МАРОМИ ПОЙТАХТ

Навидҳо

Ифтитоҳи Муассисаи ташхисию табобатии “Аҳвар-Аҳват” дар шаҳри Душанбе

http://www.president.tj/node/23711

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Бохтари ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи ташхисию табобатии “Аҳвар-Аҳват”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Муассисаи нави ташхисию табобатӣ дар ду ошёнаи аввали бинои 18-ошёнаи навбунёди истиқоматӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Самти Рушд” таъсис дода шуд.

Маркази табобатии муассиса аз бахшҳои гинекологӣ, дандондармонӣ, ҷарроҳии умумӣ, ҷарроҳии пластикӣ, косметологӣ, педиатрӣ, дар маҷмуъ аз 12 утоқи хизматрасонӣ, гӯшаи гиёҳдармонӣ ва дорухона иборат мебошад. Утоқҳо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонии маркази табобатии муассиса бо дастгоҳу таҷҳизоти тиббии ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Ба корафтодагон аз тарафи табибони баландихтисос, ҳамшираҳои шафқат ва дигар мутахассисони дорои таҷрибаи ғанӣ бо усули замонавӣ хизмат расонида мешавад.

Зимни шиносоии Сарвари давлат бо шароити муассиса маълум гардид, ки дар маркази табобатӣ се утоқи бистаринамоӣ мавҷуд буда, дар ҳар кадоми он шароити хуб муҳайё карда шудааст. Бояд таъкид дошт, ки то имрӯз барои гузаронидани якчанд намуд ҷарроҳии пластикӣ сокинони мамлакат ба хориҷа сафар мекарданд, ки маблағи гарон ва ҳам вақти зиёд сарф мегардид. Ҳамакнун чунин имконият дар шаҳри Душанбе фароҳам оварда шуд ва ниёзмандон аз он бе мушкилӣ баҳравар мегарданд.

Ташхисгоҳ аз 30 утоқ, аз ҷумла утоқҳои ташхиси микробиологӣ, биохимиявӣ, иммунологӣ, патологӣ ва ғайра иборат буда, бо навтарин таҷҳизот таъмин мебошад. Дар ташхисгоҳ мутахассисони соҳибтаҷриба-вирусологони баландихтисос ба кор ҷалб гардидаанд, ки бо истифода аз технологияи мавҷуда имкони гузаронидани ҳама намуди ташхисро доранд. Фаъолияти ташхисгоҳ ба стандарти байналмилалии GMP мутобиқ карда шудааст. Дастгоҳу таҷҳизоти ташхисгоҳ муосиртарин буда, аз кишварҳои ИМА, Олмон, Австрия, Туркия ва Чин дастрас карда шуданд.

Рӯзҳои наздик ба марказ боз се таҷҳизоти замонавии ташхисию табобатӣ ворид карда мешавад, ки дар мамлакат беназиранд. Дар заминаи ба фаъолият шуруъ намудани боз як муассисаи нави тиббӣ дар маркази шаҳри Душанбе 75 нафар, аз ҷумла 26 табиби ихтисосманд, ки дар хориҷи кишвар аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Муассисаи ташхисию табобатии “Аҳвар-Аҳват” бо муассисаҳои машҳури соҳаи тандурустии кишварҳои пешрафта робитаи зичи ҳамкорӣ дорад ва дар ин замина имконияти васеъ барои табодули таҷриба ва такмили ихтисоси кормандон фароҳам мебошад.

Бояд зикр намуд, ки Муассисаи ташхисию табобатии “Аҳвар-Аҳват” дуюмин муассисаи тиббӣ мебошад, ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Самти Рушд” таъсис дода шудааст. Қаблан аз тарафи ҷамъият дар кӯчаи Абайи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе чунин маркази муосири ташхисию табобатӣ таъсис дода шуда буд. Маркази мазкур аз шуъбаҳои нефрологӣ, гемодиализ ва ташхисгоҳ иборат буда, дар он аз ҷониби 34 нафар мутахассиси соҳа ба мардум хизмат расонида мешавад. Дар шӯъбаи гемодиализ 11 адад дастгоҳи замонавии истеҳсоли давлати Олмон насб гардидааст. Дастгоҳу таҷҳизоти ташхисгоҳ истеҳсоли Австрия буда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷовобгӯ мебошанд. Марказ дорои мошини ёрии таъҷилии бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонидашуда буда, фаъолияти он ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст.

Тайи солҳои охир Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои рушду пешрафти он ба хотири таъмини солимии аҳолӣ, ки бойгарии давлат аст, имконоти фаррохро ба вуҷуд овард. Ин аст, ки имрӯз дар баробари мукаммал гардидани шароити хизматрасониҳо дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ ҳавасмандии бахши хусусӣ низ ба ин самт баръало эҳсос мегардад. Имрӯз соҳибкорону сармоягузорон имкон доранд дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои наву замонавии солимгардонӣ таъсис дода, бо ба вуҷуд овардани рақобати солим дар беҳдошти саломатии аҳолӣ саҳм гузоранд.

Утоқҳои корию хизматрасонӣ, долону ҷойҳои мунтазиршавии мизоҷон, дар маҷмуъ бинои муассиса ташхисию табобатии “Аҳвар-Аҳват” бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ таъмир гардидааст. Низоми кор, ё қабул ва ташхису табобат, хоса хизматрасониҳо дар муассиса марказонидашуда мебошад, ки бо ин роҳ аз як ҷониб сифати ташхису табобат таъмин ва аз тарафи дигар вақт бамаротиб сарфа мегардад.

Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта ва шароити фароҳамгардида дар муассисаи нави ташхисию табобатӣ баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки бо чунин имконоти фаррох аз кормандон пурра равона намудани маҳорату малакаи касбӣ ва саҳми арзишманд гузоштан дар солимии аҳолӣ талаб мегардад.


Вакти нашр: 2020-09-03 11:42:58    Хонданд: 90    Муфассал...

«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАШАККУЛИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН»

Таҳти ин унвон 2-юми августи соли ҷорӣ тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  бо ибтикори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид, ки дар он мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Насимҷон Ҳомидзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар н.Сино Маҳмадназар Нуров, сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳи мазкур Абдулло Давлатзода, омӯзгори калони кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДДЗТ ба номи С.Улуғзода Қобилов Муҳаббатшоҳ ва аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар н.Сино  иштирок намуданд.

Музи мудавварро Маҳмадназар Нуров ифтитоҳ намуда сипас, маърузаи Насимҷон Ҳомидзода дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар ташаккули Истиқлоли Ватан” шунида шуд. Дар ин замина, Абдулло Давлатзода ва Қобилов Муҳаббатшоҳ низ маърӯза намуда, Истиқлоли давлатиро арзишмантарин неъмат барои мардуми тоҷик арзёбӣ намуданд.

Дар охир миёни иштирокчиён ва баромадкунандагон музокира доир гардид.


Вакти нашр: 2020-09-03 13:17:19    Хонданд: 81    Муфассал...

ҲХДТ номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд

ДУШАНБЕ, 03.09.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Кохи Борбад Анҷумани XIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он вакилон, аъзои Раёсат, Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Парлумон, намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як зумра сохтору идораҳои дахлдор, кормандони масъули дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҳизбӣ, аъзои фаъоли ҳизб ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ширкат варзиданд.

Раиси дастгоҳи ҲХДТ Абдураҳмон Хонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар анҷуман аз тарафи вакили Анҷуман Зубайда Шарипова, директори мактаб-интернати №3 барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Душанбе номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид, ки он аз ҷониби ҳамаи  вакилони Анҷумани XIV якдилона ҷонибдорӣ ёфт. Инчунин Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, собиқадори ҳизб, Абдумубин Абдушукуров, директори корхонаи саноатии “ЗиревЭко”-и шаҳри Хуҷанд, Гулбарг Боқиева, роҳбари Маркази ҳунармандии “Чирадаст”- и ноҳияи Мӯъминобод, Гулнора Тайғунова, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон, Саидбек Мирзомиддинов, роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия (тариқи онлайн) ва дигарон изҳори назар карда, пешбарӣ гардидани номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Дар анҷуман муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ бо пешниҳоди далелҳои мушаххас таъкид намуд, ки бо натиҷагирӣ аз фаъолияти анҷомшуда ҳамаи нишондиҳандаҳои барномаи номзад ба мансаби Президенти мамлакат аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои 7 сол, ки дар соли 2013 пешбинӣ шуда буд, дар маҷмӯъ иҷро гардиданд.

Зикр гардид, ки номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Интихобот бо барномаи ҷадид, ки фарогири ҳама самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат аст, ворид мегардад. Барномаи пешазинтихоботии номзади пешбаринамуда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои муҳими рушди ҷомеаро фаро мегирад. Аз тарафи А. Азизӣ махсус таъкид шуд, ки номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои иҷрои барномаи пешазинтихоботии худ се имконияти ҷиддӣ дорад: якум — таҷрибаи бузурги сиёсӣ; дуюм — собиқаи амалии идоракунӣ ва сеюм — неруи бузурги кадрӣ ва ҷонибдорони зиёди мавқеи ҳизб.

Мавриди зикр аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беш аз 494 ҳазор нафар аъзо дорад. Аз ин шумора 48 фоизи аъзои ҳизбро занон ва 37 фоизашро ҷавонон ташкил медиҳанд.


Вакти нашр: 2020-09-03 15:02:20    Хонданд: 243    Муфассал...

НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН

Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад. Эмомалӣ РАҲМОН

Гузашти марҳилаҳои давр бо назардошти афзун гардидани хатари маҳви фарҳангу тамаддунҳо дар равиши як даҳаи охир масоили арзишҳои ҳастӣ ва мавҷудияти қисме аз кишварҳои оламро зери шубҳа гузошта, дар масири таърих фаъолияташонро гаронтару мушкилтар менамояд. Зеро гузаш­ти равишҳои башарӣ аз давраҳои дури дур то ба ин замонҳо собит намудааст, ки дар низоми ташаккули давлатдориву давлатсозӣ ҳеҷ як дастоварди аслӣ, бидуни соҳибистиқлолии комил моҳияти устувору арзишҳои бунёдӣ надорад.

 Саҳфаҳои таърих дар тӯли садсолаҳо борҳо собит намудааст, ки оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикану эҳё шуданро аз сар гузаронида, баъд аз ҳар як шикасту ноомадиҳо, камолоти афзунтареро соҳиб гардидааст. Дар ин масир равишҳои зиндагӣ ва таҷрибаҳои таърихи навини миллиамон бо асноду далоили воқеӣ нишон дод, ки барои расидан ба истиқлоли сартосарӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути фарзонафарзандонаш якчанд монеаи бартарафнашавандаи сангинро паси сар намудааст…      

Албатта, воқеияти аслӣ бо таваҷҷуҳ ба боварии ҷонибҳо ва болотар аз ҳама, манофеи миллату Ватанро авлотару муқаддас шумориданҳо, тавонист моро дар ин самт комёбу муваффақтар гардонад. Бо тавзеҳи ин нуктаҳои арзишманди таърихӣ, таъкидан ёдовар шудан бамаврид аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар ин муноқишаҳои бесару нӯги дохилӣ бори дигар ҷаҳониёнро бовар кунонид, ки тоҷикон ҳамчун миллати дорои баланди фарҳанги азалӣ, ҳамеша ҷонибдори сулҳу ваҳдати пойдор буданд, ҳастанд ва мемонанд….

Яке аз аввалин тадбирҳои муҳиме, ки ҳанӯз дар оғози давраи аввали соҳибистиқлолӣ амалӣ гардид, ин қабули Конститутсия ва дар заминаи он ташаккул ёфтани низоми нави қонунгузории кишвар буд. Ин санади тақдирсози миллӣ заминаҳои ҳуқуқии бунёди давлатдории муосири миллӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ, кафолати таъмини соҳибихтиёрӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллиро фароҳам оварда, кишвари моро дорои рамзҳои муқаддаси Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардонид.

Ташаккули марҳилаҳои нави таърих ва сабақи ибратомӯзи он собит намуд, ки дар миёни ҷашн­ҳои миллии мо Рӯзи Истиқлоли давлатӣ мақом ва мавқеи хосса дорад. Зеро ин санаи нодири таърихӣ дар саҳифаҳои соҳибистиқлолии миллиамон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи навини кишварамон ба ҳисоб меравад. Албатта, бо дарки воқеияти рӯз, ҳаёти иҷтимоии кишвар дар давоми 29 соли соҳибистиқлолӣ тадриҷан ба куллӣ тағйир ёфта, масъалаҳои муҳими хоҷагии халқ давра ба давра ҳалли худро пайдо намуданд. Таҳти дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар сартосари шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъати тозаро касб намуда, тавассути заҳматҳои содиқонаву софдилонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як кишвари воҳиди истеҳсолкунандаи молу маҳсулоти миллии рӯ ба тараққӣ мубаддал гардид.

Гузашти давраҳои пурифтихор ва хидматҳои фарзандони тавонманди миллат, махсусан даврони ташаккулёбии ду даҳсолаи охир боиси омӯзиш ва қадршиносии ҳар яки мо буда, роҳи ояндаро бароямон бозкушоӣ менамоянд. Дар ин давра, таҷлили пуршукӯҳи қисме аз ҷашнҳои арзишманд ва ҳамчунин бузургдошти шахсиятҳои содиқи таърихиву сиёсӣ ва илмию фарҳангӣ бори дигар имкон фароҳам сохт, ки решаҳои устувори худро аз гузашта дарёфт карда, пайванди азалӣ доштани хешро ба онҳо эҳсос намоем.

Ҳукумати кишвар бо пешниҳоду ибтикороти сатҳи байналмилалӣ, дар давраҳои гуногун тавонист кишвари моро ба сифати як кишвари пешоҳангу пештоз дар ҳалли масоили умдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ номвару номбардор гардонид. Дар ин масир Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳидоятҳои фарзанди абармарди раҳнамунсоз, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи миллату давлати мо ба набзи сайёра баробару ҳамсадо карда шуд. Ногуфта намонад, ки дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори 4 эъломияи марбут ба масъалаҳои об, ки аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ қабулу шинохта шуд, эътирофи оламиён гардид. Боиси ифтихор ва сарфарозии махсуси миллати тоҷик аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳму ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои ҷаҳонии об қадрдонӣ карда, ӯро аз миёни роҳбарони 193 кишвари аъзои СММ ба Панели сатҳи баланд, ки тамомии онҳо давлатҳои ташаббускор дар мас­ъалаҳои об мебошанд, интихоб намуд.

Воқеан ҳам, дар масири давлатсозии навинамон Истиқлоли давлатӣ нақш ва мақоми арзишманду нодир дорад, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикору ҷонбозиҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллати хеш бо ҷомеаи ҷаҳон бо чеҳраву симои хоси миллӣ, ҳамзамон бо дастоварду комёбиҳои навини фарогири фарҳанги башарӣ ворид гардид. Муҳимтар аз ҳама, дар ин муддат як насли нави озоду дорои тафаккуру ҷаҳонбинии нав ба камол расида, рӯйи саҳнаи зиндагӣ омада, бо эътимоду боварии қавӣ метавон афзуд, ки дар оянда низ парчамбардори давлати соҳибистиқлоламон хоҳанд гардид.

Бо дарки моҳияти аслии ин неъмати бебаҳои миллӣ тарғибу таблиғ, васфу сифот ва тараннуми ин санаи муборакро дар миёни ҷомеа ва тору пуди ин насли ватандӯсту ватанпарвар мебояд аз ҳарвақтаи дигар бештару зиёдтар ба роҳ монем, зеро Истиқлол ҳамчун шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқи тоҷикон, рамзи саодату шарти бақои миллат, падидаи бемислу боазамати таърихӣ, ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ, санаи сарнавиштсозу муқаддас,амалисозии ҳадафҳои муҳими миллӣ ва ҳамчунин, василаи омӯзиши таҷрибаи пешқадами аксари кишварҳои олам шинохта шудааст.

PS: Дар ҳақиқати ҳол, рушду пешрафти суръатноки бахшҳои муҳими ҳоҷагии халқ ва фароҳамсозии чунин як имконияту шароити мусоиду арзанда, рисолати дихоҳ шаҳрванди диёрамонро дар самти расидан ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва қуллаҳои боз ҳам баланди созандагӣ бештару зиёдтар менамояд.

Каримзода Ҳақназар Изатулло, рӯзноманигор


Вакти нашр: 2020-09-07 08:15:47    Хонданд: 71    Муфассал...

ДАСТОВАРДИ ҶАВОНОН ДАР ЗАРФИ 29 – СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

         4 – уми сентябри соли ҷорӣ дар МТМУ №18 озмуни иншои беҳтарин миёни миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ дар мавзӯи “Дастоварди ҷавонон дар зарфи 29 – соли Истиқлолият” баргузор гашт.

Дар он мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Насим Ҳомидзода, ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Исматулло Расулов ва дигар масъулин иштирок доштанд.

Гуфта шуд, ки баргузории чунин озмунҳо бо мақсади тарбияи ватандустӣ, худшиносӣ, баланд бардоштани донишҳои сиёсии ҷавонон ва истеъдоду лаёқати онҳо роҳандозӣ гардидаанд.

Хотирасон мекунем, ки ғолибони озмун дар даврҳои баъдӣ эълон мешаванд.


Вакти нашр: 2020-09-08 18:20:56    Хонданд: 81    Муфассал...

Маҷлиси раёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

8-уми сентябри соли ҷорӣ маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо иштироки  раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода ва аъзои Раёсат баргузор гардид.   

Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ҳадаф аз баргузории маҷлиси раёсатро таъсиси Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе унвон кард.

Дар ин миён, маҷлиси Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб низ аз рӯйи 5 масъала баргузор гардида, аъзои Ситоди  Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

 

 


Вакти нашр: 2020-09-08 18:51:39    Хонданд: 93    Муфассал...

ШАРАФИ ВАРЗИШИ МО САМАРИ ИСТИҚЛОЛ АСТ

“Шарафи варзиши мо самари Истиқлол аст” таҳти ин шиор бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе рӯзи 8-уми сентябр дар Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе чорабинии варзишӣ-мусобиқа аз рӯйи намуди шашка баргузор намуд.
Мусобиқаи мазкур идома дошта, дар охир баъд аз муаян шудани ғолибон туҳфаҳои муқарарнамудаи масъулин супорида мешавад.


Вакти нашр: 2020-09-10 09:50:33    Хонданд: 56    Муфассал...

ҲАМОИШИ ТҶҶ "СОЗАНДАГОНИ ВАТАН"

         Имрўз дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ТҶҶ "Созандагони Ватан" баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ТҶҶ "Созандагони Ватан" Абдулло Раҳмонзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгохи КИМ ҲХДТ - Илҳомҷон Ҳамидиён, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе - Иброҳим Мирзозода ва аъзои фаъоли ташкилот аз тамоми ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

       Ҳамоиш аз рўйи се масъала ҷараён дошта, масъалаи асоси - дастгирии номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз ҷониби аъзои ташкилот ҷонибдори ёфт.  

       Изҳороти Шўрои Марказии ташкилоти ТҶҶ «Созандагони Ватан» оид ба дастгирии номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат гардида, номзад дастгирӣ ёфт.

    Насимҷон Ҳомидзода роҳбари нави намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе интихоб гардид.

       Дар охир як қатор аъзои фаъоли ташкилот бо сипосномаҳо қадршиносӣ гардиданд.


Вакти нашр: 2020-09-12 15:06:11    Хонданд: 53    Муфассал...

ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН МЕБОЯД БУД.

14 сентябри  соли 2020 ҷиҳати пешниҳоди самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе - Насимҷон Ҳомидзода ва Далер Ҳукуматов мутахассиси шуъбаи мазкур бо донишҷӯёни Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе ва Литсейи техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе вохӯрӣ доир гардид. 

 Доир ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии  номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, Насимҷон Ҳомидзода ва Далер Ҳукуматов  андешаронӣ намуда, нисбати рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, донишандӯзиву маърифати ҷавонон ва занон ибрози назар намуда, аз ташаббусҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ва расидан ба ҳалли мушкилоти онҳо бо қаноатмандӣ ёдовар шуданд. 

  Зикр гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии  Пешвои муаззами миллат мо соҳиби қонунҳои сирф миллӣ гардидем ва бо назардошти  арзишҳои миллӣ мо бояд имрӯз ҳамқадами замон ва  донандаи илму технологияи муосир бошем.

Дар навбати худ ҷавонон аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе иброз доштанд, ки мо  ваъда медиҳем, ки дар ин маъракаи  муҳими сиёсӣ сарбаландона дар саффи пеш истода райъи худро баҳри боз ҳам гулгулшукуфоии ин диёри биҳиштосо мегузорем.


Вакти нашр: 2020-09-14 17:18:12    Хонданд: 51    Муфассал...

ВОХӮРӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нимаи аввали имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии №33-и ноҳияи Сино вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. 
Дар вохӯрӣ аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Файзуллозода З. Ф., Каримзода Ҳ. И., Исмоилзода Н. Ҷ., инчунин аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино  Мирбобоева Р. В. ва Шарипов Т. Г. иштирок намуда, нуктаҳои барономаи  пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба саҳми интихобкунандагон расониданд.
Зикр гардид, ки иштирок дар интихобот ҳуқуқи Конститутсионии ҳар як  шаҳрванд буда, ба ҷонибдории номзади арзанда овоз додан, ин муайян намудани иродаи шаҳрвандӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки чунин вохӯрии гурӯҳи корӣ нимаи дуюми имрӯз дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон” низ дар назар дошта шудааст.


Вакти нашр: 2020-09-16 16:41:26    Хонданд: 61    Муфассал...

ВОХӮРӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нимаи аввали имрӯз дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. 
Дар вохӯрӣ роҳбари Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Расулзода Н., аъзои Ситоди Марказии ҲХДТ Субҳонзода И., роҳбари зергурӯҳи таблиғотии ноҳия Каримов А., профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Пирумшоев Ҳ., мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Раҳматов У.  иштирок намуда, нуктаҳои Барономаи  пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027-ро ба саҳми интихобкунандагон расониданд.
Ёдовар мешавем, ки чунин вохӯрии гурӯҳи корӣ нимаи дуюми рӯз низ дар назар дошта шудааст.


Вакти нашр: 2020-09-16 17:36:35    Хонданд: 51    Муфассал...

ҲАМОИШИ АЪЗОИ ФАЪОЛИ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Нимаи дуюми имрӯз, 16-уми сентябр бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва вусъат бахшидани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бо усулҳои муосири “кӯча ба кӯча”, “хона ба хона” ва “рӯ ба рӯ” дар арафаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” баргузор гардид. 

Дар ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, ва аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок намуданд. 

Зикр гардид, ки имрӯз ҷомеаи мо дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва аз ҳар як узви ҷомеа тақозо менамояд, ки дар рӯзи баргузории он иродаи шаҳрвандии худро муайян намуда, ба тарафдории номзади арзанда овоз диҳанд. Зеро интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ буда, баёнгари соҳибихтиёрию соҳибдавлати халқи тоҷик маҳсуб меёбад.

Дар ҳамоиш аз ҷониби ихтиёриёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҷиҳати таблиғи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 4 гурӯҳи таблиғотии шаҳрӣ ва гурӯҳҳои дигари таблиғотӣ дар намояндагиҳои ташкилот дар навоҳии пойтахт таъсис ёфтанд.

Ҳамзамон, ба ҳозирин шумораи махсуси нашрияи “Мароми пойтахт”, ки дар он Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нашр шудааст, тақсим карда шуд. 

 

 

 


Вакти нашр: 2020-09-16 18:18:09    Хонданд: 49    Муфассал...

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ – ҚАРЗИ ШАҲРВАНДӢ

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи 16-уми сентябри соли 2020 дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон” дар ноҳияи Сино вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Заррина Файзуллозода, Умринисо Казакова, Дилором Муқимова, Асосмуддин Бобозода, инчунин аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино иштирок намуда, нуктаҳои барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027-ро зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба саҳми интихобкунандагон расониданд.

Зикр гардид, ки ҳар як шаҳрванд аз синни 18-солагӣ тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикситон иштирок дар интихоботро дорад ва ӯ метавонад мустақилона дар интихобот иштирок варзида, ба ҷонибдории номзади арзанда овоз диҳад.

Ёдовар мешавем, ки чунин вохӯриҳои гурӯҳи корӣ 17-уми сентябри соли ҷорӣ дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, МТМУ № 82 ва Донишкадаи Ҳарбии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.


Вакти нашр: 2020-09-17 10:23:59    Хонданд: 51    Муфассал...

Бо Эмомалӣ Раҳмон – ба сӯйи фардои дурахшон

Нимаи дуюми рӯзи 16 - уми сентябри соли 2020 дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори МТМУ №72-и ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон баргузор гардид.
Дар он раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Азизхӯҷа Азизов, раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон Рафиқа Мўсоева, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдуалим Норасов, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Назокат Маҳмадзода иштирок ва суханронӣ карданд.
Рафиқа Мўсоева дар баромади худ солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандиро ёдовар шуда, қайд намуд, ки барои мардуми мо дар замони душвори ҷанги шаҳрвандӣ нафаре лозим буд, ки халқро соҳибӣ карда тавонад. Ва маҳз Эмомалӣ Раҳмон аз миёни халқ ба сари қудрат омада, халқро сарҷамъ кард ва  давлати нави тоҷиконро дубора аз сифр оғоз намуд.  
Ҳамон талошҳои ин қаҳрамони миллат буданд, ки мо имрӯз ба сулҳу субот ва ваҳдату якдилӣ расидем. Пас месазад, ки номзади ҲХДТ - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар маъракаи интихоботии дарпешистода якдилона ҷонибдорӣ намуда, ба эшон овоз диҳем, - илова намуд Мўсоева Р.
Дар идома дигар баромадкунандагон низ вобаста ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ суханронӣ карданд. 
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ оид ба рушду босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, ташаббусҳои бузурги фарҳангиву маънавӣ, иқдомҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат изҳори андеша намуда, Эмомалӣ Раҳмонро номзади арзанда унвон карданд.

 


Вакти нашр: 2020-09-17 10:35:50    Хонданд: 45    Муфассал...

Интихобот – ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ

16-уми сентябри соли ҷорӣ дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  сокинони Муассисаи истифодабарии манзил 2 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20  доир гардид.  
Дар вохӯрӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил  Обидов,  муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода, директори Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” Умеда Воҳидзода иштирок ва суханронӣ намуданд.  
Зикр гардид, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади он дар ҳафт соли  гузашта пурра иҷро шудааст, ки дилхоҳ шаҳрванд бо чашми сар онро дида метавонад ва  Барномаи пешазинтихоботии навбатии он тамоми самтҳои хоҷагии халқ,   беҳ гардидани сатҳи зисту зиндагӣ ва дигар масъалаҳои муҳимро дар бар мегирад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки бо ин Барномаи навбатии пешазинтихоботӣ ояндаи кишвар боз ҳам ободу зебо хоҳад шуд. 

 


Вакти нашр: 2020-09-17 10:47:51    Хонданд: 46    Муфассал...

БАРОИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДӢ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

 17-уми сентябри соли 2020 дар доираи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таблиғи самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ибтикори ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе бо  иштироки роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе Насимҷон Ҳомидзода, ва дигар намояндагони ташкилот дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи  давлатии Аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур вохӯри доир гардид. 
          Масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар вохӯрӣ доир ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуданд.
     Таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдату якдилӣ дар партави иқдомҳои ҷавонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” наздик ба 10 сол аст, ки хизмати содиқонаи худро дар тарбияи ватандӯстиву худшиносии ҷавонон нақши босазо гузоштааст, - аз ҷумла зикр намуд Насимҷон Ҳомидзода.
      Дар охир Изҳороти Шӯрои марказии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳошияи маъракаи муҳими сиёсӣ-Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.
     Дар навбати худ иштирокчиёни вохӯри иброз доштанд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ сарбаландона дар саффи пеш истода райъи худро баҳри боз ҳам гулгулшукуфон гаштани Тоҷикистон ба номзади арзандаи худ мегузорем.
Ҳамзамон, ба ҳозирин шумораи махсуси нашрияи “Мароми пойтахт”, ки дар он Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нашр шудааст, тақсим карда шуд. 

 


Вакти нашр: 2020-09-17 14:47:47    Хонданд: 42    Муфассал...

ОВОЗИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН МУҲИМ ВА ҲАЛКУНАНДА АСТ

Нимаи аввали 17-уми сентябр  дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардид.  
Дар вохӯрӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил  Обидов, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода, директори Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” Умеда Воҳидзода иштирок ва суханронӣ намуданд.  
Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки бо шарофати фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҲХДТ номзадиашро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, кишвари мо аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфта, рў ба рушд ниҳод. Самтҳои тамоман фалаҷгаштаи кишвар ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ аз сари нав бо ибтикороти Пешвои маҳбубамон аз сари нав ба фаъолият шурўъ намуданд. Хушбахтона, бо матонату истодагарии ў имрўз мулк обод гардида, мардум дар фазои амну оромӣ ба сар мебаранд. 
Ҳамзамон, масъулин таъкид карданд, ки ҳамагон хуб медонанд, ки дар интихоби ин шахсияти таърихӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ хато накарда буданду бо интихоби худ, имрўз дар мулки соҳибистиқлол кору зиндагӣ менамоянд. Бояд гуфт, ки интихоби ояндаи гулгуншукуфоии мо аз имрўз вобастагии калон дорад. Пас, дар он бояд ба ҷонибдории номзади арзанда овоз бояд дод. 
Ёдовар мешавем, ки нимаи дуюми рўз низ чунин вохўрӣ дар бинои Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

 


Вакти нашр: 2020-09-17 17:54:19    Хонданд: 38    Муфассал...

Эмомалӣ Раҳмон - ташаббускори масъалаҳои об

17 - уми сентябри соли ҷорӣ дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон мулоқот баргузор гардид. 
Ин навбат дар гурӯҳи таблиғотӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Азизов А., роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Муродов Ҷ., сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лангарӣ С. ва собиқадори ҳизб Сафаров С. иштирок ва баромад намуданд.
Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми ҳафт соли гузашта дар доираи “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” доир ба таъмин намудани аҳолии кишвар бо оби босифати ошомиданӣ корҳои бузургеро анҷом додааст.
Дар самти таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва обёрии заминҳои кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 52 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми қариб 8 млрд сомонӣ татбиқ гардид. Дар ин замина гуфта шуд, ки маҳз бо талошҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои глобалии оби ошомиданӣ дар миқёси ҷаҳон таваҷҷуҳи Президенти мамлакати мо Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускори масъалаҳои об муаррифӣ намуд.
Дар идома баромадкунандагон вобаста ба дигар самтҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки  барои дурнамои устувор бояд ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз дод. 

 


Вакти нашр: 2020-09-17 17:59:53    Хонданд: 44    Муфассал...

БА ҶОНИБДОРИИ НОМЗАДИ АРЗАНДА ОВОЗ МЕДИҲЕМ

Нимаи аввали рӯзи 17-уми сентябри соли ҷорӣ дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори Донишкадаи ҳарбии Тоҷикистон, воқеъ  дар ноҳияи Сино вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. 
Дар вохӯрӣ муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  Заррина Файзуллозода, Абдуалим Норасов, аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино иштирок намуда, нуктаҳои асосии Барономаи  пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027-ро зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба саҳми интихобкунандагон расониданд.
Дар ин замина, Асрор Латифзода шарҳи  ҳоли номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қироат намуда, оид ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ва фаъолияту корномаҳои беназири Пешвои муаззами миллат суханронӣ кард.
Ҳамзамон, Иброҳим Мирзозода  баромад намуда, самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ-ро ба саҳми иштирокдорон расонид.  
Дар анҷом даъват ба амал оварда шуд, ки рӯзи 11-октябр ба хотири ояндаи дурахшони Тоҷикистон райъи ҳар як шаҳрванди диёр хеле муҳим аст. .

 


Вакти нашр: 2020-09-17 18:05:08    Хонданд: 55    Муфассал...

ОВОЗИ МАН – САҲМИ МАН ДАР ОБОДИИ ТОҶИКИСТОН

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нимаи дуюми имрӯз дар толори Ташкилоти  ҷамъиятии мададгори  Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷиикстон дар ноҳияи Сино вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. 
Дар вохӯрӣ аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  Заррина Файзуллозода, Умринисо Казакова, Ҳусния Кӯчарова, Насимҷон Ҳомидзода, инчунин аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино  иштирок намуда, нуктаҳои барономаи  пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба саҳми интихобкунандагон расониданд.
Дар вохӯрии мазкур зикр гардид, ки шаҳрвандони кишвар бояд дар интихобот ба ҷонибдории номзади арзандаи хеш овоз дода, барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон саҳми худро гузоранд.
Ёдовар мешавем, ки чунин вохӯрии гурӯҳи корӣ дар МТМУ № 82-и ноҳияи Сино низ баргузор гардид. 

 


Вакти нашр: 2020-09-17 18:11:26    Хонданд: 57    Муфассал...

КУЛУХАНДОЗРО ПОДОШ САНГ АСТ...

Ин шабу рӯз, ки дар фазои орому осудаи кишвари соҳибистиқлоли мо маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва аз пайки озодиву ихтиёр ва демокративу мухторӣ башорат медиҳад, нохалафоне аз тариқаву гурӯҳҳои ифротӣ ба бадном кардан ин маърака ва ношаффофу ноозод будани машғуланд.

Аз ҷумла, нохалаф Муҳиддин Кабирӣ 16-уми сентябр дар Барномаи Осиёи Марказии Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони Амрико суханронӣ карда, вазъи сиёсию иқтисодии Тоҷикистонро дар аҳди коронавирус вахим арзёбӣ намуда, аз ҷараёни интихоботи президентии кишвар интиқод намудааст. Бояд гуфт, ки ин баҳогузорӣ давоми баҳогузориҳои қаблии сарсариву муғризонаи ӯ аст, ки бидуни андеша ва далолили зарурӣ баҳогузорӣ намудааст. Аммо чунончӣ аз таҳлилҳои амиқи коршиносони дохилӣ ва иқтисоддонҳо бармеояд, дар давраи Коронавирус иқтисоди Тоҷикистон муътадил боқӣ монда, марҳила ба марҳила рушд кардааст. Дар ин давра бо ба даст гирифтани “карантини нарм” ин ҳолат ба хубӣ паси сар шуда, рушди доманадори бахшҳои гуногуни кишвар идомат пайдо кардааст. Интихоботи имсола низ бомаром ҷараён дорад ва мардуми кишвар ба он омодагиҳои ҷиддӣ дида истодаанд, то ба хотири рушду пешрафти ояндаи Тоҷикистони маҳбуб овози худро бидиҳанд. Пас, худ қазоват кунед, вақте мардуми сарбаланди тоҷик рӯҳияи идона доранд, суханҳои пучу беасоси як нафар, ки дар хориҷ қарор дорад ва аз ҳолу ҳавои ин ватан бехабар аст, чӣ гуна асоси воқеӣ дошта метавонад? Ҳолро надида сухан гуфтан сухане бемантиқ ва беасосу бепоя аст. Ё ба таъбири мардумӣ “Кулухандозро подош санг аст”.

Мардуми Тоҷикистон аз кинаву ғараз ва нияту нақшаҳои нопоки ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом ба хубӣ огаҳӣ дорад. Хусусан, пинҳону ошкоро ва фитнагароёна амал намудани террорист ва хоини миллати тоҷик Муҳиддин Кабирӣ ҳамагонро ба ҳайрат мегузорад. Ростӣ чун аз таърихи хиёнаткориҳои наҳзатиҳо дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳамзамон баъди баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ огоҳем, ин ташкилоти террористӣ ҳамеша бадандешиву бадниятиро пешаи хеш қарор дода, бо роҳнамоиву ҳидоятҳои хоҷагонашон мунтазам фаъолият ва амал мекунанд.

Маҳз чунин андешаву омоли разилона буд, ки Кабирии бешараф бо роҳнамоии хоҷагони хеш бори дигар хостори барангехтани кинаву адоват ва гумроҳкунии мардум гардид. Хушбахтона, ин разили гумроҳшуда ба мақсаду ниятҳои нопоки худ нарасид ва неруҳои қудративу халқи азиз садди роҳи ин бешараф гардиданд.

Бо роҳбарии Кабирӣ шурӯъ шудани ошӯби генерали хоин Абдуҳалим Назарзода, бори дигар аз тинани сиёҳ ва ҳадафу нақшаҳои муғризонаи наҳзатии наҳс ва роҳбари нохалафи ӯ шаҳодат медод. Бахусус, дар қароргоҳи ҳизб, ки бо номи исломи пок омезиш дода шуда буд, тарҳрезӣ намудани нақшаҳои нопок ва кӯшишҳои табаддулоти давлатӣ худ боиси он аст, ки ин зархаридони хоҷаҳои хориҷӣ аз таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ, рӯзҳои мудҳиши гуреза шудани падару модарон ва пирони хирад, ятимкунии кӯдакони бегуноҳ, бесаробон мондани оилаҳо ва дигар омилҳо бори дигар ба худ ибрат нагирифта, боз даст ба амалҳои нангин ва нафратангез заданд.

Моро зарур аст, ки дар мубориза бо наҳзатиён ва Кабирии нохалаф зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва нагузорем, ки аз чунин тири хоҷагон ба Ватани маҳбубамон осебе расад.

Анварзода А. М.,

узви фаъоли ҲХДТ


Вакти нашр: 2020-09-18 09:19:21    Хонданд: 53    Муфассал...

ИНТИХОБОТ - МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ

Нимаи дуюми рӯзи 17-уми сентябри соли равон дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Нуъмонҷон Ғаффорӣ, мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Руқия Амробекова, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Аслов Тоҷиддин, устоди Донишгоҳи милии Тоҷикистон Изатулло Раҳматуллозода ва ҳамчунин вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур Моҳтоббӣ Бобоева иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр шуд, ки сиёсати созандаву бобарори Пешвои миллат барои рушди устувори кишвар ва таъмини зиндагии сазовори мардум дар давраи ҳафт соли сипаригардида, ба таври шоиста амалӣ гардид.

Вобаста ба Барномаи пешазинтихоботӣ дар ҳафт соли оянда, таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, дар доираи татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръат бо ҷалби бахши хусусӣ корхонаҳои истеҳсолии нав бунёд гардида, истеҳсоли маҳсулоти ба рақобати бозор тобовар ва ба содирот нигаронидашударо ба роҳ монда, тамоми иқтидорҳои мавҷударо дар ин самт сафарбар созем.

Гуфта шуд, ки интихобот як маъракаи муҳими сиёсӣ дар идоракунии давлат маҳсуб мегардад, ки шаҳрвандон бо интихоби худ дар умури сиёсии давлат саҳм мегузоранд. Аз ин рӯ, шахсони боэътимод аз сокинону интихобкунандагон даъват баа амал оварданд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, ба ҷонибдории номзади арзанда раъйи худро диҳанд.


Вакти нашр: 2020-09-18 11:30:05    Хонданд: 78    Муфассал...

Интихоби дуруст - ояндаи дурахшони Ватан

Нимаи аввали имрӯз дар толори Қисми низомии №12019 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Сино мутобиқи Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Заррина Файзуллозода, Муҳибулло Зувайдуллозода, Абдуалим Норасов, Нуринисо Баҳромова ва аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино иштирок намуданд.

Масъулин зимни мулоқот нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027-ро зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба саҳми интихобкунандагон расониданд.

Зикр гардид, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми воқеии маҷмўи маҳсулоти дохилӣ беш аз ду баробар афзуда, суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодӣ ба 7 фоиз баробар шуд, ки ин мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ нишондиҳандаи баланд ба ҳисоб меравад. Чунин натиҷа аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,7 баробар, кишоварзӣ 1,5 баробар, савдо 2 баробар ва сармоягузорӣ 2,7 баробар таъмин гардид.

Дар вохӯрии мазкур зикр гардид, ки 11-уми октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ интихобот баргузор мегардад ва шаҳрвандони азизи кишварамон бояд бо як рӯҳияи баланди сиёсӣ дар ин маъракаи муҳим ширкат варзида, ба тарафдории номзади арзандаи хеш овоз диҳанд.


Вакти нашр: 2020-09-18 14:13:54    Хонданд: 80    Муфассал...

Ҷонибдории номзади Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон – кафили рушду пешрафти Тоҷикистон

Нимаи дуюми рўзи 18-уми сентябри соли равон дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 доир гардид.  
Дар вохӯрӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода,  устоди Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Ҳобил Зикирзода, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Қурбонов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми воқеии маҷмўи маҳсулоти дохилӣ беш аз ду баробар афзуда, суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодӣ ба 7 фоиз баробар шуд, ки ин мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ нишондиҳандаи баланд ба ҳисоб меравад. 
Гуфта шуд, ки тибқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ  дар ҳафт соли оянда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои шуғл тадбирҳои ҷиддӣ андешида, барои боз ҳам беҳтар гардонидани солимии ҷомеа ба соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзалият дода мешавад. Фарҳанг ҳастии миллат ва яке аз роҳҳои асосии баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа мебошад. Аз ин рў дар ҳафт соли оянда низ дар инкишофи фарҳанг, санъату мусиқӣ, театр, кино, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, иттилоот ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии шаҳрвандон тадбирҳои асоси андешида мешавад.  Ҳукумати кишвар аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати давлат ва ҳалли мушкилоти вобаста ба оила ва занон диққати аввалиндараҷа дода, дар ҳафт соли оянда ҳам мақсад аст, ки ташаббусҳои созандаи ҷавононро дастгирӣ карда, нақши занон дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта, оммавигардонии варзиш тақвият дода шавад.   

 


Вакти нашр: 2020-09-19 11:09:18    Хонданд: 59    Муфассал...

Интихоби дуруст - ояндаи нек

Нимаи дуюми рӯзи 19-уми сентябри соли 2020 дар толори МТМУ 101-и ноҳияи Синои пойтахт мутобиқи Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  Ҳақназар Каримзода, Заррина Файзуллозода,  Муҳибулло Зувайдуллозода, Абдуалим Норасов ва аъзои дигари гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино иштирок намуданд.  
Баъд аз муаррифии ҳайати Раёсати вохӯрӣ, номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода баромад намуда, оид ба самтҳои муҳими Барномаи пешазинтихоботии худ маълумоти муфассал дод. 
Сипас, муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ дар самти натиҷаҳои самарабхши самтҳои муҳими хоҷагии халқ давоми ҳафт соли охир мароқи ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид дошт, ки воқеан ҳам кишавари мо дар ин муддат тавассути Сарвари хирадпешааш ба таври чашмгир рушду пешрафт намуда, мавқеъ ва нуфузашро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам пурзуру устувортар намуд.
Бо итминони ифтихору қаноатмандӣ афзуд, ки  бо амалинамоии Барномаи навбатии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишавари мо аз ин ҳам ободу зебо гардида, ба нияту нақшаҳои некамон ноил мегардем.
Дар ин миён, аъзои дигари гурӯҳ низ оид ба дастовардҳои бесобиқаи кишварамон дар ин марҳила нуктаҳои ҷолиб баён дошта, натиҷаи чунин дастовардҳои арзишмандро боиси таъкид ва зикри махсус номиданд.   
Ҳамчунин, аз ҷониби масъулин даъват ба амал оварда шуд, ки дар рӯзи  11-уми октябри соли ҷорӣ ҳар як шаҳрванди диёр бояд мутобиқи уҳдадориҳои ҳуқуқии хеш дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштироки фаъолона намуда, ба ҷонибдории номзади арзанда овоз диҳанд.
 

 


Вакти нашр: 2020-09-19 19:14:18    Хонданд: 48    Муфассал...

ДАСТГИРИИ СОҲИБКОРОН – ҲАДАФИ БАРНОМАВИИ ҲХДТ

21-уми сентябри соли равон дар толори ҶДММ “Султони Кабир” вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон баргузор гашт, ки дар он роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  Ҷӯрабек Муродов, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Азизхӯҷа Азизов, собиқадорони ҲХДТ Сайфулло Сафаров, Бойалӣ Ҳусейнов, аъзои ситоди шаҳрии ҳизб Рамазон Одиназода иштирок ва суханронӣ карданд.

Аз тарафи гурӯҳи корӣ гуфта шуд, ки баҳри ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се соли охир дар соҳаи саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, паррандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ гардид. Дар идома, аъзои гурӯҳи таблиғотӣ вобаста ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баромад намуда, аз сокинон даъват ба амал оварданд, то дар рӯзи интихобот фаъолона иштирок намуда, ба ҷонибдории номзади арзанда аз ҲХДТ овоз диҳанд.


Вакти нашр: 2020-09-21 17:47:38    Хонданд: 37    Муфассал...

БО ИНТИХОБИ ДУРУСТ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ВАТАНРО МЕСОЗЕМ

21-уми сентябри соли ҷорӣ дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии 88-и ноҳияи Сино вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Заррина Файзуллозода, Назокат Маҳмадзода, Абдуалим Норасов, инчунин дигар аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино  иштирок намуда, нуктаҳои барономаи  пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба саҳми ҳозирин расониданд.

Дар ин замина, аз ҷониби гурӯҳи корӣ оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат дар марҳилаи давлатдории навин нуктаҳои арзишманд баён дошта, зикр гардид, ки халқи тоҷик дар пешорӯйи маъракаи муҳими сиёсӣ, Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва аз интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз ҳуқуқи Конститутсионии худ фаъолона иштирок намуда, ба номзади арзандаи худ овоз диҳанд. Интихобот ҳуқуқи Конститутсионии ҳар як  шаҳрванд буда, ба ҷонибдории номзади арзанда овоз додан, ин муайян намудани иродаи шаҳрвандӣ аст.

Ёдовар мешавем, ки чунин вохӯрии гурӯҳи корӣ нимаи дуюми рӯз дар МТМУ №93 низ гузаронида шуд.

 


Вакти нашр: 2020-09-21 17:49:03    Хонданд: 32    Муфассал...

ҲАМОИШИ АЪЗОИ ФАЪОЛИ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Бо  мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва вусъат бахшидани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бо усулҳои муосири “кӯча ба кӯча”, “хона ба хона” ва “рӯ ба рӯ” 21-уми сентябри соли ҷорӣ дар арафаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино дар доираи нақша-  чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” бо аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш масъулин ва аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки имрӯз ҷомеаи мо дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва аз ҳар як узви ҷомеа тақозо менамояд, ки дар рӯзи баргузории  ин чорабиниҳои муҳими сиёӣ бо ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ ба тарафдории номзади арзанда овоз диҳанд. Зеро интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ буда, баёнгари соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ мебошад.

       Дар охир Изҳороти Шӯрои марказии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳошияи маъракаи муҳими сиёсӣ-Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Ҳамзамон, ба иштирокчиёни ҳамоиш нашри махсуси рӯзномаи “Мароми пойтахт”, ки дар он Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нашр шудааст, тақсим карда шуд.


Вакти нашр: 2020-09-21 18:11:31    Хонданд: 28    Муфассал...

Суханронӣ дар видеоконференсия бахшида ба гиромидошти хотираи собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ

21.09.2020
http://www.president.tj/node/23926

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар видеоконференсия бахшида ба гиромидошти хотираи собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ, ки дар шаҳри Лондони Британияи Кабир баргузор гардид, суханронӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Бурҳониддин Раббонӣ ҳамчун шахсияти боматонат, таҳаммулгаро, инсондӯст, дурандеш ва сиёсатмадори варзида дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва берун аз он бо некӣ ёдовар шуда, нақши уро дар талошҳои пайгирона ба хотири истиқрори сулҳу оромӣ дар минтақа ва Афғонистон назаррас арзёбӣ намуданд.

Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои раёсати профессор Раббонӣ яке аз давраҳои мушкилтарини таърихи муосири Афғонистон ба ҳисоб рафта, Ӯ муддати 50 сол дар меҳвари равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фикрии кишвараш қарор дошт.

Дар идомаи суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Раббонӣ ба унвони як сиёсатмадори шинохта дар раванди сулҳи тоҷикон саҳмгузор буд.

Бо ёдоварӣ аз муштаракоти зиёди фарҳангиву таърихии ду кишвари ҳамҷавор Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар паҳлуи ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қарор дошт ва минбаъд низ аз сиёсати сулҳҷӯёнаи ин кишвари дӯсту бародар пуштибонӣ хоҳад кард.

Тоҷикистон ҷонибдори истиқрори сулҳ ва рушди иқтисодиву зербиноии Афғонистон мебошад, то ки тамоми мардуми ин кишвари бостонӣ дар фазои амну субот ва саодату рифоҳ зиндагӣ намоянд, таъкид намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва изҳори боварӣ намуданд, ки мардуми шарифи Афғонистон, ки чунин шахсиятҳои барҷаста, аз қабили профессор Раббонӣ дорад метавонад тақдиру ояндаи сарзамини куҳантаърихи худро ба даст гирифта, ба хотири расидан ба амнияти пойдор, сулҳу суботи устувор ва ободии кишвари худ пайгирона талош намояд.


Вакти нашр: 2020-09-22 09:07:32    Хонданд: 31    Муфассал...

САТҲИ КАМБИЗОАТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДАР 7 СОЛИ ОХИР АЗ 38,3 ТО БА 26,3 РАСОНИДА ШУД

21 сентябри соли равон дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори Маркази саломатии шаҳрии №4 вохӯрии шахсони боэътимод, гуруҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон доир гардид.
Дар вохӯрӣ Ашӯрбой Солеҳзода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иброҳим Мирзозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, роҳбари ситоди пешазинтихоботии шаҳрии ҳизб, Заррина Зуҳурова, сардори Раёсати кор бо зан ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ширкат ва суханронӣ намуданд.
А. Солеҳзода барномаи 7 соли гузаштаро таҳлилу баррасӣ намуда, таъкид кард, ки он иҷро шуда, баъзе нишондиҳандаҳо барзиёд иҷро гардидаанд. Мавсуф дар мавриди бунёди садҳо корхона, рушди деҳоти Тоҷикистон, амнияти озуқаворӣ, афзоиши буҷаи давлат, афзудани ҳаҷми истеҳсолот ва ғайра ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки сатҳи камбизоатӣ дар 7 соли охир аз 38,3 то ба 26,3 расонда шуд.
И. Мирзозода  Барномаи навбатии пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода,онро идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар мамлакат номид. Мавсуф роҷеъ ба самтҳои сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф ва илм,шуғл, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, маънавиёт, иттилоот,, ҷавонон, занон ва варзиш ба ҳозирин маълумоти саҳҳеҳ дода, изҳор дошт, ки тамоми ин нақшаву барномаҳои ҳадафманду созанда барои ободии ин сарзамин ва ояндаи дурахшони насли имрӯзу оянда пешбинӣ гардидааст.
З. Зуҳурова дар мавриди баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеа дар даврони соҳибистиқлолӣ, муҳимияти маъракаи дарпешистода, иштироки фаъолонаи тамоми қишрҳои ҷомеа дар ин маърака таъкид намуд.


Вакти нашр: 2020-09-22 09:20:09    Хонданд: 34    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №95 вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотии Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ Зувайдуллозода М.Ҳ., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф., аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Казакова У.С., инчунин аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сафаров Ш.М. иштирок намуда, барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба  интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-09-22 09:58:36    Хонданд: 54    Муфассал...

РӮ БА РӮ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 21.09.2020
Дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65  вохӯрии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳзоби сиёсӣ ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагон мулоқти судманд доир гардид. 
Аснои вохӯрӣ вобаста ба паҳлуҳои мухталифи барномаҳои пешазинтихоботӣ ва тавзеҳи онҳо бо интихобкунандагон мулоқоти судманд доир гардид. 
Зикр шуд, ки интихоботи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  умумист. Ҳар шаҳрванди 18-сола новобаста аз аҳволи иҷтимоӣ ва молумулкӣ, мансубияти миллӣ ва нажодӣ, ҷинс, забон, маълумот, муносибат ба дин, навъу шакли машғулияг ҳукуқн интихоб кардан дорад. Ин ҳуқуқ дар маъракаи интихобот бо чораҳон ташкилӣ кафолат дода мешавад. Таъкид шуд, ки интихоботи Президент дар кишвар нишонаи соҳибдавлатӣ буда, ин маъракаи муҳими сиёсӣ бояд ба таҳкими ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ҳамбастагии ҷомеа, арзишҳои миллӣ,  раванди демократии ҷомеа ва рушди устувори минбаъдаи давлат мусоидати фаъол намояд.
Аз ҳамаи иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар рӯзи интихобот фаъолона интирок намуда, ба номзади арзандаи хеш раъй диҳанд.


Вакти нашр: 2020-09-22 10:33:55    Хонданд: 37    Муфассал...

Маъракаи муҳими сиёсӣ

18-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, воқеъ дар ноҳияи Сино мутобиқи Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.  
Дар вохӯрӣ аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  Заррина Файзуллозода, Муҳибулло Зувайдуллозода, Ҳақназар Каримзода, Баҳором Исмоилзода ва аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино  иштирок намуданд.  
Масъулин зимни мулоқот нуктаҳои асосии Барномаи  пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027-ро зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба саҳми интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-09-19 11:44:05    Хонданд: 31    Муфассал...

ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

   Гуруҳи таблиғотии Ситоди пешазинтихоботӣ бо фаъолон ва ҳайъати кормандони итифоқҳои касаба вохӯрии хотирмон доир намуданд. Дар вохӯрӣ Мирзозода Иброҳим - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Обидов Фозил Саидович-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муинӣ Мавсума-муовини раиси шаҳри Душанбе, Муҳаммадзода Парвиз-муовини директори маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғанизода Ҷамшед- Ректори Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон  иштирок ва суханронӣ намуданд.
    Аснои суханрони зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатиро дар солҳои 2013-2020 ба тарзу услубе роҳандозӣ намуд, ки кори пурсамари тамоми сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ таъмин гардида, барои ҳар сокини мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё гардид. Ҳамаи ин тавассути иҷрои консепсия, стратегия ва барномаҳои мушаххаси давлатӣ, хусусан амалишавии Барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, таҳти шиори «Барои ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» таҳия гардида,  иҷрои нақшаҳои он ба солҳои 2013-2020  рост омада, бараъло амалӣ гардид.
Дар ин давра як қатор муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ, беморхонаҳо, варзишгоҳҳо, толорҳои варзишӣ, мақдончаҳои варзишӣ ва Комиссияи олии атестатсионӣ дар назди Президенти кишвар бунёду таъсис дода шуд. Зикр шуд, ки дар росто танҳо да пойтахти кишвар 258 майдончаи варзишӣ бунёду ба истифода дода шуд. 
        Ба хусус сиёсати хориҷии кишвар низ ба таври шоиста вусъати тоза пайдо кард. Дар ин давра шумораи кишварҳои шарикони стратегии Тоҷикистон ба шаш давлат расонида шуд, ки ин аз самаранокии ҳамин марҳилаи тарихии сиёсати хориҷии кишвар ва дипломатия дарак медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркманистон, Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Белоруссия эъломияи муштараки шарикии стратегиро ба имзо расонид, ки  дар натиҷаи он қадамҳои сифатан нав дар самти таҳкими сиёсати дўстона бо ин давлатҳо гузошта шуданд. 
        Дар интиҳо даъват ба амал оварда шуд, ки рӯзи интихобот фаъолона иштирок намуда, барои рушди босуботу ҷомеаи ободи кишвар якдилона ба тарафдории номзади арзанда овоз диҳанд.


Вакти нашр: 2020-09-22 16:22:16    Хонданд: 32    Муфассал...

Интихобот иштироки фаъолонаро тақозо мекунад

22-юми сентябри соли равон гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Коллеҷи технологӣ вохӯрӣ ташкил намуданд, ки дар он раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Азизхӯҷа Азизов, сарходими илмии Институти фалсафаи АМИТ Кароматулло Олимов, раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон Рафиқа Мўсоева ва дигар намояндагони ҳизби ноҳияи Фирдавсӣ иштирок доштанд.
Меҳмонон таъкид доштанд, ки дар сохтори содирот молу маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои кишвар зиёда аз 450 номгӯйро ташкил дода, ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 18,9 фоизи соли 2013 ба 27,4 фоиз дар соли гузашта расидааст.
Инчунин, масъулин вобаста ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маърӯза намуда, таъкид карданд, ки дар рӯзи интихоботи президентӣ сокинон номзади арзандаи хешро, ки тӯли ин давра сарсупурдагӣ, ҷонфидоӣ барои миллату Ватан намуданд, интихоб намоянд.
Хотирасон мекунем, ки гурӯҳи кории таблиғотӣ дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чунин мулоқоту вохӯриҳоро ба роҳ монда истодаанд.

 


Вакти нашр: 2020-09-22 17:14:46    Хонданд: 30    Муфассал...

БА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ВАТАН РАЪЙ МЕДИҲЕМ

22-юми сентябри соли ҷорӣ дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 96-и ноҳияи Сино вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар вохӯрӣ аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Заррина Файзуллозода, Нурҷаҳон Исмоилов, Хуршеда Ҳошимова, аъзои гурӯҳи таблиғотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино иштирок намуда, нуктаҳои барономаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба саҳми интихобкунандагон расониданд.
Аъзои гурӯҳи корӣ оид ба ҷониссориҳо, заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.
Зикр гардид, ки ҳоло дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ марҳала ба марҳала идома дошта, гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои тараққиёти устувор тибқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ шуда истодааст. Дар ҳафт соли охир ҳаҷми воқеии маҷмўи маҳсулоти дохилӣ беш аз ду баробар афзуда, суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодӣ ба 7 фоиз баробар шуд, ки ин мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ нишондиҳандаи баланд ба ҳисоб меравад.
Дар охир аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар Интихобот иштирок варзида, қарзи шаҳрвандии хешро иҷро намоянд.
Ёдовар мешавем, ки чунин вохӯрии гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Сино идома дорад.

 


Вакти нашр: 2020-09-22 17:43:48    Хонданд: 33    Муфассал...

Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум

  22-уми сентябри соли 2020 дар доираи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таблиғи самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо  иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Илҳомҷон Хамидиён, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Насимҷон Ҳомидзода, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Маҳмадова Назокат, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар нохияи И.Сомонӣ Шарипова Лайло, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи И.Сомонӣ Раҳмонов Ҷасур ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия ҳамоиш зери унвони “ Интиоби ман! Презитенти ман! ” доир гардид.

          Иштирокчиён дар ҳамоиш доир ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуданд.

     Таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдату якдилӣ дар партави иқдомҳои ҷавонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” наздик ба 10 сол аст, ки хизмати содиқонаи худро дар тарбияи ватандӯстиву худшиносии ҷавонон нақши босазо гузоштааст, - аз ҷумла зикр намудан иштирокчиёни ҳамоиш

Дар охир Изҳороти Шӯрои марказии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳошияи маъракаи муҳими сиёсӣ-Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

     Дар навбати худ иштирокчиёни ҳамоиш иброз доштанд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ сарбаландона дар саффи пеш истода райъи худро баҳри боз ҳам гулгулшукуфон гаштани Тоҷикистон ба номзади арзандаи худ мегузорем.

Ҳамзамон, ба ҳозирин шумораи махсуси нашрияи “Мароми пойтахт”, ки дар он Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нашр шудааст, тақсим карда шуд. 

 


Вакти нашр: 2020-09-22 18:07:46    Хонданд: 44    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №86 вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотии Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ Зувайдуллозода М.Ҳ.,  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода И.Х., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф., аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Рустамзода Ҷ. инчунин аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Низоми М.З., Раҳимзода М.Ё.  иштирок намуда, барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба  интихобкунандагон расониданд.

 


Вакти нашр: 2020-09-22 18:29:37    Хонданд: 41    Муфассал...

БАРОИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДӢ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

  22-юми сентябри соли 2020 дар доираи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таблиғи самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо  иштироки гурӯҳҳои таблиғотии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе бо  устодону донишҷӯёни Донишкадаи тиббӣ - иҷтимоии Тоҷикистон ҳамоиш зери унвони “ Интихоби ман! Президенти ман! ” доир гардид.

          Иштирокчиён дар ҳамоиш доир ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф ва илм, ҷавонон, занон ва варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуданд.

     Ҳамзамон таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату якдилӣ дар партави иқдомҳои ҷавонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”  10 сол аст, ки хизмати содиқонаи худро дар тарбияи ватандӯстиву худшиносии ҷавонон нақши босазо гузоштааст. 

     Дар  ин миён иштирокчиёни ҳамоиш иброз доштанд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуда,  райъи худро баҳри боз ҳам гулгулшукуфон гаштани Тоҷикистони  азиз ба номзади арзандаи худ мегузоранд.


Вакти нашр: 2020-09-22 19:10:27    Хонданд: 43    Муфассал...

ТОҶИКИСТОН – ТАШАББУСКОРИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ОБ

22 - уми сентябри соли 2020 дар толори Маркази милии ташхис вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо интихобкунандагон баргузор гардид. 
Дар вохӯрӣ аъзои гурӯҳи таблиғотӣ Назокат Маҳмадзода, Азизхӯҷа Азизов, Солеҳзода Ашӯрбой, Мусоева Рафиқа, Камолова Маҳбуба, Одиназода Рамазон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки маҳз бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли проблемаҳои глобалиии ҷаҳон дар самти оби ошомиданӣ як қатор ташаббусҳои байналмилалӣ рӯйи кор омадаанд. Ин аст, ки Пешвои миллатро ҷаҳониён ҳамчун ташаббускори масъалаҳои об мешиносанд. Инчунин, дарҷ гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми ҳафт соли гузашта дар доираи “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” доир ба таъмин намудани аҳолии кишвар бо оби босифат низ корҳои бузургеро ба анҷом расондааст.
Дар идома баромадкунандагон вобаста ба самтҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки  барои ҳафт соли шукуфоии дигар бояд ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз дод.


Вакти нашр: 2020-09-23 14:24:42    Хонданд: 34    Муфассал...

Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум

     23-юми сентябри соли 2020 дар доираи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таблиғи самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо  иштироки гурӯҳҳои таблиғотии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе бо  устодону донишҷӯёни Донишкадаи Исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам  вохӯри зери унвони “ Интихоби ман! Президенти ман! ” доир гардид.

          Иштирокчиён дар вохӯри доир ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф ва илм, ҷавонон, занон ва варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуданд.

     Ичунин таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату якдилӣ дар партави иқдомҳои ҷавонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”  10 сол аст, ки хизмати содиқонаи худро дар тарбияи ватандӯстиву худшиносии ҷавонон нақши босазо гузоштааст. 

       Дар навбати худ иштирокчиёни вохӯри иброз доштанд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ сарбаландона дар саффи пеш истода райъи худро баҳри боз ҳам гулгулшукуфон гаштани Тоҷикистон ба номзади арзандаи худ мегузорем.

      Дар охир Изҳороти Шӯрои марказии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳошияи маъракаи муҳими сиёсӣ-Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.    

      Ҳамзамон, ба ҳозирин шумораи махсуси нашрияи “Мароми пойтахт”, ки дар он Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нашр шудааст, тақсим карда шуд. 

Дар  ин миён иштирокчиёни ҳамоиш иброз доштанд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуда,  райъи худро баҳри боз ҳам гулгулшукуфон гаштани Тоҷикистони  азиз ба номзади арзандаи худ мегузоранд.


Вакти нашр: 2020-09-23 15:04:43    Хонданд: 38    Муфассал...

Барои рушди устувори иқдисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум

22-юми соли равон вохӯрии гуруҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати таблиғи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди участкаи интихоботии №:12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Дар он Мирзозода Иброҳим Холмурод- роҳбари Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Расулзода Насимҷон- роҳбари Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳамидиён Илҳомҷон-аъзои Ситоди пешазинтихоботии КИМ ҲХДТ, Ғаффорӣ Нуъмонҷон ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар идомаи вохӯрӣ Мирзозода Иброҳим Холмурод  самтҳои пешрафти босуботи иқдисодии мамлакат, пеш аз ҳама дар натиҷаи татбиқи ҳуҷҷатҳои қабулгардида афзалиятнок, аз ҷумла "Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015", "Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015", "Барономаи миёнамулаҳти рушти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020",  "Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои солҳои 2009-2018" ва дигар барномаҳои давлатӣ таъмин гардид.
Инчунин Ҳамидиён Илҳомҷон самти барнома “Ҷавонон, занон ва варзиш”  баромад намуда  қайд намуд, ки таҳким бахшидан ба заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, аз ҷумла дар таҳрири нав қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон", "Стратегияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон ва "Консепсияи милли сиёсати давлатии ҷавонон" муҳокима шуд.
Дар фарҷом якдилона аз номзади арзандаи ҲХДТ- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ карда шуд.


Вакти нашр: 2020-09-23 15:13:07    Хонданд: 37    Муфассал...

ҲХДТ - барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум

Нимаи аввали имрӯз, 23-юми сентябри соли равон дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати васеи интихобкунандагон дар Коллеҷи техникии ДДТТ ба номи М. Осимӣ доир гардид.  
Дар вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил  Обидов, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода, муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хайрулло Мирзамонзода иштирок ва суханронӣ намуданд.     
Дар рафти вохӯрӣ зикр шуд, ки дар рафти иҷроиши Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ҳафт соли сипаригардида, маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолии мамлакат аз 5 ҳазор сомонии соли 2013 то 8,8 ҳазор сомонӣ дар соли 2020 расонида шуд. Дар заминаи татбиқи саривақтӣ ва босифати ҳуҷҷатҳои стратегӣ бошад, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоизи соли 2013 то 26,3 фоиз дар соли 2020 паст гардида, сохтори истеъмолии аҳолӣ тағйир ёфт ва дар он ҳиссаи хароҷоти ғайриозуқаворӣ бамаротиб зиёд гардид. Дар ҳафт соли охир ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 83 миллиард сомонӣ сармоя, аз ҷумла зиёда аз 30 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид.

 


Вакти нашр: 2020-09-23 15:32:25    Хонданд: 39    Муфассал...

«ДУШАНБЕРО БА «ШАҲРИ САБЗ» ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!»

Даъвати Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи пойтахт, даъвати шашум
ДУШАНБЕ, 23.09.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Аз тамоми сокинони шаҳри Душанбе  даъват ба амал меорам, ки барои ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт саҳм гузоранд. Дар ин радиф пешниҳод менамоям, ки ҳамчун нишони ҳамраъйӣ ҳар як оилаи сокини пойтахт дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зисташон як дарахти ҳамешасабз шинонда, онро парвариш намоянд. Бо ин иқдом мо на танҳо шаҳри худро сарсабз мегардонем ва  дар ободонии он саҳм мегузорем,  балки барои  насли наврас намунаи ибрат гашта, дӯст доштани табиат, макони зист  ва сарзамини худро меомӯзем. Чунин пешниҳод намуданд Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни баргузории  иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, ки имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ  медиҳад,  имрӯз иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид.
Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва регламенти кори иҷлосия вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он 5 масъала, аз ҷумла гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №№23 ва 42, ҳисоботи муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020 – 2021 дар шаҳри Душанбе, натиҷаҳои рушди соҳаи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва вазъи амалишавии низоми электронии роҳкиро дар ин соҳа, дар бораи ворид намудани тағйирот ба замимаҳои қарорҳои №№7 ва 8 Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020, инчунин тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид карда шуд.
Дар ибтидои иҷлосия гузориши Раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо шунида, ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум аз ҳавзаҳои интихоботии №№23 ва 42-и шаҳри Душанбе Кабиров Далер Бахтиёрович ва Қувватова Рафоат Ашуровнаро тасдиқ кард.
Сипас вакилони халқ масъалаи омодагии шаҳрро ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020–2021 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.
Пас аз муҳокима ва таҳлили ҳамаҷониба ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбари дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории дахлдори Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки иҷрои «Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021″- ро таъмин намуда, фаъолияти сохторҳоро дар ин самт зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Ҳамзамон масъулини соҳаҳои марбута ҷиҳати анҷом додани корҳои бетону васлгарӣ то мавсими сардиҳо, таъмини корҳои мумфаршкунӣ дар иншооти соҳаи роҳсозӣ, тоза кардани ҳавзҳои обкашонӣ ва чоҳҳои коррезӣ, таъмири насосҳои обкашӣ, ба таври кофӣ захира кардани маҳлулҳои безараргардонӣ, тоза кардани каналу селпартоҳо ва такшингоҳҳои шаҳрӣ вазифадор гардиданд.
Раиси шаҳри Душанбе роҳбарони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор карданд, ки ҷиҳати захираи маводи озуқаворӣ, сӯзишворӣ, ангишт ва ҳезум, омодагии генераторҳои барқӣ, бехатарии зиддисӯхтор дар мавсими тирамоҳу зимистон ва омода намудани бинои иншооти соҳа барои қабули гармӣ тадбирҳои бетаъхир андешанд.
Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ва бозорҳои коммуналиву хусусӣ ҷиҳати бо нархҳои дастрас таъмин намудани сокинони пойтахт бо маҳсулоти ниёзи аввалия, захира ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Суғд, иҷрои аз меъёри асосӣ зиёди нақшаҳои захираи картошка, пиёз, сабзӣ, орд, равған, шакар, мониторинги нарху наво ва ғайра муваззаф гардиданд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки бобати таъмини фаъолияти самараноки сардхонаҳои шаҳрӣ, ҷойгир кардани маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва консерваҳо, таъмини бозорҳои хусусӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳр чораҷӯӣ намоянд.
Масъулини соҳаҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ уҳдадор гардиданд, ки кори муътадили марказҳои барқу гармидиҳӣ, захираи ангишту мазутро таъмин намуда, оид ба пайвастшавии бинову иншоот ба шабакаи гармидиҳӣ, таъмир ва сохтмони истгоҳҳои трансформаторӣ, пешгирии худсаронаи пайвасти ноқилҳо ба симчӯбҳо ва қонунвайронкуниҳо дар истифодаи қувваи барқ,  ивази пояҳои чӯбин, гузаштан ба низоми билингии пардохт, коҳиш додани қарзи истифодаи энергияи барқ ва гармӣ, инчунин  бобати дар ҳолати зарурӣ ва бо риояи технологияи муайяншуда нигоҳдорӣ намудани роҳҳои мошингарди пойтахт, омодасозии пурраи муассисаҳои давлатии истифодаи роҳҳо барои фаъолият дар ҳама гуна шароит ба миқдори зарурӣ захира намудани маводи зидди лағжишӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, инчунин   равғанҳои молиданӣ ва сӯзишворӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ намоянд.
Раиси шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи масъулини бахшҳои дахлдори шаҳрдориро ба вусъати корҳои ободонӣ, аз ҷумла тоза намудани кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳо ҷалб намуда, барои сари вақт баровардани партову хазонҳо, таъмини нақшаи шинонидани дарахту гулҳои зимистона, иваз намудани дарахтони хушкшуда, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани фаввораю курсиҳои боғҳо  дастурҳои мушаххас доданд.
Аз роҳбарони сохторҳои дахлдор талаб карда шуд, ки ҷиҳати ба инфрасохтори шаҳр мутобиқ намудани тамоми иншоот ва муассисаҳои иҷтимоии ҳудуди аз ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Душанбе воридшуда ва амалӣ кардани корҳо барои омодагӣ ба давраи зимистон  тадбирҳои зарурии саривақтиро татбиқ намоянд.
Иҷлосия натиҷаҳои рушди соҳаи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва вазъи амалишавии низоми электронии роҳкироро баррасӣ намуда, қарор кард, ки ҷиҳати татбиқ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи рушди нақлиёти истифодаи умум чораҳои амалиро роҳандозӣ намуда, реҷаи ҳаракати  нақлиёти ҷамъиятӣ ва меъёри ғунҷоиши мусофирон, таваққуфи нақлиёт дар ҷойҳои муайяншуда, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар фаъолияти ронандаҳо тадбирҳои судманд андешанд.
Вобаста ба масъалаи муҳокимашаванда Раиси шаҳри Душанбе ба масъулини соҳаи нақлиёти мусофирбар супориш доданд, ки бо мақсади татбиқи пурраи лоиҳаи “Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умум”-и шаҳри Душанбе корҳоро ҷоннок намуда, марҳила ба марҳила гузаштани хатсайрҳои боқимондаро бо ин тарзи хизматрасонӣ таъмин намоянд ва ҳамзамон  барои баланд бардоштани савия ва малакаи ронандагону муҳандисон  ва дигар масъулини корхонаҳои коммуналӣ ва ширкатҳои нақлиётӣ тадбирҳои зарурӣ  андешанд.
Ҳамзамон ба комиссия оид ба нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо дастур дода шуд, ки масъалаи рушди соҳаи нақлиёти шаҳриро дар маҷлисҳои комиссия баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ва мусоидат дар тараққиёти соҳа ба сохторҳои лозима пешниҳоду дархостҳои вакилӣ ирсол намуда, дастовардҳо ва фарҳанги истифодаи нақлиёти мусофиркашӣ ва дигар соҳаҳоро тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ тарғибу ташвиқ намоянд.
Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум ба замимаҳои қарорҳои №№7 ва 8 Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020 тағйирот ворид намуданд.
Вакилони халқ ҳамчунин як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар самти сиёсати кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳим  баррасӣ ва тасдиқ карданд.
Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки имрӯзҳо мо дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани он масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва ҳисси ифтихори ватандориро тақозо мекунад.
Дар ин робита, ба раисони ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дода шуд, ки дар ташкил ва фаъолияти участка ва ҳавзаҳои интихоботӣ мусоидат намуда, корҳои ободониву тоза кардани кӯчаю хиёбон ва шаҳраку маҳаллаҳо, ташкил ва гузаронидани шанбегиҳои дастаҷамъона, насби шиору овеза ва пурзӯр кардани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандонро дар арафа ва рӯзи интихобот таъмин намоянд.
Ҳамчунин Раиси шаҳри Душанбе изҳори боварӣ намуданд, ки ҳама дар якҷоягӣ, дар фазои ҳамдилӣ баргузории  маъракаи муҳими сиёсиро таъмин месозем.
Бо ҳамин иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум кори худро ба анҷом расонд.

 


Вакти нашр: 2020-09-23 17:19:40    Хонданд: 38    Муфассал...

ҶАЛБИ БАХШИ ХУСУСӢ ВАСИЛАИ РАСИДАН БА ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ

23 - уми сентябри соли 2020 гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии самтҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ бо интихобкунандагон дар ноҳияи Фирдавсӣ мулоқот намуданд.
Аъзои Ситод оид ба дастовардҳо, татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти занону ҷавонон, самтҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар маъракаи муҳими дарпешистодаи сиёсӣ, ваъзи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки тибқи нақшаҳои барномавии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ дар назар аст, ки давоми ҳафт соли оянда рушди устувори иқтисоди миллӣ таъмин карда шуда, дар доираи татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръат бо ҷалби бахши хусусӣ корхонаҳои истеҳсолии нав бунёд шаванд. Ва истеҳсоли маҳсулоти ба рақобати бозор тобовар ва ба содирот нигаронидашударо ба роҳ монда, тамоми иқтидорҳои мавҷударо дар ин самт сафарбар намоем.
Ҳамин тавр, дигар аъзои гурӯҳи таблиғотӣ аз сокинон даъват ба амал оварданд, то дар рӯзи интихобот фаъолона иштирок намуда, ба ҷонибдории номзади арзанда овоз диҳанд. 

 


Вакти нашр: 2020-09-23 17:30:20    Хонданд: 44    Муфассал...

БО ҲХДТ – БА СӮЙИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ВАТАН

23-юми сентябри соли ҷорӣ дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии 94-и ноҳияи Сино вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. 
Дар вохӯрӣ аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Ҳақназар Каримзода, Заррина Файзуллозода, аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино  иштирок намуда, нуктаҳои барономаи  пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба саҳми интихобкунандагон расониданд.
Дар ин замина, Ҳақназар Каримзода баромада намуда, оид ба дастовардҳои соҳаи маорифи кишавар дар замони давлатдории навин сухан гуфта, иброз дошт, ки соҳаи маориф аз аввали ба даст омадани Истиқлоли кишвар дар мадди назари Сарвари муззами миллатамон қарор дошта, то имрӯз корҳои бузурге  дар ин самт амалӣ гардиданд, ки фарзандонамон дар шароити хубу муосир таҳсил намуда, сатҳи саводнокии онҳо низ баланд гарида истодааст.

 

 


Вакти нашр: 2020-09-24 12:02:53    Хонданд: 41    Муфассал...

ОВОЗИ МАН – САҲМИ МАН ДАР ПЕШРАФТИ КИШВАР

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи 23-юми сентяр дар толори МТМУ №25-и ноҳияи Сино вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. 
Дар вохӯрӣ аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  Умринисо Казакова, Абдуалим Норасов, Шукрулло Наботов, аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино  иштирок намуда, нуктаҳои барономаи  пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба саҳми интихобкунандагон расониданд.
Дар вохӯрии мазкур зикр гардид, ки шаҳрвандони кишвар бояд дар интихобот ба ҷонибдории номзади арзандаи хеш овоз дода, барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон саҳми худро гузоранд.
Гуфта шуд, ки дастоварду пешравињо маҳсули заҳмати софдилонаи халқи азизи Тоҷикистон буда, моро водор месозанд, ки дар ояндаи наздик низ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият кунем ва барои ҳар як сокини мамлакат зиндагии шоиставу шароити беҳтарро муҳайё намоем.

 


Вакти нашр: 2020-09-24 13:08:28    Хонданд: 35    Муфассал...

Тоҷикистон – яке аз амнтарин кишварҳои ҷаҳон

Нимаи дуюми рўзи 23-юми сентябри соли равон дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон дар Коллеҷи омўзгории ДДОТ ба номи С. Айнӣ доир гардид.  
Дар вохӯрӣ муовини Раиси Шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, ректори Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Нуъмонҷон Ғаффорӣ, муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хайрулло Мирзамонзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Шоҳзод Латифзода, мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Руқия Амробекова  иштирок ва суханронӣ намуданд.     
Дар рафти вохӯрӣ зикр шуд, ки дар ҳафт соли охир дар самти роҳ пешравиҳои куллан ба назар мерасад. Аз ҷумла, дар ин давра, беш аз 1500 километр роҳи мошингард, 190 пул, 4 долони зидди тарма ва 50 километр роҳи оҳан бунёду навсозӣ гардида, имконияти транзитии кишвар густариш дода шуд. Дар натиҷа Тоҷикистон тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ аз рўи нишондиҳандаи сифати роҳҳои мошингард дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намуд. 
Ичунин, аз ҷониби гурўҳи корӣ қайд гардид, ки ҳоло омодагӣ ба Ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ идома дорад, ки дар доираи нақшаи ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ тасдиқгардида, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар беш аз 25 ҳазор иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва сайёҳӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

 


Вакти нашр: 2020-09-24 13:22:20    Хонданд: 47    Муфассал...

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АБАРМАРДЕ, КИ ДИЛИ ДУНЁ ДАР СИНАИ Ӯ МЕТАПАД!

Покмардо он чӣ гӯям, камтарин тасвири туст,
Ҳарчӣ мо имрӯз дорем, аз раҳи тадбири туст!

Дар ибтидои асри ХХ миллати пурифтихору фарҳангсолори мо пас аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ шуда, дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад. Таҳкими бунёди ҷомеаи навин, қабл аз ҳама, ба худшиносии миллӣ ва худогоҳӣ зарурат дорад, ки он бидуни рўй овардан ба арзишҳои волои фарҳангии миллат ғайриимкон аст. 
Махсусан мавриди баррасӣ қарор додани афкори ҳикматомўз, ахлоқӣ ва иҷтимоию сиёсии Пешвои миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳаммият холӣ набуда, насли наврас ва ҷавони миллатро ба  сарчашмаҳои аслии маънавии халқи тоҷик ошно хоҳад кард. 
Болотар аз ин, дар шароите, ки ҷомеа ба бўҳрони ахлоқию маънавӣ дучор гардидааст, таҳлили осори ахлоқии пурғановату гаронарзиши аҷдодонамон, бахусус осори гаронмояи сарвари оқилу хирадпешаи тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки саршори панду андарз ва падидаҳои бузурги ибратомўзи зиндагии инсонӣ мебошад, аҳамияти басо муҳим пайдо менамояд.
Бале, инсоният зиёда аз дувуним ҳазор сол боз, баҳри ба вуҷуд овардани инсони комил саъю талош карда, заҳмат кашида меояд. Одамон дар ин муддати ниҳоят  тўлонӣ, вале дар роҳи пешрафти ҷамъият ва рушди инсони комил ҳанўз ночиз дар вазифаҳо ва дар шароиту самтҳои мухталиф бо роҳҳои гуногун фаъолият намуда, ба он натиҷае расидаанд, ки инсоният имрўз умр ба сар мебарад.
 Ба ин муваффақияте, ки имрўз инсоният ҳосил кардааст, ҳиссаи аҷдодони мо низ кам нест. Аз ин лиҳоз мо вазифадорем, ки аҷдодони хешро бо некӣ ёд намуда, кору пайкори онҳоро идома диҳем. Дар ин самт заррае бошад, ҳам инсониятро ба мақсади олию деринааш наздик бикунем. Пас метавон иброз дошт, ки ҷомеаи инсонӣ ба муваффақиятҳои бузург ва саодатмандӣ хоҳад расид.
Баъди ҳазорсолаҳо Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввалин сарвари миллат ҳастанд, ки дарсҳои нахустини худшиносии миллӣ ва ватандўстиву ватанпарастиро дар суханрониву китобҳои арзишманди худ, аз ҷумла «Аз Ориён то Сомониён», «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Дин ва ҷомеа» «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» ва «Чеҳраҳои мондагор» ба ҳамватанону оламиён пешиҳод карданд.  
Воқеан ҳам, Эмомалӣ Раҳмон дар баробари Президенти мамлакат будан омӯзгорест, ки дар ҳар самте набошад, дарси волои инсонӣ медиҳад, шахсияти барҷастаест, ки ба миллати тоҷик ва ба хусус насли ҷавон ҳамвора панд медиҳанд, ватандорӣ, ахлоқ, мардонагӣ ва таҳаммулгароиро меомўзонанд. Инчунин, сабурӣ, ботамкинӣ, ҷавонмардӣ, хирадпешагӣ ва фарҳанги олии ў барои ҳар фарди тоҷик мактаби омўзиш аст. Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки барои миллати тоҷик ва сиёсатмадорони дунё, мактаби сулҳофарии худро  бунёд намуда, пешниҳод намояд. 
Рўҳи матин ва ғурури миллии тоҷикона ўро ҳамвора дастгир аст. Дар ҳар иқдоме ва ё ибтикороте, ки бо ибрати шахсӣ ва иродаи неруманди худ на танҳо ба тоҷикону тоҷикистониён, балки ба тамоми сокинони сайёраи замин низ, накўи меҳоҳад ва пайваста дар талош аст, ки инсоният дар сайёраи замин босуббот ва осуда зиндагӣ дошта, саодат бинанд. Меҳвари ин ҳама ҳуввияти миллӣ ва ватандўстиро ғояи Ваҳдати миллӣ ва гуманистию инсондўстиро домони поки модар ва тарбияи инсондӯстии оила ташкил медиҳад.
Офаридгор ба ин абармард арзандатарин истеъдодро насиб гардонидааст. Пеш аз ҳама меҳри беандоза ба  Ватан-Модар доранд ва ҳамин меҳрро ба дигарон низ талқин менамоянду меомӯзонанд. 
Ҳамин меҳру муҳаббат ба Ватан буд, ки ҷомеаи парешонгаштаву навмедгардидаи тоҷиконро зери ғояи Ваҳдати миллӣ ба ҳам оварда, девори устувори кохи бегазанди соҳибистиқлолиро  бунёд сохтанд. 
Ин амали неки Пешвои муаззами тоҷикон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон,  ба хотири тақвият бахшидани истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии Тоҷикистони маҳбуб анҷом дода шуд. 
Ба хотири таҳкими истиқлолияти комили Ватан ва сарҷамъии миллат назди ягон ақидае ва ё гурўҳе дар дохили кишвар ва хориҷи он сар нафароварда, дар сафи пеши созандагони тақдири Ватан бо тадбирҳои мукаммал қадам бардошта, барои ҳифзи истиқлоли миллии меҳан дар муқобили ҳама  хатарҳои ҳалокатбор сина сипар кардаанд.
Бешак, тасвири симои нафаре, ки  халқи беш аз ҳазорсола аз давлатдории миллӣ дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид сохт,  халқи гирифтори нобудиро наҷот дод, ҷон дар кафи даст мухолифинро ба оғуш кашид,  ҷинояткоронро авф кард,  гурезаҳоро ба Ватан баргардонд,  ба миллат ваҳдат, суботу амният овард,  ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон гузошт, пояи давлатдориро аз сифр оғоз кард, ҳуқуқро ба ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ намуд ва неъмати соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард.Ин матонат ва ҷасорати нобиғаи барҷастаи фарзанди як модари тоҷик аст, дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон бараъло дида мешавад. Ҳақиқат ин аст, ки нобиғаҳо дар даврони фаъолияташон на барои хеш балки барои қавмашон хидматҳои шоиста мекунанду  таърихан ояндаро комил месозанд.
Донишманде дар нигоштаҳои худ қайд мекунад:  «Баъзе инсонҳо аз модар бузург таваллуд мешаванд, баъзеи дигар худро бузург нишон медиҳанд ва баъзеи дигар сипас бузург мешаванд». Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи нафароне ҳастанд, ки  аз модар бузург таваллуд шудаанд ва ҳамвора бо бузургиву матонати худ ҳамчун Пешвои миллат, халқро ба созандагиву бунёдкорӣ, ба худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ватанпарастӣ ҳидоят намуда,  дар олами башарӣ эътироф ва дар қатори 500 мусулмони беҳтарини дунё пазируфта шуданд. 
Эмомалӣ Раҳмон соҳибватани тавонманд, сарфарозў асилзодаест, ки дар замираш саропо ғурури миллӣ аст. Дар ҳама ҷабҳаҳо нияти нек доранд, ботадбиру хирадпешаанд ва бо ин хислати наҷиби худ миллати фарҳангсолори тоҷикро ба сўйи фардои босаодат ва дурахшон хоҳанд бурд.
Дар урфият мегуянд: «Барои қувваи миллатеро санҷидан, на танҳо ҷиҳати молиявиро дидан мебояд, балки нерўи маънавӣ ва ахлоқиро низ бояд дар назар гирифт». Ҳамоно дар ин сангари вазнину нангин ва ниҳоят дар масири ватансозӣ моро хиради азалӣ  ҳидоятгар аст ва тавассути абармарде, ки дар синаи ў меҳри Ватан метападу дили дунё ҷойгир аст, дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон таҷассум меёбад.
Яъне корнамоиву фидокорие, дар масири ватандўстӣ ва мактаби сулҳофарии абармарди олами сиёсат, нобиғаи барҷастае дар пайроҳаи худшиносиву ҳуввияти миллӣ ва наҷибзодаи башардўсте дар сайёраи замин дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон мактаби омўзиш ва ватансозии камназир аст.
Ба таъбири бузурге   «Дирўз таҷриба буд, биомўз. Фардо тахмин аст, нақша бикаш. Имрўз фурсат аст, истифода бибар». 
Ҳар нафаре, ки дар ин гетӣ бо забони нобу шево, гуҳаррезу  ғановатманд ва шоиронаи тоҷикӣ ҳарф мезанад, шахсияти нобиғаи беназири асилзодаи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон барояш то абад мояи ифтихор аст. Фаротар аз ин таҷрибаи мардумсолорӣ ва давлатдории ин абармарди олами сиёсат мактаби омӯзиш ва таҷрибаи нодири таърихист.
              Сояи Пешво нагардад дур аз болои сар,
             Аз азал тоҷик мекард ахтарашро тоҷи сар.
                                                                    
ЗУЛФИҚОР ГУЛАҲМАДЗОДА
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 
дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе


Вакти нашр: 2020-09-24 14:05:26    Хонданд: 38    Муфассал...

Эмомалӣ Раҳмон – арзандатарин номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади таблиғу ташвиқи нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон    имрӯз, 24-уми сентябри соли 2020 бо  иштироки аъзои гурӯҳҳои таблиғотӣ ва фаъолҷавонони ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – арзандатарин номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар назди Маркази савдои “Садбарг” ва гулгашти Куйбишеви ноҳияи Шоҳмансур доир гардид.

     Дар иқдом ҷавонон варақаҳои таблиғотии номзад, тақвим, Барномаи пешазинтихоботии номзад дар шакли китобча ва нашрияи “Мароми пойтахт” миёни сокинони пойтахт тақсим карда шуд.

     Ичунин таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату якдилӣ дар партави иқдомҳои ҷавонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”  10 сол аст, ки хизмати содиқонаи худро дар тарбияи ватандӯстиву худшиносии ҷавонон нақши босазо гузоштааст. 

       Зимни аксия иштирокчиён аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, райъи худро ба номзади арзанда барои ояндаи дурахшони ватани азизу маҳбубамон, ки онро ном Тоҷикистон аст, бидиҳанд.

      

      


Вакти нашр: 2020-09-24 17:22:39    Хонданд: 37    Муфассал...

Интихоби ман! Президенти ман!

 24-уми сентябри соли 2020 дар доираи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таблиғи самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо  иштироки гурӯҳҳои таблиғотии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе бо  устодону донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш зери унвони “ Интихоби ман! Президенти ман! ” доир гардид.

          Иштирокчиён дар ҳамоиш доир ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф ва илм, ҷавонон, занон ва варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуданд.

     Ичунин таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату якдилӣ дар партави иқдомҳои ҷавонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”  10 сол аст, ки хизмати содиқонаи худро дар тарбияи ватандӯстиву худшиносии ҷавонон нақши босазо гузоштааст. 

       Дар навбати худ иштирокчиёни ҳамоиш иброз доштанд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ сарбаландона дар саффи пеш истода райъи худро баҳри боз ҳам гулгулшукуфон гаштани Тоҷикистон ба номзади арзандаи худ мегузорем.

      Дар охир Изҳороти Шӯрои марказии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳошияи маъракаи муҳими сиёсӣ-Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.    

      Ҳамзамон, ба ҳозирин шумораи махсуси нашрияи “Мароми пойтахт”, ки дар он Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нашр шудааст, тақсим карда шуд. 


Вакти нашр: 2020-09-24 17:29:34    Хонданд: 49    Муфассал...

Ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистон – мароми ҲХДТ

Нимаи дуюми 23 - уми сентябри соли 2020 дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии самтҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ бо интихобкунандагон дар толори Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе мулоқот намуданд.
Гурӯҳи таблиғотӣ дар шахсияти Назокат Маҳмадова, аъзои ситоди пешазинтихоботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, аъзоёни ситоди пешазинтихоботии КИ  ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Маҳбуба Камолова, Убайдулло Асрорзода ва дигар намояндагони ҳизб оид ба ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягона, барқарор намудани низом ва аркони давлатдорӣ, барқарор намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ташаккули мактаби давлатдорӣ, таъмини ҷойгоҳи сазовори Тоҷикистон дар арсаи байналмилал ва дигар дастовардҳои кишвар ибрози назар намуданд.
 Инчунин, гуфта шуд, ки дар 7 соли охир ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 83 миллиард сомонӣ сармоя, аз ҷумла зиёда аз 30 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид. Дар ин давра аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ манзили истиқоматӣ ба масоҳати 9 миллион метри мураббаъ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ бо зиёда аз 160 ҳазор ҷойи нишаст ва муассисаҳои тандурустӣ бо 9 ҳазор кат сохта ба истифода дода шуд.

 


Вакти нашр: 2020-09-24 18:28:45    Хонданд: 39    Муфассал...

Тоҷикистон – истеҳсолкунандаи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза

Нимаи дуюми рўзи 24-уми сентябри соли равон дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон дар МТМУ №100 доир гардид.  
Дар вохӯрӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, ректори Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ зикр шуд, ки дар ҳафт соли охир ҷиҳати татбиқи ҳадафи стратегии таъмини истиқлоли энергетикии кишвар истеҳсоли неруи барқ аз 17,1 миллиард киловатт - соат дар соли 2013 то 21 миллиард киловатт - соат дар соли 2020 расонида шуд. Бо талошҳои созандаи Ҳукумат ва мардуми кишвар ду агрегати НБО-и «Роғун» ба истеҳсоли неруи барқ шурўъ намуда, маҳдудияти интиқоли барқ дар фасли зимистон бартараф  гардид. Бо ин рўйдоди муҳимми таърихӣ орзуи чандинсолаи халқи азизамон амалӣ гардид ва тамоми кишвар аз мушкилоти бебарқӣ раҳоӣ ёфт. 
Масъулин иброз доштанд, ки бовар дорем, мо бо заҳмати софдилонаи мардум ва бо азми мутахассисони неругоҳ дар оянда ин иншооти азими асрро бунёд карда, талаботи корхонаҳои саноатии кишварро бо неруи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза пурра таъмин месозем ва ҳаҷми иловагии онро ба кишварҳои ҳамсоя содирот мекунем.

 


Вакти нашр: 2020-09-25 11:37:39    Хонданд: 38    Муфассал...

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ АСИЛИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Нимаи дуюми рўзи 24-уми сентябри соли равон дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон дар МТМУ №21 доир гардид.  
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Руқия Амробекова,  муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур Зебунисо Султонзода, директори Маркази патент ва иттилоот Мирзо Исмоилзода иштирок ва суханронӣ намуданд.     
Дар рафти вохӯрӣ зикр шуд, ки дар ҳафт соли охир шаҳрвандони кишвар сиёсати Роҳбари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ саҳми арзишманд гузоштанд. 
Мардуми заҳматқарини кишвар барои беҳтар гардидани вазъи инфрасохтори деҳот ёрии амалӣ расонида, дар бунёди иншооти иҷтимоӣ - муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва таъмиру тармими роҳу пулҳо ва дигар ободгариҳо ҳиссаи сазовор доранд.
- Илми ватанӣ дар ин давра рушд намуда, олимони кишвар тайи ҳафт соли охир таваҷҷуҳи асосиро ба таҳқиқу омўзиши масъалаҳои асосии вобаста ба пешрафти соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ равона намуданд, -иброз доштанд масъулин.

 


Вакти нашр: 2020-09-25 11:54:02    Хонданд: 32    Муфассал...

Интихоби ман! Президенти ман!

 25-уми сентябри соли 2020 дар доираи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таблиғи самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо  иштироки гурӯҳҳои таблиғотии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе бо  устодону донишҷӯёни Муассисаи давлатии Колеҷи ҷумҳуриявии тиббии Тоҷикистон вохӯри зери унвони “ Интихоби ман! Президенти ман! ” доир гардид.

          Иштирокчиён дар ҳамоиш доир ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф ва илм, ҷавонон, занон ва варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуданд.

     Ичунин таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату якдилӣ дар партави иқдомҳои ҷавонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”  10 сол аст, ки хизмати содиқонаи худро дар тарбияи ватандӯстиву худшиносии ҷавонон нақши босазо гузоштааст. 

       Дар навбати худ иштирокчиёни вохӯри иброз доштанд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ сарбаландона дар саффи пеш истода райъи худро баҳри боз ҳам гулгулшукуфон гаштани Тоҷикистон ба номзади арзандаи худ мегузорем.

      Дар охир Изҳороти Шӯрои марказии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳошияи маъракаи муҳими сиёсӣ-Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.    

      Ҳамзамон, ба ҳозирин шумораи махсуси нашрияи “Мароми пойтахт”, ки дар он Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нашр шудааст, тақсим карда шуд. 


Вакти нашр: 2020-09-25 15:36:47    Хонданд: 33    Муфассал...

Эмомалӣ Раҳмон – арзандатарин номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  25-уми сентябри соли 2020 дар доираи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таблиғи самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо  иштироки гурӯҳҳои таблиғотии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе бо  устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамоиш зери унвони “Эмомалӣ Раҳмон – арзандатарин номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид.

          Иштирокчиён дар ҳамоиш доир ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф ва илм, ҷавонон, занон ва варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуданд.

     Ичунин таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату якдилӣ дар партави иқдомҳои ҷавонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”  10 сол аст, ки хизмати содиқонаи худро дар тарбияи ватандӯстиву худшиносии ҷавонон нақши босазо гузоштааст. 

       Дар навбати худ иштирокчиёни вохӯри иброз доштанд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ сарбаландона дар саффи пеш истода райъи худро баҳри боз ҳам гулгулшукуфон гаштани Тоҷикистон ба номзади арзандаи худ мегузорем.

      Дар охир Изҳороти Шӯрои марказии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳошияи маъракаи муҳими сиёсӣ-Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.    

      Ҳамзамон, ба ҳозирин шумораи махсуси нашрияи “Мароми пойтахт”, ки дар он Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нашр шудааст, тақсим карда шуд. 

 


Вакти нашр: 2020-09-25 17:34:13    Хонданд: 33    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №90 вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф., аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Хайрзода Ш.Қ., Норасов А.А. иштирок намуда, барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба  интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-09-25 18:12:50    Хонданд: 35    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60 вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотии Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ Зувайдуллозода М.Ҳ.,  аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Муродов Ҷ.Қ., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф. инчунин аъзои гӯруҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Мададзода М.Т. иштирок намуда, барономаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба  интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-09-25 20:03:25    Хонданд: 38    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар толори Муассисаи давлати “Пажуҳишгоҳи экспертизаи тибию иҷтимои ва тавонбахшии маъюбон” вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода И.Х., раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Файзуллозода З.Ф., инчунин аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Исҳоқӣ Д.Д. иштирок намуда, барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-09-25 20:10:34    Хонданд: 33    Муфассал...

Муаррифии имкониятҳои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар обанбори ноҳияи Мӯъминобод

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мӯъминобод бо лоиҳаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар обанбори Мӯъминобод шинос шуданд.

Масоҳати умумии обанбори Мӯъминобод 286 гектар ва ғунҷоиши об 30 миллион мукааб метрро ташкил дода, барои обёрии заминҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Мӯъминобод ва Восеъ нигаронида шудааст ва ҷойи мусоиду мувофиқ ҷиҳати рушди варзиши шиноварӣ, қайиқронӣ, инчунин соҳаи моҳипарварӣ мебошад.

Лоиҳаи рушди соҳаи моҳипарварӣ аз тарафи директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меҳвари Душанбе” Комилҷон Ғаниев муаррифӣ карда шуд.

Зимни муаррифӣ ҳолати қаблӣ, ҳозира ва ояндаи мавзеи назди соҳили обанбор шинос карда шуд. Дар нақша аст, ки дар ин ҷо оянда барои ҷалби сайёҳон иншооти зарурии соҳа сохта мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки иқдоми ба роҳ мондани парвариши моҳӣ дар обанбори Мӯъминобод дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат амалӣ мегардад.

Моҳи декабри соли 2019 аз ҷониби кормандони ширкати “Меҳвари Душанбе” дар обанбори Мӯъминобод 700 ҳазор кирминамоҳии навъҳои карп, зағорамоҳӣ, пешонапаҳни сафеду ало ва амури сафед сар дода шудааст.

Дар нақша аст, ки дар як сол аз ин обанбор 500 тонна моҳӣ истеҳсол карда шавад.

Моҳии парваришшуда барои таъмини бозорҳои вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва содирот ба Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон нигаронида мешавад.

Оянда аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меҳвари Душанбе” дар ноҳияи Мӯъминобод бунёди корхонаи коркарди гушти моҳӣ ва истеҳсоли консерваҳо аз моҳӣ дар назар дошта шудааст.

Дар ширкат то имрӯз 30 нафар дар самти моҳипарварӣ дар бахшҳои корхона дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат фаъолият доранд ва баъди амалисозии лоиҳаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар обанбори Мӯъминобод шумораи коргарон ба зиёда аз 150 нафар мерасад.

 


Вакти нашр: 2020-09-26 09:02:51    Хонданд: 33    Муфассал...

Ифтитоҳи Маҷмааи сайёҳии “Чилдухтарон” дар ноҳияи Мӯъминобод

  25.09.2020 Дар идомаи боздиди корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Чилдухтарони ноҳияи Мӯъминобод марҳилаи аввали Маҷмааи сайёҳии  “Чилдухтарон”-ро ифтитоҳ карданд.

Иншооти мазкур дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии Чилдухтарон” бо тарҳу намои муосир ва бо риояи меъёрҳои пазируфташудаи сохтмонӣ дар муҳлати як сол бунёд гардида, дар он 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар дохили маҷмааи сайёҳии “Чилдухтарон” меҳмонхонаи панҷошёнаи “Чилдухтарон” дорои шароитҳои муосири хизматрасонӣ бунёд шудааст, ки дар як вақт имкони қабули сад нафарро дорад. Ҳуҷраҳои меҳмонхонаи нав, ки дар қалби кӯҳ сохта шудаанд, дар шаклҳои мухталиф бунёд гардида, хизматрасонӣ дар онҳо мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ роҳандозӣ гардидааст.

Бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи масъулини ширкати “Меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии Чилдухтарон” дар оянда бо истифода аз боду  ҳавои нотакрори ин мавзеъ марҳилаи дуюми маҷмааи сайёҳии Чилдухтарон бунёд мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки рушди инфрасохтори ноҳия ва ба талаботи сайёҳӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо, барои ҷалби бештари сайёҳон ба ин минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ноҳияи Мӯъминобод дорои захираҳои бойи сайёҳӣ буда, барои рушди туризми кӯҳӣ, варзишӣ, этнографӣ ва экологӣ мувофиқ мебошад. Минтақаҳои “Чилдухтарон” ва “Чашмаи ҷӯшон” барои тамошои сайёҳони дохилию хориҷӣ ҷолиби диққат аст.

Дар ҳамин мавзеъ ширкати “Меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии Чилдухтарон” ҷиҳати тарғиби суннату анъанаҳои миллӣ, дар шафати меҳмонхона барои қабули сайёҳон бо усули хоси меъмории миллӣ хонаҳои гуногун бунёд кардааст. Дар ин хонаҳо, ки барои будубоши сайёҳони дохиливу хориҷӣ пешбинӣ гардидааст, ҳамаи шароит фароҳам аст.

Дар маҷмуъ бо иловаи ба истифода додани ин хонаҳо, дар мавзеи Чилдухтарон барои қабули 150 сайёҳ имконияти сатҳи баланди пазироӣ фароҳам оварда шуд.

Мавзеи Чилдухтарон бо табиати зебою назаррабо, марғзору ҷангалзор ва чашмаҳои мусаффояш қалби сайёҳонро тасхир намудааст. Ин мавзеи зеборо ҳазорҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ орзуи дидан доранд.

Бо пайравӣ аз ташаббусҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат, дар мамлакат сохтмони иншооти гуногун вусъат меёбад, ки ҳадаф фароҳам овардани шароити арзанда дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа мебошад.

Мавзеъҳои сайёҳию ёдгориҳои таърихӣ ва деҳоти дурдасти мамлакат, ки дар гузашта чандон шароити мусоид надоштанд, бо таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳмгузории шахсони ватандӯст ободу зебо мегарданд ва дар он инфрасохтори зарурӣ барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ сохта мешавад.


Вакти нашр: 2020-09-26 14:52:54    Хонданд: 23    Муфассал...

ВУСЪАТИ РАВАНДИ СОЗАНДАГӢ ДАР ҲАФТ СОЛИ ОЯНДА

Нимаи дуюми рӯзи 25-уми сентябри соли равон дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон дар МТМУ №55 доир гардид.  
Дар вохӯрӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Соҳибзода сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода,устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Рамазонӣ Давлат, устоди ДМТ Аваз Назарзода иштирок ва суханронӣ намуданд. 
 Дар рафти вохӯрӣ зикр шуд, ки дар ҳафт соли охир дар соҳаи маориф 135 муассисаи томактабӣ, 740 маркази ташаккули зеҳнии кӯдакон, 1444 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти муосир таъмин карда шуданд. 
Инчунин, таъмири асосии 439 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба анҷом расида, 5 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода шуд. 
Вусъат гирифтани раванди созандагиро дар марҳилаҳои  сифатан  нави ҷомеа  гурӯҳи таблиғотӣ  нишонаи возеҳи боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ дар миёни аҳли ҷомеа арзёби намуданд. 

 


Вакти нашр: 2020-09-26 15:57:42    Хонданд: 36    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66 вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотии Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ Зувайдуллозода М.Ҳ., раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Файзуллозода З.Ф., аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Каримзода Ҳ.И., Маҳмадзода Н.К. инчунин аъзои гӯруҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сорбон З. иштирок намуда, барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-09-26 18:55:16    Хонданд: 36    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар толори МДТ “Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Душанбе вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода И.Х., аъзои гурӯҳи таблиғотии Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ Зувайдуллозода М.Ҳ., раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Файзуллозода З.Ф., аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Хайрзода Ш.Қ., Норасов А.А. иштирок намуда, барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-09-26 19:01:49    Хонданд: 32    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф., аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Норасов А.А., ва Худоёров Э. иштирок намуда, барономаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-09-26 19:17:48    Хонданд: 38    Муфассал...

Ислом КАРИМОВ, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (солҳои 1991-2016)

«Бо зуҳури Эмомалӣ Раҳмонов дар саҳнаи сиёсӣ ҳамон раванди оштӣ, ки боиси таҳавуллоти кунунии зиндагӣ дар Тоҷикистон гардид, оғоз ёфт. Маҳз қобилияти ӯ дар ёфтани роҳҳои дуруст, пайдо кардани мувофиқа байни одамони дорои эътиқодот ва назариёти комилан мухталиф, таҳаммулпазирӣ ва иродаи қавӣ ҷузъи  асосии сулҳи имрӯза дар Тоҷикистон мебошанд».

(Аз суханронии И. Каримов, 15 июни соли 2001)


Вакти нашр: 2020-09-27 17:48:19    Хонданд: 28    Муфассал...

Ҳайдар АЛИЕВ, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон (солҳои 1993-2003)

«Зуҳури давлати Сомониён ба рушди тамаддуни баланд таҳаррук бахшид. Мероси эҷоднамудаи фарҳангӣ ва маънавии халқи тоҷик, санъати баланд, намунаҳои адабӣ ва меъмории он дар хазинаи башарият ҷойгоҳи сазовори худро ёфтаанд. Халқҳои бародари Озарбойҷон ва Тоҷикистонро, ки пайвандҳои муштараки таърихӣ ва арзишҳои маънавӣ доранд, имрӯз бунёди давлатҳои озод ва мустақил муттаҳид мекунанд. Ман ба рушди равобит байни Озарбойҷон ва Тоҷикистон аҳамияти зиёд медиҳам ва орзу дорам, ки таҳти роҳбарии Шумо Тоҷикистон тамоми мушкилотро дар роҳи худ муваффақона паси сар кунад.
Дар тӯли солҳои истиқлолият халқи дӯсти тоҷик мушкилоти зиёдеро таҳаммул намуд, аммо ман мутмаинам, ки хатми ҷараёни танзими  сулҳомез дар кишвар имкон хоҳад дод, то таҳдоби устувори суботи сиёсӣ гузошта шавад, ки дар асоси он Тоҷикистон ба давлати демократӣ ва пешрафта мубадал хоҳад гардид».
(Аз паём ба Президенти ҶТ Э. Раҳмон, сентябри 1999)


Вакти нашр: 2020-09-27 17:52:14    Хонданд: 27    Муфассал...

Роберт КОЧАРЯН, Президенти Ҷумҳурии Арманистон (1998 — 2008)

«Эмомалӣ Раҳмонов якҷо бо халқи худ роҳи душвори барпо намудани давлатдории миллӣ ва истиқлолияти ҳақиқиро тай намудааст. Ин танҳо ба сиёсатмадорони хирадманд ва дорои тавони дурбинию дурандешӣ, ки ба сӯи ҳадафи асосӣ гоми босубот мебардоранд, муяссар мешавад».
(Рӯзномаи «Минбари халқ», 2 апрели 2002)


Вакти нашр: 2020-09-27 17:57:10    Хонданд: 33    Муфассал...

Борис ГРИЗЛОВ, Раиси Думаи давлатии Россия (солҳои 2003-2011)

«Муносиботи Россия ва  Тоҷикистон бо суръат ва дар тамоми самтҳо рушд меёбанд. Ва ин ба хизматҳои бевоситаи Президентҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон — В.В. Путин ва Э.Ш. Раҳмонов бастагӣ дорад. Маҳз онҳо равобити Россия ва Тоҷикистонро ба сатҳи сифатан нав бароварданд — марҳилаи нави ҳамкории мутақобилаи  судманд фаро расид. Ҳама шароитҳо, аз ҷумла иродаи сиёсии пешвоёни ду кишвар мавҷуданд, ки ин тамоюл хусусияти устувор ва бебозгаштро касб намояд».
(Аз мусоҳиба бо журналисти тоҷик М. Тоштемиров, 14 декабри соли 2005)


Вакти нашр: 2020-09-28 07:54:48    Хонданд: 29    Муфассал...

Дзян ДЗЕМИН, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин (солҳои 1993-2003)

«Халқи Тоҷикистон бо сарварии Президент Эмомалӣ Раҳмонов бо итминон вориди ҳазорсолаи сеюм мешавад. Саъйу кӯшишҳои Сарвари давлати тоҷикон ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои осиёӣ ба ҳама маълум аст. Мо ҳама ҷонибдори сулҳ, ризоият ва рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошем».
(Маҷаллаи «Огонёк», соли 2000)


Вакти нашр: 2020-09-28 08:37:56    Хонданд: 31    Муфассал...

Тони БЛЭР, Нахуствазири Британияи Кабир (солҳои 1997 — 2007)

«Муносибот байни Британияи Кабир ва Тоҷикистон дар солҳои охир вориди марҳилаи нав шуданд. Ҳаводиси 11 сентябр нишон доданд, ки мушкилот ва нигарониҳои Осиёи Марказӣ ва ба вижа онҳое, ки дар марзҳои Тоҷикистон вуҷуд доранд, таваҷҷӯҳи моро тақозо мекунанд.
Ман ба дастгирии Эмомалӣ Раҳмонов дар мубориза бо терроризм дар Афғонистон арҷ мегузорам ва барои нақш ва кӯшиши Тоҷикистон дар самти расонидани кумак изҳори сипос мекунам».
(Аз паём ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон, 2002)


Вакти нашр: 2020-09-28 10:14:33    Хонданд: 21    Муфассал...

Президенти ман! Интихоби ман! Ифтихори ман!

 28-уми сентябри соли 2020 дар доираи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таблиғи самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо  иштироки гурӯҳҳои таблиғотии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе бо   донишҷӯёни Коллечи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С.Айнӣ  ҳамоиш зери унвони “Президенти ман! Интихоби ман! Ифтихори ман !” доир гардид. 
          Иштирокчиён дар ҳамоиш доир ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф ва илм, ҷавонон, занон ва варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуданд.
     Ичунин таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату якдилӣ дар партави иқдомҳои ҷавонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”  10 сол аст, ки дар тарбияи ватандӯстиву худшиносии ҷавонон нақши босазо истодаанд. 
       Дар навбати худ иштирокчиёни вохӯрӣ иброз доштанд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сафи пеш истода, баҳри боз ҳам гулгулшукуфон гаштани Тоҷикистон раъйи худро ба номзади арзандаи худ медиҳанд.
      Дар охир Изҳороти Шӯрои марказии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳошияи маъракаи муҳими сиёсӣ-Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.    
      Ҳамзамон, ба ҳозирин шумораи махсуси нашрияи “Мароми пойтахт”, ки дар он Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нашр шудааст, тақсим карда шуд. 

 


Вакти нашр: 2020-09-28 13:18:21    Хонданд: 30    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ, Мирсаидов А. - шахси боэътимоди номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ Бобоева Г.И., раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Файзуллозода З.Ф. инчунин аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Хайрзода Ш.Қ., Рустамзода Ҷ.  иштирок намуда, барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-09-28 14:24:33    Хонданд: 23    Муфассал...

ДАРОЗУМРИИ АҲОЛӢ НИШОНИ РУШДУ ПЕШРАФТ АСТ

28 сентябри соли равон дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори МД “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” вохӯрии шахсони боэътимод, гуруҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон доир гардид.
Дар вохӯрӣ Ашӯрбой Солеҳзода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, Сайфулло Сафаров, сиёсатшинос, собиқадори ҲХДТ, Руқия Қурбонова, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ, Илҳомҷон Ҳамидиён, аъзои ситоди пешазинтихоботии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Ҷурабек Муродов, аъзои ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Душанбе ширкат ва суханронӣ намуданд. Дар вохӯрӣ барномаи ҲХДТ барои солҳои 2013-2020 таҳлилу баррасӣ гардида, таъкид шуд, ки он барзиёд иҷро шуд ва  бо далелу асосҳои воқеӣ онро шарҳу тавзеҳ доданд. Ҳамзамон дар бораи самтҳои асосии Барномаи номзад аз ҲХДТ барои мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуда, онро давоми мантиқии барномаи қаблӣ номиданд. Иштирокчиён оид ба шахсияти номзад аз ҲХДТ, корнамоии беназиру нотакрори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдории сулҳу суботи сиёсӣ, бунёди давлати миллӣ, рушду пешрафти мамлакат ибрози андеша карда шуд.


Вакти нашр: 2020-09-28 14:39:29    Хонданд: 20    Муфассал...

Президенти ман! Интихоби ман! Ифтихори ман!

   28-уми сентябри соли 2020 дар доираи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таблиғи самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо  иштироки гурӯҳҳои таблиғотии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе бо  устодону донишҷӯёни Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ҳамоиш зери унвони “Президенти ман! Интихоби ман! Ифтихори ман !” доир гардид. 
          Иштирокчиён дар ҳамоиш доир ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф ва илм, ҷавонон, занон ва варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуданд.
     Ичунин таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату якдилӣ дар партави иқдомҳои ҷавонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”  10 сол аст, ки дар тарбияи ватандӯстиву худшиносии ҷавонон нақши босазо истодаанд. 
       Дар навбати худ иштирокчиёни вохӯрӣ иброз доштанд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сафи пеш истода, баҳри боз ҳам гулгулшукуфон гаштани Тоҷикистон раъйи худро ба номзади арзандаи худ медиҳанд.
      Дар охир Изҳороти Шӯрои марказии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳошияи маъракаи муҳими сиёсӣ-Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.    
      Ҳамзамон, ба ҳозирин шумораи махсуси нашрияи “Мароми пойтахт”, ки дар он Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нашр шудааст, тақсим карда шуд.


Вакти нашр: 2020-09-28 16:19:50    Хонданд: 24    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №92 вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ, раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Файзуллозода З.Ф., аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Норасов А.А., Маҳмадзода Н.К. иштирок намуда, барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-09-28 16:42:13    Хонданд: 29    Муфассал...

Эмомалӣ Раҳмон – кафили рушди Тоҷикистон

25 - уми сентябри соли 2020 дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Гулистон” вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гашт.

Дар он раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Азизхӯҷа Азизов, раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон Рафиқа Мўсоева, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода ва дигар намояндагони ҳизб иштирок ва суханронӣ карданд.

Аъзои гурӯҳи таблиғотӣ вобаста ба марҳилаҳои таърихии расидан ба Истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот ва корнамоиҳои беназири Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ ҳарф зада, таъкид намуданд, ки Президенти мамлакат дар солҳои душвори давлатдорӣ ҳамчун кафили сулҳу субот ба арсаи сиёсат баромада, имрӯз натанҳо ваҳдати миллиро барқарор карданд, балки имрӯз кафили рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон гардидаанд.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ меҳмонон, оид ба рушду босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, ташаббусҳои бузурги фарҳангиву маънавӣ, иқдомҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат изҳори андеша намуда, Эмомалӣ Раҳмонро номзади арзанда унвон карданд.


Вакти нашр: 2020-09-28 18:08:28    Хонданд: 36    Муфассал...

БАРНОМАИ ҚАБЛИИ ҲХДТ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

25 сентябри соли равон дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №76 вохӯрии шахсони боэътимод, гуруҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон доир гардид.
Ашӯрбой Солеҳзода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи қаблии пешазинтихоботии ҲХДТ –ро мавриди баррасиву таҳлил қарор дода, таъкид намуд, ки он татбиқ гардид, балки аз рӯи бисёр нишондодҳо барзиёд иҷро гардид. Мавсуф дар мавриди ба истифода ддани ду агрегати НБО “Роғун” ва афзоиши истеҳсоли неру барқ дар ҷумҳурӣ, амнияти озуқаворӣ, бунёди роҳу пулҳо ибрози андеша намуд.
Мавсуф роҷеъ ба самтҳои Барномаи номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маълумотҳои фасеҳ дода, онро идомаи мантиқии барномаи қаблӣ номид.
Маҳбуба Камолова, сармуҳаррири нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рӯзҳои мудҳишу фоҷиабори миллат, барқаросозии фишангҳои фалаҷшудаи давлат, бунёди давлати миллӣ, таҳкими истиқлолият, бартарафсозии бӯҳронҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, нақши беназири Пешвои миллат дар ин марҳилаҳои ҳалкунанда ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ ибрози андеша намуд. Мавсуф таъкид кард, ки маҳз тавассути сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи Пешвои миллат Тоҷикистон ба ин дастовардҳо муваффақ гардида, аз рӯи бисёр нишондодҳо дар миёни ИДМ дар ҷойи аввал ва дар даҳгонаи кишварҳои амн ба ҷой дуюм баромад.


Вакти нашр: 2020-09-28 18:20:30    Хонданд: 32    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар саҳни ҳавлии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №73 вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотии Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ Зувайдуллозода М.Ҳ., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф. ва аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Каримзода Ҳ.И. иштирок намуда, барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-09-28 18:48:31    Хонданд: 41    Муфассал...

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТИИ СИТОДИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

 28.09.2020
Аъзои гуруҳи таблиғотии Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз ҲХДТ бо сокинону интихобкунандагон дар муассисаи таълимии №23 бо сокинону  интихобкунандагон ва фаъолону омӯзгорон вохӯрии судманд баргузор намуданд. 
Дар вохӯрӣ Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Амробекова Руқия-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе,  Давлат Рамазонӣ-устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ва Саъдизода Ҷаҳонгир устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни мулоқот бобати дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар сухан рафта, зикр гардид, ки сулҳу ваҳдати бо мушкилот ва ҷаҳду талошҳои зиёд ба даст овардаро минбаъд низ чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ нахоҳем, ки ин неъмати бебаҳои умумимиллиямон халалдор гардад. Ҷавонро дар рӯҳияи сулҳпарвариву меҳанпарастӣ тарбия намуда, ягонагии марзу бумро пойдор нигоҳ дошта, ваҳдати умумимиллиро пайваста тақвият мебахшем.
 Маҳз ҳамин оромӣ барои раҳоӣ бахшидани кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, гузоштани заминаи устувор барои таъмини рушди иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳу нақбҳо, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ ва ғайра мусоидат намуд. 
 Дар масири ҳафт соли рушди бобарор  инфрасохтори соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ, махсусан, дар деҳоти кишвар ва сифати хизматрасониҳо ба куллӣ тағйир ёфта, соли 2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд.
 Ёдоварӣ гардид, ки танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шуданд.
          Низом ва арзишҳои демократӣ, соҳибихтиёрӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявияти давлат ва махсусияти иҷтимоии он, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, озодии виҷдон ва сухан дар доираи манфиатҳои умумимиллӣ ва бо дарназардошти меъёрҳои байналмилалӣ кишвар  такмил ёфт. Даъват шуд, ки барои рушди минбаъдаи кишвар ба номзади арзандаи худ овоз диҳанд.


Вакти нашр: 2020-09-29 08:47:26    Хонданд: 28    Муфассал...

ҲАФТ СОЛИ РУШДИ УСТУВОР ВА ҲАФТ ҚАДАМИ СОЗАНДА

 28.09.2020   
Аъзои гуруҳи таблиғотии Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз ҲХДТ бо сокинону интихобкунандагон дар муассисаи таълимии №55 бо сокинону  интихобкунандагон ва фаъолону омӯзгорон вохӯрии судманд баргузор намуданд. 
Дар вохӯрӣ Мирзозода Иброҳим -Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Соҳибзода Муҳаммадҷон-муовини директори маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимзода Шоҳзод-сардори раёсати ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Давлат Рамазонӣ-устоди Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр шуд, ки сиёсати созандаву бобарори Пешвои миллат  барои рушди устувори кишвар ва таъмини зиндагии сазовори мардум дар давраи ҳафт соли сипаригардида, ба таври шоиста амалӣ гардид.
      - Рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар 7 соли охир дар доираи барномаҳои ҲХДТ, 
- Авлавиятҳо ва дурнамои рушди иқтисодиёти кишвар дар марҳилаи нав,       - Расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва индустриякунонии мамлакат,
     - Рушди сайёҳи ҳамчун соҳаи афзалиятноки рушди кишвар, 
     - Самтҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат дар марҳилаи нави рушд,
     - Масъалаҳои таҳкими волоияти қонун ва таъмини амнияти миллӣ,  
- Моҳият ва самтҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахшҳои умдаи сиёсади муваффақи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки дар ҳафт соли сипаригардидаи солҳои 2013-2020 хуб амалӣ шуданд.  Зиндагии мардум ба маротиб боло рафт, мамлакат ба кишвари транзитӣ табдил ёфт. 
  Зикр шуд, ки рӯзи интихобот якдилона ба участкаҳои интихоботӣ рафта ба ҷонибдорӣ аз номзади пешбаринамудани ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  раъй дода, дар рушди минбаъдаи кишвар саҳм гузоранд.


Вакти нашр: 2020-09-29 09:04:13    Хонданд: 25    Муфассал...

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТИИ СИТОДИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

 28.09.2020
   Вохӯрии гурӯҳи тарғиботии Ситоди  пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону интихобкунандагон ва ҳайъати устодони  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39 доир гардид.
Дар вохӯрӣ Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Обидов Фозил Саидович-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Тоҳир-Сардори хадамоти муҳоҷират, Мирзамонзода Хайрулло-ноиби Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Муҳаммадзода Парвиз-муовини директори маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. 
 Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бо талошҳои пайгирона ва созандаи бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама самтҳои хоҷагии мамлакат бараъло рушд кард. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон такмил ёфта, бо зиёда аз 176 кишвари олам робитаҳои дипломатии гуногунҷанба идома дорад. Тоҷикистон узви беш аз 80 созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ буда, ба зиёда аз 350 адад санадҳои байналмилалӣ, конвенсияҳо, декларатсияҳо, созишномаҳо ва ғайра ҳамроҳ шуда, дар татбиқи ин санадҳои байналмилалӣ саҳми назаррас дорад.
Дар ин марҳила зери таъсири равандҳои муосир сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтавои прагматикӣ ва воқеъбинона пайдо намуд, ки он ба татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои милливу давлатии кишвар мусоидат кард.
 Дар ин давра соҳаҳои саноат ба тадриҷ рушд ёфта, корхонаҳои саноатӣ ба 2100 адад расонида шуд. Дар соҳаи  кишоварзӣ 42 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардида, сатҳи некӯаҳволии мардум ба маротиб боло рафтааст.  Соҳаҳои энергетика ва саноат тараққӣ ёфта, нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” иншооти тақдирсози аср ба фаъолият шуруъ кард. Соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонон ва занон бараъло равнақ ёфта, амнияти комили Ватан таъмин гардид. 
 Зикр шуд, ки бо ҷонибдорӣ аз номзади пешбаринамудани ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, якдилона барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум талош менамоем.


Вакти нашр: 2020-09-29 09:12:37    Хонданд: 21    Муфассал...

Табибон ҷонибдори номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Таҳти ин унвон вохӯрии гурӯҳи таблиғотии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии И:2 баргузор гардид.

Дар он Мирзозода Иброҳим Холмурод Роҳбари Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе, Расулзода Насимҷон Роҳбари Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Субҳонзода Икром аъзои Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе,  Бобохонов Муҳаммадазим ва Маҷидова Бибиҳафиза профессорон - аъзои гурӯҳи таблиғотӣ, Абдуллозода Масъуд Файз Директори МД Маркази тиббии шаҳрии И:2, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Сафарзода Абдулло Мумин Директори МД Маркази шаҳрии илмии эҳё ва реаниматсия, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва намояндагони нашрияи ҳизбиву ВАО иштирок намуданд.

Расулзода Насимҷон ба мақсади баргузории вохӯрӣ  равшанӣ андохта, меҳмононро ба интихобкунандагон муаррифӣ намуд.

Бобохонов Муҳаммадазим профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур дар доираи самтҳои афзалиятноки барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба интихобкунандагон мухтасаран маълумот дод. 

Сипас  Маҷидова Бибиҳафиза пррфессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар самти сиёсати маориф ва илм, рушди соҳаи маориф, тарбият намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа суханҳои муфид ва саривақти гуфт.

Дар идома Субҳонзода Икром аз заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинони кишвар, Мирзозода Иброҳим Холмурод дар доираи дастовардҳо ва сиёсати муваффақ ва Абдуллозода Масъуд Файз бошад дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии барномаи таҳияшудаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳафт соли минбаъда, ки дар рушди давлатдории минбаъдаи миллиамон нақшаҳои муассиранд суханронӣ намуданд. 

Аз ҷониби таблиғотчиёни номзад даъват ба амал оварда шуд, ки рӯзи 11 октябри соли ҷорӣ барои интихоби сарвари ояндасоз ва дурбину ғамхори миллати тоҷик саҳмгузор бошанд.


Вакти нашр: 2020-09-29 10:06:50    Хонданд: 28    Муфассал...

Аскар АКАЕВ, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон (солҳои 1990-2005)

«Ман чунин ҳисоб мекунам, ки Президент Раҳмонов тавонист, ки дар солҳои охир кори бузургеро анҷом диҳад — миллатро муттаҳид намояд, раванди оштии миллӣ ва ризоиятро оғоз кунад. Имрӯз ин раванд бебозгашт шудааст ва мо, тамоми кишварҳои ҳамҷавор аз ин хеле шодем. Ин саҳми бузург дар мусолиҳаи миллӣ, истиқрори сулҳ ва рушди минбаъдаи давлати тоҷикон аст».
 (Аз мусоҳиба бо журналистони тоҷик, соли 1997)


Вакти нашр: 2020-09-29 11:22:48    Хонданд: 21    Муфассал...

Ислом КАРИМОВ, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (солҳои 1991-2016):

«Бо зуҳури Эмомалӣ Раҳмонов дар саҳнаи сиёсӣ ҳамон раванди оштӣ, ки боиси таҳавуллоти кунунии зиндагӣ дар Тоҷикистон гардид, оғоз ёфт. Маҳз қобилияти ӯ дар ёфтани роҳҳои дуруст, пайдо кардани мувофиқа байни одамони дорои эътиқодот ва назариёти комилан мухталиф, таҳаммулпазирӣ ва иродаи қавӣ ҷузъи асосии сулҳи имрӯза дар Тоҷикистон мебошанд».

(Аз суханронии И. Каримов, 15 июни соли 2001)


Вакти нашр: 2020-09-29 11:28:49    Хонданд: 23    Муфассал...

ТАБЛИҒИ ҲАДАФҲОИ БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД АЗ ҲХДТ

Имрӯз дар участкаи интихоботии №49 ва 50 вохӯрии гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино бо иштироки шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Аброр Мирсаидов, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Заррина Файзуллозода, Нурҷаҳон Исмоилов, Гулнора Бобоева, муборак Назарова аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино иштирок намуда, нуктаҳои барономаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба саҳми интихобкунандагон расониданд.

Дар ин замина, шахси боэътимоди номзад Аброр Мирсаидов аз самтҳои афзалиятноки Барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба интихобкунандагон маълумоти кофӣ дода, ҳамаи дастовардҳои умумимиллиро аз баракати соҳибистиқлолӣ ва неруи бузурги қаҳрамони миллати тоҷик, Пешвои муаззами миллат маънидод кард. Ҳамзамон, аз интихобкунандагон ҷиҳати фаъолона иштирок намудан дар интихобот ва бори дигар боварӣ намудан ба номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон даъват ба амал овард.

Инчунин, аз ҷониби масъулин оид ба заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат нуктаҳои арзишманд баён гашт.

Зикр шуд, ки 11-уми октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ, интихобот баргузор мегардад ва шаҳрвандони азизи кишварамон бояд бо як рӯҳияи баланди сиёсӣ дар ин маъракаи муҳим ширкат варзида, ба тарафдории номзади арзандаи хеш овоз диҳанд.


Вакти нашр: 2020-09-29 13:46:21    Хонданд: 28    Муфассал...

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - НОМЗАДИ АРЗАНДАИ ҲХДТ

29-уми сентябри соли равон дар асоси нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони шаҳраки 61 доир гардид.
Дар он вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ Маҳбуба Камолова
Вобаста ба бӯҳронҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, бунёди давлати миллӣ, рушди самтҳои афзалиятнок, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва бунёди иншооти аср-НБО “Роғун” ибрози андеша намуд. Ҳамзамон Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2020-2027 шарҳу тавзеҳ дода, таъкид намуд, ки бо татбиқи он ҷумҳурии мо ба сатҳи сифатан нави рушд ворид мегардад.
Аъзои ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ Бойалӣ Ҳусейнов, дар навбати худ оид ба нақшу саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу суботи сиёсӣ, наҷоти давлатдории тоҷику тоҷикистониён, марҳилаҳои тайнамуда, рушди босуръати мамлакат ибрози андеша намуд.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ меҳмонон, оид ба рушду босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, ташаббусҳои бузурги фарҳангиву маънавӣ, иқдомҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат изҳори андеша намуда, Эмомалӣ Раҳмонро номзади арзанда унвон карданд.


Вакти нашр: 2020-09-29 14:41:56    Хонданд: 22    Муфассал...

ВОРИСОНИ ИБНИ СИНО - ПАЙРАВОНИ АСИЛИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Вохӯрии гурӯҳи таблиғотии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлвтии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино  баргузор гардид.

Дар он Мирзозода Иброҳим Холмурод Роҳбари Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе, Расулзода Насимҷон Роҳбари Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  Субҳонзода Икром аъзои гуруҳи таблиғотии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, Ҳамидиён Илҳомҷон- аъзои Ситоди Марказии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, Гулзода Маҳмадшоҳ- Ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, Ниёзова Наргис-Вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз участкаи интихоботии №23, Шарифзода Рамазон ва Турсунова Мунаввара-аъзои гуруҳи таблиғотии ноҳия, Хайём Амонов -роҳбари умумии гуруҳҳои таблиғотӣ дар ноҳия ва ВАО иштирок намуданд.
 
Расулзода Насимҷон ба мақсади баргузории вохӯрӣ  равшанӣ андохта, меҳмононро ба интихобкунандагон муаррифӣ намуд. 

Субҳонзода Икром дар доираи самтҳои афзалиятноки барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба интихобкунандагон мухтасаран маълумот дод. 
Сипас Мирзозода Иброҳим Холмурод дар самти сиёсати маориф ва илм, рушди соҳаи маориф, тарбият намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа суханҳои муфид ва саривақти гуфт.
Дар идома Ҳамидиён Илҳомҷон аз заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинони кишвар, Гулзода Маҳмадшоҳ дар доираи дастовардҳо ва сиёсати муваффақ ва самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии барномаи таҳияшудаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳафт соли минбаъда, ки дар рушди давлатдории минбаъдаи миллиамон нақшаҳои муассиранд суханронӣ намуданд. 
Аз ҷониби таблиғотчиёни номзад даъват ба амал оварда шуд, ки рӯзи 11 октябри соли ҷорӣ барои интихоби сарвари ояндасоз ва дурбину ғамхори миллати тоҷик саҳмгузор бошанд.


Вакти нашр: 2020-09-29 15:10:46    Хонданд: 24    Муфассал...

Бо Пешвои ҷавонпарвар ифтихор мекунем!

Нимаи аввали рўзи 29-уми сентябри соли равон дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати васеи интихобкунандагон дар Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ доир гардид.  
Дар вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил  Обидов, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода иштирок ва суханронӣ намуданд.     
Дар рафти вохӯрӣ зикр шуд, ки дар рафти иҷроиши Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ҳафт соли сипаригардида, ба хотири татбиқи сиёсат оид ба дастгирии занон ва оила якчанд барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда, шумораи онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда бамаротиб зиёд гардид. 
Ҷавонон низ ба сифати қишри фаъол ва созандаи кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, дар ин самт хеле корҳои назаррас амалӣ гардиданд. Дар ин раванд ду барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон татбиқ гардида, дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўрои миллии кор бо ҷавонон таъсис ёфт.  Тадбирҳои зикршуда имкон фароҳам оварданд, ки ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимову фарҳангӣ фаъолона иштирок карданд. 

 


Вакти нашр: 2020-09-29 15:24:00    Хонданд: 19    Муфассал...

ВОХӮРИИ ГУРУҲИ ТАБЛИҒОТӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

29 сентябри соли равон дар асоси нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрии шахсони боэътимод, гуруҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони шаҳраки 61 доир гардид.
Бойалӣ Ҳусейнов, аъзои ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия, аъзои фаъоли ҲХДТ, устоди ДДТТ дар мавриди марҳилаи ба даст овардани сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ, имзои созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон, дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, татбиқи барномаи ҳизб барои солҳои 2013-2020 изҳори андеша намуда, таъкид кард, ки дар маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъол бошанд, ба шахсияти арзанда овоз диҳанд.


Вакти нашр: 2020-09-29 16:13:30    Хонданд: 23    Муфассал...

Ифтитоҳи бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

 29.09.2020
http://www.president.tj/node/24122

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Шарифҷон Ҳусейнзодаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои муҳташами баландошёнаи истиқоматиро, ки бо санъати хоси меъморӣ бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти нав аз 19 ошёна ва 591 хонаи истиқоматӣ иборат мебошад. Ҳуҷраҳо аз як, ду ва сехонагӣ иборат буда, бо санъати баланди меъморӣ ва шаклу намои зебо бунёд ёфтааст.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои истиқоматӣ соли 2017 оғоз ёфта, дар идомаи корҳои сохтмонӣ зиёда аз 300 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд.

Зимни сохтмон ба масъалаи сифати маҳсулот ва корҳои анҷомёфта диққати аввалиндараҷа зоҳир карда шудааст. Бинои нав ҳамчунин бо истифода аз нақшу нигори миллӣ оро ёфта, ҳар як қисми он бо ду адад лифти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар маҷмӯъ иншооти мазкур аз шаш қисм иборат мебошад.

Иншооти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарманзил” бо сифати баланд бунёд гардида, шаклу намои зебои иншоот ба ҳусни пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе зебогии дигар зам мекунад. Хусусан намои берунаи бинои истиқоматӣ бо истифода аз масолеҳи хушсифат ва тарҳи муосиру мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрдорӣ бунёд ёфтааст.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар бинои истиқоматӣ ҳамчунин таваққуфгоҳи зеризаминии дуошёна, ки имконияти ғунҷоиши 285 нақлиётро дорад, бунёд ёфта, дигар инфрасохтори зарурӣ, аз қабили дастрасӣ ба системаи мутармарказонидашудаи гармидиҳӣ низ таъмин карда шудааст. Ҳамчунин дар бинои баландошёна марказҳои хизматрасониву савдо ташкил гардидааст.

Гирду атрофи иншоот бо санъати баланд оро ёфта, дар он барои бозиву дилхушии кӯдакон майдончаи алоҳида, барои дӯстдорони варзиш майдони бозиҳои футболу баскетбол ташкил гардидааст. Ҳамчунин ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим дар назди бино барои машқу тамрини пагоҳирӯзӣ дастгоҳу лавозимоти варзишӣ васлу насб гардидааст, ки аз он сокинон метавонанд истифода баранд. Дар назди бино ҳамчунин як фаввораи зебо ва нишастгоҳҳои замонавӣ дар хизмати сокинони он қарор дорад.

Хусусан саҳни иншоот шомгоҳон зебову дилрабо буда, майдонча, майдони бозии кӯдакон ва роҳравҳо пурра чароғон карда шудааст. Худи бинои истиқоматӣ низ бо чароғакҳои ранга зебу оро ёфтааст.

Зимни боздид ва суҳбат бо сохтмончиён, Президенти мамлакат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, дастур доданд, ки барои нигоҳдории хуби имкониятҳои фароҳамовардашуда чораҳои зарурӣ андешида шавад, то шаҳрвандон дар баробари истиқомат, ҳамчунин солиёни зиёд тавонанд аз чунин имконоти замонавӣ истифода баранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо имкониятҳои бинои нав, нахустин калиди ҳуҷраҳои истиқоматиро ба кормандони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карданд.

Дар бинои наву замонавӣ 76 корманди ниҳоди мазкур соҳиби хонаи истиқоматӣ гардиданд. Ҳамаи хонаҳои истиқоматӣ таъмиру тармим гардида, пурра бо ҷиҳози рӯзгор, аз қабили қолинҳои гуногун, яхдон, телевизор, мошини ҷомашӯӣ ва дигар ҷиҳози зарурӣ таъмин мебошад.

Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини зиндагии шоиста ва шароити созгори хизмат, барои хизматчиён, афсарони Артиши миллӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот шароитҳои муосири кору зиндагӣ фароҳам оварда мешавад.

Хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои туҳфаи арзишманд изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Мавриди истифода қарор гирифтани бинои баландошёнаи истиқмоатӣ бо 591 хонаи барҳаво идомаи мантиқии сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.


Вакти нашр: 2020-09-29 16:27:15    Хонданд: 30    Муфассал...

Ифтитоҳи Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

 29.09.2020
http://www.president.tj/node/24124 

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро мавриди истифода қарор доданд.

Маркази таълимии “Пойтахт” барои бозомӯзии ҳайати шахсӣ ва сатҳи роҳбарии Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Масоҳати Маркази таълимии “Пойтахт” 2 гектарро ташкил дода, сохтмони иншооти мазкур моҳи апрели соли 2020 оғоз гардид.

Дар марказ барои бозомӯзии 400 нафар кормандону мутахассисон дар як вақт шароити муосир муҳайё гардидааст.

Марказ аз як бинои дуошёна ва биноҳои якошёна иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти соҳавӣ ва дастгоҳҳои махсус таъмин мебошад.

Бинои нави Маркази таълимии “Пойтахт”  дорои қариб 20 синфхонаи дарсӣ, синфхонаҳои лингафонӣ мебошад, ки мутахассисони соҳа бо истифода аз технологияи пешрафтаи мавҷуда ба курсантон ва дигар шунавандагони курсҳои таълимӣ забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ, англисӣ ва чинӣ омӯзонида мешаванд.

Раванди таълим дар марказ тавассути тахтаҳои электронӣ ва дигар технологияи пешрафта ба роҳ монда шуда, ба кадрҳои ҷавон донишҳои замони муосир дар сатҳи баланд омӯзонида мешавад, ки ин яке аз бартариятҳои он ба шумор меравад.  

Утоқҳои дарсӣ, машқгоҳҳо, меҳмонахона барои 100 нафар, ошхона бо 100 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои корӣ аз имкониятҳои марказ барои бозомӯзии хизматчиён мебошад.

Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои муосири таълим дар марказ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи пурсамари шароити муҳайёгардида, тарбияи дурусти сарбозон дар роҳи ватандорӣ, ҳисси масъулияти баланд дар назди давлату миллат, дастуру супоришҳо доданд.

Дар маркази таълимӣ ҳамзамон ҷиҳати ба машқу тамрин машғул шудани афсарону сарбозон ва шунавандагони курсҳои омӯзишӣ толори варзиш  бунёд гардидааст, ки бо лавозимоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Бо назардошти дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ тарбия намудани сарбозону курсантон дар дохили бинои навбунёди Маркази таълимии “Пойтахт” осорхона бо номи “Толори сабақи ватандорӣ” ташкил карда шудааст, ки онҳо метавонанд ҳангоми фориғ аз машғулиятҳо аз таърихи ташаккули Қушунҳои сарҳадӣ  ва корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат воқив гарданд.

Маркази таълимии “Пойтахт” ба ғайр аз бинои таълимӣ боз дорои фермаи парандапарварӣ мебошад, ки дар он 7 намуди парранда бо саршумори 2500 адад парвариш меёбад.


Вакти нашр: 2020-09-29 16:38:46    Хонданд: 25    Муфассал...

Президенти ман! Интихоби ман! Ифтихори ман!

29-уми сентябри соли 2020 дар доираи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таблиғи самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки гурӯҳҳои таблиғотии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлати молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш зери унвони “Президенти ман! Интихоби ман! Ифтихори ман !” доир гардид.

Иштирокчиён дар ҳамоиш доир ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф ва илм, ҷавонон, занон ва варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуданд.

Ичунин таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату якдилӣ дар партави иқдомҳои ҷавонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” 10 сол аст, ки дар тарбияи ватандӯстиву худшиносии ҷавонон нақши босазо истодаанд.

Дар навбати худ иштирокчиёни вохӯрӣ иброз доштанд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сафи пеш истода, баҳри боз ҳам гулгулшукуфон гаштани Тоҷикистон раъйи худро ба номзади арзандаи худ медиҳанд.

Дар охир Изҳороти Шӯрои марказии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳошияи маъракаи муҳими сиёсӣ-Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Ҳамзамон, ба ҳозирин шумораи махсуси нашрияи “Мароми пойтахт”, ки дар он Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нашр шудааст, тақсим карда шуд.


Вакти нашр: 2020-09-29 16:51:24    Хонданд: 29    Муфассал...

ВОХӮРИИ ШАХСОНИ БОЭЪТИМОД, ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СИТОДИ МАРКАЗӢ, ШАҲРӢ ВА НОҲИЯВИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотии Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ Зувайдуллозода М.Ҳ., раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Файзуллозода З.Ф., аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Норасов А.А., Хайрзода Ш.Қ. инчунин аъзои гӯруҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Бухоризода Қ.М. иштирок намуда, барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-09-30 08:37:04    Хонданд: 20    Муфассал...

Президенти ман! Интихоби ман! Ифтихори ман!

  29- уми сентябри соли 2020 дар доираи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таблиғи самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо  иштироки гурӯҳҳои таблиғотии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе бо донишҷӯёни Донишкадаи фарҳанг ва санъти Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода вохӯрӣ зери унвони “Президенти ман! Интихоби ман! Ифтихори ман !” доир гардид. 
          Иштирокчиён дар вохӯрӣ доир ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф ва илм, ҷавонон, занон ва варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуданд.
     Ичунин таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату якдилӣ дар партави иқдомҳои ҷавонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”  10 сол аст, ки дар тарбияи ватандӯстиву худшиносии ҷавонон нақши босазо истодаанд. 
       Дар навбати худ иштирокчиёни вохӯрӣ иброз доштанд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сафи пеш истода, баҳри боз ҳам гулгулшукуфон гаштани Тоҷикистон раъйи худро ба номзади арзандаи худ медиҳанд.
      Ҳамзамон, ба ҳозирин шумораи махсуси нашрияи “Мароми пойтахт”, ки дар он Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нашр шудааст, тақсим карда шуд. 

 


Вакти нашр: 2020-09-30 08:47:08    Хонданд: 18    Муфассал...

ВОХӮРИИ ХОНА БА ХОНА БО ИСТИҚОМАТКУНАНДАГОНИ МАҲАЛЛАҲО

Тибқи нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳои хона ба хона, рӯ ба рӯ ва кӯча ба кӯчаи гурӯҳҳои таблиғотии нҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати  таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, имрӯз дар маҳаллаи Наврӯз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки Раҳмонов А. – модератори сомонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Нуров М.А.  - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Юнусова Р.С. - мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия бо истиқоматкунандагони маҳалла вохӯрӣ доир гардид. 

Дар вохӯрӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотӣ барономаи Пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба интихобкунандагон расониданд.


Вакти нашр: 2020-09-30 09:06:07    Хонданд: 20    Муфассал...

НОМЗАДИ АРЗАНДА АЗ ҲХДТ

Нимаи баъдии рӯз дар хобгоҳи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Сино мутобиқи Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.  
Дар вохӯрии мазкур аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  Заррина Файзуллозода, Абдуалим Норасов,  аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино  иштирок намуданд.  
Масъулин зимни мулоқот оид ба нуктаҳои асосии Барномаи  пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027-ро зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба саҳми интихобкунандагон нуктаву паҳлуҳои муҳими онро расониданд.
Дар ин замина масъулин суханронӣ намуда зикр карданд, ки дар њафт соли охир тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари муаззами хеш мо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем ва номзаде, ки аз ҷониби ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гаштааст мақсаду маромашон дар Барномаи пешазинтихоботиашон дарҷ гардидааст, ки ин шаҳодат аз он медиҳад, ки мо бо интихоби дурусти хеш ба натиҷаҳои сифатан нав ноил мегардем.  Инчунин, таъкид гардид, ки мо бояд маъракаи муҳими сиёсӣ Интихоботро дар руҳияи баланди Ватандустӣ баргузор намуда шаҳрвандони азизи кишварамон бояд бо як рӯҳияи баланди сиёсӣ, ба тарафдории номзади арзандаи хеш овоз диҳанд.
 


Вакти нашр: 2020-09-30 09:14:01    Хонданд: 27    Муфассал...

БАРНОМАИ ҚАВЛУ АМАЛ ВА МАРҲИЛАҲОИ РУШД

 29-09-2020
Аъзои гуруҳи таблиғотии Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз ҲХДТ бо сокинону интихобкунандагон дар муассисаи таълимии №36 бо сокинону  интихобкунандагон ва фаъолону интихобкунандагон вохӯрии судманд баргузор намуданд. 
Дар вохӯрӣ Муинӣ Мавсума-муовини Раиси шаҳри Душанбе, Ҳамидиён Илҳомҷон-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Собирзода Исфандиёр-Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони Вазорати адлия, Маҳмадзода Назокат-мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Зикирзода Ҳобилҷон-устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  иштирок ва суханронӣ намуданд.  
 Аснои суханронӣ зикр шуд, ки танҳо дар зарфи барномаи амали Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат зиёда аз 30 корхонаву коргоҳҳои муштарак бо ҷалби сармояи мустақим дар соҳаи коркарди маъдан ва истихроҷи канданиҳои фоиданок таъсис дода шудаанд.  Дар натиҷаи фароҳам гардидани шароити мусоид барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва татбиқи самараноки барномаю  стратегияҳои дар ин самт қабул гардида давоми солҳои 2013-2019 ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар 57,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки қариб 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад. 
  Дар масири ҳафт соли рушди бобарор  инфрасохтори соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ, махсусан, дар деҳоти кишвар ва сифати хизматрасониҳо ба куллӣ тағйир ёфта, соли 2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд.
 Қайд гардид, ки Пешвои миллат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатиро дар солҳои 2013-2020 ба тарзу услубе роҳандозӣ намуд, ки кори пурсамари тамоми сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ таъмин гардида, барои ҳар сокини мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё гардид. 
Зикр шуд, ки Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ барои солҳои 2021-2027 фарогири ҳама самтҳои афзалиятноки хоҷагии мамлакат буда, таҳти шиори “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” кафолати амнияту осоиштагӣ ва зиндагии арзандаи мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.
Аз ҳамаи интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки рӯзи интихобот якҷоя бо хешу ақрабо дастҷамъона бо рӯҳияи болида ва идона ба қитъаҳои интихоботӣ рафта, барои  ободонӣ ва саодати фардои кишвар ба номзади арзандаи хеш овоз диҳанд.


Вакти нашр: 2020-09-30 09:39:22    Хонданд: 25    Муфассал...

ВОХӮРИИ ГУРУҲИ ТАБЛИҒОТӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

29 сентябри соли равон дар асоси нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрии шахсони боэътимод, гуруҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон доир гардид.
Дар вохӯрӣ И. Мирзозода, раи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе,  Ашӯрбой Солеҳзода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, Маҳбуба Камолова, самуҳаррири “Народная газета”, нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ, Зариф Сафаров, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ, Рамазон Одиназода, аъзои ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ширкат ва суханронӣ намуданд.
А. Солеҳзода дар мавриди татбиқи самтҳои барномаи ҲХДТ барои солҳои 2013-2020 таҳлилҳои коршиносона намуда, таъкид намуд, ки он иҷро гардид, балки баъзе самтҳо беш аз нақша сомон дода шуданд.
Мавсуф ҳамзамон вазъи иқтисодии 9 моҳи соли 2020-ро, ки ҷаҳон дар гирдоби пандемия қарор дошт таҳлил намуда, таъкид кард, сатҳи иқтисодӣ агар дар давлатҳои Аврупо паст рафта бошад, дар Тоҷикистон баракс он 3,5 фисад афзоиш ёфт. Сабаби ин вазъи мусбӣ дар иқтисоди кишвар андешидани тадбирҳои мушаххасу судманде буд аз ҷониби Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
И. Мирзозода оид ба самтҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2027 ба ҳозирин маълумот дод. Мавсуф изҳор дошт, ки дар ин давра ба се бахши иқтисодӣ афзалият дода мешавад, аз ҷумла, таъмин намудани рушди устувор бо роҳи баланд бардоштани гуногунсамтӣ ва рақобатнокии иқтисоди миллӣ, афзоиш додани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолии мамлакат, ба 45 фоиз, расидан ба сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои даромадашон миёна. Ҳамзамон таъкид намуд, ки такмил додани низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва иқтисоди рақамӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ба 18  фоиз, таъсиси ҷойҳои кори доимиву мавсимӣ аз ҳадафҳои барномаи навбатист.
М. Камолова роҷеъ ба ҳодисаҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, оқибатҳои моливу ҷонии аз ин ҷанг расида, бартарафсозии ин оқибатҳо, бӯҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва баромадан аз онҳо, таҳкими истиқлолият, пойдории сулҳу субот, бунёди давлати миллӣ ва муҳимтар аз ҳама нақши беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин марҳилаҳои ҳассосу ҳалкунандаи таърихӣ ибрози андеша намуд.


Вакти нашр: 2020-09-30 09:50:29    Хонданд: 21    Муфассал...

Президенти ман! Интихоби ман! Ифтихори ман!

30- юми сентябри соли 2020 дар доираи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таблиғи самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки гурӯҳҳои таблиғотии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе бо донишҷӯёни Консерваторияи милии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Саттор вохӯрӣ зери унвони “Президенти ман! Интихоби ман! Ифтихори ман !” доир гардид.

Иштирокчиён дар вохӯрӣ доир ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф ва илм, ҷавонон, занон ва варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуданд.

Ичунин таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату якдилӣ дар партави иқдомҳои ҷавонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” 10 сол аст, ки дар тарбияи ватандӯстиву худшиносии ҷавонон нақши босазо истодаанд.

Дар навбати худ иштирокчиёни вохӯрӣ иброз доштанд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сафи пеш истода, баҳри боз ҳам гулгулшукуфон гаштани Тоҷикистон раъйи худро ба номзади арзандаи худ медиҳанд.

Ҳамзамон, ба ҳозирин шумораи махсуси нашрияи “Мароми пойтахт”, ки дар он Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нашр шудааст, тақсим карда шуд.


Вакти нашр: 2020-09-30 13:01:23    Хонданд: 21    Муфассал...

ДАЪВАТ БА ИНТИХОБОТ БО УСУЛИ ХОНА БА ХОНА

 "Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро талаб мекунад"
                                                  Эмомалӣ Раҳмон                                                                 
Бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзади арзандаи ҳизби мардумӣ- ҲХДТ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Шарипова Лайло мудири шӯъбаи кор бо бонувон ва Абдулборӣ Холиқов мутахассиси шӯъбаи кор бо ҷавонон аксияи тақсимоти Барномаи пешазинтихоботии номзади арзандаи ҲХДТ ба усули хона ба хона  дар маҳаллаи Нодира доир гардид.


Вакти нашр: 2020-09-30 13:19:21    Хонданд: 18    Муфассал...

ОММАВИГАРДОНИИ ВАРЗИШ ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ БАРНОМАВИИ ҲХДТ АСТ

Нимаи аввали рўзи 30-юми сентябри соли равон дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати васеи интихобкунандагон дар Сарраёсати омори Агентии омори назди Президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе доир гардид.  
Дар вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил  Обидов, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини директори Маркази тадќиќоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён иштирок ва суханронӣ намуданд.     
Дар рафти вохӯрӣ зикр шуд, ки дар рафти иҷроиши Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ҳафт соли сипаригардида ба рушди варзиш ва оммавигардонии он аҳамияти аввалиндараҷа дода, дар кишвар толор ва майдончаҳои зиёди варзиш бунёд ва варзишро гарави солимии ҷомеа эълон карда, садҳо чорабинии варзиширо дар дохили кишвар ба роҳ монда шуд. Бо маќсади рушди ҳамаҷонибаи варзиш ду барномаи давлатӣ амалӣ гардида, Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  ғолибони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис ёфт. 
Дар натиҷаи таваҷҷуҳ ба ин соҳаи муҳим шумораи мактабҳои варзиш ба 128, варзишгоҳҳо ба 124, майдончаҳои варзиш ба 7301, толорҳои варзиш ба 1807, ҳавзҳои шиноварӣ ба 92 ва иншооти махсуси варзиш ба 792 расида, ба кор оѓоз кардани Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе имкони дар кишвар баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи байналмилалиро фароҳам овард. 

 


Вакти нашр: 2020-09-30 13:27:59    Хонданд: 21    Муфассал...

ҲАДАФИ 7 СОЛИ МИНБАЪДА ТАЪМИНИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

30 сентябри соли равон дар асоси нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори муассисаи шапбакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе шахсони боэътимод, гуруҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони муассисаи номбурда доир гардид.
Дар вохӯрӣ Рафиқа Мусоева, ходими намоёни давлатию сиёсӣ,раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон, Кароматулло Олимов, академик, сарходими илмии Институти фалсафаи Академияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иброҳим Мирзозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, роҳбари ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе, Рамазон Одиназода, аъзои ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе ширкат ва суханронӣ намуданд.
Гуруҳи босалоҳияти таблиғотӣ дар мавриди вазъи мудҳиши солҳои 90, кору пайкор, корнамоӣ ва қаҳрамонии бемислу нотакрори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри наҷоти ин давлату миллат аз вартаи ҳалокат, бунёди давлат дар ҷои холӣ, таъсису бунёди мақомотҳои ҳуқуқӣ, қудративу низомӣ, таҳия ва қабули Конститусия, барқарор намудани тамоми фишангҳои давлатдорӣ, бартарафсозии оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, баромадан аз бӯҳронҳои азими сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, тақсими замин мардум, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ оид ба масоили об, фарҳангу мазҳаб, баланд гардидани обуруву нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилал, ки нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он ҳалкунандаву калидист, ибрози андеша намуданд.-Ба сари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон туҳфаи таърих таъбир кард,- таъкид намуд академик К. Олимов.
Ҳамзамон Иброҳим Мирзозода дар мавриди самтҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳозиринро воқиф намуда, таъкид кард, ки бо татбиқи ин ҳадафҳо Тоҷикистон боз як зинаи рушдро тай хоҳад намуд.


Вакти нашр: 2020-09-30 13:40:07    Хонданд: 26    Муфассал...

ТАБЛИҒОТИ МУОСИР БО УСУЛИ ХОНА БА ХОНА БО ИНТИХОБКУНАДАГОН

Дар асоси ҷадвали баргузории вохӯриҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  вохӯрии хона ба хона  бо интихобкунандагони маҳаллаи Я.Афзалӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Изатуллои Ҳабибзод-муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, намояндаи Азизиён Сами Соли-вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва намояндаи Розиқиён Зариф-вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуданд.
Ҳангоми вохӯрӣ бо интихобкунандагон ба хонадони интихобкунандагоне, ки бемор ҳастанд ташриф оварда, ба онҳо оиди номзадҳои пешбаригардида ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳизбҳои сиёсӣ маълумот дода шуд.
Гуфта шуд, ки дар  рӯзи интихобот дастаҷаъмона оилавӣ бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ба участкаҳои интихоботӣ омада, ба ҷонибдории номзади арзанда овоз диҳед.


Вакти нашр: 2020-09-30 14:14:45    Хонданд: 22    Муфассал...

ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ ШОДИЁНАИ НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ

29 сентябр тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе оид ба мулоқоту вохўриҳои хона ба хона, рў ба рў ва кўча ба кўчаи гурўҳҳои таблиғотӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе бо интихобкунандагон шоми имрӯз дар маҳаллаи Шодиёнаи ноҳияи Фирдавсӣ вохӯриву мулоқот баргузор гардид. Дар он дар мавриди дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, татбиқи барномаи ҲХДТ барои солҳои 2013-2020, пешгирии бемории КОВИД 19, вазъи геополитикии ҷаҳон ибрози назар карда шуд.


Вакти нашр: 2020-09-30 14:32:23    Хонданд: 23    Муфассал...

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ – ҚАРЗИ ШАҲРВАНДӢ

 

Дар ҳафт соли охир мутобиқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари муаззами хеш мо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем ва номзаде, ки аз ҷониби ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд мақсаду маромашон дар Барномаи пешазинтихоботӣ дарҷ гардидааст, ки ин шаҳодат аз он медиҳад, ки мо бо интихоби дурусти хеш ба натиҷаҳои сифатан нав ноил мегардем.

Ин нуктаро имрӯз зимни вохӯри гурӯҳи корӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъулини гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд.

Вохӯрии гурӯҳи корӣ дар МТМУ№32-и ноҳияи Сино баргузор гашт, ки дар он аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Ҳақназар Каримзода, Заррина Файзуллозода, Муҳибулло Зувайдуллозода, инчунин дигар аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино иштирок намуданд.

Дар ин миён, аъзои гурӯҳи корӣ оид ба дастовардҳои навине, ки дар замони соҳибистиклолӣ ба даст омадаанд сухан карда, таъкид доштанд, ки то имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик зери ҳидоятҳои Сарвари муаззами хеш ба натиҷҳои назаррас ноил гардида, дар ин давра тамоми соҳаҳои кишвар рушд кард ва мо ба натиҷаҳои судовари зиндагӣ ноил гардидем.

Таъкид гардид, ки шаҳрвандони азизи кишварамон бояд бо як рӯҳияи баланди сиёсӣ дар ин маъракаи муҳим ширкат варзида, ба тарафдории номзади арзандаи хеш овоз диҳанд.


Вакти нашр: 2020-09-30 14:40:44    Хонданд: 20    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “НАЗОРАТИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ”

Дар ташкилоти ибтидоии “Назорати сохтмон ва меъморӣ” дар арафаи маъраки муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати сиёсӣ доир гардид.
Дар суханронии худ раиси ташкилоти ибтидоӣ Абдураҳимзода Н.С  иброз дошт, ки Пешвои миллат - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона, матонат ва зиракиву ҳушёрии худ кишварро аз вартаи фалокат берун овард,мардуми парокандаро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор гурезагонро ба Ватан баргардонд. Бузургтарин дастоварди Пешвои мо тоҷикон барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамин аст,ки мо имруз дар фазои тинҷу ором умр ба сар бурда,кишвари азизамон рӯз аз рӯз ободу зебо гашта истодааст.


Вакти нашр: 2020-09-30 14:45:19    Хонданд: 18    Муфассал...

Оғоз сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳринав

 30.09.2020 
http://www.president.tj/node/24137

30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳринав ташриф оварданд.

Сарвари давлатро фаъолону сокинон бо эҳтироми хоса ва самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав Комплекси агросаноатии Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Аҳмад»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Комплекси мазкур аз Корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Россия - “Марва-мебел”, коргоҳи дӯзандагӣ, меҳмонхона, ошхона, гармхона, ҳавзи моҳӣ ва боғу токзор иборат мебошад.

Корхонаи муштараки “Марва-мебел”, дар ошёнаи якуми бинои дуошёна ҷойгир мебошад.

Аз кишварҳои Аврупо 16 адад дастгоҳи замонавии мебелсозӣ варид гардида, дар корхона васлу насб карда шудааст. Вобаста ба фармоиш дар корхонаи навбунёд беш аз 300 номгӯи мебел, аз қабили ҷевону рахти хоб, мизу курсӣ барои хона, корхона, ошхона ва муассисаҳои таълимӣ, инчунин дарҳои байниҳуҷрагӣ ва кату нишасткурсиҳои гуногунҳаҷм истеҳсол карда мешавад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи мазкур имкон аст дар як шабонарӯз беш аз 8 метри мукааб тахта коркард карда шавад.

Дар корхона маҳсулот асосан вобаста ба фармоиш истеҳсол карда шуда, аз лиҳози тарҳ ва сифат ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Чубу тахта, фурнитура ва дигар ашёи хом аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид карда мешавад.

Кандакорӣ дар чуб, ки барои миллати тоҷик меросист дар корхона васеъ ба роҳ монда шудааст. Ба ин кор нафарони соҳибкасб ва дорои таҷрибаи зиёди корӣ ҷалб шудаанд. Дарҳои байниҳуҷрагӣ ва дигар мебели дар ин корхона истеҳсолшаванда бо усули дастӣ ва бо истифода аз дастгоҳи муосир кандакорӣ мешавад. Дар корхонаи мебелсозӣ 30 кас бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудааст.

Сарвари давлат ба масъулин барои васеъ намудани доираи фаъолияти корхона ва ба роҳ мондани содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат дастур дода, мутахассисонро ба омӯзонидани нозукиҳои кори мебелсозӣ, аз ҷумла кандакорӣ дар чубро ба насли наврасу ҷавон ҳидоят намуданд.

Коргоҳи дӯзандагӣ, меҳмонхона ва ошхона дар ошёнаи дуюми ҳамин бино ҷой дода шуда, 50 нафар занону бонувони маҳаллӣ ба кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда шудаанд. Коргоҳ бо 40 адад мошинаи дарздӯзӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии замонавӣ таъмин мебошад. Дар коргоҳ номгӯи гуногуни либоси ягонаи мактабӣ, тиббӣ, либосҳои муҳофизатӣ ва либоси махсуси соҳавӣ барои корхонаҳои ватанӣ, инчунин либосҳои миллии занона ва мардона истеҳсол карда мешавад.

Иқтидори корхона дар як шабонарӯз ба коркарди 600 метр матоъ баробар аст.

Маҳсулоти дар корхонаи мебелсозӣ ва ҳам коргоҳи дӯзандагӣ истеҳсолшаванда ивазкунандаи воридот мебошад ва бунёд гардидани чунин корхонаҳои саноатӣ дар мамлакат зарурист.

Меҳмонхона бо назардошти муштарак будани корхона бунёд гардида, дар он барои қабули 18 меҳмон дар як вақт шароит муҳайё мебошад. Он бо таҷҳизоти зарурӣ барои истиқомат, аз қабили рахти хоб, ҷевон ва ғайра таъмин аст. Ошхонаи замонавии иншоот аз 100 ҷойи нишаст иборат буда, дорои шароити хуби хизматрасонӣ барои кормандон ва меҳмонону дигар корафтодагон мебошад.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаи замонавӣ, ки он ҳам навбунёд аст, дидан намуданд.

Гармхона дар асоси талаботи замони муосир ва бо истифода аз технологияи пешрафтаи соҳа бунёд шудааст. Масоҳати умумии гармхона 0,20 гектарро ташкил дода, дар он айни замон помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ ва кабутӣ парвариш меёбад. Обёрии гармхона қатрагӣ ва гармидиҳии он муттамарказ мебошад.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин гармхонаи хурд барои парвариши лимон низ бунёд гардида, 30 бех ниҳоли лимони мутобиқ ба мавзеъ шинонида шудааст.Дар шафати гармхона ҳавзи моҳӣ сохтаанд, ки дар он айни замон 1000 дона гулмоҳӣ парвариш меёбад.

Дар ҳамин мавзеъ ҳамчунин боғ низ бунёд карда шудааст. Масоҳати боғи нав 6 гектарро ташкил дода, 1800 бех ангури навъҳои гуногун ва 200 бех ниҳоли себ шинонида шудааст.

Бо мақсади самаранок истифода бурдани замин дар қатори ниҳолҳои боғ зироати кишоварзӣ, аз қабили лубиёгиҳо, полезиҳо, сабзавот ва картошка кишт карда шудааст.

Дар атрофи комплекси навбунёд, хоса дар талу теппаҳои ин мавзеъ, инчунин саҳни корхона ва шафати роҳравҳо беш аз 1100 бех дарахти ороишии ҳамешасабз шинонидаанд, ки зебоии мавзеъро таъмин менамояд. 

Барои таъмини гармхона, ҳавзи моҳӣ, боғу токзор ва дигар корхонаҳои истеҳсолӣ бо об дар ҳамин мавзеъ чоҳи амудӣ бо чуқурии 120 метр сохта шудааст. Тавассути чоҳи амудӣ аҳолии деҳаҳои атроф низ бо оби нӯшокӣ таъмин мешаванд.

Бояд тазакур дод, ки қаблан ин мавзеъ бекорхобида ва ноободу валангор буд ва инак бо бунёд гардидани чунин комплекси азими агросаноатӣ обод шуд ва дар маҷмуъ 130 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.  

Комплекси мазкур дар ноҳияи Шаҳринав аз тарафи соҳибкори ватанӣ Наврӯзи Раҳмиддин бо истифода аз маблағҳои даромади хоҷагии деҳқонӣ ва дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.

Дар ҳамин мавзеъ ҳамчунин сохтмони корхонаи азими парандапарварӣ барои парвариши 15000 сар мурғи бройлерӣ идома дошта, он то таҷлили ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Роҳбарияти корхона дар оянда бунёди сардхонаро низ бо ғунҷоиши 300 тонна маҳсулот ба инобат гирифтаанд.

Аз роҳи автомобилгарди Душанбе - Турсунзода то корхонаи навбунёд ба масофаи 1 километр пурра асфалтпӯш гардидааст.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин комплекси муосири агросаноатиро аз ҷониби соҳибкори ватанӣ шоистаи таҳсин ҳисобида, қайд намуданд, ки ин иқдом дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунони босуръати кишвар заминаи мусоид мегузорад.


Вакти нашр: 2020-09-30 15:16:54    Хонданд: 17    Муфассал...

ДАЪВАТ БА ИНТИХОБОТ ВА ҶОНИБДОРӢ АЗ НОМЗАДИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Нимаи дуюми имрӯз дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ тибқи нақшаи тасдиқшуда вохӯрӣ бо истиқоматкунандагони маҳаллаи А. Назаров  доир гардид.  Дар вохӯрӣ Ҷасур Раҳмонов-мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Мардонова Ҳумайёро сармутахассиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  иштирок намуданд. 

Раҳмонов Ҷ. - зимни суханронӣ аз нуқтаҳои асосии барномаи пешазинтихоботии номзади арзандаи ҲХДТ  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми иштирокчиён расонида, мактаби давлатсозиву давлатдории Роҳбари хирасолори кишварро намуна барои расидан ба як давлати мутараққӣ дар заминаи тамоми арзишҳои миллӣ ҳисоб намуданд. 
Дар фарҷом аз ҷониби сокинон пешниҳоду дархостҳо сурат гирифт.


Вакти нашр: 2020-09-30 15:23:42    Хонданд: 19    Муфассал...

Саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи афзалиятноки барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Таҳти ин унвон вохӯрии гурӯҳи таблиғотии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур баргузор гардид.
Дар он Расулзода Насимҷон Роҳбари Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Субҳонзода Икром-аъзои Ситоди пешазинтихоботии Дасгоҳи Марказии ҲХДТ, Маҳмадёрзода Усмон Маъмур- Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Ғафорзода Ҷонона-Вакили маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Азизов Рустам ва Мирзоалиева Адолат- аъзои гуруҳи таблиғотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуданд.
Расулзода Насимҷон ба мақсади баргузории вохӯрӣ равшанӣ андохта, меҳмононро ба интихобкунандагон муаррифӣ намуд.
Субҳонзода Икром аъзои Ситоди пешазинтихоботии Дасгоҳи Марказии ҲХДТ оид ба самтҳои “Сиёсати Иқдисодӣ” барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханрони намуда қайд намуд, ки Мо барои сиёсати иқдисодӣ дар оянда ҳалли масъалаҳои зеринро зарур медонем.
Мирзоалиева Адолат дотсенти кафедраи адабиёти Донишгоҳи Давлатии омӯзгории  Тоҷикистон ба номи С. Айни дар доираи самтҳои “Маориф ва илм”-и барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба интихобкунандагон мухтасаран маълумот дод. 
Сипас  Маҳмадёрзода Усмон Маъмур- Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур доир ба саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи афзалиятноки барнома, сиёсати маориф ва илм, рушди соҳаи маориф, тарбият намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа суханҳои муфид ва саривақти гуфт.
Аз ҷониби таблиғотчиёни номзад даъват ба амал оварда шуд, ки рӯзи 11 октябри соли ҷорӣ барои интихоби сарвари ояндасоз ва дурбину ғамхори миллати тоҷик саҳмгузор бошанд.


Вакти нашр: 2020-09-30 16:44:29    Хонданд: 16    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ ОИД БА ШАРҲИ БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР КУМИТАВУ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии “Касб” бо иштироки муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ Сиддиқов М. ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” соати сиёсӣ доир гардид.


Вакти нашр: 2020-09-30 16:51:05    Хонданд: 18    Муфассал...

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои маркази ташхисӣ-табобатии «Муҳаммадҷон»-ро дар деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Шаҳринав ифтитоҳ намуданд

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳринав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳаёти Нав Маркази ташхисӣ — табобатии “Муҳаммадҷон” — ро ифтитоҳ карданд.
Маркази ташхисӣ — табобатии 2-ошёна бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Ҷамолиддин Аҳмадзода дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 дар масоҳати 15 садяк замин бунёд гардидааст.
Дар ин ҷо шароити ташхису табобат ва хизматрасонии тиббӣ фароҳам мебошад. Дар Маркази ташхисӣ — табобатии “Муҳаммадҷон” намудҳои зиёди ташхис, муолиҷа ва хизматрасониҳои тиббӣ — санитарӣ, аз қабили табобати касалиҳои дарунӣ, урологӣ, системаи асаб, амрози занона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассиси марказ ва табибону кормандон дастур доданд, ки ба сифати хизматрасонии тиббӣ, муошират бо беморон диққати ҷиддӣ диҳанд ва ҳамзамон ҳамаи қоидаю талаботи санитарию гигиениро риоя намоянд.

Дар муассиса ҳамаи шароити меъёрии талаботи тиббӣ-санитарии безараргардонӣ, тамизгардонии дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ фароҳам буда, дастгоҳҳои автоклав, ҷевонҳои хушкнигоҳдорӣ, катҳои функсионалии махсуси барқӣ ва дигар лавозимоти соҳа дар ҳуҷраи безаргардонӣ пурра таъминанд.
Ҳуҷраҳои дандондармонӣ барои калонсолон ва кӯдакон аз хизматрасониҳои дигари ин иншооти соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад.
Дар муассиса барои табобати офиятбахшӣ баробари ҳуҷраҳои алоҳида гӯшаи гиёҳдармонӣ таъсис дода шудааст, ки дар он бо истифода аз гулу гиёҳҳои шифобахши аз лиҳози экологӣ тоза ба дарди беморон дармон мебахшанд.
Баъди бунёди Маркази тиббии хусусӣ 20 нафар табиб, мутахассисони дорои донишу таҷриба ва кормандони миёнаи тиб ба кор ҷалб шудаанд.

Мутобиқи маълумот, корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2018 оғоз гардида, барои бунёди он 20 нафар коргарони маҳаллӣ ҷалб шуданд.
Саҳни беморхона сафолакпӯш карда шуда, даромадгоҳ ва ҳавлии он бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зиннат дода шудаанд, ки ба кас рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.
Пешвои муаззами миллат аснои шиносоӣ бо шароити маркази тозатаъсис ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, ба табибону дигар кормандони соҳаи тандурустӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Таъкид гардид, ки табибон бо истифода аз шароиту имконоти барояшон фароҳамгардида ба халқу миллат содиқона хизмат намоянд.
Манбаъ: /АМИТ «Ховар»/.


Вакти нашр: 2020-09-30 17:13:15    Хонданд: 16    Муфассал...

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Шаҳринав мавриди истифода қарор доданд

30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳринав бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бино аз ду ошёна иборат буда, дар қабати якум утоқи кории кормандон, китобхона бо 1200 нусха адабиёти шоирони муосиру классик ва соҳавӣ, ҳамчунин толори хурди маҷлисӣ ҷойгир мебошад.
Ошёнаи дуюм аз толори калони маҷлисӣ барои 70 ҷойи нишаст, утоқи роҳбарон ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.
Зимни шиносоӣ бо шароити кории бино, Пешвои муаззами миллат ба корҳои сохтмонии анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Мавриди зикр аст, ки бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав аз ҷониби соҳибкорон ва аъзои фаъоли ҳизб сохта шуда, дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Пешвои муаззами миллат зимни суҳбат бо кормандон ва роҳбарони  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав таъкид доштанд, ки фаъолиятро ҷоннок намуда, дар рушд ва пешрафти мамлакат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳисса гузоранд.

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав ваъда доданд, ки дастурҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ карда, дар ободӣ ва суботи мамлакат саҳм мегузоранд.
Қомат афрохтани бино ба ҳусни маркази ноҳия таровати тоза зам менамояд. Атрофи иншоот бо гулу дарахтони сояафкан оро дода шуда, тамоми роҳраву гузаргоҳҳо сафолакпӯш гардидааст.
Манбаъ:/АМИТ «Ховар»/.


Вакти нашр: 2020-09-30 17:21:25    Хонданд: 17    Муфассал...

ДАЪВАТ БА ИНТИХОБОТ ВА ҶОНИБДОРӢ АЗ НОМЗАДИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Нимаи дуюми имрӯз дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ тибқи нақшаи тасдиқшуда вохӯрӣ бо истиқоматкунандагони маҳаллаи Саҳбо  доир гардид.  Дар вохӯрӣ Ҷасур Раҳмонов-мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Холиқов Абдулборӣ мутахассиси шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  иштирок намуданд. 

Раҳмонов Ҷ. - зимни суханронӣ аз нуқтаҳои асосии барномаи пешазинтихоботии номзади арзандаи ҲХДТ  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми иштирокчиён расонида, мактаби давлатсозиву давлатдории Роҳбари хирасолори кишварро намуна барои расидан ба як давлати мутараққӣ дар заминаи тамоми арзишҳои миллӣ ҳисоб намуданд. 
Дар фарҷом аз ҷониби сокинон пешниҳоду дархостҳо сурат гирифт.


Вакти нашр: 2020-09-30 18:18:46    Хонданд: 19    Муфассал...

МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲОИ ТАБЛИҒОТИИ ХОНА БА ХОНА, КӮЧА БА КӮЧА ВА РӮ БА РӮ

Тибқи нақшаи таҳиянамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  мулоқоту вохӯриҳои таблиғотӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ дар ҳудуди маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур аз рӯи усули хона ба хона, кӯча ба кӯча ва рӯ ба рӯ баргузор гардид.
Дар мулоқот намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва кормандони шуъбаҳои кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок карданд. Ба сокинон маводҳои таблиғотӣ ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ дастрас гардида, даъват ба амал оварда шуд, ки дар рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзанд


Вакти нашр: 2020-09-30 18:25:17    Хонданд: 18    Муфассал...

ДАЪВАТ БА ИНТИХОБОТ. ТАБЛИҒУ ТАШВИҚИ бАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАДИ АРЗАНДА

Бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзади арзандаи ҳизби мардумӣ- ҲХДТ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шарипова Лайло ва Мардонова Ҳумайро дар маҳаллаи Чашмасор тақсимоти Барномаи пешазинтихоботии номзади арзандаи ҲХДТ доир гардид.


Вакти нашр: 2020-09-30 18:29:53    Хонданд: 18    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ ОИД БА ШАРҲИ БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР КУМИТАВУ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии “Роҳи Тоҷик” бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоӣ Муминов Л.Қ. ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” соати сиёсӣ доир гардид.


Вакти нашр: 2020-09-30 18:36:23    Хонданд: 17    Муфассал...

ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ АЛЛАЧАБОФОН

30 сентябри соли равон тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оид ба мулоқоту вохўриҳои хона ба хона, рў ба рў ва кўча ба кўча гурўҳҳои таблиғотӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе бо интихобкунандагон дар маҳаллаи Аллачабофони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯриву мулоқот баргузор намуданд.
Дар он оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода, пешгирии омилҳои номатлуб, аз ҷумла гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, пешгирии бемории сироятии КОВИД 19, ҳифзи арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ ибрози назар карда шуд. Таъкид гардид, ки маҳз ба туфайли сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз вартаи нестшавӣ наҷот ёфта, ба кӯи муроду саодат расид. Сулҳу суботи сиёсӣ, ваҳдату якдилӣ, дастархони пур нозу неъмати сокинон, таълиму тадриси фарзандон, умуман шароити кору таҳсилу зиндагӣ ин худ саодати бузургест дар асри 21.


Вакти нашр: 2020-09-30 18:41:48    Хонданд: 23    Муфассал...

Шоҳзод Раҳимзода: «Иштирок дар маъракаи интихобот рисолати муҳим буда, ҳар овоз дар он метавонад ҳалкунанда бошад»

 То баргузории  маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 рӯзи дигар боқӣ монд. Дар ҷумҳурӣ  ҷиҳати шаффоф ва бо риояи талаботи дахлдор баргузор гардидани ин маърака тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода оид ба баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ, ки пешорӯи мо қарор дорад  ва зарурияти иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар он  ба АМИТ «Ховар» чунин изҳори андеша намуд: 
-Мояи ифтихор аст, ки дар замони начандон тўлонӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид ба фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ тақвият бахшида, тавассути Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд гуногунандешии сиёсӣ ва таъсиси парламенти касбиро таъмин намояд. Ҳамин аст, ки зимни баргузории ин маърака  “интихобкунандагон дар интихобот дар асоси ҳуқуқи баробар иштирок мекунанд” (моддаи 5 Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”). Интихоботе, ки бидуни ҳама гуна фишороварию қонуншиканӣ дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор мегардад, иштирок дар он вазифаи ҳар шаҳрванди мамлакат мебошад. Зеро маҳз иштирок дар интихобот саҳми мо дар таъмини ояндаи босуботи давлат ва василаи ширкат дар ташаккули фаъолияти пурсамари мақомоти давлатӣ буда, ба воситаи баёни ирода ва интихоби кардаамон мо фардои неки фарзандони хеш ва насли ояндасозро таъмин менамоем.
Аз ин рў, бояд ҳар яки мо хуб дарк кунем, ки воқеан иштирок дар маъракаи интихобот рисолати муҳим дар назди миллату давлат буда, ҳар овоз дар он метавонад ҳалкунанда бошад. Ҳар  интихобкунандаро зарур аст, ки бо истифода аз андешаи комил, рушди тафакури маънавии худ, ҷаҳонбинии васеъ ва объектҳое, ки имрўзҳо ўро иҳота кардаанд, дар мисоли тараққиёти босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти миллию суботи комили ҷомеа ва шароити созгори иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсӣ  номзади арзандаи худро интихоб намояд. Дар ин ҳолат, интихобкунанда бояд мутмаин бошад, ки интихоби дуруст роҳ ба сўи музаффариятҳост.
Ҷавонони матиниродаи миллати сарбаланди тоҷик бо ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ҳушёрию зиракӣ, баҳри ҳифзи арзишҳои волои миллӣ, пос доштани обу хоки ин сарзамини биҳишосо бо диди нав ба фардои дурахшони мамлакат иштирок дар интихоботро ҳамчун василаи ширкат дар ташаккули мақомоти давлатӣ дониста, саҳми арзандаи хешро дар раванди давлатсозию давлатдорӣ ва ба таври шаффофу одилона барпо гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ мегузоранд. Бо дарназардошти фарогир будани ҳаёти рўзмарраи онҳо имрўзҳо иштироки фаъолу муташаккилонаи ҷавонон дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ, махсусан интихоботи президентӣ аз садоқат ба миллату давлат ва пайравӣ аз ташаббусҳои бузург ба хотири ояндаи боз ҳам орому пешрафта ва ободу зебо доштани онҳо шаҳодат медиҳад. Дар асл, нақш ва мавқеи ҷавонон дар рушди давлатдории миллӣ, хосатан дар рушди созандагию бунёдкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар гўшаи Тоҷикистон назаррас буда, ин ташаббусҳои наҷибу созанда, онҳоро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида бештар фаъол бошанд ва дар таъмини суботи ҷомеа баҳри фардои дурахшони миллату давлат камари ҳиммат банданд.
Имрўз бо эҳсоси он, ки интихобот яке аз рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ буда, иродаи халқ дар назди давлат маҳсуб меёбад, насли хуштолеи миллат – ҷавонон бо дарки масъулиятшиносӣ бо мақсади ба таври муташаккилона барпо намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ, фаъолона ширкат варзидан дар он ва бо интихоби дурусти номзади арзандаву содиқ ба миллату давлат даст боло гардиданро шиори ҳамешагӣ қарор дода, мутмаин ҳастанд, ки ин амали шоиста ба ояндаи дурахшони онҳо гомҳои устувор мегузорад. Зеро тӯли қариб се даҳсолаи охир иштироки фаъоли ҷавонон бо ҳушёрию зиракӣ барои интихоби номзади арзанда дар раванди давлатдорию давлатсозӣ нақши муассир гузошта, онҳо дар ҳама самтҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию фароғатӣ, оммавию варзишӣ ва маънавию сиёсӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Ҷавонон дар амалисозии ҳама ташаббусҳои давлату Ҳукумат нақши пешсаф ва ибратбахш доранд. Ин навбат низ онҳо метавонанд ба парчами ватандориву ибтикорот дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созанда дурахши тоза бахшида, баҳри ояндаи дурахшону шукуфоии Ватан, ки масъулияти он бар дӯши насли ҷавони мамлакат вогузор аст, пешсаф бошанд.


Вакти нашр: 2020-09-30 19:25:41    Хонданд: 27    Муфассал...

ТАРҒИБУ ТАШВИҚИ БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲХДТ

29 сентябри соли равон тибқи нақша – чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Фирдавсӣ дар ташкилоти ибтидоии “Ромсар” соати сиёсӣ баргузор гардид.
Зариф Сафаров – раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар бораи корнамоиҳои беназири Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳарф зада, таъкид намуд, ки сазовори боварӣ, сазовори боварии тақдири мову фарзандон наберагону аберагони мо танҳо ин номзад-инсони шариф, ҷасур, ватандӯст, ҷонфидо, хизмаднишондода муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Солҳои сангину даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ танҳо Ӯ ҷасорату матонат нишон дода, танҳо Ӯ ин бори гарони давлатдориву ватандориро бар дӯш гирифт, танҳо Ӯ тавонист ба Афғонистони дар оташи ҷанг сӯхтаистода барои овардани ҳамватанони гурезаи мо аз баҳри ҷони хеш гузашта раҳсипор гардад. Магар дигар номзади лоиқтаре ба ғайри Эмомалӣ Раҳмон ҳаст?. Не, албатта. Ҳар яки мо бо чашми хеш дидем ва самараи неки ин заҳматҳои шабонарӯзиро чашида истодаем, Эмомалӣ Раҳмонро номзади арзандаву сазовору шоиста номид ва дар рӯзи интихобот, ки 11 – уми октябри соли 2020  баргузор мегардад, фаъолона ширкат намуда ба тарафдории номзади арзанда овози худро медиҳем.


Вакти нашр: 2020-09-30 19:30:46    Хонданд: 27    Муфассал...

ВОХӮРИИ ГУРУҲИ КОРӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

30 сентябри соли равон дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 шахсони боэътимод, гуруҳҳои таблиғотии Ситоди пешазинтихоботии марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон доир гардид.

Дар вохӯрӣ Бойалӣ Ҳусейнов, аъзои фаъоли ҲХДТ, аъзои ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ, устоди ДДТТ, Абдуалим Норасов, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Назокат Маҳмадзода, аъзои ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Одиназода Рамазон – аъзои ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ширкат ва суханронӣ намуданд. Онҳо дар мавриди дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, татбиқи барномаи қаблии ҲХДТ, самтҳои асосии Барномаи номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию тундрав, пешгирии бемории сироятии КОВИД 19, омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои хешро изҳор доштанд. Онҳо таъкид намуданд, ки ҳар шаҳрванд шоҳиди дигаргуниҳои куллии мусбӣ дар кишвар буда, аз шаҳди самараҳои неки соҳибистиқлолӣ баҳра мегиранд.

Онҳо ба шукргузорӣ, расидан ба қадри ин неъмату дастовардҳо даъват намуданд. Ҳамзамон ҷиҳати иштироки фаъолона дар интихоботи дарпешистода сокинонро даъват намуданд.


Вакти нашр: 2020-09-30 19:53:08    Хонданд: 27    Муфассал...



Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс