МАРОМИ ПОЙТАХТ

Навидҳо

Президенти ман! Интихоби ман! Ифтихори ман!

30- уми сентябри соли 2020 дар доираи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таблиғи самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо  иштироки гурӯҳҳои таблиғотии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе бо донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе вохӯрӣ зери унвони “Президенти ман! Интихоби ман! Ифтихори ман !” доир гардид. 
          Иштирокчиён дар вохӯрӣ доир ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф ва илм, ҷавонон, занон ва варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуданд.
     Ичунин таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату якдилӣ дар партави иқдомҳои ҷавонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”  10 сол аст, ки дар тарбияи ватандӯстиву худшиносии ҷавонон нақши босазо истодаанд. 
       Дар навбати худ иштирокчиёни вохӯрӣ иброз доштанд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сафи пеш истода, баҳри боз ҳам гулгулшукуфон гаштани Тоҷикистон раъйи худро ба номзади арзандаи худ медиҳанд.
      Ҳамзамон, ба ҳозирин шумораи махсуси нашрияи “Мароми пойтахт”, ки дар он Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нашр шудааст, тақсим карда шуд. 


Вакти нашр: 2020-10-01 09:20:13    Хонданд: 28    Муфассал...

ДАР ИНТИХОБОТ ИШТИРОК МЕКУНЕМ!

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оид ба мулоқоту вохўриҳо бо усулҳои “хона ба хона”, “рў ба рў” ва “кўча ба кўча” гурўҳҳои таблиғотӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 30-юми сентябри соли равон дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе бо интихобкунандагон воқеъ дар маҳаллаи Раҳмон Набии ноҳияи Сино вохӯрӣ баргузор гардид.  
Дар он масъулин оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода, пешгирии омилҳои номатлуб, аз ҷумла гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, пешгирии бемории сироятии КОВИД 19, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва забони давлатӣ ибрози назар карда,  таъкид намуданд, ки маҳз бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, ба зиндагии арзандаю шоиста расида истодаем. 
Дар охир аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки 11 октябр дар интихобот ширкати фаъолона намуда, ба ҷонибдории номзади арзандаи худ овоз диҳанд.


Вакти нашр: 2020-10-01 09:29:35    Хонданд: 25    Муфассал...

Бурҳониддин РАББОНӢ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (солҳои 1992-2001)

«Дар соатҳои озмоишҳои мушкил шахсиятҳои таърихӣ метавонанд тасмимҳои таърихӣ иттихоз намоянд. Дар мавриди Афғонистон, бо итминони комил метавон гуфт, ки талоши пайгирона ва истодагарие, ки Эмомалӣ Раҳмонов бо он мехост таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба фоҷиаи Афғонистон ҷалб кунад, танҳо бо корнамоии ҳақиқӣ қобили қиёс аст. Он замон Тоҷикистон дар вазъи бениҳоят вазнин қарор дошт, таҳдиди «Толибон» дар марзи Тоҷикистону Афғонистон воқеан  мавҷуд буд. Дар чунин шароит бархе аз кишварҳо ба хотири ворастан аз бархӯрд бо «Толибон» равобити худро бо ин гурӯҳ таҳким бахшиданд. Маҳз ҳамин корро аз ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон низ интизор доштанд. Аз ӯ ошкоро тақозо карданд, ки мушкилоти тоҷикон бидуни ин ҳам зиёд аст, пуштибонии неруҳои муқовимати мардумӣ дар Афғонистон чӣ зарурият дорад? Вале Эмомалӣ Раҳмонов, сарфи назар аз тамоми мушкилот, ҳимояи  халқи афғонро идома бахшид. Ин мавқеъи мардона ва дурандешона минбаъд авзоъи минтақа ва ҷаҳонро бунёдан тағйир дод».
 (Аз бо мусоҳиба бо рӯзномаи «Тоҷикистон», июни соли 2006)


Вакти нашр: 2020-10-01 09:43:52    Хонданд: 22    Муфассал...

Абдуллоҳ ибни АБДУЛАЗИЗ АЛ САУД, Шоҳи Арабистони Саудӣ (солҳои 2005-2015 )

«Мо, ҷаноби Президент, Шуморо аз ҳар каси дигар дида бештар дӯст медорем ва эҳтиром мекунем, чунки Шумо ба шарофати сиёсати хирадмандона ва амалҳои қатъии худ дар сарзаминатон сулҳу суботро барқарор кардед, миллататонро аз варшикастагӣ ва ҳалокат наҷот додед.
Бар дӯши Шумо масъулияти сарнавишти халқи ба мо бародар, ки бо таърихи куҳанбунёди худ ва фарҳанги ғаниаш машҳур аст, вогузор шудааст ва иштироки Шумо имрӯз дар нишасти 10-уми сарони давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ — ин арҷгузорӣ ба саҳми таърихии ҳамватанони шумост».
(Аз сӯҳбати Абдуллоҳ Ибни Абдулазиз Ал Сауд ва Эмомалӣ Раҳмонов, Путраҷая, Малайзия, 17 октябри соли 2003)
 


Вакти нашр: 2020-10-01 09:47:04    Хонданд: 20    Муфассал...

Жак ШИРАК, Президенти Ҷумҳурии Фаронса (солҳои 1995-2007)

«Халқи Фаронса мавқеи устувори Президенти Тоҷикистонро, ки ба фарҳанги ғанӣ ва олии сиёсӣ ва маънавии мардуми тоҷик такя мекунад, ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард».
(«Народная Газета». 2002)
*** 
«Ман, бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо қаноатмандии худро дар мавриди  муносиботи мо дар тӯли солҳои охир ва хоҳиши худро, ки мехоҳам ҳамкориамонро  аз ин дида бештар таҳкимёфта бубинам,  иброз намоям. Ман инчунин мехоҳам ба Шумо барои пазироии кишваратон аз неруҳои ҳавоии Фаронса дар тӯли панҷ соли охир ташаккур бигӯям. Ин ҳузури тӯлонӣ ба  кишварҳои мо имкон дод, ки равобити амиқи дӯстона барқарор кунанд. Ман  лаҳазоти бисёр хуби мулоқотамонро дар моҳи октябри соли 2005  ҳеҷ аз ёд намебарорам.
Ман инчунин мехоҳам бори дигар ба Шумо итминон бидиҳам, ки Фаронса ва шарикони ӯ аз Иттиҳоди Аврупо, ки  дар он ҷо ба ҳамкориҳои минтақавӣ,  гуногунандешӣ ва волоияти қонун афзалият дода мешавад, ҳама ташаббусҳоеро, ки барои ба минтақаи босубот, шукуфон ва мутмаин табдил додани Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд,  қотеъона дастгирӣ мекунанд».
(Аз паём ба номи Э. Раҳмонов ба муносибати
 Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сентябри соли 2006)


Вакти нашр: 2020-10-01 09:52:32    Хонданд: 18    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ ОИД БА ШАРҲИ БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР КУМИТАВУ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии “Осебшинос” бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоӣ Ғаниев Б. ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” соати сиёсӣ доир гардид.


Вакти нашр: 2020-10-01 10:05:34    Хонданд: 21    Муфассал...

ВОХӮРИИ ХОНА БА ХОНА БО ИСТИҚОМАТКУНАНДАГОНИ МАҲАЛЛАҲО

Тибқи нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳои хона ба хона, рӯ ба рӯ ва кӯча ба кӯчаи гурӯҳҳои таблиғотии нҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати  таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, имрӯз дар маҳаллаи Чортути ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Нуров М.А. ва мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия Юнусова Р.С. бо истиқоматкунандагони маҳалла вохӯрӣ доир гардид. 

Дар вохӯрӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотӣ барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-01 10:10:36    Хонданд: 19    Муфассал...

РӮ БА РӮ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур бобати шарҳу тавзеҳи ҳадафраси Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Каримзода Маҳмадкарим  Карим ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо интихобкунандагон дар ҳудуди маҳаллаи Хайробод бо усули  хона ба хона  ва кӯча ба кӯча баргузор гардид. 
Зимни вохӯрӣ оид ба дастовардҳои Истиқлилоияти кишвар, расидан ба зиндагии шоистаи мардум, рушду такомули ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат сухан рафта, аз интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки дар интихобот фаъолона иштирок намуда, дар рушди минбаъдаи кишвар саҳми худро гузоранд.


Вакти нашр: 2020-10-01 10:15:50    Хонданд: 19    Муфассал...

ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

30.09.2020
Гуруҳи таблиғотии Ситоди пешазинтихоботӣ бо фаъолон ва сокиноу интихобкунандагон дар толори кинотеатри “Зебонисо” вохӯрии хотирмон доир намуданд. 
Дар вохӯрӣ  Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Муинӣ Мавсума-муовини Раиси шаҳри Душанбе, Ҳамидиён Илҳомҷон-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ,  Каримзода Маҳмадкарим-вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Каримзода Ҳақназар-сармуҳаррири нашрияи ҳизбии “Мароми Пойтахт” ва Бердизода Шоҳназар-устоди Донишгоҳи давлатии  омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ суханронӣ намуданд.
    Аснои суханрони зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатиро дар солҳои 2013-2020 ба тарзу услубе роҳандозӣ намуд, ки кори пурсамари тамоми сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ таъмин гардида, барои ҳар сокини мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё гардид. Ҳамаи ин тавассути иҷрои консепсия, стратегия ва барномаҳои мушаххаси давлатӣ, хусусан амалишавии Барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, таҳти шиори «Барои ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» таҳия гардида,  иҷрои нақшаҳои он ба солҳои 2013-2020  рост омада, бараъло амалӣ гардид.
Дар ин давра як қатор муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ, беморхонаҳо, варзишгоҳҳо, толорҳои варзишӣ, майдончаҳои варзишӣ  бунёдгардиданд.  Зикр шуд, ки дар росто танҳо да пойтахти кишвар 258 майдончаи варзишӣ бунёду ба истифода дода шуд. 
Дар интиҳо даъват ба амал оварда шуд, ки рӯзи интихобот фаъолона иштирок намуда, барои рушди босуботу ҷомеаи ободи кишвар якдилона ба тарафдории номзади арзанда овоз диҳанд.


Вакти нашр: 2020-10-01 10:23:18    Хонданд: 22    Муфассал...

ВОХӮРИИ СУДМАНДИ СИТОДИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ТАБИБОНУ ЗИЁИЁН

30.09.2020
Бо иштироки аъзои гуруҳи таблиғотии Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз ҲХДТ  Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Ҳамидиён Илҳомҷон-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Раҳимзода Шариф-Директори иннститути демография ва иқтисодиёти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Соҳибзода Муҳаммадҷон-муовини директори маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беморхонати шаҳрии №3  вохӯрии судманд доир гардид. Дар вохӯрӣ оид ба татбиқи созандаи самтҳои фаъолияти  барномаи мавриди амал аз ҷумла иқтисодиёт, иҷтимоиёт, саноат, энергетика, кишоварзӣ, хизматрасонӣ,   масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонон, занон, муҳоҷират, такмили низоми қонунгузорӣ, мудофиа, амният ва  сиёсати хориҷӣ сухан рафт. 
Зикр шуд, ки дар ин муддат иштироки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ дар таҳияву қабули қарорҳои стратегӣ ҷиҳати рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардид. Давоми 7 соли охир дар доираи ташкили майдони муколамаи озоди байни давлат ва бахши хусусӣ ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорон ва намояндагони бахши хусусӣ дар таҳия ва  қабули як қатор қарорҳои стратегӣ, аз ҷумла, таҳияи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  соли 2013 дар таҳрири нав қабул гардид, фаъолона иштирок намуданд. дар ин муддат таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои  2015 дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ натиҷаҳои зиёдеро ба  овард. Аз ҷумла сатҳи камбизоатӣ дар соли 2020 нисбат ба соли 2013-ум 1,4 маротиба паст шуд.  
Дар интиҳо аз ҳамаи интихобкунандагон даъват гардид, ки дар рӯзи интихобот фаъолона иштирок намуда, ба номзади арзандаи худ овоз диҳанд.


Вакти нашр: 2020-10-01 10:34:50    Хонданд: 23    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотии Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ Зувайдуллозода М.Ҳ., раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Файзуллозода З.Ф., аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Хайрзода Ш.Қ. инчунин аъзои гӯруҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муминзода Ҷ.С. иштирок намуда, барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-01 10:41:41    Хонданд: 21    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар толори “Шараф”-и қисми низомии 051055-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ, Мирсаидов А. - шахси боэътимоди номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода И.Х., раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Файзуллозода З.Ф. инчунин аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Норасов А.А. иштирок намуда, барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-01 10:46:41    Хонданд: 22    Муфассал...

ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ ГУЛБУТТА

30  сентябр тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе оид ба мулоқоту вохўриҳои хона ба хона, рў ба рў ва кўча ба кўчаи гурўҳҳои таблиғотӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе бо интихобкунандагон дар маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Фирдавсӣ вохӯриву мулоқот баргузор гардид.
       Дар он дар мавриди маъракаҳои дарпешистодаи интихоботӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, пешгирии бемории сироятии КОВИД 19 изҳори андеша карда шуд. Ҳамзамон шиору овезаҳои таблиғоти ба соҳибмулкон, соҳибкорон мактабу кӯдакистон тақди гардид.


Вакти нашр: 2020-10-01 10:54:41    Хонданд: 22    Муфассал...

ТАЪСИСИ 740 МАРКАЗИ ЗЕҲНӢ ДАР 7 СОЛИ ОХИР

1 октбри соли равон дар асоси нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори Маркази саломатии шаҳрии №12 вохӯрии шахсони боэътимод, гуруҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар вохӯрӣ Зариф Сафаров, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Рамазон Одиназода, аъзои ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Ҷурабек Муродов, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ширкат ва суханронӣ намуданд. Дар он дар мавриди дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, татбиқи барномаи ҲХДТ барои солҳои 2013-2020, самтҳои асосии Барномаи номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  изҳори андеша карда шуд. Таъкид гардид, ки давоми 7 сол сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоиз то ба 26,3 фоиз коҳиш ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар зиёд гардид. Дар соҳаи маориф дар ин давра 135 муассисаи томактабӣ, 740 маркази ташаккули зеҳнии кӯдакон, 1444 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардид. Дар ин давра ду барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон татбиқ гардида, дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис ёфт, зикр шуд дар вохӯрӣ.
Ҳамзамон оид ба самтҳои барномаи  номзад аз ҲХДТ низ ба ҳозирин маълумот дода шуд.


Вакти нашр: 2020-10-01 13:43:35    Хонданд: 21    Муфассал...

СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотии Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ Зувайдуллозода М.Ҳ., раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Файзуллозода З.Ф., аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Хайрзода Ш.Қ. иштирок намуда, барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-01 13:57:49    Хонданд: 24    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ ОИД БА ШАРҲИ БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР КУМИТАВУ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии “Боғи Хайём” бо иштироки муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” соати сиёсӣ доир гардид.


Вакти нашр: 2020-10-01 14:02:44    Хонданд: 23    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСИ БОЭЪТИМОДИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОНИ МАҲАЛЛАИ БӮСТОН-1

 1.10.2020
Гуруҳи таблиғотӣ бо устодону фаъолони маҳаллаи “Бӯстон-1”  вохӯрии хотирмон доир намуданд. Дар вохӯрӣ Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Низом Қосим-Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Амробекова Руқия- Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Холиқова Заррина –вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур, Сангинов Донёр-устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Бердиев Шоҳназар-устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
 Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки татбиқи бевоситаи меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо, ҳифзи асосҳои конститутсионӣ, тамомияти арзии Тоҷикистон, таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум дар солҳои 2013-2020  меҳвари асосии сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ буд.
  Бо кӯшишу хизматҳои арзандаи Пешвои миллат тоҷикистон ба амнтарин кишвари олам табдил шуд. Маҳз ҳамин оромӣ барои раҳоӣ бахшидани кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, гузоштани заминаи устувор барои таъмини рушди иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳу нақбҳо, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ ва гайра мусоидат намуд.
 Дар масири ҳафт соли рушди бобарор  инфрасохтори соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ, махсусан, дар деҳоти кишвар ва сифати хизматрасониҳо ба куллӣ тағйир ёфта, соли 2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд. Дар давраи 7 соли сипаригардидаи барномаи амали Президенти кишвар 9 ҳазор кати хоб барои беморон дар соҳаи тандурустӣ таъсис дода шуд.  Буҷети кишвар дар соли 2020 ба 24-миллиард расонида шуд.  Дар ин давра 1500 муассисати таълимӣ бунёд ва 500 мактаб аз таъмири капиталӣ баровардашуд. Ҳамзамон 150 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба истифода дода шуданд. Музди меҳнат, нафақа ва дигар кумакпулиҳо ба маротиб боло рафт. мақоми кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ устувор гардид. 
Дар интиҳо даъват ба амал оварда шуд, ки рӯзи интихобот фаъолона иштирок намуда, барои рушди босуботу ҷомеаи ободи кишвар якдилона ба тарафдории номзади арзанда овоз диҳанд.


Вакти нашр: 2020-10-01 14:11:46    Хонданд: 23    Муфассал...

Ифтитоҳи гармхонаи замонавии Хоҷагии деҳқонии “Отаҷон” дар ноҳияи Рӯдакӣ

01.10.2020
http://www.president.tj/node/24170

1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ гармхонаи замонавии хоҷагии деҳқонии “Отаҷон”-ро, ки сохтмони он соли 2017 оғоз гардида, имсол ба анҷом расонида шуд, ба истифода супурданд.

Гармхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Илҳом Отаҷонов дар масоҳати 0,40 гектар бунёд гардида, дар он 20 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шудааст. 

Дар гармхонаи замонавии хоҷагии деҳқонии “Отаҷон” сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла навъҳои серҳосили помидору бодиринг бо усулҳои муосир парвариш карда мешавад. Дар сурати муътадил гардидани ҳарорати дохилӣ болопӯш ва атрофи он кушода хоҳад шуд. 

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо ҷараёни парвариши сабзавоти барвақтӣ ва фаъолияти аҳли заҳмат дар ин самт ба хоҷагидорон ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва гирифтани ҳосили зиёд дастуру тавсияҳои муфид доданд. 

Таъкид гардид, ки кишоварзони ноҳияи Рӯдакӣ бо меҳнати пурмаҳсул дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоти барвақтӣ дар шароити гармхона ҳама фасли сол фаъолияти назаррас дошта, дар таъмини бозорҳои шаҳри Душанбе бо сабзавоти тару тоза саҳми фаъол доранд. 

Аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии “Отаҷон” дар ин гармхонаи замонавӣ бо истифода аз имконоти мавҷуда оянда парвариши сабзавоти барвақтиро васеъ ба роҳ монда бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва ҳамкории зич бо олимону мутахассисон ҳосили фаровон ҳоханд гирифт. 

Хоҷагии деҳқонии Отаҷон дар маҷмуъ дорои 5 гектар замин буда, имсол дар 0,75 гектар гандум, 2,25 гектар сабзавот, 0,85 гектар карам, 0,80 гектар бодиринг, 0,30 гектар помидор, 0,35 гектар дигар номгуи сабзавот ва 2 гектар полезӣ кишт намуда, ҳамарӯза маҳсулоти истеҳсолшударо ба бозорҳо ба фурӯш мебароранд. 

Барои истифодаи самараноки замин хоҷагидорон дар 2,85 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ ва сабзавотро гузаронида, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. 

Кишоварзони ноҳияи Рӯдакӣ дар бунёди гармхонаҳо таҷрибаи ғанӣ дошта, фаъолияти онҳо дар ин самти хоҷагидорӣ густариш меёбад. 

Дар ноҳия Рӯдакӣ айни ҳол дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ масоҳати гармхонаҳо 21 гектарро ташкил дода, ба нақша гирифта шудааст, ки оянда дар масоҳати 2 гектар гармхона бунёд карда мешавад.


Вакти нашр: 2020-10-01 14:30:10    Хонданд: 20    Муфассал...

Президенти ман! Интихоби ман! Ифтихори ман!

01.10.2020 дар доираи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таблиғи самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо  иштироки гурӯҳҳои таблиғотии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе бо донишҷӯёни Литсей касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе вохӯрӣ зери унвони “Президенти ман! Интихоби ман! Ифтихори ман !” доир гардид. 
          Иштирокчиён дар вохӯрӣ доир ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф ва илм, ҷавонон, занон ва варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуданд.
     Ичунин таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату якдилӣ дар партави иқдомҳои ҷавонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”  10 сол аст, ки дар тарбияи ватандӯстиву худшиносии ҷавонон нақши босазо истодаанд. 
       Дар навбати худ иштирокчиёни вохӯрӣ иброз доштанд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сафи пеш истода, баҳри боз ҳам гулгулшукуфон гаштани Тоҷикистон раъйи худро ба номзади арзандаи худ медиҳанд.
      Ҳамзамон, ба ҳозирин шумораи махсуси нашрияи “Мароми пойтахт”, ки дар он Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нашр шудааст, тақсим карда шуд.


Вакти нашр: 2020-10-01 15:07:29    Хонданд: 23    Муфассал...

Президенти ман! Интихоби ман! Ифтихори ман!

  01.10.2020 дар доираи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таблиғи самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо  иштироки гурӯҳҳои таблиғотии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе бо донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ вохӯрӣ зери унвони “Президенти ман! Интихоби ман! Ифтихори ман !” доир гардид. 
          Иштирокчиён дар вохӯрӣ доир ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф ва илм, ҷавонон, занон ва варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуданд.
     Ичунин таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату якдилӣ дар партави иқдомҳои ҷавонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”  10 сол аст, ки дар тарбияи ватандӯстиву худшиносии ҷавонон нақши босазо истодаанд. 
       Дар навбати худ иштирокчиёни вохӯрӣ иброз доштанд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сафи пеш истода, баҳри боз ҳам гулгулшукуфон гаштани Тоҷикистон раъйи худро ба номзади арзандаи худ медиҳанд.
      Ҳамзамон, ба ҳозирин шумораи махсуси нашрияи “Мароми пойтахт”, ки дар он Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нашр шудааст, тақсим карда шуд.


Вакти нашр: 2020-10-01 15:18:08    Хонданд: 26    Муфассал...

Ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

01.10.2020
http://www.president.tj/node/24173

1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гулгашти Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд.

Сарвари давлат дар ҳамин ҷо аз болои муҷассамаи аввалин бунёдгузори давлати тоҷикон - Шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардоштанд.

Муҷассама дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён қомат афрохта, дар идомаи тадбирҳои созандагӣ барои истиқбол аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳайкалтарош Алиҷон Бобошарифов бо санъати баланд омода гардидааст.   

Баландии муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 5,3 метр ва дар маҷмӯъ бо таҳкурсиаш 9,3 метрро ташкил медиҳад.

Дар ду паҳлӯи муҷассама ду шер ҳамчун рамзи ҷасорату тавонмандии миллати тоҷик гузошта шудааст.

 Масоҳати умумии замини гулгашти Исмоили Сомонӣ 0,18 гектарро дар бар гирифта, корҳои сохтмонию паймонкорӣ дар иншоотро кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Планета БАФ” ба анҷом расондаанд.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 30 нафар мутахассисон ҷалб гардида, бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Гулгашти Исмоили Сомонӣ дар идомаи тадбирҳои созандагӣ зебо карда шуда, наздики 8000 бех гулҳои рангоранг ва ниҳолҳо дар он шинонида шудааст.

Барои таъмини истироҳату фароғати сокинону меҳмонон дар атрофи муҷассама ду фаввора ва 15 адад нишастгоҳ низ гузошта шудааст.

Ҳамзамон роҳравҳои атрофи иншоот дар масоҳати 1400 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо мақсади бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудан аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақша дар ноҳияи Рӯдакӣ бунёду ба истифода додани 414 адад иншооти дорои таъйиноти гуногун дар назар аст.

Дар шаҳраки Сомониён бошад, ба ифтихори ин ҷашни фархундаи миллӣ  бунёд ва ба истифода додани 44 иншоот дар назар дошта шуда, аллакай 35 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар гулгашти Исмоили Сомонӣ баҳои баланд дода, ба масъулон ҷиҳати истифодаи пурсамар аз имконоту иқтидорҳои мавҷуда барои бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳои бунёдиву сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии боқимонда ва дар муҳлати муайянгардида мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Атрофи гулгашти Исмоили Сомониро шабонгоҳ чароғҳои гуногуногуни равшанидиҳанда зиннат мебахшанд.


Вакти нашр: 2020-10-01 15:47:51    Хонданд: 25    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “БАРҚЧӢ”

1- уми октябри соли равон дар ташкилоти ибтидоии “Барқчӣ” бо иштироки Убайдулло Қурбонзода муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Ниёзов Умаралӣ – директори ҶСК “Маркакази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва кормандони муассисаи номбурда соати сиёсӣ баргузор гардид. Дар он оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва маъракаҳои дарпешистодаи сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Убайдулло Қурбонзода муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ изҳор дошт, ки давоми 29 сол Тоҷикистон пайраҳаҳои душвору пурхамупечро тай намуда, ба марҳилаи устувори рушд ворид гардид. Заҳматҳои шабонарӯзиву пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сифатҳои баланди инсониву роҳбарии Ӯ тавонист сарзамини маҳбуби моро ба ин сатҳи баланд расонад. Тӯли ин муддат тамоми бӯҳронҳои сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ бартараф гардида, сатҳи камбизоатӣ аз 85 фоиз то ба 26 фоиз, буҷаи кишвар аз 0 то 23 миллиард расонида шуд. Мавсуф оид ба самтҳои барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, таъкид намуд, ки дар маъракаи муҳими сиёсӣ фаъол бошанд, аз ҳуқуқҳои конститутсионии хеш истифода намоянд ва маърифати баландӣ сиёсӣ зоҳир намоянд.

Умаралӣ Ниёзов зимни суханронии худ зикр намуд, ки ҳама кормандони мо аз ғамхориҳои Пешвои миллат бархурдоранд ва аз заҳмату корнамоиҳои ин шахсияти бузург нисбати ватану миллат ба хуби огаҳи доранд. Бо бовари гуфтан мумкин аст, ки аҳли колективи ин муассиса дар рӯзи интихоботи президенти фаъолона иштрок намуда, ба тарафдории номзади арзандаи худ овози худро хоҳанд дод.


Вакти нашр: 2020-10-01 15:58:22    Хонданд: 23    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар толори Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ, Мирсаидов А. - шахси боэътимоди номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода И.Х., аъзои гурӯҳи таблиғотии Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ Зувайдуллозода М.Ҳ., раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Файзуллозода З.Ф., аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Казакова У.С., инчунин аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри душанбе Бобоалиева З.П.  иштирок намуда, барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-01 18:23:46    Хонданд: 25    Муфассал...

БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲХДТ: МУНТАЗАМ ЗИЁД НАМУДАНИ ҲАҶМИ ДАРОМАДҲОИ ПУЛИИ АҲОЛӢ ВА МУЗДИ МЕҲНАТИ КОРМАНДОН

1 октябри соли равон дар асоси нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрии шахсони боэътимод, гуруҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони шаҳраки 65 доир гардид.
Дар вохӯрӣ Ҷамила Лангарӣ, сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои ситоди пешазинтизоботии Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ, Маҳбуба Камолова, сармуҳаррири нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Народная газета”, Рамазон Одиназода, аъзои ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе ширкат ва суханронӣ намуданд. Онҳо дар бораи солҳои мудҳишу сангини ҷанги шаҳрвандӣ, оқибатҳои он, саъю талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдор намудани сулҳу суботи сиёсӣ, бартарафсозии оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими истиқлолият, мақомотҳои ҳуқуқиву низомӣ, корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар кишвар, паст гардидани сатҳи камбизоатӣ то ба 26 фоиз, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, тақвият ва ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани обуруву нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилал, ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат, умуман корнамоиву қаҳрамониҳои беназиру нотакрори Ӯ баҳри ин сарзамину ин миллат андешаҳояшонро гарму самимӣ изҳор доштанд. Ҳамзамон дар бораи самтҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти саҳҳеҳу возеҳ доданд.


Вакти нашр: 2020-10-01 19:08:11    Хонданд: 24    Муфассал...

29 СОЛИ ЗАҲМАТҲО БАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА РУШДУ ПЕШРАФТ

1 октябри соли равон тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе оид ба мулоқоту вохўриҳои хона ба хона, рў ба рў ва кўча ба кўчаи гурўҳҳои таблиғотӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе бо интихобкунандагон дар маҳаллаи Ҳосилоти ноҳияи Фирдавсӣ вохӯриву мулоқот баргузор гардид.
Дар он дар мавриди дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву тундгаро, бегонапарастӣ, пешгирии бемории сироятии КОВИД 19, самтҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон  изҳори назар карда шуд. Таъкид гардид, ки 29 соли соҳибистиқлолӣ 29 соли заҳматҳои шабонарӯзиву пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмолн баҳри сулҳу субот сиёсӣ, ваҳдату якдилӣ, рушду пешрафти тамоми самтҳо, аз ҷумла ҳадафҳои стратегӣ ва дигар ҳадафҳои олӣ буд.
Ҳамзамон ҷиҳати иштироки фаъолона дар маъракаи муҳими сиёсӣ низ ибрози андеша карда шуд.


Вакти нашр: 2020-10-02 08:19:47    Хонданд: 18    Муфассал...

БАРНОМАИ ҚАВЛУ АМАЛ ВА МАРҲИЛАҲОИ РУШД: ВОХӮРИИ СУДМАНДИ ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ ПЕШАЗИНТИХОБОТӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН ДАР МАҲАЛЛАИ “БӮСТОН-2”

Гуруҳи таблиғотӣ бо интихобкунандагони  маҳаллаи “Бӯстон-2”  вохӯрии хотирмон доир намуданд. Дар вохӯрӣ Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Низом Қосим- шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,Обидов Фозил-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,    Муҳаммадзода Парвиз-муовини директори маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Самадзода Ифтихор-муовини сардори Раёсати  асноди ҳолати шаҳвандӣ ва Қурбонова Ширин-раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бобати рушди самараноки иқтисоди мамлакат нутқ рафа, зикр шуд, ки бо тадбирҳои пайвастаи Пешвои миллат вазъи иҷтимоии  нафақагирон беҳтар гардид. Инчунин, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақагирони кишвар аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа  аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон зиёд карда шуд. Барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 таҳия гардида, татбиқи самараноки он давра-давра таъмин шуд. Дар давраи солҳои 2013-2020 дар ҷумҳурӣ дигаргуниҳои назаррас рӯй доданд, ки ба иқтисодиёти кишвар таъсири мусбат расонид. 
Ҳадафи асосии стратегии Ҳукумати мамлакат дар давраи сипаришуда ин бунёд ва таҷдиди  инфрасохтори нақлиёт бо мақсади раҳоӣ намудани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ буд ва амалӣ гардид.
Дар давраҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 42 фоиз роҳҳои аҳаммияти ҷумҳуридошта ва 20 фоиз роҳҳои аҳмияти маҳаллии болопўши мумфаршро доро буд. Аз ин 73 фоиз дар ҳолати паст, 26 фоиз дар ҳолати миёна ва танҳо 1 фоиз дар ҳолати хуби техникӣ қарор дошт. Ҷиҳати расидан ба  ҳадафҳои стратегӣ то соли 2020 дар соҳаи нақлиёти кишвар 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи беш аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардидааст. Зиёда аз 2000 км. роҳҳои мошингард, 31 км. нақбҳо, 200 адад пулҳо ва 173,2 км. роҳҳои оҳан сохта ва тачдид гардида, беш аз 374 адад техникаю механизмҳои роҳсозӣ харида шудаанд. 
Дар  давраи 7-соли барномаи амал роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, қисмати Ваҳдат –Ёвон сохтмони 40,7 км роҳ, 3 нақб бо дарозии 3,7 км ва 5 пули калон ба истифода дода шуд.
Тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар ҷумҳурӣ дар солҳои 2013-2020 ба яке аз ҷузъҳои таркибии ҷараёни тарбия табдил ёфта, ҷавононро дар роҳи садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ҳидоят намуд.
Сулҳу ваҷдати миллӣ, ки ба василаи талошҳои пайвастаи  Пешвои миллат ба даст омадааст, барои густариш ёфтани сиёсати дохиливу хориҷӣ, рушди минбаъдаи кишвар ва таъмини амнияти давлату ҷомеа таҳкурсии мустаҳкам ба вуҷуд овард.  
Аз тарафи интихобкунандагон ҳам муколамаи самимӣ анҷом дода шуд.
Зикр шуд, ки рӯзи интихобот  бо рӯҳияи болида, ба участкаҳои интихоботӣ рафта ба ҷонибдории номзади арзандаи ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз дода, дар рушди минбаъдаи давлат саҳми худро гузоранд.


Вакти нашр: 2020-10-02 08:29:29    Хонданд: 20    Муфассал...

ВОХӮРИИ РӮ БА РӮ БО ИСТИҚОМАТКУНАНДАГОНИ МАҲАЛЛАҲО

Тибқи нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳои хона ба хона, рӯ ба рӯ ва кӯча ба кӯчаи гурӯҳҳои таблиғотии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати  таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, имрӯз дар маҳаллаи Хуҷандии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Мирзоев Н.М. ва мутахассиси бахши омори Кумитаи иҷроия Нурзод Р.М. бо истиқоматкунандагони маҳалла вохӯрӣ доир гардид. 

Дар вохӯрӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотӣ барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-02 08:34:23    Хонданд: 17    Муфассал...

ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ ҚАРОТЕГИН

1 октябри соли равон тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе оид ба мулоқоту вохўриҳои хона ба хона, рў ба рў ва кўча ба кўчаи гурўҳҳои таблиғотӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе бо интихобкунандагон дар маҳаллаи Қаротегини ноҳияи Фирдавсӣ вохӯриву мулоқот баргузор гардид. Дар вохӯрӣ оид ба дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, маъракаи муҳими сиёсӣ, пешгирии бемории КОВИД 19 изҳори назар карда шуд. Ҳамзамон ҷиҳати иштироки фаъолона дар маъракаи муҳими сиёсӣ, дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ таъкид гардид.


Вакти нашр: 2020-10-02 08:56:09    Хонданд: 19    Муфассал...

Бо интихоби дуруст ояндаи дурахшони Ватанро месозем

1-уми октябри соли ҷорӣ дар факултети нақлиёти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ воқеъ дар ноҳияи Сино дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. 
Дар вохӯрӣ аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Ҳақназар Каримзода, Заррина Файзуллозода, Муҳибулло Зувайдуллозода, инчунин аъзои дигари гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино  иштирок намуда, нуктаҳои барномаи  пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба саҳми интихобкунандагон расониданд.
Дар ин замина, аз ҷониби гуруҳи корӣ оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат дар марҳилаи давлатдории навин нуктаҳои арзишманд баён дошта, зикр гардид, ки халқи тоҷик дар пешорӯйи маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, дар ин росто даъват ба амал оварда шуд, ки дар интихобот бо истифода аз ҳуқуқи Конститутсионии худ, ба ҷонибдории номзади арзанда овоз додан, ин муайян намудани иродаи шаҳрвандӣ аст.


Вакти нашр: 2020-10-02 09:16:26    Хонданд: 27    Муфассал...

Атал Бихарӣ ВАДЖПАИ, Садри аъзами Ҷумҳурии Ҳиндустон (солҳои 1996-2004)

«Муносибот байни Ҳиндустон ва Тоҷикистон решаҳои амиқи чандинасраи фарҳангӣ ва таърихӣ доранд ва пас аз касби Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон рушди онҳо шурӯъ гардид: онҳо ба шарикии наздик, ки мубанӣ бар пайравии дунявият, таҳаммулпазирӣ ва сулҳи байналмилалӣ мебошад, табдил ёфтанд. Президенти Тоҷикистон — дӯсти бузурги Ҳиндустон аст».
(Аз мусоҳиба бо телевизиони Тоҷикистон, 10 майи соли 2001)


Вакти нашр: 2020-10-02 09:29:01    Хонданд: 21    Муфассал...

ВОХӮРИИ ХОНА БА ХОНА БО ИСТИҚОМАТКУНАНДАГОНИ МАҲАЛЛАҲО

Тибқи нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳои хона ба хона, рӯ ба рӯ ва кӯча ба кӯчаи гурӯҳҳои таблиғотии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати  таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, имрӯз дар маҳаллаи Яккачинори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки Аминҷони А. – модератори сомонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Нуров М.А.  - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Юнусова Р.С. - мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия ва Фозилзода Ш.М. бо истиқоматкунандагони маҳалла вохӯрӣ доир гардид. 

Дар вохӯрӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотӣ барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-02 09:49:35    Хонданд: 22    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ ОИД БА ШАРҲИ БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР КУМИТАВУ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии “Ватандӯст” бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоӣ Баҳронова Н.Ш. ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” соати сиёсӣ доир гардид.


Вакти нашр: 2020-10-02 11:18:14    Хонданд: 23    Муфассал...

Иосира МОРИ, Садри аъзами Ҷопон (солҳои 2000-2001)

«Ҷопон умедвори идомаи ислоҳоте мебошад, ки таҳти роҳбарии Шумо дар Тоҷикистон сурат мегирад, чунки сулҳу суботи он барои сулҳу субот дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим аст. Аз ин лиҳоз, Ҷопон ба бебозгаштии раванди сулҳ дар кишвари Шумо арҷ мегузорад.
Ҷопон дар масири фаъолияти дипломатии худ дар кишварҳои минтақаи Роҳи бузурги абрешим тасмим гирифтааст, ки минбаъд ҳам ба рушди Тоҷикистон мусоидат намояд.
Дар ҳамкорӣ бо Шумо, Ҷаноби Олӣ, ман ният дорам, ки барои таҳкими минбаъдаи муносиботи дӯстона байни кишварҳоямон тамоми саъй ва кӯшишҳоро истифода намоям».
 (Аз паём ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов, майи соли 2000)


Вакти нашр: 2020-10-02 11:23:11    Хонданд: 21    Муфассал...

Сулаймон ДЕМИРЕЛ, Президенти Ҷумҳурии Туркия (солҳои 1993-2000):

 «Дӯстии Тоҷикистон ва Туркия — ин дӯстӣ байни давлатҳо ва халқҳо аст. Тоҷикистон таҳти роҳбарии дӯсти наздики ман Эмомалӣ Раҳмонов, ки имрӯз сиёсатмадори барҷастаи сатҳи байналмилалӣ мебошад, метавонад бо кумаки дӯстон ва бо шарофати меҳнати фидокоронаи халқаш босуръат рушд кунад».
(Аз мусоҳиба бо Телевизиони Тоҷикистон, соли 2005)


Вакти нашр: 2020-10-02 11:28:02    Хонданд: 21    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ, Мирсаидов А. - шахси боэътимоди номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода И.Х., аъзои гурӯҳи таблиғотии Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ Зувайдуллозода М.Ҳ., раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Файзуллозода З.Ф. инчунин аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри душанбе Бобозода С.А. ва Баҳронова Н.Ш.  иштирок намуда, барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-02 13:56:07    Хонданд: 23    Муфассал...

ИНТИХОБОТ – ОМИЛИ МУҲИМТАРИНИ РУШДИ ҲАФТ СОЛИ ОЯНДА

Интихобот омили муҳимтарини   ташаккулдиҳандаи қувваҳои солим дар ҳаёти сиёсии давлат ба ҳисоб рафта, омил ё нишонаи рушду таҳкими ҷомеаи демократӣ мебошад. Яке аз омилҳои асосӣ дар раванди интихобот омили иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, доир ба иштироки фаъолонаи  шаҳрвандон дар интихобот таъсири амиқе мерасонад. Дар ҳолати хуб будани вазъи иқтисодӣ, шаҳрвандон метавонанд фаъолона дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок намуда, баҳри ҳифзи манфиатҳои ояндаи хеш бикушанд.
Ин нукта имрӯз дар МТМУ №62 зимни баргузории вохӯрии гурӯҳи корӣ, ки аз аъзои Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён, Ҳақназар Каримзода ва Насимҷон Расулзода иборат буд, ироа гардид.
Зимни вохӯрӣ зикр шуд, ки дар таърихи навини халқи тоҷик Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст. Ҳар нафаре, ки сарнавишти печидаи халқи тоҷикро медонад, дар паҳлуи ин шахсияти худодод фаъолият карда, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва созандаи ӯро мебинад, хуб эҳсос менамояд, ки, бидуни муболиға, ҳанӯз мо на ҳамаи воқеият ва дурнамои амалҳои ин симои таърихиро дарк намудаем.
Дар охир аъзои гурӯҳи корӣ аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки 11-уми октябри соли 2020 бо истифода аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат намуда, ба номзади арзандаи худ овоз диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки ин мулоқоту вохӯриҳо дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб вобаста ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, дар шаҳраку маҳаллаҳои дигар ҳудуди пойтахт идома доранд. 

 


Вакти нашр: 2020-10-02 14:09:15    Хонданд: 31    Муфассал...

ДАЪВАТ БА ИНТИХОБОТ ВА ҶОНИБДОРИ АЗ НОМЗАДИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

1 октябри соли равон тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе оид ба мулоқоту вохўриҳои хона ба хона, рў ба рў ва кўча ба кўчаи гурўҳҳои таблиғотӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе бо интихобкунандагон дар маҳаллаи Шафақи ноҳияи Исмоили Сомонӣ  вохӯриву мулоқот баргузор гардид.
Дар он дар мавриди дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву тундгаро, бегонапарастӣ, пешгирии бемории сироятии КОВИД 19, самтҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон  изҳори назар карда шуд. Таъкид гардид, ки 29 соли соҳибистиқлолӣ 29 соли заҳматҳои шабонарӯзиву пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмолн баҳри сулҳу субот сиёсӣ, ваҳдату якдилӣ, рушду пешрафти тамоми самтҳо, аз ҷумла ҳадафҳои стратегӣ ва дигар ҳадафҳои олӣ буд.
Ҳамзамон ҷиҳати иштироки фаъолона дар маъракаи муҳими сиёсӣ низ ибрози андеша карда шуд.


Вакти нашр: 2020-10-02 14:44:17    Хонданд: 25    Муфассал...

Президенти ман! Интихоби ман! Ифтихори ман!

2- юми октябри соли 2020 дар доираи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таблиғи самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо  иштироки гурӯҳҳои таблиғотии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе бо донишҷӯёни Донишкадаи санъти тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон  Тоҷикистон  вохӯрӣ зери унвони “Президенти ман! Интихоби ман! Ифтихори ман !” доир гардид. 
          Иштирокчиён дар вохӯрӣ доир ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф ва илм, ҷавонон, занон ва варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуданд.
     Ичунин таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату якдилӣ дар партави иқдомҳои ҷавонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”  10 сол аст, ки дар тарбияи ватандӯстиву худшиносии ҷавонон нақши босазо истодаанд. 
       Дар навбати худ иштирокчиёни вохӯрӣ иброз доштанд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сафи пеш истода, баҳри боз ҳам гулгулшукуфон гаштани Тоҷикистон раъйи худро ба номзади арзандаи худ медиҳанд.
      Ҳамзамон, ба ҳозирин шумораи махсуси нашрияи “Мароми пойтахт”, ки дар он Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нашр шудааст, тақсим карда шуд. 

 


Вакти нашр: 2020-10-02 16:25:50    Хонданд: 37    Муфассал...

ҶОНИБДОРИИ СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ БАДАХШОН 1 ВА БАДАХШОН 2 АЗ НОМЗАДИ АРЗАДИ ҲХДТ

Дар асоси ҷадвали баргузории вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вохӯрии Изатуллои Ҳабибзод-муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Аслов Тоҷиддин Муҳриддинович-вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва намояндаи Бураков Исмоил - вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур бо сокинон ва интихобкунандагони маҳаллаҳои Бадахшон 1 ва Бадахшон 2 доир гардид.
Дар вохӯрии хона ба хона ва ру ба ру зикр гардид, ки рӯзи 11 октябри соли 2020 дар мамлакат маъракаи муҳими сиёсӣ Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъзои сулҳу субот доир мегардад. 
Аз интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифодаи аз ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва конститутсионӣ дар рӯзи интихоботӣ бо риояи фосилаи иҷтимоӣ иштирок ва ба ҷонибдории номзади арзада овоз диҳанд.
Баргузории вохӯриҳои хона ба хона дар рӯзҳои минбаъда низ идома меёбад.


Вакти нашр: 2020-10-02 16:43:02    Хонданд: 21    Муфассал...

Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест…

       Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст.

                                                                                                    Эмомалӣ Раҳмон                                                                                                         

  Дар ҳама давру замон раҳбаладу раҳнамунсоз ва боло бурдани маънавиёти ҷомеа аз омӯзгор ва ё устод вобастагии калон дорад. Гузашти давраҳои рӯзгори башарият собит намудааст, ки агар анҷоми ҳамагуна кореро ба асл бихоҳӣ, ибтидо ба устоди комил бояд кард, зеро обрӯ ва эътибори шаъни инсониро маҳз афкори судманди омӯзгори садоқатпеша метавонад пайваставу мудом нигоҳ бидорад. Саъю  кӯшиш, меҳнат ва шавқи омӯзиш агарчи инсонро ба ҷое расонида тавонад ҳам, вале мақому мартабаи устод дар роҳи расидан ба ҳадди инсонӣ мавқеъ ва ҷойгоҳи махсуси худро дорад. Бо таваҷҷуҳ ба омилҳои зикргардида машҳуртарин ва бузургтарин олим ва адиби асри ХV Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Футувватномаи султони»-и худ дар баёни устоду тарбияти шогирд мефармояд, ки « ба матлуб расидани шогирд аз хидмату тарки роҳат ва заҳмати содиқона» вобастагии мустақим дорад.

  Дар масоили одоби шогирд овардааст, ки «аввал он ки назди устод дарояд ибтидо ба салом кунад, дуюм дар пеши устод кам сухан гӯяд, сеюм агар хоҳад, ки масъала пурсад, қаблан бояд дастур ва ё иҷозат талабад ва ниҳоят дар пеши устод ба касе гӯшакӣ накунаду ба ҳурмати эшон, нишасту бархост намояд»…. Албатта боиси таассуф ва зикри махсус аст, ки дар ҷомеаи кунунии мо чунин эҳтирому эътиқод ва арҷгузриҳо нисбат ба омӯзгор хеле каму коста ва ҳатто тира гаштааст. Вале набояд фаромуш сохт, ки шарафи инсониву раъиятро дар вуҷуди мо танҳо омӯзгор парварида метавонад.Таҷрибаи таърихӣ собит сохтааст, ки инсони босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва нерӯву захираи тавоно ба шумор меравад. Мусаллам аст, ки шурӯъ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро дар сархати татбиқи ҳадафҳои сиёсати иҷтимоӣ қарор дода, ба рушду пешрафти он таваҷчуҳи махсус зоҳир менамояд. Мутахассисону коршиносон расидан ба марҳилаҳои сифатан наву ислоҳоти навсозии соҳаро аз вуруди солҳои дуҳазорум инҷониб унвон карда, ҳадафи аслии онро мутобиқсозӣ ба талаботу меъёрҳои замони муосир тахмин мезананд. Тадбирҳои созандаву доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз дар соҳаи маориф боиси беҳтар шудани нишондиҳандаҳои рушди нерӯи инсонӣ гардида, ба афзалиятҳои муайяншуда оид ба сатҳи зиндагӣ, маърифатнокии ҷомеа ва дар маҷмӯъ ба болоравии сатҳи зеҳнияту шароити мусоиди зиндагии сазовор таъсири амиқу манфиатнок гузошт. Дар ин замина, Пешвои муаззами миллат ҳанӯз дар Паёми соли 2015 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда буд, ки «соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маорифи миллӣ вобастагии мустақим дорад». Боиси ифтихору қаноатмандии хос аст, ки чанде пеш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав қабул гардид, ки дар он бори аввал дар таърихи маорифи кишвар ваколат, вазифа, уҳдадорӣ ва имтиёзҳои омӯзгорон ҳамчун табақаи пешқадами ҷомеа муқаррар карда шуданд, ки чунин тадбирҳои муҳими давлатӣ метавонад дар баланд бардоштани мақоми омӯзгор мусоидати фаъол намояд.      

Мардуми мо ба шахсият ва осори ибратомӯзи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ эътимоду эътиқоди хосса  дошта, ин олими маърифатпарвар таълиму тарбияи фарзандони солеҳ ва тифоқии оиларо асоси суботи ҷомеа медонад. Ҳамчунин дар ин мавзӯъ ривоятҳои зиёд оварда, аз ҷумла таъкид менамояд, ки “ аз ҳама бештар модару падар ва устоду омӯзгор дар савоби фарзандон шарик мебошанд”. Бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб азхуд карда метавонад дар оянда низ аз онҳо рушди устувори иқтисодии кишварро интизор шудан мумкин аст. Аз ин рӯ, муҳаббати дӯст доштани Ватан, ташаккули худогоҳиву худшиносӣ, омӯзиши раъияту одамгароӣ ва болотар аз ҳама расидан ба чунин мартабаҳои баланди инсониро, дар дилу дидаи мо танҳо омӯзгор эҳдо карда метавонад. 

                    Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,

                   Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.

 

              Каримзода Ҳақназар Изатулло 

               рӯзноманигор


Вакти нашр: 2020-10-03 09:31:56    Хонданд: 32    Муфассал...

ВОХӮРИИ ХОНА БА ХОНА БО ИСТИҚОМАТКУНАНДАГОНИ МАҲАЛЛАҲО

Тибқи нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳои хона ба хона, рӯ ба рӯ ва кӯча ба кӯчаи гурӯҳҳои таблиғотии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати  таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, имрӯз дар маҳаллаи Қарамиршикори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки Мирзоев Н.М. – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Шарипов С.С. – муҳосиби КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Наботов Ш.С. – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Назирова Д.Э. – вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №43 ва Раҳмонова М.М. – вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №19 бо истиқоматкунандагони маҳалла вохӯрӣ доир гардид. 

Дар вохӯрӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотӣ барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-03 11:39:15    Хонданд: 15    Муфассал...

ИДОМАИ КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ БО УСУЛИ ХОНА БА ХОНА ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Дар асоси ҷадвали таҳиянамудаи вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо иштироки Амробекова Руқия-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Изатуллои Ҳабибзод-муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, намояндаи Карим Иброҳим-вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур, намояндаи Шамсуддинзода Садриддин-вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур ва кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо усули хона ба хона дар маҳаллаи Восифӣ ва Шоҳмансур 1 вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар вохӯрӣ ба сокинон самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда шуда, аз ҳамаи онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки бо дарки масъулият дар рӯзи интихобот бо риояи фосилаи иҷтимоӣ иштирок намуда, ба ҷонибдории номзади арзанда овоз диҳанд.
Сокинон аз корҳои бузургу созандагӣ дар пойтахти мамлакат, ки бо таваҷҷӯҳи Асосгузори сулуҳ ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Раиси муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯйи кор омада истодаанд, изҳори хушҳолӣ баён намуданд.
Бо ифтихор иброз доштанд, ки дар рӯзи интихобот фаъолона ба участкаи интихоботӣ ҳозир шуда, овози хешро ба ҷонибдории номзади арзанда медиҳанд.


Вакти нашр: 2020-10-03 11:46:46    Хонданд: 19    Муфассал...

ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ КРУПСКАЯ

3 октябри соли равон тибқи нақшаи Кумитаи иҷрояи ҳизбии оид ба мулоқоту вохўриҳои хона ба хона, рў ба рў ва кўча ба кўчаи гурўҳҳои таблиғотӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе бо интихобкунандагон дар маҳаллаи Крупскаяи ноҳияи Фирдавсӣ вохӯриву мулоқот баргузор гардид.  Дар вохӯрӣ дар бораи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ибрози андеша гардид ва барои иштироки фаъолона дар маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд.


Вакти нашр: 2020-10-03 11:54:31    Хонданд: 18    Муфассал...

ВОХӮРИИ ХОНА БА ХОНА БО ИСТИҚОМАТКУНАНДАГОНИ МАҲАЛЛАҲО

Тибқи нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳои хона ба хона, рӯ ба рӯ ва кӯча ба кӯчаи гурӯҳҳои таблиғотии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати  таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, имрӯз дар маҳаллаи Дӯстии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки Нуров М.А.  - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Юнусова Р.С. - мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия, Зиёзода А.Д. – вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №17 ва Фозилзода Ш.М. – мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроия бо истиқоматкунандагони маҳалла вохӯрӣ доир гардид. 

Дар вохӯрӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотӣ барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-03 11:58:41    Хонданд: 17    Муфассал...

Номзади ҲХДТ – арзандатарин номзад

2-юми октябри соли ҷорӣ дар МТМУ 56-и ноҳияи Сино оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  Ҳақназар Каримзода, Заррина Файзуллозода, Абдуалим Норасов, Нурҷаҳон Исмоилзода,  аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино  иштирок намуданд.  
Масъулин зимни мулоқот нуктаҳои асосии Барномаи  пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027-ро, ки зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” пешниҳод гардидааст ба саҳми интихобкунандагон расониданд.
Зикр гардид, ки дар њафт соли охир тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари муаззами хеш мо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем ва номзаде, ки аз ҷониби ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гаштааст мақсаду маромашон дар Барномаи пешазинтихоботиашон дарҷ гардидааст, ки ин шаҳодат аз он медиҳад, ки мо бо интихоби дурусти хеш ба натиҷаҳои сифатан нав ноил мегардем.  
Гуфта шуд, ки дар ҳафт соли охир ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 83 миллиард сомонӣ сармоя, аз ҷумла зиёда аз 30 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид. Барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 24 миллиард сомонӣ, аз ҷумла дар соҳаи энергетика 11 миллиард сомонӣ, нақлиёт 7,3 миллиард сомонӣ, кишоварзӣ ва обёрӣ 1,3 миллиард сомонӣ, бахши иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок беш аз 4 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

 


Вакти нашр: 2020-10-03 12:05:45    Хонданд: 24    Муфассал...

Президенти ман! Интихоби ман! Ифтихори ман!

 2- юми октябри соли 2020 дар доираи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таблиғи самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо  иштироки гурӯҳҳои таблиғотии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе бо донишҷӯёни Литсейи касбии техникии сохтмонӣ шаҳри Душанбе вохӯрӣ зери унвони “Президенти ман! Интихоби ман! Ифтихори ман !” доир гардид. 
          Иштирокчиён дар вохӯрӣ доир ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф ва илм, ҷавонон, занон ва варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуданд.
     Ичунин таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату якдилӣ дар партави иқдомҳои ҷавонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”  10 сол аст, ки дар тарбияи ватандӯстиву худшиносии ҷавонон нақши босазо истодаанд. 
       Дар навбати худ иштирокчиёни вохӯрӣ иброз доштанд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сафи пеш истода, баҳри боз ҳам гулгулшукуфон гаштани Тоҷикистон раъйи худро ба номзади арзандаи худ медиҳанд.
      Ҳамзамон, ба ҳозирин шумораи махсуси нашрияи “Мароми пойтахт”, ки дар он Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нашр шудааст, тақсим карда шуд. 

 


Вакти нашр: 2020-10-03 14:12:05    Хонданд: 20    Муфассал...

Ҷавонон-пайрави Пешвои миллати тоҷикон

«Ман ба Шумо сулҳ меоварам........». Ин нахустсуханест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шўрои Олӣ дар Иҷлосияи тақдирсоз иброз намуда буд. Аксар ба ин сухан бовар надоштанд. Зеро он замон Тоҷикистон майдони даргириҳои динию мазҳабӣ гардида буд. Лекин халқи заҳматкаши тоҷик ба ин сухан эътимоду эътиқод намуданду ба сарвари тозаинтихоби хеш бовар доштанд. Дар тўлӣ солҳои соҳибистиқлолиии кишвар Пешвои миллат ин ваъдаи худро садҳо маротиба зиёдтар ба иҷро расонид. 
Он замон вакили халқ дар Шўрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро қисмату миллат ба сари ин халқи ҷафокашида ато кард. Ба уҳдаи ў замоне зимоми давлатдорӣ гузошта шуд, ки идораи давлат кори саҳл набуд. 
Дар он солҳо ба зимма гирифтани роҳбарии Тоҷикистон бисёр хавфнок буд. Шоҳӣ ҳеҷ шукўҳе надошт,  ба зимма гирифтани масъулият ба тарки сар баробар буд. Зеро Тоҷикистон майдони даргириҳои динию мазҳабӣ гардида, ором намудани вазъият кори саҳл набуд ва на ҳар шахс аз уҳдаи он баромада метавонист. Танҳо фарзанди дўстдори сарзамин, инсони комил, марди шуҷоъ ва дигару дигар хислатҳои ҷасуриву волои инсонӣ лозим буд, ки роҳбариро ба зимма гирад. Воқеан ҳам, замон нишон дод, ки ин ҳама хислатҳо дар Раиси Шўрои Олии интихобнамудаи он замон Эмомалӣ Раҳмон, ки бисёриҳо бовараш надоштанд, буд. Бо ҷонбозиҳои зиёд ў тавонист вазъияти баамаломадаро ба эътидол оварда, кишварро аз нестӣ ва миллатро аз парокандагӣ наҷот диҳад. Борҳо қасди ҷонаш намудаанд. Бояд гуфт, ки сўйиқасд ба ҷони ў сўйиқасд ба нестии миллат ва давлати тоҷикон буд. 
Миллату давлатдории моро касе эътироф намекарду доштани таъриху фарҳанги қадимаашро зери суол мемонданд. Сарвари мо тавонист бо сабру таҳаммули худ таъриху фарҳанги қадима доштани ин миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Имрўз бошад, ҷомеаи ҷаҳонӣ на танҳо таъриху фарҳанги қадимаи моро эътироф менамоянд, балки расидан ба соҳибистиқлолӣ ва ҳифзи марзу бумро аз мо меомӯзанд, ки ин тинҷиву амонӣ ва сулҳу суботро мо-тоҷикон аз қудуми муборак ва ҷонбозиҳою бедорхобиҳои ин шахсияти бузург соҳиб гардидаем.
Мутаассифона,  дар солҳои 90-уми қарни гузашта халқи бофарҳанги тоҷик  аз дасти баъзе нотавонбиноне, ки ҳамеша дини мубини исломро ба хотири манфиатҳои хеш истифода намудаву мардумро ба гумроҳӣ бурдаанд, басо ҷафоҳо кашидааст. Ин нотавонбинон ба хотири манфиатҳои шахсии хеш сулҳу ваҳдат ва якдилии оммаро халалдор намуда, ҳамчун саҳифаи сиёҳ дар таърихи Тоҷикистон боқӣ мондаанд. Хушбахтона, бо савияи кордонӣ, талошҳо ва ҷоннисориҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанги хонумонсӯз дар музокирот бо гурўҳҳои мухолифин бо роҳи сулҳ ба охир расида, гуноҳи наҳзатиёни ҷинояткор бахшида шуд. Аммо чун замон нишон дод, онҳо ҳанўз ҳам ислоҳ нашуда, ба хотири манфиатҳои шахсии хеш тайёранд боз ин кишвари соҳибистиқлолро ба коми оташ бикашанд. 
Мо ҷавонон имрўз ифтихор аз он дорем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намунаи ибрат буда  аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардид. Таърихи тамаддун ёд надорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин муҳлати кўтоҳ қатъ шуда бошад ва ҷонибҳои даргир дасти дўстӣ ба ҳам дода, фаъолияти солими дастгоҳи воҳиди  давлати  хешро ба манзури  ободии  кишвар  равон  намоянд. 
Дар кори хотима бахшидан ба ҷанги дохилӣ оммаи кишвар ҳамеша пуштибони Раиси Шўрои Олӣ буданд. Бо шарофати кўшишҳои шабонарўзии ў дар ноҳияҳои бар асари ҷанг тамоман харобшуда ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идоракунӣ ва таъминкунандаи ниёзи мардум таъсис ёфт ва фаъолияташро дар шароити нави сиёсию иқтисодӣ оѓоз намуд. Ба муҳтарам Эмомалӣ Рахмон муяссар шуд, ки дар муддати кўттоҳ мақомоти маҳаллии ҳокимиятро барқарор намуда, тартиботи қонуниро нисбатан беҳтар ҷорӣ кунад, фаъолияти вазоратҳо, идораю кумитаҳои давлатии ҷумҳуриро ба низом оварад. Ҳамин тавр, халқ бовар кард, ки ҳукумат устувор гардидааст ва қодир аст, амнияти ҷомеаро таъмин намояд. Барои мо-тоҷикон муҳимтарин дастоварди таърихии  муҳтарам Эмомалӣ Рахмон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид, он аст, ки тавонист дар кўтоҳтарин муддат оташи ҷанги хонумонсўзи дохилиро дар Тоҷикистон хомўш созад. Тоҷикистонро ба соҳибистиқлолӣ ва сулҳу суботи комил расонда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифта, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохт. 
Аминҷони А, узви ҲХДТ

 


Вакти нашр: 2020-10-03 14:24:53    Хонданд: 18    Муфассал...

ПЕШВОИ МАЪРИФАТПАРВАР

Таърихи куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишвари азизамон, ки дар худ воқеаву ҳодисаҳои сиёсии азимеро таҷассум кардааст, моро водор месозад, ки ба гузаштаи хеш назари қавитар андўзем. Дар рӯзҳои таърихи наздик ба сисолаи Тоҷикистони соҳибистиқлол кас намехоҳад аз нобасомониҳои ибтидои соҳибистиқлолӣ ёд кунад. Вале магар гузаштаро ба ёд наоварда, ба оянда некбинона назар кардану баҳо додан мумкин аст?!

Мусаллам аст, ки дар охири садаи ХХ бинобар омилҳои гуногун, ваҳдат ва якдилии мардум халалдор шуда, қариб боиси парокандагӣ ва нобудшавии миллати тоҷик гардида буд. Дар он замони бениҳоят сангин ба миллати мо, ки барои бунёд ёфтан акнун қомат меафрухт, хатари ҷиддӣ таҳдид мекард.  Баъд аз пош хўрдани Иттиҳоди Шӯравӣ фазои сиёсии кишвар ноором шуда, ба гирдоби низоъ ва бесарусомонӣ афтод, ки ин ба илм ва фарҳанги мо таъсири манфӣ расонид. Оѓози ҷанги шаҳрвандӣ ба парокандагӣ ва нобудшавии ҳазорон сокини кишвар боис шуда, мардумро ба коми муҳоҷират афканд. Хисороти бавуҷудомада ба раванди такомули ҷомеа монеъ гашта, сулҳу суботро аз байн бурд.

    Хушбахтона, дар арафаи ин ҷангу набардҳо ва имтиҳони сангини таърих фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдон омаданд, ки сабабгори аз байн бурдани ҷангу ҷидол ва нерубахши сулҳу осоиштагии тамоми мардуми тоҷик гардиданд.

Барқарор кардани хисороти ҷанги шаҳрвандӣ дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ кори сангин буд, вале Ҳукумати кишвар бо сарварии Пешвои муаззами миллат дар такя бо халқи куҳанбуёди тоҷик мушкилотро зина ба зина осон гардонида, бо азми қавӣ, устувории комил, иродаи мустаҳкам, хирадмандии олӣ давлати ҷавони Тоҷикистонро аз парокандагӣ раҳонид. Дар он лаҳзаҳои ҳассос ин фарзанди фарзонаи миллат мардумро сарҷамъ кард ва барои мустаҳкамии пояҳои давлат камари ҳиммат баст.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, эҳтироми озодӣ ва ҳуқуқи  инсон арҷгузорӣ шуд. Бо мақсади демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона конститутсияи нав бори нахустин дар таърихи халқи тоҷик бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул шуд.

Ҳар сокини Тоҷикистон имрўз эҳсос мекунад, ки кишвари мо дар муддати кўтоҳи таърихӣ, баробари рафъи харобкориҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ ба чӣ комёбиҳо ноил гардид. Бунёди роҳу пулҳо, нақбҳои азими мошингузар, ободкориҳои тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон бори дигар халқи тоҷикро водор месозад, ки ҳар қадами мо ба сўйи ояндаи дурахшон зафаровар асту Парчами Тоҷикистон пеши назари ҷаҳониён болотару пурҷилотару парафшонтар.

Бояд тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амният, осоиштагӣ ва ҷанбаҳои дигари ҳаёти мардуми тоҷик, бахусус дар ҳаёт ва пешрафти ҷавонон нақши беназир доранд. 

Сарвари давлат дар паёми ҳамасолаи хеш ва суханрониашон дар ҳузури зиёиёни ҷумҳурӣ дар иртиботи сиёсату иқтисодиёт, илму маориф ва пешрафти ҷомеа дастуру ҳидоятҳои ҳаётан муҳимро ироа медоранд.

Мавриди зикр аст, ки таъмини ислоҳоти самтҳои гуногуни ҳаёти сиёсии ҷомеа ва қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ баҳри комёб гаштан ба натиҷаҳои назаррас, аз ҷумла дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон, беш аз пеш меафзояд. Аз ин ҷост, ки сиёсати давлати ҷавонон рушд карда, асоси пайдоиш ва рушду такомули он ҳамчун омили инкишофи ҳаёти таърихан  собитшудаи инсоният маҳсуб меёбад. 

Бо назардошти чунин ѓамхорию дастгириҳои давлату ҳукумат моро лозим аст, ки тамоми қувваю  неру ва истеъдоду маҳорати худро ҷиҳати пешрафти илму фарҳанги тоҷик равона созем, зеро ҳамаи ин комёб шуданҳо бо ризоияти миллӣ ва сулҳу суботи кишвар маҳз тавассути  сиёсати пешгирифта ва талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. 

Ҳамин  тариқ, Сарвари давлат яке аз ҷумлаи сиёсатмадорони ҷаҳонанд, ки барои Ваҳдати  кулли мардуми  Тоҷикистон,  новобаста аз забон  ва миллат кўшиш менамоянд ва ин моро ба ояндаи дурахшонтару равшантар ҳидоят мекунад.

Мо, кормандони соҳаи илму маориф, ин ѓамхориҳои Сарвари давлатро эҳсос намуда, ҳамеша дар кўшиши онем, ки раванди таълиму тарбияи насли наврас дар сатҳи баланд, яъне ҷавобгўи меъёрҳои байналмиллалӣ ба роҳ монда шавад. 

Ҳавасмоҳ Соҳибназарова, дотсенти кафедраи филологияи англиси ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода

 

 

 

 

 


Вакти нашр: 2020-10-03 14:29:19    Хонданд: 23    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар толори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода И.Х., раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Файзуллозода З.Ф., аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Хайрзода Ш.Қ., Норасов А.А. ва Исмоилзода Н.Ҷ., инчунин аъзои гӯруҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Баҳронова Н.Ш. иштирок намуда, барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-03 19:34:38    Хонданд: 21    Муфассал...

Юрий ЛУЖКОВ, Мэри шаҳри Москва (солҳои 1992-2010)

«Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов на танҳо сулҳофари барҷаста ва сиёсатмадори маъруф, инчунин хоҷагидори кордон ва машҳур мебошад, ки ислоҳоти дурусти иқтисодиро, ки меваҳои он аллакай самар медиҳанд, татбиқ менамояд. Чизи асосӣ ин аст, ки ӯ хеле хуб медонад, ки бо кадом шарикони стратегӣ сару кор бигирад ва ба нафъи Тоҷикистон ва тоҷикистониён фаолият намояд».
(Аз мусоҳиба бо хабарнигори тоҷик М. Тоштемиров, соли 2005)


Вакти нашр: 2020-10-04 09:40:20    Хонданд: 18    Муфассал...

Пан Ги МУН, Дабири кулли СММ (солҳои 2006-2016)

«Ҷаноби Олӣ,
Ифтихор дорам, ки Шуморо ба муносибати аз тарафи Маҷмаи Умумии СММ 21 декабри соли 2016 бо муваффақият ба тасвиб  расидани Қатъномаи 71/222 таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онро пешниҳод намуда буд, самимона табрик намоям.
Итминон дорам, ки даҳсолаи нав қадами ҷиддӣ дар самти мусоидат, таҳким ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувори вобаста ба захоири об хоҳад шуд. Ин даҳсола инчунин ба таҳким ва тавсеаи натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 мусоидат хоҳад кард.
Илова бар ин, Даҳсолаи нав метавонад ташаббусҳои дигарро, аз ҷумла Гурӯҳи Сатҳи баланд оид ба обро тақвият бахшад ва метавонад барои такмили камбудиҳои мавҷуд ва оянда, ки эҳтимолан ҳангоми татбиқи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 арзи вуҷуд намоянд, хидмат кунад.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».
(Аз паём ба Президенти ҶТ  Э. Раҳмон ба муносибати аз тарафи АГ СММ тасвиб шудани Қатъномаи 71/222 таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, 21 декабри соли 2016). 


Вакти нашр: 2020-10-04 09:43:36    Хонданд: 21    Муфассал...

Антонио ГУТЕРРИШ, Дабири кулли СММ

«Шодам, ки шуморо ба муносибати бо иттифоқи оро қабул шудани Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони» Шарҳи миёнамӯҳлати фарогири ҷараёни  татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028″, ки бо ибтикори ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаммуаллифии 190 давлати узви СММ пешниҳод шуда буд, самимона табрик намоям.
Руйдоди мазкур гоми муҳим ва таҷассуми эътимоди кишварҳои узви СММ ба Тоҷикистон, ҳамчун кишвари пешоҳанги сафи аввал дар пешбурди масоили об ва муҳофизи раванди ҷаҳонии татбиқи вазоифи вобаста ба Мавзӯъи рӯз дар соҳаи рушди босубот дар давраи то соли 2030 мебошад.
Итминон дорам, ки кишварҳои узви СММ аз ваколатҳои нав, ки аз Қатъномаи мазкур бармеоянд, бо мақсади пешбурди фаъолияти муштараки мо дар соҳаи об, аз ҷумла шарҳи миёнамӯҳлати ҷараёни татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи амал, ки дар соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, самаранок истифода хоҳанд кард.
Бори дигар барои тарафдориатон аз ин кори муҳим ба Шумо изҳори сипос менамоям».
(Аз паём ба Президенти ҶТ Э. Раҳмон, декабри соли 2018)
  


Вакти нашр: 2020-10-04 09:46:48    Хонданд: 30    Муфассал...

Генерал Томми ФРЭНКС, Сарфармондеҳи Қувваҳои марказии ИМА (солҳои 2000-2003)

«Президент Раҳмонов аз нахустин президентонҳои ин минтақа буд, ки ҷиҳати ҷобаҷо кардани неруҳои мо барои гузаронидани амалиёти «Озодии фанонопазир» (унвони расмии тамоми чорабиниҳои низомии ИМА дар посух ба ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 —  тавз. АМИТ «Ховар») кумаки худро пешниҳод кард. Пешниҳодоти ӯ ошкоро, бисёр нек  ва меҳмоннавозона буданд ва ман боварӣ дорам, ки муносиботи дӯстона бо мо, ки дар ҳоли шаклгирӣ мебошанд, воқеан дӯстии ҳақиқӣ мебошанд».
(Аз мусоҳибаи ВАО, соли 2002)


Вакти нашр: 2020-10-04 09:48:58    Хонданд: 23    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар толори қисми низомии 08010-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода И.Х., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф., аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Норасов А.А. инчунин аъзои Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Раҳимзода Ш. иштирок намуда, барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-04 15:44:54    Хонданд: 24    Муфассал...

ВОХӮРИИ ХОНА БА ХОНА БО ИСТИҚОМАТКУНАНДАГОНИ МАҲАЛЛАҲО

Тибқи нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳои хона ба хона, рӯ ба рӯ ва кӯча ба кӯчаи гурӯҳҳои таблиғотии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати  таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, имрӯз дар маҳаллаи Меҳнатободи  ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки Нуров М.А.  - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Раҳмонов А. – модератори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Фозилзода Ш.М. – мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроия бо истиқоматкунандагони маҳалла вохӯрӣ доир гардид. 

Дар вохӯрӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотӣ барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-05 08:48:10    Хонданд: 18    Муфассал...

ВОХӮРИИ ХОНА БА ХОНА БО ИСТИҚОМАТКУНАНДАГОНИ МАҲАЛЛАҲО

Тибқи нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳои хона ба хона, рӯ ба рӯ ва кӯча ба кӯчаи гурӯҳҳои таблиғотии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати  таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, имрӯз дар маҳаллаи Ҳаёти нави ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки Мирзоев Н.М. – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Нурзод Р.М. – мутахассиси бахши омори Кумитаи иҷроия  бо истиқоматкунандагони маҳалла вохӯрӣ доир гардид. 

Дар вохӯрӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотӣ барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-05 08:54:05    Хонданд: 18    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91 вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф., аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Хайрзода Ш.Қ., Каримзода Ҳ.И., Норасов А.А., ва Казакова У.С., иштирок намуда, барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-05 09:02:45    Хонданд: 23    Муфассал...

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот – кафили саодати мардум ва рушди босуботи мамлакат» ҳамоиш доир шуд

ДУШАНБЕ, 02.09.2020 /АМИТ «Ховар»/.  1 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот — кафили саодати мардум ва рушди босуботи мамлакат» бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пойтахт» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

 Дар ҳамоиш муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, аъзои Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Изатулло Маҳмудов, Раиси Комиссия оид ба воситаҳои ахбори оммаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода, намояндагон аз дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аъзои Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пойтахт» ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок дошта, доир ба паҳлуҳои алоҳидаи барномаи пешазинтихоботии номзад маълумот дода, онро ҳамаҷониба тарафдорӣ намуданд.

Ҳамоишро Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пойтахт» Насимҷон Каримзода ифтитоҳ намуда, аз хизматҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ ёдовар шуд.

Ҳамчунин иштирокчиёни ҳамоиш зимни суханрониҳояшон зикр  намуданд, ки  давлату ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба даст гирифтани идораи давлат таҳдиди нобудии онро пешгирӣ, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш ва сохторҳои фалаҷгаштаи ҳокимиятро барқарор карданд, махсусан мақомоти тартиботи ҳуқуқӣ, артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадиро ташкил дода, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё сохтанд, ба сулҳу суботи миллӣ асос гузошта, гурезаҳо ва муҳоҷирони маҷбуриро ба Ватан баргардониданд. Яъне, асоси устувори бунёди ҷомеаи навро гузошта, ислоҳоти конститутсиониро дар амал татбиқ карданд, манбаи ҳуқуқиву сиёсиро барои имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон гузошта, барқарории сулҳро таъмин карданд, ба эҳёи миллӣ ва ибтидои корҳои нави бузург асос гузошта, ба таври қатъӣ вазъи иҷтимоиву иқтисоди аҳолиро беҳтар ва пули миллиро ҷорӣ карданд. Ҳамзамон эътибори сиёсии давлатро дар арсаи ҷаҳонӣ боло бардошта, дар роҳи татбиқи чор ҳадафи миллӣ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшидани давлат ва саноатикунонии мамлакат хизматҳои шоиста анҷом доданд.

 

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳмату талошҳои пайваста дар тамоми марҳилаи муосири давлатдории мо ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти босамар анҷом дода, роҳи расидани мардумро ба саодати зиндагӣ ҳамвор намуда, дар ҷодаи рушди босуботи мамлакат заминаи устувор фароҳам овардаанд. Мардуми тоҷик ояндаи дурахшони худро аз бисёр  ҷиҳат бо номи ин абармарди саҳнаи сиёсат пайваст кардаанд.

Аъзои Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пойтахт» ва иштирокчиёни ҳамоиши тантанавӣ якдилона ҷонибдории худро аз номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз дошта, ба унвони ҳамаи ҳамҳизбиён ва сокинони мамлакат муроҷиатнома қабул карданд, ки матни он аз ҷониби муовини Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизби «Пойтахт» Аслам Расулзода пешниҳод гардид.

Иштирокдорони ҳамоиш аз интихобкунандагон даъват ба амал оварданд, то дар интихоботи дарпешистода ба номзади арзанда аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кафили саодати мардум ва рушди босуботи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  раъй диҳанд.

Дар ҷараёни ҳамоиш филми мустанад оид ба корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат дар роҳи ҳифзи давлати миллӣ, истиқрори сулҳу осоиш ва дастовардҳои мамлакат дар  самти сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ намоиш дода шуд.

Ҳамоиши тантанавӣ бо барномаи калони фарҳангии устодони санъат ва эҷодкорони ҷавони мамлакат ҷамъбаст гардид.

Дар зер матни Муроҷиатномаи аъзои Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пойтахт»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон манзур мегардад:

«Ҳамҳизбиёни азиз!

Ватани азизи мо — Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарварӣ ва сиёсати хирадмандонаю ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаҳои душвори наҷот, созандагӣ ва давлатсозиро гузашта, дар муддати кӯтоҳи таърихӣ аз як кишвари гирифтори ҷанг ба давлати осуда ва соҳибихтиёру муосиру ташаббускор дар сатҳи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ин шаҳомати давлатдорӣ ва дастоварди таърихии пурифтихори миллӣ барои ҳар фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар мояи ифтихори бузург аст.

Мардуми азизи Тоҷикистон фараҳманду ифтихорманд аз онанд, ки имрӯз давлати  мо таҳти роҳбарӣ ва ҳидояти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шоҳроҳи басо печидаи сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ қадамҳои устувор ниҳода, Тоҷикистонро ҳамчун бахши баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қатори давлатҳои пешоҳанги ташаббусҳои созанда табдил додааст.

Саҳифагардонии таърих нишон медиҳад, ки боварӣ ва эътимод ба қишри ҷавони ҷомеа яке аз омилҳои муваффақияти роҳбарон ва давлатҳо будааст. Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша эътимоди худро нисбат ба ҷавонон изҳор дошта, ҳама гуна пешрафту шукуфоии давлатро бо саҳму ташаббуси онҳо пайванд дониста, дар татбиқи нақшаҳои созандаи имрӯз низ ҷавононро ҳамфикр мешуморанд, ки бешубҳа, нишонаи рушди устувори ояндаи мамлакат аст.

Ба неруву қудрати зеҳнӣ, навовариву ташаббускории мо — насли ояндасоз, пеш аз ҳама, Пешвои муаззами миллат бовар доранд, ки ин ифтихори бузург ва таҷрибаи бесобиқа аст.

Ҳамватанони гиромӣ,

Дастгириву ғамхориҳои Сарвари давлат моро дар кори ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои соҳибистиқлолӣ, эҳтироми таъриху тамаддун ва ташаббускорӣ дар ҷабҳаҳои бунёдкориву созандагии Ватани маҳбубамон дилгарм ва фараҳманд гардонидааст. Аз ин рӯ, бо дарки ин масъулият ҷиҳати бунёди ҷомеаи боз ҳам созгор ва зиндагии шоистаи мардуми мамлакат бо истифода аз донишу малака ва неруву тавони тозаамон пайваста кӯшиш ва талош меварзем.

Ҳидоятҳои наҷиб ва созандаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ дониста, набзи ҳаёт ва талаботи замонро пайваста дарк месозему аз манфиатҳои миллату амнияти давлати соҳибистиқлоламон бо зиракии сиёсии хеш ҳимоя месозем. Зеро дар мактаби бузурги ватанпарварӣ ва давлатдории Пешвои муаззами миллатамон тарбият ёфтаем.

Мо дарк менамоем, ки қувва, дониш ва малакаи инсон ҳудуди муайяни худро дорад, вале таъриху таҷриба собит намуд, ки бо истифода аз мактаби ободкорию созандагӣ ва меҳнатдӯстии Пешвои миллат Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар як муддати кӯтоҳ шукӯҳи шоҳонаи пойтахти азизамонро симои тозаву идона бахшида, тамоми шароити заруриро ҷиҳати таълиму тарбия ва пешбурди тарзи ҳаёти солим фароҳам оварданд.

Мо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пойтахт”бо як ҷаҳон таассуроти саршор аз шодию фараҳ миннатдории самимонаи худ ва тамоми ҳамсафони худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити арзандаи ҳаёт иброз менамоем.

Ҷонибдории худро ҷиҳати дастгирии номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кафолати саодати мардум ва рушди босуботи давлат якдилона иброз намуда, Пешвои миллатро бовар мекунонем, ки аз имрӯз дида Ватани маҳбубамонро бештару сидқан дӯст медорем ва манфиатҳои миллиамонро дар ҳама ҳолат ҳифз месозем.

Донишу маърифати хешро мутобиқ ба талаботи ҷаҳону замони муосир пайваста баланд бардошта, бо пайравии содиқона аз Пешвои худ дар роҳи ҳифзи Ватан ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистони азиз боз ҳам заҳмат мекашем.

Мо ифтихор аз ин дорем, ки дар маркази Барномаи интихоботии номзади арзандаи мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам манфиатҳои олию ниёзҳои ҳаётии мардуми Тоҷикистон, яъне ватандорӣ, истиқлол, ваҳдат, субот, рушд, ободонӣ, зиндагии шоиста, илму маърифат ва эҳёи миллӣ қарор доранд. Мафҳум ва арзишҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли фаъолияти худ на танҳо пойбандии худро ба онҳо нишон додааст, балки тамоми фаъолияти худро ба татбиқи амалии онҳо бахшидааст.

Аз ин рӯ, мо бо камоли боварӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуда, таъкид менамоем, ки имрӯз ҷонибдорӣ аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маънои ҷонибдорӣ аз шукӯҳу ифтихори миллӣ, ҷонибдорӣ аз ваҳдати миллӣ ва суботи устувори ҷомеа, ҷонибдорӣ аз сиёсати созандагию ободкорӣ ва ҷонибдорӣ аз ояндаи боэътимоди давлат мебошад. Бинобар ин, маҳз ба хотири ватани ободу осуда, зиндагии хурраму шоиста ва ояндаи рӯшани худ дар интихоботи пешистодаи президентӣ ҳама якдилона аз шахсияти таърихии миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ менамоем».


Вакти нашр: 2020-10-05 09:52:41    Хонданд: 20    Муфассал...

Абдулай ВАДЕ, Президенти Ҷумҳурии Сенегал (солҳои 2000-2012)

«Тоҷикон  халқи хушбахтанд. Зеро Худои таъоло ба онҳо чунин марди  оқил ва бомаҳоратро ҳамчун роҳбар ва пуштибон ато кардааст.
Мо дар Сенегал Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмоновро хуб мешиносем ва ба кӯшишҳои хастагинопазири ӯ ҷиҳати рушду нумӯи Тоҷикистон ва тамоми минтақа арҷ мегузорем.
Ман алоқамандам, ки бо Ҷаноби Олӣ мо муносиботи наздики дӯстона ва бародарона барқарор намоем. Таҷрибаи сулҳофаринии ӯ дар таърихи инсоният беназир аст ва ҳама, аз ҷумла халқи кишвари ман бояд амиқ онро биомӯзем. Аз ин рӯ, ман аз Президенти муҳтарам даъват мекунам, ки дар вақти барояшон муносиб ҳамчун меҳмони олиқадр ба Ҷумҳурии Сенегал ташриф биоваранд».
(Аз сӯҳбат аз тариқи ТВ дар Макка, 7 октябри соли 2005)


Вакти нашр: 2020-10-05 10:13:02    Хонданд: 19    Муфассал...

Томас КЛЕСТИЛ, Президенти Австрия (солҳои 1992-2004)

«Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмонов таҳдоби зиндагии ояндаро мегузорад. Ин пас аз эътидоли бебозгашти субот дар ҷумҳурӣ имконпазир гардид. Муносиботи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни Ҷумҳурии Австрия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон амиқтар мешаванд».
(Аз мусоҳиба бо ВАО, 13 апрели 1999)


Вакти нашр: 2020-10-05 10:18:00    Хонданд: 14    Муфассал...

Ҳомид КАРЗАЙ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (солҳои 2001-2014)

«Президенти Тоҷикистон дар байни халқи Афғонистон аз эҳтироми зиёд бархӯрдор аст. Ман шахсан ҳангоми сафари расмии Ҷаноби Олӣ ба кишвари мо ба ин итминон ҳосил намудам. Мо хуб дар хотир дорем, ки чӣ тавр дар замони душвортарин барои Афғонистон, замони бедодгариҳои толибон Эмомалӣ Раҳмонов аз минбарҳои баланд ҷомеаи ҷаҳонро мутаваҷҷеҳи Афғонистон менамуд ва изҳор мекард, ки ин мушкилоти на танҳо як кишвар ва ё минтақаи алоҳида, балки тамоми ҷомеаи башарӣ аст. Маҳз аз баракати  чунин кӯшишҳо бисёр давлатҳо сиёсати стандартҳои дугонаро нисбат ба Афғонистон тағйир доданд, дар ватани мо раванди сулҳ оғоз ва эҳёи дубораи кишвар шурӯъ гардид».
(Аз мусоҳиба бо ВАО, июли 2006)


Вакти нашр: 2020-10-05 10:21:01    Хонданд: 22    Муфассал...

Адриенна КЛАРКСОН, Генерал-губернатори Канада (солҳои 1999-2005)

 «Ибтикори муҳим — ин бунёди ҷомеаи озод ва демократӣ барои халқи Тоҷикистон мебошад. Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов бо талошҳои доимии худ дар самти таъмини ояндаи осоишта ва мусоид барои шаҳрвандони кишвар ба пешрафт ноил гардид».
(Рӯзномаи «Ҷумҳурият», сентябри соли 2003)


Вакти нашр: 2020-10-05 10:23:48    Хонданд: 17    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз қисми низомии 0119-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ, аъзои Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ Ҳамидиён И., аъзои гурӯҳи таблиғотии Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ Зувайдуллозода М.Ҳ., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф., аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Норасов А.А., Бобозода А. иштирок намуда, барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-05 13:19:28    Хонданд: 21    Муфассал...

ДАВОМИ 7 СОЛИ ОХИР САТҲИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ 50 ФИСАД КОҲИШ ЁФТ

5 октябри соли равон дар асоси нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори муассисаи тащсилоти миёнаи умумии №78-и ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрии шахсони боэътимод, гуруҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони шаҳраки 65 доир гардид.
Дар вохӯрӣ Сайфулло Сафаров, профессор, аъзои фаъоли ҲХДТ, Ҷурабек Муродов, Рамазон Одиназода, аъзои ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.
Онҳо дар мавриди дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, татбиқи барномаи ҲХДТ барои солҳои 2013-2020, самтҳои барномаи номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд. Таъкид гардид, ки дар ҳафт соли охир беш аз 1500 километр роҳи мошингард, 190 пул, 4 долони зиддитарма ва 50 километр роҳи оҳан бунёду навсозӣ гардида, ҷиҳати густариш додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ мусоидат намуд. Аз ин ҷост, ки созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро миёни ИДМ аз рӯи нишондиҳандаи сифати роҳҳои мошингард дар ҷойҳои намоён қарор доданд. Ҳамзамон зикр гардид, ки бунёди 1200 корхонаи истеҳсолӣ ва 150 ҳазор ҷойи кории нав ҷиҳати коҳиш ёфтани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ ба 50 фоиз мусоидат намуд.
Ҳамзамон дар мавриди самтҳои Барномаи  номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор андеша гардида, таъкид шуд, ки он идомаи мантиқии барномаи қаблист ва ҷиҳати ба зинаи нави рушд баромадани Ватани маҳбуби мо пешбинӣ гардидааст.


Вакти нашр: 2020-10-05 13:24:26    Хонданд: 19    Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

 Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Президенти Ӯзбекистони дӯст Сарвари давлати моро бо таманниёти сидқии сиҳатмандии бардавом, комгорӣ дар фаъолият ва хушрӯзии комил ба муносибати зодрӯзаш самимонаю бародарона табрик гуфта, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу субот ва шукуфоии беш аз пеш орзу намуд.
Дар рафти суҳбат ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои гуногунарсаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор доштанд.

Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти равобити амиқи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории байни мардумони ду кишварро, ки ҳамчун пояи боэътимоди рушди муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон имрӯз ҳам хизмат карда истодаанд, ба таври хосса таъкид намуданд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки имрӯзҳо пешорӯи давлатҳои мо ҳадафҳои зиёди умумӣ истодаанд ва Тоҷикистон омодааст, ки ҷиҳати ноил шудан ба онҳо бо ҷониби Ӯзбекистон минбаъд низ ҳамкориҳои зичи созанда дошта бошад.
Дар рафти суҳбат Президентҳо атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
 Манбаъ: /АМИТ «Ховар»/.


Вакти нашр: 2020-10-05 13:30:10    Хонданд: 18    Муфассал...

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

 05.10.2020
http://www.president.tj/node/24197

Ҳамватанони азиз! 

Ҳамаи шумо - соҳибони забони ширину шевои тоҷикиро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз пояҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва нишонаи равшани ҳувияти миллии мо ба ҳисоб меравад, самимона табрик мегӯям.

Мо ин санаи таърихиро панҷуми октябри ҳар сол бо ифтихору сарфарозӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мекунем.

Ҳадафи мо аз ин ҷашн, аз як тараф, гиромӣ доштани забони нобу шоиронаи модариамон ва аз ҷониби дигар, мусоидат ба тавсеаи доираи истифодаи он ва татбиқи муқаррароти қонун дар бораи забони давлатӣ мебошад, зеро рушду инкишофи забони давлатӣ, қабл аз ҳама, аз амалӣ гардидани талаботи қонуни зикршуда вобаста аст.

Барои ҳар як фарди ҷомеа донистани забони модарӣ - арҷгузорӣ ба миллат ва гузаштаи хеш аст.

Бо дарназардошти ин, ман борҳо таъкид намудаам, ки забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.

Забони тоҷикӣ баёнгари тамоми арзишҳои бузурги маънавии халқи мо буда, тамаддун ва фарҳанги куҳанбунёд, ки мо бо онҳо ифтихор мекунем, то ба имрӯз маҳз ба воситаи забони модариамон ҳифз гардидааст; бо он забони латифу нафисе, ки матнҳои беш аз ҳазору дусад сол қабл навишташудаашро мехонему мефаҳмем; бо он забоне, ки садҳову ҳазорҳо бузургони суханвари ин марзу бум эҷод кардаанд ва осори ҷовидонаи худро ба имрӯзиён мерос гузоштаанд.

Машҳуртарин шеъри адабиёти классикии тоҷикиро, ки ба қалами сарвари шоирон устод Рӯдакӣ тааллуқ дошта, бо сатрҳои марғуби “Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме” оғоз мегардад, имрӯз ҳар яки мо бидуни ягон мушкил мефаҳмем ва аз он лаззати маънавӣ мебарем.

Ин шеърро зиёда аз ҳазор сол инҷониб ҳар як тоҷикзабон бе ҳеҷ гуна тағйирот мехонад ва аз ёд мекунад.

Аз ин рӯ, вазифаи миллӣ ва қарзи инсонии ҳар яки мо - соҳибзабонон аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем, онро чун гаронбаҳотарин сарвати ҳастии хеш эҳтиёт кунем, мероси пурқиматеро, ки бо ин забон иншо шуда, аз насл ба насл интиқол ёфтааст, на танҳо ҳифз намоем, балки онро омӯзем, ба дигарон омӯзонем ва аз ҳикматҳои ҷовидонааш баҳравар гардем.

Яъне эҳтироми мо ба забони давлатӣ бояд сидқан ва масъулона бошад.

Дар ин росто, ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан, наврасону ҷавонон бояд сатҳи забондонӣ ва маданияти нутқи худро пайваста баланд бардошта, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони ширини модарӣ ва риояи меъёрҳои забони адабӣ кӯшиш намоянд.

Зеро дар замони муосир таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ нуфузи унсурҳои манфии фарҳангҳои бегона аз ҷумла ба василаи забонҳои ғайр сурат гирифта, покии забони шевои тоҷикиро халалдор месозад.

Ман борҳо таъкид кардаам ва бори дигар хотирнишон месозам, ки донистани забонҳои хориҷӣ талаби замони муосир аст, аммо омӯхтани онҳо чунин маънӣ надорад, ки нисбат ба забони модарӣ беэътиноӣ зоҳир гардад.

Забони миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллат аст ва забони давлатӣ рамзи давлат аст.

Бинобар ин, беэътиноӣ нисбат ба забони тоҷикӣ беэҳтиромӣ ба миллату давлат ба ҳисоб меравад.

Мо забонҳои хориҷиро бояд на барои дигарон, балки ба хотири рушди давлату миллати худамон омӯзем ва истифода барем.

Воқеан, агар забони тоҷикӣ ба таври мукаммал аз худ карда шавад, ин воситаи муҳимми омӯзиши забонҳои дигар мегардад.

Омӯзгорони забону адабиёти тоҷикӣ, падару модарон ва аҳли зиё вазифадоранд, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва махсусан, ба сайқал додани фарҳанги муоширати наврасону ҷавонон мусоидат карда, ба риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ ва одоби сухангӯӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимми раванди таълиму тарбия таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Ҳамватанони азиз!

Забони тоҷикӣ дар тӯли асрҳои зиёд ба сифати омили ваҳдатсозу муттаҳидкунанда хизмат карда, имрӯз низ ба мардуми мо барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафту ободии Ватани аҷдодӣ илҳому нерӯ мебахшад.

Дар мушкилтарин давраҳои таърихӣ ва дар лаҳзаҳое, ки гузаштагони мо дар вартаи нобудӣ қарор доштанд, забон чун сипари миллат ба майдони набард баромада, мардумро ба иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҳифзи марзу бум фаро хондааст.

Аз ин лиҳоз, барои мо гиромидошти забони миллӣ ва истиқлолу ватанхоҳӣ бо ҳамдигар пайванди зич доранд, ки инро таърихи тоҷикон дар мисоли сиёсати забонии давлати Сомониён собит сохтааст.

Маҳз дар замони сулолаи Сомониён забони тоҷикӣ ба маснади давлатӣ нишаст, ба сифати забони нерӯманди адабӣ ташаккул ёфт ва тавоноиву қудрати он ба ҳадде расид, ки дар асрҳои минбаъда низ мақоми давлативу фарҳангии худро аз даст надод.

Насли калонсол то ҳол дар ёд дорад, ки доираи истифодаи забони тоҷикӣ дар гузаштаи начандон дур хеле маҳдуд шуда буд.

Забони тоҷикӣ имкони ба таври комил иҷро намудани вазифаҳои ҷамъиятии худро надошт ва торафт ба забони хонаводагиву маишӣ табдил меёфт.

Яъне набудани истиқлоли давлатӣ ба рушду такомули забони тоҷикӣ таъсири манфӣ мерасонид.

Бинобар ин, мардуми мо соли 1989 қабули қонуни забонро бо қаноатмандии зиёд истиқбол карданд.

Вале бояд гуфт, ки ҳарчанд қабули қонуни мазкур дар ҳаёти мардуми мо рӯйдоди муҳимми таърихӣ буд, аммо дар инкишофи забони давлатӣ гардиши куллиро таъмин карда натавонист.

Бо дарназардошти чунин вазъ ва бо мақсади тақвият бахшидан ба пояҳои забони давлатӣ, фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои инкишофи он ва қонеъ намудани ниёзҳои ҷомеаи кишвар 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав қабул гардид.

Дар муддати ёздаҳ соли гузашта доир ба татбиқи қонуни нави забон корҳои зиёде ба анҷом расидаанд, вале ин ҳанӯз кам аст.

Чунки забон мисли ҷисми зинда аст ва ба ғамхории доимӣ ниёз дорад.

Аз ин лиҳоз, баъзе моддаҳои қонун бо дарназардошти талаботи кунунии ҷомеа бояд бознигарӣ шаванд, то воқеияти имрӯзаи кишварро инъикос намоянд.

Забони тоҷикӣ иқтидори бузурги илмиву луғавиро дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа дорад ва мо соҳибзабононро зарур аст, ки барои таъмин намудани пешрафти муназзами он пайваста кор кунем.

Махсусан, вазъи истилоҳоти илмҳои табиӣ, дақиқ ва техникӣ моро водор месозад, ки ба масъалаи таҳияи дастуру китобҳои илмӣ дар самти зикршуда эътибори ҷиддӣ диҳем.

Аз ин рӯ, олимони соҳаҳои мазкурро зарур аст, ки барои қонеъ гардонидани ниёзҳои забонамон ва таъмин намудани рушди минбаъдаи он, дар навбати аввал, имкониятҳои дохилии забони таърихан пуриқтидорамонро васеъ истифода баранд, яъне калимаву истилоҳоти мавҷудаи давраҳои гуногунро, ки имрӯз қобили истифода мебошанд, ба гардиш ворид намоянд.

Дар робита ба ин, мехоҳам таъкид намоям, ки ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат бояд ҳамеша барои арҷгузорӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ талош намояд ва парчамбардори забону фарҳангу миллати хеш бошад.

Танҳо дар чунин сурат мо метавонем дар ҷодаи тарбияи наслҳои ояндасози халқамон дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан, истиқлол, забони миллӣ ва дигар муқаддасоти миллат муваффақ шавем.

Дар интиҳои сухан, бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар фарди худогоҳу ватандӯсти кишварро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба кулли соҳибзабонон дар ҳимоя ва рушди забони миллӣ азми қавӣ, иродаи устувор ва барори кор орзу менамоям.

Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!


Вакти нашр: 2020-10-05 13:39:27    Хонданд: 18    Муфассал...

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.
Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:
“Табрикоти сидқии моро ба муносибати зодӯзатон қабул фармоед!
Шумо чун арбоби ботаҷрибаву дурандеши давлатӣ ва пешвои воқеии кишвари худ миёни ҳамватанонатон иззату эҳтироми баланд дошта, соҳиби обрӯву эътибори назарраси байналмилалӣ мебошед. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи рушди ичтимоиву иқтисодӣ қадамҳои устувор гузошта, дар умури минтақавӣ нақши муҳимро иҷро менамояд.
Саҳми шахсии Шумо дар таҳкими шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии байни кишварҳои мо, суръат бахшидан ба робитаҳои барои ҷонибҳо судманд дар доираи СААД, ИДМ, СҲШ ва дигар иттиҳодияҳои бисёрҷониба бениҳоят арзишманд аст.
Аз идомаи муколамаи созанда ва ҳамкории зичи мо аз рӯи масъалаҳои мубрами дуҷонибаву бисёрҷониба бар нафъи мардумони Россия ва Тоҷикистон хушҳол хоҳам буд.
Сидқан ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии қавӣ, саодатмандӣ, некӯаҳволӣ ва комёбиҳо орзумандам”.
Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин дар номаи шодбошии худ ба унвонии Сарвари давлати мо чунин менигорад:
“Муҳтарам ҷаноби Президент,
Табрикоти сидқӣ ва таманниёти беҳтарини манро дар иртибот ба зодрӯзатон қабул фармоед.
Шумо пешвое ҳастед, ки соҳиби муҳаббату эҳтироми мардуми Тоҷикистон гаштаед. Таҳти роҳбарии Шумо дар кишвар суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва боло рафтани сатҳи некӯаҳволии мардум таъмин гардида, Тоҷикистон дар ҳифзи сулҳу субот ва ҳавасмандгардонӣ ба он дар Осиёи Марказӣ саҳми муҳим мегузорад.
Пас аз авҷ гирифтани ҳамагирии COVID-19 Чин ва Тоҷикистон ҳамдигарро дастгирӣ намуда, талошҳояшонро барои ҳифзи муштараки саломатӣ ва ҳаёти мардумони ду кишвар муттаҳид гардониданд, ки худ ифодагари ҷавҳари асосии ҷомеаи рушди муштарак ва амнияти Чину Тоҷикистон мебошад. Ман ба рушди муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон аҳаммияти калон дода, робитаҳои хуби корӣ ва дӯстии амиқи шахсиамро бо Шумо қадрдонӣ менамоям. Ман омодаам, ки якҷо бо Шумо саъю кӯшишҳои муштаракро ба харҷ диҳам, ки бар нафъи кишварҳо ва мардумонамон ба пайваста баровардани муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Чин ва Тоҷикистон ба сатҳи боз ҳам баландтар нигаронда шудаанд.
Ба Шумо сиҳатмандии комил ва некӯаҳволӣ орзумандам”.
Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, чунин омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Бо камоли хушнудӣ ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, таманниёти самимӣ ва беҳтарини худро ба муносибати зодрӯзатон арз менамоям.
Мо дар Ӯзбекистон шахсияти Шуморо ҳамчун арбоби маъруфи давлатӣ, пешвои соҳибистеъдод, ватанпарвари ҳақиқӣ, ки ҳаёти худро барои хидмат ба некӯаҳволӣ ва рушди мардуми Тоҷикистон бахшидааст, мешиносем ва бениҳоят эҳтиром мегузорем.
Боиси таъкиди хосса аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии оқилонаи Шумо дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ собитқадамона пеш рафта истодааст, мақому манзалат ва обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ афзун мегардад.
Мо аз ҳамаи дастовардҳо, ислоҳоти васеъмиқёс ва таҳаввулоти босуръате, ки дар кишвари Шумо, шарики бо мурури замон санҷидашуда ва боэътимоди мо, ба вуқӯъ мепайванданд, хушнуд ҳастем.
Дар робита ба ин мехоҳам саҳми бениҳоят арзишманд ва таваҷҷуҳи доимии Шуморо ба фаъол гардонидани робитаҳои гуногунҷанба ва дарозмуддати байни Ӯзбекистону Тоҷикистон, таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстии абадӣ ва ҳусни ҳамҷавории мардумонамон ба таври хосса таъкид намоям.
Итминон дорам, ки муносибатҳои зичи бародарона, ҳамчунин ҳамкории наву барои ҷонибҳо судманде, ки миёни мо устувор шудаанд ва ба шарофати саъю талошҳои муштараки мо тайи солҳои охир ба сатҳи нав баромадаанд, минбаъд ҳам баҳри шукуфоии умуми мардумонамон тавсеа хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз фурсат, бори дигар Шуморо сидқан ба муносибати ин санаи дар ҳаётатон хотирмон табрик гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, саодати оилавӣ ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳои бузург, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу оромӣ ва некӯаҳволӣ орзу менамоям”.
Нурсултон Назарбоев, Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон – Елбаси зимни табрикоти худ овардааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Самимонатарин табрикоти манро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед!
Заҳматҳои Шумо баҳри шукуфоии Тоҷикистон ва саъю талошҳои Шумо, ки ҳамеша ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуматон нигаронда шудаанд, басо арзишманданд.
Муътақидам, ки таҷрибаи ҳаётӣ ва хислатҳои накӯи Шумо дар таҳкими соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷумҳурӣ, инчунин баланд бардоштани мақому манзалати он дар арсаи байналмилалӣ саҳми хосса доранд.
Дар Қазоқистон нақши шахсии Шуморо дар рушди шарикии стратегӣ ва ҳамгироии кишварҳои мо баланд арзёбӣ менамоянд.
Итминон дорам, ки дӯстии бисёрасра ва муносибатҳои ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд, ки кишварҳои моро ба ҳам мепайванданд, дар оянда низ бар нафъи некӯаҳволии мардумонамон таҳким ёфта, ба таври сермаҳсул рушд хоҳанд кард.
Умедвори идомаи робитаҳои зичи мо ва ҳамкории муштаракамон ҳастам.
Бо истифода фурсати фараҳбахш ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии комилу комёбиҳои бузург ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу рифоҳ орзумандам”.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар табрикоти худ гуфтааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Табрикоти сидқии моро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед!
Дастовардҳои Тоҷикистони муосир дар арсаҳои сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, мақому манзалати баланди Душанбе дар ҷомеаи ҷаҳонӣ – ҳамаи ин самараи хизмати чандинсолаи Шумо ба Ватан ва сиёсати дурандешонаву созандаи Шумо дар маснади Сарвари давлат мебошанд.
Тоҷикистон таҳти роҳбарии қавии Шумо имрӯзҳо низ таҳаввулоти муҳимро, ки ба таҳкими пайвастаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини рушди босубот ва некӯаҳволии шаҳрвандони худ нигаронда шудаанд, дилпурона дар амал татбиқ намуда истодааст.
Дар симои Шумо Қазоқистон дӯст ва шарики боэътимодеро мебинад, ки сидқан алоқаманди тақвияти робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни кишварҳои мо, ҳамчунин ҳамгироии бештар амиқ дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Бовар дорам, ки муколамаи фаъоли сатҳи олӣ минбаъд ҳам чун заминаи мустаҳкам барои афзун гардонидани дастовардҳои муштараки мо хизмат карда, раванди ба сатҳи нав бардоштани шарикии стратегии Қазоқистон ва Тоҷикистонро такони тоза хоҳад бахшид.
Дар ин рӯзи хотирмон ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, комёбиҳои беш аз пеш дар фаъолияти сермасъули давлатиатон ва ба мардуми бародари Тоҷикистон некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу менамоям!”
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Сидқан Шуморо бо зодрӯзатон табрик менамоям!
Бо изҳори қаноатмандӣ қайд карданиам, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо масири худро пайдо карда, дар он қадамҳои устуворашро, ки ба ҳифзи сулҳу таҳкими некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон нигаронда шудаанд, идома медиҳад.
Шумо дар соҳаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими обрӯи байналмилалии он ба комёбиҳои муассир ноил гардидаед.
Итминони амиқ дорам, ки бо дастгирии шахсии Шумо муносибатҳои байни ду кишвар, ки асоси онҳоро усули дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ташкил медиҳанд, минбаъд ҳам бар манфиатҳои мардумони Қирғизистон ва Тоҷикистон пайваста рушд хоҳанд кард.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саломатии бардавом, саодатмандӣ ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям!”
Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко чунин барқияи шодбошӣ ирсол намуд:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Лутфан самимонатарин табрикоти ин ҷонибро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед.
Дар Ватан ва берун аз паҳнои он Шуморо барҳақ чун роҳбари ботаҷриба ва соҳибэътибори давлат, ки саъю талошҳо ва иродаи сиёсии ӯ рушди босуботи Тоҷикистон ва тақвияти нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ таъмин кардааст, эътироф менамоянд.
Ман саҳми шахсии Шуморо дар таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанбаву барои ҷонибҳо судманди Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят қадрдонӣ менамоям.
Итминон дорам, ки бо саъю кӯшишҳои муштарак мо метавонем муносибатҳои анъанавию дӯстонаи Беларус ва Тоҷикистонро бо мақсади минбаъд низ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумонамон боз ҳам амиқтар гардонем.
Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии қавӣ, некӯаҳволӣ, хушҳолӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон комёбиҳо орзу менамоям.
Ба Шумо ва пайвандону наздиконатон сулҳу некӣ ва хайру баракат хоҳонам”.
Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев чунин омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Иҷозат фармоед ба Шумо табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти худро ба муносибати зодрӯзатон арз намоям.
Имрӯзҳо Тоҷикистони дӯст таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ ва бунёдкории фарҳангӣ дилпурона қадам гузошта, ба диёри шукуфон табдил ёфтааст ва дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалат гардидааст.
Озарбойҷон ва Тоҷикистонро таърихан риштаҳои дӯстӣ, ки аз иродаи мардумони мо маншаъ мегиранд, ба ҳам мепайванданд. Шумо дар амри рушди робитаҳои байнидавлатӣ ва тақвияти ҳамкориҳои мо дар ҳамаи соҳаҳо, ки бар ин заминаи мустаҳкам асос ёфтаанд, саҳми арзишманд мегузоред.
Бовар дорам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни кишварҳои мо бар нафъи мардумонамон ҳамеша рушду тавсеа хоҳанд ёфт.
Дар ин рӯзи фархунда ба Шумо сиҳҳатии комилу саодатмандӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳи пойдор ва шукуфоӣ орзумандам”.
Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин аз номи Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Мишустин, Раиси Шӯрои Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко, Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин, Дабири кулли СААД Станислав Зас, Дабири кулли СҲШ Владимир Норов, Намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов ворид гардиданд.
Воридшавии номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.
Манбаъ: /АМИТ «Ховар»/.


Вакти нашр: 2020-10-05 13:55:30    Хонданд: 22    Муфассал...

ИСТЕҲСОЛИ НЕРУИ БАРҚ ДАР ЗАРФИ 7 СОЛ АЗ 17,1 то 21 МИЛЛИАРД КИЛОВАТТ СОАТ РАСОНДА ШУД

Дар асоси нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57-и ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрии шахсони боэътимод, гуруҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони шаҳраки 65 доир гардид.
Дар вохӯрӣ Маҳбуба Камолова, сармуҳаррири нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Народная газета", аъзои ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Назокат Маҳмадзода,  аъзои ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе  ширкат ва суханронӣ намуданд. Маҳбуба Камолова дар мавриди дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, татбиқи барномаи ҲХДТ барои солҳои 2013-2020, самтҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъракаи дарпешистодаи сиёсӣ изҳори андеша намуд.Ҳамзамон Маҳбуба Камолова самтҳои барномаи навбатии номзад аз ҲХДТ-ро, ки аз нақшаҳои барномавӣ дар давраи то соли 2027, сиёсати иқтисодӣ, маориф ва илм, шуғл, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, маънавиёт ва иттилоот,  ҷавонон, занон ва варзиш, масъалаҳои сиёсӣ, волоияти қонун, амният, мудофиа ва такмили қонунгузорӣ, сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ иборат аст, номбар намуда, дар мавриди ҳар самт таҳлилҳои коршиносона намуд.  Мавсуф изҳор дошт, ки ин барномаи идомаи мантиқии барномаи қаблии ҲХДТ мебошад, ки ҷумҳурии моро ба сатҳи нави рушд ворид хоҳад намуд. М. Камолова таъкид намуд, ки дар ҳафт соли оянда тибқи ин барнома “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”-ро таъмин карда, дар доираи он муҳимтарин масъалаҳои иқтисодӣ амалӣ хоҳанд гардид. –Тавассути саноатикунонии босуръати кишвар сифати рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардида, низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва иқтисоди рақамӣ такмил дода мешавад. Ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 45 фоиз ва сатҳи камбизоатӣ то 18 фоиз коҳиш дода хоҳад шуд. Бо мақсади ҳалли масоили иҷтимоӣ ҳамасола ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода мешаванд, ки ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум мусоидати бештар менамояд,-афзуд ӯ. Зикр гардид, ки давоми 7 соли охир ҷиҳати татбиқи ҳадафи стратегии таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар истеҳсоли неруи барқ аз 17,1 миллиард киловатт соат то 21 миллиард киловатт соат расонида шуд. Бо ба истифода додани ду агрегати НБО “Роғун” маҳдудияти интиқоли барқ дар фасли зимистон бартараф гардид. Оиди дигар паҳлуҳои барномаи қаблӣ низ изҳори андеша карда шуд.


Вакти нашр: 2020-10-05 14:00:35    Хонданд: 22    Муфассал...

ПРЕЗИДЕНТИ МАН! ИНТИХОБИ МАН! ИФТИХОРИ МАН!

Бо  мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва вусъат бахшидани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бо усулҳои муосири “кӯча ба кӯча”, “хона ба хона” ва “рӯ ба рӯ” 5-уми октябри соли ҷорӣ дар арафаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  дар доираи нақша-  чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш таҳти унвони “ Президенти ман! Интихоби ман! Ифтихори ман!” баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” Абдулло Раҳмонзода, намояндаи Кумтаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзигул Юсуфзода, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Маҳмадзода Назокат, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони  Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Насимҷон Ҳомидзода ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
      Иштирокчиён дар ҳамоиш доир ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф ва илм, ҷавонон, занон ва варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуданд.
      Ичунин, таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату якдилӣ дар партави иқдомҳои ҷавонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ТҶҶ “Созандагони Ватан”  10 сол аст, ки дар тарбияи ватандӯстиву худшиносии ҷавонон нақши босазо гузошта истодааст. 
        Дар ин замина, иштирокчиён иброз доштанд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сафи пеш истода, баҳри боз ҳам гулгулшукуфон гаштани Тоҷикистон раъйи худро ба номзади арзандаи худ медиҳанд.
      Ҳамзамон, ба ҳозирин шумораи махсуси нашрияи “Мароми пойтахт”, ки дар он Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нашр шудааст, тақсим карда шуд. 

 


Вакти нашр: 2020-10-05 14:50:33    Хонданд: 32    Муфассал...

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ИФРОТГАРОӢ ВАЗИФАИ ТАМОМИ ҶАМЪИЯТ АСТ

Масъалае, ки имрўз тамоми  ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин афзудани ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ мебошад. Ин раванди зараровар зуҳуроти номатлуби ҷомеа буда, боиси харобшавии кишварҳои олуда ба он гаштааст. Терроризм дорои хавфи умумӣ буда, метавонад боиси марги  одамони зиёд ва ё дигар оқибатҳои вазнин гардад. Мақсади асоси он  маҷбур сохтани давлат, ташкилоти байналмилалӣ, шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, гурӯҳи одамон ва ғайра буда, барои амалӣ намудани ниятҳои нопок ва худдорӣ кардан аз кадом як ҳаракати беадолатона аст. Экстремизм низ ҳамчун шохаи террористӣ падидаи ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ доимо ақоиди таҳрифшудаи динӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ, миллатгароӣ ва маҳалгароиро ғояи дуруст шуморида, истифодаи зӯроварии ҷисмонӣ ва рӯҳиро нисбат ба мухолифони худ ё гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ раво медонад, ки ин ба ҳаёт ва зиндагии мардум хатари калон дошта, ба шариати инсонӣ мухолиф аст.  
Терроризм ва экстремизм барои амалӣ сохтани ниятҳои номатлуби хеш аз бисёр роҳу воситаҳо истифода бурда, мехоҳанд бештар ҷавононро шомили гурӯҳҳои худ гардонанд. 
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҷараёнҳои гуногуни динӣ, аз қабили ҷараёни исломии тундрави «Ҳизб-ут-таҳрир –ал-исломӣ», «Салафия», «Таблиғот» ба тариқи пинҳонӣ амал мекунанд, ки пайравони ин ҷараён ҳомиёни исломиёни фундаменталистӣ мебошанд.  Заминаҳои пайдоиш ва инкишофи  чунин падидаҳои номатлуб дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ин дараҷаи пасти сатҳи фарҳанги дин ва бекории аҳолӣ, ноустувории идеологияи давлатӣ, манфиатҳои геополитикии давлатҳои абадқудрат,  буҳрони маънавӣ ва иделогӣ, ки ба фазои холигӣ оварда мерасонад, ки ба пайдоиши гурӯҳҳои тундрави динӣ- сиёсӣ ва экстремистӣ –террористӣ оварда мерасонад. 
Дар замони имрӯза Интернет ягона роҳи истифода ва ҷалби ҷавонон ба ин ҳаракатҳои террористӣ гаштааст. Интернет воситаи амн ва мутмаини тарғибу ташвиқи адабиёт ва матолиби савтиву видеоии созмонҳои экстремистиву террористӣ шуда, на фақат роҳнамои афроди алоҳида ба сӯйи майдонҳои набард дар Ховари Миёна ва Афғонистон аст, балки дар худи Аврупои демократӣ фазои мусоиди фаъолият барои онҳоро ба вуҷуд овардааст.
Имрӯзҳо  мушкилии асосии сайёра  ин мубориза бар зидди вабои аср- террористу экстремизм, яъне ҳар гуна гурӯҳу равияҳое, ки барои манфиати худ ҷавононро истифода мебаранд, ба ҳисоб меравад. Қариб 80% аъзои ин гурӯҳҳоро ҷавонони аз синни 20 то 30 - сола ташкил медиҳад, ки ин ҳолат ба ҳаёт ва зиндагии ҷавонон-қишри муҳими ҷомеа хатари калонро ба миён меорад. Тавре ки маълум аст, Интернет як ҷузъи муҳими ҷомеа гашта, инсоният ҳаёти худро бе он тасаввур карда наметавонад. Гурӯҳҳои ифротӣ  низ аз ин фурсати муносиб ва  фазои озод истифода карда, тарафдоронашро дар дилхоҳ манотиқи ҷаҳон зиёд карда истодааст.
Пас, ҷавононро зарур аст, ки дар истифодаи Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёт карда,  дар сомонаҳои интернетӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳое, ки хусусияти ифротӣ доранд, пайваст нашаванд. 
Дар солҳои истиқлол вазъияти сиёсӣ ба эътидол омад, давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ машҳур гашт, таҷрибаи сулҳи давлати моро дар хориҷа мавриди омӯзиш қарор дода истодаанд. Мо бояд ин ганҷи бебаҳоро қадр ва муҳофизат кунем, биандешем, ки он бо кадом баҳое ба даст омадааст. Як бор ба вазъи кишвари ҳамҷавори мусибатзадаи Афғонистон, ки дар он ҷо чил сол боз давлат ва ҷамъият наметавонанд ба созиш оянд, ба алангаи оташи Сурия, Ироқ, Фаластин, Яман, Ливия ва баъзе ба дигар давлатҳо нигарем ва дарси ибрат барои худ гирем. Имрӯз он ҳама амалҳои хоинонаи душманони миллат ва ташкилотҳои террористӣ, минҷумла назҳатиёни ватангадо мо - ҷавононро бетараф гузошта наметавонад. Душманони миллат ба монанди ҳизби мамнӯъшудаи наҳзат мехоҳанд, он ҳама нақшаҳои кашидаи хоҷагони хориҷии худро иҷро намуда, кишвари биҳиштосои моро ноором гардонанд. Чунин шахсони ватанфурӯш ба қадри миллату давлат ва истиқлол намерасанд. Суханҳои бардурӯғ ва маблағҳои муфту ҳаром чашми онҳоро кӯр ва қалбашонро тира намудааст. Онҳо ин ҳама ободии Ватанро нодида гирифта, амалҳои нопоки хоҷагонашонро бар зидди миллаташон раво мебинанд. Мо - ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пеши роҳи ин  амалҳои хатарзоро бигирем. Сарҷамъу муттаҳид шуда, нагузорем, ки ягон нохалафе фазои орому осудаи кишвари биҳиштосои моро ноором гардонад. 
Мо,ҷавонон барои пойдории сулҳу субот, оромиву осудагии Тоҷикистони азизамон тадбирҳои мушаххасро амалӣ кунем. Яке аз роҳҳои  асосии мубориза бар зидди терроризм ин парваридани ҳисси ватанхоҳиву меҳанпарастӣ дар ниҳоди ҷавонон ба ҳисоб меравад. 
Таърих гувоҳ аст, ки бар зидди терроризм ва экстремизм ва тундгароии динӣ ягон кишвар танҳо мубориза бурда наметавонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид мекунанд, ки ҳукумат, ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои махсус бояд дастаҷамъӣ бар зидди ин падида муташаккилона мубориза баранд. Яъне, ин муборизаи гурӯҳи муайян набуда, балки вазифаи тамоми ҷамъият ба ҳисоб меравад.   

Умедҷони КАРИМХОН
“Мароми пойтахт”


Вакти нашр: 2020-10-05 14:58:55    Хонданд: 57    Муфассал...

ВОХӮРИИ ХОНА БА ХОНА БО ИСТИҚОМАТКУНАНДАГОНИ МАҲАЛЛАҲО

Тибқи нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳои хона ба хона, рӯ ба рӯ ва кӯча ба кӯчаи гурӯҳҳои таблиғотии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, имрӯз дар маҳаллаи Ободкорони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки Нуров М.А.  - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Раҳмонов А. – модератори сомонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Юнусова Р.С. - мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия, Назирзода М. – шахси боэътимоди Вакили маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №39 ва Фозилзода Ш.М. – мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроия бо истиқоматкунандагони маҳалла вохӯрӣ доир гардид. 
Дар вохӯрӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотӣ барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-06 09:25:56    Хонданд: 16    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз қисми низомии 051054-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ, аъзои Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ Ҳамидиён И., аъзои гурӯҳи таблиғотии Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ Зувайдуллозода М.Ҳ., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф., аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Норасов А.А., Каримзода Ҳ.И. иштирок намуда, барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-06 09:31:15    Хонданд: 23    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз қисми низомии 5453-и Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

 

Дар вохӯрӣ, аъзои Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ Ҳамидиён И., аъзои гурӯҳи таблиғотии Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ Зувайдуллозода М.Ҳ., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф., аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Норасов А.А., инчунин аъзои гуруҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Исҳоқӣ Д.Д., Раҷабалиева Г.С. иштирок намуда, барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-06 09:35:06    Хонданд: 17    Муфассал...

ВОХӮРИИ РӮ БА РӮ БО ИСТИҚОМАТКУНАНДАГОНИ МАҲАЛЛАҲО

Тибқи нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳои хона ба хона, рӯ ба рӯ ва кӯча ба кӯчаи гурӯҳҳои таблиғотии нҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, имрӯз дар маҳаллаи Бунёдкорони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Камолов Т.Ш., мудири бахши омор ва бақайдгирии аъзои ҳизби Кумитаи иҷроия Эмомов Ш.Л. ва мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроия Розиқова М.А. бо истиқоматкунандагони маҳалла вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотӣ барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-06 09:38:09    Хонданд: 16    Муфассал...

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТИИ БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ БО СОКИНОНУ ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 5.10.2020   
Аъзои гуруҳи таблиғотии Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз ҲХДТ бо сокинону интихобкунандагон дар муассисаи таълимии №29 вохӯрии судманд баргузор намуданд. 
Дар вохӯрӣ Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур,  Обидов Фозил Саидович-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадзода Парвиз-муовини директори маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соҳибзода Муҳаммадҷон-муовини Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзамонзода Хайрулло-ноиби Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Турсунзода Раҷабалӣ-муовини Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Каримзода Матлуба-мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур ва Маҳмудова Шоира-вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни вохӯри зикр шуд, ки дар 7 соли охир дар кишвар 2092 коргоҳу корхонаҳо бо зиёда аз 49 ҳазор ҷойи кории иловагӣ сохта шудаанд, ки ҳоло дар самтҳои гуногуни истеҳсолӣ фаъолият карда истодаанд.
Танҳо дар зарфи солҳои 2012-2019 дар кишвар зиёда аз 30 корхонаву коргоҳҳои муштарак бо ҷалби сармояи мустақим дар соҳаи коркарди маъдан ва истихроҷи канданиҳои фоиданок таъсис дода шудаанд.  Дар натиҷаи фароҳам гардидани шароити мусоид барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва татбиқи самараноки барномаю стратегияҳои дар ин самт қабул гардида давоми солҳои 2013-2019 ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар 57,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки қариб 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад. 
  Бахши иҷтимоии кишвар низ такомул ёфт. Тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар ҷумҳурӣ дар солҳои 2013-2020 ба яке аз ҷузъҳои таркибии ҷараёни тарбия табдил ёфта, ҷавононро дар роҳи садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ҳидоят намуд. 
Сулҳу ваҳдати миллӣ, ки ба василаи талошҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат ба даст омадааст, барои густариш ёфтани сиёсати дохиливу хориҷӣ, рушди минбаъдаи кишвар ва таъмини амнияти давлату ҷомеа таҳкурсии мустаҳкам ба вуҷуд овард.  
Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192  давлати дунё чун кишвари соҳибистиқлол эътироф кардааст. Тоҷикистон ҳамчунин узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид ва кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақилу ташаббускор оид ба масъалаҳои об эътироф карданд. 
Дар интиҳо даъват ба амал оварда шуд, ки рӯзи интихобот фаъолона иштирок намуда, якдилона ба тарафдории номзади арзанда овоз диҳанд.


Вакти нашр: 2020-10-06 09:43:39    Хонданд: 18    Муфассал...

ВОХӮРИИ ХОТИРМОНУ СУДМАНДИ СИТОДИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

  5.10.2020 

Дар вохӯрӣ Имомзода Муҳаммадюсуф-Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хушвахтзода Қобилҷон-Ректори Донишгоҳи милии Тоҷикистон, Амробекова Руқия-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе,  Турсунзода Раҷабалӣ-муовини Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Манучеҳри Хурсандзод-вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур ва Каримзода Матлуба-мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Вобаста ба дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафҳои созандаи барномаи амали ҲХДТ ва  сиёсати муваффақи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нутқ рафт.
  Зикр шуд, ки ҷавонони худогоҳу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ дар назди давлати соҳибистиқлол, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ба камол расондани мутахассисони варзида, ки қобилияти дарки равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро доранд, барои хизмати шоиста кардан ба нафъи Ватану миллат тарбият ёфтаанд ва хизмати шоиста доранд.
 Сулҳу ваҳдати бо мушкилот ва ҷаҳду талошҳои зиёд ба даст овардаро минбаъд низ чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ нахоҳем, ки ин неъмати бебаҳои умумимиллиямон халалдор гардад.  
 Маҳз ҳамин оромӣ барои раҳоӣ бахшидани кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, гузоштани заминаи устувор барои таъмини рушди иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳу нақбҳо, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ ва ғайра мусоидат намуд.
 Дар масири ҳафт соли рушди бобарор  инфрасохтори соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ ба куллӣ тағйир ёфт.  Аз ҷумла дар давраи сафарҳои кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар як моҳ 16 ҳазор ҷойи нашаст дар муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуд. 
 Ёдоварӣ гардид, ки танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шуданд.
Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат густариш ёфта, солҳои 2020-2040-ро барои рушди фанҳои дақиқ ва риёзӣ бахшиданд.
Аз ҳамаи интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки рӯзи интихобот якҷоя бо хешу ақрабо дастҷамъона бо рӯҳияи болида ва идона ба қитъаҳои интихоботӣ рафта, барои  ободонӣ ва саодати фардои кишвар ба номзади арзандаи хеш овоз диҳед.


Вакти нашр: 2020-10-06 09:49:16    Хонданд: 15    Муфассал...

СЕМИНАРИ МАШВАРАТИИ ОМӮЗИШИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИСТИЛОҲШИНОСӢ, МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО”

5.10.2020
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамдастӣ бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ семинари машваратии омӯзишии ҷумҳуриявиро таҳти унвони “Истиқлолият ва истилоҳшиносӣ, мушкилот ва дурнамо”  баргузор намуд. 
Дар чорабинӣ Оқилзода Нурулло мушовири  калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, Матробияён Саодатшо- вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳшмансур Глаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, мутахассисони варзидаи соҳаи забоншиносӣ, олимону донишмандон, коршиносони варзида, намояндагони соҳаҳои муҳими ҷомеа ва васоити ахбори омма иштирок намуданд. 
Вобаста ба рушди забони тоҷикӣ дар фарози асрҳо, шикасти ин забон дар масири таърих аз ҷониби истилогарони аҷнабӣ, рушди забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, маснаднишинии забони тоҷикӣ дар умури сиёсии давлат, ҳифзи ин забони ноби олам ва амсоли ин аз ҷониби олимону коршиносон нутқ рафт.


Вакти нашр: 2020-10-06 09:54:15    Хонданд: 16    Муфассал...

ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ШАҲРАКИ 23-И НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ

5 октябри соли равон тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе оид ба мулоқоту вохўриҳои хона ба хона, рў ба рў ва кўча ба кўчаи гурўҳҳои таблиғотӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе бо интихобкунандагон дар шаҳраки 23 ноҳияи Фирдавсӣ вохӯриву мулоқот баргузор гардид. Дар вохӯрӣ оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, табиқи барномаи қаблии ҲХДТ, Барномаи номзад аз ҲХДТ барои солҳои 2020-2027, маъракаи интихоботӣ ва ғайра ибрози андеша карда шуд. Таъкид гардид, ки 29 соли соҳибистиқлолӣ давраи чандон тӯлонӣ нест, вале ҳаҷми корҳои анҷомдода, ки рушду пешрафти кишварро дар самтҳои гуногун таъмин менамояд, бузург аст. Ҳамзамон ҷиҳати иштироки фаъолона дар маъракаи муҳими сиёсӣ ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ даъват ба амал оварда шуд.


Вакти нашр: 2020-10-06 10:08:33    Хонданд: 18    Муфассал...

ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ШАҲРАКИ 24-И НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ

5 октябри соли равон тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе оид ба мулоқоту вохўриҳои хона ба хона, рў ба рў ва кўча ба кўчаи гурўҳҳои таблиғотӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе бо интихобкунандагон дар шаҳраки 24 ноҳияи Фирдавсӣ вохӯриву мулоқот баргузор гардид. Дар вохӯрӣ дар мавриди дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, маъракаи дарпешистодаи интихоботӣ, Барномаи номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2027 андешаҳо баён гардид. Сокинон изҳор доштанд, ки онҳо моҳияти ин маъпракаро хуб дарк мекунанд ва ба тарафдории номзади арзанда овоз медиҳанд


Вакти нашр: 2020-10-06 10:11:21    Хонданд: 17    Муфассал...

БАРНОМАИ ҲХДТ: САТҲИ КАМБИЗОАТӢ ТО 18 ФОИЗ КОҲИШ ДОДА МЕШАВАД

5 октябри соли равон дар асоси нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори муассисаи тащсилоти миёнаи умумии №77-и ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрии шахсони боэътимод, гуруҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони шаҳраки 65 доир гардид.
Дар вохӯрӣ Кароматулло Олимов, академик, сарходими Институти фалсафаи Академияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рафиқа Мусоева, ходими намоёни давлатию сиёсӣ, раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон дар мавриди солҳои мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, оқибатҳои ин ҷанг, сарсупурдагӣ ва ҷонфидоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри наҷоти сарзамини ниёгон ва истиқлолияти навтавлид аз вартаи ҳалокат, пойдории сулҳу суботи сиёсӣ, ваҳдату якдилӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, рушду пешрафти бесобиқа дар кишвар ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти Пешвои миллат ва шахсияти нотакрори Ӯ ибрози андеша намуданд.
Руқия Қурбонова, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ, аъзои ситоди пешазинтихоботии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ низ дар мавриди сарсупурдагӣ,ҷонбозиҳо, талошҳову заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат баҳри сулҳу салоҳ ва рушду пешрафт дар кишвар ибрози андеша намуд.
Рамазон Одиназода, аъзои ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба самтҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Аз ҷумла таъкид намуд, ки дар соҳаи сиёсати иқтисодӣ як қатор тадбирҳои судманд пешбинӣ гардидааст. -Дар ин доира бунёди корхонаҳои агорсаноатӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ба содирот равонашуда, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаҳои паррандапарварӣ ва моҳипарварӣ, истифодаи дастовардҳои илму техника дар соҳаҳои номбурда амалӣ намудани сиёсати экологӣ, идома додани сохтмони НБО “Роғун”, “Себзор”, “СASA-1000”, таҷдиди НБО “Норак”, Қайроққум” ва ”Сарбанд”,- изҳор дошт ӯ.


Вакти нашр: 2020-10-06 10:15:22    Хонданд: 16    Муфассал...

ХОИНОНИ МИЛЛАТ БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД!

Филми «Хиёнат» оинаи ҳақиқатнамоест, ки дар баробари инъикоси воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта парда аз рӯйи амалҳои зишт, хоиниву ватанфурӯшии як зумра душманони миллату давлат ва ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом мебардорад. Нишон медиҳад, ки Муҳиддин Кабирӣ ва як гурӯҳ ҳаммаслакони ӯ чӣ гуна инсонҳои нопок ҳастанд, дар самти ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шудани Тоҷикистони соҳибистиқлол, қатлу куштори ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ, талаву тороҷи моликияти шахсию давлатӣ ва вайрону валангор намудани садҳо маҳалли аҳолинишин чӣ амали нангинро ба ҷо овардаанд.      

      Ин наҳзатиҳои бадбахту ифротӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо истифода аз арзишҳои дини Ислом, ба қатл расонидани равшанфикрони кишвар натавонистан қудратро дар даст бигиранд. Дар солҳои баъдиҷангӣ симову сурати худро дигар карда, Кабирии хоинро роҳбар интихоб намуданд ва тарки саллаву риш намуда, ҳизб таъсис доданд ва ба мардум «Исломи нав» баҳри ба сари қудрат расиданашон ваъда карданд, вале боз муваффақ нашуданд. Аз соли 2008 то моҳи августи соли 2018 роҳи зуриро пеш гирифта, бо гумроҳ намудани ҷавонони ноогоҳ ва бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ вазъро мехостанд дар Тоҷикистон дуюмбора ноором кунанд, боз муваффақ нашуданд. Инак, аз моҳи сентябри соли 2018 роҳи дигарро интихоб намуда, бо Паймони сиёҳу ноумедӣ ва бо санг андохтан ба пешравиҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамоишҳои байналмилалӣ мехоҳанд боз ба эътиқоди мардум бозӣ кунанд, вале боварӣ дорем, ки мардум дигар фирефтаи найрангҳои ин гурўҳҳои ифротӣ нахоҳанд шуд зеро:   

                         Дунё ҳамеша дар талаби марди қобил аст,

                         Ноқобилони даҳр ба мақсад намерасанд.

Ин зумраи хиёнатпеша ба ғайр аз хунрезию зиёнрасонӣ кори дигарро намедонанд, ҳазорон пешравию ободии дар Тоҷикистон шудаистодаро намебинанд, вале бо мушоҳидаи як камбудии кӯчак аз паша фил сохта, ба рӯи олам ҷоғ мезананд. Таҳиягарони филми «Хиёнат» нуктаҳои муҳимро бо мисолҳои мушаххас равшан нишон додаанд. Ҳар як бинанда ба хубӣ мефаҳмад, ки ин ашхоси хиёнатпеша душмани башарият ҳастанд. 

Дар филми «Хиёнат» ягон чизи бофтаю хаёлӣ нест. Ҳар чизе, ки аз сари мардуми тоҷик гузаштааст, дар филм таҷассум ёфтааст. Аз ҳама асосиаш дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яроқи тез ва аслиҳаи тавоно будани филми мазкур аст. Ягон нафар, аз ҷумла худи он палидону ватанфурӯшон эрод гирифта наметавонанд, ки лаҳзаҳои филм аз ҳақиқат дур ё сохтаву бофта мебошад. Ҳар сухан бо овардани далели қатъӣ, навору аксу ҳуҷҷат ва шаҳодати шоҳидони замон тасдиқи худро меёбад. Ҳар гуфтаи онҳо нафрат доштану ҳазар карданашон далели равшану раднашавандаест, ки ин симои манфурро бо тамоми зиштиҳояш таҷассум месозад. 

Таърих гувоҳ аст, ки нафару гурўҳҳое, ки ба Ватани хеш хиёнат намудаанд, оқибат шармсори ҷомеа гардида, дар ғарибӣ муҳтоҷ ба як зарра хоки муқаддаси он гаштаанд. 

Шукри Парвардигор, ки хиради азалии халқи тоҷик оқибат пирўз омад ва бо ибтикору кўшиш ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи пойдор дар ҷумҳурӣ барқарор гардид.

Натиҷаи талошу заҳматҳои Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хомўш кардани оташи ҷанги бародаркуш буд, ки мардуми кишвар ба рўзҳои нек, зиндагии осуда, созандагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ расид. Албатта, хомўш кардани ҷанги бародаркуш кори осон набуд, вале сарсупурдагони Ватан ба хотири миллат кўшиданд ва ноил шуданд.

 

    Мудири шуъбаи ташкилии

КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе 

Амробекова Р


Вакти нашр: 2020-10-06 11:24:05    Хонданд: 22    Муфассал...

ВОИЗОН, К-ИН ҶИЛВА ДАР МЕҲРОБУ МИНБАР МЕКУНАНД...

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба тавсеа ёфтани терроризм, фаолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Пушти ин амалҳои нопок аъзои Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ буда, мехоҳанд ба ҳар роҳу восита авзои сиёсии ҷомеаро ноором созанд. Бархе аз ҷавонони гумроҳ имрӯз шомили ин гурӯҳи ҷоҳил шуда, дур аз ёру диёр хиёнат ба Модари хешу Ватани азиз карда истодаанд. Яке аз онҳо Муҳиддин Кабирӣ, ки бо номи поки Ислом ҷавононро ба сӯйи даҳшату ваҳшоният кашида истодааст, аслан худи ӯ дар бораи ин дини муқаддас чизе намедонаду бо шарикии бархе аз нимчамуллоҳои атрофи хеш ҷавононро ба ҷиҳоду дигар кирдорҳои ваҳшиёна даъват намуда, ҳазорон ҳазор гумроҳшудагонро ба доми марг афтондаю дур аз зану фарзанд намудааст. Охир ин кирдори ноҷавонмардист! Наход фарзанди тоҷик ба чунин кор қодир бошад. 
Бояд гуфт, ки кирдорҳои сардори гурӯҳи ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ бо мақсадҳои гуногун тарҳрезӣ гардида, дар натиҷаи амалиёти манфиатталабонаи онҳо ҳамасола ҳазорон шаҳрвандони одди ба ҳалокат мерасанд. Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардааст, проблемаи терроризму экстремизм аст. Ин ҷараёни хатарзо ба худ хусусияти марзнописандӣ касб карда, кулли мардуми сайёраро водор мекунад, ки ҷиҳати пешгирӣ ва кам кардани зарари он андеша намоянд. Дар ҳамин давраи ҳассос ҷавононро зарур аст, ки дар ҳама ҳолат нагузоранд, ки дар Ватани маҳбуби хеш чунин равияҳои бадхоҳ ва ашхоси зархарид таъсири худро расонанд.
    Ин амалҳои нобакорона аз ҷониби собиқ пайравони ташкилоти террористии ҲНИ, аз ҷумла Кабирӣ, ва даҳҳо нохалафони дигар рӯйи кор омаданд. Ин нобакорон бояд донанд, ки амалҳои хоинонаашон беҷавоб нахоҳад монд. Мо ҷавонон барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани Ватани азизамон саъю талоши худро равона месозем ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем ва ҳаргиз барои амалӣ намудани мақсадҳои ѓаразноки шумо роҳ намедиҳем.
Филме, ки бо номи «Хиёнат» ба намоиш гузошта шуд, мо ҷавононро бори дигар аз кирдорҳои ноҷвонмардонаи ин гурӯҳ ошно сохт, ки инро бояд ҳар як шахс хуб дарк намудаю доимо ба чунин аблаҳон барои носипосиашон лаънату надомад хонад. 

Н. Темурзода, узви ҲХДТ

 


Вакти нашр: 2020-10-06 11:33:38    Хонданд: 17    Муфассал...

Ҷорҷ СОРОС, сармоядори маъруф ва башардӯст, роҳбари Бунёди сармоягузории амрикоии «Сорос Фонд Менеҷмент», асосгузори «Шабакаи ҷаҳонии созмонҳои «Ҷомеаи кушода»

  «Кишвари шумо аллакай озмоишҳои зиёдро пушти сар кардааст, ба сулҳу ризоият ноил шудааст ва ин фазои хубест барои пешрафт. Тоҷикистон хеле озод ба назар мерасад».
(Аз мусоҳиба бо рӯзноманигори тоҷик М. Тоштемиров, 30 майи соли 2003)


Вакти нашр: 2020-10-06 11:39:16    Хонданд: 18    Муфассал...

Ҷеймс ВУЛФЕНСОН, Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ (солҳои 1995-2005)

«Дар Тоҷикистон дар чунин муддати кӯтоҳи вақт танзими низоъҳои печидаи дохилӣ муяссар гардид. Мо лоиҳаҳои бунёди рӯзгори осоиштаро баъди низоъҳо, ки аз ҷониби  Президенти Тоҷикистон пешниҳод шудааст,  дастгирӣ мекунем».
(Аз мусоҳибаи ВАО, 2002)
 


Вакти нашр: 2020-10-06 11:41:16    Хонданд: 20    Муфассал...

Аҳмадшоҳ МАСЪУД, Вазири мудофиаи Афғонистон (солҳои 1992-1996):

«Истиқлолиятро ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов — сиёсатмадори миқёси ҷаҳонӣ дод. Имрӯз ӯ маъруфтарин фарзанди Тоҷикистон, тамоми тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст».
(Аз мусоҳиба бо расонаҳои Тоҷикистон, 2000)


Вакти нашр: 2020-10-06 11:44:12    Хонданд: 19    Муфассал...

БУНЁДГУЗОРИ ДАВРОНИ НАВИН

Дар симои Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминон таъкид менамоям, ки ин бузургвор бо зинда кардани номҳои алломаҳои миллат номи худро низ ҷовидонӣ мегардонад. Зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ, тинҷию фаровонӣ оварданаш ба рӯзгори одамон ӯро ба мақому манзалати олӣ баровардааст...                                                         
                                                                                    Чингиз АЙТМАТОВ

Мусаллам аст, ки раванди таърихии инкишофи ҷамъият барои пешбурди худ шахсиятҳои муътабарро вориди саҳнаи таърихи инсоният мегардонад, ки онҳо бо ақлу заковат, донишу маърифат, муносибату муошират, ҷасорату матонат ва муборизаҳои ғаюронаи худ эҷодгар ва ё бунёдгари раванди нав дар ин ё он кишвари олам мегарданд. Аз ин ҷост, ки даврони навини таърихи истиқлоли Тоҷикистон низ сардафтар ва ё ҳомии худро дар шахси фарзанди ҷонфидояш дар симои Эмомалӣ Раҳмон кашф кардааст, ки раванди минбаъдаи рушди он бо номи ӯ сахт марбут аст ва оянда низ ҳамчунин идома хоҳад ёфт...  Аввалин қадами сиёсӣ, ин барқарор кардани сулҳу ваҳдати миллӣ барои сарвари ҷавон бузургтарин ҳадафи сиёсӣ маҳсуб мешуд. Бинобар ин, Эмомалӣ Раҳмон аз низоми идораи президентӣ ба хотири якпорчагии Ватан ва ба ҳам овардани мардум даст кашид. Сарвари ҷавон хеле хуб дарк карда буд, ки яке аз омилҳои парокандагии миллати тоҷик ва низоъҳои сиёсӣ дар солҳои аввали истиқлоли кишвар ин интихоботи президент ба шумор мерафт, ки ин боиси пайдо гардидани як гурӯҳи худхоҳу ҷоҳталаб дар дохили кишвар гардида буд. Дар ҳамин замина, бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон то оромтар гардидани вазъи сиёсии кишвари тозаистиқлоли мо низоми парлумонии идораи давлат роҳандозӣ гардид
Баъд аз интихоб гардиданаш ба вазифаи Раиси Шӯрои олӣ аз минбари баланди ин ниҳод ӯ дар назди намояндагони мардум суханронӣ карда, савганд ёд кард, ки тамоми ҳастиашро барои ором кардани вазъи сиёсии кишвар равона мекунад, Ватанро аз парокандагӣ раҳо карда, сулҳу субот ва ваҳдату якпорчагиро дар ҳудуди мамлакат таъмин менамояд ва то баргардонидани охирин муҳоҷири иҷборӣ худро орому осуда ҳис намекунад.   
Дар чунин даврон барои миллати тоҷик аз сулҳу субот ва ваҳдату баҳамоӣ чизи дигари муҳиме вуҷуд надошт. Мардуми саргардон аз ҳаводиси сиёсӣ омода буд, ки дар канори сарвари ҷавон, ки ҷони худро барои амнияту суботи мардуми кишвар ва якпорчагии сарзамини аҷдодӣ дар кафи даст гирифта, тамоми мушкилотро чун гуруснагиву маризӣ, дарду ғам, фироқи ҷигарбандону пайвандон, аз даст рафтани хонумон ва монанди инҳо таҳаммул кунад ва барои амалӣ гардидани иқдом ва ниятҳои неку инсонпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлуи ӯ бошанд.  Маҳз бо чунин хислатҳои нек ва суханони хирадмандонааш Эмомалӣ Раҳмон дили мардумро тасхир кард ва дар қалби ҳар як фарди равшанзамир, ватанхоҳу миллатпарвар ошёни меҳру муҳаббат бунёд намуд. Ғояҳои инсонгароёна ва дар аҳду қавл устувору дар савганд пойдори Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли таърихи даврони навин боиси он гардид, ки миллати тоҷик ӯро минҳайси Пешвои муаззами миллат чун бунёдгузори сулҳу ваҳдати миллӣ бипазирад. Ин иқдом ифтихори бузурги миллати тоҷик дар роҳи арҷу эҳтиром гузоштан ба корнамоиҳои фарзандони барӯмандаш дар тӯли таърих мебошад... 
Низоми идораи президентӣ дар ҷаҳони муосир ба ҳайси яке аз низомҳои хеле муҳими сиёсии идораи давлатӣ пазируфта шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ тибқи Конститутсия чунин низоми идоракуниро пазируфт. Таҷрибаҳои тайкардаи ин низом дар кишвари мо далели он аст, ки идораи низоми сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии кишвар тавассути идораи президентӣ бештар манфиатовар буда, барои ҳифзи тамоми арзишҳои таърихии миллати тоҷик мусоидат менамояд.  Албатта, нигоҳ доштани низоми идораи президентӣ, пеш аз ҳама, ба дониш, тавоноӣ, ҳувияти миллию ҳифзи муқаддасоти миллӣ, таҷрибаи сиёсӣ барин унсурҳои муҳими раҳбарӣ алоқамандии зич дорад. Мардуми тоҷик дар тўли солҳои давлатсозии худ дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи унсурҳои зикршударо мушоҳида кард ва ҳангоми интихобот аксари мардум ба ҷонибдории ў ҳамчун кафили оромию осудагӣ ва ободию шукуфоии кишвар овоз дод. Интихоби мардуми тоҷик ба ҷонибдории ин шахсияти барўманд ва сиёсатмадори аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда барои обрўю эътибори миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мусоидат кард. Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳайси раҳбари меҳанпарвару миллатдўст тамоми неру ва таҷрибаи андўхтаи сиёсии худро ба он равона кардааст, ки миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон зиндагии шоистае дошта бошанд. Тамоми ҷаҳду талош ва кўшишу заҳматҳои ҳамешагии Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тўли солҳои соҳибистиқлолии кишвар боиси он гардид, ки дар низоми сиёсии ҷаҳон як кишвари ободу осуда ва сулҳхоҳу адолатпарвар, демократию дунявӣ ва дорои низоми амнияти босуботу ором бунёд ёбад. Рушду инкишофи рўзафзуни иќтисодиёту иҷтимоиёт ва рў ба беҳбудӣ овардани зиндагию рўзгори пурнишоти мардум маҳз тавассути сиёсати оқилонаю инсонпарваронаи фарзанди фарзона ва баргузидаи миллати тоҷик, Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам омадааст. Дар ин росто, илова намудан ба маврид аст, ки нияту мароми аслие, ки бунёду таҳдобаш васфи меҳру муҳаббату оламсозист, ба ҳеҷ сурат арзиши доимиашро гум нахоҳад кард. Аз ин рӯ, дар интихоботи навбатӣ номзади арзандаи ман, интихобу ифтихорои ман маҳз президенти ман, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.  
Каримзода Ҳақназар Изатулло, 
рўзноманигор


Вакти нашр: 2020-10-06 13:24:55    Хонданд: 26    Муфассал...

ПРЕЗИДЕНТИ МАН! ИНТИХОБИ МАН! ИФТИХОРИ МАН!

Бо  мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва вусъат бахшидани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бо усулҳои муосири “кӯча ба кӯча”, “хона ба хона” ва “рӯ ба рӯ” 6-уми октябри соли ҷорӣ дар арафаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии  Тоҷикистон  ба номи Сайдмумин Раҳимов дар доираи нақша-  чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш таҳти унвони “ Президенти ман! Интихоби ман! Ифтихори ман!” баргузор гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мизрзозода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шаҳзод Раҳимзода  иштирок намуданд.
      Иштирокчиён дар ҳамоиш доир ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф ва илм, ҷавонон, занон ва варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуданд.
Аз ҷониби масъулин зикр гардид, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафт соли охир мо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем ва дар ин замина аъзои гурӯҳи корӣ оид ба ҷониссориҳю, заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд. 
Зикр гардид, ки ҳоло дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ марҳала ба марҳала идома дошта, гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои тараққиёти устувор тибқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ шуда истодааст. Дар ҳафт соли охир ҳаҷми воқеии маҷмўи маҳсулоти дохилӣ беш аз ду баробар афзуда, суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодӣ ба 7 фоиз баробар шуд, ки ин мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ нишондиҳандаи баланд ба ҳисоб меравад.
Мусаллам аст, ки номзаде, ки аз ҷониби ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод, гаштааст мақсаду маромашон дар Барномаи пешазинтихоботиашон дарҷ гардидааст.  Ин шаҳодат медиҳад, ки мо бо интихоби дурусти хеш ба натиҷаҳои сифатан нав ноил мегардем. 
 Инчунин, таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату якдилӣ дар партави иқдомҳои ҷавонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ТҶҶ “Созандагони Ватан”  10 сол аст, ки дар тарбияи ватандӯстиву худшиносии ҷавонон нақши босазо гузошта истодааст. 
        Дар ин замина, иштирокчиён иброз доштанд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сафи пеш истода, баҳри боз ҳам гулгулшукуфон гаштани Тоҷикистон раъйи худро ба номзади арзандаи худ медиҳанд.
      Ҳамзамон, ба ҳозирин шумораи махсуси нашрияи “Мароми пойтахт”, ки дар он Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нашр гардидааст, тақдим карда шуд. 

 

 

 

 

 

 


Вакти нашр: 2020-10-06 15:20:57    Хонданд: 19    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар толори Ротаи зудамали милитсияи РВТМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотии Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ Зувайдуллозода М.Ҳ., Тешаева С.С., раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Файзуллозода З.Ф., аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Рустамзода Ҷ. инчунин аъзои гӯруҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сироҷзода Ҷ.Қ. иштирок намуда, барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-06 15:27:55    Хонданд: 20    Муфассал...

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ ГУЛБУТТА

6 октябри соли равон дар асоси нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори Литсей барои бачаҳои болаёқати ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрии шахсони боэътимод, гуруҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони маҳаллаи Гулбутта доир гардид.
Зариф Сафаров, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, татбиқи барномаи қаблии ҲХДТ ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки беҳтарин неъмат ва бебаҳотарин гавҳар сулҳу суботи сиёсӣ, фазои осоиштаву ором аст. Зеро тӯли соҳиӣбистиқлолӣ маҳз бо шарофати ин дастоварди таърихӣ мардуми кишвар ба дастовардҳои дигар муваффақ гардиданд. Мавсуф оид ба рушди самти тандурустӣ маълумот дода, изҳор дошт, ки тибби мо ба тибби хизматрасон мубаддал гардидааст, зеро тамоми шароитҳои муосиру замонавӣ дар муассисаҳои тандурустии кишвар фароҳам аст.
Ҷурабек Муродов, аъзои ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ изҳор дошт, ки дар 7 соли оянда ҷиҳати рушди иқтисоди миллӣ дар доираи татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръат бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ пешбинӣ гардидааст. Бо амалӣ гардидани ин ҳадаф шумораи ҷойҳои кори холӣ афзоиш ёфта, ҷиҳати коҳиш ёфтани ҳам муҳоҷирати меҳнатӣ, камбизоатӣ, истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ мусоидат менамояд. Сатҳи дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат афзоиш ёфта, сифати хизматрасониҳо дар соҳаи маорифу тандурустӣ ва иҷтимоии аҳолӣ тадриҷан баланд бардошта мешавад,-изҳор дошт мавсуф. Ҳамзамон дар доираи татбиқи ин барнома ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 45 дарсад афзуда, сатҳи камбизоатӣ то 18 дарсад коҳиш дода мешавад.


Вакти нашр: 2020-10-06 15:57:11    Хонданд: 15    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар толори қисми ҳарбии 051057-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотии Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ Зувайдуллозода М.Ҳ., Тешаева С.С., раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Файзуллозода З.Ф., аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Хайрзода Ш.Қ., Норасов А.А. иштирок намуда, барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-06 16:24:18    Хонданд: 17    Муфассал...

Таблиғи Барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо интихобкунандагони участкаи интихоботии №35

Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, вохурии гуруҳи таблиғотии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо интихобкунандагони участкаи интихоботии №29 баргузор гардид.
Роҳбари Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ дар шаҳри Душанбе-Мирзозода Иброҳим Холмурод, Роҳбари ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Расулзода Насимҷон, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомон-Табаров Темур, аъзои гуруҳи таблиғотии ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Кулобиев Абдулло ва Муҳаммадиева Шаноза иштирок ва суханрони намуданд.
Дар вохӯрӣ ҳафт самти сиёсати Барномаи пешазинтихоботии номзад мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самъи интихобкунандагон расонида шуд.
Аз ҷониби интихобкунандагон минатдории зиёд ба Пешвои муаззами миллат расонида шуд. Ҳамчунин ҷиҳати хубтар намудани вазъи хизматрасониҳо, бартараф намудани камбудиҳои ҷузъии маҳалла пешниҳодҳои муфид ба ҳозирин расонида шуд.

 


Вакти нашр: 2020-10-06 17:18:25    Хонданд: 14    Муфассал...

ДАЪВАТ БА ИНТИХОБОТ ВА ҶОНИБДОРИ АЗ НОМЗАДИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе ва нақша чорабинии Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба мулоқоту вохўриҳои хона ба хона, рў ба рў ва кўча ба кўчаи гуруҳҳои таблиғотӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе бо интихобкунандагон дар маҳаллаи Мирзо Турсунзода-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯриву мулоқот баргузор гардид.
Дар он дар мавриди дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву тундгаро, бегонапарастӣ, пешгирии бемории сироятии КОВИД 19, самтҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон изҳори назар карда шуд. Таъкид гардид, ки 29 соли соҳибистиқлолӣ 29 соли заҳматҳои шабонарӯзиву пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмолн баҳри сулҳу субот сиёсӣ, ваҳдату якдилӣ, рушду пешрафти тамоми самтҳо, аз ҷумла ҳадафҳои стратегӣ ва дигар ҳадафҳои олӣ буд.
Ҳамзамон ҷиҳати иштироки фаъолона дар маъракаи муҳими сиёсӣ низ ибрози андеша карда шуд.

 


Вакти нашр: 2020-10-06 17:44:42    Хонданд: 27    Муфассал...

Ален РИШАР, Вазири мудофиаи Фаронса (солҳои 1997-2002):

«Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавқеи ҷасуронаро пеш гирифт. Ӯ нахустин фарде буд, ки аз таҳдиди хатари мавҷуда аз як нуқтаи мушаххаси ҷаҳон изҳори нигаронӣ кард».
(Аз китоби: Назаров Т., Сатторзода А., Дипломатияи муосири тоҷик, Душанбе: Нашриёти Шарқи Озод, соли 2006).


Вакти нашр: 2020-10-06 17:50:06    Хонданд: 27    Муфассал...

Джозеф ЛИБЕРМАН, сенатор аз иёлати Коннектикут, ИМА (солҳои 1989 -2013)

 «Сарвари давлати  Тоҷикистон пештар аз бисёр роҳбарони давлатҳои ҷаҳон, ба шумули ИМА, хатари низоми толибонро барои минтақа ва ҷаҳон ба таври амиқ ва муодил арзёбӣ ва борҳо дар ин маврид аз минбарҳои бонуфузи ҳамоишҳои байналмилалӣ  изҳори  изтироб намуда буд».
(Аз мусоҳиба бо рӯзномаи «Курйер Таджикистана», 11 января 2002)


Вакти нашр: 2020-10-06 17:54:22    Хонданд: 25    Муфассал...

Аллоҳшукур ПОШАЗОДА, роҳбари Раёсати рӯҳониёни мусулмони Қафқоз, ҳамраиси Шӯрои байнидинии ИДМ

«Ман мушоҳида мекунам, ки чӣ тавр Шумо бо иттико ба халқи худ, кишваратонро ба сӯи пешрафт мебаред ва халқ Шуморо дастгирӣ мекунанд. Ман бори аввал мебинам, ки сарвари давлат бо чунин самимияти қалбӣ аз  манфиатҳои халқи худ ва тамоми мусулмонони ҷаҳон дифоъ менамояд».
(Аз суханронии Пошозода дар мулоқот бо Президенти Тоҷикистон
 Э. Раҳмон дар Душанбе, 5 октябри соли 2009)


Вакти нашр: 2020-10-06 17:57:47    Хонданд: 30    Муфассал...

РӮ БА РӮ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН 6.10.2020

Ҷиҳати тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуруҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар маҳаллаи шаҳраки 192-193 бо сокинону интихобкунандагон мулоқоту вохӯриҳои кӯча ба кӯча ва ҳамсол ба ҳамсол доир намуданд. Зимни вохӯриҳо оид ба дастовардҳои даврони истиқлол, тавзеҳи барномаи пешазинтихобоии номзад ва иштироки фаъолона дар интихобот сухан рафт. Ҳамзамон ба интихобкунандагон барномаи пешазинтихоботии номзад ва варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.


Вакти нашр: 2020-10-07 09:41:30    Хонданд: 17    Муфассал...

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТИИ СИТОДИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

6.10.2020
 Бо иштироки  Имомзода Муҳаммадюсуф-Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муинӣ Мавсума-муовини раиси шаҳри Душанбе, Хушвахтзода Қобилҷон-Ректори Донишгоҳи милии Тоҷикистон,   Убайдзода Мирзомурод-вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур, Атовуллозода Раҷабмурод-вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур,  Каримзода Матлуба-мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур  ва Музаффар Вирканӣ-устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар мактаби №48 вохӯрии судманд доир гардид.  
Вобаста ба дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафҳои созандаи барномаи амали ҲХДТ ва  сиёсати муваффақи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нутқ рафта, зикр шуд, ки самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби  Президенти Қумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  таҳти шиори «Барои ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» таҳия гардида,  иҷрои нақшаҳои он дар давраи солҳои 2013-2020 комилан таъмин карда шуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳаёти сиёсиро муайян карда, барои рушди гуногунандешии сиёсӣ, низоми бисёрҳизбӣ, амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат заминаҳои ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
Дар даврони истиқлол дар кишвари мо шумораи иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон босуръат афзуда, ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфт. Раванди ташаккул ва рушди Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёру мустақил, аз ҷумла солҳои 2013-2020 дар зарфи ҳафт соли охир  ба маротиб боло рафт. Давоми солҳои 2013–2020  ислоҳоти соҳаи маориф таҳти шиори “Ташаккули мактаби нав” идома ёфта, ҷиҳати дастгирии омӯзгорон имтиёзҳо,   кӯмакпулиҳо ва қарзҳои имтиёзнок давра ба давра бештар гардид.  
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷўёнаву созанда эътироф гардида, эътибор пайдо кард.
Ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода», ки ҷавҳари равобити байналмилалиро ташкил медиҳад, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо аксари давлатҳои дунё муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда, тақвият бахшад.
Кишвар аз бунбасти сарбастагӣ раҳоӣ ёфт, истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ таъмин гардид.  индустриякунонии кишвар босуръат ҷараён дорад. 
Дар интиҳо даъват ба амал оварда шуд, ки рӯзи интихобот фаъолона иштирок намуда, якдилона ба тарафдории номзади арзанда овоз диҳанд.


Вакти нашр: 2020-10-07 09:52:44    Хонданд: 12    Муфассал...

АЗ БӮРОНҲОИ АЗИМ ТО ДАСТОВАРДҲОИ АЗИМ

6 октябри соли равон тибқи нақшаи кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия дар ташкилоти ибтидоии “Осиё” оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис барпо гардид. Таъкид гарди, ки дастовардҳои соҳибистиқлолиро таърихи кишвар ва дунё ёд надорад. Танҳо 15 соли охир таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мо тавонистем мо ба як қатор дастовардҳо, татбиқи ҳадаҳои бузурги стратегӣ расидем. Давоми 29 сол як қатор корҳои бузург анҷом дода шуд. Мо аз нестӣ ба ҳастӣ, аз торикӣ ба рӯшанӣ ба   аз ҷанг ба сулҳ, аз парешонӣ  ба ваҳдату ягонагӣ, аз бӯҳронҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои азим бирасем.  Заҳматҳои шабонарӯзӣ ва пайвастаи Сарвари давлат баҳри манфиати ин давлату миллат моро ба ин рӯзҳои пурсаодату нек овард.  Ҳамзамон дар мавриди вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳон, таъсири раванди ҷаҳонишавӣ ба фарҳангу анъанаҳои неки миллӣ ва ғпйра ибрози андеша карда шуд.


Вакти нашр: 2020-10-07 10:00:13    Хонданд: 13    Муфассал...

ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ШАҲРАКИ 61

6 октябри соли равон тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе оид ба мулоқоту вохўриҳои хона ба хона, рў ба рў ва кўча ба кўчаи гурўҳҳои таблиғотӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе бо интихобкунандагон дар шаҳраки 61 ноҳияи Фирдавсӣ вохӯриву мулоқот баргузор гардид. Дар вохӯрӣ оид ба дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, татбиқи барномаи пешазинтихоботӣ барои солҳои 2013-2020 ва Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ, вазъи сиёсии ҷаҳон  ва маъракаи интихоботӣ ибрози андеша карда шуд.


Вакти нашр: 2020-10-07 10:05:08    Хонданд: 16    Муфассал...

ДАР ЗАРФИ 7 СОЛ САТҲИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ ТО 50 ДАРСАД КОҲИШ ЁФТ

6 октябри соли равон дар асоси нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори Литсей барои бачаҳои болаёқати ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрии шахсони боэътимод, гуруҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони маҳаллаи Бӯстону Наврӯз доир гардид.
Бойалӣ Ҳусейнов, аъзои фаъоли ҲХДТ, устоди ДДТТ, Рамазон Одиназода, аъзои ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Заррина Зуҳурова, аъзои ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, татбиқи барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2013-2020 ва Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд гардидани мақоми занону бонувон дар давраи соҳибистиқлолӣ, маъракаи интихоботӣ ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ таъкид гардид, ки таъкид гардид, ки давоми 7 соли охир сатҳи камбизоатӣ аз 38, 3 то ба 26, 3 дарсад коҳиш ёфта, бо афзоиш ёфтани корхонаҳои истеҳсолӣ 50 дарсад сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ ва пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ паст гардид. Паст гардидани фавти кӯдакони то синни 5 сола ва боло рафтани дарозумрии аҳолӣ аз 73 то 75 сол низ нишонаи пешрафт маҳсуб меёбад.


Вакти нашр: 2020-10-07 10:13:45    Хонданд: 16    Муфассал...

РӮ БА РӮ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

6 - уми октябри соли равон тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оид ба мулоқоту вохўриҳои хона ба хона, рў ба рў ва кўча ба кўча гурўҳҳои таблиғотӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе бо интихобкунандагон дар шаҳраки 63 - и ноҳияи Фирдавсӣ вохӯриву мулоқот баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои 7 соли оянда ва маъракаи дарпешистодаи интихоботӣ изҳори андеша карда шуд. Таъкид гардид, ки танҳо дар муддати  7 соли охир тибқи барномаи ҲХДТ ба як қатор дастовардҳо ҷумҳурӣ муваффақ гардид. Дар ин муддат 135 муассисаи томактабӣ, 740 маркази ташаккули зеҳнии кӯдакон, 1444 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардид. 2 агрегати иншооти аср-НБО “Роғун” ба истифода дода шуд. Дар бораи самтҳои асосии барномаи навбатии пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ низ маълумот дода шуд.
Ҳама ин бунёдгариҳо ба хотири тарбияи сазовори насли наврас-ояндаи мамлакати маҳбуб мебошад, зикр гардид дар мулоқот бо интихобкунандагон.


Вакти нашр: 2020-10-07 10:17:50    Хонданд: 22    Муфассал...

ҶОНИБДОРИИ СОҲИБКОРОНИ ОЛАМИ КИТОБ АЗ НОМЗАДИ ҲХДТ

 Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур вохӯрии вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур Қаюмзода Гуландом Қаюм, Бобоева Маҳтовбӣ ва Маҳмадалиев Баҳром бо соҳибкорони олами китоб доир шуд.
Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ буда, ҳар як шаҳрванд  дар интихоби номзад озод аст ва  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқи ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин кафолатро додааст.  
Аз соҳибкорон даъват ба амал оварда шуд, ки бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ рӯзи 11 октябри соли 2020 дар интихобот ширкат варзида ба ҷонибдории номзади арзанда овоз диҳанд.
Соҳибкорони олами китоб аз ташаббус ва иқдому ғамхориҳои Роҳбари давлат бо қаноатмандӣ ибрози андеша намуда, иброз доштанд, ки ба ҷонибдории номзаде райъ хоҳанд дод, ки метавонад кафили сулҳу ваҳдат, оромию субот ва рушди устувори иқтисодиро дар мамлакат  таъмин намояд.


Вакти нашр: 2020-10-07 10:26:23    Хонданд: 23    Муфассал...

ВОХӮРИИ ХОНА БА ХОНА БО ИСТИҚОМАТКУНАНДАГОНИ МАҲАЛЛАҲО

Тибқи нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳои хона ба хона, рӯ ба рӯ ва кӯча ба кӯчаи гурӯҳҳои таблиғотии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, имрӯз дар маҳаллаи Лучоби болои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки Нуров М.А.  - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Юнусова Р.С. - мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия ва Фозилзода Ш.М. – мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроия бо истиқоматкунандагони маҳалла вохӯрӣ доир гардид. 

Дар вохӯрӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотӣ барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-07 11:38:29    Хонданд: 18    Муфассал...

ВОХӮРИИ ХОНА БА ХОНА БО ИСТИҚОМАТКУНАНДАГОНИ МАҲАЛЛАҲО

Тибқи нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳои хона ба хона, рӯ ба рӯ ва кӯча ба кӯчаи гурӯҳҳои таблиғотии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати  таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, имрӯз дар маҳаллаи Испечак 1-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки Мирзоев Н.М. – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Нурзод Р.М. – мутахассиси бахши омори Кумитаи иҷроия бо истиқоматкунандагони маҳалла вохӯрӣ доир гардид.
 
Дар вохӯрӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотӣ барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-07 11:47:31    Хонданд: 22    Муфассал...

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Истиқлолу озодӣ барои миллати азияткашидаи тоҷик беҳтарин дастовард ба шумор меравад. Ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва бунёд намудани давлати соҳибистиқлол орзуи беш аз ҳазорсолаи миллати тоҷик буд. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон дар гузашта  давлати бузурге бо номи Сомониён доштанд.  Вале бадхоҳону бадсириштон давлати абарқудрати тоҷиконро бо дасисаву иғво ва фитнаангезӣ байни ҷомеа аз байн бурданд. 

Бо гузашти зиёда аз ҳазору сад сол мо имрӯз бо ифтихору сарбаландӣ арз медорем, ки тоҷикему бо забони нобу зебои тоҷикӣ  ҳарф мезанем, дар гузашта  соҳиби давлат будем ва имрӯз низ, хушбахтона, соҳибистиқлолем.

Хушбахтона, умеди аздастрафтаи  тоҷикон дубора баргашт, яъне  9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид. Мардум аз ин дастоварди бузурги таърихи миллат шукргузор гардида, меболиданд. Мутаассифона, бо дасисаи баъзе доираҳои нотавонбин бо мақсади амалӣ намудани хостаҳои хоҷагони хориҷӣ дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ созмон дода шуд, ки он хисороти зиёди иқтисодиву ҷонӣ ва рӯҳиву равониро ба миён  овард. Вазъи сиёсӣ дар мамлакат торафт мураккаб гардида, шохаҳои ҳокимият  фалаҷ гардида, дар буҷаи давлат ба истилоҳ “як тини зардак” боқӣ намонд. Дар натиҷа, чунон вазъ ваҳиму мураккаб гардид, ки падар ба фарзанд ва фарзанд ба падар боварӣ надошт. Бинобари  авҷи нооромиҳо дар пойтахт вакилони мардумӣ ба хулосае омаданд, ки Иҷлосияи навбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шавад. Тавре маълум аст, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд дар Қасри Арбоб 16-уми ноябри соли 1992 оғоз шуд.  

Тавре дар китоби “Наҷотбахши миллат” муаллиф менигорад: Рӯзи кушодашавии Иҷлосия аз 230 вакили мардумӣ 193  нафар  иштирок доштанд. Аз 37  вакили боқимонда 4 нафарашон рӯзҳои баъдина тавонистанд дар кори Иҷлосия ширкат варзанд ва 3 нафари дигарашон дар қайди ҳаёт набуданд. 30 вакили мардумӣ дар кори Иҷлосия бе сабабҳои узрнок ҳузур надошт.

Бо гузашти солҳо мо ба вакилони мардумӣ барои интихоби дурусти Раиси Шӯрои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос баён менамоем, зеро интихоби дурусти онҳо Тоҷикистонро мунаввар гардонд.

Дар суханронии нахустини худ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба ҳайси Сардори давлат зикр доштанд, ки “Аввалин  иқдоми ман баҳри муътадил гардонидани вазъияти иҷтимоиву сиёсии ҷумҳурӣ хотима бахшидан ба хунрезӣ равона карда мешавад”.

Таърихи начандон тӯлонии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аён кард, ки дар ҳамон лаҳзаҳои ноустувори сиёсӣ зимоми давлатдорӣ ба нафаре бояд бовар ва вогузор карда мешуд, ки худро қурбон ва давлатро аз нобудӣ раҳо бахшад. Хушбахтона, чунин масъулияти вазнинро ба уҳдаи нафаре гузоштанд, ки миллатро аз парокандагӣ, мамлакатро аз вартаи нобудӣ ва  сулҳу ваҳдатро дар мамлакат  барқарор кард. 

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Ман чун сиёсатмадор ба сари давлати мустақили Тоҷикистон бо даъвати сарнавишт, шароити таърихӣ ва халқам дар авҷи низоъ омадам ва дар назди худ ба ҷуз аз барқарории сулҳу субот вазифаи дигареро намонда будам”.

Воқеан ҳам, сулҳу ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди мо дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор меравад. Дар шароити феълӣ назди ҳар яки мо вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ қарор дорад, ки иҷро намудани онҳо, аз як ҷониб, қарзи шаҳрвандӣ ва аз ҷониби дигар, дар таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ замина мегузорад.

Набояд фаромӯш кард, ки дар барқарор намудани  сохти конститутсионӣ дар мамлакат ҷони садҳо нафар қурбон шудааст, вале саҳми Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалиндараҷа ва бориз арзёбӣ  мегардад.

Бо ифтихору самимият иброз медорам, ки хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки маҳз эшон пеши роҳи хатари нобудии кишварро гирифта, оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш  намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, артиши миллиро таъсис дода, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуда, заминаи сулҳи миллиро матраҳ карда, аксари гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонида, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт, ислоҳоти конститусиониро дар мамлакат амалӣ гардониданд.

Маҳз суханҳои самимӣ, эҳтиром ба халқ, садоқат ба сарзамини аҷдодӣ, даъватҳои умедбахш ба фардои дурахшони Ватан ва кафолати зиндагии шоиста  аз ҷониби Сардори давлат буданд, ки дар қалби гурезагони иҷборӣ шуълаи умед ва боварӣ ба ояндаи ободу осоишта шуъла зад ва онҳо ба Ватан баргаштанд.

Бо талошҳои шабонарӯзӣ, шуҷоату ҷасорати  нотакрор, азхудгузаштанҳо ва дарки баланди масъулияти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омад.  Вале танҳо давлату Ҳукумати мамлакат баъди  соли 2000 ба корҳои азими созандагиву бунёдкорӣ  рӯ оварданд, зеро то соли 2000   дар ин  ё он минтақаи кишвар  баъзе бадхоҳону нотавонбинон сулҳу ваҳдати бо қурбонии зиёд ба даст омадаро нодида гирифта, хоҳони нооромии Тоҷикистон буданд.

Имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси  муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар обод, мардум шод ва рушди ҳамаи соҳаҳо таъмин гашта истодаанд.

Набояд фаромӯш кард, ки давлатдорӣ кардан кори саҳлу осон нест. Вазъи зудтағйирёбандаи  ҷомеаи ҷаҳон, сиёсати духураи баъзе кишварҳои “дӯст”-и мо шаҳрвандони мамлакатро водор месозад, ки беш аз ҳар вақти дигар дар таҳкими  истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ кӯшиш намоем. Зеро ин Ватан аз ҳар яки мост. Ба қадри  обу хокаш, оромиву осоиштагӣ ва хизматҳои Роҳбари давлат бирасем ва онро қадр намоем. Аз давлатдории худ ифтихор дошта бошем ва ин ифтихормандиро  бо амалҳои созанда ва иштироки фаъолона дар маъракаҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои умумӣ исбот намоем.

Ҳарчанд аз рӯзҳои даҳшатфикани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ  солҳои зиёд паси сар шудаанд, вале  он рӯзҳои сахту сангин аз ёдҳои ин миллат нарафтааст.

Тавре Шоири халқии Тоҷикистон, шодравон Мирзо Файзалӣ  гуфтааст:

  Аз ёдҳо нарафта  рӯзи сиёҳи тоҷик,

Он давраи махуфу ҳоли табоҳи тоҷик,

Дар синаҳост боқӣ пурсӯз оҳи тоҷик,

Сад шукр, гашта равшан имрӯз роҳи тоҷик,

Эмомалӣ Раҳмон! Аз туст бахти миллат,

Сад сол зинда бошӣ болои тахти миллат!

 

Барои хонанда хубтар ва таъсирбахш гардидани андешаам ин ҷо мехоҳам ҳаёти сахту гарони як модари азияткашидаи тоҷикро, ки аз дасти бадхоҳону бадсириштон фарзандонаш ба қатл расидаанд, иброз намоям.

Айёме дар ҳамоише бахшида ба Рӯзи  Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардидам ва дар ҳамоиши мазкур Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон, Гулназар Келдӣ низ ҳузур доштанд. Баъди анҷоми суханрониҳои меҳмонон иттифоқан зане аз ҷойи худ баланд шуду саргузашти модареро айнан  баён дошт, ки дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ 3  писарашро силоҳбадастон дар наздаш ба қатл расонидаанд. Фарзанди хурдиашро ки нав хонадор гардида буд, бо худ бурдаанд. Садои нолаи ҷигарсӯзи модар деҳаро фаро гирифт, вале илтиҷою зориаш ба он хоинони сангдил таъсире накард. Ҳамин тариқ аз байн чанд рӯз гузашт. Рӯзе марде ба хона омада гуфт, ки ҷасади беҷони  фарзанди хурдиро дар фалон макон дарёфтем ва дар фалон қабристон ба хок супоридем... 

Ҳамватанони азиз, метавон чунин мисолҳои воқеиро садҳо маротиба нигошт ва мардуми шарифи Тоҷикистон низ ахиран дубора аз тамошои филми хиёнат хулосаҳои зарурии худро бароварда, амалу кирдорҳои хиёнаткорони миллатро дубора диданд.

Умедворам, ки сокинони мамлакат дар маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки баланди масъулияти дар назди Ватан доштаашон ва бо истифода аз ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва конститусионӣ  иштирок намуда, ба ҷонибдории номзади арзанда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз медиҳанд. Набояд фаромӯш  кард, ки ҳар як овоз дар интихобот ҳалкунанда аст ва он метавонад ояндаи неку осоиштаи ватанамонро таъмин намояд.

Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид намудаанд: “Вақте ки варақаи овоздиҳиро ба даст мегиред, фаромӯш накунед, ки Шумо барои фардои давлату давлатдории тоҷикон, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва умуман барои ояндаи неки Тоҷикистон ва баланд бардоштани мартабаи он дар арсаи ҷаҳонӣ овоз медиҳед”.

Пас, биёед, ҳама якҷову яктан, даст ба дасти ҳам дода Ватани азизу муқаддасамонро, ки хонаи умеди тамоми тоҷикони рӯйи дунё аст, ҳифз намоем. Ба қадри сулҳу ободонӣ расем ва тавонем, ки бо пуштибонии ҳамаҷониба аз сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани азизамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам шуҳратёр гардонем. Расидан ба ин орзӯи нек кори хело осон аст, агар мо муттаҳид ва якмаром бошем ва нагузорем, ки хоинони миллат оромии Тоҷикистони азизамонро халадор кунанд.

 

 

Изатуллои Ҳабибзод-муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур

 

 


Вакти нашр: 2020-10-07 15:31:39    Хонданд: 20    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар саҳни қисми ҳарбии 0127-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

 

Дар вохӯрӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотии Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ Зувайдуллозода М.Ҳ., Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода И.Х., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф. ва аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳотамов Р.Д. иштирок намуда, барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-07 15:35:36    Хонданд: 26    Муфассал...

Президенти ман! Интихоби ман! Ифтихори ман!

Бо  мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва вусъат бахшидани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бо усулҳои муосири “кӯча ба кӯча”, “хона ба хона” ва “рӯ ба рӯ” 7-уми октябри соли ҷорӣ дар арафаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни Коллеҷи санъат ба номи А. Боқулов ва Коллеҷи муҳандисии омӯзгории шаҳри Душанбе дар доираи нақша-  чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вохӯриҳо таҳти унвони “ Президенти ман! Интихоби ман! Ифтихори ман!” баргузор гардид. 
      Иштирокчиён дар вохӯрӣ доир ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф ва илм, ҷавонон, занон ва варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуданд.
Аз ҷониби масъулин зикр гардид, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафт соли охир мо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем ва дар ин замина аъзои гурӯҳи корӣ оид ба ҷониссориҳю, заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд. 
Зикр гардид, ки ҳоло дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ марҳала ба марҳала идома дошта, гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои тараққиёти устувор тибқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ шуда истодааст. Дар ҳафт соли охир ҳаҷми воқеии маҷмўи маҳсулоти дохилӣ беш аз ду баробар афзуда, суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодӣ ба 7 фоиз баробар шуд, ки ин мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ нишондиҳандаи баланд ба ҳисоб меравад.
Мусаллам аст, ки номзаде, ки аз ҷониби ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод, гаштааст мақсаду маромашон дар Барномаи пешазинтихоботиашон дарҷ гардидааст.  Ин шаҳодат медиҳад, ки мо бо интихоби дурусти хеш ба натиҷаҳои сифатан нав ноил мегардем. 
 Инчунин, таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату якдилӣ дар партави иқдомҳои ҷавонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ТҶҶ “Созандагони Ватан”  10 сол аст, ки дар тарбияи ватандӯстиву худшиносии ҷавонон нақши босазо гузошта истодааст. 
        Дар ин замина, иштирокчиён иброз доштанд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сафи пеш истода, баҳри боз ҳам гулгулшукуфон гаштани Тоҷикистон раъйи худро ба номзади арзандаи худ медиҳанд.
      Ҳамзамон, ба ҳозирин шумораи махсуси нашрияи “Мароми пойтахт”, ки дар он Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нашр гардидааст, тақдим карда шуд. 

 

 

 

 

 

 

 


Вакти нашр: 2020-10-07 15:55:15    Хонданд: 21    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64 вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотии Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ Зувайдуллозода М.Ҳ.,  раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Файзуллозода З.Ф., аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Каримзода Ҳ.И. иштирок намуда, барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-07 16:07:21    Хонданд: 27    Муфассал...

МАРҲИЛАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ПАЙРОҲАИ ДУШВОР, ВАЛЕ ПУРСАМАР АЗ ҶАРАЁНИ ВОХӮРИИ ГУРУҲИ ТАБЛИҒОТӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

7 октябри соли равон дар асоси нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори ҶСК “Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе” вохӯрии шахсони боэътимод, гуруҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзои ҳизб ва кормандон доир гардид.
Кароматулло Олимов, академик, сарходими Институти фалсафаи Академияи миллии Тоҷикистон, Аброр Мирсаидов, шахси боэътимоди номзад аз ҲХДТ ва Рамазон Одиназода, аъзои ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар мавриди пайроҳаи душвор, вале пурсамар соҳибистиқлолӣ, дастовардҳо, таҳкими истиқлолият, барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ барои солҳои 2020- 2027 , нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу субот ва рушду пешрафти мамлакат ибрози андеша намуданд.
-Яке аз хидматҳои бузурги Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ин аст, ки дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ Тоҷикистонро аз  сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ берун бароварданд. Дар сиёсати хориҷӣ ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ роҳандозӣ намуда, таваҷҷуҳи мардумро ҷиҳати ошноӣ ба мероси ғании таърихӣ, адабӣ, ирфонӣ ва ахлоқи гузаштагон ҷалб намуд, то ин таъриху фарҳангӣ ғанӣ дар зеҳни мардум бошад ва ҳифз гардад,-таъкид намуд К. Олимов, академик.


Вакти нашр: 2020-10-07 16:11:14    Хонданд: 32    Муфассал...

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТИИ БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ БО СОКИНОНУ ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 7.10.2020   
Бо иштироки  Имомзода Муҳаммадюсуф-Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Иброҳим-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Низом Қосим-раиси итифоқи нависандагони Тоҷикистон, Гулаҳмадзода Зулфиқор-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Субҳонзода Икром-Директори агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хушвахтзода Қобилҷон-Ректори Донишгоҳи милии Тоҷикистон ва Давлат Рамазонӣ-устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон   дар мактаби №31 вохӯрии судманд доир гардид.  
Вобаста ба дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, татбиқи ҳадафҳои созандаи барномаи амали ҲХДТ ва  сиёсати муваффақи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нутқ рафта, зикр шуд, ки самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  таҳти шиори «Барои ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» таҳия гардида,  иҷрои нақшаҳои он дар давраи солҳои 2013-2020 комилан таъмин карда шуд.
Ёдрас гардид, ки истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул ҳамчун ҳадафҳои стратегӣ амали гардида, гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ–индустриалӣ ба индустриалӣ–аграрӣ  амали шудаистодааст.
 Пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат такмил ёфт. Дар кишвар як зумра муассисаҳои таълимӣ бунёду ба истифода дода шуданд. 
Дар охир даъват ба амал оварда шуд, ки рӯзи интихобот фаъолона иштирок намуда, барои рушди босуботу ҷомеаи ободи кишвар якдилона ба тарафдории номзади арзанда раъй диҳанд.


Вакти нашр: 2020-10-08 13:34:46    Хонданд: 19    Муфассал...

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТИИ БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ БО СОКИНОНУ ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 7.10.2020   

Аъзои гуруҳи таблиғотии Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз ҲХДТ бо сокинону интихобкунандагон дар  китобхонаи муосири пойтахт вохӯрии судманд баргузор намуданд. 
Дар вохӯрӣ Изатуллои Ҳабибзод-муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур,  Обидов Фозил Саидович-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадзода Парвиз-муовини директори маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Абдураҳимзода Бобохон-сартабиби беморхонаи ёрии таъҷилии тиббӣ  ва Авази Ҳакмат Ризо-директори китобхонаи муосири пойтахт иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни вохӯри зикр шуд, ки дар 7 соли охир дар кишвар 2092 коргоҳу корхонаҳо бо зиёда аз 49 ҳазор ҷойи кории иловагӣ сохта шудаанд, ки ҳоло дар самтҳои гуногуни истеҳсолӣ фаъолият карда истодаанд.
Бахши иҷтимоии кишвар низ такомул ёфт. Тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар ҷумҳурӣ дар солҳои 2013-2020 ба яке аз ҷузъҳои таркибии ҷараёни тарбия табдил ёфта, ҷавононро дар роҳи садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ҳидоят намуд. 
Сулҳу ваҳдати миллӣ, ки ба василаи талошҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат ба даст омадааст, барои густариш ёфтани сиёсати дохиливу хориҷӣ, рушди минбаъдаи кишвар ва таъмини амнияти давлату ҷомеа таҳкурсии мустаҳкам ба вуҷуд овард.  
Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192  давлати дунё чун кишвари соҳибистиқлол эътироф кардааст. Тоҷикистон ҳамчунин узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид ва кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақилу ташаббускор оид ба масъалаҳои об эътироф карданд. 
Дар интиҳо даъват ба амал оварда шуд, ки рӯзи интихобот фаъолона иштирок намуда, якдилона ба тарафдории номзади арзанда овоз диҳанд.


Вакти нашр: 2020-10-08 13:41:07    Хонданд: 16    Муфассал...

ОҒОЗИ АКСИЯИ ТАБЛИҒОТИИ “ҲАМА БА ИНТИХОБОТ”

Субҳи имрӯз, дар асоси супориши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ва ҷойҳои серодами ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” Аксияи таблиғотии “Ҳама ба интихобот” оғоз гардид.

Дар аксияи таблиғотӣ аз ҷониби аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” варақаҳои иттилоттӣ оиди иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интихобкунандагони ноҳия супорида шуд.


Вакти нашр: 2020-10-08 13:45:05    Хонданд: 17    Муфассал...

ВОХӮРИИ ХОНА БА ХОНА БО ИСТИҚОМАТКУНАНДАГОНИ МАҲАЛЛАҲО

Тибқи нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳои хона ба хона, рӯ ба рӯ ва кӯча ба кӯчаи гурӯҳҳои таблиғотии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, имрӯз дар маҳаллаи Камонгарони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки Нуров М.А.  - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Юнусова Р.С. - мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия, Фозилзода Ш.М. – мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроия ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо истиқоматкунандагони маҳалла вохӯрӣ доир гардид. 
Дар вохӯрӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотӣ барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба интихобкунандагон расониданд.

Дар фарҷом, дар асоси супориши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” аксияи таблиғотии “Ҳама ба интихобот” доир гардида, ба интихобкунандагон варақаҳои таблиғотӣ супорида шуд.


Вакти нашр: 2020-10-08 13:51:14    Хонданд: 17    Муфассал...

ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ШАҲРАКИ 65

7 октябри соли равон тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе оид ба мулоқоту вохўриҳои хона ба хона, рў ба рў ва кўча ба кўчаи гурўҳҳои таблиғотӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе бо интихобкунандагон дар шаҳраки 65 ноҳияи Фирдавсӣ вохӯриву мулоқот баргузор гардид. Дар он оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, татбиқи барномаи пешазинтихотӣ барои солҳои 2013-2020, барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ барои солҳои 2020-2027 ва дигар масоили мубрам изҳор назар карда шуд.


Вакти нашр: 2020-10-08 13:57:22    Хонданд: 17    Муфассал...

Ватан ифтихору саодатмандии мост

Бузургтарин дороии ҳар шахс Ватан аст. Бо Ватан, бо ҳастиву шаҳомати он ҳар яки мо ифтихормандем. Калимаҳои Модар ва Ватан бо ҳам тавъаманд. Беҳтарин суханон дар бораи Ватану Модар гуфта мешаванд, самимонатарин сурудҳо дар васфи онҳо, ҷиддитарин иқдом иртибот бо Ватан – Модар дорад. Касе, ки ватанашро дӯст медорад, як лаҳзае аз домони пурмеҳри ӯ дур буда наметавонад, агар дур бошад ҳам, ҳамеша бо ёди Ватан аст.

Ватан сари болои мо, суруру нишоти мо, ифтихору саодатмандии мост. Дар саросари олами паҳновар ҷойгоҳе ба ҷуз Ватан гуворотару мақбултар нест барои ҳар инсон. Маҳз дар оғўши муҳаббатбори Ватан кас осуда нафас мекашад, дар амнияту офият ва эмин аз ҳама гуна дарду балоҳост. Мо хушбахт ҳастем дар домони Ватан - Ватане, ки обод ҳасту озод, шукуфон ҳасту мардумаш хандону шукргузори сулҳу ваҳдат. Суханони пурҳиммати Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муњтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалбамон садо медиҳад: “Мо бузургтару арзишмандтар  аз Ватан сарвате надорем. Бояд ин сарвати волою яктои худро бипарастем ва ҳифз намоем. Тоҷикистон Ватани мост, мо бо он мефахрем ва мекӯшем, ки он ҳамеша ободу зебою пешрав бошад”. 

Воќеан њам, Тоҷикистони мо беҳамтост, ҳамагон онро бо ҷон дӯст медорем ва аз забон шоир нидо мекунем:

Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман,

Модар яктост, Тоҷикистон яктост

Имрӯз мо хушнуду сарфарозем, ки модари яктои мо аз қабзаи ҳама вобастагиҳову итоатмандиҳо ва ҳукмфармоёни беруна вораставу ба истиқлолияти воқеӣ расидааст.  Он истиқлолияте, ки гузаштагони пурармони мо садсолаҳо орзуяш мекарданд, барои расидан ба он талош меварзиданд. Истиқлолияти Ватан рўҳи ниёгонамонро шод кард, муқаддасоти миллатро эҳё намуд ва халқи тамаддунофари тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Истиқлолият сарчашмаи бахту саодат, хайру баракат ва файзу нусрат аст. Истиқлолияту ваҳдат аст, ки дар ватанамон сулҳ пойдору устувор ва рафоқату ҳамдилӣ шиори он шуда. Мавриди зикри хос аст, ки ин неъмати бебаҳо насибамон бемонеаву мамониатҳо нагардид. Истиқлолият дар заминаи шадидтарин лањзаҳо ва мудҳиштарин айёме ба даст омад, ки иддае одамон бо кинаву адоват муқобили ҳам сангар гирифта, барои ба даст овардани ҳадафҳои худ аз ҳеҷ як амали нопок рӯй намегардонданд. Лаҳзаҳои даҳшатноке буданд, ки мардум ба оянда умед надошт, ватану халқ дар вартаи ҳалокат қарор доштанд. Бо лутфи Яздон ақли солим чорасоз шуду фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон чун ҷавонмарди ватандӯсту сарсупурдаи миллат ин Ватану халқи азиятдидаро чун киштии наҷотбахши Нуҳ ба соҳили мурод баровард. 

Марҳилаи эҳёи миллати тоҷик аз Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Маҳз бо шарофати Иҷлосияи тақдирсоз Ватану миллати мо сарвари сазовору Пешвои  арзандаи худро пайдо намуд.

Баробари бар дӯш гирифтани вазифаи сарварии ҷумҳурӣ ин шахсияти номбардор ва фарзанди ҷоннисори миллат баҳри ҳифзи истиқлолияти Ватан ва якпорчагии он иқдомоти хирадмандонаву ватанпарастонае намуда, оташи фоҷеабори шаҳрвандиро хотима бахшид ва дар дилу дидаи мардум ҷой гирифт, сазовори сипоси миллат гардид. 

Халқи шарифу меҳнатдӯсти тоҷик аз нахустин рӯзҳои истиқлолият барои ободию шукуфоии ватанамон саъю талош варзиданд.

Дар баробари ин фарзандони нохалафе баромаданд, ки ба Ватану миллати худ носипосӣ намуда, нону намаки халқи худро пос дошта натавонистанд, фирефтаи иғвогарону нотавонбинон гардиданд ва ба хиёнаткорӣ даст заданд. Вале тирашон чун њамеша ба хок мехӯрд ва ба мақсадҳои нопокашон намерасиданд.

Мо аҳли ҷомеа, хусусан омўзгорон бояд дар тарбияи ватандӯстии насли наврасу ҷавонон саҳмгузор бошем, зеро тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ барои таҳкими сулҳу амният ва пешравии Ватани азизамон омили басо муҳим ва зарурист.   

Мунира Иматшоева, дотсенти кафедраи филологияи англиси ДДЗТ ба номи Сотим Улуѓзода

 


Вакти нашр: 2020-10-08 14:19:35    Хонданд: 20    Муфассал...

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МИЛЛАТ ОЗОДӢ, БА ДАВЛАТ ОБОДӢ, БА КИШВАР ПЕШРАВӢ ОВАРД

Сарваре, ки тавассути хизматҳои фидокорона оташи ҷанги дохилиро хомӯш кард. Роҳбаре, ки бо шарофати сиёсати дурандешонаи хеш ба Тоҷикистон сулҳ овард, Пешвое, ки тавассути сиёсати созандаю бунёдкоронааш барои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи устувор гузоштанд. Президенте, ки  бо донишмандию фарҳангсолорӣ ҷашнҳои миллӣ, анъанаҳои аҷдодиро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард. Роҳбаре, ки бо ояндабиниву созандагӣ ва бунёдкорӣ Тоҷикистонро обод кард. Шахсияте, ки бо ғамхорӣ, дилсӯзӣ ва хислатҳои бузурги мардуммеҳварӣ дастгири камбизоатону  ҳамдарди ниёзмандон гашт. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми давраи фаъолият худ тавонистанд, ки Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшида, ба як давлати тинҷу осуда, соҳибмақому пешрафта табдил диҳанд. Сарвари давлат бо бунёдкориву созандагӣ ва бо саҳмгузорӣ дар ҳалли мушкилоти глобалӣ тавонистанд, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як кишвари соҳибтамаддун муаррифӣ созанд. Маҳз талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат буд, ки моро имрӯз ҷаҳониён мешиносад, эътироф мекунад ва дӯсту бародар медонанд.
“Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум”. Таҳти ин унвон Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудааст, ки дурнамои ҳафт соли оянда (2021-2027) дарбар гирифта, муҳимтарин масъалаҳои ҷомеа ва ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва ба дигар ҷабҳаҳои бузурги созандагиву бунёдкорро дарбар мегирад. 
Агар мо марҳилаҳои ин давраро дар 7 соли охир таҳлил карда бароем, пешравӣ ва натиҷаҳои афзалиятнок дар ҳама соҳаҳои кишвар бараъло мушоҳида мегардад. Дар ин замон ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ду баробар зиёд шуда, истеҳсоли маҳсулоти саноати 2,7 баробар, кишоварзӣ 1,5 баробар ва савдо 2 баробар зиёд шудааст. Баланд шудани ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ва таъмини аҳолӣ ба он яке аз масъалаҳои асосӣ ва натиҷаи пешрафти зиндагии мардуми кишвар аст, ки дар маҷмӯъ, истеҳсоли он ба ҳар сари аҳолӣ аз 5 ҳазор сомонии соли 2013 то 8,8 ҳазор сомонӣ (дар соли 2020) расонида шуд. 
Сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ. таъмини аҳолӣ ба ҷойи кори доимӣ ва баланд бардоштани музди меҳнат яке аз самтҳои муҳими пешрафти давлат ва ҷомеа аст. Дар давраи ҳафт соли охир дар кишвар 1200 корхонаи нави истеҳсолӣ, чандин иншооти таълимӣ, ҷашниву фароғатӣ сохта, ба истифода дода шуд. Ва ҳамасола 150 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, шумораи муҳоҷирони меҳантӣ кам гашта, музди меҳнат 2,4 фоиз зиёд гардид. 
Тамоюли дигаре, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, камбизоатӣ ва сатҳи пасти зиндагии мардум аст, ки ин раванд ба ҳама соҳа таъсири манфии худро расонида метавонад. Хушбахтона, бо талошҳои бепоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо сол то сол сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфта, дар ҳафт соли охир он аз 38,3 фоиз то ба 26,3 расонида шуд. Инчунин, дар ин давра буҷети давлат аз 12 миллиард сомонӣ то 23,6 миллиард сомонӣ афзоиш ёфта, сармоягузорӣ ба соҳаҳои энергетика, нақлиёт, манзилҳои истиқоматӣ ва бунёди роҳҳо бамаротиб зиёд гардид. 
Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ сайёҳӣ яке аз даромадноктарин соҳа ба ҳисоб рафта, барои пешрафти иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат мусоидат мекунад. Имрӯз Тоҷикистони мо низ дар соҳаи сайёҳӣ тараққӣ карда, ба комёбиҳои бузург ноил гашта истодааст. Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат тамоми ноҳия ва деҳоти кишвар рушд карда, ҷалби сайёҳон сол то сол зиёд мегардад. Бо мақсади беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гадид, ки бори дигар бахши сайёҳии кишварро вусъат мебахшад. 
Истиқлолияти давлатӣ яке аз бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ ва дастоварди беназири кишвар аст, ки айни ҳол мо дар арафаи 30- солагии ин ҷашни бузурги миллӣ қарор дорем. Аз ин рӯ, корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди муасиссаву иншооти ҷашнӣ дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ бомаром идома дошта, дар назар аст, ки то соли 2021 дар мамлакат 20 ҳазор иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва сайёҳӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. 
Пешвои миллат дар ҳафт соли охири давлатдорӣ тавонист, ки барои ҳар як сокини мамлакат зиндагии шоиставу шароити беҳтарро муҳайё созанд ва барои пешрафти иқтисодиёти мамлакат як қатор ҳуҷҷатҳои дахлдор қабул намуда, дар амал тадбиқ гардонад. Аз ҷумла, “Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2015”, “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020” ва дигар барномаҳои давлатие, ки барои ояндаи Тоҷикистон заминаи устувор гузоштанд. 
Имрӯз иқтисодиёти кишвар дар марҳилаи тараққиёт қарор дошта, пешравиҳо дар ҳар як соҳа ба чашм мерасанд. Дар баробари ин, “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ шуда истодааст.
Имсол низ Эмомалӣ Раҳмон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ пешбарӣ гардида, Барномаи пешазинтихоботии номзад вобаста ба самтҳои гуногун дар давраи то 7 сол аз соли 2021 то 2027 пешниҳод гардидааст. Дар барномаи мазкур зикр шудааст, ки мо дар ҳафт соли оянда мақсад гузоштем, ки рушди устувори иқтисоди миллиро таъмин намоем, дар доираи татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръат бо ҷалби бахши хусусӣ корхонаҳои истеҳсолии нав бунёд кунем ва истеҳсоли маҳсулоти ба рақобати бозор тобовар ва ба содирот нигаронидашударо ба роҳ монда, тамоми иқтидорҳои мавҷударо дар ин самт сафарбар созем. Ҳамзамон, қайд гардидааст, ки соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва бахшҳои дигарро беҳбуд бахшида, ба сокинони мамлакат барои расидан ба зиндагии шоиста имконияти бештар фароҳам созем. 
Боварии комил аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар ин сабқат пирӯз гашта, пешравӣ ва дигаргуниҳо дар самтҳои муҳими хоҷагии халқ дучанд шуда, Тоҷикистони мо тавассути роҳбарии ин фарзанди фарзонаи кишвар боз ҳам ободу зебо гашта, ҳамчун як кишвари босуръат пешрафта ва идеалӣ шинохта мешавад.

Умедҷони КАРИМХОН,
“Мароми пойтахт”


Вакти нашр: 2020-10-08 14:25:32    Хонданд: 44    Муфассал...

ҶАВОНОН ВА ҲИФЗУ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Насли калонсоли ҷомеаи имрўз бо истифода аз фарҳангу тамаддуни оламшумули офаридаи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар ҳамаи давраҳои таърихӣ ва хизмати миллати тоҷик ба тамаддуни башарият тавонистанд дубора истиқлолият ба даст оварда, замини аҷдодии худро пас аз ҳазорсолаҳо ба ихтиёри худ дароварда, худро соҳибватан ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон намоянд. Аҷдодони миллати мо дар офариниши тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузошта, таъриху фарҳанг ва адабиёту санъати миллатро поягузорӣ намуда, намунаи беҳтарини давлатдорию давлатсозиро ба мо ва ҷаҳониён ба мерос гузоштанд. Насли калонсоли ҷомеаи имрўзи мо бошад бо истифода аз ин мероси гаронбаҳо ва хизматҳои шоёни фарзандони фарҳангсолори миллат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дарки масъулияти хештаншиносӣ бо матонату қаҳрамонӣ Истиқлолият ба даст оварданд. Яъне бо ин онҳо рисолат ва қарзи фарзандии худро дар назди таърих ва миллат иҷро намуданд. Пас рисолат ва вазифаи мо насли ҷавони имрўзи Тоҷикистон аз чӣ иборат аст. Мо онро дарк мекунем? Албатта рисолати мо таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини абадияти Истиқлолияти давлатӣ, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, муттаҳидӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, рушду инкишоф бахшидани иқтидори истеҳсолии кишвар ва муаррифию нигоҳ доштани мавқеъи он дар арсаи байнлмилалӣ мебошад. Мо ҷавонон бояд хуб дарк кунем, ки мо ихтиёр дар даст дорем. Мо ҷавонон ҳаққи маънавӣ надорем, ки лаҳзае фориѓ аз андешаи соҳибдавлатӣ бошем. Дар ҷаҳони имрўз равандҳои сиёсӣ хеле ҳассосу тезу тунданд, ки дар як лаҳза метавонанд ихтиёр ва озодии моро халалдор созанд. Таърих гувоҳ ва далели раднопазир аст, ки ҳеҷ як халқу миллат сарзамин ва давлати дигар миллатро обод накардааст. Сарзамини зарзамини мо тули зиёда аз ҳазор сол дар ихтиёри дигарон буд. Баъди ин фосилаи тулонию дарози таърихии бедавлатӣ мо қисме аз тамаддуни аҷдодиамонро аз даст додем. «Таҷрибаи давлатдории халқҳои олам собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он маҳз ба истиқлолияти давлатӣ ҳамчун кафолати муҳимтарини бақои миллату давлат вобастагии мустақим дорад. Зеро ноил шудан ба истиқлолият ва дар ин асос бунёд намудани давлатдории мустақили миллӣ ба халқҳои ҷаҳон имкон фароҳам меорад, ки соҳиби ҳаққи табииву таърихии худ бошанд».  Хушбахтона миллати сарбаланди мо баъд аз фосилаи муайяни таърихӣ ин ҳаққи табииву таърихии аз дастдодаи худро дубора бо ҷонфидоиҳои фарзандони бошарафу ҷасур ва фарзонааш ба даст овард. Вале дар он фосилаи таърихие, ки миллати мо аз ин неъмат маҳрум буд ҳазорон нафар олимону шоирон, файласуфону, табибон, фарҳангшиносону нуҷумшиносон ва ҷавонони ѓаюру далери модари тоҷик паси пардаи сиёҳи зулмоти душманон монда, ба қатл расиданд. Ин падидаи нопок зарбаи шадид ба ҳастии миллати мо гардид. Аз ин рў, имрўз, ки ин неъмат боз насиби мо гардидааст мо ҷавононро зарур аст, ки онро бо тамоми ҳастии худ дифоъ намоем.
Инсон мавҷуди қобилу тавоно ва андешаманду бунёдгар аст. Вақте ба таърих назар мекунем, мебинем, ки рушду тараққиёти ҷаҳон ва инсонҳо ба ҳамон даврае рост меояд, ки дар дунё ѓуломдорӣ аз байн рафт ва одамон озоду мустақил шуданд. Ин далели он аст, ки ҷавҳари асосии рушду камоли инсон ин озодии ў аст. Ҳамзамон озод будан маънои онро дорад, ки инсон қобилияти ҷисмонӣ ва маънавию ақлонии идора кардани худро дорад ва дар ин баробар метавонад ҳастии худро нигоҳ дораду бунёд созад. Вақте инсон озоду соҳибихтиёр аст ва озодона ташаккул меёбад ў соҳибиқтидор мегардад ва метавонад манфиатҳои худро бо тамом ҳимоят кунад ва дар ҳифзи шаъну шараф, номусу сиришти худ пайваста устуворона истодагарӣ намояд. Ҳангоме, ки инсон ѓуломи дигарон аст ў шахсият шуда наметавонад, чунки ихтиёр дар даст надорад ва комилҳуқуқ нест, ҳамзамон ҷисману рўҳан аз ҷониби дигарон идора карда мешавад. Ҳамчунин ў шахсият ва субъекти ҷомеаи инсонӣ буда наметавонад. Соҳибистиқлолиии миллат низ ҳамин мазмунро дорад. Яъне миллат вақте соҳиби давлати худ нест ва ё соҳибистиқлол нест ў наметавонад рушд кунад, чунки ихтиёр надорад аз манфиатҳои миллии худ ҳифз кунад. Дар ин баробар шинохти миллат низ ҳамчун субъекти байналмилалӣ аз байн меравад ва дар муносибатҳои байналмилалӣ аз номи ў дигарон сухан мегуянд ва тақдири ўро дигарон ба таври худ ва хостаи худ ҳал менамоянд. Ин омил боиси аз байн рафтани хотираи фарҳангӣ ва таърихии миллат мегардад, ки дер ё зуд худи миллат низ аз байн меравад. Ҳангоме, ки миллат ихтиёр надорад, яъне соҳибистиқлол нест, ў зертобеи дигар миллату давлатҳо мегардад. Дар ин ҳолат миллатро дигарон ба нафъ ва амалӣ намудани ҳадафҳои худ истифода менамоянд. Ин маънои онро дорад, ки вақте шахс ва ё миллатро дигарон истифода мебаранд ў субъект нест, балки ба монанди ашёест, ки ниёзҳои дигаронро қонеъ мегардонад. Яъне истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.Ин нуқта гувоҳи он аст, ки роҳи ягонаи ҳифзи шарафу номус ва дар маҷмўъ сиришту ҳастии мо ин ҳифзу гиромидошти истиқлолиятӣ давлатӣ мебошад.
Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирўзиҳо ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортар аст. Ин шаҳодати он аст, ки насли гузашта ва имрўзи кишвар бо ҷонбозиҳо ва заҳматҳои зиёд Истиқлолият ба даст оварда тақдири миллатро ба дўши худ гирифтанд ва давлату миллатро ба шоҳроҳи бунёдкорию созандагӣ ва музафариятҳои ҳаётӣ ҳидоят намуданд. Аммо вазифаи душвору пуршараф таҳким, ҳимоя ва таъмини абадияти пойдории давлати соҳибистиқлол аст, ки ба зиммаи насли ҷавон аст ва ин масъулиятро бояд дарк кард. Насли ҷавон ҳақу ҳуқуқи хато кардан ва аз худ дур кардани масъулиятро надоранд, чунки барои ба даст овардани ин неъмат фарзандони фарзонаи миллат ҷонбозиҳо намудаанд, садҳо модарони тоҷик ашки ҳасрат рехтаанд, садҳо нафари дигар ба туҳмати душманону бадхоҳон ва нотавонбинони миллат гирифтор гардида, умри худро дур аз оилаю фарзандон ва волидайну наздикон дар зиндонҳо сипарӣ намудаанд, ки инро хуб бояд дарк кард.
Дар ин росто, қабл аз ҳама мо ҷавонон дарк бояд кунем, ки истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати мо дар масири даҳ асри охир мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.
Ҷ.Ҷӯрахонзода, муовини Раис-роҳбари Дастгоҳи 
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ                            

 


Вакти нашр: 2020-10-08 14:34:12    Хонданд: 21    Муфассал...

ҶАВОНОН – НЕРУИ БУЗУРГИ ҶОМЕА

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият ба дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардида, дар ин давра рушди бомайлони ҷомеа шаҳрвандӣ таъмин гардида истодааст. 
Дар раванди эъмори ҷомеаи демократӣ метавон нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро махсус таъкид кард, ки бо татбиқи мақсадҳои худ дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва роҳнамоии ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободии мамлакат ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. 
Зеро, раванди ҷаҳонишавӣ ва суръати тараққиёти ҷаҳони муосир ва он таҳаввулоту табаддулоте, ки дар ҳаёти ҳаррўза ба вуҷуд омада истодааст, аз тамоми ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ тақозо менамояд, ки фаъолиятро дар ҳамаи самтҳо ба тарзу услуби нав ба роҳ монанд. 
Тибқи маълумоти умумиҷаҳонӣ оид ба ҳолати ҷавонон имрўз 18% аҳолиии сайёраро ҷавонон ташкил медиҳанд. Мутобиқи нишондодҳои оморӣ ҷавонони синнашон то 30-35 сола 70% аҳолии Тоҷикистонро ташкил  медиҳанд. 
Аз ин бармеояд, ки ояндаи наздик  давлатдории мо на ба таври муназзам ва пайдарпай, балки имконияти якбора гузаштан ба насли ҷавонро дорад. Зеро 70 фоизи аҳолӣ дар муқобили қисми боқимонда ҳамеша нақши ҳалкунандаро мебозад.  Мушкилии ояндаи наздики кишвари мо мушкилӣ ва баррасии манфиати ҳамин гурўҳи бузурги ҷомеа, яъне ҷавонон маҳсуб мегардад. 
Фаро гирифтани ин нерўи бузурги ҷомеа, расидагӣ ба мушкилоти он  ва истифодаи оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ баҳри ободиву шукуфоӣ ва таъмини амнияту суботи ҷомеа хеле муҳим аст.  
Агар миллат ва давлати мо аз  назари иҷтимоӣ ва синну сол аз давлатҳои ҷавон маҳсуб гардад, пас мо  таҳти мафҳуми   «ҷомеа»,  бояд ногузир ҷавононро дар назар дошта бошем ва қабл аз ҳама «мушкилоти ҷавонон»-ро, ҳамчун мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон арзёбӣ намоем.
Аз ин лиҳоз мақсаду мароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дархосту манфиатҳои мардум, хосатан ҷавонон тарҳрезӣ шуда, ҳизби мо дар татбиқи барномаҳои созандаи худ ҳамеша ба нерўи зеҳнии ҷавонони соҳибкасбу ташаббускор такя менамояд. 
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти таблиѓи арзишҳои милливу маънавӣ, таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва дунявии Тоҷикистон то имрўз корҳои муайянеро ба сомон расонидааст. 
Махсусан, дар байни ҷавонон корро дучанд тақвият бахшида, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои рушду пешрафти минбаъдаи кишвар беш аз пеш кўшиш карда истодааст. 
Тавре Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъкид доштанд:
«Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба нерўи созанда ва тавонои ҷавонони кишвар эътимоди қавӣ дорад ва нақши онҳоро дар эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, устувор намудани рукнҳои давлатдории навин, ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ниҳоят муҳим арзёбӣ менамояд». 
Аз ин нуқтаи назар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша ба ҷавонон ҳамчун ворисони созандаи имрўзу фардо эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, иқдомҳои шоиста ва ташаббусҳои созандаи онҳоро барои ободиву шукуфоии кишвар дастгирӣ менамояд. 
Бинобар ин, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти хешро ҷиҳати ҷалби нерўи ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ тақвият бахшида, бо ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва маҳфилу ҳамоишҳо барои ҷалби ин табақаи нерўманди ҷомеа ба корҳои созандагӣ чораҳои заруриро амалӣ карда истодаанд. 
Таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгириву ѓамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти онҳо ва истифодаи оқилонаву дуруст аз ин захираи стратегии зеҳнии миллӣ ба хотири ободиву шукуфоии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти мо мебошад. 
Мо дарк менамоем, ки фаро гирифтани ҷавонон бо касбомўзӣ, донишандўзӣ ва бунёдкорӣ ин пеш аз ҳама заминаи мусоид фароҳам овардан барои ояндаи миллати созандаю эҷодкор мебошад.
 Дар баробари ин, яке аз ҳадафҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҷавонон омўзонидани арзишҳои волои инсонии ниёгону дастовардҳои башарии олами мутамаддин мебошад. 
Зеро дар шароити кунунии ҷаҳони зудтаѓйирёбанда ба ҷавонон талқини эҳсоси худшиносии милливу ѓурури ватандорӣ, омўхтани таҳаммулгароӣ, инсондўстӣ, арзишҳои башарию эҳтироми фарҳанги миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад. 
Боиси қаноатмандист, ки Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ташаккули ҷаҳонбиниву баланд бардоштани сатҳи дониши ҷавонон ҳамеша ҳавасманд буда, ба таҳсили ҷавонони лаёқатманд дар донишгоҳҳои мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон ва тибқи эҳтиёҷоти Тоҷикистон соҳиби касбҳои гуногун гардидани онҳо мусоидат карда истодааст. 
Исботи ин гуфтаҳо имрўз дар муассисаҳои олии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон таҳсил кардани ҷавонони зиёде аз кишвари мо мебошад. Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд, ки «Мо ҳеҷ гоҳ муқобили таҳсили ҷавонон дар хориҷ аз кишвар нестем, вале ин амал бояд дар доираи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон  сурат гирад».
Вале, мутаассифона, баъзе аз ҷавонони мо бо роҳҳои ѓайриқонунӣ ва фиребу гумроҳшавӣ барои таҳсил ба хориҷи кишвар рафта, дар лагерҳои террористиву экстремистӣ сабақомўзӣ кардаанд, ки хушбахтона аз ҷониби роҳбарияти давлат ба ин амал нуқта гузошта шуда истода, пешгирии ин раванд идома дорад. 
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои асосии пайвастани ҷавонон ба ҳизбу гурўҳҳои иртиҷоӣ ин ба таври кофӣ огоҳ набудани онҳо аз маърифати ибтидоии динӣ мебошад. 
Зеро надонистани рукнҳои мазҳабӣ касро ба гумроҳии динӣ мебарад. Ҳатто дар яке аз ҳадисҳои саҳеҳи паёмбари ислом Муҳаммад (а) омадааст: «Шахсе, ки худро мешиносад, ў Худоро мешиносад». 
Ин ҳадис гувоҳи он аст, ки дар илми худошиносӣ, яъне мазҳабӣ бояд шахс аввал худшинос бошад. Бе шинохтани хештан ба шинохти аслии Худо касе ноил нагардидааст.
Бинобар ин, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кўшиш бар он дорад, ки ҷавонон ба сиёсате роҳнамоӣ шаванд, ки то орзуву ормонҳо ва ниёзу хостаҳои онҳо татбиқ карда шавад. 
Аз вазифаҳои муҳими насли имрўз ва фардои ҳизб атрофии ѓоя ва идеологияи ваҳдатсозӣ муттаҳид шудан аст. Ин идеологияи ваҳдатпазир, идораи демократӣ, давлати ҳуқуқӣ, дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистони азиз аст. Яъне роҳи таърихие мебошад, ки халқи Тоҷикистон бо масъулияти баланд дар назди гузаштагон ва ояндагон онро пазируфтааст. 
Дар ин замина, роҳбари давлатамон, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми кишварро зери як шиор даъват намуданд, яъне “Тоҷикистон – ватани азизу маҳбуби ҳар яки мост!”  
Истиқлолият ҳамон вақт маъно ва моҳияти воқеӣ пайдо мекунад, ки ҷомеа, махсусан ҷавонон ба қадри он бирасанд, онро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намоянд, асоси хушбахтии худ ва наслҳои минбаъда донанд.
Имрўз дар кишвари мо шароите ба миён омадааст, ки ҳар як шаҳрванди ин сарзамин метавонад дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ мавқеи хешро бо хости худ муайян намояд. 
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми қонунҳои амалкунандаи мамлакат баҳри зиндагии арзанда ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон шароити муносибу мусоидро ба миён овардаанд. 
Зеро Ватанро дўст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки туфайли тарбияи ҷавонон дар заминаи онҳо мо давлати воқеан муқтадиру тавоноро бунёд карда метавонем. 
Дар ин раванд дар даврони сулҳу субот ва оромии кишвар мебояд паҳлўи ҳамдигар бошем ва дар рушду нумўи ин сарзамини биҳиштосо меҳнати бунёдкоронаву созанда намоем. Зеро танҳо дар ин сурат метавонем ба наслҳои оянда давлату ободу зебо ва мутараққӣ боқӣ гузорем. 
Зарина Файзуллозода,
раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино

 


Вакти нашр: 2020-10-08 14:45:59    Хонданд: 23    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №97 вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотии Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ Зувайдуллозода М.Ҳ., Тешаева С.С., раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Файзуллозода З.Ф., аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Норасов А.А., инчунин аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Шамсзода Х.А. иштирок намуда, барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-08 14:51:18    Хонданд: 22    Муфассал...

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ваҳдат

08.10.2020 15:08, шаҳри Ваҳдат 

8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ваҳдат мулоқот карданд.

Ҳадафи сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат шиносоӣ бо рафти иҷрои корҳои созандагию ободонӣ, иҷрои барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ, амалисозии ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

Президенти мамлакат бо изҳори қаноатмандӣ аз рушду пешрафти кишвар, ободу зебо гардонидани ватани азизамон ва таъмини зиндагии шоистаи ҳар як хонадони халқ, ки бо талошҳои мардуми шарафманди ҷумҳурӣ ба даст омадааст, таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат, дар навбати худ, барои ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳамаи шаҳру ноҳияҳо тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар кардааст.

Аз ҷумла, барои таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Ваҳдат дар давраи соҳибистиқлолӣ аз буҷети давлат беш аз якуним миллиард сомонӣ равона шудааст, ки беш аз як миллиарди он ба 7 соли охир рост меояд.

Дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар шаҳри Ваҳдат ба маблағи 3,4 млрд сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 2,4 млрд сомонӣ сармояи мустақим ҷиҳати татбиқи 26 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз як миллиард сомонӣ татбиқ гардида, боз 7 лоиҳаи дигар амалӣ шуда истодааст.

Дар остонаи таҷлили ҷашни 30-солагии соҳибистиқлолии кишвари азизамон бо саъю талоши мардуми ватандӯсти шаҳри Ваҳдат як қатор иншооту биноҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ ва дигар амалҳои хайру савоб анҷом дода шудаанд.

Дар доираи нақшаи ба истиқболи ҷашн тасдиқгардида дар шаҳри Ваҳдат бунёду азнавсозии 612 иншооту биноҳо пешбинӣ шудааст.

То имрӯз корҳо дар 394 иншоот ба анҷом расида, дар 177 иншооти дигар идома доранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба талошҳову ташаббусҳои созандаи соҳибкорони бонангу номуси шаҳри Ваҳдат ҷиҳати дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат изҳори сипос карданд.

Мардуми заҳматкаши шаҳр якҷо бо соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша ҷиҳати бунёди иншооти ба нақша гирифташуда ва ободу зебо гардонидани диёри худ рӯз ба рӯз саъю талоши бештар карда истодаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ ҳоло дар шаҳри Ваҳдат 68 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар онҳо нисбат ба 8 моҳи соли гузашта 25 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар баробари ин, истеҳсоли маҳсулоти нонӣ 86 фоиз, орд 78 фоиз, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ 82 ва равғани растанӣ 51 фоиз коҳиш ёфтааст.

Вобаста ба истифодаи нокифояи захираҳои фаровони ашёи хоми маҳаллӣ роҳбарону мутахассисон вазифадор гардиданд, ки тавассути ворид намудани технологияҳои муосир ва бунёди корхонаҳои нав ба истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти саноати сабук ва хӯрокворӣ, инчунин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Бо дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат дар давраи соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Ваҳдат бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ 107 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ барои зиёда аз 18 ҳазор нафар хонанда ба маблағи 94 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Соли ҷорӣ 6 бинои муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагӣ бо 1100 ҷойи нишаст ба маблағи беш аз 7 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешавад.

Роҳбарияти Вазорати маориф ва илм вазифадор шуданд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша, инчунин, аҳолӣ барои ҳалли мушкилоту масъалаҳои соҳаи маориф чораҷӯӣ намоянд.

Дар муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр 125 табиб ва 90 корманди миёнаи тиббӣ, аз ҷумла аз рӯи ихтисосҳои табиби оилавӣ, мутахассисони сироятшинос, бемориҳои кӯдакона ва баъзе ихтисосҳои дигар намерасанд. Бинобар ин Сарвари давлат масъулони соҳаи тандурустиро вазифадор карданд, ки дар ин самт тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми ҳимматбаланду заҳматпешаи шаҳри Ваҳдат дар оянда низ бо саъю талоши ватандӯстона диёри худро боз ҳам ободу зебо гардонида, дар пешрафти давлати соҳибихтёру озоди тоҷикон, ҳифзу таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Ватани маҳбубамон саҳми арзишманд мегузоранд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони шаҳри Ваҳдат Асомиддин Сайёдӣ - омӯзгор, Фарзона Ҳалимзода - донишҷӯ, Малоҳат Холиқова - омӯзгор, Фарида Ҳоҷиева ва хонандагони мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 1-и шаҳри Ваҳдат  бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ баромад намуданд.


Вакти нашр: 2020-10-08 18:01:55    Хонданд: 21    Муфассал...

Масъуди СИПАНД, шоири амрикоӣ, нависанда ва хабарнигори эронитабор аз иёлати Калифорнияи ИМА

«Зебоии Тоҷикистон амсол надорад, халқи Тоҷикистон бисёр хушбахт аст. Дар ҳузури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хондани шеър ва ифтихор кардан аз асли ориёии худ барои ман шарафи бузург буд. Президенти Тоҷикистон ҳамеша барои шукуфоӣ ва рифоҳи халқи кишвар саъй мекунад. Дар Тоҷикистон сулҳу субот ҳукмфармо шуд ва ман имрӯз хушбахт мебудам, агар дар яке аз гӯшаҳои ин кишвар зиндагӣ мекардам. Ман Тоҷикистонро дӯст медорам! Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон суботи худро ҳифз мекунад, халқи кишвар сол то сол ба пешрафт ноил мешавад».
(Аз мусоҳиба бо АМИТ «Ховар», 22 октябри соли 2019)


Вакти нашр: 2020-10-09 08:23:39    Хонданд: 19    Муфассал...

Президенти ман! Интихоби ман! Ифтихори ман!

 8-уми октябри соли 2020 дар доираи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таблиғи самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо  иштироки гурӯҳҳои таблиғотии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе бо  устодону донишҷӯёни Коллеҷи информатика ва техникии компютерии шаҳри Душанбе ва Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова вохӯрӣ зери унвони “ Интихоби ман! Президенти ман! ” доир гардид.

      Иштирокчиён дар вохӯрӣ доир ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф ва илм, ҷавонон, занон ва варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуданд.

Аз ҷониби масъулин зикр гардид, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафт соли охир мо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем ва дар ин замина аъзои гурӯҳи корӣ оид ба ҷониссориҳю, заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд. 

Зикр гардид, ки ҳоло дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ марҳала ба марҳала идома дошта, гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои тараққиёти устувор тибқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ шуда истодааст. Дар ҳафт соли охир ҳаҷми воқеии маҷмўи маҳсулоти дохилӣ беш аз ду баробар афзуда, суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодӣ ба 7 фоиз баробар шуд, ки ин мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ нишондиҳандаи баланд ба ҳисоб меравад.

Мусаллам аст, ки номзаде, ки аз ҷониби ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод, гаштааст мақсаду маромашон дар Барномаи пешазинтихоботиашон дарҷ гардидааст.  Ин шаҳодат медиҳад, ки мо бо интихоби дурусти хеш ба натиҷаҳои сифатан нав ноил мегардем. 

 Инчунин, таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату якдилӣ дар партави иқдомҳои ҷавонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ТҶҶ “Созандагони Ватан”  10 сол аст, ки дар тарбияи ватандӯстиву худшиносии ҷавонон нақши босазо гузошта истодааст. 

        Дар ин замина, иштирокчиён иброз доштанд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сафи пеш истода, баҳри боз ҳам гулгулшукуфон гаштани Тоҷикистон раъйи худро ба номзади арзандаи худ медиҳанд.

      Ҳамзамон, ба ҳозирин шумораи махсуси нашрияи “Мароми пойтахт”, ки дар он Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нашр гардидааст, тақдим карда шуд. 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 


Вакти нашр: 2020-10-09 08:42:15    Хонданд: 21    Муфассал...

Борис ПАТОН, Президенти Академияи илмҳои Украина (солҳои 1962 — 2020), ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, дорандаи ҷоизаи ленинӣ, Қаҳрамони Украина

«Ман нисбати Эмомалӣ Шарифович ба поси эҳёи ҳамкориҳои олимони тоҷик бо олимони ИДМ, на дар сухан, балки дар амал, барои эҳёи шӯҳрати пешини олимони тоҷик дар чунин давраи барои ҷумҳурӣ душвор арҷгузорам. Вай Академияи илмҳоро тавре, ки лозим аст дастгирӣ мекунад»!
(Аз мусоҳиба бо хабарнигор М. Тоштемиров, соли 2001)


Вакти нашр: 2020-10-09 08:48:53    Хонданд: 19    Муфассал...

Расул ҒАМЗАТОВ, адиби оламшумули Доғистон, барандаи ҷоизаи ленинӣ ва ҷоизаи давлатии ИҶШС, Қаҳрамони маҳнати сотсиалистӣ

«…Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Точикистон ниҳоят мамнунам. Инсони бо ҷасорату хирадманд — Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад».
(Аз суханронии шоири бузург дар яке аз базмҳои шеър дар Махачқалъа, моҳи апрели соли 2001)  
 


Вакти нашр: 2020-10-09 08:50:45    Хонданд: 19    Муфассал...

ИДОМАИ АКСИЯИ ТАБЛИҒОТИИ “ҲАМА БА ИНТИХОБОТ”

Дар асоси супориши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ва ҷойҳои серодами ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” Аксияи таблиғотии “Ҳама ба интихобот” доир гардида истодааст.

Ин навбат кормандони масъули ҳизбӣ ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” Аксияи таблиғотиро дар назди Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ  ва маҳаллаҳои атрофи он баргузор намуда, варақаҳои иттилоттӣ оиди иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интихобкунандагони ноҳия супориданд.


Вакти нашр: 2020-10-09 08:56:10    Хонданд: 20    Муфассал...

ҶОНИБДОРИИ СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ ГУЛОБОД АЗ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ

Дар асоси ҷадвали баргузории вохӯриҳои пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур вохӯрии аъзои Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур бо интихобкунандагони маҳаллаи Гулобод баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Изатуллои Ҳабибзод-муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Маҳмадзода Парвиз-муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзамонзода Хайрулло-муовини Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Маҳмадалиев Баҳром-вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири ҳамаи самтҳо буда, кафолати иҷроишро доро мебошад.  Барномаи мазкур аз бахшҳои сиёсати иқтисодӣ, маориф ва илм, шуғл, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, маънавиёт ва иттилоот, ҷавонон, занон ва варзиш, масъалаҳои сиёсӣ, волоияти қонун, амният, мудофиа ва такмили қонунгузорӣ, сиёсати хориҷӣ ва муносибаҳои байналмилалӣ  иборат аст.
Аз ҳамаи  интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз ҳуқуқҳои конститусиони дар рӯзи баргузории интихобот фаъолона ширкат варзида ба ҷонибдории номзади арзанда овоз диҳед.
 Фаромӯш набояд кард, ки овози ҳар як интихобкунанда дар интихоб ҳалкунанда буда, ҳафт соли ояндаи Тоҷикистонро муайян мекунад.


Вакти нашр: 2020-10-09 08:59:23    Хонданд: 20    Муфассал...

ТАБЛИҒИ БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

8.10.2020
Бо иштироки аъзои гуруҳи таблиғотии Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҲХДТ Обидов Фозил Саидович-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низом Қосим-Раиси итифоқи нависандагони Тоҷикистон, муовини раиси шаҳри Душанбе-Муинӣ Мавсума, Ҳамидиён Илҳомҷон-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Бердизода Шоҳназар-устоди Донишгоҳи омӯзгорӣ дар мактаби №16 бо сокинону интихобкунандагон ва омӯзгорону фаъолон мулоқоти судманд доир гардид. Дар мулоқот вобаста ба  дастовардҳои давлатдории миллӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, давлатсозии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳкими Истиқлоли миллӣ ва ваҳдати миллӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизои хушсифат ба аҳолӣ, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, паст карда ни сатҳи муҳоҷират, бунёди як сисила муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, варзишӣ, рушди соҳибкорӣ, ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ватанпарастии онҳо, тақвият баххшидани сиёсати хориҷии кишвар, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, зиракии сиёсии сокинони кишвар ва таҳлили авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳон ва кишварҳои ҳамсоя сухан рафт. 
Инчунин, вобаста ба тавзеҳи барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз ҲЗДТ, доштани заминаи воқеъии таҷрибаи давлатсозии номзади арзандаи ҲХДТ ва кафолати амалишавии он сухан рафт.  
Дар охир даъват ба амал оварда шуд, ки рӯзи интихобот фаъолона иштирок намуда, барои рушди босуботу ҷомеаи ободи кишвар якдилона ба тарафдории номзади арзанда раъй диҳанд.


Вакти нашр: 2020-10-09 09:04:11    Хонданд: 21    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар толори қисми низомии 01215  вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотии Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ Зувайдуллозода М.Ҳ., раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Файзуллозода З.Ф., аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Хайрзода Ш.Қ., Норасов А.А. иштирок намуда, барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-09 09:09:02    Хонданд: 20    Муфассал...

“ҲАМА БА ИНТИХОБОТ”

Таҳти ин унвон дирӯз, 8-уми октябри соли 2020 мутобиқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар арафаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 200 нафар аъзои фаъоли намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт дар ҳудуди шаҳраку маҳалла, кӯчаву бозор, боғу гулгаштҳо, назди марказҳои савдою хизматрасонӣ ва ҷойҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе аксияи умумишаҳрӣ доир намуданд.  
Ҳадаф аз баргузории ин иқдом саҳм гузоштан дар даъвати сокинон барои ширкат дар интихобот, истифодаи ҳуқуқи конститутсионии худ, раъй додан ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон, муҳим будани овози ҳар интихобкунанда, саҳм гузоштан дар ҳаёти сиёсии кишвар, тақдирсоз донистани интихоботи президентӣ ва дар маҷмӯъ бо рӯҳияи идона ва сарбаландони фаъолона иштирок намудани сокинон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ мебошад.
Дар иқдом 32 000 варақаи иттилоотиву таблиғотӣ оид ба тарзи иштирок ва овоздиҳии шаҳрвандон ҳамчун раҳнамо миёни сокинон тақсим карда, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки дар рӯзи интихобот фаъолона ширкат варзанд.
Бояд гуфт, ки ин аксия яке аз роҳҳои самаранок ва шеваи муосири даъвати сокинон ба интихоботи қарибулвуқӯъ мебошад, ки бори дигар шаҳрвандонро огоҳ менамояд, то 11-уми октябри соли 2020 бо истифода аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ раъйи худро ба номзади арзанда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бидиҳанд ва  ба ин васила саҳми худро дар рушду шукуфоии ҳафт соли минбаъдаи кишвари азизамон Тоҷикистон гузоранд.


Вакти нашр: 2020-10-09 10:32:17    Хонданд: 21    Муфассал...

ҲАМА БА ИНТИХОБОТ

Суратгузориш аз ҷараёни аксияи умумишаҳрӣ таҳти унвони “Ҳама ба интихобот” дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мутобиқи Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”

 


Вакти нашр: 2020-10-09 10:39:30    Хонданд: 19    Муфассал...

ҲАМА БА ИНТИХОБОТ

Суратгузориш аз ҷараёни аксияи умумишаҳрӣ таҳти унвони “Ҳама ба интихобот” дар бозори Меҳргони шаҳри Душанбе мутобиқи Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”

 


Вакти нашр: 2020-10-09 10:51:35    Хонданд: 25    Муфассал...

ҲАМА БА ИНТИХОБОТ

Суратгузориш аз ҷараёни аксияи умумишаҳрӣ таҳти унвони “Ҳама ба интихобот” дар ноҳияи И.Сомонии  шаҳри Душанбе мутобиқи Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”

 


Вакти нашр: 2020-10-09 11:00:58    Хонданд: 22    Муфассал...

ИДОМАИ АКСИЯИ ТАБЛИҒОТИИ “ҲАМА БА ИНТИХОБОТ”

Дар асоси супориши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри 
Душанбе дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ва ҷойҳои серодами ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” Аксияи таблиғотии “Ҳама ба интихобот” доир гардида истодааст.

Ин навбат кормандони масъули ҳизбӣ ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” Аксияи таблиғотиро дар минтақаи 15 баргузор намуда, варақаҳои иттилоттӣ оиди иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интихобкунандагони ноҳия супориданд.


Вакти нашр: 2020-10-09 13:14:14    Хонданд: 20    Муфассал...

ИДОМАИ АКСИЯИ ТАБЛИҒОТИИ “ҲАМА БА ИНТИХОБОТ”

Дар асоси супориши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри 
Душанбе дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ва ҷойҳои серодами ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” Аксияи таблиғотии “Ҳама ба интихобот” доир гардида истодааст.

Ин навбат кормандони масъули ҳизбӣ ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” Аксияи таблиғотиро дар бозори “Балеҷавон” ва кӯчаҳои атрофи он  баргузор намуда, варақаҳои иттилоттӣ оиди иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интихобкунандагони ноҳия супориданд.


Вакти нашр: 2020-10-09 13:19:15    Хонданд: 22    Муфассал...

ВОХӮРӢ БО КАСБОМӮЗОНИ КОЛЛЕҶИ РАСОМӢ

8 октябри соли равон тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо донишҷӯёни Коллеҷи расомӣ ба номи М. Олимов вохӯри доир гардид. Дар он оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, татбиқи барномаи қаблии  пешазинтихоботии номзади ҲХДТ, самтҳои Барномаи номзад аз ҲХДТ барои солҳои 2021-2027, алалхусус самти ҷавонону занон   ибрози андеша карда шуд.
 Дар вохӯрӣ Убайдулло Қурбонзода, муовини раис - роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ оид ба масоили номбурда баромад ва суханронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки замони соҳибистиқлолӣ барои рушди ҷисмонӣ, зеҳнию маънавии насли наврас ва ҷавонон тамоми тадбирҳои судманд андешида шуданд ва кор дар ин самт идома дорад. Ҳамзамон ҷиҳати иштироки фаъолона дар маъракаи муҳими сиёсӣ, аз даст надодани зиракию бедории сиёсӣ таъкид гардид.


Вакти нашр: 2020-10-09 13:23:22    Хонданд: 27    Муфассал...

МАСЪАЛАҲОИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ ДАР БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Масъалаи таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи истиқлоли сиёсӣ дар шароити имрӯз барои тамоми кишварҳои дунё муҳим арзёбӣ мешавад. Омӯзиши масъалаи амнияти миллӣ ва таҳлилу таҳқиқи он ба рушди ҷомеа ва таҳкими он таъсир мебахшад. Дарёфти роҳу воситаҳои беҳтари таъмини амният ва ҳимояи манфиатҳои давлатӣ объекти асосии омӯзиши муҳаққиқону олимон гаштааст. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» субъекти асосии таъмини амният давлат мебошад, ки вазифаҳои худро дар ин соҳа ба воситаи мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ менамояд. Шаҳрвандон ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, субъектҳои таъмини амният ба шумор рафта, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, инчунин мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки дар доираи салоҳияташон дар ин соҳа қабул карда шудаанд, дорои ҳуқуқу уҳдадориҳо оид ба иштирок намудан дар таъмини амният мебошанд. Ҳамин тариқ, вақте ки сухан дар бораи масъалаи таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи сулҳу оромӣ, дастовардҳои истиқлол ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдори миллии Тоҷикистон меравад, таъмини бехатарии онро аз таҳдидҳои сиёсии дохилӣ, минтақавӣ ва ҷаҳони бояд дар назар дошт. Таъмини амнияти миллӣ дар барномаи ҲХДТ банди алоҳида буда, барои хифзу таҳкими он вазифаҳо ва ҳадафҳои зиёд барои оянда дар назар гирифта шудааст.
    Аз ҷумла дар барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҲХДТ ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир шудааст. Чунончи зикр мегардад: «Таъмин кардани амнияти миллӣ барои ҳифзи суботу оромӣ, дастовардҳои истиқлол ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдори миллӣ». Дар воқеъ, маҳз таъмини амният метавонад шароитро барои рушди устувори кишвар ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва фарҳанги миллӣ муҳайё созад.
Дар ин маврид ҳадафи асосиро на пурзӯр кардани қувваҳои ҳарбии давлат, балки рушди зеҳнии мақомотҳои давлатӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои шаҳрвандон ташкил медиҳад. Барои инкишоф ва воқеияти он масъалаи рушди соҳаи маориф ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Маҳз барномаи ҳизби ҳукумрон буд, ки имрӯз дар ҷомеаи мо амнияти миллӣ, сулҳу субот таъмин аст ва имконияти зиёдро барои таҳкими он фароҳам оварда истодааст. Ҳамин тавр, барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дарназардошти дурнамои ҳафт соли оянда (2021-2027) таҳия шуда, масъалаи мазкур меҳвари барономаро ташкил медиҳад. Амалишавии он, асоси рушди ҳамаи соҳаҳои ҷамъиятӣ арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, ба масъалаи таъмини амнияти миллӣ таваҷҷуҳи зиёди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз мукамалу воқеӣ будани барнома ва ояндабин будани ҳизб шаҳодат медиҳад. Маҳз амният метавонад ба сифати омили муҳофизатгари шахс, ҷомеа ва давлат аз ҳаргуна хатару таҳдидҳо ва ҳамчунин омили асосии рушди устувори иқтисоди кишвар баромад намояд.

Ш. Ҷаббор, коршинос


Вакти нашр: 2020-10-09 13:36:48    Хонданд: 29    Муфассал...

Интихоби дурусти шаҳрвандон – омили асосии расидан ба рушди минбаъдаи давлат

“Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон 

Интихобот муҳимтарин омили ташаккулдиҳандаи қувваҳои солим дар ҳаёти сиёсии давлат ба ҳисоб рафта, омил ё нишонаи рушду таҳкими ҷомеаи демократӣ мебошад. Яке аз омилҳои асосӣ дар раванди интихобот, пеш аз ҳама, омили иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, доир ба иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар интихобот таъсири амиқе мерасонад. Дар ҳолати хуб будани вазъи иқтисодӣ, шаҳрвандон метавонанд фаъолона дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок намуда, баҳри ҳифзи манфиатҳои ояндаи хеш бикушанд. Баргузор намудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар фазои амну субот, барои давлат хеле муҳим арзёбӣ мегардад, зеро дар раванди чунин маъракаи сиёсӣ ҳар гуна қувваҳои дохилӣ ва хориҷӣ мекушанд, тавассути тарғибу ташвиқот ба вазъи дохила таъсир расонанд. Дар ҳама давру замонҳо вобаста аз шароити мавҷуда ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ё гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ ба раванди ҳаёти ҷомеа таъсири назаррас мегузоранд. Имрӯзҳо ҳама ҳизбҳои сиёсии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта намояндагони хешро барои номзадӣ пешниҳод карда, намояндагони панҷ ҳизби сиёсии давлат тавонистанд ба мақоми номзадӣ роҳ ёбанд. Ҳама номзадҳо барномаҳои пешазинтихоботии хешро тавассути шабакаву расонаҳо, вохӯрӣ бо мардум, инчунин гурӯҳҳои корӣ аз ҳизбҳо ташкил намуда ба тамоми гӯшаву канори кишвар баҳри таблиғу тарғибот сафарбар намудаанд. Аммо расидан ба ин марҳаларо танҳо шаҳрвандон муайян мекунанд. Зеро интихоби президент ва ҳизби ӯ аз халқ вобаста аст. Маҳз интихоби шаҳрвандон омили асосии расидан ба мансаби президентӣ ва табдилёбии ҳизби номзад ба мақоми ҳизби ҳоким мегардад. Дар давоми 26 соли ҳукмронӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, сохтори давлатдориро танзим намуда, шароити мусоидеро фароҳам орад, то мардуми шарифи тоҷик дар як ҷомеаи демократӣ ва мутамаддин зиндагӣ намоянд. Дар ҳақиқат, давоми фаъолияти сиёсии роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, ҳолати имрӯзаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илм, маориф ва фарҳангро наметавон ба солҳои аввал муқоиса намуд, балки дар ин марҳала ҳама соҳаҳо ба як дараҷаи рушди хос рафта расидаанд. Иштироки фаъолонаи сокинони кишвар дар раванди интихоботи президентӣ, метавонад кафили сулҳу субот ва рушди ҷомеа гардад. Шаҳрвандон дар интихоботи мазкур шахсеро ба мансаби президентӣ интихоб менамоянд, ки ҳафт соли ояндаи давлат аз ӯ вобаста аст. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур меояд, дуруст ва дақиқ ба дарки масъалаи сиёсӣ рафта, роҳбари арзандаеро интихоб намоем, зеро интихоби мо дар ҳаёти минбаъдаи кишвар тақдирсоз ба ҳисоб меравад. Ба ҳар гуна хабарҳои сохта ва таблиғотии гурӯҳҳои манфиатхоҳи дохилӣ, душманон ва хоинони хориҷии халқи тоҷик дода нашавем, чунки ҳама гурӯҳҳои ифротӣ дар раванди ин маъракаи сиёсӣ фаъол гашта, аз мушкилоти кӯчаки дар кишвар ҷойдошта ҳангомаҳо эҷод намуда, давлату ҳукумати имрӯзаро ба ҷомеа сиёҳ мекунанд. Барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки хеш мехоҳанд фазои сиёсиро ноором созанд. Имрӯзҳо мо шоҳиди як қатор суханрониҳои хоинону душманони миллати имрӯзаи тоҷик тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастем, ки рӯйрост ва бевиҷдонона фаъолияти Ҳукумати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мардум сиёҳ намуда истодаанд. Ба ин васила мехоҳанд ба мафкураи мардум таъсир расонанд. Аммо имрӯз бо боварии том метавон гуфт, ки халқи солимфикру соҳибандешаи тоҷик наметавонанд ба чунин идеологияҳои террористӣ ва мақсадҳои ғаразноки як зумра хоҷагони фурӯхташуда дода шаванд. Баромадҳои охири ин гурӯҳи хоинон бори дигар ба мардум исбот намуд, ки онҳо на дар пайи ободӣ ва пешрафти ҷумҳурии мо, балки дар пайи манфиатҳои шахсӣ ва хоҷагони бурунмарзии хеш мебошанд. Аз ҳама суханрониҳои онҳо пай бурдан мумкин буд, ки ҳеҷ як пешниҳод ва барномаҳояшон ба манфиати миллат ва давлат набуда, баръакс, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват доранд, ки алайҳи кишвари мо таҳрим ва муносибати дағалона ба роҳ монда шавад. Пас аз ин гуна суханрониҳо чӣ гуна метавон ба ин шахсон бовар намуд, ки муқобили пешрафт ва ободии ин сарзамину халқ даъват ба амал оварда истодаанд. Ҳар шахси солимфикри ҷомеа, метавонад ба қиёс аз суханрониҳои чунин гурӯҳҳо ва фаъолияти имрӯзаи Ҳукумати кишвар хулосаи хешро барорад, ки интихоби дуруст кадом аст. Асри XXI асри рушди илму техника аст, ки инсон тавассути рушди тафаккури хеш ба дастовардҳои илмӣ – техникӣ ноил гардид. Метавон гуфт, ки мардуми шарифи тоҷик то ин дам ба рушди тафаккуру идеологияи миллатсозии хеш расида, дар гузаронидани чунин маъракаҳо таҷрибаи кофиро дорост, ки миллат ба тавсияҳои беруна ниёз надорад. Агар ба тавсия ниёз дошта бошад ҳам, ба тавсияи дохила ниёз дорад, ки мо дар дохили хеш беҳтарин тавсия- диҳандагон ва беҳтарин ҳуқуқдонҳову сиёсатмадоронро доро ҳастем. Маҳз ташаббуси чунин фарзандон ва заҳмати шабонарӯзии онҳо буд, ки давлати мо то ба ин дам орому осуда ба дараҷаи рушд омада расид, на балки бо тавсия ва даъватҳои пушти пардагии хоинони миллату давлат, ки аз дур истода даъватҳои муғризона менамоянд. Дар ҳоли имрӯз вазъи сиёсии ҷаҳон ноором арзёбӣ гардида, ҳама қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ дар пайи манфиатҳои сиёсӣ ва геоиқтисодии хеш пардохтаанд. Ҳолати нооромии дилхоҳ кишвар, метавонад барои онҳо созгор бошад, зеро онҳо бештари вақт ҳамин гуна равандҳоро истифода намуда, мақсадҳои ғаразноки сиёсии хешро амалӣ менамоянд. 
Дар ҳама давру замон барои расидан ба мақоми роҳбарӣ, пеш аз ҳама, аз шахс иродаи қавии сиёсӣ, таҷрибаи зиёди роҳбарӣ, малакаву маҳорати баланди кордонӣ, қудрати дар атрофи худ сарҷамъ кардани қишрҳои ҷомеа, ба як мақсади муайян сафарбар карда тавонистани оммаи мардум ва истифодаи баланди санъати дипломатиро тақозо менамояд. Зеро сиёсат ва идоранамоии кишвар дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархӯрди манфиатҳо ва ҷангҳои иттилоотӣ кори осон нест, чунки дар раванди ҷаҳонишавӣ, авҷ гирифтани бозиҳои сиёсӣ, кам шудани захираҳои табиӣ, танг шудани фазои иқтисодии бозоргонӣ роҳбарони ҷаҳонӣ барои даст ёфтан ба манфиатҳои хеш омодаанд вазъро дар дилхоҳ кишвар ноамн созанд.
Мусаллам аст, ки дар раванди ин чорабинии сиёсӣ нақши ҷавонон калидӣ ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони истиқлоли сиёсӣ ба ҷавонони кишвар бештар такя менамояд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар ҳама паёму суханрониҳои хеш нақши ҷавононро дар пешрафти кишвар баҳои баланд дода, таъкид менамоянд,“Ояндаи Тоҷикистони азиз аз ҷавонони соҳибилму ватандӯсташ вобаста аст”, зеро маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ҷавонон тавонистанд дар ҳама мақомотҳову сохторҳои идоракунии давлат роҳ ёбанд. Хулоса, дар интихоботи президентии кишвар, иштироки фаъолонаи умуман, саросарии аҳолии кишвар метавонад як самараи хуберо ба бор орад, ки мақсаду мароми ҳокимияти имрӯзаи кишвар низ ҳамин аст.

Шодбахт Сабуров, узви ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Стратег"

 


Вакти нашр: 2020-10-09 13:42:56    Хонданд: 26    Муфассал...

АКСИЯ: ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ АСТ!

 9.10.20
Гуруҳҳои мобилию волонтёрии Ситоди пешазинтихоботӣ дар ноҳияи Шоҳмансур аксияи таблиғотӣ баргузор намуда, сокинону интихобкунандагонро барои иштирок дар интихоботи Президенти кишвар даъват намуданд. Зимнан варақаҳои иттилоотиро бо фарогирии маълумотҳои муҳим дар бораи иштирок дар интихобот  ба сокинону интихобкунандагон дастрас намуданд.
Аз ҳар иштирокчӣ даъват шуд, ки барои рушди минбаъдаи давлату ҷомеаи кишвар дар интихобот фаъолона иштирок намоянд.


Вакти нашр: 2020-10-09 14:52:41    Хонданд: 41    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №87 вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Файзуллозода З.Ф., аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  Норасов А.А. иштирок намуда, барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-10-09 17:52:37    Хонданд: 49    Муфассал...

Масоили таъмини амнияти миллӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки кишвари азизи мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту нуҳ сол муқаддам – 9 сентябри соли 1991 ба он ноил гашт. Соҳибистиқлолӣ барои мо имконияти воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона интихоб намоем. Мутаассифона, дар баробари ба даст овардани чунин неъмати бузург, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, ки иқтисодиёт ва рушди минбаъдаи кишвари моро боз дошт. Маҳз ин ҳодисаву воқеаҳои пурошӯб водор намуданд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии моро ташкил медиҳанд.
Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардиданд. Маҳз бо иродаи қавии Пешвои миллат, мо тавонистем, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлатии худро таҳти назорати доимӣ гирифта, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшем. Дар ин давра, сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти милливу минтақавӣ ва байналмилалӣ бомаром рушд карда, маҳз бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати пешсаф дар самти мубориза бо экстремизму терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа шинохта шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд, яъне вокуниш ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм ва ифротгароӣ, ҷонибдори нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои дахлдори он мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир ташаббускори баргузории як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ, ки ба масъалаи таъмини амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ равона гардидаанд, аз ҷумла Конфронсҳои сатҳи баланд дар мавзӯъҳои “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (4 майи соли 2018), “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” (17 майи соли 2019), ки дар доираи коршиносони байналмилалӣ ҳамчун “Раванди Душанбе” маъмул аст ва инчунин Раисии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро барои солҳои 2018-2020 бар уҳда дорад. Ҳамаи ин аз нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт гувоҳӣ медиҳад. Чунончи Пешвои миллат дар суханронии худ дар Конфронси сатҳи баланд “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” қайд намуда буданд: “Дар иртибот ба ин, таъкид карданиам, ки Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад.” 
Бояд зикр намуд, ки маҳз аз мавҷудияти амнияти милливу минтақавӣ рушди минбаъдаи тамоми кишварҳо вобастагии калон дорад. Дар ин бобат, Пешвои миллат дар Конфронси сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” хеле бамаврид қайд намудаанд: “Албатта, таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдор яке аз омилҳои калидӣ ва шарти муҳими эҷоди раванди созандаи рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.” 
Ҳамин тавр, бояд қайд намуд, ки маҳз сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кишвари мо имконият фароҳам овард, ки ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Мутаассифона, тайи чанд соли охир душманони миллати тоҷик аз хориҷ истода, кӯшиш доранд, ки дигарбора сулҳу субот ва оромии кишвари моро халалдор созанд. Аз ин рӯ, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро зарур аст, ки шукргузорӣ аз истиқлоли давлатӣ намуда, зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд ва баҳри таъмини амнияти кишвар ва минтақа кӯшиш намоянд.

Абубакр Маҳмадсаидзода, узви ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Стратег"


Вакти нашр: 2020-10-09 18:00:22    Хонданд: 51    Муфассал...

Ояндаи дурахшони Тоҷикистон – бо Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаҳои охир вазъи сиёсии ҷаҳони муосир мураккабу печидатар гардида, роҳу усулҳои муборизаҳои геополитикии бозингарони сиёсӣ куллан тағйир ёфта, бархурди манфиатҳо дар шакли наву дигаргуна сурат гирифта истодаанд. Имрўз бозингарони сиёсӣ таъмини манфиатҳои миллии худро асосан дар заминаи сиёсати хориҷии худ тарҳрезӣ намуда, бо истифода аз имкониятҳои табиию иқтисодӣ ва захираҳои инсонии кишварҳои дигар, махсусан кишварҳои рў ба тараққӣ онҳоро таъмин месозанд. Ин раванд яке аз самтҳои калидии сиёсати хориҷии бозингарони сиёсиро ташкил менамояд. Онҳо аз нуқтаҳо заиф ва осебпазири ҷомеаҳои рў ба тараққӣ бисёр нозукона ва маккорона истифода менамоянд. Суиистифода аз эътиқоди баланди динӣ ва дониши пасти динию дунявӣ, тафаккури хурофотпарастӣ ва сатҳи пасти донишҳои илмӣ ва ҷаҳонбинии илмию дунявӣ аз нуқтаҳои заифе маҳсуб меёбанд, ки бештар мавриди ҳадаф қарор доранд. Ҳамзамон онҳо дар ниқоби «демократия», «озодӣ», «зиндагии шоиста», «волоияти қонун», «ғамхорӣ», «башардўстӣ» ва даҳҳо арзишҳои дигар амал намуда, ҳадафҳои ғаразноку пасипардагии худро амалӣ менамоянд. Онҳо бо ин усули фаъолияти худ дар чандин кишварҳои дунё муваффақ низ гардидаанд, ки имрўз чунин кишварҳо ба майдони ҷангу низоъ ва шаҳрвандонашон ба гурезагони иҷборӣ ё қурбонӣ гирифтор шудаанд.

Нуқтаи муҳиме, ки ҳар як сокини ба ору номуси Тоҷикистон бояд абадан дар хотир дошта бошад он аст, ки акторҳои сиёсӣ ва давлатҳою гурўҳҳои махсуси манфиатдор тамоми ҳадафҳои ғаразноки худро дар аксари мавридҳо бо дасти шаҳрвандони худи давлатҳои зери ҳадаф қароргирифта амалӣ месозанд. Гурўҳҳои мухолиф ва хоинони тамоми давлатҳои дунёро дар дохили худ паноҳгоҳи сиёсӣ дода, ба онҳо шароитҳои мусоидро ҷиҳати пешбурди муборизаҳои ғаразноки сиёсӣ фароҳам меоранд. Онҳо шаҳрвандони хоини тамоми миллату давлатҳои зери ҳадаф қарор доштаро ҳамчун восита ва силоҳи пуриқтидортарини идеологӣ истифода бурда, бо дасти ин хоинон кишварҳои онҳоро ноором сохта, ба майдони ҷангу низоъ табдил медиҳанд.

Имрўз хоинони миллату давлати мо низ дар кишварҳои алоҳидаи дунё соҳиби шаҳрвандӣ ва паноҳгоҳи сиёсӣ мебошанд, ки дар пайи амалӣ намудани дастуру супоришҳои хоҷагони худ қарор доранд. Онҳо мехоҳанд, ки бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳо вазъи сиёсии Тоҷикистонро ноором созанд ва дубора кишварро ба майдони ҷангу низоъ табдил диҳанд.

Аммо имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб медонанд, ки ҷонфидои миллат, наҷотбахши миллат, ваҳдатсолор ва сулҳофари миллат, ватандўсти асил, ватансози муваффақ, эҳёгари миллат, созандаву бунёкор ва роҳбари мардумсолор кист. Ўро барҳақ Пешвои миллат медонанд ва гиромию азизаш медоранд. Мардуми шарифи Тоҷикистон сарчашмаи асосии тамоми хушбахтиҳои худ шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мактаби давлатдории ўро медонанд. Бояд дар назар дошт, ки дар арафаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаҳои сиёсӣ аз ҷониби хоиноне, ки дар боло зикрашон рафт, хеле шадид мегардад ва онҳо аз ҳар ҷиҳат мехоҳанд дар раванди баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ халал ворид созанд. Онҳо бо пуштибонӣ ва дастгирии хоҷагони хориҷии худ, пеш аз ҳама, кўшиш менамоянд, ки роҳи давлатдорию давлатозии моро, ки мардумро аз вартаи ҷангу низоъ ва давлатро аз хатари нестшавӣ наҷот дод тағйир диҳанд ва ба ин восита ҳадафҳои худро татбиқ созанд.

Ин ҳолат тақозо менамояд, ки мо беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак бошем, роҳи ҳаёти худ ва роҳи миллати худро хуб донем ва роҳи боэтимодтарини давлатдориро, ки меъмораш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ҳифз созем ва онро шарафмандона идома диҳем. Ин роҳ – роҳи хушбахтӣ ва зиндагии шоистаи миллати мо аст. Ин роҳест, ки моро ба сўи нур мебарад ва ояндааш дурахшон аст.

Имрўз вақти таваккал кардан нест. Мо бояд роҳи боэтимоди давлатдорие, ки дорем онро бо ифтихори бузурги ватандорӣ идома диҳем. Дар шароити муосир интихоби роҳи давлатсозӣ ва интихоби роҳбари давлат ба ҳеҷ ваҷҳ таваккалро намепазирад. Таваккал кардан дар ин ҷода хатар аст. Хатари нестшавӣ.

Аз ин рў, мо роҳи боэтимоди давлатдории худ ва роҳбари боэтимоди худро дорем, онро Пешвои худ медонем ва интихоби ҳамешагии мо Эмомалӣ Раҳмон аст. 

Роҳи давлатдорию давлатсозӣ ва ватандорӣ роҳи беохир буда, шахси ватандору ватандўсти асил то охирин лаҳзаи ҳаёт рисолати ватандориро бар дӯш гирифта, бо шарафи бузург ва ифтихори бепоён масъулияти фарзандии худро дар назди миллат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ иҷро менамояд. Ҳеҷ як ватандори асил дар роҳи давлатдорию давлатсозӣ миллату кишвари худро дар нимароҳ намемонад. Балки бо ҷасорату ҷавонмардӣ ва таҳаммулпазирӣ шарафи бузурги ватандориро бар дўш гирифта, миллату давлати худро соҳибӣ намуда, мушкилотҳои ҷомеаро бартараф сохата, зиндагии шоистаи мардумро таъмин намуда, миллати худро ба шоистагӣ мерасонад. Намунаи олии чунин ватандорӣ ва чунин шахсият Эмомалӣ Раҳмон ва Мактаби давлатдории Ў мебошад. Эмомалӣ Раҳмон шахсият ва Пешвои хастанопазир дар роҳи ватандорӣ ва давлатсозӣ мебошад.

Мо ба қудрату тавонмандии давлатсозии Эмомалӣ Раҳмон эътимоди комил ва шоиста дорем ва ўро то абад арзандаи Сарварии тоҷикону Тоҷикистон медонем.

Қувватзода Сайдулло Зувайд, узви ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сарвар”


Вакти нашр: 2020-10-09 18:07:04    Хонданд: 44    Муфассал...



Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс