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 24 ноябри соли 2020 №603
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Агентии хоҷагии
ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Исматзода А.У.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Исматзода Азизулло Убайдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 24 ноябри соли 2020 №604
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи ректори
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
озод намудани Фозилзода М.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Фозилзода Мухтор Муродалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 24 ноябри соли 2020 №605
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи ректори
Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон
озод намудани Назарзода Х.Х.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Назарзода Хайрулло Холназар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 24 ноябри соли 2020 №606
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии
Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев
озод намудани Ҷонмамадов Ш.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҷонмамадов Шермамад Бекмамадович бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 24 ноябри соли 2020 №607
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи ректори Донишкадаи
давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
озод намудани Раҷабзода Маҳмадулло

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Раҷабзода Маҳмадулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 24 ноябри соли 2020 №608
ш. Душанбе

Дар бораи ректори Донишкадаи давлатии
забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
таъин намудани Гулназарзода Ҷило

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Гулназарзода Ҷило ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 24 ноябри соли 2020 №609
ш. Душанбе

Дар бораи ректори
Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон
таъин намудани Исозода Д.Т.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Исозода Диловаршоҳ Тариқ ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 24 ноябри соли 2020 №610
ш. Душанбе

Дар бораи ректори Донишгоҳи давлатии
Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев
таъин намудани Юсуфзода Г.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 24 ноябри соли 2020 №611
ш. Душанбе

Дар бораи ректори Донишкадаи
кӯҳию металлургии Тоҷикистон
таъин намудани Маҳмадалӣ Б.Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


Вакти нашр: 2020-11-25 08:15:26    Хонданд: 55    Муфассал...

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Холзода Бобишо Нарзулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
24 ноябри соли 2020


Вакти нашр: 2020-11-25 10:40:36    Хонданд: 40    Муфассал...

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд

Бегоҳии 24 ноябр дар шаҳри Москва мулоқотҳои хоссаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко, инчунин ҳайатҳои расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия дар қолаби васеъ доир гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба пойтахти Федератсияи Россия ташриф оварданд. Боздиди мазкур нахустин сафари хориҷии роҳбари мақомоти болоии Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари хориҷӣ маҳсуб мешавад. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Матвиенко В.И. миннатдории самимӣ изҳор карда, муҳимияти баррасии масъалаҳои мубрами ҳамкории стратегии ду давлатро дар сатҳи роҳбарони мақомоти қонунгузор таъкид намуданд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегии Тоҷикистону Россия имрӯзҳо дар ҳама самтҳо муттасил рушд ёфта, робитаҳои байнипарлумонӣ мунтазам ба сатҳи сифатан нав мегузаранд. Зимни музокирот якчанд масъалаҳои умда, аз ҷумла ҷанбаи иқтисодии ҳамкории дуҷониба, ки яке аз муҳимтарин бахш ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳи доимии ҷонибҳоро тақозо менамояд, баррасӣ гардиданд. Дар ин ҷода зарурати нуфузи бештари механизми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди Тоҷикистон, истифодаи имконоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалби технологияи пешрафтаи россиягӣ ба бахшҳои мухталифи саноати мамлакат ҷиҳати коркарди ашё ва содироти минбаъдаи маҳсулоти тайёр зикр гардид. Зимни мулоқоти дуҷониба инчунин масъалаҳои марбут ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимнан, ба зарурати аз ҷониби сохторҳои соҳавӣ идома додани корҳо оид ба ҳалли мушкилоти рӯзмарраи бахши мазкур, аз ҷумла содагардонии тартиби ба қайд гузоштан ва гирифтани патент барои кор, баррасӣ намудани имконияти «авфи муҳоҷиратӣ»-и такрорӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам миёни ду давлат ишора гардид. Бо таваҷҷуҳ ба вазъи минтақа, ҷонибҳо ҳалли масъалаҳои ҳамкории самаранокро дар бахши амният, инчунин амалисозии созишномаҳоро оид ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ афзалиятнок шумориданд. Ҳамзамон ба ҳамкории самти фарҳангию башардӯстӣ, аз ҷумла соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия қариб 25 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Зимни мулоқоти ҳамтоён масъалаи ҷиҳати идома додани таҳсил ба Федератсияи Россия бозгаштани донишҷӯёни тоҷик, ки бинобар маҳдудияти марбут ба пандемияи КОВИД-19 барои идомаи машғулият ҳозир шуда натавонистанд, баррасӣ карда шуд. Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тақвияти ҷараёни амалигардонии лоиҳаҳои дуҷониба дар соҳаи маориф, аз ҷумла Созишнома оид ба бунёди панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии забони таҳсилоташ русӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон иброз намуданд. Изҳори боварӣ гардид, ки мулоқоти имрӯза ба тавсеаи муносибатҳои ду давлат дар самтҳои калидии ҳамкорӣ такон мебахшад. Тамоюли мусбати ҳамкории мутақобила дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, башардӯстӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва дигарҳо ба назар расида, ба ин пеш аз ҳама муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи сарварони давлатҳо мусоидат менамояд. Аз рӯи натиҷаи мулоқотҳо ҷонибҳо назари некбинонаи хешро аз дурнамои ҳамкории стратегии ду давлат таъкид карда, изҳори умед намуданд, ки боздиди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия ба муносибатҳои бисёрсоҳа миёни Тоҷикистон ва Росссия неруи тоза бахшида, дар навбати худ масъалаҳои бамиёнгузоштаи ҷониби тоҷикистонӣ мавриди таваҷҷуҳи дахлдори Шӯрои Федератсия қарор хоҳанд гирифт. Ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо арзи адаб Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Ивановна Матвиенкоро барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват намуданд. Аксҳо аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии


Вакти нашр: 2020-11-25 10:53:40    Хонданд: 48    Муфассал...

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук мулоқот намуданд

Имрӯз дар бинои Ҳукумати Федератсияи Россия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия, Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Алексей Оверчук мулоқот намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Иштирокчиёни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Россияро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар вохӯрӣ Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ҳамчун механизми муҳими амалисозии муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ гардид.

Тавре таззакур дода шуд, самтҳои ҳамкории ду давлат ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Россия қарор доранд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ёдовар шуданд, ки асосҳои қарордодиву ҳуқуқии тарафайнро қариб 300 созишномаҳои байнидавлативу байнисоҳавӣ ташкил медиҳанд, ки иҷрои босифати онҳо беҳбудии ҷиддӣ тақозо мекунад.

Дар ин робита ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ки самти афзалиятноки муносибатҳои дуҷонибаро ифода мекунад, таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд. Таъкид гардид, ки дар ҳашт моҳи соли равон гардиши мол байни ду давлат  720 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.

Вобаста ба саноатикунонии иқтисоди мамлакат, ки афзалияти стратегӣ эълон шудааст, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ қобили қабул арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо манфиатдории худро дар рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, сӯзишворӣ-энергетикӣ, комплекси аграрӣ, ҳамчунин саноати сабук ва хӯрокворӣ иброз доштанд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин робита ташкили Шӯрои байнидавлатиро оид ба ҷалби мустақими сармояи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад маънидод намуданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин ба масъалаи содироту воридоти маҳсулоти ғизоӣ ва сабзавоту мева манфиатдор будани ҷонибҳо мавриди гуфтугӯи ҷиддӣ қарор дода шуд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки самти фарҳангӣ-гуманитарии ҳамкорӣ, бахусус дар соҳаи маориф имконияту захираҳои фаровон дорад.

Дар Тоҷикистон барои омӯзиши забони русӣ шароити мусоид фароҳам карда мешавад.

Ҳамасола аз Россия ба мактабҳои Тоҷикистон беш аз 50 нафар омӯзгорон фиристода мешаванд.

Ҳамчунин Рустами Эмомалӣ аз тезонидани суръати сохтмони 5 муассисаи таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Созишномаи тарафайн изҳори назар карданд.

Ҷонибҳо аз муҳимияти масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити пандемия ёдовар шуда, зарурати барқарор намудани алоқаи мунтазами ҳавоии байни ду давлатро таъкид намуданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори боварӣ намуданд, ки Алексей Оверчук ба ҳайси Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ саҳми арзандаи худро дар рушду таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои стратегӣ ва иттифоқчигӣ байни кишварҳоямон мегузорад.


Вакти нашр: 2020-11-25 16:33:46    Хонданд: 43    Муфассал...

Ҷаласаи Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия бо иштироки роҳбарони ҳарду ҷониб доир гардид

Имрӯз дар толори Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ҷаласаи Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Мачлиси Олӣ ва Шӯрои Федератсия бо иштироки роҳбарони ҳарду ҷониб доир гардид. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар оғози кори Комиссия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумониро нек арзёбӣ намуда, нақши дипломатияи парлумониро яке аз унсурҳои калидӣ дар таъмиқи ҳамаҷонибаи ҳамкории мутақобила маънидод карданд.

Тавре таъкид гардид, имрӯз муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Россия рӯ ба рушд буда, мулоқоти имрӯза шаҳодати барҷастаи он ба шумор меравад.

Бо кӯшиши тарафайн ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи бахшҳо ва пеш аз ҳама, соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва амниятӣ ба сатҳи сифатан нав бароварда шуд.

Тавсеа ва таъмиқи муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Россия на танҳо ифодаи иродаи Роҳбарияти олии сиёсии ду давлат, инчунин саҳми парлумонҳои ду кишвар ба шумор меравад.

Дар ин самт нақши муҳими фаъолияти пурсамари Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсияро таъкид намудан ба маврид аст.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин робита зикр намуданд, ки ҳамкории байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия барои густариши минбаъда дорои иқтидорҳои калон мебошад.

Ва амалисозии онҳо вазифаи асосии Комиссияи муштарак маҳсуб меёбад, ки он масъалаҳои зерин, аз ҷумла таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ, ҷоннок кардани ҳамкории соҳибкорони ду давлат, ҳамоҳангсозии қонунгузориҳои миллӣ дар соҳаи савдои берунӣ, фаъолияти гумрукӣ, андоз ва бонкӣ, стандартизатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ, беҳтарсозии муносибатҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, илм ва дигар соҳаҳоро фаро мегирад.

Ҷонибҳо ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Россия, ки дорои иқтидорҳои ғанӣ буда, яке аз омилҳои муҳими нигоҳдорӣ ва таҳкими амнияту осоиш дар минтақа мебошад, баҳои баланд доданд.

Иштирокдорони маҷлис ба Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия дар роҳи таҳкими муносибатҳои гуногунпаҳлӯи байни ду давлат барору комёбӣ орзу намуданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз толори Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия дидан карданд.

ДАР АКС: мулоқоти ҳайатҳои расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, 24.11.2020. Акс аз Маҷлиси милии Маҷлиси Олии ҶТ

​​​​​​​

  •  
  •  


Вакти нашр: 2020-11-25 16:37:30    Хонданд: 48    Муфассал...

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо муовини якуми Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Александр Жуков мулоқот намуданд

Дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Москва 25 ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини якуми Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Александр Жуков мулоқот анҷом доданд. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия, бахусус дар самти робитаҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Иштирокчиёни музокирот натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россияро (моҳи апрели соли 2019), ки дар ҷараёни он як силсила санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расида буд, баланд арзёбӣ карданд.

Ҷонибҳо ба масъалаи таҳкиму густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёт таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Тавре тазаккур дода  шуд, парлумонҳои ду давлат саҳми арзандаи худро дар таҳкими робитаҳои шарикии стратегии байни Тоҷикистон ва Россия мегузоранд, ки ин дар шаклҳои нави ҳамкории байниминтақавӣ бараъло эҳсос мешавад. Имрӯз беш аз 80 минтақаи Россия бо Тоҷикистон ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ мондаанд. Вале дар ин самт ҳоло иқтидорҳои  зиёди истифоданашуда мавҷуд мебошанд.

Дар ин робита барои тавсеаи ҳамкории судманд, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак дар заминаи ашёи маҳаллӣ бо истифодаи технологияи Россия ва содироти минбаъдаи он ба бозорҳои ин кишвар имконияти фарох фароҳам гардидааст.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба масъалаи ҳамкории гуманитарӣ ва иҷтимоии дуҷониба дахл карда, таваҷҷуҳи ҷониби Россияро ба масъалаҳои   муҳоҷирати меҳнатӣ, ки яке аз мавзӯъҳои мубрами равобити дуҷониба маҳсуб меёбад, ҷалб намуданд.

Тавре зикр гардид, паҳншавии пандемияи коронавирус дар саросари ҷаҳон дар фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ баъзе маҳдудият ба миён овард.

Дар ин робита тазаккур дода шуд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия ҳузур дошта, баъзе ҳуҷҷатҳояшон ба қонунгузории ин кишвар ҷавобгӯ нест, то 15 декабри соли 2020 авф гардида, метавонанд аз нав ба қайд гирифта шаванд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ояндаи наздик бо тағйирёбии вазъ маҳдудияти марбут ба COVID-19 аз байн бардошта мешаванд.


Вакти нашр: 2020-11-25 17:25:31    Хонданд: 64    Муфассал...

Рустами Эмомалӣ бо Сергей Собянин мулоқот намуданд

Имрӯз  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳошияи сафари расмӣ ба Федератсияи Россия дар бинои Ҳукумати шаҳри Москва бо Раиси шаҳри Москва Сергей Собянин мулоқот карданд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси олии мамлакат.

Мазмуни асосии вохўриро муҳокимаи маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба  миёни шаҳрҳои Душанбе ва Москва ва дар ин робита муайян намудани самтҳои афзалиятноки робитаҳои минбаъда ташкил дод.

Маврид ба зикр аст, ки ҳанӯз 29 ноябри соли 1996 байни Ҳукумати шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Москваи Федератсияи Россия Созишнома дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид, ки он ба робитаҳои гуногунҷанбаи стратегии ду шаҳр асос гузошт.

Вобаста ба ин иштирокчиёни вохӯрӣ ҷиҳати бо мазмуни нав пурра намудани сатҳи ҳамкориҳои судманд ва дар ин замина ба имзо расонидани Барномаи нави ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳри Москва барои солҳои 2020-2023 мубодилаи афкор намуданд.

Дар вохӯрӣ ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон дар робита бо паҳншавии пандемияи короновирус таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Зимни музокирот ҷонибҳо ба тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва гуманитарӣ-фарҳангӣ, принсипҳои шарикии стратегӣ, ҳамкориҳои байниминтақавӣ, масъалаҳои марбут ба фаъолияти муштарак дар самти пешгирии сирояти бемории корнавирус, фаъолсозии ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва дар ин раванд ба роҳ мондани робитаҳои мустақим байни субъектҳои хоҷагидори тарафайн ва ҷалби сармоя, ҷоннок кардани сатҳи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, рушду таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон, ҳамчунин тарбияи кадрҳо ва азнавсозии базаи моддӣ-техникии хадамоти коммуналӣ изҳори назар карданд.

Дар фарҷоми мулоқот  байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳри Москва Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020-2023 ба имзо расид. Ба он Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси шаҳри Москва Сергей Собянин имзо  гузоштанд.

Барнома бо мақсади тавсеаи  робитаҳо дар мусоидат ба рушди иқтисодии шаҳрҳои Душанбе ва Москва равона гардида, самтҳои афзалиятноки идомаи ҳамкорӣ бахшҳои тиҷорату иқтисод, инфрасохтори роҳу нақлиёт, шаҳрсозӣ, ободонии ҳудуди шаҳр, соҳибкорӣ, савдо ва хизматрасонӣ, телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, саноат ва инноватсия, маориф ва илм, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон ва варзишро фаро мегирад.

Раиси шаҳри Душанбе аз Раиси шаҳри Москва даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф биёваранд. Даъват бо қаноатмандӣ қабул гардид.

Бо ҳамин нахустин сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия, ки бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардида, дар таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстонаи дуҷонибаи Тоҷикистону Россия  саҳифаи навро боз намуд, ба анҷом расид.


Вакти нашр: 2020-11-25 17:30:36    Хонданд: 54    Муфассал...

Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ дар пояи Оромгоҳи «Сарбози номаълум» дар шаҳри Москва гулчанбар гузоштанд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳайати ҳамроҳонашон  ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти  миллӣ дар пояи Оромгоҳи «Сарбози номаълум» дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия гулчанбар гузошта, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотири шаҳидони ҷангро пос доштанд. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар ин маросим Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Илёс Умаханов ҳамроҳӣ намуд.


Вакти нашр: 2020-11-25 17:39:15    Хонданд: 77    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Надим Раза мулоқот намуданд

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Надим Разаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре таъкид гардид, робитаҳои феълии Тоҷикистон ва Покистон фарогири соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, фарҳанг, илм, маориф, амният ва дигар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн буда, бо назардошти имконияти мавҷуда, ба рушду густариши онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистону Покистон нисбати аксари масъалаҳои умдаи минтақавию ҷаҳонӣ мавқеи ба ҳам наздик доранд ва ин мавқеъгириҳо имкон медиҳад, ки ду давлат дар ҳамоҳангӣ ба ҳалли мушкилоти минтақавию байналмилалӣ мусоидат намоянд.

Дар мулоқот муҳимияти тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ ва мудофиавӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва мусоидат ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон таъкид гардида, ҳолати кунунӣ ва дурнамои вазъи минтақа ва ҷаҳон дар давраи паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор сурат гирифт.


Вакти нашр: 2020-11-26 13:33:18    Хонданд: 46    Муфассал...

Нашрияи “Мароми пойтахт” беҳтаринҳоро ба кор даъват мекунад

Нашрияи “Мароми пойтахт”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои ишғоли ҷойҳои холии хабарнигори нашрия озмун эълон менамояд.

Таҳсилоти олии касбӣ, 10 сол собиқаи корӣ дар матбуоти даврӣ, дониш ва малакаи нависандагӣ, эҷодкорӣ ва малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумлаи талаботи тахассусӣ барои довталабон мебошад.

Маоши вазифавӣ 1205 сомонӣ буда, донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, маҳорати кор кардан бо компютер ва таҷрибаи кофии корӣ аз рўи ихтисос зарур мебошад.

Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳо ва мақолаҳои худро ба унвони нашрияи “Мароми пойтахт”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе то 10-уми ноябри соли равон тариқи почтаи электронии marom2011@mail.ru ё ба сурати хаттӣ ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, ошёнаи 7Б пешниҳод намоянд. Телефонҳо барои тамос: 227-35-83, 227-58-60


Вакти нашр: 2020-11-26 13:42:41    Хонданд: 22    Муфассал...

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010 “Дар бораи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ҳисоботи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода шунида шуд.

Тавре таъкид гардид, дар давраи солҳои 2011-2020 дар доираи татбиқи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирию таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ тадбирҳои зиёди муҳиму муасир анҷом дода шуда, дар соҳаи тандурустии мамлакат пешравиҳои назаррас ба вуқуъ пайваст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолии мамлакат, ки асоси воқеии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар мамлакат ба ҳисоб меравад ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки лоиҳаи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025-ро таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, ҷиҳати такмил додани механизми пешгирии бемориҳо ва таблиғи тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ дар асоси шарикӣ бо ҷомеа ва баланд бардоштани масъулияти аҳолӣ барои солимии худ ва атрофиён чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намоянд.

Лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти калонсолон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баъди муҳокимаи аъзои ҳукумати мамлакат барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба лоиҳаи созишномаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикон, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо барои солҳои 2021-2030, Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 ва Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2021-2023-ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар хотимаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки бо Қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии Ковид-19 вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ дар баъзе кишварҳои ҷаҳон барои эмин нигоҳ доштани саломатии мардуми Тоҷикистон гузаронидани ҳама гуна чораҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангиву оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар тамоми қаламрави кишвар манъ карда шудааст.

Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бори дигар таъкид намуданд, ки масъалаи риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ, бо маводи безараргардонӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро ба таври қатъӣ назорат намоянд.

Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба аъзои ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои саривақтии қарору фармоишҳои ҳукумат, таъмини кори муназзами муассисаҳои тандурустӣ ва маорифу фарҳанг, таъминоти босифат ва саривақтии аҳолӣ бо барқу гармӣ, дар сатҳи баланд гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, захираи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ, пеш аз ҳама дар муассисаҳои иҷтимоӣ, инчунин дар ҳолат хуби омодагӣ нигоҳ доштани роҳҳо ва тамоми иншооти энергетикӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили боқимонда, махсусан пахта ва дар маҷмуъ назорати қатъии фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 


Вакти нашр: 2020-11-28 09:49:35    Хонданд: 39    Муфассал...

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок намуданд

27 ноябри соли ҷорӣ  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи 51-уми пленарии Ассамблеяи   байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шакли видеоконференсия сурат гирифт, иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат хабар доданд.

Дар ҷараёни кори он як силсила масъалаҳо, аз ҷумла интихоби Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, нақшаи кории Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, рушди парламентаризм, робитаҳои байнипарламентӣ, дастгирии қонунгузории тадбирҳо дар кишварҳои узви ИДМ дар робита бо пандемияи COVID-19, ҳолат ва дурнамои ҳамгироии иқтисодӣ ва дастгирии меъёрии он дар фазои АвруОсиё, омодагӣ ба мушоҳидаи интихобот ба мақомоти ҳукуматӣ дар кишварҳои ИДМ дар соли 2021, ташкили Шӯрои экспертии илм ва маориф дар назди Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, лоиҳаи «Конвенсия дар бораи ҳифзи ҷойҳои мероси фарҳангии давлатҳои аъзои ИДМ», «Кодекси намунавии меҳнат барои давлатҳои аъзои ИДМ», «Кодекси намунавии интихобот барои давлатҳои аъзои ИДМ» ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти  Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил алоқаманд мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз рӯи  масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.


Вакти нашр: 2020-11-28 09:53:30    Хонданд: 44    Муфассал...

Хуррамгардонии Душанбешаҳр - рисолати мо ҳизбиён!

Нимаи аввали имрӯз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои пойтахт дар доираи муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба «Шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе, ки зимни баргузории иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум садо дод, аксияи ниҳолшинониро таҳти унвони “Хуррамгардонии Душанбешаҳр - рисолати мо ҳизбиён” дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ баргузор намуданд. Бояд қайд кард, ки аксияи мазкур бо иштироки бевоситаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муҳтарам Мирзозода Иброҳим, ҷонибдорону фаъолони ҳизб, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, кормандони кумитаҳои шаҳрии ҳизб баргузор гардид, ки беш аз 1893 адад дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шуд. Зикр гардид, ки ба иҷро расонидани чунин иқдомҳои ободонӣ агар аз як ҷониб барои беҳбуд бахшидани муҳити атроф мусоидат намояд, аз сӯи дигар ба таври табии ҳифзу бегазанд нигоҳ доштани чунин маконҳо мебошад. Ҳамин аст, ки симои пойтахти кишварамон рӯз аз рӯз дигаргун шуда, ҳар лаҳзаву њар соат ҳусну таровати тозаеро дар худ пайдо менамояд.


Вакти нашр: 2020-11-28 13:21:22    Хонданд: 9    Муфассал...



Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс